Баъди ноил шудан ба истиқлолияти давлатӣ равобити халқи тоҷик бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ бо мамолики гуногуни олам маҷрои куллан тоза пайдо карда, андешаи миллии тоҷикон дар заминаи асолати таърихӣ, арзишҳои маънавӣ ва мероси фарҳангӣ рушди фарогир ёфт. Дар ин росто, гуфтугӯйи тамаддунҳо ба яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони имрӯза табдил ёфта, роҳу равиши солими он барои ба ҳам омадани фарҳангу тамаддунҳои гуногун ва худшиносии динии халқҳо, аз ҷумла, халқи тоҷик заминаи мусоид мегардад.
Таърихи фарҳанги тоҷикон, ки яке аз қадимтарин халқҳои Осиёи Марказӣ ва ворисони тамаддуни куҳанбунёд ва ғановатманд мебошанд, аз сарчашмаи ду тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ — тамаддуни ориёӣ ва тамаддуни исломӣ шодоб гардидааст. Сарзамини ниёгони мо ҳанӯз аз оғози тамаддуни давлатдорӣ яке аз марказҳои маънавият, меҳвари воқеии фарҳанги асилу пешрафта ва арзишҳои зиндагисоз буда, дар амри пазируфтани арзишҳои неки тамаддунҳои дигари ҷаҳонӣ, аз ҷумла, тамаддуни исломӣ бо таҳаввулоти рангине рӯ ба рӯ шудааст.
Дини мубини ислом тадриҷан бо тамаддуни ниёгони мо созгор омада, минбаъд низоми маънавӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии аҷдоди моро хеле таҳким бахшид ва густурда сохт. Дар ин раванд аввалин шахсе, ки гуфтугӯйи фарҳангҳо ва тамаддунҳоро дар дохили уммати исломӣ матраҳ кардааст, Имоми Аъзам буд.
Ӯ мазҳаби фиқҳиеро поягузорӣ кард, ки рафъи низои тамаддунҳоро дар чаҳорчӯбаи шаръии тамаддуни исломӣ осон гардонид. Маҳз асли таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ дар масъалаи гуногуншаклии фарҳангҳо ва тамаддунҳо халқҳои зиёдро дар меҳвари арзишҳои ислом нигоҳ дошта, дар баробари ин тавонист, ки қаламрави нуфузи онро васеъ гардонад.
Чунон ки аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, асосгузори мазҳаби аҳлии фиқҳӣ дар ислом Имом Абӯҳанифа барои ақидаҳои дорои хусусиятҳои нав ва таҳаммулпазирӣ худ дар ибтидо ба муқовимати иддае аз уламо ва ҳокимони давр дучор шуда буд. Бо вуҷуди ин, фиқҳи ӯ бо як суръати хеле назаррас ривоҷ ёфта, боиси паҳншавӣ ва нуфуз пайдо кардани ислом дар ҷаҳон гашт.
Мардуми Хуросону Мовароуннаҳр ва кишварҳое чун Ҳиндустону Туркия ба мазҳаби Имоми Аъзам таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекарданд, ки ин худ нишонаи беҳтарини созгории таълимоти ӯ бо ниёзҳои мардуми ин сарзаминҳо мебошад.
Маълум аст, ки доир ба паҳншавии ислом дар ин кишварҳо, хусусан дар сарзамини Мовароуннаҳр, андешаҳо гуногун буда, дар ин масъала омилҳои таҳмиливу иҷборӣ, ҳавасмандгардонӣ, инчунин ихтиёран қабул кардани ислом низ вуҷуд доранд. Лекин мазҳаби ҳанафӣ на бо амру зӯрӣ, балки ихтиёран, бинобар мутобиқати комили хеш ба талаботи маънавӣ ва ойинҳои фарҳангии мардуми Осиёи Марказӣ густариш ёфт.
Мазҳаби ҳанафӣ, ки сулҳу субот, амнияти ҷомеа ва рифоҳу осоиши мардум ҳамчун рукнҳои асосии он дониста шудаанд, дар тӯли таърих дар ҳаёти маънавии халқҳои Осиёи Марказӣ, махсусан тоҷикон, нақши беназир дорад. Фатвои шаръии Имоми Аъзам доир ба истифодаи забони тоҷикии дарӣ ҳангоми гузоридани намоз ва ба ҷо овардани дуову фотиҳа, инчунин ба ин забон тарҷума ва тафсир кардани Қуръони карим мақому манзалати забони моро дар қаламрави хилофат хеле таҳким бахшид ва барои забони дуюми тамаддуни исломӣ шудани он роҳи васеъ кушод.
Хизмати Имоми Аъзам дар ҳифзи забони тоҷикӣ, таҳкими мавқеъ ва густариши он бузург аст. Зеро забон яке аз нишонаҳои асосии ташаккули миллат мебошад. Агар ҷаҳду талошҳои ин фарзанди донишманди халқи тоҷик намебуд, дар ибтидои паҳншавии ислом доираи забони тоҷикӣ метавонист хеле маҳдуд гардад. Дигар ин, ки маҳз ба шарофати ин шахсияти бузург заминаи ҳуқуқии рушди забон ва фарҳанги тоҷикӣ ба вуҷуд омад. Чунки тоҷикон ва дигар халқҳои форсигӯй ҳарчанд шариати исломиро ҳамчун ойини зиндагии худ қабул карданд, вале махсусияти фарҳангиву мушаххасоти қавмии худро нигоҳ доштанд. Ин аст, ки забони ноби тоҷикӣ забони расмии дарбори нахустин давлати мутамаркази халқи тоҷик — Сомониён ва чандин давлатдориҳои баъдина гардида, дар тӯли таърих мавқеи худро устувор нигоҳ дошт.
Имоми Аъзам аз тамаддуни гузаштагони худ огоҳии комил дошт ва ба арзишҳои он эҳтиром мегузошт. Таваҷҷуҳи ӯ ба эҳё ва тартиби арзишҳову суннатҳои давлатдорӣ, озодиҳои сиёсӣ, мавқеъ ва мартаба пайдо кардани тамоми халқҳои мусулмони хилофат нишондиҳандаи пайванди қавии Имоми Аъзам бо тамаддун ва фарҳанги халқи худ буд. Фиқҳи Имом Абӯҳанифа ҳамчунин барои рушди тамаддуни халқи тоҷик, ривоҷи фарҳанг ва илму адабиёти оламшумули он дар асрҳои минбаъда заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ва динӣ гардид. Яке аз бартариятҳои фиқҳи ҳанафӣ дар он аст, ки он бештар ба усули ақлӣ такя мекунад. Таҳсили Имоми Аъзам бо илми калом оғоз гардидааст ва дониши дар ин илм андухтааш неруи фикрӣ ва андешаи ӯро бисёр тақвият бахшидааст.
Ин аст, ки Имом Абӯҳанифа ҳамеша аз усули ақлӣ васеъ истифода карда, онро тадриҷан хеле такмил додааст. Ӯ дар илми фиқҳ қоидаҳоеро мураттаб сохт, ки дар асоси онҳо фиқҳи исломӣ ба ҳаёти мусулмонон ворид гардид. Қуръон, суннат, иҷмоъ, қиёс, истеҳсон ва урф аслҳои фиқҳи Имоми Аъзам мебошанд.
Иҷмоъ, ки қарори якҷояи уламои динӣ дар масоили фиқҳӣ буда, уламо онро ҳуҷҷат қарор додаанд, пас аз Китоби Худои таоло ва суннати Паёмбари акрам(с) яке аз аслҳои фиқҳи Имоми Аъзам мебошад. Дар асарҳои таърихӣ гуфтаҳои маъруфи зерин аз Абӯҳанифа ривоят шудааст: «Ман аз рӯй Китоби Худо кор мегирам, чун онро пайдо накардам, суннати Паёмбари Худо (с) -ро ба кор мебарам. Ва чун на китоби Худоро пайдо кардам ва на суннати Паёмбари Худо(с)-ро, қавли ёрони Ӯ (с)-ро ба кор мегирам». Яъне Имоми Аъзам бо пайравӣ аз саҳобагон қавли онҳоро ба кор мебурд.
Абӯҳанифа урфро яке аз аслҳои фиқҳӣ медонист ва ҳангоме ки аз Китоб, суннат, иҷмоъ, қиёс ва истеҳсон далел ё ҳуҷҷате пайдо намекард, ба урф рӯй оварда, онро истифода мекард. Урфро Абӯҳанифа ва ёронаш ҳуҷҷат медонистанд. Далели шаръии Имоми Аъзам дар эътирофи урф он буд, ки Абдуллоҳ ибни Масъуд ҳадисеро ба мазмуни зайл ривоят кардааст: «Чизеро, ки мусулмонон нек диданд, он назди Худо ҳам нек аст». Мусаллам аст, ки Имоми Аъзам дар тавзеҳи фиқҳ аз расму ойинҳои сарзамини аҷдодии худ бештар истифода кардааст, на аз қонунҳои римӣ, чунон ки баъзе шарқшиносон иддао доранд. Зеро тавре ки аз маълумоти манбаъҳои таърихӣ бармеояд, дар он рӯзгор имконияти интишор ва дастрасии асарҳои ҳуқуқшиносони римӣ дар қаламрави хилофат хеле маҳдуд будааст. Аз ин лиҳоз, дар фиқҳи Имоми Аъзам таъсири фарҳанги ҳуқуқии аҷдодии ӯ, ки низоми густурдаи давлатдорӣ ва ҳуқуқии қадима доштанд, баръало таҷассум ёфтааст.
Бахши муомилот қисми таркибии фиқҳи Имоми Аъзам мебошад, ки ба масоили дунявӣ ва амволӣ тааллуқ дорад. То замони ӯ аҳкоми марбут ба муомилот дар сатҳи ибтидоӣ қарор доштанд. Имом Абӯҳанифа дар ислом аввалин фардест, ки қоидаҳои муомилотро гурӯҳбандӣ карда, тарзи дурусти истифодаи онҳоро пешниҳод намудааст.
Ҳатто меъёрҳои ҳуқуқии исломро, ки барои танзими муносибатҳои аҳли ғайримусулмон равона шуда буданд, Имом Абӯҳанифа тарзе ҷоиз медонист, ки таҳаммулпазир бошанд ва сабукӣ оваранд. Чунончи, ӯ аҳли ғайримусулмонро дар тиҷорат монанди мусулмонон озод қарор додааст.
Гуфтаҳои боло шаҳодати равшани онанд, ки мазҳаби ҳанафӣ дорои ғояҳои таҳаммулпазирӣ ва мадоро буда, аз назари амал низ саҳл аст.
Дар Қуръони маҷид омадааст, ки «Худованд бар бандагонаш осониро мехоҳад, на сахтиро». Расули акрам (с) низ мегӯяд, ки «Ман барои шумо як шариати осон ва нарм овардаам». Чунон ки мебинем, фиқҳи ҳанафӣ бо ин фармудаҳои Худову Расули акрам(с) комилан мутобиқ мебошад. Ин амр мусаллам ва қатъист, ки агар фарде ягонагии Худо ва пайғамбарони Ӯро қабул карда, онро бо қалб ва забони худ эътироф намояд, тибқи ҳукми Қуръони маҷид мусулмон аст. Дар ҳамин асос Имом Абӯҳанифа ҳатто пайравони дигар фирқаҳои тундрави диниро кофир намехонд.
Лекин дар замони зиндагии Имоми Аъзам баъзе зоҳирбинон барои хурдтарин иштибоҳе фатвои куфр содир мекарданд. Ва минбаъд ба сабаби пайдоиши гурӯҳу фирқаҳои мухталиф селобе аз фатвои куфр ҷорӣ шуд. Ҳар фирқаву гурӯҳ ҳарифашро ба куфр ҳукм мекард. Вале Абӯҳанифа дар ҷавоби ин фитнаи ҷаҳони ислом бо садои баланд мегуфт: «Мо ягон нафаре аз аҳли қибларо кофир намехонем». Яъне аҳли қибла ҳама муъмин ҳастанд. Мутаассифона, минбаъд низ ин фармудаи бисёр арзишманди Имоми Аъзам чандон ба эътибор гирифта намешуд, вагарна мо шоҳиди аз тарафи баъзе фақеҳон кофир хондани бузургтарин донишмандон, ҳамчун шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино, ҳуҷҷатулҳақ Носири Хусрав, ҳаким Умари Хайём, шайх Муҳийдини Арабӣ, шайх Абдулқодири Гелонӣ, шоирони маъруф Бадриддини Ҳилолӣ, Камолиддини Биноӣ ва дигарон намешудем. Имрӯзҳо низ ин амал идома дорад ва дар мавъизаҳои баъзе муллоҳои зоҳирбинӣ мо садои ба куфр ҳукм кардани мусулмонон ва ҳатто кофир эълон кардани якдигар баланд мешавад, ки чунин рафтор комилан хилофи мазҳаби Имоми Аъзам мебошад.
Назари воқеъбинона ба моҳияти мазҳаби Абӯҳанифа нишон медиҳад, ки он дорои ганҷинаи ғании илмиву фикрӣ буда, ба ҷаҳон ва инсон нигоҳи комил дорад ва метавонад посухгӯйи бисёр ниёзҳои асосии имрӯзу фардои пайравонаш бошад. Зеро арзишҳои аслии он ба ҳуқуқи инсонӣ, адолати иҷтимоӣ, озодии андеша ва даъват ба созишу мадоро, дурӣ аз хушунат, таҳаммулгаройӣ ва амсоли ин такя мекунанд.
Ба назари мо, сирри бузургӣ ва ба яке аз мазҳабҳои бонуфузтарини дини мубини ислом табдил ёфтани мазҳаби Имоми Аъзам дар муқаррароти зерини таълимоти ин абармард маҳфуз аст:
якум, аз Қуръон ва аҳодис мутобиқ ба давру замон, шароити таърихӣ ва манфиати умум маънибардорӣ кардан;
дуюм, эътироф кардани ақл ва хирад ҳамчун асоси ҳалли масъалаҳои нави иҷтимоӣ;
сеюм, таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба урфу таомули мардум, дар сурати ба аҳкоми исломӣ мухолиф набудани онҳо ва манбаи фиқҳӣ қарор додани онҳо;
чорум, боз мондани дарвозаи мазҳаби хеш барои дастовардҳо ва арзишҳои ояндаи инсонӣ.
Ҳуқуқ ба озодиҳои динӣ аз ҷумлаи арзишҳои бузург ва олии ҷомеаи мутамаддини башарӣ мебошад. Дар робита ба ин, бори дигар мехоҳам таъкид намоям, ки Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои динии инсонро таъмин ва ҳифз намуда, татбиқи сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ кафолат медиҳад. Имрӯз дар асоси ин муқаррароти конститутсионӣ шаҳрвандони кишвари мо ниёзҳои эътиқодии худро озодона ва ихтиёрӣ амалӣ мегардонанд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дин ва ташкилотҳои динӣ барои шаҳрвандон тамоми шароит ва имкониятҳоро фароҳам овардааст, то ки онҳо аз ҳуқуқу озодиҳои худ бе ҳеҷ гуна мамониат ва мушкилот истифода баранд. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо доир ба масоили динӣ аз лиҳози заминаи ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ ягон мушкили ҷиддӣ вуҷуд надорад. Дар айни замон, дар саросари кишвар як навъ вусъат ёфтани равандҳои худшиносии динӣ, беш аз пеш рӯ ба афзойиш ниҳодани таваҷҷуҳи ҳам ниҳодҳову созмонҳои мухталифи дохиливу хориҷӣ ва ҳам шаҳрвандони алоҳидаи мамлакат, умуман кулли ҷомеа ба масъалаҳои диниву эътиқодоти динӣ баръало мушоҳида мегардад. Дар ин раванд, кор ба ҷое расидааст, ки густариши шуури динии баъзе гурӯҳҳо барои ҷомеаи мо ҷанбаҳои ғайримақбул пайдо карда, ба ҷараёни таҳкими ваҳдати миллӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Дар чунин шароит зарур аст, ки омӯзиши ҳамаҷонибаи дин, бахусус таълимоти Имоми Аъзам ва фалсафаи он. мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дода шавад. Олимону мутахассисон бояд паҳлуҳои мухталифи ин масъаларо мавриди таҳлили амиқ қарор диҳанд. Дар баробари ин, арзишҳои динӣ бо шаклҳои ба миллати мо хос бояд дар ҳамбастагӣ бо фарҳанги миллӣ ҳамчун як қисми таркибии он арзёбӣ карда шаванд. Зеро яктарафа баҳо додан ба чунин масъалаи нозук метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад. Аз ин лиҳоз, ҳангоми омӯзиш ва эҳёи арзишҳои динӣ зарур аст, ки ба ҷавҳари таълимоти мазҳаби Имоми Аъзам диққат дода шавад. Ҷомеаи инсонӣ доимо дар инкишоф буда, зиндагӣ тағйирпазир аст ва ин равандҳо рушду такомули доимӣ ва мутобиқгардонии арзишҳои олиро ба ҳаёти имрӯза талаб менамоянд. Зеро солҳои охир баъзе марказҳои исломшиносии ғарбӣ ҳангоми арзёбии таълимоти тобноки ислом ва арзишҳои он дар баъзе мавридҳо аз воқеият дур мераванд. Онҳо исломро гоҳо ҳамчун як ҷараёни сирф сиёсӣ ва ҳатто харобкор ва гоҳе чун як мактаби маънавии хушку холӣ бо маросимҳои ҳатмии тоқатфарсо муаррифӣ мекунанд.
Дар робита ба ин, ман борҳо аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ақидаи худро баён кардаам ва ҳоло бори дигар таъкид месозам, ки дини ислом дар зоти худ ягон айб надорад ва ба сарчашмаи хушунат нисбат додани он куллан бепоя аст. Зеро ислом ҳамчун фарҳанги волои инсонӣ ва манбаи бузурги ахлоқӣ хушунату зӯровариро бо тамоми шаклҳои зуҳуроти онҳо маҳкум мекунад. Бо мақсади ба роҳ мондани омӯзишу таҳқиқи воқеъбинона, таҳлили амиқи илмии таърихи дини мубини ислом ва нақшу мақоми он дар ҷаҳони муосир дар кишварамон Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Мушаххас намудани мавқеъ ва нақши дини ислом дар ҷаҳони муосир, таъсири омили исломӣ ба муносибатҳои байналмилалӣ, робитаи мероси исломӣ бо фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баррасии илмӣ ва объективии равияҳои динӣ, нақши мафкуравии онҳо дар ҷомеаи исломӣ, муколама ва таъсири мутақобили байни динҳо ва тамаддунҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷае мебошанд, ки дар назди ин марказ гузошта шудаанд.
Маълум аст, ки нақши дин дар зиндагии инсон ва робитаи он бо ниҳодҳову сохторҳои иҷтимоӣ ва таҳаввулоти фарҳангӣ калон аст. Хусусан, дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки дину диндорӣ дорои ҷиҳатҳои хос буда, аз ҷумлаи муҳимтарин соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад.
Агар ба ҳолати дину диндорӣ аз дидгоҳи манфиатҳои миллӣ назар андозем, имрӯз онро метавон дар сатҳи начандон баланд арзёбӣ кард. Чунин ҳолат барои баъзе доираҳои сиёсӣ ва динии дохиливу хориҷӣ айни муддао мебошад.
Зеро ноогоҳии мардум аз арзишҳои умумиинсонии дини мубини ислом, нодида гирифтани осори шахсиятҳои бузурги динии халқи худ, аз ҷумла, Имоми Аъзам метавонад барои ҳар гуна таблиғоти ифротӣ ва экстремизму радикализми динӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Масъалаи тарбияи ҷавонон ҷузъи муҳими сиёсати давлат аст. Дар ин самт мо бояд дарк намоем, ки пешравӣ ва ободии ҳар як ҷомеа қабл аз ҳама ба созандагиву эҷодкорӣ ва сатҳи донишу фарҳанги насли наврас ва ҷавонон вобастагии мустақим дорад. Аз ин нуқтаи назар, тарбияи насли донишманду дорои ахлоқи ҳамида, соҳибмаърифату бофарҳанг, созандаву эҷодкор ва ватандӯсту бонангу номус вазифаи муҳим ва аввалиндараҷаи ҳамагон аст. Зеро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ миллат ва давлате мақоми муносиб хоҳад ёфт, ки фарзандони бедордилу огоҳ ва дорои хислатҳои ҳамидаи инсониро тарбия намояд. Ҷавонони бонангу номуси мо бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ пеш аз ҳама илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои замонавиро омӯзанд ва аз пайи обод кардани Ватани азизи худ — Тоҷикистон бошанд. Чунки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз кадрҳои соҳибихтисосу бомаҳорат ва ватандӯсту ватанпараст вобаста аст. Дар робита ба ин, мехоҳам махсус ба падару модарон ва ходимони дин муроҷиат карда, иброз намоям, ки ҷавонони мо дар баробари донистани таърихи дин ва аркони он бояд ҳатман соҳибкасб бошанд. Аз ин рӯ, аз ходимони дин тақозо мегардад, ки ҷавононро ҳарчи бештар ба омӯзиши касбу ҳунар ҳидоят намоянд.
Бо қаноатмандӣ метавон зикр кард, ки то имрӯз дар байни пайравони динҳои мухталифи мамлакат дар заминаи эътиқоди динӣ ҳеҷ гуна низоъ ё зиддияте мушоҳида нашудааст. Ин аст. ки дар фазои динии кишвари мо фармудаҳои Қуръони карим дар хусуси он, ки «дар дин маҷбурӣ нест», пурра татбиқи худро ёфтаанд. Шаҳрвандони кишварамон мувофиқи эътиқоди худ амал карда, бо ҳамдигар муносибати мусолиматомезро пеша кардаанд, ки ин амали онҳоро давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҷонибдорӣ менамояд. Аз тарафи дигар, ин нишондиҳандаи сиёсати дурусти давлати дунявии Тоҷикистон нисбат ба дин ва эътиқодоти динӣ мебошад. Маҳз бо татбиқи аслҳои озодии эътиқоди динӣ ва талаботи қонунгузорӣ муяссар гардид, ки пеши роҳи ҳар гуна ихтилофот ва низои динӣ гирифта, дар мамлакат фазои таҳаммулпазирии динӣ таъмин карда шавад. Аҳли ҷомеаро низ зарур аст. ки чунин муносибати таҳаммулпазирӣ динҳоро эҳтиёт ва ҳифз намоянд. Дар навбати худ, яке аз вазифаҳои давлат низ муносибати мусолиматомез бо дин ва ҳифзи вазъияти муросову мадоро дар ҷомеа мебошад.
То имрӯз дар самти арҷгузории давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба тамаддуни пурғановати халқи тоҷик ва дини мубини ислом аз ҷониби Ҳукумати кишвар як силсила иқдомот амалӣ карда шудаанд. Таҳия ва нашри мероси гаронбаҳои бузургони илму фарҳанги миллатамон, тарҷума ва чопи Қуръони карим ба забони тоҷикӣ ва аз ҷониби Президенти кишвар ба мардум ҳадя гардидани ин китоби муқаддас аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Инчунин мо бузургдошти нобиғаҳои илму фарҳанги халқамон, аз ҷумла, ҳазораи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, 2700-солагии “Авесто”, 1000-солагии ҳуҷҷатулҳақ Носири Хусрави Қубодиёнӣ, 1025-солагии шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино, 680 ва 700-солагии орифи машҳур Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 675-солагии шайх Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, 1150-солагии Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 950-солагии имоми бузург Муҳаммади Ғазолиро дар сатҳи арзанда таҷлил кардем, ки ҳамаи ин чорабиниҳо дар самти густариши худогоҳиву худшиносӣ, эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардуми мо, аз ҷумла, ҷавонон нақши муассир гузоштанд. Ҳамчунин бояд гуфт, ки тавассути таҳқиқоти пурарзиши олимону мутахассисон нақши осор ва хизматҳои ин абармардони илму фарҳанги халқи тоҷикро имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ беҳтар шинохта, ба онҳо баҳои шойиставу сазовор додааст. Таҷлили 13 Касолати Имоми Аъзам дар соли 2009 низ дар самти шинохти симои аслӣ ва омӯзиши осори беназири ӯ ҳамчун манбаи покизаи рӯҳонӣ ва ахлоқӣ қадами муҳиме гардид. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, ки ихтилоф ва бархӯрди тамаддунҳо ҳар рӯз бо тобиши нав зуҳур мекунад, эҳё ва баҳрабардорӣ аз арзишҳои маънавии таълимоти таҳаммулгаройи Имоми Аъзам, бешубҳа, ба густаришу тақвияти ҳамаҷонибаи гуфтугӯйи тамаддунҳо мусоидат хоҳад кард. Зеро фазилатҳои мазҳаби ҳанафия маҳз дар эҳтироми инсоният, ҳувийяти фарҳангии халқу миллатҳо ва баробарҳуқуқии онҳо ифода ёфта, инсониятро ба роҳи росту дуруст ҳидоят менамоянд.
Ҳадафи асосии мо аз таҷлили ҷашнҳо ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои таърихии миллатамон ва осори гаронбаҳои онҳо таҳкими ҳарчи бештари ҳисси худогоҳиву худшиносии миллии наслҳои имрӯза ва дар хизмати онҳо қарор додани арзишҳои воло ва дастовардҳои неки фарҳангии ниёгонамон, инчунин бо ҳамин роҳ дар шуури наврасону ҷавонон тарбия кардани эҳсоси ифтихор аз гузаштагон мебошад. Ҳоло мардуми мо дар марҳалаи нави таҳкиму такомули давлати соҳибистиқлоли худ қарор доранд ва дар ин раванд ҳар якӣ нафар бояд арзиши муқаддаси истиқлол ва давлатдории миллиро аз ҳама гуна манфиатҳои сиёсӣ, ҳизбиву гурӯҳӣ ва ғаразҳои қавмиву динии худ болотар гузошта, дар баробари пойдору устувор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, инчунин ба татбиқи ҳадафҳои бузурги созандагӣ, бахусус, таъмини истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишварамон мусоидат намоем. Ҳамзамон бо ин, вобаста ба талаботи ҷомеаи имрӯза бояд муайян намоем, ки кадом анъанаҳои милливу диниамонро ба нафъи пешрафти давлати соҳибистиқлол ва миллати тамаддунсозамон ривоҷу густариш диҳем. Зеро мо бисёр арзишҳои неки милливу диние дорем, ки метавонанд дар таъмини ягонагиву ваҳдати миллат ва ташаккули ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ нақши созандаву муассир бозанд.
Арҷгузорӣ ба фарҳанги пурғановати миллатамон ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии насли ҷавони моро тавсеа бахшида, дар ҷаҳони пуртазоди муосир бедории маънавӣ ва зиракии сиёсии онҳоро таъмин менамояд ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят месозад. Гузашта аз ин, осори пур аз панду ҳикматҳои созанда ва сабақомӯзи шахсиятҳои бузург дар бисёр ҳолатҳо ҷавонони моро аз содир намудани иштибоҳу зиёдаравӣ эмин медорад.
Мо бояд дар ҷомеаи худ насли худогоҳу бедордил ва созандаеро ба камол расонем, ки барои ободиву шукуфоии Ватани азизамон — Тоҷикистон софдилона ва содиқона хизмат карда тавонад. Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи комили маънавӣ доранд, ки бо чунин фарзандони фарзонаи миллат, саҳми беназири онҳо дар рушди тамаддуни умумибашарӣ ифтихор намоянд, осори гаронбаҳои онҳоро омӯзанд ва ҳикмати ҷовидонаи абармардони миллии худро қутбнамойи рӯзгори хеш қарор диҳанд.
Аз Шумо хохиш дорем ки барои бакайдгирифтан ичозат дихед.
Содик, сабти номро манъ накардаам. :))