Таҳрири охирин 16.05.2024
Дар ин саҳифа мақола, рисола, очерк, сафарномаҳои кӯтоҳ, ҳисоботи оморию маълумотномаҳои гуногунро гирд овардаем, ки дар матбуоти даврӣ (рӯзнома, ҳафтанома, моҳнома, солнома, паёмнома, алманах) ва маҷмуаҳои мухталиф нашр шудаанд ва муаллифонашон олимон, нависандагон, рӯзноманигорон, рассомон, пизишкон, коршиносон, сайёҳон, хулоса мардумони гуногунзабону гуногунпешаанд. Ҳангоми интихоби мақолаҳо аҳамияти таърихии дарунмоя (мундариҷа), мавҷудияти баҳси донишмандонаву созанда, ҷолибияти мавод ва хусусияти кашфиётӣ доштани онҳо ба назар гирифта шудааст.
Ин асарҳо асосан ба мардуми тоҷики маҳалҳои гуногуни ҷаҳон, инчунин қисман ба дигар мардуми эронизабони Осиёи Марказӣ ‒ балуҷҳо, яҳудиён, лӯлиён, арабҳо ва монанди онҳо бахшида шуда, забон ва гӯйишҳо, ҷуғрофиё ва сарнавишти шаҳру деҳот ва вилоятҳои таърихӣ, фарҳанг, рӯзгордорӣ, тарзи рӯзгузаронӣ, беморию пизишкӣ, хӯроку пӯшок, фолклор, маросиму оину кешҳо, санъати варзиш ва ҳарб, бозӣ ва дилхушӣ, асорат ва мубориза барои озодӣ, муборизону қаҳрамонон, душманон ва хоинон, ҳунармандӣ, кишоварзӣ, хироҷу андоз, хостгорӣ, сур ва сӯг, табиат ва сарватҳои маҳалли зисти ононро тасвир мекунанд, ки барои хонандаи ҷӯянда басо муҳим аст. Бавижа аз он ваҷҳ, ки ин асарҳо ҳеҷ гоҳ ба тарзи ҷудогона нашр нашудаанд ва муҳим он ки бештари онҳо дар садаҳои гузашта навишта шудаанд.
Бахше аз маводро аз ҳанбори (коллектсияи) муаррихон С. Абашин ва Л. Бойматов (academia.edu) баргузидаем, ки аз онон беҳад сипосгузорем. Ва бахшеро худ гирд овардаем. Мо ин асарҳоро шартан «мақолаҳо» номгузорӣ кардаем ва ончи ки дастрас буд, ин ҷо гузоштем. Ва ончиро, ки боз дастрас мекунем, мегузорем.
Устод Абдуҳамид Тағоев, салом. Лутфан нишонии почтаи электрониятонро нависед, то ки баъзе китобҳои нав фиристам. Ба ин сомона гузошта нашуд, шояд мушкили техникӣ вуҷуд дошт.
Сипос, Устод. Марҳамат: zarowadk@yandex.ru ё zarowadk@gmail.com
Ба ин мақолаҳо ворид шудам, аммо дохилашон холӣ! Чаро?
Субҳони Аъзамзод, ин мақолаҳо барои дар шакли пдф фаро кашидан гузошта шудаанд, на барои бевосита хондан. Агар кадоме аз онҳо фарокаш нашавад, мушаххас номбар кунед.
Ташаккур барои таваҷҷуҳатон.