Абдураҳмони Ҷомӣ. Пешвои ҳавзаи илмиву адабии Мовароуннаҳру Хуросон

jomi

Истиқлолияти давлатии тоҷикон, ки ба мардуми мо дар даҳсолаи охири садаи бистум муяссар гардид, дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти халқамон гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва ба марҳалаи сифатан нави рушди кишварамон оғоз бахшид.

Яке аз афзалиятҳои барҷастаи замони истиқлолият ин аст, ки имрӯз мо имкони бештару беҳтари қадршиносӣ кардан ва ҳамзамон бо ин, муаррифӣ намудани фарзандони фарзонаи миллати соҳибтамаддунамонро ба ҷаҳониён дар ихтиёр дорем. Маҳз ба ҳамин хотир истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии таърихиву миллӣ, эҳёи суннатҳо ва рушди илму адаби тоҷикон метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони ташаккули ақлу заковати созанда ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Истиқлолият ба аҳли фарҳанги кишвар имкон дод, ки дар раванди талошҳои густурда ба сарнавишт ва мақоми ниёгони хеш дар масири таърих бо диди амиқтар назар андохта, тавассути офаридаҳои тозаву арзишманд нақш ва нуфузи миллати тоҷикро дар таърихи ҷомеаи башарӣ ва ташаккули муҳимтарин равандҳои таърихиву фарҳангии ҷаҳони мутамаддин бо тобишҳои нав ҷилвагар созанд.

Аз файзу баракати истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ самтҳои афзалиятноки сиёсати фарҳангии Тоҷикистон тарҳрезӣ ва зина ба зина татбиқ шуда, ҷиҳати рушди устувори фарҳанги миллӣ фазои мусоиду озод фароҳам омад, ки ин дар шароити муосир хеле муҳим аст. Зеро тавре олимони ҷомеашинос хулоса мекунанд, дар асри пуртазоди мо минбаъд унсури калидии ҳувийят ва истиқлол на идеологияҳои сохта ва равандҳои маҳдуди мафкуравӣ, балки тамаддун ва гуфтугӯй тамаддунҳо хоҳад буд.

Бешак, умумияти фарҳангӣ аз ҳар навъ иттиҳоди идеологӣ бартар аст ва маҳз тамаддун ва посдории арзишҳои волои инсонӣ метавонад башариятро аз бӯҳрон ва касодии маънавӣ раҳоӣ бахшад. Ба ин хотир, баргузории солгарди бузургони илму адаб ва сиёсату фарҳанги миллӣ, қадрдонӣ ва ҳифзи мероси адабиву фарҳангӣ аз рукнҳои асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистони соҳибихтиёр ба шумор меравад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ мо тавонистем, ки як силсила маъракаҳои муҳими илмиву адабӣ ва фарҳангиро бо иштироки донишмандон ва коршиносони маъруфи ватаниву хориҷӣ дар сатҳи баланди байналмилалӣ баргузор намоем. Таҷлили ҷашни бошукӯҳи 1100-солагии Давлати Сомониён, 2700 — солагии китоби муқаддаси «Авасто», ҳазораи «Шоҳнома», 1310-солагии Имоми Аъзам, бузургдошти Борбади Марвазӣ, устод Рӯдакӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Камолиддини Беҳзод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, устод Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров аз ҳамин қабиланд. Чунин чорабиниҳо на танҳо мавриди бисёр муносиб барои шинохти амиқ ва таҳқиқу баррасии осори илмиву адабӣ мебошанд, балки воситаи муассири дар заминаи арзишҳои миллии гузашта ва муосир тарбия намудани насли ҷавон ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ маҳсуб меёбанд.

Боиси ифтихори ҳамаи мост, ки созмони бонуфузи фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи баргузор намудани ҷашни 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2014 пазируфт ва қарори дахлдор қабул кард.

Моро зарур аст, ки ба омӯхтан ва тартибу ташвиқи ҳаёт ва эҷодиёти бузургтарин адиб, олим ва ориф дар таърихи тамаддунамон дар асри понздаҳум Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ амиқтар машғул шавем ва аз ӯ шинохти фарогиртаре дошта бошем. Зеро эҷодиёти Мавлоно Ҷомӣ басо пурвусъат ва пургунҷоиш буда, сабақи доимӣ бардоштан ва таҳқиқу таҳлили пайвастаро тақозо мекунад. Муҳимтар аз ҳама, худи мардум ба шахсият ва осору афкори Мавлоно иродат ва меҳри махсус доранд. То имрӯз таҷлил гардидани ҷашнҳои 550-солагӣ ва 575-солагии ин олим ва орифи бузург дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ва ба ифтихори ӯ номгузорӣ шудани хиёбону мактабҳо, кохи ҳунар ва ноҳия дар кишварамон далели равшани ҳамин гуфтаҳоанд.

Ҳар вақте ки солгарди шахсиятҳои саршиноси миллатро ҷашн гирифтанӣ мешавем, аз худ савол мекунам, ки бузургӣ ва маҳбубияти онҳо дар чист? Имрӯз дар симои Мавлоно Ҷомӣ ба ин савол ба осонӣ метавон посух гуфт. Яъне бузургии олимону орифони маъруфу маҳбубе чун Мавлоно Ҷомӣ, пеш аз ҳама, дар ҷовидонӣ будани офаридаҳои онҳост, зеро ҳар чӣ онҳо гуфтаанд, дар замири наслҳо маскан гирифтааст ва бегазанду ҷовидона боқӣ мондааст. Бахусус, Абдураҳмони Ҷомӣ, ки ба эътирофи ҳамзамононаш, аз шахсиятҳои фавқулодаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангӣ маҳсуб меёфт ва берун аз хоки Хуросону Мовароуннаҳр — аз Форс то Осиёи Сағир ва Ироқу Ҳиндустон шуҳратёр буд. Шоиру нависандагони маъруф ва алоқамандони шеъру шоирӣ таълифоташонро ба Абдураҳмони Ҷомӣ барои доварӣ мефиристоданд ва аз санҷиши ӯ мегузарониданд, ба суҳбаташ мешитофтанд ва аз ӯ сабақ мегирифтанд. Завқи бадеӣ, донишу таҷриба ва ҳунару маҳорати Мавлоно дар арзёбии осори адабӣ ва масъалаҳои илму ирфони гузаштаву муосир маҳаки боэътимоду раднопазир ба шумор мерафт. Аз ин ҷост, ки ӯро беҳтарин ҳаками замонаш медонистанд.

Далели дигари маъруфияти Абдураҳмони Ҷомӣ дар ин буд, ки ӯ на танҳо дар байни аҳли илму адаб ва алоқамандони осораш, балки дар миёни ҳокимони давр шуҳрат ва обрӯву эътибори зиёд дошт. Аз ҷумла, Султон Ҳусайни Бойқаро, ки соҳиби табъи шоирӣ ҳам буд, ба Ҷомӣ иродати махсус дошт ва аз ӯ дар ҳалли масъалаҳои гуногун маслиҳату машварат мегирифт. Мисоли дигар, ки аз обрӯву эътибори фавқулодати Абдураҳмони Ҷомӣ дар кишварҳои хориҷӣ шаҳодат медиҳад, ин аст, ки амир Музаффариддин Ҷаҳоншоҳ — подшоҳи онвақтаи Ироқайн, Ҳамадон ва Озарбойҷон ба ӯ ҳамчун дӯсти қадрдон мактуб менавишт ва ашъорашро барои арзёбӣ мефиристод. Дар байни аҳли илму адаб, ҳамчунин дар назди ҳокимони сарзамини худ ва қаламравҳои дигар чунин шуҳрати беандоза пайдо кардан дар таърихи ҷомеаи башарӣ ба кам касон муяссар гардидааст. Аз ин ҷиҳат, таҳқиқи хусусиятҳои ин падидаи нодир ва омилҳои зуҳури он на танҳо барои шинохти дурусти шахсиятҳои нотакроре мисли Мавлоно Ҷомӣ ва осору андешаи онҳо, балки барои равшан кардани самтҳои асосии рушди илму адабу фарҳанги муосир ва сабақи даркорӣ бардоштан аз онҳо дар рӯзгори мо низ амри воҷиб мебошад.

Мавлоно Ҷомӣ дар муҳити адабӣ, ҳунарӣ, фарҳангӣ ва илмиву иҷтимоии Ҳирот — яке аз марказҳои қадимӣ ва номдори мардуми ориёитабор зиндагӣ ва эҷод кардааст. Дар он даврон дар мадрасаҳои ин шаҳри бостонӣ, мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, то 11 ҳазор нафар толибилмон машғули таҳсил буда, олимону мударрисони номдор ба онҳо сабақи илму ирфон медодаанд. Табиист, ки чунин муҳити созгори адабиву илмӣ ва фарҳангиву ҳунарӣ барои зуҳур ва рушду камоли шахсияти фавқулодате чун шоир, олим ва орифи барҷаста Абдураҳмони Ҷомӣ мусоидат намудааст.

Яке аз омилҳои дигари зуҳури олим ва шоири нодире мисли Абдураҳмони Ҷомӣ, бешубҳа, вобаста ба шахсияти фавқулодати ӯ мебошад. Нахустин рисолаи илмии Мавлоно шарҳе ба китоби донишманди маъруфи замонааш Қозизодаи Румӣ дар илми ҳайат ё нуҷум буд, ки он вақт муаллиф андаке бештар аз бист сол дошт. Робитаи илмӣ ва мукотиботи дӯстонае, ки миёни олими забардасту соҳибкаломе чун Қозизодаи Румӣ — ҳамкору ҳамсафи Улуғбек дар Самарқанд ва як ҷавони тоҷики ҳиротӣ Абдураҳмони Ҷомӣ барқарор гардида буд, худ гувоҳи он аст, ки ӯ дар воқеъ, соҳиби истеъдод ва дониши ғайриоддӣ будааст. Қозизодаи Румӣ бардошташро аз шахсияти Абдураҳмони Ҷомӣ чунин ба қалам додааст: “то бинои Самарқанд аст, ҳаргиз ба ҷавдати табъ ва қуввати тасарруфи ин ҷавон кас аз оби Омуя бад-ин ҷониб убур накарда ”. Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ҳам дар асари маъруфи худ “Бадоеъ-ул-вақоеъ” Мавлоно Ҷомиро яке аз панҷ нафар шахсиятҳои ҳайратовари замонаш номидааст.

Омили дигари маъруфияти Мавлоно Ҷомӣ ба фаъолияти илмиву адабии бағоят густурдаи ӯ дар соҳаҳои мухталифи илм, аз ҷумла забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, мусиқӣ, ирфон, шарҳнависӣ ва навъҳои гуногуни адабӣ — назму наср, қасидаву маснавӣ, ғазалу рубоӣ ва монанди инҳо алоқаманд мебошад.

Миқдори асарҳои илмиву адабӣ ва ирфонии ӯро ҷомишиносон имрӯз аз 46 номгӯй иборат донистаанд, ки миёни онҳо асарҳои машҳуре чун “Баҳористон” дар наср, маснавиҳои “Ҳафт авранг”, се девони шеър, тазкираи “Нафаҳот-ул-унс”, “Рисолаи мусиқӣ”, “Рисолаи арӯз”, “Рисолаи қофия”, “Шарҳи Ҷомӣ” дар бораи сарфи забони арабӣ ва “Чил ҳадис” мақому манзалати хосса доранд. Ҳамзамон бо ин, китобу рисолаҳои машҳури Абдураҳмони Ҷомӣ, аз қабили “Нафаҳот-ул-унс”, “Чиҳил ҳадис”, “Шарҳи рубоиёт”, “Рисолаи суханони Хоҷа Порсо”, “Шарҳи ду байти “Маснавӣ” ва ғайра аз манбаъҳои муҳим буда, дар таҳқиқи таърихи тасаввуф ва масъалаҳои назарии он дорои аҳамияти махсус мебошанд.

Омили сеюми шуҳрати беандозаи Абдураҳмони Ҷомӣ дар миёни хосу оми давр, аҳли илму адаб ва ирфони Хуросону Мовароуннаҳр аз он иборат аст, ки ӯ дар 40-солагиаш ба тариқати маъруфи нақшбандия рӯ оварда, бо яке аз пешвоёни номдори он Хоҷа Аҳрори Валӣ қаробат пайдо мекунад ва орифи номӣ Саъдиддини Кошғариро муршиди худ интихоб менамояд. Ба тариқати нақшбандия, ки як шохаи ороми тасаввуф буда, бо исломи расмӣ, махсусан мазҳаби ҳанафии он, мувофиқати зиёд дорад, гаравидани шахсияти фавқулодати адабӣ, илмӣ ва ирфоние мисли Абдураҳмони Ҷомӣ ҳеҷ гоҳ тасодуфӣ набуд. Ба олами эҳсосу андешаҳои ӯ шиорҳои асосии пайравони ин тариқат, аз ҷумла “ба зоҳир ба халқ ва ба ботин бо Ҳақ”, “дил ба Ёру даст ба кор” бисёр наздик буд. Суханҳои машҳури Мавлоно дар бораи бемаънӣ будани низои шиаву суннӣ аз ҳамин ҷо маншаъ мегиранд. Ва ин як вокуниши оқилонаву ошкоро ба муқобили гурӯҳе аз мутаассибон буд, ки зери пардаи дини мубини ислом аз рӯйи таассуб ва ҷаҳл дар байни намояндагони равияҳои гуногуни динӣ оташи низоъро доман мезаданд. Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун шоир, донишманд ва орифи номӣ ғайримантиқӣ ва беасосу далел будани назари чунин шайхону фақеҳони мутаассиби даврро бо далелҳои мантиқӣ ва шаръӣ исбот намуда, ба ҳама чиз аз рӯйи ақлу дониш ва риояти ҳадди эътидол менигарист ва аз ҳамин дидгоҳ баҳо медод.

Бузургии шахсияти Мавлоно Ҷомӣ ва истеъдоди камназири ӯ, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама, дар асарҳои адабии ӯ зуҳур намудааст.

“Баҳористон”, “Ҳафт авранг” ва девони шоир аз ҷумлаи шоҳкориҳои адабиёти классикии тоҷикии форсӣ мебошанд ва Абдураҳмони Ҷомӣ бо истеъдоди фавқулодати хеш дар пояи суннатҳои олӣ ва ҷаҳоншумули адабиёти классикии тоҷику форс мактаби илмиву адабии хешро ба вуҷуд овард. Дар ин мактаби бонуфузу фарогир муҳимтарин анъанаҳо ва жанрҳои адабиёти гузашта дар заминаи ғояҳои ҳаётбахш ва ҳунари беназири Мавлоно Ҷомӣ эҳё гардиданд. Аз ин сабаб ҷомишиносони тоҷик асри понздаҳро “асри эҳёи шеъри тоҷикии форсӣ” ва Ҷомиро бузургтарин адиби эҳёгар, пешвою сарпарасти ҳавзаи илмиву адабии Мовароуннаҳру Хуросон номидаанд.

Дар ин ҳавзаи илмиву адабӣ даҳҳо шоирону олимони забардаст, ба шумули Давлатшоҳи Самарқандӣ, Ҷалолиддини Давонӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Абдуллоҳи Ҳотифӣ, Осафии Ҳиравӣ, Низомиддин Аҳмади Суҳайлӣ, Алии Сафӣ, Абдулғафури Лорӣ, Ҳофизи Абру, Мирхонд, Камолиддини Биноӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ва сардафтари адабиёти классикии ӯзбек Мир Алишери Навоӣ ба камол расидаанд. Доир ба ин масъала қобили зикри махсус аст, ки дар миёни ду шахсияти маъруфи адабиву сиёсии он давр — Ҷомӣ ва Навоӣ робитаи самимонаи устодиву шогирдӣ, дӯстиву ҳамкорӣ ва дастгириву пуштибонии ҳамдигар барқарор будааст. Муносибати Ҷомӣ ва Навоӣ намунаи барҷастаи дӯстӣ ва самимияти пиру мурид, устоду шогирд, бародар бо бародар буд, ки ҳеҷ ғаразе дар худ надошт. Ҷомӣ дӯстиву рафоқати шогирди худ Навоиро дар достони “Лайлӣ ва Маҷнун” -аш ба ин маънӣ ба қалам додааст:

Хосса, ки ба боғи ошноӣ
Бар шохи вафо бувад Навоӣ.

Бино ба гуфтаи Бобоҷон Ғафуров, ки дар шоҳасари ӯ “Тоҷикон” омадааст, “соли 1492, яъне вақте ки Мавлоно Ҷомӣ вафот намуд, Навоӣ ва дӯстони ӯ як соли тамом азодорӣ карданд.” Алишери Навоӣ дар марги устоди бузургвор ва бародари ҷониаш Абдураҳмони Ҷомӣ марсияи ҷонсӯзе месарояд, ки ҳангоми қироати он аз забони Мавлоно Ҳусайн Воизи Кошифӣ ҳама мегирянд. Марсияи мазкур, бешубҳа, яке аз беҳтарин намунаҳои шеър дар адабиёти тоҷикии форсӣ мебошад. Навоӣ, аз ҷумла, дар хитоб ба рӯҳи поки устод ва дӯсти бузургвори худ навишта буд:

Ту бирафтиву дили халқи ҷаҳон зор бимонд,
То қиёмат ба фироқи ту гирифтор бимонд.

Дӯстӣ ва садоқати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, ки дар ин ду мисраъ баръало эҳсос мешавад, намунаи барҷаста ва ибратомӯзи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ба шумор меравад. Ҳамчунин Навоӣ ба хотири дӯсту устоди бузургвори худ ба номи “Хамсат-ул-мутаҳаййирин” асаре навишт ва яке аз таълифоти Ҷомиро ба забони ӯзбекии қадим тарҷума кард.

Моҳияти эҳёгарона ва навоварона доштани эҷодиёти Абдураҳмони Ҷомиро беҳтар аз ҳама адиби бузурги олмонӣ Гёте муайян намудааст ва гуфтааст: “Азбаски ӯ тамоми ҳусну қубҳи осори пешгузаштагонашро мисли як дарза ба ҳам пайваста, онро пайравӣ намуд, нав кард ва инкишоф дод ва ба таври равшан он ҳамаро дар худ таҷассум намуд, ба наслҳои аз паси ӯ оянда роҳи дигаре намонд, ба ҷуз он ки худро пайрави ӯ созанд, ба шарти он ки сатҳи бадастовардаи ӯро паст накунанд”. Муҳимтарин падидаи ин марҳалаи эҳёи адабиёти тоҷикии форсӣ аз ривоҷи тазмину ҷавобия ба асарҳои гузаштагон иборат мебошад. Бинобар ин, ҳаргиз тасодуфӣ нест, ки Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун сару сарвари суханварони асри хеш ба ғазалҳои Саъдӣ, Ҳофиз, Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ ва Камоли Хуҷандӣ, қасидаҳои Анварӣ, Хоқонӣ ва Хусрави Деҳлавӣ, маснавиҳои Ҷалолуддини Балхӣ, “Хамса”-и Низомӣ ва “Гулистон”-и Саъдӣ навоварона ҷавоб гуфтааст. Хусусан сатҳе, ки Мавлоно Ҷомӣ, бахусус дар ғазалсаройӣ ҳанӯз дар замони худ фатҳ намуда буд, то имрӯз нодир ва нотакрор маҳсуб меёбад.

Ҷомӣ моҳияти иҷтимоиву адабии адабиёт ва ҳунар, мақом ва нақши онҳоро дар зиндагии ҷомеа ба хубӣ ҳис мекард ва дар ашъораш аз ҳақиқати воқеӣ мегуфт. Ба гуфти худаш, ӯ танҳо аз баҳри мардум эҷод мекард ва асарҳои илмӣ менавишт, на барои худ ва ба манфиати хеш:

Қасди шуҳрат набуд Ҷомиро,
К-ин ҳама назми обдор навишт.
Баҳри аҳбоб бар саҳифаи дил
Нуктае чанд ёдгор навишт.

Мавлоно Ҷомӣ моҳиятан шахсияти маърифатпарвар буда, мақсади ягона ва аслии ӯ аз эҷоди асарҳои адабӣ ва илмии сершумораш мардумро бо нури маърифат аз ҷаҳлу ҷаҳолат раҳонидан ва ба сӯйи зиндагии орому осуда ва рӯзгори хуш роҳнамойӣ кардан аст. Қаҳрамони асарҳои Ҷомӣ шахси бомаърифату соҳибхирад, ҳунарманду ҳимматбаланд ва адолатпарвару озодандеш буда, китобро дар ҷаҳон беҳтарин ёру мунису ғамхори худ медонад:

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Мавлоно Ҷомӣ дар роҳи ошноӣ бо китоб, омӯхтани илму дониш ва такмили ақлу хирад нақши устод — омӯзгорро барҷаста медонад ва бовар дорад, ки агар омӯзгор набошад, ҷаҳон аз вуҷуди бехирадон ва ашхоси ҷоҳилу мутаассиб тираву дилгиркунанда мегардад:

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки Мавлоно Ҷомӣ дар асарҳои худ гузоштааст, шинохтан ва донистани қадри инсони ҳунарманду заҳматкаш мебошад. Зеро, ба андешаи ӯ, муайянкунандаи қадри инсон на симу зар, балки илму дониш ва касбу ҳунар мебошад:

Қимати мард на аз симу зар аст,
Қимати мард ба қадри ҳунар аст.

Касбу ҳунар на фақат рӯзирасони инсон аст, балки муайянкунандаи мақоми шахс дар ҷомеа ва асоси обрӯву қадри одам мебошад.

Мавлоно шоири халқ ва бо халқ буд. Маҳз ба ҳамин ният ба тасаввуф рӯй оварда, барои роҳати дигарон ранҷ кашиданро аз аслҳои асосии ғоявӣ ва бадеии худ интихоб намудааст. Ҷомӣ аз ҷумлаи касони нодире буд, ки дар зиндагии рӯзмарра ва фаъолияти эҷодии худ шиори асосиашон аз ҳама бештар ба халқ нафъ расонидан буд. Ин аслро беҳтар аз худи шоир каси дигаре натавонистааст адо намояд:

Эй, ки пурсӣ, ки беҳтарин кас кист?
Гӯям аз қавли беҳтарини касон:
Беҳтарин кас касе бувад, ки зи халқ
Беш бошад ба халқ нафърасон.

Қаҳрамони асарҳои Ҷомӣ илова ба нафърасони халқ будан шахси бомаърифат, бохирад, ҳунарманд, ҳимматбаланд, адолатпарвар, озодандеш ва ормонпарвар буда, китобро дар ҷаҳон беҳтарин ёру мунису ғамхор ва устоди бе музду миннати худ медонад ва бовар дорад, ки агар омӯзгор набошад, ҷаҳон аз бехирадон тира хоҳад гашт. Воқеан, бузургии Мавлоно Ҷомист, ки пас аз гузаштани шашсад сол офаридаҳои ӯ моҳияти худро на танҳо гум накардаанд, балки чун марҳам то имрӯз дардҳои маънавии халқҳову миллатҳои дунёро дармон мебахшанд.

Маҳз ба ҳамин хотир мо бояд пеш аз ҳама аз бузургоне чун Ҷомӣ дарси ибрат гирем, сабақ омӯзем ва шабу рӯз кӯшиш намоем, то ҳамеша бо халқ ва дар хизмати халқ бошем. Мавлоно Ҷомӣ низ бо таъкид обрӯю эътибори одамонро дар зиндагӣ дар илму дониш ва ҳунармандию бомаърифатӣ медонад, на дар соҳиби симу зар будани онҳо. Ба таъбири Мавлоно, шахсе, ки соҳиби илму ҳунар аст, ҳеҷ гоҳ пеши ҷоҳилону золимон сар хам нахоҳад кард. Вай ба дандон рахна дар пӯлод кардан ва ба пилки дида оташпора чиданро аз кашидани бори миннати пастфитратон авлотар медонад.

Маъние, ки аз эҷодиёти Мавлоно бардоштем, бори дигар мо — ворисони ӯро водор месозад, ки чун шамъ сӯхтаву барои Ватан ва миллати худ созем, то роҳи наслҳои ояндаи ин миллати соҳибтамаддун ҳамеша нурафшон бошад. Насиҳати Мавлоно дар ин маврид бисёр омӯзанда аст, ки мегӯяд:

Шамъ шав, шамъ, ки худро сӯзӣ,
То бад-он базми касон афрӯзӣ.

Омили асосии беандоза шуҳратёр будани Абдураҳмони Ҷомӣ, бузургии ӯ ва мондагории асарҳои адабиву илмиаш дар тӯли шашсад соли охир на танҳо дар қаламрави забон, адабиёт ва фарҳанги тоҷикии форсӣ, балки берун аз он дар муҳтавои олии инсондӯстиаш зоҳир мегардад, ки ин намунаи ибрат, шойистаи пайравӣ ва ифтихори ҳар як фарди тоҷик аст.

Бисёр андешаҳои инсондӯстонае, ки Мавлоно Ҷомӣ дар мавзӯи нигоҳ доштани ифтихору шарафи инсонӣ ва аҳамияти озодиву соҳибихтиёрӣ дар ҳаёти инсонҳо баён кардааст, ҳамоҳанги сиёсати имрӯзаи давлати соҳибистиқлоламон мебошанд. Масалан, дар қитъаи машҳури «Ду боз» шоир озодиву истиқлолро аз ҳамаи арзишҳо ва неъматҳои дунё боло мегузорад. Ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки барои бузургони миллати мо дар ҳама давру замонҳо истиқлолият ва озодии миллату Ватан ормони муқаддас будааст. Вале ин бахти баланд ва ин неъмати бебаҳо танҳо дар замони мо, дар фарҷоми асри бист насиби насли имрӯзаи халқи тоҷик гардид.

Оромгоҳи Мавлоно Ҷомӣ дар мавзеи «Тахти мазор»-и шаҳри Ҳироти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон воқеъ буда, то имрӯз қадамҷойи аҳли сухан ва иродатмандони каломи ӯ мебошад. Дар бисёр сарчашмаҳо омадааст, ки рӯзи дафни Мавлоно Ҷомӣ мардуми зиёди шаҳри Ҳирот либоси мотам пӯшида буданд ва ҷанозаи ӯ шабеҳи хайрбоди шӯрангези мардум дар рӯзи фавти фарзанди дигари фарзонаву барҷастаи миллати тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ буд.

Асрҳо ва наслҳо якдигарро иваз мекунанд, вале эҳтироми Мавлоно Ҷомӣ дар давоми ин шаш асри баъдӣ коста нашуда, балки баръакс торафт меафзояд. Муҳимтарин асарҳои адабӣ ва илмии ӯ ба бисёр забонҳои дунё, аз ҷумла, англисиву фаронсавӣ, олмониву лотинӣ, русиву арабӣ, туркиву ҳиндӣ, урдуву арманӣ, озариву ӯзбекӣ ва забонҳои дигар тарҷума ва нашр шудаанд. Ба шеъру достонҳои Абдураҳмони Ҷомӣ шоирони бузурге монанди Урфии Шерозӣ, Соиби Табрезӣ, Калими Кошонӣ, Нозими Ҳиротӣ, Шавкати Бухороӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ва дигарон ҷавоб гуфтаанд.

Дар охир мехоҳам аз саҳми намоёни донишмандони тоҷик дар таҳқиқ ва нашри мероси гаронбаҳои адабӣ ва илмии ин шахсияти бузург, шоир, олим ва орифи намоён ёдовар шавам. Ман ифтихор дорам, ки маҳз ба шарофати заҳмату кӯшишҳои аҳли зиёи мамлакат ҷомишиносӣ ҳамчун як шохаи мустақил дар илми муосир шакл гирифт ва эътироф гардид. Маҳз ба туфайли донишмандони маъруфи тоҷик, ба монанди устод Садриддин Айнӣ, академик Абдулғанӣ Мирзоев ва Аловаддин Баҳоваддинов, Мӯсо Раҷабов, Аълохон Афсаҳзод, Амон Нуров ва амсоли инҳо муҳимтарин асарҳои адабиву илмии Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун сарчашмаҳои боэътимод вориди илми муосир гардидаанд. Аз ҷумла таҳқиқоти илмие, ки ҷомишиноси тоҷик шодравон Аълохон Афсаҳзод анҷом додааст, имрӯз миёни аҳли илму адаби кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанги Эрону Афғонистон эътибори хосса дорад. Ин ҳамкории илмии судманд намунаи равшани он аст, ки донишмандони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон метавонанд дар заминаи мероси муштаракамон корҳои бузурги илмӣ ва адабиро анҷом диҳанд. Умед аст, ки раёсатҳои муҳтарами ниҳодҳои илмии ин се кишвари ҳамзабон дар ин бора андеша мекунанд ва як барномаи ҳамкориҳои илмиву фарҳангиро муштаракан таҳия менамоянд. Дар робита ба ин, роҳбарияти Академияи илмҳо ва муассисаҳои дигари илмиву таълимии кишвар бояд дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Мо набояд фаромӯш кунем, ки имрӯз дар марҳалаи ҷаҳонишавии равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ қарор дорем. Агар кишварҳо, бахусус, кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанг, дар фаъолияти худ ҳамоҳангӣ надошта бошанд, ҳифзи арзишҳои миллӣ барояшон душвор хоҳад шуд. Мо имони комил дорем, ки фарҳанги ғании гузаштаамон ва осору афкори олии инсондӯстонаи бузургоне монанди Абдураҳмони Ҷомӣ бароямон дар ин равандҳои ҳассосу пуртазод пуштибон ва мададгор мегарданд.

Бозгашт ба мундариҷа

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.