Гулистон. Боби аввал. Дар сирати подшоҳон

Ҳикоят

Подшоҳеро шунидам, ки ба куштани асире ишорат кард; бечора дар ҳолати навмедӣ маликро дашном додан гирифт ва сақат 1 гуфтан, ки гуфтаанд: «Ҳар кӣ даст аз ҷон бишӯяд, ҳар чӣ дар дил дорад, бигӯяд».
Вақти зарурат чу намонад гурез,
Даст бигирад сари шамшери тез.

Малик пурсид: «Чӣ мегӯяд?» Яке аз вузарои некмаҳзар гуфт: «Эй худованд, ҳамегӯяд: «Валкозимин-ал-ғайз вал офина анниннос 2 ». Маликро раҳмат омад ва аз сари хуни ӯ даргузашт. Вазири дигар, ки зидди ӯ буд, гуфт: «Абнои ҷинси моро 3 нашояд дар ҳазрати подшоҳон ҷуз ба ростӣ сухан гуфтан. Ин маликро дашном дод ва носазо гуфт». Малик рӯй аз ин сухан дарҳам оварду гуфт: «Маро он дурӯғи вай писандидатар омад аз ин рост, ки ту гуфтӣ, ки рӯйи он дар маслиҳате буд ва бинои ин бар хубсе,4 ва хирадмандон гуфтаанд: «Дурӯғи маслиҳатомез беҳ, ки рости фитнаангез…»
_______________

1 Сақат — алфози бад, дашном
2 Яъне: фурӯбарандагони хашм ва бахшандагони гуноҳи халқ
3 Яъне: ҳамҷинсони мо, ҳамқаторони мо
4 Хубс – хабисӣ, палидӣ

11

Ҳикоят

Яке аз мулуки Хуросон Маҳмуди Сабуктагинро ба хоб чунон дид, ки ҷумлаи вуҷуди ӯ рехта буд ва хок шуда, Магар чашмони ӯ, ки ҳамчунон дар чашмхона ҳамегардид ва назар ҳамекард. Соири ҳукамо аз таъвили 1 он фурӯ монданд. Магар дарвеше, ки шарти хидмат ба ҷой овард ва гуфт: «Ҳанӯз нигарон аст, ки мулкаш бо дигарон аст».
Бас номвар ба зери замин дафн кардаанд,
K-аз ҳастияш ба рӯйи замин-бар нишон намонд.
B-он пири лошаро, ки супурданд зери хок,
Хокаш чунон бихӯрд, к-аз ӯ устухон намонд!
Зинда-ст номи фаррухи 2 Нӯшервон ба хайр,
Гарчи басе гузашт, ки Нӯшервон намонд.
Хайре кун, эй фалону ғанимат шумор умр,
3-он пештар, ки бонг барояд: «Фалон намонд!»

Ҳикоят

Маликзодаеро шунидам, ки кӯтоҳ буду ҳақир ва дигар бародаронаш баланду хубрӯй. Боре падар ба кароҳат ба истеҳқор 3 дар ӯ назар мекард. Писар ба фаросат ва истибсор 4 ба ҷой овард ва гуфт: «Эй падар, кӯтоҳи хирадманд беҳ, ки нодони баланд. На ҳар чӣ ба қомат меҳтар, ба қимат беҳтар…
Он шунидӣ, ки лоғаре доно
Гуфт боре ба аблаҳе фарбеҳ:
«Аспи тозӣ, агар заиф бувад,
Ҳамчунон аз тавилае хар беҳ».
____________

1 Таъвил — таъбир
2 Фаррух — муборак, нек
3 Истеҳқор — ҳақир
4 Истибсор — фаҳм

12

Падар бихандид ва аркони давлат биписандиданд ва бародарон ба ҷон биранҷиданд.
То мард сухан нагуфта бошад.
Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад.
Ҳар беша гумон мабар, ки холист,
Шояд, ки паланг хуфта бошад.

Шунидам, ки маликро дар он қурб 1 душмане саъб 2 рӯй намуд. Чун лашкар аз ҳар ду тараф рӯй дар ҳам оварданд, аввал касе, ки ба майдон даромад, ин писар буд ва гуфт:
«Он на ман бошам, ки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман,
Он манам, к-андар миёни хоку хун бинӣ саре!
К-он ки ҷанг орад ба хуни хеш бозӣ мекунад,
Рӯзи майдон в-он ки бигрезал ба хуни лашкаре».

Ин бигуфту бар сипоҳи душман зад ва тане чанд мардони корӣ бияндохт. Чун пеши падар омад, замини хидмат бибӯсиду гуфт:
«Эй, ки шахси манат ҳақир намуд,
То дуруштӣ ҳунар напиндорӣ.
Аспи лоғармиён ба кор ояд,
Рӯзи майдон, на гови парворӣ». 3

Овардаанд, ки сипоҳи душман бисёр буду инон андак. Ҷамоате оҳанги гурез карданд, писар наърае заду гуфт: «Эй мардон, бикӯшед, то ҷомаи занон напӯшед!» Саворонро ба гуфтаи ӯ таҳаввур 4 зиёда гашт ва ба як бор ҳамла бурданд. Шунидам, ки ҳам дар он рӯз бар душман зафар ёфтанд. Малик (он писарро) сару чашмаш бибӯсиду дар канор гирифт ва ҳар рӯз назар беш кард, то
____________

1 Қурб – наздикӣ, қарибӣ
2 Саъб – сахт, пурхатар
3 Парворӣ — парвардашуда
4 Таҳаввур — шердилӣ, ҷасорат

13

валиаҳди хеш кард. Бародарон ҳасад бурданд ва заҳр дар таомаш карданд. Хоҳараш аз ғурфа 1 бидид, дарича бар ҳам зад. Писар дарёфт ва даст аз таом бозкашиду гуфт: «Маҳол аст агар ҳунарманд бимирад, ки беҳунар ҷойи ӯ бигирад.
Кас наёяд ба зери сояи бум,
B-ар ҳумой аз ҷаҳон шавад маьдум 2».

Падарро аз ин ҳол огоҳӣ доданд. Бародаронашро бихонду гӯшмоле бавоҷиб 3 бидод, пас ҳар якро аз атрофи билод 4 ҳиссае марзе 5 муайян кард. То фитна бинишаст ва низоъ бархост, ки даҳ дарвеш дар гилеме бихусбанду ду подшоҳ дар иқлиме нагунҷанд.
Нимноне гар хӯрад марди Худой,
Базли дарвешон кунад ними дигар.
Мулки иқлиме бигирад подшоҳ
Ҳамчунон дар банди иқлиме дигар.

Ҳикоят

Тоифаи дуздони араб бар сари кӯҳе нишаста буданд ва манфази 6 корвон баста ва раияти булдон 7 аз макоиди 8 эшон маъруб 9 ва лашкари султон мағлуб. Ба ҳукми он, ки малозе манеъ 10 аз қуллаи кӯҳе ба даст оварда буданд ва малҷау11
_______________

1 Ғурфа — дарича
2 Маъдум – несту нобуд
3 Бавоҷиб — сазовор
4 Билод — кишварҳо
5 Марз — замин
6 Манфаз — гузаргоҳ
7 Булдон — шаҳрҳо
8 Макоид — ҳилаҳо
9 Маъруб — дар ҳарос
10 Малозе манеъ – паноҳгоҳе баланд
11 Малҷаъ – бехатар, ҷойи бехавф

14

маъвои худ карда. Мудаббирони мамолики он тараф дар рафъи мазаррати 1 эшон машварат карданд, ки агар ин тоифа ҳам бар ин насақ2 рӯзгоре мудовимат 3 намоянд, муқовимат мумтанeъ 4 гардад:
Дарахте, ки акнун гирифтаст пой,
Ба неруи мардӣ барояд зи ҷой.
В-араш ҳамчунон рӯзгоре ҳилӣ 5,
Ба гардунаш аз бех барнагсилӣ 6 .
Сари чашма шояд гирифтан ба бел,
Чу пур шуд нашояд гузаштан ба пил.

Сухан бар он муқаррар шуд, ки якеро ба таҷаccуc 7 баргумоштанд ва фурсат нигоҳ доштанд, то вақте ки бар сари қавме ронда буданду буқъа 8 холӣ монда. Тане чанд мардони воқеадидаи ҷангозмуда бифиристоданд, то дар шеъби ҷабал 9 пинҳон шуданд. Шабонгоҳ, ки дуздон бозомаданд — сафаркардаву ғоратоварда, силоҳ бикушоданду рахти ғанимат биниҳоданд. Нахустин душмане, ки бар сари эшон тохт, хоб буд, чандоно, ки посе аз шаб бигузашт.
Қурси хуршед дар сиёҳӣ шуд,
Юнус андар даҳони моҳӣ шуд. 10
________________

1 Мазаррат — зарару зиён
2 Насақ — тарз, равиш
3 Мудовимат — давом
4 Мумтанеъ — яъне: тобоварӣ номумкин мешавад
5 Ҳилӣ — монӣ, гузорӣ
6 Барнагсилӣ — канда наметавонӣ
7 Таҷассус — ҷосусӣ, дидбонии махфӣ
8 Буқъа — манзил
9 Шеъби ҷабал – ғори зери кӯҳ
10 Юнус — номи яке аз пайғамбарон, ки назар ба афсонаи динӣ гӯё ба шиками моҳӣ фурӯ рафта боз зинда баромада будааст. Ин мисраъ киноя аст аз фурӯ рафтани офтоб

15

Мардони диловар аз камингоҳ бадар ҷастанд ва даст якон-якон бар китф бастанд ва бомдодон ба даргоҳи малик ҳозир оварданд, ҳамаро куштан фармуд. Дар он миён ҷавоне буд: меваи унфувони шабобаш 1 наврасида ва сабзаи гулистони узораш навдамида. Яке аз вузаро пойи тахти маликро бӯса дод ва рӯйи шафоат бар замин ниҳоду гуфт: «Ин ҷавон ҳамчунин аз бори зиндагонӣ бар нахӯрдааст ва аз райъони 2 ҷавонӣ таматтуъ 3 наёфта. Таваққуъ 4 ба карам ва ахлоқи Худовандӣ чунон аст, ки ба бахшидани хуни ӯ бар банда миннат ниҳад». Малик рӯй аз ин сухан дарҳам кашид ва мувофиқи раъйи баландаш наомаду гуфт:
«Партави некон нагирад ҳар ки бунёдаш бад аст.
Тарбият ноаҳлро чун гирдакон 5 бар гунбад аст.

Насли фасоди инон мунқатеъ 6 кардан авлотар аст ва бехи табори эшон баровардан, ки оташ нишондану ахгар гузоштан ва афъӣ куштану бачааш нигоҳ доштан кори хирадмандон нест!»
Абр агар оби зиндагӣ борад,
Ҳаргиз аз шохи бед бар нахӯрӣ.
Бо фурӯмоя рӯзгор мабар,
К-аз найи бурё шакар нахӯрӣ!»

Вазир чун ин сухан бишунид, тавъану карҳан 7 биписандид ва бар ҳусни раъйи малик офарин хонду гуфт: «Он чӣ Худованд фармуд, айни ҳақиқат аст, ки агар дар силки
__________

1 Унфувони шабоб — ибтидои (тарутозагии) ҷавонӣ
2 Райъон — тароват (оғоз, замони беҳтарин — Т.А.)
3 Таматтуъ — баҳра бурдан
4 Таваққуъ — умедворӣ
5 Гирдакон — чормағз
6 Мунқатеъ – қатъшуда, буридашуда
7 Тавъан ва карҳан – хоҳу нохоҳ, зору ночор

16

суҳбати он бадон мунтазам мондӣ, табиати эшон гирифтӣ, аммо банда умедвор аст, ки ба ишрати солеҳон тарбият пазирад ва хӯйи хирадмандон гирад, ки ҳанӯз тифл аст ва сирати бағю иноди 1 он гурӯҳ дар ниҳоди ӯ мутамаккин 2 нашудааст…” Ин бигуфту тоифае аз нудамо ба шафоат ёр шуданд, то малик аз сари хуни ӯ даргузашт ва гуфт : “Бахшидам. агарчи маслиҳат надидам».
Донӣ, ки чӣ гуфт Зол бо Рустами гурд,
Душман натавон ҳақиру бечора шумурд.
Дидем басе, ки оби сарчашмаи хурд.
Чун бештар омад, шутуру бор бибурд.

Филҷумла, писарро ба нозу неъмат баровардан гирифт ва устоди адиб ба тарбияти ӯ насб кард, 3 то ҳусни хитоб ва радди ҷавобаш даромӯхт ва соири одоби хидмати мулукаш таълим кард, чунон ки дар назари бузургон писанд омад. Боре вазир аз шамоили ӯ дар ҳазрати 4 малик шаммае мегуфт ки тарбияти оқилон дар ӯ асар кардааст ва ҷаҳли қадим аз ҷибиллати 5 ӯ бадар бурда. Маликро аз ин сухан табассум омаду гуфт:
Оқибат гургзода гург шавад,
Гарчи бо одамӣ бузург шавад.

Соле ду бар ин баромад, тоифаи авбоши маҳаллат дар ӯ пайвастанд ва ақди мувофиқат бастанд, то ба вақти фурсат (он ҷавон) вазир ва хар ду писарашро бикушт ва неъмати беқиёс бардошту дар мағораи дуздон ба ҷойи падар бини –
__________

1 Бағю инод — саркашӣ, гарданшахӣ
2 Мутамаккин — ҷойгир
3 Насб кард — таъин кард
4 Ҳазрат — дар ин ҷо ба маънии ҳозир будан, ҳузур
5 Ҷибиллат — табиат, сиришт
6 Мағора — ғоp

17

шаст ва осӣ 1 шуд. Малик дасти таҳассур 2 ба дандон газидан гирифт ва гуфт:
Шамшери нек з-оҳани бад чун кунад касе?
Нокас ба тарбият нашавад, эй ҳаким, кас!
Борон, ки дар латофати табъаш хилоф нест,
Дар боғ лола рӯяду дар шӯрабум 3 хас.
***
Замини шӯра сунбул барнаёрад,
Дар ӯ туxму амал зоеъ магардон!
Накуӣ бо бадон кардан чунон аст,
Ки бад кардан ба ҷойи некмардон.

Ҳикоят

Сарҳангзодаеро 4 дар сарои Ӯғулмиш 5 дидам, ки ақлу қиёсат ва фаҳму фаросате зоидулвасф 7 дошт, ҳам аз хурдӣ осори бузургӣ дар носияи 8 ӯ пайдо.
Болои сараш зи ҳушмандӣ
Метофт ситораи баландӣ. 9

Филҷумла, мақбули назари султон омад, ки ҷамоли сурату маънӣ дошт ва хирадмандон гуфтаанд: «Тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол ва бузургӣ ба ақл аст, на ба сол». Абнои ҷинси ӯ бар мансаби ӯ ҳасад бурданд ва ба хиёнаташ
___________

1 Осӣ — саркаш, ёғӣ
2 Таҳассур — ҳасрату надомат
3 Шӯрабум — шӯрзамин
4 Сарҳанг — сардори лашкар
5 Ӯғулмиш — номи як подшоҳи турк
6 Киёсат — доноӣ, зиракӣ
7 Зоидулвасф — берун аз хадди таъриф
8 Носия — пешонӣ, ҷабин
9 Яъне: ситораи хушбахтӣ

18

муттаҳам карданд ва дар куштани ӯ саъйи бефоида намуданд. Душман чӣ кунад, чу меҳрубон бошад дӯст! Малик пурсид, ки мӯҷиби хасмии инон 1 дар ҳаққи ту чист? Гуфт: «Дар сояи давлати Худовандӣ, дома мулкаҳу 2, ҳамгинонро 3 розӣ кардам, магар ҳасудро, ки розӣ намешавад, илло ба заволи неъмати ман ва иқболу давлати Худовандӣ…»
Тавонам ин ки наёзорам андаруни касе,
Ҳасудро чӣ кунад, к-ӯ зи худ ба ранҷ-дар аст 4,
Бимир, то бираҳӣ, эй ҳасуд, к-ин ранҷест,
Ки аз машаққати он ҷуз ба марг натвон раст!
***
Шӯрбахтон ба орзу хоҳанд
Муқбилонро 5 заволи неъмату ҷоҳ
Гар набинад ба рӯз шабпарачашм 6 ,
Чашмаи офтобро чӣ гуноҳ?
Рост хоҳӣ ҳазор чашми чунон.
Кӯр беҳтар, ки офтоб сиёҳ!

Ҳикоят

Якеро аз мулуки Аҷам ҳикоят кунанд, ки дасти татовул 7 ба моли раият дароз карда буд ва ҷабру азият оғоз карда, то ба ҷое, ки халқ аз мақоиди 8 феълаш ба ҷаҳон бирафтанд ва
__________

1 Яъне: сабаби душмании инҳо
2 Дома мулкаҳу — подшоҳиаш бардавом бод
3 Ҳамгинон — ҳама касон
4 Яъне: ҳасадбаранда аз феъли худ дар азоб аст
5 Муқбилон — хушбахтон
6 Шабпарачашм — касе, ки чашмаш монанди чашми шабпарак ба рӯшноӣ тоб надорад
7 Татовул — таҷовуз
8 Мақоид — ҳилаҳо, фиребҳо

19

аз қурбати 1 ҷабраш роҳи ғурбат гирифтанд. Чун раият кам шуд, иртифои 2 вилоят нуқсон пазируфт ва хазина тиҳӣ монд ва душманон зӯр оварданд.
Ҳар кӣ фарёдраси рӯзи мусибат хоҳад,
Гӯ: дар айёми саломат ба ҷавонмардӣ кӯш.
Бандаи ҳалқабагӯш, ар нанавозӣ, биравад,
Лутф кун, лутф, ки бегона шавад ҳалқа ба гӯш!

Боре ба маҷлиси ӯ дар китоби «Шоҳнома» мехонданд дар заволи мамлакати Заҳҳок ва аҳди Фаридун. Вазир маликро пурсид: «Ҳеҷ тавон донистан, ки Фаридун, ки ганҷу мулку ҳашам надошт, чӣ гуна бар ӯ мамлакат муқаррар шуд?» Гуфт: «Он чунон ки шунидӣ халқе бар ӯ ба таассуб 3 гирд омаданд ва тақвият карданд, подшоҳӣ ёфт». Гуфт: «Эй малик, чун гирд омадани халқе мӯҷиби подшоҳист, ту мар халқро парешон барои чӣ мекунӣ? Магар сари 4 подшоҳӣ кардан надорӣ?
Ҳамон беҳ, ки лашкар ба ҷон парварӣ.
Ки султон ба лашкар кунад сарварӣ».

Малик гуфт: «Мӯҷиби тирд омадани сипоҳу раият чӣ бошад?» Гуфт: «Подшоҳро карам бояд, то бар ӯ гирд оянд ва раҳмат, то дар паноҳи давлаташ эмин нишинанд ва туро ин ҳар ду нест.»
Накунад ҷаврпеша султонӣ,
Ки наояд зи гург чӯпонӣ.
Подшоҳе, ки тарҳи зулм афканд,
Пойи девори мулки хеш биканд».
___________

1 Қурбат — сахтӣ
2 Иртифоъ — маҳсули зироат
3 Таассуб — дар ин ҷо ба маънии пуштибонӣ ва ҳимоят
4 Сар – ният, хаёл

20

Маликро панди вазири носеҳ 1 мувофиқи табъи мухолиф наомад: рӯй аз ин сухан дарҳам кашиду ба зиндонаш фиристод. Басе барнаомад, ки 2 банӣ ами 3 султон ба мунозиат 4 хестанд ва ба муқовимат лашкар оростанд ва мулки падар хостанд 5. Қавме, ки аз дасти татовули ӯ ба ҷон омада буданд ва парешон шуда, бар эшон гирд омаданд ва тақвият 6 карданд, то мулк аз тасарруфи ин бадар рафт ва бар онон муқаррар шуд.
Подшоҳе, к-ӯ раво дорад ситам бар зердаст,
Дӯстдораш рӯзи сахтӣ душмани зӯровар аст.
Бо раият сулҳ кун в-аз ҷанги хасм эмин нишин,
З-он ки шоҳаншоҳи одилро раият лашкар аст.

Ҳикоят

Подшоҳе бо ғуломе аҷамӣ дар киштӣ нишаст ва ғулом дигар 7 дарё надида буд ва меҳнати киштӣ наёзмуда. гиряву зорӣ дарниҳод 8 ва ларза бар андомаш афтод, чандон ки мулотифат 9 карданд, ором намегирифт ва айши малик аз ӯ мунағғас 10 буд. Чора надонистанд. Ҳакиме дар он киштӣ буд, маликро гуфт: «Агар фармон диҳӣ, ман ӯро ба тариқе хомӯш гардонам». Гуфт: «Ғояти лутфу карам бошад». Бифармуд, то ғуломро ба дарё андохтанд, боре чанд ғӯта хӯрд, мӯяш гирифтанду пеши киштӣ оварданд, ба ду даст дар сук-
__________

1 Носеҳ — насиҳатгар
2 Яъне: дере нагузашта
3 Банӣ ам — писарони амак
4 Мунозиат — низоъ
5 Хостанд — дар мавриди якум ба маънии бархестанд, дар мавриди дуюм ба маънии талаб карданд
6 Тақвият — қувватдиҳанда
7 Дигар — дар ин ҷо ба маънии пеш аз ин
8 Дарниҳод — сар кард
9 Мулотифат — лутфу меҳрубонӣ
10 Мунағғаc – талх, тира

21

кони 1 киштӣ овехт, чун баромад, ба гӯшае бинишаст ва ором ёфт. Маликро аҷаб омад, (аз ҳаким) пурсид: «Дар ин чӣ ҳикмат буд?» Гуфт: «Аз аввал меҳнати ғарқ шудан начашида буд ва қадри саломати киштӣ намедонист. Ҳамчунин қадри офият касе донад, ки ба мусибате гирифтор ояд».
Эй сер, туро нони ҷавин хуш нанамояд,
Маъшуқи ман аст он, ки ба наздики ту зишт аст,
Ҳурони биҳиштиро дӯзах бувад аъроф 2,
Аз дӯзахиён пурс, ки аъроф биҳишт аст!
***
Фарқ аст миёни он ки ёраш дар бар,
То он ки ду чашми интизораш бар дар.

Ҳикоят

Ҳурмузро 3 гуфтанд: «Вазирони падарро чӣ хато дидӣ, ки банд фармудӣ?» Гуфт: «Хатое маълум накардам, валекин дидам, ки маҳобати ман дар дили эшон бекарон аст ва бар аҳди ман эътимоди куллӣ надоранд, тарсидам, ки аз бими газанди хеш оҳанги 4 ҳалоки ман кунанд, пас қавли ҳукаморо кор бастам 5 , ки гуфтаанд:
Аз он, к-аз ту тарсад, битарс, эй ҳаким
В-агар бо чун ӯ сад баройӣ ба ҷанг!
Набинӣ, ки чун гурба оҷиз шавад,
Барорад ба чангол чашми паланг.
Аз он мор бар пойи роӣ занад,
Ки тарсад сарашро бикӯбад ба санг.
__________

1 Суккон — рули киштии бодбондор
2 Аъроф — дар ақидаи аҳли дин: ҷоест байни дӯзах ва биҳишт
3 Ҳурмуз — писари подшоҳ Нӯшервон
4 Оҳанг — қасд
5 Яъне: амал кардам
6 Роӣ — чӯпон

22

Ҳикоят

Яке аз мулуки араб ранҷур буд дар ҳолати пирӣ ва умеди зиндагонӣ қатъ карда, ки саворе аз дар даромаду башорат 1 дод, ки фалон қалъаро ба давлати Худованд кушодем ва душманон асир омаданду сипоҳ ва раияти он тараф ба ҷумлагӣ мутеи фармон гаштанд. Малик нафасе сард бароварду гуфт: «Ин мужда маро нест, душманонамрост, яъне ворисони мамлакат.
Бад-ин умед ба сар шуд, дареғ умри азиз,
Ки он чӣ дар дилам аст, аз дарам фароз ояд.
Умеди баста баромад, вале чӣ фоида з-он-к,
Умед нест, ки умри гузашта бозояд».

Ҳикоят

Бар болини турбати Яҳё пайғамбар муътакиф 2 будам дар ҷомеи Димишқ, ки яке аз мулуки араб, ки ба беинсофӣ мансуб буд, иттифоқан ба зиёрат омаду намоз кард ва ҳоҷат хост…
Он гоҳ маро гуфт: «Аз он ҷо ки ҳиммати дарвешон аст ва сидқи муомилати эшон, хотире ҳамроҳи ман кунед, 3 ки аз душмани саъб 4, андешанокам». Гуфтамаш: «Бар раияти заиф раҳмат кун, то аз душмани қавӣ заҳмат набинӣ!»
Ба бозувони тавонову қуввати сари даст,
Хатост панҷаи мискини нотавон бишкаст.
Битарсад он, ки бар афтодагон набахшояд,
Ки гар зи пой дарояд касаш нагирад даст.
__________

1 Башорат — хабари хуш
2 Муътакиф — гӯшанишин
3 Яъне: маро дуо кунед
4 Саъб — сахт, қаттол

23

Ҳар он ки тухми бадӣ кишту чашми некӣ дошт,
Димоғ беҳуда пухту хаёли ботил баст.
Зи гӯш пунба бурун ору доди халқ бидеҳ 1 ,
B-агар ту менадиҳӣ дод, рӯзи доде ҳаст!
***
Банӣ одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ!

Ҳикоят

Дарвеше мустаҷобуддаъва 2 дар Бағдод падид омад. Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфро 3 хабар карданд, бихондашу гуфт: «Дуои хайре бар ман бикун!» гуфт: «Худоё, ҷонаш бистон!» Гуфт: «Аз баҳри худо, ин чӣ дуост?» Гуфт: «Ин дуои хайр аст туро ва ҷумлаи мусулмононро!»
Эй забардасти зердастозор!
Гарм то кай бимонад ин бозор?
Ба чӣ кор оядат ҷаҳондорӣ?
Мурданат беҳ, ки мардумозорӣ!

Ҳикоят

Яке а мулуки беинсоф, порсоеро пурсид: «Аз ибодатҳо кадом фозилтар аст?» Гуфт: «Туро хоби нимрӯз, то дар он як нафас халқро наёзорӣ!»
__________

1 Яъне: ба доди халқ рас
2 Яъне: дуояш иҷобатшаванда
3 Ҳаҷҷоҷ — номи яке аз амирони араб аст, ки дар золимӣ шуҳрат ёфтааст

24

Золимеро хуфта дидам ними рӯз,
Гуфтам: ин фитна-ст, хобаш бурда беҳ
B-он, ки хобаш беҳтар аз бедорӣ аст,
Он чунон бадзиндагонӣ мурда беҳ!

Ҳикоят

Яке аз подшоҳони пешин дар риояти 1 мамлакат сустӣ кардӣ ва лашкар ба сахтӣ доштӣ. Лоҷарам 2 душмане саъб рӯй намуд, ҳама пушт бидоданд.
Чу доранд ганҷ аз сипоҳӣ дареғ,
Дареғ оядаш даст бурдан ба теғ.

Якеро аз онон, ки ғадр 3 карданд, ба ман дӯстӣ буд, маломат кардаму гуфтам: «Дун аст ва бесипосу сифла ва ноҳақшинос, ки ба андак тағйири ҳол аз махдуми 4 қадим баргардад ва ҳуқуқи неъмати солҳо дарнавардад 5». Гуфт: «Агар ба карам маъзур дорӣ, шояд, 6 ки аспам дар ин воқеа беҷав буд ва намадзинам ба гарав ва султон, ки ба зар ба сипоҳӣ бахилӣ кунад, ба ӯ ба ҷон ҷавонмардӣ натавон кард».
Зар бидеҳ марди сипоҳиро, то сар биниҳад,
В-агараш зар надиҳӣ, сар биниҳад дар олам 7.
__________

1 Риоят — нигаҳдорӣ
2 Лоҷарам — ночор
3 Ғадр — бевафоӣ
4 Махдум — хӯҷаин
5 Дарнавардад — фаромӯш кунад
6 Шояд — дар ин ҷо ба маънии сазовор аст
7 Сар ниҳодан — дар мисраи якум: аз ҷон гузаштан, дар мисраи дуюм: сари худро гирифта ба ягон ҷо рафтан

25

Ҳикоят

Сиёҳгӯшро 1 гуфтанд: «Туро мулозимати суҳбати Шер ба чӣ ваҷҳ ихтиёр афтод?». Гуфт: «То фазлаи 2 сайдаш мехӯрам ва аз шарри душманон дар паноҳи савлати ӯ зиндагонӣ мекунам». Гуфтанд: «Акнун, ки ба зилли 3 ҳимояташ даромадӣ ва ба шукри неъматаш эътироф кардӣ, чаро наздиктар наёйӣ, то ба ҳалқаи хосонат дарорад ва аз бандагони мухлисат шуморад?». Гуфт: «Ҳамчунон аз батши 4 ӯ эмин нестам».
Агар сад сол габр 5 оташ фурӯзад,
Ба як дам, к-андар ӯ афтад, бисӯзад.

Афтад 6, ки надими 7 ҳазрати султонро зар биёяд ва бошад, ки сар биравад ва ҳукамо гуфтаанд: Аз талаввуни 8 табъи подшоҳон барҳазар бояд будан, ки вақте ба саломе биранҷанд ва дигар вақт ба дашноме хилъат диҳанд ва овардаанд, ки зарофати бисёр кардан ҳунари надимон асту айби ҳакимон».
Ту бар сари қадри хештан бошу виқор,
Бозию зарофат ба надимон бигузор!

Ҳикоят

Яке аз рафиқон шикояти рӯзгори номусоид ба назди ман овард, ки кифофи 9 андак дорам ва аёли бисёр ва тоқати бори фоқаро намеорам ва борҳо дар дилам омад, ки ба иқлиме
__________

1 Сиёҳгӯш — ҳайвони даррандаест хурдтар аз саг
2 Фазла — боқимондаи хӯрок
3 Зилл — соя
4 Батш — ҳамла, ҳуҷум
5 Габр — пайрави мазҳаби зардуштӣ, ки оташро бисёр ҳурмат мекунад
6 Яъне: чунин воқеа мешавад, ки…
7 Надим — ҳамсуҳбати хос
8 Талаввун — рангорангӣ
9 Кифоф — даромад
10 Фоқа — фақирӣ

26

дигар нақл кунам 1, то дар ҳар он сурат, ки зиндагонӣ карда шавад, касеро бар неку бади ман иттилоъ набошад.
Бас гурсна хуфт, кас надонист, ки кист?
Бас ҷон ба лаб омад, ки бар ӯ кас нагирист.

Боз аз шамотати аъдо 2 барандешам, ки ба таъна дар қафои ман биханданд ва саъйи маро дар ҳаққи аёл бар адами мурувват ҳамл кунанд ва гӯянд:
Бубин он беҳамиятро, ки ҳаргиз
Нахоҳад дид рӯйи некбахтӣ,
Таносонӣ гузинад хештанро,
Зану фарзанд бигзорад ба сахтӣ.

Ва дар илми муҳосибат, чунон ки маълум аст, чизе донам; агар ба ҷоҳи 3 Шумо шуғле муайян шавад, ки мӯҷиби ҷамъияти хотир бошад, бақияти умр аз ӯҳдаи шукри он неъмат берун омадан натавонам». Гуфтам: «Амали подшоҳ, эй бародар, ду тараф дорад: умеди нон ва бими ҷон ва хилофи раъйи хирадмандон аст, бад-он умед дар ин бим афтодан.
Кас наёяд ба хонаи дарвеш,
Ки хироҷи замину боғ бидеҳ,
Ё ба ташвишу ғусса розӣ бош,
Ё ҷигарбанд 4 пеши зоғ бинеҳ».

Гуфт: «Ин муносиби ҳоли ман нагуфтӣ ва ҷавоби саволи ман наёвардӣ. Нашунидаӣ, ки ҳар кӣ хиёнат варзад, пушташ аз ҳисоб биларзад.
__________

1 Яъне: сафар кунам
2 Яъне: аз ришханди душманон, метарсам. ки ин кӯшиши маро дар ҳаққи аҳлу аёлам беинсофӣ нашуморанд
3 Ба ҷоҳи шумо аз баракати мартабаи шумо
4 Ҷигарбанд банди ҷигар

27

Ростӣ мӯҷиби ризои Худост,
Кас надидам, ки гум шуд аз раҳи рост.

Ва ҳукамо гӯянд: «Чор кас аз чор кас ба ҷон биранҷанд: ҳаромӣ аз султон ва дузд аз посбон ва фосиқ аз ғаммоз 1 ва руспӣ 2 аз муҳтасиб 3 ва онро, ки ҳисоб пок аст, аз муҳосиба чӣ бок аст?
Макун фарохравӣ дар амал, агар хоҳӣ,
Ки вақти рафъи ту бошад маҷоли душман танг.
Ту пок бошу мадор аз кас, эй бародар, бок!
Зананд ҷомаи нопок гозурон 4 бар санг».

Гуфтам: «Ҳикояти он рӯбоҳ муносиби ҳоли туст, ки дидандаш гурезон на бехештан афтону хезон. Касе гуфташ: «Чӣ офат аст, ки мӯҷиби чандин махофат 5 аст!» Гуфто: «Шунидам, ки шутурро ба сухра 6 мегиранд». Гуфт: «Эй сафеҳ, шутурро бо ту чӣ муносибат асту туро ба чӣ мушобеҳат?» Гуфт: «Хомӯш, ки агар ҳасудон ба ғараз гӯянд «ин ҳам бачаи шутур аст» ва гирифтор оям, кӣ ғами тахлиси 7 ман дорад, то тафтиши ҳоли ман кунад ва то тарёқ 8 аз Ироқ оварда шавад, моргазида мурда бувад».

Туро ҳамчунин фазл асту диёнату тақво ва амонат, аммо мутааннитон 9 дар каминанд ва муддаиён 10 гӯшанишин, он чӣ ҳусни сирати туст, ба хилофи он тақрир 11 кунанд ва дар маърази хитоби подшоҳ афтӣ, дар он ҳолат ки-
__________

1 Ғаммоз — суханчин
2 Руспӣ — фоҳиша
3 Муҳтасиб — амалдори назораткунандаи иҷрои қонунҳои шариат
4 Гозурон — шустагарон, либосшӯён
5 Махофат — хавф
6 Сухра — кори маҷбурӣ
7 Тахлис — халосӣ
8 Тарёқ – даво, дору
9 Мутааннитон — айбҷӯён, хурдагирон:
10 Муддаӣ — иддаокунанда, рақиб
11 Тақрир — баён

28

ро маҷоли мақолат 1 бошад? Пас маслиҳат он бинам, ки мулки қанoатpo ҳаросат кунӣ ва тарки раёсат гӯйӣ.
Ба дарё-дар манофеъ бешумор аст,
B-агар хоҳӣ саломат, бар канор аст».

Рафиқ ин сухан бишуниду ба ҳам баромад 2 ва рӯй аз ҳикояти ман дар ҳам кашид ва суханҳои ранҷишомез гуфтан гирифт, ки ин чӣ ақлу кифоят аст ва фаҳму дироят? 3 Қавли ҳукамо дуруст омад, ки гуфтаанд: «Дӯстон дар зиндон ба кор оянд, ки бар суфра ҳамаи душманон дӯст намоянд».
Дӯст машмор он ки дар неъмат занад
Лофи ёрию бародархондагӣ.
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст
Дар парешонҳолию дармондагӣ.

Дидам, ки мутаҳайир мешавад ва насиҳат ба ғараз мешунавад, ба наздики соҳибдевон рафтам, ба собиқаи маърифате 4, ки дар миёни мо буд, сурати ҳолаш баён кардам ва аҳлияту истеҳқоқаш 5 бигуфтам, тo ба кори мухтасаре насб карданд. Чанде бар ин баромад, лутфи табъашро бидиданд ва ҳусни тадбирашро биписандиданд ва кораш аз он даргузашт, ба мартабате волотар аз он мутамаккин 6 шуд. Ҳамчунин наҷми саодаташ дар тараққӣ буд, то ба авҷи иродат 7 бирасид ва муқарраби 8 ҳазрати султон ва мушорунилайҳ 9 ва муътамадуналайҳ гашт. Бар саломати ҳолаш шодмонӣ кардам ва гуфтам:
__________

1 Мақолат — гуфтугӯ
2 Яъне: дилтанг шуд, раҳонид
3 Дироят донистан, доноӣ
4 Собиқаи маърифат— шиносоии пешина
5 Истеҳқоқ — лаёқат
6 Мутамаккин — ҷойгир, муқаррар
7 Иродат — дар ин ҷо ба маънии марҳамат. илтифот
8 Муқарраб — наздик
9 Мушорунилайҳ — шахси номбаршуда, шахси ишоратшуда, муътамадуналайҳ — шахсе, ки ба вай эътимод карда шудааст

29

Зи кори баста маяндешу дил шикаста мадор.
Ки оби чашмаи ҳайвон 1 даруни торикист.
***
Манишин pӯтуpш аз гардиши айём, ки сабр.
Гарчи талх аст валекин бари ширин дорад.

Дар он қурбат 2 маро бо тоифаи ёрон иттифоқи сафар афтод. Чун аз зиёрати Макка бозомадам, ду манзилам истиқбол кард. Зоҳири ҳoлашро дидам: парешон ва дар ҳайъати дарвешон. Гуфтам: «Чӣ ҳолат аст?» Гуфт: «Он чунон ки ту гуфтӣ, тоифае ҳасад бурданд ва ба хиёнатам мансуб карданд ва малик… дар кашфи ҳақиқати он истиқсо 3 нафармуд ва ёрони қадиму дӯстони ҳамим 4 аз калимаи ҳақ хомӯш шуданд ва суҳбати 5 дерин фаромӯш карданд.
Набинӣ, ки пеши худованди ҷоҳ
Ниёишкунон даст бар бар 6 ниҳанд;
Агар рӯзгораш дарорад зи пой,
Хама оламаш пой бар сар ниҳанд.

Филҷумла, ба анвои уқубат гирифтор будам, то дар ин ҳафта ки муждаи саломати ҳуҷҷоҷ 7 бирасид, (шоҳ) аз банди гаpoнам халос кард ва мулки маврусам 8 хос. Гуфтам: «Он навбат ишорати ман қабулат наёмад, ки гуфтам: «Амали подшоҳон чун сафари дарёст 9 хатарнок ва судманд: ё ганҷ баргирӣ ё дар тилисм бимирӣ.
__________

1 Чашмаи ҳайвон — оби ҳаёти афсонавӣ
2 Қурбат — наздикӣ
3 Истиқсо — мулоҳизаи чуқур
4 Ҳамим — наздик
5 Суҳбат — дар ин ҷо ба маънии дӯстӣ, ҷӯрагӣ
6 Бар – сандуқи дил, сина
7 Ҳуҷҷоҷ – ҳоҷиён, одамони ҳаҷкарда,
8 Маврусӣ — меросмонда
9 Даpё — баҳр

30

Ё зар ба ҳар ду даст кунад хоҷа дар канор,
Ё мавҷ рӯзе афканадаш мурда бар канор».

Маслиҳат надидам аз ин беш реши дарунаш ба маломат харошидан ва намак пошидан, бад ин калима ихтисор кардам:
«Надонистӣ, ки бинӣ банд бар пой
Чу дар гӯшат наёмад панди мардум;
Дигар раҳ, 1 чун надорӣ тоқати неш,
Макун ангушт дар сӯрохи каждум!»

Ҳикоят

Овардаанд, ки Нӯшервони одилро дар шикоргоҳе сайде кабоб карданд ва намак набуд. Ғуломе ба русто рафт, то намак орад, Нӯшервон гуфт: «Намак ба қимат биситон 2 , то расме нашавад ва деҳ хароб нагардад». Гуфтанд: «Аз ин қадар чӣ халал ояд?» гуфт: «Бунёди зулм дар ҷаҳон аввал андаке будааст, ҳар кӣ омад бар ӯ мазиде 3 кард, то бад-ин ғоят расид».
Агар зи боғи раият малик хӯрад себе,
Бароваранд ғуломони ӯ дарахт аз бех.
Ба панҷ байза 4 , ки султон ситам раво дорад,
Зананд лашкариёнаш ҳазор мурғ ба сех 5 .

Ҳикоят

Омилеро 6 шунидам, ки хонаи раият хароб кардӣ, то хазонаи султон обод кунад. Бехабар аз қавли ҳакимон, ки гуфтаанд: «Ҳар ки Худойро биёзорад, то дили халқе ба даст
__________

1 Раҳ — дафъа, маротиба
2 Яъне: намакро ба пул харида гир
3 Мазид — илова
4 Байза — тухми мурғ
5 Сех — сихи кабоб
6 Омил — амалдор

31

орад, Худованди таоло ҳамон халқро бар ӯ гуморад 1, то димор 2 аз рӯзгораш барорад».
Оташи сӯзон накунад бо сипанд 3 ,
Он чӣ кунад дуди дили дардманд.

Сари ҷумлаи ҳайвонот, гӯянд, ки шер аст ва камтарини ҷонварон хар ва ба иттифоқ хари борбар беҳ, ки шери мардумдар.
Мискин хар, агарчи бетамиз аст.
Чун бор ҳамебарад, азиз аст.
Говону харони борбардор
Беҳ з-одамиёни мардумозор.

Бозомадем ба ҳикояти вазири ғофил. Маликро тарфе 4 аз замоими 5 ахлоқи ӯ ба қароин маълум шуд, дар шиканҷа кашиду ба анвои уқубат бикушт.
Ҳосил нашавад ризои султан,
То хотири бандагон наҷӯйӣ.
Хоҳӣ, ки Худой бар ту бахшад,
Бо халқи Худой кун накуӣ.

Овардаанд, ки яке аз ситамдидагон бар ӯ бигзашт ва дар ҳоли табоҳи ӯ тааммул 6 карду гуфт:
«На ҳар кӣ қуввати бозу аз мансабе дорад,
Ба салтанат бихӯрад моли мардумон ба гизоф 7,
Тавон ба ҳалқ фурӯ бурдан устухони дурушт,
Вале шикам бидарад, чун бигирад 8 андар ноф».

__________

1 Гуморад — вазифадор мекунад
2 Димор — ҳалок, нобудӣ
3 Сипанд — ҳазорсипанд
4 Тарфе — қисме, баъзе
5 Замоим — бадиҳо
6 Тааммул — бо диққат мулоҳиза кардан
7 Ба гизоф — бекора, ноҳақ, муфт
8 Бигирад — дармонад, банд шавад

32

***
Намонад ситамгори бадрӯзгор,
Бимонад бар ӯ лаънати пойдор.

Ҳикоят

Мардумозореро ҳикоят кунанд, ки санге бар сари солеҳе зад. Дарвешро маҷоли интиқом набуд, сангро нигоҳ ҳамедошт, то замоне, ки маликро бар он лашкари хашм омаду дар чоҳ кард. Дарвеш андар омаду санг дар сараш кӯфт. Гуфто: «Ту кистӣ ва маро ин санг чаро задӣ?» Гуфт: «Ман фалонам ва ин ҳамон санг аст, ки дар фалон таърих бар сари ман задӣ». Гуфт: «Чандин рӯзгор куҷо будӣ?». Гуфт: «Аз ҷоҳат 1 меандешидам, акнун ки дар чоҳат дидам, фурсат ғанимат донистам»
Носазоеро, ки бинӣ бахтёр,
Оқилон таслим карданд ихтиёр.
Чун надорӣ нохуни дарранда тез,
Бо бадон он беҳ, ки кам гирӣ ситез!
Хар кӣ бо пӯлодбозу панҷа кард,
Соиди 2 симини худро ранҷа кард.
Бош, то дасташ бибандад рӯзгор,
Пас ба коми дӯстон мағзаш барор!

Ҳикоят

Золимеро ҳикоят кунанд, ки ҳезуми дарвешон харидӣ ба ҳайф 3 ва тавонгаронро додӣ ба тарҳ 4. Соҳибдиле бар ӯ гузар карду гуфт:
__________

1 Ҷоҳ — мартабаи ҳукмронӣ
2 Соид — бозу
3 Ҳайф — дар ин ҷо ба маънии зулму зӯрӣ
4 Тарҳ — молеро бо нархи гарон ба зердастони худ ба тарзи маҷбурӣ фурӯхтани подшоҳон ва амалдорон

33

«Морӣ ту, ки ҳар киро бубинӣ, бизанӣ,
Ё бум, ки ҳар куҷо нишинӣ, биканӣ.
***
Зӯрат ар беш меравад бо мо,
Бо Худованди ғайбдон наравад.
Зӯрмандӣ макун бар аҳли замин,
То дуое бар осмон наравад!»

Ҳоким аз гуфтани ӯ биранҷид ва рӯй аз насиҳати ӯ дар ҳам кашиду бар ӯ илтифот накард. То шабе оташи матбах дар анбори ҳезумаш афтод ва соири амлокаш бисӯхт ва аз бистари нармаш ба хокистари гарм нишонд. Иттифоқан ҳамон шахс бар ӯ бигузашту дидаш, ки ба ёрон ҳамегуфт: «Надонам, ин оташ аз куҷо дар сарои ман афтод?» Гуфт: «Аз дуди дили дарвешон».
Ҳазар кун зи дарди дарунҳои реш 1,
Ки реши дарун оқибат сар кунад 2,
Ба ҳам бармакун 3 то тавонӣ диле,
Ки оҳе ҷаҳоне ба ҳам баркунад 4.

Бар тоҷи Кайхисрав навишта буд:
Чӣ солҳои фаровону умрҳои дароз,
Ки халқ бар сари мо бар замин бихоҳад рафт 5.
Чунон ки даст ба даст омадаст мулк ба мо,
Ба дастҳои дигар ҳамчунин бихоҳад рафт.

__________

1 Реш — захм
2 Сар кунад — зоҳир мешавад
3 Ба ҳам кардан — озурдан
4 Ба ҳам баркунад — ба ҳамдигар занад
5 Яъне: мо хок мешавему халқ бар сари хоки мо роҳ меравад

34

Ҳикоят

Дарвеше муҷаррад ба гӯшаи саҳрое нишаста буд. Подшоҳе бар ӯ бигузашт. Дарвеш, аз он ҷо, ки фароғи 1 мулки қаноат аст, сар бар наёварду илтифот накард. Султон аз он ҷо, ки сатвати 2 салтанат аст, биранҷиду гуфт: «Ин тоифаи хирқапӯшон 3 бар мисоли ҳайвонанд ва аҳлияту одамият надоранд». Вазир наздикаш омаду гуфт: «Эй ҷавонмард! Султони рӯйи замин бар ту гузар кард, чаро хидмате накардӣ ва шарти адаб ба ҷо наёвардӣ?» Гуфт: «Султонро бигӯй, таваққуи 4 хидмат аз касе дор, ки таваққӯи неъмат аз ту лорад ва дигар бидон, ки мулук аз баҳри поси раиятанд, на раият аз баҳри тоати 5 мулук!
Подшаҳ посбони дарвеш аст,
Гарчи ромиш 6 ба фарри 7 давлати ӯст.
Гӯспанд аз барои чӯпон нест,
Балки чӯпон барои хидмати ӯст.
***
Яке имрӯз комрон бинӣ,
Дигареро дил аз муҷоҳида 8 реш.
Рӯзаке чанд бош, то бихӯрад
Хок мағзи сари хаёландеш.
***
Фарқи шоҳию бандагӣ бархост,
Чун қазои навишта омад пеш.
__________

1 Фароғ — осойиштагӣ
2 Сатват — ҳайбат
3 Хирқапӯшон — дарвешон
4 Таваққуъ — умед, чашмдошт
5 Тоат — дар ин ҷо ба маънии парастиш
6 Ромиш – роҳат, фароғат
7 Фарр – шаъну шавкат
8 Муҷoҳида – кӯшиш

35

Гар касе хоки мурда боз канад,
Нашиносад тавонгару дарвеш».

Маликро гуфти дарвеш устувор омад. Гуфт: «Чизе аз ман бихоҳ!» Гуфт: «Он ҳамехоҳам, ки дигар бора заҳмати ман надиҳӣ». Гуфт: «Маро панде бидеҳ». Гуфт:
Дарёб кунун, ки неъматат ҳаст ба даст,
К-ин давлату мулк меравад даст ба даст!

Ҳикоят

Подшоҳе ба куштани бегуноҳе фармон дод. Гуфт: «Эй малик, ба мӯҷиби хашме, ки туро бар ман аст, озори худ маҷӯй, ки ин уқубат бар ман ба як нафас ба сар ояду базаҳи 1 он бар ту ҷовид бимонад.
Даврони бақо чу боди саҳро бигузашт,
Талхиву хушиву зишту зебо бигузашт.
Пиндошт ситамгар, ки ҷафо бар мо кард,
Бар гардани ӯ бимонду бар мо бигузашт 2 ».

Маликро насиҳати ӯ судманд омаду аз сари хуни ӯ бархост.

Ҳикоят

Шайёде 3 геcувон бофт, ки ман алавиям 4 ва бо қофилаи Ҳиҷоз ба шаҳр даромад, ки аз ҳаҷ ҳамеоям ва қасидае пеши малик бурд, ки ман гуфтаам. (Подшоҳ) неъмати бисёраш фармуд ва икром кард. Яке аз нудамои ҳазрати подшоҳ, ки дар он сол аз сафари дарё омада буд, гуфт: «Ман ӯро иди
__________

1 Базаҳ — гуноҳ, ҷиноят
2 Бар мо бигузашт — он ҷафое, ки ситамгар бар сари мо оварда буд, гузашта рафт
3 Шайёд — фиребгар
4 Алавӣ — насли Алӣ (а), сайид

36

азҳо 1 дар Басра дидам, ҳоҷӣ чӣ гуна бошад?» 2 Дигаре гуфто: «Падараш насронӣ буд дар Малатия, писари шариф чӣ гуна бошад?» Ва шеърашро ба девони Анварӣ ёфтанд. Малик фармуд, то бизанандаш ва нафй 3 кунанд, то чандин дурӯғ дарҳам чаро гуфт? (Шайёд) гуфт: «Эй худованди рӯйи замин! Як суханат дигар дар хидмат бигӯям, агар рост набошад, ба ҳар уқубат, ки фармойӣ, сазоворам!» Гуфт: «Бигӯ, то он чист?» Гуфт:
«Ғарибе гарат мост пеш оварад,
Ду паймона об асту як чумча дӯғ,
Гар аз банда лағве шунидӣ, бубахш,
Ҷаҳондида бисёр гӯяд дурӯғ!»

Маликро ханда гирифт ва гуфт: «Аз ин росттар сухан дар умри худ нагуфтӣ». Фармуд то он чӣ маъмули ӯст, муҳайё доранд ва ба хушӣ биравад.

Ҳикоят

Бо тоифаи бузургон ба киштӣ нишаста будам. Заврақе дар пайи мо ғарқ шуд, ду бародар ба гирдобе дарафтоданд. Яке аз бузургон гуфт маллоҳро: «Бигир ин ҳардувонро, ки ба ҳар як панҷоҳ динорат диҳам». Маллоҳ дар об афтод ва то якеро бираҳонид, он дигар ҳалок шуд. Гуфтам: «Бақияи умраш намонда буд, аз ин сабаб дар гирифтани ӯ таъхир кардӣ ва дар он дигар таъҷил». Маллоҳ бихандиду гуфт: «Он чӣ ту гуфтӣ, яқин аст ва дигар майли хотир ба раҳонидани ин бештар буд, ки вақте дар биёбоне монда будам, маро бар шутур нишонд ва аз дасти он дигар тозиёнае хӯрда будам дар тифлӣ…»
То тавонӣ даруни кас махарош,
K-андар ин роҳ хорҳо бошад.
__________

1 Иди Азҳо — иди Қурбон
2 Яъне: Вай ба Макка нарафта, чӣ тавр ҳоҷӣ шудааст
3 Нафй кардан — бадарға кардан

37

Кори дарвеши мустаманд барор,
Ки туро низ корҳо бошад».

Ҳикоят

Ду бародар (буданд): яке хидмати султон кардӣ ва дигар ба зӯри бозу нон хӯрдӣ. Боре тавонгар гуфт дарвешро, ки: «Чаро хидмат накунӣ, то аз машаққати кор кардан бираҳӣ?» Гуфт: «Ту чаро кор накунӣ, то аз мазаллати 1 хидмат раҳоӣ ёбӣ, ки хирадмандон гуфтаанд: «Нони худ хӯрдану нишастан беҳ, ки камари заррин ба хидмат бастан».
Ба даст оҳани тафта 2 кардан хамир,
Беҳ аз даст бар сина пеши амир.
Умри гаронмоя дар ин сарф шуд,
То чӣ хӯрам сайфу 3 чӣ пӯшам шито? 4
Эй шиками хира, ба ноне бисоз,
То накунӣ пушт ба хидмат дуто!»

Ҳикоят

Гурӯҳе ҳукамо ба ҳазрати Кисро ба маслиҳате дар сухан ҳамегуфтанд ва Бузурҷмеҳр, ки меҳтари эшон буд, хомӯш. Гуфтандаш: «Чаро бо мо дар ин баҳс сухан нагӯйӣ!» Гуфт. «Вазирон бар мисоли атиббоанд ва табиб дору надиҳад ҷуз сақимро 5. Пас, чун бинам, ки раъйи шумо бар савоб аст, маро бар сари он сухан гуфтан ҳикмат набошад.
Чу коре бе фузули ман барояд
Маро дар вай сухан гуфтан нашояд.
B-агар бинам, ки нобинову чоҳ аст,
Агар хомӯш бинишинам, гуноҳ аст!»
__________

1 Мазаллат — хорӣ
2 Тафта — тафсоншуда
3 Сайф — тобистон
4 Шито — зимистон
5 Сақим — бемор

>
38

Ҳикоят

Ҳорунаррашидро чун мулки Миср мусаллам шуд, гуфт: «Ба хилофи он тоғӣ 1, ки ба ғурури мулки Миср даъвии худоӣ кард, набахшам ин мамлакатро, магар ба хасистарини бандагон». Сиёҳе 2 дошт номи ӯ Хасиб. Мулки Миср ба вай арзонӣ дошт ва гӯянд ақлу дирояти 3 ӯ то ба ҷое буд, ки тоифаи ҳурроси Миср шикоят овардандаш, ки пунба кошта будем борон бевақт омаду талаф шуд. Гуфт: «Пашм боистӣ коштан, то талаф нашудӣ».
Донишманде ин сухан бишуниду гуфт:
Агар рӯзӣ ба дониш дарфузудӣ,
Зи нодон тангрӯзитар набудӣ.
Ба нодон ончунон рӯзӣ расонад,
Ки сад доно дар ӯ ҳайрон бимонад…

Ҳикоят

Искандари румиро пурсиданд: «Диёри Машриқу Мағриб ба чӣ гирифтӣ, ки мулуки пешинро хазоину 4 умуру лашкар беш аз ин будааст ва чунин фатҳе муяссар нашуд?» Гуфто: «Ба авни Худои азза ва ҷалла 5 ҳар мамлакатеро, ки мегирифтам, раъияташ наёзурдам ва номи подшоҳон ҷуз ба накуӣ набурдам!»
Бузургаш нахонанд аҳли хирад,
Ки номи бузургон ба зиштӣ барад.
__________

1 Тоғӣ — исёнгар
2 Сиёҳ — ғуломи зангӣ
3 Дироят — фаҳм, дониш
4 Хазоин — хазинаҳо
5 Авн – ёрмандӣ; азза ва ҷалла — азизу бузург

39

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед: