Боқӣ Раҳимзода: Хонаи уммеди дунё кишварам

Rahimzoda

Боқӣ Раҳимзода (1910-1980)

Китобҳои шеър ва навиштаҳои дигараш: «Ба фронт» (1945), «Барги сабз» (1955), «Баҳори орзу» (1966), «Баҳори умр» (маҷмӯаи шеърҳо, 1960), «Боли ҳунар» (шеърҳо, 1960), «Гаҳвораи тилло» (драма бо ҳамроҳии С. Саидмуродов, 1956), «Дар сояи шипанг» (драма бо ҳамроҳии М. Рабиев, 1954), «Духтаре аз Душанбе» (либреттои опера бо ҳамроҳии Ш. Қиёмов, 1960), «Илҳом» (1973), «Куллиёт» (иборат аз ду ҷилд, 1981), «Кӯҳистони дурахшон» (1948), «Қиссаи кӯҳсор» (достонҳо, шеърҳо, 1970), «Қиссаи Тарифхоҷаев» (драма бо ҳамроҳии А. Деҳотӣ, 1953), «Мунтахаб» (иборат аз ду ҷилд, 1975), «Осори мунтахаб» (1986), «Офтоби сари кӯҳ» (1986), «Роҳи нури офтоб» (бо ҳаммуаллифии М. Турсунзода, 1964), «Роҳи тайшуда» (маҷмӯаи шеърҳо, 1967), «Садриддин Айнӣ» (либреттои опера бо ҳамроҳии Ш. Қиёмов, 1960), «Саргузашти Соқӣ» (1973), «Сияҳсавор» (либреттои опера, 1979), «Ҳаёт ва сухан» (1955), «Чашмасор» (1957), «Чинори гӯё» (драма бо ҳамроҳии С. Саидмуродов, 1956), «Шаҳчанор» (2010), «Шеърҳо ва достонҳо» (1983).

Республикаи ман

Дари дилро ба рӯят во намудам,
Туро дар дидаву дил ҷо намудам.
Ба ҷисму ҷони худ маъво намудам,
Ба васфат шеъри нав иншо намудам.

Дилу дилдор, республикаи ман,
Ба шуҳрат ёр, республикаи ман.

Ба гардун сар кашида кӯҳсорат,
Зарафшон даштҳои беканорат,
Хурӯшон наҳрҳои нуқраворат,
Зафарманд аст халқи номдорат.

Дилу дилдор, республикаи ман,
Ба шуҳрат ёр, республикаи ман.

Кашад хуршед аз Боми Ҷаҳон сар,
Зи Норак нур гирад моҳу ахтар,
Зи дасти қудрати ёру бародар
Шавад симои ту ҳар лаҳза дигар.

Дилу дилдор, республикаи ман,
Ба шуҳрат ёр, республикаи ман.

Шуда машҳур қолини Хуҷандат,
Фаровон меваҳои мисли қандат,
Танинандоз Вахши дилписандат,
Намуда назди ёрон сарбаландат.

Дилу дилдор, республикаи ман,
Ба шуҳрат ёр, республикаи ман.

Дилоройӣ, Душанбе

Аҷаб шаҳри дилоройӣ, Душанбе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.
Шудам сарсабз дар оғӯши меҳрат,
Чу дил дар синаам ҷойӣ, Душанбе.

Ба гирдат ҳалқа баста кӯҳсорон,
Туро гардида ҳомию нигаҳбон.
Ҳамеша то ки бошӣ сабзу хуррам,
Зи дил ҷорӣ намуда чашмасорон.

Аҷаб шаҳри дилоройӣ, Душанбе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.

Бароҳат дар канорат менишинам,
Зи чойи «Роҳат»-ат роҳат бубинам,
Зи рангу рӯйи дилбарҳои шӯхат
Гаҳе садбаргу гоҳе лола чинам.

Аҷаб шаҳри дилоройӣ, Душанбе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.

Саҳаргоҳон, ки хуршеди мунаввар
Зи рӯйи Боми дунё мекашад сар.
Чунон ки бар сари зебо арӯсе,
Бипошад бар сари ту зевару зар.

Аҷаб шаҳри дилоройӣ, Душанбе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.

Ба шаб рӯйи фазоят мисли шир аст,
Ба рӯят қурси маҳ гӯё фатир аст.
Ғазалхон Боқии дилдода гӯяд:
Шабу рӯзат мусаффо, беназир аст.

Аҷаб шаҳри дилоройӣ, Душанбе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.

Халқи бузургворам

Чун Вахши саркаши худ аз шавқ сар кашидам,
Шайпури фатҳи халқам бори дигар кашидам,
Ҳар қатраи ҷабинаш бо шеър бар кашидам,
Оре, ба риштаи назм дурру гуҳар кашидам.
То бахшам аз бароят, халқи бузургворам,
Бар чашм хоки поят чун тӯтиё гузорам.

Қалби замин фишурда, мардона чок кардӣ,
Обу арақ зи рӯят сад бор пок кардӣ,
Шуд рӯзҳо, ки дидам тарки хӯрок кардӣ,
То пунбадонаеро берун зи хок кардӣ.
З-ин рӯ туро сурудам, халқи бузургворам,
Бар чашм хоки поят чун тӯтиё гузорам.

Ҳар як ниҳоли пахта чун тифл парваридӣ,
То ки набинад офат, роҳат ту ҳам надидӣ,
Бори гарони меҳнат бар дӯши худ кашидӣ,
То сарбаланд гардӣ бисёр сар хамидӣ.
З-ин рӯ туро сароям, халқи бузургворам,
Бар чашм хоки поят чун тӯтиё гузорам.

Фасли баҳор дидам пур аз ғубор рӯят,
Бо қомати хамида дар киштзор рӯят,
Обу арақ чакида аз тор-тори мӯят,
Барқи зафар шукуфта андар канори рӯят.
Дил пурумед гуфтам, халқи бузургворам,
Бар чашм хоки поят чун тӯтиё гузорам.

Ранҷи кашидаатро обу замин бидонад,
Обилаҳои дастат чархи машин бидонад,
Қадри баланду пастӣ худ пахтачин бидонад,
Ҷонбозиҳои заргар лаълу нигин бидонад.
Заркору заргарӣ ту, халқи бузургворам,
Бар чашм хоки поят чун тӯтиё гузорам.

Ҳар кас агар шуморад кори ту саҳлу осон,
Лаънат ба ӯ бигӯяд ҳар фарди поквиҷдон,
Раззоқи олам астӣ, эй баргузида деҳқон,
Васфи туро сароям то ҳаст дар танам ҷон.
Ҷонам фидои номат, халқи бузургворам,
Бар чашм хоки поят чун тӯтиё гузорам.

Ҳам Вахшу Ленинобод, кӯлобию ҳисорӣ,
Дар гирудори меҳнат бинмуда ҷонсупорӣ,
То дар ривоҷи кишвар саҳми расо гузорӣ,
Байроқи обрӯро маҳкам нигоҳ дорӣ.
Таҳсинкунон бигӯям, халқи бузургворам,
Бар чашм хоки поят чун тӯтиё гузорам.

Дар Белорус будам, васфи туро шунидам,
Маҳсули ранҷи дастат дар ҳар куҷо бидидам.
Чун кӯҳсори Помир аз фахр сар кашидам,
Бар пешвози тӯят аммо ба сар давидам.
То бар ту шеър бахшам, халқи бузургворам,
Бар чашм хоки поят чун тӯтиё гузорам.

Иҷрои қавл кардӣ, ин аст сарфарозӣ,
Тобида мӯйи лабро бинмой рақсу бозӣ,
Иди Кабири Октябр бешубҳа аз ту розӣ,
Бо ин умед додат ҳар гуна имтиёзе.
Додат бузургворӣ, халқи бузургворам,
Бар чашм хоки поят чун тӯтиё гузорам.

Рӯзи барори корат ин шеър тӯҳфа орам,
Афсӯс беҳтар аз ин чизи дигар надорам.
Бинмо қабул аз ман, халқи бузургворам,
Чун барги сабз инро бар ту ҳамесупорам.
Ту аз ману ман аз ту, дигар сухан надорам,
Бар чашм хоки поят чун тӯтиё гузорам.

Мо муштоқи Наврӯз

Гули бодом бӯйи нози Наврӯз,
Гилеми сабза пойандози Наврӯз.
Ба роҳат абри найсон дур бипошад,
Ки тундар оварад овози Наврӯз.

Арӯси сол сархуш аз гулу мул,
Ниҳода каҷ кулаҳ аз барги сунбул,
Сабо аз ҷаъди зулфаш мушк безад,
Сарояд васфи ӯ шӯрида булбул.

Насимосо ба печу тоб ояд,
Магар ӯ аз раҳи Варзоб ояд?
Ҳама муштоқ бар дидори Наврӯз,
Мабодо, як шаби маҳтоб ояд.

Замин аз мақдамаш пурзебу фар шуд,
Шамимаш накҳати боди саҳар шуд,
Табассум мекунад Наврӯз имрӯз,
Ки фавҷи лола дар саҳро бадар шуд.

Ҷавонӣ дар бағал дорад ҳамеша,
Чӣ сон авҷи амал дорад ҳамеша,
Агар соҳир набошад, аз чӣ Наврӯз,
Ҷавонӣ бебадал дорад ҳамеша?

Ба чашмаш ҷодуи устод дорад,
Ба рӯяш холи ҳуснобод дорад.
Дилошӯбу ҷаҳонорост Наврӯз,
Ки ӯ наққоши сеҳрэҷод дорад.

Барад чун каҳрабо зангор аз дил,
Кушояд чашмаи ашъор аз дил.
Бувад сарчашмаи илҳом Наврӯз,
Барорад ҳарфи оташбор аз дил.

Паём аз мавсими шодӣ гирифтам,
Гули сурӣ фиристодӣ, гирифтам.
Зи рухсори ҷаҳонтоби ту, Наврӯз,
Нахустин бӯсае додӣ, гирифтам.

Биё Наврӯз, бар ҷонам асар кун,
Дарахти умри манро пурсамар кун,
Ба ман бинмой айёми ҷавонӣ,
Шарори синаамро бештар кун.

Агар як сол н-ойӣ, даҳр пир аст,
Ба номат сад қасам, дунё ҷазир аст,
Машав ғамгин агар ҷашнат нагиранд,
Ки номат сархату туғрои шеър аст.

Баҳория

Дило, таронаҳо саро ба васфи мавсими баҳор,
Биёр соқиё қадаҳ, навоз мутрибо дутор.
Нигар ба чашми ошиқӣ ба тарфи боғу бӯстон,
Зи як тараф ҷамоли ёру як тараф хурӯши кор.
Нигар, табиати мутеъ ба зери ҳукми коргар
Кашида лавҳа-лавҳа зар ба кӯҳу дашти ин диёр.
Гирифта лола ҷомро зи сархушӣ ба тори сар,
Бунафша рақс кардаву сабо гирифтааст тор.
Дарахту сабзаи даман зи гул намуда пираҳан,
Ба сад намуд дар чаман кашида қад зи ҳар канор.
Зи чашмаоби нуқрагин, зи рӯйи баҳру бар камин
Равад ба хизмати замин чу ошиқе ба назди ёр.
Суруди булбулон саҳар диҳад ба ҳар маҳал хабар,
Ба халқи шоди боҳунар, ки: ҳон, расид вақти кор!
Кашида саф зи марду зан барои равнақи Ватан,
Зи пахта мекунад чаман, равон ба сӯйи киштзор.
Яке ба дасти оҳанин каланд мекунад замин,
Дигар ба қувваи машин дарида қалби кӯҳсор.
Гурӯҳ-гурӯҳ гулрухон ба чеҳраҳои арғувон,
Равон ба сӯйи бӯстон чу товусон ба сабзазор.
Дило, саро чу ошиқон суруди мулки ҷовидон,
Ки гулшанест бехазон, муаттар асту мушкбор!

Сулҳ

Хонаи уммеди дунё кишварам,
Кишвари паҳновару бахтоварам,
З-ин саодат сар ба гардунҳо барам,
Ҳофизи озодии баҳру барам.

Месароям сулҳро дар сози сулҳ,
То шавад дунё пур аз овози сулҳ.

Сулҳ чун хуршеди тобон ҳар саҳар,
Мешавад аз кишвари ман ҷилвагар,
Ҷумла оламро диҳад ӯ зебу фар,
Нур пошад бар сари навъи башар.

Месароям сулҳро дар сози сулҳ,
То шавад дунё пур аз овози сулҳ.

Баҳри олам сулҳ даркор аст, сулҳ,
Насли одамро нигаҳдор аст сулҳ.
Чун шифои ҷони бемор аст сулҳ,
Модаронро бахти бедор аст сулҳ.

Месароям сулҳро дар сози сулҳ,
То шавад дунё пур аз овози сулҳ.

Тараннум кун, дило!

Тараннум кун, дило, аз шавқ васфи Тоҷикистонро,
Зафарҳои ба олам ғулғулафкан пахтакоронро.
Ба ҷо оварда дар назди Ватан ҳар аҳду паймонро,
Шукӯҳи меҳнати шойистаи ҳар марди майдонро.

Сарафрозона гӯям: Тоҷикистонам, ҳалолат бод,
Ки дар рӯёндани ҳосил шудӣ соҳибҳунар устод!

Зи меҳнат сарбаландӣ байни ёрон зебу фар бошад,
Ба ғайратҳо гузаштан дар сафи аввал ҳунар бошад,
Вафо бар аҳд кардан хосаи ҳар номвар бошад,
Ба дасти фотеҳон байроқи нусрат ҷилвагар бошад.

Сарафрозона гӯям: Тоҷикистонам, ҳалолат бод,
Ки дар рӯёндани ҳосил шудӣ соҳибҳунар устод!

Диёрам, месароям васфи халқи номдоратро,
Зи меҳнат гашта кони пахта хоки зарнисоратро,
Ҷавонмардони Вахшу Ленинободу Ҳисоратро,
Ба дунё карда боло обрӯю эътиборатро.

Сарафрозона гӯям: Тоҷикистонам, ҳалолат бод,
Ки дар рӯёндани ҳосил шудӣ соҳибҳунар устод!

Бинозад ҳар касе, гӯяд плони пахта иҷро шуд,
Ба ҳар як хонадон з-ин хушхабар шодӣ дуболо шуд,
Суруди ҳофизон имрӯз ҳам хурсандиафзо шуд,
Шунав, эй марди майдон, навбати Қумрию Барно шуд.

Сарафрозона гӯям: Тоҷикистонам, ҳалолат бод,
Ки дар рӯёндани ҳосил шудӣ соҳибҳунар устод!

Дар лаби обе

Дӣ шабе буд, ки ранҷида нигорам омад,
Дар лаби обе,
Шаби маҳтобе.

Бахт хандида хиромон ба канорам омад,
Дар лаби обе,
Шаби маҳтобе.

Хуб санҷид, ки ман ошиқи як дилдорам,
Соф як дил дорам.

Ду нашуд ҳарфашу бар дидаи чорам омад,
Дар лаби обе,
Шаби маҳтобе.
Аз лаби обу рухи моҳу дилу дидаи шаб
Ҳама шаб бӯсидам.

Бо насими саҳарӣ авҷи хуморам омад,
Дар лаби обе,
Шаби маҳтобе.

Мӯй – рашки шабу рух – таъназани моҳи мунир,
Нигаҳи оламгир.

Пайки хуршеди фалак дар шаби торам омад,
Дар лаби обе,
Шаби маҳтобе.

Рафта буд аз бари ман сабру шикебоии дил
– Ҳама дороии дил.
Ҳамраҳаш боз ба дил сабру қарорам омад.
Дар лаби обе,
Шаби маҳтобе.

Рӯйи санг омаду оҳиста бигуфто:
– Боқӣ,
Дар садоқат тоқӣ.
Ҷӯш зад ишқи ҷавонию мадорам омад.
Дар лаби обе,
Шаби маҳтобе.

Нигоҳе

Ҳар субҳ шитобон биравам бар сари роҳе,
Пеш аз рухи хуршед бубинам рухи моҳе,
Чун чамбари гул гирди сараш мӯйи сиёҳе,
Дуздида ба сӯям бикунад гоҳ нигоҳе.

Эй дил, ту гувоҳӣ,
Эй дида, паноҳе!

Аз қомати ӯ сарву санавбар шуда ҳайрон,
Сарсабз шуда аз қадамаш нахли хиёбон,
Рашк аз лаби зебош барад лаъли Бадахшон,
Гул дар назарам пеши рухаш ҳамчу гиёҳе.

Эй дил, ту гувоҳӣ,
Эй дида, паноҳе!

Аз баҳри ман ин хонаву ин роҳ азиз аст,
Аз баҳри ман ин боғу гузаргоҳ азиз аст,
Аз баҳри ман ин ҳусни саҳаргоҳ азиз аст,
Дил бурда зи ман моҳи дилоро ба нигоҳе.

Эй дил, ту гувоҳӣ,
Эй дида, паноҳе!

Эй чароғ

Байни кӯҳу камар,
Байни хавфу хатар
Баҳри ман доимо,
Будӣ имдодгар.

Эй чароғ, эй чароғ!
Бар раҳам нур бор,
Шуъла зан, шуъла зан,
То шавам бахтиёр!

Дурӣ аз ман, вале
Мисли ту шуълавар,
Рӯйи ях менамуд
Нур ҳам дар назар!

Эй чароғ, эй чароғ!
Бар раҳам нур бор,
Шуъла зан, шуъла зан,
То шавам бахтиёр!

Шуд чароғон зи ту
Хонаи ёри ман,
Шавқ бахшад ба дил,
Чашми дилдори ман.

Эй чароғ, эй чароғ!
Бар раҳам нур бор,
Шуъла зан, шуъла зан,
То шавам бахтиёр!

Доимо инчунин
Бар раҳам нур пош,
Муниси ин дили
Шоду масрур бош!

Эй чароғ, эй чароғ!
Бар раҳам нур бор,
Шуъла зан, шуъла зан,
То шавам бахтиёр!

Гули садбарг

Ту ҳусни рӯйи гулҳоӣ, гули садбарг,
Ба хушрӯйӣ ту яктоӣ, гули садбарг,
Гулистонро ту оройӣ, гули садбарг,
Аҷаб хушбӯю зебоӣ, гули садбарг,
Ба дилбар ҳуснафзойӣ, гули садбарг!

Бигӯ охир: чаро ин қадр дилбозӣ,
Ҳамеша гулрухонро маҳрами розӣ,
Ба рӯю мӯйи онҳо даст андозӣ,
Туро кай шуд муяссар ин сарафрозӣ?
Ту рамзи ишқи дилҳоӣ, гули садбарг!

Даме байни ҷавонон ишқ шуд пайдо,
Нахустин рӯз эҳсоси муҳаббатро
Ту пайвандӣ миёни дидаю дилҳо,
Аз ин рӯ шуд мақомат аз ҳама боло,
Ба хубӣ зеби дунёӣ, гули садбарг!

Як табассум кун

Ҳамеша дар вафоят пойдорам, як табассум кун,
Ба аҳди хеш доим устуворам, як табассум кун.
Дили шоир талотумгоҳи эҳсос аст, медонӣ,
Агар хоҳӣ, ки хомӯшаш надорам, як табассум кун.
Гаҳе чун қатраи шабнам ба ҷавфи ғунча мегунҷад,
Намегунҷад ба дунёе нигорам, як табассум кун.
Умедам ин ки эъҷози диламро хубтар донӣ,
Бигир, онро ба дастат месупорам, як табассум кун.
Ба ҳифзи он табассум хасмро аз пой андозам,
Замон додаст ин сон иқтидорам, як табассум кун.
Фалакро баҳри лабханди ту таъмири дигар кардам,
Қамарро зери поят мегузорам, як табассум кун.
Табассум то ки дар гирди лабат маъво кунад умре,
Димор аз рӯзгори ғам барорам, як табассум кун.
Муҳаббат бо ҷунун ҳамранг гардад, рашк мемирад,
Дар ин раҳ Боқии овозадорам, як табассум кун!

Шодии дил

Ин шодии дил аз рухи зебои ту, ёро!
Шуд роҳати ҷон нозу таманнои ту моро.
Аз шавқи хаёли ту сурурест ба сина,
Кай бе ту равам сайри Самарқанду Бухоро?!
Бе гулшани рӯят накунам ёди рухи гул,
Аз софии ҳусни ту чаман гашт дилоро.
Бо ҳусни ту ҳамранг шуда фазлу камолат,
Омехта чун ширу шакар гашт гуворо.
Қурбони замон гардаму устоди муаззам,
Додаст туро бахту шараф, ақли расоро.
Дар дафтари Боқӣ наравад ҳарфи хатое,
Умрест сарояд ғазали сидқу вафоро.

Дигар марав

Баҳри аёдат омадӣ, зуд биё, дигар марав,
Хонаи туст бурҷи дил, чун каси раҳгузар марав.
Рафта мадору тоқатам, бо ту ҳамеша роҳатам,
Шоми фироқ баҳри ман додаву чун саҳар марав.
Хам шуда рӯйи бистарам, ранг бубину ҳол пурс,
Пуртабу тоб пайкарам, сӯхта чун шарар, марав.
Дард дигар, даво дигар, чора дигар, шифо дигар,
З-ин ҳама бош бохабар, гуфта ту, алҳазар марав.
Омадаӣ ба пои худ, олиҳаи шифои ман,
Гар биравӣ, маро бибар, бе мани ҳамсафар марав.

Намехоҳам

Тамошои чаманро бе гули рӯят намехоҳам,
Насиму анбару кофур бе бӯят намехоҳам.
Ба сӯйи боғ рафта, дида сӯйи сарв накшоям,
Ки дар боғи талаб ҷуз сарви дилҷӯят намехоҳам.
Зи гулзори муҳаббат ҷуз гули шавқат намечинам,
Ба сунбулзори хушбӯе ба ҷуз мӯят намехоҳам.
Ҳилол абру намояд, аз нигоҳаш дида мепӯшам,
Ки дар авҷи талаб ҷуз авҷи абруят намехоҳам.
Агарчанде баҳорон сайри гулшан мекашад дилро,
Вале ман ҷуз тамошои сари кӯят намехоҳам.

Дорад ҳавас

Дил сари кӯйи туро дорад ҳавас,
Атри гесуи туро дорад ҳавас.
Дида бикшояд агар наззораро,
Дидани рӯйи туро дорад ҳавас.
Ҷониби гулбоғ ҳам ояд агар,
Ҳусни дилҷӯйи туро дорад ҳавас.
Гар зи боғу сунбулистон бигзарад,
Сунбули мӯйи туро дорад ҳавас.
Гарчи аз ту борҳо озор дид,
Теғи абруи туро дорад ҳавас.
Кай ба гулҳои дигар созад нигоҳ,
Чун гули рӯйи туро дорад ҳавас?

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.