Гулистон. Боби ҳаштум. Дар одоби суҳбат

Мол аз баҳри осойиши умр аст, на умр аз баҳри гирд кардани мол! Оқилеро пурсиданд, ки некбахт кисту бадбахтӣ чист? Гуфт: некбахт он, ки хӯрду кишт ва бадбахт он, ки мурду ҳишт 1.
Макун намоз бар он ҳеҷ кас, ки ҳеҷ накард,
Ки умр дар сари таҳсили мол карду нахӯрд!
***

Ду кас ранҷи беҳуда бурданду саъйи бефоида карданд: яке он, ки андухту нахӯрд ва дигар он, ки омӯхту амал накард.
Илм чандон, ки бештар хонӣ,
Чун амал дар ту нест, нодонӣ!
На муҳаққиқ бувад, на донишманд,
Чорпое бар ӯ китобе чанд!
Он тиҳимағзро чӣ илму хабар,
Ки бар ӯ ҳезум аст ё дафтар?
***
Олими нопарҳезгор — кӯри машъаладор аст!
__________

1 Ҳишт — гузошт

114

Бефоида ҳар ки умр дарбохт,
Чизе нахариду зар бияндохт.
***
Се чиз бе се чиз пойдор намонад: мол бе тиҷорату илм бе баҳс ва мулк бе сиёсат.
***
Раҳм овардан бар бадон ситам аст бар некон ва афв кардан аз золимон ҷавр аст бар мазлумон!
Хабисро чу тааҳҳуд 1 кунию бинвозӣ,
Ба давлати ту нигаҳ мекунад ба анбозӣ 2 .
* * *
Ба дӯстии подшоҳон эътимод натавон карду бар овози хуши кӯдакон, ки он ба хаёле мубаддал шаваду ин ба хобе мутаҳайир гардад.
Маъшуқи ҳазордӯстро дил надиҳӣ!
B-ар медиҳӣ, он дил ба ҷудоӣ биниҳӣ!
* * *
Ҳар он сирре, ки дорӣ, бо дӯст дар миён манеҳ: чӣ донӣ, ки вақте душман гардад ва ҳар газанде, ки тавонӣ, ба душман марасон, ки бошад, ки вақте дӯст шавад!
Розе, ки ниҳон хоҳӣ, бо кас дар миён манеҳ, агарчи дӯсти мухлис бошад, ки мар он дӯстро низ дӯстони мухлис бошанд, ҳамчунин мусалсал! 3
Хомӯшӣ беҳ, ки замири дили хеш
Ба касе гуфтану гуфтан, ки «Магӯй»!
__________

1 Тааҳҳуд — ҳимоят кардан
2 Яъне: худро шарики давлати ту мешуморад
3 Мусалсал — пай дар пай, яъне ба ҳамин тариқ, он сирро як дӯст ба дӯсти дигар гуфтан мегирад

115

Эй салим 1, об зи сарчашма бибанд,
Ки чу пур шуд, натавон бастан ҷӯй!
***
Сухане дар ниҳон набояд гуфт,
Ки бари анҷуман нашояд гуфт 2!

Душмане заиф, ки дар тоат 3 ояд ва дӯстӣ намояд, мақсудаш ҷуз он нест, ки душмани қавӣ гардад ва гуфтаанд: бар дӯстии дӯстон эътимод нест, то ба тамаллуқи душманон чӣ расад ва ҳар кӣ душмани кӯчакро ҳақир шуморад, бад-он монад, ки оташи андакро муҳмал 4 мегузорад!
Имрӯз бикуш, чу метавон кушт,
К-оташ чу баланд шуд, ҷаҳон сӯхт!
Магзор, ки зеҳ кунад камонро
Душман, ки ба тир метавон дӯхт!
* * *

Сухан дар миёни ду душман чунон гӯй, ки агар дӯст гарданд, шармзада набошӣ!
Миёни ду кас ҷанг чун оташ аст,
Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст!
Кунанд ину он хуш дигар бора дил,
Вай андар миён кӯрбахту хиҷил!
Миёни ду тан оташ афрӯхтан
На ақл асту худ дар миён сӯхтан!
__________

1 Салим — солимақл
2 Яъне: суханеро, ки дар назди мардум гуфтан мумкин набошад, ба касе пинҳонӣ гуфта ҳам мумкин нест
3 Тоат — итоат
4 Муҳмал гузоштан — беаҳамият шумурдан, ба назари эътибор нагирифтан

116

***
Дар сухан бо дӯстон оҳиста бош,
То надорад душмани хунхор гӯш!
Пеши девор он чӣ гӯйӣ ҳуш дор,
То набошад дар паси девор муш!
***
Ҳар кӣ бо душманон сулҳ мекунад, сари озори дӯстон дорад!
Бишӯй, эй хирадманд, аз он дӯст даст,
Ки бо душманонат бувад ҳамнишаст.
***
Чун дар имзои 1 коре мутараддид 2 бошӣ, он тараф ихтиёр кун, ки беозортар барояд!
Бо мардуми саҳлхӯй 3 душхор 4 магӯй!
Бо он, ки дари сулҳ занад, ҷанг маҷӯй!
* * *
То кор ба зар бармеояд, ҷон дар хатар афкандан нашояд!
Чу даст аз ҳама ҳилате даргусаст,
Ҳалол аст бурдан ба шамшер даст!
***
Бар аҷзи душман раҳмат макун, ки агар қодир шавад, бар ту набахшояд!
Душман чу бинӣ нотавон, лоф аз бурути худ мазан:
Мағзест дар ҳар устухон, мардест дар ҳар пераҳан.
__________

1 Имзо — дар ин ҷо ба маънии иҷро ва баҷооварӣ
2 Мутараддид — дудилагӣ
3 Саҳлхӯй — хушхулқ
4 Душхор — гапи сахт

117

***
Ҳар ки бадеро бикушад, халқро аз балои ӯ бираҳонаду ӯро аз азоби худо.
Писандида-ст бахшойиш, валекин
Манеҳ бар реши халқозор марҳам!
Надонист он, ки раҳмат кард бар мор,
Ки он зулм аст бар фарзанди одам!

Насиҳат аз душман пазируфтан хатост, валекин шунидан равост, то ба хилофи он кор кунӣ, ки айни савоб аст!
Ҳазар кун з-он чӣ душман гӯяд: «Он кун!»,
Ки бар зону занӣ дасти тағобун 1 !
Гарат роҳе намояд рост чун тир,
Аз ӯ баргарду роҳи дасти чап гир!
***

Хашми беш аз ҳад гирифтан ваҳшат орад ва лутфи бевақт ҳайбат бибарад. На чандон дуруштӣ кун, ки аз ту баргарданд ва на чандон нармӣ, ки бар ту далер шаванд.
Дуруштию нармӣ ба ҳам-дар беҳ аст,
Чу рагзан, ки ҷарроҳу марҳамнеҳ аст!
Дуруштӣ нагирад хирадманд пеш.
На сустӣ, ки нозил кунад қадри хеш!
На мар хештанро фузунӣ ниҳад,
На якбора тан дар мазаллат 2 диҳад!
***
Шубоне бо падар гуфт: «Эй хирадманд,
Маро таълим деҳ пирона як панд»!
___________

1 Тағобун — ҳасрату надомат
2 Мазаллат — хорӣ

118

Бигуфто: «Некмардӣ кун на чандон,
Ки гардад чира 1 гурги тездандон!
***
Бадхӯй дар дасти душмане гирифтор аст, ки ҳар куҷо равад аз чанги уқубати ӯ халос наёбад.
Агар зи дасти бало бар фалак равад бадхӯй,
Эй дасти хӯйи бади хеш дар бало бошад!
* * *
Чу бинӣ, ки дар сипоҳи душман тафриқа афтодааст, ту ҷамъ бош ва агар ҷамъ шаванд, аз парешонӣ андеша кун!
Бирав, бо дӯстон осуда биншин,
Чу бинӣ дар миёни душманон ҷанг!
В-агар бинӣ, ки бо ҳам якзабонанд.
Камонро зеҳ куну бар бора 2 бар санг!
***
Душман чу аз ҳама ҳилате фурӯ монад, 3 силсилаи дӯстӣ ҷунбонад 4 , он гоҳ ба дӯстӣ корҳо кунад, ки ҳеҷ душман натавонад кард.
***
Сари мор ба дасти душман бикӯб, ки аз эҳдaлҳуснайн 5 холӣ набошад: агар ин ғолиб омад, мор куштӣ ва агар он, аз душман растӣ!
Ба рӯзи маърака эмин машав зи хасми заиф.
Ки мағзи шер барорад, чу дил зи ҷон бардошт!
__________

1 Чира — ғолиб
2 Бора — бурҷи қалъа
3 Фурӯ монд – оҷиз монд
4 Яъне: худро дӯст вонамуд мекунад
5 Эҳдалҳуснайн — яке аз ду хубӣ

119

***
Хабаре, ки донӣ, ки диле биёзорад, ту хомӯш бош, то дигаре биёрад:
Булбуло, муждаи баҳор биёр!
Хабари бад ба бум бозгузор!
***
Ҳар ки насиҳати худрое 1 мекунад, худ ба насиҳатгаре муҳтоҷ аст!
***
Фиреби душман махӯр ва ғурури маддоҳ махар, ки ин доми зарқ 2 ниҳода асту он домани тамаъ кушода!
Аҳмақро ситойиш хуш ояд, чун лоша, ки дар каъбаш дамӣ 3 , фарбеҳ намояд:
Ало, то нашнавӣ мадҳи сухангӯй,
Ки андакмоя 4 нафъе аз ту дорад!
Агар рӯзе муродаш барнаёрӣ,
Дусад чунон уюбат баршуморад.
***
Мутакаллимро то касе айб нагирад, суханаш салоҳ напазирад:
Машав ғарра бар ҳусни гуфтори хеш,
Ба таҳсини нодону пиндори хеш!
***
Ҳама касро ақли худ бакамол намояду фарзанди худ баҷамол.
___________

1 Худрой — худсар
2 Зарқ — ҳилa
3 Каъб — банди пой, яъне: вақте ки қассоб ҳайвони мурдаро пӯст карданӣ шуда аз банди пояш дам мекунад, вай ба назар фарбеҳ менамояд
4 Андакмоя — одами паст

120

* * *
Даҳ одамӣ бар суфрае бихӯрaнд, ду саг бар мурдоре бо ҳам ба сар набаранд. Ҳарис ба ҷаҳоне гурусна асту қонеъ ба ноне сер. Ҳукамо гуфтаанд: «Тавонгарӣ ба қаноат, беҳ аз тавонгарӣ ба бизоат!»
Рӯдаи танг ба як нони тиҳӣ пур гардад,
Неъмати рӯйи замин пур накунад дидаи танг.
***
Ҳар кӣ дар ҳоли тавоноӣ накуӣ накунад, дар вақти нотавонӣ сахтӣ бинад.
Бадахтартар аз мардумозор нест,
Ки рӯзи мусибат касаш ёр нест.
***
Ҳар чӣ зуд барояд, дер напояд:
Хоки Машриқ шунидаам, ки кунанд,
Ба чиҳил сол косаи чинӣ.
Сад ба рӯзе кунанд дар Бағдод,
Лоҷарам, қиматаш ҳамебинӣ!
***
Мурғак аз байза бурун ояду рӯзӣ талабад,
В-одамизода надорад хабар аз ақлу тамиз.
Он ки ногоҳ касе гашт, ба чизе нарасид,
В-ин ба тамкину фазилат бигузашт аз ҳама чиз.
Обгина 1 ҳама ҷо ёбӣ, аз он қадраш нест,
Лаъл душвор ба даст ояд, аз он аст азиз.
_________

1 Обгина — шиша

121
Корҳо ба сабр барояду мустаъҷил 1 ба сар дарояд 2.
Ба чашми хеш дидам дар биёбон.
Ки оҳиста сабақ 3 бурд аз шитобон.
Саманди бодпой аз так 4 фурӯ монд,
Шутурбон ҳамчунон оҳиста меронд.
***
Нодонро беҳ аз хомӯшӣ нест ва агар ин маслиҳат бидонистӣ, нодон набудӣ.
Чун надорӣ камолу фазл, он беҳ
Ки забон дар даҳон нигаҳ дорӣ!
Одамиро забон фазеҳа 5 кунад,
Ҷавзи 6 бемағзро сабуксорӣ.
***
Хареро аблаҳе таълим медод,
Бар ӯ-бар сарф карда саъй доим.
Ҳакиме гуфташ: «Эй нодон, чӣ кӯшӣ
Дар ин савдо? Битарс аз лавми лоим 7 .
Наёмӯзад баҳоим 8 аз ту гуфтор,
Ту хомӯшӣ биёмӯз аз баҳоим!
***
Ҳар кӣ тааммул накунад дар ҷавоб,
Бештар ояд суханаш носавоб.
Ё сухан орой чу мардум ба ҳуш!
Ё бинишин ҳамчу баҳоим хамӯш!
________

1 Мустаъҷил — шитoбкунанда
2 Яъне: capғалтон меравад
3 Сабақ — мусобиқа
4 Так — давидан
5 Фазеҳа — расво
6 Ҷавз — чормағз
7Лавми лоим — мазаммати мазамматкунанда
8 Баҳоим — чорпоён

122

***
Ҳар кӣ бо донотар аз худ баҳс кунад, то бидонанд, ки доност, бидонанд, ки нодон аст.
Чун дарояд меҳ аз туе ба сухан,
Гарчи беҳ донӣ, эътироз макун!
***
Ҳар кӣ бо бадон нишинад, некӣ набинад.
Гар нишинад фариштае бо дев,
Ваҳшат омӯзаду хиёнату рев 1.
Аз бадон некуӣ наёмузӣ,
Накунад гург пӯстиндӯзӣ!
***
Ҳар кӣ илм хонду амал накард, бад-он монад, ки гов ронду тухм наяфшонд.
***
На ҳар кӣ дар муҷодила 2 чуст, дар муомила дуруст.
Бас қомати хуш, ки зери чодар бошад.
Чун боз кунӣ, модари модар бошад.
***
На ҳар кӣ ба сурат накуст, сирати зебо дар ӯст, кор андарун дорад, на пӯст 3.
***
Тавон шинохт ба як рӯз дар шамоили мард,
Ки то куҷош расидаст пойгоҳи улум.
__________

1 Рев — фиреб
2 Муҷодила — мубоҳиса
3 Яъне: ботин эътибор дорад, на зоҳир

123

Вале зи ботинаш эмин мабошу ғарра машав,
Ки хубси 1 нафс нагардад ба солҳо маълум!
Панҷа бо шер задану мушт бар шамшер, кори хирадмандон нест.
Ҷангу зӯроварӣ макун бо маст,
Пеши сарпанҷа дар бағал неҳ даст.
***
Заифе, ки бо қавӣ диловарӣ кунад, ёри душман аст дар ҳалоки хеш.
Сояпарвардаро чӣ тоқати он,
Ки равад бо муборизон ба қитол.
Сустбозу ба ҷаҳл мефиканад
Панҷа бо марди оҳанинчангол.
Беҳунарон ҳунармандро натавонанд, ки бинанд, ҳамчунон ки сагони бозорӣ саги сайдро бинанд, машғала 2 бароранд ва пеш омадан наёранд, яъне сифла чун ба ҳунар бо касе барнаёяд, ба бухлаш дар пӯстин афтад 3.
Кунад ҳароина 4 ғайбат ҳасуди кӯтаҳдаст,
Ки дар муқобила гунгаш бувад забони мақол. 5
***
Ҳар киро душман пеш аст, агар накушад, душмани хеш аст!
Санг бар дасту мор сар бар санг.
Хираройӣ бувад қиёсу диранг 6!
__________

1 Хубс – палидӣ, хабисӣ
2 Машғала — ғалоғула
3 Дар пӯстин афтидан — киноя аз ғайбат кардан аст
4 Ҳароина — албатта
5 Яъне: дар вақти рӯ ба рӯ шудан забони гуфтугӯяш гунг мешавад
6 Диранг – дермонӣ, ҳайрон

124

Ва гурӯҳе бар хилофи маслиҳат дидаанду гуфтаанд, ки дар куштани бандиён тааммул авлотар аст, ба ҳукми он ки ихтиёр боқист, тавон кушт ва тавон бахшид: агар бетааммул кушта шавад, муҳтамил 1 аст, ки маслиҳате фавт шавад 2, ки тадоруки мисли он мумтанеъ бошад.
Нек саҳл аст, зинда беҷон кард,
Куштаро боз зинда натвон кард.
Шарти ақл аст сабри тирандоз,
Ки чу рафт аз камон, наёяд боз.
***
Ҳакиме, ки бо ҷуҳҳол 3 дарафтад, бояд ки иззат таваққуъ надорад. Агар ҷоҳиле ба забоноварию шӯхӣ ғолиб ояд, аҷаб нест, ки сангест, ки гавҳар ҳамешиканад.
На аҷаб, гар фурӯ равад нафасаш
Андалебе ғуроб 4 ҳамнафасаш.
***
Гар ҳунарманд аз авбош ҷафое бинад,
То дили хеш наёзорад, дар ҳам нашавад.
Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад,
Қимати санг наяфзояду зар кам нашавад.
***
Хирадмандеро, ки дар зумраи авбош сухан сурат набандад, шигифт мадор, ки овози барбат бо ғалабаи дуҳул барнаёяд ва бӯйи абир аз ганди сир фурӯ монад.
Баландовози нодон гардан афрохт.
Ки доноро ба бешармӣ бияндохт.
__________

1 Муҳтамил — эҳтимоли он аст
2 Фавт шавад — аз даст равад
3 Ҷуҳҳол — ҷоҳилон
4 Ғуроб — зоғи сиёҳ

125

Намедонад, ки оҳанги ҳиҷозӣ 1
Фурӯ монад зи бонги табли ғозӣ 2.
***
Ҷавҳар агар дар халоб 3 афтад, ҳамон нафис аст ва ғубор, агар бар фалак равад, ҳамон хасис 4 .
* * *
Мушк он аст, ки худ бибӯяд, на он ки аттор бигӯяд. Доно чу таблаи 5 аттор аст: хомӯшу ҳунарнамой ва нодон чу табли ғозӣ — баландовозу миёнтиҳӣ!
Дӯстеро, ки ба умре фарочанг 6 оранд, набояд, ки ба як дам биёзоранд.
Санге ба чанд сол шавад лаълпорае,
Зинҳор, то ба як нафасаш нашканӣ ба санг!
* * *
Андак-андак хеле шаваду қaтpa-қaтpa селе гардад, яъне онон, ки дасти қувват надоранд, санги хурда нигоҳ доранд, то ба вақти фурсат димор аз димоғи золим бароранд.
Андак-андак ба ҳам шавад бисёр,
Дoнa-дoнa-cт, ғалла дар анбор.
***
Олимро нашояд, ки сафоҳат 7 аз омӣ ба ҳилм даргузарад 8, ки ҳар ду тарафро зиён дорад: ҳайбати ин кам шаваду ҷаҳли он мустаҳкам.
__________

1 Оҳанги ҳиҷозӣ — яке аз мақомҳои мусиқии классикӣ аст
2 Ғозӣ — дорбоз
3 Халоб — кӯлмак
4 Хасис — беқадр
5 Табла — қуттӣ
6 Фарочанг — ба даст
7 Сафоҳат — аҳмақӣ
8 Яъне: олим набояд аз аҳмақии омӣ бо раҳмдилӣ чашм пӯшад

126

Чу бо сифла гӯйӣ ба лутфу хушӣ,
Фузун гардадаш кибру гарданкашӣ.
Маъсият 1 аз ҳар кӣ содир шавад, нописандида асту аз уламо нохубтар, ки илм силоҳи ҷанги шайтон аст ва худованди силоҳро чун ба асирӣ баранд, шармсорӣ беш барад.
Омии нодон, парешонрӯзгор
Беҳ зи донишманди нопарҳезгoр,
K-он ба нобиноӣ аз роҳ уфтод,
В-ин ду чашмаш буду дар чоҳ уфтод.
***
Ҳар кӣ дар зиндагонӣ нонаш нахӯранд, чун бимирад, номаш набаранд.
***
Лаззати ангур бева донад, на худованди мева. Юсуфи Сиддиқ дар хушксоли Миср сер нахӯрдӣ, то гуруснагонро фаромӯш накунад.
Он ки дар роҳату танаъум 2 зист.
Ӯ чӣ донад, ки ҳоли гурсна чист?
Ҳоли дармондагон касе донад.
Ки ба аҳволи хеш дармонад!
***
Эй ки бар маркаби тозанда саворӣ, ҳуш дор,
Ки хари хоркаши сӯхта дар обу гил аст!
Оташ аз хонаи ҳамсояи дарвеш махоҳ
K-oн чӣ бар равзани ӯ мегузарад, дуди дил аст!
__________

1 Маъсият — гуноҳ
2 Танаъум — нозу неъмат

127

***
Дарвеши заифҳолро дар тангии хушксол мапурс, ки чунӣ, магар ба шарти он, ки марҳаме бар решаш ниҳию маълуме 1 дар пешаш.
Харе, ки бинию боре ба гил дарафтода,
Ба дил бар ӯ шафақат кун, вале марав ба сараш!
Кунун, ки рафтию пурсидияш, ки чун афтод?
Миён бибанду чу мардон бигир дунби хараш!
***
Омии мутааббид 2 пиёдаи рафтааст ва олими мутаҳовин 3 — савори хуфта. Осӣ, ки даст бардорад, беҳ аз обид, ки (ғурур) дар сар дорад.
Сарҳанги латифхӯйи дилдор.
Беҳтар зи фақеҳи мардумозор.
***
Якеро гуфтанд: «Олими беамал ба чӣ монад?» Гуфт: «Ба занбӯри беасал!»
Занбӯри дурушти бемурувватро гӯй:
«Боре, чу асал намедиҳӣ, неш мазан!»
***
Хилъати султон, агарчи азиз аст, ҷомаи хулқони 4 худ баиззаттар. Хони бузургон, агарчи лазиз аст, хурдаи анбони худ — балаззаттар!
Сирка аз дасти ранҷи хешу тара,
Беҳтар аз нони деҳхудову бара!
__________

1 Маълум — пул
2 Мутааббид — ибодаткунанда
3 Мутаҳовин — сустикунанда, яъне ба илми худ амал накунанда
4 Хулқон — куҳнаю дарида

128

***
Хилофи роҳи савоб асту акси раъйи улулалбоб 1 дору ба гумон хӯрдан ва роҳи нодида бе корвон рафтан.
Имом Ғазолиро пурсиданд: «Чӣ туна расидӣ бад-ин манзалат дар улум?» Гуфт: «Бад-он, ки ҳар чӣ надонистам, аз пурсидани он нанг надоштам».
Умеди офият, он гаҳ бувад мувофиқи ақл,
Ки набзро ба табиатшинос бинмойӣ.
Бипурс ҳар чӣ надонӣ, ки зулли 2 пурсидан
Далели роҳи ту бошад, ба иззи доноӣ!
***
Ҳар кӣ бо бадон нишинад, агар низ табиати эшон дар ӯ асар накунад, ба тариқати эшон муттаҳам гардад ва агар ба харобот равад ба намоз кардан мансуб шавад ба хамр 3 хӯрдан.
Рақам бар худ ба нодонӣ кашидӣ,
Ки нодонро ба суҳбат баргузидӣ.
Талаб кардам зи доное яке панд,
Маро фармуд: «Бо нодон напайванд,
Ки гар донои даҳрӣ, хар бибошӣ,
B-агар нодонӣ, аблаҳтар бибошӣ!»
***
Ҳилми шутур, чунон ки маълум аст, агар тифле маҳораш гирад, ба сад фарсанг барад, сар аз мутобиаташ напечад. Аммо, агар дарае ҳавлнок пеш ояд, ки мӯҷиби ҳалок бошад ва тифл он ҷо ба нодонӣ хоҳад шудан, зимом аз кафаш даргусалонад ва беш мутобиат накунад, ки ҳангоми дуруштӣ мулотифат 4 мазмум 5 аст ва гӯянд: «Душ-
__________

1 Улулалбоб — соҳибони ақл
2 Зулл — хорӣ
3 Хамр — шароб, май
4 Мулотифат — нармӣ, лутф
5 Мазмум — мазамматшаванда, нописанд

129

ман ба мулотифат дӯст нагардад, балки тамаъ зиёда кунад».
Касе, ки лутф кунад бо ту, хоки пояш бош,
B-агар ситеза барад, дар ду чашмаш оган 1 хок!
Сухан ба лутфу карам бо дуруштхӯй магӯй,
Ки зангхӯрда нагардад магар ба сӯҳон пок!
***
Ҳар кӣ дар пеши сухани дигарон афтад, то мояи фазлаш бидонанд, пояи ҷаҳлаш шиносанд.
Надиҳад марди ҳушманд ҷавоб,
Магар он гаҳ, к-аз ӯ суол кунанд.
Гарчи барҳақ бувад фарохсухан,
Ҳамли даъвӣ-ш бар маҳол кунанд.
***
Реше 2 даруни ҷома доштам ва шайх ҳар рӯз пурсидӣ, ки чун аст ва нагуфтӣ, ки дар куҷост? Донистам, ки аз он эҳтироз 3 мекунад, ки зикри ҳама узве раво набошад ва хирадмандон гуфтаанд: «Ҳар кӣ сухан насанҷад, аз ҷавобаш биранҷад!»
То нек надонӣ, ки сухан айни савоб аст,
Бояд, ки ба гуфтан даҳан аз ҳам накушоӣ!
Гар рост сухан гӯйию дар банд бимонӣ,
Беҳ з-он ки дурӯғат диҳад аз банд раҳоӣ.
***
Дурӯғ гуфтан ба зарбати шамшер монад: агар ҷароҳат дуруст шавад, нишон ҳамчунон бимонад, чун бародарони Юсуф, ки ба дурӯғе мавсум шуданд, ба рост гуфтани эшон эътимод намонд…
___________

1 Огандан — пур кардан
2 Реш — захм
3 Эҳтироз — ҳазар

130

Якеро, ки одат бувад ростӣ,
Хато гар кунад, даргузоранд аз ӯ.
B-агар номвар шуд ба қавли дурӯғ,
Дигар рост бовар надоранд аз ӯ.
***
Аҷалли 1 коинот аз рӯйи зоҳир одамист ва азалли 2 мавҷудот — саг ва ба иттифоқи хирадмандон саги ҳақшинос беҳ аз одамии носипос!
Caгepo луқмае ҳаргиз фаромӯш
Нагардад в-ар занӣ сад навбаташ санг.
В-агар умре навозӣ сифлаеро
Ба камтар тундӣ ояд бо ту дар ҷанг.
***
Аз нафспарвар ҳунарварӣ наёяду беҳунар сaрвариро нашояд!
Макун раҳм бар марди бисёрхор,
Ки бисёрхор аст бисёр хор!
Чу гов ар ҳамебоядат фарбеҳӣ,
Чу хар тан ба ҷаври касон дардиҳӣ.
***
Некбахтон ба ҳикояту амсоли пешиниён панд гиранд аз он пештар, ки пасиниён ба воқеаи онон масал зананд ва дуздон даст кӯтоҳ накунанд, то дасташон кӯтоҳ кунанд.
Наравад мурғ сӯйи дона фароз.
Чун дигар мурғ бинад андар банд.
Панд гир аз масоиби 3 дигарон,
То нагиранд дигарон ба ту панд.
__________

1 Аҷалл — бузургтарин
2 Азалл — хортарин
3 Масоиб — мусибатҳо

131

***
Гадои неканҷом, беҳ аз шоҳи бадфарҷом.
Ғaмe к-аз паяш шодмонӣ барӣ,
Беҳ аз шодие, к-аз пасаш ғам хӯрӣ.
* * *
Заминро аз осмон нисор асту осмонро аз замин ғубор…
Гарат хӯйи ман омад носазовор,
Ту хӯйи неки хеш аз даст магзор!
***
Зар аз маъдан ба кон кандан бадар ояду аз дасти бахил ба ҷон кандан!
Дунон нахӯранду гӯш доранд,
Гӯянд: умед беҳ, ки хӯрда,
Рӯзе бинӣ ба коми душман
Зар мондаву хоксор мурда!
***
Ҳар кӣ ба зердастон набахшояд, ба ҷаври забардастон гирифтор ояд!
На ҳар бозу, ки дар вай қуввате ҳаст,
Ба мардӣ оҷизонро бишканад даст.
Заифонро макун бар дил газанде,
Ки дар монӣ ба ҷаври зӯрманде!
***
Аввал касе, ки алам бар ҷома карду ангуштарӣ дар дасти чап, Ҷамшед буд. Вайро пурсиданд: «Чаро зинат ба чап додию фазилат рострост?» Гуфт: «Ростро зинати ростӣ тамом аст».

132

Фаридун гуфт наққошони Чинро,
Ки перомуни хиргоҳаш бидӯзанд:
«Бадонро нек дор, эй марди ҳушёр,
Ки некон худ бузургу некрӯзанд!»
***
Бузургеро пурсиданд: «Бо чандин фазилат, ки дасти ростро ҳаст, хотам 1 дар ангушти чап чаро мекунанд?» Гуфт: «Надонӣ, ки аҳли фазилат ҳамеша маҳрум бошанд!»…
***
Шоҳ аз баҳри дафъи ситамгорон асту шаҳна 2 барои хунхорон ва қозӣ маслиҳатҷӯйи тарророн 3 . Ҳаргиз ду хасми ба ҳақ розӣ нараванд пеши қозӣ.
Чу ҳақ муоина донӣ, ки мебибояд дод,
Ба лутф беҳ, ки ба ҷанговарию дилтангӣ.
Хироҷ агар нагузорад касе ба тиби нафс
Ба қаҳр аз ӯ биситонанду музди сарҳангӣ 4.
***
Ҳама касро дандон ба туршӣ кунд шавад, магар қозиёнро, ки ба ширинӣ.
Қозӣ чу ба ришват бихӯрад панҷ хиёр 5,
Собит кунад аз баҳри ту сад харбузазор.

***

Ду кас мурданду таҳассур 6 бурданд: яке он, ки дошту нахӯрд ва дигар он, ки донисту накард.
__________

1 Хотам — ангуштарӣ
2 Шаҳна — амалдори шаҳр, назоратчии тартибот
3 Таррор — дуздон
4 Яъне: агар касе хироҷро ба майли хотири худ надиҳад, аз ӯ бо зӯрӣ мегиранд ва ба замми он ҷарима ҳам мегиранд
5 Хиёр — бодиринг
6 Таҳaccуp — ҳасрат

133

Кас набинад бахили фозилро,
Ки на дар айб гуфтанаш кӯшад.
B-ар кариме дусад гунаҳ дорад
Карамаш айбҳо фурӯ пӯшад.
***

Тамом шуд китоби «Гулистон»… Дар ин ҷумла чунон ки расми муаллифон аст, аз шеъри мутақаллимон ба тариқи истиорат 1 талфиқе2 нарафт.
Куҳанхирқаи хеш перостан,
Беҳ аз ҷомаи орият хостан.

Ғолиби гуфтори Саъдӣ тарабангез асту тибатомез 3 ва кӯтоҳназаронро бад-ин иллат забони таън дароз гардад, ки мағзи димор беҳуда бурдан ва дуди чароғ бефоида хӯрдан кори хирадмандон нест валекин бар ройи равшани соҳибдилон, ки рӯйи сухан бар эшон аст, пӯшида намонад, ки дурри мавъизаҳои 4 шофиро 5 дар силки иборат кашидааст ва доруи талхи насиҳат ба шаҳди зарофат баромехта, то табъи малули эшон аз давлати қабул маҳрум намонад.
Мо насиҳат ба ҷойи худ кардем,
Рӯзгоре дар ин ба сар бурдем.
Гар наёяд ба гӯши рағбати кас,
Ба расулон паём бошаду бас!…
__________

1 Истиорат — орият, амонат гирифта истифода бурдани чизе аз касе
2 Талфиқ — тартиб додан
3 Тибат — димоғчоқӣ
4 Мавъиза — вазъ, панду насиҳат
5 Шофӣ — шифобахш

134

Аз рӯйи нашри
Саъдии Шерозӣ. Гулистон. – Д.: Афсона, 2007. – 134 с.
© 2013, Абдуҳамид Тағоев, китобати электронӣ ва виростории HTML

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед: