Гулистон. Боби панҷум. Дар ишқ ва ҷавонӣ

Ҳикоят

Ҳасани Маймандиро гуфтанд: «Султон Маҳмуд чандин бандаи соҳибҷамол дорад, ки ҳар яке бадеи ҷаҳонеанд, чӣ гуна афтодааст, ки бо ҳеҷ як аз эшон майлу муҳаббате надорад, чунон ки бо Аёз, ки зиёдат ҳусне надорад?» Гуфт: «Ҳар чӣ ба дил фурӯ ояд, дар дида наку намояд.
Ҳар кӣ султон муриди ӯ бошад,
Гар ҳама бад кунад, наку бошад.
B-он киро подшаҳ бияндозад,
Касаш аз хайли хона 1 нанвозад.
***
Касе ба дидаи инкор агар нигоҳ кунад,
Нишони сурати Юсуф диҳад ба нохубӣ.
В-агар ба чашми иродат нигоҳ кунӣ дар дев,
Фаришта-ст намояд ба чашм каррубӣ 2».

Ҳикоят

Порсоеро дидам ба муҳаббати шахсе гирифтор: на тоқати сабру на ёрои гуфтор. Чандон ки маломат дидӣ ва ғаромат 3 кашидӣ, тарки тасобӣ 4 накардӣ ва гуфтӣ:
__________

1 Хайли хона — аҳли хонадон
2 Каррубӣ — дар эътиқоди динӣ: фариштае, ки ба Худо аз ҳама наздиктар аст
3 Ғаромат — товон, ҷарима
4 Тасобӣ — ишқбозӣ

90

Кӯтаҳ накунам зи доманат даст,
B-ар худ бизанӣ ба теғи тезам!
Баъд аз ту малозу малҷае 1 нест.
Ҳам дар ту гурезам, ар гурезам!

Боре маломаташ кардаму гуфтам: «Ақли нафисатро чӣ шуд, то нафси хасис ғолиб омад?» Замоне ба фикрат фурӯ рафт ва гуфт:
Ҳар куҷо султони ишқ омад, намонд
Қуввати бозуи тақворо маҳал.
Покдоман чун зияд бечорае,
Уфтода то гиребон дар ваҳал.

Ҳикоят

Шабе ёд дорам, ки ёре азиз аз дар даромад. Чунон бехуд аз ҷой барҷастам, ки чароғам ба остин кушта шуд. Бинишасту итоб оғоз кард, ки дарҳол, ки маро бидидӣ чароғ бикуштӣ, ба чӣ маънӣ? Гуфтам: «Ба ду маънӣ: яке он, ки гумон бурдам. ки офтоб баромад ва дигар он ки ин байтам ба хотир бигузашт:
Чун гароне 2 ба пеши шамъ ояд,
Хезаш андар миёни ҷамъ бикуш!
B-ар шакархандаест ширинлаб,
Остинаш бигиру шамъ бикуш!»

Ҳикоят

Яке дӯстеро, ки замонҳо надида буд, гуфт: «Куҷоӣ, ки муштоқ будам?» Гуфт: муштоқӣ беҳ, ки малулӣ.
__________

1 Малоз ва малҷаъ — паноҳгоҳ
2 Гарон — шахси нофорам, ки диданаш ба касе гарон бошад

91

Дер омадӣ, эй нигори сармаст,
Зудат надиҳем доман аз даст,
Маъшуқ, ки дер-дер бинанд,
Охир беҳ аз он, ки сер бинанд.

Шоҳид 1, ки бо рафиқон ояд, ба ҷафо кардан омада аст, ба ҳукми он ки аз ғайрат 2 ва музоддат 3 холӣ набошад.
Ба як нафас, ки баромехт ёр бо ағёр,
Басе намонд, ки ғайрат вуҷуди ман бикушад.
Ба ханда гуфт, ки ман шамъи ҷамъам, эй Саъдӣ,
Маро аз он чӣ, ки парвона хештан бикушад!

Ҳикоят

Ёд дорам, дар айёми пешин, ки ман ва дӯсте чун бодоми думағз дар пӯсте суҳбат доштем. Ногоҳ иттифоқи мағиб 4 афтод. Пас аз муддате, ки бозомад, итоб оғоз кард, ки дар ин муддат қосиде нафиристодӣ. Гуфтам: «Дареғ омадам, ки дидаи қосид ба ҷамоли ту равшан гардаду ман маҳрум!
Ёри дерина маро, гӯ, ба забон тавба мадеҳ,
Ки маро тавба ба шамшер нахоҳад будан!
Рашкам ояд, ки касе сер нигаҳ дар ту кунад,
Боз гӯям на, ки кас сер нахоҳад будан!

Ҳикоят

Тӯтиеро бо зоғе дар қафас карданд ва аз қубҳи мушоҳидаи ӯ муҷоҳида мебурд 5 ва мегуфт: «Ин чӣ талъати макрӯҳ асту ҳайъати 6 мамқут 7 ва манзари малъун ва шамоили номавзун?
__________

1 Шоҳид — маъшуқа
2 Ғайрат — рашк
3 Музоддат — зиддият, рақобат
4 Мағиб – дар ин ҷо ба маънии ғоиб будан ва дурӣ
5 Яъне: аз бадии дидори зоғ тӯтӣ ба дод омада буд
6 Ҳайъат — афт
7 Мамқут — номақбул

93

Алассабоҳ 1 ба рӯйи ту ҳар, ки бархезад,
Сабоҳи рӯзи саломат бар ӯ масо 2 бошад.
Бадахтаре чу ту дар суҳбати ту боистӣ,
Вале чунин, ки туӣ, дар ҷаҳон куҷо бошад?»

Аҷаб он, ки ғуроб 3 аз муҷовирати 4 тӯтӣ ҳам ба ҷон омада буд ва малул шуда, лоҳавлкунон аз гардиши гетӣ ҳаменолид ва дастҳои тағобун 5 бар якдигар ҳамемолид, ки ин чӣ бахти нагун аст ва толеи дун ва айёми бӯқаламун? Лоиқи қадри ман он аст, ки бо зоғе ба девори боғе-бар хиромон ҳамерафтам.
Порсоро бас ин қадар зиндон,
Ки бувад ҳамтавилаи риндон.

То чӣ гунаҳ кардам, ки рӯзгорам ба уқубати он дар силки суҳбати чунин аблаҳе худраъй, ноҷинс, хирадарой 6 ба чунин банди бало мубтало гардонидааст?!
Кас наёяд ба пойи деворе,
Ки бар он суратат нигор кунанд.
Гар туро дар биҳишт бошад ҷой,
Дигарон дӯзах ихтиёр кунанд!

Ин зарбулмасал бад-он овардам, то бидонӣ, ки сад чандон, ки доноро аз нодон нафрат аст, нодонро аз доно ваҳшат аст.
__________

1 Алассабоҳ — пагоҳӣ
2 Масо — шом
3 Ғуроб — зоғи сиёҳ
4 Муҷовират — наздикӣ
5 Тағобун — таассуф
6 Хирадарой — сафсатагӯй

93

Зоҳиде дар самои риндон буд,
З-он миён гуфт шоҳиде балхӣ.
Гар малулӣ зи мо, туpуш манишин,
Ки ту ҳам дар миёни мо талхӣ!
***
Ҷамъе чу гулу лола ба ҳам пайваста,
Ту ҳезуми хушк дар миёншон раста.
Чун бод мухолифу чу сармо нохуш,
Чун барф нишастаию чун ях баста!

Ҳикоят

Рафиқе доштам, ки солҳо бо ҳам сафар карда будему нону намак хӯрда ва бекарон ҳуқуқи суҳбат собит шуда 1. Охир ба сабаби нафъе андак озори хотири ман раво дошт ва дӯстӣ сипарӣ шуд ва бо ин ҳама аз ду тараф дилбастагӣ буд, ки шунидам рӯзе ду байт аз суханони ман дар маҷмае ҳамегуфтанд:
Нигори ман чу дарояд ба хандаи намакин,
Намак зиёд кунад бар ҷароҳати решон.
Чӣ будӣ, ар сари зулфаш ба дастам афтодӣ,
Чу остини каримон ба дасти дарвешон.

Тоифаи дӯстон ба лутфи ин сухан на, ки бар ҳусни сирати хеш гувоҳӣ дода буданд ва офарин бурда ва он дӯст ҳам дар ин ҷумла муболиға карда буд ва бар фавти суҳбати дерин таассуф хӯрда ва ба хатои хеш эътироф намуда. Маълум кардам, ки аз тарафи ӯ ҳам рағбате ҳаст. Ин байтҳо фиристодам ва сулҳ кардем.
На моро дар миён аҳду вафо буд?
Ҷафо кардию бадаҳдӣ намудӣ.
__________

1 Яъне: ба зиммаи якдигар бисёр ҳаққи дӯстӣ афтода буд

94

Ба як бор аз ҷаҳон дил дар ту бастам,
Надонистам, ки баргардӣ ба зудӣ.
Ҳанӯзат гар сари сулҳ аст, боз ой,
К-аз он маҳбубтар бошӣ, ки будӣ!

Ҳикоят

Якеро зане соҳибҷамоли ҷавон даргузашт ва модарзани фартут ба иллати кобин дар хона мутамаккин бимонд ва мард аз муҷовирати 1 ӯ ба ҷон расидӣ ва аз муҳовирати 2 ӯ чора надидӣ, то гурӯҳe ошноён ба пурсидан омаданд. Яке гуфто: «Чӣ гунаӣ дар муфориқати 3 ёри азиз?» Гуфт: «Нодидани зан бар ман чунон душвор намеояд, ки дидани модарзан!»
Гул ба тороҷ рафту хор бимонд,
Ганҷ бардоштанду мор бимонд.
Дида бар тораки синон 4 дидан.
Хуштар аз рӯйи душманон дидан.
Воҷиб аст аз ҳазор дӯст бурид,
То яке душманат набояд дид.

Ҳикоят

Якеро аз мулуки араб ҳадиси Лайлӣ ва Маҷнун ва шӯриши ҳоли ӯ бигуфтанд, ки ба камоли фазлу балоғат сар дар биёбон ниҳодааст ва зимоми ақл аз даст дода. Бифармудаш, то (Маҷнунро) ҳозир оварданд ва маломат кардан гирифт, ки дар шарафи нафси инсон чӣ халал дидӣ, ки хӯйи баҳоим 5 гирифтӣ ва тарки суҳбати мардум гуфтӣ?» Гуфт: .
__________

1 Муҷовират — ҳамхонагӣ
2 Муҳовират — суҳбат
3 Муфориқат — ҷудоӣ
4 Синон — найза
5 Баҳоим — ҳайвоноти чорпо

95

«Кош, к-онон, ки айби ман ҷустанд,
Рӯят, эй дилситон, бидидандӣ,
То ба ҷойи турунҷ дар назарат,
Бехабар дастҳо буридандӣ.1

То ҳақиқати маъно бар сурати даъво гувоҳ омадӣ..» Маликро дар дил омад ҷамоли Лайлӣ мутолиа 2 кардан, то чӣ сурат аст, ки мӯҷиби чандин фитна аст? Пас бифармудаш талаб кардан, дар аҳёи 3 араб бигардиданд ва ба даст оварданд ва пеши малик дар саҳни сароча 4 бидоштанд. Малик дар ҳайати ӯ назар кард, шахсе дид сияҳфоми борикандом. Дар назараш ҳақир омад, ба ҳукми он ки камтарин xуддoми 5 ҳарами ӯ ба ҷамол аз ӯ пештар буданд ва ба зинат бештар. Маҷнун ба фаросат дарёфту гуфт: «Аз даричаи чашми Маҷнун бояд дар ҷамоли Лайлӣ назар кардан, то сирри мушоҳидаи ӯ бар ту таҷалло кунад.
Тандурустонро набошад дарди реш,
Ҷуз ба ҳамдарде нагӯям дарди хеш.
Гуфтан аз занбӯр беҳосил бувад
Бо яке дар умри худ нохӯрда неш!
То туро ҳоле набошад ҳамчу мо,
Ҳоли мо бошад туро афсона пеш,
Сӯзи ман ба дигаре нисбат макун,
Ӯ намак бар дасту ман бар узви реш!»
__________

1 Мазмуни ин байт ишораест ба чунин як воқеаи афсонаи Юсуф ва Зулайхо: занони азизи Миср Зулайхоро таъна кардаанд, ки Юсуф он қадар соҳибҷамол нест, ки сазовори шайдо шудани ту бошад… Зулайхо дар ҷавоби ин таъна дар як зиёфат ба дасти занон турунҷу корд дода, дар ҳамин вақт Юсуфро аз берун ба хона даровардааст. Занон ба ҷамоли Юсуф чунон мафтун шудаанд, ки ба ҷойи турунҷ беихтиёр дастҳошонро буридаанд
2 Мутолиа — дар ин ҷо ба маънои тамошо
3 Аҳё — қабилаҳо
4 Сароча — хайма
5 Худдом — канизон

96

Ҳикоят

Ҷавоне покбозу покрав буд,
Ки бо покизарӯе дар гарав буд. 1
Чунин хондам, ки дар дарёи аъзам, 2
Ба гирдобе дарафтоданд бо ҳам.
Чу маллоҳ омадаш, то даст гирад,
Мабодо к-андар он ҳолат бимирад.
Ҳамегуфт аз миёни мавҷи ташвир: 3
«Маро бигзору дасти ёри ман гир!»
Дар ин гуфтан ҷавон бар вай барошуфт,
Шунидандаш, ки ҷон медоду мегуфт:
«Ҳадиси ишқ аз он баттол манюш, 4
Ки дар сахтӣ кунад ёрӣ фаромӯш!»
Чунин карданд ёрон зиндагонӣ,
Зи корафтода бишнав, то бидонӣ.
Ки Саъдӣ роҳу расми ишқбозӣ,
Чунон донад, ки дар Бағдод тозӣ. 5
Дилороме, ки дорӣ, дил дар ӯ банд,
Дигар чашм аз ҳама олам фурӯ банд!
Агар Маҷнуну Лайлӣ зинда гаштӣ,
Ҳадиси ишқ аз ин дафтар навиштӣ!
___________

1 Яъне: ба муҳаббати соҳибҷамоле гирифтор буд
2 Дарёи аъзам — уқёнус
3 Ташвир — шӯру ошӯб
4 Манюш — машунaв
5 Тозӣ — арабӣ, яъне: чӣ андозае, ки мардуми Бағдод забони арабиро хуб медонанд, Саъдӣ ҳам ишқбозиро ба ҳамон андоза медонад.

97

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед: