Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 4

Боби IV.
Афкори ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX

§ 1. Заминаҳои ба вуҷуд омадани дигаргуниҳои ҷиддӣ дар афкори ҷамъиятию сиёсии халқи тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Миёна дар нимаи дуюми асри XIX

Таъсири дигаргуниҳои иқтисодию сиёсӣ ва ҷамъиятӣ

Баъди ба зери тасарруфи Русияи подшоҳӣ кашида шудани Осиёи Миёна дар афкори ҷамъиятию сиёсии мардум, махсусан зиёиён, тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Зеро, дар ин сарзамин, чи дар аморати Бухоро ва чи дар хонигариҳои Қӯқанду Хева, то замони забтшавӣ аз тарафи Русия, муносибатҳои феодалӣ ҳукмфармойӣ мекард. Дар ин давр маркази илму маърифат ва афкори ҷамъиятию сиёсӣ асосан мактабу мадрасаҳо ба ҳисоб мерафтанд. Дини ислом бошад, ҳамчун дини ҳукмрон, дар афкори ҷамъиятӣ мақоми асосиро ишғол менамуд. Аз ҳамин сабаб ҳам он замон дар тамоми сарзамини Осиёи Миёна ҳамаи чорабиниҳо дар асоси қонуну қоидаҳои шариати ислом ба ҷо оварда мешуд.
Пас аз забтшавӣ, чуноне қайд кардем: сарзамини Осиёи Миёна ба доираи муомилоти молию пулӣ ва бозори умумирусиягӣ кашида шуд; дар ин сарзамин корхонаҳои саноатӣ ва ташкилотҳои бонкӣ ба вуҷуд омаданд; хатҳои роҳи оҳанро гузарониданд; дар хоҷагии қишлоқи кишвар тағӣиротҳо (баъзе намудҳои нави асбобҳои хоҷагии қишлоқ ва истеҳсоли маҳсулоти нав) намоён гардид ва ғайраҳо.
Дар сарзамини кишвари Туркистон бошад, баробари ин дигаргуниҳо ва барҳам додани мустақилияти хонигарии Қӯқанд, инчунин ба баъзе урфу одатҳои асрҳо боз поӣдорбудаи динию миллӣ ва маҳаллӣ зарбаи қатъӣ зада шуд. Акнун дар ин кишвар сарварони дини ислом аз мавқеъ ва ҳуқуқҳои номаҳдуди собиқа маҳрум гардиданд. Онҳо дар идоракунии мулкҳои кишвар, аз генерал-губернаторӣ сар карда то уездию волостӣ ягон нуфузе надоштанд ва амалдорони подшоҳӣ андешаи рӯҳониёнро умуман ба инобат намегирифтанд. Ҳол он ки то забтшавӣ на танҳо амалдорони маҳаллӣ, балки ҳатто худи хон бе розигии онҳо ба ягон хел кори ҷиддӣ ҷуръат намекард. Баъди забтшавӣ дар ҳудуди кишвар ҳатто муқаддастарин моликияти ҷамъияти исломӣ — мулкҳои вақфӣ хеле маҳдуд карда шуд. Мансабҳои бонуфузи динӣ — қозикалон ва раис дар ҳудуди кишвари Туркистон дигар вуҷуд надошт. Ин тағӣиротҳо зиёиёни маҳаллиро, ки ҳама аз ҷумлаи аҳли ислом буданд, зиёда ба андеша кашида буд.

Дигаргуниҳои ҳаёти фарҳангӣ

Тағйиротҳо дар ҳаёти фарҳангии кишвари Туркистон махсусан назаррас буданд. Аз ҷумла, соли 1868 дар шаҳри Тошканд аввалин матбаа ба вуҷуд омад ва соли 1870 китобхонаи оммавӣ кушода шуд. То ин вақт дар сарзамини Осиёи Миёна, махсусан дар Бухоро, Самарқанд, Қӯқанд ва ғайра китобхонаҳо агарчанде асрҳо боз вуҷуд дошта бошанд ҳам, вале онҳо дар назди дарбори хону амирон ва мадрасаҳо буда, характери оммавиро надоштанд.
28 апрели соли 1870 шумораи аввалин нашрияи генерал-губернатории кишвари Туркистон — рӯзномаи «Туркестанские ведомости» чоп шуд, ки бо он таърихи матбуоти даврии Осиёи Миёна оғоз гардид. Аз худи ҳамон сол он рӯзнома бо забонҳои ӯзбекию қирғизӣ низ бо номи «Туркистон вилоятининг газети» баромад.
Ҳукуматдорони подшоҳӣ дар кишвари Туркистон аз рӯзҳои аввали гузаронидани сиёсати мустамликадоронаи худ, аз нарасидани кадрҳои лаёқатнок, ки бо мардуми маҳаллӣ бевосита муомила карда тавонанд, душворӣ мекашиданд. Махсусан мутахассисони рус ва русзабонони ба Осиёи Миёна аз губернияҳои марказии Русия даъватшуда, муҳтоҷи тарҷумонҳо буданд. Бинобар ҳамин ҳам ба ҳукуматдорони подшоҳӣ лозим омад, ки аз ҳисоби талабагони маҳаллӣ тарҷумонҳоро тайёр намоянд. Ин вазифаро бояд мактабҳои русии маҳаллӣ иҷро мекарданд.
Нахустин мактаби русии маҳаллӣ дар кишвари Туркистон, декабри соли 1884 дар шаҳри Тошканд, дар ҳавлии бойи маҳаллӣ Саидғанӣ Азимбоев кушода шуд. Олими номии рус В.П. Наливкин дар ин мактаб омӯзгор буд. 30 июни соли 1886 генерал-губернатори Туркистон ба тарзи расмӣ барои кушодани чунин мактабҳо иҷозат дод. Муҳлати таҳсил дар ин мактабҳо 6-7 сол буда, ба он бачагони 8-соларо қабул мекарданд. Дар ин мактабҳо ҳанӯз ягона барномаҳои хониш вуҷуд надошт. Талабагон дар қатори забони русӣ, арифметика, таърихи Русия, ҷуғрофия, инчунин асосҳои дини насронӣ ва исломро меомӯхтанд. Миқдори чунин мактабҳо сол аз сол меафзуд. Аз ҷумла, соли 1911 танҳо дар Хуҷанд, Панҷакент, Ӯротеппа, Конибодом, Исфара, Хоруғ ва ғайра 10 адад мактабҳои русии маҳаллӣ амал мекарданд. Дар сарзамини аморати Бухоро бошад, чунин мактаби аввалин соли 1894 дар шаҳри Бухорои Куҳна ташкил ёфт.
Ҳанӯз дар нимаи дуюми асри XIX барои аз нуқтаи назари илмӣ омӯхтани сарзамини Осиёи Миёна аввалин кӯшишҳои ҷиддӣ карда шуд. Аз ҷумла соли 1871 Ҷамъияти илмии Осиёимиёнагӣ бунёд гардид, ки мақсади он аз ҷамъ ва нашр кардани материалҳо оид ба таърих ва фарҳанги мардуми ин диёр буд. То ин давр аз расадхонаҳои собиқа, аз он ҷумла расадхонаи Улуғбек (дар Самарқанд), ки дар замони худ шуҳрати ҷаҳонӣ дошт, қариб осоре намонда буд. Инак, соли 1873 дар Тошканд аввалин расадхонаи замонавӣ сохта шуд. Соли 1897 бо ташаббуси олимони маъруфи рус В. Ф. Ошанин ва С. И. Жилинский Шуъбаи туркистонии Ҷамъияти ҷуғрофии Рус ташкил ёфт. Ҷуғрофишиноси номии рус П. П. Семёнов — Тян-Шанский ба омӯзиши ҷуғрофияи кишвар асос гузошт. Дигар олими маъруфи рус, ҷуғроф А. П. Федченко аввалин шуда водии Фарғона ва Олойро омӯхт, нуқтаи баландтарини кӯҳҳои Паси Олой (7,134 м) ва қуллаи Чунг Айдарро муайян намуд.
Ҳар як эъзомияе, ки солҳои 70-90-уми асри XIX аз тарафи ҳукумати подшоҳӣ ба гӯшаҳои гуногуни сарзамини Осиёи Миёна ташкил карда мешуд (эъзомияҳои гуногун ба болооби Зарафшон, Бадахшон ва ғайраҳо), дар қатори мақсади забткорона, инчунин нияти омӯзиши илмиро низ доштанд.

Вазъи тиб ва ба амал омадани дигаргуниҳо дар ин соҳа

Маълум аст, ки сарзамини Осиёи Миёна, пеш аз ҳама Бухорои Шариф, дар асрҳои Х-XI ба дунёи ҳастӣ чунин мутафаккирони бузург, аз ҷумла файласуф ва табиби машҳури ҷаҳонӣ, фарзанди барӯманди халқи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино (980-1037)-ро дод. Инчунин асрҳо боз соҳиби дармонгоҳҳо-бемористонҳои овозадор ҳам буд. Вале миқдори бемористону табибони ҳозиқ махсусан дар асрҳои охир нисбатан хеле кам буданд. Яке аз сабабҳои асосии чунин ҳолат ин аз таълимӣ мадрасаҳо бардоштан ва ё хеле маҳдуд намудани омӯзиши илми тиб ва барои аксари толибилмон дастнорас будани китобҳои тиббӣ ба ҳисоб меравад.
Мувофиқи маълумоти С. Айнӣ, танҳо дар мадрасаҳои шаҳри Бухорои Куҳна, то замони ҳукмронии амир Насруллои манғит (1826-1860) қариб 20 китобхонаҳо фаъолият доштанд. Дар байни онҳо китобхонаи «Дорушшифо» дорои китобҳои зиёди тиббӣ будааст. Вале дар замони ин амири мустабид, бо талаби аҳли истибдод ин китобхонаҳо барҳам дода шудаанд. Як қисми китобҳои онро ба хазинаи амир кашонда, ба дараш қулф зада шуд, қисми дигараш дар байни муллоҳои калони расмӣ тақсим гардид1. Ин гуна ҳолат минбаъд дар Бухоро мустақилона сабзида расидани олимон, махсусан табибонро хело маҳдуд намуд.
Дар шаҳри Бухорои Куҳна ягона бемористоне, ки асрҳо боз вуҷуд дошт ва то сарнагун намудани тартиботи амирӣ (соли 1920) фаъолият мекард, бемористони «Дорушшифо» мебошад. Он бемористон рӯ ба рӯйи Арки Бухоро воқеъ буд. Сарпарастии онро дар охири асри XIX эшони Тоҷиддин (хоҷаи Ҷӯйборӣ) ба уҳда дошт. Ӯ ҳар навъ шарбату равған ва доруҳои муолиҷаовар тайёр намуда, бо онҳо беморонро табобат менамуд.
Ба ғайр аз бемористонҳо мардум барои табобат аз обу лойҳои шифобахш ва табибони халқӣ бо тарзи васеъ истифода мебурданд. Аз ҷумла, асрҳо боз дуртар аз шаҳри Бухорои Куҳна, дар Хоҷаи Ӯбон табобати бемориҳои пӯст (бо усули ба бадан молидани лой, нӯшидани оби чоҳ ва бо он шустани бадан), дар Хоҷаи Заъфарон — табобати бемории зардча (заъфарма, ё худ бемории ҷигар) (бо усули нӯшидани оби чоҳ ва бо он шустани бадан) ва ғайраҳо вуҷуд доштанд. Баъзе аз гармчашмаҳои Бадахшон кайҳо боз шуҳрат доштанд.
Дар байни мардум табибони халқӣ обрӯ ва эътибори зиёде доштанд. Аз ҷумла, ҳанӯз охирҳои солҳои 60-уми асри XIX А. Лерх ном донишманди русиягӣ, ки бо ҳаёти Бухоро шинос гардида буд, таъкид намудааст, ки мардуми Бухоро ба табибони халқӣ майли калон доранд. Ин табибон дар навбати худ «беморро пурсон нашуда аз набзи ӯ иллати бемориро бехато муқаррар мекунанд»2.
Баъди ба зери тасарруфи Русияи подшоҳӣ гузаштани Осиёи Миёна, махсусан дар ҳудуди кишвари Туркистон, ки қисми таркибии империяи Русия ба ҳисоб мерафт, дар соҳаи тиб низ дигаргуниҳои куллие ба амал омаданд. Дар ҳудуди кишвар бо ташаббуси ҳукумати подшоҳӣ, бо мақсади пешгирӣ ва табобат намудани ҳар гуна бемориҳо пайи ҳам нуктаҳои гуногуни табобатӣ бунёд гардиданд. Албатта аввалин бемористонҳои сохти аврупоӣ дар ин сарзамин танҳо бо мақсади табобати ҳарбиёни рус ва шаҳрвандони Русия ба вуҷуд омаданд. Аз ҷумла, дар шаҳри Тошканд ҳанӯз дар нимаи43 дуюми соли 1865 бо мақсади табобати ҳарбиёни рус, бемористони махсус бунёд гардида буд. Минбаъд дар ин ҷо бемористон ва амбулаторияи табобатӣ бунёд шуданд, ки онҳо дорои 168 кат буданд. Дар солҳои баъдина дар шаҳрҳои Самарқанд, Қӯқанд, Хуҷанд, Ӯротеппа, Панҷакент ва ғайра низ бемористону марказҳои фелдшерӣ пайдо шуданд.
Дигаргуниҳои соҳаи тиб ба аморати Бухоро низ бетаъсир намонд. Амири Бухоро Музаффархон (1860-1885) дар соли 1885, яъне соли охири қайди ҳаёти худ, ба муносибати 25-солагии ба тахт нишастанаш, аз ҳукумати подшоҳии Русия хоҳиш намуд, ки мутахассисони рус дар шаҳрҳои Шаҳрисабз, Қаршӣ ва деҳаи Душанбе яктоӣ бемористонҳои ҳар кадоме дорои 5 кат созанд. Чунин бемористонҳо амалан сохта шуданд. Дар ҳудуди шаҳри Бухорои Куҳна ҳам соли 1910 аз тарафи ҳукумати подшоҳӣ як бемористон, ки онро «бемористони русию маҳаллӣ», ё худ «аврупоӣ» ҳам мегуфтанд, ва як амбулаторияи занона сохтанд. Дар маҳаллаҳои руснишин ва сарҳадӣ: Бухорои Нав (Когон), Чорҷӯйи Нав, Патта-Ҳисор, Тирмиз, Каркӣ низ амбулаторияҳо ташкил карда шуданд. Дар ҳудуди Кӯҳистони Бадахшон бошад дар Хоруғ ва маҳалҳое, ки қисмҳои сарҳадии аскарони рус ҷойгир буданд, нуқтаҳои табобатӣ ба вуҷуд омаданд. Дар аксари шаҳрҳо ва посёлкаҳо дорухонаҳо ҳам барпо гардиданд. Чи аз нуқтаҳои табобатӣ ва чи аз дорухонаҳо минбаъд мардуми маҳаллӣ низ ба қадри имкон истифода мебурданд.
Вале нуқтаҳои гуногуни табобатие, ки он солҳо ба вуҷуд омаданд талаботи рӯзафзуни мардумро нисбат ба хизмати тиббӣ қонеъ гардонида наметавонистанд. Дар ин соҳа аҳвол махсусан дар аморати Бухоро вазнин буд.
Бемориҳои сирояткунанда тез-тез пайдо гардида, сабабгори вафоти мардуми бисёре мегардиданд. Чунин ҳолатро ҷадидони Бухоро пай бурда, чораҳое андешиданд, ки оиди он дар банди дигар хоҳем истод.

Мавқеи зиёиёни маҳаллӣ нисбати тағйиротҳои баамаломада

Ин ҳама дигаргуниҳои дар сарзамини Туркистон ва аморати Бухоро ба вуҷуд омада албатта ба афкори ҷамъиятию сиёсии мардуми он, махсусан зиёиёнаш бетаъсир намонд. Зиёиёни маҳаллӣ оиди сабаб ва оқибатҳои ин дигаргуниҳо андеша мекарданд. Аксарияти онҳо носозгориҳои чи замони гузашта ва чи сиёсати мустамликавии ҳукумати подшоҳиро мазаммат менамуданд.
Дар аморати Бухоро бошад, агарчанде дар ин диёр шариати дини ислом ба тарзи пештара ҳукмфармо, моликияти вақфӣ чун аввала муқаддас ва дастнорас буд, аммо тақдири аз тарафи ҳукумати подшоҳӣ ба сари собиқ хонигарии Қӯқанд боргардида (яъне барҳам додани он) зиёиёни бухороиро низ бештар ба андеша кашид. Онҳо дар хавотири он буданд, ки тақдири хонигарии Қӯқанд Бухороро ҳам интизор аст.
Дар натиҷаи ин ҳама тағӣиротҳо, аллакай дар нимаи дуюми асри XIX дар доираи зиёиёни Осиёи Миёна тақсимшавӣ ба гурӯҳҳо ба амал омада буд. Як гурӯҳи зиёиён (асосан дар кишвари Туркистон) ба воқеияти ба амал омада муваққатан ҳам бошад муросо намуда, интизори барқароршавии тартиботи аввала (чи мақоми динӣ ва чӣ мулкҳои вақфӣ) буданд. Қисми дуюми зиёиён ин ҳама дигаргуниҳоро амри воқеӣ ва баргаштан ба тартиботи пештараро ғайри имкон ҳисобида, сарзамини Осиёи Миёнаро тарк намуда, ба хоки мамлакатҳои ҳамсоя: Афғонистон, Эрон, Туркия ва давлатҳои гуногуни араб кӯч карданд. Қисми сеюми зиёиён — воқеаҳои содиршудаи даврро аз ҳар ҷиҳат омӯхта, сабабҳои онро ба хубӣ фаҳмида, оиди оқибатҳои он барои худ хулосаҳои зарурӣ бароварда, баҳри наҷоти халқи худ, ватани худ ва урфу одати мардуми он мекӯшиданд. Онҳо ба хубӣ эҳсос намуданд, ки дар ҳақиқат ҳам мардуми диёрашон хело қашшоқанд, мулкашон нисбат ба мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон хеле қафомонда аст. Тарафдорони ин гурӯҳ сабабҳои асосии ҳама гуна бадбахтиҳои мардум ва қафомондагии кишварро пеш аз ҳама дар бемаърифатии чи мардуми оддӣ ва чи амалдорони гуногунмақом медиданд.
Ин ҳама дар эҷодиёти маорифпарварони он давра таҷассуми худро ёфтааст, ки бузургтарини онҳо фарзанди барӯманди халқи тоҷик Аҳмади Дониш буд.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.