Водии Зарафшон ҳамчун як гӯшаи муҳиму ободи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо сарзамини дорои таърихи қадима ва имкониятҳои бойи табиӣ буда, саҳми сокинони заҳматкаши шаҳру ноҳияҳои он дар ободу пешрафта гардидани кишварамон хеле назаррас мебошад. Маҳз дар ҳамин диёр ёдгориҳои бағоят нодиру қадимаи миллати мо — осори фарҳанги суғдӣ маҳфуз мондаву аз тамаддуни чандинҳазорсолаи миллатамон дарак медиҳанд.
Осори хаттии соли 1932 аз қалъаи Муғи деҳаи Хайрободи ноҳияи Айнӣ пайдошуда ба унвони намунае аз катибаҳои суғдӣ имрӯз барои ҷаҳониён фарҳангу тамаддуни деринаи тоҷиконро муаррифӣ мекунад. Мавҷудияти осори беназири замони қадим, табиати зебову дилфиреб ва мероси бузурги маънавиву фарҳангӣ боис гардидааст, ки оламиён аз замонҳои қадим ба ин минтақа сафарҳо карда, дар кашфи табиати нотакрори он иқдом намоянд.
Мутобиқи ахбори таърихӣ ва ривоёти то замони мо расида, гӯё Искандар ба хотири гузоштани нақше дар ин макони зебо барои ба яке аз қадимтарин ёдгориҳои табиии ин диёр — Искандаркӯл додани номи худ иқдом намудааст.
Ҳанӯз дар нахустин асари ҷуғрофии замони Сомониён — «Ҳудуд- ул-олам» ин мавзеъ бо номи Бутамон ёд шуда, дар баъзе сарчашмаҳои дигар ин макони сарсабзу обод бо ишорат ба таваҷҷуҳи олимон ва донишварону сухандонон чун «водии дарвешон» низ унвон карда мешавад. Тавсифи “водии дарвешон”-и муаллифи номаълум, пеш аз ҳама, ба хотири шумораи зиёди суханварону адибон, маорифпарварону орифон ва донишмандони ин водӣ будааст.
Ҳамин табиату макони хушобуҳаво, меҳмондӯстиву меҳмоннавозӣ ва ҳимматбаландии мардум боис шудааст, ки аҳли илму маориф аз гӯшаву канори олам, хоса кишварҳои қаламрави забони тоҷикии форсӣ ба ин мавзеъҳо сафар намуда, ин диёрро макони сукунати ҳамешагии хеш қарор додаанд.
Бесабаб нест, ки дар ҳудуди ин водӣ — аз Панҷакент то саргаҳи Зарафшон — Кӯҳистони Масчоҳ даҳҳо нафар орифону донишмандон ва аҳли илму маърифат ба хок рафтаанд.
Бар асоси мусофиратҳое, ки сайёҳону кишваршиносон ба ин минтақа аз замонҳои қадим анҷом додаанд, сафарномаҳои зиёде иншо шудаанд, ки маъруфтарини онҳо “Рӯзномаи сафари Искандаркӯл” Абдураҳмони Мустаҷир аст. Ҳатто дар замони Шӯравӣ низ водии Зарафшон, хоса канори кӯлҳои камназири Искандаркӯл, Ҳафткӯл ва монанди инҳо макони истироҳат ва боздиди сайёҳону олимон ва ҷаҳонгардон ба ҳисоб мерафт, ки чандин китоби сафарномаи дар ин давра нашршуда ба ин матлаб ишора мекунад.
Корномаҳои Деваштичи диловар то ба ҳол достони шуҷоату матонат ва ҷасорату ватандӯстӣ барои наслҳои бисёр давраҳои таърихӣ, аз ҷумла насли имрӯз ба шумор меравад. Гузашта аз ин, далели дар ҳамин водӣ ба дунё омадану ба камол расидани қофиласолори шеъри тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мояи ифтихори ҳар сокини шарафманду соҳибмаърифати кишвар мебошад.
Агар устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шеъри классикии моро оғоз ниҳода бошад, бо итминон метавон гуфт, ки Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ чун меросбари асили устоди шоирон бо идомаи беҳтарин суннатҳои назми оламгири мо ин давраи таърихии адабиётро як навъ ҷамъбаст намудааст. Нақибхон Туғрал воқеан аз суханварони номвари адабиёти тоҷик буда, бо ашъори баландмазмуну равони худ қалби ҳазорон нафар дилбохтагони шеъру суханро тасхир кардааст.
Туғрал ҳамчун вориси арзандаи яке аз пешвоёни бузурги тариқати нақшбандия — Хоҷа Аҳрори Валӣ тавассути ашъору афкори пурмуҳтавои худ дар тарбияи маънавӣ ва ахлоқии мардум саҳми арзишманд гузошт. Ҷойгоҳ ва мақоми шоир аз он низ маълум мегардад, ки ягона нусхаи чопи сангии девони шоир, ки соли 1916, дар айёми зиндагии ӯ ба чоп расида буд, то ба имрӯз дар хонаву манзили аксари сокинони шаҳрҳои бузурги Мовароуннаҳр нигаҳдорӣ шуда, бисёр ғазалу абёти шоирро мардуми ин шаҳрҳо аз ёд медонанд.
Равонии каломи Туғрал ҳанӯз аз замони зиндагиаш сабаб шудааст, ки бештари ғазалҳои ӯро аҳли ҳунар ба оҳанг дароварда, дар базму маҳфилҳо месаройиданду мехонданд. Шояд мисли Нақибхон Туғрал кам шоиреро метавон пайдо кард, ки ашъораш ба ин миқдор ба суруд табдил ёфтааст. Дар баробари ин, Туғрал дар мактаби шоири барҷастаи тоҷику форс Мирзо Абдулқодири Бедил дар ҳадде муваффақ гардида буд, ки ҳамзамононаш ӯро ҳамчун “Бедили сонӣ” ном бурдаанд.
Аз мундариҷа ва муҳтавои ашъори Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ пайдост, ки ӯ масоили муҳимтарини ҳаёти инсонҳо — тарғибу ташвиқи дӯстиву рафоқат, садоқат ба ойинҳои неки инсонӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва монанди инҳоро содиқона ва моҳирона тарғиб намудааст. Ва худи ӯ намунаи садоқати баланди инсонӣ, дӯсти ҷонӣ ва инсони саршор аз сидқу муҳаббат будааст.
Дар саросари ашъораш Нақибхон Туғрал аз Шамсиддини Шоҳин ҳамчун устод ва дӯсти беҳтарини худ ёдовар мешавад ва рафоқати ин ду шоир рамзи дӯстии инсонҳо ва намунаи ҳамкории ду шахсияти маъруф буда, бояд барои насли имрӯз намунаи ибрат бошад. Онҳо дар натиҷаи мутолиаву мубоҳисаи зиёд барои такмили ашъори ҳамдигар кӯшида, бо ихлосу итминони тамом дар ҷодаи пешрафти адабиёти халқамон баробар қадам ниҳодаанд.
Нақибхон Туғрал ҳамчун инсони якрӯ, якқавл, ба аҳди худ вафодор ба душманиву бадбинӣ, фитнаву дасиса ва дигар хислатҳои номатлуби инсонӣ ҳамеша ҳисси оштинопазир нишон додааст. Шояд натиҷаи ҳамин хислатҳои ҷавонмардона, аз ҷумла ба қавли худ устувор будан ва нафрат ба нотавонбиниву ғараз буд, ки бо фитнаи шахсони тамаллуқкору дилсиёҳ шоири маҳбуб оқибат қурбони туҳмати ноҳақ гардида, ба таври фоҷиавӣ кушта шуд. Аммо бо гузашти рӯзгор ва фосилаи начандон тӯлонӣ бо кӯшиши зиёиёни тоҷик, хоса устодони бузурги адабиёти мо Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва Носирҷон Маъсумӣ чеҳраи аслии шоир дубора аз паси абри тираи ҳасодату адовати нотавонбинон мисли хуршед берун омада, осори безаволаш дастраси мардум гардид.
Махсусан, мехоҳам аз хизматҳои бузурги Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ ёдовар шавам. Ҳанӯз дар айёме, ки шахсияти Нақибхон Туғрал дар арсаи сиёсати замон ба истилоҳ “сиёҳшуда” ҳисоб мешуд, устод Садриддин Айнӣ дар китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” бо ҷасорат ва мардонагии бузург аз истеъдоди нодири Туғрал ёдовар шуда, мақоми ҳунарии ӯро махсус таъкид сохт. Ин дар ҳолест, ки дар он айём баёни чунин суханони матлуб нисбат ба шахсияти ба қатл маҳкумшуда ғайриимкон буд.
Хизмати устод Айнӣ барои зинда гардондани номи садҳо нафар суханварони гузаштаи мо бузургу беназир аст. Мо ҳамагон аз кӯшишу нақши устод барои муайян ва муқаррар намудани мадфани султони шоирон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ хуб огаҳӣ дорем. Аз ин рӯ, умедворам, ки мардуми бонангу номус ва соҳибмаърифату сарбаланд ба номи ин абармарди миллат арҷи хоса мегузоранд ва барои идома бахшидани хизматҳои беназири ӯ бо роҳи анҷом додани корҳои шойиста, махсусан дар самти рушду ободӣ ва пешбурди иқдомҳои хайри адабиву фарҳангӣ ҳамеша талош мекунанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бар асоси сиёсати фарҳангии давлат ба мероси шахсиятҳои илму адаби халқамон, аз ҷумла осори Нақибхон Туғрал, таваҷҷуҳи ҷиддӣ сурат гирифта, нашру муаррифии мероси шоир ба таври шойиста ба роҳ монда шуд. Ба хотири ошноии бештари насли имрӯз бо каломи шакарини шоир ва андешаҳои баланди инсонгароёнаи ӯ намунаҳои ашъори суханвар бо тарҷумаи ҳоли мухтасараш ба китобҳои дарсӣ барои макотиби таҳсилоти умумӣ ворид карда шуд.
Дар остонаи таҷлили ҷашни 150-солагии шоир бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нашри нав ва нисбатан мукаммали девони ӯ ҳамчун туҳфаи арзандае ба муносибати ҷашн анҷом ёфт. Ҳамчунин қомат афрохтани муҷассама ва бунёди мақбараи шоир дар зодгоҳаш чун ҳадяи Ҳукумати мамлакат ба ифтихори ҷашн гӯё аз зиндагии дубораи шоири шаҳир ба тамоми мардуми кишвар паём мерасонад. Қомати барафрохтан шоир, ки рамзи сари баланду рӯйи сурхи вай дар пешорӯйи таърих мебошад, гӯё ба забони ҳол ба мову шумо ва наслҳои оянда мегӯяд:
Дерест бо фикри расо сайди маонӣ мекунӣ,
Эй Туғрали авҷи сухан, аз ошёни кистӣ?!
Маҷмааи ёдгории шоир, ки аз мақбара, муҷассама, осорхона, айвонҳои кандакорӣ, боғу гулгаштҳои ороста бо дарахтону гулҳои рангоранг иборат буда, бо тарҳи замонавӣ ва бо истифодаи санъати баланди меъмории миллӣ сохта шудааст, ба маблағи панҷ миллион сомонӣ ба анҷом расидааст. Дар ёд дорам, ки тақрибан бист сол пеш аз хонаи шоир дидан карда будам. Он вақт хонаи шоир, ки дар айёми зиндагии ӯ бо ҳузури худаш бунёд гардидааст, намуди тамоман дигар дошт ва сахт таъмирталаб буд. Имрӯз дар хона ва осорхонаи шоир муҳимтарин намунаҳои фарҳанги хонадории миллии тоҷикон, хоса мардуми водии Зарафшон, ашё ва дигар лавозимоти дорои аҳамияти таърихӣ, нусхаҳои хаттӣ ва чопии осори шоир ва монанди инҳо ҷамъоварӣ шудаанд. Акнун меросбарони шоири бузургро зарур аст, ки ин ёдгории нодирро эҳтиёт карда, барои ҷамъоварии дигар ёдгориҳои нодир ва намунаҳои таърихиву фарҳангии минтақа кӯшиш намоянд. Хонаи шоир метавонад дар оянда ба як осорхонаи муҳими таъриху фарҳанги миллатамон табдил ёфта, дар он ёдгориҳои хаттӣ, китобҳои нодир, унсурҳои фарҳанги хонадории куҳани тоҷикон, маҳсули навъҳои гуногуни ҳунармандӣ чун сарвати бебаҳои халқамон гирдоварӣ ва нигоҳдорӣ карда шаванд.
Ҳадафи Ҳукумати мамлакат аз эҳёи чунин ёдгориҳои таърихӣ, пеш аз ҳама, баланд бардоштани худшиносии миллии ҷомеа, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба гузашта, ҳамчунин мусоидат ба рушди сайёҳӣ ва муаррифии шойистаи тоҷикон ба аҳли ҷаҳон мебошад. Бовар дорам, ки Маҷмааи ёдгории шоир зиёратгоҳи аҳли дил мегардад ва меҳмонони зиёде аз дуру наздики кишвар ва берун аз он ба дидани ин макони пурфайз меоянд. Умедворем, ки ин маҷмааи зебо, ки дар канори шоҳроҳи бузурги Душанбе-Чаноқ қарор дорад, воқеан як маҷмааи бузург ва макони баргузории чорабиниҳои муҳими фарҳангӣ мегардад.