Боби VIII.
Тайёрӣ барои сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро (октябри соли 1917- августи соли 1920)
§ 1. Тезутунд гардидани зиддияти баӣни Давлати Шӯравӣ ва ҳукумати амирии Бухоро
Дар маҳаллаҳои руснишин ва сарҳадии аморати Бухоро барпо намудани тартиботи Шӯравӣ
Воқеаи дар маркази Русия — шаҳри Петроград сарнагун иамудани Ҳукумати Муваққатӣ ва дар маркази кишвари Туркистон — шаҳри Тошканд сар шудани ҳаракатҳои инқилобӣ ба зудӣ то ба маҳаллаҳои руснишини аморати Бухоро — Бухорои Нав (Когон), Чорҷӯйи Нав, инчунин нуқтаҳои сарҳадӣ — Тирмиз, Каркӣ ва ғайра расид. Аз ҷумла хабари дар Петроград ба ихтиёри Шӯроҳо гузаштани ҳокимият аллакаӣ 28-уми октябри соли 1917, яъне дар рӯзи оғози шӯриши шаҳриёни Тошканд, то ба бошандагони Бухорои Нав гӯшрас шуд. Дар ин рӯз бо ташаббуси болшевик Полторатский ба тарзи таъҷилӣ ҷамъомади гурӯҳҳои демократии шаҳр гузаронида шуд ва дар он кумитаи инқилобӣ ташкил гардид. Ин кумита қарор дод, ки ҳукумати нави Русия — Ҳукумати Шӯравиро дастгирӣ мекунад. Рӯзи дигар — 29-уми октябр, Кумитаи инқилобӣ дар Бухорои Нав ба ихтиёраш гузаштани ҳокимиятро эълон кард. 31 октябр дар Чорҷӯйи Нав ҳокимият ба ихтиёри Шӯроҳо гузашт. Дар Тирмиз Кумитаи иҷроияи Ҳукумати Муваққатӣ дуру дароз муқобилият карда натавонист. Шӯрои Тирмиз низ 1 ноябр соҳиби ҳокимият шуд. Каме дертар дар Каркӣ ҳам ҳокимият ба ихтиёри Шӯроҳо гузашт.
Вале дар Бухорои Нав вазъият ба зудӣ тағйир ёфт. Зеро, баъди аз ин ҷо рафтани П. Г. Полторатский, ки 15 ноябри соли 1917 дар анҷумани Шӯроҳои кишварии Туркистон комиссари халқӣ оид ба меҳнат таъин шуд, мақоми болшевикон хеле суст гардид. Бинобар ин дар шаҳр амалан резидентсияи Русия ва комиҷроияи вилоятии собиқ Ҳукумати Муваққатӣ, ки ба он П.П. Введенский ҳамчун комиссар сарварӣ мекард, ҳукмфармойӣ менамуданд. Эсеру меншевикон, ки дар Бухорои Нав нуфузи зиёд доштанд, низ муқобили ба ихтиёри болшевикон гузаштани ҳокимият дар марказ буданд. Аз ин рӯ, намояндагони ин ҳизбҳо низ дар атрофи П. П. Введенский боз ҳам муттаҳидтар гардиданд. Гурӯҳи болшевикии Бухорои Нав бо сабаби заифӣ қодир набуд, ки ба онҳо муқобилият нишон диҳад.
Вазъи Бухорои Нав ҳукумати нави болшевикии Туркистонро сахт ба ташвиш гузошт. Бо талаби онҳо шаби аз 28 ба 29 ноябри соли 1917 ҷамъомади таъҷилии Кумитаи инқилобии Бухорои Нав баргузор гашт. Дар он қарор карда шуд, ки комиссари вилоятӣ П.П. Введенский аз вазифааш озод карда шавад, комиҷроияи вилоятии Ҳукумати Муваққатиро барҳам дода, комиссарони онро дар тамоми маҳаллаҳои руснишин аз вазифаашон озод намоянд. Мувофиқи қарори ин ҷамъомад ҳокимият дар тамоми маҳаллаҳои руснишини аморат ба ихтиёри Шӯроҳо ва Кумитаи муваққатии инқилобӣ, ки дар он ҷамъомад ташкил гардида буд, гузашт. Кормандони резидентсия ин қарорро қабул накарданд. Дар натиҷа бинои он аз тарафи аскарони сурх бо штурм забт гардид.27
15-20 декабри соли 1917 дар Бухорои Нав анҷумани II Шӯроҳои маҳаллаҳои руснишини аморати Бухоро барпо гардид.
Вай дар ин маҳаллаҳо барҳам додани кумиҷроияи вилоятии собиқ Ҳукумати Муваққатӣ ва резидентсияро маъқул шуморида, ба ихтиёри Шӯроҳо гузаштани ҳокимиятро ба қонуният даровард.
Анҷумани II Шӯроҳо органи иҷроияи маҳаллаҳои руснишини аморат — Шӯрои Комиссарони Халқиро ташкил дод, ки ба ҳайати он ду нафар аз намояндагии Шӯрои Бухорои Нав ва якнафарӣ аз Шӯрои Чорҷӯйи Нав, Тирмиз ва Каркӣ дохил гардида буданд. Анҷуман, бо мақсади муттаҳид гардонидани фаъолияти пролетариати рус ва мусулмон, ба он як нафар коргари мусулмонро низ тавсия кард.
Тезутунд гардидани зиддияти баӣни Давлати Шӯравӣ ва ҳукумати амирии Бухоро
Баъди дар Бухоро додани резидентсия, барои Ҳукумати Шӯравӣ, алалхусус барои Ҳукумати Шӯравии кишвари Туркистон яке аз масъалаҳои мураккабтарин ин масъалаи муносибат бо ҳукумати амирии Бухоро буд. Аз ин рӯ анҷумани II Шӯроҳои маҳаллаҳои руснишини аморати Бухоро, бо мақсади аз нав ба роҳ мондани муносибатҳои байнидавлатӣ бо аморати Бухоро, аз номи Давлати Шӯравӣ Коллегияро оид ба корҳои Бухоро иборат аз намояндагони Шӯроҳои Бухорои Нав, Чорҷӯйи Нав ва Тирмиз — В. С. Уткин, М. А. Преображенский ва Б. М. Баржанов ташкил дод. Аммо ин коллегия ягон кор карда натавонист. Зеро, ҳукумати амирӣ на танҳо ин коллегияро, балки умуман Ҳукумати Шӯравиро, аз ҷумла дар маҳаллаҳои руснишин ва сарҳадии аморат барпо гардидани чунин ҳукуматро низ нашинохт. Аз ҳамин сабаб ҳам як муддат вазифаи резидентро (яъне, баъди барҳам додани он), на коллегия, балки намояндаи фавқулодаи Ҳукумати Шӯравӣ оид ба корҳои Бухоро иҷро намуд.
29 ноябри (12 декабри) соли 1917 сарвари ҳукумати кишвари Туркистони Шӯравӣ Ф.И. Колесов ба амири Бухоро Саид Олимхон барқия (телеграмма) фиристода, дар он таъкид намуд, ки Ҳукумати Шӯравӣ ба тарзи қатъӣ принсипҳои нисбат ба давлатҳои хурд эълон намударо риоя менамояд. Мувофиқи он таъкид мегардид, ки ҳангоми оромӣ дар сарзамини Бухоро, Ҳукумати Шӯравӣ тайёр аст бо ҳукумати амирӣ муносибати худро беҳтар намояд ва соҳибихтиёрии Бухороро ба тарзи расмӣ шиносад. Зеро, яке аз принсипҳои нисбат ба миллатҳои дигар эълон намудаи Давлати Шӯравӣ ҳам ин принсипи худмуайянкунии миллатҳо буд.83 Амалӣ гардидани ин принсип аз сиёсати пешгирифтаи Ҳокимияти Шӯравӣ вобастагӣ дошт.
Вале ҳукумати амирии Бухоро бо Ҳукумати Шӯравӣ муносибати худро беҳтар карданӣ набуд. Бинобар ҳамин ҳам амир П. П. Введенскийро, ки аз тарафи Ҳукумати Шӯравӣ аз вазифааш озод карда шуд (зеро вай муқобили ҳукумати нав — Шӯравӣ буд), ба маслиҳатчии асосии худ табдил дод.
Ҳанӯз аввали декабри соли 1917 аз тарафи ҳукумати амирӣ ба номи Ҳукумати Шӯравӣ ду таҳдиднома (ултиматум) фиристода шуд. Дар таҳдидномаи аввал амир аз Ҳукумати Шӯравӣ талаб мекард, ки барои аз сӯйи Қаршӣ, ба воситаи Бухорои Нав, ба Бухорои Куҳна гузаронидани ғалла ягон хел мамониат накунанд. Дар таҳдидномаи дигар бошад амир талаб мекард, ки дар маҳаллаҳои руснишини аморат ба ҷадидон-ҷавонбухороиён паноҳгоҳ надиҳанд.
Ҳанӯз анҷумани II Шӯроҳо ба ин таҳдиднома дахл намуда, ба таҳдидномаи аввал ҷавоби қаноатбахш дода, таъкид намуд, ки ҳар гуна бор, ҳангоми аз Бухорои Нав гузаштан, танҳо бо мақсади нагузаронидани яроқ тафтиш карда мешаванд. Таҳдидномаи дуюмро бошад анҷуман рад намуд. Баръакс он анҷуман аз ҳукумати амирӣ ба тарзи қатъӣ талаб намуд, ки дар дохили аморат ҳам ба ҳар гуна таҳдид ва қатли мардум, аз он ҷумла ҷавонбухороиён, хотима диҳад.
Вазъият дар дохили Бухоро баъд аз пароканда намудани намойиши апрелии (соли 1917) ҷавонбухороиён ҳамоно мураккаб буд. Гурӯҳи хурди иртиҷоъпарастон, бо сарварии мулло Қутбиддин, ба сари қудрат баромада, ба ҳукумати амирӣ танҳо ҳабсу қатли муқобилонро тавсия мекарданд. Намояндагони ин гурӯҳ, шахсони бегуноҳро низ «ҷадид» гӯён дастгир намуда, нисбаташон худсарона ҷазо муайян мекарданд, ё худ аз онҳо ба фоидаи худ маблағе меситониданд. Бедодгарии ин гурӯҳ, норозигии мулло ва мударрисони пешқадами Бухоро, пеш аз ҳама мулло Икромча ва паӣравони ӯро ба вуҷуд овард. Маҳз бедодгарии мулло Қутбиддин аввали январи соли 1918 сабабгори ҷамъомади эътирозии бухороиён дар майдони Регистони шаҳри Бухорои Куҳна гардидааст, ки дар он зиёда аз ҳазор нафар мардум иштирок намудаанд. Қисми зиёди онҳо аз сари қудрат дур кардани гурӯҳи мулло Қутбиддинро талаб кунанд, қисми дигар масъалаи аз мансаб озод намудани қозикалон Бурҳониддинро гузоштанд.
Вале ҳукуматдорони аморат тавонистанд бо зудӣ ташаббускорони ҷамъомадро аз шаҳр бадарға намуда, худи ҷамъомадро пароканда намоянд.
Ҳамин тавр дар охири соли 1917 ва аввали соли 1918 зиддияти байни Давлати Шӯравӣ ва ҳукумати амирии Бухоро рӯз аз рӯз боло мегирифт. Дар дохили аморат тарафдорони тартиботи ҳамонвақтаи амирӣ нисбат ба муқобилони худ — махсусан ҷавонбухороиён, ягон гузашт карданро намехостанд. Ҳангоми мавҷуд будани чунин вазъи мураккаб таҷовузи Колесов ба амал омад.