Боиси ифтихор аст, ки мардуми соҳибфарҳанг ва адабпарвари мо аз қадим ба осори бадеӣ ва шахсиятҳои фарзонаи илму адаб меҳру муҳаббати хосса изҳор мекунанд. Шояд ин аз он сабаб аст, ки шахсиятҳои тавонои адабӣ дар ҳар давру замон бо камоли масъулият дар асарҳояшон дарду армон, орзуҳои ширин, ишқу ҳиссиёти пурнаҷобат, талошу ҷоннисориҳои фарзандони муборизро барои ҳифзи Ватан, шарафу номус ва расму таомул, марзу бум зебою мондагор офарида, ба ин васила дар қалби мардум ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи беҳтарин арзишҳои миллиро ҷо кардаанд. Ба ин рисолати муқаддаси суханварӣ аз устод Рӯдакиву Ҳаким Фирдавсӣ то Садриддин Айниву Абулқосим Лоҳутӣ ва Мирзо Турсунзодаю Лоиқ Шералӣ бисёр адибони ба миллат вафодор содиқ мондаанд. Воқеан осори арзишманди аҳли ҳунар сарвати аслии миллат мебошанд. Ва боиси ифтихор аст, ки дар ҳар давру замон, новобаста ба фоҷиаҳои мудҳиши рӯзгор, дар осмони илму адаби тоҷик ситораҳои дурахшоне пайдо шуда, бо ҷилои андешаи солим, заковату офаридаҳои нав ба нав ба дили мардум нуру зиё бахшидаанд.
Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Арбоби шойистаи ҳунари мамлакат Сотим Улуғзода дар радифи фарзандони бузурги суханвари миллати тоҷик ҷою мақоми хосса дорад.
Сотим Улуғзода дар деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваллуд шуда бошад ҳам, чун як ҷигарбанди асили тоҷик аз солҳои сиюми садаи бист ба шаҳри Душанбе омада, ба хидмати матбуоту адабиёти тоҷик камар мебандад. Вай ба ҳайси шогирди содиқу бовафои устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ дар радифи Мирзо Турсунзода,
Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар хиштҳои нахустини адабиёти навини тоҷикро мегузорад. Дар замони пурошӯб, даврони теғу камон, зиёда аз ин сиёҳкориву тамғагузорӣ зиндагӣ ва эҷод кардан осон набуд. Бо вуҷуди ин Сотим Улуғзода бо роҳнамойии устод Айнӣ дар баробари кори рӯзноманигорӣ фаъолияти адабиашро аз навиштани мақолаҳо дар бораи шахсият ва осори классикони адабиётамон оғоз мекунад ва перомуни арзишҳои бадеии осори Рӯдакӣ. Дақиқӣ, Носири Хусрав, Ибни Сино, Саъдӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон рисолаву мақолаҳо ба нашр мерасонад. Ин навиштаҳои адиб, ки дар китоби «Намунаҳои адабиёти тоҷик» гирд омадаанд, дар замонҳои пур аз мубориза барои исботи ҳастии миллат ва адабиёту фарҳанги он аҳамияти беназир доштанд.
Соли 1940 Сотим Улуғзода ба мақсади такмили илму дониш барои таҳсил ба аспирантураи назди Институти адабиёти ҷаҳонӣ ба Маскав ва аз он ҷо ба ҷанг рафта, ба ҳайси хабарнигор дар сангарҳо хидмат мекунад. Охири соли 1944 ӯро аз ҷанг бозмехонанд ва охири соли 1946 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб мешавад.
Аз солҳои панҷоҳуми асри бист давраи сифатан нав ва барои муҳити адабӣ ва хонандаи тоҷик басо манфиатбахши эҷодиёти Сотим Улуғзода оғоз меёбад. Вай чун пайрави сазовори устод Айнӣ ба тасвири бадеии таърихи пурфоҷиаи халқи тоҷик ва шахсиятҳои беназири он камар мебандад. Ин мавзӯъ дар он замон барои эҳёи хотираи таърихӣ, худшиносии миллӣ, бедорӣ ва шинохти фарзандони фарзонаи миллат ва пайдо кардани эҳсоси бузурги ватанпарастӣ барои мардуми тоҷик чун обу ҳаво зарур буд, Ин роҳе буд, ки устод Айнӣ дар адабиёт шурӯъ кард, вале Улуғзода онро бо матонат ва бинишу ковиши чуқуртар идома дод ва садоқату эҳтиромашро ба таърихи миллат ва фарзандони ҷоннисораш нишон дод.
Маҳз аз баракати истеъдод ва килки сеҳрофарини Сотим Улуғзода хонанда, ҷомеаи Тоҷикистон ва берун аз он марҳала ба марҳала ба даврони пурэъҷози Сомониён ва рӯзғори пурфоҷиаи устод Рӯдакӣ дар драмаи «Қисмати шоир», муборизаи беамони мардум алайҳи аҷнабиён дар қиссаи «Ривояти суғдӣ», зиндагиномаи пур аз кашфу эҷоди Ибни Сино, Ҳаким Фирдавсӣ, Аҳмади Дониш, талошҳои ҷоннисоронаи Темурмалику Восеи диловар барои озодии халқу диёр аз ҷабру ситами ғосибон ошно шудаанд. Оре, Улуғзода пас аз устод Айнӣ ба қаҳрамонҳои таърихии миллат дар адабиёт умри зиндаву абадӣ бахшид.
Фаъолияти филмномаву драманависӣ ва тарҷумонии Сотим Улуғзода як саҳифаи дурахшони эҷодиёти нависанда ба шумор меравад. Вай аслан дар ин самти эҷодиёти худ ҳамон мавзӯи худшиносӣ, ҳақталошӣ ва эҳёи хотираи таърихӣ, ҳимояи Ватан ва шарафи инсониро таҳким бахшида шоҳасарҳои адибони дунёро рӯйи саҳнаи театри тоҷик овард. Аз назари устод Улуғзода, таҳқиқи бадеии таърих ва шахсиятҳои таърихӣ муроҷиат ба имрӯзу фардои миллат аст.
Хидматҳои бузурги нависандаи тавонои тоҷик Сотим Улуғзода дар рушди адабиёти навини тоҷик, тарбияти адибони ҷавон бо бисёр ордену медалҳои давлатӣ қадр карда шудааст. Бо амри Президенти мамлакат барои абадӣ гардонидани хотираи ӯ ба номи Сотим Улуғзода гузоштани Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон нишони олии қадршиносии шахсияти эшон, арзи сипоси мардум ва заҳматҳои беназири ӯ дар рушди адабиёту фарҳанги тоҷик мебошад.
Барҳақ, мутолиа ва омӯзиши осори пурғановати адиб барои хештаншиносӣ, эҳтироми таърих ва таҳкими сулҳу ваҳдат ва дӯст доштани Тоҷикистони азиз саҳми босазо мегузорад.