Б. Ғафуров. Тоҷикон. Фасли 5, боби 3

5_bobi_3

Фасли панҷум
Тоҷикон дар охирҳои асри миёна

Боби севум
Ҳаёти тоҷикон дар аморати Бухоро ва давлати хонии Хӯқанд
(аз миёнаҳои асри ХVIII то миёнаҳои асри ХIХ)

1. Таърихи сиёсии
аморати Бухоро ва давлати хонии Хӯқанд.
Экспансияи Британия дар Осиёи Миёна

Ҳуҷуми Нодиршоҳ ба Бухоро ва Хева

Дар миёнаҳои асри ХVIII Осиёи Миёна, ки дар натиҷаи ҷангҳои дохилӣ пароканда ва аз харобиҳои иқтисодӣ хеле заиф шуда буд, ба ҳуҷуми шоҳи Эрон Нодиршоҳи Афшор дучор гардид. Нодиршоҳ дар муҳорибаҳои Кавказ, Афғонистон ва Ҳиндустон зафар ёфта, дар соли 1740 аз роҳи Балх ва Чорҷӯй ба Мовароуннаҳр дохил шуд.
Чунон ки дар фасли гузашта хотирнишон гардид, дар Осиёи Миёна давлати ягона вуҷуд надошт. Дар сари давлати хонии Бухоро намояндаи сулолаи Ҷониён — Абулфайзхон (1711–1747) меистод. Муаррихи бухорӣ- Мирзо Абдулазими Сомӣ менависад:«Абулфайзхон бошад ба лиҳози тиҳияти фиросату заковату қобилият аз аспи айшу тараб поён намешуд, аз сӯҳбати писарону духтарони маҳлиқо берун намеомад ва ба ҷуз ошомидани шароби нобу баҳра бардоштан аз зебописарону лаззат гирифтан аз ҳофизону машшоқон дигар ба ҳеҷ кор шуғл намеварзид. Ин буд, ки кори давлат рӯ ба инқироз ниҳод ва аҳкоми шариат аз доираи риоят маҳрум гардид. Ҳар кас тамаи сардорӣ дошту ҳар фард ғарази раҳбарӣ…».
Дар Самарқанд мулки мустақиле ба вуҷуд омада буд, ки бо Бухоро рақобат мекард. Ҳокими Самарқанд аз бодиянишинон кӯмак хост ва онҳо дар давоми ҳафт сол (1723–1730) водии Зарафшонро ба харобазор табдил доданд. Қаҳтӣ ва гуруснагӣ сар шуда, сокинони Самарқанду Бухоро ба ҳар сӯ пароканда гардиданд.
Ба қавли Муҳаммадвафои Карминагӣ, бодиянишинҳо дар зарфи «ҳафт сол амволи хосу омро ба ғорат ва мардумро ба асорат бурда, саросари мамлакат ҳиҷоби тираи ҷабру тааддӣ густарониданд; бо ағному аҳшом ва маркабҳои худ мазрааву киштзор ва боғоту токзорҳои деҳқононро поймол намуданд. Заминҳои кишт ва чарогоҳҳои мамлакат дар зери суми чорпоёни сершумори (бодиянишинон) ба биёбон мубаддал шуданд. Ҳосили ғалла ниҳоятдараҷа коҳиш ёфт, қаҳтӣ ва гаронӣ аз ҳар ҷиҳат дар ҳадди интиҳои бераҳмӣ эҳсос мешуд; гуруснагӣ ва қашшоқӣ ҳукмфармоӣ мекард… Нон қурси моҳро мемонд: ҳарчанд ба назар менамуд, ба даст намеомад». А. А. Семёнов ҳаққонӣ таъкид мекунад: «Ва ҳамин вайронии аз ҳад гузарои давлати охирини Аштархонӣ, ки аз бенизомӣ ва худсариҳои гурӯҳи ҳукмрон – амирони худком, тамаъкор ва фосиқ рух дода буд, дар давлати хонӣ чӣ андоза ба таназзул расидани қувваҳои истеҳсолкунанда ва чӣ дараҷа қашшоқу хонабардӯш гардидани аҳолиро ба таври возеҳ аён месозад».
Дар ин давра табақаи ашрофи қабилаи манғит имтиёзи бештаре пайдо мекунад, ки ин ҳолат эътирози шадиди аъёну ашрофи дигар тоифаҳои ӯзбекро ба амал меорад. Абулфайзхон дар ҳокимияти ҳарбию сиёсӣ ягон қудрате надошт. Ин вазъияти харҷумарҷи сиёсӣ ва харобии иқтисодӣ ба Нодиршоҳ, ки сиёсати маккорона ва ҳисобгаронаро пеш гирифта, дар роҳи қасду ниятҳои худ майлҳои ҷоҳталабонаи феодалони осиёимиёнагиро моҳирона истифода мебурд, имкони ба муваффақият соҳиб шуданро муҳайё месохт.
Ба замми ин, лашкари ӯ хеле беҳтар мусаллаҳ ва муташаккил буд.
Писари Муҳаммадҳаким атолиқи мардуд – Муҳаммадраҳимбии ҷоҳталаб ба истиқболи Нодиршоҳ рафта, дар назди ӯ сари итоат фуруд овард. Худи Муҳаммадҳаким, ки аз тарафи Абулфайзхон барои музокирот ба ҳузури Нодиршоҳ фиристода шуда буд, низ ба манфиати шоҳи Эрон амал кард. Пас аз бозгаштан бо амри Нодиршоҳ Муҳаммадҳаким ҳукмрони Бухоро ва бародари ӯ — Муҳаммаддониёлбӣ ҳокими Кармина таъин шуданд. Ба ин тариқа, Бухоро ба қаламрави Нодиршоҳ мубаддал гардид.
Дар худи ҳамон сол Нодиршоҳ муқовимати ғаюронаи Элбарсхонро дарҳам шикаста ва ӯро дар муҳориба ҳалок намуда, Хеваро низ забт кард ва ба сари ҳокимият қоиммақоми худро нишонд. Ӯ ҳам дар Бухоро ва ҳам дар Хева захираҳои озуқа, пул ва дигар чизҳои пурқиматро мусодира карда, аскарони маҳаллиро ба қӯшуни худ ҳамроҳ намуд.
Пас аз вафоти Муҳаммадҳакимбии атолиқ писари ӯ — Муҳаммадраҳимбӣқӯшуни пурқувват ва боинтизоме ташкил дода, исёни амирони мухолифро фурӯнишонид ва дар дарбори Абулфайзхон мавқеи асосиро ишғол намуда, амалан ҳукмрони давлати хонӣ гардид.
Дар соли 1747 Нодиршоҳ ба дасти дарбориёни худ кушта шуда, давлати бузурги ташкилкардаи ӯ фавран рӯ ба завол ниҳод. Аҳмадхон, ки аслан аз хонадони хонии қабилаи абдолии афғон буда, яке аз сарлашкарони Нодиршоҳ маҳсуб меёфт, дарҳол ба Қандаҳор рафта, сардорони қабилаҳои афғонро ба атрофи худ муттаҳид намуд ва худро подшоҳи Афғонистон эълон карда, асоси давлати кунунии афғонҳоро бино ниҳод.
Бисёр вилоятҳои тоҷикнишин, аз ҷумла вилояти Ҳирот ба ҳайъати давлати Аҳмадшоҳ дохил шуд. Дар солҳои 1750–1752 Аҳмадшоҳ аз Ҳирот қувваи зиёди ҳарбиро барои тобеъ намудани музофотҳои тоҷикинишин ва ӯзбекнишини соҳили ҷанубии дарёи Аму равона сохт. Ба феодалони афғон муяссар гардид, ки муваққатан ҳокимони баъзе вилояту музофотҳо, аз қабили Балх, Андҳой, Маймана, Ахча, Шибирғон ва Қундузро бахуд мутеъ намоянд. Дар Балх гарнизони афғонӣ гузошта, волие аз қавми афғон нишонда шуд (дар аксари вилоятҳо ба тариқи вассал моликони маҳаллӣ фармонравоӣ мекарданд). Баъдтар Бадахшон ҳам таҳти нуфузи сиёсии Афғонистон қарор гирифт. Ниҳоят, дар асри ХIХ қисми зиёди заминҳои дар соҳили чапи дарёи Аму воқеъгардидаи тоҷикон, ӯзбекҳо ва туркманҳо ба ҳайъати давлати Афғонистон дохил гардид . Дар натиҷа миқдори бисёри тоҷикон аз ҳамқавмони дар соҳили рости дарёи Аму сукунатдоштаи худ ҷудо шуданд. Феодалон деҳқонони тоҷикро аз заминҳояшон ронда, киштзорҳои ҳосилхезро ба даст дароварданд ва қарияҳои нимҳарбӣ барпо намуданд.
Дар солҳои 70-уми асри гузашта муаррихи афғон Муҳаммад Ҳаётхон дар асари машҳури худ «Ҳаёти Афғон» роҷеъ ба қисмати талхи деҳқонони тоҷик чунин навишта буд: «Кайҳост, ки онҳо аз ҳуқуқи заминдорӣ маҳрум гардида, ба деҳқони кироянишин ва ё муздури афғонҳо табдил ёфтаанд».
Оғози ҳукмронии Манғития
Соли 1747, аз кушта шудани Нодиршоҳ дере нагузашта, Муҳаммадраҳимбӣ Абулфайзхонро бо ду писараш ба қатл расонид ва бо ҳимояти табақаи ашроф ва рӯҳонӣ ба тахти хонии Бухоро нишаста, дар соли 1753 ба силсилаи Манғития асос гузошт.
Ӯ барои пурқувват кардани ҳукумати хонӣ дар навбати аввал бар зидди ҳаракатҳои худсаронаи сардорони қабилаҳои бодиянишини ӯзбек мубориза бурд ва мухолифати феодалони маҳаллиро нисбат ба ҳокимияти марказӣ то дараҷае барҳам дод. Ба ҳар як вилояти тобеи худ ҳоким таъин кард. Аксар вақт гуфтушунидҳои дипломатие, ки дар ин бобат бо болонишинони аз тобеияти ҳукумати марказӣ сар кашидаи қабилаҳо ба амал меомаданд, натиҷае намебахшиданд. Ба ин сабаб вилояти Ҳисор бо зӯрӣ тобеъ карда шуд: Муҳаммадраҳимхон ба Ҳисор ду дафъа (солҳои 1756– 1757) лашкар кашид. Дар воқеоти он давра Қубодиён, ки он ҷо ҳокими пешина ҳукмронӣ мекард, ҳамчунин деҳаи Душанбе (қалъаи Душанбе ба муносибати воқеаҳои ибтидои асри ХVIII низ ёд мешавад) роли муҳим бозиданд. Дар Ҳисор истеҳкомоти нав сохта, истеҳкомоти пешина дубора ба кор андохта шуданд. Чун Ҳисор ва вилоятҳои атрофи он барои давлати хонӣ аҳамияти калон доштанд ва феодалони ин маҳалҳоро табиати саркаше буд, Муҳаммадраҳимхон амаки худ — Дониёлбиро ҳокими Ҳисор ва вилоятҳои кӯҳистон таъин намуд. Самарқандро забт карда, ҳокимияти онро ба бародари худ супурд. Дар Шаҳрисабз, Тошканд ва дигар вилоятҳо низ одамони худро ба сари кор овард. Фақат Ӯротеппа, ки дар нимаи дувуми асри ХVIII ба ҳайъати он шаҳрҳои Хуҷанд, Ҷиззах, қалъаҳои Зомин, Ём ва ғ. дохил мешуданд, ҳамчун мулки мустақил боқӣ монд.
Дар аҳди ҳукмронии Муҳаммадраҳимхон дар натиҷаи ҷангҳои пайдарпай бисёр воҳаҳои зироатӣ ба майдони муҳориба мубаддал гардида, ба иқтисодиёти мамлакат зарарҳои зиёде расонида шуд.
Соли 1756 ӯ худро хон эълон намуд.
Баъд аз марги Муҳаммадраҳимхон дар соли 1758 амаки ӯ — Дониёлбӣ атолиқ (1758–1785) ҳукуматро ба дасти худ гирифт. Лекин вай лақаби хониро қабул накарда, исман Абулғозӣ ном набераи Абулфайзхонро ба тахт нишонид ва худаш маъмури вазифаи атолиқӣ гардид. Дониёлбӣ бештар ба қувваи ҳарбӣ такя мекард ва барои таъмини он чизеро дареғ намедошт. Ин буд, ки дар аҳди ӯ ҳамаи сарлашкарони ашрофии қабилаҳои манғит заминҳои зиёдеро ба тариқи танхоҳ соҳиб шуда, барои ҳар чӣ бисёртар фоида ситонидан аз ин заминҳо саъй мекарданд. Дониёлбӣ аз рӯҳониён ва шайхони дарвешӣ низ ҳимоят ва пуштибонӣ медид.
Чи навъе ки адиб ва олими маъруфи тоҷик дар асри ХIХ Аҳмад Махдуми Дониш қайд мекунад, дар аҳди Дониёлбӣ хеле андозҳои нав, монанди аминона, никоҳона, мӯҳрона, ҳаққи тарозу ва амсоли инҳо ҷорӣ карда шуд. Ҳамаи инҳо сабабгори боз ҳам бештар ба табоҳӣ рӯ овардани вазъи зиндагии табақаҳои меҳнаткаши аҳолӣ мегардиданд ва, ба қавли Аҳмади Дониш, «фуқаро ва раоёро маҷоли ҳаракат ва сукун набуда аз фарти зулму заҷр ва олуҳу солуқ, мисли аминона, вакилона, арзонии никоҳ ва қиматии никоҳона. Масалан, мӯҳри муаҷҷал даҳ дирам, никоҳонаи қозӣ даҳ динор, як ман гандум даҳ танга, ҳаққумизон понздаҳ танга ва ғайра».
Худкомии аъёну ашроф ва табоҳии ҳоли мазлумон, алалхусус, дар ибтидои ҳукмронии Дониёлбӣ зиёдтар гардид. Аҳолии меҳнаткаш дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар Бухоро, борҳо шӯриш намуд. Ҳукмрони куҳансол дигар аз ӯҳдаи ба сари итоат овардани вассалҳои саркаш ва фурӯ нишондани шӯру ошӯбҳои мардум баромада наметавонист.
Қувват гирифтани парокандагии феодалӣ, беш аз ҳама, дар тангшавии ҳудуди давлати хонӣ зоҳир мегардид.
Балх истиқлолият ба даст овард. Фарғона дар охирҳои асри ХVII ниммустақил шуда, баъдтар дар ин ҷо хонии мустақили Хӯқанд ба вуҷуд омад, ки дар сари он намояндагони қабилаи ӯзбеки минг қарор гирифтанд. Ташаккули хонии Хӯқанд дар миёна ва нимаи дувуми асри ХVIII, дар замони ҳукмронии Эрдонабӣ ва Норбӯта ба анҷом мерасад. Давлати хонии Хева дар асри ХVIII давраи хеле сахти ҷангу ҷидолҳои байнихудиро аз сар мегузаронд, ба замми ин дар солҳои 60-ум саросари онро гуруснагӣ ва вабо фаро гирифт. Дар Хева қариб одам намонд. Андаке ба ифоқа омадани тартибу низоми ин хонӣ бо фаъолияти ҳукмрони он — Муҳаммадамин алоқаманд аст. Муҳаммадамин аслан аз қабилаи ӯзбеки қунғрот буда, ба сулолаи Қунғротҳо, ки то соли 1920 давлати хониро идора кардаанд, асос гузоштааст.
Мулкҳои кӯҳистоние, ки дар сарзамини кунунии Тоҷикистон, аксаран дар навоҳии Ҳисору Кӯлоб воқеъ гардида буданд, аз давраи салтанати Ҷониён дар амал ҳамчун мулкҳои ниммустақил боқӣ монда, аз тарафи ҳокимони маҳаллӣ идора мешуданд. Мулки Ӯротеппа ҳам, ки саргаҳи Зарафшон – аз Панҷакент то Мастчоҳ ҳамоно дар ҳайъати он буд, истиқлолияти худро нигаҳ медошт.

2. Мубориза дар роҳи мустаҳкам кардани аморати Бухоро

Чунон ки дар боло қайд карда шуд, норизоятии оммаи халқ тамоми аморати Бухороро фаро мегирифт. Дониёлбӣ на фақат худсариҳои феодалонро бартараф карда натавонист, балки худаш торафт бештар мутеи кушбегӣ ва қозикалон мегардид. Яке аз писарони ӯ — Шоҳмурод худро тамоман ба тариқати сӯфия бахшида, муриди шайхе шуд. Вай дар зоҳир аз дарвеши мискин ҳеҷ тафовут надошт. Бо фармоиши шайх ҳатто дар бозор ҳаммолӣ мекард. Содагӣ ва дастрасии зоҳирӣ, тарзи зиндагии шикастанафсонаи шаҳзода, ки ба куллӣ хилофи зиндагонии айёшона ва пурдабдабаи аъёну ашроф ва худи Дониёлбӣ буд, боиси дар байни оммаи халқ ва аҳли зӯҳду тақво шӯҳрат ва эътибори зиёд пайдо кардани ӯ гардид. Шоҳмурод, махсусан, ба рӯҳониён ихлос ва эҳтироми беандоза доштани худро бо ҷидду ҷаҳди тамом таъкид менамуд. Дониёлбӣ чунин маъруфияти писарашро ба назар нагирифта наметавонист ва шаҳзода дар умури давлат беш аз пеш нуфуз пайдо намуд. Ӯ ба бекор кардани баъзе андозҳо низ муваффақ шуд. Падарро ба ҷуз вориси худ таъин кардани ӯ дигар чорае намонд.
Пас аз вафоти Дониёлбӣ валиаҳди ӯ либоси тавба дар тан фарёдкунон дар кӯчаҳои Бухоро гашта, бо лобаву зорӣ аз мардум илтиҷо менамуд, ки гуноҳҳои нисбат ба мардум кардаи марҳумро бубахшанд. Вай ҳамчунин ҳиссаи худро аз мероси падар гирифта, амр кард, ки ин сарватро ба касоне, ки «аз онҳо ситонида шудааст», баргардонанд. Чунин вонамуд мекард, ки гӯё ӯ ғайри хоҳиши худ ба тахти салтанат нишастааст ва, аз ин рӯ, боз ба асбоби таҷаммул наздик нашуда, худро дар маслаки зӯҳду тақво нигоҳ медошт. Тарзи зиндагии хоксорона ва порсоёнаи ӯ (либоси фақру фоқа мепӯшид ва онро то ҷиғда-ҷиғда шуда дариданаш аз тан намекашид, таоми оддӣ ва хеле кам мехӯрд, ҳеҷ гоҳ ҳадя намегирифт, дар як рӯз барои эҳтиёҷоти худ фақат як танга харҷ мекард ва ғ.) муосиронашро дар ҳайрат мегузоштанд. Ӯ барои таҳдиди синфи хоҷагон ва ашроф қушбегӣ ва қозикалонро дар ҳузури умум ба қатл расонид. Чунин рафтору кирдори ӯ, ки аз рӯи мулоҳизаҳои сиёсӣ сурат мегирифт, дар кори соҳиб шудан ба тахти салтанат ва ба тарафи худ кашидани таваҷҷӯҳи оммаи мардум роли муҳим бозид.
Ин таваҷҷӯҳ барои Шоҳмурод ниҳоятдараҷа зарур буд, зеро дар соли ба тахт нишастани ӯ (1785) косаи сабри аҳолии Бухоро лабрез шуда, онҳо шӯриш бардоштанд. Дар рафти шӯриш беш аз ҳазор нафар кушта шуд. Аз ин рақам ба хубӣ маълум мешавад, ки муборизаи халқ то чӣ андоза вусъат доштааст. Шоҳмурод маҷбур шуд савганд хӯрад, ки аҳолии Бухороро аз ҷавру зулм ва хироҷу андозҳои аз ҳад зиёд озод хоҳад кард. Ва фармони ӯро ба рӯи санг сабт намуда, дар пештоқи масҷиди ҷомеи Бухоро гузоштанд. Албатта, ин як ваъдаи хушку холӣ ва фақат василаи аз ғазаби халқ раҳоӣ ёфтан буд. Аз бухориён минбаъд ҳам молиёти махсус, ки ба мақсадҳои ҳарбӣ андохта мешуд, меситониданд.
Аҳди салтанати амир Шоҳмурод (1785–1800) дар таърихи сулолаи Манғития давраи нисбатан устувор гардидани аморат ба шумор меравад.
Шоҳмурод ба мақсади бартараф намудани норизоятии умумӣ, ки дар вақти ҳукмронии падараш пайдо шуда буд, баъзе ислоҳот ҷорӣ намуд. Вай фақат чунин андозҳои шаръӣ, монанди хироҷ ва закотро боқӣ гузошта, дигар ҳамаи молиёт, боҷ ва ҷаримаҳоро барҳам дод. Лекин ба ивази ин ҷизя – андози аз қавмҳои ғайримусулмон ситондашавандаро хеле зиёд кард. Ба аскарон моҳиёна муқаррар намуд. Бисёр заминҳои вақфро, ки амирони собиқмусодира карда буданд, дубора барқарор кард. Ба ин восита ӯ рӯҳониёни исломро ҳомии худ карда, дар роҳи мустаҳкам намудани ҳокимияти худ аз нуфузи дар байни оммаи мардум доштаи онҳо моҳирона истифода мебурд.
Ислоҳоти пулие, ки ӯ дар оғози ҷулуси худ гузаронид, барои ҳаёти иқтисодии мамлакат аҳамияти калон пайдо намуд. Хонҳои сулолаи Ҷониён ва сипас нахустин амирони манғит сиккаҳои нуқраи камиёр бароварда, аз тафовути қурби расмӣ ва амалии ин сиккаҳо фоидаи зиёде ба даст меоварданд. Ин ҳолат, дар навбати худ муомилоти пулиро вайрон карда, чун бори гароне ба дӯши аҳолӣ меафтод. Шоҳмурод иқдоми қатъӣ намуд. Шакли зоҳирӣ, ҳаҷм ва вазни сиккаҳоротағйир дода, онҳоро аз нуқраи пуриёр мебаровардагӣ шуданд. Ҳар кас метавонист ба сиккахона нуқра оварда, ба ивазаш (ҳаққи зарробиро пардохта) пул бигирад. Зоҳиран, сиккаҳои кӯҳнаи пеш аз ислоҳот аз эътибор соқит карда шуданд. Ин ислоҳоти пулӣ бар тибқи талаботи айнии иқтисодиёт ба вуқӯъ пайваста, ба ривоҷу равнақи тиҷорат мусоидат намуд.
Ба Шоҳмурод лозим омад, ки ба мақсади афзудани иқтидори ҳокимияти марказӣҳокимони вилоятҳоро аз кор барканор карда, ҳокимони нав таъин намояд. Ба ҳар шаҳру деҳа қозӣ таъин карданро низ ӯ ба таомул даровард. Муқобилати феодалони ҷудогона дарҳам шикаста шуд. Ҳатто саркаштарини онҳо низ сари итоат хам кард. Чунончи, Ниёзалӣ, ки дар вақти Дониёл худро дар Шаҳрисабз мустақил эълон карда буд, итоати амир Шоҳмуродро қабул намуд.
Шоҳмурод умури маҳкамаро низ як дараҷа ба тартиб даровард. Худаш рисолае роҷеъ ба ҳуқуқ таълиф намуд, ки барои қозиҳо ҳамчун дастур хизмат мекард. Дар он замон қонуне ҷорӣ гардид, ки бар тибқи он агар касе нисбат ба моликият ҷинояте содир кунад, сарфи назар аз мартабаҳои ҷамъиятии ӯ, ба сахттарин ҷазо гирифтор мешуд. Чунин тадбирот як андоза пеши роҳи ғорату тороҷҳои аз ҳад зиёдро гирифта, ба манфиати табақаҳои осоишталаби аҳолӣ буд. Ҳама медонистанд, ки барои роҳзанӣ сар аз тан ҷудо мекунанд, барои дуздӣ дасти ростро мебуранд ва ғ. Шоҳмурод ин чорабиниҳоро таҳти ливои мубориза дар роҳи риояти аҳкоми шариат амалӣ намуда, бо ин баҳона барои муроқибат ва муҳофизати расму оин мансаби раисро ҷорӣ сохт, ки ӯ мебоист иҷрои тамоми фармудаҳои шариатро хурдагирона назорат мекард.
Мустаҳкам шудани ҳокимияти марказӣ боиси таъмини амнияти роҳҳо гардид ва ин дар баробари ислоҳоти пул барои равнақи тиҷорат заминаи мусоид фароҳам овард. Хоҷагии воҳаҳои зироатӣ, хусусан водии Зарафшон, инчунин ҳавзаи дарёи Аму ва Қашқадарё дубора рӯ ба сабзиш ниҳод. Дар бобати афзудани нуфуси ноҳияҳои камодам чораҳо дида шуданд, каналҳои нави обёрӣ акнун на аз они феодалҳои маҳаллӣ, балки моли подшоҳӣ маҳсуб меёфтанд ва аз ин ҳам мадохили хазинаи давлат меафзуд. Дар натиҷаи пешрафти корҳои обёрӣ протсесси ба зиндагонии муқимӣ гузаштани тоифаҳои бодиянишини ӯзбек дар заминҳои навобод қувват гирифт.
Амир Шоҳмурод риёкорона қиёфаи дарвеши порсоро ба худ гирифта, таассуби диниро ривоҷ медод ва аз он ба мақсади ҷорӣ кардани сиёсаташ истифода менамуд. Ӯ таҳти шиори «ҷиҳоди муқаддас бар зидди шиаҳо» чандин мартаба ба Хуросон лашкар кашид ва бисёр маҳалҳои онро тороҷ намуд. Умарои Манғития дар ин лашкаркашиҳо ҳар як каси қобили меҳнатро аз аҳолии Хуросон асир карда, ба Бухоро меоварданд. Ба ин восита бозори ғуломфурӯшии Бухоро хеле авҷ гирифт. Дар охирҳои асри ХVIII, вақте ки Эрон саргарми ҷангҳои дохилии худ буд, Шоҳмурод дубора Марвро ишғол кард. Пас аз чанде вай ба муқобили бародари худ Умарбӣ, ки дар Марв ҳукм ронда, барои ҷудо шудан аз Бухоро кӯшиш мекард, дохили муҳориба гардид ва сарбанди дарёи Мурғобро ба куллӣ вайрон намуд. Ӯ тадриҷан қисмати зиёди аҳолии ин воҳаро ба Самарқанду Бухоро кӯчонида, дар таъмири харобаҳое, ки аз ҷангҳои собиқ ба амал омада буданд, истифода бурд. Ин сиёсати пешгирифтаи Шоҳмурод то андозае ба тармими харобиҳои водии Зарафшон, махсусан атрофи Самарқанд ва Бухоро мусоидат кард, вале дар айни замон вай боиси тамоман ба харобазор табдил ёфтани воҳаи Марв гардид. Шоҳмурод якчанд дафъа ба тарафҳои Ӯротеппа лашкар кашид ва дар ин мавридҳо низ аксари аҳолии қобили меҳнати Хуҷанд, Ӯротеппа, Хавос, Зомин ва Ёмро зӯран ба Самарқанд бурда, дар сохтмони биноҳо ва иншооти обёрӣ истифода бурд. Маҳз бо қувваи ин одамон дар Самарқанд 24 масҷид ва дигар иморатҳои гуногун сохта шуданд.

Аморати Бухоро дар нимаи аввали асри ХIХ

Давлати хонии Хӯқанд дар нимаи аввали асри ХIХ

Нобудшавии аҳолӣ ва харобии хоҷагӣ дар натиҷаи ҷангҳои байни давлатҳои феодалӣ

3. Муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ

Қувваҳои истеҳсолкунанда

Тиҷорат

Заминдории феодалӣ. Аҳволи оммаи халқ

Муборизаи синфӣ

4. Муносибатҳои иқтисодии байни Осиёи Миёна ва Россия.
Тадқиқи Осиёи Миёна аз тарафи олимони рус

Тавсеаталабии Британия дар Осиёи Миёна ва рақобати Англияву Россия

Тадқиқи илмии давлатҳои Осиёи Миёна

5. Маданияти моддӣ ва маънавӣ

Бинокорӣ ва меъморӣ

Ҳаёти илмӣ ва адабӣ

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.