Боби XI.
Тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна ва ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон
§ 1. Сабабҳои гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна ва аввалин пешниҳодҳо оиди ин масъала
Сабабҳои гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллӣ
Дар сарзамини Осиёи Миёна аз барпо намудани тартиботи Шӯравӣ то тақсимоти ҳудуди миллӣ се ҷумҳурӣ: Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Туркистон (дар ҳайати Ҷумҳурии Федеративии Шӯравии Сотсиалистии Русия — ҶФШСР) ва ҷумҳуриҳои мустақили халқии Шӯравии Бухоро ва Хоразм вуҷуд доштанд. Дар ин ҷумҳуриҳо ҳам, чун дар Русия, ҳизби коммунистӣ ягона ҳизби ҳукмрон ба ҳисоб мерафт. Мақсаду мароми ҳамаи ин ҳизбҳо, чун ҳизби коммунистии (болшевикии) Русия бунёди ҷамъияти сотсиалистӣ буд.
Барои сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ дар шароити Осиёи Миёна пеш аз ҳама ҳал намудани масъалаи миллӣ зарур шуморида мешуд. Ҳалли масъалаи миллӣ бошад, чуноне асосгузори ҳизби болшевикии Русия ва сарвари Ҳокимияти Шӯравӣ В. И. Ленин тавсия ва асоснок намуда буд, ин ба ҳамаи миллатҳои собиқ мазлуми империяи Русия додани ҳуқуқи худмуайянкунии миллӣ, то ин ки онҳо озодона шакли давлатдории миллии худро бунёд намоянд, ба ҳисоб мерафт. В. И. Ленин таъкид карда буд: «Мо исроркорона мегуфтем, ки аз ҷорӣ кардани ҳуқуқи худмуайянкунии миллатҳо дар замони сотсиализм даст кашидан ба кори сотсиализм хиёнат кардан мебуд»115.
Албатта В. И. Ленин дар ин ҷо мақсади онро надошт, ки Русияи сермиллатро ба давлатчаҳои хурди миллӣ тақсим намояд. Аз ин рӯ ӯ соли 1915 дар ҷойи дигар таъкид мекунад, ки мо худшиносии озодро талаб мекунем. Мо мақсади ҷудоии иқтисодии миллатҳо ва ба давлатчаҳои хурд тақсим шудани онҳоро надорем. Баръакс мо дар асосҳои ҳақиқатан демократӣ, ҳақиқатан интернатсионалистӣ, бунёди давлати бузург, наздикшавии миллатҳо ва ҳатто якшавии онҳоро мехоҳем 116. Ин гуфтаҳои В.И. Ленин барои тамоми коммунистон, аз он ҷумла коммунистони Осиёи Миёна, ҳамчун ҳуҷҷатҳои барномавӣ ба ҳисоб мерафт.
Ҷумҳуриҳои Туркистон, Бухоро ва Хоразм дар навбати худ ҷумҳуриҳои миллӣ набуда, балки ҷумҳуриҳои гуногунмиллӣ, ё худ сермиллат ба шумор мерафтанд. Аниқтараш номи онҳо ифодакунандаи номи ягон миллате набуд. Чунончи: дар ҳудуди ҷумҳурии Туркистон — ӯзбекҳо, тоҷикҳо, қирғизҳо, туркманҳо, қазоқҳо; дар ҷумҳурии Бухоро — тоҷикҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо; дар ҷумҳурии Хоразм — ӯзбекҳо, туркманҳо, ва ғайра асрҳо боз зиндагӣ карда, талхию ширинии замонро бо ҳам кашидаанд. Аммо бо сабаби он ки ҳамаи он халқҳо зинаи тараққиёти ҷамъияти капиталистиро пурра аз сар нагузаронидаанд, бинобар ин онҳо ҳанӯз то ба дараҷаи миллат ташаккул наёфта буданд. Махсусан худшиносии миллии тоҷикон нисбатан ба дараҷаи паст буд. Яъне он солҳо тоҷиконро бештар на аз рӯйи миллат ва ҳатто забон, балки аз рӯйи маҳал: бухороӣ, самарқандӣ, хуҷандӣ, намангонӣ, фарғонагӣ, тошкандӣ, кӯлобӣ, қаротегинӣ, ҳисорӣ ва ғайра фарқ мекарданд. Мардуми туркнажод бошанд ҳанӯз нишонаҳои қавмӣ-қабилавиро ба монанди: лақайҳо, қунғуротҳо, барлосҳо, манғитҳо, қарлуқҳо, кенагасҳо, галдирҳо ва ғайра нигоҳ медоштанд. Ҳамаи онҳо мафҳуми «миллат»-ро мансубият ба дин медонистанд.
Охири асри XIX ва махсусан аввали асри XX, дар натиҷаи инкишофи муносибатҳои молию пулӣ, бо роҳи табиӣ ба миллат муттаҳидгардии халқиятҳои Осиёи Миёна оғоз ёфта буд. Вале махсусан кашмакашиҳои сиёсию миллии дохилӣ равиши табиии ташаккули худшиносии миллии он халқиятҳоро баръакс боздошт. Бо гузориши масъалаи тақсимоти ҳудуди миллӣ бошад, ташаккулёбии бисёри он миллатҳо, аз он ҷумла тоҷикон, бо роҳи сунъӣ равон карда шуд. Зеро, минбаъд равиши ташаккулёбии миллати тоҷик ва давлатдориаш на дар он сарзамине идома ёфт, ки вай (ба ҷуз Хуҷанди бостонӣ) дар таъриху маданияти ҳазорсолаи ин халқи қадима мунтазаман мақоми асосиро ишғол карда бошад.
Бо сабабҳои ишоратёфта, махсусан хело паст будани худшиносии миллӣ, дар ҳудуди Осиёи Миёна ва ҳатто берун аз он ҳам то ба ин давр намояндагони тоҷикон ва ӯзбекҳо ҳеҷ гоҳ масъалаи бунёди давлатдории миллии худро нагузоштаанд. Баръакс, дар байни онҳо андешаҳои: «истиқлолияти Туркистон», «аз нав барқарор намудани хонигарии Қӯқанд», «истиқлолияти Ҳақиқии Бухоро» ва ғайраҳо вуҷуд доштанд. Дар замони мустамликавӣ дар ҳаракатҳои миллию озодихоҳонаи халқҳои тоҷику ӯзбек маҳз ҳамин майлонҳоро пай бурдан мумкин аст. Вале талабу кӯшишҳои қазоқҳо ва туркманҳо барои истиқлолият то андозае ба талаби бунёди давлатдории миллӣ наздик буд.
Ҳамин тавр ба миён омадани масъалаи бунёди давлатдории миллии тоҷикон ва ӯзбекҳо натиҷаи талаби худи ин халқҳо набуда, балки натиҷаи сиёсати миллии ҳизби коммунистии (болшевикии) Русия ба ҳисоб меравад. Дар Осиёи Миёна маҳз бо талабу ташаббуси онҳо, бо мақсади тезонидани сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ масъалаи тақсимоти ҳудуди миллӣ ба миён гузошта шуд. Ҳизбҳои коммунистии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна бошанд, оиди ин масъала, асосан иҷрокунандагони дастур ва талабу дархостҳои сарварони ҳизби коммунистии (болшевикии) Русия, Ҳокимияти Шӯравӣ ва фиристодагони онҳо буданд.
Аввалин пешниҳодҳо оиди тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна
Мутасаддиёни ҳизби коммунистии (болшевикии) Русия, махсусан онҳое, ки бо масъалаи Осиёи Миёна машғул буданд, ҳанӯз солҳои 1920-1921 ба хулосае омада буданд, ки дар шароити ин кишвар ҳалли ҷиддии масъалаи миллӣ бе гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллӣ ғайриимкон аст. Дар натиҷа маҳз аз тарафи онҳо аввалин пешниҳодҳо оиди тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Миёна ҳанӯз пеш аз марзбандии соли 1924 ба миён омад. Чунончи, 15 январи соли 1920 Турккомиссияи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии (болшевикии) Русия ва Шӯрои Комиссарони Халқии Федератсияи Русия «Дар барои аз рӯйи нишонаҳои миллӣ ба се ҷумҳуриҳои алоҳида тақсим намудани Туркистон» фишурдае — тезисеро қабул намуд. Албатта ин ҷо танҳо ташкил намудани ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистонро дар назар доштанд. Вале ҳамон лаҳза қайд карда шуд, ки ҳалли амалии ин фишурда ҳанӯз масъалаи рӯзмарра намебошад.
Бояд таъкид кард, ки аз рӯзҳои аввал ва минбаъд ҳам сарриштаи ҳар гуна масъала оиди тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна дар ихтиёри мутасаддиёни ҲК(б) Русия ва Ҳокимияти Шӯравӣ буд. Маҳз онҳо муайян мекарданд, ки дар ин сарзамин кадом халқҳо муқимӣ мебошанду кадоме ҳуқуқи ташкили ҷумҳурии миллии худро доранд. Аз ҷумла, 8 марти соли 1920 Кумитаи Марказии ин ҳизб «Низомнома дар бораи мухторияти Туркистон»-ро қабул кард, ки мувофиқи он аҳолии асосии ин ҷумҳурӣ танҳо туркманҳо, ӯзбекҳо ва қирғизҳо ҳисоб шуда, тоҷикон, ба тарзи умумӣ, ба ҳайати миллатҳои хурд дохил карда мешуд. Ё худ, дар радиограммаи котиби Кумитаи Иҷроияи Марказии Федератсияи Русия Н. Н. Крестинский ба номи сарварони Турккомиссия ва КИМ Туркистон (соли 1920) низ гуфта мешуд: «Туркистон ҳамчун ҷумҳурии мухторӣ шинохта мешавад ва мардуми асосии он: туркманҳо, ӯзбекҳо ва қирғизҳо мебошанд».
В.И. Ленин низ ба масъалаи тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Миёна дахолат намуда, ҳанӯз 13 июни соли 1920 дар қайдҳои худ дар лоиҳаи қарори КМ оиди вазифаҳои ҲК(б) Русия дар Туркистон, зарурияти тартиб додани харитаи Туркистонро «бо тақсим намудан ба Ӯзбекию, Киргизия ва Туркмения» таъкид карда, тавсия намуд, ки махсусан шартҳои муттаҳидшавӣ ё худ ҷудошавии ин се қисмро аз ҳар ҷиҳат омӯзанд 117. Инчунин мувофиқи яке аз мактубҳои КМ ҲК(б) Русия аз 12 августи соли 1920 ҳамаи ташкилотҳои ҳизби коммунистии Туркистонро таъкид шудааст, ки «халқҳои муқимии Туркистон ӯзбекҳо, қирғизҳо ва туркманҳо ба ҳисоб мераванд. Ҳокимияти Шӯравӣ бояд ба оммаи меҳнаткаши ин халқҳо такя кунад». Аксари амалдорони ҳизбию шӯравии марказ, дар аввал Федератсияи Русия ва баъд Иттифоқ, ки дар Осиёи Миёна бо гузаронидани сиёсати миллӣ кордор буданд, маҳз дар ҳамин гуна мавқеъ меистоданд.
Авҷи туркпарастӣ
Ҳеҷ ҷойи шубҳа нест, ки дар доираи сиёсатмадорони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна аз бунёди тартиботи Шӯравӣ то маҳви иғвои Анварпошшо (тобистони соли 1922) ақидаи туркпарастӣ (пантуркизм) ҳукмфармо буд. Чуноне дар боби 4-уми ин китоб таъкид кардем, ин ақидаи туркпарастӣ ба зудӣ дар байни намояндагони буржуазияи миллии халқҳои туркзабон ва зиёиёни онҳо ҳамовозӣ пайдо намуд. На танҳо худи мамлакати Туркия, балки Қрим ва Поволже ҳам аз нуқтаҳои манбаии паҳнгардии ин ақида ба ҳисоб мерафт. Аз ҳамин нуқтаҳо, махсусан аз худи Туркия, ба воситаи он талабагоне, ки дар ин мулкҳо таҳсил мекарданд ва ба воситаи матбуоти даврӣ ақидаи туркпарастӣ ба Осиёи Миёна ҳам паҳн гардид. Фоҷиаовар он аст, ки дар он солҳо на танҳо аз ҷумлаи намояндагони халқҳои туркзабони ин кишвар, балки аз ҷумлаи тоҷикон низ бисёре ба ҳомиёни ва ташвиқгарони ин ақида табдил ёфтаанд.
Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали мавҷудияти тартиботи Шӯравӣ, баробари аз тарафи болшевикон ба миён гузоштани масъалаи худмуайянкунии миллатҳо, туркпарастон низ бо тамоми қувват ба ҳаракат даромаданд. Онҳо, ки дар байни амалдорони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, зиёиёни миллӣ ва ғайра ҳомиёни зиёд доштанд, акнун дар ин сарзамин на танҳо ба корҳои ташвиқу тарғиб, балки баҳри амалии ақидаҳои худ шурӯъ намуданд.
Дар замони мавҷудияти ҷумҳуриҳои Туркистону Бухоро яке аз самтҳои асосии муборизаи туркпарастон ба муқобили эътирофи мавҷудияти тоҷикон равона гардида буд. Бинобар ин дар ин ҷумҳуриҳо бе ягон калавиш маҳз мавҷудияти тоҷикон чун миллат ва ё худ халқияти мустақил инкор карда мешуд. Андешаи ғайриилмии «аслан туркнажод будани тоҷикон» гӯё дарёфтҳои нави «илмӣ» ба ҳисоб мерафт. Чунончи, пӯшида нест, ки яке аз шахсони асосии дар маъракаи марзбандии ҳудуди молии Осиёи Миёна аз аввал то ба охир фаъолона ширкат варзида — Ф. Хоҷаев, раиси Шӯрои Нозирони Халқии ҶХШ Бухоро мебошад. Вай, чуноне дар боби аввала қайд кардем, бунёдгузори ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ (аввали соли 1920) ва яке аз фаъолони сарнагун сохтани тартиботи амирии Бухоро ба ҳисоб меравад. Маҳз ӯ барномаи ҳизби бунёдкардаашро тартиб додааст, ки онро 14 июли соли 1920 конфронси он ҳизб маъқул шуморид. Дар муқаддимаи он барнома чунин таъкид мешавад: «қабилаҳои туркиро, аз ҷумла: кенагасҳо, манғитҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо ва тоҷикҳо, ки асрҳо боз дар сарзамини Бухоро зиндагӣ мекунанд», ташкил медиҳанд. Яъне, он лаҳза на танҳо Ф. Хоҷаев, балки дигар сарвару аъзоёни ҳукуматии чӣ Бухоро ва чӣ Туркистон аксаран ақидаи ягона доштанд, ки «тоҷикон аслан турканд». Дар ин асос баъзеашон тавсия мекарданд, ки «тоҷиконро бояд ба асл — мансубияти турк баргардонем». Минбаъд ҳамин Ф. Хоҷаев, ки сарвари ҳукумати ҷумҳурии Бухоро гардид, бо ҳамфикронаш барои туркгардонидани тоҷикон тамоми имкониятҳоро фароҳам овард. Худи Ф. Хоҷаев яке аз он тоҷиконе буд, ки аз мансубияти миллии худ даст кашида, сараввал ба туркпарасти ашаддӣ ва сипас ба ӯзбекпарасти ҷанговар табдил ёфтааст. Ин ҳамон Ф. Хоҷаеве, ки бо мақсади нигоҳ доштани мансаби худ, чуноне дар банди аввал таъкид кардем, барои бомбаборон кардани шаҳри бостонии Бухорои Куҳна ба М. В. Фрунзе — сарвари фронти Туркистон, аз номи бухороиён розигӣ дода буд.
Ҳамин тавр дар сарзамини Осиёи Миёна мувофиқи нақшаи ҳизби болшевикӣ масъалаи тақсимоти ҳудуди миллии кишвар, агарчанде барои он ҳанӯз шароитҳои объективию субъективӣ фароҳам нарасида буд, ба миён гузошта шуд. Барои амалии ин тадбир аввалин пешниҳодҳо низ ба амал омаданд, ки дар ҳамаи онҳо маҳз мавҷудияти тоҷикон, чун миллати мустақил ба инобат гирифта намешуд.
Вале пеш аз он ки ба масъалаи гузаронидлни тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна гузарем, зарур аст, ки ба ҳолати ифодаи манфиати тоҷикон дар ҷумҳуриҳои Туркистон ва Бухоро то марзбандӣ алоҳида таваққуф намоем. Зеро, он солҳо тоҷикон дар ҳудуди маҳз ҳамин ҷумҳуриҳо зиндагӣ ба сар мебурданд.