Боби VII.
Халқи тоҷик дар замони мавҷудияти Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Туркистон (солҳои 1918-1924)
§ 2. Чорабиниҳои Ҳокимияти Шӯравӣ барои мустаҳкам намудани тартиботи нав дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Бадахшон
Кумитаҳoи инқилобӣ ва ба Шӯроҳо табдил додани онҳо
Дар ҳар ноҳияҳои ҳудуди кишвари Туркистон, аз он ҷумла ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Кӯҳистони Бадахшон, ҳамин ки ё дар натиҷаи амалиёти ҷангии аскарони сурх, ё ба тарзи осойишта ҳокимияти шӯравӣ барпо карда мешуд, сараввал чун дар Русияи Марказӣ, кумитаҳои инқилобӣ, яъне ревкомҳо ташкил карда, ҳокимиятро ба ихтиёри онҳо месупориданд. Ин кумитаҳо мувофиқи талаби замон функсияҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва судиро ба худ доштанд. Ҳамин ки дар ин ё он ноҳия ба муқобили тартиботи нав хавфи зиёдро эҳсос намекарданд, кумитаи инқилобии маҳаллиро ба Шӯроҳои маҳаллӣ табдил дода, ҳокимиятро ба уҳдаи кумитаҳои иҷроияи онҳо мегузоштанд. Ё худ баръакс, ҳангоми мураккаб гардидани вазъият дар ноҳияҳои кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳо ташкилёфта, аниқтараш зиёда пай бурдани хавфи ҳаракати зиддишӯравӣ, дар ин нуқтаҳо ҳамоно ба ҷойи Шӯроҳо боз кумитаҳои инқилобиро аз нав барқарор мекарданд. Зеро, Шӯроҳо ҳамчун органи интихобӣ буда, барои роҳбарони ҳамонвақта ба онҳо дохил намудани шахсони зарурӣ чандон кори осон набуд. Аъзоёни кумитаҳои инқилобиро бошад худи онҳо таъин менамуданд. Танҳо дар баъзе ноҳияҳои аз ҷиҳати иқтисодию сиёсӣ хеле қафомонда, ба монанди Кӯҳистони Бадахшон ҳайати кумитаҳои инқилобӣ низ интихобӣ буданд. Дар ин ҷо мақсади асосӣ, бо ҳамин роҳ ба сӯйи тарғиботи нав ҷалб намудани мардум ба ҳисоб мерафт.
Кумитаҳои инқилобии маҳалҳо, яъне деҳагӣ (қишлоқӣ), волостӣ, уездӣ ба воситаи кумитаҳои инқилобӣ ё худ Кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ ба кумитаҳои инқилобӣ ё худ Кумитаҳои Иҷроияи Марказии (КИМ) ҷумҳуриявӣ итоат мекарданд. Онҳо шароитро барои интихобот ба Шӯроҳо муҳайё сохта, бо ташкили кумитаҳои иҷроияи маҳаллӣ функсияи худро ба онҳо месупориданд. Аз ҷумла дар аксари ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ (ба ғайр аз Мастчоҳ) солҳои 1919-1921 кумитаҳои инқилобӣ ба кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳо табдил дода шудаанд. Аз ин рӯ, дар солҳои аввали мавҷудияти Ҳокимияти Шӯравӣ кумитаҳои инқилобӣ ҳамчун органҳои фавқулодаи муваққатӣ ба ҳисоб мерафтанд. Дар шароити кишвари Туркистон он кумитаҳо мувофиқи Низомномаи КИМ Умумирусиягӣ «Дар бораи кумитаҳои инқилобӣ», ки 24 октябри соли 1919 қабул гардидааст, амал мекарданд. Ҳайати аъзоёни кумитаҳои инқилобӣ, қариб дар тамоми ҳудуди кишвар (ба ғайр аз Кӯҳистони Бадахшон) таъин мегардиданд.
Дар Кӯҳистони Бадахшон 19 сентябри соли 1921 Сегонаи ҳарбию сиёсӣ1 оиди дар маҳалҳо ташкил додани кумитаҳои инқилобӣ қарор қабул кард. Фарқияти ин кумитаҳо аз кумитаҳои инқилобии дигар ноҳияҳои кишвари Туркистон дар он буд, ки чуноне аллакаӣ таъкид кардем, аъзоёни кумитаҳои инқилобии Кӯҳистони Бадахшон на ин ки таъин, балки интихоб мешуданд. Дар ин ҷо тамоми ҷавонони синнашон ба 18 расида, дар интихобот иштирок мекарданд. Танҳо эшонҳо, шахсони аз тарафи суди замони нав маҳкумшуда аз иштирок дар интихобот маҳрум буданд. Соли 1922 аллакаӣ дар тамоми ҳудуди Кӯҳистони Бадахшон кумитаҳои инқилобӣ ташкил карда шуданд. Онҳо асосан аз се нафар аъзо ва як нафар номзад иборат буданд.
Дар Кӯҳистони Бадахшон соли 1922 хавфи сар задани ҳаракати зиддишӯравӣ гӯё аз байн рафт. Моҳи майи он сол дар ҳудуди Помири Ғарбӣ интихобот ба ҳайати Шӯроҳои маҳаллӣ оғоз гардид. Бо ҳамин дар Кӯҳистони Бадахшон давраи аз кумитаҳои инқилобӣ ба Шӯроҳо гузаштан оғоз гардид. 25 июни он сол аввалин анҷумани ноҳиявии Помири Ғарбӣ барпо гардид. Дар Помири Шарқӣ бошад соли 1923 аз кумитаҳои инқилобӣ ба Шӯроҳо гузаштанд. 27 майи он сол анҷумани якуми шӯроҳои Помири Шарқӣ барпо гардид. Вале дар Кӯҳистони Бадахшон ҳанӯз ҳам амалан ҳокимият дар ихтиёри сарвари отряди Помир буда, ӯ мисли пештара нуфузи зиёд дошт. Вай дар як вақт намояндаи ГПУ (Управленияи сиёсии давлатӣ) ва аъзои Сегонаи ҳарбию сиёсӣ ба ҳисоб мерафт.
То соли 1923 дар ҳудуди бисёр ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ кумитаҳои инқилобӣ бо роҳи интихобот аллакаӣ ба Шӯроҳо табдил ёфта буданд. Вале аз нимаи дуюми он сол, бо сабаби асосан ба охир расидани ҳаракати зиддишӯравӣ, ба тарзи умумӣ аз кумитаҳои инқилобӣ ба Шӯроҳо гузаштанд.
Умуман кумитаҳои инқилобӣ дар барқарор намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Кӯҳистони Бадахшон мақоми асосиро бозиданд. Онҳо ҳамчун органи ғайридемократӣ ҳангоми эҳсос намудани хавфи чорабинӣ ё худ ҳаракатҳои зиддишӯравӣ қодир буданд, ки ба муқобили онҳо тамоми имкониятҳои зӯровариро истифода кунанд.
Чорабиниҳо барои муҳофизати тартиботи нав
Яке аз вазифаҳои муҳимтарине, ки дар назди ҳокимияти нав меистод ин муҳофизати музаффариятҳои ба даст дароварда ба ҳисоб мерафт. Яъне, акнун қуввае лозим буд, ки тартиботи навро ҳифз ва нигаҳдорӣ кунад. Чунин вазифаро дар замони Ҳукумати Муваққатӣ милитсия иҷро мекард. Вале амалдорони тартиботи нав акнун ба милитсияи собиқа боварӣ надоштанд. Ҳукумати нав — Шӯравӣ, ки ҳокимияти синфи коргару деҳқон ҳисоб мешуд, бинобар ин лозим донист, ки барои муҳофизати тартиботи нав милитсияи коргару деҳқонро ташкил диҳад. Оиди ташкили он 28 октябри (10 ноябри) соли 1917 қарори Комиссариати корҳои дохилии Федератсияи Русия баромад. Дар асоси ҳамин қарор дар марказ ва маҳалҳо, махсусан аз ҳисоби коргарон милитсияи шӯравӣ ташкил меёфт. Бинобар ҳамин ҳам 10 ноябр дар замони шӯравӣ ҳамчун рӯзи милитсия қайд карда мешуд.
Дар маҳалҳо милитсия дар ихтиёри шӯроҳои маҳаллӣ буд. Аз ин рӯ, милитсияи шӯравӣ барои пойдории ҷамъияти нав имкониятҳои васеъро дар ихтиёр дошт. Баробари ташкил ёфтани тартиботи нав дар тамоми маҳалҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Кӯҳистони Бадахшон милитсияи нав ташкил ёфт. Он ҷое, ки барои ташкили милитсияи нав аз ҳисоби коргарон имконият набуд, аз ҳисоби деҳқонон, махсусан мардикорон, косибон ва ҳунармандон гирифта мешуд.
Масъалаи дигаре, ки ҳукуматдорони Шӯравӣ ҳар чӣ зудтар ҳал намудани он ва ба талаботи сохти нав — Шӯравӣ мувофиқ намуданашро зарур меҳисобиданд ин ислоҳоти тартиботи судӣ буд. Дар замони мустамликаи Русияи подшоҳӣ будани кишвари Туркистон дар баъзе шаҳрҳо, посёлкаҳо ва маҳалҳои бо зиндагию фаъолияти русҳо ва русзабонҳо вобастагӣ дошта, судҳои ба Русия хос, ки ба муфаттишони судӣ, назорати прокурорӣ, вакилони савгандёдкарда ва адвокатураи шахсӣ асос меёфт, амал мекарданд. Вале аксар, судҳои қозигӣ, ки ба талаботи шариат асос меёфтанд, фаъолият доштанд. Ҳомиёни замони навро бошад на суди қозигӣ ва на судҳои замони подшоҳӣ қаноат намекунонданд.
22 ноябри (5 декабри) соли 1917 декрети Шӯрои Комиссарони халқии Федератсия Русия дар бораи барҳам додани судҳои подшоҳӣ баромад. Дар асоси ин ҳуҷҷат ҳукумати кишвари Туркистон моҳи декабри ҳамон сол оиди судҳои кишварӣ декрет баровард. Мувофиқи он ба ҷойи судҳои собиқа, аз ҷумла судҳои қозигӣ, бо ном судҳои халқӣ ва интихобӣ будани мушовирони судӣ ҷорӣ карда шуд. Ин қарор, аз ҷумла моҳи марти соли 1918 дар Хуҷанд, моҳи июли ҳамон сол дар Ӯротеппа амалӣ гардид. То охири соли 1920 чунин тағйирот дар бисёр шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурии Туркистон ҷорӣ шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва маҳаллаҳои хеле дар канор буда, ҳанӯз судҳои қозигиро нигоҳ медоштанд. Аммо акнун ин судҳo дар зери назорати шӯроҳои маҳаллӣ буданд. Вале дар баъзе ноҳияҳо, бо сабаби боло гирифтани ҳаракати зиддишӯравӣ ба ҷойи судҳои халқии нав бунёдгардида, муваққатан судҳои қозигӣ аз нав барқарор карда шуда буданд.
Вазифаи сеюми муҳимтарине, ки ҳукуматдорони шӯравӣ дар назди худ гузошта буданд ин ташкили аскарони сурхи инқилобӣ ба ҳисоб мерафт. Зеро, ба онҳо лозим меомад, ки давлати бунёдкардаи худро аз душманони дохилӣ ва беруна муҳофизат намоянд.
Маълум аст, ки дар марказҳои саноатӣ ва губернияҳои марказии Русия дар рафти воқеаҳои октябрию ноябрии соли 1917 гвардияҳои сурх ё худ инқилобӣ (бештар аз ҳисоби аскарон ва коргарон) ташкил карда шуда буд. Ҳукумати Шӯравии Туркистон ҳам дар назди худ мақсад гузошт, ки барои муҳофизати тартиботи нави кишвар, дар қатори қисмҳои аскарони сурхи аз худи Русия фиристодашуда, инчунин аскарони худро дошта бошад. Бо ҳамин мақсад 28 ноябри соли 1917 ҳукумати Туркистон дар бораи ташкили аскарони сурхи кишвар қарор баровард.
Дар асоси ин қарор шӯроҳои маҳаллӣ мебоист дар ташкили аскарони сурхи кишвар аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ фаъолона иштирок мекарданд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо, моҳи апрели соли 1918 шумораи умумии гвардиячиёни сурхи маҳаллӣ, ки аз ҳисоби русу русзабонҳои туркистонӣ ва маҳаллиён таркиб ёфта якҷоя зиёда 1,5 ҳазор нафарро ташкил доданд. Онҳоро низ ба ҳайати қисмҳои аскарони сурх дохил карданд. Аммо дар ҳайаташон ихтиёрони маҳаллӣ хеле камшумор буданд.
10 майи соли 1920 Ҳокимияти Шӯравӣ дар бораи ба ҳайати аскарони сурх даъват намудани мардуми ғайрирус, аз он ҷумла халқҳои маҳаллии туркистонӣ декрет баровард. Мувофиқи он мардони синнашон аз 19 то 35 сола ба хизмати умумӣ даъват мегардиданд. Дар асосӣ ҳамин декрет мебоист аз ҳисоби мардуми маҳаллии кишвари Туркистон ба сафҳои аскарони сурх 30 ҳазор нафар сафарбар карда мешуд.
Ҳамин тавр дар шароити кишвари Туркистон ҳам бо мақсади пойдории тартиботи нав, барои ташкили милитсияи маҳаллӣ, суди замони нав ва аскарони сурхи кишварӣ чораҳои зарурӣ андешида шуд.
Чорабиниҳо барои аз нав барқарор намудан ва инкишоф додани хоҷагии халқ
Дар шароити ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Кӯҳистони Бадахшон низ масъалаи барқарор намудан ва инкишофи хоҷагии халқ бештар аз сиёсати нисбат ба деҳқон пешгирифтаи тартиботи нав вобастагӣ дошт. Зеро, дар ноҳияҳои номбурда қисми асосии аҳолиро маҳз деҳқонон ташкил медоданд. Синфи коргар бошад хеле камшумор, дар Кӯҳистони Бадахшон, ба ғайр аз мардикорон, онҳо тамоман набуданд. Бинобар ин муносибати мардуми маҳаллӣ аз бисёр ҷиҳат ба ҳар чӣ зудтар амалӣ гардидани «Декрети замин» вобастагӣ дошт.
Сиёсати аграрии Ҳокимияти Шӯравӣ ҳам ба декрети номбурда асос меёфт. Шарҳи ин қонун дар низомномаи кумитаҳои замину об ва қонуни асосӣ оиди сотсиализатсияи замин (аз 19 феврали соли 1918) ҷой дошт. Моҳияти ин сиёсат аз он иборат буд, ки бо роҳи милликунонии замин моликияти хусусӣ будани онро барҳам дода, ба шакли хоҷагидории коллективӣ гузаранд.
Дар асоси қарорҳои Шӯрои Комиссарони Халқии кишвари Туркистон аз 6 ва 9 декабри соли 1917 дар ҳудуди кишвар ба хариду фурӯши замин хотима гузошта шуд. Тамоми заминҳо, ба ғайр аз участкаҳои дар ихтиёри деҳқонҳо буда, ба ихтиёри кумитаҳои замин гузашт. Инчунин тамоми аппарати куҳнаи идоракунии аграриро барҳам доданд. Дар кишвар роҳбарии тамоми корҳои кишоварзӣ ба ихтиёри комиссариати халқӣ оид ба корҳои зироат гузашт. 28 феврали соли 1918 ин комиссариат, дар асоси қарори анҷумани IV Шӯроҳои кишварӣ (аз январи он сол), ба тамоми деҳқонон оиди ташкил додани кумитаҳои замину об муроҷиат кард. Бояд тамоми замин, сохтмон, воситаҳои истеҳсолот, захираҳои хӯрокворӣ, об ва ғайра аз ихтиёри он хоҷагиҳое, ки худ меҳнат намекарданд, ба ихтиёри ҳамин кумитаҳо мегузаштанд. Дар навбати худ ҳукуматдорони шӯравӣ ният доштанд, ки ба воситаи кумитаҳои номбурда бо деҳқонон наздик бошанд ва бо талаби онҳо хубтар огоҳ гарданд.
Соли 1918 кумитаҳои замину об аллакаӣ қариб дар тамоми ноҳияҳои кишвари Туркистон, аз он ҷумла ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ба вуҷуд омаданд. Чунончи, 15 апрел анҷумани намояндагони деҳқонони уезди Хуҷанд кумитаи замину оби уездиро ташкил намуд. Инчунин дар ҳамин анҷуман ҳайати ҳамин гуна кумитаҳо барои тамоми волостҳо низ ташкил карда шуд. Минбаъд амалӣ гардидани чорабиниҳои ҳокимияти шӯравӣ оиди замин аз фаъолияти ҳамин кумитаҳо вобастагӣ дошт. Апрели соли 1918 анҷумани V Шӯроҳои кишвари Туркистон қонуни асосиро оиди сотсиализатсияи замин қабул кард. Дар асоси он сиёсати милликунонии замин, ки аллакаӣ оғоз гардида буд, ба қонуният дароварда шуд. Мувофиқи он сараввал ба милликунонии мулкҳои ширкатҳои собиқа, ҷамъиятҳои гуногун, заминдорони калон ва ғайра шурӯъ намуданд.
Аз тарафи кумитаҳои замину об тамоми заминҳо ба ҳисоб гирифта мешуд. Дар он ноҳияҳое, ки дар ихтиёри деҳқонон ҳиссаи замин ночиз буд, замин илова карда мешуд, ё худ деҳқононе, ки безамин буданд, бо замин таъмин мегардиданд. Дар асоси декрети КИМ Умумирусиягӣ аз 11 июни соли 1918 тобистон ва тирамоҳи ҳамон сол дар бисёр ноҳияҳои кишвари Туркистон кумитаҳои қишлоқии камбағалон ба вуҷуд омаданд. Чунончи, ноябри ҳамон сол ин гуна кумитаҳо дар тамоми волостҳои уезди Хуҷанд ташкил ёфтанд. Ин кумитаҳо на танҳо бо тақсими ғалла, балки мебоист бо корҳои кӯмак расонидан ба деҳқонон, аз ҷумла таъмини онҳо бо асбобҳои кишоварзӣ машғул мешуд. Дар худи ҳамон сол дар як вақт бо кумитаи камбағалон иттифоқи камбағалон низ арзи ҳастӣ намуд. Ин иттифоқ нисбат ба кумитаи камбағалон ташкилоти оммавитар буд. Бинобар ҳамин ҳам ин иттифоқро ташкилоти касбии синфӣ меномиданд. Он баъзан «Иттифоқи деҳқонони камзамину безамин» низ номида мешуд. Соли 1919 аллакаӣ дар бисёр ноҳияҳои уезди Хуҷанд ташкилотҳои «Иттифоқи камбағалон» ташкил ёфтанд. Миқдори онҳо танҳо дар гурӯҳи ноҳияҳои Ӯротеппа, ки ҳамон лаҳза уезди Ӯротеппа меномиданд. ба 29 адад расида буд.
«Иттифоқи камбағалон» деҳқононро на танҳо бо масъалаҳои иқтисодӣ, балки аз ҷиҳати сиёсӣ низ муттаҳид менамуд. Ягонагии вазифа ва мақсадҳои дар назди «Кумитаи камбағалон» ва «Иттифоқи камбағалон» истодаро ба инобат гирифта, баҳори соли 1921 ба ҷойи онҳо ташкилоти ягонаи «Иттифоқи ҷуфтгарон» («Қӯшчӣ») 66 -ро ташкил доданд.
«Иттифоқи ҷуфтгарон» ташкилоти ҷамъиятии деҳқонон, камбағалон, чоряккорон ва мардикорон ҳисоб мешуд. Он агарчанде ба худ ягон хел функсияи давлатиро надошт, аммо дар ҳаёти сиёсии кишвар фаъолона иштирок намуд. Аъзоёни «Иттифоқи ҷуфтгарон» худ дар замин кор мекарданд. Онҳо аз тарафи ҳокимият зиёда дастгирӣ медиданд. Дар натиҷа аъзоён ва ташкилотҳои маҳаллии ин иттифоқ зуд меафзуд. Аз ҷумла дар миёнаи соли 1923 аъзоёни он дар уезди Хуҷанд то ба 4,5 ҳазор нафар расидааст, ки онҳо дар 34 ячейкаҳои қишлоқӣ ва 7 кумитаҳoи волостии уезд дохил мешуданд.
Ҳамаи ин чорабиниҳо бо он мақсад гузаронида мешуд, ки аз як тараф дар деҳот тартиботи навро пойдор намоянд ва аз тарафи дигар вазъи кишоварзии кишварро беҳтар гардонанд. Аз ин рӯ, сарварони Ҳокимияти Шӯравӣ баробари дар кишвари Туркистон барпо намудани тартиботи нав ният доштанд, ки ҳар чӣ зудтар пеши роҳи харобгардии кишоварзиро гирифта, ин сарзаминро, мисли пештара, ба макони ашёи хоми саноати бофандагии Русия — пахта табдил диҳанд. Бо ҳамин мақсад баҳори соли 1918 Ҳокимияти Шӯравӣ барои қонеъ гардонидани талаботи пахтакорон ба маблағи 502,6 млн. сӯм, аз он ҷумла 50 млн. сӯм танҳо ба корҳои обёрии кишвари Туркистон ҷудо кард. Вале бо сабабҳои маълум—ҷангӣ дохилӣ, нокифоягии пул ва махсусан беқурбшавии он, то моҳи марти соли 1919 ба кишвар ҳамагӣ 221,3 млн. сӯм оварда шуду халос.
Дар ҳақиқат ҳам солҳои 1918 —1920 дар натиҷаи болоравии ҳаракати зиддишӯравӣ ҳолати кишоварзии кишвари Туркистон хеле хароб гардида буд. Махсусан пахтакорӣ хеле паст фаромад. Агар соли 1915 дар ин кишвар 14 млн. пуд пахта истеҳсол карда шуда бошад, пас соли 1920 он то ба 650 ҳазор пуд кам гардид. Саршумори чорво бошад қариб ду баробар кам шуд. Ба чунин пастравӣ, дар баробари ҷанги дохилӣ, инчунин нодурустии сиёсати мусодираи (развёрсткаи) озуқавӣ, ки аз тарафи Ҳокимияти Шӯравӣ ҳанӯз соли 1918, яъне баробари оғози ҷанги гражданӣ дар Русия, ҷорӣ карда шуда буд, низ сабаб гардид. Зеро, дар асоси ин сиёсат истеҳсолкунанда умуман ба истеҳсолот дилгармие надошт. Ӯ ҳар чизе истеҳсол мекард, ҳомиёни тартиботи нав онро зӯран кашида мегирифтанд ва ба ивазаш, аниқтараш барои тасалло, забонхат ҳам медоданд. Гӯё, баъди чанде, истеҳсолкунанда дар асоси он забонхат мебоист ҳаққи маҳсулоти мусодирашударо ё бо пул ё мол мегирифт. Ба ин деҳқонон умуман боварӣ надоштанд ва ин сиёсатро ғораткунӣ меҳисобиданд, ки дар асл ҳамин тавр ҳам буд. Аз ҷумла то оғози кишти баҳории соли 1919 Давлати Шӯравӣ ҳамагӣ 18%-и қарзи деҳқононро пӯшонида буду халос.
Оиди пахта бошад ҳанӯз 28 феврали соли 1918 декрети Шӯрои Комиссарони Халқии кишвари Туркистон бароварда шуда буд, ки мувофиқи он тамоми пахтаи дар ҳудуди кишвар буда, дар кадом навъе, ки набошад мусодира карда мешуд. Ҳангоми додани забонхат нархи муайяншудаи пахтаро ба инобат мегирифтанд. Чунончи, барои як пуд пахта соли 191,7-33 сӯм, соли 1918-80 сӯм ва соли 1919-300 сӯм муайян шуда буд. Дар сурати саркашӣ кардани соҳиби мол-пахта аз иҷрои ин декрет, ба муқобилаш ҳар гуна чора, аз ҷумла ҳукми қатлро раво медиданд.
Мувофиқи тартиботи дар замони подшоҳӣ ҷорӣ гардида, Осиёи Миёна, аз он ҷумла кишвари Туркистон бояд саноати бофандагии губернияҳои марказии Русияро бо пахта, Русия бошад мардуми Осиёи Миёнаро қисман бо галла таъмин мекард. Баъди октябри соли 1917, бо сабабҳои ҷанги гражданию авҷгирии ҳаракатҳои зиддишӯравӣ, гардиши пахтаю ғалла хеле ба пастравӣ рӯ ниҳод. Аз ҷумла дар миёнаи соли 1918 пахта ба миқдори 8 млн. пуд фиристода шуду халос. Ё худ аз Русия ба кишвари Туркистон моҳи ноябри соли 1917—459 вагон, моҳи декабр—185 вагон, моҳи январи соли 1918—174 вагон ва моҳи феврал—ҳамагӣ 122 вагон ғалла овардаанду халос. Ҳол он ки талаботи кишвар ба ғаллаи беруна дар аввали соли 1918 30—35 млн пудро ташкил медод.67 Бо ҳамин сабаб қариб тамоми ноҳияҳои кишварро гуруснагӣ фаро гирифта буд.
Аз соли 1918 сар карда дар назди заводҳои пахтатозакунии кишвар кооперативҳо ташкил доданд, ки онҳо деҳқонони пахтакорро муттаҳид мекарданд. 15 майи соли 1920 миқдори чунин кооперативҳо дар ҳудуди кишвар ба 50 адад расид, ки онҳо ҷамъ зиёда аз 130 ҳазор десятина пахта кишт мекарданд. Давлат ба онҳо бо пул (қарзи ҳасана—бефоиз), тухмӣ, маҳсулоти саноатӣ, олоти меҳнат ва ғайраҳо кӯмак мекард.
Сарварони Ҳокимияти Шӯравӣ оқибатҳои бади сиёсати мусодираи озуқавиро эҳсос намуда, соли 1921 (дар асоси қарори анҷумани X ҳизби болшевикии Русия) онро бо сиёсати нави иқтисодӣ — андози озуқавӣ иваз намуданд. 20 апрели ҳамон сол оиди ин масъала қарори КИМ-и ҷумҳурии Туркистон нашр гардид. Акнун мардуми кишвар ба хазинаи ҳокимият ба ҷойи 22 млн пуд ғаллаи барои соли 1920 муайяншуда (яъне ҳамин миқдор ғалла он сол мебоист аз мардум мусодира карда мешуд), дар соли 1921 чун андози озуқавии пешакӣ муайяншуда, мебоист 12,5 млн. пуд месупориданд. Аз аввали моҳи августи соли 1921 сиёсати мусодираи озуқавӣ дар тамоми ҳудуди кишвари Туркистон бекор карда шуд ва ба ҷойи он андози озуқавиро ҷорӣ намуданд. Дар ҳақиқат ҳам сиёсати нав то андозае ба истеҳсолкунанда дилгармие ба вуҷуд овард ва бозори дохилиро ҷоннок намуд.
Аз соли 1918 сар карда дар ҳудуди кишвари Туркистон аввалин нишонаҳои хоҷагидории сотсиалистӣ: коммуна, артелҳо ва ширкатҳо ба вуҷуд омаданд. Моҳи марти соли 1919 дар вилояти Самарқанд, дар асоси заминҳои милликунонидашуда аввалин 10 совхоз, аз ҷумла ду совхоз дар уезди Хуҷанд ташкил карда шуданд. Апрели он сол дар Хуҷанд, дар маҳаллаи Сари Туқай, дар заминҳое, ки ба воситаи 3 насосҳои обкаш (водокачка) обёрӣ карда мешуд, дар соҳаи кишоварзии уезд аввалин коммуна бунёд гардид. Коммунаҳое, ки дар Дашти Амин ва Чумчуқ Арал ташкил карда буданд аз ҷумлаи ташкилотҳои калонтарини кишоварзии давр ба ҳисоб мерафтанд.68
Он коммунаҳо, артелҳо ва ширкатҳое, ки солҳои 1918—1920 дар маҳалҳои амалиёти ҷангӣ воқеъ гардида буданд, баста шуданд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо соли 1921 дар Ҷумҳурии Туркистон ҷамъ 307 колхози дорои 8.455 аҳолӣ ва 65 совхози дорои 17860 десятина замин вуҷуд доштааст.69 Солҳои 1921—1922 дар кишвари Туркистон ислоҳоти замину об гузаронида шуд. Дар уезди Хуҷанд бошад соли 1921 ин чорабинӣ аллакаӣ аксари ноҳияҳои онро фаро гирифт. Дар ду волости ҳамин уезд, дар базаи заминҳои мусодиракардаи 35 хоҷагии заминдорони собиқа агропункти «Деҳмой» ва артели кишоварзии «Ак-ёр» ташкил ёфтанд. Аллакаӣ дар ҳамон солҳо дар баъзе ноҳияҳо мусодиракунии замин сабаби аз нав аланга гирифтани ҳаракати зиддишӯравӣ гардид. Чунин ҳолатро ба инобат гирифта, муваққатан сиёсати мусодира намудани заминро қатъ намуданд.
Дар Кӯҳистони Бадахшон бошад то соли 1922 ба хоҷагиҳои заминдорони калон, ки албатта дар ин ҷо нисбат ба водиҳо хеле камшумор буданд, кордор нашуданд. Танҳо аз соли 1922 заминҳои баъзе аз бойҳои маҳаллии бадахшонӣ, ки ба ҳаракати зиддишӯравӣ ҳамраъйӣ кардаанд, кашида гирифта шуд ва онро дар байни деҳқонони камзамину безамин тақсим намуданд.
Охири соли 1922 ва аввали соли 1923 дар ҳудуди ноҳияҳои уезди Хуҷанд, ба мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони хурд ширкатҳои (рафоқатҳои) кишоварзии соҳавӣ — пахтакорӣ, асалпарварӣ ва ғайраҳо, инчунин иттифоқи деҳқонон ба вуҷуд омаданд. Соли 1923 системаи обёрии Дилварзин ба ширкати алоҳида муттаҳид карда шуд.
Ҳукуматдорони шӯравӣ махсусан зарурияти инкишофи пахтакориро ба инобат гирифта, барои аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намудани деҳқонон ба онҳо қарзҳои имтиёзнок медоданд. Аз ҷумла соли 1923 аллакаӣ қариб 23% хоҷагиҳои пахтакори уезди Хуҷанд бо ширкатҳои (рафоқатҳои) қарздиҳӣ алоқа доштанд. Ин ҳама имконият медод, ки сол аз сол кишти пахта зиёд гардад. Аз соли 1922 деҳқони пахтакишткарда ба ивази як пуд пахта тахминан маблағи 2—3 пуд ғалларо мегирифт. Ин чорабиниҳо то андозае деҳқононро ба кишти пахта ҳавасманд намуд. Дар худи он сол дар кишвар истеҳсоли пахта ба 1.385 ҳазор пуд расид. Аз ҷумла, дар уезди Хуҷанд агар соли 1920 — 500 десятина, соли 1923—1913 десятина пахта кишт карда бошанд, пас соли 1924 он ба 5.670 десятина расид. Аз як десятина 50 пуд ҳосил мегирифтанд. Дар натиҷа истеҳсоли пахта дар уезд қариб ба 300 ҳазор пуд расид. Пешравӣ дар соҳаҳои боғдорӣ, чорводорӣ ва ғайра низ ба амал омад.
Барои аз нав барқарор намудани хоҷагиҳои кирмакпарварӣ ва истеҳсоли пилла низ баъзе тадбирҳо андешиданд. Аз ҷумла моҳи июли соли 1919 дар Хуҷанд стансияи тайёр кардани тухми кирмакро ба истифода супориданд. Баъди он хариду фурӯши чаканаи пилларо манъ карданд.
Дар соҳаи саноат ҳам баъзе чорабиниҳо гузаронида шуд. Ҳанӯз 14 ноябри соли 1917 аз тарафи КИМ-и Умумирусиягӣ «Низомнома оид ба назорати коргарӣ» қабул шуд. Дар асоси он ҳокимияти кишвари Туркистон тавсия дод, ки дар тамоми корхонаҳо назорати коргарӣ ҷорӣ карда шавад. Мувофиқи ин ҳуҷҷат охири соли 1917 ва аввали соли 1918 дар бисёр корхонаҳои саноатии кишвар, аз ҷумла заводҳои пахтатозакунӣ, равғанкашӣ, конҳои ангишт, нафт ва ғайра назорати коргарӣ ҷорӣ намуданд. 5 марти соли 1918 декрети ҳокимияти кишварии Туркистон оиди миллӣ кунонидани заводҳои пахтатозакунӣ, собунпазӣ ва чағбутбарорӣ нашр гардид. Дар асоси декрети 16 марти соли 1918 конҳои ангишту нафт моликияти давлатӣ эълон шуд. 13 марти соли 1919 системаи обёрии шахсӣ низ миллӣ кунонида шуд. То ин лаҳза роҳҳои оҳан, бонкҳо ва ғайраҳоро низ аллакаӣ миллӣ кунониданд. Вале сиёсати милликунонӣ барои пешравии саноат чандон мусоидат накард. Баръакс он сабабгори харобиҳои дигар гардид. Зеро, корхонаҳои боқимонда ҳам аз тарафи соҳибонаш хароб карда шуд. Бинобар ин аз нав барқарор намудани онҳо хароҷот ва заҳмати зиёдро талаб мекард. Аллакаӣ тобистони соли 1919 сиёсати азнавбарқароркунӣ дар баъзе соҳаҳои саноат натиҷаҳои дилхоҳ дод. Чунончи, моҳи август истгоҳи барқии Хуҷанд аз нав барқарор гардид, сохтмони заводҳои пӯст ва собунпазӣ анҷом ёфт. Декабри соли 1920 заводи шишабарории Деҳмой ба кор шурӯъ кард.
Соли 1920 дар шаҳри Хуҷанд барои ба артелҳо муттаҳид намудани бофандагон шурӯъ намуданд. Соли 1921 миқдори артелҳо дар шаҳр аллакаӣ ба 7 адади дорои 200 нафар аъзо расид. Чунин артелҳо дар шаҳрҳои дигари уезд, аз ҷумла дар Ӯротеппа низ бунёд гардиданд. Минбаъд миқдори умумии бофандагони дар артелҳои уездӣ муттаҳидгардида ба 3.500 нафар расид, ки 1.700 нафарашон дар хонаҳои худ кор мекарданд. Баъди гузаштан ба сиёсати нави иқтисодӣ, бо мақсади ҷоннок намудани саноат ва бозори дохилӣ баъзе аз корхонаҳо, бозорҳо ва ғайра ба иҷора дода шуд. Оиди ин қарори ҳукумати Ҷумҳурии Туркистон низ баромада буд. Маҳз дар ҳамин асос пароми гузаштан аз дарёи Сир, бозорҳои Чоршанбе, Панҷшанбе ва кушишхонаи (саллоххонаи) шаҳри Хуҷанд ва ғайра дар асоси шартнома ба иҷора супорида шуданд.
Вале азнавбарқароркунӣ дар соҳаи саноат хеле суст мегузашт. Барои тасдиқи ин андеша ба фактҳои зерин назар меафканем: 1 майи соли 1922 аз 180 адад заводҳои пахтатозакунии кишвари Туркистон ҳамагӣ 4 завод кор мекарду халос, аз 18 адад заводҳои равғанкашӣ ягонтоаш ҳам кор намекард. Бинобар ҳамин ҳам дар солҳои 1923-1924 барои ба кор андохтани заводҳои бекорхобида бештар аҳамият дода шуд.
Азнавбарқароркунӣ дар соҳаи истеҳсоли нафту ангишт боз ҳам сусттар буд. Аз ҷумла солҳои 1923—1924 истеҳсоли нефти САНТО ба нисфи ҳаҷми истеҳсоли соли 1917 расид. Аз 7 кони ангишти Шӯроб то соли 1926 танҳо яктоаш кор мекарду халос.
Умуман чорабиниҳои Ҳокимияти Шӯравӣ барои бунёд ва мустаҳкам намудани тартиботи нав дар кишвари Туркистон, аз он ҷумла дар ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Кӯҳистони Бадахшон дар шароити хеле мураккаби сиёсӣ ва иқтисодӣ мегузашт. Зеро, режими нав на танҳо муқобили сохтори сиёсии пештара буд, балки он бо тамоми сохторҳои иқтисодию иҷтимоии гузашта розӣ набуд. Бинобар ҳамин душвориҳои дар ҳам шикастани тамоми он дар мадди аввал ба дӯши халқи меҳнаткаш бор гардид.
Вазъи молиявӣ
Солҳои 1917—1920 вазъи молиявии кишвари Туркистон, чун тамоми Русияи Шӯравӣ душвор буд. Сабабҳои асосӣ — оқибатҳои ҷанги якуми ҷаҳонӣ, инқилобҳои февралӣ ва октябрии соли 1917, аз тарафи дороён бойкот эълон кардани сохти нав — Шӯравӣ, беқурбшавии пул, нарасидани пули нақд ва ғайраҳо ба ҳисоб мераванд. Сиёсати нодурусти нисбат ба бонкҳо пеш гирифтан Ҳукумати Шӯравӣ вазъиятро боз ҳам мураккабтар намуд. Зеро, дар асоси декрети Кумитаи Иҷроияи Марказии Умумирусиягӣ аз 14(27) декабри соли 1917 дар ҳудуди Русияи Шӯравӣ, аз ҷумла кишвари Туркистон, тамоми бонкҳо миллӣ кунонида шуданд. Дар натиҷа аксари бонкҳо ва ташкилотҳои маҳаллии онҳо (баъзеашон аз тарафи соҳибони пештараашон) ғорат гардиданд. Яъне, дар аксари шаҳрҳо ба ҳокимияти нав танҳо биноҳои тороҷгардидаи бонкҳо мерос монду халос. Гарчанде худи ҳамон рӯз Бонки Халқии Федератсияи Русия ташкил карда шуд, вале он амалан то соли 1921 (албатта бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ ва сиёсати развёрсткаи озуқавӣ) фаъолияти худро дар тамоми вилояту шаҳрҳои Русияи Шӯравӣ, аз он ҷумла дар ҳудуди кишвари Туркистон ҷорӣ карда натавонист. Аз ҳамин сабаб солҳои 1918-1920 кишвари Туркистон аз ҷиҳати молиявӣ гӯё аз Русияи Шӯравӣ «мустақил» буд.
Дар кишвари Туркистон баъди бунёди тартиботи шӯравӣ бозори дохилӣ рӯз аз рӯз хароб ва нархи маҳсулот гарон гардид. То ҳамин лаҳза дар муомилот асосан пули замони Ҳукумати Муваққатӣ, ки «керенка» (аз номи раиси он Керенский) мегуфтанд, амал мекард. Инчунин пулҳои замони подшоҳӣ, ки «николаевка» мегуфтанд, низ дар муомилот буд. Акнун бо сабаби пайдарпай аз тарафи атаман Дутов забт намудани Оренбург ва ба вуҷуд омадани «пробкаи оренбургӣ» аз маркази Русия ба кишвари Туркистон овардани пули нақд хеле кам ва ниҳоят қатъ гардид.
Шӯрои Комиссарони Халқии кишвари Туркистон 12 феврали соли 1918 дар ҷамъомади худ вазъи ногувори пулиро ба инобат гирифта, қарор кард, ки дар аввал ба маблағи 15 млн. сӯм пули муваққатии коғазии «10» ва «25» сӯмаро барорад. Аз апрели он сол ба барориши он бо номи «бони туркистонӣ» шурӯъ карданд.
Бо мақсади ба тартиб даровардани муомилоти пулӣ, дар асоси декрети Шӯрои Комиссарони Халқии ҷумҳурии Туркистон аз 8 майи соли 1918 Бонки Халқии Ҷумҳурии Туркистон ташкил ёфт. Ба ҳайати он тамоми ташкилотҳои бонкҳои собиқи аллакаӣ милликардашуда муттаҳид карда шуданд. Минбаъд ҳуқуқи эмиссионӣ, яъне барориши пул дар ҳудуди Ҷумҳурии Туркистон ба ихтиёри ҳамин бонк гузашт.
Соли 1918 аз тарафи ҳокимияти Русияи Шӯравӣ низ пули нав бароварда шуд, ки онро «пензенка» мегуфтанд. Ин пул дар тамоми ҳудуди Русияи Шӯравӣ, аз он ҷумла Туркистони Шӯравӣ низ паҳн карда шуд. Вале чӣ «бони туркистонӣ» ва чӣ пули шӯравии «пензенка» талаботро пурра қонеъ гардонида натавонистанд. Бинобар ин минбаъд дар ҳудуди Ҷумҳурии Туркистон чопи пулҳои майдаро хело маҳдуд ва ҳатто қатъ намуда, аз 14 феврали соли 1920 пулҳои «1000» сӯма ва аз 15 июли он сол пулҳои «5000» сӯмаро бароварданд, ки ин пулҳоро низ «бони туркистонӣ» меномиданд.
Бонки Халқии Ҷумҳурии Туркистон ҳуқуқ дошт, ки то 31 декабри соли 1920 ба маблағи 75 млрд. «бони туркистонӣ»-ро барорад. Вале бо сабаби хеле зиёд будани талабот ба пули нақд амалан 100 млрд. (мувофиқи дигар маълумот 96 млрд.) «бони туркистонӣ» бароварда шуд. Аммо ин ҳам вазъиятро беҳтар накард. Зеро, аз январи соли 1919 то июли соли 1920 миқдори бонҳои туркистонӣ 25 баробар афзуда бошад, нархи маҳсулотҳои зарурӣ (аз ҷумла дар Ташкент) 78 баробар афзуд.
Бо сабаби нарасидани пулҳои нақдӣ баъзе шаҳру вилоятҳои ҷумҳурии Туркистон низ пулҳои худро ташкил намуданд. Аз ҷумла комиҷроияи вилояти Ҳафтрӯд аз феврал то 15 ноябри соли 1919 ба маблағи 236 млн. бони худро баровардааст, ки онро «бони вернагӣ» ё худ «бони ҳафтрӯдӣ» низ мегӯянд ва он танҳо дар ҳудуди ҳамин вилоят амал мекарду халос.
Моҳи апрели он сол дар яке аз кооперативҳои коргарии Андиҷон, бо иҷозати комиҷроияи вилояти Фарғона пулҳои майда ба миқдори қариб 1 млрд. сӯм бо номи «бони андиҷонӣ» бароварда шуд. Вале ҳукумати кишвар ба амалиёти ин пул иҷозат надод ва талаб кард, ки он аз 15 ноябр то 15 декабри ҳамон сол ба хазинаи комиҷроияи вилояти Фарғона баргардонида шавад. Ё худ, дар замоне, ки Моварои Каспӣ дар ихтиёри қувваҳои зиддишӯравӣ буд, аз тарафи ҳукумати он «бони ашқободӣ» бароварда шуд. Ин пул як муддат баъди дар ин вилоят аз нав барқарор намудани ҳокимияти шӯравӣ ҳам амал кард.70
Соли 1919 аз тарафи Ҳокимияти Шӯравӣ ислоҳоти нави пулӣ гузаронида шуд. Пулҳои барориши ин сол нисбат ба соли 1918 бақурб буд. Баробари дар ҳудуди Федератсияи Русия, аз он ҷумла ҷумҳурии Туркистон, то андозае хомӯш гардидани ҷангҳои дохилӣ, аз тарафи Ҳокимияти Шӯравӣ барориши пулҳои маҳаллӣ манъ гардид ва пулҳои шӯравии барориши соли 1919 паҳн карда шуд. Аз ҷумла дар асоси декрети Ҳокимияти Шӯравӣ аз 11 октябри соли 1920 барориши бони туркистонӣ аз 1 январи соли 1921 манъ гардид. Дар ин асос 30 декабри соли 1920 декрети Шӯрои Комиссарони Халқии ҷумҳурии Туркистон баромад, ки мувофиқи он бони туркистонӣ то 1 марти соли 1921 бояд бо пули русиягии барориши соли 1919 (даҳ бар як) иваз карда мешуд71.
Октябри соли 1921 Бонки Халқии Федератсияи Русия ба Бонки Давлатӣ табдил дода шуд. Бонки Халқии Ҷумҳурии Туркистон бошад, фаъолияти мустақилонаи худро қатъ намуда, ба яке аз шуъбаҳои он табдил ёфт. Дар худи он сол зарурияти инкишофи пахтакориро ба инобат гирифта Бонки Кишоварзии Осиёимиёнагиро ташкил намуданд, ки он бояд на танҳо дар ҳудуди ҷумҳурии Туркистон, балки дар қаламрави ҷумҳуриҳои Бухоро ва Хоразм ҳам фаъолият мекард.
Солҳои 1922-1924, махсусан баъди ташкилёбии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС), аз тарафи Ҳокимияти Шӯравӣ боз ислоҳотҳои пулӣ гузаронида шуд ва дар асоси онҳо дар ҷумҳурии Туркистон низ пулҳои барориши соли 1919 бо пулҳои барориши нав иваз карда шуданд. Соли 1924, бо мақсади инкишоф додани тиҷорат, бо сармояи асосии 7 млн. сӯми тиллоӣ Бонки Тиҷоратии Осиёимиёнагӣ бунёд гардид.
Вазъи маориф ва маданият
Дар соҳаи маориф ва маданият ҳам ҳукуматдорони нав баъзе тадбирҳо андешиданд. Сараввал аз тарафи режими нав системаи маорифи куҳна шикаста шуд. Таълим дар мадраса ва мактабҳои куҳна тамоман манъ нагардида бошад ҳам вале фаъолияти онҳоро хеле маҳдуд карданд. Қисми зиёди мактабҳои куҳна ва мадрасаҳо фаъолияташонро қатъ намуданд. Баъзе аз биноҳои мактабу мадрасаҳое, ки дар маҳалҳои амалиёти ҷангӣ монда буданд, хароб гардиданд. Муллою мударрисоне, ки бо тартиботи нав розӣ набуданд, ба таъқиб гирифтор шуданд. Қисме аз онҳо маҷбур шуданд, ки ҳудуди Осиёи Миёнаро тарк намоянд. Молу мулки масҷиду мадрасаҳо, махсусан китобҳои нодирро тороҷ ва нобуд карданд. Хулоса талафоти маънавӣ низ хеле зиёд буд.
Дар соҳаи маориф яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳукуматдорони нав ин бо тарзи нав ба роҳ мондани маориф ба ҳисоб мерафт. Онҳо бештар ба дастгирии меҳнаткашон — деҳқонон, косибон, ҳунармандон, албатта сараввал коргарон умед мебастанд.
Бинобар ҳамин дар байни ин қисми аҳолӣ маҳви бесаводиро вазифаи аввалиндараҷаи худ меҳисобиданд. Бо ҳамин мақсад аз тарафи ҳукуматдорони нав дар он маҳаллаҳое, ки ҳаракати зиддишӯравӣ заифтар буд, мактабҳои замони нав — шӯравӣ кушода мешуд. Охири соли 1918 дар ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ аллакаӣ 15 адад чунин мактабҳо амал мекарданд. Соли 1919 ин миқдор ба 73 адад расид. Минбаъд мактабҳои шӯравӣ қариб дар тамоми маҳалҳо бунёд гардиданд.
Ҳангоми ташкили аввалин мактабҳои шӯравӣ ба таҷрибаи мактабҳои усули нав — ҷадидӣ такя мекарданд, китобҳои дарсии онро истифода мебурданд, омӯзгорон ва хатмкунандагони онро ба кори омӯзгорӣ ҷалб менамуданд. Барои тайёр намудани омӯзгорони замони нав низ қадамҳои аввалин гузошта шуд.
Бо мақсади тайёр намудани кадрҳои баландихтисос соли 1918 дар шаҳри Тошканд Донишкадаи Шарқ ташкил ёфт, ки таҳсил дар он сесола буд. Солҳои 1919-1920 дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд ва ғайра бо мақсади тайёр намудани омӯзгорон Донишкадаҳои маорифи халқӣ (Инпросҳо) кушода шуданд. Соли 1920 дар шаҳри Тошканд Донишкадаи олии омӯзгорӣ барпо гардид. Ҳамон сол дар шаҳри Тошканд Донишгоҳи давлатии Туркистон ба фаъолият шурӯъ намуд ва соли 1923 номи Осиёимиёнагиро гирифт. Дар он донишгоҳу донишкадаҳо ҷавонон аз тамоми гӯшаю канори Осиёи Миёна таҳсил менамуданд. Аз ҷумла соли 1920 танҳо дар 6 факултаи Донишгоҳи давлатии Туркистон 1314 нафар донишҷӯён таҳсил менамуданд.
Дар ҳудуди кишвари Туркистон бо мақсади маҳви бесаводии калонсолон курсҳои шабона ташкил карда шуданд. Аз ҷумла шӯрои вилояти Самарқанд қарор қабул кард, ки зану мардҳои бесаводи аз 12 то 45 сола бояд ба тарзи ҳатмӣ чунин курсҳоро гузаранд. Дар чунин курсҳо фанҳои арифметика, грамматика, таърих, сохтмони шӯравӣ, забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ таълим дода мешуд.
Дар шаҳрҳо ва маҳаллаҳои сераҳолӣ китобхонаҳои оммавиро ташкил намуданд, ки миқдори умумии онҳо дар кишвар ба 74 адад расид.
Аз ҷумлаи зиёиёни миллӣ, ба монанди Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ вассофони замони нав ба вуҷуд омаданд. Ҳамза на танҳо яке аз сардафтарони адабиёти шӯравии ӯзбек, балки бунёдгузори театри миллӣ низ гардид. Ӯ соли 1918 песаи «Бой ва хизматгор»-ро таълиф намуд, ки он аввалин песа дар драматургияи халқҳои Осиёи Миёна мебошад.