Гулистон. Боби сеюм. Дар фазилати қаноат

Ҳикоят

Хоҳандаи 1 мағрибӣ дар сафи баззозони Ҳалаб мегуфт: «Эй худованди неъмат! Агар шуморо инсоф будию моро қаноат, расми савол 2 аз ҷаҳон бархостӣ».
Эй қаноат, тавонгарам гардон.
Ки варои 3 ту ҳеҷ неъмат нест.
Ганҷи сабр ихтиёри Луқмон аст,
Ҳар киро сабр нест, ҳикмат нест!

Ҳикоят

Ду амирзода буданд дар Миср: яке илм омӯхту дигаре мол андухт. Оқибатуламр он яке алломаи аср гашту ин яке азизи 4 Миср шуд. Пас ин тавонгар ба чашми ҳақорат 5 дар фақеҳ назар кардию гуфтӣ: «Ман ба салтанат расидаму ин ҳамчунон дар мазаллат бимондааст». Гуфт: «Эй бародар, шукри неъмат ҳамчунон афзунтар аст, бар ман ки мероси
__________

1 Хоҳанда — гадо
2 Савол — гадоӣ, талбандагӣ
3 Варо — ба ҷуз, ғайр аз
4 Азиз — лақаби подшоҳони Миср
5 Яъне: назарногирӣ

61

пайғамбарон ёфтам, яъне илм ва ту мероси Фиръавн Ҳомон 1, яъне мулки Миср!»
Ман он мӯрам, ки дар поям бимоланд,
На занбӯрам, ки аз нешам биноланд.
Куҷо худ шукри ин неъмат гузорам,
Ки зӯри мардумозорӣ надорам!

Ҳикоят

Дарвешеро шунидам, ки дар оташи фоқа месӯхту хирқа бар хирқа ҳамедӯхт ва таскини хотири мискинро ҳамегуфт:
Ба нони хушк қаноат кунему ҷомаи далқ,
Ки бори меҳнати худ беҳ, ки бори миннати халқ.

Касе гуфташ: «Чӣ нишинӣ, ки фалон дар ин шаҳр табъе карим дораду караме амим 2, миён ба хидмати озодагон баста ва дар дари дилҳо нишаста, агар бар сурати ҳоли ту, чунон ки ҳаст, муталлеъ гардад, поси хотири азизон миннат дорад». Гуфт: «Хомӯш, ки дар сахтӣ мурдан беҳ, ки ҳoҷaт пеши касе бурдан!»
Ҳар руқъа дӯхтан беҳу илзоми 3 кунҷи сабр,
K-аз баҳри ҷома, руқъа бари хоҷагон навишт.
Ҳаққо, ки бо уқубати дӯзах баробар аст,
Рафтан ба поймардии 4 ҳамсоя дар биҳишт!

Ҳикоят

Дар сирати Ардашери Бобакон омадааст, ки ҳакими арабро пурсид, ки «рӯзе чӣ моя таом бояд хӯрдан?» Гуфт:
__________

1 Фиръавн — 1) лақаби подшоҳони қадими Миср аст. 2) Ҳомон — вазири яке аз подшоҳони Миср
2 Амим — умумӣ, ба ҳама шомилшаванда
3 Илзоми — лозим донистан
4 Поймардӣ — ёрмандӣ

62

«Сад дирамсанг 1 кифоят аст». Гуфт: «Ин қадар чӣ қувват диҳад?» Гуфт: «Ин қадар туро бар пой ҳамедорад ва ҳар чӣ бар ин зиёдат кунӣ, ту ҳаммоли онӣ!»
Хӯрдан барои зистану зикр кардан аст,
Ту муътақид, ки зистан аз баҳри хӯрдан аст.

Ҳикоят

Ду дарвеши хуросонӣ мулозими суҳбати якдигар сафар кардандӣ: яке заиф буд, ки ҳар ду шаб ифтор кардӣ ва дигаре қавӣ, ки рӯзе се бор хӯрдӣ. Қазоро 2 бар дари шаҳре ба туҳмати ҷосусӣ гирифтор омаданд ва ҳар дуро ба хонае карданду дар ба гил бароварданд 3. Баъд аз ду ҳафта маълум шуд, ки бегуноҳанд, қавиро диданд: мурда, заиф ҷон ба саломат бурда. Дар ин аҷаб монданд. Ҳакиме гуфт: «Хилофи ин аҷаб будӣ 4 , он яке бисёрхор буд, тоқати бенавоӣ наёвард, ба сахтӣ ҳалок шуд на ин дигар хештандор буд, лоҷарам бар одати хештан сабр карду басаломат бимонд».
Чу кам хӯрдан табиат шуд касеро,
Чу сахтӣ пешаш ояд, саҳл гирад:
В-агар танпарвар аст андар фарохӣ,
Чу тангӣ бинад, аз сахтӣ бимирад!

Ҳикоят

Яке аз ҳукамо писарро наҳй 5 кард аз бисёр хӯрдан, ки серӣ мардумро ранҷур кунад. Гуфт: «Эй падар, гуруснагӣ халқро бикушад, нашунидаӣ, ки зарифон гуфтаанд: «Ба серӣ мурдан беҳ, ки гуруснагӣ бурдан».
__________

1 Яъне — баробари вазни сад дирам (ҳар дирам 3.42 гpaмм)
2 Яъне: иттифоқо
3 Дарро бо лою хишт маҳкам карданд
4 Яъне: агар баръакси ин мешуд, ҷойи тааҷҷуб буд
5 Наҳй — манъ

63

На чандон бихӯр, к-аз даҳонат барояд,
На чандон, ки аз заъф ҷонат барояд.
***
Бо он, ки дар вуҷуди таом аст ҳаззи 1 нафс,
Ранҷ оварад таом, ки беш аз қадар бувад.
Гар гулшакар хӯрӣ ба такаллуф 2, зиён кунад,
B-ар нони хушк дер хӯрӣ, гулшакар бувад!
***
Макун гар мардумӣ, бисёрхорӣ,
Ки саг з-ин мекашад бисёр хорӣ!

Ҳикоят

Баққолеро дираме чанд бар сӯфиён гирд омада буд дар Восит 3. Ҳар рӯз мутолибат кардӣ 4 ва суханони бохушунат гуфтӣ. Асҳоб 5 аз тааннути 6 вай хастахотир ҳамебуданд ва аз таҳаммул чорае набуд. Соҳибдиле дар он миён гуфт «Нафсро ваъда додан ба таом осонтар аст, ки баққолро ба дирам».
Тарки эҳсони хоҷа авлотар,
К-эҳтимоли ҷафои 6аввобон 7 !
Ба таманнои гӯшт мурдан беҳ,
Ки тақозои зишти қассобон!

Ҳикоят

Ҷавонмардеро дар ҷанги тотор ҷароҳате ҳавл 8 расид. Ка-
__________

1 Ҳазз — баҳра
2 Такаллуф — бо дили нохоҳам
3 Восит — номи шаҳре
4 Яъне: пулашро талаб мекард
5 Асҳоб — рафиқон
6 Таaннут – бадгӯйӣ, айбҷӯйӣ
7 Баввоб — дарбон
8 Ҳавл — мудҳиш

64

се гуфт: «Фалон бозаргон нӯшдору дорад, агар бихоҳӣ, бошад, ки дареғ надорад». Гӯянд, он бозаргон ба бухл маъруф буд.
Гар ба ҷойи нонаш андар суфра будӣ офтоб,
То қиёмат рӯзи равшан кас надидӣ ҷуз ба хоб.

Ҷавонмард гуфт: «Агар нӯшдору хоҳам, диҳад ё надиҳад ва агар диҳад, манфиат кунад ё накунад. Боре 1 хостан аз ӯ заҳри кушанда аст.
Ҳар чӣ аз дунон ба миннат хостӣ.
Дар тан афзудию аз ҷон костӣ.

Ва ҳакимон гуфтаанд: «Оби ҳаёт агар фурӯшанд, филмасал, ба обрӯй, доно нахарад, ки мурдани ба иллат, беҳ аз зиндагии ба зиллат 2.
Агар ҳанзал 3 хӯрӣ аз дасти хушхӯй,
Беҳ аз ширинӣ аз дасти турушрӯй!

Ҳикоят

Яке аз уламо хӯрандаи бисёр дошт ва кифофи 4 андак. Бо яке аз бузургон, ки дар ҳаққи ӯ мӯътақид буд, бигуфт, рӯй аз таваққӯи 5 ӯ дарҳам кашид ва таъризи суол 6 аз аҳли адаб дар назараш нописанд омад.
Зи бахт рӯй туpуш карда пеши ёри азиз
Марав, ки айш бар ӯ низ талх гардонӣ.
Ба ҳоҷате, ки равӣ тозарӯю хандон рав,
Фурӯ набандад кори кушодапешонӣ.
__________

1 Боре — чизе
2 Зиллат — хорӣ
3 Ҳанзал — харбузаи талхи ёбоӣ
4 Кифоф — маош
5 Тaвaққӯъ — талаб
6 Таъризи суол — чизе талабидан

65

Овардаанд, ки андаке дар вазифаи ӯ зиёдат кард ва бисёр аз иродат кам. Донишманд чун пас аз чанд рӯз маваддати маъҳуд 1 барқарор надид, гуфт:
Нонам афзуду обрӯям кост,
Бенавоӣ беҳ аз мазаллати хост.

Ҳикоят

Дарвешеро зарурате пеш омад. Касе гуфт: «Фалон неъмате дорад беқиёс, агар бар ҳоҷати ту воқиф гардад, ҳамоно ки дар қазои он таваққуф раво надорад». Гуфт: «Ман ӯро надонам». Гуфт: «Манат раҳбарӣ кунам». Дасташ гирифт то ба манзили он шахс даровард, якеро дид: лаб фурӯҳишта ва тунд нишаста, баргашту сухан нагуфт. Касе гуфташ: «Чӣ кардӣ?» Гуфт: «Атои ӯро ба лиқои ӯ бахшидам».
Мабар ҳоҷат ба наздики турушрӯй,
Ки аз хӯйи бадаш фарсуда гардӣ.
Агар гӯйӣ ғами дил, бо касе гӯй,
Ки аз рӯяш ба нақд осуда гардӣ.

Ҳикоят

Ҳотами Тойро гуфтанд: «Аз худ бузургҳимматтар дар ҷаҳон дидаӣ ё шунидаӣ?» Гуфт: «Бале. Рӯзе чил шутур қурбон карда будам умарою арбобро. Пас ба гӯшаи саҳрое ба ҳоҷате берун рафта будам, хорканеро дидам: пуштае фароҳам оварда. Гуфтамаш: «Ба меҳмонии Ҳотам чаро наравӣ, ки халқе бар симоти 2 ӯ гирд омадаанд?» Гуфт:
«Ҳар кӣ нон аз амали хеш хӯрад,
Миннат аз Ҳотами Тойӣ набарад!»

Ман ӯро ба ҳиммат ва ҷавонмардӣ аз худ бартар дидам».
__________

1 Маваддати маъҳуд — дӯстии одатшуда
2 Симот — дастархон

66

Ҳикоят

Аъробиеро дидам: дар ҳалқаи ҷавҳариёни Басра ҳикоят ҳамекард, ки вақте дар биёбоне роҳ гум карда будам ва аз зоди муайяне чизе бо ман намонда ва дил бар ҳалок ниҳода. Ногоҳ кисае ёфтам: пур аз марворид. Ҳаргиз он завқу шодӣ фаромӯш накунам, ки пиндоштам, гандуми бирён аст, боз он талхию навмедӣ, ки бидонистам. ки марворид аст!
Дар биёбони хушку реги равон
Ташнаро дар даҳон чӣ дур, чӣ садаф!
Марди бетӯша, к-уфтод аз пой,
Бар камарбанди ӯ чӣ зар, чӣ хазаф! 1

Ҳикоят

Ҳамчунон дар қои басит 2 мусофире гум шуда буд ва қуту 3 қувваташ ба охир омада ва дираме чанд бар миён дошт, бисёре бигардид ва раҳ ба ҷое набурд, Пас ба сахтӣ ҳалок шуд. Тоифае бирасиданду дирамҳо диданд: пеши рӯяш ниҳода ва бар хок навишта:
Гар ҳама зарри ҷаъфарӣ 4 дорад,
Марди бетӯша барнадорад ком.
Дар биёбон фақири сӯхтаро
Шалғами пухта беҳ, ки нуқраи хом!

Ҳикоят

Ҳаргиз аз даври замон нанолида будам ва рӯй аз гардиши осмон дарҳам накашида, магар вақте ки поям бараҳна
__________

1 Хазаф — сафолпора
2 Қои басит — замини холии паҳновар, биёбон
3 Қут — ғизо
4 Зари ҷаъфарӣ — тиллои холис

67

буд ва иститоати 1 пойпӯше надоштам. Ба ҷомеи Кӯфа даромадам дилтанг, якеро дидам, ки пой надошт… Бар бекафшӣ сабр кардам.
Мурғи бирён ба чашми мардуми сер
Камтар аз барги тарра 2 бар хон аст.
В-он киро дастгоҳу қувват нест,
Шалғами пухта мурғи бирён аст.

Ҳикоят

Бозаргонеро дидам, ки саду панҷоҳ шутур бор дошт ва чиҳил бандаву хидматгор. Шабе дар ҷазираи Кеш маро ба ҳуҷраи хеш даровард. Ҳама шаб наёрамид 3 аз суханҳои парешон гуфтан, ки «Фалон анборам ба Туркистон аст ва фалон бизоат ба Ҳиндустон ва ин қаболаи 4 фалон замин аст ва фалон чизеро фалон замин 5 ». Гоҳ гуфтӣ: «Хотири Искандария дорам, ки ҳавое хуш аст». Боз гуфтӣ: «На, ки дарёи Мағриб мушавваш 6 аст. Саъдиё, сафари дигар дар пеш аст, агар он карда шавад, бақияти умри хеш ба гӯшае бинишинам». Гуфтам: «Он кадом сафар аст?» Гуфт: «Гӯгирди форсӣ хоҳам бурдан ба Чин, ки шунидам қимате азим дорад ва аз он ҷо косаи чинӣ ба Рум орам ва дебои 7 румӣ ба Ҳинд ва фӯлоди ҳиндӣ ба Ҳалаб ва обгинаи ҳалабӣ ба Яман ва бурди ямонӣ 8 ба Порс ва аз он пас тарки сафар кунам ва ба дӯконе бинишинам».
__________

1 Иститоат — тавоноӣ
2 Тарра — кабудиест монанди пиёзи кабуд, ки онро нонхӯриш мекунанд
3 Наёрамид — ором нагирифт
4 Қабола — васиқа, ҳуҷҷати моликияти замин
5 Замин — бо ҳарфи зоди арабӣ: зомин, кафил
6 Мушавваш — талотумнок
7 Дебо — ҳарир
8 Бурди ямонӣ — матои сафед, ки беҳтарини онро ба мамлакати Яман нисбат медиҳанд

68

Инсоф 1, аз ин молихулиё 2 чандон фурӯ гуфт, ки беш тоқати гуфтанаш намонд. Гуфт: «Эй Саъдӣ, ту ҳам сухане бигӯй аз онҳо, ки дидаӣ ва шунидаӣ!» Гуфтам:
Он шунидастӣ, ки дар саҳрои Ғӯp,
Борсолоре 3 бияфтод аз сутур 4.
Гуфт: чашми танги дунёдорро,
Ё қаноат пур кунад, ё хоки гӯр!

Ҳикоят

Молдореро шунидам, ки ба бухл чунон маъруф буд, ки Ҳотами Той дар карам. Зоҳири ҳолаш ба неъмати дунё ороста ва хиссати 5 нафси ҷибиллӣ 6 дар вай ҳамчунон мутaмаккин 7 то ҷое, ки ноне ба ҷоне аз даст надодӣ ва гурбаи Абуҳурайраро 8 ба луқмае нанaвохтӣ ва саги асҳоби Каҳфро 9 устухоне наяндохтӣ. Филҷумла, хонаи ӯро кас надидӣ дар кушода ва суфраи ӯро сар кушода.
Дарвеш ба ҷуз бӯйи таомаш нашунидӣ,
Мурғ аз паси нон хӯрдани ӯ реза начидӣ.

Шунидам, ки ба дарёи Мағриб-андар роҳи Миср баргирифта буд ва хаёли фиръавнӣ дар сар… Боде мухолифи киштӣ баромад.
__________

1 Инсоф — дар ин ҷо ба маънии баростӣ, расти гап ҳамин, ки
2 Молихулиё — хаёлоти савдоомез, хаёлоти хом
3 Борсолор — соҳиби борҳои корвон
4 Сутур — асп ва хачир
5 Хиссат — хасисӣ
6 Ҷибиллӣ — зотӣ
7 Мутамаккин — ҷогирифта
8 Абӯҳурайра — яке аз саҳобаҳои пайғамбар Муҳаммад (а)
9 Асҳоби Каҳф — назар ба афсонаҳои динӣ ҳафт кас будаанд, ки дар замони подшоҳи золим Дақёнус дар як ғор паноҳ бурда, гӯё сесад сол дар он хоб карданд ва ҳамроҳи худ саге ҳам доштанд.

69

Бо табъи малулат чӣ кунад дил, ки насозад,
Шурта 1 ҳама вақте набувад лоиқи киштӣ.

Дасти дуо бароварду фарёди бефоида кардан гирифт.
Дасти тазаррӯъ 2 чӣ суд бандаи муҳтоҷро,
Вақти дуо бар Худой, вақти карам дар бағал.
Аз зару сим роҳате бирасон,
Хештан ҳам тaмaттӯe баргир.
Чунки ин хона аз ту хоҳад монд,
Хиште аз симу хиште аз зар гир.

Овардаанд, ки дар Миср ақориби дарвеш дошт, ба бақияти моли ӯ тавонгар шуданд ва ҷомаҳои куҳан ба марги ӯ бидариданд ва ба ивази он хазу 3 димётӣ 4 бибуриданд. Ҳам дар он ҳафта якеро дидам аз эшон бар бодпое равон, ғуломе дар пай давон. Бо худ гуфтам:
Ваҳ, ки гар мурда бозгардидӣ,
Ба миёни қабилаву пайванд.
Радди мерос сахттар будӣ
Ворисонро зи марги хешованд.

Ба собиқаи маърифате, ки миёни мо буд, остинаш гирифтаму гуфтам:
Бихӯр, эй нексирати сарамард,
К-он нагунбахт гирд карду нахӯрд.
__________

1 Шурта — боди мувофиқ, шамоли нарме, ки баъд аз тӯфон мевазад
2 Тазаррӯъ — илтиҷо
3 Хаз — пӯсти ҳайвон, пӯстин
4 Димётӣ — навъе аз матоъҳои нозук. ки дар шаҳри Димёти Миср мебофтаанд

70

Ҳикоят

Аблаҳеро дидам: самин 1, хилъате самин 2 дар бар ва мapкабе тозӣ дар зер ва қасаби мисрӣ дар сар. Касе гуфт: «Саъдӣ, чӣ гуна ҳамебинӣ ин дебои муаллам 3 бар ин ҳайвони лояълам?»4

Гуфтам: «Хате зишт аст, ки ба оби зар набишта аст».

Як талъати зебо беҳ аз ҳазор хилъати дебо.
Ба одамӣ натавон гуфт монад ин ҳайвон,
Магар дуроаву 5 дастору нақши берунаш.
Нигар дар ҳама асбобу мулку ҳастии ӯ,
Ки ҳеҷ чиз набинӣ ҳалол ҷуз хунаш!..

Ҳикоят

Дузде гадоеро гуфт, ки шарм надорӣ, ки даст аз барои ҷаве сим пеши ҳар лаим дароз мекунӣ? Гуфт:
Дасти дароз аз пайи як ҳабба 6 сим
Беҳ, ки бибурранд ба донгеву ним 7!

Ҳикоят

Муштзанеро ҳикоят кунанд, ки аз даҳри мухолиф ба фиғон омада ва ҳалқи фарох аз дасти танг ба ҷое расида. Шикоят пеши падар бурд ва иҷозат хост, ки азми сафар дорам, магар ба қуввати бозу домани коме фарочанг орам 8.
__________

1 Самин — (бо ҳарфи сини арабӣ) фарбеҳ
2 Самин — (бо ҳарфи сеи арабӣ) қиматбаҳо
3 Муаллам — гулдор
4 Лояълам — нодон
5 Дуроа — либоси аз суф дӯхташуда
6 Як ҳабба — ба қадри як ҷав, як реза
7 Донг — андозаи вазн, ки баробари ним гpaмм аст. Донгеву ним — якуним донг
8 Яъне: мақсадамро ба даст орам

71

Фазлу ҳунар зоеъ аст, то нанамоянд,
Уд бар оташ ниҳанду мушк бисоянд.

Падар гуфт: «Эй писар, хаёли маҳол аз сар бадар кун ва пойи қаноат дар домани саломат каш, ки бузургон гуфтаанд: «Давлат на ба кӯшидан аст, чора кам ҷӯшидан аст.
Кас натавонад гирифт домани давлат ба зӯр.
Кӯшиши бефоида-ст вусма бар абруи кӯр.
Чӣ кунад зӯрманди ворунбахт,
Бозуи бахт беҳ, ки бозуи сахт».

Писар гуфт: «Эй падар, фавоиди сафар бисёр аст аз нузҳати 1 хотир ва ҷарри манофеъ 2 ва дидани аҷоибу шунидани ғароиб ва тафарруҷи 3 булдону 4 муҳовирати ҳуллон 5 ва таҳсили ҷоҳу 6 адаб ва мазиди 7 молу муктасаб 8 ва маърифати ёрону таҷрибати рӯзгoрон, чунон ки соликони тариқат гуфтаанд:
То ба дӯкону хона дар гаравӣ,
Ҳаргиз, эй хом, одамӣ нашавӣ!
Бирав андар ҷаҳон тафарруҷ кун!
Пеш аз он рӯз, к-аз ҷаҳон биравӣ!

Падар гуфт: «Эй писар, манофеи сафар чунин, ки гуфтӣ, бешумор аст, валекин мусаллам панҷ тоифарост: нахустин, бозаргоне, ки бо вуҷуди неъмату мукнат 9 ғуломону кани-
__________

1 Нузҳат — хурсандӣ
2 Ҷарри манофеъ — ба даст овардани манфиатҳо, нафъҳосилкунӣ
3 Тафарруҷ — тамошо
4 Булдон — шаҳрҳо
5 Муҳовирати ҳуллон — ҳамсӯҳбатии дӯстон
6 Ҷоҳ — мартаба
7 Мaзид — зиёдкунӣ
8 Муктасаб — чизҳои ба даст даровардашуда
9 Мукнат – иқтидор, тавоноӣ

72

зон дорад диловез ва шогирдони чобук; ҳар рӯз ба шаҳре ва ҳар шаб ба мақоме ва ҳар дам ба тафарруҷгоҳе аз наими 1 дунё мутаматтеъ 2 :
Мунъим 3 ба кӯҳу дашту биёбон ғариб нест,
Хар ҷо, ки рафт хайма заду хобгоҳ сохт.
B-онро, ки бар муроди ҷаҳон нест дастрас,
Дар зодбуми хеш ғариб асту ношинохт.

Дуюм, олиме, ки ба мантиқи ширин ва қуввати фасоҳату мояи балоғат ҳар ҷо равад, ба хизмати ӯ иқдом намоянд ва икром кунанд:
Вуҷуди мардуми доно мисоли зарри тилост,
Ки ҳар куҷо биравад қадру қиматаш донанд.
Бузургзодаи нодон ба шаҳраво 4 монад,
Ки дар диёри ғарибаш ба ҳеҷ настонанд.

Сеюм, хубрӯе, ки даруни соҳибдилон ба мухолитати 5 ӯ майл кунад, ки бузургон гуфтаанд: рӯйи зебо марҳамаи дилҳои хаста аст ва калиди дарҳои баста. Лоҷарам суҳбати ӯро ҳама ҷой ғанимат шиносанду хидматашро миннат донанд.
Шоҳид он ҷо, ки равад ҳурмату иззат бинад,
B-ар биронанд ба қаҳраш падару модари хеш.
Пари товус дар авроқи масоҳиф 6 дидам,
Гуфтам: «Ин манзалат аз қадри ту мебинам беш».
Гуфт: «Хомӯш, ки ҳар кас, ки ҷамоле дорад,
Ҳар куҷо пой ниҳад, даст надорандаш пеш…»
__________

1 Наим — неъматҳо
2 Мутаматтеъ — баҳраманд
3 Мунъим — бой
4 Шаҳраво — пули коғазие, ки фақат дар доираи як шаҳр эътибор дошта бошад
5 Мухолитат — омезиш
6 Масоҳиф — ҷамъи мусҳаф, саҳифаи китоб

73

Чаҳорум, хушoвозе, ки ба ҳанҷараи 1 довудӣ 2 об аз ҷараёну мурғ аз таярон 3 боздорад, пас ба василати ин фазилат дили муштоқон сайд кунад ва арбоби маъно ба мунoдимати 4 ӯ рағбат намоянд ва баанвоъ 5 хидмат кунанд,
Чӣ хуш бошад оҳанги нарми ҳазин
Ба гӯши ҳарифони масти сабӯҳ 6,
Беҳ аз рӯйи зебост овози хуш,
Ки он ҳаззи 7 нафс асту ин қути 8 рӯҳ.

Панҷум, пешаваре, ки ба саъйи бозу кифофе ҳосил кунад, то обрӯй аз баҳри нон рехта нагардад. чунон ки хирадмандон гуфтаанд:
Гар ба ғарибӣ равад аз шаҳри хеш,
Сахтӣ аз меҳнат 9 набарад пинадӯз.
B-ар ба харобӣ фитад аз мамлакат,
Гурсна хусбад малики Нимрӯз 10 .

Чунин сифатҳо, ки баён кардам, эй фарзанд, дар сафар мӯҷиби ҷамъияти хотир аст ва доияи 11 тиби12 айш ва он ки аз ин ҷумла бебаҳра аст, ба хаёли ботил дар ҷаҳон биравад ва дигар касаш ному нишон нашунавад.
__________

1 Ҳанҷара — гулӯ
2 Довудӣ — ишора ба Довуд аст, ки яке аз пайғамбарони мазҳаби Исроил буда, ба хушовозӣ ном баровардааст
3 Таярон — парвоз
4 Мунодимат — ҳамнишинӣ
5 Баанвоъ — ҳар навъ
6 Сабӯҳ — шароби пагоҳӣ нӯшидашуда
7 Ҳаз — баҳра
8 Қут — ғизо
9 Меҳнат — кулфат, машаққат
10 Нимрӯз — номи мамлакатест дар сарҳади Афғонистону Эрони қадим
11 Доия – сабаб, боис
12 Тиб — хубӣ, хушӣ

74

Ҳар он ки гардиши гетӣ ба кини ӯ бархост,
Ба тайри маслиҳаташ раҳбарӣ кунад айём.
Кабӯтаре, ки дигар ошён нахоҳад дид,
Қазо ҳамебарадаш то ба сӯйи донаю дом».

Писар гуфт: «Эй падар, қавли ҳукаморо чӣ гуна мухолифат кунам, ки гуфтаанд: ризқ агарчи мaқcум 1 аст, ба асбоби ҳусули 2 он тааллуқ 3 шарт аст ва бало, агарчи мақдур 4, аз абвоби духули 5 он эҳтироз 6 воҷиб.
Ризқ агар чанд бегумон бирасад,
Шарти ақл аст ҷустан аз дарҳо.
Гарчи кас бе аҷал нахоҳад мурд,
Ту марав дар даҳони аждарҳо!

Дар ин сурат, ки манам, бо пили дамон бизанам ва бо шери жаён панҷа дарафканам. Пас маслиҳат он аст, эй падар, ки сафар кунам, ки аз ин беш тоқати бенавоӣ надорам.
Чун мард дарфитод зи ҷою мақоми хеш,
Дигар чӣ ғам хӯрад, ҳама офоқ ҷойи ӯст.
Шаб ҳар тавонгаpе ба сарое ҳамеравад,
Дарвеш, ҳар куҷо, ки шаб ояд, сарои ӯст».

Ин бигуфту падарро видоъ, кард ва ҳиммат хосту 7 равон шуд ва ба худ ҳамегуфт:
Ҳунарвар чу бахташ набошад ба ком,
Ба ҷое равад, к-аш надонанд ном 8 .
__________

1 Мақсум — муайяншуда
2 Ҳусул — воситаҳои бадастоварӣ
3 Тааллуқ — даст дароз кардан, кӯшидан
4 Мақдур — дар тақдир пешбинишуда
5 Абвоби духул — дарҳои даромад
6 Эҳтироз — парҳез
7 Яъне: дуо талабид
8 Мазмуни байт: агар одами боҳунар бетолеъ бошад, ба ҷое меравад. ки ҳатто номашро ҳам намедонанд

75

Ҳамчунин то бирасид ба канори обе, ки санг аз салобати ӯ бар санг ҳамеoмад ва хурӯшаш ба фарсанг 1 мерафт.
Саҳмгин 2 обе, ки мурғобӣ дар ӯ эмин набудӣ,
Камтарин мавҷ осиёсанг аз канораш даррабудӣ.

Гурӯҳe мардумонро дид: ҳар як ба қурозае 3 дар меъбар 4 нишаста ва рахти сафар баста. Ҷавонро дасти ато баста буд, забони сано баркушуд, чандон ки зорӣ кард, ёрӣ накарданд.
Бе зар натавонӣ, ки кунӣ бар кас зӯр,
B-ар зар дорӣ, ба зӯр муҳтоҷ наӣ.

Маллоҳи бемурувват ба ханда баргардиду гуфт:
«Зар надорӣ, натавон рафт ба зӯр аз дарё,
Зӯри даҳ мард чӣ бошад? Зари як мард биёр!»

Ҷавонро дил аз таънаи маллоҳ ба ҳам баромад 5, хост, ки аз ӯ интиқом кашад. Киштӣ рафта буд, овоз доду гуфт: «Агар бад ин ҷома, ки пӯшидаам, қаноат кунӣ, дареғ нест». Маллоҳ тамаъ кард ва киштӣ бозгардонид.
Бидӯзад шараҳ 6 дидаи ҳушманд,
Дарорад тамаъ мурғу моҳӣ ба банд.

Чандон, ки ришу гиребонаш ба дасти ҷавон афтод, ба худ даркашид ва бе муҳобо 7 кӯфтан гирифт. Ёраш аз киштӣ бадар омад, то пуштӣ кунад, ҳамчунон — дуруштӣ дид ва
__________

1 Фарсанг — андозаи дарозӣ, ки наздик ба шаш километр аст
2 Саҳмгин — даҳшатнок
3 Қуроза — пули майда
4 Меъбар — киштӣ
5 Яъне: ранҷид
6 Шараҳ — тамаъ
7 Муҳобо — худдорӣ

76

пушт бидод 1. Ҷуз ин чора надоштанд, ки бо ӯ ба мусолиҳат гароянд 2 ва ба уҷpaт мусолиҳат 3 намоянд.
Чу пархош 4 бинӣ таҳаммул биёр,
Ки саҳлӣ 5 бибандад дари корзор.
Ба ширинзабониву лутфу хушӣ
Тавонӣ, ки пиле ба мӯе кашӣ.
Латофат кун он ҷо, ки бинӣ ситез,
Набуррад қази нармро теғи тез.

Ба узри мозӣ дар қадамаш фитоданд ва бӯсае чанд ба нифоқ 6 бар сару чашмаш доданд. Пас ба киштӣ дароварданд ва равон шуданд, то бирасиданд ба сутуне, ки аз иморати Юнон дар об истода буд. Маллоҳ гуфт: «Киштиро халал аст 7, яке аз шумо. ки диловартар аст, бояд ки бад-ин сутун биравад ва хитоми 8 киштӣ бигирад, то иморат 9 кунем». Ҷавон ба ғурури диловарӣ, ки дар сар дошт, аз хасми дилозурда наандешид ва қавли ҳукамо муътабар надошт, ки гуфтаанд: «Ҳар киро ранҷе ба дил расонидӣ, агар дар ақиби он сад роҳат бирасонӣ, аз подоши он як ранҷиш эмин мабош, ки пайкон аз ҷароҳат бадар ояду озор дар дил бимонад».
Чӣ хуш гуфт Бектош бо хайлтош 10 ,
Чу душман харошидӣ, эмин мабош!
__________

1 Яъне: ба ақиб гурехт
2 Яъне: бо ӯ сулҳ кунанд
3 Яъне: аз пули кирои киштӣ чашм пӯшанд
4 Пархош — низоъ
5 Саҳлӣ — нармӣ
6 Ба нифоқ — бо дурӯягӣ
7 Яъне: киштӣ шикаст ёфтааст
8 Хитом — ресмони киштӣ
9 Иморат — таъмир
10 Бектош — 1. номи подшоҳи Хоразм. 2. номи паҳлaвоне
11 Хайлтош – 1. сипоҳиёне, ки ҳама аз як тоифа бошанд. 2. рафиқ, ҳамсаф

77

Машав эмин ки тангдил гардӣ,
Чун зи дастат диле ба танг ояд.
Санг бар бораи ҳисор мазан,
Ки бувад к-аз ҳисор санг ояд!

Чандон, ки миқвади 1 киштӣ ба соид барпечид ва болои сутун рафт, маллоҳ зимом аз кафаш даргусалонид ва киштӣ биронд, бечора мутаҳайир бимонд, рӯзе ду балову меҳнат кашид ва сахтӣ дид, сеюм рӯз хобаш гиребон гирифт ва ба об андохт. Баъд аз шабонарӯзе дигар бар канор афтод, аз ҳаёташ рамақе 2 монда; барги дарахтон хӯрдан гирифту бехи гиёҳон баровардан, то андаке қувват ёфт. Сар дар биёбон ниҳоду ҳамерафт, то ташнаву бетоқат ба сари чоҳе расид: қавме бар ӯ гирд омада ва шарбате 3 об ба пашизе 4 ҳамеошомиданд. Ҷавонро пашизе набуд, талаб кард ва бечорагӣ намуд, раҳмат 5 наёварданд, дасти тааддӣ дароз кард, муяссар нашуд. Ба зарурат тане чандро фурӯ кӯфт. Мардон ғалаба карданду бе муҳобо бизаданд ва маҷрӯҳ шуд.
Пашша чу пур шуд, бизанад пилро
Бо ҳама тундиву салобат 6, ки ӯст.
Мӯрчагонро чу бувад иттифоқ,
Шери жаёнро бидаронанд пӯст.

Ба ҳукми зарурат дар пайи корвоне афтоду бирафт. Шабонгоҳ бирасиданд ба мақоме ки аз дуздон пурхатар буд. Корвониёнро дид: ларза бар андом афтода ва дил бар ҳалок ниҳода. Гуфт: «Андеша мадоред, ки яке манам дар
__________

1 Миқвад — ресмони махсус барои кашидани киштӣ
2 Рамақ — нафаси охирин
3 Шарбате об — як қулт об
4 Пашиз — пули сиёҳ
5 Раҳмат — раҳм
6 Салобат — сахтӣ, ҳайбат, маҳкамӣ

78

ин миён, ки ба танҳо панҷоҳ мардро ҷавоб диҳам ва дигар ҷавонон ҳам ёрӣ кунанд!» Ин бигуфт ва мардуми кopвoнpo ба лофи ӯ дил қавӣ гашт ва ба суҳбаташ шодмонӣ карданд ва ба зоду 1 обаш дастгирӣ воҷиб донистанд. Ҷавонро оташи меъда боло гирифта буду инони тоқат аз даст рафта. Луқмае чанд аз сари иштиҳо тановул кард ва даме чанд об дар сараш ошомид, то деви дарунаш биёромид ва бихуфт. Пирамарде ҷаҳондида дар он миён буд, гуфт: «Эй ёрон, ман аз ин бадрақаи 2 шумо андешанокам, на чандон ки аз дуздон, чунон ки ҳикоят кунанд, apабepo дираме чанд гирд омада буд ва ба шаб аз ташвиши луриён 3 дар хона танҳо хобаш намебурд. Якеро пеши худ овард, то ваҳшати танҳоӣ ба дидори ӯ мунсариф 4 кунад ва шабе чанд дар суҳбати ӯ буд, чандон ки бар дирамҳояш иттилоъ ёфт, бибурд 5 ва сафар кард. Бомдодон диданд арабро: гирён ва урён. Гуфтанд: «Ҳол чист? Магар он дирамҳои туро дузд бурд?» Гуфт: «Ло, валлоҳ 6 бадрақа бурд!»
Ҳаргиз эмин зи мор наншастам,
Ки бидонистам он чӣ хислати ӯст.
Захми дандони душмане батар аст,
Ки намояд ба чашми мардум дӯст!

Чӣ донед, агар ин ҳам аз ҷумлаи дуздон бошад, ки ба айёрӣ дар миёни мо таъбия шудааст 7 , то ба вақти фурсат ёронро хабар кунад. Маслиҳат он бинам, ки мар ӯро хуфта бимонем ва биронем 8 ». Ҷавононро тадбири пир устувор
__________

1 Зод — озуқа
2 Бадрақа — роҳбари корвон
3 Луриён — лӯлиён
4 Мунсариф — дур
5 Бибурд — дуздид
6 Ло, валлоҳ — не, қасам ба Худо
7 Таъбия шудан — ҷо гирифтан
8 Яъне: корвонро ба роҳ дарорем

79

омад ва маҳобате 1 аз муштзан дар дил гирифтанду рахт 2 бардоштанд ва ҷавонро хуфта бигузоштанд. Он гоҳ хабар ёфт, ки офтобаш дар китф тофт, сар баровард: корвон рафта дид. Бечора басе бигардиду раҳ ба ҷое набурд; ташнаву бенаво рӯй бар хок ва дил бар ҳалок ниҳода ҳамегуфт:
Дуруштӣ кунад бо ғарибон касе,
Ки нобуда бошад, ба ғурбат басе.

Мискин дар ин сухан буд, ки подшоҳписаре ба сайд аз лашкариён дур афтода буд, болои сараш истода ҳамешунид ва дар ҳайаташ 3 нигаҳ мекард: сурати зоҳираш покиза ва сифати ҳолаш парешон. Пурсид: «Аз куҷоӣ ва бад-ин ҷойгаҳ чун афтодӣ?» Бархе аз он чӣ бар сари ӯ рафта буд, иода кард 4. Маликзодаро бар ҳоли табоҳи ӯ раҳмат омад. Хилъату неъмат дод ва муътамаде бо вай фиристод, то ба шаҳри хеш омад. Падар ба дидори ӯ шодмонӣ кард ва бар саломати ҳолаш шукр гуфт. Шабонгаҳ аз он чӣ бар сари ӯ рафта буд, аз ҳолати киштӣ ва ҷаври маллоҳ ва рустоиён бар сари чоҳ ва ғадри 5 корвониён бо падар мегуфт. Падар гуфт: «Эй писар, нагуфтамат ҳангоми рафтан, ки тиҳидастонро дасти далерӣ баста асту сарпанҷаи шерӣ шикаста.
Чӣ хуш гуфт он тиҳидасти силаҳшӯр 6,
Ҷаве зар беҳтар аз панҷоҳ ман зӯр 7».

Писар гуфт: «Эй падар, ҳароина то ранҷ набарӣ, ганҷ барнадорӣ ва то ҷон дар хатар наниҳӣ, бар душман зафар
__________

1 Маҳобат — тарс
2 Рахт — асбобу анҷом
3 Ҳайат — афт
4 Иода кардан — нақл кардан
5 Ғадр — макр
6 Силаҳшӯр — ҷанговар
7 Яъне: ба андозаи як ҷав тилло аз як олам зӯр беҳтар аст

80

наёбӣ ва то дона парешон накунӣ, хирман барнагирӣ! Набинӣ, ки ба андак моя ранҷе, ки бурдам, чӣ таҳсили рoҳат кардам ва ба неше, ки хӯрдам, чӣ моя 1 асал овардам?
Гарчи берун зи ризқ натвон хӯрд,
Дар талаб коҳилӣ нашояд кард!
Ғаввос агар андеша кунад коми наҳанг,
Ҳаргиз накунад дурри гаронмоя ба чанг.

Осиёсанги зерин мутаҳаррик нест, лоҷарам, таҳаммули бори гарон ҳамекунад.
Чӣ хӯрад шери шарза дар буни ғор?
Бози афтодаро чӣ қут бувад?
То ту дар хона сайд хоҳӣ кард,
Дасту поят чу анкабут бувад!»

Падар гуфт: «Эй писар, туро дар ин навбат фалак ёварӣ кард ва иқбол раҳбарӣ, ки соҳибдавлате дар ту расид ва бар ту бубахшойид ва касри ҳолатро 2 ба тафаққуде 3 ҷабр кард 4 ва чунин иттифоқ нодир афтад ва бар нодир ҳукм натавон кард. Зинҳор, то бад-ин тамаъ дигар бора гирди валаъ 5 нагардӣ!
Сайёд на ҳар бор шикоре бибарад,
Афтад, ки яке рӯз палангаш бидарад.

Чунон ки якеро аз мулуки Порс нигине гаронмоя бар ангуштарӣ буд. Боре ба ҳукми тафарруҷ бо тане чанд хосон
__________

1 Чӣ моя — чӣ миқдор
2 Касри ҳол — парешонҳолӣ
3 Тафаққуд — дилҷӯйӣ
4 Ҷабр кардан — дар ин ҷо ба маънии беҳтар кардан
5 Валаъ — ҳирс, тамаъ

81

ба Мусаллои 1 Шероз бурун рафт, фармуд то ангуштариро бар гунбази Азуд насб карданд, то ҳар ки тир аз ҳалқаи ангуштарӣ бигузаронад, хотам 2 ӯро бошад. Иттифоқан чаҳорсад ҳукмандоз, 3 ки дар хидмати ӯ буданд, ҷумла хато карданд, магар кӯдаке, ки бар боми работе ба бозича тир аз ҳар тарафе меандохт, боди сабо тири ӯро ба ҳалқаи ангуштарӣ бигузаронид ва хилъату неъмат ёфт ва хотам ба вай арзонӣ доштанд. Писар тиру камонро бисӯхт. Гуфтанд: «Чаро чунин кардӣ?» Гуфт: «То равнақи нахустин бар ҷой монад»!
Гаҳ, бувад, к-аз ҳакими равшанрой
Барнаёяд дуруст тадбире.
Гоҳ, бошад, ки кӯдаке нодон,
Ба ғалат бар ҳадаф занад тире».

Ҳикоят

Дарвешеро шунидам, ки ба ғоре дар нишаста буд ва дар ба рӯйи ҷаҳониён баста ва мулуку ағниёро 4 дар чашми ҳиммати ӯ шавкату ҳайбат намонда.
Ҳар кӣ бар худ дари суол 5 кушод,
То бимирад ниёзманд бувад.
Оз 6 бигзору подшоҳӣ кун,
Гардани бетамаъ баланд бувад!

Яке аз мулуки он тараф ишорат кард, ки таваққуъ 7 ба карами ахлоқи мардон чунин аст, ки ба намак бо мо
__________

1 Мусалло — идгоҳи Шероз, ки қабри Ҳофиз дар он ҷост
2 Хотам — нигини ангуштарин
3 Ҳукмандоз — тирандозони моҳир ва бехато зананда
4 Ағниё – ҷамъи ғанӣ, боён
5 Суол — гадоӣ
6 Оз — тамаъ
7 Таваққуъ — умед

82

мувофиқат кунанд. Шайх ризо дод, ба ҳукми он, ки иҷобати 1 даъват суннат аст. Дигар рӯз малик ба узри қудумаш рафт. Обид аз ҷой барҷаст ва дар канораш гирифту талаттуф 2 кард ва сано гуфт. Чун ғоиб шуд, яке аз асҳоб гуфт шайхро, ки чандин мулотифат, ки имрӯз бо подшоҳ кардӣ, хилофи одат буд ва дигар надидаем». Гуфт: «Нашунидаӣ, ки гуфтаанд:
Ҳар киро бар симот 3 биншастӣ,
Воҷиб омад ба хидматаш бархост.
Гӯш тавонад, ки ҳама умр вай,
Нашнавад овози дафу чангу най,
Дида шикебад 4 зи тамошои боғ,
Бе гулу насрин ба сар орад димоғ.
B-ар набувад болиши огандапар 5,
Хоб тавон кард ҳаҷар зери сар.
B-ар набувад дилбари ҳамхоба пеш,
Даст тавон кард дар оғӯши хеш.
В-ин шиками беҳунари печ-печ
Сабр надорад, ки бисозад ба ҳеҷ.
__________

1 Иҷобат — қабул
2 Талаттуф — лутфу меҳрубонӣ
3 Симот — дастархон
4 Шикебад — сабр кардан
5 Огандапар — пур аз пар

83

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед: