Китобҳо
Решашиносӣ (этимология) ва таърихи забон
Таҳрири охирин 16.02.2025
Забони тоҷикӣ монанди забони форсии Эрон ва дарии Афғонистон яке аз намудҳои форсии нав аст, ки дунболаи пешгузаштагони худ ‒ форсии бостон (забони Ҳахоманишиён), форсии миёна (забони Сосониён) ва форсии классикӣ (забони адабиёти классикии форсу тоҷик) ба шумор меравад. Ин забони эронии ғарбии ҷанубӣ ҳамзамон бисёр унсурҳои луғавӣ ва сарфу наҳвии забонҳои эронии ғарбии шимолӣ (забонҳои модӣ, портӣ), забонҳои эронии шарқӣ (забонҳои авастоӣ, скифӣ, суғдӣ, хоразмӣ, сакоӣ, бохтарӣ), забонҳои ҳиндии ориёӣ, забони ҳиндуурупоии тахорӣ ё тохариро аз худ карда то имрӯз нигоҳ доштааст.
Солҳои охир муаллифоне пайдо шудаанд, ки дар бораи решашиносии тоҷикии форсӣ «китоб менависанд» ва худ ки одитарин вожаҳои тоҷикиро аз арабӣ бознамешиносанд, аз қоидаҳои кайҳо боз миёни донишмандон маъмулшудаи табдили овозҳо бехабаранд, саҳифаҳои сомонаҳои иҷтимоиро бо «мақолаҳои таҳқиқотиашон» пур кардаанд ва мардумро гумроҳ мекунанд. Барои раҳоӣ аз таъсири ин гуна эҷодгарони «эҳтимология» (таъбири забондон ва решашинос Умед Ҷайҳонӣ) ба шумо китобҳои донишмандони асили риштаи таърихи забон ва решашиносиро пешниҳод мекунем.
Mitteliranische handschriften teil 4. Iranian manuscripts in Syriac script in the Berlin. Turfan collection by Nicholas Sims-Williams. ‒ Franz Steiner Verlag, Stuttgart, 2012. ‒ 250 p.(олм.)
Cheung Johnny. Etymological Dictionary of the Iranian Verb. By Johnny Cheung. ‒ Leiden-Boston: Brill, 2007. ‒ 600 p.(анг.)
Вожаҳои форсии арабишуда. Таълифи Ас-Сайид Аддӣ Шер. Тарҷумаи Сайид Ҳамид Табибиён. ‒ Теҳрон: Амири Кабир, 1386. ‒ 290 с.
Додихудоев Раҳим Халилович, Герценберг Леонард Георгиевич. Таърихи забони тоҷикӣ: Китоби дарсӣ барои факултетҳои филологияи тоҷик. Муҳаррир А. Шомирзоев. – Д.: Маориф, 1988. – 216 с.
Хонандаи арҷманд! Дар ин нусхаи рақамии китоби пурарзишу ноёби Устодон саҳифаҳои 56-57, 65-68, 83-84 афтодаанд. Сохтори бунёдии файл низ ноқис аст. Хуб мешуд, агар касе аз шумо акси саҳифаҳои афтодаро ба сомона мефиристод, то pdf-и дурусте созем. Агар акси комили китобро мефиристодед, боз беҳтар мебуд.
23.12.2021. Ниҳоят бо ёрии дӯстон саҳифаҳои афтода дарёфт гардиданд.
Додихудоев Раҳим Халилович. Дастури мухтасари таърихи забони тоҷикӣ: Дастури таълимӣ. Муҳаррир Қосимова М. Н. ‒ Д.: УДТ ба номи В. И. Ленин, 1978. ‒ 71 с.
Саҳифаҳои 8, 9, 16, 17, 20, 21, 24, 25 мавҷуд нестанд.
Доктор Алии Нуроӣ. Масири иштиқоқи луғоти форсӣ. The Origins of Persian Words. An Etymological Dictionary of the Persian Language. ‒ 2022. ‒ 198 с. + 32 с. (index)
Доктор Алии Нуроӣ. Фарҳанги решаи луғоти форсӣ. Бо намудори муштаққот. Чопи севвум. Persian Etymology Charts. ‒ 1401 (2022). ‒ 188 с. (анг) + 20 с. (ф.)
Каримов Ардашер. Таҳлили лексикӣ-грамматикии матнҳои тоҷикии қадим: Васоити таълимӣ. Муҳаррир проф. Д. Тоҷиев. ‒ Д.: УДТ ба номи В. И. Ленин, 1986. ‒ 101 с.
Каримов Ардашер. Хрестоматияи забони паҳлавӣ: Дастури таълимӣ. Муҳаррир д. и. ф. В. А. Лившитс. ‒ Д.: УДТ, 1978. ‒ 147 с.
Қосимова Мукаррама Набиевна. Таърихи забони адабии тоҷик (асрҳои IX-X). Китоби дарсӣ бари донишҷӯёни мактабҳои олӣ. Қисми 1. Муҳаррирон: М. Саломов, 3. Мухторов. ‒ Д.: ДДМТ, 2003. ‒ 491 с.
Қосимова Мукаррама Набиевна. Таърихи забони адабии тоҷик (асрҳои IX-X). Китоби дарсӣ бари донишҷӯёни мактабҳои олӣ, қисми 1. Нашри дуюм, бо илова ва таҷдиди назар. Муҳаррири масъул: д. и. ф., проф. Абдуҷамол Ҳасанов. ‒ Д.: ДМТ, 2012. ‒ 568 с. ‒ Эҳдо ба 15-солагии Ваҳдати миллӣ
Қосимова Мукаррама Набиевна. Хат ва имлои матни классикии тоҷик. Хушнавис Эҳсон Оқил. – Д.: Маориф, 1989. – 368 с. ‒ Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултаҳои гуманитарии мактабҳои олӣ.
Моили Ҳиравӣ, Наҷиб. Таърих ва забон дар Афғонистон. Илали ташаттути фарҳангӣ ва иҷтимоӣ. Нигориши Наҷиб Моили Ҳиравӣ. Чопи дувум. ‒ Теҳрон: Интишороти бунёди мавқуфоти доктор Маҳмуди Афшори Яздӣ, 1371. ‒ 196 с.
Расторгуева Вера Сергеевна, Эдельман Джой Иосифовна. Этимологический словарь иранских языков. Том 1. a – ā. – М.: Вост. литература, 2000. — 327 с.
Расторгуева Вера Сергеевна, Эдельман Джой Иосифовна. Этимологический словарь иранских языков. Том 2. b – d. – М.: Вост. литература, 2003. — 502 с.
Расторгуева Вера Сергеевна, Эдельман Джой Иосифовна. Этимологический словарь иранских языков. Том 3, f – h. – М.: Вост. литература, 2007. – 493 с.
Раҳмон Эмомалӣ. Забони миллат — ҳастии миллат. Китоби 1. Ба сӯйи пояндагӣ. ‒ Д.: Эр-граф, 2016. — 516 с. ‒ Ба истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон.
Раҳмон Эмомалӣ. Забони миллат ‒ ҳастии миллат. Китоби 2. Забон ва замон. ‒ Д.: ҶСП «Нашриёти муосир», 2020. ‒ 432 с. ‒ Саҳифаҳои 354-355 аккосӣ нашудаанд.
Сиёев Бегмурод. Очерк доир ба таърихи феъли забони адабии тоҷик / Муҳаррири масъул М. Ф. Фозилов; АФ РСС Тоҷикистон; Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ. – Д.: Дониш, 1968. – 173 с.
Таърихи забони форсӣ. Ба қалами доктор Парвиз Нотили Хонларӣ. Ҷилди аввал. ‒ Теҳрон: Нашри нав, 1365. ‒ 415 с. ‒ Чопи аввал пойизи 1348.
Таърихи забони форсӣ. Ба қалами доктор Парвиз Нотили Хонларӣ. Ҷилди дувум. ‒ Теҳрон: Нашри нав, 1365. ‒ 409 с.
Таърихи забони форсӣ. Ба қалами доктор Парвиз Нотили Хонларӣ. Ҷилди севум. ‒ Теҳрон: Нашри нав, 1365. ‒ 496 с.
Тухтасунов Обиддин (Кимиёгар). Калиди асрори вожаҳо (маҷмуаи мақолаҳо). Зери назари д. и. ф., узви вобастаи АМИТ, проф. Раҳматуллозода С. Р. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2021. ‒ 352 с.
Ин китоб лутфан аз ҷониби дӯсти сомона Саиданвар Умаров ба мо расид.
Тухтасунов Обиддин (Кимиёгар). Луғати мухтасари этимологию семасиологии забони тоҷикӣ. Қисми 1. А-Д. Зери назари д. и. ф., узви вобастаи АМИТ, проф. Раҳматуллозода С. Р. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2022. – 288 с.
Ин китоб лутфан аз ҷониби дӯсти сомона Саиданвар Умаров ба мо расид.
Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Муҳаммад Ҳасани Дӯст. Ҷилди аввал. Алиф-Бе. ‒ Теҳрон: Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, 1393. ‒ 585 с.
Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Муҳаммад Ҳасани Дӯст. Ҷилди дувум. Пе-Дол. ‒ Теҳрон: Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, 1393. ‒ С. 586-1410.
Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Муҳаммад Ҳасани Дӯст. Ҷилди севум. Ре-Қоф. ‒ Теҳрон: Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, 1393. ‒ С. 1411-2080.
Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Муҳаммад Ҳасани Дӯст. Ҷилди чаҳорум. Коф-Ё. ‒ Теҳрон: Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, 1393. ‒ С. 2081-2955.
Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Муҳаммад Ҳасани Дӯст. Ҷилди панҷум. Феҳристи луғоти забонҳо ва гӯйишҳо. ‒ Теҳрон: Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, 1393. ‒ 403+12+156 с.
Эдельман Джой Иосифовна. Этимологический словарь иранских языков. Том 4, i – k. Ин-т языкознания РАН. – М.: Вост. лит. РАН, 2011. — 415 с.
Эдельман Джой Иосифовна. Этимологический словарь иранских языков. Том 5, l – n. Ин-т языкознания РАН. – М.: Наука — Вост. лит., 2015. — 566 с.