Бояд хотирнишон кард, ки водии Рашт мисли дигар гӯшаву канори Тоҷикистон дорои таърихи дуру дароз мебошад. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ҳанӯз дар охири ҳазораи якуми пеш аз мелод як шохаи Роҳи бузурги абрешим аз водиҳои Олой ва Рашт гузашта, тавассути Ҳисору Хатлон, Балху Эрону Ироқ ба соҳилҳои Баҳри Миёназамин мерасид ва ин шоҳроҳ Шарқу Ғарбро ба ҳам мепайваст. Муаррихон ҳамчунин собит намудаанд, ки дар асри ҳафтуми мелодӣ дар қаламрави минтақаҳои Рашту Хатлон ва Ҳисору Бадахшон алифбо- ву хат ва адабиёту фарҳанг васеъ ривоҷ доштааст. Ва ба шарофати кӯшишҳои гузаштагонамон, ки дар тӯли садсолаҳо ба харҷ додаанд, забону фарҳанг ва ҳувийяти миллии мо — тоҷикон то имрӯз пойдору устувор монд. Бо вуҷуди мушкилоти рӯзгор, ҳуҷуму харобкориҳо ва таъсиру фишори аҷнабиён гузаштагонамон ин арзишҳои волои миллиро аз умқи ҳазорсолаҳо ба ояндагони худ ҳамчун ганҷи бебаҳо ба мерос гузоштаанд.
Дар густариши забон, адабиёт ва фарҳанги тоҷикӣ фарзандони фарзонаи водии пурсаховати Рашт низ саҳми шойиста доранд. Мероси гаронбаҳои намояндагони доираи адабии Рашт — Мавлавӣ Қасимӣ, Мавлавӣ Шоҳидии Раштӣ, Мавлоно Ҷомии Сонӣ, Абдураҳими Ғармӣ, Хазонӣ, Ҳаҷри, Насимӣ, Валеӣ, Гулханӣ, Шайх Абдулҳай ва дигарон аз талқини ғояҳои башардӯстӣ, омӯзиши илму дониш ва ташвиқи хислатҳои ҳамидаи инсонӣ иборатанд. Ду нафар шоири тавонои асрҳои ХУ-ХУ1 Мавлавӣ Қасимӣ ва Шоҳидии Раштӣ ҳатто ба «Маснавӣ»-и бузургтарин чеҳраи адабиву ирфонии адабиёти тоҷику форс, ситойишгари ваҳдати миёни халқҳову мазҳабҳо, фарзанди халқи тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҷавоб навиштаанд, ки дар таърихи ҳавзаҳои адабии он давра камназиранд.
Таҷрибаи арзишманди таърихии мубориза барои озодӣ ва истиқлол дар асри XX — дар даврони ниҳоят мураккаби сарнавишти миллати тоҷик аҳамияти фавқулодат ва ҳаётӣ дошт. Тавре ки таърих собит месозад, дар охири асри XIX ва оғози асри XX миллати тоҷик бинобар омилҳои зиёд дар марҳалаи ниҳоят ҳассос ва хатарноки таърихи хеш қарор дошт. Асолат ва ҳатто бақои таърихии ӯ таҳти хатари бевосита қарор гирифта буд. Доираҳо ва гурӯҳҳои манфиатдор на фақат асолат ва ҳастии таърихи тоҷиконро аз ҷиҳати идеявӣ ва сиёсӣ бадқасдона инкор мекарданд, балки бо ҳамдастӣ ва мусоидати фаъоли як тоифа фарзандони нохалафи халқи мо мекӯшиданд, ки миллати тоҷик ҳамчун миллати асил ва соҳибватан асири фаромӯшхонаи таърих гардад.
Дар чунин даврони тақдирсоз устод Садриддин Айнӣ вориди саҳнаи пайкори муқаддаси миллӣ шуд. Муборизаи ҷасурона ва фаъолияти хирадмандонаи фарҳангиву маънавӣ, идеявӣ, адабӣ ва сиёсиву иҷтимоии ӯ дар асл корномаи бузурги миллӣ ва саҳми шойиста дар таъмини истиқлоли Ватан дар оянда буд. Бесабаб нест, ки устод Садриддин Айнӣ нахустин “Қаҳрамони Тоҷикистонии соҳибистиқлол гардид.
Дар кори муқаддаси таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои таърихии тоҷикон ҳамчунин Абулқосим Лоҳутӣ ва боз як гурӯҳ зиёиёни ватанпараст саҳми арзандае доранд. Бояд махсус зикр кард, ки бо вуҷуди мушкилот ва монеаҳои зиёд гурӯҳи нисбатан хурди шахсиятҳои сиёсӣ ташаккул ёфт, ки ба хотири таъмини манфиатҳои тоҷикону Тоҷикистон талоши фаъолона дошт: намояндагони маъруфи ин гурӯҳ Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум буданд. Талоши пайгиронаву ватандӯстонаи ҳамаи онҳо ба таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон мусоидати фаъол намуд, ки дар сарнавишт и таърихии кишвари мо воқеаи хеле муҳим мебошад.
Дар натиҷаи кӯшишу талошҳои назарраси бисёр ходимони давлативу сиёсӣ ва илмиву фарҳангии тоҷик, аз ҷумла Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Абдуқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Чинор Имомов, Яҳё Афзалӣ, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода ва бисёр дигарон ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ ба маҷрои нави тараққиёт ворид шуд. Душанбе чун пойтахт ба маркази воқеии маъмурӣ, сиёсиву иқтисодӣ ва илму фарҳанги Тоҷикистон табдил ёфт.
Мо — наслҳои имрӯза кӯшишу талошҳои фарзандони бонангу номуси миллати тоҷик, аз ҷумла, яке аз симоҳои барҷастаи сиёсиву давлатии ибтидои асри гузашта Нусратулло Махсумро, ки зодаи Рашти бостонӣ буда, дар қатори нахустин роҳбарони мамлакатамон барои ҳамчун ҷумҳурӣ ташаккул ёфтани Тоҷикистон хизматҳои арзанда кардааст, ба таври шойиста қадршиносӣ мекунем. Зеро барои бақову ҳастии миллат, эҳёи давлат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, озодиву адолат ва ҳақиқати таърихии халқи тоҷик хизмати Нусратулло Махсум низ басо назаррас аст.
Дар вазъияти ниҳоят ҳассосу мушкил дар сафи аввалин фарзандони сарсупурдаи халқи тоҷик ба мубориза бархостани Нусратулло Махсум нишонаи ватандӯсту ватанпарасти асил будани ӯ мебошад. Кӯшишу талошҳои ӯ пеш аз ҳама дар ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян гардидани марзу буми имрӯзаи он ва шинохти миллати тоҷик беназир аст. Зеро дар он солҳои ҳассосу тақдирсоз бадхоҳони миллати тоҷик намехостанд, ки халқи мо соҳиби ҷумҳурии худ гардад. Аз ин рӯ, Нусратулло Махсум ба ҳайси яке аз роҳбарони ҷумҳурӣ бо ҷасорати фавқулодат ва шуҷоати сиёсӣ барои тақсимоти одилонаи ҳудудӣ, муайян намудани шахсияти миллии мардуми тоҷик мубориза бурда, кӯшиш намуда буд, ки тоҷикон ҳамчун яке аз қадимтарин халқҳои Осиёи Марказӣ ва дорои таъриху фарҳанги чандинҳазорсола эътироф ва шинохта шаванд. Хидмат ва кӯшишу ҷонбозиҳои ҳамин гуна фарзандони бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти миллати тоҷик буд, ки имрӯз давлати мо соҳибистиқлол гаштааст. Дар таърихи худшиносии миллати тоҷик номи чунин фарзандони барӯманд бо ҳарфҳои зарин навишта шуда, дар хотири мардум абадӣ хоҳад монд.
Дар солҳои дар вазифаи Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҷумҳурӣ фаъолият намудани Нусратулло Махсум дар Тоҷикистон он қадар корҳои бунёдкориву созандагӣ вусъат ёфта буданд, ки халқи мо садсолаҳои пешин чунин дигаргунсозиҳоро надида буд. Пеш аз ҳама таъсиси сохторҳои нави идоракунӣ, рушди тамоми соҳаҳо, бунёди роҳҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, созмон додани мактабҳову курсҳои гуногуни касбомӯзӣ, ҷалби занон ба корҳои давлатӣ ва дигар тадбирҳои муассир амалӣ гаштанд. Бо номи ин фарзанди содиқи миллат як давраи томи таърихи халқи тоҷик, як марҳалаи ҳассосу сарнавиштсоз ва бунёдкориҳои азими кишварамон иртиботи қавӣ дорад.
Нусратулло Махсум ба маънои томаш ҷонфидои миллати тоҷик буд. Ба подоши хизматҳои шойиста ва талошҳои худ баҳри эҳёи давлатдории тоҷикон қурбони беадолатиҳои шовинистиву бадхоҳони халқи тоҷик гардид. Мутаассифона, бадхоҳони халқи тоҷик бо дасисаву туҳмат Нусратулло Махсумро ҷисман аз байн бурданд ва ин фоҷиа баъди даҳсолаҳо бори дигар такрор гардид: дар солҳои муқовимати мусаллаҳона муҷассамаи ӯ дар зодгоҳаш нобуд карда шуд.
Ман имони комил дорам, ки агар Нусратулло Махсум, Мунаввар Шогадоев, Маҳмадулло Холов барин фарзандони бунёдкор ва фидоии миллат барҳаёт мебуданд, фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ ба сари халқи мо намеомад.
Бо мақсади барқарор намудани ҳақиқати таърихӣ мо имрӯз хизматҳо ва ҷоннисориҳои ин фарзанди вафодор ва муборизу ватанпарасти халъи тоҷикро баланд қадр менамоем. Бо қадршиносии ӯ мо номи ӯро на танҳо абадӣ мегардонем, балки наслҳои имрӯзу ояндаи миллатро ба он ҳидоят месозем, ки онҳо пайрави чунин мардони ватанпарасти асили халқи худ гашта, бо эҳсоси амиқи худшиносии миллӣ барои ободиву шукуфоии Ватани азизамон кӯшиш намоянд.
Мо имрӯз ба хотири абадӣ гардонидани номи неки Нусратулло Махсум муҷассамаи ӯро аз нав барқарор кардем. Бигузор, номи нек ва кору пайкори мардонаи ӯ, ки танҳо ба манфиати миллати тоҷик ва давлати тоҷикон буд, барои наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон сабақи зиндагӣ ва корномаи ӯ дар рушди давлату миллатамон ва барои дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон намунаи ибрат бошад.
Хотираи неки фарзанди содиқи халқи тоҷик Нусратулло Махсум ва дигар арбобони барҷастаи давлатӣ, аз ҷумла Мунаввар Шогадоев, Тоҷиддин Исоев, Боқӣ Раҳимзода, Мирзо Раҳматов. Маҳмадулло Холов, Мунавваршо Назриев на танҳо барои сокинони водии Рашт, балки барои тамоми мардуми тоҷик азиз аст. Зеро онҳо ба хотири пешрафти давлату миллати тоҷик содиқона хизмат кардаанд ва номашон ҳеҷ гоҳ аз ёди халқ нахоҳад рафт.
Дар шароити кунунии кишварамон бояд ҳар як фарди бонангу номус мисли мардони фидокоре, ки номи некашон зикр шуд, манфиати Ватан, давлат ва миллати худро аз ҳама боло гузошта, баҳри рушду ободии Тоҷикистони азиз саъю талош намояд, то наслҳои оянда бо кору номи неки имрӯзиён ифтихор намоянд. Ватан дар баробари модар муқаддасоти воло буда, дар сарнавишти инсон нақши ҳалкунанда дорад. Бе Ватан инсон бесарнавишт ва беқурбу манзалат аст. Бесабаб нест, ки арзишҳои волои ватандорӣ ҳанӯз аз даврони ориёиҳо зуҳур карда, дар китобҳои «Маҳабҳарата» ва «Авесто» тавсифу ситойиш шудаанд. Арзишҳои ватанпарастиву миллӣ дар замони давлатдории Сомониён дурахшу ҷилои тоза пайдо намуда, рушду такомул ёфтаанд.
Агар ҳазор сол пеш давлати бузурги Сомониён бинобар зиддиятҳои дохилӣ ва мансабталошиву тахту тоҷхоҳии бародарони ҳамхун завол ёфта бошад, пас ҳамин иштибоҳи фоҷиабор соли 1992, дар оғози роҳи давлати тозаистиқлоли мо — тоҷикон бори дигар такрор шуд. Вале хушбахтона, маҳз ба шарофати хиради азалии халқ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихори миллии фарзандони бонангу номуси Ватанамон мухолифати мусаллаҳона сари вақт бартараф ва бақои давлату ваҳдати миллат таъмин карда шуд.
Илова бар ин, мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки Ватан танҳо марзу бум ва ҳудуди муайяни ҷуғрофӣ нест. Ватан пайванди ногусастании наслҳои дирӯзу имрӯзу фардо, муҳофизати истиқлолият ва дастовардҳои он, пос доштани хотираи неки аҷдодон, ҳифз ва гиромидошти мероси таърихиву фарҳангӣ ва саъю талоши доимӣ ба хотири пешрафти давлату миллат ва шукуфоии Ватани аҷдодӣ аст. Тамоми ҳадафҳои мо вобаста ба ободии Ватан танҳо дар сурати ваҳдати воқеӣ ва сулҳу суботи устувор амалӣ мегарданд.
Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) низ дар ҳадисҳои худ фармудааст: «Талаби илм барои ҳар мусулмон ва зани мусулмон фарз аст», ё худ «Ҳар кӣ илм талаб намояд, Худо ризқашро кафолат кунад». Расули Худо ҳамчунин гуфтааст, ки «Аз гаҳвора то гӯр илм биомӯз». Аз ин рӯ, мо бояд ҷавононро бештар ба донишандузиву ҳунаромӯзӣ ҳидоят намоем. Зеро онҳо танҳо бо роҳи омӯхтани илм, азхуд кардани ихтисос дар ҷомеа мавқеи сазовори худро ёфта, бо ҳисси баланди ватанпарастӣ, дарки масъулияти шаҳрвандӣ давлати соҳибистиқлол ва миллати куҳанбунёди хешро соҳибӣ ва идора карда метавонанд.
Мо ифтихор дорем, ки тоҷикон яке аз миллатҳои қадимтарини дунё буда, анъанаву суннатҳои таърихамон аз тамаддуни бузурги ориёӣ сарчашма мегиранд. Гузаштагони ориёии мо дар ташаккули яке аз аввалин тамаддунҳои башарӣ бевосита саҳм гузошта, ҳамеша ғояҳои инсондӯстиву созандагиро талқин намудаанд. Аҷдодони мо аз қадим таҳти шиори башардӯстонаи «пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек» ҳаёт ба сар бурда, дар таърихи тӯлонии худ ҳеҷ гоҳ даъвои бартарият аз дигар халқу миллатҳоро накардаанд. Дар шароити ҷаҳонишавии проблемаҳо, аз ҷумла, таҳдиди хатарҳои терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, ҷиноятҳои трансмиллӣ ва хавфи бархӯрди тамаддунҳо мо мероси таърихиву фарҳангии миллатамонро мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор дода, ба мардуми худ беш аз пеш ғояҳои инсондӯстии ниёгонамон ва арзишҳои пурқимати башариро талқин менамоем.
Ҳамзамон бо ин, ба дини ислом чун бузургтарин арзиши фарҳангиву ахлоқии халқи худ арҷгузорӣ намуда, ҳар гуна кӯшишҳои истифодаҷӯйӣ ва даъвоҳои беасосро нисбат ба он маҳкум мекунем. Борҳо таъкид кардаем, ки дини мубини ислом дар зоти худ айбе надорад. Баръакс пайравони худро ҳамеша ба парҳезгорӣ аз амалҳои номатлубу зиддиинсонӣ ҳидоят карда, сулҳпарвариро рисолати бузурги имонии ҳар як мусулмон мешуморад. Аз ин рӯ, онро бо экстремизм ва терроризм айният додан ва ё ин падидаҳои нангинро бо номи поки ислом пайванд додан ғалати маҳз аст.
Аслан терроризм ва экстремизм пайравӣ ба ақидаву амалиёти ифротгароёнаву оштинопазир аст, ки моҳиятан хусусияти сиёсӣ ва динӣ доранд. Экстремизми сиёсӣ ва динӣ кӯшиши гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва шахсиятҳои ҷудогона барои ба даст овардани ҳокимият ва иҷрои барномаҳои сиёсии худ буда, ҳадаф ва оқибати он бар зидди манфиатҳои аҳли ҷомеа аст. Маъмулан ин гуна кӯшишҳои хатарнок муқовимат ва зӯровариро ба миён оварда, суботи ҷомеаро халалдор месозанд. Дар ин замина шаклҳои муборизаи оштинопазир ва интиқомҷӯёнаи экстремизм падид меоянд, ки онҳо дар симои терроризм зоҳир мегарданд. Аз ин рӯ, мо тамоми шаклҳои зуҳури экстремизм ва терроризмро маҳкум намуда, пешгирӣ ва мубориза бар зидди онҳоро яке аз вазифаҳои асосии ҷомеаи худ меҳисобем.
Тараққиёту таҳаввулоти босуръати нахонӣ муосир аз мо тақозо менамояд, ки Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ободу босубот муаррифӣ намоем. Мусолиҳаи миллии мо дар таърихи навини миллати куҳанбунёдамон дастоварди бузург ва беназир аст. Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандӣ дониста, ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад. Ваҳдати миллӣ на танҳо асоси оромиву осудагии халқ, балки кафолати инкишофи давлат ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа мебошад.
Барои ин бояд ҳар як шахси ватанпарвару сулҳхоҳ дар замири худ эҳсоси наҷиби ваҳдатро парвариш ва барои таҳкими он ҳамчун арзиши нодир ва азизи миллӣ кӯшишу талош намояд. Бигузор ваҳдати тоҷикон, ки имрӯз таҳкиму тақвият ёфтааст, пойдору устувор ва ҷовидонӣ бошад! Бигузор сарзамини Тоҷикистон, ки воқеан биҳишти рӯйи заминро мемонад, сарзамини сулҳу суботи абадӣ бошад!
Бигузор Тоҷикистон, ки Ватан ва умедгоҳи тамоми тоҷикони дунёст, дар қатори кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мавқеъ ва мақоми шойиставу арзанда пайдо намояд!