Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 3

Боби III.
Тоҷикон дар замони бавуҷудойии дигаргуниҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ. Болоравии ҳаракатҳои халқӣ ва ихтилофҳои мазҳабию мансабӣ (солҳои 1867-1917)

§ 1. Оғози ташаккулёбии синфи коргар ва буржуазияи миллӣ

Оғози ташаккулёбии синфи коргари миллӣ

Ибтидои ташаккулёбии синфи коргар дар Осиёи Миёна асосан ба солҳои 80-90-и асри XIX мувофиқ меояд. Зеро, ба вуҷудойӣ ва инкишофи соҳаҳои гуногуни саноат ва сохтмони роҳи оҳан маҳз ба ин солҳо хос аст. Аммо оиди миқдори синфи коргари он солҳо маълумотҳо гуногунанд.
Албатта шумораи коргарон аз иқтидори заводҳо ва корҳои сохтмони роҳҳои оҳан вобастагӣ дошт. Маълум аст, ки корхонаҳои саноатии солҳои 80-90-и асри XIX хеле хурд ва аз ҳамин сабаб миқдори коргарон низ дар онҳо хеле кам буданд. Чунонки, соли 1885 дар 27 корхонаи нисбатан калони шаҳри Тошканд ба ҳисоби миёна 10 нафар коргар кор мекарданд.
Мувофиқи баъзе маълумотҳо, танҳо дар кишвари Туркистон, то охири асри XIX, шумораи умумии коргарони корхонаҳои саноатӣ тақрибан 10 ҳазор нафар будаанд, ки аз онҳо 70,7 фоизро намояндагони халқҳои маҳаллӣ, 22,8 фоизро русҳо, 6,5 фоизро намояндагони дигар миллатҳо ташкил мекардаанд. Ҳиссаи коргарони маҳаллӣ махсусан дар вилояти Фарғона зиёд буда, он 79,3 фоизро ташкил медод. Сабаби ин пеш аз ҳама дар он аст, ки аксарияти кулли коргарони заводҳои пахтатозакунӣ аз ҷумлаи мардуми маҳаллӣ буданд. Инчунин тақрибан сеяки ҳиссаи коргарони заводҳои пахтатозакунии вилояти Фарғонаро мардуми Қаротегин, ки бечоратарин мардуми аморати Бухоро буда ва бо ҳамин сабаб ҳар сол ба ҷустуҷӯйи кор ба ин диёр мерафтанд, ташкил мекарданд.
Ҳиссаи дигари коргарони Осиёи Миёнаро коргароне, ки дар сохтмони роҳҳои оҳан ва устохонаҳои таъмирии он кор мекарданд, ташкил медоданд. Миқдори коргарони ин соҳа ҳам (чи доимию чи мавсимӣ), бо якҷоягии хизматчиён, тахминан ба 10 ҳазор нафар мерасиданд. Шумораи коргарони роҳи оҳан баробари сохтмони худи роҳ меафзуд. Аз ҷумла, агар соли 1890 дар роҳи оҳан 2778 нафар коргар кор кунад, пас соли 1894 он миқдор ба 3222 нафар, соли 1898 ба 5044 нафар расидааст. Аз эҳтимол дур нест, ки ин рақамҳо асосан коргарони доимии роҳи оҳан, яъне коргарони устохонаҳои роҳ ва таъмиргарони худи роҳро дар бар гиранд. Бинобар ҳамин ҳам дар таркибашон ҳиссаи коргарони маҳаллӣ хело кам буд. Чунончи, онҳо, яъне коргарони маҳаллии роҳи оҳан соли 1890 — 728 нафар, соли 1894 — 863 нафар, соли 1898 — 948 нафар будаанду халос. Мувофиқи ин маълумотҳо, дар роҳи оҳан коргарони маҳаллӣ тахминан аз 5 як ҳиссаро ташкил медодаанд. Дар ин соҳа мардуми маҳаллӣ бештар дар корҳои заминкании роҳ, чун коргарони мавсимӣ, ҷалб карда мешуданд. Як ҳиссаи онҳо оҳиста-оҳиста, дар устохонаҳо чун шогирд ба кор даромада, ихтисос пайдо карда, ба коргарони доимӣ табдил меёфтанд.
Дар аввалҳои асри XX қисме аз корхонаҳои Осиёи Миёна ҳаҷман васеъ ва сифатан беҳтар гардида, дорои шумораи зиёди коргарон мешуданд. Масалан, дар вилояти Фарғона, мувофиқи маълумоти соли 1914 дар се заводи пахтатозакунии Миркомил Мӯъминбоев — 1-25 нафар коргар, дар се заводи Юсуфбоӣ Матмусобоев — 115 коргар, дар се заводи Саид Аҳмад Хоҷаев — 101 коргар, дар се заводи Султонмуродбек Худоёрбеков — 100 коргар, дар се заводи Аҳмадбекхоҷа Темирбеков — 125 нафар коргар кор мекарданд. Яке, аз заводҳои пахтатозакунии ширкати Р.Ш. Потеляхов, ки соли 1907 дар шаҳри Қӯқанд бунёд гардидааст, дорои 125 нафар коргар буд. Дар заводи пахтатозакунии В.И. Леви (дар Бухорои Нав — Когон, ҳанӯз соли 1894 сохта шуда буд) низ 125 нафар коргар кор мекарданд. Дар се заводи равғанкашии «К.М. Соловев ва К°» 475 нафар коргарон будаанд. Аз он ҷумла, заводи дар Андиҷон буда — 250 нафар. заводи дар Намангон буда — 150 нафар ва заводи дар Чуст буда — 75 нафар коргар доштаанд. Дар заводи виною спиртии Тошканд 160 нафар коргар меҳнат мекарданд. Заводи қандпазии (аз лаблабуи қанд) Каунчии уезди Тошканд дорои аз ҳама зиёд — ҳазор нафар коргар буд. Вале ҳанӯз ҳам заводҳое буданд, ки онҳо ҳамагӣ 8-10 нафар коргар доштанду халос31.
Дар конҳои ангишт ва нафт ҳам як миқдор коргарон кор мекарданд. Аз ҷумла дар кони ангишти «Қизил-Кия» (уезди Скобелев) 598 нафар коргар, заводи коркарди нефти Шимион — 300 нафар, кони нефти Шимион (уезди Марғелон) — 350 нафар коргар, кони намаки ҳавзаи (кӯли) Куми уезди Красноводск — 400 нафар коргар кор мекарданд2.
Дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон аввалии намояндагони синфи коргар дар гурӯҳи ноҳияҳои шимолии ҷумҳурӣ, махсусан дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ ва атрофи он ташаккул меёфт. Аз ҷумла соли 1916 танҳо дар корхонаҳои саноатии уезди Хуҷанд — 416 нафар коргар, дар кони ангишти Сулукта — 580 нафар коргар кор мекарданд. Вале дар шароити уезди Хуҷанд ҳам, чун ба монанди бисёр дигар шаҳрҳои қадимаи Осиёи Миёна, ҳанӯз миқдори зиёди коргаронро коргарони корхонаҳои ҳунармандӣ ва косибӣ ташкил медоданд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо соли 1916 шумораи чунин коргарон танҳо дар уезди Хуҷанд ба 2492 нафар расидааст. Яъне аз ин маълум мешавад, ки дар уезди Хуҷанд миқдори коргарони корхонаҳои ҳунармандию косибӣ нисбат ба коргарони корхонаҳои саноатӣ хеле зиёд будаанд.
Миқдори муайяни коргарон инчунин дар корхонаҳои ҳунармандию косибии Ӯротеппа, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Ҳисор, Қаротоғ, Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Дарвоз, Ғарм ва дигар ҷойҳо низ кор мекарданд. Дар бисёри ин корхонаҳо фаъолияти меҳнатии коргарон мавсимӣ ё худ оилавӣ буд. Қисме аз коргарони онҳо инчунин бо корҳои деҳқонӣ (кишоварзӣ) ва чорводорӣ низ машғул буданд.
Дар сарзамини Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубии имрӯза марҳилаи ташаккулёбии синфи коргар дар аввалҳои асри XX ҳам ҳанӯз дар ибтидои худ буд. Вале яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи ташаккулёбии синфи коргар дар ин қисми Тоҷикистони тошӯравӣ он аст, ки як ҳиссаи мардуми он ҳар сол ба шаҳрҳои гуногуни кишвари Туркистон (махсусан водии Фарғона) ва маркази аморати Бухоро рафта, дар заводҳо, фабрикаҳо ва корхонаҳои хурди ҳунармандию косибӣ кор мекарданд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо шумораи онҳое, ки ҳар сол, ба шаҳрҳои гуногуни Туркистон барои кофтукови кор танҳо аз водии Қаротегин мерафтаанд, тахминан 20 ҳазор нафарро ташкил мекардаанд. Чунин ҳолати, бо мақсади дарёфти кор, ба дигар водиҳо, махсусан водиҳои саноатӣ омадани мардум, барои водии Кӯлоб, Мастчоҳ, Дарвоз, Ҳисор, Вахш, инчунин Бадахшон низ хос буд. Бояд қайд кард, ки мардикорони кӯҳистонӣ на танҳо дар корхонаҳои саноатӣ, балки дар хоҷагиҳои заминдорони водиҳои Зарафшону Фарғона ҳамчун коргари кироя кор мекарданд.

Музди кор

Албатта дараҷаи зиндагонии чи коргарони заводу фабрикаҳо ва чи коргарони кирояи соҳаи кишоварзӣ аз музди коре, ки мегирифтанд, вобастагӣ дошт. Сараввал ба музди меҳнати коргарони яке аз корхонаҳои саноатии кишвар, заводи равғанкашии дар шаҳри Чуст доштаи рафоқати «К.М. Соловев ва К°» назар мекунем. Дар ин завод ҳамагӣ 75 нафар коргар бошад ҳам, вале ба ҳисоби миёна доимо, аз 67 то 70 нафар кор мекардаанд. Ба коргарон, ба ивази меҳнаташон ҳисобан ба ҳар пуд пунбаи равған 10 тин ҳаққи меҳнат муайян гардида буд. Ин завод дар як сол (яъне мавсими кор) то 300 ҳазор пуд пунбаро равған мекард, ки аз он музди умумии коргарон 30 ҳазор сӯмро ташкил медод. Ҳангоми тақсим намудани он маблағ музди меҳнати солонаи ҳар як коргар (аниқтараш дар як мавсим) тақрибан ба 400-500 сӯм мувофиқ меомад 32. Қисме аз корхонаҳои саноатӣ дар назди бинои худ барои коргарон хобгоҳ доштанд. Хароҷоти ҷойи хоб ва либоси корӣ аз ҳисоби корхона набуда, балки ҳама дар души худи коргар буд. Дар натиҷа, агар дар тамоми мавсими кор (ин тақрибан ним сол давом мекард) коргари завод барои хӯроки худ 200-250 сӯм харҷ кунад, боқӣ 200-250 сӯми дигарро метавонист барои сарфи оилааш захира намояд.
Вале коргарони кирояе, ки дар хоҷагиҳои заминдорон кор мекарданд, нисбат ба коргарони соҳаи саноатӣ, музди ночизе мегирифтанд. Бояд ба эътибор гирифт, ки аввалҳои асри XX коргарони кирояи хоҷагиҳои заминдорон низ ба ивази меҳнаташон, на ин ки чун пештара маҳсулот, балки пул мегирифтанд. Миқдори (ҳаҷми) хизматпулӣ, чи моҳонаю солона ва чи рӯзона (рӯзбайъ) бештар ба характери маҳалҳо, ба талабот нисбати чунин коргарон вобастагӣ дошт. Аз ҷумла, дар аввали аср мардикорон дар уезди Хуҷанд, ки талабот ба онҳо нисбатан кам буд, ба ивази меҳнати солонаашон 35-50 сӯм мегирифтанд, ҳол он ки дар уезди Самарқанд (дар ин ҷо талабот ба коргарони кироя зиёдтар буд) он аз 50 то 120 сӯмро ташкил мекард. Мардикори дар хоҷагиҳои заминдорони уезди Самарқанд коркарда ба ивази музди солонааш метавонист 2 ва ё 3 асп ё худ гови ҷӯшоӣ харида гирад. Дар уезди Хуҷанд мардикорони рӯзбайъ ба ивази меҳнаташон 30-45 тин ва дар уезди Самарқанд 25-45 тин мегирифтаанд. Дар уезди Самарқанд, дар фасли тирамоҳ, кори аз ҳама мураккаб таги хок намудани ток (боғгӯркунӣ) ба ҳисоб мерафт ва аз ҳамин сабаб заминдор ба ин намуди меҳнат коргаронро бештар рӯзбайъ қабул намуда, ба онҳо музди аз ҳама баланд — 45 тин медод.
Аз ҷумла хоҷагии Баротбой Муродбоев, аз волости Маҳаллаи уезди Самарқанд, иборат аз қариб 1,5 десятина замини корам буд. Дар он якчанд нафар коргарони баромадашон аз Мастчоҳ, Панҷакент, Шаҳрисабз ва дигар мулкҳои вилояти Самарқанду аморати Бухоро кор мекарданд. Соҳиби мулк ба ивази меҳнати солонаи коргарон 40-50 сӯм (боз ду бор либос = 20 сум), ба ивази меҳнати моҳонаи коргарон (тобистон) 7 сӯму 50 тин, ба ивази кори рӯзбайъ 25 тин музд медод. Барои хӯроки коргари кироя дар як рӯз 12 тин харҷ мекард. Ба ин харҷи ҳаррӯза хароҷот барои нон, мевае, ки дар хоҷагӣ ҳаст (себ, ангур, анор, мавиз, зардолу, шафтолу, ғӯлинг ва ғайраҳо), ҳар рӯз як бор хӯроки гарм, дар як ҳафта як маротиба шӯрбо, баъзан гӯштбирён ё худ оши палав, дар як рӯз ду маротиба чой (яъне нону чой, саҳарӣ ширчой) дохил мешуд. Ҳамаи ин хароҷотҳо бо ҳисоби миёна дар як рӯз ба 10-12 тин мувофиқ меомад33.
Ҳамин тавр аз фактҳои боло маълум мешавад, ки музди меҳнатӣ корхонаҳои саноатӣ нисбат ба музди хоҷагиҳои заминдорон аз 5 то 10 баробар зиёд будааст. Бинобар ҳамин ҳам мардуми ба ҷустуҷӯйи кор аз мулкҳои дур, аз ҷумла аз Бухорои Шарқӣ омада, кӯшиш мекарданд, ки маҳз дар чунин корхонаҳо, яъне заводҳои равғанкашӣ, пахтатозакунӣ ва ғайра барои худ кор пайдо кунанд.
Онҳо танҳо, ҳангоми аз корхонаҳои саноатӣ пайдо накардани кор, пас ноилоҷ ба хоҷагиҳои заминдорон ба мардикорӣ дохил мешуданд.

Оғози ташаккулёбии буржуазияи миллӣ

Баробари ташаккулёбии синфи коргар инчунин ҷараёни ташаккулёбии буржуазияи миллии Осиёи Миёна ҳам маҳз дар солҳои 70-90-и асри XIX оғоз ёфт. Ин ҷараёнро инкишофи муносибатҳои молию пулӣ ва махсусан васеъ гардидани амалиёти сармояи бонкӣ тезонид. Зеро, чуноне дар боби пеш қайд намудем, шуъбаҳои Осиёимиёнагии бонкҳои марказӣ дар шароити кишвар аз кӯмаки миёнаравҳо васеъ истифода мебурданд. Аксарияти кулли он миёнаравҳо аз ҷумлаи мардуми маҳаллӣ, махсусан тоҷикон, ӯзбекҳо ва яҳудиёни маҳаллӣ буданд. Онҳо баробари қарзро ба истеҳсолкунандагон, ба ивази фоизи баланд расонидан, инчунин аз истеҳсолкунандагон маҳсулотро харида ба ширкатҳо ва савдогарони калон мефурӯхтанд, ё худ, агар худ гумоштаи онҳо бошанд, он маҳсулотҳоро ба нуқтаҳои таъиншуда мерасониданд. Дар натиҷаи чунин амалиёт миёнаравҳо оҳиста-оҳиста бою бадавлат мешуданд, худ соҳиби маблағ ва мулкҳои зиёд гардида, барои ташаккулёбии буржуазияи миллӣ ибтидо мегузоштанд.
Дар охири асри XIX ва махсусан аввалҳои асри XX аз ҷумлаи намояндагони буржуазияи миллӣ соҳибони заводҳои пахтатозакунӣ, равғанкашӣ ва ғайра кам набуданд. Баъзеи онҳо аллакай соҳиби заводҳои зиёд гардидаанд, ки чунин ҳолатро дар мисоли рафоқати Вадяевҳо ва Потеляхов дидем. Сарварони рафоқати Вадяевҳо бародарон Сион ва Ёқуб, дар натиҷаи кордонии худ, на танҳо рафоқаташонро дар соҳаи амалиёти пахта ва равған ба ҷумлаи рафоқатҳои калонтарини империяи Русия табдил додаанд, балки худашон ҳам дар арафаи инқилоби Октябр ба қатори капиталистони номии он дохил шудаанд. Намояндагони буржуазияи навташкилшудаистодаи миллиро дар тамоми вилоятҳои кишвари Туркистон мушоҳида кардан мумкин буд. Онҳоро аз рӯйи муносибаташон нисбат ба заводҳои пахтатозакунӣ ба тарзи зайл ном бурдан мумкин: дар вилояти Фарғона — Миркомил Мӯъминбоев, Юсуфбой Матмусобоев, Саид Аҳмад Хоҷаев, Султонмуродбек Худоёрбеков, ҳар кадоми онҳо соҳиби 4 завод, Аҳмадбек Темирбеков — соҳиби 3 завод; дар вилояти Самарқанд — Абдуҳакимбой Мӯъминҷонов — соҳиби 3 завод, Аҳмадҷон Абоев (Валиев), Мулло Умар Абдуғаффоров, Абдуҳакимбоев, бародарон Абрам ва Бениам Фузайловҳо ҳар кадом соҳиби 2 завод ва ғайраҳо. Онҳое, ки соҳиби як ё ду заводи пахтатозакунӣ, ё худ дар қатори заводи пахтатозакунӣ боз заводҳои дигарро ихтиёрдорӣ мекарданд, хеле зиёд буданд. Дар аморати Бухоро соҳибони заводҳои пахтатозакунӣ аз ҳисоби намояндагони буржуазияи миллӣ хеле кам буданд. Чунин миллионерҳои бухороӣ, ба монанди бародарон Қосимхоҷаевҳо, бародарон Арабовҳо ва дигарон барои бунёди заводҳо ҳавасмандӣ надоштанд. Онҳо махсусан дар соҳаи савдои пӯсти қарокӯлӣ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд.
Аксарияти буржуазияи навташкилшудаистодаи Осиёи Миёна худ соҳиби сармояи хусусӣ гардида, онро ба гардиш гузоштаанд. Аз ҷумла, мувофиқи маълумоти соли 1911 тоҷирони номии бухороӣ Латифхоҷа Қосимхоҷаев ба амалиёт 250 ҳазор сӯм сармояи худро низ гузоштааст. Гардиши солонаи ӯ аз корҳои тиҷорат қариб 3 млн. сӯмро ташкил медод. Ё худ тоҷири дигари номии бухороӣ Турақулбой Сафарбоев ба ҳисоб мерафт. Гардиши солонаи ӯ низ ба 1 млн. сӯм мерасид. Вай ҳам ба амалиёт 25 ҳазор сӯм сармояи худро гузоштааст. Вале дар соҳаи ба амалиёт гузаштани сармояи хусусӣ ҳам тоҷирони вилояти Фарғона дар мадди аввал меистоданд.
Аммо тоҷирони чи бухороию чи фарғонагӣ қисми асосии тиҷорати худро маҳз дар асоси ҳамон сармояе пеш мебурданд, ки онро аз шуъбаҳои бонкҳои дар кишвар доштаи Русия қарз гирифтаанд. Дар чунин ҳолат ба онҳо сармояи шахсиашон як ҳиссаи иловагӣ хизмат мекард.
Баъзе аз тоҷирони маҳаллӣ дар натиҷаи пеш бурдани корҳои тиҷоратию судхӯрӣ ва махсусан алоқаи наздик доштан бо шуъбаҳои бонкҳои марказӣ, дар муддати кӯтоҳ, ба шахсони бойтарини ноҳия ва вилоят табдил ёфтаанд. Масалан падари Миркомил Мӯъминбоев аз ҷумлаи заминдорон ва тоҷирони миёнаи вилояти Фарғона буд. Вай ба писараш — Миркомил 30-35 ҳазор сӯмро гузошта, васият намуд, ки баъд аз сари ӯ аз ҳисоби он пулҳо дар Мадинаи Мунаввара хонае созад. Вале Миркомил баъди марги падар он пулҳоро ба муомилот гузошт. Худаш корҳои савдоро аз фурӯхтани керосин (чун аробакаш) сар карда, бо шуъбаҳои бонкҳо алоқа кард, амалиёти судхӯриро пеш бурд, дар натиҷа солҳои 1909-1911 ба шахси бойтарини вилоят табдил ёфт. Дар он солҳо арзиши мулкҳои ғайриманқулаи Миркомил қариб ба 5 млн. сӯм мерасид. Соли 1915 бошад он то ба 14 млн. сӯм зиёд шуд34. Чунин ҳолатро дар симои бисёре аз намояндагони буржуазияи навтавлидшудаистодаи Осиёи Миёна низ дида метавонем.
Дар шароити худи Осиёи Миёна дар ҳайати буржуазияи навташаккулёфтаистода фарқияти ҷиддие мавҷуд буд. Аз ҷумла, махсусан намояндагони буржуазияи миллии водии Фарғона даромади худро бештар барои ба вуҷуд овардани соҳаҳои гуногуни саноат сарф менамуданд. Аз ҳамин сабаб ҳам дар шаҳру ноҳияҳои водӣ, аз он ҷумла уезди Хуҷанд (агарчанде он аз ҷиҳати маъмурӣ ба вилояти Самарқанд дохил мешуд) соҳаҳои гуногуни саноат сол аз сол меафзуд. Дар натиҷа буржуазияи навташкилшудаистодаи водии Фарғона аз намояндаи буржуазияи тиҷоратӣ ба буржуазияи саноатӣ ё худ саноатию тиҷоратӣ табдил меёфт.
Аммо тарзи ташаккулёбии буржуазияи миллӣ дар аморати Бухоро аз тарзи ташаккулёбии буржуазияи водии Фарғона тамоман фарқ мекард. Чунончи, агарчанде дар аморати Бухоро миллионерҳои маҳаллӣ буданд, вале аксари онҳо даромади худро бештар ба тиллою нуқра ва дигар сангҳои қимматбаҳо табдил дода, барои сохтани заводу фабрикаҳои нав чандон ҳавасманд набуданд. Аз ҳамин сабаб афзойиши соҳаҳои гуногуни саноат дар сарзамини аморати Бухоро хеле суст ба назар мерасид. Ҳол он ки эҳтиёҷот ба хелҳои гуногуни он, чун дар водии Фарғона, дар Бухоро ҳам зиёд буд.
Дар натиҷаи ин ҳама буржуазияи навтавлидёфтаистодаи бухороӣ на ин ки чун буржуазияи саноатӣ, балки буржуазияи тиҷоратӣ ва судхӯрӣ ба ҳисоб меравад. Чунин ҳолат ба буржуазияи самарқандӣ ва хевагӣ ҳам хос аст. Бинобар ҳамин ҳам баъди сарнагун намудани тартиботи кӯҳна ва бунёди тартиботи Шӯравӣ аз бойҳои водии Фарғона ақаллан заводҳои харобгашта мерос монд. Аммо аз бойҳои бухороӣ бошад қариб тамоми зару зевари онҳо, ба монанди хазинаи амир, ҳама ба яғмо расиданд, ба ғайр аз биноҳои истиқоматии тороҷгардида, дигар меросе намонд.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.