Таронаҳои Лоиқ-1

Абдуҳамид Тағоев / Сен.12.2014. / Гузориш нест

1    2   3

loiq1
Дар тобу табат бинам, бехоби шабат бинам,
Ҳар лаҳзаву ҳар соат ҳоли аҷабат бинам,
Доро шудаӣ, эй дил, ғамҳот муборак бод!

Аз санг шарар хоҳӣ, аз ёр назар хоҳӣ,
Аз мӯй мадад ҷӯйӣ, аз ишқ асар хоҳӣ,
Бино шудаӣ, эй дил, пайдот муборак бод!

Лабрези ҳавасҳоӣ, саршори таманноӣ,
Дар сина намегунҷӣ аз шавқи дилорое,
Эҳё шудаӣ, эй дил, эҳёт муборак бод!

Паҳнои ҷаҳон гардӣ, пайдову ниҳон гардӣ,
Гаҳ сабзасифат рақсӣ, гаҳ барги хазон гардӣ,
«Ошиқ шудаӣ, эй дил, савдот муборак бод!»

Туғёни дигар дорӣ, ҷавлони дигар дорӣ,
Сар мезанӣ дар сина, тӯфони дигар дорӣ,
Дарё шудаӣ, эй дил, дарёт муборак бод!

Гаҳ ҳоли ман омӯзӣ, гаҳ дар ғами худ сӯзӣ,
Гаҳ шӯъла занӣ печон, то ҳастиям афрӯзӣ,
Зебо шудаӣ, эй дил, дунёт муборак бод!
***
Мезанад борон ба шиша
Тора-тора, ришта-ришта.
Шеърҳоям нимкора,
Саргузаштам нонавишта.

Мезанад борон ба шиша
Ҳамчу ангушти фаришта.
Хотиротам мисли борон
Бигзарад аз кӯҳу пушта.

Мезанад борон ба шиша
Қарзхоҳона думушта.
Ҷомҳоям нимахӯрда,
Зиндагиям бесаришта.

Ними умрам монда ё на,
Нимаи хубаш гузашта.
Дафтарам холист, холӣ
Чун заминҳои накишта.

Бигзарам ман ҳам чу борон
Як замон з-ин кӯҳу пушта.
Ман биҳишта оламеро
Ё маро олам биҳишта…

Ёбадам як рӯз борон
Аз сари олам гузашта,
Ё наканда қарзи дилро,
Ё васият нонавишта…
***
«Хосияти дукокула,
Ба рӯм задӣ барги гула»
Ба рӯм задӣ барги гула,
Куштӣ ҳазор булбула.

Чӣ бо итоб меравӣ, чӣ бошитоб меравӣ,
Дили ман об кардаву барои об меравӣ.

Хосияти дукокула,
Ба рӯм задӣ шохи гула.
Шохи гула чико кунам,
Бите ба ман боғи гула.

Бирафтӣ дил хароб шуд, кабоб шуд, ка-боб шуд,
Ду кокули дарози ту ба гарданам таноб шуд.

Хосияти дукокула,
Бите ба ман боғи гула.
Чу боғбони гул шавам,
Набинӣ ту доғи гула.

Бирафтӣ аз қариби ман чу толеи наҷиби ман,
Умед дорам аз худо, туро кунад насиби ман.
***
Ҳар куҷое биравам,
Рӯйи ӯ дар назарам.
Гар равам аз дари ӯ,
Дар ҷаҳон дарбадарам.

Дил ҷудо, ақл ҷудо, дида ҷудо ошиқаме,
Бахудо, ошиқаме, бахудо, ошиқаме!

Ҳар чӣ коре бикунам,
Пеши рӯяш хиҷилам.
Ҳусни ӯ содаю ман
Ошиқи содадилам.
Дил ҷудо, ақл ҷудо, дида ҷудо ошиқаме,
Бахудо, ошиқаме, бахудо, ошиқаме!

Номи ӯ номаи бахт,
Номи ӯ номаи ишқ.
Эй хушо дар дили ман
Шӯру ҳангомаи ишқ!

Дил ҷудо, ақл ҷудо, дида ҷудо ошиқаме,
Бахудо, ошиқаме, бахудо, ошиқаме!
***
Шишта будам ними шаб, ки тақ-тақи дарвоза шуд,
Омаданҳои ту ёд омад, хуморам тоза шуд.

Рӯйи гандум дорию чашмони ҷоду, нозанин,
Мекушӣ охир маро бо теғи абру нозанин.

То ҷудоӣ кард аз ман абруи пайвасти ту,
Даст бар сар мезанам рӯзу шабон аз дасти ту.

Рӯйи гандум дорию чашмони ҷоду, нозанин,
Мекушӣ охир маро бо теғи абру нозанин.

Оқибат аз дасти ту фарёд хоҳам карду рафт,
Хирмани мӯйи туро барбод хоҳам карду рафт.

Рӯйи гандум дорию чашмони ҷоду, нозанин,
Мекушӣ охир маро бо теғи абру нозанин.
***
Ту зебоиву ман зебопарастам,
Ту барноиву ман барнопарастам.
Дар ин як умри кӯтоҳе, ки дорам,
Ту яктоиву ман яктопарастам.

Гули ман, эй гули ман, эй гули ман,
Арӯси хушқади чилкокули ман.

Гувоҳи сӯзи ҷони ман ту бошӣ,
Ҷаҳоне дар ҷаҳони ман ту бошӣ,
Ҷавониро кунам қурбони номат,
Агар ёри ҷавони ман ту бошӣ.

Гули ман, эй гули ман, эй гули ман,
Арӯси хушқади чилкокули ман.

Ба мисли мо касе пайдо набошад,
Чу мо ошиқ дар ин дунё набошад.
Ман аз абруи пайвасти ту хондам:
Ҷудоӣ дар миёни мо набошад.

Гули ман, эй гули ман, эй гули ман,
Арӯси хушқади чилкокули ман.
***
Дарё! Дарё!
Бехуд равонӣ, дарё!
Пирӣ чу дунё,
Чун ман ҷавонӣ, дарё!

Ҳар гаҳ нагунҷӣ дар соҳили худ,
Ман ҳам нагунҷам дар манзили худ.
Ҳар гаҳ бишӯрӣ, хоҳам бирезам
Андар дили ту шӯри дили худ.

Дарё! Дарё!
Бехуд равонӣ, дарё!
Пирӣ чу дунё,
Чун ман ҷавонӣ, дарё!

Ойӣ сарозер аз кӯҳсорон
То киштзорон, то хушксорон.
Ман ҳам равонам бо шӯру мастӣ
Аз рӯзгоре то рӯзгорон…

Дарё! Дарё!
Бехуд равонӣ, дарё!
Пирӣ чу дунё,
Чун ман ҷавонӣ, дарё!
***
Арӯси мо – арӯси ҳаждасола,
Муборак, ин шаби шодӣ муборак!

Ду чашмаш оташин мисли ситора,
Муборак, ин шаби шодӣ муборак!

Арӯси мо арӯси нозанин аст,
Муборак, ин шаби шодӣ муборак!

Миёнаш борику абрӯ маҳин аст,
Муборак, ин шаби шодӣ муборак!

Арӯси мо дарахти арғувон аст,
Муборак, ин шаби шодӣ муборак!

Ҷавонӣ дораду бахташ ҷавон аст,
Муборак, ин шаби шодӣ муборак!

Арӯси мо чу моҳи чордаҳ бод,
Муборак, ин шаби шодӣ муборак!

Ба дасти мо ҳама пурмай қадаҳ бод,
Муборак, ин шаби шодӣ муборак!

Арӯси мо гули бехор бошад,
Муборак, ин шаби шодӣ муборак!

Ҳамеша бо саодат ёр бошад,
Муборак, ин шаби шодӣ муборак!
***
Нигоҳат оташин бошад, париҷон.
Лабонат ангубин бошад, париҷон.
Ҳамон як бӯсаи аввал, ки додӣ,
Мабодо охирин бошад, париҷон.

Сапеда медамад, ёрам, сапеда.
Намирам кошки рӯят надида.

Ҷавону шӯху ширинӣ, париҷон.
Ба сони байти гулчинӣ, париҷон.
Ман аз андӯҳи рӯзафзун бимирам,
Агар бо чашми кам бинӣ, париҷон.

Сапеда медамад, ёрам, сапеда.
Намирам кошки рӯят надида.

Бақои як шарар дорам, париҷон.
Сафои як саҳар дорам, париҷон.
Ту ғофил магзар аз ишқи дили ман,
Ки умри даргузар дорам, париҷон.

Сапеда медамад, ёрам, сапеда.
Намирам кошки рӯят надида.
***
Зиндагӣ дарёст, дарё бигзарад.
Ошиқӣ савдост, савдо бигзарад.
Чун тамошои ҷаҳон як навбат аст,
Навбати мову тамошо бигзарад.

Рӯд мехонад тарона.
Бод мегӯяд фасона.
Мову ту ҳастем ё на,
Ишқ бошад ҷовидона.

Чашм бикшо, чашми зеборо бубин,
Ларзаи дилҳои шайдоро бубин.
Ҳар чӣ мебинӣ, намебинӣ дигар,
Чашми дил бикшову дунёро бубин.

Рӯд мехонад тарона.
Бод мегӯяд фасона.
Мову ту ҳастем ё на,
Ишқ бошад ҷовидона.
***
Ман будаму ту, ҳам ҷоми бода,
Дил бурдӣ аз ман бо чашми сода.

Дилама гумраҳ кардиё
Бо дилгудозӣ.
Умрама кӯтаҳ кардиё
Мижгондарозе.

Шаб ними шаб буд, базми тараб буд,
Ҷони ғарибам дар тобу таб буд.

Дилама гумраҳ кардиё
Бо дилгудозӣ.
Умрама кӯтаҳ кардиё
Мижгондарозе.

Бо ман нишастӣ, паймон бубастӣ,
Паймона хӯрдӣ, паймон шикастӣ.

Дилама гумраҳ кардиё
Бо дилгудозӣ.
Умрама кӯтаҳ кардиё
Мижгондарозе.
***
Ёри ягонаи ман,
Авҷи таронаи ман,
Шарм аз худо накардӣ,
Бо ман вафо накардӣ.

Тори гусастаи дил,
Боли шикастаи дил,
Шарм аз худо накардӣ,
Бо ман вафо накардӣ.

Рафтӣ, баҳори ман рафт,
Шӯру шарори ман рафт,
Шарм аз худо накардӣ,
Бо ман вафо накардӣ.

Эй ишқи дилпазирам,
Эй ишқи беназирам,
Шарм аз худо накардӣ,
Бо ман вафо накардӣ…
***
Бе ту набуд ранге
Дар гулшани баҳорам.
Бе ту набуд барге
Дар боғи рӯзгорам.

Хуш омадӣ ба сина,
Эй ишқи синасӯзам.
Сӯзат зиёдатар бод
Эй ишқи дилфурӯзам.

Бе ту надошт шӯре
Дарёи зиндагонӣ.
Бе ту ҷавон набудам
Дар қисмати ҷавонӣ.

Хуш омадӣ ба сина,
Эй ишқи синасӯзам.
Сӯзат зиёдатар бод
Эй ишқи дилфурӯзам.

Бе ту ба ҳар мақоме
Ҳарчанд сохтам ман,
Чун сӯхтӣ диламро,
Дилро шинохтам ман.

Хуш омадӣ ба сина,
Эй ишқи синасӯзам.
Сӯзат зиёдатар бод
Эй ишқи дилфурӯзам.
***
Чашми сиёҳе доштӣ,
Ҳусни илоҳӣ доштӣ.
Месӯхтӣ ҷони маро,
Барқи нигоҳе доштӣ.

Ҳайф аз гули ночидаам,
Аз ишқи новарзидаам.

Ишқи ман андар сина монд,
Дар сина чун ганҷина монд.
Хокистаре андар дилам
Аз оташи дерина монд.

Ҳайф аз гули ночидаам,
Аз ишқи новарзидаам.

Дил гоҳ исёне кунад,
Арзи пушаймонӣ кунад.
Ку он баҳоре, ки ба сар
Моро гулафшонӣ кунад?…

Ҳайф аз гули ночидаам,
Аз ишқи новарзидаам.
***
Гулрези баҳоре буд,
Ишқеву хуморе буд.
Андар лаби дарёе
Лаб бар лаби ёре буд.

Ӯ бахти ҷавонам буд,
Гӯё ки ҷаҳонам буд.

Дар қолии гулмаҳтоб
Бо ноз қадам мемонд.
Мерафту маро дар дил
Сад доғу алам мемонд.

Ӯ бахти ҷавонам буд,
Гӯё ки ҷаҳонам буд.

Шуд сард дили гармам
Бе сӯзу гудози ӯ.
Кӯтаҳ шуда умри ман
Бе зулфи дарози ӯ.

Ӯ бахти ҷавонам буд,
Гӯё ки ҷаҳонам буд.
***
Рӯд аст коҳил, хуршед хаста.
Барги дарахтон – боли шикаста.
Дар тарфи гулхан аз оби оташ
Нӯшед ҷоме бо ҳам нишаста.

Бо ҳам бисозед, эй дӯстдорон,
Хазон мерезад аз шохсорон.
Хазон мерезад,
Хазон мерезад…

Ҳар дам ғанимат оромиши дил,
Осойиши ҷон, осойиши дил.
Барге, ки резад, оҳиста гӯяд:
Ишқ аст, ёрон, оройиши дил…

Бо ҳам бисозед, эй дӯстдорон,
Хазон мерезад аз шохсорон.
Хазон мерезад,
Хазон мерезад…
***
Ёрон! Ба каф пиёлаву дар дил ғубор чист?
Имрӯз ҳам гузашт, ғами рӯзгор чист?
Охир дигар чӣ ҳоҷати панду насиҳат аст?
Ҳар дам ғанимат аст,
Одам ғанимат аст.

Ёрон! Баҳори ошиқӣ бо гулфишон гузашт,
Дарёи дил зи соҳили суду зиён гузашт,
Ин дил, ки ранҷ мекашад, то кай саломат аст?
Ҳар дам ғанимат аст,
Одам ғанимат аст.

Ёрон! Ба орзуи дил бояд расида рафт.
Нозе зи ёр гар расад, бояд кашида рафт.
Ёре, ки ноз мекунад, то кай баҳиммат аст?
Ҳар дам ғанимат аст,
Одам ғанимат аст.

Ёрон! Сари азиз фидои саре кунед.
Дар ҳар даре тараннуми шеъри дарӣ кунед.
Шеъру суруд шӯълаи дарди муҳаббат аст,
Ҳар дам ғанимат аст,
Одам ғанимат аст…
***
Ту гули шукуфтарӯйӣ, ҳама бехазон бимонӣ,
Ту баҳори гулфишонӣ, ҳама гулфишон бимонӣ,
Ҳама дам кунам дуоят, ки чунин ҷавон бимонӣ!

Ту маро шинохтӣ боз, ту маро гудохтӣ боз,
Ба сипоси он муҳаббат, ки маро навохтӣ боз,
Ҳама дам кунам дуоят, ки чунин ҷавон бимонӣ!

Ту маро ба ман намудӣ, ба дилам ҷунун фузудӣ,
Ба сипоси он, ки дар ман чӣ хазинаҳо кушудӣ,
Ҳама дам кунам дуоят, ки чунин ҷавон бимонӣ!

Ба сипоси он, ки бо ту дили ман гули шарар чид,
Ба сипоси он, ки бо ту ғами дил азиз гардид,
Ҳама дам кунам дуоят, ки чунин ҷавон бимонӣ!

Ба ҳақи ҳама саодат, ба ҳақи ҳама иноят,
Ба ҳақи ҳама фатонат, ба ҳақи ҳама назокат,
Ҳама дам кунам дуоят, ки чунин ҷавон бимонӣ!

Зи барои хандаҳоят, зи барои чашмҳоят,
Зи барои ҳар садоят, зи барои ҳар дуоят
Ҳама дам кунам дуоят, ки чунин ҷавон бимонӣ!
***
Чашмаҳоят – чашмаи шеъру суруд,
Қуллаҳоят – садри пайғому дуруд,
Хоки покат – соҳати буду набуд –
Тоҷикистон, кишвари ман,
Модари ман, модари ҷонпарвари ман.

Ояд аз ҳар санг гулбонги рубоб,
Дар сари ҳар кӯҳ хандад офтоб,
Бишнавам аз ҳар гулат бӯйи шабоб,
Тоҷикистон, кишвари ман,
Модари ман, модари ҷонпарвари ман.

Бишнавам аз ҳар даре шеъри дарӣ,
Аз ҷаҳоноройиву одамгарӣ,
Аз тамоми қуллаҳо болотарӣ,
Тоҷикистон, кишвари ман,
Модари ман, модари ҷонпарвари ман.

Ҷони ман қурбони ғамҳои ту бод!
Шеъри ман ҳамдасту ҳампойи ту бод!
Рӯҳи ман ҳамроҳи фардои ту бод!
Тоҷикистон, кишвари ман,
Модари ман, модари ҷонпарвари ман.
***
Озори дил ҳаст, осори дил не,
Хории дил ҳаст, ғамхори дил не.
Сад бори дунё бар дӯши дилҳо,
Бар дӯши дунё як бори дил не.

Дарё равону дарё равон аст,
Мо пир гаштем, дунё ҷавон аст.

Оқил намешад девонаи дил,
Кӯтаҳ намешад афсонаи дил.
Дунёи вайрон мешад ободон,
Обод намешад вайронаи дил.

Дарё равону дарё равон аст,
Мо пир гаштем, дунё ҷавон аст.

Фардои дигар, мардои дигар,
Ишқои дигар, дардои дигар.
Рӯзе бихушкад дарёи дилҳо,
Як нам набахшад дарёи дигар.

Дарё равону дарё равон аст,
Мо пир гаштем, дунё ҷавон аст.
***
Дар дили шабҳо дилам гум мезанад,
Ман туро мехоҳаму нози туро.
Дар миёни чордевори хаёл
Бишнавам аз дур овози туро.

Ман фидои нозболини туям,
Ман гадои нози ширини туям.

Ман ҳазинам бе лаби хандони ту,
Ман хазонам бе рухи сабзинаат.
Медавам дар кӯчаҳои зиндагӣ
То ба ҷойи ваъдаи деринаат.

Ман фидои нозболини туям,
Ман гадои нози ширини туям.

Аз туву аз ишқи шӯрангези ту
Талху шӯриҳост дар ҷоми дилам.
Ишқи ту оғозу анҷоми ман аст,
Ин нидоро бишнав аз номи дилам!

Ман фидои нозболини туям,
Ман гадои нози ширини туям.
***
Ишқат имони дилам, қиблаи имони дилам,
Зулфи чун силсилаат силсилаҷунбони дилам.

«Санаме, санаме,
Дара бикшо, манаме».
То ба кай пушти дарат
Ҳалқа бар дар занаме.

Дара бикшову нигар ҳоли парешони дилам,
Таби сӯзони дилам, шӯълаи печони дилам.

Санаме, санаме
Дара бикшо манаме.
То ба кай пушти дарат
Ҳалқа бар дар занаме.

Бе сари кӯйи ту овораю сарсони дилам,
Бе сари зулфи ту як бесару сомони дилам.

Санаме, санаме
Дара бикшо манаме.
То ба кай пушти дарат
Ҳалқа бар дар занаме.
***
Ин манам бохтадил,
Ошиқи ҷонбагарав –
Ошиқи тозагуле
Аз ҳама кӯҳнаву нав.

Соқиё, ҷоми дигар, ҷоми дигар, ҷоми дигар,
Ки дилам хун шуда аз ишқи гуландоми дигар.

Меравам хандазанон,
Дар дилам нолаи ишқ,
Зоҳиран марди бузург,
Лек бечораи ишқ.

Соқиё, ҷоми дигар, ҷоми дигар, ҷоми дигар,
Ки дилам хун шуда аз ишқи гуландоми дигар.

Эй, ки ғафлатзадаӣ,
Ошиқӣ мегузарад.
Аз раҳи шеъру суруд
Лоиқе мегузарад.

Соқиё, ҷоми дигар, ҷоми дигар, ҷоми дигар,
Ки дилам хун шуда аз ишқи гуландоми дигар.
***
Пое бикӯбад бар замин,
Дасте барорад бар фалак.
Чашмак занад чун ахтаре,
Гесу фишонад чун малак.

Хандиданош, болиданош, нозиданоша бинед.
Чархиданош, печиданош, ларзиданоша бинед.

Аз обутоби ҳусни ӯ
Гарданд об ойинаҳо.
Ҷӯшад зи мавҷи доманаш
Мавҷи ҷунун аз синаҳо.

Хандиданош, болиданош, нозиданоша бинед.
Чархиданош, печиданош, ларзиданоша бинед.

Баргу навои ошиқон
Дар рӯйи чун барги гулаш.
Сад печутоби ҷону дил
Дар печутоби кокулаш.

Хандиданош, болиданош, нозиданоша бинед.
Чархиданош, печиданош, ларзиданоша бинед.

Сар то ба по нозу адо,
Мижгонсияҳ, кокулдароз.
Арғушти бишкан-бишканаш
Ҳам дилшикан, ҳам дилнавоз.

Хандиданош, болиданош, нозиданоша бинед.
Чархиданош, печиданош, ларзиданоша бинед.


Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ


9 + 4 =


error: Content is protected !!