Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 10

Боби X.
Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (солҳои 1920-1924)

§ I. Ташкилёбии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ва вазъи ҷамъиятию сиёсии он

Ташкилёбии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ва органҳои он

Чуноне дар боби гузашта таъкид намудем, баробари сарнагун намудани тартиботи амирӣ дар Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ), аввали сентябри соли 1920 Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ манифест бароварда Бухороро Ҷумҳурии Халқии Шӯравӣ (ҶХШБ) эълон кард. Дар тамоми маҳалҳои аз дасти ҳукуматдорони амирӣ кашида гирифташуда (аз маҳалҳо то марказ) ҳокимият ба ихтиёри кумитаҳои инқилобӣ (ревкомҳо) гузашт.
Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ ҳамчун органи олии давлатӣ ба ҳисоб мерафт. Дар аввал ба ҳайати он дар қатори Аҳмадҷон Абдусаидов (Ҳамдӣ) (чун раис), боз М. Аминов, М. Юсупов, М. Бурҳонов ва X. Иброҳимов дохил мешуданд. Ҳокимияти иҷроия — Шӯрои Нозирони Халқӣ ба ҳисоб мерафт, ки дар аввал ба ҳайати он ба ғайр аз Файзулло Хоҷаев (чун раис), боз Қ. И. Пӯлодов — нозири маориф, А. Муҳиддинов — нозири кишоварзӣ, М. Саидҷонов — нозири корҳои дохилӣ, У. Пӯлодхоҷаев — нозири молия, М. Бурҳонов — нозири адлия, Б. Шаҳобиддинов — нозири ҳарбӣ ва Н. Ҳусаинов — назорати давлатӣ дохил буданд. Бо сабаби аз вазифа озод намудани А. Абдусаидов, раиси Шӯрои Нозирони Халқӣ Ф. Хоҷаев то 9 сентябри соли 1920 вазифаи раиси Кумитаи Инқилобии Умумибухороиро низ иҷро мекард. 9 сентябр Олимҷон Оқчурин, бо тавсияи ХК Бухоро раиси Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ таъин гардид. 14 сентябр масъалаи роҳбарони асосии ҷумҳурӣ дар маҷлиси якҷояи КМ ХҚ Бухоро, Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ ва Шӯрои Нозирони Халқӣ, бо иштироки намояндаи фавқулодаи Федератсияи Русия дар ҷумҳурии Бухоро ва намояндаи КМ ХК(б) Русия ва Байналмилали коммунистӣ дар назди КМ ҲК Бухоро В.В. Куйбышев, аз сари нав дида шуд. Дар он раиси Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ Абдуқодир Муҳиддинов ва раиси Шӯрои Нозиронн Халқӣ Ф. Хоҷаев тасдиқ гардиданд.
22 сентябри соли 1920 Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ низомномаро оиди кумитаҳои инқилобии маҳаллӣ тасдиқ намуд. Мувофиқи он чунин кумитаҳо бояд аз 5 нафар аъзои аз тарафи Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ таъин гардида, ташкил меёфт. Ба он ҳайат як нафарӣ намояндаи нозири ҳарбӣ низ буд. 6-8 октябри соли 1920 дар Ситораи Моҳи Хоса анҷумани (қурултойи) якуми муассисони Умумибухороии намояндагони халқ шуда гузашт. Дар он 1950 нафар намоянда иштирок доштанд, ки онҳоро дар митингҳо, майдони бозорҳо бо нишондоди ҲК Бухоро «интихоб» намудаанд. Амалдорони собиқ, заминдорони калон аз ҳуқуқи ба намояндагӣ интихоб шудан маҳрум буданд.
Дар анҷуман ҷонишини намояндаи фавқулодаи Федератсияи Русия дар Бухоро Карим Ҳакимов баромад карда, аз тарафи Ҷумҳурии Русия эътироф гардидани мустақилияти ҷумҳурии Бухороро эълон кард. Ӯ инчунин эълон намуд, ки Бухорои Нав (Когон), Чорҷӯйи Нав, Тирмиз ва Каркӣ, ки аслан сарзамини Бухорост, ба ҷумҳурии Бухоро баргардонида мешаванд.
8 октябр анҷуман оиди ташкилёбии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (ҶХШБ) қарори таърихӣ қабул кард. Анҷуман ҳисоботи Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ ва Шӯрои Нозирони Халқиро шунида, фаъолияти онҳоро ба қонуният даровард.
18-23 сентябри соли 1921 дар шаҳри Бухорои Куҳна анҷумани дуюми Умумибухороии намояндагони халқ шуда гузашт. Дар рӯзи охири кори анҷуман аввалин Конститутсияи (Қонуни асосии) ҶХШ Бухоро қабул карда шуд. Мувофиқи ин ҳуҷҷати асосӣ барҳамхӯрии тартиботи амирӣ ва ба дасти меҳнаткашон (коргарон ва деҳқонон) гузаштани ҳокимият, ташкилёбӣ ва мустақил будани ҶХШ Бухоро ба қонуният дароварда шуд. Конститутсия ба ғайр аз авлодони амир, собиқ амалдорони олимартаба, заминдорони калон, шахсони аз тарафи суди халқӣ маҳкумшуда, ба дигар ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки синнашон ба 20 расидааст, новобаста аз ҷинс, миллат ва нажод ҳуқуқи интихоботиро медод. Он инчунин ҳуқуқи озодиҳои демократӣ-озодии сухан, озодии матбуот, озодии ҷамъомад ва ғайраро бояд таъмин менамуд. Дар асоси ин ҳуҷҷат органи олии қонунгузор анҷумани (қурултойи) Умумибухороӣ ба ҳисоб мерафт, ки минбаъд анҷумани Шӯроҳои намояндагии халқ номида мешуд ва он соле як маротиба даъват мегардид. Дар байни анҷуманҳо органи олии қонунгузор ва назоратӣ Кумитаи Иҷроияи Марказии (КИМ) Умумибухороӣ (маълум бо номи БухЧИК) ба ҳисоб мерафт, ки он ба ҷойи собиқ Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ ташкил ёфта буд. Садорати КИМ-и Умумибухороӣ барои дидани масъалаҳои ҳалталаб дар ҳар ду моҳ сессияро даъват мекард. Бо ташаббуси садорат инчунин ҳокимияти ҷумҳурӣ — Шӯрои Нозирони Халқӣ ташкил дода шуд, ки он дар навбати худ аз 10 нозират (вазорат) иборат буд. Баъди анҷуман дар кентҳо, туманҳо ва вилоятҳое, ки то андозае оромӣ ҳукмфармо буд, кумитаҳои инқилобӣ ба кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои намояндагии халқӣ табдил дода шуданд. Агар дар чунин мулк аз сари нав ҳаракати зиддишӯравӣ оғоз гардад, он гоҳ кумитаи иҷроия фавран боз ба кумитаи инқилобӣ табдил дода мешуд.
Барои ҷумҳурии ҷавони Бухоро, яке аз вазифаҳои мураккабтарин — ин масъалаи кадрҳо буд. Зеро, барои ташкилотҳои нави давлатию ҳукуматӣ кадрҳои қобилиятнок маҳаллӣ намерасиданд. Бинобар ин, мувофиқи қарори Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ ва Шӯрои Нозирони Халқӣ аз 5 сентябри соли 1920 амалдорони собиқи амирӣ, ки тартиботи навро эътироф намудаанд ва аз таҳти дил ба он хизмат карданианд, бояд истифода мегардиданд. Вале, амалан амалдорони собиқе, ки ба хизмати тартиботи нав гузашта бошанд, қариб набуданд, ё худ хеле камшумор буданд. Аз ҳамин сабаб ба вазифаҳои масъул бештар шахсоне таъин мегардиданд, ки то ин вақт ягон хел таҷрибаи роҳбарикуниро надоштанд.
Чуноне яке аз арбобони онвақтаи ҶХШ Бухоро Абдуқодир Муҳиддинов ба хотир меоварад, он солҳо ба вазифаҳои масъули кентҳо, туманҳо, вилоятҳо ва аппарати ҳокимияти марказии Бухоро аз ҷумлаи «ӯзбекҳои Фарғона» ва махсусан собиқ асирони ҳарбии Туркия, ки аз замони ҷанги якуми ҷаҳонӣ то ҳамон лаҳза дар ноҳияҳои дурдасти хунуки Сибир хизмати маҷбуриро адо мекарданд, таъин гардида буданд108.
Ҷумҳурии халқии Шӯравии Бухоро аз ҷиҳати маъмурӣ ба 4 округ, округҳои: Зарафшон, Бухорои Шарқӣ, Қашқадарё ва Амударё тақсим мешуд. Округҳо дар навбати худ аз вилоятҳо иборат буданд. Аз ҷумла округи Зарафшон ба вилоятҳои Бухоро, Кармина ва Нурато; округи Бухорои Шарқӣ ба вилоятҳои Душанбе, Бойсун, Кӯлоб, Сариосиё, Шеробод, Қӯрғонтеппа ва Ғарм тақсим мешуданд. Вилоятҳо аз туманҳо, туманҳо аз кентҳо, кентҳо аз деҳаҳои гуногун иборат буданд. Чунончи, ба ҳайати вилояти Душанбе туманҳои Ёвон, Янгибозор ва Файзобод дохил мешуданд. Сарвари деҳа, ки мувофиқи анъана арбоб, амин ё худ оқсақол мегуфтанд (дар замони амирӣ вазифаашон гуногун буд) ва он акнун интихобӣ буда, ба кумитаи инқилобии кентӣ итоат мекард.

Дар ҶХШ Бухоро боло гирифтани нуфузи ҳизби коммунистӣ

Ҳизби коммунистии Бухоро (ҲК Бухоро) дар доираи ҷумҳурии Бухоро ҳизби ягонаи ҳукмрон ба ҳисоб мерафт. Зеро, 11 сентябри соли 1920, дар асоси шартномаи пешакии байни ҲК Бухоро ва ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ (аз моҳи августи соли 1920), ҳизби охирин худро пароканда эълон намуд ва бештарини аъзоёни он ба ҳайати ҲК Бухоро аз сари нав дохил гардиданд. Бо ҳамин дар Бухоро ба дуҳизбӣ хотима гузошта шуд. Оҳиста-оҳиста тамоми риштаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании ҷумҳурӣ ба ихтиёри ҳизби коммунистӣ гузашт. Ҷо ба ҷо гузоштани кадрҳо, муайян намудани сиёсат аз ҷумлаи вазифаҳои асосии ҳамин ҳизб гардиданд.
23-27 феврали соли 1921 анҷумани V ҲК Бухоро (аввалин анҷуман баъди сарнагун намудани тартиботи амирӣ) вазифаҳои ҳизбро дар давраи нав, барои сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ муайян кард. Дар фаъолияти худ сарварони ХК Бухоро аз мутасаддиёни КМ ХК(б) Русия, Байналмилали коммунистӣ ҳама вақт маслиҳат мегирифтанд. Махсусан, намояндаи доимии Федератсияи Русия дар ҷумҳурии Бухоро В. В. Куйбышев аз болои фаъолияти ҲК Бухоро ва ҳокимияти Бухоро ба тарзи ҷиддӣ назорат мекард. Ӯ дар ин ҷо моҳирона кор бурда, сиёсати ба Русияи Шӯравӣ ва ҲК(б) Русия мақбулро ба тарзе ҷорӣ менамуд, ки чунин чорабинӣ гӯё аз тарафи худи роҳбарони ҷумҳурии Бухоро сар зада бошад. Вай аксари роҳбарони ҷумҳуриро ба хубӣ омӯхта буд, дар муносибат ва баромадҳои худ ба дағалӣ роҳ намедод.
Вале на ҳамаи намояндагони Русия одоби оддии роҳбариро чун В. В. Куйбышев риоя мекарданд. Чунончи, 26 декабри соли 1920 дар Бухоро маҷлиси фаъолони ҲК Бухоро барпо гардид. Дар он чун намояндаи Байналмилали коммунистӣ Г. Сафаров иштирок ва баромад кард. Ӯ сарварони ҷумҳурии Бухороро барои то ба ҳол барҳам надодани боқимондаҳои сарбозони амирӣ айбдор намуда, ҳатто бо ибораи «тӯдаи дуздони шӯравӣ» таҳқир намуда, боз таҳдид намудааст, ки «мо ҳамаи шумоёнро мепарронем», Ниҳоят вай дар охири баромадаш роҳбарони ҷумҳурии Бухороро «аҳмақон» гӯён дашном ҳам додааст. Чунин баромади таҳқиромези Г. Сафаров боиси ба номи ҳукумати Русияи Шӯравӣ фиристодани эътирозномаи сахти сарвари Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ Абдуқодир Муҳиддинов ва раиси Шӯрои Нозирони Халқии ҶХШ Бухоро Файзулло Хоҷаев гардид.
Албатта сарварони ҲК Бухоро ба хубӣ эҳсос менамуданд, ки бе кӯмаку дастгирии ХК(б) Русия ва Байналмилали коммунистӣ фаъолият карданашон хеле душвор аст. Бинобар ин онҳо ҳеҷ гоҳ тарафдори сардии муносибат набуданд. Натиҷаи чунин мавқеъ буд, ки соли 1921 ҲК Бухоро ба ҳайати Байналмилали коммунистӣ чун ташкилоти хайрхоҳ қабул карда шуд.
Декабри соли 1921 анҷумани VI ҲК Бухоро барнома ва оинномаи нави ҳизбро қабул кард. Дар барнома қайд мешуд, ки ҳизби номбурда ташкилоти сиёсии коргарон ва деҳқонони камбағал буда, он барои сохтмони ҷамъияти коммунистӣ мубориза мебарад. Анҷуман ҳайати нави КМ-и ҳизбро бо сарварии Мухторҷон Саидҷонов интихоб намуд. Мувофиқи «хоҳиши» ҳамин анҷуман 2 феврали соли 1922 ҲК Бухоро ба ҳайати ҲК(б) Русия (ба мисли ҳизбҳои ҷумҳуриҳои дигари Федератсияи Русия) дохил шуд.
15-20 январи соли 1924 анҷумани УП ҲК Бухоро масъалаҳои интизом ва рафти сохтмони ҷамъияти сотсиалистиро дида, ҳайати нави КМ-и ҳизбро бо сарварии Аҳмадбек Мавлонбеков, ки бо тавсияи бюрои Осиёимиёнагии КМ ҲК(б) Русия аз ҷумҳурии Туркистон ба Бухоро фиристода шуда буд, интихоб намуд. Миёнаи соли 1924 бо мақсади пурзӯр намудани корҳои ташвиқотӣ бюрои ташкилии КМ ҲК Бухоро дар Бухорои Шарқӣ ташкил карда шуд. Ҳамон лаҳза ташкилотҳои ҳизбӣ дар Душанбе ва Ҳисор вуҷуд доштанд.
Дар асоси таҷрибаи Русияи Шӯравӣ, дар ҶХШ Бухоро ҳам бо кӯшиши ҳизби коммунистӣ дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ: иттифоқи ҷавонон, иттифоқи касаба ва ғайра ташкил карда шуданд. Чунончи, охири соли 1920 дар Бухоро ташкилотҳои иттифоқи касаба ба вуҷуд омад, ки он иттифоқҳои ҳунармандон, деҳқонон, аробакашҳо ва ғайраҳоро дар бар мегирифт. Аз ҷумла 29 декабри он сол «Иттифоқи деҳқонон» ташкил ёфт.
Иттифоқи ҷавонони Бухоро, ба тарзи расмӣ ҳанӯз моҳи августи соли 1919 ташкил ёфта буд. 17 сентябри соли 1920 маҷлиси ташкилии ин иттифоқ КМ-и худро интихоб намуд. Ин иттифоқ низ дар асоси қарори анҷумани якуми худ аз 12 майи соли 1921 ба ҳайати Байналмилали Коммунистии Ҷавонон дохил шуд ва минбаъд номи Иттифоқи Ҷавонони Бухороро гирифт. Бегуфтугӯ ин иттифоқ дар зери назорати ҲК Бухоро буд.

Судҳои халкии қозигӣ

Масъалаи муносибат нисбат ба судҳои қозигӣ дар шароити ҷумҳурии Бухоро аз ҷумлаи чорабиниҳои душвортарин буд. Зеро, чуноне дар боло таъкид намудем, ба таҷрибаи ҷумҳурии Туркистон такя намуда, Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ дар асоси манифести аввалааш судҳои қозигиро барҳам дода, ба ҷойи онҳо судҳои халқиро бунёд намуд. Вале мардум чунин тағйиротро эътироф накард. Бинобар ин бо ташаббуси кумитаҳои инқилобӣ ба ҷойи судҳои халқӣ, судҳои халқии қозигӣ ташкил карда шуданд ва хароҷоти онҳо бошад ба ҳисоби буҷети давлатӣ гузашт. Августи соли 1923 миқдори чунин судҳои халқии қозигии туманию вилоятӣ дар ҷумҳурии Бухоро то ба 65 адад расид, ки аз онҳо 17 ададашон дар Бухорои Шарқӣ амал мекарданд.
Қозиҳои халқӣ аз тарафи нозири адлия, ба муҳлати як сол, аз ҷумлаи донандагони дину шариати ислом таъин мегардиданд. Бинобар ин онҳо минбаъд ҳам дар итоати нозири адлия буданд. Дар назди нозири адлия, ҳамчун органи олии судӣ — Шӯрои қозиҳои халқӣ вуҷуд дошт.
Мавҷудияти судҳои халқии қозигӣ, ки бештар дар асоси қонунҳои нав амал мекарданд, ҳамчун давраи гузариш аз судҳои динӣ-шариатӣ ба судҳои дунявӣ, яъне ғайридинӣ ба ҳисоб меравад.

Муносибати ҶХШ Бухоро бо Федератсияи Русия

Ҷумҳурияти Бухоро агарчанде мустақил ҳисоб мешуд ва чуноне аллакай қайд кардем, ҷумҳурии Русия мустақилияти онро шинохт, вале амалан он дар аввал ба доираи сиёсати Русияи Шӯравӣ ва баъд ба Иттиҳоди Шӯравӣ кашида шуд. Чунончи, 3 ноябри соли 1920 дар байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Бухоро шартномаи (муоҳидаи) муваққатии ҳарбию сиёсӣ имзо гардид, ки мувофиқи он Русияи Шӯравӣ ба ҶХШ Бухоро барои муҳофизати тартиботи нав ва бунёди қисмҳои сурхи ҳарбиаш кӯмаки амалӣ мерасонид. 4 марти соли 1921 дар байни ҶХШ Бухоро ва Русияи Шӯравӣ шартномаи нави иттифоқӣ, шартнома оиди собиқ маҳаллаҳои руснишини Бухоро ва шартномаи иқтисодӣ имзо гардид. Феврали соли 1922 ҶХШ Бухоро дар қатори 8 ҷумҳуриҳо ба протоколе имзо гузошт, ки мувофиқи он ҳамаи онҳо дар гуфтушунидҳои байналхалқӣ ба вакили Федератсияи Русия ҳуқуқи ҳимояи манфиати худро медоданд. 3 августи соли 1922 дар Москва байни Русияи Шӯравӣ ва ҶХШ Бухоро шартномаи нави иқтисодӣ имзо гардид, ки дар асоси он дар байни ин ду давлат монеъгиҳои гумрукӣ бардошта шуд. Дар худи ҳамон сол Федератсияи Русия вазъи душвори ҷумҳурии Бухороро ба инобат гирифта, ба ихтиёри ҳукумати он 200 ҳазор пуд галла фиристод. Бо ташаббуси КМ ҲК(б) Русия моҳи марти соли 1923 дар Тошканд конфронси иқтисодии ҷумҳуриҳои Осиёимиёнагӣ: Туркистон, Бухоро ва Хоразм ҷамъ омад. Мувофиқи қарори он фаъолияти иқтисодӣ ва хоҷагии ин ҷумҳуриҳо муттаҳид карда шуданд. Инчунин бо мақсади инкишофи пахтакорӣ заминҳои пахта бояд аз андоз озод мегардиданд.
Ҳамин тавр дар сарзамини собиқ аморати Бухоро Ҷумҳурии Халқии Шӯравӣ ташкил ёфт. Дар он ҳизби коммунистӣ роли роҳбарикунандаро ба уҳдаи худ дошт. Бо пешниҳодоти ҲК(б) Русия ва Байналмилали Коммунистӣ дар ҶХШ Бухоро ҳам сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ пеш гирифта шуд. Вале мардуми Бухоро ба чунин тағйиротҳои ҷиддӣ ҳанӯз омода набуданд.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.