Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 6.2

Боби VI.
Барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Бадахшон (солҳои 1917-1919)

§ 2. «Мухторияти Қӯқанд» ва барҳам додани он

Ба вуҷуд омадани масъалаи мухторияти Туркистон

Чуноне дар боби пешина таъкид кардем, ақидаи мухторияти Туркистон дар байни зиёиёни кишвар ҳанӯз то барҳам хӯрдани ҳукумати подшоҳӣ вуҷуд дошт. Он пас аз шӯриши миллию озодихоҳии соли 1916 дар Осиёи Миёна ва махсусан бо ғалабаи инқилоби буржуазию демократии февралии соли 1917 Русия бештар паҳн гардид. Дар маркази ин ҳаракат ташкилотҳои Шӯрои исломия, Шӯрои уламо, инчунин ҷадидони туркистонӣ меистоданд, ки онҳо дар ҳайати худ қисми бузурги зиёиёни бедоргаштаи кишварро муттаҳид мекарданд. Аммо он лаҳза амалдорони Ҳукумати Муваққатии Русия чандон тарафдори фавран ба Туркистон додани ҳуқуқи мухториятро надоштанд. Вале ин таклифро рад ҳам накарданд.
Аз ҷумла ҳизби эсерҳо эсерҳои рост дар ҳайати Ҳукумати Муваққатӣ ва сарвари охирини ин ҳокимият — А. Ф. Керенский намояндаи онҳо буд оиди масъалаи мухторият дар аввал умуман мавқеи ягона надоштанд. Онҳо то октябри соли 1917 тарзҳои гуногун: федератсия ё худ мухторияти маданӣ; худидоракунӣ ё худ ҷумҳурияти демократии мутамарказонидашударо пешниҳод мекарданд. Аз ноябри соли 1917 қисме аз эсерҳо талаби мухториятчиёни кишвари Туркистонро дастгирӣ намуданд.
Моҳи сентябри соли 1917 дар шаҳри Тошканд анҷумани III мусулмонони кишвари Туркистон чор рӯз масъалаҳои гуногунро оиди тақдири минбаъдаи Туркистон муҳокима кард. Ҳамаи намояндагони анҷуман ба тарафдории мухторияти Туркистон овоз доданд. Дар анҷуман инчунин муносибати минбаъдаи Туркистону Русия низ муайян карда шуд. Мувофиқи он ҷумҳурияти Русия фақат муҳофизати сарҳади Туркистонро ба уҳда дошту ба корҳои дохилии он бояд дахолат намекард. Мухторияти Туркистон дар навбати худ барои нигаҳдории оромии дохилиаш қӯшунҳои худро ташкил медод.
Анҷуман замин ва обро дар кишвари Туркистон моли тамоми халқ эълон намуда, онҳоро ба ихтиёри маҷлиси умумихалқӣ медод. Дар ҳамин анҷуман инчунин Барномаи Мухторияти Туркистон дида шуд. Мувофиқи он мухторияти Туркистон оиди корҳои дохилӣ: идоракунӣ, молия, дин, маданияту маориф мустақил буда, ба раиятҳои мухторият озодии эътиқод, сухан, матбуот ва ташкил додани ҷамъиятҳо иттифоқҳоро медод. Ба ғайр аз ин мухториятчиён ният доштанд, ки системаи шиносномагиро (паспортиро) бекор намуда, дар дохили мухторият ва барои ба хориҷа сафар кардани раиятонаш рафтуомади озодро ҷорӣ намоянд. Инчунин ба тартиб даровардани андозҳо, ба донишкадаҳои олӣ додани ҳуқуқи мустақилӣ низ дар назар дошта мешуд.
Тарафдорони мухторияти Туркистон пурра умед доштанд, ки Маҷлиси Муассисони Умумирусиягӣ қарори анҷумани III мусулмонони кишвари Туркистонро оиди мухторият тасдиқ хоҳад кард. Вале Инқилоби Октябр умеди онҳоро барбод дод. Ҳукумати Муваққатии Русия, ки бо он тарафдорони мухторият ҳамкорӣ карданд, сарнагун карда шуд. Дар Русия ба сари ҳокимият болшевикон омаданд.

Сабабҳои фаъолтар гардидани мухториятхоҳон

2 (15) ноябри соли 1917 аз тарафи Ҳокимияти Шӯравӣ Декларатсияи ҳуқуқи халқҳои Русия ва 20 ноябр (3 декабр)-и ҳамон сол муроҷиати он «Ба ҳамаи меҳнаткашони мусулмони Русия ва Шарқ» бароварда шуд. Ин ҳуҷҷатҳо ба халқҳои собиқ мазлуми Русия ҳуқуқи васеъ, то ҳуқуқи мустақилии миллиро дод. Вале амалӣ гардидани он ҳуҷҷатҳо аз мавқеъ ва кордонии ҳукуматҳои маҳаллӣ вобастагӣ дошт.
Аввалин Ҳукумати Шӯравии Туркистон — Шӯрои Комиссарони Халқӣ (ШКХ) чуноне дар боло аллакай қайд намудем, бо кашмакашиҳои зиёди сиёсӣ, дар анҷумани III Шӯроҳои кишварӣ (ноябри соли 1917) асосан аз ҷумлаи намояндагони болшевикон, эсерони чап ва максималистон, аз рӯйи баромади миллӣ аз ҳисоби русҳо ва русзабонҳо ташкил карда шуд. Ба ҳокимият тарафдорони мухторияти Туркистон: шӯроиисломиҳо, шӯроиуламоиҳо, ҷадидон ва ғайра роҳ дода нашуданд.
Болшевикони кишвар ҳукуматиякҷоя бо эсеронро низ муваққатӣ ҳисобида, амалан бо сарварии Ф. И. Колесов аз рӯйи нақшаи пешниҳодкардаи ҳизби худ кор мебурданд. Онҳо оҳиста-оҳиста эсеронро аз ҳайати ҳокимияти кишвар танг карда бароварданд. Ба ғайр аз ин он лаҳза дар доираи ҳукуматдорони кишвар мавқеи миллатчиёни рус зиёдтар буд ва онҳо нисбати мардуми маҳаллӣ таваҷҷуҳе надоштанд. Аз ҳамин сабаб ба ҳайати ҳукумати кишвар аз ҳисоби намояндагони мардуми маҳаллӣ касе ҳам дохил карда нашуд. Яъне ба ақидаи онҳо мардуми маҳаллӣ гӯё «барои иштирок дар идоракунии кишвар ҳанӯз омода нестанд». Дар натиҷаи ҳукмрон будани чунин ақидаи зарарнок, дар ташкили нахустин Ҳукумати Шӯравии кишвар, аввалин хатои ҷиддӣ содир гардида буд.
Хатои дуюми ҷиддии Ҳукумати Шӯравии кишвари Туркистон ва болшевикони он ин номуайянии мавқеи онҳо оиди масъалаи мухторият буд. Ин ҳокимият нисбат ба аввалин ҳуҷҷатҳои муҳими дар боло ишорашуда, яъне «Декларатсияи ҳуқуқи халқҳои Русия» ва «Ба ҳамаи меҳнаткашони мусулмони Русия ва Шарқ» муносибати худро ба тарзи равшан муайян накард. Аммо нахустин Ҳукумати Шӯравии Туркистон ақидаи мухториятро рад ҳам накарду амалан дастгирӣ ҳам. Яъне оиди ин масъала ҳам ба ақидаи онҳо Туркистон гӯё барои чунин марҳамат ҳанӯз омода набудааст. Ин гуна мавқеи ноаниқ мухториятхоҳонро, ки аз ҳуҷҷатҳои болоӣ хабардор буданд, норозӣ намуд. Ба ақидаи онҳо ҳокимияти марказии шӯравӣ (яъне федератсияи Русия — РСФСР) гӯё дар асоси он ҳуҷҷатҳо барои туркистониён ҳуқуқи мухториятро додаасту аммо ҳокимияти кишварӣ онро намехостааст. Бинобар ин мухториятчиёни кишвар фаъолтар амал карданро зарур шумориданд.
12 ноябри соли 1917 дар шаҳри Тошканд бо ташаббуси раиси «Шӯрои уламо» Шералӣ Лапин маҷлиси гурӯҳҳои гуногуни мусулмонӣ ҷамъ омад. Масъалаи асосӣ-ин ташкил намудани ҳукумати Туркистон. Вале аз натиҷаи кори ин маҷлис ҳанӯз маълумот нест. Аз эҳтимол дур нест, ки онҳо тарафдори ҳукумати коалитсионӣ буданд. Аммо ба чорабиниҳои онҳо оғози кори анҷумани III Шӯроҳои кишварӣ халал расонид. Вақте, ки ин анҷуман ҳокимияти кишварро бо сарварии болшевик Ф.И. Колесов (аз ҳисоби фақат русзабонҳо) ташкил дод, мухториятчиён аз қарорҳои он норозӣ шуда, гузаронидани анҷумани худро зарур шумориданд. Бо чунин мақсад онҳо дар шаҳри Қӯқанд, ки дар кишвар маркази асосии тиҷорат, яке аз нуқтаҳои асосии ҳаракати либералии зиёиёни миллӣ ва барояшон аз ҳама муҳим, нуқтаи аз ҳаракатҳои инқилобӣ нисбатан дар канор буд, ҷамъ омаданд. Сабаби дигари дар шаҳри Қӯқанд ҷамъ омадани анҷумани мухториятчиён ин дар шаҳри Тошканд аз тарафи ҳокимияти болшевикӣ хеле танг кардани фаъолияти онҳо мебошад. Ташаббуси гузаронидани анҷуманро «Шӯрои исломия» ба уҳдаи худ гирифт.

Анҷумани Қӯқандии мухториятчиён ва эълон гардидани мухторияти Туркистон

26 ноябр (9 декабр)-и соли 1917 дар шаҳри куҳнаи Қӯқанд анҷумани IV таъҷилии мусулмонони кишвар, бо иштироки 205 намоянда, ба кори худ шурӯъ кард. Онро бо сухани муқаддимавӣ аъзои бюрои ташкилӣ, аъзои Шӯрои мусулмонони кишвар, хатмкунандаи шуъбаи ҳуқуқшиносии донишгоҳи Петроград Мустафо Чоқай кушод. Дар анҷуман намояндагони ғайримусулмон, аз ҷумла русҳо, яҳудиҳо ва ғайра низ иштирок доштанд.
Ҳангоми оғози анҷуман Маҳмудови қӯқандӣ ба сухан баромада таклиф кард, ки «интихоби ҳайати садорати анҷуман на аз рӯйи вилоят, миллат ва нишонаҳои динӣ муайян гардад, балки фақат аз рӯйи дониш ва қобилиятнокӣ пешбарӣ шаванд». Дар натиҷа ба ҳайати садорати анҷуман, ки аз 13 нафар иборат буд, ях нафар шахси ғайримусулмон низ интихоб шуд.
Масъалаҳои асосие, ки он анҷуман муҳокима кард, ин: 1) оиди ба ҳайати «Иттифоқи Ҷанубу Шарқӣ» дохил шудани кишвари Туркистон ва 2) оиди мухторияти кишвари Туркистон ба ҳисоб мерафтанд. Масъалаи якум боиси баҳсу мунозираҳои тӯлонӣ гардид. Зеро, махсусан як қисми зиёиёни маҳаллӣ ба ҳайати иттифоқи номбурда, ки бо ташаббуси атамани казакҳои Оренбург — Дутов ташкил шуда буд, хоҳиши ҳамроҳ гардидани кишвари Туркистонро надоштанд. Онҳо чунин ҳолатро як шакли нави мустамликашавии кишвари худ меҳисобиданд. Ба ғайр аз ин аз хотираи онҳо кирдорҳои ваҳшиёнаи отрядҳои казакӣ — чун қисми асосии аскарони ҳукумати подшоҳӣ, ҳангоми пахш намудани шӯриши соли 1916 ҳанӯз фаромӯш нашуда буд. Вале анҷуман шароити мураккабро ба инобат гирифта, махсусан барои ба муқобили Ҳокимияти Шӯравӣ истодагарӣ карда тавонистан, ба иттифоқи номбурда дохил шуданро лозим шуморид.
Бегоҳии 27 ноябр (10 декабр) анҷуман ба муҳокимаи масъалаи дуюм оғоз намуда, соати 12-и шаб мухторияти кишвари Туркистонро эълон кард. Дар қарори анҷуман аз ҷумла гуфта мешуд, ки «анҷуман хоҳиши тамоми миллатҳои истиқоматкунандаи Туркистонро оиди худмуайянкунӣ, ки Инқилоби Бузурги Русия (яъне Инқилоби Октябр — Н.Ҳ.) дод, ба инобат гирифта, Туркистонро ҳамчун сарзамини мухторӣ дар ҳайати Ҷумҳурияти Демократии Федеративии Русия эълон намуда, (барои тасдиқ) ба Маҷлиси Муассисони Туркистон пешниҳод мекунад». Анҷуман инчунин муҳофизати манфиати миллатҳои камшумори кишварро низ эълон намуд.
Мувофиқи ҳуҷҷатҳои қабулкардаи анҷуман, то замони даъвати Маҷлиси Муассисони Умумитуркистонӣ, дар кишвар тамоми ҳокимият бояд ба ихтиёри Шӯрои муваққатӣ ё худ Шӯрои халқӣ, ҳамчун органи олии қонунбарор ва назорат; идоракунии ҳокимият бошад ба ихтиёри ҳукумати муваққатӣ дода мешуд. Шӯрои халқӣ аз 54 ҷой иборат буд. Ҳангоми тақсими он ҷойҳо ҳамаи гурӯҳҳои миллии кишвар ба назар гирифта шуд. Аз ҷумла барои ташкилоту миллатҳои «аврупоии» кишвар сеяки ҷой, яъне 18 нафар намоянда муайян карда шуда буд.
Ташкил намудани ҳукумати мухториятчиён ҳам боиси баҳсу мунозираи тӯлонӣ нагардид. Яке аз роҳбарони фаъоли ҳизби миллии «Алаш-Ордӣ», собиқ аъзои кумитаи туркистонии Ҳукумати Муваққатии Русия, пантуркисти ашаддӣ Мустафо Танишбоев сарвари муваққатии Мухторияти Туркистон таъин гардид. Бояд таъкид кард, ки ҳанӯз дар барномаи ҳизби «Алаш-Ордӣ» соли 1905 ташкил ёфтааст таъкид мешуд; «Русия бояд ҷумҳурии федеративии демократӣ шавад… Давлатҳои дигар (яъне онҳое, ки ҳамон лаҳза мустамликаи Русияи подшоҳӣ ҳисоб мешуданд — Н.Ҳ.), дар ҷумҳурии федератавӣ мавқеи мухторӣ дошта, худро мустақилона идора кунанд». Ба ҳайати ҳокимияти мухториятчиён инчунин намояндагони рафоқатҳои машҳури тиҷоратию саноатии Вадяевҳо ва Потеляхов — ҳар ду намояндаи яҳудиёни маҳаллӣ низ дохил шуда буданд. Мустафо Чоқай нозири корҳои хориҷӣ таъин гардид.
Дар натиҷа, дар кишвари Туркистон дуҳокимиятии нав ба вуҷуд омад, ки яке ҳокимияти шӯравии Туркистон бо марказ дар Тошканд ва дигаре ҳокимияти мухторияти Туркистон бо марказ дар Қӯқанд, Ҳокимияти охирин дар таърих бо номи «Мухторияти Қӯқанд» маълум аст. Агар мутобиқи шароити ҳамонвақтаи кишвар ба сифати кордонию мутобиқати фаъолияти аъзоёни ҳар ду ҳокимият назар афканем, пас ҳокимияти ташкилкардаи мухториятчиён нисбат ба ҳокимияте, ки Ф.И. Колесов сарварӣ мекард бештар ба талабот ҷавоб дода метавонист.
Намояндагони ҳар ду ҳокимият барои мустаҳкам намудани мавқеи худ дар байни мардум кӯшишҳои зиёд харҷ намуданд. Дар мадди аввал ҳар ду ҳокимият дар маҳалҳое, ки дар ихтиёри худ доштанд, мавқеашонро мустаҳкам мекарданд. Он лаҳза аз ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ волостҳои Конибодом ва Исфара, ки ба уезди Қӯқанд дохил мешуданд, дар ҳайати «Мухторияти Қӯқанд» монданд. Дар волости Исфара танҳо дар кони нефти «САНТО», чуноне дар боло аллакай таъкид кардем, чун ҷазирачае Ҳокимияти Шӯравӣ барқарор монда буду халос. Гарчанде дар уезди Хуҷанд ҳокимият ба ихтиёри Шӯроҳо гузошта бошад ҳам, аммо он дар байни обу оташ, яъне Ҳокимияти Шӯравии Туркистон ва мухториятчиён монда буд.

Боз ҳам муташанниҷ гардидани муносибати баӣни Ҳокимияти Шӯравии кишвари Туркистон ва мухториятчиён

6 декабри соли 1917 дар мадрасаи Бекларбегии шаҳри куҳнаи Тошканд, бо ташаббуси шӯрои исломиҳои шаҳр ҷамъомади шаҳриён барпо гардид. Дар он қарор карданд, ки 13 декабр барои дастгирии ҳукумати мухториятчиён намойиш ташкил кунанд. Бо ҳамин мақсад онҳо кумитаи ташкилӣ интихоб намуданд, ки он дар навбати худ барои гузаронидани намойиш аз сарварони шаҳр иҷозат пурсид. Ин гуна чорабиниҳои мухториятчиён бо воқеаи барояшон нохуше мувофиқ омад. Чуноне аз гуфтаҳои қисми аввал бармеояд, дар худи он рӯзи 6 декабр, дар маркази вилояти Фарғона- Скобелев, бо кӯмаки аскарони сурх ҳокимияти мухториятчиёнро барҳам дода, Ҳокимияти Шӯравӣ барқарор карда шуд. Албатта ин ҳама минбаъд барои муносибати мухториятчиён нисбати чорабиниҳои Ҳокимияти Шӯравии кишвар бетаъсир намонд.
13 декабри соли 1917, рӯзи намойиш ба рӯзи таваллуди пайғамбар Муҳаммад, яъне ба иди «Мавлуди Шариф» мувофиқ омад. Аз тарафи ҳукумати мухториятчиён, бо мақсади дар Тошканд, дар байни намойишчиён паҳн намудан, муроҷиатнома бо номи «Ба ҳамаи раияти Туркистон-мусулмонон, русҳо, яҳудиҳо, коргарон, аскарон ва деҳқонон!» қабул карда шуд, ки дар он мардуми кишварро ба ҳимоя ва дастгирии сиёсати худ даъват мекарданд.
Намойиш дар рӯзи муайяншуда барпо гардид. Ҳукуматдорони Тошканд намойишро фақат дар қисми куҳнаи шаҳр — Ӯрда иҷозат доданд. Вале он амалан тамоми шаҳрро фаро гирифт. Дар он на танҳо мардуми таҳҷойӣ: ӯзбекҳо, тоҷикҳо, қазоқҳо ва ғайра, балки қариб 2-3 ҳазор нафар русу русзабонҳо низ фаъолона иштирок карданд. Мувофиқи нақша намойишчиён бояд яке аз аксулинқилобчиёни номӣ — Доррерро аз ҳабс озод намуда, дар Тошканд ӯро ба сари ҳокимият мегузоштанд. Вақте ки Доррер аз ҳабс озод карда шуд, бо супориши сарвари гарнизони Тошканд, ба муқобили намойиш аскарон истифода шуданд. Дар натиҷа намойиш пароканда гардид. Қариб 20 нафар, аз ҷумла 15 нафар мардуми маҳаллӣ ҳалок шуданд. Шӯрои Тошканд шаҳрро дар ҳолати ҳарбӣ эълон кард.
Худи ҳамон рӯз, баробари оғози намойиш, сарвари Ҳокимияти Шӯравии Туркистон Ф. И. Колесов ба Шӯрои Комиссарони Халқии Федератсияи Русия (ҶФШСР) барқия фиристода, фоҷиаи Тошкандро ба тарзи зайл шарҳ дод: «дар Қӯқанд аз тарафи синфи иртиҷоӣ мухторияти кишвари Туркистон эълон карда шуд. Ҳокимияти мухторияти Туркистон, ки онро оммаи пролетариати Туркистон эътироф намекунад, бо тамоми қувва кӯшиш дорад, ки мухториятро дар шаҳрҳои алоҳидаи кишвар эълон намояд. 13 декабр, дар рӯзи таваллуди Муҳаммад, дар Тошканд мухторият эълон карда шуд». Дар охири он барқия Ф. Колесов барои фаъолияти минбаъдаи ҳокимияташ маслиҳат, аниқтараш супориши марказро пурсид.
16 декабри ҳамон сол вазъияти кишвари Туркистон аллакаӣ мавзӯи баҳси ҷамъомади ҳукумати Федератсияи Русия, бо иштироки сарвари он В. И. Ленин, гардид. 27 декабр И. В. Сталин дар ҳайати ҳокимияти Русияи Шӯравӣ сарварии комиссариати оид ба корҳои миллиро ба уҳда дошт дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии (КИМ) ҶФШСР баромад карда, таъкид намуд, ки баъзе марказҳои вилоятӣ ҳукумати худро дар шакли Шӯрои Комиссарони Халқӣ ташкил дода аз ҷумла Туркистон, ба марказ, ба Шӯрои Комиссарони Халқӣ барои дастур муроҷиат кардаанд. Шӯрои Комиссарони Халқ ҷавоб дод, ки Шумо худатон ҳокимият дар маҳалҳо мебошед. Бинобар ин худатон бояд дастурҳои бароятон зарурро тайёр намоед».
Аз далели боло маълум мешавад, ки ҳокимияти ҶФШСР ба мухторияти Туркистон муқобил набудааст. Баръакс тавсия намудааст, ки масъалаҳои ҷиддии маҳалҳоро мувофиқи шароит дар ҷояш ҳал намуда, дар ин асос худашон дастури заруриро ҳозир намоянд. Аммо аксарияти сарварони онвақтаи шӯравию ҳизбии Туркистон аз вазъияти кишвар хулосаҳои зарурӣ бароварда натавонистанд. Баръакс онҳо ба иқтидори ҳарбӣ такя намуда, бо фоҷиаи Тошканд, ба муқобили мухториятчиён муборизаи рӯйростро пеш гирифтанд.
Дар кишвари Туркистон мухториятчиёнро на танҳо «Шӯрои исломия», «Шӯрои уламо», балки ҷадидон, буржуазияи миллӣ ва рус, эсерҳо ва меншевикҳо, инчунин як қатор шӯроҳои ноҳиявию вилоятӣ дастгирӣ мекарданд. Дар рӯзҳои аввал шӯрои вилоятии Фарғона низ, ки сарвараш эсери рост буд, мухториятчиёнро ҳимоя намуд. Иттифоқи муаллимони Тошканд ҳам 10 декабр дар маҷлиси худ мухториятчиёнро табрик кард. Анҷумани 11 эсерҳои кишвари Туркистон, ки 7-10 январи соли 1918 дар Қӯқанд ҷамъ омад, на танҳо мухториятчиёнро дастгирӣ намуд, балки дар бораи бо онҳо ҳамроҳ шудан қарор қабул кард.
Ҳукумати муваққатии мухторӣ бо мақсади қонунӣ гардонидани муваффақияти ба даст дароварда, яъне эълони мухторияти Туркистон, лоиҳаи қонуни асосӣ (конститутсия)-ро тайёр карда буд, ки онро бояд Маҷлиси Муассисони Умумитуркистонӣ қабул менамуд. Мувофиқи нақшаи эсерҳо интихобот ба маҷлиси Муассисони Умумитуркистонӣ бояд то 10 марти соли 1918 гузаронида шуда, 20 март кушодашавии он маҷлис барпо мегардид. Минбаъд ҳамин гуна андешаро ҳукумати муваққатии мухторӣ низ дастгирӣ намуд.
Ҳеҷ ҷойи шубҳа нест, ки дар сиёсати ҳукумати мухториятчиён нуфузи диндорони мусулмон хело зиёд буд. Аз ин рӯ дар мухторияти Туркистон ба дини ислом мақоми давлатӣ дода мешуд. Ин ҳама сиёсатмандони Туркистони шӯравиро, ки муқобили нуфузи ҳар гуна дин буданд, боз ҳам ба ғазаб овард. Умуман мавҷудияти ҳукумати мухтории Қӯқанд Ҳукумати Шӯравии Туркистонро ором нагузошт. Ҳукумати Колесов маҳви «Мухторияти Қӯқанд»-ро, ки аллакаӣ аввали декабри соли 1917 оғоз намуда буд, идома дод. Бо кӯмаки қисмҳои аскарони сурх 20 декабр дар Андиҷон, 28 декабр дар қисми нави шаҳри Қӯқанд яъне Қӯқанди Нав Ҳокимияти Шӯравӣ барпо гардид.
26-30 декабри соли 1917 8-12 январи соли 1918 дар Қӯқанд, дар қисми шаҳри куҳна — анҷумани 1 таъҷилии намояндагии коргарон ва аскарони мусулмон барпо шуд. Он бо ташаббуси ҳукумати муваққатии мухторӣ, бо мақсади мустаҳкам намудани мавқеи худ, даъват шуда буд. Аксари намояндагони анҷуман аз ҷумлаи аъзоёни «Иттифоқи меҳнаткашони мусулмон» ба ҳисоб мерафтанд. Аммо доираи иртиҷоии диндорон дар ҳаққи худи ин иттифоқ, бо сабаби дар шаҳрҳои дигар ҳамраъйӣ намудан бо Шӯроҳои болшевикӣ, фатво бароварда, онҳоро «кофир» эълон карда буданд. Бинобар ҳамин ҳам аъзоёни «Иттифоқ» дар ҳудуди мухторият низ пинҳонӣ амал мекарданд.
Дар анҷумани номбурда комиссари оиди меҳнат дар Ҳукумати Шӯравии Туркистон П. Полторатский баромад карда, таъкид намуд, ки «мо муқобили мухторияти меҳнаткашон нестем, аммо мо муқобили мухторияти бойҳо мебошем. Мо барои мухторият мубориза бурдем ва ҳокимиятро аз дасти буржуазия на барои худ, балки ба фоидаи коргарон ва камбағалон гирифтем. Мо ҳокимиятро барои шӯрои намояндагии коргарон ва аскарон гирифтем.»
Вале баромади П. Полторатский мавқеи иштирокчиёни анҷуманро тағйир надод. Баръакс анҷуман хоҳиш намуд, ки Шӯрои Комиссарони Халқии Туркистон ҳокимиятро ба ихтиёри ҳукумати мухторияти Туркистон ва шӯрои халқӣ супорад. Бо ҳамин мазмун қарори анҷуманро тартиб дода ба номи В.И. Ленин фиристода буданд. Мақсад аз ин амал он буд, ки аз боло ба Шӯрои Комиссарони Халқии Туркистон фармоянд, то онҳо ба фоидаи ҳукумати муваққатии мухторияти Туркистон аз ҳокимият даст кашад.
Дар миёнаи январи соли 1918 дар Тошканд анҷумани IV кишварии Шӯроҳои Туркистон барпо гардид. Дар он сарвари болшевикони Туркистон И. О. Тоболин оиди масъалаи мухторияти Туркистон таъкид намуд, ки «шароити ҳозира барои эълони мухторият мувофиқ нест». Барои ин, ба ақидаи ӯ, бояд сараввал аз ҳисоби халқҳои маҳаллӣ кадрҳо тайёр карда шавад.
Ҳамин тавр сарварони Туркистони Шӯравӣ ҳанӯз ҳам аз вазъияти кишвар хулосаҳои зарурӣ набароварда, масъалаи мухториятро ба муҳлати номуайян партофтанд. Зеро, бо ақидаи яке аз болшевикони бонуфузи ҳамон давр — Д. И. Манжара, он лаҳза дар мафкураи бисёр сарварони ҳизбию шӯравии кишвар «мафкураи шовинизми бузургдавлатӣ» ҳукмрон буд. Минбаъд қисмҳои наву куҳнаи шаҳри Қӯқанд ба марказҳои асосии муқобилият табдил ёфтанд. Қисми нави шаҳр, ки дар он тартиботи шӯравӣ ҳукмрон буд, оҳиста-оҳиста аз Ҳукумати Шӯравии кишвар имдод гирифта, қувват гирифт. Қисми куҳнаи шаҳр, ки маркази мухторият ба ҳисоб мерафт, дар иҳотаи аскарони сурх монда, аз имконияти гирифтани имдоди беруна (оиди имдод қувваҳои гуногуни беруна ваъдаҳои зиёде карда буданд) маҳрум гардида буд.

Инқирози ҳукумати мухториятчиён ва «табаддулоти Эргаш»

Мухториятчиён аз қувват гирифтани Ҳукумати Шӯравӣ дар қисми нави шаҳри Қӯқанд ҳаросида, бо коменданти ин қисм, собиқ офитсери подшоҳӣ Зинченко забон як карда, шаби аз 11 ба 12 январи соли 1918 ба муқобили он ҳуҷуми бебарор намуданд. Баъди ин воқеа шаҳри нави Қӯқанд аз ҷиҳати ҳарбӣ боз ҳам мустаҳкамтар гардид.
Ҳукумати мухториятчиён кӯшид, ки аз ҳисоби мардум сафи муҳофизони худро зиёд кунад. Вале аз як тараф чунин хоҳишмандон хеле кам буданд, аз тарафи дигар, барои ин пули зиёд лозим буд. Зеро Ҳукумати Шӯравии Туркистон ҳамаи пул ва коғазҳои қурбноки бонкҳои дар Қӯқанд бударо мусодира намуда буд. Дар натиҷаи ҳамаи ин мушкилиҳо, махсусан мураккабии ҳолати молиявӣ, сарвари ҳукумати муваққатии мухториятчиён Мустафо Танишбоевро маҷбур намуд, ки ба истеъфо равад. Ӯро Мустафо Чоқай иваз намуд. Ҳукумати Мустафо Чоқай бо мақсади беҳтар гардонидани вазъияти молиявии мухторият ба миқдори 30 млн. сӯм бо пули ҳамонвақта заёми дохилӣ баровард. Вале хоҳишмандони харидани чунин заём хело кам буданд. Аз ҳамин сабаб он ба тарзи маъмурӣ — зӯрӣ ба тоҷирони хурд, махсусан дӯкондорон ва ғайра тақсим карда шуд. Чунин чорабинӣ боиси норозигии тоҷирони хурди миллӣ гардид ва он натиҷаи дилхоҳ надод.
Вақте, ки аз ҳукумати Мустафо Чоқай ҳам умеди наҷот намонд, доираи болоии мухториятчиён Эргашро ба хизмат даъват намуда, ӯро сарфармондеҳи «армияи ислом» таъин карданд. Аз рӯйи баъзе маълумотҳо дар он лаҳза Эргаш дар қисми шӯравии водии Фарғона ҳаракати зиддишӯравиро сарварӣ мекард. Аз рӯйи дигар маълумотҳо ӯ то эълони мухторият сарвари милитсияи шаҳри куҳнаи Қӯқанд будааст. Вай то расидан ба ин мансаб дар бадарға, дар Сибир будааст ва аз ҳаракати инқилобии Русия истифода бурда, аз он ҷо гурехтааст. Умуман дастаи Эргаш, ки тахминан 2-4 ҳазор нафарро ташкил медоданд, аксаран аз ҳисоби дар бадарғабудагон ҷамъ шудаанд. Аз ҳамин сабаб ҳам баробари ба сари қудрат омадани Эргаш дар шаҳри Қӯқанд сӯиқасд ба дараҷаи баландтарини худ расид. Сарварони қувваҳои зиддишӯравии кишвари Туркистон вазъияти мураккаби ҳукумати мухтории Қӯқандро пай бурда, барои наҷоти он аз маҳвшавӣ, хостанд қисмҳои казакӣ, ки бо сарварии полковник Зайтсев аз Эрон баргаштаанд, истифода баранд. Онҳо ҳатто умед доштанд, ки бо ин қувва ҳокимияти шӯравиро сараввал аз Самарқанд то Тошканд барҳам диҳанд. Вале 14 феврали соли 1918 он қисмҳои казакӣ низ дар наздикии Самарқанд дар истгоҳи роҳи оҳани Ростовсев минбаъд Красногвардейская аз тарафи аскарони сурх маҳв карда шуд. Худи ҳамон рӯз ҳокимияти шӯравии Туркистон вилояти Фарғонаро дар ҳолати ҳарбӣ эълон кард.
17 феврали соли 1918 дар шаҳри нави Қӯқанд баҳри сулҳ гуфтушуниди тарафи шӯравӣ ва мухториятчиён оғоз ёфт. Рӯзи дигар ҳам гуфтушунид давом кард. Вале дар ин рӯз Эргаш баъзе аъзоёни ҳукумати мухториро, аз он ҷумла М. Танишбоевро ҳабс намуд. Худи Мустафо Чоқай ва баъзе аъзоёни дигари ҳукумати ӯ барои гурехтан муваффақ шуданд. Эргашро, ки махсусан аъзоёни «Шӯрои уламо» дастгирӣ мекарданд, хони Қӯқанд эълон карданд. Ин ҳодиса дар таърих ҳамчун «табаддулоти уламоиён» ё худ «табаддулоти Эргаш» маълум аст.

Маҳви «Мухторияти Қӯқанд» аз тарафи аскарони сурх

Баъд «табаддулоти Эргаш», тарафи шӯравӣ идомаи музокираро бо мухториятчиён нолозим шуморида, ба муқобили он ба амалиёти ҷангӣ ҷиддан шурӯъ намуд. 19 феврал комиссари ҳарбии Туркистони шӯравӣ Е. Перфилев бо қувваи бузург дар Қӯқанд ҳозир шуд. Худи ҳамон рӯз ӯ, чун фармондеҳи қувваҳои шӯравӣ дар минтақа, ба Эргаш талаби қатъии дар муддати 45 дақиқа таслимшавиро фиристод. Баъди аз Эргаш омадани ҷавоби раддия бо супориши Е. Перфилев, аз соати яки рӯз то нимаи шаб ба сӯйи шаҳри куҳнаи Қӯқанд аз 12 тӯпҳо тир кушоданд.
20 феврал, яъне баъди тирпаррониҳои зиёд, ба Қӯқанд қисмҳои ҳарбии дашнакҳоро дароварданд, ки онҳо асосан мардумро ғорат карданд. Эргаш бо наздикони худ гурехт. 21 феврал гуфтушуниди байни намояндагии шӯроҳо ва мухториятчиёни аллакаӣ мағлубшударо давом доданд. 22 феврал шартномаи тарафайн барои қатъ гардидани амалиёти ҷангӣ имзо шуд. Мувофиқи он беяроқ гардонидани тамоми тарафдорони мухторият; аз тарафи мухториятчиён шинохтани Ҳукумати Шӯравии кишвар ва ғайра дар назар дошта мешуд.
Бо ҳамин «Мухторияти Қӯқанд», баъди мавҷудияти 86 рӯза аз тарафи аскарони сурх барҳам дода шуд. Ин воқеа имконият дод, ки дар қатори дигар мулкҳои собиқ мухторият, инчунин дар Конибодом ва Исфара ҳам Ҳокимияти Шӯравӣ барқарор карда шавад. Вале бо барҳам додани «Мухторияти Қӯқанд» тухми гурӯҳҳои зиддиболшевикӣ ва зиддишӯравӣ, ки дар доираи мухторият муттаҳид гардида буданд, дар тамоми сарзамини Осиёи Миёна паҳн гардиданд.
30 апрели соли 1918 дар анҷумани V Шӯроҳои кишвари Туркистон қарор аз хусуси ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон қабул гардид, ки оиди он дар боби оянда таваққуф хоҳем кард. 1 майи соли 1918 ин воқеоти таърихиро бо тантана эълон карданд. Чуноне маълум аст, эълон намудани мухторияти Туркистон яке аз талабҳои асосии зиёиёни маҳаллӣ, аз ҷумла «Шӯрои исломия» ва «Шӯрои уламо» ба ҳисоб мерафт. Агар моҳи ноябри соли 1917 сарварони болшевикии кишвари Туркистон чунин талаби мухториятчиёнро рад накарда, ақаллан иҷрояшро ба вақти дигар мегузоштанд, аз эҳтимол дур набуд, ки дар кишвари Туркистон яке аз сабабҳои бо ҳам муқобилистии қувваҳо аз байн мерафт.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.