Боби II.
Халқи тоҷик дар замони ҳукуматдории мустамликавии Русияи подшоҳӣ дар Осиёи Миёна (солҳои 1867-1917)
§ 2. Сиёсати муҳоҷиркунӣ ва сохтмони роҳҳои оҳан дар Осиёи Миёна
Сиёсати муҳоҷиркунии ҳукумати подшоҳӣ дар шароити Осиёи Миёна
Ҳукумати подшоҳӣ Осиёи Миёнаро ба мустамликаи худ табдил дода, барои босамар истифода бурдани он шурӯъ карда бошад ҳам, вале нисбат ба худ ба садоқати мардуми таҳҷойии ин кишвар боварӣ надошт. Аз ҳамин сабаб ҳам вай бо мақсади ба вуҷуд овардани такягоҳи боварибахш аз губернияҳои сераҳолии марказии Русия қисми деҳқонони русро ба ноҳияҳои гуногуни Осиёи Миёна кӯчонид. Ҳукумати подшоҳӣ бо чунин чорабинӣ, бо як тир ду нишонро заданӣ буд. Яъне он аз як тараф қисми деҳқонони русро аз губернияҳои сераҳолии марказ кӯчонида, дар он маҳалҳо барои зиёд намудани миқдори замини деҳқонони боқимонда мушарраф гардиданӣ буд. Вай бо ҳамин мехост пеши роҳи норозигии он деҳқононро гирад. Аз тарафи дигар, ҳукумати подшоҳӣ мехост деҳқонони кӯчонидашудаи русро дар ин ё он маҳали кишвари Туркистон ҷойгир намуда, ба онҳо нисбатан замини зиёдро дода, аз ҳисоби ин деҳқонони рус ба худ такягоҳи боварибахш тайёр намояд. Зеро чунин такягоҳ ҳангоми, ба муқобили сиёсати мустамликавии ҳукумати подшоҳӣ, болоравии норозигии мардуми маҳаллӣ хеле зарур ҳисобида мешуд.
Ҳукумати подшоҳӣ нақшаи ба вилояти Ҳафтрӯд кӯчонидани деҳқонони русро ҳанӯз соли 1869 тартиб дода буд. Дар асоси он аз соли 1868 то соли 1882 дар вилояти номбурда 29 маҳаллаҳои руснишин, бо аҳолии 25 ҳазор нафар ба вуҷуд омад. Вале он вақт танҳо бо вилояти Ҳафтрӯд маҳдуд нагардида, муҳоҷирони русро дар дигар вилоятҳои Туркистон низ ҷойгир намудаанд. Масалан, соли 1881 дар вилояти Сирдарё аллакай 19 маҳаллаҳои руснишин, бо аҳолии 1300 нафар вуҷуд дошт. Ё худ соли 1896 танҳо дар уезди Хуҷанди вилояти Самарқанд 6 маҳаллаҳои руснишин вуҷуд дошт, ки дар онҳо қариб ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекарданд.
Дар натиҷаи чунин сиёсат дар гӯшаю канори Туркистон маҳаллаҳои гуногуни руснишин ба вуҷуд омада, миқдоран сол аз сол афзудаанд. Ба зиёдшавии онҳо сохтмони роҳи оҳан, сиёсати муҳоҷиркунии столипинӣ низ таъсир расониданд. Инак, соли 1910 шумораи чунин маҳаллаҳо дар кишвари Туркистон ба 124 адад расид, ки дар онҳо 70 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекарданд. Дар ин давр шумораи умумии мардуми русзабони кишвар бо якҷоягии шаҳриён зиёда аз 200 ҳазор нафарро ташкил медоданд.
Вале бояд қайд кард, ки ғайри чашмдошти ҳукуматдорони подшоҳӣ муҳоҷирони рус бо мардуми маҳаллӣ бештар унс гирифта, талхию ширинии замони подшоҳиро якҷоя мечашиданд. Онҳо инчунин ба якдигар барои ғанӣ гардонидани таҷрибаи деҳқонӣ ва истифодаи техникаи нав кӯмаки амалӣ мерасониданд.
Сохтмони роҳҳои оҳан дар Осиёи Миёна
Албатта барои ба макони ашёи хом — пахта ва бозори молфурӯшии саноатчиёни рус табдил ёфтани Осиёи Миёна мақоми роҳи оҳан хеле бузург аст. Зеро, бо сохтани ин роҳ пахта аз водии Фарғона то ба марказҳои саноатии Русия дар муддати аз 2 то 6 ҳафта омада мерасид. Дар вақти набудани роҳи оҳан муддати дастрасшавии он маҳсулот аз 4 то 10 моҳро ташкил мекард.
Зарурияти сохтани роҳи оҳани Осиёи Миёнаро капиталистони Москва ҳанӯз соли 1874 ба миён гузошта буданд. Вале ҳукуматдорони подшоҳӣ, махсусан амалдорони соҳаи молия, сохтмони чунин роҳро барои Русия аз ҷиҳати иқтисодӣ зараровар меҳисобиданд. Бо ҳамин сабаб, онҳо сараввал сохтани чунин роҳро дастгирӣ накардаанд. Вале вазъияти ҳамонвақтаи ҳарбии Русия сохтмони ин гуна роҳро на танҳо ба миён гузошт, балки тезонид.
Чунончи, қувваҳои ҳарбии Русия соли 1878 дар яке аз ҷангҳои аввалаи худ бо қабилаҳои туркман дар мавзеи Ахал-Тегин ба муқобилияти сахт дучор шуда, шикаст хӯрданд. Барои аскарони рус дар ин ҷанг махсусан ҷангкунон тай карда гузаштани даштҳои беобу регзор хело гаронӣ намуд. Инак, бо мақсади таслим намудани қабилаҳои саркаши туркман, бо супориши ҳукумати подшоҳӣ 3 августи соли 1880 аз димоғаи Михайловск (ё худ Узун-Ада) сохтмони роҳи оҳанро ба тарзи таъҷилӣ сар карданд. 1 сентябри соли 1881 онро аллакай то ба Қизил-Арват расониданд. 20 сентябри ҳамон сол дар ин роҳ ҳаракати поездҳо оғоз ёфт. Соли 1884 ин роҳ то ба Ашқобод расид. Дар ин муддат тақдири қабилаҳои туркман ҳам ҳал гардид. Онҳо дар назди иқтидори ҳарбии аскарони рус маҷбур шуданд, ки таслим шаванд.
Бо забти сарзамини қабилаҳои туркман сохтмони роҳи оҳан қатъ нагардид. Баръакс дар ин муддат аз ҷиҳати иқтисодӣ зарур ва фоидаовар будани роҳи оҳан исбот гардид. Бинобар ин сохтмони роҳи оҳан минбаъд ҳам идома ёфт. Он соли 1886 то ба Марв ва Чорҷӯй омад. Баъдан он роҳ аз сарзамини аморати Бухоро гузошта, соли 1887 то ба Бухорои Нав (Когон) расид ва ба сӯйи Самарқанд идома дода шуд. Соли 1888 Самарқанд ҳам ба хати роҳи оҳан пайваст гардид.
Соли 1895 сохтмони роҳи оҳани Осиёи Миёна идома ёфт. Он соли 1899 ба воситаи Хавос ва Хуҷанд то ба Андиҷон расид ва дар ҳамин муддат дигар хати он аз Хавос то ба Тошканд омад. Сохтмони ин роҳ барои ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ аҳамияти махсус дошт. Солҳои 1900-1901 роҳи оҳани байни Бухорои Нав ва Бухорои Куҳна (пойтахти аморати Бухоро) аз ҳисоби хазинаи амири Бухоро сохта шуд.
Дар натиҷаи сохтмони роҳи оҳан (то ба Тошканд) маҳсулотро аз Осиёи Миёна (аз Тошканд, Андиҷон ё худ Хуҷанд) ба маркази Русия бо поезд то ба димоғаи Михайловск оварда, аз он ҷо ба киштиҳо бор карда, ба воситаи баҳри Хазар (Каспӣ) ё ба Кавказ бурда боз ба воситаи поезд то ба маркази Русия мебурданд, ё худ он киштиҳо борро ба воситаи дарёи Волга то шаҳрҳои Астрахан ё худ Қазон меоварданд. Ҳамаи ин амалиётҳо вақт ва меҳнати зиёдро талаб мекард. Аз ҷумла пахтаи водии Фарғона то ба нуқтаи муайяншуда дар муддати аз 1 то 3 моҳ омада мерасид. Бо ҳамин сабаб зарурияти бо ҳам пайвастани нуқтаҳои байни Тошканд-Оренбург ба миён омад, ки он дар муддати солҳои 1900-1906 сохта шуд. Дар натиҷаи ин роҳи оҳани Осиёи Миёна бо роҳи оҳани умумирусиягӣ пайваст гардид.
То ба ин вақт хароҷоти сохтмони роҳҳои оҳан (ба ғайр аз хати байни Бухорои Нав ва Бухорои Куҳна) аз ҳисоби хазинаи ҳукумати подшоҳӣ буд. 10 июни соли 1905 ҳукумати подшоҳӣ қонуне баровард, ки мувофиқи он дар Русия барои сохтмони роҳи оҳан ба сармояи хусусӣ низ иҷозат дода мешуд. Дар натиҷа бо ташаббуси бонкҳои хусусӣ ва сармоядорони ҷудогона, бо мақсади сохтани роҳҳои оҳан ҷамъиятҳои гуногун ташкил карда шуданд. Аз ҷумла соли 1912 Ҷамъиятҳои роҳи оҳани Фарғона ва Ҳафтрӯд, соли 1913 Ҷамъияти роҳи оҳани Бухоро ба вуҷуд омаданд.
Ҷамъияти роҳи оҳани Бухоро бо ташаббуси муҳандиси сохтмони роҳи оҳан А. Н. Ковалевский, бо иштироки бонки Русию Осиёгӣ ва амири Бухоро ташкил ёфта буд. Мақсади бунёди ин ҷамъият сохта ва ба истифода додани роҳи оҳани Бухорои Нав (Когон) — Қаршӣ-Калиф-Тирмиз, бо шохаҳои Қаршӣ-Ғузор-Китоб ба ҳисоб мерафт. Сохтмони ин роҳ соли 1914 оғоз ёфт ва соли 1916 ба охир расид. Дар сохтмони ин роҳ аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ, махсусан аз мардуми Қаротегин чун қувваи корӣ ба тарзи васеъ истифода бурдаанд.
Роҳи оҳан агарчанде то ба водии Вахшу Ҳисор ва Кӯлоб, яъне сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ нарасида бошад ҳам, вале гумоштагони ширкатҳои гуногун, тоҷирони алоҳида ба ин водиҳо ҳам сар дароварда, ба ин гӯшаи дурдаст мол меоварданд ва аз ин ҷо маҳсулотҳои заруриро харида бо роҳҳои гуногун то ба Тирмиз, Чорҷӯй, Қӯқанд, Самарқанд ва дигар истгоҳҳои роҳи оҳан мерасониданд. Бинобар ин сохтмони роҳи оҳан барои гӯшаю канори дурдаст ҳам бетаъсир намонд.