Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 6

Боби VI.
Барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Бадахшон (солҳои 1917-1919)

§ 1. Ғалабаи инқилоби Октябр дар Русия ва барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар уезди Хуҷанд ва болооби Зарафшон

Ғалабаи инқилоби Октябр дар Петроград

Дар Русия баъди ба охир расидани дуҳокимиятӣ ва яккаҳукмрон гардидани Ҳукумати Муваққатӣ ҳам (яъне аз аввали моҳи июли соли 1917) вазъият беҳтар нагардид. Ҷанги якуми ҷаҳон, ки Русия чун дар оғозаш яке аз иштирокчиёни фаъоли он буд, ҳамоно давом дошт. Дар мамлакат мисли пештара гуруснагӣ, бараҳнагӣ, беқурбшавии пул ҳукмфармойӣ мекард. Ин ҳама боиси норозигии нав ба нави на танҳо мардум, балки аскарони рус низ гардид. Ҳамаи ин ҳолатҳо аз хусуси дар Русия сабзида расидани нишонаҳои шӯриши навбатӣ дарак медод. Махсусан дар маркази империя — шаҳри Петроград хавфи таркиш ҳувайдо буд.
Ҳизби болшевикии Русия аз вазъияти ба вуҷудомада ба хубӣ истифода бурд. Вай ба мисли пештара ягона ҳизбе буд, ки бо Ҳукумати Муваққатӣ ҳеҷ муросо накард ва муросо карданро ҳам намехост. Баръакс, баъди воқеаҳои июлии соли 1917 дар Петроград (тирборон кардани намойиши осойиштаи коргарон ва ба охир расидани дуҳокимиятӣ), ҳизби болшевикӣ бо мақсади гирифтани ҳокимият мардумро ба шӯриши навбатии яроқнок даъват мекард. 24 октябри соли 1917 шӯриш дар Петроград сар шуд. Ба он дар қатори коргарон, инчунин аскарони дар шаҳр будаи аз сиёсати Ҳукумати Муваққатӣ норозӣ иштирок намуданд. Сарварии шӯриш аз лаҳзаҳои аввал ба ихтиёри ҳизби болшевикӣ гузашт. Дар ин роҳ, ба болшевикон танҳо эсерҳои чап ва меншевикҳои чап то андозае хайрхоҳ буданд. Боқимонда ҳамаи ҳизбҳои марказии Русия: эсерони рост, меншевикони рост, октябристҳо, прогрессистҳо, кадетҳо, трудовикҳо, иттифоқи халқи рус, натсионалистҳо ва сотсиалистони халқӣ ҳанӯз ҳам дар атрофи Ҳукумати Муваққатӣ муттаҳид истода, муқобили ҳар гуна шӯриш буданд. Вале акнун муттаҳидии онҳо Ҳукумати Муваққатиро наҷот дода натавонист.
Шаби 24 ба 25 октябр дар Петроград тамоми кӯпрукҳои дарёи Нева, вокзалҳои роҳи оҳан, телеграф, телефон, почтамт, истгоҳи барқӣ, бонки Давлатӣ ва ғайра ба ихтиёри шӯришгарон гузашта буд.
Ниҳоят шаби аз 25 ба 26-октябр (соати дую даҳ дақиқаи шаби 26-октябр) қароргоҳи Ҳукумати Муваққатии Русия — Қасри Зимистона (ҳоло осорхонаи Эрмитаж) низ ба дасти шӯришгарон гузашт. Аксари аъзоёни он ҳокимият ҳабс карда шуданд. Дар Петроград ҳокимият ба ихтиёри Кумитаи ҳарбии инқилобӣ, ки аз тарафи ҳизби болшевикӣ дар арафаи оғози шӯриш ташкил карда шуда буд, гузашт.
25 октябр, соати 22:40 дақиқаи бегоҳӣ дар қасри Смолнийи Петроград анҷумани II Умумирусиягии Шӯроҳои намояндагони коргарон ва аскарон кори худро шурӯъ намуда, таҳти назорати ҳизби болшевикӣ мегузашт. Аз ин рӯ 25 октябр (бо санаи нав 7 ноябр) ҳамчун рӯзи ғалабаи инқилоби Октябр ва бунёди Ҳокимияти Шӯравӣ ҳисоб мешуд ва онро дар замони мавҷудияти тартиботи шӯравӣ ҳар сол бошукӯҳ ҷашн мегирифтанд.
26 октябр анҷумани номбурда сарнагун гардидани Ҳукумати Муваққатиро маъқул шуморид ва бо сарварии В.И. Ленин Ҳокимияти Шӯравӣ — Шӯрои Комиссарони Халқиро (ШКХ), асосан аз ҳисоби болшевикон бунёд намуд. Ҳамин анҷуман ҳуҷҷатҳои барои мардуми Русия ҳаётан зарур — «Декрет дар бораи сулҳ» ва «Декрет дар бораи замин»-ро қабул кард. Мувофиқи ҳуҷҷати аввала Русия бояд аз ҷанги харобиовари ҷаҳон мебаромад ва мардум ба ҳаёти осойишта бармегашт. Дар асоси ҳуҷҷати дуюм бошад, мебоист замин ба деҳқонон барои истифодабарии доимӣ дода мешуд.
Анҷуман қарор қабул кард, ки дар тамоми сарзамини Русия, аз он ҷумла кишвари Туркистон, ҳокимият бояд ба ихтиёри Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарони маҳаллӣ гузарад. Вале на дар ҳамаи шаҳру вилоятҳои Русия ин қарорро хуш пазируфтанд. Дар баъзе маҳалҳо тарафдорони Ҳукумати Муваққатӣ барои бунёди ҳокимияти нав — Шӯравӣ муқобилияти сахт нишон доданд. Чунин муқобилият дар маркази кишвари Туркистон — шаҳри Тошканд низ дида мешуд.

Ғалабаи шӯриш дар Тошканд

Шӯриш дар Тошканд октябри соли 1917 сар шуд Худи ҳамон рӯз, бо ташаббуси болшевикон, барои сарварии шӯриш кумитаи инқилобӣ ташкил ёфт. Сарвари Кумитаи Туркистонии Ҳукумати Муваққатӣ генерал Кравченко дар шаҳри Тошканд нокифоя будани қувваи ба худ содиқро эҳсос намуда, ба муқобили шӯришгарон аз Фарғона қувваҳои ба худ боваринокро даъват намуд. Аз чунин мақсади ӯ болшевикони Хуҷанд огоҳ гардида, то ин ки қувваҳои ҳарбӣ аз Фарғона ба Тошканд рафта натавонад, аз 28 октябр то 2 ноябр ҳаракати поездҳоро аз истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд қатъ гардониданд. Дар натиҷаи он сарвари Ҳукумати Муваққатии кишвар аз кӯмаки аскарони ба худ содиқ маҳрум гардид. Бинобар ин ба ӯ лозим омад, ки барои пахш намудани шӯриш асосан ба қувваҳои дар шаҳри Тошканд доштааш такя намояд.
Шаҳри Тошканд чор рӯз (аз 28 октябр то 1 ноябр) шоҳиди ҷангҳои шадид гардид. Болшевикони Тошканд тавонистанд, ки ба аскарони мусаллаҳи генерал Кравченко аз ҳисоби мардум қувваи бисёрро муқобил гузоранд. Шӯришгарон ба тарзи гуногун мусаллаҳ шуда буданд. Дар байнашон аскарони ба тарафи шӯриш гузашта ҳам (онҳо бо силоҳҳои худ гузашта буданд) кам набуданд. Ниҳоят, 1 ноябр (ба тақвими нав 14 ноябр) ҳокимият дар Тошканд ба ихтиёри Кумитаи инқилобӣ гузашт. Худи ҳамон рӯз аз тарафи Шӯрои намояндагии коргарон ва аскарони Тошканд муроҷиатнома «Ба мардум!» бароварда шуд. Дар он дар кишвари Туркистон бо ихтиёри Шӯрои кишвари ва кумитаи иҷроияи Шӯрои шаҳрии намояндагии коргарон ва аскарон гузаштани ҳокимият эълон гардид.
Рӯзи дигар, 2 ноябр дар шаҳри Тошканд ҷамъомади Шӯроҳои кишварии намояндагии коргарон ва аскарон барпо гардид, ки он масъалаи ҳокимиятро дид. Ҳамон лаҳза дар Шӯроҳои кишварӣ намояндагони ҳизбҳои эсерҳо ва меншевикҳо аксариятро ташкил мекарданд. Онҳо ҳанӯз 28 октябр, яъне дар рӯзи оғози шӯриши Тошканд, муқобили ба ихтиёри Шӯроҳо гузаштани ҳокимият буданд. 2 ноябр бошад, оиди ташкил намудани Кумитаи иҷроияи кишварии Туркистон қарор қабул карданд, ки он мебоист дар кишвар то даъвати анҷумани III Шӯроҳои кишварӣ органи олии давлатӣ ба ҳисоб мерафт.
Ҳайати Кумитаи иҷроияи кишвари Туркистон аз 9 нафар аъзо иборат буд. Аз ҷумла: 3 нафар аз Шӯроҳои кишварии намояндагии коргарон ва аскарон, 2 нафар аз Шӯрои кишварии намояндагии деҳқонон, як нафарӣ аз: Шӯрои кишварии намояндагии мусулмонон, Шӯрои кишварии намояндагии қирғизҳо (қазоқҳо), болшевикҳо ва эсерони чап буданд. Аксари онҳо дар мавқеи эсерҳо ва меншевикҳо меистоданд ва худи кумита ба худ характери коалитсиониро дошт. Вале чунин таркиби кумитаи кишварӣ сарварони Ҳокимияти Шӯравӣ, махсусан болшевикони кишвар ва марказро қаноат накунонд. Дар натиҷа фаъолияти Шӯроҳои болшевиконидашуда, аз ҷумла Шӯрои шаҳри Тошканд, ба муқобили Кумитаи кишварӣ нигаронида шуд. Бо талаби ҳамин гуна Шӯроҳо Кумитаи иҷроияи марказии кишвар даъвати анҷумани III Шӯроҳои кишварии намояндагии коргарон ва аскаронро ба 15 ноябр (28 ноябр) таъин намуд.
Дар ин муддат дар як қатор нуқтаҳои кишвар Шӯроҳо ҳокимиятро ба дасти худ гирифтанд. Аз ҷумла, ҳанӯз баробари оғози шӯриш дар Тошканд, дар истгоҳи роҳи оҳани Урсатевск (Хавос) ва Драгомирово (Пролетарск) ҳокимият ба ихтиёри кумитаи инқилобӣ гузашт. Дар конҳои Сулукта ва Шӯроб, кони нефти САНТО Шӯроҳо бе ягон муқобилият соҳиби ҳокимият шуданд.
Аз 15 то 22 ноябри соли 1917 дар шаҳри Тошканд анҷумани III Шӯроҳои кишварии намояндагии коргарон ва аскарон барпо гашт. Анҷуман баъди кашмакашиҳои хеле зиёд оиди дар кишвари Туркистон барпо гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ қарор қабул кард. Яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки ин анҷуман дид, ин ташкили ҳокимияти кишварӣ буд. Дар анҷуман эсерҳо, меншевикҳо, шӯроиисломистҳо, шӯроиуламоиҳо, намояндагони ҷадидон ва зиёиёни маҳаллӣ, намояндагони буржуазияи рус ва миллӣ тарафдори бо иштироки тамоми қувваҳои сиёсии кишвар ташкил намудани ҳокимияти коалитсионӣ буданд. Ба ин таклиф болшевикон тамоман муқобил баромаданд. Зеро, ҳангоми ташкил намудани ҳокимияти коалитсионӣ аз 12 ҷойи умумӣ ба болшевикон, мувофиқи овози аз кишвар барои Маҷлиси Муассисони Умумирусиягӣ гирифтаашон, фақат се ҷой мерасиду халос. Болшевикон ба муқобили ин таклиф, таклифи ба мисли марказ ташкил намудани ҳокимияти шӯравиро пешниҳод карданд. Ниҳоят таклифи якҷояи болшевикон ва максималистон гузашт, ки мувофиқи он дар ҳокимият аз 15 ҷой 8 ҷой ба эсерҳои чап, 5 ҷой ба болшевикон, 2 ҷой ба максималистон дода шуд.
Ҳамин тавр аввалин ҳокимияти комиҷроияи шӯравии кишвар дар шакли Шӯрои Комиссарони Халқӣ (ШКХ) ташкил ёфт, ки он аз комиссариатҳои: корҳои хориҷӣ, меҳнат, зироат, истифодаи об, маорифи халқӣ, корҳои дохилӣ, адлия, почта ва телеграф, хӯрокворӣ, молия, савдо, саноат ва тандурустӣ иборат буд. Ба онҳо комиссарҳо сарварӣ мекарданд. Раиси ШКХ кишвари Туркистон болшевик Ф.И. Колесов интихоб гардид. Ӯ дар як вақт вазифаи комиссари почта ва телеграфро низ ба уҳда дошт.
Бояд ба инобат гирифт, ки аввалин ШКХ кишвари Туркистон на танҳо органи олии иҷроия, балки органи олии қонунгузор низ ба ҳисоб мерафт. Зеро, мувофиқи қарори анҷумани III Шӯроҳои кишварӣ ба ШКХ инчунин ҳуқуқи органи олии давлатӣ — Шӯроҳои кишварии намояндагии коргарон, аскарон ва деҳқонон дода шуд. Яъне дар ШКХ ҳуқуқ ва вазифаҳои ҳам органи олии давлатӣ ва ҳам органи олии иҷроия омехта гардид. Ҳамин ҳолат то анҷумани V Шӯроҳои кишварӣ (апрели соли 1918) давом кард ва минбаъд ба ду қисми алоҳида: органи олии қонунгузор — Кумитаи иҷроияи марказӣ (КИМ) (дар байни анҷуманҳо) ва органи олии иҷроия — ШКХ тақсим шудааст64. Аз ин рӯ, дар асоси қарори ҳамон анҷумани III ШКХ ҳуқуқ дошт, ки дар ҳар ду моҳ анҷумани навбатии Шӯроҳои кишвариро даъват намояд.
Ниҳоят анҷумани III ба тамоми Шӯроҳои кишварӣ муроҷиат намуд, ки дар маҳалҳо ҳокимиятро ба ихтиёри худ гиранд.
Тошканд дар кишвари Туркистон қариб ягона шаҳри калонтарин буд, ки дар он нуфузи болшевикон нисбат ба дигар ҳизбҳо зиёдтар ҳис карда мешуд. Ҳамин ҳолат махсусан дар рӯзҳои шӯриш ошкор гардид. Вале дар дигар шаҳру вилоятҳои кишвар нуфузи болшевикон чандон назаррас набуд. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки дар дигар нуқтаҳои кишвар болшевикон ва меншевикон ҳанӯз ҳам дар фраксияи ягонаи сотсиал-демократӣ буданд. Ҳарчанд аз тарафи кумитаи марказии ҳизби болшевикии Русия (РКП(б)) оиди кандани алоқа аз меншевикҳо дастур фиристода шуда бошад ҳам, болшевикони кишвар аз он ё хабар надоштанд, ё аз иҷрояш худдорӣ кардаанд. Аз эҳтимол дур нест, ки дар чунин нуқтаҳои кишвар болшевикон камшумор ва камнуфузии худро ба инобат гирифта, ҷуръат накарданд, ки рӯйрост ба муқобили иттифоқчиёни худ — меншевикон бароянд. Ҳамин гуна ҳолат ба шаҳрҳои Самарқанд, Хуҷанд, Қӯқанд ва ғайра хос аст.

Ба ихтиёри Шӯроҳо гузаштани ҳокимият дар Хуҷанд

Дар арафаи Инқилоби Октябрии Русия уезди Хуҷанд ҳанӯз ҳам ба ҳайати вилояти Самарқанд дохил мешуд. Бинобар ин ҳалли тақдири ҳокимият дар ин маркази уездӣ аз тақдири ҳокимияти вилоятӣ, яъне Самарқанд вобастагӣ дошт. Шӯроҳои Хуҷанд ва Самарқанд нисбатан сернуфуз ва асосан дар ихтиёри эсерҳо ва меншевикон буданд. Болшевикон, махсусан дар Шӯроҳои Самарқанд қариб нуфузе надоштанд. Чӣ дар Самарқанд ва чӣ дар Хуҷанд, дар баробари эсеру меншевикҳо нуфузи ташкилотҳои «Шӯрои исломия», «Шӯрои уламо» хеле зиёд буд. Дар ҳар дуи ин шаҳрҳои бостонӣ аз аввал байни эсерҳою меншевикҳо, шӯроиисломистҳою шӯроиуламоиҳо ягонагии амалиёт дида мешуд. Маҳз натиҷаи чунин ягонагӣ буд, ки онҳо дар Самарқанд, ба ҷойи шиори аз тарафи болшевикон пешниҳодшуда — «Тамоми ҳокимият ба шӯроҳо!» шиори ба худ мақбул — «Тамоми ҳокимият ба маҷлиси муассисон!»-ро гузоштанд. Болшевикони шаҳри Самарқанд сарфи назар ба камшуморӣ ва камнуфузии худ, бо тавсияи роҳбарияти марказии ҳизбӣ амал мекарданд. Маҳз бо ташвиқоти болшевикон 31-октябр коргарон ва хизматчиёни истгоҳи роҳи оҳани Самарқанд дар ҷамъомади умумии худ иборат аз 10 нафар кумитаи инқилобиро ташкил намуданд. Вале ин кумита дастгирии Шӯроҳо ва дигар ҳизбҳои Самарқандро надид. Зеро, меншевикҳо ва эсерҳои ин шаҳр, ки Шӯроҳои шаҳрӣ ва вилоятиро дар ихтиёри худ доштанд, аз гирифтани ҳокимият худдорӣ карданд. Аммо эсеру меншевикҳои Хуҷанд, бар хилофи мавқеи эсеру меншевикҳои Самарқанд, ҷуръати ба дасти худ гирифтани ҳокимиятро карданд.
11 ноябри соли 1917 дар Хуҷанд маҷлиси васеи Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарон бо якҷоягии намояндагони «Иттифоқи меҳнаткашон», думаи шаҳрӣ ва кумитаҳои иҷроияи волостҳои Қистакӯз ва Унҷӣ барпо гардид. Ин ҷамъомад дар шаҳр ва уезди Хуҷанд ба ихтиёри Шӯроҳо гузаштани ҳокимиятро эълон карда, ба тарафдории дар кишвари Туркистон барпо намудани ҳокимияти Шӯроҳо овоз доданд. Худи ҳамон рӯз Шӯрои шаҳрии Хуҷанд дар шаҳр ҳокимиятро ба дасти худ гирифт. Ҳамон лаҳза дар ин Шӯро аксариятро аъзоёни ҳизбҳои эсерҳо ва меншевикҳо ташкил мекарданд. Сарвари Шӯроҳои Хуҷанд низ аъзои ҳизби эсерҳо Т. Тараненко буд.
Дар Хуҷанд ба ихтиёри Шӯроҳо гузаштани ҳокимият боиси оғози рақобати сахти байни эсеру меншевикҳо бо иттифоқчиёни онҳо шӯроиисломистҳою шӯроиуламоиҳо гардид. Зеро, сарварони ташкилотҳои хуҷандии «Шӯрои исломия» ва «Шӯрои уламо» аз сарварони маҳаллии эсеру меншевикҳо чунин амалиёти ҷудоихоҳонаро умедвор набуданд. Мебоист, тамоми ташкилотҳои туркистонии онҳо ҳокимияти муваққатии дар Қӯқанд ташкилшударо (яъне «Мухторияти Қӯқанд»)-ро дастгирӣ мекарданд. Ин гувоҳи он аст, ки дар Хуҷанд байни иттифоқчиён ягонагӣ вуҷуд надоштааст. Ғайр аз ин мувофиқи баъзе маълумотҳо, сарварони эсеру меншевикони Хуҷанд нисбати иттифоқчиёни худ дидаю дониста ба чунин суиқасд ҷуръат карданд. Гӯё, онҳо хавфи онро доштанд, ки ҳангоми нигоҳ доштани иттифоқ бо «Шӯрои исломия» ва «Шӯрои уламо» охирин дар Кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳо аксариятро ташкил намуда, дур нест, ки ҳокимиятро пурра ба дасти худ гиранд.
Сарварони «Шӯрои исломия» ва «Шӯрои уламо»-и Хуҷанд минбаъд ҳам бо Шӯроҳои маҳаллӣ муросо карданро нахостанд ва ҳар лаҳза ба онҳо муқобилият нишон медоданд. Шӯрои эсеру меншевикии Хуҷанд барои хотима гузоштан ба чунин амалиётҳои густохонаи собиқ иттифоқчиёни худ, ба иқтидори ҳарбии кишвар такя намуда, моҳи декабри соли 1917 дар Хуҷанд фаъолияти «Шӯрои исломия» ва «Шӯрои уламо»-ро манъ кард. Ин ҳодиса дар байни шӯроиисломистҳо ва шӯроиуламоиҳо ҷудоиро ба амал овард. Қаноти чапи онҳо ба эсерони чап наздик шуда, Шӯрои Хуҷандро дастгирӣ намуд. Қаноти рости он бошад минбаъд ҳам ба тарзи махфӣ амал карда, моҳи январи соли 1918 ҳизби навро бо номи «Талаби миллат» бунёд кард.
Ҳизби нав ҳамоно муқобили Шӯрои Хуҷанд баромад ва бо ҳар восита «Мухторияти Қӯқанд»-ро дастгирӣ мекард. Пайравони ин ҳизб ҳамон моҳи январ кӯшиши гузаронидани табаддулоти бебарорро карданд. Дар натиҷа аз махфигоҳи онҳо 120 камону 10 қуттӣ тир мусодира карда шуд. Чунин вазъият барои болшевикони Хуҷанд айни муддао буд. Онҳо рақобати эсеру меншевикҳоро бо шӯроиисломистҳою шӯроиуламоиҳо моҳирона истифода бурда, бо ҳар восита дар Шӯроҳои Хуҷанд мавқеи худро мустаҳкам менамуданд.
Дар аввал яъне аз ноябри соли 1917 то марти соли 1918 муносибати байни ҳокимияти марказии болшевикии кишвар бо ҳокимияти шӯроҳои эсеру меншевикии Хуҷанд чандон самимӣ набуд. Бинобар ҳамин ҳам ҳукумати кишварӣ барои дар шароити Хуҷанд ҷорӣ намудани сиёсати худ бештар ба фраксияи болшевикии ин ҷо такя мекард. Маҳз бо ташаббуси болшевикон, аввали моҳи декабри соли 1917 мардуми шаҳри Хуҷандро ба гирдиҳамойӣ ҷамъ намуданд, ки он мебоист фаъолияти думаи шаҳрӣ ва управаи онро оиди таъмини аҳолӣ бо хӯрокворӣ назорат мекард.
Болшевикони Хуҷанд такя ба қувваи аскарони сурх намуда, баробари маҳви «Мухторияти Қӯқанд» 22 феврали соли 1918 ба иттифоқчиёну паӣравони он шӯроиисломистҳо ва шӯроиуламоиҳои хуҷандӣ низ зарбаи қатъӣ заданд. Онҳо инчунин мавқеи эсеру меншевикони Хуҷандро низ хеле маҳдуд намуданд. Моҳи марти соли 1918 бо ташаббуси болшевик И. Калугин, ки ӯ ҳамон лаҳза аъзои Шӯрои кишварӣ шуда буд, ҳайати нави Шӯрои намояндагони Хуҷанд ташкил гардид. Акнун он махсусан аз ҳисоби аъзоёни «Иттифоқи меҳнаткашон» афзуд. Худи Шӯро ҳам минбаъд номи «Шӯрои намояндагии коргарон, аскарон, мусулмонон ва деҳқонони Хуҷанд»-ро гирифт. Ба он Г. Стерлингов сарвари маҳаллии эсерони чап — ҳамчун раис ва ҷонишини ӯ болшевикон: Е. А. Иванитский ва Ҷӯра Шокаримов интихоб шуданд. Ин маънои онро дошт, ки Шӯрои Хуҷанд ба мавқеи болшевикӣ гузаштааст.
Бояд ба инобат гирифт, ки дар Хуҷанд ва дар аксари маркази волостҳои он, ба ғайр аз Ӯротеппа ва то андозае Қистакӯз, аз ҷумла дар Унҷӣ, Ғӯлакандоз, Нов, Исфана, Чапқулоқ, Бокса-Себирғон, Сретен, Уралск, Дилварзин аз ноябри соли 1917 то апрели соли 1918 тартиботи шӯравӣ ба тарзи осойишта барқарор карда шуд. Аз ҷумла 29 марти соли 1918 анҷумани волостии Унҷӣ Шӯрои намояндагии деҳқонони волостиро ташкил дода, кумитаи иҷроияи онро интихоб намуд. Ин маънои дар Унҷӣ ба ихтиёри шӯроҳо гузаштани ҳокимиятро дошт.
Дар Қистакӯз агарчанде муқобилият ба вуқӯъ омад, вале он низ бо зудӣ пешгирӣ карда шуд. Чунончи, 12 ноябри соли 1917 дар маркази волости Қистакӯз — деҳаи Қистакӯз, дар гирдиҳамойии серодам, аъзои Шӯрои Хуҷанд, болшевик Мулло Аҳмад Йӯлдошев оиди ба ихтиёри Шӯроҳо гузаштани ҳокимият маъруза карда хост, ки ҳокимияти маҳаллии Шӯравиро ташкил диҳад. Вале тарафдорони Ҳокимияти Муваққатӣ, бо сарварии комиссари волостӣ, ба посбонони дар маҳал доштаашон такя намуда, муқобилият нишон доданд. 13 ноябр Шӯрои уездии Хуҷанд аз воқеаи Қистакӯз огоҳ гардида, қарор кард, ки дастаи посбонон ва сарвари онҳо Абдуқаҳҳор Комилҷонов ва Урмонбой Очилбоев «то равшан гардидани масъала ба ҳабс гирифта шаванд». 5 декабр бошад Шӯрои уездӣ оиди аз вазифа озод намудани комиссари волости Қистакӯз қарор қабул кард. Баъди он дар ин мулк низ Ҳокимияти Шӯравӣ барпо карда шуд. 9 декабр барои муқобилиятнишондиҳӣ ба тартиботи нав бойҳои калони Қистакӯз — Орифбой Маҳкамбоев ва Муҳаммадшукур Маҳкамбоевро ба ҳабс гирифтанд.
Вале масъалаи барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ ва болшевиконидани Шӯроҳо аз шаҳри Хуҷанду деҳаи Қистакӯз дида дар шаҳри Ӯротеппа, ки маркази яке аз волостҳои калонтарини уезди Хуҷанд ба ҳисоб мерафт, дар қатори нуқтаи дуртарини он — волости Мастчоҳ ба зиддиятҳои зиёд дучор гардид.

Барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Ӯротеппа ва Мастчоҳ

Дар арафа ва ҳангоми бунёд дар намудани Ҳокимияти Шӯравӣ Ӯротеппа (Истаравшан) ва ноҳияҳои атрофи он вазъият чандон мураккаб набуд, баръакс то андозае оромӣ ҳукмфармойӣ мекард. Ҳамон лаҳза ба гурӯҳи ноҳияҳои Ӯротеппа волостҳои: Ӯротеппа, Ғончӣ, Шаҳристон, Басманда, Далён ва Мастчоҳ дохил шуда, якҷоя, то моҳи майи соли 1919 дар ҳайати уезди Хуҷанд буданд. Дар худи шаҳри Ӯротеппа ҳам ҳокимият моҳи ноябри соли 1917 ба Шӯрои маҳаллӣ, ки дар ихтиёри эсеру меншевикҳо буд, гузашт. Аз моҳи ноябри ҳамон сол то моҳи марти соли 1918 дар волостҳои Шаҳристон, Басманда, Далён, Мастчоҳ ва Ғончӣ ба ихтиёри Шӯроҳои маҳаллӣ гузаштани ҳокимият эълон гардид. Аммо дар баъзеи ин маҳалҳо, аз ҷумла дар Ӯротеппа Ҳокимияти Шӯравӣ ҳанӯз амалан бунёд нагардида, он ба зудӣ сарнагун гардид.
Шӯрои шаҳри Ӯротеппа баробари ба даст гирифтани ҳокимият аз маркази кишвар — шаҳри Тошканд супориш гирифт, ки барои наҷоти мардум аз гуруснагӣ, ки он кишвари Туркистонро аллакай фаро гирифта буд, маъракаи мусодираи ғалларо гузаронад. Дар натиҷаи ин чорабинӣ ғаллаи мардум дар бозор ва аз дӯкону хонаҳояшон мусодира карда мешуд. Чунин чорабинӣ дар шаҳр вазъиятро хеле мураккаб гардонид. Худи аъзоёни шӯро, ки асосан аз ҷумлаи эсеру меншевикон ва паӣравони онҳо буданд, чандон хоҳиши иҷрои он супоришро надоштанд. Нуфузи болшевикон бошад ҳанӯз ҳам дар ин ҷо назаррас набуд.
Ташкилоти маҳаллии «Шӯрои исломия», аз вазъияти ба амал омада истифода бурда, думаи шаҳриро аз нав барқарор кард. Бо ташаббуси ташкилоти маҳаллии «Шӯрои уламо» ҷамъияти маънавии динӣ бо номи «Нури ислом» бунёд гардид. Онҳо рӯйрост ба муқобили сиёсати мусодиракунии ғалла баромаданд. Дар шаҳр як муддат на танҳо ҳолати ба дуҳокимиятӣ хос, яъне аз як тараф комиҷроияи Шӯроҳо ва аз тарафи дигар думаи шаҳрӣ, балки беҳокимиятию бесарусомонӣ ҳукмфармо гардид.
Вазъи дар шаҳри Ӯротеппа ба амал омада русзабонҳои шаҳрро ба воҳима андохт. Сарварони онҳо 4 феврали соли 1918 ба комиҷроияи Шӯроҳои маҳаллӣ яъне Шӯрои намояндагии коргарон ва аскарон муроҷиат карда, гӯё барои ҳифзашон аслиҳа пурсиданд. Дар комиҷроияи шаҳр, ки чун шӯрои маҳаллӣ аксар эсеру меншевикҳо буданд, ин таклифро маъқул шумориданд.
18 феврали соли 1918, бо таклифи судяи мировой суди шаҳри Ӯротеппа монархист В. И. Владимиров, маҷлиси якҷояи шаҳрвандон ва аскарони русзабон ҷамъ омад ва дар он қарор карданд, ки барои таъмини бехатарии русзабонҳои Ӯротеппа аз ҳисоби мардони русзабон дружинаи халқӣ ташкил дода, органи роҳбарикунанда — Шӯрои дружинаро иборат аз панҷ нафар интихоб намуданд. Ба ҳайати ин Шӯро комиссари маҳаллӣ участковий Шомирзо Шокаримбоевро, ки забони русиро медонист, низ дохил карданд. Ҳамин тавр ташкилоти аксулинқилобии «дружинаи халқии рус» ба вуҷуд омад. Албатта мақсади асосии ин дружина дар баробари таъмини бехатарии русзабонҳо, гирифтани ҳокимият низ буд.
Дружиначиёни Ӯротеппа дар ҳайати ҳукумати кишвари Туркистон, дар симои комиссари халқӣ оид ба корҳои гражданӣ ва маъмурӣ — Агапов ба худ такягоҳи боэътимодеро доштанд. Агапов аз номи раиси Шӯрои Комиссарони Халқии кишвари Туркистон фармонеро имзо кард, ки мувофиқи он дар Ӯротеппа ҳокимият пурра ба ихтиёри дружина мегузашт.
13 апрели соли 1918 дар бинои думаи шаҳрӣ маҷлиси дружиначиён ва тарафдорони онҳо барпо гардид. Дар он оид ба барҳам додани Шӯрои намояндагии коргарон ва аскарони Ӯротеппа қарор қабул карданд. Комиҷроияи Шӯроҳои шаҳр, ки аксарият дар мавқеи эсеру меншевикҳо буданд, ба муқобилияти болшевикон аҳамият надода, худи ҳамон рӯз барои бо «дружинаи халқии рус» якҷоя шудан розигӣ доданд. Ҳамин тарз, дар шаҳри Ӯротеппа Ҳокимияти Шӯравӣ ба таври расмӣ барҳам хӯрд.
Моҳи майи соли 1918 бо ташаббуси болшевикони Ӯротеппа, аз ҳисоби муқобилони дружиначиён, ҳизби коргарон ва деҳқонони мусулмон бунёд гардид. Дар ҳамин вақт онҳо Шӯрои намояндагии коргаронро низ аз сари нав ташкил карданд. Мақсади асосии ин ташкилотҳо дар Ӯротеппа аз сари нав барқарор намудани Ҳокимияти Шӯравӣ буд. Бо ин мақсад ҳизби нав мардумро ташвиқ мекард, ки барои дар Ӯротеппа ба ихтиёри Шӯрои намояндагии коргарон гузаштани ҳокимият ба мубориза бархезанд. Дар натиҷа муқобилони Ҳокимияти Шӯравӣ дар атрофи Шӯрои дружина ва тарафдорони Ҳокимияти Шӯравӣ дар атрофи Шӯрои намояндагии коргарон ҷамъ гардида буданд. Чунин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар Ӯротеппа боз дуҳокимиятии нав ба вуҷуд омадааст.
8 июли соли 1918 аз Хуҷанд ба Ӯротеппа қисмҳои аскарони сурх фиристода шуданд ва онҳо худи ҳамон рӯз шаҳрро ба дасти худ гирифтанд. Шӯрои дружиначиён пароканда карда шуд. 10 июл дар Ӯротеппа ба ихтиёри Шӯрои намояндагии коргарон ва деҳқонон гузаштани тамоми ҳокимият эълон карда шуд. Ҳамин тарз Ҳокимияти Шӯравӣ дар Ӯротеппа аз нав барқарор карда шуд.
Баъди аз нав барқарор намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Ӯротеппа дар назди ҳукуматдорони кишвари Туркистон ҳалли масъалаи Мастчоҳ ба миён омад. Зеро дар ин гӯшаи дурдаст Ҳокимияти Шӯравӣ аллакай вуҷуд надошт.
Чунончи, моҳи феврали соли 1918 дар Мастчоҳ низ ба ҷойи комиссари волостии собиқ Ҳукумати Муваққатӣ, ташкил ёфтани бо ном кумитаи иҷроияи шӯравиро эълон карданд. Тобистони он сол, чун дар Ӯротеппа, дар ин мулк ҳам маъракаи аз мардуми доро ва миёнаҳол кашида гирифтани ғалла яке аз сабабҳои асосии аз байн рафтани Ҳокимияти Шӯравӣ гардид. Моҳи сентябри он сол бо ташаббуси намояндаи кумитаи иҷроияи вилояти Самарқанд Чечевичкин кумитаи иҷроияи волости Мастчоҳ таъсис ёфт, ки он танҳо деҳаҳои поёнии қисми ғарбии волостиро дар бар мегирифт. Қисми болоии шарқии Мастчоҳ аз ин воқеаҳо бехабар буданд. Раиси комиҷроияи волости Мастчоҳ Исо Олимбоеви ӯротеппагӣ, ки худ дар мавқеи зиддишӯравӣ меистод, интихоб шуд.
Моҳи ноябри соли 1918 дар Мастчоҳ исёни зиддишӯравӣ ба амал омад, ки яке аз ташаббускорони он худи Исо Олимбоев буд.
Шӯришгарон Ҳокимияти Шӯравиро дар Мастчоҳ сарнагун намуданд. Худи ҳамон моҳ, яъне баъди дар Ӯротеппа сарнагун намудани «дружиначиён», аз Ӯротеппа ба сӯйи Мастчоҳ, бо мақсади аз нав барқарор намудани Ҳокимияти Шӯравӣ, бо сарварии С.Я. Хохлов отряди махсуси 20-нафараи аскарони сурх, ба воситаи ағбаҳои Камодон ва Оббурдон фиристода шуд. Вале ин отряд, ки дар ҳайаташ маҳаллиён: — Д. Худоёров, И. Холматов, И. Саримсоқов низ буданд, дар наздикии деҳаҳои Мадрушкат ва Ревомутк аз тарафи мастчоҳиён маҳв карда шуд. Баъди ин аз Хуҷанд бо сарварии раиси комиҷроияи уезди Хуҷанд Тихонов отряди 56 нафара ба Ӯротеппа омада ба сӯйи Мастчоҳ раҳсипор гардид. Аз Самарқанд низ ба сӯйи Мастчоҳ отряди дигаре бо сарварии Н. А. Силченко ба роҳ баромад.
Бо мақсади пешгирӣ намудани хунрезӣ кумитаи ҳарбии инқилобии Ӯротеппа қарор кард, ки бо қувваҳои зиддишӯравии Мастчоҳ роҳи мусолиҳаро пеш гирад. 30 ноябри он сол дар деҳаи Овчӣ гуфтушуниди тарафайн барпо ва сулҳ имзо гардид. Тарафи мастчоҳиён ваъда доданд, ки Ҳокимияти Шӯравиро эътироф намуда, хурӯҷҳои зиддишӯравиро бас мекунанд.
Бо ҳамин маъракаи барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар ҳудуди уезди Хуҷанд, ки моҳи ноябри соли 1917 оғоз ёфта буд, моҳи, ноябри соли 1918 ба охир расид. Ҳанӯз моҳи октябри соли 1918 дар шаҳри Хуҷанд анҷумани 1 шӯроҳои уезди Хуҷанд барпо гардид ва он дар сарзамини уездӣ пурра ба ихтиёри Шӯроҳо гузаштани ҳокимиятро эълон кард. Анҷуман ҳайати шӯроҳои намояндагии коргарон, аскарон, мусулмонон ва деҳқонони уезди Хуҷандро интихоб намуд ва кумитаи иҷроияи онро ташкил дод.

Барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Ашт

Бунёди Ҳокимияти Шӯравӣ на танҳо дар волости Ашт, балки Исфараю Конибодом ҳам, ки ба ҳайати вилояти Фарғона дохил мешуданд, аз воқеаҳои дар ин вилоят рӯйдода сахт вобастагӣ дошт. То аввали моҳи декабри соли 1917 аксари ноҳияҳои ин вилоят, аз ҷумла волостҳои номбурда, ба доираи идоракунии «Мухторияти Қӯқанд» дохил мешуданд. Танҳо конҳои нефти САНТО ва ангишти Шӯроб, ки ҳанӯз моҳи ноябри он сол дар он ҷойҳо Ҳокимияти Шӯравӣ барқарор карда шуда буд, чун ҷазира дар иҳотаи мухториятчиён меистоданд. 6 декабр, дар натиҷаи амалиётҳои ҷангии қисмҳои аскарони сурх, маркази вилояти Фарғона — шаҳри Скобелев, ҳозира шаҳри Фарғона ба ихтиёри Ҳокимияти Шӯравии Туркистон гузашт.
6-7 декабри он сол дар шаҳри Скобелев анҷумани шӯроҳои намояндагии коргарон, аскарон ва мусулмонони вилояти Фарғона барпо гардид. Ин анҷуман дар тамоми ҳудуди вилоят ба ихтиёри Шӯроҳо гузаштани ҳокимиятро эълон кард. Вале ин қарор, аз ноҳияҳои номбурда, танҳо дар ҳудуди волости Ашт амалӣ гардид.
Зеро дар Ашт нуфузи мухториятчиён, яъне «Шӯрои исломия» ва «Шӯрои уламо» нисбатан суст буд. Ба ғайр аз ин волости Ашт аз маркази мухториятчиён — шаҳри Қӯқанд нисбатан дар канортар меистод. Амалӣ намудани қарори анҷуман дар ҳудуди ин волост ба ягон хел муқобилият дучор наомад. Ин маънои онро дорад, ки дар волости Ашт, агарчанде нуфузи болшевикон чандон назаррас набуд, Ҳокимияти Шӯравӣ ба тарзи осойишта барқарор карда шудааст. Волостҳои Исфараю Конибодом бошанд ба ҳайати Мухторияти Қӯқанд дохил мешуданд, бинобар ин дар ин нуқтаҳо амалӣ гардидани он қарор то охири феврали соли 1918 тӯл кашид.

Барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар болооби Зарафшон

Барпо намудани тартиботи шӯравӣ дар мулкҳои болооби Зарафшон, ки аз волостҳои Панҷакент, Фалғар, Мастчоҳ, Искандар, Моғиёну Фароб, Офтобрӯ ва Киштут иборат буд, аз вазъи Самарқанд сахт вобастагӣ доштанд. Аз волостҳои номбурда танҳо Мастчоҳ чуноне аллакай таъкид кардем, аз ҷиҳати маъмурӣ, ба воситаи Ӯротеппа, ба уезди Хуҷанд дохил мешуд. Волостҳои боқимондаи номбурда якҷоя участкаи Панҷакентро ташкил дода, ба ҳайати уезди Самарқанди вилояти Самарқанд шомил буданд.
Чуноне дар боло қайд карда шуд дар Самарқанд нуфузи болшевикон хеле суст ва нуфузи эсерону меншевикҳо, шӯроиисломистҳою шӯроиуламоиҳо хеле зиёд буданд. Ба болшевикони шаҳри Самарқанд муяссар гардид, ки бо кӯмаки ҳукумати марказии кишвар охири ноябри соли 1917 дар шӯрои маҳаллӣ аксариятро 70% ба даст дароранд. 28 ноябр болшевикони Самарқанд маҷлиси таъҷилии Шӯрои маҳаллиро даъват намуда, дар он ба ихтиёри шӯроҳо гузаштани ҳокимиятро эълон карданд. Вале ҳокимият амалан дар Самарқанд ҳанӯз ҳам дар ихтиёри кумитаи вилоятии Ҳукумати Муваққатӣ буд ва он аз тарафи эсеру меншевикҳо, шӯроиисломистҳою шӯроиуламоиҳо аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ дида, Ҳокимияти Шӯравиро эътироф намекард. Аз ин рӯ кумитаи номбурда қарори маҷлиси таъҷилии шӯроҳоро ба эътибор нагирифт.
Ҳукумати Шӯравии болшевикии Туркистон аз вазъи Самарқанд сахт ба ташвиш омада, дар тарси он буд, ки мабодо Самарқанд, ба мисли Қӯқанд ба маркази нави қувваҳои зиддишӯравӣ табдил наёбад. Бинобар ин вай ба воситаи қисмҳои аскарони сурх шаби аз 1 ба 2 — декабри соли 19!7 нуқтаҳои асосии шаҳри Самарқандро ба даст дароварда, кумитаи вилоятии Ҳукумати Муваққатиро барҳам дод. Ин ҳолат дар шаҳр муқобилони болшевиконро ба ҷунбиш даровард. 2 декабр дар Самарқанд анҷумани вилоятии Шӯрои исломия барпо гардид. Дар он, аз ҷумла намояндагон аз Хуҷанд (чунонки, комиссари уездӣ, эсери чап Камолиддин Ҳусайнов), Ӯротеппа ва ғайра иштирок доштанд. Анҷуман Ҳукумати Шӯроҳоро маҳкум намуда, «Мухторияти Қӯқанд»-ро дастгирӣ намуд. 4 декабр болшевикони Самарқанд, ба қисмҳои аскарони сурх такя намуда, кумитаи ҳарбии инқилобиро ташкил доданд ва дар шаҳр ҳокимиятро ба дасти худ гирифтанд. Думаи шаҳрӣ, ки ҳанӯз ҳам дар ҳимояи эсеру меншевикҳо ва шӯрои исломиҳою шӯроиуламоиҳо буд, бо кӯмаки қисмҳои казакҳои сафеди И.М. Зайтсев ҳокимиятро дар шаҳри Самарқанд боз ба ихтиёри худ гирифт. Ин думаи шаҳрӣ низ аз тарафи қисмҳои аскарони сурх бо зудӣ барҳам дода шуд.
13 декабри соли 1917 дар шаҳри Самарқанд анҷумани П Шӯроҳои вилоятӣ ба кори худ шурӯъ кард ва он дар тамоми ҳудуди вилоят ба ихтиёри шӯроҳо гузаштани ҳокимиятро эълон кард. Дар худи ҳамин моҳ кумитаи инқилобии Самарқанд намояндагони Ҳукумати Муваққатиро, ки ҳанӯз дар болооби Зарафшон сарварони волостҳо буданд аз вазифаашон озод карда, намояндагони худро барои бунёди Ҳукумати Шӯравӣ фиристод.
Ҳамин тавр, моҳи декабри соли 1917 дар болооби Зарафшон, аз ҷумла дар волостҳои Панҷакент, Фалғар, Искандар, Моғиёну Киштут, Фароб ва Офтобрӯ бе ягон муқобилияти ҷиддӣ Ҳокимияти Шӯравӣ барпо карда шуд.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.