Боби VIII.
Тайёрӣ барои сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро (октябри соли 1917- августи соли 1920)
§ 2. Таҷовузи Колесов ва оқибатҳои он
Сабабҳои таҷовуз
Қисми зиёди ҷавонбухороиён, махсусан аксари сарваронашон, дар аввал аз сарнагун гардидани Ҳукумати Муваққатии буржуазии Русия ғамгин гардида буданд. Зеро, боварии онҳо нисбат ба он ҳукумат хело зиёд буд. Инак, дар замоне, ки зиддияти байни Давлати Шӯравӣ ва ҳукумати амирӣ боло мегирифт, вазъияти ҷавонбухороиён боз ҳам душвортар гардид. Чунки, ҷавонбухороиён баъди моҳи апрели соли 1917 аксаран имконияти дар Бухорои Куҳна осойишта зистанро аз даст дода, муваққатан дар Бухорои Нав қарор гирифта буданд. Вале дар ин ҷо ҳам, агарчанде Ҳукумати Шӯравӣ ҳукмронӣ мекард, онҳоро ҷосусони амирӣ ором намегузоштанд. Бинобар ин ба сарварони ҷавонбухороиён зарур буд, ки муносибати худро нисбат ба Давлати Шӯравӣ муайян намоянд. 84 Дар ин ҷо онҳо бе ягон калавиш ба тарафи Шӯроҳо гузаштанд. Зеро, оштишавии ҷавонбухороиён бо амирпарастон ғайриимкон буд. Ба ғайр аз ин ҷавонбухороиён шод буданд, ки зиддияти байни Давлати Шӯравӣ ва аморати Бухоро рӯз аз рӯз боло мегирад.
Инак, ҷавонбухороиён аз бологирии зиддияти байни Давлати Шӯравӣ ва аморати Бухоро истифода бурданӣ шуданд. Пеш аз ҳама вазъият онҳоро маҷбур намуд, ки дар атрофи Кумитаи Марказии (мувофиқи маълумоти дигар кумитаи иҷроияи) ҳизби худ, ки ҳанӯз марти соли 1917 ташкил ёфта буд, муттаҳид бошанд. Онҳо вазъиятро борҳо муҳокима намуда, ба хулосае омаданд, ки минбаъд, дар масъалаи Бухоро бо якҷоягии ҳукумати Туркистони Шӯравӣ амал кунанд. Дар яке аз ҷамъомадҳои Кумитаи Марказии ҳизби ҷавонбухороиён, бо таклифи аъзои коллегияи оид ба корҳои Бухоро З.И. Преображенский, қарор карда шуд, ки аъзои Кумитаи Марказӣ Ф. Хоҷаевро чун сарвари ҳайати намояндагӣ, барои гуфтушунид бо сарвари ҳукумати Туркистони Шӯравӣ Ф. И. Колесов, ба Тошканд фиристанд. 6 декабри ҳамон сол ҳайат ба Тошканд омад. Ҳангоми гуфтушунид Ф. Хоҷаев Ф. И. Колесовро бовар кунонидааст, ки ҷавонбухороиён гӯё дар дохили Бухоро 30 ҳазор нафар шахсони ба худ содиқ, аз он ҷумла 4 ҳазор нафар шахсони мусаллаҳ доштаанд. Ҳамаи онҳо гӯё интизори фармон ё худ ишорае будаанд. 85
Намояндаи ҷавонбухороиён, инчунин аз сарвари ҳукумати Туркистон барои мусаллаҳ намудани тарафдорони худ аслиҳа пурсид.
Ҳамин тавр дар рӯзнома масъалаи бо қувваҳои муттаҳидаи Туркистони Шӯравӣ ва ҷавонбухороиён сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро меистод. Ин масъала дар байни қариб тамоми сарварони ҳизбию шӯравии кишвари Туркистон ҳамовозӣ пайдо кард. Комиссари фавқулодаи Шӯрои Комиссарони Халқии Федератсияи Русия дар Осиёи Миёна П. Кобозев ҳам онро маъқул шуморид.
Оғоз, рафти амалиёти ҷангӣ ва оқибатҳои он
Аз тарафи аскарони сурх маҳв намудани Мухторияти Қӯқанд 22 феврали соли 1918 ҳалли масъалаи Бухороро тезонид. Вале ба сарвари ҳукумати Туркистон Ф. И. Колесов лозим омад, ки пеш аз ҳалли ин масъала хурӯҷи дивизиони туркманиро хомӯш намуда, онҳоро беяроқ гардонад.
Инак, 28 феврали соли 1918 Ф. И. Колесов, ҳангоми бозгашт аз Ашқобод, дар истгоҳи роҳи оҳани Бухорои Нав ҳозир шуд. Омадани ӯ бо кори анҷумани ҳизби ҷавонбухороиён мувофиқ омад. Дар истгоҳ Ф. И. Колесов бо намояндагони анҷуман, бо сарварии Ф. Хоҷаев суҳбат намуд ва дар ҳамин суҳбат қарор карда шуд, ки масъалаи Бухороро 1-3 марти ҳамон сол, бо гуфтушунид бо амир оғоз намоянд. Вай инчунин ба ҷавонбухороиён фаҳмонд, ки бо ҳамроҳии худ тахминан 200-300 камон ва миқдори ба он зарур тир дораду халос. Худи Ф. И. Колесов бошад ба Бухорои Нав тақрибан бо 50 нафар посбонони шахсиаш чун посбони раиси ҳукумат омада буду халос. Дар ихтиёри ӯ дигар ягон хел қувва набуд. Ҷавонбухороиён низ дар атрофи худ фаъолони зиёд надоштанд. Онҳо метавонистанд дружинаеро иборат аз 200-300 нафар асосан аъзоёни ҳизб ташкил диҳанду халос. Вале онҳо ба чунин ҳолат аҳамият надода, аз омадани Ф. И. Колесов рӯҳбаланд гардида, барои роҳбарии шӯриш, бо сарварии Ф. Хоҷаев Кумитаи инқилобиро ташкил доданд.
Ҳамон рӯзи 28 феврал, бо имзои Ф. И. Колесов — чун раиси ҳукумати Туркистон ва Ф. Хоҷаев — чун раиси Кумиҷроияи ҳизби ҷавонбухороиён, ба номи амир Олимхон мактуб, аниқтараш таҳдиднома (ултиматум) фиристода шуд. Дар он аз амир талаб карда мешуд, ки ӯ дар муддати 24 соат бояд ҳукуматашро пароканда намуда, идоракунии мамлакатро ба ихтиёри Кумитаи иҷроияи ҳизби ҷавонбухороиён супорад. Ҳукумати нав аз ҷумлаи ҷавонбухороиён, гӯё бо розигии амир ташкил карда мешавад.86 Яъне, мувофиқи ин таҳдиднома амир дар мансабаш як муддат нигоҳ дошта мешуду, вале ӯ бояд аз рӯйи хоҳиши ҷавонбухороиён амал мекард.
Амир Олимхон бо мақсади ба иштибоҳ гузоштани Ф. И. Колесов ва Ф. Хоҷаев, қушбегӣ Мирзо Низомиддини Урганҷиро, ки душмани қаттоли ҷавонбухороиён буд, аз мансабаш озод намуда, ба ҷойи ӯ Усмонбекро қушбегӣ таъин намуд. Рӯзи 1 март вай ба таҳдиднома ҷавоб гардонд, вале барои аз ҳисоби ҷавонбухороиён ташкил додани ҳокимият розӣ нашуд.
Дар натиҷа 2 марти соли 1918 ҷанги байни қӯшунҳои Колесов ва амир сар шуд, ки он дар таърих бо номи «таҷовузи Колесов» маълум аст. Миқдори умумии қӯшунҳои Колесов, ба ғайр аз посбонони шахсиаш, тақрибан 450-500 нафарро ташкил медоданду халос. Аз ин ҳисоб тахминан 200 нафарро дружинаи ҷавонбухороиён ва тахминан ҳамон миқдори дигарро отряди ҷангии коргарони Бухорои Нав ташкил медоданд. Миқдори сарбозон ва фидоиёни амир ҳанӯз дар рӯзи якуми ҷанг нисбат ба қӯшунҳои Колесов хело сершумор буданд. Вале ба чунин бартарӣ нигоҳ накарда, натиҷаи рӯзи аввали ҷанг ба фоидаи отряди Колесов буд. Онҳо ҳатто ду тӯпи амирро ғанимат гирифтанд. Роҳбари умумии қӯшунҳои амир Мирзо Низомиддинхоҷаи Урганҷӣ аз майдони ҷанг гурехт.
Натиҷаи рӯзи аввали ҷанг амирро ба воҳима гузошт. Амир Олимхон бо мақсади ба иштибоҳи нав гузоштани Колесов, рӯзи дигар — 3 март ба назди ӯ ҳайати намояндагии худро, бо сарварии қушбегӣ Усмонбек, барои музокира фиристод. Онҳо ба Колесов нусхаи фармони ислоҳоти ҳанӯз 2 март имзо намудаи амирро нишон доданд, ки мувофиқи он амир гӯё дар аморат ислоҳоти васеъ мегузаронад; аз ҳисоби мардуми доно, пеш аз ҳама ҷавонбухороиён ҳукумати нав ташкил менамояд ва ғайра. Дар рафти музокирот ҷавонбухороиён талаби нав — беяроқ гардонидани сарбозони амирро гузоштанд. Тарафи амир бо дили нохоҳам ин талабро ҳам қабул кард. Аз тарафи Ф. И. Колесов, барои назорати беяроқшавии сарбозони амир, гурӯҳе аз 22 нафар, бо сарварии В. П. Уткин фиристода шуд, ки қариб ҳамаи онҳо дар Арки Бухоро дар таҳхонаи қушбегӣ, ба тарзи ваҳшоният кушта шуданд.
Ф. И. Колесов ва Ф. Хоҷаев нисбати гуфтушунид зиёда боварӣ ҳосил карда, интизори расидани хабари беяроқшавии сарбозони амир буданд. Вале амир аз фурсати бадастдароварда, зеро рӯзи 3 март амалиёти ҷангӣ набуд, самаранок истифода бурда, ба муқобили қувваи камшумори Колесов, аллакаӣ 4 март тақрибан 35 ҳазор нафарро, бо сарварии Салимбек, гузошт. Сарбозони амир дар як вақт ба вайрон намудани роҳи оҳани атрофи Бухорои Нав шурӯъ намуданд.
Дар натиҷа, ҳамон рӯзи 4 март Колесов дар ҳолати ногувор монд. Лавозимоти ҳарбии ӯ дар арафаи тамомшавӣ буд. Вайронии роҳи оҳан умеди вайро аз ҳар гуна кӯмаки беруна канд. Бинобар ин он рӯз қӯшунҳои Колесов, ягона бартарии худ, ки тӯпҳо буданд, истифода бурданд. Вале тири тӯпҳо ҳам ба нишон намерасиданд. Ҷанги рӯзи 5 март ҳам барои онҳо хеле душвор буд. Ниҳоят, шаби аз 5 ба 6 март Колесов маҷбур шуд, ки роҳи оҳани вайронаро таъмир намуда, оҳиста-оҳиста ба сӯйи Қизилтеппа ҷангкунон ба қафо гардад. Бо ҳамроҳии Колесов тамоми мардуми русзабони Бухорои Нав ҳам ба роҳ баромаданд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо, шумораи умумии мардуми бо ҳамроҳии Колесов рафта ба 8-10 ҳазор нафар мерасид.
11 март, яъне дар муддати 5 рӯз, Колесов бо душвориҳои зиёд то ба Қизилтеппа расид. То ин лаҳза вай аз амир борҳо сулҳро хоҳиш намуд. Вале ҳар бор аз тарафи амир талаби пеш аз гуфтушунид ба ихтиёри ӯ додани сарварони ҷавонбухороиён, аз ҷумла Ф. Хоҷаев, А. Фитрат ва М. Бурҳонов садо медод. Танҳо хабари аз Тошканд омадани қувваи имдодия ба Колесов ва ҳамроҳони ӯ рӯҳияи тоза бахшид. 17 март аз тарафи қувваҳои муттаҳидаи отряди Колесов ва қувваҳои навомада яке аз шаҳрҳои калонтарини аморат — Кармина забт карда шуд.
25 марти соли 1918 дар Қизилтеппа байни аморати Бухоро ва Туркистони Шӯравӣ сулҳ имзо гардид. Мувофиқи он тарафайн уҳдадор шуданд, ки шартномаи соли 1873-и байни Бухоро ва Русияро риоя кунанд, асиронро иваз намоянд. Ҳукумати амирӣ барои шинохтани Давлати Шӯравӣ ва эътирофи чунин ҳокимият дар маҳаллаҳои руснишини аморат ваъда дод. Инчунин ҳукумати амирӣ розӣ шуд, ки роҳи оҳани ваӣронкардаашро таъмир намояд, аскарони худро аз 12 ҳазор нафар зиёд накунад, ба ихтиёри ҳукумати Туркистон 100 вагон ғалла фиристад ва ғайраҳо.
Ҳамин тавр зиддияти байни Давлати Шӯравӣ ва аморати Бухоро, ки ниҳоят ба ҷанг оварда расонид, ба охир расид. Ин ҷанг ба ҳар ду тараф зарари моддию маънавӣ ва талафоти ҷонии зиёдро овард. Бегуфтугӯ он натиҷаи хатогии ҷиддии сарварони ҳизби ҷавонбухороиён ва Туркистони Шӯравӣ ба ҳисоб меравад. Махсусан, баъди он ҷанг сарзамини Бухоро ба як кушишхона табдил ёфта буд.
Таҷовузи Колесов диққати ҳукумати Англияро низ ба худ ҷалб карда буд. Зеро он ба муқобили Давлати Шӯравӣ ба ҷанги қатъӣ тайёрӣ медид. Инак, баъди ин таҷовуз, бо мақсади дурусттар огоҳ гардидан аз воқеаҳои Осиёи Миёна, баҳори соли 1918 вай дар Қошғари Хитой ва Машҳади Эрон миссияи худро кушод. Аз ҷумла, ба миссияи қошғарӣ дар солҳои аввал П. Ф. Эссертон сарварӣ намуд, ки вай душмани қаттоли Ҳукумати Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт.
Ниҳоят, дар замоне, ки зиддияти байни Давлати Шӯравӣ ва ҳукумати амирӣ давом дошт, ҷавонбухороиён бо мақсади сарнагун намудани тартиботи амирӣ ҳизбҳои худро бунёд намуданд.