Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Таблиғгари фарҳанги сулҳ ва хостори ваҳдату субот

1. Сирри сафои ориф зебо бувад ҳамеша

hamadoni_1

Ситораи пурҷилову тобноке қариб 700 сол инҷониб аз қаъри асрҳо бо нури маърифату хирад андешаи моро равшанӣ мебахшад. Ин ахтари дурахшони дунёи маънавӣ бешубҳа, ҳакими ориф, адиби нозукхаёл, мутафаккири нуктасанҷ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, мулаққаб ба Амири Кабир, Алии Сонӣ, маъруф ба Шоҳи Ҳамадон ва ҳазрати Амирҷон мебошад.

Мир Сайид Алии Ҳамадониро сарнавишти аҷибу пурифтихоре насиб гардидааст. Вай зодаву парвардаи Ҳамадони Эрон буда, азизи Тоҷикистон, ифтихори Ҳинду Покистон ва писандидаи Афғонистон мебошад. Қисмати хеле муҳими ҷараёни зиндагии Мир Сайид Алии Ҳамадониро сайру сафарҳои зиёда аз бистсолаи ӯ ташкил медиҳад. Вай бо амри устодаш Маҳмуди Маздақонӣ Балху Бадахшон, Хатлону Маздақон, Язду Сурия, Бағдоду Рум, Ҳинду Чин ва Мовароуннаҳру Сарандебро сайру саёҳат намуда, бо олимону адибон ва ҳакимону орифон суҳбатҳои илмиву адабӣ оростааст.

Дар ин дунё ҳар кас бо ҳар роҳ машҳур гардида, нақше аз худ барои фардоиён ба ёдгор мегузорад. Ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо нури маърифат дар Ҳинду Чину Арабу Аҷам, ба қавли аллома Иқбол, бо ҳунарҳои ғарибу дилпазири худ аз илму санъату тазҳибу дин як Эрони Сағирро бунёд мениҳад.

Барои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барин мутафаккирони равшанзамир омили маҳал вуҷуд надошт. Вай дар зодгоҳаш Ҳамадони Эрон ба камол расида, фаъолияти илмию адабӣ ва таълимиашро дар Хатлону Бадахшон, Ҳиндустону Покистон ва Бухоро идома додааст. Ӯ дар ин маҳалҳо на ҳамчун сайёҳи оддӣ, балки чун сафири илму адаб ва фарҳангу ҳикмат фаъолият менамуд.

Воқеан, шахсони бузурге чун ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ танҳо ба миллату маҳал ва мазҳаби алоҳидае маҳдуд набуданд. Бузургии онҳо аз ин доираҳо берун омада, баҳри хидмати аҳли башар вусъати ҷаҳонӣ пайдо мекунад, ки нишонаи возеҳи он эътирофу эҳтироми миллату халқҳои гуногун аст. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, бешубҳа, аз ҷумлаи чунин симоҳои намоён аст, ки шуҳрату нуфузи ӯ дар Тоҷикистону Покистон, Ҳиндустону Эрон, Афғонистону Ӯзбекистон ва мамлакатҳои араб ба хубӣ эҳсос мешавад. Маҳз аз ин хотир намунаи осори хаттӣ ва нашрии ӯ дар китобхонаҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Шветсия, Англия, Фаронса, Ҳолландия, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Эрон, Хитой, Туркия ва ғайра маҳфузанд. Рисолаҳои илмию фалсафӣ ва назми орифонаи ӯ ба забонҳои урду, туркӣ, лотинӣ, фаронсавӣ ва ӯзбекӣ тарҷума ва нашр гардидаанд.

Аз эътирофи Алии Ҳамадонӣ ва ихлосу эҳтироми мардуми кишварҳои гуногун ба ӯ ин амр низ дарак медиҳад, ки ба ифтихори вай ёдгориҳои арзандаи меъморӣ, аз қабили гунбад, хонақоҳ ва мақбара бунёд кардаанд. Гунбади алавиёни Ҳамадон, масҷиди Муаллои шаҳри Сринагари Кашмир, мазори Похлии Покистон, хонақоҳи махсуси Бухоро ва мақбараи машҳури Хатлон шоҳиди равшани он аст.

Файзи осори пурбаракату баландғояи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба адибону мутафаккирони ҳамрӯзгораш ва хусусан баъдина хеле зиёд аст. Рисолаҳои ӯро Мавлоно Ҷаъфари Бадахшӣ, Муҳаммади Нурбахш, Розен Мюллер, Чарл Солвет, Низомуддин Торумӣ, Муҳаммад Риёз ба забонҳои гуногун тарҷума кардаанд. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Сулаймони Балхӣ, Аҳмади Дониш ба осори ӯ шарҳу тафсирҳо навиштаанд. Асарҳои пурарзиши Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки шашсад сол ин тараф мардумро ба росткорӣ, ростқавлӣ, адлу адолат, дӯстиву рафоқат, некӣ ва накукорӣ ҳидоят кардаанд, арзишҳои маънавии умумибашарӣ гардидаанд.

Равшан аст, ки бузургтарин хидмати орифон эҳтиром ва муҳаббат ба башарият аст. Алии Ҳамадонӣ низ, бегумон, аз ин қабил ҳакимони ориф мебошад, ки ҷавҳари таълимоти ӯро гуманизму инсондӯстии оқилона ва наҷибона ташкил медиҳад. Мағз андар мағзи осори Мир Сайид Алии Ҳамадониро васфи инсон, баланд бардоштани манзалату мартабаи ӯ, ҳимояи манфиати ҳаётии вай, таъкиди мақоми иҷтимоӣ ва сиёсии ҳар фард, эҳтироми зан-модар, такмилу тақвияти суннатҳои фалсафию ирфонии худшиносию худогоҳӣ, роҳу тариқаҳои тарбияи ахлоқӣ ташкил медиҳанд.

Ин марди фозил аз худ асарҳоеро ба ёдгор гузоштааст, ки онҳо аз имтиҳони таърих гузашта, дар ҳама асру замонҳо хидмат карда метавонанд. Бисёр ҳикматҳои пурарзиши он ҳазрат ба аҳдофи режимҳои дунявӣ созгор ва барои ҳар сохти иҷтимоии адолатпарвар судманданд. Илми идораи давлат, риояи адлу адолат ва ахлоқи ҳамида асосу пояи давлату давлатдории имрӯз ҳам буда метавонад.

Он бузургвор нахустзинаи давлатдорӣ ва муҳимтарин пояи пайванди ҷомеаро дар осойиш ва аҳду рафоқати оила ва оиладорӣ мебинад. Муносибати поку боэҳтиромона дар оила, ба падару модар, зану фарзанд ва хешу ақрабо, дастгирии бечорагону корафтодагон, ба ақидаи он ҳазрат, ҳамон пайвандест, ки метавонад як оиларо бо оилаи дигар ва ҳамин тавр як ҷамоаро бо ҷамоаи дигар ва дар ниҳоят тамоми раияти давлатро муттаҳид созад. Мо дар ин марҳалаи душвори давлатсозии худ маҳз ба ҳамин гуна муттаҳидии ҷомеа эҳтиёҷ дорем.

Боз як чизи дигар қобили зикр аст, ки дар фалсафаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ агар ҳоким нисбат ба шаҳрвандон даҳ имтиёз дошта бошад, шаҳрвандон дар нисбати ҳокимон ду баробар бештар, яъне дорои бист имтиёз мебошанд.

Ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бар хилофи ақидаи расмии замони худ ҳамаи ҳокимону халифаҳоро сояи Худо дар рӯйи замин намешуморад. Ба ақидаи ӯ, он ҳокимоне, ки аз тариқати адлу эҳсон берун мераванд ва ба бандагони Ҳақ шафқат намекунанд ва тобеи нафсу ҳавои худ ҳастанд, душмани Худо ва Расули Ӯ (с) мебошанд.

Риштаи бисёр устувори давлатдорӣ, ба ақидаи ҳазрати Амирҷон, хиёнат накардани ҳокимон ва ягонагии қавлу амали онҳост. Роҳбар, ба қавли он ҳазрат, бояд ба сони мурғони ҳаво зирак, мисли пирони хирадманд дурандеш ва чун соҳибхонаи оқила сарфакор бошад. Ин ҳикмат имрӯз ҳам ба роҳбарони ҳамаи зинаҳои идораи давлатии мо хеле омӯзанда мебошад.

Дар ин давру замон, ки бар асари пош хӯрдани низомҳои гуногуни иҷтимоию сиёсӣ, падидаҳои носавоб, бархӯрдҳои ҳасадовар ҷомеаи башарӣ ба мушкилоти мухталиф дучор омадааст, андешаҳои ҳакимонаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дастурамали пурарзише буда метавонанд.

Дар даҳ шарте, ки Алии Ҳамадонӣ барои ҳокимияти одилонаву оқилона бар подшоҳону ҳокимон воҷиб мешуморад, асосан, на ҳимояи манфиатҳои шахсони алоҳида ё гурӯҳи муайян, балки ҳифзи марому мақсад ва манфиати мардуми заҳматкаш, халқи оддӣ баён гардидаанд. Мутафаккир ҳатто баровардани ҳоҷати эҳтиёҷмандонро аз тоату ибодат авлотар мешуморад. Аз нигоҳи ӯ, омили инсонӣ аз омили мазҳабӣ болотар аст.

Мақсаду мароми асосии фалсафаи ин марди хирадманд ба дараҷаи инсони комил расонидани ҳар фарди ҷомеа аст, ки тавонад дунёи моддӣ ва олами ҷисмониашро аз айбу нуқс, унсурҳои зишт пок намуда, ба туфайли қаноат, сабру таҳаммул, идроку маърифат, ғайрату риёзат, садоқату рафоқат ҷисмонияту маънавияташро ба ҳадди камол расонад.

Ҳусну таровати таълимоти ахлоқии Мир Сайид Алии Ҳамадониро тавсифу таъкиди унсурҳои ахлоқи неку писандидаи башарӣ амсоли фурӯтанӣ, хоксорӣ, вафодорӣ, тавозуъ, камозорӣ ташкил медиҳад, ки намунаи дилписанди он рубоии зерин мебошад:

Айб аст баланд баркашидан худро,
В-аз ҷумлаи
халқ баргузидан худро.
Аз мардумаки дида бибояд омӯхт,
Дидан ҳама касрову надидан худро.

Ҳикмати ирфонии Алии Ҳамадонӣ инсонро ба фаъолиятмандӣ, эҷодкорӣ ҳидоят мекунад. Вай на фалсафаи таслиму афтодарӯҳӣ, балки ҳикмати бузургии шаъну мартабаи инсон аст.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мардумро ба кор баҳри дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ва меҳнати софдилона раҳнамойӣ менамояд. Вай инсонҳоро ба ростгӯйӣ ва покию садоқат ҳидоят намуда, аз кибру ҳасад, ҳарисӣ, молу ҷоҳпарастӣ парҳез намуданро таъкид мекард. Ба ин маънӣ дар шоҳасараш «Захират-ул-мулук» фармудааст, ки ҳар кӣ такаббуру бухлу ҳасадро пеша кунаду зердастонро ба ноҳақ биёзорад, он кас асари раҳмат набинад. Амири Кабир бовар дошт, ки сифатҳои зишти ахлоқӣ сарчашмаи адовату душманӣ ва бадбахтию касодӣ мебошанд. Ин андешаҳои мутафаккир, бешубҳа, баёнгари ҷиҳатҳои гуногуни таълимоти башардӯстонаи ӯ мебошанд.

Метавон гуфт, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо фаъолияти доманадору серсоҳа ва пурфайзаш барои халқҳою кишварҳои гуногуни Машриқзамин хидмати босазое кардааст. Вай ба ин васила ҳамчун сафиру вакили илму фарҳанг, ҳунар ва адабу ирфон дунёи маънавии мардуми Ховарзаминро бо ҳам наздик гардонд, дар тақвияти робитаҳои дӯстии онҳо саҳми шойиста дошт. Ном ва осори гаронбаҳои ин ситораи тобноки илму маърифат дар осмони тамаддуни башарият ҷовидона нурпошӣ хоҳад кард.

Мехоҳам як нуктаи муҳимро таъкид намоям. Пос доштани хотираи бузургоне мисли Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигар шахсиятҳои нотакрори илму адабамон набояд фақат ба хотири ифтихору болидан бошад. Мо фақат дар ҳамон сурат эҳтироми бузургонамонро комилан ба ҷо меорем, ки осори онҳоро омӯзем, фарзандонамонро дар рӯҳияи таълимоти онҳо тарбия кунем, фармудаи онҳоро дастури амал қарор диҳем, то ки дар оянда ҳам аз байни халқи мо Рӯдакиҳо, Фирдавсиҳо, Бӯалиҳо, Хайёмҳо, Мир Сайидҳо ба воя расанду мо дар рушди тамаддуни башар саҳмгузор бошем. Дар маҷлиси орифон иштирок намудан ва аз нури маърифати онҳо файзёб шудан ҳадяи бузургест.

Ин гузориши кӯтоҳро бо байти дилангези ҳазрати Амирҷон ҷамъбаст менамоям:

Зеби ҷамоли маънӣ чун нури маърифат шуд.
Сирру сафои ориф зебо бувад ҳамеша.

2. Ҳаст доим салтанат дар маърифат

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо осори гаронбаҳои худ, ки асоси онҳоро дарки дурусти масъалаҳои фалсафию ҳикмат ва ахлоқу адаб ташкил медиҳанд, дар тамаддуни Шарқ мақоми барҷаста дорад. Вай пеш аз ҳама мақому манзалати инсонро ҳамаҷониба таҳқиқ карда, нақши ӯро дар ташаккул ва густариши амалҳои солеҳу созанда басо пурарзиш донистааст.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо кӯшиши зиёди падари бузургвораш, ки яке аз шахсони бонуфуз ва соҳибмаърифати замон ба ҳисоб мерафт, аз овони хурдӣ ба омӯхтани Қуръон, илмҳои сарфу наҳв, шариат, калом, ҳикмат, ҳисоб, риёзӣ ва қироат машғул шуда, аз бузургтарин уламо ва донишмандони давр сабақ гирифт ва соҳиби донишу фазилат ва ҷаҳонбинии васеъ гардид. Ҳамин дониши васеъ ба ӯ имкон дод, ки дар давоми умри бобаракати худ аз рӯйи баъзе сарчашмаҳо 70 ва тибқи ахбори дигар 146 рисолаи хурду бузурги фалсафию адабӣ таълиф намояд, ки ба масъалаҳои муҳими фалсафӣ, тасаввуф, ҷараёнҳои он ва дигар масъалаҳои арзишманди ахлоқиву маънавӣ бахшида шудаанд.

Донишу маърифати пурвусъати Амири Ҳамадонӣ номашро дар як давраи кӯтоҳ шуҳратёр намуд ва ақидаҳои вай дар тамоми қаламрави Эрон, як қисми Ҳиндустон, Покистон ва Арабистон паҳн гардида, дар ин кишварҳо мактабҳои бузурги пайравони ӯ таъсис ёфтанд. Шогирдону тарафдорони ин орифи покзамир биниши назарӣ ва ақидаҳои ирфонии ӯро такмил дода, мақом ва номи ӯро боз ҳам машҳуртар гардониданд.

Шуҳрату мақоми бузурги Ҳамадонӣ Хуросону Мовароуннаҳрро низ фаро гирифта, баъди мусофираташ ба Машҳаду Ҳирот, Балх ва Хатлону Бадахшон дар ин ҷойҳо дилбохтагону муридон ва ҳамсафони зиёде пайдо менамояд.

Амири Ҳамадонӣ баъди сафар ба диёри мардуми меҳмоннавоз ва фарҳангпарвари Хатлон, вохӯриву суҳбатҳо бо табақаҳои мухталиф ва шиносоиаш бо сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб дар ин макон маҳбубияти боз ҳам бештар пайдо карда, ин ҷойро ҳамчун маркази таблиғи ақидаҳои ирфонии худ интихоб менамояд ва чанд муддат дар ин макон ба корҳои таълимиву маърифатӣ машғул мегардад.

Сипас боз ба мусофират баромада, дар шаҳру вилоёти мухталиф бо орифону донишмандони зиёде вохӯрда, бо онҳо баҳсҳо меорояд ва оқибат дар музофоти Ҳунари Афғонистон вафот мекунад. Шогирдону муридони содиқи вай тибқи васияташ ҷасади ӯро ба Кӯлоб меоранд ва дар ин шаҳр ба хок месупоранд. Аз соли 1386, яъне аз охири асри XIV то ба имрӯз шаҳри Кӯлоб ва мардуми тоҷик манзили охирати ин бузургмарди Машриқзаминро гиромӣ дошта, ба шахсият ва осораш эҳтирому эътиқоди хосса мегузоранд. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо фазилатҳои неки инсонӣ ва дониши васеи худ дар сарзамини тоҷикон тарафдорон ва шогирдони зиёде пайдо намуда, дар тарбияи онҳо нақши сазовор гузошт ва ба ин васила номи худро дар хотираи таърихии халқи тоҷик ҷовидон гардонид.

Пеш аз истиқлолияти давлатӣ бо шахсият ва осори Алии Ҳамадонӣ танҳо як гурӯҳи хурди олимон ва донишмандон шиносоӣ доштанд. Аммо баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва бо ташаббуси Ҳукумати кишвар доир гардидани ҷашни 680-солагӣ ва 700-солагии ин шахсияти бузург номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вирди забони хурду бузург шуда, мақому мартабааш шуҳрати арзандаву сазовор пайдо кард.

Имрӯзҳо осори ӯ ба забонҳои мухталифи дунё чоп шуда, ақидаҳои инсондӯстонааш писанди дӯстдорони ҳикмату адаб ва ирфону тасаввуф гардидаанд. Амири Ҳамадонӣ дар шинохти назарияи маърифат ва тариқат ислоҳоти куллӣ ворид намуда, дар ин ҷода дараҷаи ҳакими беназирро соҳиб шуд. Ӯ дар заминаи ин биниши фалсафӣ ба моҳият ва ҳақиқати умри инсонӣ баҳои сазовор дода, роҳҳои расидан ба саодати дунявиро равшан намудааст. Махсусан, дар рисолаҳои “Кашф-ул-ҳақоиқ”, ”Қуддусия”, “Шарҳи фусус-ул-ҳикам”, "Рисолаи ақлия”, "Рисолаи вуҷудия”, “Рисолаи маърифати нафси инсонӣ” ва осори дигараш ақидаҳои фалсафии худро гунҷонида, сифатҳои поку ҳамидаи инсонро ҳамчун меҳвари коинот тавзеҳ додааст.

Ба қавли Алии Ҳамадонӣ, инсон ягона махлуқест, ки аз фазилати нутқ, ақл ва илм бархӯрдор мебошад. Дуруст ташаккул додани ин фазилатҳо, ба пиндошти ӯ, шахсро ба мартабаи хирадмандиву бузургӣ расонида, неру ва қобилияти рӯҳиву равонии инсонро ташаккул медиҳад.

Маърифат барои Ҳамадонӣ воситаи ба даст овардани илму дониш, малакаву маҳорат, завқу истеъдод ва шуҷоату қаноат, инчунин пояи сабру эҳсон ва зуҳду тавба дар роҳи тариқат мебошад. Ӯ бе сайри водии маърифат ба мақоми тариқат расиданро номумкин дониста, ғояти камолоти инсонро дар ин манзил мебинад ва аз ин роҳ ақидаҳои тасаввуфии худро тавзеҳ дода, ғояи фалсафии ваҳдати вуҷудро мукаммал мегардонад.

Амири Ҳамадонӣ андешаҳои ирфонии худро бо таъкиду ишораҳои бузургони ин роҳи тариқат дар рисолаи “Минҳоҷ-ул-орифин” ҷамъ овардааст. Дар ин рисола андарзҳои ҳакимона дар боби мағрур нашудан, касро айб накардан, ғайбатро дӯст надоштан, тамаъро аз дил дур кардан, ростӣ варзидан, озори кас нахостан, қаноату фурӯтанӣ пеша кардан, ба ҳама нармӣ намудан, худписанд набудан ва монанди инҳоро дар шакли панднома таълиф намуда, хислатҳои неку ҳамидаро, ки дар миёни халқ ва адабу фарҳанги деринаи мо арҷи зиёд доранд, тарғиб менамояд.

Дар баробари ин, Амири Кабир оид ба моҳияти футуввату ҷавонмардӣ ва нақши ин хислатҳои нек дар ташаккули шахсияти инсон изҳори назар карда, дар “Рисолаи футувват” ба мақому манзалати ин ойини беҳтарини инсонӣ баҳои баланд медиҳад ва аҳли ҷомеаро ба ҷавонмардӣ, дӯстиву бародарӣ ва саховату ҳимматбаландӣ даъват месозад. Мутафаккир се мартабаи футувватро шарҳ дода, бародарии одамонро мартабаи асосӣ донистааст ва караму саховат, иффату амонат ва шафқату меҳрубониро аз ҷумлаи беҳтарин хислатҳои ҷавонмардӣ маънидод кардааст. Ба ақидаи вай, пайравони аҳли футувват бояд “бо пирон бо ҳурмат, бо ҷавонон бо насиҳат, бо тифлон бо шафқат, бо заифон бо ҳиммат, бо дарвешон бо базлу саховат, бо халқ бо эҳсону мурувват, бо нафс ба ҷанг, бо халқ ба сулҳ, дар муқобили аду ҳалим, бар илми наҷот ҳарис ва бо андаки дунё қонеъ бошанд”. Ин андарзҳои ҳакимонаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд ва ба мардум ҳамчун сабақи зиндагӣ хизмат мекунанд.

Мутафаккири бузург инчунин ҷараёни риндиро ҳамчун як шохаи тариқати сӯфия шарҳ дода, уламои зоҳирпараст, фақеҳони ҷоҳил ва мутаассибони гумроҳро накуҳиш мекард ва расидан ба ҳақиқатро беҳтарин роҳ дар шинохти зоти Ҳақ медонист.

hamadoni_2

Дар таърихи тамаддуни башарӣ Амири Ҳамадонӣ ба мисли Саъдии Шерозӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун муаллими ахлоқ маҳбубу маъруф мебошад. Дар аксари офаридаҳои ӯ масъалаҳои маънавӣ ва иҷтимоӣ ҷойи муҳим дошта, беҳтарин хислатҳои одамӣ ва расидан ба мақому мартабаи инсони комил шарҳу тавзеҳ ёфтаанд. Боиси таъкид аст, ки донишманд илмро асоси пешрафти зеҳнияти инсон дониста, онро пояи ташаккули сифатҳои дигари хулқи инсонӣ медонад.

Амири Ҳамадонӣ доир ба қадру манзалати волидайн низ панду таъкидҳои зиёди ҳакимона дорад, ки дар миёни халқи тоҷик моҳияти худро то ба ҳол гум накардаанд. Зеро мардуми мо ба қадри падару модар расиданро беҳтарин шарафи инсонӣ медонанд, ҷойгоҳи онҳоро муқаддас ва мақомашонро азиз медоранд ва ба волидайн хизмат карданро қарзи фарзандӣ ва ойини ҷавонмардӣ мешуморанд.

Амири Кабир мақоми оиларо низ муқаддас мешуморад. Вай дар миёни зану мард шартҳои воқеӣ гузошта, риоя ва иҷрои онҳоро вазифаи ҳар ду тараф медонад. Донишманд барои марду зан муоширати хуб, сиёсати дуруст, ғайрати дучанд, таъмини дурусти нафақа ва таълими солеҳро шарти зарурӣ дониста, бетафовут набудан ба қисмати ҳамдигарро махсус таъкид месозад.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тарбияи маънавии инсонро ҳамчун рукни боэътимоди ташаккули шахсият муҳим шуморида, дар бештари рисолаҳояш масъалаҳои ахлоқиро тавзеҳ медиҳад. Вай тарбияро рукни камолоти инсон шуморида, онро асоси пойдориву устувории хонавода маънидод менамояд: «Чун тифлро аз аввал бад-ин тартиб тарбият кунанд, вақте ба ҳадди балоғат расад, баракати он ба зоҳиру ботини ӯ зуҳур кунад. Агар ҳамчунин кардӣ, наҷот ёфтӣ ва ҳам халқро наҷот додӣ… ”.

Дар баробари ин ҳаққу ҳуқуқи фарзандро муайян намуда, ӯро амонати Ҳақ мешуморад ва тарбияву таълимашро вазифаи муқаддаси падару модар медонад ва дар ин мавзӯъ ривоятҳои зиёд оварда, аз ҷумла таъкид менамояд, ки "аз ҳама бештар модару падар ва устоду омӯзгор дар савоби фарзандон шарик мебошанд ”.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тарбияро ҷавҳари маънавияти инсон шуморида, одамонро ба раиятпарвариву қадршиносӣ, саховатмандиву хайрхоҳӣ ва даҳҳо амали солеҳи дигар даъват менамояд ва дар замири хонандааш ҳусни садоқат ба бузургон, пирон ва волидайн, хешу таборро бештар мегардонад. Вай дар асарҳои худ инчунин доир ба адлу эҳсон, усули давлатдорӣ, фазилатҳои роҳбарӣ ва муносибат бо раият муфассал андеша ронда, доир ба ин масъалаҳо ҳамчун як ҷомеашинос ва файласуфу сиёсатшиноси одилу оқил изҳори назар менамояд.

Алии Ҳамадонӣ баъди азият ва мушкилоти зиёде, ки дар зиндагиаш рӯ ба рӯ шуд, ба хулосае омад, ки барои ҷомеа ва инсоният сулҳ ва оромиш нақши арзанда дорад. Аз ин рӯ, вай фарҳанги сулҳро таблиғ карда, хостори ваҳдату субот ва ҳамраъйию муттаҳидӣ мебошад. Бо ин мақсад ӯ дар асарҳояш ҳикмати мадороро ташвиқ карда, таҳаммулгаройиро воситаи муҳими ҳалли ҳар гуна низоъ медонад.

Барои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тафриқаи мазҳабӣ, нажодӣ ва милливу фарҳангӣ бегона мебошад ва дар тафаккури иҷтимоии ӯ баробарии равияву ҷараёнҳои мазҳабӣ дар эътиқоду эҳтироми Ҳақ муҳим арзёбӣ мегардад. Дар назди ӯ намояндагони дину мазҳаб, қавму миллат, ҳиндуву мусалмон, шиаву суннӣ баробар буда, касонеро, ки миёни онҳо фарқ мегузошт, сахт мазаммат мекунад ва ихтилофи “мову манеро дур шудан аз ҷамоли Ҳақ медонад. Ин таъкиди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ имрӯз ҳам моҳияти худро гум накардааст. Зеро “мову ман”, “куфру имон” ва “бидъату суннат” гуфтанҳои бархе аз мусалмонон дар баъзе кишварҳои олам, мисли Сурия, Ироқ, Яман, Лубнон, Миср ва Афғонистон оқибатҳои нангинеро пеш овардааст, ки имрӯз тамоми дунё аз он нигаронӣ менамояд. Аз ин рӯ, мо бояд таъкидҳои ҳакимонаи Амири Ҳамадониро сабақи зиндагӣ ва кору фаъолияти худ қарор диҳем ва ҳаргиз нагузорем, ки дар сайёра ихтилофу низоъҳои нав сар зада, боиси халалдор гардидани сулҳу субот шаванд.

Дар шароите, ки равияҳои тундгаро ва низоъҳои диниву мазҳабӣ дар баъзе манотиқи дунё торафт вусъат меёбанд, ақидаҳои мутафаккирони гузашта, амсоли Амири Ҳамадонӣ арзиши бештар пайдо мекунанд. Аз ин рӯ зиёиён ва олимону донишмандон, уламои динӣ ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки дар асоси андешаҳои ҳакимонаи ин қабил донишварон ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти хурофотпарастӣ, экстремизму терроризм ва дигар падидаҳои нангин садо баланд кунанд ва барои дар зеҳни мардум, хусусан наврасону ҷавонон ташаккул додану решадор сохтани ғояҳои инсондӯстӣ, таҳаммулгаройӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ мунтазам кор кунанд.

Рисолат ва вазифаи муқаддаси аҳли зиё дар чунин марҳалаҳои муҳиму ҳассос маҳз аз он иборат аст, ки аҳли ҷомеаро ба роҳи росту дуруст, ба шинохти ҳақ аз ботил ва ба сӯйи ободиву пешрафт ҳидоят намоянд ва дар ин роҳ дар навбати аввал худашон пешраву намуна бошанд. Барои ҳамин онҳоро аҳли зиё, яъне аҳли рӯшноӣ ва равшанкунандаи роҳи дигарон мегӯянд.

Хизмати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар рушди адабиёти классикии тоҷику форс низ бузург буда, офаридаҳои ӯ намунаи беҳтарини осори лирикии ирфонӣ ва ахлоқӣ ба шумор мераванд. Ӯ дар ин ҷода анъанаи донишмандони барҷастаи Шарк Шайхурраис Абӯалии Сино, Умари Хайём, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Ҳаким Саноӣ, Шайх Аттор, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Хоҷа Насируддини Тӯсӣ ва дигаронро идома додааст. Дар ашъори Амири Ҳамадонӣ инъикоси масъалаҳои ахлоқу тасаввуф, маърифату маънавият, мақому манзалати инсон ва тараннуми ишқи илоҳиву инсонӣ ҷойи сазовор дорад.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шеърро воситаи муносибу мувофиқи баёни андешаҳои ирфонӣ ва ахлоқиву иҷтимоии худ қарор дода, ҳамчунин дар рушду густариши забон ва адабиёти тоҷику форс хизмати шойистаеро ба анҷом расонидааст. Дар ашъори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оҳанги ирфонӣ бо андешаҳои таълимӣ хуб омезиш ёфта, ифодаҳои рамзӣ, андарзҳои ҳаётӣ ва тараннуми кирдору амалҳои шойиста хеле зиёд ба назар мерасанд ва онҳо бо мақсади дуруст таълим додани инсон ва боиффату қаноатпеша ба воя расидани вай таълиф шуда, ҳамчун дурри маънавӣ барои ташаккули ҷаҳонбинии инсон хизмат менамоянд.

Фархунда бод рӯҳи бузургони миллат, офарандагони осори бегазанди маънавӣ ва ситойишгарони ахлоқу адаб! Бигзор, ҳамеша илм собитқадам, маърифат пешқадам, маънавият бобарор ва фарҳанги миллӣ пойдору устувор бошад!

Бозгашт ба мундариҷа

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.