Ҳикоят
Якеро аз дӯстон гуфтам: «Имтинои 1 сухан гуфтанам ба иллати 2 он ихтиёр омадааст, ки ғолиби авқот дар сухан неку бад иттифоқ афтад ва дидаи душманон ҷуз бар бадӣ намояд». Гуфт: «Душман он беҳ, ки некӣ набинад».
Ҳунар ба чашми адоват бузургтар айб аст,
Гул аст Саъдию дар чашми душманон хор аст!
Нури гетифурӯзи чашмаи хур, 3
Зишт бошад ба чашми мушаки кӯр.
Ҳикоят
Бозаргонеро ҳазор динор хасорат 4 афтод. Писарро гуфт: «Набояд, ки ин сухан бо касе дар миён ниҳӣ!» Гуфт: «Эй падар, фармон турост, нагӯям, валекин хоҳам маро бар фоидаи ин мутталеъ 5 гардонӣ, ки маслиҳат дар ниҳон доштан чист?» гуфт: «То мусибат ду нашавад: яке нуқсони моя ва дигар шамотати 6 ҳамсоя.
__________
1 Имтиноъ — худдорӣ аз коре
2 Иллат — сабаб
3 Хур — офтоб
4 Хасорат — зарар
5 Мугталлеъ — огоҳ
6 Шамотат — таъназанӣ
84
Магӯ андӯҳи хеш бо душманон,
Ки «лоҳавл» 1 гӯянд шодикунон.
Ҳикоят
Ҷавоне хирадманд аз фунуни фазоил ҳаззе 2 вофир 3 дошт ва табъе нофир 4, чандон ки дар маҳофили донишмандон нишастӣ, забон аз сухан бибастӣ. Боре падараш гуфт: «Эй писар, ту низ он чӣ донӣ, бигӯй!» Гуфт: «Тарсам, ки бипурсанд, аз он чӣ надонам ва шармсорӣ барам.
Нашунидӣ, ки сӯфие мекӯфт
Зери наълайни хеш мехе чанд.
Остинаш гирифт сарҳанге 5,
Ки биё, наъл бар cутуpaм 6 банд!»
Ҳикоят
Ҷолинус аблаҳеро дид: даст дар гиребони донишманде зада ва беҳурматӣ ҳамекард. Гуфт: «Агар ин доно будӣ, кори вай бо нодон бад-ин ҷо нарасидӣ.
Ду оқилро набошад кину пайкор.
На доное ситезад бо сабуксор 7.
Агар нодон ба ваҳшат сахт гӯяд,
Хирадмандаш ба нармӣ дил биҷӯяд.
Ду соҳибдил нигаҳ доранд мӯе,
Ҳамедун 8 саркаше в-озармҷӯе 7.
__________
1 Лоҳавл — калимаи нидоест, барои изҳори шодмонӣ ё тааҷҷуб
2 Ҳазз — баҳра
3 Вофир — фаровон
4 Нофир — нафраткунанда
5 Сарҳанг — сардори лашкар
6 Сутур — асп
7 Сабукбор — одами сабук, камақл
8 Ҳамедун — инчунин
9 Озармҷӯй — одами боҳаё
85
В-агар бар ҳар ду ҷониб ҷоҳилонанд,
Агар занҷир бошад, бигсалонанд. 1
***
Якеро зиштхӯе дод дашном.
Таҳаммул карду гуфт: «Эй хубфарҷом,
Батар з-онам, ки хоҳӣ гуфтан онӣ, 2
Ки донам, айби ман чун ман надонӣ!»
Ҳикоят
Саҳбони Воилро 3 дар фасоҳат беназир ниҳодаанд ба ҳукми он, ки бар сари ҷамъ соле сухан гуфтӣ ва лафзе мукappap 4 накардӣ ва агар ҳамон иттифоқ афтодӣ, ба иборате дигар бигуфтӣ ва аз ҷумлаи одоби нудамои 5 мулук яке ин аст.
Сухан, гарчи дилбанду ширин бувад,
Сазовори тасдиқу таҳсин бувад,
Чу як бор гуфтӣ, магӯ бозпас,
Ки ҳалво чу як бор хӯрданд, бас!
Ҳикоят
Якеро аз ҳукамо шунидам, ки мегуфт: «Ҳаргиз касе ба ҷаҳли хеш иқрор накардааст, магар он кас, ки чун дигаре дар сухан бошад, ҳамчунон ногуфта, сухан оғоз кунад».
Суханро сар аст, эй хирадманду бун,
Маёвар сухан дар миёни сахун.
Худованди тадбиру фарҳангу ҳуш,
Нагӯяд сухан, то набинад хамӯш.
__________
1 Бигсалонанд — пора мекунанд
2 Онӣ — он ҳастӣ
3 Саҳбони Воил — сухандони машҳури араб
4 Мукаррар — такрор
5 Нудамо — ҳaмcӯҳбатон
86
Ҳикоят
Тане чанд аз бандагони Маҳмуд гуфтанд Ҳасани Маймандиро, қи «султон имрӯз туро чӣ гуфт дар фалон маслиҳат?» Гуфт: «Бар шумо ҳам пӯшида набошад». Гуфтанд: «Он чӣ бо ту гӯяд, ба амсоли мо гуфтан раво надорад». Гуфт: «Ба эътимоди он, ки донад, ки нагӯям, пас чаро ҳамепурсед?»
На ҳар сухан, ки барояд, бигӯяд аҳли шинохт 1,
Ба сирри шоҳ сари хештан нашояд бохт.
Ҳикоят
Яке аз шуаро пеши амири дуздон рафт ва саное бар ӯ бигуфт. Фармуд, то ҷома аз ӯ баркананд ва аз деҳ бадар кунанд. Мискин бараҳна ба сармо ҳамерафт. Сагон дар қафои вай афтоданд, хост то санге бардорад ва сагонро дафъ кунад, замин ях гирифта буд, оҷиз шуду гуфт: «Ин чӣ ҳаромзода мардумонанд, сагро кушодаанду сангро баста!» Амир аз ғурфа бидиду бишунид ва бихандид. Гуфт: «Эй ҳаким, аз ман чизе бихоҳ!» Гуфт: «Ҷомаи худ мехоҳам, агар инъом фармойӣ..
Умедвор бувад одамӣ ба хайри касон,
Маро ба хайри ту уммед нест, шар 2 марасон!»
Солори 3 дуздонро бар ӯ раҳмат омад ва ҷома бозфармуд ва қабопӯстине бар ӯ мазид карду дираме чанд.
Ҳикоят
Хатибе кареҳуссавт 4 худро хушовоз пиндоштӣ ва фарёди беҳуда бардоштӣ…
__________
1 Аҳли шинохт — одами бофаросат
2 Шар — бадӣ
3 Солор — сардор
4 Кареҳуссавт — бадовоз
87
Мардуми қаря 1 ба иллати ҷоҳе, ки дошт балияташ 2 мекашиданд ва азияташро маслиҳат намедиданд, то яке аз xутaбои он иқлим, ки бо ӯ адовате ниҳонӣ дошт, боре ба пурсиш омада будаш. Гуфт: «Туро хобе дидаам, хайр бод!» Гуфто: «Чӣ дидӣ?» Гуфт: «Чунон дидаме, ки туро овози хуш буд ва мардумон аз анфоси ту дар роҳат». Хатиб андар ин лахте 3 бияндешиду гуфт: «Ин муборак хоб аст, ки дидаӣ, ки маро бар айби худ воқиф гардондӣ. Маълум шуд, ки овози нохуш дорам ва халқ аз баланд хондани ман дар ранҷ. Тавба кардам, ки аз ин пас хутба нагӯям, магар ба оҳистагӣ».
Аз суҳбати дӯсте ба ранҷам,
К-ахлоқи бадам ҳасан 4 намояд.
Айбам ҳунару камол бинад,
Хорам гулу ёсуман намояд.
Ку душмани шӯхчашми бебок?
То айби маро ба ман намояд!
Ҳикоят
Яке дар масҷиди Caнҷоp ба татаввуъ 5 бонги намоз гуфтӣ ба адое, ки мустамеонро 6 аз ӯ нафрат будӣ ва соҳиби масҷид амире буд одили нексират, намехосташ, ки дилозурда гардад, гуфт: «Эй ҷавонмард, ин масҷидро муаззинонанд 7 қадим, ҳар якеро панҷ динор мураттаб доштаам. Туро даҳ динор медиҳам, то ҷое дигар равӣ». Бар ин қавл иттифоқ карданду бирафт. Пас аз муддате дар гузаре пеши амир бозомаду гуфт: «Эй худованд, бар ман ҳайф кардӣ, ки ба даҳ динор аз он буқъа 8 бадар кардӣ, ки ин ҷо ки рафта-
__________
1 Қаря — деҳа
2 Бaлият — азоб
3 Лахте — каме
4 Ҳасан — хуб
5 Татаввуъ — барои савоб
6 Мустамеон — шунавандагон
7 Муаззин — азонгӯй
8 Буқъа — хона
88
ам, бист динорам ҳамедиҳанд, то ҷойи дигар равам ва қабул намекунам». Амир аз ханда бехуд гашту гуфт: «Зинҳор, то наситонӣ, ки ба панҷоҳ розӣ гарданд!»
Ба теша кас нахарошад зи рӯйи хоро гил,
Чунон ки бонги дурушти ту мехарошад дил!
Ҳикоят
Нохушовозе ба бонги баланд Қуръон ҳамехонд. Cоҳибдиле бар ӯ бигузашту гуфт: «Туро мушоҳира 1 чанд аст!» Гуфт: «Ҳеҷ». Гуфт: «Пас заҳмати худ чандин чаро ҳамедиҳӣ?» Гуфт: «Аз баҳри Худо мехонам». Гуфт: «Аз баҳри Худо, махон!»
Гар ту Қуръон бар ин намат 2 хонӣ,
Бибарӣ равнақи мусулмонӣ!».
__________
1 Мушоҳира — моҳона
2 Намат — тарз
89
Хабарнома дар бораи хатогӣ
Матни хатогидор, ки барои ислоҳ кардан ба А. Тағоев фиристода мешавад.: