Зардушт. Паёмбари ойини ростин

zardusht_1

Шахсияти Зардушт дар таърихи инкишофи афкори маънавии инсоният чандон бузургу ҷозибанок аст, ки бисёр халқҳои бостонӣ ӯро аз нобиғагони ҷаҳони куҳан донистаанд. Ҳатто чунин халқе мисли юнониҳо, ки Ғарби муосир фарҳанги онҳоро сарчашмаи тамаддуни имрӯзаи худ медонад, аз айёми куҳан бо номи ӯ ошно буда, дар бораи дини ӯ маълумоти муайяне доштаанд. 1 Онҳо мувофиқи расму ойини бостонии худ, бо хатми ҳар садсола аз миёни доноёни он замон ҳафт нафар хирадманд интихоб мекарданд, ки дар пешрафту комёбии моддӣ ва маънавии халқи Юнон саҳми бештар гузошта бошанд. Ҷолиб аст, ки дар китоби «Стромати»-и Клименти Александрони дар миёни ҳафт нафар хирадмандони юнонӣ ду нафар ориёӣ, яъне Зардушт ва Абарис зикр шудаанд. 2

Вале дар ҳамон давра ҳам юнониёни қадим дар бораи замони зиндагии Зардушт маълумоти дақиқ надоштанд. Масалан, қадимтарин муаррихи онҳо Ксанф, ки дар асри У-и то мелод зиста, аз Зардушт ёдоварӣ кардааст, замони зиндагии паёмбари дини нахустини яктопарастиро 6000 сол пеш аз лашкаркашии Хишоёршо ба Юнон муайян кардааст. Вале муаррихони дигари Юнони қадим Николаи Дамаскӣ ва Диогени Лаэрти, ки аз осори Ксанф истифода кардаанд, ин санаро 600 сол пеш аз лашкаркашии номбаршуда зикр намудаанд. Тавре ки маълум аст, Хишоёршо — писари Дорои 1 ба Юнони қадим дар ҳудуди соли 480-и то мелод ҳамла карда буд. 3

___________________________
1. Муминджанов X. Древнетаджикская и древнегреческая философии; тождество различия и различие тождества. В сб. Зороастризм и его значение в развитии цивилизации народов Ближнего и Среднего Востока. — Душанбе, 2003. — С.29.
2. Фрагменты ранних греческих философов. — М., 1989. — С.94.
3. Муминҷонов Ҳ. Зардушт ва ойини ӯ. — Душанбе, 1993. — С.28.

Агар рақами аввалро афсонавӣ пиндорем, рақами дуюм то андозае ба ҳақиқат наздик аст (600+480=1080) ва ба асри Х1-и то мелод рост меояд. Ктезиас (404-358-и то мелод), табиби дарбори ҳахоманишӣ замони зиндагии Зардуштро асри ХШ-и то мелод. Санд асри Х-и то мелод ва Плутарх 5000 сол пеш аз ҷанги Троя 1 донистаанд. 2

Дар рисолае, ки ба Орегон нисбат дода шудааст ва дар бораи фирқаҳои мазҳабӣ ва ҷараёнҳои фалсафии замони бостон ҳикоят мекунад. Пифагор (582-497-и то мелод) — файласуф ва риёзидони маъруфи юнонӣ шогирди Зардушт номида шудааст. 3 Аз рӯйи маълумоти ин китоб, Зардушт ҳамасри Пифагор аст.

Эудокс ва Арасту — муаррих ва файласуфи маъруфи Юнон замони зиндагии Зардушт — созмондиҳандаи ойини муғро, ки дорои афкори фалсафаю ахлоқист, 6000 сол пеш аз Афлотун донистаанд.

Таърихи суннатии зуҳури Зардушт дар ду рисолаи мазҳабӣ — «Бундаҳишн» ва «Ардавирофнома», ки дар асрҳои 1Х-Х мураттаб шуда, меъёрҳои динӣ ва ахлоқии ин ойинро мавриди баҳс қарор додаанд, баён гардидааст. Дар онҳо космологияи зардуштӣ инъикос ёфта, мувофиқи он умри ҷаҳон аз 12 ҳазор сол иборат аст. Дар се ҳазор соли нахуст Худованд тамоми мавҷудоти оламро дар шакли ҷаҳони мусул 4 5 (олами идеяҳо), ки ҳамон ҷаҳони фравашиҳо аст, халқ кардааст ва дар ин сеҳазорсола аносири ҷаҳон беҳаракат буда, ҳамаи онҳо поку беолойиш будаанд. Ин давра дар «Бундаҳишн» бо номи «менӯг» зикр шудааст. Дар сеҳазораи дуюм, ки Аҳриман ба вуҷуд омад, тамоми ашёи ҷаҳон омехта гардида, давраи гумезишн оғоз шуд, ки ҳолати кунунии ҷаҳон аст. 6 Дар ин марҳала фурӯҳарҳо ба худ қолиби моддӣ гирифта, якҷо бо изадон ба ҳаракат ва мубориза мепардозанд. Сурати фалакӣ ё фурӯҳари Зардушт дар охири сеҳазорсолаи аввал ва ибтидои сеҳазорсолаи дуюм офарида шудааст. Ҳамин тариқ, ӯ 258 сол пеш аз инқирози салтанати ҳахоманишӣ ба пайғамбарӣ мерасад. Ба ибораи дигар, фравашии вай дар ҳудуди соли 630-и то мелод ба шакли қолиби моддӣ даромадааст.

Дар «Ардавирофнома» бошад, замони пайғамбарии Зардушт 300 сол пеш аз ҳамлаи Искандар ба империяи ҳахоманишӣ зикр шудааст. Чун

___________________
1. Ҷанги Троя дар ҳудуди асри ХП-и то мелод сурат гирифтааст.
2. Пури Довуд Ясно. 4.1. — Теҳрон, 2536. — С. 15 ба баъд.
3. Кузнецов Б. И. Древний Иран и Тибет. — Санкт-Петербург, 1998. — С.232.
4. Ҷаҳони фравашии «Авесто» бо ҷаҳони мусули Афлотун баробар аст.
5. Моле М. Эрони бостон. — Теҳрон, 1377. — С.121; Оштиёнӣ Ҷ Зардушт. — Мюнхен, 1980. — С. 60.
6. Оштиёнӣ Ҷ. Зардушт. — С.60.

ҳамлаи Искандари Мақдунӣ ва Эроншаҳр дар соли 330-и қабл аз мелод сурат гирифтааст, таърихи таваллуди Зардушт дар ҳудуди соли 660-и то мелод мукаррар шудааст. 1

Дар суннати мазҳабии маздаясно омадааст, ки Зардушт аз таблиғи дини худ дар ватани хеш ноком гардида, ба дарбори подшоҳи каёнӣ Виштосп раҳсипор гардид ва дар он ҷо динаш пазируфта шуд. Дар асоси ин ривоят, баъзе муҳаққиқон сулолаи каёниро бо сулолаи ҳахоманишӣ ва подшоҳони сулолаи Мод яке дониста, Кай Гуштосп — подшоҳи каёниро бо Виштосп — падари Дорои 1 монанд кардаанд Зардушт дар «Готҳо» аз Кай Гуштосп тавре сухан меронад, ки гӯё ӯ шоҳи афсонавӣ набуда, шоҳи зиндаи қодиру тавоност ва ҷалолу ҷабарути вай мояи тарсу ҳароси подшоҳони дигар аст. Хертсфелд ва Ҳертел тасаввур кардаанд, ки Кай Гуштоспи «Авесто» ҳамон Виштоспи падари Дорои I (522-486-и то мелод) аст, ки аз номи писараш дар вилояти Порт ё Парсава фармонраво буд.

Худи Доро дар катибаи Беҳсутун аз падари худ ҳамчун яке аз шаҳрбонҳои маъмулӣ ном мебарад. Доро дар ин сангнавишта чунин овардааст: «Парсава (бахше аз Эрон. Туркманистон ва Ӯзбекистони кунунӣ) ва Варкона (Гургон) зидди ман шӯриш бардоштанд ва худро ҷонибдори Фравартиш эълон карданд. Мардуми он ҷо аз падарам Виштоспа, ки дар Порт буд, итоат накарданд. Он гоҳ лашкар, ки ба Виштосп вафодор монда буд, берун рафт ва дар як шаҳри Порт ба номи Виспа Узатиш ба мубориза пардохт. Аҳуромаздо ӯро ёрӣ намуд, ба хости Аҳуромаздо Виштоспа лашкари шӯришиёнро саркӯб кард. Ин ҳодиса дар 22-юми моҳи вияжна (5.11.521-и то мелод) рӯй дод». Доро дар охири ин катиба мегӯяд: «Ман аз Рай лашкаре ба ёрии Виштоспа фиристодам ва дар як шаҳри Порт бо номи Патиграбона дубора дар аввали моҳи гармапада (мутобиқ бо 3.IV.520-и то мелод) ҷанге воқеъ шуд ва Виштоспа қувваи шӯришиёнро дарҳам шикаст ва кишвари Порт дигарбора зери фармони ман даромад»2. Аз ин далелҳо чунин бармеояд, ки аввалан, Виштоспа — падари Доро соҳиби унвони шоҳӣ намебошад. Сониян, суннати зардуштӣ Балхро ба унвони марказ ва пойтахти ин шоҳ зикр менамояд. Дар асоси далели боло Ҳертел ва Ҳертсфелд Зардуштро ҳамасри Доро ва падари вай медонанд.

Омӯзиши илмии дини маздаясно, «Авесто» ва паёмбари он дар асри XVIII шурӯъ шуда, то ба имрӯз идома дорад. Дар ин давра дар баробари таҳқиқоти васеи осори хаттӣ забоншиносии муқоисавӣ падид омада,

_________________
1. Муин М. Маздаясно ва адаби порсӣ. – Теҳрон, 1338. — С.97-99.
2. Хрестоматия древнего Востока. — М., 1978. — С. 492.

ковишҳои нисбатан васеи бостоншиносӣ сурат гирифтанд. Риштаҳои мутазаккираи илм. ба иловаи топография, топонимика, ономастика барои равшан кардани таърихи бостон ҳаҷми зиёд ва рангоранги маълумотро дар ихтиёри олимон гузоштанд. Партав ва муҳтавои ин маълумот донишмандонро ба кашфи бисёр мушкилот, аз он ҷумла, ба таъини замони зиндагии Зардушт наздик кард. Вале сарфи назар аз он як гурӯҳ муҳаққиқони муосир, аз ҷумла, Ҳеннинг, Алтҳайм, Мейе ва ғайра таърихи суннатии ба паёмбарӣ баргузида шудани Зардуштро пазируфтаанд.

Ҳеннинг дар натиҷаи таҳқиқи ҳамаҷонибаи таърихи суннатӣ се давраро ҳамчун замони зиндагии Зардушт пешниҳод кардааст: 553-650; 551- 628; 541-618. 1 Бобоҷон Ғафуров низ дар «Тоҷикон» таърихи суннатиро ҷонибдорӣ карда, замони зиндагии Зардуштро охири асри VII — аввали VI-и то мелод ҳисоб мекунад, вале эҳтимол медонад, ки он чанд сада пештар бошад. 2

Ҳиндушиноси маъруфи ҳоландӣ Ф. Кёйпер чунин мешуморад ки забони Зардушт ки аз унсурҳои умдаи лаҳҷаҳои гуногун мураттаб гардида, забони адабии он замон мебошад, аз бисёр ҷиҳат нисбат ба забони «Ригведа» бостонитар аст. Вай аз рӯйи муқоиса ва меъёрҳои забоншиносӣ замони зиндагии Зардуштро пеш аз соли 800-и то мелод медонад. 3 Гурӯҳи дигар ба замони қадимтар ишора менамоянд. Масалан, Ломмел назарияи Ҳертелро дар бораи он ки Гуштоспи «Авесто» падари Дорои 1 аст, ба куллӣ беасос медонад. Вай ба катибаи Саргон — подшоҳи Ошур, ки дар соли 714-и то мелод тартиб дода шуда, дар он номи Маздо ба чашм мехӯрад, ишора кардааст. Дар асоси ин катиба вай зуҳури Зардуштро хеле пеш аз соли 714-и то мелод ва пеш аз салтанати Ҳахоманишиҳо ва Модҳо медонад Эдуард Мейер ҳам ба катибаи подшоҳони Ошур ишора менамояд Дар онҳо номи баъзе аз ашрофони модӣ Маздаҳу номида шудааст. Вай ин номҳоро нишонае аз маздопарастии қабилаҳои Мод дониста, даврони зиндагии вахшури ориёиро пеш аз садаи 1000-и то мелод намешуморад. 4

Ҳарлез ба ривоятҳои юнонӣ дар бораи замони ҳаёт ва фаъолияти Зардушт аҳамияти нисбӣ дода, ба ҳуҷҷату катибаҳое, ки марбут ба садаи Х1У-и то мелод дар наздикии Анқара ба даст омадааст, таваҷҷуҳ намудааст. Вай забони «Готҳо» ва санскритро муқоиса карда, ба чунин

___________________________
1. Оштиёнӣ Ҷ. Зардушт.- С.41-42.
2. Гафуров Б. Таджики. — С. 64.
3. Кёйпер Ф. Б. Я. Труды по ведийской мифологии. — М., 1986. — С. 9.
4. Оштиёнӣ Ҷ. Зардушт. — С.62.

хулоса омадааст, ки ин замон набояд аз садаи Х1У-и то мелод поёнтар бошад. Бартоломе даврони зиндагии паёмбари ориёиро дар асри 1Х-и то мелод ва Везендонг дар миёни садаҳои 1000 ва 900-и то мелод донистаанд. Виндишман, Гейгер, Тил, Олденберг ривояти суннатии зиндагии Зардуштро комилан нодуруст дониста, онро бо далелҳои муътабар рад мекунанд ва даврони ҳаёту фаъолияти ӯро дар ҳудуди солҳои 1200 то 800-и то мелод медонанд 1

Авестошиноси немис Мултон бар зидди онҳое, ки Зардуштро шахсияти афсонавӣ ҳисоб мекунанд (Тусинг, Дармстетер) баромада, ибрози эътимод мекунад, ки таронаҳои Зардушт дар давраи бисёр қадим падид омадаанд. «Готҳо», образҳои ба вуҷуд овардаи он, эҳсосоти Зардушт, одамон ва муносибатҳои онҳо бо паёмбар аз он ҳикоят мекунанд, ки гӯяндаи ин сурудҳо шахси таърихӣ буда, нобиғаест, ки асари бузургеро ба вуҷуд овардааст. Мултон ба воситаи назарияҳои нуҷумӣ аз истилоҳоти «Готҳо» чунин хулоса мекунад, ки зуҳури Зардушт байни солҳои 1800 то 900-и то мелод аст. 2

Авестошиноси маъруфи англис Мэри Бойc дар китоби худ «Зардуштиён» замони зиндагии паёмбари орёиро байни солҳои 1500 ва 1200-и то мелод дониста, дар таҷдиди ин асар дар асоси таҳқиқи лаҳҷа ва истилоҳоти «Готҳо» ба чунин хулоса омадааст, ки Зардушт дар ҳудуди солҳои 1200-и то мелод умр ба сар бурдааст. 3 Ин мутахассиси номдори «Авесто» дар китоби наваш «Чакидаи таърихи кеши Зардушт» ақидаҳои худро чунин баён месозад: «Сулолаи ҳахоманишӣ ҳадди ақал аз замони Куруш, 4 яъне дар миёнаҳои садаи VI-и то мелод дини зардуштиро пазируфта буданд». 5 Онҳоро низ мисли соири қабилаҳои Порс муғҳои Мод ба ин дин ташвиқ карда буданд. Ба фикри ӯ, худи муғони Мод низ пеш аз соли 700-и то мелод ин динро пазируфта наметавонистанд. Аз ин чунин хулоса мегирад, ки матнҳои «Авесто»-и навшуда бояд пеш аз ин таърих ба шакли қатъии худ даромада бошанд Сипас барои ёфтани далел ба «Авесто» муроҷиат мекунад. Дар «Фарвардиняшт» (банди 97) ба ному фравашии Саена 6 ном шахсе дуруд фиристода шудааст. Пас аз гузашти замоне дар банди

__________________________
1. Кристенсен А. Каёниён.- С.26.
2. Оштиёнӣ Ҷ. Зардушт. — С.63.
3. Бойс М. Зороастрийцы. — М., 1988. — С.27; Зороастрийцы. — Санкт-Петербург, 2003 — С.18.
4. Куруш — поягузори сулолаи Ҳахоманишиён дар моҳи августи соли 530 аз ҷониби массагетҳо — яке аз қабилаҳои ориёии Осиёи Марказӣ кушта шуд (Гафуров Б. Таджики. — Душанбе, 1989. — С.88).
5. Бойс М. Чакидаи таърихи кеши Зардушт. — Теҳрон, 1377. — С.40-41.
6. Дар «Авесто» Саена ба маънии Симурғ аст.

126-и ҳамин яшт ба ному фравашии касоне дуруд фиристода мешавад, ки наберагони ҳамин Саена мебошанд. Яъне Тиру Накасва, Утаюти ва Фруҳакафра. Ба фикри ӯ, агар ба ҳар насле 30 сол ҷудо кунем, аввал ин ки ҳамин бандҳои «Фарвардиняшт» пас аз 90 соли банди 97 ба ин яшт ҳамроҳ карда шудааст. Сониян, барои тартибу тадвини комили он 100- 150 сол зарур аст. Аз инҳо ва далелҳои дигар чунин натиҷагирӣ мекунад, ки яштҳои куҳани «Авесто» дар садаҳои Х1-УШ-и то мелод таҳаввулу такомул пайдо кардаанд. Аз тарафи дигар, Саена писари Аҳумстут. ки аз ӯ дар банди 97 сухан рафтааст, нахустин рӯҳонии ориёӣ буд, ки мувофиқи «Авесто» ба беш аз 100 талаба тадрис мекард. Аз ин муҳаққиқ ба чунин хулосаҳо мерасад, ки дар он давра мактабҳои доимӣ ва босуботи мазҳабӣ амал мекарданд ва дини зардуштӣ чунон вусъату интишор пайдо карда будааст, ки дар пеши як нафар устод беш аз 100 шогирд тарбия шуда, ҳамаи онҳо ба ҷомеа ирсол мешудаанд. Ба ақидаи донишманд, барои он ки дини ҷадид ба чунин зинаи пешрафт ноил ояд, тахминан 150-200 соли дигар лозим аст. Ва аз ҷамъбасти ҳамаи инҳо ба чунин хулоса меояд, ки наздиктарин замони бунёдгузории дини зардуштӣ садаи Х1-и то мелод мебошад.1

Ричард Фрай нисбат ба солшумории суннатӣ, ки ҳудуди соли 600- уми то мелодро даврони зиндагии вахшури ориёӣ мешуморад, асри Х-и то мелодро санаи воқеитар медонад. 2 Артур Кристенсен дар бораи ин масъала чунин менависад: «Кеши зардуштӣ пеш аз муҳоҷирати бузурги қабоили ориёӣ дар миёни қабоили эронӣ мунташир шуда буд ва модҳову порсиён ҳангоме ки дар нимаи аввали қарни нуҳуми қабл аз мелод ё дертар шурӯъ ба ҳаракат ба тарафи мамолики ғарбӣ карданд, ин кешро бо худ оварда буданд. Лекин баъдҳо, дар натиҷаи ҷудо гардидани ақвоми шарқӣ ва ғарбии ориёӣ, ойини зардуштӣ ба суратҳои мухталифе дар ин минтақа такомул ёфт. Агар ҳақиқати амр ҳамин бошад, бисёр душвор аст, ки аҳди Зардуштро замони муаххир аз ҳазор соли пеш аз мелоди Масеҳ донист». 3 Чун овардани ҳамаи фикру мулоҳизаҳо аз имкони мо берун аст, ба асарҳое, ки фақат дар солҳои охир ба чоп расидаанд, иктифо мекунем. Масалан, авестошиноси маъруфи рус С. Н. Соколов дар муқаддимаи китоби «Авесто» дар тарҷумаҳои русӣ (1861-1996)» ақидаҳои гуногунро ҷамъбаст карда, ҷонибдори он аст, ки Зардушт дар давраи пеш

____________________________
1. Бойс М. Чакидаи таърихи кеши Зардушт. — С.43.
2. Фрай Р. Наследие Ирана. — М., 2002. — С. 52.
3. Кристенсен А. Каёниён. — Теҳрон, 1381. — С.9.

аз империяи ҳахоманишӣ (551-330-и то мелод) зиндагӣ кардааст. 1 С. Г. Кляшторный ва Т. И. Султонов даврони зиндагӣ ва фаъолияти паёмбари ориёиро охири ҳазораи 2 ва ибтидои ҳазораи 1-и то мелод ҳисоб мекунанд. 2 Донишманди дигари рус М. И. Стеблин-Каменский низ андешаи баъзе муҳаққиқони Ғарбро дар бораи афсонавӣ будани шахсияти Зардушт комилан рад карда, даврони зиндагии ӯро ҳудуди охири ҳазораи 2 ва аввали ҳазораи 1-и то мелод зикр мекунад. 3

В. Ю. Крюкова санаи М. И. Стеблин-Каменскийро тарафдорӣ карда, маҳалли хурӯҷи Зардуштро доманкӯҳҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷануби Урал то кӯҳҳои Саяну Олтой, ба шумули доманаи кӯҳҳои Тиёншон, Помир, Алтай ва Ҳиндукуш муайян мекунад. 4

Дар ин бобат ибтикору ташаббуси донишмандони эронӣ низ қобили ёдоварӣ аст. Устод Иброҳим Пури Довуд ақидаи ҳамаи муаррихон ва файласуфони Юнони қадим ва Румро, ки дар ин мавзӯъ ибрози назар кардаанд, ҷамъоварӣ ва таҳлил намуда, дар охир аз ақидаи муаррихи юнонӣ, ки даврони зиндагии паёмбари ориёиро садаи Х1-и то мелод медонад, ҷонибдорӣ кардааст. 5

Муҳаққиқи дигари эронӣ Забеҳи Беҳрӯз менависад: «Зардушт дар соле, ки Кай Гуштосп ба тахт нишаста буд, мутаваллид шудааст. Дақиқӣ дар «Шоҳнома» таърихи ҷулуси Гуштоспро бо ин байт додааст:

Ҳаметофт бар ҷаҳон яксара,
3-урдибиҳишт офтоб аз бара.

Бинобар ин байт ду таърих барои мелоди Зардушт ба даст меояд. Яке соли 260-и то мелод ва дигаре соли 1767-и то мелод. Маълум аст, ки соли 260-и то мелод ба аҳди Зардушт тавофуқ надорад. 6

Забеҳи Беҳрӯз дар натиҷаи таҳлили солшумориҳои бостонии Эроншаҳр (форсии қадими динӣ, яздигурдӣ, пешдодӣ ва баҳизакӣ) аз се тариқ соли таваллуди Зардуштро соли 1767-и то мелод хулоса кардааст, ки ба овардани яке аз онҳо иктифо намудем. 7 Муҳаққиқони дигари эронӣ Жолаи

________________________
1. Авеста в русских переводах. — Санкт-Петербург, 1997. — С.9.
2. Кляшторный С. Г. Султонов Т. И. Государства и народы Евразийских Степей. — Санкт-Петербург, 2004. — С. 24.
3. Стеблин-Каменский М. И. Авеста. — М., 1993. — С 3.
4. Крюкова В. Ю. Зороастризм. — Санкт-Петербург, 2005. — С. 18.
5. Пури Довуд. Ясно. Ҷ. I. — Теҳрон, 2536. — С.110.
6. Беҳрӯз Б. Замони Зардушт. — Теҳрон, 1346. — С.5.
7. Муминзода Ҳ. Зардушт ва ойини ӯ. Бахши аввал. — Душанбе, 1993. — С.29.

Омӯзгор ва Аҳмади Тафаззулӣ даврони ҳаёт ва фаъолияти вахшури бостониро миёни садаҳои 1200 то 1000-и то мелод ҳисоб мекунанд. 1 Ҷалолиддини Оштиёнӣ пас аз таҷзияю таҳлилу муқоисаи сарчашмаҳои ведоӣ ва «Авесто» ба чунин натиҷа расидааст, ки «Готҳо» ва «Ригведа» ҳамзамон тадвин гардида, таърихи зуҳури Зардушт дар асрҳои ХУШ ва Х1У-и то мелод сурат гирифтааст. 2

Ақидаҳо дар бораи зодгоҳи Зардушт гуногун аст, ки овардани ҳамаи онҳо аз ҳудуди имкони мо хориҷ аст. Ба сабаби жарфияти замон, даврони бисёр дури зиндагии Зардушт, мавҷуд набудани далелҳои муътамаду боварибахш дар «Авесто» ва санадҳои катбии дигар муҳаққиқон маҷбур буданд, аксаран аз ишораҳои алоҳида, нишонаҳои ҷудогона ва. далелҳои ночизу номуътамад хулосаҳои бузург дарёфт намоянд. Дар баробари ин норасоии дигаре низ вуҷуд дорад, ки он хулосабарориҳои ҷиддӣ танҳо дар асоси бозёфтҳои бостоншиносӣ мебошад.

Муаррих ва бостоншиноси маъруфи рус В. М. Массон, ки асарҳои илмӣ ва бозёфтҳои бостоншиносии ӯ дар бораи таърихи Осиёи Марказӣ қобили қабули тамоми донишмандони ҷаҳон қарор гирифтааст, дар ин бора менависад: «Воқеан бояд дар назар дошт, ки баҳсҳои бостоншиносӣ дар муқоиса бо ҳуҷҷатҳои катбӣ, одатан, ба хотири нигоҳдорӣ ва интиқоли маълумот ихтисос дода намешуданд. Онҳо фақат натиҷа ё ҳамсафари ин ё он ҷараёнҳое буданд, ки дар ҷомеаҳои бостонӣ ба вуҷуд омада, пеш аз ҳама, ҷараёнҳои културогенезро инъикос мекарданд. Аз ин рӯ, истифодаи маводи бостоншиносӣ дар азнавсозии манзараи таърихӣ эҳтиёти фаровонро тақозо мекунад». 3

Чунин муносибатҳои якҷониба боис гардидааст, ки ҳудуди ватани Зардушт аз соҳили баҳри Миёназамин қариб тамоми Осиёро фаро гирифта, то ҳудуди Евразия муайян шавад. Бахусус, муаррихони асри миёна, ки таҳти таъсири таҳрифоти даврони сосонӣ қарор гирифта буданд, дар ин бобат маълумоти гуногун додаанд. Масалан, Табарӣ, Ибн-ал-Асир, Мирхонд чунин навиштаанд, ки ӯ аз аҳли Фаластин буда, фаъолияти мазҳабии ӯ дар қаламрави Озарбойҷони муосир сипарӣ шудааст. Муҳаммади Шаҳристонӣ дар асараш «Ал-милал ва-н-ниҳал» падари Зардушт Пурушасбро аз аҳолии Озарбойҷон ва модараш Дугдуяро аз мардуми Рай медонад. 4 Муаллифо-

________________________
1. Омӯзгор Ж., Тафаззулӣ А. Устураи зиндагии Зардушт. — Теҳрон, 1380. — С 22.
2. Оштиёнӣ Ҷ. Зардушт. — С.110.
3. Массон В. М. Историография древней истории Средней Азии. — В сб. «Историография истории древнего Востока». — Санкт-Петербург, 2002. — С-50.
4. Донишномаи Эрони бостон. Ҷ. II. — Теҳрон, 1381. — С. 1078.

ни «Низом-ут-таворих» ва «Нафоис-ул-фунун» вайро аз Хуросон ҳисоб карда, чунин мешуморанд, ки Гуштосп дар ин ҷо ба ӯ гаравидааст. Ибни Хурдодбеҳ, Балозурӣ, Ибн ал-Фақеҳ, Масъудӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Ёқут ва Қазвинӣ маҳалли валодати ӯро Урумияи Озарбойҷон гуфтаанд.1 Китоби паҳлавии «Шаҳристонҳои Эрон» ӯро аз Рай гуфтааст. 2

Зоҳиран муаллифони он ба Яснои 19, банди 18 такя кардаанд, зеро ки дар он шаҳри Рай бо истилоҳи «Рагаи Зардушт» ёд шудааст.

Дар даврони омӯзиши илмии «Авесто» дар Аврупо, ки аз асри XVIII оғоз гардидааст, ҳамон мушкилот боқӣ монда, ба хотири равшан кардани даврони зиндагии Зардушт имрӯз ду риштаи нисбатан наве ба фаъолият оғоз карданд, ки пажӯҳишҳои бостоншиносӣ ва забоншиносии муқоисавӣ мебошанд. Ба илова, имрӯз таваҷҷуҳи инсонҳои бохирад, сарфи назар аз вобастагиҳои гуногуни онҳо ба гузаштаи худ, бахусус таърихи бостонӣ хеле афзуда, сафи донишмандон ва муҳаққиқонро бештар кардааст ва ба неруи пажӯҳишии онҳо вусъат бахшидааст. Бозёфтҳои бостоншиносии собиқ шӯравӣ дар солҳои 50-80-уми асри гузашта дар ҷануби Русия, Қазоқистони марказӣ, доманаҳои кӯҳҳои Тиёншон ва Помир, Ҳафтрӯд, дар Хоразму Бохтар ва бахусус кашфи Аркаим таваҷҷуҳи донишмандони ҷаҳонро ба ин минтақа ҷалб намуд.

Профессор Артур Кристенсен дар асари маъруфи худ «Каёниён» мубоҳисони маҳалли валодати Зардуштро ба се гурӯҳ тақсим карда, ба гурӯҳи аввал онҳоеро мансуб намуда, ки Зардуштро аз навоҳии ғарбии Эрон медонанд, ба гурӯҳи дуюм онҳоеро ҷой дода, ки маҳалли валодати ӯро машриқи Эроншаҳри бостон мепиндоранд ва ба гурӯҳи сеюм назари онҳоеро номбар кардааст, ки ба фикри онҳо, Зардушт дар мағриби Эрон таъқиб шуда, барои интишори ойини хеш ба машриқи ин кишвар рафтааст.

Ин донишманди даниягӣ нисбат ба он ки эрониён дар давраҳои мухталифи таърихӣ мувофиқи манфиати сиёсии худ маҳалли «Айиряна Ваеҷа» — ватани Зардуштро тағйир медоданд, чунин менависад: «Дар оғози давраи Ашкониён «Айиряна Ваеҷа»-ро ба ноҳияи Хоразм интиқол дода буданд ва ҳол он ки баъдҳо, ки маркази шоҳаншоҳӣ муҷаддадан ба мағриби Эрон интиқол ёфт, саъй шуд, ки «Айиряна Ваеҷа»-ро дар ҳудуди Озарбойҷон ҷустуҷӯ кунанд». 3

________________________
1. Муин М. Маздаясно ва адаби порсӣ. — С.60-65.
2. Оштиёнӣ Ҷ. Зардушт. — С.31.
3. Кристинсен А. Каёниён. Теҳрон. — С.4.

Бо вуҷуди ин ки имрӯз ба бисёр масъалаҳои таърихи дури гузаштаи ин минтақа равшанӣ андохта шуда, дар масъалаҳои гуногун дидҳои ҷадид ва мулоҳизоти наве падид омадаанд, маҳалли сукунату зиндагии Зардушт то ҳанӯз ба таври дақиқ мушаххас нагардидааст. Масалан, Бартоломе зодгоҳи Зардуштро шимолу ғарбии Эрон медонад. Ба фикри ӯ, ин паёмбар мактаби худро дар Озарбойҷон поягузорӣ карда, баъдан маҷбур гардид ба минтақаҳои шарқи Хуросон ва Афғонистони кунунӣ муҳоҷират намояд. Чун вай дар қаламрави давлати каёнӣ қарор дошт. Гуштосп — подшоҳи мамлакат ба вай имон оварда, пайрави ӯ гардид. 1

Ба ақидаи ин донишманд, густариши дини маздаясно дар атрофи кӯли Ҳому, воқеъ дар ҷануби Афғонистон оғоз гардида, ба сӯйи шимол интишор пайдо кардааст. Чун растохез дар атрофи кӯли Чаечести авестоӣ оғоз хоҳад шуд ва Ҳертсфелд онро кӯли Ҳомун медонад, ба ақидаи ӯ, маҳалли зуҳури вахшури ориёӣ ин ҷост. 2 Профессори дигари немис Гелднер хостгоҳи паёмбарро, бино ба таҳлили забони «Готҳо» ба минтақаи байни Парфия ва дарёи Ҳинд нисбат медиҳад Вай маҳалли пайдоиши «Ведаҳо» — китобҳои муқаддаси ҳиндуёни қадимро Ҳинди муосир ҳисоб карда, нисбат ба шабоҳати забонӣ маҳалли пайдоиши «Авесто»-ро дар ҳамсоягии он, яъне Систони имрӯза медонад ва аз ин хулоса мебароранд, ки зуҳури Зардушт дар ин сарзамин сурат гирифтааст. Ричард Фрай ҳам забони ду лаҳҷа — «Готҳо» ва «Хурда Авесто»-ро муқоиса карда, мутмаин аст, ки ин забонҳо бо забони вилоятҳое, ки дар байни биёбонҳои марказӣ ва кӯҳҳои Афғонистон қарор доранд, бештар мувофиқат мекунанд. 4

Чун падари Дорои 1 (522-486-и то мелод) Гуштосп ном дошта, ҳокими яке аз сатрапҳои шарқии империяи ҳахоманишӣ будааст. Ҳертел падари Дороро ҳамон Гуштоспи «Готҳо» дониста, муътақид аст, ки Зардушт дар ғарби Эрон ба камол расида, баъд ба хотири густариши дини худ ба шарқ муҳоҷират намудааст. Ба фикри ӯ, Зардушт дар дарбори Гуштоспи ҳахоманишӣ — ҳокими Парсава пазируфта шуда, дар шахси ӯ пуштибон ва ҳимоятгари худро пайдо кардааст. Ҷексон низ боварӣ дорад, ки Зардушт аҳли Озарбойҷон ва ватани модари ӯ ҳамин минтақа аст. Баъдан вай ба сӯйи шарқ равон шуда, «Готҳо»-ро дар он ҷо танзим кардааст. Сабаби ин ки баъзеҳо маҳалли валодати ӯро бахшҳои ғарбии Эрон ташхис додаанд, иборат аз он аст, ки Рай ва Озарбойҷон дар давраи Ашкониён ва

______________________
1. Оштиёнӣ Ҷ. Зардушт. — С. 31.
2. Кристенсен А. Каёниён. — Теҳрон, 1381. — С 4.
3. Оштиёнӣ Ҷ. Зардушт. — С.21 24.
4. Фрай Р. Наследие Ирана. – М., 2002. — С. 55.

Сосониён марказҳои муҳими дини зардуштӣ буда, оташкадаҳои маъруфи бостонӣ ба он ҷо интиқол дода шуда буданд. 1

Чизи муҳими дигаре, ки дар ин ҷо бояд зикр кард ва он ба таъини маҳалли валодати Зардушт халал мерасонад, иборат аз он аст, ки сарнавишти дини маздаясно пас аз интиқоли он аз шарқ ба ғарб дар ихтиёри муғони модӣ қарор гирифт 2 ва онҳо на танҳо дар ҷуғрофия, балки дар муҳтавои «Авесто» тағйироти фаровон ворид намуданд. Аз ин рӯ, дар бораи ҳаёту фаъолияти Зардушт ривоятҳои гуногуни суннатии мазҳабӣ мавҷуд аст, ки маҳалли зиндагии ӯро дар минтақаҳои мухталиф нишон медиҳанд. 3

Мувофиқи яке аз онҳо, Зардушт дар хонаводаи подшоҳони Мод ба дунё омадааст. Зодгоҳи ӯ дар Озарбойҷон, дар соҳили кӯли Урумия мебошад. Исми хонаводагии ӯ Спитама, номи падараш Пурушасп ва модараш Дугду будааст. Падари ӯ марди донишманду фозил буда, модараш духтари яке аз ашрофони эронӣ мебошад. Пас аз таваллуд номи Спитама, ки номи бобои Зардушт буда, ба ӯ гузошта шудааст. Яке аз муъҷизаҳое, ки Зардушт ҳангоми таваллуд нишон додааст, гӯё ин аст, ки вай бо садои ханда қадам ба ин ҷаҳон ниҳодааст. Пас аз таваллуд вай муъҷизаҳо ва каромоти зиёде нишон додааст. Вай дар 15-солагӣ аз ҳамсолон канорагирӣ карда, аксаран дар олами фикру андеша будааст. Дар 30-солагӣ Зардушт ба нубувват мабъус гардида, дар чеҳрааш нури илоҳӣ дурахшидааст. «Готҳо» тавассути ваҳйи худованди ба ӯ дар кӯҳи Сиблони, воқеъ дар Озарбойҷон мерасад. Вай дар ғарби Эрон 12 сол дини худро таблиғ кард, вале чун дар ин минтақа гӯши шунавое пайдо накард ва мавриди таъқиби рӯҳониёни динҳои политеистӣ ва табақаи ҳокими замонааш қарор гирифт, маҷбур ба тарки зодгоҳи худ шуд. Ӯ аз ғарби мамлакат ба шарқи он, яъне навоҳии Балху Хоразм раҳсипор шуда, дар он ҷо ба таблиғи дини худ пардохт.

Дар Бохтар Гуштосп — подшоҳи он сарзамин бо мушкилоти зиёде ба дини вай имон овард. Интишори дини Зардушт аз Бохтар оғоз гардида, ба сарзаминҳои дигар гузаштааст. Дар густариши дин ба ӯ Гуштосп — подшоҳи охирини каёнӣ, Фрашуштра ва Ҷомосп — вазири вай ҳомӣ ва пуштибон гардиданд. Арҷосп — подшоҳи Тӯрон душмани асосии интишори дини Зардушт буд. Пас аз 35 соли зуҳур ва инкишофи дини маздаясно, Зардушт дар яке аз ҷангҳои охирине, ки байни Гуштосп ва Арҷосп сурат

________________________
1. Оштиёнӣ Ҷ. Зардушт. — С.21-24.
2. Авеста в русских переводах. — С. 13.
3. Муминҷонов Ҳ. Тӯрон — гаҳвораи тамаддуни ориёӣ. — С 39-42.

гирифт, дар синни 77-солагӣ кушта шуд. Номи қотили ӯро Тӯроние бо исми Бротрукраш овардаанд. 1

Донишманди эронӣ Ҷалолиддини Оштиёнӣ ақидаҳоеро, ки тибқи он шимол ва шимолу ғарбии Эрони муосир ва Озарбойҷон ватани Зардушт аст, ҷамъбаст намуда, чунин навиштааст: «Тақрибан тамоми донишмандоне, ки маҳалли валодати Зардуштро дар ғарби Эрон донистаанд, таҳти таъсири ривояти суннатӣ ва устураи мазҳабӣ қарор гирифта, ҳеҷ гуна далеле ғайри ин ривоятҳо пешниҳод накардаанд. Дар ҳоле ки имрӯз мусаллам шудааст, ки ин сарчашмаҳо ба ҳеҷ ваҷҳ асолат надоранд. Ҷолиб аст ки худи ҳамин муҳаққиқон ин ҳақиқатро таъйид мекунанд. Дар баррасии шарҳи ҳоли Зардушт мантиқ ҳукм мекунад, ки бо равиши систематикӣ ба кашфи ҳақиқат пардозем ва чун ривоятҳои суннатӣ дар рӯйи устураҳои афсонагун устувор аст, аз такя ба онҳо парҳез намоем». 2

Дар илми авестошиносӣ, мисли соири илмҳо, ҳар таҳқиқи ҷиддӣ, ки аз ҷониби пажӯҳишгарон сурат мегирад, ба гӯшае аз мубҳамот ва норавшаниҳои мавзӯъ равшанӣ меандозад. Чун имрӯз заминаи амалии таҳқиқ васеъ гаштааст, аксари донишмандон дар натиҷаи таҳлили амиқи матнҳои «Авесто», муқоисаи он бо «Ведаҳо», сарчашмаҳои паҳлавӣ, осори муаррихони асрҳои миёна ва бахусус истифодаи васеи бозёфтҳои бостоншиносӣ, топография, топонимика, забоншиносии муқоисавӣ ба чунин хулоса омадаанд, ки зодгоҳи вахшури орёӣ дар шарқ ва шимолу шарқии Эроншаҳри бостон воқеъ будааст.

Рукниддини Ҳумоюнфаррух — яке аз донишмандони Эрони муосир дар ин бора навишта: «Ба тавре ки медонем, он 16 кишвар 3 ҳама дар шарқи Эрон ҳастанд, бинобар ин дар «Авесто» ному нишони як шаҳр ё як кишвари воқеъ дар ғарби Эрон наомада ва метавон гуфт, ки ин маврид беҳтарин далелу гувоҳи содиқ аст ба ин ки Зардушт ҳеҷ гоҳ дар ғарби Эрон ва ё Озарбойҷон назистааст, чӣ агар ҷуз ин буд, имкон надошт, аз зодгоҳи худ мутлақан ёде накунад ва номи кишвар ё шаҳрро набарад». 4

Зултсер — шарқшиноси олмонӣ дар баррасие, ки дар соли 1979 ба амал оварда буд, навиштааст, ки то садаи охирин назарияе, ки дар замони Сосониён аз тарафи теологҳои зардуштӣ баён мешуд ва мутобиқи он Зардушт аз шимолу ғарбии Эрон, сарзамини Модҳо ё Озарбойҷон реша

____________________
1. Баҳор М Пажӯҳише дар асотири Эрон. — С.190-213; Омӯзгор Ж., Тафаззулӣ А. Устураи зиндагии Зардушт. — Теҳрон, 1380. — С.29-46.
2. Оштиёнӣ Ҷ. Зардушт. — С. 26.
3. Донишманд 16 кишвареро дар назар дорад, ки дар фаргарди аввали «Вандидод» зикр шудаанд.
4. Маҷаллаи «Баррасиҳои таърихӣ», 1347, № 5. — С.299.

гирифта буд, мавриди қабул қарор гирифтааст. Ахиран собит шудааст, ки ин тасаввур фақат пояи сиёсӣ дошта ва фақат афсонае будааст. Аз ин фикр Дюшен-Гийемен ҷонибдорӣ кардааст. 1 Омили муҳими дигаре, ки донишмандон манотиқи ғарби Эронро мардуд медонанд, омили забонист. Забони авестоӣ дар муқоиса бо дигар забонҳои эронӣ забонест, ки мутааллиқ ба шарқи Эроншаҳри бостон аст ва дар ин китоб ҳеч нишоне аз вожаҳое, ки асли модӣ ё форсии бостон дошта бошанд, дида намешавад. 2

Аз ин рӯ, дар охири нимаи аввал ва дуюми асри гузашта пажӯҳишгарон барои таъини зодгоҳи паямбари дини нахустини яктопарастӣ ба шарқ ва шимолу шарқии Эроншаҳри бостон рӯ оварданд. Дар ин давра ҳам, чун таъини ҳудуди мушаххаси зодгоҳи Зардушт минтақаи васееро дарбар мегирифт мушкилоти зиёде ба вуҷуд овард. Дар суннати зардуштӣ Балх (Бохтар) — маркази мазҳабии ин дин ба шумор мерафт. Аз ин ҷиҳат аксари донишмандони муосир ин маҳалро зодгоҳи паёмбар шинохтаанд. Масалан, Винденгрен ватани Зардуштро дар ҳудуди Хоразм, Бохтар, Суғд ва атрофи кӯли Арал нишон медиҳад. Зеҳнер бахшҳои шимоли Афғонистонро чунин минтақа медонад. 1 Неолӣ бар он аст, ки зодгоҳи Зардушт дар ноҳияе миёни Ҳиндукуш ва Ҳомун дар Афғонистон аст. Ба назари вай. шимолтарин ноҳияе, ки ҳудуди фаъолияти Зардушт будааст, Балх, Ҳирот ва ҷанубтарин ноҳия Заранг ва Рахҷ аст. 4 Маркварт маълумоти Ҳеродотро ба эътибор гирифта, ба чунин натиҷа расидааст, ки он водиҳои дарёи Таҷан мебошад. 5

Имрӯз муҳаққиқон минтақаи Бохтарро, ки аз рӯйи ривояти суннатии дини зардуштӣ маркази мазҳабии дини маздаясно ба шумор меравад, бо дастовардҳои имрӯзаи авестошиносӣ муқоиса карда, ҳоло ин маҳалро иқоматгоҳи муваққатии қабилаҳои эронӣ дар сари роҳи онҳо ба ватани таърихиашон медонанд. Гузашта аз ин, далелҳои забоншиносӣ, ки дар исботи масъала мақоми муҳим доранд, номувофиқатии забонҳои авестоӣ ва забони бохтарии қадимро ифшо намудааст. Дар пешгуфтори «Авесто дар тарҷумаҳои русӣ (1861-1996)» дар ин бора чунин навишта шудааст «Масъалаи нақши Бохтар дар ташаккул ва марҳилаи ибтидоии инкишофи зардуштия бисёр муҳим аст. Замоне як гурӯҳ олимон лаҳҷаи бохтариро забони авестоӣ пиндошта, ин мамлакатро маҳди ватани Зардушт ва

______________________________
1. Оштиёнӣ Ҷ. Зардушт. — С.33-34.
2. Омӯзгор Ж., Тафаззулӣ А. Устураи зиндагии Зардушт. — Теҳрон, 1382. — С.23.
3. Оштиёнӣ Ҷ. Зардушт. — С.33-34.
4. Омӯзгор Ж., Тафаззулӣ А. Устураи зиндагии Зардушт. — С. 24.
5. Маркварт И. Веҳруд ва Аранг. — Теҳрон, 1367. — С. 14.

зардуштия дидан мехостанд. Ҳоло, зоҳиран, аз кӯшишҳои тавъам донистани забони «Авесто» ва забони бохтарӣ бояд сарфи назар карда шавад. Осори забони бохтарии тоза бадастомада, сарфи назар аз он ки ба замони дуртаре (асри XI-и мелодӣ) марбут аст, нишон медиҳад, ки забони бохтарии куҳан ҳанӯз дар ҷараёни ташаккули худ нисбат ба авестоӣ ва забони умумии эронӣ бо роҳи дигаре рушд мекардааст». 1

Аз ин рӯ, донишманди олмонӣ Шаедер маншаи Зардуштро дар шимолу шарқии Эроншаҳри бостон, яъне Туркистони шарқӣ ва минтақаи атрофи кӯли Арал медонад. Вай муътақид аст, ки Зардушт ҳеч гоҳ ба сарзамини кунунии Эрон, сарзамини Озарбойҷон ва ҳатто ба Афғонистон қадам нагузошта, ҳамаи ривоятҳои мавҷуда мазҳабӣ мебошанд, ки баъдан мураттаб гардидаанд. 2 Ба назари Нюберг – донишманди шведӣ, Зардушт дар ибтидо дар соҳили рӯди Сайҳун (Сир) зиндагӣ кардааст. Чун дини ӯро дар ватанаш напазируфтанд, вай аз он ҷо гурехта, ҷониби дарси Ҷайҳун (Омӯ) муҳоҷират кардааст. Оҳиста-оҳиста дини ӯ то ба шаҳри Рай расида, он ба яке аз марказҳои мазҳабии Зардушт мубаддал гардидааст. Ба фикри ӯ, дар он замон дар тамоми Эроншаҳри бостон панҷ раҳбар ё сарвар вуҷуд доштааст: нманапаити — сарвари хона, виспаити — сарвари авлод, зантупаити — сарвари қабила, даҳюпаити — сарвари вилоят ё мамлакат ва манупаити — сарвари рӯҳонӣ ё мазҳабӣ. 3

Алтҳейм, Хумбах, Миллз, профессор Лентс зодгоҳи Зардуштро дар бахшҳои шимоли шарқии Эроншаҳри бостон, бахусус, Бохтар, Суғд ва Туркистони шарқӣ ҳисоб кардаанд. Артур Кристенсен, ки «Готҳо» — таронаҳои Зардуштро мавриди мутолиаи амиқ қарор дода, бо таҳқиқоти замонааш мутобиқ гардондааст, дар ин бобат чунин навиштааст: «Аз ҷиҳати иқтисодӣ зоҳиран миллати «Готҳо» кӯчнишини зореъ буд. Дар он ҷо як ҳолати мутағайири иқтисодӣ мушоҳида мешавад, ки хоси Осиёи дохилӣ ва ҳамчунин сарзаминҳои мухталифи эрониёни даврони баъд аст. Дар ин ҷо кабила дорои масокини зимистонӣ ва муайяне буд, ки ба наҳви ибтидоӣ дар он ба зироат иштиғол дошт ва аз селобҳо ё рӯдхонаҳо барои обёрии арозии худ истифода мекард. Тобистонҳо ин қабила шурӯъ бэ муҳоҷират ба чарогоҳҳо менамуд, ки маъмулан дар навоҳии муртафеъ ва дар кӯҳистонҳо қарор дошт». 4 Донишманд соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардуми «Готҳо»-ро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, дар охир

____________________
1. Авеста в русских переводах (1861-1996). — С.9-13.
2. Пури Довуд. Ясно. Ҷ.1. — С. 34-36; Оштиёнӣ Ҷ. Зардушт. — С.31-33.
3. Нюберг Г. Х. Динҳои Эрони бостон. — С.64.
4. Кристенсен А. Маздопарастӣ дар Эрони қадим. — Теҳрон, 1376. — С.22.

чунин менависад: «Бо таваҷҷуҳ ба ин муқаддамот, мавҷуд набудани ягон нишонаи осори тамаддуни Осиёи Улё (Осиёи ғарбӣ) дар «Готҳо», моро бар он медорад, ки сарзамини аслии кеши зардуштиро тақрибан дар шимол дар машриқи заминҳое тасаввур кунем, ки дар аҳди солифа маскани қабоили ориёӣ буда ва осори кӯчнишинии мақрун ба зироат дар он мушоҳида мешудааст. Қабоили зореъ, хусусан дар доманаҳои ҷибол ё дар шуаби арозии кӯҳистонӣ зиндагӣ мекарданд ва бинобар ин метавон қабоили вобаста ба тамаддуни «Готҳо»-ро сокини Суғд ё Фарғона ё Балх ва ба захмат Хоразм тасаввур кард».1

Мэри Бойс дар китоби ҷадиди худ «Чакидаи таърихи кеши Зардушт» бисёр проблемаҳои мавҷударо аз диди нав мавриди мутолиа қарор дода, дар натиҷаи таҳлили «Готҳо» дар бораи Зардушт чунин андеша иброз медорад: «Матнҳои авестоии куҳан, яъне «Готҳо» ва ду мантраи 2 муваҷҷаз ва яснои ҳафтҳот 3 дорои ишораҳо ва далелҳои гаронбаҳо ва боаҳамият дар бораи ҷомеаест, ки Зардуштро дар домани хеш парваронда буд. Ҷомеае, ки худро аз назари нажодӣ ва қавмӣ ошкоро якдасту якпорча медид ва ба ақвоми бегона ва ноориёӣ ишорае надорад. Ҷомеа назми устувор дорад, ки такрор ба такрор ба он ишора мешавад…

Он тасвире, ки аз мутолиаи матнҳо, аз ҷомеаи бостонии авестоӣ ба чашм мехӯрад, бо вазъи зиндагии иҷтимоии қавмҳое, ки дар охири ҳазораи 2-и то мелод дар шимоли рӯди Сайҳун (Сир) мезистаанд, мутобиқат дорад. Сарзамини паҳновари пӯшида аз саҳрою дашт ва ҷангалҳои кон ва рӯдсор ва кӯҳсоре, ки имрӯз бар он номи «Қазоқистон»-ро итлоқ мекунанд ва аз назари вусъат тақрибан баробар аст бо ниме аз масоҳати Аврупои Ғарбӣ».4

Забоншиноси забардасти рус В. И. Абаев Зардуштро намояндаи қабилаи тӯр дониста, маҳалли ӯро соҳилҳои дарёи Сир муайян мекунад. Ба фикри ӯ, Зардушт дар миёни ҳамқавмони худ ба тарғиби ойини ҷадид шурӯъ карда, онҳоро ба пайравӣ аз ойини маздаясно даъват намуд Вале пайравони ойинҳои мухталиф, бахусус пешвоёни динии онҳо ба ӯ зиддият карда, ба таҳдиду таъқиб пардохтанд ва ӯ маҷбур гардид маҳалли сукунати худро тарк карда, мусофиратҳои дуру дароз анҷом диҳад. 5

___________________________
1. Кристенсен А. Маздопарастӣ дар Эрони қадим. — Теҳрон, 1376. — С.23.
2. Ҳар ҳоти 17-гонаи Зардушт бо номи мантра (тарона) ёд мешаванд.
3. Яснои 35 то 42 аз ҷиҳати қадимат ба «Готҳо» наздик буда, аз ҷониби шогирдони паёмбари ориёӣ навишта шудаанд.
4. Бойс М. Чакидаи таърихи кеши Зардушт. — Теҳрон, 1377. — С.44-49.
5. Абаев В. И. Скифский быт и реформы Зороастра. АО, т. 24. 1956. — С.23-56; Муминзода Ҳ. Зардушт ва ойини ӯ. — Душанбе, 1993. — С.36.

Ба вуҷуди он ки дар миёни ҷомеаи «Готҳо» ва қабилаҳои сакҳо (скифҳо) донишмандон гоҳе фосилаи ночиз ва гоҳе нисбатан тӯлонӣ қарор медиҳанд. бозёфтҳои бостоншиносӣ силсила ва пайдарҳамии фарҳангҳои авестоӣ ва сакоиро собит менамоянд. Бостоншиноси маъруфи рус А. Н. Бернштам, ки дар тӯли беш аз даҳ соли миёнаҳои асри XX масоҳати бузурги Осиёи Марказиро мавриди таҳқиқу ковишҳо қарор додааст, «Рангҳа»-ро номи бостонии дарёи Сир дониста, маҳалли пайдоиши зардуштияи ибтидоиро дар ноҳияи Ҳафтрӯд (доманаи кӯҳҳои Тиёншон ва Помир) медонад: «Мушоҳидаи умумии ин сарзамин ба мо имкон медиҳад, навоҳии марказиро аз маҳалҳои атроф ҷудо кунем. Ҷойи шубҳа нест, ки маркази асосии тамаддуни сакоӣ моварои дарёҳои Или ва Чу ва бахусус водии дарёи Чу аст. Доманаҳои кӯҳҳои Тиёншон, бахусус Помир теппаҳои начандон калон дорад. Дар ин минтақа, дар водии дарёи Или, бахусус Турген, Иссиқ, Талгар ва шарқтар то водии Иртиш, шоҳқабилаҳои сакоиҳо зиндагӣ мекарданд». 1

Дар Тоҷикистон низ солҳои охир дар заминаи пайдо кардани ватани мушаххаси Зардушт таҳқиқоти муайяне анҷом дода шудааст. Масалан, донишманди бостоншиноси тоҷик Юсуфшоҳ Ёқубов паёмбари ориёиро аз Бохтар, аз деҳкадае ба номи Дориҷ — Дуродж воқеъ дар Бадахшони Афғонистон ҳисоб мекунад. Вай дар мубоҳиса бо И. В. Пянков чунин далел меоварад, ки мутобиқи фаргарди ХХ-уми «Вандидод», деҳе ки Зардушт таваллуд шудааст, Дориҷ номида мешавад.2 Бояд зикр кард, ки на танҳо дар «Вандидод», балки дар тамоми адабиёти динии зардуштӣ чунин рустое вуҷуд надорад. Мувофиқи «Вандидод» (фаргарди 19. банди 4, 11), «Бундаҳишн» (боби X) ва сарчашмаҳои дигари паҳлавӣ Дреҷо ё Дареҷа рӯди борониест. ки шохоби дарёи неки Даитя аст ва хонаи падари Зардушт дар соҳили он қарор дорад. Донишманди дигари Тоҷикистон И. В. Пянков рӯди Даргамро, ки дар боби 9-и «Бундаҳишн» омадааст, бо руди Дарғом дар Суғд мувофиқат дода, он маҳалро зодгоҳи паёмбари ориёӣ медонад.3 Муҳаққиқи дигар Ҳ. Муминҷонов дар асоси муқоиса ва мутобиқкунонии матнҳои «Авесто» ва адабиёти зардуштӣ, топография ва топонимикаи он бо дастовардҳои илми авестошиносии имрӯз ба чунин хулоса омадааст, ки зодгоҳи паёмбари ориёӣ дар гирду атрофи Иссиқкӯл

_______________________________
1. Бернштам А. Н. Материалы и исследования по археологии СССР, № 26. Историко-археологические очерки Центрального Тянь-Шаня и Памиро-Алая. — М., 1952. — С 214.
2. Якубов Ю. К проблеме времени и места рождения Заратуштры. В сб. «Авеста в истории и культуры Центральной Азии». — Душанбе. 2001. — С.39.
3. Авеста в истории и культуре Центральной Азии. Матер. межд. конф. – Душанбе, 2001 — С.39.

ва вилояти куҳани Ҳафтрӯд, воқеъ дар Қирғизистон ва Қазоқистони муосир қарор дорад. 1

Зардушт дар «Готҳо» дар бораи худ маълумоти мустақиме намедиҳад. Вале ҷолиб аст, ки тамоми фаъолияти Аҳуромаздо ва паёмбари ӯ дар «Айиряна Ваеҷаҳ» (Ориёвиҷ) сипарӣ мешавад Фаргарди аввали «Вандидод» ин сарзаминро сарзамини аввалини офаридаи Аҳуромаздо муаррифӣ мекунад ва он дар тамоми бахшҳои «Авесто» муқаддас дониста шуда, сутуда мешавад. Кӯли муқаддаси Чаечест, дарёи неки Даитя. шаҳр ё зистгоҳи маъруфи бунёдкардаи Ҷамшед бо номи «Вараҷамкард», канал ё рӯди сохтаи Афросиёб — Новтог зодгоҳи Зардушт тахмин мешавад. Мувофиқи «Гузидаҳои Зотспарам» (фасли 2) мулоқоти нахустини Зардушт бо Аҳуромаздо — худованди бузург дар Айиряна Ваеҷаҳ ба амал омад. Ҳамин сарчашма (боби 22) маълумот медиҳад, ки муколамаи Зардушт бо ҳафт амшоспанд дар ҳамин сарзамин сурат гирифт. Дар асоси «Бундаҳишн» (фасли 32, банди 3) Зардушт бори нахуст дар ин сарзамин ба Аҳуромаздо маросими ситойиш ба ҷо овард ва Мадюмоҳ — писари Оростӣ, амакбачаи паёмбар пайрави нахустини ӯ гардид.

Дар бандҳои 104-105-и яшти 5 («Обоняшт») Зардушт пас аз ба ҷо овардани маросими ситойиш дар Ориёвиҷ дар соҳили дарёи Даитяи нек аз Аредвисура Анаҳито дархост кард, ки барои ба дин рӯ овардани Кай Гуштосп вайро комёб гардонад. Дар бандҳои 25-26-и яшти 9 («Гушяшт») Зардушт пас аз тақдими назр ва анҷоми намоз дар Айиряна Ваеҷаҳ, дар соҳили дарёи Даитя аз фариштаи муваккили чорпоён — Друвосп дархост намуд, ки Хутаосаи неку озод — ҳамсари Кай Гуштосп ба дини ӯ гарояд.

Гузашта аз ин, мувофиқи маълумоти «Бундаҳишн» (боби 20, банди 32) рӯди Дареҷа (Дреҷо) монанди дарёи Даитя дар Айиряна Ваеҷаҳ аст ва дар канори он хонаи Пурушасп — падари Зардушт қарор дошт. Дар ҳамин сарчашмаи паҳлавӣ (боби 24, банди 15) чунин омадааст: «Рӯди Дареҷа сарвари рӯди боронӣ аст, зеро ки хонумони падари Зардушт дар соҳили он буд ва Зардушт дар он ҷо зода шуд». Фаргарди 19-уми «Вандидод» (бандҳои 4, 11) менависад, ки Дреҷо рӯдест, ки дар пушта ва баландии он хонаи Пурушасп — падари Зардушт қарор дошт.

Аз матнҳои боло чунин бармеояд, ки Зардушт дар маркази «Айиряна Ваеҷа», дақиқтар дар соҳили дарёи неки Даитя ва боз ҳам дақиқтар дар пуштае дар канори рӯди боронии Дареҷа, ки шохоби Даитя буда, дар

_________________________
1. Муминҷонов Ҳ. Тӯрон — гаҳвораи тамаддуни ориёӣ. — Душанбе, 2004. — С.86.

он баландӣ хонаи падараш будааст, чашм ба ҷаҳон кушодааст. Чунин рӯдҳои боронӣ одатан дар даштҳо ва доманаи кӯҳҳо ба вуҷуд меомаданд.

Дар «Авесто» Афросиёб — писари Пашанг ва подшоҳи Тӯрон ду бародар дорад: Ағрирас ва Гарсиваз. Ҳар яке аз бародарони Афросиёб дар минтақае аз Тӯрон ҳукмронӣ мекарданд. Гупат яке аз минтақаҳои Тӯрон будааст, ки дар он ҷо Ағрирас ҳукмронӣ мекардааст ва бо номи Гупатшоҳ маъруф будааст. «Минӯи хирад» (боби 62, банди 3) менависад- «Гупатшоҳ дар Айиряна Ваеҷаҳ андар кишвари Хванирас 1 аст». Дар «Дотистон диник» (боби 90, банди 4) омадааст: «Салтанати Гупатшоҳ дар мамлакати Гупат муҷовири Айиряна Ваеҷаҳ дар канори оби Даитя мебошад». Дар «Бундаҳишн» бошад (боби 29, банди 5), сарзамини Ағрирас Сакавастан (зоҳиран Сакистон) номида шуда, лақаби худи ӯ ва писараш Гупатшоҳ омадааст.

Аз матни сарчашмаҳои паҳлавӣ чунин ба назар мерасад, ки сарзамини Афросиёб, яъне Тӯрон ё бахше аз он дар ҳудуди Айиряна Ваеҷаҳ қарор доштааст. «Бундаҳишн» (боби 29, банди 13) дар ин бобат навишта: «Мамлакати Сакавастан дар сари роҳи Туркистон ба тарафи Чин воқеъ аст». 2 Сарчашмаҳои паҳлавии «Динкарт» (китоби ҳафтум, бандҳои 16- 19), «Динкарт» (китоби 7, бандҳои 2-14). «Гузидаҳои Зотспарам» (боби 9-10), «Виҷаркард динӣ» (бандҳои 10-14) «Заротуштнома» дар бораи ӯ ривоятҳои суннатии мазҳабӣ оварда, Зардуштро дар иҳотаи душманонаи тӯрониён, соҳирон ва ҷодугарони тӯронӣ нишон додаанд.

___________________________
1. Ориёиёни бостон ҷаҳонро ба ҳафт бахш тақсим карда буданд. Кишвари марказӣ, ки худи онҳо мезистанд ва аз ҷиҳати масоҳат бо шаш бахши дигар баробар буд, «Хванираса» (дорои фойтунҳои зебо) ном дошт.
2. Ба вуҷуди он, ки донишмандон дар бораи хостгоҳи ориёиён ибрози ақида кардаанд дар бораи таъини мушаххаси сарзамини Айиряна Ваеҷа камтар ибрози назар намудаанд. Кипперт онро ба ҷанубу шарқии Фарғона, Гейгер ба Фарғона ва Кӯҳистони ҳозира нисбат дода, Даитяро дарёи Зарафшон медонад. Баъзе донишмандон дар зери таъсири ислоҳоти даврони сосонӣ Арон — воқеъ дар шимоли Эрони муосирро Айиряна Ваеҷаҳ донистаанд. Гейгер пас аз 14 соли таҳқиқ дар ақидаи худ собит монда, чунин навиштааст: «Айиряна Ваеҷаҳ ҳатман дар бахшҳои болоии шимолу шарқии Эроншаҳр қарор дорад ва мумкин нест, ки Арон бошад» (Пури Довуд. Ясно. Ҷ 1. -С.41). Тил низ ин сарзаминро дар шимолу шарқи Эроншаҳри бостон медонад. Фрай дар шарқи Эрон ба шумули сарзаминҳои имрӯзаи Афғонистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳисоб мекунад (Р. Фрай. Наследие Центральной Азии. -Душанбе, 2000. — С.80). Донишманди шаҳири эронӣ Иброҳими Пури Довуд Ориёвиҷ (Эронвиҷ)-ро дар Туркистони Русия тасаввур кардааст (Пури Довуд. Ясно. Ҷ.1. — С.47). Муаррих ва бостоншиноси тоҷик Н. Неъматов даштҳои Олтой то дарёи Волга ва соҳили баҳри Хазарро чунин минтақа медонад (Н. Н. Неъматов. Прародина ариев. — Душанбе, 2005. — С. 28) Муҳаққиқи тоҷик Ҳ. Муминҷонов доманаи кӯҳҳои Олтой, Тиёншон ва Помир, Қазоқистони муосир, баҳри Хазар, дарёи Урал ва водиҳои Фарғонаю Зарафшонро «Айиряна Ваеҷа» муайян кардааст. (Х. Ҳ. Мӯминҷонов. Тӯрон — гаҳвораи тамаддуни ориёӣ. — Душанбе, 2004. — С. 28).

Аз маълумоти бахшҳои гуногуни «Авесто» дар бораи зодгоҳи Зардушт ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ватани ӯ «Айиряна Ваеҷа» — сарзамини зебою дурахшони ориёиҳо буда, зоҳиран, дар яке аз хонаводаи сокин дар маҳалли наздикӯҳӣ ва ё дараи кӯҳистонии шарқи Бохтари қадим ба дунё омадааст.

Бозгашт ба мундариҷа

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.