Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 2.4

Ferratum [micro][sale]Ferratum [micro][sale]

Боби II.
Халқи тоҷик дар замони ҳукуматдории мустамликавии Русияи подшоҳӣ дар Осиёи Миёна (солҳои 1867-1917)

§ 4. Сиёсати қарздиҳӣ ва фаъолияти бонкҳо дар шароити Осиёи Миёна

Кассаҳои қарздиҳии уездӣ

Кассаҳои қарздиҳии уездиро дар замони ҳукуматдории подшоҳӣ «ташкилотҳои қарздиҳии халқӣ» меномиданд. Зеро, онҳо барои дастгирии маҳз хоҷагии истеҳсолкунандагони хурд, ки аксари аҳолиро ташкил медоданд, нигаронида шуда буд.
Дар шароити кишвари Туркистон истеҳсолкунандагони хурдро хоҷагии пахтакорон, ғаллакорон, ҳунармандон, косибон ва чорводорон, яъне умуман ҳамаи онҳое, ки худ бо истеҳсолот машғул буданд, ташкил менамуданд. Онҳо ҳар сол ба фоидаи давлат хелҳои гуногуни андозро супорида хазинаро пур мекарданд. Бинобар ин ҳукуматдорони подшоҳӣ бенавогардии ин қисми аҳолиро намехостанд. Зеро, чунин ҳолат натанҳо барои ҷамъоварии андоз, балки барои мавҷудияти худи системаи мустамликавӣ хавфи ҷиддӣ дошт. Аз ин рӯ ҳукуматдорони подшоҳӣ ба хубӣ эҳсос намуданд, ки истеҳсолкунандагони хурди кишвар муҳтоҷи дастгирии молиявӣ мебошанд ва ҳамин ҳолат онҳоро ба доми судхӯрон кашидааст. Баъзе амалдорони подшоҳӣ, дар шароити кишвар яке аз роҳҳои халосиро аз чунин ҳолат, дар ҷорӣ намудани фаъолияти кассаҳои қарздиҳии уездӣ медиданд.
Соли 1870 генерал-губернатори Туркистон фон Кауфман дар шароити кишвар зарурияти кассаҳои қарздиҳии уездиро ба миён гузошта буд. Соли 1873 барои кишвари Туркистон оинномаи намунавии чунин кассаҳо тартиб дода шуд. Мувофиқи он пешниҳод гардида буд, ки ба хоҳишмандон — муҳтоҷон қарз ба миқдори аз 10 то 300 сӯм, ба муҳлати аз 3 моҳ то як сол, ба ивази 6%-и солона дода шавад. Дар асоси ин оинномаи намунавии умумии кишварӣ минбаъд ҳар як кассаи нав ба вуҷудомада оинномаи худро тартиб медод.
Дар ҳудуди кишвари Туркистон аввалин кассаҳои қарздиҳӣ соли 1876 дар шаҳри Намангони вилояти Фарғона, дуюмин, соли 1882 дар Каттақӯрғони округи Зарафшон (баъд вилояти Самарқанд) ташкил карда шуд. Доираи фаъолияти кассаи каттақӯрғонӣ ҳудуди участкаи Панҷакентро низ, ки тумани Нагорный меномиданд, дар бар мегирифт. Соли 1885 кассаи қарздиҳии уезди Хуҷанд ташкил ёфт. Фонди пулии кассаҳо аз маблағи даромади худи уезд ва вилоят таркиб меёфт. Чунин даромад аз ҳисоби андоз, махсусан андози кишоварзон, даромади шаҳрҳо ва ғайра иборат буд.
Фаъолияти қарздиҳии кассаҳо чунин сурат мегирифт. Сараввал шахси муҳтоҷ барои қарз бо ариза ба сарвари уезд муроҷиат мекард.
Дар он инчунин шахсони кафолатдиҳандаро низ нишон медод. Сарвари уезд ҳолати пулии кассаро ба инобат гирифта, барои шахси муроҷиаткарда, миқдори қарзро албатта камтар аз хости ӯ муайян мекард. Мувофиқи оинномаи кассаҳои қарздиҳии вилоятҳои Самарқанд ва Фарғона, дар ҳолати барои қарз муроҷиат кардани шахсони бисёр ва кам будани маблағ, талаботи ҳамон шахсоне қонеъ гардонида мешуд, ки вай нисбатан бечора буд ва ё ба миқдори камтар қарз хоҳиш намудааст. Амалан дар вилоятҳои Ҳафтрӯд, Сирдарё ва Самарқанд ҳаҷми қарз то 50 сӯм, дар вилояти Фарғона то 30 сӯм муайян шудааст. Барои гирифтани қарз дар ҳаҷми то 30 сӯм кафолати ду шахс, барои аз 30 сӯм зиёд кафолати 3 касро талаб мекарданд. Дар вилояти Самарқанд қарзи то 5 сӯм бе кафолат дода мешуд. Вале дар чунин ҳолат муроҷиаткунанда бояд дар бораи шахси боваринок буданаш шаҳодатномаи аз тарафи сарвари волост додашударо бо худ доштанаш зарур буд.
Ҳаҷми зиёдтарини қарз — то 300 сӯм дар уезди Казалинскии вилояти Сирдарё дода мешуд. Ҳаҷми камтарини қарз — барои як кас то 40 тин дар уезди Каттақӯрғони вилояти Самарқанд ҷой дошт. Яъне, бо сабаби нокифоя будани маблағ, аз миқдори дар оиннома муайяншуда ҳам камтар қарз медоданд.
Он солҳо дар вилояти Самарқанд ба 30 сӯм як гови ҷӯшоӣ ва ё асп харидан мумкин буд. Аз маҳсулотҳои кишоварзӣ: як пуд гандум — 1 сӯму 20 тин, як пуд пахтаи америкоӣ — 2 сӯму 40 тин, як пуд ҷав — 80 тин, як пуд шолӣ — 1 сӯму 30 тинро ташкил мекарданд. Ҳангоми мавҷудияти чунин нархҳо қарзи аз ҳама кам — 40 тин қариб ба ягон хел дарди истеҳсолкунанда даво шуда наметавонист.
Албатта истеҳсолкунандае, ки аз ин ва ё он касса қарз гирифтааст, вазифадор буд, ки қарзи гирифтаашро саривақт баргардонад. Агар қарздор қарзи худро дар вақти муайяншуда адо карда натавонад, сараввал ҳаққи қарз аз мулки ӯ, ҳангоми нокифоягии арзиши мулк аз шахсони кафолатдода ситонида мешуд. Ҳангоми ба вуқӯъ омадани офатҳои табиӣ, бо розигии губернатори вилоят муҳлате адои қарзро дароз мекарданд.
Ба ғайр аз кассаҳои қарздиҳии уездии вилояти Ҳафтрӯд тамоми кассаҳои дигар вилоятҳои кишвар қарзи кӯтоҳмуддат, ба муҳлати то як сол медоданд. Танҳо дар вилояти Ҳафтрӯд, дар баробари қарзҳои кӯтоҳмуддат, инчунин қарзи дарозмуддат — ба муҳлати то 5 сол дода мешуд. Фоизи қарз ҳам дар ин вилоят 5%-и солона муайян шуда буд. Вале онро пешакӣ, ҳангоми супоридани қарз (агар қарзи дарозмуддат бошад, оғози ҳар сол) ситонида мешуд. Дар вилоятҳои боқимонда, чуноне таъкид кардем, барои қарз 6%-и солона, ҳангоми баргардонидани қарз мегирифтанд.
Миқдори кассаҳои қарздиҳии уездӣ соли 1903 ба 21 ташкилот, бо сармояи 342,5 ҳазор сӯм расид. Ин маблағ соли 1909 ба 1159 ҳазор сӯм ва дар арафаи ҷанги якуми ҷаҳон ба 1,6 млн. сӯм расид. Аз ҷумла маблағи кассаи Хуҷанд агар ҳангоми ташкилшавӣ (с.1885) 7,5 ҳазор сӯмро ташкил диҳад, пас соли 1909 он то ба 12 ҳазор сӯм зиёд шуду халос. Танҳо дар вилояти Ҳафтрӯд чунин касса якто вуҷуд дошт, бинобар ин он кассаи қарздиҳии уездӣ набуда амалан кассаи вилоятӣ буд.
Албатта ин миқдор маблағ талаботи рӯзафзуни истеҳсолкунандагони хурдро қонеъ гардонида наметавонист. Барои аксари онҳо чунин қарзи ночиз ҳам дастнорас буд. Зеро, мувофиқи ҳисоби мутахассисони ҳамон давр, талаботи мизоҷони танҳо вилояти Фарғона нисбат ба қарз қариб 10 млн. сӯмро ташкил медод.
Ба ғайр аз ин он қарзи ночиз ҳам ба истеҳсолкунандагон ба осонӣ дастрас намешуд. Ҳозир намудани ҳуҷҷатҳои расмӣ, гирифтани розигии кафолатдиҳандагон ва ғайра ин ҳама хароҷотҳои зиёдро талаб мекарданд. Фаъолияти чунин кассаҳои қарздиҳӣ низ танҳо ҳудуди кишвари Туркистонро фаро гирифта буданд. Ин гуна кассаҳо дар ҳудуди аморати Бухоро ва хонигарии Хева вуҷуд надоштанд.

Фаъолияти қарздиҳии ширкатҳои марказии Русия дар Осиёи Миёна

Ширкату рафоқатҳои марказии тиҷоратии Русия, ки манфиати саноатчиёни бофандагиро ҳимоя мекарданд, махсусан тарафдори инкишофи пахтакорӣ буданд. Чуноне дар қисми аввали ин боб таъкид кардем, маҳз бо ташаббуси онҳо дар ҳудуди Осиёи Миёна кишти пахтаи навъи америкоӣ паҳн гардид. Маҳз он ширкату рафоқатҳо зарурияти қарзро барои инкишофи пахтакорӣ эҳсос намуда, чунин хоҷагиҳоро ба қадри имкон бо пул таъмин кардаанд.
Масалан Рафоқати мануфактураи бузурги Ярослав аз соли 1887 сар карда барои кишти пахтаи навъи америкоӣ, ба ивази 8%-и солона қарз медод. Ин рафоқат дар амалиёти қарздиҳии худ бо рафоқати «Владимир Алексеев» якҷоя фаъолият мекард. Ин ду рафоқат соли 1900 дар 14 волостҳои уезди Андиҷон ба 5632 нафар деҳқонон қариб 415 ҳазор сӯм қарз додаанд. Деҳқонон бошанд ба ивази, ин қарз пахтаи худро бояд маҳз ба намояндагони ҳамин рафоқатҳо месупориданд.
Чуноне аз фаъолияти қарздиҳии ин рафоқатҳо маълум мешавад, онҳо тамоми қарзи муайяншударо якбора ба мизоҷон намедоданд. Балки давраҳои барои деҳқон зарури қарзро ба инобат гирифта, онро ба се қисм тақсим карда, дар даври муайян медоданд. Ин давраҳо: 1) аз 1-уми феврал; 2) аз 15-уми апрел ва 3) аз 10-уми июн сар мешуд. Маълум аст, ки қарзи аввала барои харидани чорвои корӣ, таъмири омоч ва дигар олотҳои меҳнат нигаронида шавад, қарзҳои минбаъда барои хароҷоти коркарди пахта равона шудааст. Рафоқатҳои номбурда барои ҳар як десятина замини кишти пахтаи америкоӣ аз 36 то 60-сӯм қарз муайян кардаанд.
Муайян намудани миқдори қарз ба тарзи зайл сурат мегирифт. Баробари қабули аризаи мизоҷи нав, яъне деҳқон, ба хоҷагии он намояндаи рафоқат рафта онро ба хубӣ меомӯхт, даромаднокӣ ва арзишашро муайян мекард. Он намоянда инчунин ба ҷойгиршавии замин, ҳосилнокӣ ва имконияти обёрии он, масофаи он аз роҳҳои асосӣ ё худ шаҳр ва ё бозор диққати махсус дода, инчунин, ҳамон хоҷагиро бо хоҷагиҳои ҳамсоя муқоиса мекард ва ғайраҳо. Баъди ин ҳама он намоянда андешаи худро оиди миқдори қарз пешниҳод мекард ва таъкид менамуд, ки қобилияти мизоҷ барои пӯшондани ҳамин миқдор қарз мерасаду халос. Ниҳоят рафоқат дар асоси ин маълумотҳо микдори қарзро муайян намуда, онро ба деҳқон, ба ивази векселҳои дар нотариус ва ё қозихона ба қайд гирифташуда, медод.
Намояндаи рафоқатҳои номбурда на танҳо дар ҳудуди вилоятҳои гуногуни кишвари Туркистон, балки дар ҳудуди аморати Бухоро ва хонигарии Хева ҳам амал мекарданд.
Рафоқату ширкатҳои дигари марказӣ: Бародарон Шлоссберг, Кудрин ва К°, Познанскийҳо, Крафт, Л. Кноп ва ғайраҳо, ки дар ноҳияҳои гуногуни кишвар фаъолият доштанд, ба мисли рафоқатҳои дар боло номбурда, бо шартҳои гуногун ба деҳқонон қарз медоданд.
Аз ҷумла намояндаи Ширкати Крафт — И. Майеркорт, чуноне дар боло қайд кардем, асосан дар ҳудуди уездҳои Самарқанду Каттақӯрғон, ба деҳқонон қарз медод. Он ба деҳқонон соли 1889 — 14 ҳазор сӯм, соли 1890 — 35 ҳазор сӯм қарз дода, соли 1891 ният дошт, ки ин миқдорро аз 60 ҳазор сӯм ҳам зиёд намояд.
Рафоқати Кудрин ва К°. (Рафоқати тиҷоратию саноатии Осиёимиёнагии Кудрин ва К° ) 27 июли соли 1884, дар Москва, аз тарафи 56 нафар саҳмдорони москвагӣ, аз ҷумла Ширкати Савва Морозов, бо мақсади аз ҳудуди Осиёи Миёна ва Эрон харидани пахта ташкил карда шуда буд. Ин рафоқат дар Оренбург, Тошканд, Қӯқанд, Қошғар, Бухоро, Чорҷӯй, Марв, Ашқобод, Кушан ва Машҳад контора ва анборҳои худро дошт. Рафоқат ба деҳқонони ноҳияҳои пахтакори ба ин нуқтаҳои худ наздик қарзҳои гуногун медод.
Сарвари рафоқат Н.П. Кудрин нокифоягии қарзҳои ба деҳқонон додаро ва барои Русия зарурияти пахтаи худиро ба инобат гирифта, 21 майи соли 1887 ба вазири корҳои дохилии Русия Д. А. Толстой бо мактуб-маъруза муроҷиат намуд. Ӯ таъкид мекунад, ки ҳоло фабрикантҳои Русия дар як сол 8 млн. пуд пахтаи америкоӣ, мисрӣ, бразилӣ, ост-индиягиро ба маблағи 90 млн. сӯм харида истифода мебаранд, ки ин маблағ тамоман ба хориҷа меравад. Аз ин рӯ таклиф мекунад, ки агар дар ҳудуди Осиёи Миёна 500 ҳазор десятина пахта кишт карда шавад, ҳамин миқдор, яъне 8 млн. пуд пахтаро аз ҳамин ҷо гирифтан мумкин аст. Бо андешаи вай хароҷоти истеҳсоли ин миқдор пахта (бо ҳисоби барои ҳар як десятина то 115 сӯм) ҷамъ тахмин 57 млн. сӯмро ташкил мекунад. Албатта на ин рафоқат ва на ширкатҳои дигар барои ба ин миқдор маблағ ҷудо кардан қодир набуданд. Бинобар ин Н.П. Кудрин пешниҳод мекард, ки маблағи зарурӣ барои инкишофи пахтакорӣ дар ҳудуди Осиёи Миёна бояд аз ҳисоби хазинаи ҳукумати подшоҳии Русия ҷудо карда шавад. Вале чунин таклифҳои Н.П. Кудрин аз тарафи ҳукуматдорони подшоҳӣ дастгирӣ наёфт. Кори худи рафоқат ҳам, махсусан аз плантатсияҳо барор накард, 1,5 млн. сӯм зарар дид.
Умуман фаъолияти қарздиҳии рафоқату ширкатҳои марказии Русия дар роҳи инкишофи иқтисодиёти Осиёи Миёна, махсусан пахтакорӣ қадами ҷиддие буд. Маҳз онҳо дар ҳудуди кишвар барои фаъолияти васеи сармояи бонкӣ шароити қулайро ба вуҷуд овардаанд.

Бонкҳо

Зарурияти дар шароити Осиёи Миёна, пеш аз хама кишвари Туркистон оғоз намудани фаъолияти бонкҳои марказии Русияро рафоқату ширкатҳои марказии тиҷоратӣ ба миён гузоштаанд. Зеро, гумоштагони онҳо, ки дар кишвар бо корҳои тиҷорат машғул буданд, на ҳама вақт бо пули зиёд ба ин сарзамин омада метавонистанд. Аз ин рӯ аз ҳукумати подшоҳӣ талаб карданд, ки дар кишвари дурдаст шуъбаи бонкҳои Русияро ташкил намояд. Мувофиқи ин талаб 10 майи соли 1875 дар Тошканд аввалин ташкилоти бузургтарини давлатии қарздиҳӣ дар кишвар — шуъбаи бонки Давлатии Русия кушода шуд. Он шуъба то соли 1890 дар сарзамини Осиёи Миёна ягона ташкилоти калони қарздиҳанда ба ҳисоб мерафт ва он ба рафоқату ширкат ва тоҷирони калон қарзи кӯтоҳмуддат (то 1 сол) медод. Минбаъд ин бонк шуъбаҳои худро дар шаҳрҳои Самарқанд (с. 1890), Қӯқанд (с. 1893), Бухоро (с. 1894), Ашқобод (с. 1895), Андиҷон, Верный (с. 1911) кушод.
Аз аввали солҳои 90-и асри XIX дар Осиёи Миёна бонкҳои тиҷоратии Русия ҳам шуъбаҳои худро кушоданд. Шумораи ташкилотҳои 9 бонкҳои тиҷоратии Русия асосан дар аввали асри XX афзуда то ба 45 адад расид. Ҳиссаи он бонкҳо дар ин ҳисоб чунинанд: Русию Осиёгӣ (дар асоси шуъбаҳои собиқ бонки Русию Хитойӣ) -12 шуъба, Тиҷорати Сибирӣ — 8 шуъба, Тиҷорати Азовию Донӣ — 7 шуъба, Ҳисоби Москвагӣ — 6 шуъба, Тиҷорати Волжию Камагӣ ва Муттаҳида (дар асоси шуъбаҳои собиқ бонки Тиҷорати Байналхалқии Москвагӣ) — ҳар кадом 4 шуъбагӣ, Русии барои тиҷорати беруна — 2 шуъба, Тиҷорати Москвагӣ ва Саноати Москвагӣ — ҳар кадом яктоӣ шуъба кушоданд. Дар қатори 7 шуъбаҳои дар боло номбурдаи бонки Давлати, боз ду агенти бонки нимҳукуматии Ҳисоби қарздиҳии Эрон, 18 бонкҳои маҳаллӣ (бештар дар шакли ҷамъиятҳои қарздиҳии байнихудӣ) ба вуҷуд омадаанд. Шумораи умумии ташкилоти бонкҳои марказӣ ва маҳаллӣ дар Осиёи Миёна ба 72 адад расида буд, ки аз онҳо дар арафаи инқилоби Октябр 61 адади он амал мекарданд.
Шуъбаҳои бонкҳо бештар дар вилояти Фарғона (22 ташкилот) ҷойгир шуда буданд. Боқимонда дар вилоятҳои Сирдарёю Моварои Каспӣ (Закаспӣ) — дар ҳар кадом 10 ташкилотӣ, дар вилояти Самарқанду Ҳафтрӯд — дар ҳар кадом 9 ташкилотӣ, яъне ҷамъ дар кишвари Туркистон — 60 ташкилоти бонкӣ ҷойгир буданд. Дар аморати Бухоро бошад 11 ташкилот ва дар хонигарии Хева ҳамагӣ як ташкилоти бонкӣ амал мекарданду халос.
Дар байни шаҳрҳо дар ҷойи аввал Кӯҳанд меистод, ки дар он ҷо ҷамъ 10 ташкилоти бонкӣ (як шуъбаи бонки Давлатӣ, 8 ташкилоти бонкҳои тиҷоратии марказӣ ва як бонки маҳаллӣ), дар ҷойи дуюм ва сеюм Бухорою Самарқанд, ки дар ҳар кадоми онҳо 8 ташкилотҳои бонкӣ ва дар ҷойи чаҳорум Тошканд бо 7 ташкилоти бонкӣ буданд.
Ба ғайр аз бонкҳои номбаршуда, танҳо дар ҳудуди кишвари Туркистон боз ду бонкҳои марказии кишоварзӣ: Нижегородию Самарагӣ (аз соли 1899) ва Полтавагӣ (аз соли 1902) амал мекарданд. Онҳо ба соҳибони мулкҳои ғайриманқула — соҳибони заводҳо, замин, хонаҳо ва ғайра ба мӯҳлати аз 10 то 66 солу 2 моҳ қарзи дарозмуддат медоданд. Вале хусусиятҳои кишварро ба назар гирифта ин бонкҳо қарзро асосан ба мӯҳлати 20 солу 7 моҳ додаанд.
Бонкҳои тиҷоратии марказӣ дар сарзамини Осиёи Миёна мустақилона амал мекарданд. Онҳо танҳо ба ташкилотҳои марказии худ итоат намуда, дар асоси оинномаашон фаъолият мегузарониданд. Яъне дар маҳалҳо ба фаъолияти бонкҳо ҳукуматдорони подшоҳӣ дахолат намекарданд.
Дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон расман ягон ташкилоти бонкӣ ҷойгир нашуда буд. Фақат дар шаҳри Хуҷанд якто ташкилоти хазинахона (казначейство) амал мекард, ки он корҳои хурди бонкиро, аз ҷумла қабул ва фиристодани қарзҳо, ба қайд гирифтани қарзҳои векселӣ ва ғайраҳоро иҷро мекард. Вале ин маънои онро надорад, ки сармояи бонкӣ дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон сар надаровардааст. Пеш аз ҳама бояд ба эътибор гирифт, ки сармояи бонкӣ дар сарзамини Осиёи Миёна барои худ сарҳади амалиёт надошт. Аз ҳамин сабаб ҳам бисёр тоҷирону кордонҳои Хуҷанду Ӯротеппа ҳам аъзоёни фаъоли шуъбаҳои бонкии дар Самарқанд, Қӯқанд ва дигар шаҳрҳо буда ба ҳисоб мерафтанд. Аз ҷумла шуъбаи Самарқандии бонки Давлатии Русия (дар асоси маълумоти 1 январи соли 1915) дорои 440 нафар шахсони ваколатдор (аккредетивӣ) буд, ки аз онҳо 111 нафарашон аз уезди Хуҷанд (танҳо аз ш. Хуҷанд -101 нафар, аз Ӯротеппа — 2 нафар, Ғӯлакандоз — 2 нафар ва ғайра) буданд.
Мутасаддиёни бонкҳо бо мақсади ҳар чӣ васеътар паҳн намудани фаъолияташон аз хизмати миёнаравҳо: рафоқату ширкатҳо, савдогарони бонуфуз, даллолҳо (комиссионерҳо) ва аробакашҳо моҳирона истифода мебурданд. Зеро худи бонкҳо имконият надоштанд, ки бевосита бо истеҳсолкунандагон — деҳқонон, ҳунармандон, косибон, чорводорон ва ғайра кордор бошанд. Бинобар ин шуъбаҳои бонкҳо пулро ҳамчун қарз ба рафоқату ширкатҳо ва савдогарони бонуфуз (бештари онҳо соҳиби заводҳои гуногун, махсусан заводҳои пахтатозакунӣ буданд) медоданд. Рафоқатҳо, ширкатҳо ва савдогарони калон дар навбати худ қарзи аз бонк гирифтаашонро дар байни миёнаравони нисбатан хурд: савдогарони миёна ва хурд, даллолҳо (комиссионерҳо), аробакашҳо ва ғайра тақсим мекарданд. Ин гурӯҳ дар навбати худ қарзро ба истеҳсолкунандагон, аз ҷумла ба деҳқонон мерасониданд.
Агар нуқтаи охири қарз ҳар чӣ қадар аз маркази ташкилотҳои бонкӣ дур бошад, миёнаравҳо ҳамон қадар зиёд ва фоизи қарз меафзуд. Яъне агар бонкҳо ба рафоқатҳо, ширкатҳо ё худ савдогарони калон қарзро ба ивази 8-10 фоизи солона диҳанд, дар маҳалҳои наздики бонк он қарз ба ивази 12-15 фоиз дастраси деҳқонон мешуд. Вале дар гӯшаҳои дурдаст, ки рақобат вуҷуд надошт, фоизи қарз то 50-60 фоиз ва ҳатто аз он ҳам зиёд мерасид. Бинобар ҳамин ҳам баъзе ширкатҳо манфиатдор буданд, ки қарзро аз бонкҳо гирифта, ба маҳалҳои дурдаст баранд. Зеро, дар чунин маҳалҳо, аз як тараф рақобат вуҷуд надошт, аз тарафи дигар онҳо фоизи қарзро мувофиқи хоҳиши худ боло бардошта метавонистанд. Дар натиҷаи ин ҳама пахтакорӣ сол аз сол ноҳияҳои кӯҳии Бухорои Шарқиро (масалан ноҳияҳои Дарвозро) низ фаро гирифта буд. Аз ҷумла соли 1911 дар бекигарии Дарвоз, ки дурдасттарин бекигарии аморати Бухоро ҳисоб мешуд, 10 ҳазор пуд пахта ҷамъ оварда шудааст. Фаъолияти бонкҳо аз миқдори сармояи дар ихтиёри худ доштаашон вобастагӣ дошт. Аксарияти шуъбаҳои бонкҳои марказӣ чунин сармояро аз марказ, яъне аз миқдоре, ки садораташ ҷудо мекард, мегирифтанд. Аммо қариб ҳамаи онҳо инчунин пасандоз ҳам ҷамъ менамуданд. Дар шароити Осиёи Миёна маблағи аз ҳама зиёде, ки дар бонкҳои марказии Русия гузоштаанд, амирони охирини Бухоро — Абдулаҳадҳон ва Олимхон буданд. Аз ҷумла, мувофиқи маълумоти А.А. Семенов амир Олимхон соли 1913 дар бонки Давлатии Русия 27 млн. сӯм ва бонкҳои тиҷоратии марказии он 7 млн. сӯм доштааст29. Яъне маблағи дар бонкҳои Русия гузоштаи ӯ ҷамъ 34 млн. сӯмро ташкил мекардааст. Ба амир пайравӣ намуда қушбегӣ, раис ва дигар амалдорони Бухоро низ пули худро чун пасандоз дар шуъбаҳои дар Бухоро доштаи бонкҳои марказӣ гузошта, фоизи зиёд мегирифтанд.
Барои муайян намудани мақоми бонкҳо дар пахтакорӣ ва амалиёти пахта ба далели зерин диққат медиҳам. Моҳи сентябри соли 1917 дар шаҳри Москва ҷамъомади бонкҳои марказие, ки бо амалиёти пахта, яъне аз қарздиҳӣ ба пахтакорон (албатта ба воситаи миёнаравон) то ба марказҳои саноатии Русия расонидани нахи пахта кордор буданд, барпо шуд. Дар он масъалаи бо маблағ таъмин намудани деҳқонони пахтакор ва ширкатҳое, ки бо амалиёти пахта шуғл доштанд, муҳокима гардид. Аз рӯйи масъалаи муҳокимашуда маълум шуд, ки соли 1916 танҳо бонкҳои хусусии марказӣ аз ҳисоби худ ба амалиёти пахта ба миқдори 350 млн. сӯм сарф кардаанд. Ин маблағ, ҳангоми зиёда аз 30 сӯм будани нархи 1 пуд нахи пахта, барои бо маблағ таъминкунии қариб 11 млн. пуд нах кифоягӣ мекарду халос. Ҳол он ки миқдори истеҳсоли нахи пахтаи ҳамонсола 14-15 млн. пуд тахмин карда мешуд. Бинобар ин аз сабаби нарасидани сармояи бонкҳо аз ҳосили соли 1916 тахминан 3-4 млн. пуд нахи пахта аз Осиёи Миёна ба марказҳои саноатии Русия кашонда нашуд.
Сабаби асосии мураккабии амалиёти пахта дар соли 1916 ин дар натиҷаи беқурбшавии пул хело баланд гардидани нархи пахта буд. Аз ҷумла агар дар Москва нархи 1 пуд нахи пахтаи солҳои 1913-1914 ба ҳисоби миёна 15 сӯму 94 тинро ташкил дода бошад, пас он солҳои 1916-1917 аз 36 то ба 60 сӯм боло баромад. Бонкҳои тиҷоратӣ бошанд, дар аввали соли 1916 нархи пахтаро 16-24 сӯм тахмин карда, мувофиқи ҳамин тахмин пул ҷудо карда буданд.
Инак, бонкҳои тиҷоратии марказӣ дар он ҷамъомад болоравии нархро ба инобат гирифта, таъкид намуданд, ки барои бомуваффақият анҷом додани амалиёти пахтаи соли 1917 ва харидани ҳосили боқимондаи соли 1916 барои онҳо қариб 1 млрд. сӯм зарур аст. Бонкҳои тиҷоратии марказӣ бошанд қудрати ба ин миқдор, барои амалиёти пахта, ҷудо кардани маблағро надоштанд. Бинобар ин онҳо аз бонки Давлатӣ хоҳиш намуданд, ки барои мақсади муайяншуда, ба ҳисоби бонкҳои тиҷоратии марказӣ тахминан 600 млн. сӯм гузаронад, вагарна қисми бузурги пахтаи Осиёи Миёна дар маҳалҳои истеҳсолӣ монда, ба саноатчиёни марказ дастрас намешавад.
Умуман маълумотҳои болоӣ бори дигар аз он хусус далолат мекунанд, ки амалиёти пахта аз кишти пунба сар карда то ба марказҳои саноатӣ расонидани нахи он ҳама дар зери назорати сармоягузорони бонкҳо буданд. Гӯё ки дар ин соҳа дигар ягон хел ташкилоти маъмурии давлатӣ ё худ ҳукуматӣ вуҷуд надошт. Дар ҳақиқат ҳам дастгоҳи маъмурии ҳукумати подшоҳӣ, ҳатто амалдорони ҷудогонаи он ҳам, ба ғайр аз назорати умумӣ, дар амалиёт бо пахта чандон кордор набуданд. Бонкҳо аз амалиёти пахта даромади зиёд ба даст медароварданд ва барои инкишофи он манфиатдор ҳам буданд. Вале онҳо, акнун дар шароити болоравии рақобати бонкии Осиёи Миёна бе кӯмаки миёнаравҳо, махсусан ширкатҳои маҳаллӣ, тоҷирони калон ва ғайра ба чунин муваффақият расида наметавонистанд.

Рафоқат ва ширкатҳои маҳаллӣ. Кӯшишҳои консерни Стахеев дар Бухоро

Чуноне дар боло ишора рафт барои мутобиқ гардонидани фаъолияти бонкҳо дар шароити 0сиёи Миёна махсусан барои амалӣ гардидани амалиёти қарздиҳии онҳо, рафоқат ва ширкатҳо нақши махсусро бозидаанд. Рафоқатҳо ва ширкатҳое, ки солҳои 70-90-и асри XIX дар Осиёи Миёна амал мекарданд аксарият москвагӣ ва ё худ аз дигар шаҳрҳои марказии Русия буданд. Вале онҳо ҳам дар амалиёташон, баҳри инкишофи фаъолияти худ, ба тоҷирони маҳаллӣ такя мекарданд. Дар натиҷаи ин ҳама минбаъд аз ҳисоби тоҷирони маҳаллӣ бунёдкунандагони рафоқатҳои бузург сабзида расидаанд, ки мисоли онро дар симои рафоқатҳои бародарон Вадяевҳо, Р. Ш. Потеляхов ва ғайраҳо дида метавонем.
Чунончи, ҳанӯз 24 ноябри соли 1894 шуъбаи қӯқандии бонки Давлатии Русия ба тоҷирони начандон номӣ, бародарон Вадяевҳо 50 ҳазор сӯм қарз дода буд. 21 июли соли 1900 ҳамон шуъба кордонии онҳоро ба инобат гирифта миқдори қарзашонро то ба 100 ҳазор сӯм зиёд намуд. Ин гуна кӯмаки бонкӣ ба бародарон Вадяевҳо имконият дод, ки 28 феврали соли 1902 дар Қӯқанд ширкати мустақили худро ба номи «Хонаи тиҷоратии бародарон Вадяевҳо», бо сармояи 70 ҳазор сӯм. бунёд кунанд. Мақсади ин ширкат асосан хариду фурӯши пахта, фурӯши маҳсулоти саноатӣ ва ғайра ба ҳисоб мерафт. Аз ҷумлаи бародарон Вадяевҳо махсусан кордонии Ёқуб ва Сион диққати амалдорони бонкҳои марказиро ба худ ҷалб карда буд. Пас аз ташкил ёфтани ширкат, бонки Давлатӣ миқдори қарзи Вадяевҳоро боз ҳам зиёдтар намуд, ки он соли 1903 то ба 200 ҳазор сӯм ва соли 1907 то ба 250 ҳазор сӯм афзуд.
Бародарон Вадяевҳо баъди дар Осиёи Миёна паҳн гардидани фаъолияти бонкҳои тиҷоратии марказӣ шахсони боэътимоди бисёре аз онҳо гардида буданд. Дар натиҷа Вадяевҳо дар қатори бонки Давлатӣ аз дигар бонкҳои тиҷоратии марказӣ низ қарзҳои зиёди нисбатан имтиёзнок гирифта ба амалиёт даровардаанд. Дар замони афзудани рақобати байни бонкҳо наздикшавии ширкати Вадяевҳо бо бонки тиҷоратии марказӣ — Русию Осиёгӣ аҳамияти махсус дошт ва он 11 майи соли 1912 ба ташкил додани ширкати боз ҳам калонтар «Рафоқати тиҷоратию саноатии Вадяевҳо» оварда расонид.
Дар рафоқати нав низ бародарон Сион ва Ёқуб нақши роҳбарикунандагиро бозиданд. Аз ширкати собиқи Вадяевҳо ба рафоқати нав амалиёт бо пахта ва заводҳои пахтатозакунӣ гузашт. Охири соли 1913 дар ихтиёри ин рафоқат аллакай 9 заводи шахсии пахтатозакунӣ ва 15 заводи ба иҷора гирифташуда, яъне ҷамъ 24 заводи пахтатозакунӣ буд. Охири соли 1915 шумораи он заводҳои пахтатозакунӣ ба 28 адад расид, ки аз онҳо 12 заводи худи рафоқат ва 16 заводи иҷоравӣ буд.
Бонки Русию Осиёгӣ, ки дар қатори бародарон Вадяевҳо ҳамчун бунёдгузори рафоқати нав ба ҳисоб мерафт, бинобар ин дар муддати фаъолияти якҷоя бо ширкат (солҳои 1912-1915) ба он маблағи хеле зиёди имтиёзнок дода буд. Рафоқат маҳз ба шарофати саховатмандии ин бонк дар муддати аз 1 ноябри соли 1913 то майи соли 1914, ба деҳқонони пахтакор, ба миқдори зиёда аз 12,5 млн. сӯм қарз додааст. Дар натиҷа, дар ин муддат миқдори умумии қарзи ба деҳқонон додаи рафоқат аллакай зиёда аз 36 млн. сӯмро ташкил намудааст.
Рафоқати Вадяевҳо сол аз сол пурқувват мегардид. Аз панҷ як ҳиссаи пахтаи Осиёи Миёна танҳо ба воситаи ҳамин рафоқат ба марказҳои саноатии Русия фиристода мешуд. Соли 1916 сармояи асосии рафоқат якбора ду баробар зиёд гардида, аз 3 ба 6 млн. сӯм расид. Дар ин вақт (аниқтараш аз соли 1915) рафоқат бо бонкҳои гуногун алоқа дошт. Вай ҳиссаи асосии саҳмияҳои яке аз ҷамъиятҳои калонтарини саҳҳомии Русия «Салолин»-ро низ ба даст даровард. Дар натиҷа рафоқат дар арафаи маҳви тартиботи подшоҳии Русия ба қатори рафоқатҳои бузургтарини соҳаи саноати сабуки империя (махсусан дар соҳаи пахта, равған ва маргарин) дохил гардид.
Рафоқати дигари бонуфузе, ки дар рақобат бо ширкат ва рафоқати бародарон Вадяевҳо ба вуҷуд омадааст ин Рафоқати Потеляхов ба ҳисоб мерафт. Р. Ш. Потеляхов ҳам ба мисли бародарон Вадяевҳо маҳз бо кӯмаки қарзи бонки Давлатии Русия дар байни тоҷирони водии Фарғона ҳанӯз дар охири асри XIX ва аввали асри XX нуфузи зиёде пайдо карда буд. Дар замони авҷи рақобати байни бонкҳо, вақте ки бонки Русию Осиёгӣ бо ҳамроҳии бародарон Вадяевҳо «Рафоқати тиҷоратию саноатии Вадяевҳо»-ро ташкил доданд, ширкати бонуфузи москвагӣ — Хонаи тиҷоратии «Л. Кноп» бо якҷоягии бонки Тиҷоратии Москвагӣ ва Р. Ш. Потеляхов 13 декабри соли 1912 рафоқати худро бо номи «Рафоқати тиҷоратию саноатии Потеляхов» ташкил доданд.
Дар солҳои аввали фаъолияти рафоқати Потеляхов бонки Тиҷоратии Москвагӣ манбаи асосии сармояи он ба ҳисоб мерафт. Чунончи, мувофиқи маълумоти 1 феврали соли 1914, миқдори қарзе, ки рафоқати номбурда аз ин бонк гирифт зиёда аз 5 млн. сӯмро ташкил дод. Дар ин сол рафоқат соҳиби 10 заводи пахтатозакунӣ буд, ки аз онҳо 9 ададаш дар вилояти Фарзона ва танҳо як завод дар вилояти Самарқанд, он ҳам дар ш. Хуҷанд ҷой гирифта буданд.
Соли 1916-1917 рафоқати Потеляхов аз доираи таъсири бонки Тиҷоратии Москвагӣ баромада, чун рафоқати Вадяевҳо, бештар қарзро аз бонкҳои Петроградӣ — Русии барои тиҷорати беруна, Волжию Камагӣ ва ғайра мегирифт. Соли 1917 сармояи асосии рафоқати Потеляхов низ ду баробар, аз 2 то ба 4 млн. сӯм зиёд шуд. Ниҳоят ин ҳам дар қатори рафоқати Вадяевҳо, ба рафоқатҳои бонуфузтарин табдил ёфта мавҷудияти худро то замони шӯравӣ нигоҳ дошт.
Таҳлили фаъолияти рафоқатҳои Вадяевҳо ва Потеляхов нишон медиҳад, ки гумоштагони рафоқати Вадяевҳо дар тамоми вилоятҳои пахтакори кишвари Туркистон: Фарғона, Самарқанд, Сирдарё, Моварои Каспӣ (Закаспиӣ), инчунин аморати Бухоро амал мекардаанд. Аммо рафоқати Петеляхов бошад танҳо дар водии Фарғона (яъне вилояти Фарғона ва уезди Хуҷанди вилояти Самарқанд, ки ин ҳам ҳиссаи водии Фарғона аст) амал менамуд. Умуман фаъолияти ин ҳар ду рафоқат шоҳиди он аст, ки солҳои 1912-1917 дар шароити Осиёи Миёна низ кӯшишҳои дар асоси рафоқатҳои алоҳида муттаҳид намудан, яъне монополикунонии амалиёти пахта дида мешуд. Албатта ҳамаи ин кӯшишу амалиётҳо ба қарзҳои ҳаҷман калони бонкҳо асос ёфтаанд.
Ба ғайр аз рафоқатҳои Вадяевҳою Потеляхов дар шароити Осиёи Миёна боз даҳҳо рафоқату ширкатҳои калон ва садҳо ширкатҳои миёна ва хурд амал мекарданд. Ҳамаи онҳо бо бонкҳое, ки дар Осиёи Миёна амал мекарданд, сару кор доштанд.
Дар солҳои ҷанги якуми шаҳон аз рафоқатҳои марказии Русия махсусан рафоқати тиҷоратию саноатии «И. Стахеев ва К°», ки чун консерни30 Стахеев машҳур буд, ба иқтисодиёти аморати Бухоро зиёда рағбат пайдо кардааст. Ин консерн ҳанӯз октябри соли 1916 розигии ҳукумати амирии Бухороро аз хусуси дар ҳудуди аморат сохтани корхонаҳои саноатии фоиданок ва инкишофи тиҷоратро гирифтааст. Дар ибтидои кор, ширкат ҳатто барои амалӣ гардонидани ин мақсади худ 2,5 млн. сӯм пул ҷудо карда, инчунин розигии амирро низ барои гузаронидани ҳамин миқдор пул 30 Консерн-иттиҳодияи муассисаҳои тиҷоратию саноатии капиталистӣ, ки дар замони ба давраи империализм сабзида расидани сохти капиталистӣ хос аст ва яке аз шаклҳои олии монополия мебошад мушарраф шудааст. Яъне бо ин роҳ рафоқати Стахеев мехост пули хазинаи амирро, ки беамалиёт мехобид, ба гардиш гузорад. Ба ғайр аз ин тарафҳо розӣ буданд, ки минбаъд ҳаҷми маблағгузориро аз ҳар ду тараф, яъне ҳам ширкат ва ҳам амир зиёд намоянд. Дар натиҷа бонки Бухоро (ё худ бонки Русию Бухоро) бунёд гардид ва оинномаи он 22 августи соли 1917 аз тарафи вазорати молияи Русия тасдиқ шуда буд.
Ҳанӯз 15 ноябри соли 1916 дар байни рафоқати Стахеев ва ҳукумати амирии Бухоро иборат аз 15 банд шартнома имзо гардид. Мувофиқи он рафоқат ният дошт, ки дар ду нуқтаи аморат осиёи буғии ордбарорӣ бо иқтидори солонааш то 2 млн. пуд созад. Он вақт ин гуна осиё ҳанӯз дар Осиёи Миёна набуд. Рафоқати номбурда инчунин ният дошт, ки барои истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ, дар сарзамини аморат комбинати бофандагӣ, заводи коркарди пӯст. заводҳои равғанкашӣ, фабрикаи коркарди маҳсулоти пашмӣ ва ғайраҳоро бунёд кунад. Дар соҳаи кишоварзӣ бошад, рафоқати Стахеев ният дошт қитъаи замине ба даст дароварда, дар он ба тарзи замонавӣ системаи нави обёриро ҷорӣ намояд, мошинҳои нави кишоварзиро аз мамлакатҳои тараққикарда харида биёрад ва ғайраҳо. Вале ҳамаи ин нақшаҳоро Инқилоби Октябр барбод дод.
Ҳамин тавр маълумотҳои дар боло зикршуда шоҳиди он мебошанд, ки фаъолияти рафоқатҳои Осиёи Миёна, аз як тараф маҳаллаҳои гуногуни кишварро пай дар пай ба муомилоти молию пулӣ кашида, аз тарафи дигар, худи онҳо сабабгори ба вуҷуд омадани корхонаҳои нави замонавии саноатӣ мегардиданд.

Ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ

Дар охири асри XIX ва аввалҳои асри XX дар инкишофи пахтакории Осиёи Миёна хоҷагиҳои деҳқонони миёнаҳол мақоми асосиро мебозиданд. Вале ҳукуматдорони подшоҳиро вазъияти ногувори ҳамонвақтаи он хоҷагиҳо сахт ба ташвиш гузошта буд. Зеро, миёнаравҳо: рафоқатҳо, ширкатҳо, тоҷирон, пахтаҷаллобон, махсусан судхӯрони маҳаллӣ аз деҳқонони харобгардида ба ивази қарзҳои напардохта порчаи замини онҳоро кашида мегирифтанд. Чунин ҳолат аз як тараф қисми мардуми Осиёи Миёнаро оҳиста-оҳиста ба ҳолати бенавоӣ — пролетарӣ оварда мерасонид, аз тарафи дигар ба инкишофи пахтакорӣ низ зарбаи қатъӣ мезад. Барои ҳукумати подшоҳии Русия ҳар дуи ин оқибатҳо ташвишовар буд. Бинобар ин, дар шароити кишвари Туркистон яке аз вазифаҳои навбатии он ин наҷот додани хоҷагиҳои деҳқонони миёнаҳол ба ҳисоб мерафт. Амалдорони ҳукумати подшоҳӣ дар ин соҳа роҳи ягонаи наҷотро дар ҷорӣ намудани амалиёти ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ медиданд.
Ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ, чун дар тамоми Русия, дар кишвари Туркистон ҳам бояд мувофиқи қонуни аз 7 июни соли 1904 бунёд мегардид. Дар асоси он қонун се намуди чунин ташкилотҳо пешбинӣ шуда буд: рафоқати қарздиҳӣ, рафоқати қарздиҳии амонатӣ ва кассаҳои ҷамъиятии қарздиҳии амонатӣ. Соли 1905 оиди ҳар кадоми ин шаклҳо оинномаҳои махсус бароварда шуд. Мувофиқи он ҳуҷҷатҳо ширкати қарздиҳӣ танҳо аз ҳисоби маблағи бонки Давлатӣ ташкил меёфт, бинобар ин нисбати аъзоёни худ ҳаққи аъзогӣ надошт. Ҳангоми амалиёти мусбати рафоқат бонки Давлатӣ нисбати он сари чанд вақт миқдори қарзи худро зиёд мекард. Даромад ва зарари рафоқати қарздиҳӣ ҳамааш ба уҳдаи давлат мегузашт.
Рафоқати қарздиҳии амонатӣ бошад дар асоси ҳаққи аъзогии бунёдкунандагонаш ташкил карда мешуд ва даромаднокӣ, яъне ҳаққи аъзогии саҳм (дивиденд) ҳам ба фоидаи онҳо буд. Фақат баъди як соли фаъолияти мусбат чунин ширкатҳо метавонистанд аз қарзи бонки Давлатӣ истифода баранд. Ҳангоми пароканда ва ё қатъ намудани фаъолияти чунин рафоқат тамоми маблағаш дар байни аъзоён — бунёдгузоронаш тақсим карда мешуд. Барои ташкил намудани ҳар ду шакли рафоқатҳо, яъне рафоқатҳои қарздиҳӣ ва қарздиҳии амонатӣ шартнома бо имзои зиёда аз 20 нафар шахсони алоҳида, танҳо аз ҷумлаи истеҳсолкунандагони хурд зарур буд.
Фарқияти шакли сеюм — кассаҳои ҷамъиятии қарздиҳии амонатӣ аз рафоқатҳои аввала дар он аст, ки чунин кассаҳо бо ташаббуси ҷамъиятҳои алоҳида, аз ҷумла ҷамъиятҳои қишлоқӣ, ё худ бо қарори ҷамъомадҳои қишлоқӣ ташкил карда мешуд.
Дар шароити кишвари Туркистон аз ҳар се шаклҳои номбурда танҳо ду шакли аввала: рафоқатҳои қарздиҳӣ ва қарздиҳии амонатӣ ташкил карда шуда буданд.
Ҳамаи ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ дар навбати худ ба маъмурияти оиди корҳои қарздиҳии хурд, ки дар назди бонки Давлатӣ вуҷуд дошт, итоат мекарданд. Дар маҳалҳо бошад ҳамчун ташкилоти поёнии идоракунии чунин ташкилотҳо — кумитаҳои вилоятӣ оиди корҳои қарздиҳии хурд ба ҳисоб мерафтанд. Ба ғайр аз он дар назди ҳар як шуъбаҳои маҳаллии бонки Давлатӣ боз инспектор оиди корҳои қарздиҳии хурд мавҷуд буд.
Ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ қарзро чун қарзи имтиёзнок танҳо ба аъзоёни худ, ба миқдори барои ҳар як кас то ҳазор сӯм, ба ивази то 12 фоизи солона медоданд. Аз миқдори умумии қарзи пешниҳодшуда танҳо барои истеҳсоли галла то 700 сӯм, барои маҳсулотҳои боқимонда, аз он ҷумла истеҳсоли пахта то 300 сӯм муайян шуда буд. Рафоқатҳо, мувофиқи оинномаашон, ба мизоҷони худ қарзи дарозмуддат — то 5 сол ва кӯтоҳмуддат то 1 сол медоданд.
Албатта миқдори қарзе, ки ин ташкилотҳо барои ғаллакорон медод (яъне то 700 сӯм) то андозае талаботи онҳоро, аз сабаби нисбатан камхарҷии он маҳсулот, қонеъ мекард.
Аммо бо 300 сӯм қонеъ гардонидани талаботи пахтакорон, ки ин соҳа баръакс зиёда меҳнатталаб ва харҷталаб аст, ғайриимкон буд. Бинобар ҳамин ҳам генерал-губернатори Туркистон соли 1914 ба губернаторони ҳарбии вилоятҳои пахтакори кишвар иҷозат дода буд, ки дар шароити зарурӣ метавонанд миқдори қарзро ба деҳқонони пахтакор зиёд кунанд.
Аз ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ қарзро танҳо ҳамон аъзоёнаш гирифта метавонистанд, ки агар дар истеҳсолот бештар худашон бо аҳли оилаашон: яъне деҳқон дар замин, косиб ё худ ҳунарманд худашон бо касбашон машғул бошанд. Агар истеҳсолкунанда меҳнати кирояро истифода барад, ба чунин шахсон имконияти қарзгирӣ аз ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ хело маҳдуд буд. Зеро, ин гуна шахсон аз доираи миёнаҳолон боло ҳисоб карда мешуд, аз ин рӯ онҳо бояд мустақилона манбаи қарзи худро аз ҷумлаи шуъбаҳои бонкҳо ва ё ширкатҳои гуногун меҷустанд. Низомнома оиди дар сарзамини империяи Русия ташкил намудани ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ҳанӯз 7 июни соли 1904 тасдиқ шуда бошад ҳам, аммо бо сабаби то ҳанӯз пурра наомӯхтани шароити кишвари Туркистон, ташкили онҳо дар ин сарзамин якчанд сол ба таъхир гузошта шуд. Танҳо соли 1907 аввалин рафоқати қарздиҳӣ дар вилояти Фарғона ташкил карда шуд ва он ҳамон сол ягона чунин ширкат дар тамоми сарзамини кишвар буд. Соли 1909 дар кишвари Туркистон 7 рафоқати нав, аз ҷумла 5 рафоқати дар вилояти Самарқанд ва 2 рафоқат дар вилояти Фарғона ташкил ёфтанд. Аз соли 1910 дар сарзамини кишвари Туркистон ба тарзи оммавӣ бунёди ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ сар шуд ва соли 1917 шумораи умумии онҳо танҳо (дар кишвар) то ба 900 адад расид. Аз ин ҳисоб тахминан 340 рафоқатҳои қарздиҳӣ ва бештар аз 500 рафоқатҳои қарздиҳии амонатӣ буданд. Шумораи умумии аъзоёни ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ танҳо дар вилоятҳои Фарғона, Самарқанд ва Сирдарёи кишвари Туркистон то ба 200 ҳазор нафар расида буд.
Аз сабаби он ки талаботи истеҳсолкунандагон нисбат ба қарз хеле зиёд буд, бинобар ин баробари афзудани шумораи ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ инчунин маблағи аз тарафи онҳо чун қарз дода ҳам меафзуд. Фақат соли 1917 аз тарафи тамоми ташкилотҳои хурди қарздиҳии кишвар (ба ғайр аз вилояти Моварои Каспӣ) ба истеҳсолкунандагон қариб 51 млн. сӯм қарзи имтиёзнок дода шуд. Дар ин маблағ ҳиссаи асосиро қарзи аз тарафи бонки Давлатӣ, барои ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ҷудокардашуда, ташкил мекард. Вале бояд ба инобат гирифт, ки дар солҳои охир, баробари зиёд гардидани талабот ба қарз, ба ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ, дар қатори шуъбаҳои бонки Давлатӣ, инчунин шуъбаҳои бонкҳои тиҷоратии марказӣ, ширкатҳои гуногун, кассаҳои қарздиҳии уездӣ ва ҳатто тоҷирони алоҳида низ бо пул кӯмак мерасониданд. Яъне, онҳо низ ба ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ қарзи имтиёзноки камфоиза медоданд.
Фаъолияти ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ноҳияҳои пахтакор (асосан), ғаллакор, чорводор, маҳаллаҳои ҳунармандону косибони кишвари Туркистонро фаро гирифта буд. Аз ин рӯ бисёр хоҷагиҳои ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ низ ба доираи фаъолияти ин ташкилотҳо дохил мешуданд. Ба ин фаъолияти рафоқатҳои қарздиҳии Ӯротеппа, Нов, Қистакӯз, Исписор, Ғӯлакандоз, Исфара, Маҳрам ва ғайра мисол шуда метавонанд.
Ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ, баробари мустаҳкамшавӣ ва васеъ намудани фаъолияташон, инчунин қисман вазифаи миёнаравиро низ ба уҳдаи худ гирифта, аъзоёнашонро бо асбобҳои кишоварзӣ, пунбаи тухмӣ, тухми кирмак, галла ва ғайра таъмин мекарданд. Масалан, солҳои 1916-1917 дар натиҷаи беқурбшавии пул, гаронии ғалла ва ғайраҳо як қисми деҳқонон кишти пахтаро кам намуда, галла кишт карда буданд, ки ин ҳолат ҳукуматдорони подшоҳиро сахт ба ташвиш оварда буд. Дар чунин вазъият баъзе ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ талаботи ҳукумати подшоҳиро нисбати пахта ба инобат гирифта, кӯшиш кардаанд, ки аъзоёни худро бо ҳар роҳ бо ғаллаи нисбатан арзон таъмин намоянд, то ин ки дар маҳали фаъолияташон истеҳсоли пахта кам нашавад. Баъзе ташкилотҳо дар назди идораи худ нуқтаҳои кирояи (прокати) ҳар гуна асбобҳои хоҷагии қишлоқро (аз ҷумла техникаи замонавиро) ташкил карда буданд. Дар натиҷаи ин аз техникаи ба даст даровардаи ин ё он ташкилот аъзоёни он ба хубӣ истифода бурда метавонистанд.
Дар фаъолияти ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ баъзе норасоиҳо низ дида мешуд. Аз ҷумла, ба манъи оинномаи ташкилот нигоҳ накарда, ба онҳо, бо роҳҳои гуногун шахсони доро, яъне бойҳои маҳал низ дохил шуда, пули барои ташкилот ба тарзи имтиёзнок додашударо ба фоидаи худ истифода мебурданд. Ё худ дар фаъолияти баъзе ташкилотҳо ҳодисаҳое низ дида мешавад, ки шахсони мутасаддӣ бо роҳҳои гуногун пули ташкилотро гирифта, онро на барои истеҳсолот, балки ба манфиати шахсии худ, ҳатто барои адои қалини зани дуюм ва ё сеюм сарф мекарданд.
Умуман дар шароити кишвари Туркистон ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ, сарфи назар аз норасоии фаъолияташон, барои дастгирӣ ва инкишофи хоҷагии деҳқонони миёнаҳол, ҳунармандон ва косибон нақши муҳим бозиданд. Гарчанде ин чорабинӣ истеҳсолкунандагонро аз чанголи миёнаравон, махсусан судхӯрон пурра халос карда натавониста бошад ҳам, вале ба ҳар ҳол ба хоҷагиҳои миёнаҳолон дасти ёрӣ дароз карда, бештари онҳоро аз қашшоқию муфлисӣ эмин нигоҳ дошт.
Фаъолияти ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ дар шароити Осиёи Миёна, чуноне таъкид намудем, танҳо сарзамини кишвари Туркистонро фаро гирифта буд. Яъне, он чорабинӣ барои сарзамини аморати Бухоро ва хонии Хева, ки дар идоракунии дохилӣ давлатҳои «мустақил» ҳисоб мешуданд, дахл надошт. Аниқтараш мутасаддиёне, ки бо ташкили чунин ташкилотҳо машғул буданд, пеш аз ҳама маъмурияти оид ба корҳои қарздиҳии хурд, дар сарзамини аморату хонигарӣ амал намекарданд. Вале, чуноне маълум мешавад, дар натиҷаи таъсири мусбати фаъолияти ташкилотҳои хурди қарздиҳии кишвари Туркистон, ҳукумати амирӣ ҳам кӯшидааст, ки бо ташаббуси худ ҳанӯз соли 1911 чунин чорабиниҳо дар баъзе туманҳои марказии аморат (аз ҷумла дар тумани Вобканд) ҷорӣ намояд. Дар ин ҷо тарзи бевосита ба деҳқон додани қарзи имтиёзнок чунин буд: дар аввал арбобу оқсаққолони маҳалҳо деҳқононро рӯйхат намуда, он рӯйхатро ба қозӣ пешниҳод мекарданд, пас қозӣ он рӯйхатро ба маркази аморат мефиристод. Баъд аз марказ амалдоре бо пул ба он маҳалҳо омада, дар ҳузури қозӣ, аз рӯйи рӯйхати фиристодашуда, ба деҳқонон қарзро медод.
Қарзро тахминан моҳҳои март-апрел дода, моҳи сентябр ҷамъ менамуданд. Миқдори зиёдтарини чунин қарз 75 сӯм буд.
Чунин чорабинӣ, гарчанде ночиз бошад ҳам, дар шароити аморати Бухоро, ки судхӯрӣ ба дараҷаи олии худ расида буд, аҳамиятнок ба ҳисоб мерафт. Вале он кӯшиш на танҳо дар ҳамаи бекигариҳои аморат паҳн нагардид, балки чорабинӣ дер ҳам давом накарда, пас аз ду-се сол қатъ гардид. Зеро, амалдорони амирӣ аз як тараф ба мушкилиҳои зиёд дучор омаданд, аз тарафи дигар аксари деҳқонони қарзгирифта онро сари вақт баргардонида натавонистанд.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.