Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 10.3

Боби X.
Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (солҳои 1920-1924)

§ 3. Оғози ҳаракати зиддишӯравӣ. Афзудани нуфузи Иброҳимбек дар Бухорои Шарқӣ

Сабабҳои ба амал омадани ҳаракати зиддишӯравӣ

Чуноне дар боби пештара ишора рафт, ҳангоми сарнагун намудани тартиботи амирӣ ва бунёди тартиботи нав, чӣ дар Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) ва чӣ Бухорои Шарқӣ мардум аз як тараф ба чунин тағйиротҳои ҷиддӣ ҳанӯз омода набуд, аз тарафи дигар, ҳангоми амалиётҳои ҷангии қисмҳои аскарони сурх урфу одат ва махсусан эътиқоди динии мардуми маҳаллӣ ба эътибор гирифта нашуд. Ин ҳама баръакс халқро аз тартиботи нав ба канор мекашид. Илова ба ҳамаи ин аз вазъият истифода бурда гурӯҳҳои гуногун, аз ҷумла баъзе қисмҳои аскарони сурх бо ғорати молу мулки мардум машғул мешуданд.
Ҳукумати нав кӯшиш мекард, ки ҳар чӣ зудтар ба камбудиҳои ҷойдошта хотима гузошта, оромии мардумро ба даст дарорад. Аммо чорабиниҳои ҳукумати нав, агарчанде зарур буданд, вале чандон натиҷаи дилхоҳ намедоданд. Дар маҳалҳо ҳокимияти нав ҳанӯз пурра барпо нагардида, он ба муқобилияти сахт дучор мешуд. Гӯё дар тамоми мулкҳои ҷумҳурӣ қувваҳои зидди тартиботи нав сабзида мерасиданд. Ҳукумати нав, ки Ҳукумати Шӯравӣ номида мешуд, бинобар ин ҳаракати сабзидаистода ба худ характери зиддишӯравиро дошт. Он оҳиста-оҳиста доираи васеи мардуми маҳаллиро дар бар гирифт.
Дар давраи аввали ҳаракати зиддишӯравӣ (солҳои 1920-1923) ҷанг асосан дар байни қисмҳои аскарони сурх ва гурӯҳҳои зиддишӯравии маҳаллӣ мегузашт. Зеро, дар ин давр мардум дар симои аскарони сурх бештар забткорон ва поймолкунандагони дин ва урфу одати худро дида, баҳри озодии мулк — ватани худ, мудофиаи дин ва урфу одати худ ба мубориза бархеста буданд. Аз ин рӯ ин ҷанг ҷанги шаҳрвандӣ набуда, балки бештар ба ҷанги миллию озодихоҳӣ шабоҳат дошт. Собиқ амалдору саркардаҳои амирӣ, норозигии мардумро нисбати тартиботи нав ба фоидаи худ истифода бурда, сарварии ин ҳаракатро ба дасти худ гирифта буданд.
Дар қисми Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) бо сабабҳои зиёда мавҷуд будани гурӯҳҳои аскарони сурх ва техникаи ҳарбӣ қувваҳои зиддишӯравӣ чандон фаъолона амал карда натавонистанд. Онҳо дар ин мулкҳо чун дастаҳои хурд-хурд амал мекарданд. Аз ҷумла: дар ноҳияи Ғиждувон — бо сарварии мулло Қаҳҳор, дар ноҳияи Шофирком бо сарварии Остон қаравулбегӣ, дар ноҳияи Зандане (Пешкӯ) бо сарварии Мурод машкоби қучоқӣ (дар замони амирӣ дар бозор ва тӯйҳо машкобӣ, яъне обкашӣ мекард), дар Лақлақа (Ромитан) — Ҷӯра амин, дар Вобканд — кӯри Ато, дар Галаосиё — Аъзамхӯҷа ва дигарон фаъолият доштанд. Дар байни онҳо танҳо даста, аниқтараш қувваи мулло Қаҳҳор ва баъд Аъзамхӯҷа, ки нисбатан сершумор ва беҳтар мусаллаҳ буданд, ба тартиботи нав хавф доштанд.
Бухорои Шарқӣ бошад ба макони ҳақиқии қувваҳои зиддишӯравӣ табдил ёфта буд. Зеро, шароити кӯҳии ин мулкҳо аз як тараф ҳаракати қисмҳои аскарони сурх, махсусан техникаи ҷангии онҳоро душвор гардонида, аз тарафи дигар он ба қувваҳои зиддишӯравӣ имконияти ҳар лаҳза ба муқобили тартиботи нав мубориза бурдан ва дар вақти зарурӣ паноҳ шуданро медод. Баъд аз он ки шӯриши зиддишӯравии ноҳияҳои Шерободу Шӯрчӣ (декабри соли 1920) аз тарафи қисмҳои аскарони сурх бераҳмона пахш карда шуд, душманони сохти нав боз ҳам шарқтари ҷумҳурӣ — дар водии Ҳисору Кӯлоб, Вахшу Қаротегин ҷамъ омаданд. Илова ба ҳамаи ин дар водиҳои номбурда дастаҳои боқимондаи амирӣ ҳам кам набуданд.
Ҳангоми ба хоки Афғонистон гурехтани амир Олимхон ӯро тахминан 300 нафар сарбозони содиқаш ҳамроҳӣ карданд. Ҳамон лаҳза, аз таъқиби аскарони сурх, инчунин аз дигар гузаргоҳҳои дарёи Панҷ ба хоки Афғонистон мардуми бисёр, мувофиқи хотираҳои худи амир «тахминан як лак» (яъне сад ҳазор) нафар гузаштаанд. Амир аз ҷумлаи онҳо тахминан 500 нафар ашрофони бухороиро ҳамроҳи худ гирифта ба сӯйи Кобул рафтаасту халос. Гурезагони боқимонда, ки аксар аз ҷумлаи бечорагон, наврасон ва зану мӯйсафедон буданд, дар ноҳияҳои сарҳадии хоки Афғонистон ҳарҷо-ҳарҷо маскан гирифтаанд.
Қисми зиёди сарбозони амирӣ, ки дар хоки ҷумҳурии Бухоро мондаанд, низ ба гурӯҳҳо тақсим шуда, дар ноҳияҳои гуногуни сарҳадӣ бо Афғонистон пинҳон шуда буданд. Онҳо дар аввал аз муқобилияти рӯйрост бо қисмҳои аскарони сурх худдорӣ намуда, барои баромади умумӣ мавқеи қулайро интизорӣ мекарданд.
Ба ғайр аз ин ҳама барои муайян намудани сабабҳои маҳз дар қисми Бухорои Шарқӣ нисбатан авҷ гирифтан ва тӯлонӣ идома ёфтани ҳаракати зиддишӯравӣ боз ба нуктаҳои зерин бояд диққат дод. Пеш аз ҳама бояд ба инобат гирифт, ки дар қаламрави Бухорои Шарқӣ, дар рафтори қисмҳои аскарони сурх, ки тартиботи навро барпо мекарданд ва дараҷаи омодагии мардуми ин гӯша барои қабули ин тартибот, нисбат ба қаламрави Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) ҷиҳатҳои фарқкунанда вуҷуд дошт.
Аз ҷумла, чуноне таъкид шуд, Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор, то ба охири амалиёти ҷангӣ асосан аз ҳисоби аскарони сурх таркиб ёфта буд. Аз тарафи ҳукумати Бухоро ҳарчанд то охири ин амалиёт барои ташкил намудани аскарони сурхи Бухоро чораҳои зиёде дида шуд, аммо онҳо натиҷаҳои умедбахш надоданд. Агарчанде, дар марҳилаҳои гуногуни амалиёти отряд онро намояндагони муайяни миллӣ ҳамроҳӣ намуданд, вале онҳо бо сабабҳои бетаҷрибагӣ дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок накарда, баъзеашон ҳангоми амалиёти отряд роли роҳбаладӣ ва бештар роли тарҷумониро бозидаанду халос.
Мавқеи мардуми маҳаллӣ низ нисбат ба амалиёти аскарони сурх чандон хайрхоҳона набуд. Зеро, онҳо то ин лаҳза аз моҳияти ҷамъияти коммунистӣ, яъне шӯравӣ огоҳӣ надоштанд. Бинобар ин мардуми ин диёр ҷамъияти навро танҳо аз рӯйи рафтори аскарони сурхи отряд тасаввур мекарданд. Аммо рафтори қисмҳои аскарони сурх чандон хайрхоҳона набуд. Мардум дар рафтори онҳо на ин ки бахшандагони озодӣ, балки таҳқиркунандагони дин ва урфу одатҳои миллӣ, тороҷгарони навбатиро медиданд.
Сабаби ҳамаи ин мураккабиҳо дар он аст, ки ҳангоми бунёди Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор ҳукумати нав — шӯравии Бухоро бо хӯрокворӣ таъмин намудани аскарони сурхро ба уҳдаи худ гирифта буд. Таъминоти лавозимоти ҳарбиро бошад Ҳукумати Шӯравӣ дар уҳда дошт. Вале, баробари егози амалиёти отряд, ҳукумати шӯравии Бухоро, бо сабаби мураккабии вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ, иқрор шуд, ки аз уҳдаи ваъдаи худ баромада наметавонад. Аз ин рӯ ҳукумати нави Бухоро ба аскарони сурхи отряд иҷозат дод, ки ҳангоми амалиёт, аз номи ҳукумат амал карда, аз маҳалҳо барои худ хӯрокворӣ ва дигар лавозимоти заруриро пайдо кунанд. Дар натиҷа, қисмҳои аскарони сурхи отряд, баъди ба даст даровардани ин ё он маҳали аҳолинишин рӯйрост ба тороҷи он медаромаданд.
Ин ҳама мардуми маҳаллии Бухори Шарқиро дар ҳолати ногувор гузошта буд. Зеро, то омадани аскарони сурх онҳоро аллакай сарбозони амирӣ ғорат кардаанд. Инак, акнун аскарони сурх ҳам тороҷ менамуданд. Бинобар ин мардуми сарсахт роҳи ягонаи халосиро дар гурехтан дида, дар ҳамон фасли зимистони қаҳратун, дар кӯҳҳо паноҳӣ меҷустанд. Бо ҳамин сабаб бисёре аз деҳаҳое, ки аскарони сурх ба даст медароварданд, асосан холӣ — беодам буданд.
Чуноне таъкид намудем, амалиёти ҷангии отряд дар фасли зимистони кӯҳистон ва аввали баҳори серборишу сард (аз моҳи декабри соли 1920 то моҳи апрели 1921) мегузашт. Дар ин гуна ҳолат, барои аскарон на танҳо либоси гарм ва хӯрока, балки паноҳгоҳ чӣ барои худашон ва чӣ барои аспҳояшон зарур буд. Албатта дар қад-қади роҳи тайкардаи отряд, ки миқдораш дар давраҳои гуногун аз 1,5 то 5 ҳазор нафар аскарони савора мерасиду ба қисмҳо тақсим шуда ҳаракат мекарданд, ягон хел казарма вуҷуд надошт. Аз ин рӯ аскарони сурх гарчанде бештар вақти истироҳати худро дар палаткаҳо гузаронанд, баъзан бинои масҷидҳо, ҳавлиҳои мардумро низ истифода мебурданд. Ҳатто баъзан масҷидҳоро, ки барои мардуми маҳаллӣ ҷойи муқаддас ба ҳисоб меравад, муваққатан ба аспхонаи худ табдил доданд. Ё худ аскарони сурх аксаран (эҳтимол қариб ҳама) тамоку мекашиданд. Онҳо то андозае захираи тамоку (махорка) доштанд. Вале дар шароити кӯҳистон, барои пешонидани тамоку дарёб намудани коғаз хеле мушкил буд. Бинобар ин, ҳар боре, ки аскарони сурх ба ҳавлиҳои мардум ё худ ба масҷидҳо медаромаданд, китобҳои он ҷо мавҷударо, аз ҷумла Қуръони Шариф ва ё худ дигар намуд китобҳои зарурии дини исломро барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худ истифода мебурданд. Мувофиқи маълумотҳо, баъзе аз аскарони сурх, баъди ғалаба дар маҳалҳои бадастовардаашон, дар баробари ғоратгарӣ, инчунин ба таҷовузкорӣ ҳам машғул шудаанд.
Ин ҳама фоҷиаҳо дар пеши назари мардум ба амал меомаданд.
Дар натиҷа мардуми маҳаллӣ, ки чуноне аллакай қайд намудем, аксаран оиди ҷамъияти нав тасаввуроте надоштанд, бо мушоҳидаи чунин ҳодисаҳои нангин танҳо таҳқири дин ва урфу одати худро дида, ба гуруснагию бараҳнагӣ нигоҳ накарда, маҳз барои ҳимояи дин ва урфу одати худ ба муқобили аскарони сурх ва тартиботи барпо намудаи онҳо, ба мубориза бархестанд. Яъне, бунёдкунандагони ҷамъияти нав ҳангоми амалиёти худ чунин нозукиҳоро ба эътибор нагирифтанд. Амирпарастон бошанд ин гуна ҳолатро ба фоидаи худ истифода карданд. Дузду ғоратгарон вазъиятро истифода бурда мардумро бераҳмона тороҷ мекарданд. Дар натиҷа дар сарзамини Бухорои Шарқӣ ҷамъияти нав ҳанӯз пойдор нагардида, онро ҳаракати нав-зиддишӯравӣ фаро гирифта буд.

Оғози ҳаракати зиддишӯравӣ

Сабабҳои дар боло ифодашуда, бо якҷоягии душвориҳои зиндагӣ ва ташвиқотҳои зиддишӯравӣ охири апрел ва аввали моҳи майи соли 1921 мардуми зиёди Кӯлобу Балҷувонро ба муборизаи муқобили тартиботи нав бархезонид. Дар натиҷа ҳаракати зиддишӯравӣ бо зудӣ дар худи ин моҳҳо қариб тамоми сарзамини ин мулкҳоро фаро гирифт110. Ба ин қувваҳо яке аз собиқ амалдор ва саркардаи номии амирӣ Иброҳимбек сарварӣ мекард. Мувофиқи баъзе маълумотҳо, ҳамон лаҳза дар атрофи Иброҳимбек аллакай тақрибан 10 ҳазор нафар мардум ҷамъ омадаанд. 111 Ин қувваи бузург ба Иброҳимбек имконият дод, ки дар бисёре аз маҳалҳои (мулкҳои) номбурда ҳокимияти шӯравиро барҳам дода, тартиботи Куҳнаи амириро аз нав барқарор намояд.
Инак, дар нимаи дуюми баҳори он сол қувваҳои дар атрофи Иброҳимбек ҷамъ гардида, аллакай барои мавҷудияти Ҳокимияти Шӯравӣ хавфноктарин қувва на танҳо дар мулкҳои водии Кӯлоб, балки қариб барои тамоми Бухорои Шарқӣ ба ҳисоб мерафт. Барои пахш намудани ҳаракати зиддишӯравии ин мулкҳо қисмҳои асосии аскарони сурхи дар тамоми мулкҳои Бухорои Шарқӣ буда, аз он ҷумла дар водии Қаротегин маскангирифта, сафарбар карда шуданд. Вале ҳамин, ки аскарони сурх дар самти Кӯлобу Балҷувон (нимаи дуюми моҳи май) амалиёти ҷангиро сар карда, баъзе гурӯҳҳои Иброҳимбекро шикаст доданд, қисмҳои ҷудогонаи он ба водии Қаротегин ва Ҳисор гузаштанд. Дар натиҷа охири моҳи май ва аввали июни ҳамон сол водии Қаротегинро низ ҳаракати зиддишӯравӣ фаро гирифт, ки ба он Фузайл Махсум. Эшони Султон ва дигарон сарварӣ мекарданд.
Охири моҳи май ва аввали июни соли 1921 дар водии Қаротегин, Вахон ва Дарвоз тартиботи шӯравӣ барҳам дода шуд ва тартиботи амириро аз сари нав барқарор намуданд.
Иброҳимбек баъди шикастхӯрӣ дар самти Кӯлобу Балҷувон дастаҳои худро асосан аз ҳисоби лақайҳо зиёд намуда, барои ба по хезонидани боқимонда мардуми лақай ва мардуми води Ҳисор кӯшид. Дар ноҳияҳои Кӯлобу Балҷувон бошад қувваҳои зиддишӯравӣ минбаъд бештар дар атрофи Давлатмандбий ҷамъ омаданд. Нахустин кӯшиши ҷиддӣ оиди мусолиҳаи миллӣ ва оқибатҳои истифода нашудани он
Аввали моҳи августи соли 1921 бо ташаббуси намояндаи фавқулодаи ҶХШ Бухоро дар Бухорои Шарқӣ Ато Хоҷаев (Атохоҷа Пӯлодхоҷаев) нахустин кӯшиши ҷиддӣ оиди мусолиҳаи миллӣ карда шуд. Ӯ бо баъзе сарварони ҳаракати зиддишӯравӣ гуфтушунид намуда, онҳоро розӣ намуд, ки ба манфиати тартиботи нав кор кунанд. 12 августи соли 1921 Ато Хоҷаев аз ҷумла бо Давлатмандбий шартнома имзо кард, ки мувофиқи он: Ато Хоҷаев барои аз хоки Бухорои Шарқӣ баровардани қисмҳои аскарони сурх ва барҳам додани шуъбаҳои махсуси дар назди он қисмҳо буда розигӣ дод. Давлатмандбий бошад, дар сурати иҷро гардидани шарти боло, ваъда дод, ки тамоми гурӯҳаш аслиҳаи худро ба намояндагони ҳокимияти нав месупоранд.
Ато Хоҷаев бо чунин мазмун шартномаро бо Эшони Султон ҳам имзо карда буд. Аз сарварони асосии қувваҳои зиддишӯравӣ танҳо Иброҳимбек, Фузайл Махсум ва дигарон аз ҳар гуна музокира бо намояндагони тартиботи нав даст кашиданд.
Бо тавсияи Ато Хоҷаев Давлатмандбий сарвари кумитаи инқилобии Балҷувон, Эшони Султон сарвари Кумитаи инқилобии Ғарм таъин гардиданд. Инчунин бо розигии Ато Хоҷаев, 12 нафар фаъолони маҳаллиро, ки ба аскарони сурх хизмат расонидаанд, ба ихтиёри қувваҳои зиддишӯравӣ супориданд. Зеро, ин талаби дигари тарафи муқобил буд. Зиддишӯравиён 6 нафари он фаъолонро дар вақти идомаи гуфтушуниди тарафайн қатл карданд.
Вале натиҷаи кори Ато Хоҷаев дар роҳи мусолиҳаи миллӣ ба баъзе сарварони онвақтаи ҷумҳурии Бухоро ва махсусан ба намояндаи Федератсияи Русия дар Бухоро В. В. Куйбышев маъқул нашуд. Бинобар ин Ато Хоҷаевро фавран аз Бухорои Шарқӣ даъват намуданд ва ҳуҷҷатҳои имзонамудаи ӯро ба эътибор нагирифтанд. Аз ин рӯ Давлатмандбий ва Эшони Султон мисли пештара ба қувваҳои ҷудогонаи зиддишӯравӣ сарварӣ намуда, дар қатори Иброҳимбек, Фузайл Махсум ва дигарон муборизаро ба муқобили тартиботи нав давом доданд. Бо ҳамин яке аз аввалин имкониятҳои қулайи пешгирӣ намудани авҷи ҳаракати зиддишӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ аз байн рафт. Дар натиҷа ин ҳаракат аз сари нав қувват гирифт.
Моҳи сентябри соли 1921 қариб тамоми ноҳияҳои Бухорои Шарқиро ҳаракати зиддишӯравӣ фаро гирифта буд. Дар худи ин моҳ дар Кӯктош ҷамъомади сарварони дастаҳои (қӯрбошиҳои) зиддишӯравӣ барпо шуд ва дар он ба Иброҳимбек унвони «сардори лашкари ислом»-ро доданд.
Вазъи Бухорои Шарқӣ роҳбарони ҷумҳурии Бухороро осуда намегузошт. 27 сентябри соли 1921 бо мақсади мустаҳкам намудани органҳои ҳокимияти маҳаллӣ ва корҳои мудофиавӣ, дуруст ба роҳ мондани муносибатҳои байни қисмҳои аскарони сурх ва муассисаҳои маҳаллӣ ва ғайра ба ин мулк раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Шӯроҳои ҶХШ Бухоро Усмонхоҷа Пӯлодхоҷаев фиристода шуд. Бо ҳамроҳии ӯ отряди 400 нафараи милитсионерон бо сарварии Алӣ Ризо буданд. Дар роҳ ба онҳо отряди 200 нафараи нозири ҳарбии Бойсун Дониёрбек (Дониёр афандӣ) ҳамроҳ гардиданд.
У. Пӯлодхоҷаев миёнаи ноябри соли 1921 ба Душанбе омада расид. Ҳамон вақт дар ноҳияи Қубодиён нозири вилояти Шеробод, собиқ полковники турк Ҳасан афандӣ (Ҳасанов), бо отряди милитсия ба тарафи қувваҳои зиддишӯравӣ гузашт. Ин боиси дар водии Вахш боз ҳам қувват гирифтани ҳаракати зиддишӯравӣ гардид.
Вале махсусан дар водии Ҳисор вазъият хело мураккаб гардида буд. Атрофи Душанберо қувваҳои зиддишӯравӣ қариб пурра иҳота карда буданд. Тамоми ин қувваҳо дар зери итоати Иброҳимбек амал мекарданд. Иброҳимбек якчанд вақт дар Султонобод истода, баъд ба сӯйи деҳаи Мавлоно ҳаракат кард ва ин манзилро ба «пойтахти давлатӣ» худ қарор дод. Ӯ дар мулкҳои ба зери нуфузи худ дароварда аз ҷумлаи ҳаммаслаконаш ҳокимон — бекҳо таъин намуда, ҷонишинони худро ба туману кентҳо барои ғундоштани пул, асп ва сафарбар кардани одамон фиристод. Вай бо сарварони дастаҳое, ки дар водии Вахшу Кӯлоб амал мекарданд, низ алоқа дошт.
Ҳамин тавр дар сарзамини Бухорои Шарқӣ аз бунёди тартиботи нав — шӯравӣ ҳамагӣ ду моҳ нагузашта, онро аллакай ҳаракати зиддишӯравӣ фаро гирифт. Аз он қувваҳо нисбатан пуриқтидортарин ва ба тартиботи нав хавфноктарин гурӯҳҳои Иброҳимбек ба ҳисоб мерафт. Дар чунин вазъият иғвои Анварпошшо ба амал омад.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.