1 2
Тоҷикнома – ин достони пур аз
дарду дармон,
ранҷу осойиш,
вайронию ободӣ,
умеду навмедӣ,
ҷангу оштӣ,
сӯзу соз,
маргу зист ва
орзуву ормонҳои ин миллати бостонист, ки аз забони бузургони дардошнояш баён шудаанд.
Мундариҷа:
Лоиқ Шералӣ. Хоки Ватан
Бозор Собир. Забони Ватан
Лоиқ Шералӣ. Ифтихор
Лоиқ Шералӣ. Забонгумкарда
Лоиқ Шералӣ. Алорағми маҳалгароён
Лоиқ Шералӣ. Ману ту
Лоиқ Шералӣ. Илтиҷо аз камонмардон
Лоиқ Шералӣ. Ғазал. Ҷабри Таърих…
Лоиқ Шералӣ. Ғазал. Ҷон ба қурбони ту…
Лоиқ Шералӣ. Қасида. Имоми ду тарафро…
Лоиқ Шералӣ. Қасида. Раҳми парвардигори мо…
Лоиқ Шералӣ. Қасида. Бонги ҷашни тоҷикон…
Лоиқ Шералӣ.
Хоки Ватан
Тоҷикистон – мазҳари ман,
Сарзамини камзамин,
Ту саросар кӯҳсорӣ,
Ту саросар сангзорӣ,
Чунки фарзандони ту дар роҳи таърихи дароз
Ҳар куҷо рафтанд, муште хок бо худ бурдаанд.
Чунки фарзандони ту дар ҷустуҷӯйи бахти худ
Дар биёбонҳои тафсон дур аз ту мурдаанд.
Ҳар куҷо рафтанд маҳҷуру ғариб
Аз фироқат ҷуфти онҳо нолаю андӯҳ шуд.
Ҷумла дар кӯйи ғарибӣ хок гаштанд, эй дареғ,
Орзуҳошон дар ин ҷо санг басту кӯҳ шуд.
Ҳар куҷо рафтанд онон
Ё ба Макка ё Мадина,
Ё ба ғурбат, ё тиҷорат,
Ё гуреза аз ҳама тазвиру кина,
Мушти хокатро ба киса ёдгорӣ бурдаанд.
То агар рӯзе бимиранд аз қазо,
Дар ғарибӣ бекасу беошно,
Хоки ту бошад нишони охирин…
Тоҷикистон! –
Сарзамини камзамин,
Хоки ту ин сон парешон гаштааст,
Бо ҳама хоки ҷаҳон ин гуна ҳамсон гаштааст.
Хоки ту
Бо сари пуршӯри Деваштич то Бағдод рафт,
Он сари аз тан ҷудо,
Аз ту ҷудо
Бо дод аз бедод рафт.
Хоки ту
Бо сари Рахшона то Юнон расид,
Бо ҳазорон нолаю афғон расид.
Монд дар Табрез бо наъши Камол,
Бо Замин омехт, то шуд безавол.
Хоки Ҳиндустон зи Бедил дил гирифт,
Наъши ӯ то ҷовидон манзил гирифт.
Бурд Сино то Ҳамадон хоки ту,
Монд он ҷо мушти хоки поки ту.
Он қадар тоҷик ҷуста булъаҷаб
Хонаи Аллаҳ ба саҳрои араб,
Мурдаву хоки туро бо хеш бурд,
Колбадро то бад-он саҳро супурд.
Хоки ту ин гуна кам шуд, кишварам,
Инчунин аз ашк нам шуд, кишварам.
Ҳар қадар ки хоки ту барбод шуд,
Хоки дигар он қадар обод шуд…
Ин чӣ густохӣ? Маро маъзур дор.
Хоки ту кам шуд магар?
Хоки ту кам шуд ба миқдору фарохотар ба арзу тӯл шуд,
Гарчи номат
Ҳамчу мулки кӯҳсорон дар ҷаҳон машҳур шуд.
Лек боке нест!
Баҳри он сангат зиёду кӯҳҳот,
То бисозӣ пайкара бар ёдгори он ҳама
Мардони пурҳасрат,
Ки хокатро парешон кардаанд.
Баҳри он мардон,
Ки номатро ба олам Тоҷикистон кардаанд.
Пайкара чандон тарошӣ, месазад
Баҳри он мардон, ки хокатро кунун зар кардаанд,
Кӯҳҳоятро барои арзи меҳру дӯстӣ
Ин замон озод минбар кардаанд…
Бозор Собир.
Забони Ватан
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод,
Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод.
Суннати волою девон дошт, дод,
Тахти Сомон дошт, дод.
Душмани донишгадояш «Дониш»-и Сино гирифт,
Душмани бесуннаташ девони Мавлоно гирифт,
Душмани санъатфурӯшаш санъати Беҳзод бурд
Душмани бехонааш дар хонаи ӯ ҷо гирифт.
Дод ӯ аз даст гурзи Рустаму Сӯҳробро,
Барбарони нотавонеро тавоно кард ӯ.
Номи худро ҳамчу гӯри Рӯдакӣ аз ёд бурд,
Қотилони хешро машҳури дунё кард ӯ.
Қомати кӯтоҳи манғит
Аз манори каллаи аҳли Хуросон шуд баланд.
Пастии саҳрои Қипчоқ
Аз баландии Бадахшон шуд баланд.
Халқи тоҷик,
Халқи армон,
Об дар чашм,
Чун ятимон.
Дар лабаш хашм
Чун асирон,
Аз ватан то бар кафан ҳар буду нобуде, ки буд,
Бар кафанталбу ватанталбандаҳо бахшиду дод.
Душмани дарвеши худро,
Шоҳу доро карду худ дарвеш шуд.
Дар миёни тангчашмоне, ки дар чашмонашон
Солҳои тангиро медид ӯ,
Гаҳ дар оташ,
Гаҳ дар об
Таҳ ба таҳ бо сӯхтанҳои манори суғдиёнаш сӯхт — сӯхт,
Бо харобободи девору дари Афросиёбаш шуд хароб.
Лек лафзи модариаш,
Ҳамчу номи модараш,
Дар забону дар даҳонаш монд – монд.
Ҳар сухан бо шири модар
Сахт шуд дар устухонаш монд – монд.
Худ ба худ дар гӯшаи хоки диёр
Аз ҷудоӣ, аз ғарибӣ,
Ӯ гиристу гиряҳо бар обшорон ёд дод,
Лафзи кӯҳистоние бар боду борон ёд дод.
Рӯдҳоро Рӯдакидон кард ӯ,
Бодҳоро Анварихон кард ӯ.
Рӯзи ноободиаш тоҷик забон обод кард,
Дар забонаш давлати бедавлатӣ бунёд кард.
Давлате аз ҳарфи вазнин,
Давлате аз шеъри рангин.
Аз чунин шеъре, ки ҳар як мисрааш
Ҷӯяе аз хуни сарбозони ӯст,
Равзани нуре аз оташҳои зардуштони ӯст.
Гӯйиё чун сайди маҷрӯҳ
Ӯ ҷароҳатҳои худро
Гаштаю баргашта лесид,
Бо забони худ даво кард.
Дар сарояш тоҷик аз бахти нагун
Гарчи бо габру мусулмон
Ҳамсаро буд,
Ҳамрасулу ҳамхудо буд,
Дар забон аммо ҷудо буд.
Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,
То наафтанд аз забони хештан.
Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ,
То наафтад бар замин қадри сухан.
Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забон дорад, ватандор аст ӯ,
То забондор аст, бисёр аст ӯ.
Лоиқ Шералӣ.
Ифтихор
Дар миёни кӯҳсорон сахтҷонам зодаанд,
Дар раҳи кӯҳсор баҳри имтиҳонам зодаанд,
Волидайни бенишонам чун нишонам зодаанд,
Дар диёри камзамине бекаронам зодаанд.
Гарчи мегуфтанд аз қисмат бувад фардои ман,
Гарчи мегуфтанд серӯзӣ бувад дунёи ман,
Гарчи дар гаҳвора мебастанд дасту пойи ман,
Дар замин баҳри талоши осмонам зодаанд.
Дар миёни чор девори баланди кӯҳҳо,
Ки гаронӣ мекунад бар кӯҳҳо андӯҳҳо,
Дар радифи қуллаҳои посбони рӯҳҳо
Бо дили бедору бо рӯҳи ҷавонам зодаанд.
Бо дуои мӯсафедони худотарсу баор,
Бесавод, аммо саводомӯзи сад омӯзгор,
Бо шарофатҳои кампирҳои нимҷон ҷоннисор
Баҳри ҳоло, баҳри фардои замонам зодаанд.
Ман аз ин сон бесаводон сӯхтан омӯхтам,
Аз сафои сураи Қуръон сухан омӯхтам,
Аз китоби зери болинам Ватан омӯхтам –
Дар диёри байту шеъру достонам зодаанд.
Гарчи дар базми бузургон кӯдаки гаҳвораам,
Бо ҳама камзарфии худ ҷузви ин сайёраам,
Шоирам ё ошиқам, майхора ё ғамхораам,
Ҳар кӣ ҳам бошам, ба қасди душманонам зодаанд…
Дар миёни кӯҳсорон кӯҳсонам зодаанд,
Бо ғурури қуллаҳо ҳамошёнам зодаанд.
Дар канори чашмае баҳри дамонам зодаанд,
Дар деҳи хурде барои сад ҷаҳонам зодаанд!
Лоиқ Шералӣ.
Забонгумкарда
Ҳар кӣ дорад дар ҷаҳон гумкардае,
Дар замину дар замон гумкардае.
Ин нишон гумкардаеву дигаре
Хештанро бенишон гумкардае.
Ин яке бахти ҷавон гум кардааст,
Дигаре ганҷи равон гум кардааст.
Ин яке гар ними нон гум кардааст,
Дигаре ними ҷаҳон гум кардааст.
Ин яке ҷону ҷигар гум кардааст,
Он яке шӯру шарар гум кардааст.
Ин яке гум карда гар моли падар,
Дигаре панди падар гум кардааст.
Гар яке бому даре гум кардааст,
Дигаре ному фаре гум кардааст.
Он забони ҳамдилӣ гум кардааст,
Ин забони модарӣ гум кардааст.
Аз тамоми ину он гумкардагон
Зиштрӯтар нест дар рӯйи ҷаҳон
З-он ки гум карда забони модарӣ,
Ҳарф гӯяд бо ту бо чандин забон.
Бок не, гар доварӣ гум кардааст
Ё умеди сарварӣ гум кардааст.
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.
Он яке қадри сухангумкардае,
Дигаре боғу чамангумкардае.
Аз забонимодаригумкарда лек
Мерасад рӯзе ватангумкардае…
Лоиқ Шералӣ.
Алорағми маҳалгароён
Агар аз Балх ё аз Қандаҳорем,
Ҳама парвардаи як кӯҳсорем.
Дар ин дарёи нопайдоканора
Ба як киштии тӯфонӣ саворем.
Толиби Қандаҳорӣ
I
Гоҳ-гоҳе маҳалгароёне
«Аз куҷоӣ?» – суол меоранд.
Бо суоли маҳалгаройишон
Баҳри миллат завол меоранд.
Ҳунарат чист? Эътиношон нест,
Оҳ, оҳ аз чунин маҳалбозон!
Самарат чист? Кас намепурсад,
Дод, дод аз чунин дағалбозон!
Эҳтиёҷаш ба сангдилҳо нест
Миллати сангиродаи моро.
Эҳтиёҷаш ба сангҷонҳоест
Миллати сангзодаи моро.
Ҷойи обод нест дар миллат,
«Аз куҷоӣ?» – суоли вайронист!
«Аз куҷоӣ?» – касе, ки мепурсад
Бори миллат ба дӯш вайро нест!
Хоби шабҳои ман ҳаром шуда,
То ки миллат ҳалолтар бошад.
Мепазирам заволи ҷони хеш,
Миллатам безаволтар бошад.
«Аз куҷоӣ?» – суоли миллаткуш,
Аз чӣ дардӣ, туро чӣ ойин аст?
Баҳри миллат чу сарсупурдаи ӯ
То куҷо меравӣ? Суол ин аст!
II
Фарқ набвад аз ҷанубӣ ё шимол,
Фарқ бошад ту ҳаромӣ ё ҳалол.
Фарқ набвад аз шимолӣ ё ҷануб,
Фарқ он бошад, ки зиштӣ ё ки хуб.
Миллати мо миллати яклахт нест,
З-ин сабаб хушдавлату хушбахт нест.
То ғамони хешро ғамхора нест,
Миллати мо миллати якпора нест.
Як забону сад забонча дорад ӯ,
Сайд бар сайёди худ биспорад ӯ.
Хешро нашнохта бегонадӯст,
Аз ҳақиқат ғофилу афсонадӯст.
Шаҳманиш будан барояш каҳкашист,
Хештаннашносии ӯ худкушист.
Пеш рафтанҳош вопас рафтан аст,
Аз пайи як зумра нокас рафтан аст.
Миллат аз якшохагӣ шохаш шикаст,
Сар ба боло карду андар гум нишаст.
Гар ту дорӣ доғу дарди тоҷикӣ,
Ростиро, марди марди тоҷикӣ.
Гар дили моро бихонӣ, тоҷикӣ,
Гавҳари моро бидонӣ, тоҷикӣ.
Фарқ набвад аз куҷоӣ, эй ҳабиб,
Гар ту моӣ, гар ту моӣ, эй ҳабиб.
Берун аз ҳар қайду бастӣ, зинда бош!
Мисли мо миллатпарастӣ, зинда бош!
Лоиқ Шералӣ.
Ману ту
Ҳеҷ донӣ, ки чӣ кардем ба модар ману ту?
Ё чӣ кардем ба ҳам, ҷони бародар, ману ту?
Саъй кардем ба вайронии кишвар ману ту,
Рав, ки уф бар туву ман бошаду туф бар ману ту.
Ҳардумон мояи нангем, амон аз ману ту!
Ману ту ҳар ду ҷафангем, амон аз ману ту!
Маликушшуаро Баҳор
Ману ту ё туву ман? Хуб, чӣ коре кардем?
Бо дили халқ чӣ сон гуфтугузоре кардем?
Чӣ навӣ дар бари ин кӯҳнадиёре кардем?
Ҳеҷ! Гулзори Ватанро чу мазоре кардем.
Баски фарҳанг надорем, амон аз ману ту!
Фарраву нанг надорем, амон аз ману ту!
Ману ту ҳавсалатангем, амон аз ману ту!
Ману ту даббаву дангем, амон аз ману ту!
Ману ту гиҷу гарангем, амон аз ману ту!
Пур дурӯему дурангем, амон аз ману ту!
Ману ту масту малангем, амон аз ману ту!
Бандаи нашъаву бангем, амон аз ману ту!
Ту аз ин сӯ, ман аз он сӯй чу сангар кардем,
Мулки ғоратзадаро ғорати дигар кардем.
Сарварӣ хоставу сарбуриро сар кардем,
Хари худро биситудему паямбар кардем.
Баски мо худ хари лангем, амон аз ману ту!
Ҷумлагӣ вақфи дирангем, амон аз ману ту!
Ту аз ин сӯ, ман аз он сӯй туфанг овардем,
Баҳри саркӯбии ҳам оҳану санг овардем,
Халқи ғафлатзадаро сахт ба танг овардем,
Аз сари роҳ варо бар сари ҷанг овардем.
Чун ба ҳукми дигаронем, амон аз ману ту!
Душману дӯст надонем, амон аз ману ту!
Сухане ҳеҷ на аз фарри каёнӣ гуфтем,
Ту бадахшонӣ, хуҷандӣ, хуталонӣ гуфтем,
Ту самарқандӣ, зарафшонӣ, вахонӣ гуфтем,
Ту бухорӣ, ту ҳисорӣ, ту фулонӣ гуфтем.
Баски бегонапарастем, амон аз ману ту!
Сусту бемояву пастем, амон аз ману ту!
Дод, сад дод аз ин хидмати фарзандии мо,
Оҳ, сад оҳ аз ин хешиву пайвандии мо,
Ёфт чун рахна ба девори маҳалбандии мо,
Бехирад тохт ба авранги «хирадмандӣ»-и мо.
Баски авранг надорем, амон аз ману ту,
Фаҳми аржанг надорем, амон аз ману ту!
Бонгамон буд ба номи Ватану суди Ватан,
Бонгамон буд, ту гӯйӣ, ҳама фармуди Ватан,
З-оташи даъвати мо – даъвии беҳбуди Ватан
Сӯхт он сон, ки баромад ба фалак дуди Ватан.
Чунки беҷилваю рангем, амон аз ману ту,
Мисли як пукафишангем, амон аз ману ту!
Аввал аз баҳри димукросӣ талоше кардем,
Баҳри фардои Ватан ҷодатарошӣ кардем,
Мӯканӣ, рӯйканӣ, синахарошӣ кардем,
Оқибат мардуми худро муталошӣ кардем.
Баски якпора набудем, амон аз ману ту,
Ба як ангора набудем, амон аз ману ту!
Нест қонуне, вале хидмати қонун кардем,
Халқро кӯфта, аз зиндагӣ бурун кардем,
Хуни ӯ рехта, сарсону алохун кардем,
Алғараз домани таърих пур аз хун кардем,
Баски додор надорем, амон аз ману ту,
Баски солор надорем, амон аз ману ту!
Ману ту? Оҳ зи дасти шару шӯри ману ту!
Оҳ аз дасти дилу дидаи кӯри ману ту!
Оҳ аз кӯтаҳии ақлу шуури ману ту!
Ҳар ду кандем ба ҳампанҷагӣ гӯри ману ту!
Ҳар ду бадхоҳи худ астем, амон аз ману ту,
Ки чунин хор шудастем, амон аз ману ту!
Инак, аз беҳунарӣ бод ба каф мардуми мост,
Аз пайи пораи ноне зада саф мардуми мост,
Монда ҳайрону парешон ду тараф мардуми мост,
Байни обу алави бими талаф мардуми мост.
Хирмани сӯхта дорем, амон аз ману ту!
Ду лаби дӯхта дорем, амон аз ману ту!
Вой бар мо, ки киён тоҷи каёнро куштанд,
Хешу бегона ҳама тоҷикамонро куштанд,
Пеши ман, гӯ, на фақат пиру ҷавонро куштанд,
Пеши ман гӯйӣ ҳама кавну маконро куштанд.
Чунки мо душмани хешем, амон аз ману ту,
Оташи хирмани хешем, амон аз ману ту!
Баъд аз ин фоҷиа чун боз сарафроз шавем?
Боз чун қобили шаҳкориву эъҷоз шавем?
Боз чун ҳамрамақу ҳамдилу ҳамроз шавем,
Ки дар ин зиндагӣ аз мурдагӣ оғоз шавем?
Чунки мо боз ҳамонем, амон аз ману ту!
Баҳри ҳам гӯрканонем, амон аз ману ту!
Ҳол бо шавкати дерина таҳи по шудаем,
Тоҷдорони нагунбахти тиҳипо шудаем,
Дур аз асли худ афтодаву дарво шудаем,
Аҳлият нест, ки вомондаи дунё шудаем.
Лоиқи қаҳри Худоем, амон аз ману ту!
Ки чунин зиндаҷудоем, амон аз ману ту!
Пас, биё, даст ба ҳам додаву паймон созем,
Дар баду нек ба ҳам будаву даврон созем.
Дар ҳарими диламон маъбади имон созем,
На шимолӣ, на ҷанубӣ, яке Инсон созем!
То дигар бор нагӯем: амон аз ману ту!
То ба такрор нагӯем: амон аз ману ту!
05.02.1994
Лоиқ Шералӣ.
Илтиҷо аз камонмардон
Найзабозӣ андар ин кӯҳҳои танг
Найзабозонро ҳамеорад ба нанг.
Мавлавӣ
Камонмардон!
Камон аз дӯш бигзоред,
Ба ёди куштагони хештан хомӯш бигзоред!
Ки аз тири заминиву ҳавоитон
Ҳавои зиндагимон нест.
Зи барқи тиратон шабҳо
Сафои зиндагимон нест.
Ҳама тире, ки андар тирдон доред,
Ба қалби ман бияндозед,
Ба ҷони ман фурӯ резед,
Ҳамин як қалби ман омоҷгоҳи тиратон бошад,
Валекин ҷони мардум дар амон бошад.
Агар як ман бимирам, ҳеҷ боке нест,
Фардо Модари тоҷик
Ҳазорон Лоиқи лоиқтаре аз ман биёрад боз.
Басо мушфиқ, басе ошиқ, басе содиқтаре аз ман биёрад боз.
Камонмардон!
Худо дар синаҳотон раҳм андозад,
Камон аз дӯш бигзоред,
Ба ёди куштагони дӯш бигзоред.
Ҳама тиру камон бинҳед,
Ба мо тири амон бидҳед.
Ҳама тиру камон бинҳед,
Ба мо давру замон бидҳед.
Камонмардон!
Яқин донед,
Ки ин тоҷик куштан аз ду ҷониб дар ду дунё қаҳрамонӣ нест,
Ки чун ин ҷанги нангини шумо дар ҳеҷ таърихи ҷаҳонӣ нест,
Ва аз ин шумтар, аз ин табаҳтар достоне нест.
Шумо чун хуни ҳамдигар ҳамерезед,
Душман мешавад пирӯз бар мо бесилоҳу ҷанг.
Шумо чун тухми ҳамдигар ҳамесӯзед,
Душман мешавад пирӯзтар беҳангу бесарҳанг.
Агар ҳоло намефаҳмед,
Рӯзе нек мефаҳмед, ки тире аз камон рафта-ст
Ва рӯзе нек мефаҳмед, ҳар тире, ки афкандед,
Ба мағзи устухони тоҷикон рафтаст.
Шумо як рӯз мефаҳмед,
Ки худ ёрӣ ба душман кардаед, эй вой!
Ки худ бунёди меҳан кандаед, эй вой!
Камонмардон!
Агар хоҳед фардоро ба даст оред,
Камон аз даст бигзоред!
Агар хоҳед рӯҳеро наёзоред,
Камон аз даст бигзоред!
02.12.1994
Лоиқ Шералӣ
Ғазал
Ҷабри таърих ягон қавм надидаст, ки мо,
Заҳри таърих нажоде начашидаст, ки мо.
Миллате зери фалак бо ҳама фарҳанги сутург
Ин қадар зиллату хорӣ накашидаст, ки мо.
Миллате дар раҳи тақдир бад-ин танҳоӣ
Ба чунин вартаи муҳлик нарасидаст, ки мо.
Миллате аз қалами рафта бар аъмоли башар
Ин қадар бӯйи уқубат нашамидаст, ки мо.
Миллате беҷиҳате бо сари пуршӯру баланд
Дар сари дори аҷониб натапидаст, ки мо.
Ҳеҷ қавме ба чунин нокасию нохалафӣ
Хуни ҳамхуни худашро намакидаст, ки мо.
Миллате дар ҳама айём бад-ин бешарафӣ
Синаи модари худро набуридаст, ки мо.
Ҳеҷ кас зери ниқоб омада баҳри зару сим,
Ҷигари ҳамнасабашро надаридаст, ки мо.
Ҳеҷ фарде зи сари кин ба ҷигаргоҳи падар
Дашнаи ташнаи хунро нахалидаст, ки мо.
…Оҳу афсӯс, ки дар ҳошияи таърихем,
Ин ҳама фоҷиаро даҳр надидаст, ки мо.
29.01.1994
Лоиқ Шералӣ.
Ғазал
Ҷон ба қурбони ту, эй меҳани хунинкафанам,
Будӣ байтушшарафам, гаштаӣ байтулҳазанам.
Душманат чор тараф аҷнабию хонагиянд,
Тани танҳо ба чӣ неру сафи аъдо шиканам?
Дӯст душманнасақу душмани ту дӯстнамост,
Рост гӯям, бипаронанд зи чашму даҳанам.
Тоҷик андар Ватани хеш чаро муттаҳам аст?
Ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам?
Ҳама халқони дигар анҷуман оростаанд,
Дар Самарқанд нашуд сохта ним анҷуманам…
Гуфт алломаи Иқбол, ки бархез зи хоб!
Буздиле гуфт: фулонист мухотаб, на манам…
Он яке дар хуми тилло сари худ кард фурӯ,
Дигаре гуфт: биё, маҳваши симинзақанам…
Он яке гуфт ғами гову бузу бузғола,
Дигаре гуфт ғами хонаву фарзанду занам…
Домани кӯҳ гирифтему думи маркаби хеш
Рафт аз даст ҳама домани дашту даманам.
Эй Хуросон, ту бигӯ, соҳати Эронвич ку?
Ман аз ин фоҷиа чун шиква ба Яздон накунам?
Ку дигар шаъшаъаи донишу фарҳанги бузург?
Ку дигар карру фару наъраи ғулғулфиканам?
Рӯзу шаб аз ғами ту гирякунон месӯзам,
Ту ба хун ғарқаю ман ғарқи малолу миҳанам.
Гиряи ман на аз он аст, ки даргоҳам сӯхт,
Ҳам на з-он аст ки шуд сӯхта боғу чаманам,
Гиряи ман на аз он аст, ки гум шуд писарам,
Ҳам на з-он аст, ки абгор шуд аҷзои танам,
Гиряи ман на аз он аст, ки бечора шудам,
Ҳам на з-он аст, ки фарсуда бувад пираҳанам,
Гирям аз он ки туро ҳукм ба куштан карданд,
Эй ту ҳам появу ҳам мояи инсон буданам!
Гирям аз он ки зи бунмояи ин қисмати талх
Ман сухан гӯям агар, нест касе ҳамсуханам!
Гирям аз он ки ба жарфои чунин фоҷиае
Нашавад хира кас аз ҳамнасабу ҳамватанам.
Гирям аз он ки ду-се бетарафи бешарафе
Ба сарам санг биборанд, ки ман дам назанам.
Гирям аз он ки ту танҳоиву ман танҳотар,
Ватанам, о ватанам, о ватанам, о ватанам!
18.02.1996
Лоиқ Шералӣ.
Қасида
Имоми ду тарафро мекунам табрик,
Ки тоҷик мешавад наздик бо тоҷик!
Тазод ин ҷо, тазоди вақт ҳам ин ҷост,
Ки бо тоҷик тоҷик мешавад наздик.
Имоми ду тарафро мефишорам даст,
Ки пай бурданд бар ин нуктаи борик,
Ки андар оштӣ оши ҳалоли халқ,
Ки андар оштӣ дарҷ аст рӯзи нек.
Чу донистанд, к-андар паҳнаи гетӣ
Кӣ будасту кӣ дод ин ҷангро таҳрик,
Бародарвор роҳи нурро ҷустанд,
Ки фардоро раҳонанд аз шаби торик.
Кунун оғози сулҳ асту рафоҳи халқ,
Бувад ояндаи пурнурамон наздик!
Ба ин азми қавию аҳди мардона
Имоми ду тарафро мекунам табрик.
Имоми ду тарафро мекунам табрик,
Ки тоҷик мешавад наздик бо тоҷик!
28.12.1996
Лоиқ Шералӣ.
Қасида
Раҳми парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Зиндагӣ сахттар зи мурдагӣ буд,
Ҳотифи зиндадори мо омад.
Кӯю барзан пур аз гадоён буд,
Фурсати шоҳкори мо омад.
Пири Канъоно, чашми ту равшан!
Юсуфи дилфигори мо омад.
Мурдаҳо норизо зи мо буданд,
Фотиҳа бар мазори мо омад.
Чор сӯ буд тирборонҳо
Яке тири барори мо омад.
Ахтари наҳс аз сари мо рафт,
Ахтари саъд ёри мо омад.
Аз сари мо хазонфишон бигзашт,
Гулфишони баҳори мо омад.
Кӯҳсоро, бибахш пастии мо,
Нангу ному виқори мо омад.
Ҳоли зору низори мо бигзашт,
Вақти ҷуду нисори мо омад.
Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.
07.01.1997
Лоиқ Шералӣ.
Қасида
Бонги ҷашни тоҷикон ояд ҳаме,
Ғулғули Сомониён ояд ҳаме.
Аз Бухоро бар Душанбеи шариф
«Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме».
Бар Душанбе – пойтахти тоҷикон,
Тахти бахти тоҷикон ояд ҳаме.
Ҳон, магӯ Исмоили Сомонӣ мурд,
Зинда бо сад корвон ояд ҳаме.
Корвонаш ҳомили номусу ном,
Ончунон буд, ончунон ояд ҳаме.
Корвонаш нимароҳа монда нест,
Вориси тоҷи каён ояд ҳаме.
Кушта будандаш адувон, баҳри мо
Зинданому зиндаҷон ояд ҳаме.
Чун дилаш дар ёди миллат метапид,
Рӯйи каф дил армуғон ояд ҳаме.
Аз миёни чанд қарни ашку хун
Паҳлавону қаҳрамон ояд ҳаме.
Эй Душанбе, боз кун оғӯши хеш,
Шоҳи Сомон меҳмон ояд ҳаме.
Меҳмон гуфтам? Ғалат гуфтам, бубахш,
Меҳмон не, мизбон ояд ҳаме!
Гарчи аз майдони ҷанги беамон
Ӯ саропо хунчакон ояд ҳаме.
Назди мо бо ормонҳои бузург,
Номаи амну амон ояд ҳаме.
Номаи мо ормони дигар аст,
Лек ӯ чун ормон ояд ҳаме.
Ӯ баҳори рафтаро бозоварад,
Ӯ алорағми хазон ояд ҳаме.
Эй Душанбе, дар канорат рӯи тахт
Мири Сомон ҷовидон ояд ҳаме.
То ҷавонӣ оварад бар халқи хеш,
Мир Исмоил ҷавон ояд ҳаме.
Бо насими бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён
Бар Ҳисори Шодмон ояд ҳаме.
Рӯди Варзобу ҳама амвоҷи маст
Пеши ӯ доманкашон ояд ҳаме.
Кӯҳи Анзобу ба каф анвои гул
Пеши пояш армуғон ояд ҳаме.
Шак макун, эй каҷназар, гар мири мо
З-он замон бар ин замон ояд ҳаме.
Чун ҷаҳони мо надорад интиҳо,
Баҳри мо чун як ҷаҳон ояд ҳаме.
Ҳамраҳи ӯ бо ҳазорон кавкаба
Рӯдакӣ ҳамдостон ояд ҳаме.
Рӯдакӣ бо уди эъҷозофарин
Дилнавозу дилситон ояд ҳаме.
«Модари май» ҷом дар каф, кафзанон
Дар бари гулдухтарон ояд ҳаме.
Устоди Тӯс «Шаҳнома» ба каф
Дар бари соҳибқирон ояд ҳаме.
Дар бари ӯ бо ғурури тоҷикӣ
Рустам аз Зобулситон ояд ҳаме.
Рустами Дастон ба он фарру шукӯҳ
Аз миёни «Ҳафтхон» ояд ҳаме.
Аз камондорони мо нанг оядаш,
Бесинону бекамон ояд ҳаме.
Бонги нӯши мо расад бар осмон,
Чунки он Нӯшинравон ояд ҳаме.
Пешвои миллати фарҳангсоз
Сар фарозон пешамон ояд ҳаме.
Шӯру шодӣ аз фарози пайкараш
Аз карона то карон ояд ҳаме.
Ҳам суруди мо расад бар осмон,
Ҳам дуруд аз осмон ояд ҳаме.
Номи мо нодида гар гирад ҳасуд,
Номи мо аз Каҳкашон ояд ҳаме.
Мир Исмоил, суҷудат мебарам,
К-аз замирам армуғон ояд ҳаме.
Кош, донистӣ, ки баъди Рӯдакӣ
Лоиқи сарводахон ояд ҳаме.
01.09.1999