Даврони начандон тӯлонии истиқлолияти миллии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки мо ба таърихи илму фарҳанги хеш, ки собиқаи чандинҳазорсола дорад, аз мавқеи тоза назар андозем ва аз ин ганҷинаи пурбори сухану маънӣ боз ҳам сермаҳсултар истифода намоем. Дар ин муддат мардуми тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ чандин ҷашнвораҳои бузургро, ки ба посдории ниёгон бахшида шуда буданд, гузаронид ва ҷаҳонро бо дастовардҳои дирӯзи дуру наздики худ шинос кард. Қобили қайд аст, ки дар вақти тарҳрезии ҳар гуна ҷашнвораҳо қабл аз ҳама мақсад гузошта мешавад, ки мардум боз як бори дигар ба мероси гузаштаи худ рӯй оваранд ва барои имрӯзу фардои хеш ва умуман ҳалли масъалаҳое, ки ҷомеаи имрӯза дар пеши аҳли башар мегузорад, ҷавоб пайдо кунанд.
Аз ҷониби ЮНЕСКО Соли бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) (1207-1273) эълон шудани соли 2007, чорабиниҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои гуногун барои таҷлили 800-умин солгард аз мавлуди ин фарзанди барӯманди тоҷик ба нақша гирифта, ба иҷро расониданд, дар қатори он ҷашнвораҳои дигар боз аз нав имкон доданд, ки ҳамаи мо ба гузаштаи худ дар мисоли ҳаёт ва осори ин мутафаккир бо диди нав назар андозем ва барои маънидоди воқеияти ҷаҳони муосир дар андешаҳои ӯ барои худ пояҳои нав ба нав ҷустуҷӯ намоем.
Орифи бузург Мавлонои Балхӣ дар тамоми ақсои Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андешаҳои фалсафии ӯро дар тамоми олам бо завқу шавқи беандоза чи пиру чи ҷавон, чи марду чи зан, новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ қироат мекунанд. Як сабаби асосии ба эҷодиёти мутафаккир рӯ овардани мардуми зиёде дар кишварҳои гуногуни олам ба он алоқаманд аст, ки ӯ аксарияти масъалаҳои ҳаётан муҳимро воқеъбинона тафсир кардааст. Ин воқеъбинӣ дар қолаби ирфонӣ инъикос ёфта бошад ҳам, на танҳо бо ҷаҳонбинии аҳли тасаввуф ва тафаккури шахсии ин марди донишманд, балки бо тарзи ҳаёт ва шароити таърихию иҷтимоие, ки мутафаккир дар он тарбия ёфтааст, сахт алоқамандӣ дорад. Ин аст, ки андешаҳои зиёди ирфонии Мавлоно то кунун ҳам аҳамияти худро гум накардаанд ва аксарияти он дархури ниёзмандӣ ва эҳтиёҷоти фикрию ахлоқии ҷаҳони муосир аст.
Аз тарафи дигар, таълимоти Ҷалолуддини Балхӣ гуногунҷабҳа буда, тамоми паҳлуҳои зиндагии инсон, андеша, тафаккур ва талаботи рӯзмарраи аҳли башарро фаро мегирад. Ба ҳамин маънӣ такя карда ва неруи фарогирандаи осори Мавлоноро ба назар гирифта, таълимоти ӯро аксари муҳаққиқон «баҳр дар кӯза» номгузорӣ кардаанд, ки ба ҳақиқати ҳол комилан мувофиқ аст. Аз ин рӯ, ақидаву афкори ин мутафаккирро бо як ирфон, ки одатан дур аз воқеият шуморида мешавад, маҳдуд кардан нашояд. Барои таълимоти ӯ нақши ҳиссу ақл дар масъалаҳои маърифати олам, манзалати муҳит ва тарбия дар ташаккули ахлоқии инсон ва мақоми дигар омилҳои иҷтимоӣ дар ҳаёти мардум низ хеле муҳим аст.
Омезиши ирфону ақлоният ва ахлоқу иҷтимоиётро дар андешаҳои Мавлонои Балхӣ мушоҳида намуда, месазад, ки ба таърихи афкори ниёгони худ ва мавҷудияти мактабу равияҳои гуногуни фикрӣ дар он муроҷиат намоем. Ба ақидаи муҳаққиқони зиёд, дар таърихи афкори иҷтимоӣ ва фалсафии халқи тоҷик, ки даврони дурударозеро дар бар мегирад, асосан се навъи равия ва мактаби фикрӣ ба назар мерасад: динӣ, фалсафӣ ва ирфонӣ. Равияҳои динӣ ё рӯҳонии мактабҳои фикрии тоҷикони имрӯз ва ниёгони дури мо аз ориёиёни қадим, Зардушт, Монӣ ва Маздаку дигар мутафаккирони пешазисломӣ, баъд аз интишори ислом бошад, аз аркони ин дини мубин реша мегиранд ва боварию эътиқод ва маънидоди тамоми масъалаҳои фалсафию иҷтимоӣ аз нигоҳи дин асоси ин навъ ҷаҳонбиниро ташкил медиҳад. Дар равияҳои фалсафӣ ё ақлонӣ бошад, агарчи маънидоди динӣ ё рӯҳонии масъалаҳо низ ҷой дорад, бо такя ба мантиқу ақл ҷавоб ҷустан ба саволҳое, ки ҳаёти илмиву иҷтимоии инсон онҳоро ба миён меоварад, ҷавҳари ин навъи ҷаҳонбинӣ ҳисоб меёбад. Ба ибораи дигар, ин амр — ақлгаройӣ дар таърихи афкори ниёгони мо на танҳо бо такя бар ақидаву афкори худӣ, балки бо истифода аз мантиқу фалсафаи юнониёни қадим ва дигар дастовардҳои аҳди атиқаву асрҳои миёнаи мардуми гуногуни олам сурат гирифтааст.
Ва ниҳоят, равияи сеюм дар таърихи илму фалсафаи мардуми мо ин роҳи ирфонии тафсири воқеияти иҷтимоии инсон аст, ки дар худ ба тарзи махсусе ду роҳи қаблан зикршуда — рӯҳонӣ ва ақлониро фаро мегирад. Ба ибораи дигар, ирфон ё тасаввуф мактабе буд. ки ақидаҳои динҳои гуногун, аз қабили буддоия, зардуштия, ислом, масеҳият ва ғайраро бо ақлгаройӣ аз як тараф ва роҳҳои фавқулақлонии маърифатро аз дигар тараф омезиш дод.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ маҳз ҳамин роҳи сеюмро намояндагӣ мекунад ва ба ҳамин сабаб таълимоти ӯро, чуноне ки қаблан зикр гардид, бо як ирфон маҳдуд кардан ва дур аз воқеияту ақлоният шумурдан, ё худ сирф динӣ маънидод кардан чандон дуруст нест. Қобили қайд аст, ки чунин фаҳмишҳои гуногуни таълимоти Мавлоно ҳанӯз аз замони худи мутафаккир вуҷуд доштанд ва ин боис шудааст, ки шоҳасари ӯ — «Маснавии маънавӣ»-ро аз як тараф «Қуръон дар забони паҳлавӣ» хондаанд ва аз тарафи дигар «каломи сӯфиёни шум» ном гузоштаанд. Имрӯз бошад, ба муҳаққиқон ва умуман, ба ҳамаи онҳое, ки ба таълимоти Мавлонои Балхӣ муроҷиат менамоянд, зарур аст, ки дар баҳодиҳии он аз яктарафа™ даст кашида, тамоми ҷанбаҳои таълимоти ӯро бубинанд ва бештар ба он мавзӯъҳое, ки ба муносибати дину мазҳабҳои гуногун, мушкилоти иҷтимоиву ахлоқӣ ва масъалаҳои зиёди дигари дархури воқеияти муосир нигаронида шудаанд, таваҷҷуҳ намоянд.
Албатта, ҷанбаи ирфонии таълимоти Ҷалолуддини Балхӣ дар осораш беш аз тарафҳои дигари ҷаҳонбинии ӯ зуҳур мекунад ва инро наметавон нодида гирифт. Пӯшида нест, ки масъалаҳои дарёфти ҳақиқат, ишқи Илоҳӣ ва амсоли он дар эҷодиёти мутафаккир, хусусан, дар саҳифаҳои «Маснавӣ», мақоми беандоза бузурге доранд. Вале дар ин самт як нукта қобили қайд аст, ки вақте Мавлоно дар бораи дарёфти ҳақиқат сухан мегӯяд, ӯ инсонро ба таҳқиқи олами ботинии худ водор месозад. Чуноне ки маълум аст, барои Румӣ ва мутафаккирони дигари ҳаммашраби ӯ ҳиссу ақд ҳамчун воситаҳои маърифат бо олами моддӣ маҳдуданд. Олами маънӣ ва зуҳуроти маънавӣ бошад, аз нигоҳи онҳо, маҳз тавассути таҳқиқи олами ботинии инсон ё ба истилоҳи илми имрӯза, тавассути баррасиҳои равоншиносӣ, фаҳмида мешаванд. Ба ибораи дигар, дарёфти маънавият аз диди Мавлоно ин шинохти инсон ё худ худшиносист. Беҳуда нест, ки худи мутафаккир инсоншиносиро болотар аз ҳама илмҳо гузошта, иброз доштааст:
Ҷони ҷумла илмҳо ин аст, ин,
Ки бидонӣ, ман киям дар явми дин.
Ин маъниҳо имкон медиҳанд таъкид созем, ки ирфони Мавлоно дар баландтарин нуқтаҳояш ҳам боз бо инсону ниёзмандиҳои ӯ алоқаманд аст ва аз воқеияти рӯзгори башар гусастагие надорад. Худшиносӣ, расидан ба дарёфти ҳувийяти хеш ва умуман, ба ҳувийяти инсон масъалаҳоеанд, ки то ҳол ҳам аҳамияти амалии худро аз даст надодаанд. Беҳуда набуд, ки минбаъд дар таълимоти мутафаккирони Ғарб ҳам ибтидо аз файласуфи олмонӣ Иммануил Кант (1724-1804) саволи «Инсон чист?» ба масъалаи муҳимтарини илмҳои иҷтимоӣ мубаддал гашт.
Дар иртибот ба масъалаи инсон ва олами маънавии ӯ қайд кандан зарур аст, ки ин мавзӯъ дар таърихи фарҳанги мо, аз ҷумла, дар осори Румӣ, асосан аз диди илмҳои иҷтимоӣ баррасӣ шудааст. Вале аз нигоҳи илми имрӯза дар ин самт бе таҳқиқоти табиатшиносӣ пеш рафтан хеле душвор аст. Иҷрои ин вазифаи муҳим ва умуман инкишофи минбаъдаи ҷомеа бошад, қабл аз ҳама, рушди худи илмҳои табииро талаб мекунад ва ҳамин гуна омилҳоро ба назар гирифта, Хусумати ҷумҳурӣ дар солҳои охир барномаҳои мушаххасеро оид ба инкишофи илмҳои дақиқ қабул намуд. Имрӯз мо ниёз ба он дорем, ки дар шароити инкишофи босуръати техника ва технология дар сар то сари ҷаҳон чунин барномаҳоро пурмаҳсултар дар амал татбиқ намоем. Танҳо ҳамин гуна муносибат ба мо имкони бештаре фароҳам меорад, ки на танҳо рушди иқтисодии кишвари худро таъмин намоем, балки дар ҳалли муаммоҳои зиёди илмие, ки оиди инсон ва маънавияти ӯ мутафаккироне чун Мавлонои Балхӣ садсолаҳо муқаддам аз пайи ҳалли онҳо кӯшида буданд, таҳқиқоти мукаммалтареро аз нигоҳи ҳам илмҳои иҷтимоӣ ва ҳам табиатшиносӣ анҷом бидиҳем.
Осори Мавлоно гувоҳи равшани он аст, ки ӯ оид ба масъалаҳои гуногун ибрози ақида карда, ҳатман сари мавзӯи инсон меояд. Беҳуда нест, ки баъзе муҳаққиқон ҳатто илоҳиёти мутафаккирро инсоншиносӣ ҳисобидаанд. Ҳамаи ин аз башархоҳӣ, инсондӯстӣ ва гуманизме дарак медиҳад, ки хоси тамоми қисматҳои таълимоти Мавлоно буда, то кунун қимати беандоза бузург дорад. Дар шароити кунунӣ, ки дар тамоми давлатҳои мутамаддин, аз ҷумла, дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, инсон ва ниёзмандиҳои он дар ҷавҳари сиёсати дохиливу хориҷии Ҳукумат қарор гирифтааст, истифода аз ақидаҳои гуманистии Мавлонои Балхӣ ва ҳазорҳо мутафаккирони дигар, ки дар таърихи фарҳанги ниёгонамон дар радифи ӯ қарор доранд, метавонад чунин сиёсати пешгирифтаро аз ҷиҳати муҳтаво боз ҳам ғанитар гардонад.
Тавре ки қаблан зикр гардид, таълимоти Мавлонои Балхӣ бо шароити таърихӣ ва иҷтимоии давронаш пайванди ногусастанӣ дорад. Дар Вахшонзамин таваллуд ёфта ва минбаъд дар Руму Шом таҳсили илм карда, ӯ дар тӯли ҳаёти пурмаҳсули маънавию иҷтимоияш бо намояндагони қавму миллат ва дину мазҳабҳои гуногун дар муносибати наздике буд. Тоҷикони муҳоҷир аз Вахшонзамину Самарқанд ва Балху Бухоро, туркони салҷуқии Осиёи Сағир, юнониён ва дигар қавмҳои масеҳии Рум, муғулҳо, курдҳо, арабҳо, яҳудиён — чунин аст рӯйхати начандон пурраи он намояндагони халқҳо, ки Мавлоно дар байни онҳо зиставу фаъолият бурдааст ё ки дар маъхазҳо ва осори худи мутафаккир зикр гардидаанд. Маҳз ҳамин пайвастагӣ бо қавмҳои гуногун Мавлоно Балхии хуросонимашрабро водор намуд, ки як таълимоти дархури ниёзҳои мардуми мухталиф ва умуман барои тамоми аҳли башар муносибро бунёд гузорад. Байти зерини мутафаккир, ки аз тарафи муҳаққиқони осори ӯ хеле зиёд иқтибос мешавад, гувоҳи ҳамин маънист:
Аз Хуросонам кашидӣ то бари юнониён,
То даромезам бад-эшон, то кунам хуш мазҳабе.
Чуноне ки аён мегардад, Мавлоно бо намояндагони қавмҳои гуногун, ки бо забонҳои мухталиф ҳарф мезаданд, дар муносибати ҳамарӯза будааст. Худ, чуноне ки аз тарҷумаи ҳолаш бармеояд, бо забонҳои тоҷикӣ, арабӣ, туркӣ ва юнонӣ сухан мегуфт. Вале мавзӯи ҳамзабониро ӯ ҳеҷ гоҳ маҳдуд нафаҳмида, ба масъалаи марказии таълимоташ мубаддал накардааст. Барои Мавлоно Балхии инсонпарвар масъалаи ҳамдилӣ аз ҳама болотар меистод:
Ҳамзабонӣ хешиву пайвандӣ аст,
Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.
Ай басо ҳиндуву турки ҳамзабон,
Ай басо ду турк чун бегонагон.
Пас забони маҳрамӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.
Таърихи ҷаҳони муосир, ки дар он фарҳангу динҳои мухталиф амал мекунанд ва сарнавишти мардуми олам, ки бо зиёда аз шаш ҳазор забони гуногунреша ҳарф мезананд, имрӯз боисрор таъкид месозанд, ки барои пешрафти минбаъдаи башарият барқарор сохтани ҳамдилӣ байни фарҳангу динҳо ва мардуми гуногунзабон чун обу ҳаво зарур аст. Барои ин бошад, гуфтугӯйи фарҳангҳо аз мақоми баробар бояд дар мадди аввали ҳар гуна сиёсате, ки кишварҳои муосир онро пеши кардаанд, қарор бигирад.
Қобили қайд аст, ки Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти миллии худ як қатор чораҳоро андешид, то барои муколамаи фарҳангҳо дар ин сарзамин заминаҳои муайян ба вуҷуд оянд ва мардуми кишвар дар таҷоҳум (изолятсия)-и фарҳангӣ қарор нагирад. Ба ин мақсад равобити дӯстонаи иқтисодиву фарҳангӣ бо аксарияти давлатҳои Шарқу Ғарб барқарор шуданд ва ҷумҳурӣ узви ташкилотҳои зиёди бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид. Барномаҳои давлатӣ оид ба омӯзиши забонҳо ва чорабиниҳои зиёди дигари фарҳангӣ низ дар мадди аввал бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои мардуми тоҷик, хусусан, насли наврас, нигаронида шудаанд, то онҳо барои дарки тамаддуни халқҳои дигар, муколамаи фарҳангҳо ва, чуноне ки Мавлоно фармудааст, барои барқарор кардани ҳамдилӣ байни қавмҳои мухталиф, омода бошанд.
Вобаста ба ҳамдилӣ Мавлонои Балхӣ дар таълимоти худ масъалаи баробарии дину мазҳабҳои гуногун ва дар ин поя мавзӯи таҳаммулпазирии динӣ, мазҳабӣ ва қавмиро ба миён гузоштааст. Пӯшида нест, ки мутафаккир худ намояндаи дини ислом аст ва масъалаҳои зиёди фалсафию иҷтимоиро аз нигоҳи ҳамин дин ҳал мекунад. Вале дар баробари ин андешаҳои ӯ дар бораи динҳои дигар, хусусан масеҳият ва муносибат бо ҳомилони чунин динҳо дар таърихи асрҳои миёнаи на танҳо Шарқ, балки Ғарб ҳам хеле навоварона буда, аз фарҳанги воло ва ахлоқи ҳамидаи соҳиби чунин таълимот дарак медиҳанд. Ҳақиқат барои ин мутафаккир «на ғарбию на шарқӣ» аст. Дар ин поя, агар ҳаёт ва фаъолияти Мавлоно Румиро як навъ оғози муколамаи Шарқу Ғарб дар таърихи афкори иҷтимоию сиёсӣ қаламдод намоем ҳам, иштибоҳе нахоҳад шуд.
Ки аз он сӯ ҷумлаи миллат якест,
Сад ҳазорон солу як соат якест.
Ё худ:
З-он ки худ мамдӯҳ ҷуз як беш нест,
Кешҳо з-ин рӯй ҷуз як кеш нест.
— чунинанд он ақидаҳои ҷавҳарии таълимоти Мавлоно, ки боиси ибрози афкори ӯ оид ба баробарии дину миллатҳои мухталиф гашта, мавқеи мутафаккирро дар таҳаммулпазирии динӣ, мазҳабӣ ва қавмӣ муайян сохтаанд. Ин гуна ақида ва мисолҳои зиёде аз ҳаёти шахсии мутафаккир гувоҳи онанд, ки ӯ тавонистааст дар шароити боло будани як дин (дақиқтараш, ислом) аз болои динҳои дигар дар минтақаи онзамонии Рум чунин ҳавзаеро эҷод созад, ки барои он эътирофи баробарии мардуми гуногунмазҳаб нишонаи асосӣ будааст. Ин гуна андеша ва муносибатро ӯ на танҳо эҷод кард, балки ба шогирдони худ низ омӯхт ва сабабгори садсолаҳо идома ёфтани ин амр дар минтақаи фарохи фарҳангӣ гардид. Беҳуда нест, ки пайравони Мавлонои Балхӣ дар ибтидои асри бистум низ иброз доштаанд, ки расонидани хадамоти илмӣ ва инсонӣ ба кулли инсоният бидуни таваҷҷуҳ ба ихтилофи ҷинсу мазҳаб, асоси мактаби фикрии Мавлоно, яъне тариқати мавлавия, дар тамоми давраи фаъолияти он будааст.
Ҷалолуддини Балхӣ дар давроне зистааст, ки пур аз воқеа ва моҷароҳои сиёсиву иҷтимоӣ буд. Ҳаёт ва фаъолияти ӯ бо таърихи давлати Хоразмшоҳиён ва Ғуриён дар Осиёи Марказӣ, Салҷуқиёни Рум, ҳуҷуми урдуи муғул ба Осиёи Марказӣ ва Осиёи Сағир иртиботи қавие дорад. Дар ин даврон, дар ибтидои асри XIII даставвал Муҳаммади Хоразмшоҳ Ҳирот, Самарқанд, Балх ва Вахшонзаминро, ки тобеи хонадони Ғуриён буд, бо ҷангҳои хунин ба тасарруфи худ даровард. Аз соли 1218 то 1221 бошад, Осиёи Миёна ва Афғонистонро муғулҳо ваҳшиёна забт карданд. Тақдири ҳукмронии Салҷуқиёни Рум — Султонати Қуния низ, ки Мавлоно бо пайравонаш дар пойтахти он фаъолият мебурд, бо ҳуҷумҳои хунини ҳамин урду ҳал гардид.
Ҳамаи ин гувоҳи равшани он аст, ки Ҷалолуддини Балхӣ ҳанӯз аз даврони кӯдакиаш шоҳиди ҷангу ҷидолҳои мухталиф будааст ва табиист, ки ин наметавонист ба эҷодиёти ӯ бетаъсир бимонад. Аз ин рӯ, рӯҳияи зиддиҷангӣ ва муқобилият бар зӯроварӣ ба тамоми ҷанбаҳои таълимоти мутафаккир хос аст:
То ғилоф андар бувад, беқимат аст,
Чун бурун шуд, сӯхтанро олат аст.
Мавлоно ҷангу хунрезиро дар ашъори худ як роҳи «ҷумла бемаъниву бемағз»-и ҳалли масъалаҳо ҳисобидааст ва ба ин сабаб дар чунин андеша аст, ки мардуми ба фарҳангу маънавият машғулбуда ҳангоми зӯроварию хунрезиҳо маҷбуран тарки ватан мекунанд:
По тиҳӣ гаштан беҳ аст аз кафши танг,
Дарди ғурбат беҳ, ки андар хона ҷанг.
Ин гуфтаҳои Мавлонои Балхиро оид ба оқибатҳои сангини ҷанг ва даст кашидан аз зӯроварӣ дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ таърихи начандон дури тоҷикон ба куллӣ исбот кард. Дар охирҳои қарни гузашта бо кӯшиши гурӯҳҳои муайяне дар ин сарзамини куҳанбунёд зӯрию зӯроварӣ боло гирифт ва бар асари ҷанги бародаркушӣ ҳазорон намояндагони миллат, аз ҷумла зиёиён ва аҳли илму фарҳанг, ҷилои Ватан карданд. Вале халқи тоҷик, халқе, ки анъанаҳои қадимии сулҳу сулҳхоҳӣ ва мубориза алайҳи ҷангу зӯроварии худро дар таълимоти Мавлоно ва садҳо мутафаккирони дигар таҷассум сохтааст, бо такя ба ин таҷрибаи бойи ниёгон ва талоши пайвастаи ҳамзамонон тавонист, ки аз роҳи ҷанг баргардад ва дар кишвари худ сулҳу осойиш ва ваҳдатро барқарор созад. Қобили қайд аст, ки агар мардуми тоҷик чунин анъанаҳои сулҳхоҳӣ намедоштанд ва ба он такя намекарданд, шояд маҷрои таърихи муосири он ранги дигар мегирифт. Истифода аз ин анъанаҳо бошад, як махсусияти таҷрибаи сулҳи тоҷикон буд, ки метавонад барои кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, барои Афғонистони имрӯза низ, ибратомӯз бошад, зеро гузаштагони ин мардум ҳам бо мо муштараканд ва дар мисоли Мавлонои Балхӣ ва мутафаккирони дигар, сулҳу мадороро афзалтар аз ҷангу зӯроварии «бемаъниву бемағз» эътироф кардаанд. Як ҷиҳати дигари таълимоти Мавлоно, ки барои ҷаҳони муосири мо ва инсони асри кайҳон ҳам то ҳанӯз муҳим аст, ин афкори ахлоқии ӯст. Мутафаккир ба бузургтарин анъанаҳои ахлоқии ниёгони мо ва таълимоти мухталифи шарқиву ғарбӣ такя карда, дар осори худ чун маддоҳи некиву некукорӣ ва адолати иҷтимоӣ баромад кардааст. Некӣ, ки аз рӯй таълимоти ӯ дар ниҳоди инсон фитрии модарзод аст, бояд дар ҳар сурате бар бадӣ, ки дар рафти ҳаёти иҷтимоии инсон ба вуҷуд меояд, ғалаба кунад. Барои тарбияи инсон дар рӯҳи некиву накукорӣ ва дур сохтани ӯ аз роҳи бад бошад, мутафаккир нақши оила ва муҳитро муҳим шумурдааст. Ҳамчунин ҳанӯз дар шароити асрҳои миёна ин донишманди нобиға ба дарки нақши ногузири мактаб дар ташаккули ахлоқии инсон расида буд ва аз ин рӯ, худ соҳиби мактаб, усули таълими хосса ва омӯзгору муаллифи воситаҳои таълим буд. Аксари осори ӯ ҳам маҳз барои таълими шогирдон таълиф шуда буданд. Ҷалолуддини Балхӣ тарғибгари ахлоқи ҳамидае чун вафодорӣ, шафқат бар заифон, эҳтироми худ ва дигарон, ростӣ, эҳсон, хоксорӣ, саховату каромат ва ғайра буд. Ӯ ахлоқи бад — молу ҷоҳпарастӣ, ҳасад, ҳирсу тамаъ, ришвахорӣ ва амсоли онро мазаммат мекунад. Баъзе афкори мутафаккир, ки дар саҳифаҳои пур аз маонии бикр — «Маснавӣ», «Девони кабир» ва осори дигари ӯ омадаанд, то ҳанӯз ҳам барои муосирони мо метавонанд дастури муфиди ахлоқӣ бошанд. Ҳар як фард, чи хидматчии давлатию динӣ, чи омӯзгору чи шогирд имрӯз метавонад аксари чунин ақидаҳои мутафаккирро сармашқи кори худ қарор диҳад. Кофист, ки ҳамчун мисол як байти машҳури ӯ дар бораи бо роҳи маслиҳату машварат ҳал намудани масъалаҳо хотиррасон гардад:
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,
Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад.
Ҷолиби қайд аст, ки дар таълимоти ахлоқии Мавлоно ва умуман осори тамоми гузаштагони мо масъалаи тарбия мақоми асосиро ишғол мекунад. Вале, мутаассифона, ин мероси бузург на ҳама вақт аз тарафи муосирони мо самаранок мавриди истифода қарор мегирад. Масалан, чаро мо наметавонем дар асоси ин таълимоти ахлоқии аҳамияти умумибашаридошта нақшаҳои мушаххас таҳия сохта, барои пурмаҳсултар амалӣ сохтани Консепсияи миллии тарбия, ки аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул шудааст, саҳмгузор бошем? Ва ё мисоли дигар: дар Тоҷикистон ҳоло аз як тараф стратегияи паст бурдани сатҳи камбизоатӣ амалӣ шуда истода бошад, аз тарафи дигар барномаҳои гуногуни дастгирии ятимону бепарасторон ва эҳтиёҷмандон ба иҷро мерасанд. Вале чаро ҳамаи ин кор танҳо ба дӯши давлат гузошта мешавад? Дар кишвари мо корхонаву муассисаҳои ғайридавлатӣ ва шахсони алоҳидаи зиёд ҳастанд, ки метавонанд дар ин кори хайр саҳм бигиранд. Аммо, мутаассифона, онҳо аксари вақт аз чунин амали нек канораҷӯйӣ мекунанд. Фаромӯш набояд кард, ки саховат ва каромат, дастгирии заифону дармондагон ва амсоли он ҷузви ҷудонашавандаи анъанаҳои ахлоқии миллати мост. Пос доштани анъанаҳои неки ниёгон бошад, вазифаи муқаддаси ҳар як намояндаи ин миллат аст. Гузаштагони шуҳратманди мо аз қабили Мавлонои Балхӣ дар осорашон моро маҳз ба иҷрои чунин қарзи инсонии худ даъват кардаанд.
Ҷалолуддини Балхӣ як шахсияте буд, ки бо ҳокимони замонааш, давлату давлатдорон ва рӯҳониён алоқаҳои мустаҳкаме дошт. Маҳз ба ҳамин сабаб ӯ шоҳиди бевоситаи ҷараёни ҳодисаҳои сиёсӣ ва динии даврон буд. Дар баробари ин ӯ беадолатии зиёди иҷтимоиро низ мушоҳида мекард. Дар ин асое мутафаккир адл ва адолатро бо ҳақиқат ҳаммаъниву ҳампоя дониста, дар таълимоти худ на танҳо масъалаи роҳҳои расидан ба ҳақиқат, балки расидан ба адолатро низ гузоштааст. Мавлоно аз ҷумла гуфтааст:
Эй, ки ту аз зулм чоҳе меканӣ,
Аз барои хеш доме метанӣ.
Бар заифон гар ту зулме мекунӣ,
Дон, ки андар қаъри чоҳи бебунӣ.
Дар ҷойи дигаре дар «Маснавӣ» фармудааст:
Адл чӣ б-вад? Об деҳ ашҷорро.
Зулм чӣ б-вад? Об додан хорро.
Ба ибораи дигар, мутафаккир ба он эътиқод дорад, ки номувозинатии адлу зулм ва омехта кардани онҳо аз ҷониби як инсон боиси он мегардад, ки инсони дигаре аз мақому манзалати аслии худ маҳрум шавад. Ин бошад, решаи асосии ҳар гуна нобаробарӣ, номувозинатӣ ва сабаби беадолатӣ дар ҳар навъ ҷомеа аст. Мавлонои Балхӣ шоҳиди беадолатӣ дар илму фарҳанг ҳам буд. Дар ин самт ақидаи ӯ дар бораи парҳез кардан аз тақлидкорӣ ва аз диди шахсии худ тафсир намудани масъалаҳо муҳим аст. Чи тавре ки маълум аст, дар байни донишмандони соҳаи дин дар он даврон зиёд буданд нафароне, ки беадолатона ба сӯйи тақлид ба пешиниён, дақиқтараш, кӯр-кӯрона фаҳмидани масъалаҳои муҳими дин ҳидоят карда, инсони қаториро аз фаҳмиши шахсии хештан ва соҳиб будан ба ақидаи худ маҳрум мекарданд. Мавлонои Балхӣ акси онҳо рафтор намуда, инсонро ба сӯйи мустақилона маънидод намудани ҳар гуна масъалаҳо ҳидоят мекунад. Дарки моҳияти чунин мавзӯъҳо барои ҷаҳони муосири мо низ, хусусан, аз тарафи насли ҷавон, аз фоида холӣ нест:
Чашм дорӣ, ту ба чашми худ нигар,
Мангар аз чашми сафеҳе бехабар.
Мавлоно Ҷалолуддин худ аз аҳли Хуросон бошад ҳам, ҳамчун шоиру мутафаккир дар муҳити дигаре, ки аз шароити ин минтақа тафовут дошт, ба воя расид. Дар замони ӯ мардуми зиёде аз хавфи хунрезиҳои урдуи Чингизхон аз қаламрави эроннажодон ба Рум ва дигар минтақаҳои дуру наздики он муҳоҷират карда буданд. Падари Ҷалолуддини Балхӣ — Баҳоуддини Валад (1149/50-1232), ки худ низ аз донишмандони шинохта аст, Бурҳонуддини Муҳаққиқ (соли вафоташ 1240), Шамси Табрезӣ (1187/88 — 1245) ва садҳо дигар олимону шоирон дар асри XIII ва минбаъд бошад, авлодони ин муҳоҷирони нахустин, аз қабили писари Мавлоно — Султон Валад (1226-1312), наберааш — Орифи Чалабӣ (1272-1320) ва даҳҳо намояндагони дигари мавлавия дар ин ҷо як ҳавзаи бузурги илмӣ ва фарҳангии тоҷику форсзабононро асос гузоштанд. Ба шарофати онҳо илму адабиёти хаттии мардуми туркӣ ҳам маҳз дар ҳамин даврон ташаккул ёфт. Ба ибораи дигар, Мавлоно ва атрофиёни ӯ на танҳо дар нигаҳдошти илму фарҳанги ниёгони худ, балки дар инкишофи тамаддуни мардуми ба худ ҳамсоя низ хидмати бузурги таърихиро ба анҷом расониданд. Ин таҷрибаи бузурги онҳо, ки ба мардуму қавмҳои дигар сухан ва фарҳанг бурдаанд, на шамшеру ҷанг, боз ҳам барои ҷаҳони муосири мо хеле ибратомӯз аст. Чуноне ки маълум аст, имрӯзҳо шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон ба хориҷи кишвар сафарҳои хидматӣ мекунанд ё ба саёҳат мераванд. Қисмате аз ҳамватанони мо дар кишварҳои гуногун ҳамчун муҳоҷирони меҳнатӣ муваққатан иқомат доранд. Ва табиист, ки ҳамаи ин фурсати муносибе барои чунин шахсон аст, то ба мисли Мавлонои Балхӣ, шогирдон ва ҳамақидаҳои ӯ таблиғкунандаи беҳтарин анъанаҳои фарҳангии мардуми тоҷик дар замони муосир бошанд.
Чанд сухане, ки дар боло омад, ба куллӣ равшан месозад, ки таълимоти Мавлонои Балхӣ гуногунҷабҳа буда, масъалаҳои зиёди ҷовидонаро фаро мегирад. Ӯ на танҳо ақидаи гузаштагони худро ҷамъбасту хулоса кард, балки чунин масъалаҳоеро гузошт, ки дар таърихи афкори иҷтимоии аҳли башар нав буданд. Беҳуда нест, ки минбаъд дар илми ҷаҳонӣ чунин мавзӯъҳо, ҳам дар зери таъсири таълимоти Мавлоно, ҳам мустақилона, аз нав гузошта шуда, ҳалли худро ёфтанд. Муҳаққиқони имрӯз чунин масъалаҳои муҳимро, аз ҷумла, дар таълимоти Г. Гегел (1770-1831), Ч. Дарвин (1809-1882), М. Иқбол (1877-1938) ва мутафаккирони дигари шарқию ғарбӣ дидаанд. Ҳамаи ин баръало аҳамияти оламшумули таълимоти Ҷалолуддини Балхиро нишон медиҳад.
Дар ҳақиқат имрӯз на танҳо дар Шарқ, балки дар Ғарб низ осори чопшудаи Ҷалолуддини Балхӣ харидорони зиёде дорад ва маълумоти зиёде дар бораи ҳаёт, фаъолият ва шеъри оламгири ӯ пайваста нашр мешавад ё тавассути ҳазорон саҳифаҳои интернетӣ паҳн мегардад. Аз замони худи мутафаккир дар байни мардум балхихонӣ (румихонӣ, шамситабрезихонӣ) ҳамчун ҳофизхонӣ шуҳрат пайдо карда буд ва имрӯзҳо ҳам ин кор идома дорад. Ғазалҳои ширадори ӯро, ки бо забони ноби тоҷикӣ садо медиҳанд, чи овозхонони мардумӣ ва чи оҳангсозони касбӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Туркия, Ҳиндустон ва кишварҳои зиёди Аврупову Амрико месароянд ва мардум аз онҳо ҳаловат мебаранд. Шахсият ва мероси мутафаккир боиси эҷоди садҳо мусаввараҳо аз тарафи рассомони давраҳои гуногун гаштааст. Ҳамаи ин гувоҳи эътирофи Мавлоно Балхӣ ба ҳайси як мутафаккир ва шоири барҷаста дар миқёси умумиҷаҳонӣ аст.
Сазовори таъкид аст, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ фарзанди замонааш буд ва дар таълимоти ӯ воқеияти ҳамин даврон, дақиқтараш, муҳит ва шароити хоси асрҳои миёна таъсири бузурге дорад. Вале ҳамчун донишманди нобиға ӯ ба мисли мутафаккирони дигари ҳамрадифи худ масъалаҳоеро низ баррасӣ ва ҳаллу фасл намудааст, ки онҳо дар ҳар давру замон ҷой дошта, инсониятро ҳамчун мавзӯъҳои абадӣ ором намегузоранд. Имрӯз мо бояд маҳз ҳамин ҷанбаҳои ҳаёт ва фаъолияти чунин абармардонро биёмӯзем ва дар амалияи ҳаррӯзаи иҷтимоию фарҳангии худ мавриди истифода қарор бидиҳем.