Боби VII.
Халқи тоҷик дар замони мавҷудияти Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Туркистон (солҳои 1918-1924)
§ 1. Ташкил намудани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Туркистон
Сабабҳои ба эълони мухторияти Туркистон розӣ шудани сарварони болшевикии ин кишвар
Чуноне дар боби аввала қайд кардем, баъди дар сарзамини кишвари Туркистон барпо намудани тартиботи шӯравӣ «Шӯрои исломия», «Шӯрои уламо» ва дигар намояндагони зиёиёни миллӣ аз сарварони болшевикон, ки дар кишвар ҳокимиятро ба дасти худ гирифта буданд, талаб карданд, ки ҳар чӣ зудтар «мухторияти Туркистон»- ро эълон кунанд. Дар ин роҳ мухториятчиёнро ҳатто як қисми эсерон, меншевикҳо ва ғайра низ дастгирӣ карданд. Ҳамон лаҳза ягона болшевикони кишвар ақидаи мухториятчиёнро рад намуда мегуфтанд, ки «Туркистон ба чунин марҳамат ҳанӯз омода нест». Вале намойишу гирдиҳамойиҳое, ки аз моҳҳои ноябри соли 1917 то апрели соли 1918 дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвари Туркистон дар зери шиори мухториятчиён, ё худ ба тарафдории талаби онҳо мегузоштанд, баъзе аз сарварони болшевикии кишварро маҷбур намуд, ки мавқеи худро оиди масъалаи мухторияти Туркистон тағйир диҳанд. Ин воқеаҳо исбот намуданд, ки талаби мухториятчиён дар байни мардуми кишвар, махсусан зиёиён хеле реша гузоштааст. Ба ғайр аз ин қариб дар тамоми шӯроҳои маҳаллию марказии кишвар эсерони чап ҳанӯз иттифоқчиёни асосии болшевикон ҳисоб мешуданд. Баъзан намояндагони ин ҳизб ҳам болшевиконро барои худдорӣ кардан аз эълони мухторияти кишвар сахт танқид мекарданд. Ё худ, баъзе намояндагони чи ҳизбию, чи ғайриҳизбӣ усули болшевикии идоракунии кишвари Туркистонро «идомаи идоракунии тарзу усули ҳукумати подшоҳӣ» меҳисобанд.
Ба ғайр аз ин на танҳо намояндагони ҳизбу ташкилотҳои гуногун, балки ҳатто баъзе аз ҷумлаи худи болшевикони кишвар сарварони худро барои ба таъхир гузоштани иҷрои ҳуҷҷатҳои муҳими Давлати Шӯравӣ «Декларатсияи ҳуқуқи халқҳои Русия» ва «Ба ҳамаи меҳнаткашони мусулмони Русия ва Шарқ» сахт сарзаниш менамуданд.
Чунин вазъият сарварони болшевикии кишвари Туркистонро ба тарсу ҳарос гузошт. Бинобар ҳамин ҳам онҳо маҷбур шуданд, ки муносибати худро нисбати масъалаи «Мухторияти кишвари Туркистон» тағйир диҳанд. Аз ҷумла комиссари ҳукумати Туркистони шӯравӣ — болшевик П. Полторатский дар анҷумани Қӯқандии намояндагони коргарон ва аскарони мусулмон (охири декабри соли 1917) ва худи раиси ҳукумати шӯравии кишвари Туркистон Ф. И. Колесов дар анҷумани IV кишварии Шӯроҳо (25 январи соли 1918) ақидаи мухториятро рад накарда, дар бораи ташкил додани «Мухторияти пролетарии кишвар» сухан гуфтанд. Вале сарварони болшевикии кишвари Туркистон ҷуръат накарданд, ки дар ҳамон анҷумани IV Шӯроҳо мухторияти Туркистонро эълон кунанд. Аниқтараш ҳанӯз дар байни сарварони кишвари Туркистон нуфузи миллатчиёни рус зиёд буд, ки мегуфтанд «Туркистониён ҳанӯз ба мухторият омода нестанд». Ба ақидаи онҳо бояд интизор шуд, ки «пролетариати туркистонӣ аз буржуазияи маҳаллӣ пурра ҷудо гардад», баъд барои эълони мухторият шароит муҳайё мешавад. Инак, аввали баҳори соли 1918 гӯё барои эълони мухторияти кишвари Туркистон ҳамаи шароитҳо муҳайё гардидаанд.
Эълони ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Туркистон
Охири моҳи марти соли 1918 сарвари Комиссариати халқӣ оид ба корҳои миллии Федератсияи Русия (ҶФШСР) И. В. Сталин ҳангоми суҳбати телефонӣ бо сарвари Шӯрои намояндагии коргарон ва аскарони шаҳри Тошканд — болшевик И. Тоболин ҳар чӣ зудтар ислоҳ намудани камбудиҳои дар соҳаи сохтмони миллию давлатӣ ҷой доштаро талаб кард. Аввали моҳи апрели он сол ба ҳукумати Туркистон, ба воситаи барқия дастури дигари И.В. Сталин омада расид, ки дар он сохтмони мухторияти шӯравӣ муайян карда мешуд. Ин дастур сарварони болшевикии кишвари Туркистонро ба ташвиш гузошт. Онҳо дигар ба таъхир гузоштани эълони мухторияти Туркистонро барои мавқеъ ва мансаби худ хатарнок ҳисобида, анҷумани фавқулодаи Шӯроҳои кишварро даъват карданд.
Аз 20 апрел то 1 майи соли 1918 дар шаҳри Тошканд анҷумани V фавқулодаи Шӯроҳои кишвари Туркистон шуда гузашт. Дар кори он 86 нафар болшевикон, 70 нафар эсерони чап, 17 нафар меншевикҳои интернатсионалист, инчунин намояндагони ғайриҳизбӣ иштирок доштанд. 13 рӯз давом кардани кори анҷуман худ гувоҳи он аст, ки дар он дар байни болшевикону эсерони чап ва меншевикони интернатсионалист кашмакашиҳои хеле зиёд ба амал омадааст.
Ниҳоят, 30 апрел анҷуман дар ҳайати Федератсияи Русия ташкил ёфтани Ҷумҳурияти Мухтори Шӯравии сотсиалистии Туркистон (ҶМШСТ)-ро эълон кард, ки он тамоми ҳудуди собиқ генерал- губернаториро дар бар мегирифт. Худи ҳамон рӯз «Низомнома оид ба Ҷумҳурияти Мухтори Шӯравии Туркистон» низ тасдиқ гардид. Дар асоси ҳамин ҳуҷҷат анҷуман бори аввал Кумитаи Иҷроияи Марказии (КИМ) Туркистонро дар байни анҷуманҳои Шӯроҳо ҳамчун органи олии давлатӣ интихоб намуд. Он аз 36 нафар: 18 нафар болшевикон ва 18 нафар эсерони чап иборат буд. Раиси КИМ болшевик П.А. Кобозев, ҷонишини аввали ӯ (раиси дуюм мегуфтанд) низ болшевик А. Ф. Солник интихоб шуданд. Ҳайати Шӯрои Комиссарони Халқии (ШКҲ) ҷумҳурӣ такроран бо сарварии болшевик Ф. И. Колесов, иборат аз 8 нафар болшевикон ва 8 нафар эсерони чап, низ ташкил карда шуд. Дар ҳамин анҷуман яке аз хатогиҳои дар ташкили аввалин ҳокимияти шӯравии кишвар роҳ додашуда, ки аз ба корҳои давлатӣ ҷалб накардани намояндагони мардуми маҳаллӣ мебошад, қисман ислоҳ гардид. Аз ҷумлаи онҳо ба ҳайати КИМ-7 нафар ва ба ҳайати ШКХ -3 нафар дохил карданд.
15 октябри соли 1918 анҷумани VI фавқулодаи Шӯроҳои Ҷумҳурии Мухтори Туркистон Қонуни асосии (Конститутсияи) ҶМШС Туркистонро қабул кард. Дар асоси он органи олии қонунбарори ҷумҳурӣ анҷумани Шӯроҳои намояндагии коргарон, аскарон ва деҳқонон ҳисоб мешуд. Органи олии доимоамалкунандаи ҷумҳурӣ (дар байни анҷуманҳои Шӯроҳо) КИМ ба ҳисоб мерафт. Ҳокимияти иҷроия ва идоракунии ҷумҳурӣ ба уҳдаи Шӯрои Комиссарони Халқӣ (ШКХ) гузошта шуд.
ШКХ Туркистон дар навбати худ, яъне дар замони ҷумҳурии мухторӣ низ аз комиссариатҳои корҳои дохилӣ, хориҷӣ, ҳарбӣ, адлия, меҳнат ва таъминоти иҷтимоӣ, маориф, почта ва телеграф, оид ба корҳои миллатҳо, молия, роҳҳои алоқа, зироат, хӯрокворӣ, тандурустӣ, назорати давлатӣ ва Шӯрои Марказии хоҷагии халқ иборат буд. Органҳои федералӣ (марказӣ) ба фаъолияти ҶМШС Туркистон оиди корҳои хориҷӣ, ҳарбӣ, почта ва телеграф, роҳҳои алоқа ва молия на ин ки бевосита, балки ба воситаи комиссариатҳои соҳавии ҷумҳурӣ таъсири худро мерасониданд. Комиссариатҳои боқимондаи ҷумҳурӣ дар зери назорат ва роҳбарии бевоситаи КИМ Туркистон ва ШКХ он амал мекарданд.65
Минбаъд дар ҳайати комиссариатҳои ҶМШС Туркистон тағйиротҳо ба вуҷуд омадаанд. Аз ҷумла соли 1919 комиссариатҳои оид ба корҳои миллатҳо, хориҷӣ ва ҳарбии он барҳам дода шуд. Соли 1920 комиссариати меҳнат ва таъминоти иҷтимоӣ ба ду комиссариати алоҳида тақсим гардид. Худи ҳамон сол дар назди ШКХ Кумитаи пахтаи Туркистон ташкил ёфт ва комиссариати роҳҳои алоқа барҳам хӯрд.
Дар асоси Конститутсияи соли 1918 ҳуқуқи интихоботӣ ва интихоб шудан ба Шӯроҳо аз синни 18 солагӣ дода мешуд. Касоне, ки аз меҳнати кироя истифода мебурданд, тоҷирони хусусӣ, миёнаравҳо, хизматгорони динӣ, амалдорони собиқа, шахсони аз тарафи судҳои замони нав маҳкумшуда ва шахсони рӯҳан носолим аз ҳуқуқи интихоботӣ маҳрум карда шуда буданд.
Мувофиқи ин Конститутсия ҶМШС Туркистон ҳуқуқ дошт, ки дар доираи ҳудуди ҷумҳурӣ масъалаҳои зеринро мустақилона ҳал намояд: Қонунҳои дахлдорро қабул намояд; Ташкилотҳои ҳарбиро ба шароити худ мутобиқ кунад; Ба воситаи намояндаи федератавӣ, яъне марказ, оиди масъалаҳои иқтисодӣ бо давлатҳои ҳамсоя бевосита муносибат кунад; Дар ҳудуди Федератсияи Русия шартномаҳои молиявӣ имзо намояд; Андозу уҳдадориҳоро муайян созад; Сохтмони интихобӣ ва судиро ба шароити худ мутобиқ созад; Афви умум гузаронад; Сарҳади вилоят ва ноҳияҳоро тағйир диҳад; Ба ҳайати ҶМШС Туркистон аъзоёни навро қабул намояд; Нақшаи хоҷагии халқро муайян кунад; Буҷаи худро дошта бошад.1
Умуман ҶМШС Туркистон дар ҳайати Федератсияи Русия мувофиқи Конститутсияи номбурда ҳуқуқҳои васеъ дошт. Вале амалан ҷумҳурӣ имконият надошт, ки аксари он ҳуқуқҳои соҳибихтиёриро истифода барад. Дар аввал барои он ҷанги зиддишӯравӣ халал расонида бошад, минбаъд бо боло гирифтани нуфузи ҳизби коммунистӣ муҳокима ва ҳалли масъалаҳои муҳими давлатӣ оҳиста— оҳиста ба назардошти ҳамин ҳизб гузошт. Бинобар ин аксари он ҳуқуқҳои мустақилияте, ки Конститутсияи ҶМШС Туркистон медод, амалан ҳал нагардида, дар коғаз монду халос.
Дар муқоиса мухторияти эълон кардаи болшевикон нисбат ба мухторияти дар Қӯқанд эълон намудаи мухториятчиён хеле хароб буд. Мухторияти шӯравӣ-болшевикӣ аз бисёр ҷиҳатҳо зоҳиран мухторият буду, амалан дар он ҳуқуқҳои идоракунии мухторӣ эҳсос карда намешуд. Агарчанде, чӣ дар ҳайати КИМ ва чӣ дар ҳайати ШКХ-и ҷумҳурӣ нисфи аъзоёнро эсерони чап ва меншевикҳои интернатсионалист ташкил намоянд ҳам, вале ҳокимияти асосӣ— реалӣ дар ихтиёри болшевикон буд. Охирон дар фаъолияти худ талабу хоҳишҳои дигар ҳизбҳоро умуман ба эътибор намегирифт.
17-25 июни соли 1918 дар шаҳри Тошканд анҷумани I Муассисони болшевикони Туркистон барпо гардад ва дар он ҳизби коммунистии Туркистон (ҲКТ), ҳамчун қисми таркибии ҳизби коммунистии (болшевикии) Русия (ҲК(б)Р) ташкил ёфт. Баъди он болшевикони кишвар фаъолияти худро муташаккил намуда, чи дар марказ ва чи дар маҳалҳо намояндагони ғайриболшевикиро аз ҳокимият танг карда бароварданд. Дар натиҷа, дар ҳудуди ҶМШС Туркистон ҳам ҳизби коммунистӣ ҳизби яккаҳукмрон гардид. Соли 1918 дар ҳудуди кишвари Туркистон, аз он ҷумла ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ташкилотҳои иттифоқи ҷавонон ва иттифоқи касаба ба вуҷуд омаданд. Минбаъд ин иттифоқҳо низ дар зери назорати сахти ҳизби болшевикӣ амал мекарданд.
Аз ҷиҳати маъмурӣ ҶМШС Туркистон ба 6 вилоят, 30 уезд ва 473 волостҳо тақсим мешуд. Ба 5 вилоятҳои собиқа: Сирдарё, Ҳафтрӯд, Самарқанд, Фарғона ва Моварои Каспий (инро вилояти Туркманистон низ ном мебурданд), боз вилояти Амударё (собиқ шуъбаи Амударёи вилояти Сирдарё, бо марказ дар Тӯрткӯл — Петро-Александровскии аввала) илова гардид.
Дар солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ дар сохти маъмурии ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Кӯҳистони Бадахшон тағйиротҳои нисбатан кам ба амал омаданд. Чунончи: кумитаҳои инқилобии уезди Хуҷанд (волости Мастчоҳ ҳам ба ҳайати ин уезд дохил мешуд) ва волостҳои болооби Зарафшон (охирин ба воситаи уезди Самарқанд) ба вилояти Самарқанд шомил буданд. Кумитаҳои инқилобии волостҳои Исфара ва Конибодом, ба воситаи уезди Қӯқанд; I кумитаи инқилобии волости Ашт ба воситаи уезди Намангон; кумитаи I инқилобии Кӯҳистони Бадахшон (Помир) то августи соли 1923 бо I ҳуқуқи уездӣ, вале бо номи «ноҳияи Помир» ба ҳайати кумитаи инқилобии вилояти Фарғона дохил мешуданд.
15 августи соли 1923 Президиуми КИМ Туркистон масъалаи ташкил намудани вилояти Помирро пешниҳод кард. Вале КИМ-и Умумирусиягӣ тасдиқи онро то 2 январи соли 1925 кашол дод. Дар ин муддат, бо тавсияи КИМ-и ҶМШС Туркистон Помири Ғарбӣ ва Шарқӣ якҷоя «округи Помир» номида мешуд.
Дар давраи болоравии ҳаракати зиддишӯравӣ, бо мақсади қулай гардонидани идоракунӣ, моҳи майи соли 1919 аз ҳисоби волостҳои атрофи Ӯротеппа уезди Ӯротеппа, бо марказ дар шаҳри Ӯротеппа ташкил ёфт, ки ба ҳайати он волостҳои: Ӯротеппа, Далён, Шаҳристон, Ғончӣ, Басманда, Мастчоҳ ва Савот дохил мешуданд. 21 декабри соли 1921 уезди Ӯротеппа барҳам хӯрд ва волостҳои он, мисли пештара ба ҳайати уезди Хуҷанд ҳамроҳ карда шуданд. Ҳамин ҳолат то тақсимоти ҳудуди миллии соли 1924 боқӣ монд.
Ҳамин тавр аз тарафи болшевикон низ мухторияти Туркистон, дер бошад ҳам эълон гардид, ки ин таваҷҷуҳи баъзе аз зиёиёни миллиро ба тарафи худ кашид. Албатта аксари онҳо на ин ки ба ном, балки бештар ба чорабиниҳои амалии ин мухторият аҳамият медоданд.