Гулистон. Боби шашум. Дар заъф ва пирӣ

Ҳикоят

Бо тоифае донишмандон дар ҷомеи Димишқ баҳсе ҳамекардам, ки ҷавоне даромаду гуфт: «Дар ин миён касе ҳаст, ки забони порсӣ донад?» Ғолиб 1 ишорат ба ман карданд. Гуфтамаш: «Хайр аст?» гуфт «Пире саду панҷоҳсола дар ҳолати назъ аст ва ба забони порсӣ чизе ҳамегӯяд ва мафҳуми мо намегардад. Агар ба карам ранҷа шавӣ, 2 музд ёбӣ, бошад, ки васияте ҳамекунад».

Чун ба болинаш фаро расидам ин мегуфт:
Даме чанд гуфтам барорам ба ком,
Дареғо, ки бигрифт роҳи нафас!
Дареғо, ки бар хони алвони 3 умр,
Даме чанд хӯрдему гуфтанд: «Бас!»

Маонии ин суханро ба арабӣ бо шомиён ҳамегуфтам ва тааҷҷуб ҳамекарданд аз умри дарозу таассуфи ӯ ҳамчунон бар ҳаёти дунё. Гуфтам: «Чӣ гунаӣ дар ин ҳолат?» Гуфт: «Чӣ гӯям?
Надидаӣ, ки чӣ сахтӣ ҳамерасад ба касе,
Ки аз даҳон-ш бадар мекунанд дандоне.
__________

1 Ғолиб — аксари одамон
2 Яъне: агар марҳамат карда як сари қадам равӣ
3 Хони алвон — дастархони пур аз неъматҳои рангоранг

98

Қиёс кун, ки чӣ ҳолат бувад дар он соат,
Ки аз вуҷуди азизаш бадар равад ҷоне!»

Гуфтам: «Тасаввури марг аз хаёл бадар кун ва ваҳмро бар табиат муставлӣ 1 магардон, ки файласуфони Юнон гуфтаанд: «Мизоҷ агарчи мустақим бувад, эътимоди бақоро нашояд 2 ва мараз гарчи ҳоил, 3 далолати куллӣ бар ҳалок накунад: Агар фармойӣ, табиберо бихонанд, то муолиҷат кунад». Дида баркарду бихандиду гуфт:
Даст барҳам занад табиби зариф,
Чун хариф4 бинад уфтода ҳариф
Хоҷа дар банди нақши айвон аст,
Хона аз пойбаст вайрон аст.
Пирмарде зи назъ менолид,
Пиразан сандалаш 4 ҳамемолид.
Чун мухаббат 5 шуд эътидоли 6 мизоҷ,
На азимат 7 асар кунад, на илоҷ!

Ҳикоят

Пире ҳикоят кунад, ки духтаре хоста будам ва ҳуҷра ба гул ороста ва ба хилват бо ӯ нишаста ва дидаю дил дар ӯ баста. Шабҳои дароз нахуфтаме ва базлаҳо ва латифаҳо гуфтаме, бошад, ки муонисат пазираду 8 ваҳшат нагирад. Аз ҷумла шабе мегуфтам: «Бахти баландат ёр буду чашми
__________

1 Муставлӣ — ғолиб
2 Яъне: мизоҷ ҳарчанд дуруст бошад ҳам, ба якзайл давом кардани он бовар кардан лозим нест
3 Ҳоил — ҳавлнок
4 Хариф — хазон (Т.А.)
4 Сандал — як навъ чӯби сурхранги хушбӯй, ки дар тибби халқӣ ба сифати давои дарди сар кор фармуда мешавад
5 Мухаббат — вайрон
6 Эътидол – ҳолати дурусти лозима
7 Азимат — афсун
8 Яъне: одат кунад

99

давлатат бедор, ки ба суҳбати пире афтодӣ: пухта, парварда, ҷаҳондида, орамида, гарму сард чашида, неку бад озмуда, ки ҳаққи суҳбат бидонад ва шарти маваддат 1 ба ҷой оварад, мушфиқу меҳрубон, хуштабъу ширинзабон.
То тавонам дилат ба даст орам,
В-ар биёзориям, наёзорам.
B-ар чу тӯтӣ шакар бувад хӯришат,
Ҷони ширин фидои парваришат!

На гирифтор омадӣ ба дасти ҷавоне муъҷиб 3, хирарой, сарсабуки тезпой, ки ҳар дам ҳавасе пазад ва ҳар лаҳза рое занад 3 ва ҳар шаб ҷое хусбад ва ҳар рӯз ёре гирад.
Ҷавонон хурраманду хубрухсор,
Валекин дар вафо бо кас напоянд.
Вафодорӣ мадор аз булбулон чашм,
Ки ҳар дам бар гуле дигар сароянд.

Хилофи пирон, ки ба ақлу адаб зиндагонӣ кунанд, на ба муқтазои 4 ҷаҳли ҷавонӣ.
Зи худ беҳтаре ҷӯю фурсат шумор,
Ки ба чун худе гум кунӣ рӯзгор!»

Гуфт: «Чандин бар ин намат 5 бигуфтам, гумон бурдам, ки дилаш бар қайди ман омад ва сайди ман шуд. Ногоҳ нафасе сард аз дили пурдард бароварду гуфт: «Чандин сухан, ки бигуфтӣ, дар тарозуи ақли ман вазни он сухан надорад, ки вақте шунидам аз қобилаи 6 хеш, ки гуфт: «Зани ҷавонро агар тире дар паҳлу нишинад, беҳ, ки пире!»
__________

1 Маваддат — дӯстӣ
2 Муъҷиб — мағрур
3 Рой задан — ба фикре рафтан
4 Муқтазо — тақозо
5 Намат — тарз
6 Қобилa — доя

100

Филҷумла, имкони мувофиқат набуд ва ба муфориқат анҷомид. Чун муддати иддат 1 баромад, ақди никоҳаш бастанд, бо ҷавоне тунду турушрӯй, тиҳидасту бадхӯй; ҷабру ҷафо медид на ранҷу ано 2 мекашид ва шукри неъмати ҳақ ҳамчунон мегуфт, ки аз он азоби алим бираҳидам ва бад-ин наими муқим 3 бирасидам!
Бо ин ҳама ҷабру тундхӯйӣ,
Нозат бикашам, ки хубрӯйӣ.
***
Бо ту маро сӯхтан андар азоб
Беҳ, ки шудан бо дигаре дар биҳишт.
Бӯйи пиёз аз даҳани хубрӯй
Нағзтар ояд, ки гул аз дасти зишт».

Ҳикоят

Меҳмони пире шудам дар Диёрбакр 4, ки моли фаровон дошт ва фарзанди хубрӯй. Шабе ҳикоят кард, ки маро ба умри хеш ба ҷуз ин фарзанд набудааст. Дарахте дар ин водӣ зиёратгоҳ аст, ки мардумон ба ҳоҷат хостан он ҷо раванд. Шабҳои дароз дар он пойи дарахт бар ҳақ бинолидам, то маро ин фарзанд бахшидааст. Шунидам, ки писар бо рафиқон оҳиста ҳамегуфт: «Чӣ будӣ, агар ман он дарахт бидонистаме, ки куҷост, то дуо кардаме, ки падарам бимурдӣ». Хоҷа шодикунон, ки писарам оқил аст ва писар таъназанон, ки падарам фартут.
Солҳо бар ту бигзарад, ки гузар
Накунӣ сӯйи турбати падарат.
Ту ба ҷойи падар чӣ кардӣ хайр,
То ҳамон чашм дорӣ аз писарат!
__________

1 Муддати иддат — муддати се моҳ, ки то гузаштани он зани талоқшуда аз рӯйи қонуни шариат аз нав шавҳар карда наметавонад
2 Ано — азоб
3 Наими муқим — неъматҳои бардавом
4 Диёрбакр — шаҳрест дар Туркия

101

Ҳикоят

Рӯзе ба ғурури ҷавонӣ сахт ронда будам 1 ва шабонгоҳ ба пойи гаревае 2 суст монда. Пирамарде заиф аз паси корвон ҳамеомад, гуфт: «Чӣ хусбӣ, ки на ҷойи хуфтан аст!» Гуфтам: «Чун равам, ки на пойи рафтан аст?» Гуфт: «Ин нашунидаӣ, ки соҳибдилон гуфтаанд: рафтану нишастан беҳ, ки давидану гусастан!»
Эй ки муштоқи манзилӣ, машитоб!
Панди ман кор банду сабр омӯз.
Аспи тозӣ дутак 3 равад ба шитоб,
Шутур оҳиста меравад шабу рӯз.

Ҳикоят

Вақте ба ғуруру ҷаҳли ҷавонӣ бонг бар модар задам. Дилозурда ба кунҷе нишаст ва гирён ҳамегуфт: «Магар хурдӣ фаромӯш кардӣ, ки дуруштӣ мекунӣ?»
Чӣ хуш гуфт золе ба фарзанди хеш,
Чу дидаш палангафкану пилтан:
«Гар аз аҳди хурдӣ-т ёд омадӣ,
Ки бечора будӣ дар оғӯши ман.
Накардӣ дар ин рӯз бар ман ҷафо,
Ки ту шермардию ман пирзан».
__________

1 Яъне: хеле бо шитоб мерафтам
2 Гарева — теппа
3 Дутак — чорхезкунон

102

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед: