Гулистон. Боби дуюм. Дар ахлоқи дарвешон

Ҳикоят

Дузде ба хонаи порсое даромад, чандон ки ҷуст, чизе наёфт, дилтанг шуд. Порсо хабар шуд гилеме, ки бар он хуфта буд, дар роҳи дузд андохт, то маҳрум нашавад.
Шунидам, ки мардони роҳи Худо
Дили душманонро накарданд танг.
Туро кай муяссар шавад ин мақом,
Ки бо дӯстонат хилоф асту ҷанг.

Маваддати аҳли сафо чӣ дар рӯю чӣ дар қафо, на чунон ки аз пасат айб гиранду пешат миранд.
Дар баробар чу гӯсфанди салим 1,
Дар қафо ҳамчу гурги мардумхор.
Ҳар ки айби дигарон пеши ту оварду шумурд,
Бегумон, айби ту пеши дигарон хоҳад бурд.

Ҳикоят

Тане чанд аз равандагон муттафиқи саёҳат буданд ва шарики ранҷу роҳат. Хостам то мурофиқат 2 кунам,
__________

1 Салим — беозор
2 Мурофиқат — ҳамроҳӣ

40

мунофиқат накарданд. Гуфтам: «Аз карами ахлоқи бузургон баид 1 аст рӯй аз мусоҳибати 2 мискинoн тофтан на фоида дареғ доштан, ки ман дар нафси хеш ин қудрату суръат мешиносам, ки дар хидмати мардони порсо ёри шотир 3 бошам, на бори хотир».

Яке з-он миён гуфт: «Аз ин сухан, ки шунидӣ, дил танг мадор, ки дар ин рӯзҳо дузде ба сурати дарвешон баромада, худро дар силки 4 суҳбати мо мунтазам кард. 5
Чӣ донанд мардум, ки дар ҷома кист!
Нависанда донад, ки дар нома чист?»

Ва аз он ҷо, ки саломати ҳоли дарвешон аст. Гумони фузулаш набурданд ва ба ёрӣ қабулаш карданд.
Сурати ҳоли орифон далқ 6 аст,
Ин қадар бас, ки рӯй дар халқ аст.
Дар амал кӯшу ҳар чӣ хоҳӣ пӯш,
Тоҷ бар сар неҳу алам 7 бар дӯш.
Тарки дунёву шаҳват асту ҳавас,
Норасоӣ на тарки ҷомаву бас.
Дар кажоганд 8 мард бояд буд,
Бар муханнас 9 силоҳи чанг чӣ суд?»

Рӯзе то ба шаб рафта будем ва шабонгоҳ ба пойи ҳисор хуфта, дузде бетавфиқ ибриқи 10 рафиқ бардошт, ки ба таҳорат меравам ва ба ғорат мерафт.
__________

1 Баид — дур
2 Мусоҳибат — ҳамсуҳбатӣ
3 Шотир — тезрав
4 Силк — қатор
5 Мунтазам кард — ҷойгир кард
6 Далқ — ҷандаи қаландарӣ
7 Алам — байрақ
8 Кажоганд — ҷомаи ҷангӣ, ки ба дарунаш ба ҷойи пахта абрешим меандохтанд, то ки тиру теғ таъсир накунад
9 Муханнас — хунасо
10 Ибриқ — офтобаи сафол

41

Порсо бин, ки хирқа дар бар кард,
Ҷомаи Каъбаро ҷули хар кард.

Чандон ки аз назари дарвешон ғоиб шуд, ба бурҷе баррафт ва дурҷе 1 бидуздид, то рӯз равшан шуд, он торикрав маблағе 2 роҳ рафта буд ва рафиқони бегуноҳ хуфта. Бомдодон ҳамаро ба қалъа дароварданду бизаданду ба зиндон карданд. Аз он таърих тарки суҳбат гуфтему тариқи узлат гирифтем.
Чу аз қавме яке бедонишӣ кард.
На кеҳро 3 манзалат монад, на меҳро 4.
Шунидастӣ, ки гове дар алафзор
Биёлояд ҳама говони деҳро.

Гуфтам: «Сипосу миннат Худоро, ки аз баракати дарвешон маҳрум намондам, гарчи ба сурат аз суҳбат ваҳид 5 афтодам бад-ин ҳикоят, ки гуфтӣ мустафид 6 гаштам ва амсоли маро ҳамаи умр он насиҳат ба кор ояд».
Ба як нотарошида дар маҷлисе,
Биранҷад дили ҳушмандон басе.
Агар биркае 7 пур кунанд аз гулоб,
Саге дар вай афтад, кунад манҷалоб 8.

Ҳикоят

Зоҳиде меҳмони подшоҳе буд. Ба таом бинишастанд, камтар аз он хӯрд, ки иродати ӯ буд ва чун ба намоз бархос-
__________

1 Дурҷ — қуттича
2 Маблағе — дар ин ҷо ба маънии бисёр
3 Кеҳ — калон
4 Меҳ — хурд
5 Ваҳид — танҳо
6 Мустафид — баҳравар
7 Бирка — ҳавзи калон барои ҷамъ омадани оби борон
8 Манҷалоб — бадбӯй

42

танд, беш аз он кард, ки одати ӯ, то занни салоҳият 1 дар ҳаққи ӯ зиёдат кунанд.
Тарсам нарасӣ, ба Каъба, эй аъробӣ, 2
К-ин раҳ, ки ту меравӣ, ба Туркистон аст!

Чун ба мақоми хеш омад суфра хост, то тановул кунад. Писаре соҳибфаросат дошт, гуфт: «Эй падар, боре ба маҷлиси султон-дар таом нахӯрдӣ?» Гуфт: «Дар назари эшон чизе нахӯрдам, ки ба кор ояд». Гуфт: «Намозро ҳам қазо кун, ки чизе накардӣ, ки ба кор ояд!»
Эй ҳунарҳо гирифта бар кафи даст.
Айбҳо баргирифта зери бағал.
То чӣ хоҳӣ харидан, эй қаллоб.
Рӯзи дармондагӣ ба сими дағал 3.

Ҳикоят

Ёд дорам, ки дар айёми туфулият мутааббид 4 будаму шабхез ва мулаи 5 зуҳду парҳез. Шабе дар хидмати падар нишаста будам ва хама шаб дида барҳам набаста ва Мусҳафи 6 азиз дар канор гирифта ва тоифае гирди мо хуфта. Падарро гуфтам: «Аз инон яке сар барнамедорад, ки дугонае 7 бигузорад, чунон хоби ғафлат бурдаанд. ки гӯйӣ нахуфтаанд, ки мурдаанд». Гуфт: «Ҷони падар, ту низ агар бихуфтӣ, беҳ аз он, ки дар пӯстини мардум афтӣ».
__________

1 Занни салоҳият — гумони ростӣ ва дурустӣ
2 Аъробӣ — араби бодиянишин
3 Сими дағал — нуқраи носара
4 Мутааббид — худро ибодаткунанда нишон додан
5 Мулаъ — ҳарис, шилқин
6 Мусҳаф — Қуръон
7 Дугона — ду ракаат намоз

43

Набинад муддаӣ 1 ҷуз хештанро,
Ки дорад пардаи пиндор 2 дар пеш.
Гарат чашми худобине бубахшанд,
Набинӣ ҳеҷ кас оҷизтар аз хеш.

Ҳикоят

Якеро аз бузургон ба маҳфиле андар ҳамеситуданд 3 ва дар авсофи ҷамилаш 4 муболиға мекарданд. Сар бароварду гуфт: «Ман онам, ки ман донам:
Шахcам ба чашми оламиён хубманзар аст,
B-аз хубси ботинам сари хиҷлат фиканда пеш,
Товусро ба нақшу нигоре, ки ҳаст, халқ
Таҳсин кунанду ӯ хиҷил аз зишт пойи хеш».

Ҳикоят

Шабе дар биёбони Макка аз бехобӣ пойи рафтанам намонд, сар биниҳодаму шутурбонро гуфтам. «Даст аз ман бидор.
Пойи мискин пиёда чанд равад,
K-аз таҳаммул сутӯҳ 5 шуд бухтӣ 6 .
То шавад ҷисми фарбеҳе лоғар,
Лоғар мурда бошад аз сахтӣ».

Гуфт: «Эй бародар, ҳарам 7 дар пеш асту ҳаромӣ дар пас, агар рафтӣ, бурдӣ в-агар хуфтӣ, мурдӣ!».
__________

1 Муддаӣ — иддаокунанда
2 Пиндор — гумон
3 Ситудан — таърифу тавсиф кардан
4 Авсофи ҷамил — сифатҳои хуб
5 Сутӯҳ – оҷиз, нотавон
6 Бухтӣ — шутур
7 Ҳарам — масҷиди Каъба

44

Хуш аст зери муғелон 1 ба роҳи бодия хуфт
Шаби раҳил, вале тарки ҷон бибояд гуфт!

Ҳикоят

Дарвешеро зарурате пеш омад, гилеме аз хонаи ёре бидуздид, ҳоким фармуд, то дасташ бибуранд. Соҳиби гилем шафоат кард, ки ман ӯро биҳил 2 кардам. Гуфто: Ба шафоати ту ҳадди шаръ 3 фурӯ нагузорам». Гуфт: «Рост гуфтӣ, лекин ҳар кӣ аз моли вақф чизе бидуздад, қатъи ядаш 4 лозим наояд, ҳар чӣ дарвешонрост, вақфи муҳтоҷон аст». Ҳоким даст аз ӯ бидошт ва маломат кардан гирифт, ки «ҷаҳон бар ту танг омада буд, ки дуздӣ накардӣ, илло аз хонаи чунин ёре?» Гуфт: «Эй Худованд, нашунидаӣ, ки гуфтаанд «Хонаи дӯстон бирӯбу дари душманон макӯб!»
Чун ба сахтӣ дарбимонӣ тан ба аҷз андар мадеҳ
Душманонро пӯст баркан, дӯстонро пӯстин!

Ҳикоят

Пиёдае сару по бараҳна бо корвони Ҳиҷоз аз Куфа бадар омад ва ҳамроҳи мо шуд ва маълуме 5 надошт, хиромон ҳамерафту мегуфт:
«На ба уштуре саворам, на чу хар ба зери борам,
На худованди раият, на ғуломи шаҳриёрам;
Ғами мавҷуду парешонии маъдум надорам,
Нафасе мезанам осудаву умре ба сар орам».
__________

1 Муғелон — дарахти хордор
2 Биҳил — бахшидан
3 Ҳадди шаръ — ҷазои шаръӣ
4 Қатъи яд — буридани даст
5 Яъне: пуле ва озуқае надошт

45

Уштурсаворе гуфташ: «Эй дарвеш, куҷо меравӣ, баргард, ки ба сахтӣ бимирӣ!» Нашуниду қадам дар биёбон ниҳод ва бирафт, чун ба Нахлаи Маҳмуд даррасидем, тавонгарро аҷал фаро расид. Дарвеш ба болинаш фароз омаду гуфт: «Мо ба сахтӣ бимурдему ту бар бухтӣ бимурдӣ».
Шахсе ҳама шаб бар сари бемор гирист,
Чун рӯз омад, бимурду бемор бизист.
Эй басо аспи тезрав, ки бимонд,
Ки хари ланг ҷон ба манзил бурд.
Бас ки дар хок тандурустонро
Дафн кардему захмхӯрда намурд.

Ҳикоят

Корвонеро дар замини Юнон бизаданду неъмати беқиёс бибурданд. Бозаргонон гиряву зорӣ карданд ва Худову пайғамбарро шафеъ оварданд, фоида набуд.
Чу пирӯз шуд дузди тираравон 1.
Чӣ ғам дорад аз гиряи корвон?

Луқмони ҳаким андар он корвон буд. Яке гуфташ аз корвониён: «Магар инонро насиҳате кунӣ ва мавъизае 2 гӯйӣ, то тарфе 3 аз моли мо даст бидоранд, ки дареғ бошад чандин неъмат, ки зоеъ шавад». Гуфт: «Дареғ калимаи ҳикмат бошад бо эшон гуфтан» 4.
Оҳанеро, ки мӯриёна бихӯрд,
Натавон бурд аз ӯ ба сайқал занг,
Бо сияҳдил чӣ суд гуфтани ваъз,
Наравад мехи оҳанин бар санг.
___________

1 Тираравон — дарунсиёҳ
2 Мавъиза – ваъз, панд
3 Тарфе — қисме
4 Яъне: ба инҳо ҳикмат хондан ҳайф аст

46

Ба рӯзгори саломат шикастaгон дарёб,
Ки ҷабри 1 хотири мискин бало бигардонад.
Чу соил аз ту ба зорӣ талаб кунад чизе,
Бидеҳ, вагарна ситамгар ба зӯр бистонад.

Ҳикоят

Луқмонро гуфтанд: «Адаб аз кӣ омӯхтӣ?» гуфт: «Аз беадабон: ҳар чӣ аз эшон дар назарам нописанд омад, аз он парҳез кардам».
Нагӯянд аз сари бозича ҳарфе,
К-аз он панде нагирад соҳиби ҳуш,
B-агар сад боби ҳикмат пеши нодон,
Бихонанд, оядаш бозича дар гӯш.

Ҳикоят

Обидеро ҳикоят кунанд, ки шабе даҳ ман таом бихӯрдӣ ва то саҳар хатме бикардӣ. Соҳибдиле шуниду гуфт: «Агар нимноне бихӯрдию бихуфтӣ, бисёр аз ин фозилтар будӣ».
Андарун аз таом холӣ дор,
То дар ӯ нури маърифат бинӣ,
Тиҳӣ аз ҳикматӣ ба иллати он,
Ки пурӣ аз таом то бинӣ.

Ҳикоят

Пеши яке аз машоих 2 гила кардам, ки фалон ба фасоди ман гувоҳӣ додааст 3. Гуфто: «Ба салоҳаш хиҷил кун» 4.
__________

1 Ҷабр — дар ин ҷо ба маънии тасаллодиҳӣ ва дилбардорӣ
2 Машоих — бузургон
3 Яъне: маро вайроншуда гуфтааст
4 Яъне: ту бо кирдори некат вайро хиҷил кун

47

Ту некуравиш бош, то бадсигол 1,
Ба нуқси ту гуфтан наёбад маҷол!
Чу оҳанги барбат 2 бувад мустақим 3,
Кай аз дасти мутриб хӯрад гӯшмол!

Ҳикоят

Якеро аз машоихи Шом пурсиданд, ки ҳақиқати тасаввуф чист? Гуфт: «Аз ин пеш тоифае дар ҷаҳон пароканда буданд ба сурат ва ба маънӣ ҷамъ, акнун қавме ҳастанд, ба сурат ҷaмъу ба маънӣ пароканда…»

Ҳикоят

Вақте дар сафари Ҳиҷоз тоифае ҷавонони соҳибдил ҳамдами ман буданду ҳамқадам. Вақтҳо замзамае бикардaндӣ ва байте муҳаққиқона 4 бигуфтандӣ. Обиде дар сабил 5 мункири ҳоли дарвешон буд ва бехабар аз дарди эшон, то бирасидем ба хайли 6 Баниҳилол. Кӯдаке сиёҳ аз хайи 7 араб, бадар омад ва овозе баровард, ки мурғ аз ҳаво даровард 8. Уштури обидро дидам, ки ба рақс андаромад ва обидро бияндохту бирафт. Гуфтам: «Эй шайх, дар ҳайвон (суруд) асар кард ва туро ҳамчунон тафовут намекунад».
Донӣ чӣ гуфт маро он булбули саҳарӣ,
Ту худ чӣ одамие, к-аз ишқ бехабарӣ!
Уштур ба шеъри араб дар ҳолат 9 асту тараб,
Гар завқ нест туро: кажтабъ ҷонаварӣ!
__________

1 Бадсигол – бадхоҳ, бадандеш
2 Барбат — як навъ асбоби торноки мусиқӣ
3 Мустақим — мунтазам
4 Муҳаққиқона — ҳақиқатталабона
5 Сабил – тариқат, роҳу расми аҳли тасаввуф
6 Хайл — қабила
7 Хай — тоифа
8 Яъне: бо таъсири худ гӯё мурғро аз парриш бозмедошт
9 Ҳолат — дар ин ҷо ба маънии шодӣ

48

Ҳикоят

Якеро аз мулук муддати умр сипарӣ шуд, қоиммақоме 1 надошт, васият кард, ки бомдодон нахустин касе, ки аз дари шаҳр андар ояд, тоҷи шоҳӣ бар сари вай ниҳанд на тафвизи 2 мулк бад-ӯ кунанд. Иттифоқо, аввал касе, ки даромад, гадое буд, ки ҳамаи умр луқма андӯхта ва руқъа 3 бар руқъа дӯхта. Аркони давлат на аъёни ҳазрат васияти малик ба ҷой оварданду таслими мафотеҳи 4 қилоъ 5 ва хaзоин бад-ӯ карданд. Муддате мулк ронд, то баъзе умарои давлат гардан аз итоати ӯ бипечониданд, ва мулук аз ҳар тараф ба мунозиат 6 хостан гирифтанд ва ба муқовимат лашкар оростан. Филҷумла, сипоҳу раият ба ҳам баромад ва бархе тарафи билод 7 аз қабзаи тасарруфи ӯ бадар рафт. Дарвеш аз ин воқеа хастахотир ҳамебуд, то яке аз дӯстони қадимаш, ки дар ҳолати дарвешӣ қарин буд, аз сафаре бозомад ва дар чунон мартаба дидаш. Гуфт: «Миннат Худойро, ки гулат аз хор баромад ва хор аз пой бадар омад ва бахти баландат раҳбарӣ кард ва иқболу саодат ёварӣ, то бад-ин поя расидӣ…
Шукуфа гоҳ шукуфта-сту гоҳ хӯшида 8 ,
Дарахт вақт бараҳна-сту вақт пӯшида».

Гуфт: «Эй ёри азиз, таъзиятам кун, ки ҷойи таҳният нест. Он гоҳ ки ту дидӣ, ғами ноне доштам ва имрӯз ташвиши ҷаҳоне».
__________

1 Қоиммақом — ҷонишин
2 Тафвиз — супурдан. додан
3 Руқъа — ямоқ, дарбеҳ
4 Мафотеҳ — ҷамъи мифтоҳ, яъне калид
5 Қилоъ — ҷамъи қалъа
6 Мунозиат — ҷанг
7 Билод – шаҳрҳо, кишварҳо
8 Хӯшида – хушкида, хушкшуда

49

Агар дунё набошад, дардмандем,
B-агар бошад, ба меҳраш пойбандем.
Балое з-ин ҷаҳоношӯбтар нест.
Ки ранҷи хотир аст, ар ҳаст, в-ар нест.
Маталаб, гар тавонгарӣ хоҳӣ,
Ҷуз қаноат, ки давлатест ҳанӣ 1.
Гар ғанӣ зар ба доман афшонад,
То назар дар савоби ӯ накунӣ 2 ,
К-аз бузургон шунидаам бисёр:
Сабри дарвеш беҳ, ки базли 3 ғанӣ.
Агар бирён кунад Баҳром гӯре 2,
На чун пойи малах бошад зи мӯре.

Ҳикоят

Якеро дӯсте буд, ки амали девон кардӣ. Муддате иттифоқи мулоқот наяфтод. Касе гуфт: «Фалонро дер шуд, ки надидӣ?» Гуфт: «Ман ӯро нахоҳам, ки бубинам». Қазоро яке аз касони ӯ ҳозир буд, гуфт: «Чӣ хато кардааст, ки малулӣ аз дидани ӯ?» Гуфт: «Ҳеҷ малуле нест, аммо дӯстони девониро вақте тавон дид, ки маъзул 5 бошанд ва маро роҳати хеш дар ранҷи ӯ набояд».
Дар бузургиву доругири амал,
3-ошноён фароғате 6 доранд.
Рӯзи дармондагиву маъзулӣ,
Дарди дил пеши дӯстон оранд.
___________

1 Ҳанӣ – форам, гуворо
2 Яъне: зинҳор, ӯро некукор ҳисоб накун
3 Базл — бахшиш
4 Мурод аз ин Баҳроми Гӯр аст, ки яке аз подшоҳони сосонӣ буд. Гӯр дар ин ҷо ба маънии xapгӯp аст, ки ҳайвони ваҳшии шикоршаванда мебошад.
5 Маъзул — аз кор гирифташуда, бекор кардашуда
6 Фароғат — дар ин ҷо ба маънии бепарвоӣ

50

Ҳикоят

Соҳибдилеро гуфтанд: «Бад ин хубӣ, ки офтоб аст. Hашунидаем, ки касе ӯро дӯст гирифтааст ва ишқ оварда». Гуфт: «Барои он, ки ҳар рӯз метавон дид, магар дар зимистон, ки маҳҷуб 1 асту маҳбуб.
Ба дидори мардум шудан 2 айб нест,
Ва лекин на чандон, ки гӯянд «бас!»
Агар хештанро маломат кунӣ,
Маломат набояд шунидан зи кас.

Ҳикоят

Аз сӯҳбати ёрони Димишқам малолате падид омада буд, сар дар биёбони Қудс ниҳодам ва бо ҳайвонот унс гирифтам, то вақте ки асири қайди фаранг 3 шудам, дар хандақи Таробулус бо ҷуҳудонам ба кори гил бидоштанд 4. Яке аз руасои 5 Ҳалаб, ки собиқаи маърифате 6 миёни мо буд, гузар карду бишнохт ва гуфт: «Эй фалон, ин чӣ ҳолат аст?». Гуфтам: «Чӣ гӯям?
Ҳaмeгуpexтaм аз мардумон ба кӯҳу ба дашт,
Ки аз худой набудам ба дигарӣ пардохт 7 .
Қиёс кун, ки чӣ ҳолам бувад дар ин соат,
Ки дар тавилаи номардумам бибояд сохт.
Пой дар занҷир пеши дӯстон
Беҳ, ки бо бегонагон дар бӯстон».
__________

1 Маҳҷуб — рӯпӯшида
2 Шудан — дар ин ҷо ба маънии рафтан аст
3 Дар ин ҷо мақсад аз фаранг — мардуми аврупоӣ
4 Яъне: маҷбуран кор фармуданд
5 Руaco — раисон
6 Яъне: ошноии пештара
7 Яъне: — ба ҷуз Худо бо касе кор надоштам

51

Бар ҳолати маи раҳмат оварду ба даҳ динор аз қайдам халос кард ва бо худ ба Ҳалаб бурду духтаре, ки дошт, ба никоҳи ман даровард, ба кобини1 сад динор. Муддате баромад, духтар бадхӯй, ситезарӯй, нофармон буд, забондарозӣ кардан гирифт на айши маро мунағғас 2 доштан.
Зани бад дар сарои марди наку,
Ҳам дар ин олам аст дӯзахи ӯ.

Боре забони тааннут 3 дароз карда ҳамегуфт: «Ту он нестӣ, ки падарам туро аз фаранг ба даҳ динор халос кард?» Гуфтам: «Бале, онам, ки ба даҳ динор халос карду ба сад динор дар дасти ту гирифтор!»
Шунидам гӯсфандеро бузурге
Раҳонид аз даҳону дасти гуpге.
Шабонгаҳ корд бар ҳалқаш бимолид,
Равони гӯсфанд аз вай бинолид:
Ки аз чанголи гургам даррабудӣ,
Чу дидам оқибат: худ гург будӣ!

Ҳикоят

Яке аз мутааббидони 4 Шом дар беша зиндагонӣ кардӣ ва барги дарахтон хӯрдӣ. Подшоҳе ба ҳукми зиёрат ба наздики вай рафту гуфт: «Агар маслиҳат бинӣ, ба шаҳр-андар, барои ту мақоме бисозам, ки фароғи 5 ибодат аз ин беҳ даст диҳад ва дигарон ҳам ба баракати анфоси 6 шумо мустафид 7 гарданду ба салоҳи аъмоли шумо иқтидо кунанд». Зоҳид
__________

1 Кобин — қалин
2 Мунағғас — тира, хира
3 Тааннут — айбҷӯйӣ ва бадгӯйӣ
4 Мутааббид — касе, ки барои намойиш бисёр ибодат мекунад
5 Фароғ — осудагӣ
6 Анфос — нафасҳо
7 Мустафид — баҳраманд

52

қабул накард. Яке аз вазирон гуфташ: «Поси хотири маликро раво бошад, ки чанд рӯзе ба шаҳр андар ойӣ ва кайфияти мақом маълум кунӣ, пас агар сафои вақти азизонро аз суҳбати ағёр кудурате бошад, ихтиёр боқист».
Обид ба шаҳр даромад ва бӯстонсаройи хоси маликро бад-ӯ пардохтанд. Мақоме дилкушой ва равоносой:
Гули сурхаш чу орази хубон,
Сунбулаш ҳамчу зулфи маҳбубон…

Малик дарҳол канизаке хубрӯй пешаш фиристод.
Гузин 1 маҳпорае, обидфиребе,
Малоиксурате, товусзебе,
Ки баъд аз диданаш сурат набандад,
Вуҷуди порсоёнро шикебе 2.
Дида аз диданаш нагаштӣ сер,
Ҳамчунон, к-аз фурот 3 мустасқӣ 4 .

Обид таомҳои лазиз хӯрдан гирифту кисватҳои латиф пӯшидан ва аз фавoкеҳ 5 ва машмум 6 ва ҳаловатҳо 7 таматтуъ 8 ёфтан ва дар ҷамоли ғулому канизак нигаристан ва хирадмандон гуфтаанд: «Зулфи хубон занҷири пойи ақл асту доми мурғи зирак».
Дар сари кори ту кардам дилу дин бо ҳама дониш,
Мурғи зирак ба ҳақиқат манам имрӯз, ту домӣ!
__________

1 Гузин — баргузида, писандида
2 Шикеб — сабр
3 Фурот — оби хуштаъм
4 Мустасқӣ — гирифтори касалии обхӯрак
5 Фавокеҳ — меваҳо
6 Машмум — атриёт
7 Ҳаловатҳо — ширавор
8 Таматтуъ — лаззатбарӣ

53

Филҷумла, давлати вақти маҷмӯъ ба завол омад… Боре малик ба дидани ӯ рағбат кард. Обидро дид аз ҳайати нахустин бигардида ва сурху сафеду фарбеҳ шуда ва бар болиши дебо такя зада ва ғуломи парипайкар бо мирваҳаи 1 товусӣ болои сар истода. Бар саломати ҳолаш шодмонӣ кард ва аз ҳар даре сухан гуфтанд то малик ба анҷоми сухан гуфт: «Ман ин ду тоифаро дар ҷаҳон дӯст медорам: «Яке уламо ва дигар зуҳҳодро 2». Вазири файласуфи ҷаҳондида ҳозир буд, гуфт: «Эй, худованд, шарти дӯстӣ он аст, ки бо ҳар ду тоифа накуӣ кунӣ, олимонро зар бидеҳ, то дигар бихонанд на зоҳидонро чизе мадеҳ, то зоҳид бимонанд!»…

Ҳикоят

Подшоҳеро муҳиме пеш омад. гуфт: «Агар анҷоми ин ҳолат ба муроди ман барояд, чандин дирам диҳаму зоҳидонро». Чун ҳоҷаташ баромад ва ташвиши хотираш бирафт, вафои назраш ба вуҷуди шарт лозим омад. Якеро аз бандагони хос кисаи дирам дод, то сарф кунад бар зоҳидон. Гӯянд ғуломе оқилу ҳушёр буд, ҳамаи рӯз бигардиду шабонгоҳ бозомаду дирамҳо бӯса дод ва пеши малик бинҳода гуфт: «Чандон. ки зоҳидонро талаб кардам, наёфтам». Гуфт: «Ин чӣ ҳикоят аст, он чӣ ман донам, дар ин мулк чорсад зоҳид аст». Гуфт: «Эй худованди ҷаҳон, он ки зоҳид аст, намеситонад ва он ки меситонад, зоҳид нест». Малик бихандиду надимонро гуфт: «Чандон, ки маро дар ҳаққи худопарастон иродат асту иқрор, мар ин шӯхдидаро адоват асту инкор ва ҳақ, ба ҷониби ӯст…»
__________

1 Мирваҳа — бодбезак
2 Зуҳҳод — порсоён

54

Ҳикоят

Дарвеше ба мақоме даромад, ки соҳиби буқъа 1 каримуннафс 2 буду хирадманд. Тоифаи аҳли фазлу балоғат дар суҳбати ӯ ҳар яке базла ва латифае, чунон ки расми ҳарифон бошад, ҳамегуфтанд. Дарвеш роҳи биёбон карда буду монда ва чизе нахӯрда. Яке аз он миён ба тариқи зарофат гуфт: «Туро ҳам чизе бибояд гуфт». Гуфт: «Маро чун дигарон фазлу адабе нест ва чизе нахондаам, ба як байт аз ман қаноат кунед». Ҳамгинон 3 ба рағбат гуфтанд: «Бигӯй!» Гуфт:
«Ман гуpcнa дар баробари суфраи нон,
Ҳамчун азабам 4 бар дари ҳаммоми занон».

Ҳамгинон бихандиданду зарофаташ биписандиданд ва суфра пеш оварданд. Соҳиби даъват гуфт: «Эй ёр, замоне таваққуф кун, ки парасторонам кӯфтабирён месозанд». Дарвеш сар бароварду гуфт:
Кӯфта бар суфраи ман гӯй: мабош,
Гуpcнapo нони тиҳӣ 5 кӯфта аст!

Ҳикоят

Муриде гуфт пирро: «Чӣ кунам, ки аз халоиқ, ба ранҷ андарам, азбаски ба зиёрати ман ҳамеоянд ва авқотам аз тараддуди эшон мушавваш мешавад». Гуфт: «Ҳар чӣ дapвешонанд, мар эшонро воме 6 бидеҳ ва он чӣ тaвoнгapoнанд, аз эшон чизе бихоҳ, ки дигар гирди ту нагарданд!»
__________

1 Буқъа — хона
2 Каримуннафс — одами некукор
3 Ҳамгинон — ҳамагӣ
4 Азаб — марди безан, муҷаррад
5 Яъне: нони хушк
6 Вом — қарз

55

Ҳикоят

Фақеҳе падарро гуфт: «Ҳеҷ аз ин суханони рангини диловези мутакаллимон дар ман асар намекунад, ба ҳукми он, ки намебинам мар эшонро кирдоре мувофиқи гуфтор.
Тарки дунё ба мардум омӯзанд,
Хештан симу ғалла андӯзанд.
Олимеро, ки гуфт бошаду бас,
Ҳар чӣ гӯяд, нагирад андар кас.
Олим он кас бувад, ки бад накунад,
На бигӯяд ба халқу худ накунад.
Олим, ки комронӣ аз танпарварӣ кунад,
Ӯ хеш раҳгум аст, киро раҳбарӣ кунад?»

Падар гуфт: «Эй писар, ба муҷарради хаёли ботил нашояд рӯй аз тарбияти носеҳон бигардонидан ва уламоро ба залолат 1 мансуб кардан ва дар талаби олими маъсум 2 аз фавоиди илм маҳрум мондан, ҳамчун нобиное, ки шабе дар ваҳал 3 афтода буд ва мегуфт: «Мусулмонон. охир чароғе фаро роҳи ман доред!». «Зане мозиҳа 4 гуфт: «Ту, ки чароғ набинӣ, ба чароғ чӣ бинӣ?» Ҳамчунин, маҷлиси ваъз чун кулбаи баззоз аст, он ҷо то нақде надиҳӣ, бизоате наситонӣ ва ин ҷо то иродате наёрӣ, саодате набарӣ.
Гуфти олим ба гӯши ҷон бишнав.
B-ар намонад ба гуфтанаш кирдор.
Ботил аст он чӣ муддаӣ гӯяд,
Хуфтаро хуфта кай кунад бедор?
Мард бояд, ки гирад андар гӯш.
B-ар навиштаст панд бар девор.
__________

1 3алолат — гумроҳӣ
2 Маъсум — бегуноҳ
3 Ваҳал — лой
4 Мозиҳа — ҳазл, шӯхӣ

56

***
Соҳибдиле ба мадраса омад зи хонақоҳ
Бишкаст аҳди суҳбати аҳли тариқро.
Гуфтам: Миёни обиду олим чӣ фарқ буд?
То ихтиёр кардӣ аз он ин фариқро?»
Гуфт: «Он гилеми хеш бадар мебарад зи мавҷ
В-ин ҷаҳд мекунад, ки бигирад ғариқро»1.

Ҳикоят

Ин ҳикоят шунав, ки дар Бағдод,
Рояту 2 пардаро хилоф афтод.
Роят аз гарди роҳу ранҷи рикоб,
Гуфт бо парда аз тариқи итоб:
«Ману ту хар ду хоҷатошонем. 3
Бандаи боргоҳи султонем.
Ман зи хидмат даме наёсудам,
Гоҳу бегоҳ дар сафар будам.
Ту на ранҷ озмудаӣ, на ҳисор.
На биёбону боду гарду ғубор.
Қадами ман ба саъй пештар аст.
Пас чаро иззати ту бештар аст?
Ту бари бандагони маҳрӯйӣ.
Бо канизони ёсуманбӯйӣ.
Ман фитода ба дасти шогирдон,
Ба сафар пойбанду саргардон».
Гуфт: «Ман сар бар остон дорам,
На чу ту сар бар осмон дорам.
Ҳар кӣ беҳуда гардан афрозад,
Хештанро ба гардан андозад».
__________

1 Ғариқ — ғарқшуда
2 Роят — байрақи давлат
3 Хоҷатош — ғуломони як хоҷа

57

Ҳикоят

Яке аз соҳибдилон зӯрозмоеро дид ба ҳам баромада 1 ва кафк бар димор оварда. Гуфт: «Инро чӣ ҳолат аст! Гуфтанд: «Фалон дашном додаш». Гуфт: «Ин фурӯмоя 2 ҳазор ман санг бармедораду тоқати сухане намеоварад?
Лофи сарпанҷагию даъвии мардӣ бигузор,
Оҷизи нафси фурӯмоя чӣ марде, чӣ зане?
Гарат аз даст барояд, даҳане ширин кун,
Мардӣ он нест, ки муште бизанӣ бар даҳане!
Гарат худ бардарад пешонии пил,
На мард аст он, ки дар вай мардумӣ нест.
Банӣ одам сиришт аз хок дорад,
Агар хокӣ набошад, одамӣ нест!»

Ҳикоят

Бузургеро пурсидам аз сирати ихвонуссафо 3. Гуфт: «Камина он, ки муроди хотири ёрон бар масолеҳи хеш муқаддам дорад 4 ва ҳукамо гуфтаанд: «Бародар ки дар банди хеш аст, на бародару на хеш аст» 5.
Ҳамроҳ агар шитоб кунад, ҳамраҳи ту нест,
Дил дар касе мабанд, ки дилбастаи ту нест!
Чун набувад хешро диёнату тақво,
Қатъи раҳим беҳтар аз маваддати қурбо 6 ..»
__________

1 Яъне: хашмгин шуда
2 Фурӯмоя — хоксор, бенаво
3 Ихвонуссафо — бародарони беғараз, тоифае аз аҳли тасаввуф
4 Яъне: касе, ки риояи хотири дӯстонро аз корҳои фоиданоки худ афзалтар медонад
5 Хеши аввалӣ ба маънии худ ва дуюмӣ ба маънии табор аст
6 Яъне: буридани алоқа беҳтар аст аз дӯстӣ бо он гуна наздикон

58

Ҳикоят

Пирмарде латиф дар Бағдод,
Духтарашро ба кафшдӯзе дод.
Мардаки сангдил чунон бигазид,
Лаби духтар, ки хун аз ӯ бичакид.
Бомдодон падар чунон дидам,
Пеши домод рафту пурсидаш:
«К-эй фурӯмоя, ин чӣ дандон аст?
Чанд хойӣ лабаш, на анбон аст?»
Ба мазоҳат нагуфтам ин гуфтор.
Ҳазл бигзору ҷид аз ӯ бардор!
Хӯйи бад дар табиате, ки нишаст,
Наравад то ба вақти марг аз даст.

Ҳикоят

Фақеҳе духтаре дошт бағоят зиштрӯй, ба ҷойи занон расида 1 ва бо вуҷуди ҷиҳозу неъмат касе дар мунокиҳати 2 ӯ рағбат наменамуд.
Зишт бошад дабиқию 3 дебо,
Ки бувад бар арӯси нозебо.

Филҷумла, ба ҳукми зарурат ақди никоҳаш бо зарире 4 бибастанд. Овардаанд, ки ҳакиме дар он таърих аз Сарандеб 5 омада буд, ки дидаи нобино равшан ҳамекард. Фақеҳро гуфтанд: «Домодро чаро илоҷ накунӣ?» Гуфт: «Тарсам, ки бино шаваду духтарамро талоқ диҳад! Шӯйи зани зиштрӯй, нобино беҳ!»
__________

1 Яъне: ба ҳадди балоғат расида буд
2 Мунокиҳат — хостгорӣ
3 Дабиқӣ — як навъи гаронбаҳои шоҳӣ
4 Зарир — нобино, кӯp
5 Сарандеб — ҷазираи Селон

59

Ҳикоят

Дидам гули тоза чанд даста.
Бар гунбаде аз гиёҳ баста.
Гуфтам: «Чӣ бувад гиёҳи ночиз,
То дар сафи гул нишинад ӯ низ?»
Бигрист гиёҳу гуфт: «Хомӯш,
Суҳбат 1 накунад карам фаромӯш,
Гар нест ҷамолу ранту бӯям,
Охир, на гиёҳи боғи ӯям?
Ман бандаи ҳазрати каримам,
Парвардаи неъмати қадимам!
Гар беҳунарам в-агар ҳунарманд,
Лутф аст умедам аз Худованд…»

Ҳикоят

Ҳакимеро пурсиданд: «Аз саховату шуҷоат кадом беҳтар аст?» гуфт: «Он киро саховат аст, ба шуҷоат чӣ ҳоҷат?»
Намонд Ҳотами Той, валек то ба абад
Бимонд номи баландаш ба некуӣ машҳур.
Закоти мол бадар кун, ки фазлаи разро
Чу боғбон бизанад, бештар диҳад ангур.
Навишта-ст бар гӯри Баҳроми Гӯр,
Ки дасти карам беҳ зи бозуи зӯр.
__________

1 Суҳбат – рафоқат, дӯстӣ

60

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед: