Гулистон. Боби ҳафтум. Дар таъсири тарбият

Ҳикоят

Якеро аз вузаро писаре кавдан 1 буд. Пеши яке аз донишмандон фиристод, ки мар инро тарбият кун, магар оқил шавад. Рӯзгоре таълим кардаш ва муассир набуд 2. Пеши падараш кас фиристод, ки он оқил намешавад ва маро девона кард.
Чун бувад асли гавҳаре қобил,
Тарбиятро дар ӯ асар бошад.
Ҳеҷ сайқал наку надонад кард
Оҳанеро, ки бaдгуҳap бошад.
Саг ба дарёи ҳафтгона 3 машӯй,
Чун, ки гар шуд, палидтар бошад.
Хари Исо гараш ба Макка баранд,
Чун биёяд, ҳанӯз хар бошад.

Ҳикоят

Ҳакиме писаронро панд ҳамедод, ки ҷонони падар, ҳунар омӯзед, ки мулку давлати дунё эътимодро нашояд ва
__________

1 Кавдан — каллаварам
2 Яъне: таъсир намекард
3 Дарёи ҳафтгона — дар ҷуғpoфиёи қадим ҳафт баҳре, ки ба ҳафт иқлим нисбат дода мешаванд

103

симу зар дар сафар маҳалли хатар аст: ё дузд баякбор бибарад ё хоҷа ба тафориқ 1 бихӯрад. Аммо ҳунар чашмаест зоянда ва давлате поянда ва агар ҳунарманд аз давлат бияфтад, ғам набошад, ки ҳунар дар нафси худ2 давлат аст: ҳар ҷо, ки равад, қадр бинаду дар садр нишинад ва беҳунар луқма чинаду сахтӣ бинад!
Сахт аст пас аз чоҳ таҳаккум 3 бурдан.
Хӯ карда ба ноз, ҷабри мардум бурдан.
***
Вақте афтод фитнае дар Шом,
Ҳар кас аз гӯшае фаро рафтанд.
Рустозодагони донишманд,
Ба вазирии подшо рафтанд.
Писарони вазири ноқисақл,
Ба гадоӣ ба русто рафтанд.

Ҳикоят

Муаллими куттоберо 4 дидам дар диёри Мағриб турушрӯй, талхгуфтор, бадхӯй, мардумозор, гадотабъ, нопарҳезгор, ки айши мусулмонон ба дидани ӯ табаҳ гаштӣ ва хондани Қуръонаш дили мардум сияҳ кардӣ. Ҷамъе писарони покиза ва духтарони дӯшиза ба дасти ҷафои ӯ гирифтор; на заҳраи ханда ва на ёрои гуфтор, гаҳ орази симини якеро таппонча задию гоҳ соқи булӯрини дигареро шиканҷа кардӣ. Алқисса, шунидам, ки тарфе 5 аз хабоиси 6 нафси ӯ маълум карданд ва бизаданду биронданд ва мактаби ӯро ба муслеҳе 7 доданд: порсову салим, некмарди ҳалим, ки сухан ҷуз ба ҳукми зарурат нагуфтӣ ва муҷиби озори кас бар забо-
___________

1 Тафориқ — кам-кам
2 Яъне: худ ба худ, табиатан
3 Таҳаккум — маҷбуран ба ҷо овардани ҳукми касе
4 Куттоб — мактаб
5 Тарфе — андаке
6 Хабоис — палидиҳо
7 Муслеҳ — накукор

104

наш нарафтӣ. Кӯдаконро ҳайбати устоди нахустин аз сар бирафт ва муаллими дуюмиро ахлоқи малакӣ 1 диданду як-як дев шуданд, ба эътимоди ҳилми 2 ӯ тарки илм доданд. Aғлаби авқот 3 ба бозича фароҳам нишастандӣ ва лавҳ дуруст нокарда, дар сари ҳам шикастaндӣ.
Устоду муаллим чу бувад беозор,
Хирсак 4 бозанд кӯдакон дар бозор.

Баъд аз ду ҳафта бар он масҷид гузар кардам. Муаллими аввалинро дидам, ки дилхуш карда буданд ва ба ҷойи хеш оварда. Инсоф, биранҷидам ва «лоҳавл» гуфтам, ки дигарбора иблисро муаллими малоика чаро карданд? Пирмарде зарифи ҷаҳондида гуфт:
Подшоҳе писар ба мактаб дод,
Лавҳи симин-ш бар канор ниҳод.
Бар сари лавҳи ӯ навишта ба зар:
Ҷаври устод беҳ зи меҳри падар.

Ҳикоят

Порсозодаеро неъмати бекарон аз таракаи аммон 5 ба даст афтод. Фисқу фуҷур оғоз кард ва мубаззирӣ 6 пеша гирифт. Филҷумла, намонд аз соири маосӣ 7 мункаре 8 , ки накард ва мускире 9, ки нахӯрд. Боре ба насиҳаташ гуфтам:
__________

1 Малакӣ — фариштагӣ
2 Ҳилм — нармӣ
3 Ағлaби авқот — аксари вақтҳо
4 Хирсак — навъе аз бозиҳои қадими бачагон, ки аз дop-дopу занозанӣ иборат буд
5 Аммон — амакҳо
6 Мубаззирӣ — исрофкорӣ
7 Соири маосӣ — ҷамеи гуноҳҳо
8 Мункар — дар ин ҷо ба маънии рафтори ноҷоиз
9 Мускир — нӯшокии масткунанда

105

«Эй фарзанд, дахл оби равон асту харҷ осиёи гардон, яъне харҷи фаровон кардан мусаллам касеро бошад, ки дахли муайян дорад.
Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун,
Ки мегӯянд маллоҳон суруде:
«Агар борон ба кӯҳистон наборад,
Ба соле Даҷла гардад хушкрӯде».

Ақлу адаб пеш гир ва лаҳву лаиб 1 бигузор, ки чун неъмат сипарӣ шавад, сахтӣ барӣ ва пушаймонӣ хӯрӣ!» Писар аз лаззати ною нӯш ин сухан дар гӯш наёвард ва бар қавли ман эътироз карду гуфт: «Роҳати оҷил 2 ба ташвиши меҳнати оҷил 3 мунағғас 4 кардан хилофи раъйи хирадмандон аст.
Худовандони кому некбахтӣ,
Чаро сахтӣ хӯранд аз бими сахтӣ?
Бирав, шодӣ кун, эй ёри дилафрӯз!
Ғами фардо нашояд хӯрд, имрӯз.

Факайфа 5 маро, ки дар садри мурувват нишастаам ва ақди футувват 6 баста ва шукри инъом дар афвоҳи 7 авом афтода.
Ҳар кӣ алам 8 шуд ба сахову карам,
Банд нашояд, ки ниҳад бар дирам.
Номи накуе чу бурун шуд ба кӯй,
Дар натавонӣ, ки бибандӣ ба рӯй!»
__________

1 Лаҳву лаиб — машғулиятҳои беҳуда ва бозӣ
2 Оҷил (бо айн) — даргузар
3 Оҷил (бо алиф) — давомнок, дуру дароз
4 Мунағғас — вайрон
5 Факайфа — то чӣ расад
6 Ақди футувват — паймони ҷавонмардӣ
7 Афвоҳ — даҳонҳо, яъне овозаи инъомдиҳии ман дар байни мардум паҳн шудааст
8 Алам — машҳур

105

Дидам, ки насиҳат намепазирад ва дами гарми ман дар оҳани сарди ӯ асар намекунад, тарки муносиҳат 1 кардаму рӯй аз мусоҳибат бигардонидам ва қавли ҳукаморо кор бастам, ки гуфтаанд:
Гарчи донӣ, ки нашнаванд, бигӯй
Ҳар чӣ донӣ зи некхоҳию панд!
Зуд бошад, ки хирасар бинӣ,
Ба ду пой уфтода андар банд.
Даст бар даст мезанад, ки дареғ,
Нашунидам ҳадиси донишманд!

То пас аз муддате он чӣ андешаи ман буд, аз накбати 2 ҳолаш ба сурат бидидам, ки пора-пора ба ҳам бармедӯхт ва луқма-луқма ҳамеандухт. Дилам аз заъфи ҳолаш ба ҳам баромад ва мурувват надидам, дар чунон ҳоле реши дарунаш ба маломат харошидан ва намак пошидан. Пас бо дили худ гуфтам:
Ҳарифи сифла дар поёни мастӣ
Наяндешад зи рӯзи тангдастӣ.
Дарахт андар баҳорон бар фишонад,
Зимистон, лоҷарам, бе барг монад.

Ҳикоят

Подшоҳе писареро ба адибе доду гуфт: «Ин фарзанди туст, тарбияташ ҳамчунон кун, ки яке аз фарзандони худро. Адиб хидмат карду мутақаббил 3 шуд ва соле чанд бар ӯ саъй карду ба ҷое нарасид ва писарони адиб дар фазлу балоғат мунтаҳо 4 шуданд. Малик донишмандро муохазат 5
___________

1 Муносиҳат — насиҳатгӯйӣ
2 Накбат — бадбахтӣ
3 Мутақаббил — уҳдадор
4 Мунтаҳо — комил
5 Муохазат — сарзаниш

107

кард ва муотибат 1, ки ваъда хилоф кардӣ ва вафо ба ҷо наёвардӣ!» Гуфт: «Бар раъйи Худованди рӯйи замин пӯшида намонад, ки тарбият яксон асту табоеъ мухталиф.
Гарчи симу зар зи санг ояд ҳаме,
Дар ҳама санге набошад зappу сим.
Бар ҳама олам ҳаметобад Суҳайл 2 ,
Ҷое анбон мекунад, ҷое адим 3 ».

Ҳикоят

Аъробиеро дидам, ки писарро ҳамегуфт: «Туро хоҳанд пурсид, ки амалат чист, нагӯянд падарат кист?
Ҷомаи Каъбаро, ки мебӯсанд.
Ӯ на аз кирми пилла номӣ шуд.
Бо азизе нишаст рӯзе чанд,
Лоҷарам ҳамчу ӯ гиромӣ шуд.

Ҳикоят

Дар тасонифи ҳукамо овардаанд, ки каждумро вилодати маъҳуд 4 нест, чунон ки дигар ҳайвонотро, балки аҳшоми 5 модарро бихӯранд ва шикамашро бидаранду роҳи саҳро гиранд на он пӯстҳо, ки дар хонаи каждум бинанд, асари он аст.

Боре ин нукта пеши бузурге ҳамегуфтам. Гуфто: «Дили ман бар сидқи ин сухан гувоҳӣ медиҳад ва ҷуз чунин натавон будан. Дар ҳолати хурдӣ бо модар чунин муомилат кардаанд. Лоҷарам, дар бузургӣ чунин номақбул ва номатбӯанд 6.
___________

1 Муотибат — коҳиш
2 Суҳайл — номи ситораи аз хама равшантар, ки дар самти ҷануби осмон дида мешавад ва аз рӯйи ақидаи одамони қадим нури он дар баъзе ҷоҳо чармро хушсифат мекунад
3 Адим — пӯсти босифат
4 Вилодати маъҳуд — таваллуди оддӣ ва муқаррарӣ
5 Аҳшом — рӯдаю шикамба
6 Номатбӯъ — ба табъ нафоранда

108

Писареро падар насиҳат кард,
К-эй ҷавонмард, ёд гир ин панд:
Ҳар кӣ бо аҳли худ вафо накунад,
Нашавад дӯстрӯю донишманд!

Масал

Каждумро гуфтанд: «Чаро ба зимистон берун наойӣ?» Гуфт: «Ба тобистон чӣ ҳурмат дорам, ки ба зимистон низ биёям!»

Ҳикоят

Тифл будам, ки бузургеро пурсидам аз булуғ 1. Гуфт: «Он чӣ дар кутуби уламо мастур 2 аст, се нишон дорад — яке понздаҳсолагӣ ва дигар эҳтилом 3 ва сеюм баромадани мӯйи пеш. Аммо дар ҳақиқат як нишон дораду бас: он ки дар банди ризои ҳақ беш аз он бошӣ, ки дар банди ҳаззи нафси хеш ва ҳар он ки дар ӯ ин сифат мавҷуд нест, ба назди муҳаққиқон болиғ нест.
Ба сурат одамӣ шуд қатрае об,
Ки чил рӯзаш қарор андар раҳим монд.
B-агар чилсоларо ақлу адаб нест,
Ба таҳқиқаш нашояд одамӣ хонд.
***
Ҷавонмардиву лутф аст одамият,
Ҳамин нақши ҳаюлоӣ 4 мапиндор!
Ҳунар бояд, ки сурат метавон кард,
Ба айвонҳо-дар аз шангарфу 5 зангор.
__________

1 Булуғ — балоғат
2 Мастур — навишташуда
3 Эҳтилом — нутфа
4 Ҳаюлоӣ — аз моддаи ибтидоӣ таркибёфта
5 Шангарф — ранги сурхи баланд

109

Чу инсонро набошад фазлу эҳсон,
Чӣ фарқ аз одамӣ то нақши девор?
Ба даст овардани дунё ҳунар нест,
Якеро тар тавонӣ дил ба даст ор!

Ҳикоят

Соле низоъ дар миёни пиёдагони ҳуҷҷоҷ афтода буд ва доӣ 1 дар он сафар ҳам пиёда. Инсоф 2, дар сару рӯйи ҳам фитодем ва доди фусуқу ҷидол бидодем. Каҷованишинеро шунидам, ка бо адили 3 худ мегуфт: «Ёлалаҷаб 4, пиёдаи оҷ 5 чу арсаи 6 шатранҷ ба сар мебарад, фарзин мешавад, яъне, беҳ аз он мегардад, ки буд ва пиёдагони ҳоҷ бодия ба сар бурданду батар шуданд».
Аз ман бигӯй ҳоҷии мардумгазойро,
K-ӯ пӯстини халқ ба озор медарад.
Ҳоҷӣ ту нестӣ, шутур аст, аз барои он-к,
Бечора хор мехӯраду бор мебарад!

Ҳикоят

Ҳиндуе нафтандозӣ ҳамеомӯхт, ҳакиме гуфт: «Туро, ки хона найин аст, бозӣ на ин аст!
То надонӣ, ки сухан айни савоб аст, магӯй,
B-он чӣ донӣ, ки на неку-ш ҷавоб аст, магӯй!
___________

1 Доӣ — дуогӯй, яъне худи муаллиф
2 Инсоф — дар ин ҷо ба маънии баростӣ, рости гап
3 Адил — касе, ки дар тарафи дигари каҷоваи сафарӣ менишаст, то ки ҳар ду тарафи каҷова ҳамвазн бошад
4 Ёлалаҷаб — аҷабо
5 Пиёдаи оҷ — донаи шоҳмот, ки аз устухони фил сохта шуда бошад
6 Арса — тахтаи шоҳмот

110

Ҳикоят

Мардакеро чашмдард хост 1, пеши байторе рафт, ки даво кун. Байтор аз он чӣ дар чашми чорпоён мекунанд, дар дидаи ӯ кашид ва кӯр шуд. Ҳукумат 2 ба довар бурданд, гуфт: «Бар ӯ ҳеҷ товон нест: агар ин хар набудӣ, пеши байтор нарафтӣ!» Мақсуд аз ин сухан он аст, ки то бидонӣ, ки ҳар кӣ ноозмударо кори бузург фармояд, бо он ки надомат барад,3 ба наздики хирадмандон ба хиффати раъй 4 мансуб гардад.
Надиҳад ҳушманди равшанрой.
Ба фурӯмоя корҳои хатир 5,
Бӯрёбоф, агарчи бофанда-ст,
Набарандаш ба коргоҳи ҳарир.

Ҳикоят

Соле аз Балх бо румиёнам сафар буд ва роҳ аз ҳаромиён пурхатар. Ҷавоне ба бадрақа ҳамроҳи мо шуд. Сипарбоз, чархандоз, силаҳшӯр, 6 пилзӯр, ки даҳ марди тавоно камони ӯ зеҳ кардандӣ ва зӯроварони рӯйи замин пушти ӯ бар замин наёвардандӣ, валекин чунон ки донӣ, мутанаим 7 буду сояпарварда, на ҷаҳондидаву сафаркарда; раъди кӯси диловарон ба гӯшаш нарасида ва барқи шамшери саворон надида.
Наяфтода бар дасти душман асир.
Ба гирдаш наборида борони тир.

Иттифоқан ману ин ҷавон ҳар ду дар пайи ҳам давон. Ҳар он девори қадимаш, ки пеш омадӣ, ба қуввати бозу
___________

1 Хост — рӯй дод
2 Ҳукумат — арзу шикоят
3 Яъне: ба иловаи ин ки пушаймон мешавад
4 Хиффати раъй — сабукақлӣ
5 Хатир — муҳим
6 Силаҳшӯр — шамшерзани моҳир
7 Мутанаим — нозпарварда

111

бияфкандӣ ва ҳар дарахти азим, ки дидӣ, ба зӯри сарпанҷа баркандӣ ва тафохуркунон гуфтӣ:
Пил ку, то катифу бозуи гурдон бинад?
Шер ку, то кафу сарпанҷаи мардон бинад?

Мо дар ин ҳолат, ки ду ҳинду аз паси санге сар бароварданд ва оҳанги қитоли 1 мо карданд: ба дасти яке чӯб ва дар бағали он дигар кулӯхкӯбе. Ҷавонро гуфтам: «Чӣ пойӣ?
Биёр он чӣ дорӣ зи мардиву зӯр,
Ки душман ба пойи худ омад ба гӯр!»

Тиру камонро дидам аз дасти ҷавон афтода ва ларза бар устухон.
На ҳар кӣ мӯй шикофад ба тири ҷавшанхой,
Ба рӯзи ҳамлаи ҷанговарон бидорад пой.

Чора ҷуз он надидем, ки рахту силоҳу ҷомаҳо раҳо кардему ҷон ба саломат бурдем.
Ба корҳои гарон марди кордида фирист,
Ки шери шарза дарорад ба зери хамми каманд.
Ҷавон агарчи қавиёлу пилтан бошад,
Ба ҷанги душманаш аз ҳавл бигсалад пайванд.

Ҳикоят

Тавонгарзодаеро дидам: бар сари гӯри падар нишаста ва бо дарвешбачае мунозира дарпайваста, ки сандуқи турбати мо сангин асту китоба рангин ва фарши рухxом андохта ва хишти фирӯза дар ӯ сохта. Ба гӯри падарат чӣ монад: хиште ду фароҳам оварда ва муште ду хок бар он пошида».
__________

1 Қитол — ҷанг

112

Дарвешписар ин бишуниду гуфт: «То падарат зери он сангҳои гарон бар худ биҷунбида бошад, падари ман ба биҳишт расида бувад!»
Хар, ки камтар ниҳанд бар вай бор,
Бешак осудатар кунад рафтор.
***
Марди дарвеш, ки бори ситами фоқа 1 кашад,
Ба дари марг ҳамоно, ки сабукбор ояд.
B-он ки дар неъмату осойишу осонӣ зист.
Мурданаш з-ин ҳама, шак нест, ки душвор ояд.
Ба ҳама ҳол асире, ки зи банде бираҳад,
Беҳтар аз ҳоли амире, ки гирифтор ояд.
___________

1 Фоқа — фақирӣ

113

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед: