Дини зардуштӣ нахустин динест, ки таҳкурсии мустаҳками ахлоқии динҳои муосири ҷаҳонро гузошта дорои тамоми рукнҳо, сохтор, аҳком ва назму тартиби мушаххаси ормонӣ мебошад. Чун ин дин дар даврони туфулияти башар по ба арсаи вуҷуд гузошта, аз саргаҳи ирфони инсонӣ баҳраманд гардидааст, бунҳои он низ мусаффою нуронӣ буда, тамоми пайкараш бо торҳои дурахшони зиндагӣ ва зарраҳои асилу равшани офариниш танида шудааст.
Гузаштагони дури мо Офтоб ва Меҳрро ситойиш карда, равшаниро сарчашмаи зиндагӣ медонистанд. Торикӣ, ки мардуми мо имрӯз ҳам сиёҳ мегӯянд, ҳоло ҳам мабдаю маншаи аъмоли бад ва накуҳида ба шумор меравад. Аксари корҳои бад аз тарафи инсон аз ҷониби шаб, дар зери пардаи торикӣ, пӯшида аз нури равшанӣ сурат мегиранд.
Аз ин рӯ, ойини маздаясно тамоми падидаҳои табиӣ ва маънавиро ба нуру зулмат, рӯшанию торикӣ, яъне чизе, ки аз он инсон афзойишу растагорӣ меёбад ва коре ки аз он барои тамоми одамон накуҳишу зиштӣ ҳосил мегардад, тақсим кардааст.
Ориёиёни бостон чунин ҳисоб мекарданд: дар табиат қонунҳое вуҷуд дорад, ки хуршед ва тамоми аҷсоми самовӣ мутобиқи он ҳаракат намуда, табодули фасли сол низ аз он сурат мегирад ва бунёди назму тартиби ҷаҳонро ташкил медиҳад. 1 Ҳиндуориёиҳо ин қонунро ба истилоҳи «рта» ифода карда, дар «Авесто» ба шакли «ашо» омадааст. Меҳвари фазойишу растагории койинот, аҷсоми самовӣ ва ба таври умум ҳастӣ марбут ба «ашо» аст. Иброҳими Пури Довуд ин калимаро чунин маънидод кардааст: «Ашо аз ҷумлаи луғотест, ки маънии он бисёр доманадор аст. Ростӣ, дурустӣ, тақво, тақаддус, қонун, ойини эзидӣ ва покӣ аз ҷумлаи маонии он аст. Ташхиси маонии он душвор аст, басо дар як қитъа ё ҷумла, гаҳе ба яке аз маонӣ мазкур аст ва гаҳе аз он фариштае ироа шудааст. Дар санскрит «рта» ва дар лотинӣ «ратус» гӯянд». 2
Ин калима дар «Авесто» ниҳоят зиёд истеъмол гардида, фақат дар «Готҳо», ки 896 қитъа шеър аст, 180 бор такрор шудааст. Агар кӯтоҳ карда гӯем, ашо — шарти бунёди ҳастии койинот ва саросари ҷаҳони моддию маънавист. Тибқи тасаввуроти ориёиёни бостон ҳамоҳангии табиат ва аносири он аз ашо сарчашма гирифта, фаъолияти дурусти одам онро тақвият мебахшад ва унсурҳои онро ҳамоҳанг мекунад Аз ин ҷиҳат ниёишу ситойиш ва қурбониҳо ва ба хусус муносибати неку хайрхоҳона ба табиат ва унсурҳои он бунёди зиндагиро мустаҳкам намуда, ҳусни таваҷҷуҳи эзидону фариштагонро нисбат ба инсон бештар мекунад. Инсон бахше аз табиат аст ва ҳаёту мамоти ӯ марбут ба он аст.
Ашо дорои муҳтавои васеи ахлоқӣ низ мебошад. Ниёкони мо чунин ақида доштанд, ки ашо ба рафтору кирдори одамон низ раҳнамойӣ карда, ононро ба роҳи дуруст ҳидоят менамояд. Ҳақиқатҷӯйӣ. адолатхоҳӣ, садоқат, вафо, поймардӣ, далерию фарзонагӣ, ростию дурустӣ ва хислатҳои дигари писандида ба инсоне хос аст, ки ободкунандаю фазояндаи ҷаҳони моддӣ мебошад. Ба иборати дигар, некию накукорӣ моҳияти ботинии на танҳо инсон, балки ҳар ашё буда, он ҷаҳонро афзойиш медиҳад ва зиштию палидӣ онро ҷариҳадор ва сипас нобуд месозад. Мазҳари харобии ҷаҳони моддӣ ва инҳирофи инсон аз роҳи дуруст дар «Авесто» бо номи дрӯг (дурӯғи кунунӣ) ёд шудааст. Дурӯғ (яке аз ёварони наздики Аҳриман) деви бузургест, ки ҳамеша ба ҷаҳони моддӣ ва инсон таҳдид мекунад. Ниёкони мо дурӯғгӯйиро хислати зишттарини инсон медонистанд. Аз ин
_____________________________________
1. Бойс М. Зороастрийцы. Верования и обычаи. — С. 15.
2. Пури Довуд. Яшт. Ҷ. 1.- С.91.
рӯ, Ҳеродот таъкид кардааст, ки ориёиёни бостон ба фарзандони худ аз овони кӯдакӣ се чиз меомӯхтанд: аспсаворӣ, тирандозӣ ва ростгӯйӣ. Бино ба гуфтаҳои боло, гузаштагони мо одамонро сарфи назар аз тамоми мансубиятҳои онон ба ду гурӯҳ — ашаван, яъне пайравони некӣ ва дуруван — пайравони бадӣ тақсим мекарданд. Тамоми хислатҳои неку писандидаи инсониро ба ашо вобаста карда, ҳамаи хусусиятҳои зиштро ба дурӯғ нисбат медоданд. Ба ифодаи Мэри Бойс, аз ин маълум мешавад, ки дар он даврони гузаштаи ниҳоят дури ниёкони мо ба муносибатҳои иҷтимоӣ аҳамияти махсус медодаанд. 1
Аҳуромаздо — худованди яктои маздаясноӣ, офаридгори тамоми мавҷудоти ҷаҳон, раҳнамойи одамонест, ки ахлоқи ашоро сармашқи зиндагии худ кардаанд. Парвардигори қодиру тавоно тамоми аносиру падидаҳои ҷаҳони моддӣ ва маънавиро барои инсон, рифоҳу осойиши ӯ ва ободонии зиндагии ӯ ба вуҷуд овард. Вале Аҳримани палид ба ҷаҳони равшаноӣ ҳамлавар гардида, падидаю мавҷудоти аҳуроиро олудаю пургазанд намуд. Дар ҷаҳон, ки то он замон на шаб буду на маргу мир, на фиребу ҳилаю тазвир, на нагунбахтию фисқу фуҷур, ҳамаи ин чизҳо зоҳир гардиданд.
Дар чунин ҳолат, Аҳуромаздо ба инсон ақли солим тақдим намуд, ки ростро аз дурӯғ, хубро аз бад, рӯшноиро аз торикӣ ва аъмоли некро аз накуҳида тафовут гузорад. Шахсе, ки ақли солимро ҳамчун раҳнамойи зиндагии худ баргузида, мутобиқи андешаи нек амал мекунад, пайрави ойини маздаясност.
Дар ҳоти 30-и «Ясно», банди сеюм чунин омада: «Он ду гавҳари ҳамзоде, ки дар оғоз дар олами тасаввур зуҳур намуданд, яке аз он некист, дар андешаю гуфтору кирдор ва дигаре аз он бадист, дар андешаю гуфтору кирдор, аз миёни ин ду марди доно бояд некро баргузинад, на зиштро». Аз бархӯрди ду қутби мусбату манфӣ барқ пайдо мешавад ва партав афшонда мегардад, дар вуҷуди одамӣ низ аз бархӯрди ду андешаи меҳрҷӯёна ва кинаогин ҳолатҳои гуногуни рӯҳӣ падид меояд. Мувофиқи андешаи вахшури ориёӣ дар батни ҳар инсон аз аввал ду неру гузошта шудааст. Он ҳамеша, дар иҷрои ҳар кору амали рӯзмарра худро зоҳир мекунад. Яке садоқат, самимият, меҳр, ҷидду ҷаҳд, кӯшиш, ростӣ, инсоният, мубориза ва дигаре хислатҳои муқобили он. Яке ободгар буда, дигаре вайронкунанда аст. Дар идомаи ҳоти 30-и «Ясно», банди сеюм чунин омадааст: «Ҳангоме ки ин ду гавҳар ба ҳам растанд, зиндагию марг падид оварданд.
________________________
1. Бойс М. Зороастрийцы. Верования и обычаи. — С. 15.
Аз ин ҷиҳат аст, ки дар саранҷом дурӯғпарастон аз зишттарин макон ва пайравони ростӣ аз накутарин манзил бархурдор хоҳанд шуд».
Дар «Авесто» панҷ қувван ҷаҳони ботинии инсон ташхис шудааст.
Неруи нахустин «аҳу» аст, ки онро бояд қувваи табиӣ ва меросии ҳаёту зиндагонӣ ва нерую ҳарорати ғаризавии инсон донист. Он бояд баданро муҳофизат намуда, ҳаракати онро ҳамоҳанг ва ба назми табиӣ дароварад. Ин қувва бо ҳастии бадан пайдо шуда, бо нестии он аз байн меравад. Неруи дуюмро, ки «даена» мегӯянд ва аксаран ба маънии виҷдону ҳисси рӯҳонӣ омада, отифаи худовандӣ дар ботини инсон пиндоштаанд. Дар асоси маълумоти «Готҳо» (31,11) ва «Фарвардиняшт» ин неруи худовандӣ фанонопазир аст. Ин қувваро офаридгор дар ботини инсон ба ин манзур ҷо кардааст, ки ҳамеша ӯро аз некию бадии аъмолаш огоҳ созад. Агар инсон дар ҳар кору амали хеш сухани виҷдон — ин неруи ростини худовандиро бишнавад ва мутобиқи фармудаи он амал кунад, аз подоши ҳар ду ҷаҳон бениёз нахоҳад буд. Пеш аз он ки ба даена ё виҷдон баргардем, бояд гуфт, ки неруи сеюмӣ дар «Авесто» «бауда» омада ва он қувваи диросату фаросату фаҳми инсонист. Ин қувва муваззаф аст ҳофиза, ҳуш ва неруи мумайизаро идора кунад.
Мутобиқи «Авесто» ин неру низ пас аз марги инсон нопадид нагардида, якҷоя бо равон зикр шудааст. Неруи чорум «урвана» аст, ки имрӯз равон, ҷон ё рӯҳ мегӯем. Ин қувваи эҳсоси масъулияти инсонист, зеро тасмими интихоби хубу бад бо ӯст. Мувофиқи «Авесто», эҳсосот ва тамоми ҷисми инсон дар ҷамъоварии маводи мухталиф дар ҳар масъалаи зиндагии ӯ ширкат мекунанд. Вале равон ҳамеша муваззаф аст, ки таҳти таъсири маҷмӯи хислатҳои ботинӣ ва шахсии соҳиби худ бад ё хубро интихоб карда, қарори охирин кабул намояд. Аз ин рӯ, рӯҳ ё равон дар қабули ҳар қарор масъулияти комил дорад. Пас аз марг бошад, мувофиқи интихоби хеш дар зиндагӣ дар равзаи биҳишт ё ҷаҳаннам подош дарёфт мекунад. Неруи панҷум «фравашӣ» ё «фурӯҳар» («фраваҳар») аст. 1
Тавре зикр гардид, мувофиқи фасли якуми «Бундаҳишн» (банди 8), Аҳуромаздо қабл аз офариниши ҷаҳони моддӣ, ҳамин ҷаҳонро аввал дар шакли минавию рӯҳонӣ (сурат), яъне дар шакли олами фравашиҳо ба вуҷуд овард. Пас аз 3 ҳазор сол ба он шакли кунунӣ, яъне моддӣ бахшид. Мувофиқи он ҳар чизи офаридаи Аҳуромаздо, ба шумули худи парвардигор ва амшоспандону эзидони ӯ дорои фурӯҳар мебошанд. Дар олами фравашиҳо фравашии тамоми гузаштагон ва ояндагон ба сар
______________________
1. Пури Довуд. Яштҳо. Ҷ. 1. — С 587-589.
мебаранд. Лаҳзаи пайдоиши ҳар чиз, аз ҷумла инсон, фравашии вай аз ҷаҳони фравашиҳо ҷудо шуда, дар батни модар ба ӯ мепайвандад ва тамоми умр ӯро ҳамроҳӣ карда, лаҳзаи вафоташ аз ӯ ҷудо мешавад ва боз ба олами фурӯҳарҳо бармегардад. Дар асоси маълумоти «Бундаҳишн» фурӯҳар фариштаест, ки вазифааш гуворонидан ё ҳалли манфиатбахши ғизо дар бадани инсон аст.
Ҳамчунон ки хотирнишон сохтем, даена ба маънии эҳсоси маънавӣ ва виҷдон буда, яке аз аркони умдаи ойини маздаясност.
Ин ташхиси маънавӣ дар ҳар як фарди башар мавҷуд буда, дар миёни қувваҳои ботинӣ, ки ба он ишора кардем, муҳимтарину шарифтарин ба шумор меравад. Мувофиқи «Авесто» инсон комилан озод ба дунё омада, дар ҷараёни ҳаёти худ дар интихоби хубу бад дар зиндагии рӯзмарра низ аз чунин озодӣ бархурдор аст ва бо майлу хоҳиши хеш рафтор мекунад. Дар ҳоти 46-и «Ясно» чунин омада: «Ай Аҳура, аз ҳамон ҳангоме ки ту даенаи азалиро биёфаридӣ, касе, ки дӯстдори дурӯғ аст, ба дурӯғ пайваст шавад ва касе, ки хостори ростӣ аст, ба ростӣ рӯйи иродат оварад» (Банди б)- 1
Чун дар тӯли зиндагӣ интихоби рост ё дурӯғ вобаста ба виҷдон ва гирифтани тасмим вобаста ба равон (рӯҳ) аст, ногузир дар рӯзи охират низ, чунон ки дар ҳоти 31-и «Ясно», банди 20 ва ҳоти 49-и «Ясно», банди 20 ва ҳоти 49-и «Ясно», банди 9 ишора шудааст, даена ё виҷдон ба ҳамроҳии равон амал карда, дар таъини биҳишту дӯзах ва дар бахшидани подоши неку сазои зишт муносибати бевосита хоҳад дошт.
Мутобиқи ойини маздаясно вақте ки шахсро дафн карданд, равони ӯ се шабу се рӯз дар сари ҷасад қарор мегирад. Тавре ки дар «Ҳодухтнаск» омада, агар равон аз они фарди поку порсо бошад, ҳар се шаби пас аз марг ба андозаи тамоми зиндагонӣ хушӣ дармеёбад. Агар равони шахси гунаҳкор бошад, дар ҳар шаби он шиканҷаҳои шадидтарини зиндагиро таҳаммул мекунад. Дар «Вандидод», фаргарди 19 аз муҷассам шудани аъмол дар рӯзи охират чунин сухан рафтааст:
«Чун дар субҳи рӯзи чаҳорум пас аз вафот равони некукор ё гунаҳкор аз бадан ҷудо гашта, ба пули Чинват (Сирот) расад, дар он ҷо деви Визариша равони марди дурӯғпарасти девясноро ба занҷир бандад, он гоҳ ба равони марди заҳматкашу порсо духтаре нозанину зебо ва озоднажоду хушандом рӯй кунад. Равони марди гунаҳкорро (дев) ба мағоки тира
_________________________
1. Аз тарҷумаҳои Пури Довуд ва Ҷалили Дӯстхоҳ истифода шудааст.
кашонад ва равони некукорро аз пули Чинват ва аз бари кӯҳи Ҳаро 1 гузаронида, ба соҳаи эзидони минавӣ ором диҳад» 2 (Бандҳои 27-30). Устод Пури Довуд дар «Яштҳо» ду фаргарди «Ҳодухтнаск»-ро, ки то замони мо пурра нарасида ва ба ин масъала равшанӣ меандозанд, овардааст. Дар ин ҷо ба овардани фақат бахше аз он, ки ба сарнавишти равони марди заҳматкашу порсо бахшида шудааст, иктифо мекунем. 3
«Ҳодухтнаск», фаргарди 2, банди 7: Пас аз сипарӣ шудани шаби сеюм, дар сапедадам, равони марди покдинро чунин намояд ки дар миёни гиёҳҳо бошад ва бӯйҳои хуш дарёбад ва ӯро чунин намояд, ки насими муаттаре аз навоҳии ҷануб ба сӯйи вай мевазад, насиме хушбӯй аз ҳама насимҳои дигар. Ба марди покдинро чунин менамояд, ки ин насимро ба машоми худ дарёфта бошад. (Чунин гӯяд): аз куҷо мевазад ин насим, ин хушбӯтарин насим, ки ҳаргиз ба машоми худ дарк накарда будам? Дар вазиши ин насим дини вай (виҷдони вай) дар пайкари духтаре ба ӯ намудор шавад, (духтаре) зебо, дурахшон, бо бозувони сафед, неруманд, рости боло, бо синаҳои баромада, некутан, озода, шарифнажод, ба назар понздаҳсола, колбадаш (баданаш) ба андозаи ҷамеи зеботарини махлуқот зебо. Он гоҳ равони марди покдин ба ӯ хитоб намуда, бипурсад: «Ай духтари ҷавон. ту кистӣ, ту ай хушандомтарин духтарҳое, ки ман дидаам». Пас аз он дини худи ӯ (виҷдони ӯ) посух диҳад: «Ту, ай ҷавонмарди некпиндори некгуфтори неккирдори некдин, ман дини худи ту ҳастам». (Ҷавонмард пурсад) «Пас куҷост, касе ки туро дӯст дошт аз барои бузургӣ, некӣ, зебоӣ, хушбӯйӣ ва неруи пирӯзманду қудрати ба душман ғалабакунанда (-и ту), он чунон ки ту ба назарам меойӣ?»
(Духтар посух диҳад) «Ай ҷавонмарди некпиндори некгуфтори неккирдори некдин, он кас ту ҳастӣ, ки маро дӯст дошта аз барои ин бузургию некӣ, зебоию хушбӯйӣ ва неруи пирӯзманду қудрати ба душман ғалабакунанда (-и ман), он чунон ки ман ба назари ту меоям. Вақте ки ту медидӣ, дигаре (пайкар) мевазонид ва ба бутпарастӣ мепардохт, ситам меварзид ва дарахтҳоро мебурид, он гоҳ ту нишаста «Готҳо» месурудӣ ва обҳои неку Озари Аҳуромаздоро месутудӣ ва марди некро, ки аз наздику нур мерасид, хушнуд месохтӣ.
Маҳбуб будам, ту маро маҳбубтар сохтӣ, зебо (будам), ту маро зеботар сохтӣ, матлуб (будам), ту маро матлубтар сохтӣ, баландпоя (будам), ту маро баландпоятар сохтӣ».
_________________________
1. Ҳеро (ав. Ҳеро Березайти) — кӯҳи афсонавӣ, ки миёни ҷаҳони моддӣ ва маънавӣ қарор дорад.
2. Муин М. Маздаясно ва таъсири он дар адабиёти порсӣ — С.372.
3. Пури Довуд. Яштҳо. Ҷ.1. — С. 162-168.
Равони марди покдин нахустин гом бардошта ба табақаи аввали биҳишт (пиндори нек) дарояд, равони марди покдин дуюмин гом бардошта ба табақаи дуюми биҳишт (гуфтори нек) дарояд, равони марди покдин сеюмин гом бардошта ба табақаи сеюми биҳишт (кирдори нек) дарояд, марди покдин чорумин гом фаро бардошта ба анирон (фурӯғи бепоён) дарояд». 1
Фаргарди сеюми «Ҳодухтнаск», ки дорои 18 банд аст ва дар он ҳолати равони шахси гунаҳкор дар се шаби аввали баъди дафн ва мулоқоти ӯ бо дини худ ва ҳамчунин ворид гардидани ӯ ба дӯзах ифода ёфтааст, баръакси шахси порсою накукор тасвир шудааст.
Дар ин муколама, ки фарҳанги баланди ботинии ориёиёни бостонро инъикос карда, масъалаҳои гуногуни ҳамоҳангии ҷаҳони маънавӣ ва моддии инсонро дар миён мегузорад, масъалаи рӯҳ ва вобастагии он бо виҷдон ва бахусус, проблемаи виҷдон ҳамчун унсури муайянкунандаи муносибати инсон бо ҷаҳони атроф ҷалби таваҷҷуҳ мекунад. Гап дар сари ин аст, ки мувофиқи таҳқиқоти мутахассисони соҳа, юнониҳо ҳатто дар асри У-и то мелод дар забони худ истилоҳи «виҷдон»-ро надоштанд. 2 Ҳол он ки виҷдон ҳамчун категорияи ахлоқӣ дар ташаккули ахлоқи инсонӣ мақоми баланд дорад.
Паёмбари ориёӣ мегӯяд: «Ай Маздо, инак дастҳоро дар намоз баланд бардошта, пеш аз ҳар чиз, хурсандии минуии афзояндаро хосторам ва мехоҳам ҳамаи корҳои хубро аз рӯйи ростӣ ва покӣ анҷом диҳам ва хиради худро ба андешаи неки ту ҳамсоз намоям, то равони ҷаҳонро хушнуду хурсанд гардонам» (Ҳоти 28, банди 1).
Тавре ки зикр гардид, аз ҳоти 28 то 53-и «Ясно» «Готҳо» номида шуда, бахши марказии «Авесто» ва таронаҳое мебошанд, ки ба худи ҳазрати Зардушт мансуб аст. Банде, ки дар боло оварда шуд, банди аввалини ҳот ё суханҳои аввалинест, ки паёмбари ориёӣ таълимоти худро бо он оғоз мекунад. Сатри нахустини «Готҳо» инъикоскунандаи на танҳо муносибати ӯ ба ҷаҳони моддӣ, мақому манзалати ниҳоят баланди ростию покӣ, балки пеш аз хама, имконияти беҳадду ҳудуди моддӣ ва маънавии инсон дар ҳудуди истеъдоду маҳорати ӯ дар ҷаҳони офаридаи Аҳуромаздост. Зардушт инсонро бисёр дӯст медорад, ба ақлу заковат ва андешаи дурахшони ӯ боварию эътиқоди беканор дорад.
_________________________
1. Мутобиқи навиштаи «Менуи хирад» (фасли 57, фақираи 13) биҳишт се табақа – анирон — маҳалли иқомати парвардигор ё фурӯғи бепоён аст.
2. Касседи Ф. Сократ. М., 1976. — С.105-106; Ярхо В. Было ли у древних греков совесть. — М., 1972. — С. 256-257.
Паёмбари ориёӣ бисёр хушбин аст. Вай дар «Готҳо» ба худованди худ муроҷиат карда, барои ҳамнавъони худ, барои тамоми навъи башар чунин тақозо мекунад: «Ай Маздо, ҳамаи некиҳои зиндагиро, ки азони туст, онҳоро, ки буд, ҳаст ва хоҳад буд, бо меҳрубонии хеш ба мо ҳадя намо. Қудрату тавоноии моддӣ ва маънавии худованд беҳадду канор аст».
Ҳар чизи аз андешаи неки Аҳуромаздо дар ҷаҳони моддӣ падидомада диҳанда, бахшанда ва фазоянда аст. Паёмбари ориёӣ беш аз се ҳазор сол пеш ҳудуди қудрати ободкунандаи инсонро арзёбӣ намуда, орзу кардааст, ки хиради ӯро бо андешаи неки Худованд ҳамсозу ҳамоҳанг намояд.
Чун Аҳуромаздо ва ҳар чизи офаридаи ӯ дар ҷаҳон дар ҳоли тағйиру дигаргунӣ ва хислати фазояндагию бахшандагӣ дорад, инсонро хурсанд месозад: «Сарчашмаи хушию саодат бошад, кору заҳмати фаъолона, ибтикор, ташаббус ва ободкунии ҷаҳон аст». (Ҳоти 33, банди 10); «Ай Маздо Аҳура! Бегумон ин (ҳадяи ормонӣ)-ро ба тану ҷони касоне ҳадя мекунӣ, ки бо «андешаи нек» кор мекунанд ва дар партави «ашо» омӯзиши хиради неки туро ба дурустӣ пеш мебаранд ва хости уро бароварда месозанд ва барои пешрафти ҷаҳон мекӯшанд». (Ҳоти 34, банди 14).
Зардушт чунин мешуморад, ки фикру андешаи хуб инсонро водор ба ҷидду ҷаҳд ва ғайрату ободонӣ мекунад. Аммо, зоҳиран, дар замони ӯ ҳам гурӯҳи одамоне буданд, ки аз ин хислати асосии одамӣ маҳрум буданд. Вай дар «Готҳо» ба чунин одамон ишора карда, ба суханони худ чунин идома медиҳад: Ҳеҷ кадом аз ин гунаҳкорон дарнамеёбанд, ки комёбӣ, ҳамон гуна, ки зиндагӣ ба мо омӯхтааст, бо кору кӯшиш (вобаста аст). (Ҳоти 32, банди 7).
Зардушт дар ҳамон даврони қадим барои инсон барномаи амал таҳия карда, дар пеши ӯ саволҳое мегузорад, ки бисёре аз онҳо то ба имрӯз роҳи ҳалли худро пайдо накардаанд: «Чӣ гуна дӯстдоре, ки аз оғоз дар ҷустуҷӯйи беҳтарин зиндагонист, ба он хоҳад расид? Чӣ касе барои хуршед ва ситорагон роҳро устувор кард? Аз кист, ки моҳ гоҳе меафзояд ва гоҳе мекоҳад? Чӣ касе замину осмонро нигоҳ медорад? Кӣ обро офарида ва кӣ дарахтонро? Кӣ ба боду абрҳо тезравӣ омӯхт? Кӣ равшаниро офарид, кӣ торикиро? Кӣ хобро ба вуҷуд овард ва кӣ бедориро? Бомдодон аз кист, нимрӯз аз кист ва шаб аз кист? Ин ҷаҳони борвар ва хуррамибахшро барои кӣ офаридӣ? Чӣ касе меҳри падар дар дили писар андохт? Он дурӯғгӯе, ки дар баробари диҳишҳои ту ситеза мекунад, бадкор нест? Чӣ гуна дурӯғгӯйро аз худ дур кунам? Дар партави ростӣ чӣ гуна подош ба даст хоҳам овард?» («Ясно», ҳоти 44). Ва дар банди сеюми ҳоти 44 мегӯяд: «Ай Маздо, ҳамаи инҳо ва бисёр чизҳои дигарро мехоҳам бидонам».
Зардушт бо ҷидду ҷаҳд, ҳаракат, кӯшиш ва бахусус дини худ ният дорад, ки дар ҷомеаи худ табаддулоти амиқ ба амал оварад. Ислоҳоте, ки ҷаҳони моддӣ ва маънавии ҳамзамононашро ба куллӣ дигаргун сохта, ононро бо роҳи ҷадиди азнавсозӣ ва ободкорӣ ҳидоят намояд. Вай дар «Готҳо» мефармояд: «Он касе, ки дар партави аша беҳтарин хости Зардушт — сохтани ҷаҳони навро ба ростӣ бароварад, подоши зиндагонии ҷовидона сазовори ӯст ва дар ин ҷаҳони физояндаи борвар ҳар чизи дилхоҳи худро ба даст хоҳад овард». (Ҳоти 46, банди 19).
Дини Зардушт дини назари набуда, дин ва низоми амал аст Дар он бояд инсон ҳамеша фаъол ва аъзои бадани ӯ ва бахусус, андешаи ӯ кор кунад. Фикр накардан, наандешидан, мулоҳиза нанамудан яке аз бузургтарин гуноҳ дониста шудааст. Фаъолияти рӯзмарраи пайрави дин пеш аз субҳи содиқ оғоз мегардад. Дар ин бора «Вандидод» чунин менависад: «Саҳаргоҳон хурӯс бонг зада мегӯяд: — Ай мардум, бархезед ва дар намози худ беҳтарин ростиро ситойиш кунед, дуои Ашем Вуҳуро1 бихонед, деви танбалиро аз худ дур намоед, он деве, ки мехоҳад шуморо бар хоб нигоҳ дорад» (Фаргарди 18, бандҳои 15-16).
Пайрави дини маздаясно мавқеи зиндагии худро ба қатъият интихоб карда, чунин мегӯяд: «Ман ҳамеша бо деви танбалӣ ситеза хоҳам кард, зеро бекорию коҳилӣ маро мариз ва ранҷур месозад. Зардушт ба пайравони худ тавсия мекунад, ки ҷаҳонро барои дигарон обод кунад ва худ низ аз он баҳра барад» (Фаргарди 11. бандҳои 9).
«Виспарад» мавзеъро чунин тақвият мебахшад: «Ай маздаяснои зардуштӣ, дасту по ва ҳушу хиради худро барои ба ҷо овардани вазифаҳое нисбат ба дигарон дар мавқеи зарурӣ муҳайё кун, аз ҳар коре ки зидди он аст, худдорӣ намо ва бар анҷоми кори нек ва дар дастгирӣ аз бечорагону бенавоён устувор бош» (Фаргарди 15, банди 1).
Дар «Авесто» заҳмат, кор чандон қадр ва муҳтарам дониста шудааст, ки дар «Вандидод» дар муколамае, ки Зардушт бо худованди худ анҷом медиҳад, Аҳуромаздо шахси заҳматкаш, бахусус кишоварзро ба касе шабоҳат медиҳад, ки тухми ростӣ кошта, дини маздаясноро дар ҷаҳон интишор медиҳад. Аз ин рӯ, кору заҳмат дар «Авесто» яке аз рукнҳои умдаи дин буда, муайянкунандаи муносибати шахс ба дини маздаясно муқаррар шудааст. Касе, ки заҳмат мекашад, бо касе муқоиса шудааст,
_________________________
1. Ашем Вуҳу яке аз дуоҳои муҳими пайравони дини маздаясно аст. Номи дуо аз калимаҳои аввалини он гирифта шуда, аз 12 калима иборат аст, тарҷумаи он чунин аст; Ростӣ – беҳтарин некист, (сарчашмаи) саодат аст, саодати касест, ки рост (бошад) ва хостори беҳтарин ростӣ бошад (Донишномаи Эрони бостон. Ҷ.1. — С.318).
ки сад ҳазор дуою ибодат карда, ҳазор бор маросими мазҳабӣ анҷом дода, сад ҳазор бор қурбонӣ карда бошад 1 (Банди 34, банди 31 ва 28-29).
«Минуи хирад» чунин менигорад: «Кӯшиш кун ва миёнарав бош ва ноне бихӯр, ки аз роҳи нек ба даст оварда, бо кору кӯшиши худ ёфта бошӣ ва порае аз он нонро барои худо ва некукорон канор бигзор, ин кори ту беҳтарин кирдори нек хоҳад буд. Ҳар касе чизе хӯрад, ки аз кору куштии худ ба даст наомада бошад, мисли он аст, ки сари дигареро ба даст гирифта, мағзи онро мехӯрад» (Боби 2, бандҳои 42-49).
Дар дини Зардушт хар амали беаҳамияти рӯзмарраи инсон арзиши мазҳабӣ дорад. Бинобар ин мутобиқи он, касе, ки кор мекунад, заҳмат мекашад, ибтикору ташаббус нишон медиҳад. чизеро кашф ва ҷоеро обод месозад, дар натиҷаи меҳнати худ на танҳо сатҳи зиндагии моддии худ ва аҳли хонаводаи худро дар ин ҷаҳон беҳтар менамояд, балки аз азизону мутабаррикони ҷаҳони дигар шуда, дар сафи мушовирон ва эзидони Аҳуромаздо қарор мегирад.
Вобаста ба ин касе, ки кору кӯшиш мекунад, худ сарнавишту тақдири худро дигаргун месозад. Аҳуромаздо ҳамаро комилан озод ва баробар офарида, тақдиру сарнавишти касеро муқаррар накардааст. Худованд ҷаҳони пурфайзу зеборо ба вуҷуд оварда, дар ихтиёри инсон гузоштааст ва онро майдони азнавсозӣ ва ободонӣ муқаррар карда, сарнавишти ҳар якеро дар ихтиёри худаш вогузор кардааст. Агар ба «Готҳо» ба сурати амиқ ошно шавем, мебинем, ки саросари он аз асолати мақоми инсон ва иродаи қотеонаи вай дар таъини сарнавишт сухан рафтааст. Ин иродаю ихтиёри мутлақ дар тарҳрезӣ ва сохтани сарнавишт, пешгирӣ аз таъсири тақдир бо ишора ба зарурати кору кӯшиш, ҷидду ҷаҳд баён карда шудааст. Ҳар кас бештар бикӯшад, бештар фаъолият кунад, ташаббус нишон диҳад, ризқу рӯзияш фарохтар гардида, касе, ки танбалӣ ва коҳилӣ кунад, гуруснаю фақир хоҳад монд. Сарнавишт дар пешонии ҳеҷ касе рақам назадааст ва бою камбағалро муайян накардааст. Сарват, бойигарӣ, фарохии маишату осойиши ҳар кас вобаста ба кору кӯшиши вай аст. Омили асосии нодорӣ ва камбағалии касе танбалӣ, коҳилӣ ва бекоргардии ӯ буда, хосту иродаи худованд намебошад. Зардушт дар ин бобат мегӯяд: «Ӯ (Аҳуромаздо)-ро ба андешаи нек хушнуд мекунам, ӯро, ки бо хости хеш, беҳрӯзӣ ва тирарӯзӣ — ҳар дуро барои мо офаридааст. (Бишавад, ки) Маздо Аҳура бо шаҳриёрии минавии хеш моро (неруи) кор кардан бахшад,
______________________________
1. Разӣ А. Ганҷинаи таърихи Эрон. — С.636.
то дар партави андешаи нек ва ашо ва бо некогоҳӣ ба пешрафти мардумон кӯшиш намоем» («Ясно», ҳоти 45).
Тавре зикр гардид, инсон дар зиндагӣ аз озодии комил бархурдор буда, дар интихоби роҳи зиндагӣ низ соҳибихтиёр аст Ин фикр аз ҷониби Зардушт дар «Готҳо» чунин баён шудааст: «Ай Маздо, он гоҳ ки ту дар оғоз тану дини моро офаридӣ ва аз андешаи хеш (моро) хирад бахшидӣ, он гоҳ ки ҷони моро тан падид овардӣ, он гоҳ ки моро неруи кор кардан ва гуфтори роҳнамо арзонӣ доштӣ (аз мо хостӣ, ки) ҳар кас боварии хешро бо озодӣ ва озодкомӣ бипазирад» («Ясно», ҳоти 31, банди 11).
«Пас ҳар кас, ки хоҳ дурӯғгуфтор, хоҳ ростгуфтор, хоҳ нодон ва хоҳ доно бошад, аз дилу андешаи хеш садо мебароварад» («Ясно», ҳоти 31, банди 12); «Ай Маздо, он кас ки нек меандешад ё бад, бегумон ойин, гуфтор ва кирдори худро низ (чунон хоҳад кард) ва хоҳиши ӯ пайрави интихоби озодонаи вай хоҳад буд» («Ясно», ҳоти 48, банди 4).
Ба иборати дигар, дар «Готҳо» ва бахшҳои дигари «Авесто» Зардушт пайравони худро ба азнавсозии ҷаҳон даъват мекунад. Ба ақидаи ӯ, барои расидан ба ин мақсад сараввал бояд ҷаҳони маънавии инсон дигаргун гардад. Андеша сарчашмаи дониш буда, дар сурате ба дониши муътамад мубаддал мегардад, ки бо сухан ифода шавад ва дар амал татбиқ гардад. Яке аз тафовутҳои куллии дини зардуштия аз динҳои ҷаҳони муосир иборат аз он аст, ки дар он инсон дар муқоиса бо тамоми унсурҳои дигари ҷаҳони моддӣ, аз тарафи худованд офарида намешавад. Худованд инсони нахустин, яъне Каюмарсро офарид. Вале мушоҳида намуд, ки он мақсаду мароме, ки аз офариниши ҷаҳон дорад, Каюмарс амалӣ карда наметавонад.
Камбуду норасоии инсони офаридашуда, ки ба чашм мехӯрд, камҳаракатӣ, камфаъолиятӣ, беташаббусӣ ва маҳрум будани Каюмарс аз ҳаракат, ҷидду ҷаҳд ва кӯшиши азнавсозии олам буд. Аз ин рӯ, мутобиқи навиштаи «Бундаҳишн», вақте ки Аҳриман ба ҷаҳон ҳамла кард, Каюмарс ва Гови нахустин аввалин туъмаи ӯ гардиданд.
Чун фалсафаи зардуштия фалсафаи азнавсозии ҷаҳон аст, назарияи пайдоиши инсон низ ба он мувофиқ гардонида шудааст. Дар асоси «Ясно»-и 41, банди 3, «Ясно»-и 9. банди 1, фаргарди 2, банди 41-и «Вандидод», «Тиштаряшт», банди 2, «Меҳряшт», банди 71, «Фарвардиняшт», банди 86-87, банди 9 ва сарчашмаҳои паҳлавӣ аз тухмае, ки аз Каюмарс ба замин афтод, мутобиқи муҳити мавҷуд ва дар муқобилат бо девҳои Аҳриман, ниҳоли душохае ба номи ривос (ревоҷ) рӯйида, мувофиқу муносиби шароити замин бузург шуд ва дертар ба марду зане мубаддал гардид, ки волидайни одамони имрӯза дониста шудаанд. Онҳо аз нутфа дар замин рӯйида, ба шароити сахту тоқатфарсои он рушд карда, обутоб ёфта буданд. Аз ин рӯ, онҳо аз рӯзи аввалини мустақилияти худ ба мубориза барои рӯзӣ пардохтанд. Дар «Бундаҳишн» ва сарчашмаҳои дигари паҳлавӣ нишон дода шудааст, ки мубориза барои зиндагӣ ононро то чӣ андоза ҳушёр, доно, ҳассос, неруманд ва ба якдигар пайваст намуд ва баъдан наслҳои онҳо дар ҷаҳон пароканда шуданд.
Китоби муқаддаси гузаштагони мо инсонро ҳамчун мавҷуде муаррифӣ мекунад, ки ҳамеша дар мубориза ва имтиҳони оламу одам аст Вай шахсони камҳаракат, беташаббус, канорагир, гӯшанишинро дӯст намедорад. Инсон бояд ҳамеша дар теғаи озмойишу имтиҳонот қарор дошта бошад: хоҳ хуб, хоҳ бад, роҳи сеюм вуҷуд надорад. Мувофиқи ин таълимот, инсон бояд дар ҳамкорӣ бо табиат таҷриба ва дониш андухта, ҷаҳонро барои худ аз нав созад ва ба зебоии он зебоии наве илова намояд.
Мувофиқи таълимоти зардуштия, Аҳуромаздо — худованди бузург, аввал ҷаҳонро дар шакли маънавӣ. яъне ҷаҳони фурӯҳарҳо ба вуҷуд овард. Тавре ки дар «Фарвардиняшт» ва бахшҳои дигар ишора шудааст, ҳар чизе ки дар ҷаҳон буд, ҳаст ва хоҳад буд, дорои фурӯҳар мебошад. Вале фазоянда ва инкишофдиҳандаи ҷаҳони моддӣ фурӯҳари фақат он шахсонест, ки дар ҷараёни зиндагии худ дар замин таҷрибаю дониши фаровон андухта, барои ободӣ ва азнавсозии он мубориза бурданд ва аз худ осоре боқӣ гузоштанд. Мувофиқи бисёр сатрҳои «Авесто» ва бахусус «Фарвардиняшт», Аҳуромаздо — худованди бузург ҷаҳонро бо кӯмак, раҳнамойӣ ва машварати онҳо идора мекунад.
Мақоми баланди олами фурӯҳарҳо, ки яке аз рукнҳои умдаи дини маздаясност, аз аввали офариниши ҷаҳон поягузорӣ шудааст. Дар «Бундаҳишн»-и ҳиндӣ Аҳуромаздо пас аз офариниши олами фурӯҳарҳо ва пеш аз ба шакли моддӣ даровардани ҷаҳон, ба фравашии одамон муроҷиат карда, чунин мегӯяд: «Кадоме шуморо ба назар судмандтар ояд, (ин) ки шуморо ба гетӣ диҳам, (то) ба сурати моддӣ бо дурӯғ биҷангед ва дурӯғро нобуд кунед ва шуморо ба фарҷом дурусту бемарг созам ва боз ба гетӣ диҳам ҳамеша бемарг, безармон (бе пирӣ, ҷовидон) бе патёра (зарар) шавед, ё шуморо ҳамеша аз Аҳриман ҳимоят бояд кардан. Фурӯҳари мардум ба мубориза бо Аҳриман ва ба рафтан ба гетӣ ҳамдостон шуданд».1
Аҳуромаздо пеш аз он, ки ба одамон тани моддӣ бахшад, бо фурӯҳари (арвоҳи) онҳо машварат карда, чунин мегӯяд: – Ман, ки ба шумо шакли моддӣ медиҳам ва ба ҷаҳони моддӣ равон мекунам, шумо ҳатман мав-
____________________________
1. Бундаҳишни ҳиндӣ. — Теҳрон, 1368. — С.78.
риди ҳамлаи Аҳриман ва девони ӯ қарор хоҳед гирифт. Худованд барои ҳалли мушкилоти бавуҷудомада ду роҳ пешниҳод мекунад: кадоме аз онҳо мавриди писанди шумо аст, аввал ман, Аҳуромаздо, шуморо бояд таҳти ҳимояти доимии худ гирифта, ҳамеша аз девони Аҳриман муҳофизат кунам ва дуюм, шумо ҳамроҳи ман бо Аҳриман ҷангида, дурӯғро нобуд мекунед ва ман ба шумо зиндагии босаодати абадӣ мебахшам. Фурӯҳари инсонҳо роҳи мубориза бо дурӯғро пазируфтанд.
Аз ин ривоят чунин бармеояд, ки (а) олат ва силоҳи асосии Аҳуромаздо дар азнавсозии ҷаҳон инсон аст, (б) инсон бо пуштибонии Аҳуромаздо ва такя ба ҳушу хиради худ бо тамоми мушкилоти мавҷуд (Аҳриман) мубориза бурда, ҷаҳонро навсозӣ мекунад. Дар ин ҷо низ ҳолате ба мушоҳида мерасад, ки дар боло дар мисоли Каюмарс дида шуд.
Мақому мартабаи баланди инсон дар аввалин ваҳйи худовандӣ, ки ҳанӯз Каюмарс дарёфт карда буд, муайян шудааст. Чун дар давраи ӯ пайраве набуд, дертар ин ваҳйро Зардушт дарёфт намуд Мувофиқи он, беҳтарин коре, ки фарзандони инсон метавонанд бикунанд, анҷоми касбӣ ва тахассусии корҳоест, ки ба онҳо муқаррар шудааст.
Фаҳмишу дарки ин масъала яке аз вазифаҳои муҳимтарини динӣ аст. Ба иборати дигар, ҳар корро бояд шахсе анҷом диҳад. ки аз он огоҳии пурро ва ҳамаҷониба дошта бошад. Вазифаи динии ҳар инсон иборат аз он аст, ки ба беҳтарин ваҷҳи мумкин кореро, ки аз ҷониби иҷтимоъ ба дӯши ӯ гузошта шудааст, анҷом диҳад. Ҳар амали рӯзмарраи одам арзиши динии махсусе дорад ва бахше аз ойини маздаясноро ташкил медиҳад. Аз рӯйи виҷдону самимият анҷом додани ин корҳо ба азнавсозии ҷаҳон ва таҷдиди ҳаёт кӯмак мекунад. Ҳар касе дар таҷдиди ҳаёт ва азнавсозии ҷаҳон дар сурате ҳиссагузор аст, ки агар корҳои ҳаррӯзаи худ дар хона ва вазифаи вогузоштаи иҷтимоиро хушсифат ва беайбу нуқс иҷро намояд. Агар шахс вазифаи имрӯзаи худро нисбат ба дирӯз ва вазифаи фардоро нисбат ба имрӯз беҳтару хубтар анҷом медиҳад, фарри ӯ бештар шуда меравад. Мувофиқи мундариҷоти «Авесто», ҳар давра ниёз, мушкилот ва проблемаҳои ба худ хосе эҷод мекунад, ки бояд бо онҳо мубориза шавад. Ҳар инсон дар ботинаш дурӯғи хоси худро дорад, ки ҳамеша бояд бо он мубориза намояд. 1
Дар бораи се лавҳае, ки дар боло оварда шуд, қайд кардан лозим аст, ки аввалан, зардуштия ҷаҳони моддӣ ва ҷаҳони маънавиро аз ҳам ҷудо накарда, якеро такмилдиҳандаи дигаре медонад ва ҷаҳони маънавии
____________________________
1. Моле М. Эрони бостон. – Теҳрон 1337 — С.102-103.
инсонро дар мақоми аввал қарор дода, онро сарчашмаи инкишофу пешрафт муаррифӣ мекунад. Дуюм, Аҳуромаздо ба инсон ихтиёру истиқлол бахшида, вайро идомадиҳандаи худ дар ободӣ ва азнавсозии ҷаҳон интихоб кардааст. Сеюм, инсон мавҷуди комилан мустақиле мебошад, ки ба раҳнамойӣ ва нишондоди касе муҳтоҷ нест. Ҳар амали ӯ мутобиқи шароити мавҷуд, нисбат ба зарурат сурат гирифта, ҳамин зарурат сарчашмаи дониши нав ва маърифати ҷаҳон мегардад.
Каюмарс инсоне буд, ки маҳорату истеъдоди ҷаҳонкушоӣ надошт. Ба Аҳуромаздо — Худованди бузург, инсоне лозим буд, ки фақат ба худ такя кунад, эътимод ба дониши худ. ба маҳорату истеъдоди худ дошта бошад. Инсоне лозим буд, ки дар мушкилтарин фурсат, замоне ки бо бунбаст рӯ ба рӯ мегардад, дар асоси такя ба хирад, дониш ва огоҳии худ, аз он варта худашро раҳоӣ диҳад. Ба ӯ инсоне лозим буд, ки ҷонфидо ва муборизи ободӣ ва азнавсозии ҷаҳон бошад. Машия ва Машёна маҳз дар шароити ҳамлаи шадиди Аҳриман, дар муҳите рӯйида, ба камол расиданд, ки замин пур аз ҳашароти музир ва ҳайвоноти дарранда буд.
Чорум, кору амал, таҷриба ва дониши дар ҷараёни зиндагӣ андухтаи инсони азнавсозанда ва ободкунанда бо марги у аз миси намеравад. Ободию бунёдкории ӯ ҳамчун зинаи минбаъдаи инкишофи насли дигар хизмат карда, фурӯҳари ӯ дар азнавсозии ҷаҳон ба Аҳуромаздо кӯмак ва ҳамкорӣ хоҳад кард. Илми синергетика дар аввали асри гузашта ба вуҷуд омад. Он таъкид мекунад, ки на танҳо муҳит, табиат ва замин мувофиқи қонунҳои худ худро ташаккул медиҳад, мутобиқ мегардонад, ислоҳ мекунад, балки раванди худташкилкунӣ дар саросари ҷаҳон идома дорад. Зоҳиран, раванди ташкили худ ба худӣ, ислоҳи худ ба худӣ, ки дар асари синтези ҷаҳони моддӣ ва маънавӣ ба амал меояд, хосияти умумӣ пайдо карда, тамоми унсурҳои табиатро дар бар мегирад ва ба инсон низ дахл мекунад
Панҷум, ободӣ ва азнавсозии ҷаҳони нав ба василаи дониш ва таҷрибае, ки тавъам бо садоқат , самимият ва виҷдон бошад, сурат гирифта метавонад. Инсоне, ки фориғ аз дониш аст, дрегван аст. Вай дар ҷаҳон тағйири мусбат ворид карда наметавонад. Косиб, мутахассис, коргар, коршинос агар кӯшо, вазифашинос, навовар ва ихтироъкор бошанд, вазифаи иҷтимоии худро бо садоқат ва муҳаббати фаровон анҷом диҳанд, вазифаи мазҳабии худро анҷом дода, пайрави комилҳуқуқи дин ҳисоб мешаванд. Фидокорӣ, садоқат, самимияти касбӣ фарри инсонро афзун мегардонад. Ба иборати дигар, ҳар коре, ки бо садоқату самимият анҷом мегирад, ҷаҳонро обод мегардонад. Ҳар кореро бояд шахсе анҷом диҳад, ки онро нисбат ба дигарон беҳтар медонад.
Аз гуфтаҳои боло чунин хулоса кардан мумкин аст, ки дар барҳам додани ҷаҳонбинии асотирӣ ва дар радифи аввал қарор додани проблемаи инсон ва ҷаҳони ӯ фалсафаи Юнони Қадим муқаддам набуда, ин масъалаҳо бори нахуст ва ба таври ҳамаҷониба аз ҷониби дини яктопарастии Зардушт ва китоби муқаддаси он «Авесто» гузошта шуд. Бузургии фалсафаи Юнони Қадим аз он иборат аст, ки нукоти умдаи таълимоти «Авесто»-ро аз худ карда, ба онҳо ҷанбаи амалӣ дод ва онро дар ихтиёри фалсафаи ҷаҳон гузошт.
Саросари «Авесто», ки китоби муқаддаси ниёгони пешазисломии мо мебошад, тараннуми зиндагии шарофатмандона, таблиғи ростию дурустӣ, тарвиҷи кору заҳмат аст. Зардушт дар бисёр бандҳои «Готҳо» хислатҳои Аҳуромаздо — Худованди бузургу тавоноро барои пайрави ҳамчун намуна тавсия медиҳад. Хислат ё мазҳарҳои Аҳуромаздо — амшоспандон ва эзидони ӯ мебошанд.
Аҳуромаздо ҷаҳонро ба василаи амшоспандон ва эзидони худ идора мекунад. Амшоспандон ҳамкорону ёварони наздиктарини худованд буда, шаш нафаранд ва ҳар яке дар ҳудуди салоҳият ва соҳаи фаъолияти худ дар идора ва офариниши ҷаҳони моддию маънавӣ ба Аҳуромаздо ҳамкорӣ мекунанд. Плутарх аз шаш амшоспанди ойини маздаясно ном бурда, вуҷуди ононро аз ду ҷиҳат мавриди тафсир қарор медиҳад: дар олами рӯҳонӣ ҳар яке аз онон мазҳару намудори яке аз сифатҳои Аҳуромаздо мебошад, дар ҷаҳони моддӣ бошад, нигоҳдорӣ, нигоҳбонӣ ва парвариши яке аз унсурҳо ва падидаҳо ба онҳо супурда шудааст. 1
Аввалини онҳо Баҳман — намудори андешаи неку муқаддас ва хираду доноии Аҳуромаздо буда, дар ҷаҳони моддӣ сарпарастии тамоми ҷонварони судманду чорпоён ба ӯ вогузор шудааст. Урдибиҳишт — намояндаи ростию дурустии Ҳурмузд аст ва дар олами ҷисмонӣ нигаҳбони оташ аст. Шаҳривар — ҷилвагоҳи подшоҳӣ ва тавоноии офаридгор аст ва дар ҷаҳони фонӣ парастории филизот бо ӯст. Исфандормаз — намоёнгоҳи фурӯтанӣ, садоқат ва меҳру муҳаббати Маздост ва дар ин ҷаҳон борварӣ ва парвариши замин ба ӯ муҳаввил шудааст.
Хурдоду Амрдод амшоспандоне ҳастанд, ки намояндагони ҷовидонӣ ва камолу расоии Аҳуромаздо буда, дар олами моддӣ нигаҳбонии об ва парвариши гиёҳон ба онон вогузор шудааст. Ба илова дар «Авесто» аз
____________________
1. Алавӣ А. Таърихи комили адён. — С.119.
теъдоди фаровони эзидон ном бурда шудааст, ки аз лиҳози дараҷа нисбат ба амшоспандон дар мартабаи поёнтаре қарор доранд. Дар «Ясно»-и 16, «Ҳаптаняшт»-и бузургу кӯчак аз амшоспандон сухан рафта, дар «Хуршедяшт» аз садҳо ва ҳазорон эзидони минавӣ суҳбат мешавад: ҳангоме ки Хуршед битобад, садҳо ва ҳазорон эзидони минавӣ бархоста, фарро баргирифта, дар рӯйи замини Аҳуроофарида пахш мекунанд, то бо он ҷаҳони ростӣ ва ҳастии ростиро парвариш диҳанд. Фаровонии эзидон то ба он дараҷа буда, ки тааҷҷубу шигифтии нависандагони юнониро ба вуҷуд овардааст. Диогени Лаэрти навиштааст, ки бино бар ақидаи форсиён фазои осмон пур аз фариштагон аст. 1
Дар ойини маздаясно воқеан чунин эзидон дар майдони корзор барои ҳифозати замин, покии табиат ва беҳбудии зиндагии инсон фаъолият карда, ҳар яке нигоҳбони аносири табиӣ, аз ҷумлаи Моҳ, Хуршед, ситорагон, осмон, об, оташ, ҳаво, замин муҷаррадоти маънавӣ, аз ҷумлаи нерумандӣ. ростӣ, дурустӣ, пирӯзӣ, доноӣ, саховат ва ғайра мебошанд. Аз чанде аз ин фариштагон ном мебарем, ки дар ойини маздаясно аз салоҳияту эътибори барозандае бархурдоранд.
Эзиди Озар дар ойини зардуштӣ мақоми хоссае дошта, дар «Авесто» аз ӯ чун писари Аҳуромаздо ном бурда шудааст. Барои эзиди Озар дар маркази маъбадҳои зардуштӣ хонаи махсусе ба номи «озарон» месозанд ва оташгоҳ дар ин утоқ воқеъ шуда, пайравон ҳамарӯза се маротиба ба он ситойишу ниёиш мебаранд. Ҳангоми дуою намоз пайравони дин аввал аз номи Аҳуромаздо — Худованди якто, офарандаи ҷаҳони моддию маънавӣ оғоз карда, сипас номи Озарро ба забон меронанд. Вақте ки дини маздаясно оташро ситойиш мекунад, танҳо оташи маъмулиро дар назар надошта, тамоми шаклҳои энергияро, ки ҷаҳонро дар ҳолати мувозинату ҳамоҳангӣ нигоҳ медорад, дар назар дорад. Ба ақидаи Ҳераклит, ҳар чизе дар ҷаҳон аз ҳисоби оташ дар ҳоли тағйир, дигаргунӣ, ташаккул, пайдо шудан ва аз байн рафтан аст. Ҳар чизе аз оташ падид омада, боз ба оташ мубаддал мешавад. 2 Неруи оташ аст, ки ҷаҳон ва аносири онро борвар сохта, заминаи пешрафту инкишоф мегардад ва ризқу рӯзии ҷаҳониёнро падид меоварад. Дар «Авесто» аз панҷ хел оташ ёд мешавад, ки марбут ба эзиди Озар аст. Оташи Берези савангҳ, ки номи умумии оташ аст; Вуҳуфриёна — оташе, ки дар ҷисми инсон аст; Урвизишта — оташе, ки дар растанию дарахтон аст; Возишта — оташи раъду барқ, ки аз гурзи эзиди
_______________________
1. Бенвенист Э. Дини эронӣ. — С.12.
2. Краткий очерк истории философии. — М., 1967. — С.45.
Тиштар меҷаҳад; Спэништа — оташе, ки дар арш дар пеши Аҳуромаздо ҷовидон фурӯзон аст ва инкишофи моддию маънавии ҷаҳонро фароҳам месозад.
Эзиди дигаре, ки дар ойини маздаясно шавкату ҷалоли дурахшон дорад, эзиди Зам, Замӣ ё Замин аст, ки фариштаи муваккили хок мебошад. Низомӣ чунин мегӯяд:
Асосе, ки дар осмону замист.
Ба андозаи қудрати одамист.
Замин монанди Осмон дар маздаясно муқаддас аст ва аксаран дар «Авесто» ҳар ду омадаанд. Аз ин рӯ, Замин — фариштаи муваккили хок ва Осмон — фариштаи муваккили сипеҳр мебошанд. Обон — фариштаи муваккили обҳои бузург аст. Чун обу оташ дар замони бостон аносири муқаддас шумурда мешуд, дар ин ҷо овардани порчаи кӯтоҳи муаррихи юнонӣ перомуни як ғуломи эронӣ аз фоида холӣ нест. Дар Юнони бостон ғуломи эронӣ ба соҳиби худ бо чунин хоҳиш муроҷиат мекунад: «Агар ман мурдам, маро масӯзон, эй Филонимос, оташро ба тани ман маёлон, ман порсиям, ниёгонам низ порсӣ буданд ва гуноҳи олудани оташ ба назди мо гаронтар аз марг аст. Маро ба хок биспор, оқоям, вале бар танам оби татҳир маяфшон, чун ман обҳоро низ гиромӣ медорам».1
Яке аз эзидони пурнуфузе, ки ба ӯ ҳатто Аҳуромаздо ниёиш мебарад, Аредвисур Анаҳито — зан — эзиди обҳои маънавист. Яште, ки ба Аредвисур Анаҳито бахшида шудааст, яке аз тӯлонитарин ва зеботарин яштҳои «Авесто»-ст. Дар он ҷо омадааст, ки Анаҳито дар миёни сипеҳри рӯшану ситорагон қарор дошта, саршор аз тавону озодагии далерона дар фойтуни чораспааш пеш метозад, девону ҷабборон ва ҳамаи мавҷудоти пургазандро нобуд мекунад, то онон роҳу равиши зиндагии инсонро халалдор накунанд. Аҳуромаздо посдорию нигоҳбонии ҳамаи ҷаҳони офаринишро ба ӯ вогузор кардааст. Ӯ фаррухӣ ва борварии ҷаҳону ҷонварро тазмин карда, галаҳо ва киштзоронро дар паноҳи худ нигоҳ медорад. Аредвисур Анаҳито яке аз эзидони муҳтарамест, ки ӯро худи Аҳуромаздо ситойиш карда, ба ӯ намоз мебарад. Дар «Обоняшт», ки дар он Аредвисур Анаҳито сутуда мешавад, Аҳуромаздо дар бораи ӯ ба Зардушт мегӯяд:
«Ман, Аҳуромаздо, ӯро аз неруи хеш ба вуҷуд овардам, то хона, деҳ, русто ва мамлакатро парвариш диҳам, то (онҳоро) ҳимоят кунам ва ҳифз намоям, посбонӣ кунам, паноҳ диҳам ва нигаҳбон бошам. Ӯ муқаддасест, ки ҷонафзост, муқаддасест, ки фазояндаи галаю рама аст, муқаддасест, ки
_______________________
1. Бенвенист Э. Дини эронӣ. — С.29.
фазояндаи гетист, муқаддасест, ки фазояндаи сарват аст, муқаддасест, ки фазояндаи мамлакат аст» («Яштҳо», бандҳои 1, 6).
Эзиди пурҷоҳу ҷалоле, ки дар «Авесто» борҳо бо эҳтиром ёд шудааст, Меҳр мебошад. Меҳр яке аз эзидони ниҳоят бостонии мардуми ориёӣ буда, замоне доманаи парастишу ниёиши ӯ ба бахши аъзами Осиё ва Аврупо густариш ёфта буд.1 Номи ӯ на танҳо дар «Ригведа» дида мешавад, балки дар ҳуҷҷатҳои сулолаи Митонӣ — яке аз нахустин қавмҳои ориёӣ дар қарни Х1У-и қабл аз мелод воқеъ дар Байнаннаҳрайн мундариҷ аст. Дар «Авесто» Меҳр эзиди Хуршед нест, балки фариштаи анвори минавист. Ӯ пеш аз Хуршед бархоста, чун эзиди ростӣ нигоҳбони аҳду паймон аст, сониян чун эзиди рӯшноӣ ёридиҳандаи рӯйиши гиёҳон ва болиши ҷонварон аст.
Аз ин муаррифии амшоспандон — ҳамкорони наздики Аҳуромаздо ва чанд тан аз эзидони ӯ бармеояд, ки зиндагии шарофатмандонаи инсон ва ҳаёти мураффаҳи тамоми ҷонварони муфид ҳадафи асосии дини маздаясно мебошад. Муъмини зардуштӣ дар он сурат файзу баракати худовандиро ба даст меоварад, ки ба гуфтаи Пури Довуд, мисли Баҳман андешаи некро сармашқи кори худ кунад, мисли Урдибиҳишт росту дуруст ва ҳақиқатҷӯ бошад, мисли Шаҳривар дар анҷоми кори нек муътақид буда, тавоноии худро эҳсос намояд, мисли Исфандормаз нисбат ба ҳамдинон меҳру муҳаббати фаровон дошта, барои ибрози некӣ неруи худро дареғ нанамояд. Мутобиқи «Авесто» кору кӯшиш сарчашмаи файзу баракат, ростию дурустӣ саодати ҷаҳони моддӣ ва маънавист. Касе шойистаи фармондеҳию бартарӣ хоҳад шуд, ки худ сари итоат ба даргоҳи Худованди Бузург фуруд оварад, аз Сурӯш — эзиди бурдборию итоат панд бигирад, хонаи касе обод аст, ки дили Арт — эзиди сарватро нарм карда, мутаваҷҷеҳи худ созад, хонаи касе гарму меҳрогин аст, ки Озарро муҳтарам шумурда, ба ӯ ниёишу назр бибарад, касе аз галаю рама бархурдор шавад, ки эзиди Гӯш (Гушурван) — муваккили чорпоёни судманд аз таваҷҷуҳи вай ба ҷонварони аҳлӣ хушнуд бошад, Тиштрйа — фариштаи борон киштзори касеро серобу пурҳосил кунад, ки аз дастгирии мустамандону бечорагон дар роҳи худованд дареғ наварзад, касе ҳамеша пирӯзу сарфароз бошад, ки ҳамеша ба аҳди худ вафо карда, Меҳр — посбони аҳду паймонро наозурда бошад, касе аз бедоду ситами ҷафокорон дар амон хоҳад буд, ки худ аз роҳи адлу инсоф нагашта, бо Рашну — фариштаи муваккили адлу инсоф муттаҳид бошад. Равону фурӯҳарҳои ниёгон барои хонадони касоне аз даргоҳи парвардигор бахшойишу файзу баракат дархост мекунанд, ки
__________________________
1. Куман Ф. Ойини пуррамзу рози митроӣ. Разӣ Ҳ. Ойини меҳр. Иборат аз 2 ҷилд. — Теҳрон, 1381.
аъзои он хона покиза ва бо доду диҳиш бошанд, ҳумон илму дониш — Чисто ба сари касе соя афканад, ки парҳезкору порсою худотарс бошад. 1
Китоби муқаддаси бостонии ниёгони мо таълим медиҳад, ки зиндагӣ неку шариф буда, неъмати Худовандист. Ҷаҳон ва он чӣ дар рӯйи он қарор дорад, муқаддас буда, шодию сурур муҳаббати эзидист. Дар «Фарвардин-яшт», банди 9 перомуни табиату мавҷудоти зебои он бо ибороти зебою шоирона чунин омадааст: «Замини фарохи Аҳуроофаридаи баланду паҳн. ҳомили чизҳои зебою саросар ҷаҳони моддист, чи ҷондору чи беҷон ва кӯҳҳои баланду чарогоҳҳои бисёр ва оби фаровон бар он аст».
Устод Иброҳим Пури Довуд дар «Яштҳо» чунин оварда: «Он чи муаррихони қадими Юнон мисли Ҳеродот, Ксенофонт ва ғайра роҷеъ ба ҷалоли Эронзамин навиштаанд, дар «Авесто» ҳам ба хубӣ пайдост, басо дар онҳо дар бораи қасрҳои садсутуни дурахшон, бистарҳои муаттар, чархҳои дурахшон, гардунаҳои (фойтунҳои) хурӯшанда, аспҳои маст, тозиёнаҳои танинбарандоз, теғу тиру гурзҳо, найзаҳо ва хӯду ҷавшанҳои симину зарии, либосҳои фохиру зарбофт, тоҷу тавқу гӯшвораю дастбандҳои гавҳарнишон сухан рафтааст». 2
Дар дини маздаясно зиндагонӣ муқаддас шумурда шуда, хушии ояндаро шарти бадбахтии кунунӣ надонистаанд. Дар он инсон бояд тамоми лаззатҳои дунявиро истиқбол намуда, ҳар он чиро, ки аз он фоидаю суде мерасад, дӯстдору хостгор бошад: «Ба ҳамаи чизҳои хубу нек дуруд мефиристем» («Ясно», ҳоти 42, банди 3); «Пайкарҳои куллияи офариниши муқаддасро мо меситоем» («Яштҳо», банди 22).
Ба иборати дигар, ниёкони мо чунин ҳисоб мекарданд, ки ҳар чизи Аҳуроофарида хубу нек аст ва аз лиҳози сохтмон комилу нотакрор мебошад Яке аз тафовутҳои куллии мардуми ориёӣ иборат аз он аст, ки онҳо зебоиро ба хубӣ ташхис медоданд, онро тараннум мекарданд, ситойишу ниёиш мебурданд. Зебоӣ чизест, ки ба нумӯю инкишофи инсон мусоидат карда, василаи хушӣ ва рифоҳу осойиш вайро фарохам меоварад. Ҳар ашёи табиат мазҳари зебоӣ ва камолоти худованд аст. Эҳтирому бузургдошти ҳар яке аз онҳо ситойишу бузургдошти офаридгор мебошад. Тавре ки зикр гардид, дар «Вандидод» ба чунин сатрҳо бармехӯрем: «Зардушт аз Аҳуромаздо пурсид: — Ай офаридгори поки ҷаҳони моддӣ, чӣ гуна ситойиши ту ба ҷой оварам? Он гоҳ Аҳуромаздо дар посух гуфт: — Ай Спитамени Зардушт, ту бояд наздики гиёҳи аз замин рӯйида равӣ ва чунин гӯйӣ: — Дуруд,
__________________________
1. Пури Довуд. Яштҳо. Ҷ. 11. – С. 11-24.
2. Пури Довуд. Яштҳо. Ҷ.1. — С. 113.
ба ту, ай гиёҳи зебои тавонои хубрӯйида, ту ай неки Маздоофарида, ай гиёҳи муқаддас» (Бандҳои 17-18).
Мутолиаи тамоми бахшҳои «Авесто» моро ба ин хулоса меоварад, ки таълимоти Зардушт ҳосили андешаҳое мебошад, ки дар кору фаъолият имтиҳон гардидааст. Дар ойинҳои дигар дар баробари даъватҳое, ки барои кору ғайрату кӯшиш ба амал омадааст, мавридҳои дигаре низ пайдо мешаванд, ки гӯшанишинӣ ва қаландарию дарвешӣ сутуда шудааст. Хушию хуррамӣ, шодию сурур падидаҳое ҳастанд, ки инсон бояд аз онҳо истифода кунад. Ин падидаҳо офаридаи Аҳуромаздо ҳастанд ва аз онҳо набояд худро маҳрум сохт.
Душманӣ. бадбинӣ, хусумат, хашм, дурӯғ, танбалӣ, беғайратӣ девони офаридаи Аҳриман ҳастанд. Ҳар касе, ки дар роҳи ростӣ, ҳақиқат, шарофат аз худаш диловарӣ, тавоноӣ, кӯшиш, ғайрат ва ҷидду ҷаҳд нишон медиҳад, дар ҷаҳони моддию ухравӣ подоши Аҳуромаздоро дарёфт хоҳад кард. Дар фаргарди сеюми «Вандидод» паёмбари маздаясно ва худованди ӯ чунин саволу ҷавоб мекунанд. «— Эй офаридгори ҷаҳони поки моддӣ, тағзияи (ғизои) ойини маздаясно аз чист? Он гоҳ гуфт Аҳуромаздо: — Ай Спитамани Зардушт, ойини маздаясно вақте тағзия ёбад, ки мардум бо ғайрату кӯшиш гандум бикоранд, касе ки гандум мекорад, ба ин мемонад, ки ростӣ меафшонад ва дини маздаясноро пеш мебарад» (Бандҳои 30-31).1
Тавре ки дида мешавад, паёмбари ориёӣ ойини маздаясно ва заҳмату кору кӯшишро дар ду паллаи як тарозу гузошта, на танҳо мавҷудияти дин, балки ба таври умум зиндагиро марбут ба он медонад. Мутобиқи гуфтаи Плутарх, нахустин миллате, ки кори зироатро як амри муқаддас шумурд, ориёиҳо буданд. 2
Яке аз хусусиятҳои беҳтарини ниёгони мо муҳтарам доштани замин аст, ки маҳди ҳаёт буда, тамоми хушиҳои зиндагӣ ва нозу ниёзи мо аз он сарчашма мегирад. Мутобиқи навиштаи «Сад дар наср», ободонӣ, кишту варз савоби бузург шумурда шуда, заҳмату кор то ба дараҷаи тақдис расонида шуда буд. Чанд банди фаргарди сеюми «Вандидод», ки дар зер оварда шуда, саволу давоби Зардушт ва Аҳуромаздост, инро ба субут мерасонад: «- Ай офаридгори ҷаҳони поки моддӣ, дар куҷо замин, нахуст, беш аз ҳама ҷо шод аст?
Он гоҳ гуфт Аҳуромаздо: — Ба ростӣ, ай Спитамони Зардушт, дар он ҷое, ки мардумон худопараст бошанд ва ба ситойишу ниёиш пардозанд.
_____________________________
1. Пури Довуд. Яштҳо. Ҷ. II. — С.138.
2. Меҳрин М. Тамаддуни Эрони бостон. — С. 138.
(Банди 1): Дуюм, дар куҷо замин беш аз ҳама ҷо шод аст? Дар он ҷое, ки марди порсою покдомане хона барпо кунад ва он хонаро аз зан, фарзандон, гала бархурдор созад ва дар он ҳар чизе, ки бо он зиндагӣ хуш аст, фаровон бошад (Банди 2, 3); Сеюм, дар куҷо замин беш аз ҳама ҷо шод аст? Дар он ҷое, ки бештар аз ҳама гандум, гиёҳ ва дарахтҳои мева бикоранд, бар он ҷое, ки замин хушк асту об расонанд ва бар он ҷое, ки замини ботлоқро хушк намоянд» (Банди 4).
«- Ай офаридгори ҷаҳони поки моддӣ, бар куҷо замин ношод аст? Он гоҳ гуфт Аҳуромаздо: — Ай Спитамони Зардушт, замин ношод аст, агар замоне шухм нашуда, боир бимонад, монанди зани зебоандоме, ки муддатҳо аз фарзанд бебаҳра монда, орзуманди мардест» (Банди 24); Ай Спитамони Зардушт, касе, ки дар рӯйи замин бо дасти чапу рост ва бо дасти росту чап киштукор кунад ва онро борвар созад, гӯё чунон аст, ки марди азизе ба бистари зани азизе дарояд, ин яке аз фарзанд борвар гардад ва он дигаре аз хирман (Банди 25); Ай, Спитамони Зардушт, касе, ки дар рӯйи замин бо дасти рост ва бо дасти росту чап киштукор кунад, замин ба ӯ чунин гӯяд:" — Ай марде, ки дар рӯйи ман бо дасти чапу рост ва бо дасти росту чап кор кардӣ, ҳамеша ман дар оянда борвар хоҳам буд, ҳамеша баҳрабахш хоҳам монд, ғайр аз хирмани хуб, дар рӯйи ман ҳар неъмату хушӣ дарёфт хоҳӣ кард» (Бандҳои 26-27). 1
Аз маъхазҳо маълум мешавад, ки Дорои I сатрапи Осиёи Сағир ба ном Кадатесро аз ин ҷиҳат ба ҷоизаю подош муносиб донист, ки тавониста буд дарахтони мевадори он сӯйи дарёи Фуротро дар заминҳои дурдасти Осиёи Хурд парвариш диҳад. Касе, ки заминҳои хушкро обёрӣ мекард, аз маҳалли дурдаст оби наҳр ҷорӣ месохт, то панҷ насл аз молиёту боҷ озод мегардид. 2
Ойини маздаясно бекорон, танбалон, беғайратон ва муфтхоронро танбеҳу мазаммат карда, онҳоро ба сафи муъминони худ шомил намесозад. Дар фаргарди сеюми «Вандидод», Аҳуромаздо ба паёмбари худ чунин мегӯяд: «Агар касе дар рӯйи замин бо дасти чапу рост ва дасти росту чап киштукор накунад, замин ба ӯ чунин гӯяд: — Ту ай касе, ки бо дасти чапу рост ва дасти росту чап дар рӯйи ман кор накардӣ, ту бояд дар оянда пушти дари дигарон такя зада, ба по истӣ ва рӯзии худро аз онон гадоӣ кунӣ, хӯроки пасмонда ва нонрезаҳо, ки аз даҳони дигарон афтодааст, насиби
________________________
1. Пури Довуд. Яштҳо. Ҷ. II. — С.433-434.
2. Дандамаев М. Политическая история Ахеменидской державы. — С.22.
ту хоҳад шуд ва аз дастурхони касоне, ки дар фаровонию осойишу хушӣ зиндагӣ мекунанд, чунин чизе ба ту хоҳад расид» (Банди 28-29).
Ойини маздаясно болои се ситораи тобноки ахлоқи инсонӣ — пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек устувор аст. Ин се сухани бузург, ки дирафши ниёгони мо буда, имрӯз мо ба боди фаромӯшӣ супурдаем, тақрибан дар ҳар саҳифаи «Авесто» такрор шудааст. Ин се ибора тамоми аъмоли некеро, ки аз тарафи пайравони дин дар ҳар ҷо анҷом пазирад, ба доираи муқаддаси худ шомил месозанд. Мувофиқи дастури динӣ, ҳар касе ки дар ҷараёни фаъолияти хеш ин се унсурро роҳнамойи зиндагии худ карда бошад, ба ганҷинаи натиҷаҳо ва ба файзу баракати худовандӣ даст хоҳад ёфт. Паёмбари маздаясно чунин мегӯяд: «Марди доно ба гуфтори нек қаноат намекунад, балки кору кирдоре, ки аз андешаи нек ва Ваҳуман бархостааст, анҷом медиҳад» («Ясно», ҳоти 34, банди 10).
Паёмбари бузурги ниёконамон гузаштагони тоисломии моро ба пояи ин се ҳақиқати ҷовидона ба сӯйи қуллаҳои баландтарини инсонӣ раҳнамойӣ мекард. Дар «Готҳо» Зардушт аз умматони худ тақозо мекунад, ки дар пиндор, гуфтор ва кирдори худ мисли худи Аҳуромаздо поку беолойиш бошанд. Ӯ дар ин бора гуфта: «Аз ту мепурсам, аӣ Аҳуро, ба ростӣ маро аз он огоҳ фармо. Ҳамчунон, ки ман аз ойини ту пайравӣ мекунам, орзу дорам, ки дар ҳар чиз ба ту шабоҳат дошта бошам ва дӯстони худро низ таълим диҳам, ки дар андешаю гуфтор аз ту пайравӣ намоянд ва порсоиро пешаи худ созанд» («Ясно», ҳоти 44. банди 1).
Ҳадафи Зардушт дар ойини маздаясно дар сатҳи баланди наҷобату тақаддус қарор дошта, ният дорад, тамоми башар ва ҳар фарди онро ба сатҳи баландтарини камолот ва тааққулу тамаддун, яъне то ба остони парвардигор бирасонад. Дар таърихи башар орзуи бузургтарин ва хирадмандтарин намояндагони ҷамъияти инсонӣ чунин будааст. Ба яқин, ниёи мо — Зардушт аз нахустини онон буд «Таманно дорам, ай Маздо, касе, ки роҳҳои поку покизаи некукориро таълим диҳад, дар ду ҷаҳони ҷисмонию минавӣ ба саодату некбахтӣ ноил гардад. Марди порсо ва саховатманд некию некукориро ба хубӣ мешиносад ва ба ту, ай Маздо, шабоҳат дорад ва ба ту мемонад» («Ясно», ҳоти 43, банди 3).
Инсон мутобиқи ойини маздаясно ду роҳ дорад: яке роҳи ростию дурустӣ, ки мушкилу тоқатфарсост ва дигаре муқобили он аст. Ақл ба инсон барои он дода шудааст, ки роҳи дурусту оқилонаро пеш гирад. «Касоне, ки хиради хабису зишт бар онон нуҳуфта, хашму хушунат дар худ мепарваронанд ва дар баробари кирдори неки дигарон амали баду накуҳида анҷом медиҳанд ва аз чунин амал шоду хурсанд мегарданд, ин ашхос ба деву ифрит яксон мебошанд ва аз дину ойини хиради баду хабис пайравӣ менамоянд» («Ясно», ҳоти 49, банди 4).
Ҳазорсолаҳо пештар паёмбари баргузида вазъи кунунии ҷомеаи моро пешбинӣ карда, дар мисоли пешвоёни мазоҳиби дигар ва хонадонҳои сарватманди даврони худ ба наслҳои кунунии қавми худ ҳушдор додааст: «Нафрини ту, ай Маздо, ба касоне, ки мардумро ба табоҳӣ раҳнамойӣ мекунанд ва ин амалро хубу нек мешуморанд Аз онҳо ҳастанд Карапанҳо, ки молро нисбат ба ҳаққу ҳақиқат бартарӣ медиҳанд ва дар ҷустуҷӯйи тавоноию зӯрмандӣ ҳастанд, то ба иртикоби бадию зиштӣ даст бизананд» («Ясно», ҳоти 32, банди 12).
Дар дигар бандҳои «Ясно» омадааст: «Касоне ҳастанд, ки тавоноию қудратро дар роҳи касби шуҳрат ба кор мебаранд. Онон ҳастанд, ки ҷаҳонро ба табоҳӣ мекашанд. Ҷуз нолаю фиғони одамиён ба чизе ниёз надоранд. Ин табаҳкорон аз кайфари (ҷазои) сахте, ки ба василаи таълимоти нораво ба сӯйи худ ҷалб мекунанд, огоҳӣ надоранд. Ту ҳастӣ, ай Маздо, ки аз гуноҳони онон огоҳӣ» («Ясно», ҳоти 32, бандҳои 7, 13); «Мардони кару нобино, ки на мешунаванду на мебинанд, даст ба дасти якдигар додаанд, то ба кирдори зишту палиди худашон ҷаҳонро ба вайронӣ расонанд. Ин мардум ҳангоме ки пас аз марг ба пули Чинват (Сирот) расанд, барои ҳамеша роҳи ҷаҳони дӯзах дар пеш мегиранд ва ба нолаю фиғон мепардозанд» («Ясно», ҳоти 46, банди 11).
Яке аз масоили муҳиме, ки «Авесто» муқаррар таъкид мекунад ва ба хусус дар таронахон паёмбари бузург дар «Готҳо» инъикоси худро ёфтааст, масъалаи адолату додгустарист.
Касе, ки ба рукнҳои умдаи мазҳабӣ таваҷҷуҳ намекунад ва ё бар зидди ҳаёти шарофатмандонаи ҳамқавмони худ дастдарозӣ мекунад, аз баракоти худованд мустафид нахоҳад шуд. Ин бэ хусус ба пешвоён ва қозиёну додгустарон тааллуқ дорад, ки перомуни ҳар амали нағз ё бад қазоват карда, ба мардум дарси адолат медиҳанд: «Додраси додгар (Рату) бояд бо дурӯғгӯю бадкирдор ва бо ростгӯю накукор бар тибқи ойин ва қонуне, ки дар оғози ҷаҳон вазъ шудааст, рафтор намояд» («Ясно», ҳоти 33, банди 1).
Беадолатии маҳкама ва набудани ҳаққонияти қазовату қозӣ бунёди ҷомеаро тахриб карда, боиси густариши фасоду зиштӣ мегардад: «Қозии фосиду хиёнатпеша рӯҳу равони одамиро ба беморӣ гирифтор мекунад. Адлу додро чунин қозӣ ҷареҳадор (ҷароҳатнок) месозад ва ба андешаи неки Ваҳуман 1 ба машварат намепардозад ва Спантамайнюро 2 ранҷ медиҳад» («Ясно», ҳоти 49, банди 2).
Ва Зардушт ба худованд рӯ оварда, орзую омоли худро дар ин бобат чунин иброз медорад: «Таманно дорам, ай Маздо, баракоти худро шомили ҳоли қозии одил ва додраси некукор бисоз ва қозии хиёнатпешаро ба дасти деви Друҷ 3 биспор. Ба ҷуз Ваҳуман — амшоспанд омӯзгори дигарро намепазирам ва ҳар гуна робитаю дӯстӣ бо дурӯғпарастро аз худ қатъ мекунам» («Ясно», ҳоти 49, банди 3).
Чун инсон ҳамеша дар фарозу нишеби зиндагӣ саргардон аст, бояд чароғи ростиро дар аъмоқи дили худ ҳамеша равшану покиза нигоҳ дорад. Тавре ки пештар зикр гардид, дар ойини маздаясно дурӯғ шадидтарин, бузургтарин ва нобахшиданитарин гуноҳи инсон аст.
Аз забони чунин подшоҳи бузурге мисли Дорои ҳахоманишӣ (522-486-и то мелод) шунидани суханони зер, ки дар сангнабиштаҳои Беҳсутун мастур аст, ниҳоят ибратбахш мебошад: «Ту, ай касе, ки баъдҳо шоҳ хоҳӣ шуд, махсусан аз дурӯғ бипарҳез, агар туро низ орзуи он аст, ки мамлакати ман пойдор бимонад. Ҳар кӣ дурӯғ гуфт, ӯро ба сазои сахт бирасон… Ба ёрии Аҳуромаздо басо корҳои дигар низ ба тавассути ман сурат гирифт, ки ҳамаи онҳо дар ин катиба навишта нашуд, ба ин мулоҳиза, ки баъдҳо ҳар кӣ инро бихонад, аъмоли ман бар назараш газоф (муболиға) наёяд ва ҳама онро бовар кунад ва дурӯғ тасаввур нанамояд. Инак, он чӣ ба тавассути ман анҷом гирифт, бовар кун. Аҳуромаздо ва соири бағон (эзидон) маро ёрӣ намуданд, зеро ки на ман ва на хонадони ман ситамгару дурӯғгӯ нестем. Эй касе, ки баъд шоҳ хоҳӣ шуд, ба он касе ки дурӯғгӯ ва ситамкор аст, дӯстӣ маварз, ӯро ба ҷазои сахт бирасон».
Ҷолиб аст, ки чунин подшоҳи тавоно, ки империяи ҷаҳониро зери тасаллути худ дорад, перомуни яке аз хусусиятҳои зишти инсонӣ — дурӯғ чунин ибрози нигаронӣ карда, душмании ошкорои худро нисбат ба он эълом медорад
Мутобиқи «Авесто», касе, ки дурӯғ ба забон меоварад, на танҳо ин ва он ҷаҳони худро барбод медиҳад, балки сухани дурӯғи базабоновардаи вай ба атрофиён низ сояи наҳс афканда, боиси фалокати онон мегардад. Ҷамшед то замоне пирӯзманду комгор буд, ки дурӯғ ба забон наовард ва аз сиёсати дурӯғин пайравӣ накард. Вақте ки чунин кард, на танҳо
_________________________________
1. Вуҳуман, Ваҳиштем Манангҳу — Андешаи беҳтарин.
2. Спэнтамайню — Хиради муқаддас.
3. Друҷ (дурӯғ) — деви муҳиб, яке аз ёварони наздики Аҳриман буда, баъзан худи ӯ бо ҳамон ном хитоб мешавад.
худи ӯ аз зиндагӣ маҳрум гардид, балки суханон ва амали дурӯғини вай ба сари мардуми Эроншаҳр сояи наҳсу палидӣ афканда, онҳоро дар тӯли ҳазор сол бандаи Заҳҳоки ситамгар кард. Дурӯғ дар дини ислом низ сахт мазаммат гардида, мусулмонон вуҷуди онро сиёҳӣ, торикӣ ва сустии имон донистаанд.
Масъалаи муҳими дигаре, ки дар «Авесто» дар миёни одоби писандида ва ахлоқи ҳамида ҷалби таваҷҷуҳ мекунад, далерию родмардист. Саросари «Авесто» ва бахусус «Яштҳо» пур аз паҳлавонӣ, мардонагӣ, размандагӣ, шуҷоату далерӣ, аспдавонӣ ва тирандозию бебокии амшоспандон ва фариштагон, паҳлавонон ва далерон аст, ки сар то по ғарқи аслихаи симину зарринанд. Вале теғи буррони муборизаи ҳамаи онон бар зидди дурӯғ, палидӣ, беадолатӣ, зиёноварӣ ва неруҳои дигари аҳриманӣ равона шудааст. Паёмбари дин чунин иброз медорад: «Вазифаи инсон мубориза ва аз зиндагӣ зудудани зиштию палидист».
Робиндранат Такур дар бораи чунин хусусияти мардуми ориёӣ ин тавр ибрози назар мекунад: «Онҳо мехостанд бо қувваи маниши пок ва эътимод ба нафс истиқомати ҷаҳонро обод ва аз неъмати Хурдод 1 баҳраманд шаванд, то дар ҷаҳони дигар низ ба бахшойиши Амрдод 2 комраво гарданд». 3
Дар ойине, ки дунё майдони корзори некӣ бо бадӣ хонда шуда, аз инсон тақозо гардидааст, ки бар зидди бадию зиштиҳои аҳриманӣ ҷавонмардона мубориза барад, нотарсӣ, рашодат, далерию бебокӣ қадру манзалати барозандае доштааст.
Мувофиқи муҳтавои «Авесто», як нафар маздаяснони хуб касе нест, ки танҳо аз бадӣ парҳезад, фақат ба таловату ибодат пардозад, балки касест, ки ба муҳтоҷону мустамандон кӯмак кунад, ононро ба роҳи ростӣ ва дурустию заҳмат ҳидоят намояд. Ҳар инсони комил, бахусус, пайрави дини маздаясно муваззаф аст, ки падари маънавии дигарон бошад, роҳи дурусти зиндагиро омӯзад, раҳнамойӣ кунад. Зардушт дар «Готҳо» мегӯяд: «Ай Маздо Аҳура! Ҳар гоҳ ашавани 4 некогоҳи тавоное, ки худ ба дурустӣ зиндагӣ мекунад, друванди 5 хостори ёрӣ, хоҳ ба фармони эзидӣ, хоҳ аз хешкории (масъулияти) динӣ ба гармӣ пазирад, метавонад бо хирадмандии хеш ӯро биогоҳонад ва аз газанду табоҳӣ бираҳонад» (Ҳоти 46, банди
___________________________
1. Хурдод — фариштаи сарсабзӣ, расоӣ ва камолот.
2. Амрдод — фариштаи ҷовидонагӣ, бемаргӣ.
3. Меҳрин М. Тамаддуни Эрони бостон. — С 145.
4. Ашаван — пайрави дини маздаясно ва инсони ҳақиқатҷӯю росткирдор.
5. Друванд — нодону дурӯғгӯ ва рақиби ашаван.
5); «Аммо агар он марди тавоно ӯро напазирад, худ ошкоро ба друвандон хоҳад пайваст» (Ҳоти 46, банди 6).
Яке аз дуоҳои муҳимтарини маздаясноӣ, ки тибқи «Авесто», пеш аз офариниши ҷаҳон ва пас аз офариниши амшоспандон ба вуҷуд омадааст, «Ята Аҳу Вайирю» ном дошта, номи он аз се калимаи аввали дуо гирифта шудааст. Матни тоҷикӣ — форсии ин дуо дар тарҷумаи Дармстетер чунин садо медиҳад: «Иродаю хости худованд дастури хайру некист. Хайроти Баҳмани амшоспанд ба хотири аъмоли некест, ки дар ҷаҳон ва дар роҳи Маздо анҷом мешавад. Касе, ки мустаманду бенаворо ёрӣ намояд, шаҳриёрию фирӯзии Аҳуроро дар ҷаҳон афзун медорад». 1
Миллер — яке аз авестошиносони маъруф, ки солиёни умри худро ба омӯзиши ин ойини муқаддас бахшидааст, дар ин бора чунин нигоштааст: «Ҳама огаҳанд, ки агар аз он пайравӣ шавад (аз пиндор, гуфтор ва кирдори нек), ҷаҳон аз марги зиштию гуноҳ раста ва ба зиндагии ростию дурустӣ роҳ меёбад. Ойини маздаясно ойини амалию соддаест, ки ба кор бастанаш сабаби ободонии замин, шодмонии мардумон ва густариши доду меҳру озодагист». 2
Ойини маздаясно бар хилофи ойинҳои дигар тақдири инсонро ба дунболи худ намекашад, балки инсон пешопеши сарнавишти худ ҳаракат мекунад. Беш аз пеш ӯ мустақил аст, то роҳу равиши худро дар ҷаҳони моддию маънавӣ мушаххас намуда, барои файзу баракати худ ва ободонии ин ҷаҳон бикӯшад ва инояти худовандиро дар ҷаҳон сазовор гардад. Он халқ хушбахту ҷовид аст, ки бо ниёгони худ пайванди ногусастанӣ дорад. Он халқ боз бештар сарбаланду сарфароз аст, ки дар ҳар мавриди сахту осон барои машварат ва ниёгони худ рӯ оварда ва ҳамеша дар пайи он бошад, ки ба хазинаи пурбаҳои андухтаи гузаштагонаш аз худ чизе илова намояд.
Хушбахтона, ба шарофати дигаргуниҳои маънавию маданӣ таваҷҷуҳи мардум ва бахусус ҷавонони равшандил нисбат ба даврони бостон, нисбат ба ононе, ки дар сарчашмаи зиндагии насли кунунии халқи тоҷик қарор доштанд, нисбат ба ононе, ки «Готҳо» ва ба таври умум «Авесто»-ро ба вуҷуд оварданд, бештар гардид. Ва дар даврони соҳибистиқлолии давлати мероси қадимаи аз ниёгон баёдгормондаи мо дар фарҳанги худогоҳии миллии мо мақоми сазовори худро касб намуд.
________________________
1. Дармстетер Ҷ. Тафсири «Авесто» ва тарҷумаи «Готҳо». — С. 320-322.
2. Меҳрин М. Тамаддуни Эрони бостон. — С.30-31.