Шиблӣ
Пагоҳӣ бедор шуда бинам, ки дар хонаи дигар хобидаам. Ин хона ҳам монанди хонаи дирӯза камбағалона ва аз ҳар гуна зебу зинат холӣ буд. Дар паҳлуям бо ман таги як кӯрпа бародарам мехобид. Мехостам зудтар бубинам, ки ба чӣ ҷое омадем, бинобар ин зуд ҷомаю мӯзаамро пӯшида берун баромадам.
Яке аз амакзодаҳои ҷавонам дар рӯйи ҳавлӣ сари ду пой нишаста, бо теша ҳезум майда мекард. Зане дар як гӯшаи ҳавлӣ ба оташдон алов мемонд.
Саҳни ҳавлӣ хеле васеъ буда, аз ҷониби бог бо шохи дарахтон ва бо чиғҳо гирифта шуда буд; аз паҳлуи чиғ, қад-қади як ҷӯйча, ки обаш шилдиррос зада ҷорӣ мешуд, пайраҳае буд, ман давон-давон бо ин пайраҳа рафтам, вай маро ба ҳавлии берун баровард.
Дар тарафи ростам девори баланду дарозе дидам, ки ҳавлии берунро аз кӯча ҷудо мекард. Тарафи чап чорбоғи калоне буд, ки аз байни дарахтони мевадор канораи дигари он пайдо набуд. Дар байни он дарахтон танҳо якчанд хонаи пасти лойин намудор буд. Ҳаво гирифта, дарахтони боғ ҳама хазонзада, таги пой лойи часпак буд.
Таг-таги девор як ҷӯйи заҳбурмонанд ё заҳбури ҷӯймонанд буд, ки оби зарди кӯлмак дошт.
Манзара дилнописанд ва ғамангез! «Наход, ки мо минбаъд дар ҳамин ҷо зиндагӣ кунем? Деҳаи худамон аз ин ҷо беҳтар буд!» — мегуфтам ман дар дилам.
Амакам бо писарони зандораш дар як бино мезистанд. Ҳар оила дар он бино хонае дошт, ки дараш ҷудо буд. Рӯзҳои аввал оилаи моро ба ду-се хона тақсим карданд: падару модарам дар хонаи худи амакам, ман дар хонаи яке аз амакзодаҳоям, Азизхон дар хонаи амакзодаи дигарам истиқомат мекардем.
Амакам Исохон дар Тошканд таҳҷойӣ гашта, чаҳор писар ва як духтараш дар ҳамин ҷо калон шуда буданд. Ду писари калониаш: Исохонхӯҷа ва Эминхӯҷа, аёлу фарзанд доштанд, духтараш низ кайҳо ба шавҳар баромада, фарзандҳо ёфта буд ва дар гузари дигар истиқомат мекард. Ғайр аз амакам ва зану ду писари калониаш, дигар ҳамаи аъзоёни ин хонаводаи калон забони тоҷикиро фаромӯш карда буданд ва ӯзбекӣ гап мезаданд.
Мо ҳам забони ӯзбекиро медонистем. Модарам бошад, дар солҳои аввали ба шавҳар баромаданаш аз тоҷикӣ дида ба ӯзбекӣ беҳтар гап мезадааст, зеро дар деҳаи зойидашудаи ӯ Қӯрғон, ки дар байни деҳоти ӯзбек воқеъ шудааст, гарчанде забони гуфтугӯйи мардум як вақтҳо тоҷикӣ бошад ҳам, кам-кам ба ӯзбекӣ табдил шуда будааст.
Аҳли хонаводаи амакам пештар ҳам аз ваҷҳи манзил тангӣ мекашидаанд, акнун, мо ҳам омада бо онҳо дар манзили танг ҳамманзил шудем. Ду амакзодаи хурдиам, Исмат ва Юнусхӯҷа, ки аввалӣ сисола ва дуюмӣ бистушашсола буд, ҳоло безан буданд ва бо падару модари пирашон дар як хона меистоданд, аммо акнун, ки бо кӯчида омадани оилаи мо манзили танги онҳо тангтар шуда буд, маҷбур шуда буданд, шабҳо ба хонаи ошноҳощон ё ба самоворхонаҳои Шиблӣ рафта хоб кунанд.
Занони амакзодаҳоям ба расми хешовандӣ ва меҳмоннавозӣ чанд рӯзи аввал тоқат карданд, аммо баъд кам-кам пешониашонро чин кардан гирифтапд ва дар охир ошкоро ғур-ғур мекардагӣ шуданд. Модарам бо бачаи ширхораш дар хонаи бегона бисёр азият мекашид. Вай дар байни чанд рӯз худашро гиронда монд, сурхии рӯяш ба зардӣ гашт ва дар таги чашмонаш сояҳои кабуд пайдо шуданд.
Падарам саҳар баромада рафта шаб бармегашт, вай дар шаҳр кор меҷуст, то музде пайдо кунад ва ҷой суроғ мекард, то оилаашро кӯчонда барад.
Аммо ҳар дафъа бе ҳеҷ натиҷа ба Шиблӣ бармегашт.
— Мо барин бечораю бенаво бисёр будааст, — мегуфт вай. — Гала-гала мардуми гушна ғелидаю ҷӯлида аз деҳаҳо ба Тошканд омада истодаанд. Кӣ як порча нон диҳад, ҳар коре ки фармояд, мекунанд. Каллапаз якто без1 партояд, даҳ гушна дарафтида талош мекунанд.
Вай гоҳе Азизхонро ҳам бо худ гирифта мебурд.
Шаб, ки ба хона баргаштанд, ман аз бародарам мепурсидам:
— Ако, шаҳрро хуб тамошо кардӣ? Гуфта деҳ, чиҳо дидӣ?
Бародарам бо қаҳр ҷавоб медод:
— Дам шав!.. Худам ба чӣ ҳолу ин аз шаҳр гап мепурсад!
Ё ки:
— Дидагии маро ту надидӣ, — мегуфту дам мешуд.
Вай монда шуда, аксар вақт гушна монда, димоғаш сӯхта меомад ва бо ҳеҷ кас гап задан намехост. Танҳо вақти шаб, ки мо ҳар ду ба таги як кӯрпа мехобидем, вай кам-кам ба забон даромада, баъзе дидагиҳояшро ҳикоя мекард. Аммо ҳикояташ бароям ҳеҷ шавқовар набуд: вай аз бозор, аз дегҳои палав, аз нонҳои сафеди ширмол ва аз кабобҳои хушбӯй сухан меронду бас. Баъзан дар бораи ким-кадом касоне, ки падарамро ба кор гирифтан нахостанд ё дар бораи сагҳои газандае, ки ба ҳар дуяшон, яъне ба падараму бародарам ҳамла карда, онҳоро аз ким- кадом дару дарвозаҳо рондаанд, гап мезад. Ман бошам, аз вай ҳикояти шаҳри аҷоиб, ҳикояти «хонаҳои равони зангӯладор» ва монанди ҳамин чизҳои ғалатиро шунидаи мехостам.
__________
1Без — чарбу.
Хешовандони мо ба карточка нон мегирифтанд ва бо мо он нони худро боҳам медиданд. Хиҷолати ин барои мо аз ҳар чӣ бадтар буд. Иззати нафси падарам бисёр мекоҳид. Агар вай дар вақти сарсонию саргардонии худ гоҳо ягон кори тасодуфӣ пайдо карда ва чор-панҷ танга ба даст меовард, албатта, чандто нон ё каме орд харида оварда ба оилаи амакам медод.
Як рӯз мо дар хонаи амакам танҳо будем, ки модарам зор-зор гириста ба падарам шикоят сар кард:
— Ман дигар дар ин ҷо истода наметавонам Барои чӣ моро ба ин ҷо овардед? Агар мурдан бошад, дар деҳаи худамон мурем беҳтар буд, дар гӯристони деҳа ба мо ҳам се газ ҷой мешуд. Моро тезтар ба ягон ҷойи дигар кӯчонда баред! Беҳтар, ки дар оғилхона, дар катак зиндагӣ кунаму таънаи мардумро нашунавам.
— Дар ин зимистони қаҳратун ман туро ба куҷо мебарам? — гуфт падарам. Ва баъди хомӯшии дурудароз илова кард: — Боз камтар сабр кун, ман ягон илоҷ меёбам. Вай ба амакам гуфт, ки мехоҳад дар ҳавлии беруни ӯ як хонаи муваққатӣ андозад.
— Дар зимистон чӣ хел хона меандозӣ? — ҳайрон шуд пирамард.
— Ту рухсат деҳ, ба он тарафаш корат набошад.
Амакам рухсат дод. Падарам шаш-ҳафт адад ходаи дароз ёфта овард ва онҳоро ба девори баланди ҳавлии берун тамба карда монда, дар байнашон ду газ-ду газ фосила гузошт. Тамбаҳоро бо навдаҳо ба ҳам баст, ба болояшон шохи дарахт, қамиш, коҳу хошоку бӯрё андохт.
Баъд рӯйи онҳоро бо як қабат лойи ғафс пӯшонда, ловида партофт. Хоначае ба шакли нимхайма ҳосил шуд, ки бомаш якрӯя буд. Дар девори «хона» равзанаи чоркунҷа сохт, ки аз он рӯшноӣ медаромад. Фарши «хона»-ро ҳамвор карда, ҳамчунин бо коҳу хошоку бӯрё пӯшонд. Писарони амакам, Азизхон ва ман ба падарам ёрӣ додем. Вай бо ёрии мо ин «сохтмон»-ро дар давоми як рӯзи кӯтоҳи зимистон ба анҷом расонд.
Модарам омада хонаро аз назар гузаронд ва ягона девори хунуки заҳкашидаи онро даст-даст карда дида як оҳи сард кашид. Падарам ба вай тасаллӣ доданӣ шуда мегуфт:
— Коре карда то баҳор бароем, баъд аз он ба ягон ҷо мекӯчем.
Дар «хона» сандалӣ шинондем, намаду гилеми кӯҳнаамонро ба заминаш андохтем, сандуқ ва кӯрпаю болиштамонро оварда дар як кунҷак ҷо кардем. Ба даромадгоҳаш ба ҷойи дар палос овехтем, дар даромадгоҳ ба ҷойи кушод оташдон сохтем. Ба зиндагӣ сар кардем.
Ду-се рӯз гузашт, барфу борон борид ва он гоҳ маълум шуд, ки «хона»-и нави мо ҳеҷ истиқоматбоб нест.
Аз шифти «хона»-амон лойи обакӣ мерехт. Бар қасди мо зимистон ҳам сахт ва сербориш омад. Ҳар гоҳ агар борон ё барфи тар борад, ё ки барфи борида ба об шудан сар кунад, аз шифти «хона»-и мо муттасил, шаб ҳам, рӯз ҳам, калон-калон қатраҳои лойолуд мечакиданд. Ба ҳама ҷо-ба болои кӯрпа, сандалӣ, ба сару рӯйи мо, ба гаҳвораи Мухтор мечакиданд. Аз чакидан ҷойи гурез набуд.
Додари хурдтараки ман доим гиря мекард.
Ман ва Азизхон ба падару модарамон нолиш мекардем, ки аз ин хел зиндагӣ безорем. Аммо чора набуд. Модарам доим чеҳрааш хира буд, кам гап мезад. Саҳар аз ҳама барвақт мехест ва шаб аз ҳама дер мехобид,
Кӯдакашро парасторӣ мекард, хӯрок мепухт, либос мешуст, аз субҳ то шом кор мекард ва шаб боз бача мемаконд ва гаҳвора меҷунбонд. Гули рӯяш хазон шуда буд, ман метарсидам, ки мабодо мурда монад. Вай дар бораи марг бисёртар гап мезадагӣ шуда монд.
— Моро ба ин ҷо хок кашида овардагӣ барин, — мегуфт вай.
Падарам рӯзи дароз дар хона набуд. Вай ҳамоно дар ҷустуҷӯйи кореву шуғле саргардон буд ва ҳар касе ҳар гуна коре, ки фармояд, мекард. Агар пуле ба даст орад, чизе аз озуқа харида меовард. Бегоҳӣ ба хона бо қавоқи гирифта бармегашт. Модарам ба пешаш даррав ягон хӯрок бурда мемонду қавоқи гирифтаи ӯро дида дам намезад ва саволе ҳам намедод.
Ман хандаю бозиро фаромӯш кардам. Дастёри аввалини модарам будам, ҳеҷ ором надоштам. Вазифаи душворе, яъне ҳезумкашӣ дар ӯҳдаи ман буд.
Амакам тобистони гузашта, дар як гӯшаи холии боғаш ҷуворимакка корида будааст, баъди даравида гирифтани пояи ҷуворимакка бехи он, ки монда буд, аз замин як ваҷаб баромада меистод, — ман онро аз таги баргу лой берун мекашидам. Онро мо дар хонаамон ба ҷойи ҳезум месӯхтем. зеро ки ҳезуми дигар набуд. Дар рӯзҳои хунук, ки замин ях мекард, кашида баровардани бехи ҷуворимакка душвор мегардид, ман онро бо теша кофта мегирифтам. Бо ҳамин тарз як миқдор аз ин ҳезумворӣ ҷамъ карда ба хона мекашондам ва дарҳол ба сандалӣ нишаста дастҳои аз хунукӣ карахтшудаамро ба таги кӯрпа мехалондам, ки гарм шавад. Бехи ҷуворимакка пеш аз он ки сӯхта даргирад, соате дуд мекард. Дудаш тунди чашмхӯр буда, ба гирду пеш ва даруни «хона»-и мо мепечид.
— Тошканд ҷойи ганда будааст, — шикоят мекардам ба модарам — ҷойи худамон нағз буд. Барои чӣ дадом моёнро ба ин ҷо оварданд?
Боре падарам дар Шайхантаҳур ном маҳалли Тошканд якчанд рӯз ба як бой мардикорӣ карда, ба ҷойи музди кораш аз ӯ ду пуд оқшоқ1 гирифта овард. Қисми бештари оқшоқро худаш дар дастоси2 амакам орд кард. Фармуд, ки модарам аз он орд нон пазад ва бародарам он нонро дар бозор бурда фурӯшад, то барои хароҷоти рӯзгор маблағе ба даст ояд.
Нони орди оқшоқ бадхӯр мешудааст: онро дар гармиаш хӯрдан мумкин буд, аммо хунук, ки шуд, тахир ва дилноҷӯ мегардид. Модарам нонро аз танӯр кандан замон ба дастархон мепечонду дар сабад андохта ба сари бародарам монда медод, ки гармогарм бурда дар бозори Шиблӣ фурӯшад. Нонро ба ду қабат дастархон печонанд ҳам то расидан ба бозор ва пайдо шудани харидор вай хунук мешуд ки баъд ҳеҷ кас намехарид. Бечора Азизхон онро боз аз ду чақрим роҳ дар сараш бардошта ба хона меовард. Аз гаронии сабади нон гардани ӯ дард карда, сарашро базӯр мегардонд ва гиря мекард.
Падарам як бор аз ким-куҷо як ҷувол ангиштсанг ёфта овард. Мо аз он камтар-камтар ба сандалӣ меандохтем, як рӯз хунуки сахт шуд, шамоли хунук ки мевазид дар даромадгоҳи «хона» ба ҷойи дар овехтаамонро канда рафтанӣ мешуд. Даруни «хона» мисли яхдон буд, сандалӣ пойҳои моро гарм кунад ҳам, гӯшамонро хунук мепучид. Ман тоқат карда натавониста, кӯрпаро ба сарам кашидам. Дар ҳамин ҳолат хобам бурдааст. Як вақт ҳис кардам, ки хунук мехӯрам ва тамоми баданам аз сармо зиррос зада меларзид. Базӯр чашмамро кушода бинам, ки дар даруни барф хобидаам. Падарам як қошуқ ҷурғоти яхкардаро зӯр зада ба даҳони ман рехтанӣ мешуд, аммо ҷоғи ман маҳкам шуда, дандонҳоям ба ҳам часпида монда буданд, вай даҳони маро кушода наметавонист. Маълум шуд, ки маро ғубори ангишт гирифта будааст. Падарам маро дар ҳолати беҳушиам ба берун бардошта бароварда дар барф хобондааст, ки аз таъсири хунукӣ ба худ оям. Овози гиряи модарам ба гӯшам мерасид:
___________
1Оқшоқ — биринҷмайда.
2Дастос — осиёбчаи дастӣ.
— Писаракам нобуд шуд! Ин ангишти исқотмондаро аз кадом гӯр ёфта овардед?!
Дар ҳолати нимбеҳушӣ аз дилам мегузашт, ки бояд зудтар зинда будани худамро нишон дода, дили модарамро осуда кунам. Бо ин мақсад зӯр мезадам, ки дандонҳоямро аз ҳам барканда, даҳонамро кушояму ҷурғотро фурӯ барам ва ба модарам нигоҳ кунам, то вай бубинад, ки ман «нобуд» нашудаам.
Дар тамоми он зимистони наҳс ман танҳо як бор нағзакак гарм шудам, аммо ба ивази он қариб буд, ки ҳаётамро бахшам. Акнун, деҳаи дурамон ба мо сарманзили роҳат ва макони саодат менамуд. Ман намехостам бовар кунам, ки одамҳо ягон вақте дар Тошканд зиндагии беҳтаре карда бошанд.
«Аз барои чӣ дадом ҳамин хел одами боақлу кордон шуда истода, моро ба ҳамин хел ҷойҳои бад кӯчонда овардаанд?» — гаштаю баргашта ба худ савол медодам.
Модарам дигар китоб намехонд, аз дилаш байт намебаровард. Намегирист, аммо ханда ҳам намекард: рӯяш хира гашта, гӯё шах шуда монда буд, вай дигар ману Азизхонро намехононд, сабақхонӣ ба ману бародарам акнун монанди хобу хаёли ширине менамуд, ки ҳеҷ амали шудан надорад.
Модарам ба лофу газофи занҳо гӯш меандохтагӣ шуда монд, аз пештара даҳчанд зиёд ба фолҳои бад бовар мекард, шаб ҳар гуна хобҳои «бехосият» медид ва метарсид.
Шабе аз шабҳо вай ногаҳон дод зада аз ҷогаҳаш хест. Дид, ки мо ҳама дар паҳлуяш хобидаем, ором шуд ва хоби дидагиашро ҳикоя кард. Ман ҳам аз дод задани вай бедор шуда будам. Падарам чароғ даргиронд.
— Ба хобам обхез даромад, — гуфт модарам. — Ба дарё сели калон омада буд, сел маро гирифта бурд, ман дар миёни оби дамида даступо мезадам. Ба худам мегуфтам, ки аз ин сел халосӣ нест, вай ҳамаро гирифта мебарад. Дод гуфта шуморо ҷеғ задам, лекин аз шумо ҳеҷ касро надидам, хаёл кардам, ки сел шуморо гирифта бурдааст. Тарсида боз фарёд задам ва аз фарёди худам бедор шудам.
Аз шунидани ҳикояти ӯ падарам чин бар ҷабин кашиду сарашро хам карда, дам назада нишаст. Ману бародарам низ дам ба дарун кашида мехобидем. Дили моро ваҳм гирифта буд, зеро мо ҳам монанди падару модарамон ба хобҳои бад бовар мекардем. Модарам ҳар вақт мегуфт, ки агар одам дар хобаш ба ягон фалокат дучор шаваду аз он халос нахӯрад, маълум мешавад, ки аҷалаш наздик аст. Бинобар ҳамин, мо аз хоби модарамон сахт тарсида будем.
— Аҷали ман расидагӣ барин, — баъди хомӯшии дурудароз гиря карда гуфт модарам. Ману бародарам ҳам сарамонро ба кӯрпа печонда гиристем.
— Беҳуда худатро хафа накун: ту дар об ғарқ нашудаӣ, рӯ-рӯйи об рафтаӣ, иншоолло ҳеҷ воқеа намешавад, — хоби модарамро ба некӣ «таъбир» карда ӯро тасаллӣ доданӣ мешуд падарам.
— Одамизод дар пешониаш будагиро мебинад, ман ғами ҷони худамро намехӯрам, аммо аз ятим мондани фарзандонам метарсам, — гуфт модарам.
Баъди ин воқеа мабодо ки модарам мурад гуфта метарсидагӣ шуда мондам. Бе вай ҳоли мо чӣ мешавад? Ман ба вай аз пештара даҳчанд меҳрубонтар шуда будам. Ҳар коре ки фармояд, зуд ба ҷо меовардам. Гоҳо ба вай:
— Бибӣ, тӯмор овехта гардед, ба мазори Зангиато рафта шамъ даргиронед, — гуфта дилсӯзона «маслиҳат» ҳам медодам, зеро мегуфтанд, ки тӯмор аз чашми бад нигоҳ медорад ва ҳазрати Зангиато аз сари ихлосмандонаш ҳар балою офатро дафъ мекунад.
Кампирҳо ва ҳамсоязанҳои дигар ба модарам: «Ин гапро ба даҳони бача фариштаҳо андохтагӣ» гуфтанд ва ба вай қабули «маслиҳат»-и маро тавсия намуданд.
Модарам ба як нафар домуллои калон тӯмор нависонда, аз таги куртааш ба гарданаш овехта гирифт.
Як бор ба мазори Зангиато ҳам рафта шамъ монда омад.
Аммо бо вуҷуди ин, хотири ман аз ҳаёти модарам ноҷамъ буд. Баъзе шабҳо тарсону ҳаросон бедор шуда, дар торикӣ оҳиста ба наздаш мехазидам ва гӯш меандохтам, ки нафас мегирад ё не. Чун мешунидам, ки нафас мегирад, хотирҷамъ шуда боз ба ҷойгаҳам даромада мехобидам.
Ба завод
Мо ҳеҷ вақте ин қадар бесаброна интизории баҳорро накашида будем, чуноне ки дар Шиблӣ дар он зимистони пурмашаққат, дар он гуруснагӣ ва ғарибӣ интизории онро мекашидем.
Ба Тошканд мо фақат се моҳ пеш омада будем, вале ин се моҳ ба мо чандин сол барин намуд. Зимистон намерафт ва баҳор намеомад, гумон мекардем, ки хунукӣ, рутубат, барфу борону шамол поён надоранд, нимторикии козаи мо, гиряи Мухтори хурдтарак, дуди бехи ҷуворимакка, нони оқшоқ, хобҳои воҳиманоки модарам поён надоранд; сарсониҳои падарам дар ҷустуҷӯйи ризқи аёлу фарзанд поён надоранд.
Падарам дастҳои пурзӯри кормуштоқашро ба ҳар коре, ки рост ояд, мезад, — барои вай аз музди кор ҳам дида худи кор бошад бас буд. Вай баъзе рӯзҳо, агар ба корҷӯйӣ наравад, каландашро гирифта ҷӯйҳои боғи амакамро тоза мекард ё ҷойҳои ғалтидаи девори боғро лой мезад.
Каланд задан ё девори кӯҳнаеро як лагад зада ғалтонидани вай бародари мӯйсафедашро ба шавқ меовард. Амакам Исохон қоил шуда ба ӯ мегуфт:
— Худо ба ту аҷаб зӯру қувват дода будааст, Умархон!
— Ҳо, лекин мулк надод, обу замин надод, ки ман ин зӯру қувватро дар онҳо кор фармоям, — ҷавоб медод падарам.
Дар яке аз рӯзҳои аввали баҳор падарам аз шаҳр ба хона аввалин бор шоду хуррам баргашт.
— Мо пагоҳ ба завод мекӯчем! — хабар дод вай. Модарам аз ин хабар чандон хурсанд ҳам нашуд, — вай боварӣ надошт, ки дар ягон ҷойи дигар зиндагонии мо беҳтар мешуда бошад, — лекин мутеона ба ғундоштани андоми хона сар кард.
Ману Азизхон бошем, бисёр шод шудем, зеро ки дер боз ягон дигаргунӣ ва навигариро орзу мекардем.
Ҳаво гирифта буд, борони майда меборид. Аробаи мо бо кӯчаи калони шаҳр равон буд. Ман ҳеҷ гоҳ ин хел иморатҳои баланди зебо, ин хел кӯчаҳои фарохи серодамро надида будам. Чашмам дар як ҷо қарор намегирифт, ман намедонистам ба кадом аҷоиботи шаҳр нигоҳ кунам. Аз болои як манораи тафс садои зангӯла баланд буд, падарам фаҳмонд, ки ин ҷо бутхона — масҷиди русӣ аст. Дар сари чорраҳа, байни дарахтон, болои таҳкурсии гирдаи баланде, ки баландиаш қариб бо зангӯлахонаи бутхона баробар буд, ким-чӣ хел одамҳои сиёҳи шапкапӯш беҳаракат истода буданд. Ман дертар донистам, ки он ҷойро «сквер» мегуфтаанд ва он одамҳои сиёҳ — хотираи фатҳи Туркистон, ҳайкали ким-кадом саркардаю сарлашкарҳои подшоҳӣ буданд.
Аз падарам пурсидам:
— Дадо, он одамҳо кистанд? Барои чӣ дар он баланди истодаанд?
— Ин одамҳо аз оҳан сохта шудаанд, — ҷавоб дод падарам. — Бо фармони оқподшоҳ инҳоро ба он баландӣ бароварда монданд, ки аз шаҳру аз мардуми вай чашм наканда хабардор шуда истанд.
— Онҳо зиндаанд?
— Модом ки рост истодаанду намеғалтанд, бояд зинда бошанд, — хандид падарам.
— Аз мардум барои чӣ хабардорӣ карда меистанд?
— Аз барои он ки одамон дар кӯчаҳо дониста қадам монанд ва каҷ нагарданд.
Ман «хонаҳои равони зангӯладор»-ро ҳам дидам, ки трамвай номида мешудаанд. Баъдҳо ман ба трамвай бисёр савор шудам, аммо дар аввалин бори диданам ба ҳайрат монда будам: хоначаҳои пур аз одам худ ба худ, «бе асп» — бе паровоз рӯйи ду хатти оҳанин медавиданд, зангӯлаашон нопайдо буд, аммо ҷарангос мезад, то ки одамон сари роҳи онҳоро нагиранд. Падарам гуфт, ки монанди поезд трамвайро ҳам алов роҳ меравонад, аммо алови он дар худаш набуда, балки дар даруни симҳоест, ки бар болои роҳи трамвай кашида шудаанд ва номи он иликтр1 аст.
«Хонаҳои равон» дам ба дам аз канори кӯча мегузаранд. Ман дар симҳои болои трамвай гоҳ-гоҳ барқвор даргирифтани оташи иликтр ва паридани шарораҳои кабудро мебинам. Ҳанӯз аз тамошои трамвай сер нашуда будам, ки аз паҳлуи мо як аробачаи сиёҳи бисёр зебо давдавон гузашта рафт. Вай чунон босуръат мерафт, ки ба назарам ким-чӣ хел ҳайвони тездав барин
_______________
1Электрик.
намуд. Дар дарунаш ду-се одам нишаста буд. Падарам ба мо фаҳмонд, ки номи аробача автомобил буда, вай ҳам бо алов мегардад ва низ яке аз «ҳикматҳо»-и русӣ аст.
Марду занҳои хушлибос пайраҳаҳои кӯчаро пур карда равуой менамоянд. Занон бе фаранҷӣ, ҳатто сари баъзеашон бараҳна, ҳама сафедрӯй ва бештаринашон малламӯянд, ки аз мардони «номаҳрам» ҳеҷ парво накарда мегарданд. Ман ба онҳо бо тааҷҷуб нигоҳ мекунам. Диққати маро махсусан писарбача ва духтарбачагоне, ки дар тан палто, дар сар шапка ё телпак, дар по ботинка ва дар пушт қуттичаҳо доранд, ба худ ҷалб мекунанд.
— Инҳо мактаббачагонанд, — мегӯяд падарам. — Дар қуттичаҳояшон китоб, дафтару қалам андохта мегарданд. Ба мактаб равонанд ё ки аз мактаб омада истодаанд.
Ба онҳо ҳаваси ман меравад. Мехоҳам, ки ман ҳам дар ҳамин кӯчаҳои зебо гашта, монанди ҳамин бачагон хурраму хандон ба мактаб равам. Рост аст, ки мактаби онҳоро монанди мактаби деҳаи худамон тасаввур мекунам, яъне, хоначаи нимторике ба пеши назарам меояд, ки дар заминаш пахол ва бӯрёҳои кӯҳна андохтаанд, бачагон бар рӯйи пахолу бӯрёҳо нишаста бо шӯру ғавғо сабақ ёд мекунанд ва дар як кунҷи хона домулло чӯби дарозеро дар дасташ дошта нишастааст.
Вале, инак, аробаи мо аз пеши иморати дуошёна мегузарад. Иморат сафед, озода, тирезаҳояш қатор; як тӯда бачагон дар гирду пеши он машғули бозӣ ва даводав…
— Ин ҷо мактаби русӣ аст, — гуфт падарам.
Маро ҳайрате ва шавқе фаро гирифта буд. Дар аввал ба сухани падарам бовариам наёмада, дар дилам мегуфтам, ки наход мактаб ҳамин хел калону сафед, ҳамин хел озода ва оинакорӣ, ҳамин хел аҷоиб ва зебо мешуда бошад?!
Он рӯз ман аввалин бор шаҳри ҳақиқиро дидам. Вай ба назарам бисёр зебо, беҳадду канор ва пур аз аҷоибот намуд. Ҳикоятҳои падарам дар бораи Тошканд ҳама рост ва ҳатто аз гуфтаи ӯ ҳам зиёдтар баромаданд. Деҳаи худамон бо он ҳама масҷидҳояш, чашмаҳояш, чинорҳояш, қалъаи кӯҳнааш ва бозори пурғавғояш дар назарам нисбат ба ин шаҳри азим ҳеҷ ва нозеб менамуд. Инак, «манора»-ҳои беҳад баланде намудор шуданд, ки аз нӯги онҳо дуди ғализе мебаромад. Онҳо дудкаши заводи хиштпазӣ будаанд. Мо пагоҳӣ ба роҳ баромада будем, ҳозир офтоби аз паси абр намоёнгашта ба нишастан наздик шуда буд, аммо тамошои шаҳр бароям гузаштани вақтро номаълум мекард, чуноне ки ба гумони ман аз аввали ба роҳ баромаданамон то ҳол ба қадри як чойник чой нӯшидан ҳам фурсат нагузашта буд.
Ниҳоят, аробаи мо ба дами як дарвозаи калон омада истод. Дар паси дарвоза биноҳои сафед ва дарахтзор намоён буданд. Дар паҳлуи дарвоза хоначаи чӯбине буд, аз он хонача пирамарди якчашмаи шапкапӯше баромад; вай ба падарам муроҷиат карда чизе мегуфт: зоҳиран, кӣ будан ва аз куҷо омадани моро мепурсид.
— Ярашев!.. Ярашев!.. Ярашев!… — ба биноҳои сафеде, ки аз дарунтари дарвоза намоён буданд, ишора карда гуфт падарам.
Бобои якчашма ин номро худ ба худ ба оҳанги савол такрор карда китф меҷунбонд. Аён буд, ки ин ном барояш шинос нест ва ӯ аробаи моро ба дарун роҳ додан намехоҳад.
— Мастеровой Ярашев! — андак оташин шуда гуфт падарам.
Пирамард сару даст ҷунбонида мефаҳмонд, ки на моро ва на Ярашевро намешиносад.
Дар гирди мо як тӯда одамони ношинос ва бачагон ҷамъ омаданд. Падарам якзайл номи Ярашевро гирифта, боз муддате бо пирамард кашокаш кард, аммо бефоида. Пирамарди саркаши гапнофаҳм сари роҳи моро гирифта буд ва талаб мекард, ки мо зудтар аробаамонро ба роҳи омадагиамон гардонда равем.
Борон боз майда кард, мо саропо тар шудем. Мухтор гиря бардошт… Одамони ҷамъомада ба мубоҳисаи кашолёфтаи падарам ва пирамарди якчашма, ки гапашонро ба якдигарашон ҳеч фаҳмонда наметавонистанд, механдиданд. Модарам аз ҳамаи мо зиёдтар ба танг омада буд.
Баногоҳ дар дарунтари дарвоза, аз пушти иморати сафед як одами мӯйи сараш ҷингилаи парешон намудор шуд, вай ба пойи бараҳна калӯш пӯшида, миёнашро ҳам набаста баромада буд ва шамол домани куртаи дарозашро лаппас мезанонд. Вай тез-тез қадам монда ба сӯйи дарвоза меомад.
Падарам хурсандона ба пешвози ӯ шитофт:
— Ярашев! Салом алайкум, Ярашев!
Шахси парешонмӯй бо падарам шоду хандон вохӯрдӣ кард. Баъд аз он ба бобои якчашма рӯй оварда чизе гуфт. Бобо сар тофт ва даст афшонд. Маълум буд, ки моро ба дарун роҳ додан намехоҳад ё наметавонад. Бо оҳанги сарзаниш ба падарам мегуфт:
— Ярашев не, Ершов! Ер-шов!
— Ҳо, ҳо, бале, Ершов! — розӣ шуд падарам.
Маълум шуд, ки вай номи ошнои худро ғалат гуфта будааст.
Акнун Ершов ҳам ба тарафи пирамард даст афшонд, ки яъне, дигар бо ту гап задан намехоҳам. Ба падарам «ту дар ҳамин ҷо мунтазир бош, ман зуд гашта меоям» гуфту боз тез-тез қадам монда рафта, дар паси иморатҳои сафед аз назар ғоиб гардид. Як ним соат гузашт, аз Ершов дарак нашуд. Мо дар зери борон хеле ҳам ба ҳоли табоҳ мондем, Мухтор беором гиря мекард. Аспи мондашуда бо сари хам истода, аз борону шамол зир-зир меларзид.
Гумон мекардем, ки ғайр аз бозгаштан ба Шиблӣ чораи дигар нест.
Азизхон аз падарам кӣ будани Ершовро пурсид.
Маълум шуд, ки падарам дирӯз, дар вақти сарсонию саргардонии худ дар ҷустуҷӯйи кор, гузораш аз пеши як бинои анбормонанде афтодааст. Дар он ҷо як кас аз ду аробаи чорчарха бочкаҳои вазнинро фуроварда ба анбор кашонда истода будааст ва он кас ҳамин Ершов будааст; дуи дигар, ки аробакашон будаанд, ба аробаҳошон такя карда истода баҳузур махорка мепечондаанд. Падарам ба назди Ершов омада мепурсад, ки агар ба корат ёрӣ расонам, чӣ мегӯйӣ?
Ершов хандида мегӯяд:
— Ёрии туро бо ҷону дил қабул мекардам-ку, лекин афсӯс, муздашро дода наметавонам. Пул надорам. Табассум карда гап задани мардак ва муомилаи дӯстонаи ӯ ба падарам хуш меояд.
— Майлаш, музд лозим нест, — мегӯяд вай ба Ершов ва бо ҳамроҳии ӯ бочкаҳоро ба рӯйи ҳавлии анбор ва аз он ҷо ба таҳхона кашондан мегирад.
Баъди тамом шудани кор Ершов фикр карда истода мегӯяд:
— Бародар, ҳаққи туро додан лозим буд, лекин… ман ҳеҷ чиз надорам… Биё, ба ароба савор шав, ман туро ба завод мебарам; хонаи ман дар завод аст. Ман дар он ҷо ҳаққи туро баробар мекунам.
Падарам ба ароба савор шуда, бо ҳамроҳии Ершов ба завод меравад, дар он ҷо Ершов ӯро ба хонаи худаш бурда, бо карамшӯрбо зиёфат мекунад. Дар вақти таом дуяшон сӯҳбат карда, аз аҳволи якдигар воқиф мешаванд. Ершов худаш аслан аз коргарони Русия буда, дар қӯшуни сурхи савора хизмат мекардааст ва ҳоло отпуск гирифта ба пеши оилааш омада будааст. Вай зан ва ду фарзанди хурдсол як духтар ва як писар доштааст. Зану бачагонаш аз Русия ба қарибӣ омада дар ҳамин завод ҷойгир шуда будаанд ва камбағалона рӯз мегузаронндаанд, дар хонаашон ғайр аз як пӯстин, миз, нимкат (скамейка) ва ду- се табақу коса дигар ҳеҷ чиз набудааст.
Падарам ба вай саргузашти ғарибӣ ва бесарусомонии моро ҳикоя мекунад. Ершов ба андеша меравад ва дар охир мегӯяд:
— Як маслиҳат диҳам? Ба ҳамин ҷо кӯчида биё! Дар завод кор мекунӣ. Соҳиби завод пештар Иванови буржуй буд, акнун соҳиби он мо ҳастем…Кӯчида биё, вассалом. Дар ҳамсоягии ман як хонаи холӣ хаст, вақтҳои аввал дар ҳамон хона истиқомат кунӣ ҳам мешавад.
Ершов ба падарам биноро нишон медиҳад: дар он бино се хонаи қатор буда, дарҳои ҳар сеяшон ба як айвони дароз кушода мешудаанд. Дар хонаи якум оилаи Ершов, дар хонаи дуюм як марди инвалид истиқомат мекардаанд ва хонаи сеюм (фаршаш хокӣ ва худаш андак таъмирталаб) холӣ будааст. Падарам дар андеша мондааст, ки барои ишғол кардани вай ин хонаро иҷозат медода бошанд ё не, аммо Ершов ба таври қатъӣ гуфтааст, ки:
— Ба ин ман кафил! Кӯчида биё.
Сабаби ба завод кӯчида омадани мо ана ҳамин будааст.
Ниҳоят, аз пушти биноҳои сафед Ершов намудор шуд. Ин дафъа вай ба пояш мӯза ва ба сараш шапка пӯшида, шинели хокиранги нимдоштеро ба китфаш партофта меомад. Бо ҳамроҳии ӯ боз як марди қоматбаланди хушсимо ва гандумгун, ки дар танаш нимҷомаи сиёҳи чармин дошт, як дасташро дар бағал карда қадам мезад. Дуяшон ба назди мо ҳозир шуданд. Ершов ба ҳамроҳи худ гоҳ «товариш Николаев» ва гоҳ «товарищ винодел» хитоб карда ва моро нишон дода сухан ронд: зоҳиран, ӯро бовар кунонданӣ мешуд, ки ба завод кӯчида даромадани мо лозим ва зарур аст. Вай гап зада истода, як-ду бор ба китфи падарам зада «работник, работник»1 гуфта монд.
— Сиз ким? Нима керак?2 — ногаҳон шахси Николаев хитобёфта ба падарам бо забони ӯзбекӣ муроҷиат кард.
Падарам аз шунидани лафзи ӯзбекӣ шод шуда, ба он шахс арзи ҳол кард:
— Ман як деҳқони фарғонагӣ ҳастам. Қаҳтӣ сар шуда буд, ки ба Тошканд кӯчида омадам. Кор кофта гаштаам. Дина дар шаҳр ба ин Ершов ёрдам расонда, бочкаҳояшро ба анбор кашонда додам, баъд вай маро ба ароба савор карда ба хонааш овард. Ман ба вай «кор намеёбам, хона надорам, сарсон ҳастам» гуфта будам, ки вай «ба завод кӯчида биё, дар ҳамин ҷо кор мекунӣ» гуфт, «соҳиби пештараи заводро зада пеш кардем, акнун соҳиби вай худи ту мешавӣ» гуфт. Аз барои ҳамин ман ба ин ҷо кӯчида омадам…
Николаев ба Ершов рӯй гардонда, завқ карда хандид.
«Соҳиби завод худи ту мешавӣ!» — такрор кард вай ва боз хандид. Баъд аз он аз падарам пурсид: — Дар куҷо истиқомат карданӣ ҳастӣ? Мо хонаи холӣ надорем.
— Ершов ба ман як хонаи холиро нишон дода, «дар ҳамин ҷо истиқомат мекунӣ» гуфт, — ҷавоб дод падарам.
Николаев бо Ершов чанд калима ба русӣ саволу ҷавоб карду ба падарам рӯй оварда гуфт:
— Он хона ба каси дигар таъин шудааст. Ершов аз ин хабар надошт, бинобар ин ба ту онро надониста ваъда кардааст.
Падарам саргаранг шуда ба Ершов нигоҳ кард.
Ершов ба ҳолати ногуворе монда бо панҷ ангушт сарашро мехориду худ ба худ ким-чиҳо мегуфт ва пешониашро чин карда чизеро ба хотир овардани мешуд. Баъд аз он вай ба Николаев гарму ҷӯшон гап зада рафт. Аз гапаш ман ҳеҷ чиз нафаҳмидам, вай «сарай, сарай» гуфта, ин калимаро чанд бор такрор кард. Ба наздики падарам омаду даст ба китфи ӯ зада боз «работник, работник!» гуфта монд.
______________
1Коркун, коркун!
2Шумо кистед? Чӣ лозим?
Николаев пойҳояшро васеъ монду даст ба бағал халонда ва бо дасти дигар манаҳашро гирифта як нафас ба фикру хаёл рафт ва баъд ба падарам гуфт:
— Зану бачагонат ана ба он ҷо даромада гарм шуда истанд. — Вай хоначаи чӯбинро нишон дода, ба пирамарди якчашма чизе гуфт ва боз ба падарам рӯй оварда илова кард: — Ту бо мо равон шав.
Падарам ба модарам ёрӣ дода ӯро аз ароба фуровард, пирамарди якчашма ӯро бо кӯдакаш ба хоначаи чӯбин даровард. Баъд Николаев ва Ершов падарамро гирифта бурданд; ман ҳам аз ақиби онҳо рафтам; Азизхон дар пеши ароба монд.
Мо аз пеши якчанд таҳхонаҳое, ки ба онҳо бо зинапояҳои дароз фуромада мешуд, гузаштем ва ба саҳни завод баромадем. Саҳни он бисёр васеъ ва ифлос буда, якчанд анбор ва аспхонаҳо дошт. Дар ҳар ҷо-ҳар ҷо бочкаҳо, чалаку сатилҳо, оҳанпораҳо тӯда шуда хобида буданд. Саҳни завод як ҷойи партовшудаи дер боз ҷорӯбнадида барин менамуд. Падарам ва ман аз пайи Николаев ва Ершов рафта ба як анбори калоне, ки дар паҳлуи аспхона буд, даромадем, — дар он анбор даста- даста каланд, зоғнӯл, бел, қайчии боғ, арғамчинҳои ғафсу борик ва чархҳои ароба болои ҳам мехобиданд. Дар як гӯшаи анбор даре буд, Николаев онро кушод: маълум шуд, ки он ҷо як хонаи ҷудогона будааст. Вай аслан як кунҷи сарой буд, ки дар пешаш девор гирифта, аз саҳни сарой ҷудо карда монда буданд. Дар ин хона ҳам худи ҳамон чизҳои дар сарой дидагиамон хобида буданд, аммо камтар. Хона як тиреза дошт, ки ба пушти анбор кушода мешуд, аммо он тирезаҳо тахта зада маҳкам карда партофта буданд.
— Ҳамин хонаро ба ту диҳем, чӣ мегӯйӣ? — Николаев аз падарам пурсид. — Ин асбобҳоро ба берун кашонда, хонаро холӣ мекунем.
Падарам ҳайрон шуда монд ва чӣ гуфтанашро намедонист. Ба ҷойи ӯ Ершов ҷавоб дод:
— Мумкин. Мешавад.
Вай дарҳол ба кор сар карда, бо ҳамроҳии падарам чизҳои дар хона бударо ба анбор кашондан гирифт. Маро ба дастам як сатил дода, барои об овардан фиристод. Дар наздикии аспхона ҳавзе буд, ки обаш аз ҷӯйи пушти девор меомад, ман аз он ҷо сатилро об пур карда овардам.
Омада бинам, ки хона аллакай аз асбобу анҷомҳо холӣ шудааст. Ершов бо анбӯр тахтаҳои ба тиреза мехкӯб шударо мекӯчонд, падарам бошад, чӯткаи дарозеро гирифта деворҳои хонаро аз чангу ғубор тоза мекард.
Ершов тирезаҳоро кушоду ба фарши хона аз сатил об пошид; ба дасти ман ҷорӯб дода, хонаро рӯбучин кардан фармуд, ки ман ин фармойишро ба ғояти чаққонӣ иҷро кардам.
Чун рӯбучин ба охир расид, падарам хост, ки рафта модарам ва бародарамро бо кӯчи мо гирифта биёрад,
Аммо Ершов ӯро аз рафтан боздошт:
— Ҳоло сабр кун, хона хунук аст.
— Мо даррав сандалӣ мешинонем, — гуфт падарам.
— Дар ҳамсоягии ин анбор, эҳтимол, ба сандалӣ шинондан рухсат надиданд, чунки хавфи сӯхтор ҳаст, — гумон кард Ершов ва аз хона берун рафта, баъди чанд дақиқа бо як бағал тароша баргашт ва он тарошаҳоро ба печка халонда алов даргиронд.
Печка андак гарм шуда буд, ки ба падарам гуфт:
— Акнун рав, занатро биёр.
Модарам ва бародарам бо кӯчи мо оварда шуданд
Падарам, аввалан, аспи бечораи мондашуда ва хунукхӯрдаро аз ароба бароварду ба аспхона дароварда баст ва бо ёрии Ершов ду банд бедаи хушк ёфта оварда ба пешаш партофт.
Мо кӯчи худамонро ба хона дароварда будем, ки Ершов рафт. Зоҳиран, дилу бедилон рафт: эҳтимол дорад, дар ин хонаи нав чӣ гуна ҷойгир шудани моро дидан мехост, лекин рӯйи модарам пӯшида буд, бинобар ин, мардак дар он ҷо аз ин зиёд монданро муносиб надид. Дар вақти рафтанаш ба падарам боварии худро изҳор кард бар ин ки зиндагии мо дар ин ҷо бад нахоҳад гузашт, аммо пӯшидарӯй будани модарамро хуш накард ва дар ин бора ба падарам чизе гуфт, ки мо нафаҳмидем. Баъди рафтани вай падарам ба модарам сухани ӯро нақл кард:
— Мегӯяд, ки занат бо рӯйи пӯшида дар ин ҷо азоб мекашад, чунки дар атрофи хонаи мо аз пагоҳ то бегоҳ коргарони мардина дар ҷунбуҷӯл буда, ба ин сарой даробаро мекардаанд.
— Даробаро кунанд, кардан гиранд, ба сарам саргирак гирифта мегардам, — ҷавоб дод модарам. Вай ин гапро як навъ саҳлгирона ва бепарвоёна гуфт, ки ҳатто ҳайрон шудам, зеро вай одатан ба масъалаи рӯйпӯшӣ аз мардони бегона бисёр ҷиддӣ нигоҳ мекард.
Зоҳиран, халосӣ аз Шиблии фалокатнишин ва ҷойгирӣ дар ин хонаи нав модарамро он қадар шод карда буд, ки вай ҳоло ҳеҷ фикру андешаи дигареро ба хотираш роҳ намедод.
Дар як-ду соат анборхона ранги хонаи истиқоматӣ гирифт: намаду гилем андохтагӣ, сандуқ ва кӯрпаю болиштҳо дар кунҷак ҷо кардагӣ, сӯзании тиллоранг дар девор ва чакману ҷомаи нави падарам дар мехҳо овехтагӣ, ҳама чиз тахт ва ҷо ба ҷо, хона озода ва гарм.
Шаб сӯҳбати хонагии мо бештар дар гирди номи Ершов чарх зад, ки яъне, вай «кофир» бошад ҳам, аҷаб одами нағз будааст.
— Мастеравойҳо1 одамони нағз мешаванд, — мегуфт падарам. — Гарчанде ки мусулмон нестанд, боз мумкин аст ба биҳишт раванд. Лекин ана вай Исмат баринҳо ҳарчанд худашонро мусулмон гӯянд ҳам, ҷояшон дӯзах аст!…
____________
1Мастеравойҳо — коргарон, дар зери дасти усто коркунандаҳо.
Дӯстони нав
Падарам ба завод ба кор даромад. Ба чӣ вазифа таъин шуда буд, намедонам, лекин корҳои гуногунро иҷро мекард: бор мекашонд, ароба меронд, асбобу ускуна ва анҷоми мухталифи дар саҳни завод паҳну парешонгаштаро ғундошта тахт мекард, баъзе шабҳо ба посбонии анбор мерафт.
Завод заводи шаробпазӣ буда, як ё ду сол боз кор намекардааст. Назар ба гуфти падарам, завод аз ҳамон рӯзе, ки онро аз дасти соҳиби пештарааш Иванов гирифтаанд, аз кор монда будааст, зеро Иванов чун хабардор шудааст, ки заводро аз ӯ кашида мегиранд, устоҳоро аз кор холӣ ва коргаронро пароканда карда, мошинаҳоро пинҳон ё вайрон намудааст; дар натиҷа дусаду панҷоҳ таноб барин токзори назди завод ҳам хароб ва ҳосилаш нобуд гаштааст. Акнун ба завод аз ҷониби Ҳукумати Советӣ директори нав таъин шуда буд, ки ӯро коргарони маҳаллӣ «болшавой» мегуфтанд.
Директор бо мутахассиси шаробпазӣ Николаев машғули аз нав ба кор даровардани завод буданд. Онҳо коргар меғундоштанд, шикастурехти заводро буд мекарданд, ток мебардоштанд.
Дар саҳни завод ғайр аз мо ҳеҷ кас истиқомат намекард, хонаҳои хизматчиён ва баъзе коргарони завод аз мо дуртар, дар поёни токзор воқеъ шуда буд. Дар он ҷо бачагони бисёре ҳам буданд. Бародари ман, ки дар бозори Шиблӣ ва хусусан вақти бо падарам дар кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр дар ҷустуҷӯйи кор саргардон шуда гаштанаш як миқдор алфози русиро ёд гирифта буд, даррав аз русбачагон ба худ ҷӯраҳо пайдо кард. Ҷӯраи якуми ӯ Вася ном писари ҳисобчии завод буд. Вася ба бародарам якта фалохунча (рогатка) сохта дод; дуяшон рӯзи дароз ба гунҷишкҳо фалохпаронӣ мекарданд.
Азизхон бештарини вақташро дур аз хона, дар кӯчаю токзор бо ҷӯраҳояш гузаронида, ба хона фақат барои хӯрок хӯрдан меомаду бас. Вай маро ба он ҷойҳо барои бозӣ кардан гирифта намебурд. Ман, ки дар хона ба модарам дастёрӣ мекардам ва гаҳвораи Мухторро меҷунбонидам, шаш-ҳафт рӯзи аввал аз «ҳавлӣ»-амон — аз саҳни завод баромада натавонистам.
Як рӯз Азизхонро падарам ба бозор фиристод, ман аз набудани бародарам истифода бурда, фалохунчаи ӯро гирифта аз хона берун рафтам, ки ба парандагон сангпаронӣ кунам.
Аз беруни завод як роҳи рост ба «поён» мебарад (поён гуфта мо як тӯда хонаҳои дар канори дигари токзор бударо меномем, ки дар онҳо хизматчиён ва коргарони завод истиқомат мекунанд). Ду тарафи роҳ — токзор, қад-қади роҳ дарахтони себ нишонда шудаанд. Рӯз, рӯзи офтобист, ман бо ин роҳ равон шуда, ба гунҷишконе, ки дар шохи дарахтон чириққос мезананд, фалохун мепарронам. Дар байни токзор як гала мурғон гаштаанд, нохост санги ман ба яке аз онҳо мерасад. Мурғ қиғғос зада, лангон-лангон гурехт. Ҳамон дам дар наздики ман як зани солхӯрдаи қадпасте пайдо шуда монд, — ман надонистам, ки аз осмон афтид ё аз таги замин баромад, — зан дар ким-кадом забони нофаҳмо ғучур-ғуҷур мекард ва монанди он мурғи пошикаста қиғғос мезад. Вай чӯберо аз замин бардошта маро заданӣ шуда буд, ки ман гурехтам; зан ғуҷуррос зада аз қафоям пеш кард; ман ба наздики хонаҳои «поён» расида ба байни бачагоне, ки машғули бозӣ буданд, паноҳ бурдам, аммо бачагон он зани чӯб дар дастро дида, «ведьма»1 гӯён фарёд зада ба ҳар сӯ гурезон шуданд. Ман маънои «ведма»-ро нафаҳмида бошам ҳам, донистам, ки таъқибкунандаи ман зани бадҷаҳлест ва бачагон аз ӯ метарсанд.
________________
1Ведьма — ҷодугар, албастӣ.
Як духтарчаи борики почадароз, ки мӯяш мисли як қабза пахол буд, ба тарафи яке аз хонаҳо давида «ма-ма-а! ма-ма!» гӯён фарёд зад. Аз хона зани қоқинаи гандумгуне дасташро ба пешдоманаш поккунон баромад. Духтарча тарафи маро нишон дода ба зан чизе гуфт. Дар ин мобайн зани қадпасти бадҷаҳл расида, омада, маро ба замин ғалтонда задан гирифт. Хашмгинона ғуҷуррос зада ба пуштам, сарам ва гарданам мушт мекӯфт. Зани пешдомандор тозон омада маро аз дасти он золима халос кард ва ӯро тела дода дур ронд.
Духтарчаи пахолмӯй ба ман бо нигоҳи чашмонаш изҳори ҳамдардӣ мекард. Ман даррав чашмонамро бо остинам пок карда, чунин вонамуд кардам, ки аз калтаки хӯрдагиам парво надорам ва зарби мушти он золимаро писанд намекунам.
«Албастӣ» ғур-ғуркунон дур шуд. Зани пешдомандор маро аз дастам гирифта ба хонааш бурд. Ман роҳравон ба духтарча нигоҳ мекардам, вай дам намезад, — аз афти кор фаҳмида буд, ки ман русиро намедонам.
Маро ба як хонаи озодаи хиштфарш дароварданд. Дар хона ғайр аз як пӯстини ба замин паҳн кардашуда, ду болишти кӯҳна, як миз ва як нимкати рангнокарда дигар ҳеҷ чиз набуд. Дар нимкат як писарбачаи хурдсоли рангкандаи чашмкабуд дар косаи сафолин бо қошуқи чӯбин шӯрбо хӯрда нишаста буд. Ин оилаи Ершов будааст, ки ман баъд фаҳмидам.
Занак ба ман нимкатро нишон дода гуфт:
— Садись!
Ман фаҳмидам ва нишастам. Бо хурсандӣ аз дил гузаронидам, ки инак, дуюмин сухани русиро ёд гирифтам, — сухани аввалине, ки ман ёд гирифтам «мама» буд: вақте ки духтарча бо ин сухан аз хона модарашро ҷеғ зада буд, ман даррав маънои онро фаҳмида будам. Сабаби хурсандиам ин буд, ки акнун метавонам дар хона ба бародарам нишон диҳам, ки ман ҳам лафзи русиро медонам, зеро бародарам ҳар рӯз ба ман суханҳои русии аз Вася ёдгирифтаашро гуфта калонгирӣ мекард.
Модари духтарча боз ба ман гуфт: «Как тебя зватъ»?1 Ман нафаҳмидам, он гоҳ вай духтарашро нишон дода гуфт: «Её зовут Паша, Па-ша, а как тебя?»2. Ин дафъа фаҳмидам ва номамро гуфтам. Дар дилам сухани ӯро такрор мекардам: Паша. Как тебя звать? Паша. Как тебя звать? Собир».
Паша дарро нишон дода ба ман:
— Пойдём, — гуфт.
Дуямон аз хона баромадем. Дар берун ман ба вай дарахтро нишон дода пурсидам: «Как тебя звать?» Паша хандид ва забонамро ислоҳ кард, ки яъне «Как называется это?» ё «Что это?» гуфтан лозим аст.
Ман ҳар як калимаи навро дар дилам чанд бор такрор мекардам, ки ёд шавад.
Баъди як дам Пашаро модараш ба хона ҷеғ зад.
Духтар ба ман гуфт: «Приходи завтра игратъ»3. Ман нафаҳмида бошам ҳам, фаҳмидагӣ барин сар ҷунбонидам, аммо дар бозгашт то ба хонаамон расидан калимаҳои «завтра», «играть»-ро такрор менамудам, то ки фаромӯш накунам ва дар хона маънои онҳоро аз падарам пурсам.
Вақте ки пурсидам, бародарам пешхезӣ карда он калимаҳоро ба ман тарҷима намуд.
— Ту ин суханҳоро ҳам медонӣ? — ҳасад бурда гуфтам ман ба вай.
— Ман бисёр суханҳоро медонам, ба русӣ бемалол гап мезанам! — мағрурона ҷавоб дод бародарам.
Акнун орзуи калони ман ин буд, ки тезтар забони русиро ёд гирам ва бо русбачаҳо ҷӯра шавам.
_______________
1Чӣ ном дорӣ?
2Номи ин Паша аст, Па-ша, номи ту чӣ?
3Пагоҳ биё, бозӣ мекунем.
Ба ман Серёжа ном писари шаробпази дуюми завод бисёр маъқул буд. Вай мактабхон буд, бачаи қадборик, чустучолок, озода, хушфеъл ва хушмуомила буд, мӯйи сиёҳаш дар пушти сараш қайчӣ зада кӯтоҳ кардагӣ ва фақат дар болои пешониаш як қабза мӯйи дароз мондагӣ буд. Гарчанде синнаш аз ман як-ду сол калон бошад ҳам, бо ман ҷӯра шуд ва мо бо ҳам бозӣ мекардем. Вай ҳам монанди Паша ба ман номи ҳар чизро ба русӣ мегуфт ва муаллими забони русии ман буд. Гоҳе ба ман китобҳои мактабии суратдорашро нишон медод ва ҳарфҳои русиро мешиносонд. Ман ҳарфҳои аз вай ёдгирифтаамро дар замин, рӯйи девор ва танаи дарахтон нақш карда мегаштам.
Ғайр аз Серёжа наздиктарин дӯсти ман духтари Ершов — Паша буд. Вай савод надошт ва дар мактаб намехонд, духтарчаи шӯхи чобук, зирак ва маҳмаддоно буд, бебок буд, ки ҳатто баъзе писарбачаҳои аз худаш калонтарро ҳам «ба дарё ташна бурда, ташна меовард». Вай аз рӯзи аввалини шиносоиямон маро ба ҳимояти худ гирифт, — бачагони шум ва ҷангара аз тарси вай ба ман даст намекофтанд. Модараш ҳам ба ман меҳрубон буд ва ман ӯро ба тақлиди бачагони дигар «тӯта Маша» мегуфтам. Тӯта Маша фаррошзани идораи завод буд, дар вақти набудани вай духтараш хонапойӣ мекард ва додари хурдсолашро парасторӣ менамуд. Додараш Лёня бачаи дардманд ва нотавоне буда, дар ҳама ҷо аз дунболи хоҳараш кашола шуда мегашт.
Як рӯз Паша дар вақти бозӣ карда гаштанашон ба ман гуфт:
— Қабристони русиро дидан мехоҳӣ? Равон шав, ман нишон медиҳам.
Вай маро бо пайраҳае, ки аз байни токзор мерафт, ба тарафи офтобшинам бурд. Дар он тараф аз дур дарахтзоре намудор буд ва он дарахтзорро аз токзори завод як девори бисёр дарозе, ки охираш дар даруни чакалакзор гум шуда мерафт, ҷудо мекард. Мо ба он ҷо расида, аз ҷойи ғалтидаи девор гузашта ба дарахтзор даромадем. Дарахтзор бағоят калон, аввалу охираш нопайдо ва дарунаш қабристони русӣ будааст, ки бисёр хушҳаво ва дилкушо буда, панҷараҳои ғалатӣ ва салиб (крест)-ҳои бешумори чӯбин ва оҳанин дошт.
Мо соате ин қабристони зебои чорбоғмонандро давр зада тамошо кардем. Дар як тараф аз байни сафедорҳо зангӯлахонаи калисо намудор буд ва Паша ба ҳамон тараф бурд.
Дар пеши даромадгоҳи калисо ва рӯйи зинапояҳои он мардон ва занони бисёре ҷамъ шуда истода буданд. Аз даруни калисо овози аҷиби таронамонанд меомад.
— Ба он ҷо даромадан мехоҳӣ? — пурсид Паша.
— Не, метарсам. Дар он ҷо маро… — Русидонии ман барои баёни мақсадам кифоя накард ва ман бо ҳаракати даст ба Паша фаҳмондам, ки шояд дар он ҷо маро зада аз калисо пеш кунанд.
Паша хандида:
— Натарс, пеш намекунанд, — гуфт ва аз дасти ману Лёня гирифта ба роҳ даромад. Ман медонистам, ки агар модарам ба бутхона даромаданамро фаҳмида монад, маро ҷанг мекунад, зеро вай, бешубҳа, инро ба мусулмон гуноҳи калон ва барбоддиҳандаи имон медонист, лекин ҳисси кунҷковӣ ва ҳаваси тамошоям зӯрӣ карду ман бо ҳамроҳии Паша ва додараш аз зинаи калисо боло рафтан гирифтем.
Ба тааҷҷуби ман, ҳеҷ кас маро бознадошт. Дар дами дари калисо пиразане ба сари ман ишора карда чизе гуфт, ман сухани ӯро нафаҳмида, ба ақибам гашта гурехтани шудам, лекин Паша маро нигоҳ дошт ва тӯппиамро аз сарам гирифта ба дастам дод. Даруни калисо аз одам пур буд, ба мо ҳеҷ кас аҳамият намедод. Дар дарунтари калисо шамъҳо фурӯзон буданд, деворҳои он ба ранги зару зарҳал ялаққос мезаданд ва аз он деворҳо ким-чӣ ҳар гуна одамони беҳаракати сермӯю риш ва сурху кабудпӯш ба ман нигоҳ карда меистоданд. Ҳар он чӣ дар он ҷо буд, ҳама нофаҳмо, ноошнову асроромез, аммо шавқангез, бисёр шавқангез буд. Попи ришдароз бухурдонашро ба тарафи ҷамоат дуд кунонда бо қироат «аллилуя, аллилуя!» мегуфт. Одамон чашмҳошонро боло карда, якзайл ба китфу пешониашон ангушт мезаданд ва таъзим ба ҷо меоварданд…
Ваҷоҳати поп маро метарсонд: ҳар боре, ки вай наздиктар меомад, ман гурехтанӣ мешудам. Як бор поп бухурдони дудбезашро ба тарафи ман карда таъзим намуд. Ман тарсида аз байни одамҳо баромада гурехтам.
Аз қафои ман Паша, Лёня ҳам баромаданд. Дар берун Паша қаҳр карда маро бо суханҳои нофаҳмо коҳиш дод, ман бошам, ҳай механдидам, аммо ба чӣ хандиданамро худам ҳам намедонистам.
Дар хона ман калисо рафтанамро ба бародарам ҳикоя кардам ва бародарам ба падару модарам расонд.
Падарам воқеаро як дилхушии бачагона дониста хандиду монд, лекин модарам хафа шуд ва гуфт:
— Дигар ба он ҷо нарав, ки кофир мешавӣ.
Аз гуфти падару модарам, кофир касест, ки Худоро намешиносад; русҳо, арманиҳо, хитойиҳо кофиранд — мегуфтанд падару модарам. Лекин дар калисо дидам, ки русҳо ибодат мекунанд (Паша дар калисо ба ман гуфта буд, ки «ин одамҳо ба Худо саҷда карда истодаанд») дуруст аст, на монанди мусулмонон, балки ба таври худашон, аммо ба ҳар ҳол ибодат мекунанд.
— Шумо русҳоро кофир мегӯетон, аз Худо бехабар ҳастанд мегӯед, лекин онҳо Худоро ба ёдашон оварда, ба таври худ намоз мехондаанд-ку, ман худам бо чашмам дидам-ку, — гуфтам ман ба падару модарам. Онҳо ба ман бо назари тааҷҷуб нигоҳ карданд.
Падарам гуфт:
— Онҳо ба Худои худашон саҷда мекунанд.
— Боз Худои дигар ҳаст? — ҳайрон шудам ман. — Шумо «Худо якта, Худо яккаю ягона аст» гуфта будед-ку?
Падарам чин бар ҷабин кашид, ранги модарам канд.
— Бутхона аллакай фикри туро вайрон кардааст, — гуфт модарам. — Гунаҳгор шудӣ, калимаатро хон!
Пештар, ҳар гоҳ агар ба муносибате маро «гунаҳгор шудӣ, калимаатро хон!» мегуфтанд, ман тарсида фавран «калимаи мусулмонӣ»-и аз модарам ёдгирифтаамро такрор мекардам, аммо ин дафъа он қадар натарсидам ва «калима»-амро зуд такрор накардам, зеро ба саволам ҷавоби қаноатбахш нагирифта, аввалин бор дар андеша монда будам, ки агар боз Худои дигар бошад, маълум мешавад, вай «яккаю ягона» набудааст ва агар бошад, маълум мешавад, русҳо ҳам ба худи ҳамон Худо саҷда мекардаанд. Пас, сабаб чист, ки онҳоро кофир ва моёнро мусалмон мегӯянд?…
Лаклак
Як рӯзи офтобӣ мо дар берун бар рӯйи палос таом хӯрда нишаста будем, ки нохост аз пушти боми иморатҳо патар-патар овоз баромад. Ин овоз торафт баландтар шуда ба мо наздик меомад. Ман аз ҷоям ҷаҳида хеста нигоҳ кардам, аввал ҳеҷ чиз надидам, аммо баъди андак фурсате дар осмон як парандаи бисёр ғалатӣ намудор шуд, ки дар назари аввал ба лаклак монандӣ дошт. Вай якзайл патар-патар карда рост ба болои мо парида меомад.
— Лаклак! Лаклаки калон! — бо шавқ хабар додам ман ба падар, модар ва бародарам,
Падарам хандид.
— Лаклак не, айриплон1, — гуфт вай, — номи ин парранда айриплон аст.
________
1Аэроплан
Ман «айриплон, айриплон!» гуфта фарёд зада, тоқиамро ҳаво додан гирифтам.
— Хабардор бош, қаҳрашро набиёр, ки фуромада туро нӯл мезанад! — гуфт падарам. Ба гумони ман вай инро ба оҳанги шӯхӣ гуфт, лекин ман ҳар чӣ ҳам бошад, дигар тоқиамро ба ҳаво напарондам. Аэроплан парида рафт, аммо овози гув-гув ва патар-патари вай боз чанд муддат аз пушти дарахтон шунида мешуд.
Хаёли ман аз қафои ӯ парвоз мекард. Аэроплан чӣ хел паранда бошад? Кошки як бор аз наздик медидам!.. Падарам ҳанӯз дар деҳа ба мо ҳикоя карда буд, ки макони ин паранда дар Русия аст ва русҳо онро ба худ ром карда, ба болои қаноташ нишаста парвоз мекунанд. Кошки ман хам ягон бор дар қаноти вай парвоз мекардам!..
Ман аэроплан диданамро ба Паша ҳикоя кардам.
— Вайро ман сад бор дидаам, — гуфт Паша. — Дар осмон ҳам дидаам, дар замин ҳам. Ҷойи аэропланҳо дар ҳамин наздикӣ аст, аз завод дур не.
— Рост? Маро ба он ҷо барӣ-чӣ? — хоҳиш кардам ман.
— Майлаш, — қабул кард Паша. — Равон шав.
Паша маро ба тарафи ҷӯе, ки аз пушти хонаҳои хизматчиёни завод равон буд, бурд, мо аз ҷӯй ҳаллос зада гузашта ба пуштае баромадем. Аз болои пушта киштзорҳо, боғу полизҳо намудор буданд. Мо киштзору полизҳоро миёнбур карда, аз байни палаки харбуза, тарбуз, помидор ва ҷуворимакказори порсола равон шудем. Дар як ҷо чашми ман ба пора-пора чӯбу оҳани сӯхта афтод.
— Дар ин ҷо аэроплан ғалтида сӯхта буд, — огоҳ кард маро Паша.
— Аэроплан сӯхт? Парандая? Чӣ хел? — ҳайрон шудам ман, зеро аэропланро парандаи ҷондор тасаввур мекардам. Паранда чӣ тавр ва барои чӣ ғалтида месӯхтааст?
— Ту фаҳм надорӣ, — гуфт Паша, — аэроплан мошин аст.
Дар ҳамин дам дирӯз дидагиам барин як аэроплан аз болои сари мо паст-паст парида гузашт. Ман сари одами дар даруни он нишастаро дидам. Аэроплан осмонро як давр зада поён фуромадан гирифт. Аз дуртар дашти ҳамворе дида мешуд, ки атрофаш девор буда, дар канорҳояш иморатҳои сафед ба назар мерасиданд. Дар он дашт се аэроплан қатор истода буданд: онҳо аз дур парандаҳои майда барин менамуданд. Аэроплани дар осмон дидагиамон ба замин фуромада буд, ки як аэроплани дигар ба ҳаракат омада, рӯ-рӯйи дашт давида рафт ва ниҳоят, монанди паранда ба осмон баланд шудан гирифт.
— Дур будааст, — афсӯс хӯрда гуфтам ман. — Наздиктар мешуд, хуб тамошо мекардем.
— Мо ҳозир ба ҳамон ҷо, ба пеши худи ҳамон аэропланҳо меравем, — гуфта Паша ба пеш ҳаракат кард.
— Наздик рафтан мемонанд-мӣ?
— Намонанд ҳам меравем, ман роҳашро медонам.
Мо аз болои ҷӯякҳо ва марзаҳои киштзор ҷаҳида, давон-давон рафтем ва ба дарвозае, ки аз вай ба аэродром даромада мешуд, расидем.
Ман ба даромадан ҷуръат накардам, Паша аз дасти ман гирифта кашола карда:
— Тезтар қадам мон, — гуфт.
— Метарсам… Раваду аэроплан моро…-Ман бо ҳаракати дастам ва лабонам нӯл задани парандаро нишон додам.
Паша қоҳ-қоҳ хандид.
— Ҳой, куҷо меравед? Ақиб гардед! — Аз будкаи назди дарвоза як пирамард баромада нидо кард.
— Бобоҷон, ман ба ин бача аэропланро нишон диҳам, мумкин-мӣ? Ин аэропланро дар замин ҳеҷ надидааст Паша ба оҳанги зорию илтимос гуфт ба пирамард.
— Ӯ-ӯ, почадарози калтадум! «Нишон медиҳам» будааст! — ғур-ғур кард дарвозабони куҳансол. — Ин нишондиҳандаро бинед-а! Хайр рав, нишон деҳ.
«Почадарози калтадум» мӯйи зарди пахолмонандашро, ки шамол тит мекард, бо дасташ дошта, ғиззас зада ба пеш давид. Аз ақибаш ман ҳам давидам. Аз пеши мо одамони ношинос баромада, ҳайрон шуда ба мо нигоҳ мекарданд. Паша дар як нафас ба наздики аэроплан расид. Яке аз одамони ба мо рӯ ба рӯ омада:
— Дур шав! Наздик рафтан мумкин нест! — гуфта Пашаро боздоштанӣ шуд.
— Бобо рухсат дод, вай моро мешиносад! — бе ибо ҷавоб гардонд Паша.
Вай назди аэроплан рафта, ба қаноти он даст расонд.
Ман низ ҳамин тавр кардам. Дидам ва қонеъ шудам, ки аэроплан парандаи ҷондор не, балки чизи «дасти одам сохтагӣ» будааст. Вай дар дарунаш ҷойи нишаст дошт, ки одам дар он ҷо нишаста аэропланро ба парвоз медаровард.
— Ҳой! — аз дур овози дарвозабон шунида шуд. — Тамошо кардед, акнун равед!
— Хуб, ана ҳозир меравем! — ҷавоб дод Паша, аммо худаш аз дасти ман гирифта маро ба алафзор кашид ва фармуд:
— Панаҳ шав! Сар боло накун!
Мо дар байни алафи хушк пинҳон шудем. Паша боз гуфт:
— Агар паридани аэропланро диданӣ бошӣ, дар ҳамин ҷо шин!
Ман дар байни алафи хушк дароз кашида, аз аэроплан, ки қаноти зардчаи сафедтобаш дар офтоб ялаққос мезад, чашм намекандам ва паридани онро мунтазир будам.
— Ба қарибӣ яктааш ғалтида тикка-тикка шуд, — гуфт Паша.
Чӣ хел ғалтид? — ба дилам ваҳм афтода пурсидам.
Ана вай дар киштзор, навакак мо чизҳои сӯхтагиро дидем-ку? Аэроплан ба ҳамон ҷо ғалтида сӯхт. Вай аввал дар осмон даргирифта рафт, ман бо чашми худам дидам.
Ман сухани Пашаро шунида ҳайрон мешудам, ки дар аэроплан оташ аз куҷо пайдо шудааст? Паша бошад суханашро давом дода чӣ гуна рӯй додани фалокатро ҳикоя мекард:
— Вай як ним соат ин тарафу он тараф парид, баъд якбора овозаш набаромада монд. Нигоҳ карда бинем, ки сарозер ғалтида истодааст… Аз вай дуд печида мебаромад…Ман, бибиам ва як тӯда бачагони завод тозон-тозон ба ҷойи ғалтидагиаш рафтем. Лекин вай то расида рафтани мо сӯхта тамом шуд…
— Аэроплан-а? — ҳаросон шуда пурсидам ман. — Одами дар дарунаш будагӣ чӣ шуд?
— Лётчик? Вай ҳам нобуд шуд. Аввал зинда будааст, одамҳо вайро бардошта ба касалхона бурданӣ шаванд, дар роҳ мурдааст.
Паша ин воқеаро орому бепарво ҳикоя мекард, лекин ман аз ҳаяҷон меларзидам. Ба хотирам афсонаи аспи чӯбини қанотдор меомад, ки модаркалонам ба ман дар деҳа ҳикоя карда буд: он асп агар гӯши росташро тобанд, ба осмон мепаридааст, гӯши чапашро тобанд, ба замин мефуромадааст. Дар он асп шоҳзода Бобораҳим савор буд, вай як рӯз дар хокандоз ба қоши зини аспаш алов андохта парида буд, ки аспи чӯбин аз он алов сӯхта даргирифта рафт…
— Вай ҳам алов дошт? пурсидам ман аз Паша.
— Кӣ? Чӣ хел алов? — ҳайрон шуд духтарак.
— Ҳамон аэропланчӣ. Вай ҳам ба аэропланаш алов андохта парида буд?
— Ту чиҳо гуфта истодаӣ? Аэроплан худаш мошин аст, мошин дар дарунаш алов дорад, бо зӯри ҳамон алов ҳаракат мекунад, — «фаҳмонд» Паша.
Дар ин дам аз наздик патар-патари аэроплан шунида шуд, мо нигоҳ карда як аэроплани ба дашт фуромада истодаро дидем. Дили ман аз тарс меларзид, ки мабодо вай даргирифта ба замин нағалтад. Аҷаб шердил будааст ин аэропланчӣ. Бемалол парвоз мекунад, наметарсад!
Инак, аэроплан оҳиста-оҳиста фурӯд омад…Чархаш ба замин расида, ба давидан даромад… Дар наздикии мо қарор гирифт. Чанд кас ба тарафи вай шитофтанд. Лётчик ҷаҳида баромада айнакашро аз чашмаш гирифт ва бо одамон бепарво, шоду хуррам вохӯрдӣ кард. Дар ин дам ба назди аэроплани дигар боз чанд кас омаданд. Яке аз онҳо сабук ҷаҳида ба даруни аэроплан даромаду бемалол нишаст ва дастпӯшаки калони чарминашро ба дастҳояш кашид, айнакашро аз пешониаш ба чашмонаш фуровард.
Се-чор кас аз қаноти аэроплан дошта истоданд, як кас дар дами он чизеро ҷунбондан гирифт. Инак, аэроплан патарос зад, одамон аз вай дур шуданд, дар дами аэроплан як чиз тез-тез чарх мезад. Ба тарафи мо шамоли чанголуд омад, шамол шапкаи як нафарро аз сараш наронда бурд, он кас аз пайи шапкааш давида рафт.
Аэроплан ба ҳаракат даромада, хез зада-хез зада давид ва ниҳоят аз замин канда шуда, патар-патаркунон ба ҳаво баланд шудан гирифт.
Парида рафт…
Маро чунон шавқеву ҳаяҷоне фаро гирифт, ки қалам аз тасвираш оҷиз аст.
— Намурад-е! — ба дилам мегуфтам дар ҳаққи лётчик. Чӣ хел баланд парида рафт-а!
Баъд аз он ман чандин вақт ба аэроплан дилбохта шуда гаштам. Дидагиам ва фикру андешаҳоямро вақт- вақт ба модарам, падарам ва бародарам нақл мекардам.
Ман ба нотарсии лётчикҳо тан дода будам.
— Одам ба осмон мепарад-а! Аз парандагон ҳам баландтар мепарад! Ба куҷое, ки хоҳад парида меравад!
Ин лётчикҳо аҷаб одамҳои шердил мешудаанд, яктаашон ғалтида нобуд шуда бошад ҳам, дигарҳошон натарсида боз ҳам парида истодаанд! — фикр мекардам ман.
Ва ҳар гоҳ агар дар осмон аэропланро дида монам, тӯппиамро ба сӯяш ғурронда вайро табрик менамудам.
Ҳамдеҳагон
Аз таъин шудани падарам ба саркории токзор як-ду ҳафта гузашта буд, рӯзе ман монанди ҳарвақта барои ӯ ба ҷойи кораш хӯрок бурда дода ба хона бозмегаштам, ки дар сари роҳ ба ду каси гадомонанд дучор омадам: онҳо дар таги теппаи канори токзор менишастанд. Ҳар дуяшон ҳам пойлучи ҷомадарида, лоғари рангпарида ва мӯю ришрасида буданд, аз ҷойҳои даридаи ҷомаҳошон пора- пора чағбут баромада меистод.
Яке аз онҳо ба забони ӯзбекӣ маро ҷеғ зад:
— Ҳой, буёққа кел!1
Ман тарсида қадамамро тезтар мондам, зеро ки онҳоро оворагард ва дузд гумон карда будам.
— Натарс, омадан гир, охир мою ту ҳамқишлоқӣ ҳастем, — гуфт дуюмӣ ба забони тоҷикӣ.
Аз лаҳҷааш фаҳмидам, ки дар ҳақиқат ҳамқишлоқии ман аст. Наздиктар рафта шинохтам: яке аз онҳо Шарифи Навча ва дигаре Ҳаити Пакана — худи ҳамон чоряккорони Мирабдуллобой буданд, ки чанде пеш падарам бо онҳо дар Ҷӯйи Дӯлона даст ба гиребон шуда буд.
— Салом алайкум. Шумо… аз куҷо?
— Ту аз куҷое ки бошӣ, мо ҳам аз ҳамон ҷо, — ҷавоб дод Шарифи Навча, ки аз лоғарӣ боз ҳам навчатар гашта буд.
— Чӣ тавр шуд, ки ба ин ҷойҳо омада мондед?
— Шумо чӣ тавр омада монда бошед, мо ҳам ҳамон тавр.
___________
1Ҳой, ин ҷо биё!
Шариф бо чашми тамаъ ба дастархони ман нигоҳ мекард: маълум буд, ки гурусна аст.
— Дар дастархонат чӣ дорӣ? Нон дорӣ? — дар охир пурсид вай.
— Не, дастархонам холӣ.
— Ҳа-а, холӣ? Ин тавр бошад, аз роҳат намон.
— Ман ҳозир дадома ҷеғ мезанам.
— Дадот ба ту даркор бошад, ҷеғ задан гир; ба мо даркор нест, — гуфт Ҳаити Пакана.
Ман давида ба болои теппа баромада, бо ишораи даст падарамро, ки дар байни токзор машғули кор буд, ҷеғ задам. Вай омада ҳамдеҳагони худро даррав шинохт. Онҳо ӯро беэътиноёна истиқбол карданд. Шариф ба вай ҳатто нигоҳ ҳам накарда, қавоқашро андохта нишастан гирифт: эҳтимол, гумон мекард, ки падарам то ҳол дар дилаш нисбат ба ӯ кина дорад.
— Шумо худатонро гиронда мондед-ку! — падарам дар паҳлуяшон нишаста гуфт. — Дар деҳа зиндагӣ сахт аст, мегӯям?
— Агар ту ҳам ду-се рӯз кунҷораю алаф мехӯрдӣ, чӣ хел будани зиндагиро мефаҳмидӣ ва ба одами дидагиат «худро гирондаӣ» намегуфтӣ, — ҷавоб дод Ҳаит.
Падарам ба худ қиёфаи ҷиддӣ гирифта гуфт:
— Медонам … Гушнагӣ… Кай омадед?
— Ба омаданамон ду ҳафта шуд-а, Шариф? — ба рафиқи худ муроҷиат кард Ҳаит.
— Намедонам, нашумурдаам, — гуфт Шарифи то ҳол хомӯшнишаста рӯяшро ба як тараф гардонда.
Вай магар сахт гурусна монда буд ё кинаи ба падарам доштааш ҳанӯз аз дилаш нарафта буд, ки гап задан намехост.
— Ҳоло бекор ҳастед? — пурсид падарам.
— Бекор, — ҷавоб дод Ҳаит. — Дар бозори мардикор бойҳои Тошканд афту башараи моро дида, аз онсӯтар гузашта мераванд.
Падарам боз чизе пурсиданӣ шуда буд, ки Шариф ӯро аз сухан боздошта, бо рӯйи хира ва забони тунд гуфт:
— Шуд! Аз пайи кори худат бош, ошно, ба мо кордор нашав.
— Чӣ шуд ба ту, Шариф? — Ҳаит ба рафиқаш нохушнудона нигоҳ карда гуфт. — Раваду ин одам ба мо некӣ карданӣ бошад.
— Аз некии одамҳо безорам! — Шариф бо қаҳр гуфт ва аз ҷояш ҷаҳида хеста, қади дарози қоқашро рост кард. — Хез, меравем!
Ман гумон кардам, ки, эҳтимол, бедимоғӣ ва тундии Шариф аз гуруснагӣ бошад, бинобар ин, ба падарам гуфтам:
— Шариф амакам дастархони маро дида, нон пурсиданд, аммо нон набуд…
— Чӣ дурӯғ мегӯйӣ? Ман ҳамту пурсидам, мақсадам нони туро хӯрдан набуд, — гуфт ба ман Шариф, ба тавре ки аз оҳанги гуфтораш хиҷолатмандии ӯ ҳис карда мешуд.
— Ист, Шариф! — падарам низ аз ҷо бархост. — Аз барои чӣ қаҳр мекунӣ?.. Дар ин замонаи сахт одамҳо бояд кинаю кудуратро як тараф монда, ба якдигарашон ёрӣ расонанд. Ман дар ҳақиқат ба шумо некӣ карданӣ ҳастам. Ба завод коргар лозим: агар хоҳед, ман гапзанон карда шуморо ба кор қабул мекунонам. Гардед, ба хона меравем. Ба пеши ҳамқишлоқиатон биёеду як пиёла чояшро нанӯшида равед, нағз намешавад.
Шариф малул ва сархам истода, бо нарангушти пояш хоки заминро тит мекард. Дар хиҷолат монданаш аён буд.
— Дидӣ? — гуфт Ҳаит ба вай. — Умархон он хел одам не, ки ту хаёл мекардӣ. Узр гӯй, ҷиннӣ, «беадабӣ кардам, аз гуноҳам гузаред» гӯй.
Аммо Шариф дам намезад ва сар боло намекард.
Ногаҳон аз чашмонаш чанд қатра ашк ба замин рехт. Вай рӯяшро як сӯ гардонда чашмонашро бо остини даридаи ҷомааш пок кард. Ба вай раҳми ман омада, афсӯс мехӯрдам, ки дастархонам холист ва ман ӯро бо нон зиёфат карда натавонистам.
— Ғусса нахӯр, Шариф, ҳеҷ воқеа не…Мегузарад… — Падарам инро гуфта ҳамдеҳагонро ба тарафи хонаамон бурд. Дар «ҳавлӣ»-и мо Шариф ва Ҳаит сари дастархон нишаста, рӯзи сиёҳи худашон ва ҳамқишлоқиёни дигари моро ҳикоя карданд. Мирабдуллобойи Ҷоғар Шариф ва Ҳаитро аз замини худаш рондааст. Онҳо бо зану бачагонашон дар аввали зимистон ба як бурда нон зор шуда мондаанд. Аввал кунҷора хӯрдаанд, баъд кунҷора ҳам камёб шуда мондааст, пӯстлохи дарахтонро дар дег ҷӯшонда мехӯрдагӣ шудаанд. Худашон ва зану бачагонашон варам карда, бемор шудаанд. Зани Шариф аз гуруснагӣ вафот карда, падари бадбахт бо чаҳор бачаи хурдсолаш мондааст ва аз ночорӣ хонаю чояшро ба се қадоқ тутмавиз фурӯхта хӯрдааст. Дар аввали баҳор пайи ҳамдигар он чор бачаро ҳам гӯрондааст. Ба дарду аламаш тоб наёварда худро ҳалок карданӣ шудааст, аммо Ҳаит хабардор шуда вайро халос намудааст ва баъд ҳар дуяшон маслиҳат карда, дар пайи кор ва ризқу рӯзӣ роҳи Тошкандро пеш гирифтаанд.
Падару модари Ҳаит ҳам мурдаанд, вай онҳоро гӯронда, зан ва ду бачаашро дар деҳа монда омадааст. Боёни деҳа замини деҳқонони гуруснаро ба бадали як пуд- ду пуд ғалла «харида» мегирифтаанд. Ҳаит се таноб заминашро ба як пуд орди ҷуворимакка ба Мирабдуллобой фурӯхтааст. Чор нафар бойи калони деҳа: — Камол, Раҳимбой, Мирабдулло ва Абдулаъзам бо ҳамин тарз нисфи заминҳои деҳаро ба дасти худ даровардаанд. Халқи гурусна ҷон мекандаасту ғаллаи ин боён дар чағораҳо мепӯсидааст.
— Давр рондани ин хунхорон дур намеравад, — гуфт падарам. — Дар шаҳрҳо мулки бойҳои калонро аллакай аз дасташон кашида гирифтанд. Соҳиби пештараи ана ҳамин заводи моро ҳам зада пеш кардаанд, ҳоло завод аз они мо… аз они коргарон аст. Подшоҳи золим аз тахташ ғалтид. Ҳукумати нав тарафдори камбағалон аст, най пагоҳ-фардо он бойҳои деҳа, он баттолҳои ҳаққимардумхӯрро ҳам ба тоб мегирад! — Падарам бо ин суханҳо меҳмонони сиёҳбахти худро дилбардорӣ мекард.
Вай бо Николаев гап зада, Шариф ва Ҳаитро дар қаровулхонаи назди анбори ҳезум, ки аз хонаи мо он қадар дур набуд, ҷойгир кунонд. Ба Шариф падарам чакмани худро, ба Ҳаит як ҷомаи нимдошташро дод.
Ману бародарам ба онҳо аз хона палосу кӯрпа бурда додем. Ҳар гоҳ ки модарам хӯрок мепухт, ман аз он як коса ба ҳамдеҳагони худ бурда медодам.
Шариф ва Ҳаит бо ҳамин тарз якчанд рӯз дар он хонача истиқомат карда, андак ба худ омаданд ва баъд дар токзор ба кор шурӯъ карданд. Шариф коркуни зӯр буд, вай ба рафиқаш Ҳаит, ки аз худаш камқувваттар буд, баъзан ҳазл карда мегуфт:
— Кори туро дасти чапи ман мекунад, дасти ростам бошад, аз ту ду баробар зиёд кор мекунад.
Вай сардори як дастаи шашкаса шуд. Дастаи ӯ дар токзор аз дигарон зиёдтар кор мекард. Димоғи Шариф чоқ буд, гоҳо аз кор истода дар роҳ бо овози баланд тарона мехонд. Лекин вақт-вақт, одатан дар рӯзҳои ҷумъа, ки рӯзи дамгирӣ буд зану бачагони мурдагиашро ба ёд оварда ғамгин мешуд ва мегирист. Рафиқаш Ҳаит вайро дилдорӣ карда, базӯр ором менамуд.
Рӯшноии ҳаёти нав
Дар баҳор ва тобистон токзору дарахтзорҳои заводи шаробпазӣ бағоят хурраму дилкушо гардиданд. Токзори нопайдоканор монанди баҳри сабзе шуда буд. Гирдогирди вай, қади роҳҳо, канори ҷӯйҳо, пасу пеши иморатҳо ҳама дарахтзору гулзор буд. Аз ҷӯйҳо оби равон канда намешуд. Аз асари ин ҳама кабудӣ ва сояву салқин гармии тобистон ҳам он қадар маълум намегардид. Падарам дар як қитъа замини холии байни токзор сабзавоту полиз корид. Аввали тобистон мо дар сари полиз алочуғ1 андохта, ба он ҷо кӯчидем. Пеши алочуғи мо гулзор, гирдогирдаш полизу сабзавот ва ҷуворимакка буд.
Замини чанд сол дамгирифта ва поруандохта ҳосили фаровоне дод. Азизхон ва ман баъзе харбуза ва тарбузро бардошта натавониста, аз полиз ба алочуғамон ғелонда меовардем. Каду бошад ҳар якаш ним пуд то як пуд меомад. Аз ҳар бехи картошка мо то чор сатил ҳосил мегирифтем: картошкаҳое буданд, ки то се қадоқ вазн доштанд, гоҳе мо ба як дег шӯрбо фақат ду ё се дона картошкаро реза карда меандохтем ва хӯрда тамом карда наметавонистем. Бехи боқилаҷон аз гаронии ҳосилаш мешикаст, мо ба таги он пояҳо гузошта будем. Падарам мегуфт, ки ман дар умрам ин хел ҳосили зиёд додани сабзавоту обчаро надида будам.
Зиндагонии мо нағз шуда рафт. Мо акнун модагов ҳам доштем. Корубори хонагии модарам зиёдтар шуда бошад ҳам, вай хушҳол буд. Ба вай тандурустии пештарааш баргашта, аз нав солиму бақувват шуд. Ҳар боре ки ба наздаш якто-дуто занҳои коргарони завод меомаданд, хурсанд мешуд, онҳоро бо ҷону дил меҳмондорӣ мекард. Зани Ершов ва зани Николаев ҳам ба хонаи мо рафтуомад доштанд.
____________
1Алочуғ — коза, каппа.
Пеш аз кӯчиданамон ба алочуғ Мухтори гирёнчак ва носолим модарамро бисёр азият медод. Ман рӯзи дароз гаҳвораи ӯро меҷунбонидам, вай гирён хоб мерафт ва гирён бедор мешуд. Ин хол дар коза ҳам давом кард. Мухтор ёздаҳмоҳа шуда бошад ҳам, модарам ҳанӯз вайро аз гаҳвора набароварда буд. Як рӯз ба назди модарам ҳамсари Николаев — тӯта Люба, зани малламӯйи хушсурат ва хушқадду комат, бо духтарчаи сесолааш Лена омад.
Духтарчаашро либоси озодаи тӯрдор пӯшонда ва ба сараш лентаи осмониранги банур баста, монанди зоча зеб дода оварда буд, ки ҳаваси кас мерафт. Мухтор дар гаҳвора бедор шуда гиря бардошт. Тӯта Люба рӯпӯшаки докагии гаҳвораро кушода нигоҳ кард. Чун кӯдакро дар гаҳвора маҳкам бастагӣ, беҳаракат, аз гармӣ ғарқи обу арақ, сурх гашта ва гирён дид, ба даҳшат омада гуфт:
— Вой, кӯдаки бечора!.. Тезтар вайро кушода гиред!
Модарам Мухторро аз гаҳвора кушода гирифт. Тӯта Люба бадани аз арақ таршуда ва майда-майда сурхча дамидаи кӯдакро дида, ба ҳоли вай раҳмаш омад ва дасти таассуф ба ҳам зада:
— Гаҳвора бачаатро нобуд мекунад, — гуфт ба модарам. — Дар ин гармӣ чӣ хел дилат мешавад, ки ӯро дар гаҳвора бандӣ? Охир, бача карахту беҳол шудааст, маҷоли дасту пой ҷунбонидан надорад. Бадани бача мӯҳтоҷи ҳаракат кардан аст, вай бояд озод хоб кунад! Ин дар дег ҷӯшондагӣ барин суп-сурх шуда рафтааст-ку, намебинӣ?
Вай ба модарам зарари гаҳвораро фаҳмонда, кӯшиш кард ӯро ба хобондани кӯдакаш дар каравотча розӣ намояд, лекин модарам розӣ намешуд ва мегуфт, ки барои кӯдак аз гаҳвора беҳтар чизе нест.
Бегоҳирӯзӣ тӯта Люба боз дар пайраҳа намоён шуд.
Дар дасташ як тоси калон буд ва бародарам Азизхон аз қафои ӯ як каравотчаи оҳанинро бардошта меомад. Зан аз сумкааш собуни ироқии хушбӯй бароварда ба модарам гуфт:
— Кӯдакатро ҳар рӯз дар ин тос бо оби ширгарм оббозӣ кунон ва бо собун шӯй, баъд аз он дар ин каравотча хобон.
Оббозии якум бо собун дар ҳузури худи тӯта Люба ба амал омад. Вақте ки ба сари Мухтор собун мемоланд, вай дод бардошт, аммо кам-кам ором ёфт ва дар охир бо хандаю бозӣ ба об шалап-шалап даст задан гирифт: аз афти кор, оббозӣ ба ӯ форида буд. Баъди оббозӣ вайро дар каравотча ба кӯрпаю болишти покиза хобонданд. Вай ором ва дурудароз хоб кард. Ба тааҷҷуби мо, вақте ки бедор шуд, ҳамоно ором буд, гиря намекард. Аз ҳамон рӯз сар карда модарам аз гаҳвора даст кашид. Кӯдакашро ҳар бегоҳ бо собун оббозӣ кунонда ба каравотча мехобонд.
Як-ду ҳафта гузашта буд, ки Мухтор фарбеҳ, тоза ва сафед шуда рафт. Гиряаш камтар ва хандаю бозиаш бештар гардид. Вай дар яксолагиаш ба роҳ даромад.
Модарам шодона ҳайрон буд ва мегуфт, ки фарзандони ӯ ҳеҷ яке дар яксолагиаш ба роҳ надаромада буд.
Мо ба осудаҳолӣ расида, аз зиндагониамон хушнуд будем. Падарам бағоят серкор бошад ҳам, доим димоғаш чоқ буд. Ман вайро пештар ҳаргиз он гуна хурсанду хушҳол надида будам. Токҳо ҳосили фаровон доданд. Мо бачагон ҳам ҳар рӯз ба ангурканӣ мерафтем ва ба калонсолон ёрӣ медодем. Падарам ҳанӯз ҳам саркор буд, рӯзи дароз аз токзор намебаромад ва ҳеҷ аз кор кардан монда намешуд. Пештар вай диндори сахт буд, панҷ вақт намозашро тарк намекард, аммо акнун аз серкорӣ ба намоз хондан ҳам фурсат намеёфт. Агар модарам гоҳо вайро аз барои намоз нахонданаш коҳиш кунад, хандида мегуфт:
— Намозро аз барои савоб мехонанд? Хуб, ин тавр ки бошад, кори ман карда истодагӣ ҳам савоб аст. Токзори қариб аз кор баромадагиро обод карда ба ҳосил даровардам, акнун ҷонам ҳалок, ки ҳосилашро нобуд накарда ғундошта гирем, — ба савоби ин кӣ мерасад? Худо худаш медонад ва аз гуноҳам мегузарад.
Завод дар мӯҳлати муқарраршуда ба кор даромад.
Ангур як хӯша ҳам намонда ғундошта шуд. Мегуфтанд, ки ангури ҷамъшуда то ҳосили нав ба завод бемалол мерасад ва ҳатто зиёдӣ ҳам мекунад.
Дар маҷлиси коргарон, ки ба муносибати ба кор даромадани завод барпо шуда буд, директор ва Николаев кори падарамро таъриф карданд.
Дар охири тобистон як рӯз директор падарамро ба наздаш ҷеғ зад. Чунон ки падарам баъд дар хона нақл кард, директор як бинои истиқоматии сехонадорро, ки холӣ шуда будааст, ба мо дода ва фармудааст, ки даррав аз сари полиз ба ҳамон ҷо кӯчида равем. Падарам ҷавоб додааст, ки:
— Ба ин ғамхориатон раҳмат. Лекин рухсат диҳед аввал дар хона маслиҳат кунам.
Баъди нақл кардани сӯҳбати бо директор кардагиаш падарам мегуфт:
— Ба ман барин як деҳқони омӣ директор ҳамин хел хонаи нағзро доданӣ-я! Ин гапи куҷо? Дар умрам ин тариқа корро надида будам. Ҳукумат аз они коргару деҳқон шуд, даври коргару деҳқон омад!
Мо рафта хонаи навро дидем, вай дар поён буда ҳақиқатан иборат аз се хона, тирезаҳояш калон-калон, заминаш тахтагин буд. Дар вай пештар яке аз агроном шаробпазҳои завод, ки ҳоло аз кор холӣ шуда ба шаҳр кӯчида буд, бо оилааш истиқомат мекард. Лекин хонаи нав ба падарам маъқул нашуд.
— Мо ба ин хел хонаҳои урусӣ одат накардаем. — мегуфт вай.
— Ин хонаҳои калонро чӣ кор мекунем? — илова кард модарам. — Сандалӣ шинондан ҳам мумкин нест: заминаш тахта.
Падарам ин бинои истиқоматии ҷудогонаи зебо ва калонро рад карда, дар ҳамсоягии оилаи Ершов хонаи дигареро интихоб намуд. Замини ин хона хокӣ бошад ҳам аммо худаш озода, равшан ва печкадор буд. Вай ба модарам хусусан аз ваҷҳи ин ки дар ҳамсоягии дугонаҳояш тӯта Маша ва тӯта Люба воқеъ шуда буд, бисёр маъқул афтод.
Ба ҷой гирифтани мо дар завод фақат якчанд моҳ шуда бошад ҳам, дар зиндагонии мо дигаргунӣ ва навигариҳо рӯй дода буданд. Рӯшноии ҳаёти нави хушбахтона ва хуррамона ба сари мо ҳам тофта буд.