
Китобҳо
Мероси адабии Саъдии Шерозӣ
Таҳрири охирин 08.03.2026
Аз мероси адабии Шайх Саъдӣ он чи ки дарёфт намудем, ба маърази таваҷҷуҳатон ин ҷо ниҳодем. Ҳанӯз бархе китобҳое, дар ватанамон нашр гардидаанд (масалан, ҷилди сеюми Куллиёт, 1990) ба мо дастрас нест.
Бо ин ҳама гумон мекунам, ки пурра набошад ҳам, намунаҳои тамоми осори Саъдӣ дар ин саҳифа гирд оварда шудаанд.
Достонҳои дилангез аз «Бӯстон»-и Шайх Саъдӣ / Интихоб ва шарҳу нигориши насрии доктор Абдулманнони Насриддин; Муҳаррир Фарзона. – Хуҷанд: Ношир, 2008. – 226 с.
Куллиёти афсаҳ-ул-мутакаллимин Абуабдуллоҳ Мушарраф бин Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ бо муқаддимаи доктор Аббос Иқболи Оштиёнӣ. ‒ Теҳрон, 1317. ‒ 1028 с. (умумӣ)
Куллиёти Саъдӣ. Тасҳеҳи Муҳаммад Алии Фурӯғӣ. ‒ Теҳрон: Чопхонаи Барухим, 1316 -1320. ‒ 1289 с. (форсӣ)
Роҳе ба сӯйи «Бӯстон»: Нигориши навин ва гӯё бар асари адабӣ-ахлоқии Шайх Муслиҳиддини Саъдӣ. Муаллиф: Мулло Маъруфҷони Истаравшанӣ. Муҳаррир: Профессор Атахон Сайфуллоев. ‒ Бе ҷойи нашр, 2008. ‒ 327 с.
Саъдии Шерозӣ. Бӯстон. Мураттиб Саҳобиддин Сиддиқов. Ҳозиркунандаи чоп Мубашшир Акбарзод. Муҳаррири масъул Холов Музаффар. – Д.: Маориф ва фарҳанг, 2008. ‒ 292 с. – Силсилаи «Китобхонаи мактаб»
Саъдии Шерозӣ. Бӯстон: Бо иловаи шарҳ ва тарҷумаи мухтасари ӯзбекӣ. Таҳиякунанда, шореҳи луғот ва муаллифи пешгуфтор: Рӯзибойи Қурбониён. Муҳаррири масъул: Саидолимов Комилҷон. – Д.-Ғелон-Тошканд, 2024. ‒ 1370 с. Дастнавис.
Саъдии Шерозӣ. Гулистон. Тартибдиҳандагон И. Ализода, А. Деҳотӣ. Муҳаррир А. Адҳамов. ‒ Д.: Нашрдавтоҷик, 1962. ‒ 143 с.
Саъдии Шерозӣ. Гулистон. Ба чоп тайёркунанда, муаллифи муқаддима ва мураттиби луғат Саҳобиддин Сиддиқов. Муҳаррири масъул Аълохон Афсаҳзод. – Д.: Дониш, 1988. — 216 с.
Саъдии Шерозӣ. Гулистон. Мураттиб Саҳобиддин Сиддиқов. Ҳозиркунандаи чоп Мубашшир Акбарзод. Муҳаррири масъул Холов Музаффар. – Д.: Маориф ва фарҳанг, 2008. — 232 с. – Силсилаи «Китобхонаи мактаб»
Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт. Таҳияву тадвин, муқаддима ва шарҳи луғот аз Мубашшир Акбарзод. Муҳаррир Гурез Сафар. – Д.: Адиб, 2014. – Силсилаи «Ахтарони адаб», ҷ. 27. — 480 с.
Саъдии Шерозӣ. Куллиёт: Иборат аз чаҳор ҷилд. Ҷилди 1. Қасоид, марсия. (АФ РСС Тоҷикистон). Мураттиб ва муаллифи сарсухан Саҳобиддин Сиддиқов. Муҳаррир Ю. Аҳмадов. Рассом А. Муҳаммадиев. – Д.: Адиб, 1988. — 432 с.
Саъдии Шерозӣ. Куллиёт: Иборат аз чаҳор ҷилд. Ҷилди 2. [Тайибот, девони «Бадоеъ», «Ғазалиёти қадим», маснавиёт ва қитъаву рубоиёт] (АФ РСС Тоҷикистон). Мураттиб Саҳобиддин Сиддиқов, Назира Қаҳҳорова. Муҳаррир Ю. Аҳмадов. Рассом А. Муҳаммадиев. – Д.: Адиб, 1989. — 416 с.
Саъдии Шерозӣ. Саду як ғазал. Мураттибон Қаҳҳори Расулиён, Асо Мусоев. Муҳаррир М. Рақибов. ‒ Д.: Ирфон, 2008. ‒ 112 с.
Шакурзода Обид. Шарҳи «Гулистон» бар асоси тасҳеҳ ва табъи шодравон Муҳаммадалии Фурӯғӣ (бо бозгардон ба кириллӣ ва бо маънии вожаҳо ва шарҳи ҷумлаҳову байтҳои душвор) ва муқаддимаи шодравон Ғуломҳусайни Юсуфӣ; Муҳаррири масъул Ӯктами Холиқназар; Муҳаррири нашриёт Асрори Раҳмонфар. ‒ Д.: Адиб, 2014. ‒ 540 с.