Боби VIII.
Тайёрӣ барои сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро (октябри соли 1917- августи соли 1920)
§ 3. Ҳизби Коммунистии Бухоро ва ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ
Ҳизби Коммунистии Бухоро
Баъд аз таҷовузи Колесов барои ҷавонбухороиён на танҳо дар сарзамини аморати Бухоро, ҳатто дар Бухорои Нав, ки шаҳри русӣ ҳисоб мешуд ва дар идоракунии ҳукумати Туркистони Шӯравӣ буд, зистан ғайриимкон гардид. Зеро фиристодагони ҳукумати амирӣ ҳар лаҳза ба ҷони онҳо қасд мекарданд. Аз ин рӯ ҷавонбухороиён маҷбур шуданд ки барои халосии ҷони худ ба дарунтари кишвари Туркистон ҳиҷрат намоянд. Аксарияти онҳо бо ҳамроҳии Кумитаи марказии ҳизби худ ба шаҳри Тошканд кӯшиданд.
Дар шаҳри Ташкент дар байни ҷавонбухороиён, оиди сабабҳои фоҷиаи содиршуда яъне таҷовузи Колесов баҳсу мунозираҳо авҷ гирифт. Дар натиҷа на танҳо Кумитаи марказии ҳизби ҷавонбухороиён, балки худи ҳизб ҳам ба гурӯҳҳо тақсим шуд. Яке дигареро барои фоҷиаи содиршуда гунаҳкор меҳисобид.
Вазъи онвақтаи Тошканд низ чандон беҳтар набуд. Гуруснагӣ, бараҳнагӣ ҳукмфармо буд. Ҳизбҳои гуногун — болшевикон, меншевикон, эсерҳо ва ғайра, инчунин гурӯҳҳою ҷамъиятҳои гуногун амал мекарданд. Албатта ин ҳама ба фаъолияти ҷавонбухороиён бетаъсир намонд.
Ҷавонбухороиён дар шаҳри Тошканд бо фаъолияти ҳизбҳои гуногун шинос шуданд. Вале диққати онҳоро дар аввал бештар ҳизби эсерҳо ба худ ҷалб кард. Зеро, ин ҳизб, ки асосан ҳимояи манфиати деҳқононро мақсади худ қарор дода буд ва аксари мардуми аморати Бухоро ҳам деҳқонон буданд, бинобар ин, бо андешаи ҷавонбухороиён барномаи ҳизби эсерҳо ба шароити Бухоро бештар мувофиқат менамуд. Дар натиҷа, баҳори соли 1918 як гурӯҳи ҷавонбухороиён бо сарварии Усмонхоҷа Пӯлодхоҷаев, Ато Хоҷаев ва Қорӣ Ғулом аз ҳайати ҳизби ҷавонбухороиён баромада, дар асоси барномаи эсерони чап ҳизби ҷавонбухороиёни сотсиал-инқилобчиро бунёд намуданд87.
7 июли соли 1918, баъди суиқасд ба ҷони сарвари Ҳокимияти Шӯравӣ В.И. Ленин, ҳизби эсерони чап аз тарафи Давлати Шӯравӣ маҳв карда шуд. Ин воқеа ба тарафдорони туркистонӣ ва бухороии ин ҳизб низ бетаъсир намонд. Аниқтараш фаъолияти онҳо низ манъ карда шуд. Дар натиҷа дар ҳайати ҳизби навбунёди ҷавонбухороиёни сотсиал-инқилобчӣ боз ҷудоӣ ба амал омад.
25 сентябри соли 1918 дар шаҳри Тошканд ҷамъомади 86 нафар собиқ аъзоёни ҳизби ҷавонбухороиёни сотсиал-инқилобчӣ барпо гардид. Дар он ҳозирон қарор карданд, ки онҳо аз ҳайати ҳизб ва аз мавқеи эсерҳои чап баромада ба мавқеи ҳизби болшевикӣ мегузаранд ва ҳизби навро бо номи «Ҳизби ҷавонбухороиён — коммунистон- болшевикон» бунёд мекунанд. Ин ҳизб инчунин бо номи ҳизби сотсиалистӣ ва инқилобчии ҷавонбухороиёни Бухоро (коммунистон- болшевикон) низ дучор меояд.
Дар ҳамон ҷамъомад кумитаи марказии ҳизби нав интихоб гардид, ки раисаш Азимҷон Ёқубов Ёқубзода ва ҷонишинаш Муҳаммад Қулмуҳаммадов ба ҳисоб мерафтанд.
Ҳамин тавр ҳизби коммунистии Бухоро (ҲКБ) ташкил ёфт. Он дар шаҳрҳои Самарканд, Бухорои Нав, Бухорои Куҳна, Чорҷӯйи Нав, Каттақӯрғон, Каркӣ ва дигар ҷойҳо шуъбаҳои худро дошт. Аз ҷумла ба шуъбаи дар шаҳри Бухорои Куҳна буда Абдуллохоҷа Тӯраев сарварӣ менамуд, ки ӯ минбаъд яке аз қаҳрамонҳои мусбати романи «Дохунда»-и С. Айнӣ гардид.
23 октябри соли 1918 дар маҷлиси навбатии кумитаи марказии ҳизби коммунистии Бухоро барномаи ҳизб қабул карда шуд. Мувофиқи он ҳизб бояд: барои сарнагун намудани тартиботи амирӣ дар Бухоро ва бунёди ҷумҳурии халқӣ; мусодираи замини амиру бекҳо ва дар байни деҳқонон тақсим намудани онҳо; ба ҷойи суди қозигӣ ҷорӣ намудани суди интихобӣ; баробарҳуқуқии ҳамаи миллатҳо, занҳо ва мардҳо, озодии сухан, матбуот; таълиму табобати бепул ва ғайраҳо мубориза мебурд. Ин барнома дар асоси барномаи ҳизби болшевикони Русия, (яъне ҲКб Русия) тартиб дода шуда буд.
Аз 30 май то 11 июни соли 1919 дар шаҳри Тошканд анҷумани якуми (муассисони) ҳизби коммунистии Бухоро барпо гардид. Он дар қатори ҳисоботи кумитаи марказӣ, ҳисоботи шуъбаҳои ҳизб, маърузаро дар бораи барномаи ҳизб низ шунид. Вале анҷуман барномаи 23 декабри соли 1918 қабул кардаи кумитаи марказии ҳизбро маъқул нашуморид ва такмили онро ба уҳдаи М. Бурҳонов ва А. Фитрат гузошт.
2 июли соли 1919 дар шаҳри Бухорои Куҳна шӯриши калонтарини косибон ва ҳунармандон ба амал омад, ки дар он қариб 15 ҳазор нафар иштирок намуданд. Шӯриш бо ташаббуси шуъбаи дар шаҳр доштаи ҳизби коммунистии Бухоро тайёр карда шуда буд. Шӯришгарон ба муқобили тороҷгарии амалдорони амир баромада, дар аввал дар Регистони майдони назди Арк Бухорои Куҳна ҷамъ омада, аз амир бекор намудани андози аминона ва аз вазифа озод намудани ҳамаи амалдорони тороҷгар; ба тартиб даровардани андозҳои боқимонда ва ғайраро талаб карданд. Онҳо боварӣ доштанд, ки то ҳол амир аз аҳволашон хабар надорад ва аз ин рӯ ба меҳрубонии вай боварии комил доштанд. Инак, шӯриш аз тарафи сарбозони амир пароканда карда шуд. Аз 2 то 12 июни ҳамон сол қариб 5 ҳазор нафар, бо баҳонаи иштирок дар шӯриш, ҳабс гардиданд. Аз ҷумлаи онҳо 63 нафарашонро дар майдони Регистони шаҳр қатл намуданд. Дар байни ҳабс ва қатлшудагон аъзоёни ҳизб низ буданд. Ин ҳодиса аз ҳизби коммунистии Бухоро дар амалиёти минбаъда ҳушёрии ҷиддиро талаб мекард.
26-27 июли соли 1919 дар Тошканд анҷумани II ҳизби коммунистии Бухоро ҷамъ омад. Он ба хулосае омад, ки байни ҳукумати амирии Бухоро ва Ҳукумати Шӯравӣ муносибати дӯстӣ шуда наметавонад. Аз ин рӯ анҷуман аз Ҳукумати Шӯравӣ хоҳиш намуд, ки барои сарнагун намудани ҳукумати амирии Бухоро ба коммунистони Бухоро бештар ёрии моддӣ ва маънавӣ, махсусан барои мусаллаҳшавии яроқнок (? Т.А.) ёрӣ расонад. Анҷуман КМ-ро бо сарварии Наҷиб Ҳусаинови тотор (бо тавсияи сарварони Кумитаи кишвари Туркистонии ҳизби коммунистии (болшевикони) Русия, ки то ин вақт сарвари ташкилоти дар Бухорои Нав доштаи коммунистони хориҷӣ буд), интихоб намуд. Зеро, сарварони собиқаи ҲК Бухоро, пеш аз ҳама М. Бурҳонов ва А. Фитрат, бештар майли ба инобат гирифтани хусусиятҳои хоси Бухороро доштанд, ки чунин мавқеъ чандон ба тавсияҳо ва нишондодҳои КМ ҲК(б) Русия мувофиқат намекарданд. Бинобар ҳамин ҳам Н. Ҳусаиновро, ки то ин лаҳза бо ҲК Бухоро ҳеҷ алоқа надошт ва ин ҳизб гӯё ҳизби мустақил ҳисоб мешуд, якбора сарвари он таъин намуданд. Аз ҳисоби аъзоёни собиқаи КМ ҲК Бухоро ба ҳайати нав танҳо М. Бурҳонов ва Усмонхӯҷа Пӯлодхоҷаев дохил шуданд.
29 июли соли 1919 маҷлиси якҷояи кумитаи кишвари Туркистонии ҲК(б) Русия, бюрои мусулмонӣ, бо иштироки намояндаи Федератсияи Русия дар хонигарии Бухоро, комиссари халқӣ оид ба корҳои ҷумҳурии Туркистон ва котиби вилояти Самарқандии ҲК Туркистон барпо гардид. Дар он фаъолияти ҲК Бухороро муҳокима намуданд. Хулосаи маърузаи сарвари КМ ҲК Бухоро Н. Ҳусаинов чунин буд, ки гӯё тахминан баъди 1,5 моҳ дар Бухоро инқилоб ба вуҷуд меояд. Дар он ҷамъомад резиденти Федератсияи Русия дар аморати Бухоро Печатников бо маърузаи иловагӣ баромад карда таъкид намуд, ки мардуми бечораи аморати Бухоро ҳанӯз дар ҷаҳолати карахтӣ аст, бинобар ин «барои ба муқобили ҳукуматдоронашон — вазирон, амалдорон ва муллоҳо бархезонидани онҳо аз гурӯҳҳои инқилобӣ корҳои зиёд ва дуру дарозро талаб мекунад… Ҳалқи меҳнаткаши деҳаҳои дурдаст умуман ба корҳои инқилобӣ кашида нашудаанд'».
Асосгузор ва сарвари ҲК(б) Русия В. И. Ленин ҳанӯз дар анҷумани VIII ин ҳизб марти соли 1919 гуфта буд:»…. Мо нисбат ба қирғизҳо, ӯзбекҳо, тоҷикҳо, туркманҳо барин халқҳое. ки то ҳол дар зери таъсири муллоҳои худ мебошанд, чӣ кор карда метавонем?….Оё мо метавонем ба пеши ин халқҳо биёему «Мо истисморкунандагони шуморо аз сари гарданатон гирифта мепартоем» гӯем? Мо ин корро карда наметавонем, чунки онҳо тамоман дар зери итоати муллоҳои худ мебошанд. Дар ин ҷо сабр карда истодан лозим аст, то фалон миллат тараққӣ кунад ва пролетариат аз унсурони буржуазӣ ҷудо шавад, ки рафта-рафта ин тавр шуданаш ногузир аст». Ин гуфтаҳо ба ҳолати ҳамонвақтаи мардуми Бухоро пурра мувофиқат мекунад.
Ё худ В. И. Ленин дар маърузаи худ дар анҷумани II Умумирусиягии ташкилотҳои коммунистии халқҳои Шарқ (22 ноябри соли 1919), ки дар он намояндаи ҲК Бухоро низ иштирок дошт, хусусияти вазифаҳои коммунистони мамлакатҳои Шарқро дар вақти ба муборизаи инқилобӣ ҷалб намудани деҳқонон муайян карда гуфта буд: «Вазифа — аз фаъолияти револютсионии оммаҳои меҳнаткашро, сарфи назар аз он, ки онҳо дар кадом дараҷа истодаанд, барои худфаъолӣ ва муташаккилӣ бедор кардан, таълимоти ҳақиқии коммунистиро, ки барои коммунистони мамлакатҳои пешқадамтар пешбинӣ карда шудааст, ба забонҳои ҳар як халқ тарҷима кардан, вазифаҳои амалиеро, ки фавран ба ҷо овардан ва дар муборизаи умумӣ бо пролетарҳои мамлакатҳои дигар як шудан иборат аст.
Вале дар фаъолияти амалии минбаъдаи ҲК Бухоро на хулосаҳои Печатников ва на тавсияҳои В.И. Ленин чандон ба инобат гирифта нашуд. Зеро, Турккомиссия, махсусан сарварони фронти Туркистон аллакаӣ дар мавқеи ҳар чӣ зудтар барҳам додани тартиботи амирии Бухоро буда, ба масъалаи ба инқилоб тайёр будан ва ё набудани мардуми аморат кам аҳамият медоданд.
Чуноне таъкид намудем, дар сарзамини аморати Бухоро нуқтаҳои муҳими аҳолинишин, ки қад-қади роҳи оҳан ба вуҷуд омада буданд, ё худ вуҷуд доштанд, ба монанди: Когон (Бухорои Нав), Чорҷӯйи Нав, Каркӣ ва Тирмиз аз ҷиҳати идоракунӣ дар ихтиёри ҳукумати Туркистони Шӯравӣ буданд ва мардуми ғайритаҳҷойиаш шаҳрванди Туркистон ё худ Русия ҳисоб мешуданд. Бинобар ин дар ин маҳаллаҳо дар баробари шуъбаҳои ҳизби коммунистии Бухоро, инчунин ҳизби коммунистии Туркистон ҳам шуъбаҳои худро дошт. Баъдтар (июни соли 1920) ин шуъбаҳо ба маркази алоҳидаи вилоятии маҳаллаҳои руснишин муттаҳид шуданд.
Дар навбати худ ҲК Туркистон ва ҲК Бухоро дар зери назорати сахти ҲК(б) Русия буданд. ҲК Туркистон қисми таркибии ҲК (б) Русия ба ҳисоб мерафт. Бо мақсади боз ҳам аз наздиктар назорат намудани фаъолияти ин ҳизбҳо, чуноне аллакаӣ таъкид намудем, бо ташаббуси КМ ҲК(б) Русия ва Шӯрои Комиссарони Халқии Русия, моҳи октябри соли 1919 — Комиссияи Туркистонӣ Турккомссия ташкил карда шуд, ки ба ҳайати он болшевикон Ш. З. Элиава (аввалин сарвари он), В. В. Куйбышев, М. В. Фрунзе, Я. Э. Рудзутак ва дигарон дохил шуданд. Мақсади асосии ин комиссия ҳам дар баробари назорат аз фаъолияти ҳизбҳои маҳаллӣ, инчунин кӯмаки амалӣ расондан ба онҳо ба ҳисоб мерафт.
Моҳи декабри соли 1919 дар Тошканд, бо ташаббуси Турккомиссия, дар аввал ҳамчун шуъбаи он, Шӯрои ташвиқотии Байналмилал дар Шарқ Савинтерпроп ташкил ёфт, ки он дар як вақт ташкилоти маҳаллии Байналмилали Коммунистӣ низ буд. Вазифаи асосии Совинтерпроп — ҷорӣ намудани алоқа бо тамоми ҳизбҳо ва ташкилотҳои инқилобии Шарқ; ба он ҳизбҳо расонидани кӯмаки моддию маънавӣ; дар он ҷойҳое, ки ҳизбу ташкилотҳо вуҷуд надоранд ташкил додани онҳо; ниҳоят ҳамаи он ташкилоту ҳизбҳоро ба муборизаи муқобили империализми хориҷӣ ва истисморгарони дохилӣ ҷалб намудан иборат буд.
Яъне, чӣ Турккомиссия ва чӣ Совинтерпроп ба фаъолияти ҲК Бухоро назорат мекарданд ва ба он дар баробари ёрии моддию маънавӣ расонидан, инчунин супоришу тавсияҳо медоданд.
Аз 26 то 31 декабри соли 1919 дар шаҳри Тошканд анҷумани III фавқулодаи ҲК Бухоро шуда гузашт. Дар он котиби КМ А. Фитрат ва раиси КМ Н. Ҳусаинов баромад карданд. Анҷуман қарор кард, ки бо мақсади васеъ намудани корҳои инқилобӣ дар назди кумитаҳои ҳизб шуъбаҳои инқилобӣ ташкил диҳанд, корҳои ташвиқоту тарғиботиро инкишоф диҳанд.
Анҷуман баъд аз муҳокимаҳои тӯлонӣ таклифи А. Фитратро иборат аз 15 банд, ки он бо номи «Трактати А. Фитрат» маълум аст, қабул намуд. Мувофиқи он, бо мақсади дар аморат инкишоф додани ташвиқоти зиддиҳукуматӣ, вазифаҳои зерин пешниҳод карда шуд: рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, варақаҳо ва китобчаҳо нашр намуда, паҳн карда шавад; барои ба тарафи худ кашидани сарбозони амир мушарраф гарданд; дар назди КМ-и ҳизб ва шуъбаҳои он кумитаҳои инқилобӣ ташкил диҳанд ва ғайраҳо.
Анҷуман ҳайати нави КМ ҳизбро бо сарварии Н. Ҳусаинов интихоб намуд. Дар он А. Фитрат аз вазифаи котибии КМ истеъфо дод. Анҷуман тамоми ташкилотҳои ҳизбро вазифадор намуд, ки корҳои ташвиқотию тарғиботиро васеъ намоянд, аз ҳисоби инқилобчиён отрядҳои махсуси ҳарбӣ ва дружинаҳои ҷангӣ ташкил намоянд.
Ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ ва нуқтаҳои фарқкунандаи барномаи онҳо аз барномаи коммунистони Бухоро
Дар аввали соли 1920 — вазъияти Ҳукумати Шӯравии Русия нисбатан беҳтар гардид. Қувваҳои зиддишӯравӣ асосан шикаст хӯрданд. 2 феврали ҳамон сол хони Хева ҳам сарнагун карда шуд ва ба ҷойи он Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Хоразм ба вуҷуд омад. Баъд аз он аморати Бухоро дар Осиёи Миёна ҳамчун ягона такягоҳи қувваҳои зиддишӯравӣ монд.
Вазъияти баамаломада тамоми қувваҳои зиддиамириро, аз ҷумла қисми боқимондаи ҷавонбухороиёнро низ ба ҷунбиш даровард. Зеро, як қисми онҳо агарчанде ҲК Бухороро ташкил дода ба он дохил шуданд, қисми дигарашон худро ба канор гирифта, то ин лаҳза фаъолияти худро чандон нишон надодаанд. Аз ҷумла яке аз пешвоёни ин ҳаракат Ф. Хоҷаев ба Москва рафта, аз фаъолияти ҳизби ҷавонбухороиён то андозае канда шуда буд. Инак, январи ҳамон сол ӯ аз Москва ба Тошканд омад ва ҳизби ҷавонбухороиёнро аз нав ташкил дод. Дар ҷамъомади ҳизб, ки низ дар шаҳри Тошканд гузашт, «Бюрои марказии ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ» интихоб карда шуд ва он бо номи дигар «Бюрои марказии Туркистонии ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ» низ маълум аст. Бюрои марказӣ муваққатан вазифаи КМ-ро иҷро мекард. Ҳамин тавр ҳизби нави ҷавонбухороиён номи ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчиро гирифт. Онҳо интихоби КМ-и ҳизбро то конфронси худ мавқуф гузоштанд.
Ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ барномаи худро дошт, ки он аз тарафи худи Ф. Хоҷаев тартиб дода шуда буд ва конфронси ҳизбӣ 14 июни соли 1920 онро қабул намуд. Вале то ҳол нусхаи тасдиқгардидаи барнома ёфт нашудааст. Дар бойгонии ҳизбии шаҳри Тошканд нусхаи дастхати ин барнома вуҷуд дорад.1 Мувофиқи он маълум мегардад, ки ҳизб ҳамчун мақсад: барои сарнагун намудани тартиботи амирӣ ва барқарор кардани ҷумҳурии халқӣ; барои баробарҳуқуқии ҳамаи миллатҳо мубориза мебурдааст. Дар барномаи ҳизб оиди масъалаи дин таъкид мешуд, ки «дин ва шариат ифодакунандаи ҳақиқат ва ҳимоятгари камбағалон мебошад.» Бинобар ин ҳизб ният дошт дин ва шариатро ба муқобили ҳукуматдорони аморат ва капитализм истифода барад. Нисбати масъалаи замин ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ ният дошт, замини дар ихтиёри амир, бекҳо ва дигар истисморгарон бударо мусодира намуда, онҳоро дар байни деҳқононе, ки дар ҳамон заминҳо кор мекарданд, тақсим намояд. Барои ба тарзи қатъӣ ҳал намудани масъалаи замин онҳо анҷумани деҳқононро даъват карданӣ буданд. Дар барнома, инчунин инкишофи саноат дар Бухоро, рӯзи кори 8-соата, инкишофи илму маданият ва ғайра дар назар дошта шуда буд. Мувофиқи он таълим дар мактабҳои ибтидоӣ бояд ба забони ҳамон халқе ҷорӣ карда мешуд, ки он халқ дар он маҳал аксариятро ташкил менамояд. Вале дар донишкадаҳои олӣ88 таълим бояд танҳо ба «забони адабии туркӣ» ҷорӣ мегардид. Тоҷикон, дар барнома яке аз қабилаҳои туркӣ ҳисоб карда мешуданд. Мувофиқи оинномаи ҳизб, барои аъзоёни гунаҳкор, ҷазои аз хориҷ намудан аз ҳизб то ҷазои қатл муайян карда шуда буд. Фарқияти ҷиддии барномаи ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ аз барномаи ҲК Бухоро дар он буд, ки барномаи коммунистон дар асоси барномаи ҲК(б) Русия тартиб ёфтааст ва аз ин рӯ худро қисми таркибии ин ҳизб ва ҷумҳурии ояндаи Бухороро ҳамчун қисми таркибии ҷумҳурии Туркистон ҳисоб мекард. Ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ бошад худро ҳизби мустақил ва ҷумҳурш1 ояндаи Бухороро низ мустақил мешуморид. Такя ба дину шариат бошад, он ба ҷавонбухороиёни инқилобчӣ имконият медод, ки минбаъд мардуми зиёди аморатро ба тарафи худ кашанд. Зеро, ин нуқта дар барномаи коммунистон ҷой надошт. Баръакс, ба ақидаи пешвоёни ҲК Бухоро, дар аморат бо такя ба коргарон ва камбағалони шаҳру деҳот инқилоби сотсиалистӣ имконпазир будааст. Бо ақидаи пешвоёни ҷавонбухороиёни инқилобчӣ бошад, инқилоби Бухоро, бояд инқилоби халқии демократӣ бошад, ва дар он бояд доираи васеи мардуми Бухоро, ҳатто буржуазияи миёна ва хурд иштирок намоянд.
Ба вуҷуд омадани ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ боиси норозигии сарварони ҲК Бухоро гардид. Турккомиссия ҳам аз ба вуҷуд омадани ҳизби нав қаноатманд набуд. Бинобар ин коммунистони бухороӣ ва Турккомиссия дар аввал бо ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ ҳамкориро намехостанд. Танҳо Совинтерпроп дар шароити аморат вуҷуд доштани чунин ҳизбро зарур шуморида, барои сарнагун намудани ҳукумати амирии Бухоро ҳамкории онҳоро бо коммунистон талаб кард.
Маҳз дастгирии Совинтерпроп барои амалиёти ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ илҳоми тоза бахшид. Ин ҳизб дар қатори Тошканд ва Москва, инчунин дар худи аморат: дар Бухорои Куҳна, Бухорои Нав (Когон), Чорҷӯйи Нав, Каркӣ, Шаҳрисабз ва дигар нуқтаҳо шуъбаҳои худро дошт. Онҳо аз 15 апрели соли 1920 дар Тошканд ба нашри рӯзномаи худ — «Учқун» («Шарора») сар карданд, ки он моҳе ду маротиба, ба миқдори 5 ҳазор нусха, ба забони ӯзбекӣ нашр мешуд.
Ҳукуматдорони амирии Бухоро дар сарзамини аморат мисли пештара нисбати ҷавонбухороиён ва тарафдоронаш сиёсати таъқибкуниро давом медоданд. Дар шароити нав, яъне дар вазъи мавҷудияти ду ҳизби бухороӣ — ҲКБ ва ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ низ чунин сиёсат давом кард. Вале ноиттифоқии байни он ҳизбҳо, ки баъзан то ба ҷанҷолҳои байнихудӣ мерасид, баръакс ба амалдорони амирӣ имконият медод, ки аз фаъолияти махфиёнаи онҳо огоҳ гарданд. Аз ҷумла моҳи апрели соли 1920 ба амалдорони амир муяссар гардид, ки ба воситаи ҷосусони худ оиди фаъолияти шуъбаи дар Бухорои Куҳна доштаи ҲК Бухоро огоҳӣ пайдо намуда, сарвари он инқилобчии матинирода — Абдуллохоҷа Тӯраевро дар қатори ҳамфикронаш ҳабс ва қисми зиёдашонро қатл намоянд.
Аз 28 июни соли 1920 КМ ҲК Бухоро, аввал дар Тошканд, баъд дар Бухорои Нав (Когон) ба нашри рӯзномаи худ «Кутулуш» (Озодӣ) сар кард. Ин рӯзнома ҳамчун рӯзномаи ҷамъиятию сиёсӣ ва адабӣ, ҳафтае ду маротиба, ба забонҳои ӯзбекӣ ва тоҷикии форсӣ (форсии тоҷикӣ – Т. А.), то 3 ҳазор нусха нашр гардида, бепул паҳн карда мешуд. Дар нашри ин рӯзнома С. Айнӣ (ӯ аъзои ҳизб набуд), Мунзим (А. Бурҳонов), А. Муҳиддинов ва Ҳамдӣ (Абдусаидов) фаъолона иштирок намудаанд.
Сарварони ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ вазъияти мураккаби худ, махсусан мушкилоти молиявӣ, дастгирӣ накардан аз тарафи Турккомиссия ва ғайраҳоро ба инобат гирифта, ба сарвари ҲК(б) Русия В.И. Ленин бо мактуб муроҷиат намуда, аз ӯ хоҳиш намуданд, ки ҳизби онҳоро ба ҳайати ҳизби худ қабул намояд. 29 июли соли 1920 ин муроҷиат дар маҷлиси бюрои ташкилии КМ ҲК(б) Русия муҳокима гардид ва бо сабаби он, ки асосҳои барномаи ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ ба «идеалҳои коммунизм муқобил аст» аз қабулаш ба ҳайати ҳизби худ даст кашид, вале даъват намуд, ки дар роҳи муборизаи инқилобӣ бо он ҳамкорӣ карда шавад.
3 августи соли 1920 дар маҷлиси васеи Турккомиссия, бо иштироки сарварони Совинтерпроп, ҲК Бухоро ва ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ масъалаи иттифоқи байни коммунистони Бухоро ва ҷавонбухороиёни инқилобчӣ дида шуд. Ниҳоят, баъди баҳсҳои зиёд байни онҳо иттифоқи муваққатиро зарур шумориданд. Зеро, сарвари ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ Ф. Хоҷаев дар баромади худ таъкид намуд, ки «фарқияти барномавӣ то сарнагун намудани тартиботи амирӣ зарур аст. Чунки, дар барнома ҷой додани идеяи коммунизм қисми мардуми Бухороро аз роҳи инқилоб дур мекунад, бинобар ин, баробари ғалабаи инқилоб дар Бухоро, онҳо гӯё тайёранд дар рӯзи дигар ба ҳайъати ҲК Бухоро дохил шуда, барномаи онро кабул намоянд».
Анҷумани IV ҲК Бухоро (16-18 августи соли 1920 дар Чорҷӯйи Нав шуда гузашт) баъди баҳсу мунозираҳои зиёд иттифоқу ҳамкории коммунистони Бухоро ва ҷавонбухороиёни инқилобчиро лозим шуморид. Ин анҷуман вазъиятро аз ҳар ҷиҳат муҳокима намуда, қувваҳои мавҷудаи инқилобии Бухороро барои сарнагун намудани тартиботи амирӣ нокифоя ҳисобид ва «аз номи аҳолии мазлуми семиллионнафараи аморати Бухоро», «барои тезонидани инқилоби Бухоро», барои кӯмак ба Кумитаи Иҷроияи Байналмилали Коммунистӣ ва КМ ҲК(б) Русия муроҷиат намуд.
Ҳамин тавр, дар арафаи сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро ду ҳизби бухороиён вуҷуд дошт. Мувофиқи баъзе маълумотҳо, дар ҳамон лаҳза, ҳизби коммунистони Бухоро гӯё 5 ҳазор нафар аъзо ва 20 ҳазор нафар хайрхоҳон, ҳизби ҷавонбухороиёни инкилобчӣ — 800 нафар аъзо ва 10 ҳазор нафар хаӣрхоҳон доштаанд. Аммо дар байни худи ин ду ҳизб минбаъд ҳам иттифоқи мустаҳкам вуҷуд надошт. Вале онҳо боварии комил доштанд, ки барои сарнагун намудани ҳукумати амирӣ имконияти мукаммал надоранд. Аз ин рӯ сарварони ҳар ду ҳизб ҳам ҳар чӣ зудтар амалӣ гардидани мақсади асосии ҳизби худ, яъне сарнагун намудани тартиботи амириро дар кӯмаки беруна, пеш аз ҳама кӯмаки аскарони сурх медиданд.