Таронаҳои Лоиқ-3

Абдуҳамид Тағоев / Сен.12.2014. / Гузориш нест

1    2    3

loiq1
Бисёр маро дидаву нодида гузаштӣ,
Дар хеш нағунҷидиву болида гузаштӣ.

Куштӣ ҳама ангезаи дилро чу гунаҳкор,
Аз дарду ғами ошиқӣ тарсида гузаштӣ.

Дар раҳгузарат пораи дил рехта будам,
Фарёд, ки нодидаву ночида гузаштӣ.

Бисёр туро хоста, нашнохта буданд,
Хуш-хуш ҳамаро хуш написандида гузаштӣ.

Карданд басе дуд, вале дарнагирифтанд,
То бӯйи дили сӯхта нашнида гузаштӣ.

Чун наҷми парон шӯълакашон бол кушодӣ,
Аз тори сари мардуми хобида гузаштӣ.
***
Ман ошиқи Сабзина, Сабзина намебина,
Ман ганҷаму ганҷина, Сабзина намебина.

Мискинаму бечора, аммо зи ғамаш до-рам
Сад доғ дар ин сина, Сабзина намебина.

Пок аст дилам валлоҳ чун оинаи рӯяш,
Бар ин дили оина, Сабзина намебина.

Дар собиқаи ишқаш собитқадам аз ман нест,
Ман ошиқи дерина, Сабзина намебина.

Савдозадаи рӯяш, расвошудаи кӯяш,
Ин муфлису мискина Сабзина намебина.
***
Ошу нонат чун адо шуд, ошноят меравад,
Аз наво чун бозмондӣ, ҳамнавоят меравад.

Шоҳиди ранги муҳаббат ҳар нафас аз боғи дил
Гул наёрӣ, дилбари гулгунқабоят меравад.

Меравӣ аз даст, чун дастат бимонад аз амал,
Поят аз раҳ бозмонад, радди поят меравад.

Доварии халқ мизоне надорад якмизоҷ,
Як бадӣ кардӣ, тамоми некиҳоят меравад.

Пешсаф бошӣ, ҳазорон сафдар анбози туянд,
Чун зи саф берун бияфтодӣ, сафоят меравад.

Дори дунё мехӯрад дорунадоратро ҳама,
Оҳу афсӯсу надомат аз қафоят меравад.

Гар гадои шоҳтабъӣ, шоҳ ояд назди ту,
Шоҳи мумсиктинатӣ, аз дар гадоят меравад.

То худои хеш бошӣ, пуштбони ту худост,
Чун зи худ рафтӣ, зи сар лутфи худоят меравад.
***
Падари меҳрубону ғамхоро,
Кӣ хурад баъди ту ғами моро?

Баъди беморие, ки бирбудат,
Зиндагонии мост беморо.

Рӯзи ту буд кӯтаҳу рафтӣ,
Рӯзию рӯзи мост душворо.

Рӯҳи ту зери хок ором аст,
Рӯҳи мо рӯи хок абгоро.

Зери як пора хора хобидӣ,
Баҳри мо мондӣ кӯҳи хороро.

Мо надидем чеҳраи гармат,
Дар қиёмат бимонд дидоро…
***
Қурбони чашми равшанат, ман меравам нагӯй,
Зорам ба гарди доманат, ман меравам нагӯй.

Барбод рафт хирмани дорунадори ман,
Мирам ба мӯйи хирманат, ман меравам нагӯй.

То дасти ту ба гарданам, гардун ба дасти туст,
То дасти ман ба гарданат, ман меравам нагӯй.

Сар то ба по хазинаи ҳусну малоҳатӣ,
Ҷуз ин баҳона ҷустанат, ман меравам нагӯй.

То он ки ҳар ду меравем аз ин ҷаҳони паст,
Хуш бод ин нишеманат, ман меравам нагӯй.
***
Чӣ суд аз зар, ало ёри зарафшонӣ, ҷавонӣ рафт,
Чӣ ҳаз аз лаъл, эй шӯхи бадахшонӣ, ҷавонӣ рафт.

Чӣ донову чӣ зебову чӣ ҷӯё буд, аммо зуд
Ба нодонӣ, ба ҳайронӣ, ба сарсонӣ ҷавонӣ рафт.

Ниҳоли гул фитод аз по, умеди бехазонӣ мурд,
Хазонрез омад овони гулафшонӣ, ҷавонӣ рафт.

Дилам аз ларзиши ҳар сина андар сина меларзид,
Куҷо он синаю он синаларзонӣ? Ҷавонӣ рафт.

Гузашт он лаҳзаи ширин, шикаст он косаи заррин,
Куҷо он косаю он косагардонӣ? Ҷавонӣ рафт.

Бигуфтӣ талху дарди номаҳои сӯзнокамро
Хати бутлон задӣ, ширини хатлонӣ, ҷавонӣ рафт.

Бирезанд ахтарон аз осмон бар хок, боке нест,
Ки бо оҳу дареғову пушаймонӣ ҷавонӣ рафт.

На дарё хушк шуд, на махзанеро раҳзане бирбуд,
Ҷавонӣ рафт, эй сабзина, медонӣ? Ҷавонӣ рафт…
***
Бимон, то дар дили покат дили ман ошён монад,
Бимон, дар чашмҳои ту ҷавониям ҷавон монад.
Ту бо он ҳусни оламгир аз олам чӣ мехоҳӣ?
Бимон, дар шеъри ман аз дарди ишқи ту нишон монад.

Ба мисли хандаҳои обшорон хандаҳои ту,
Худодод асту нотакрор он ҳусни расои ту.
Кунам барчош ҳар як мисраъу ҳар ҳарфи шеърамро
Шаби ҷашни арӯсият ба қадди дилрабойи ту.

Туро мехоҳам, эй маҳтоб, дар шабҳои маҳтобӣ,
Туро чун хоб мехоҳам дар ин шабҳои бехобӣ.
Намеоӣ, намеҷӯйӣ, вале баъди ҳазорон сол
Маро чун устухони Рӯдакӣ аз хок мекобӣ…
***
Як буттаи гул будӣ, сар то қадамат гул буд,
Фасли гули ҳуснат буд, он вақт ҷавон будӣ.
Ҳар печухами мӯят сад лонагаҳи дил буд,
Дар чашми харидорон яктои ҷаҳон будӣ.

Чун арчаи соли нав ороста будӣ ту,
Аз қадди ту гул мерехт, то рӯз шарар мерехт.
Рӯю дилу имонат дар зиндагӣ чун қандил
Аз ту ба сари ёрон анвори қамар мерехт.

Бӯсагаҳи рӯйи ту бечину мусаффо буд,
Пеши рухи маъсумат буданд ҳама мақсур,
Аммо ҳама зебоӣ гардид тамом охир
Чун тӯшаи марди раҳ дар роҳи дарози дур.

Чашмони сиёҳатро сӯзанда нигоҳе нест,
Бас шӯълаи зулматсӯз бар фонуси раҳҳо шуд.
Ҳуснат ба раҳ охир шуд чун тӯшаи раҳ, аммо
Мардони баномусро озод ба манзил бурд…
***
Баччагиям бекасу танҳо гузашт,
Бо дарав, бо хӯшачиниҳо гузашт,
Доманаш аз хӯша пур аз домани саҳро гузашт.

Дар сари санге ҳама рӯз интизор
Мешумурдам турнаҳоро ҳар баҳор,
Баччагиям бо қатори турнаҳо як ҷо гузашт.

Шаст меандохтам бар рӯди маст,
То биафтад моҳии тилло ба шаст,
Баччагиям бо умеди моҳии тилло гузашт.

Ханда мекардам ба сӯйи шаршара,
Ханда меомад зи ҳар санги дара,
Баччагиям ханда бар лаб лаб-лаби дарё гузашт.

Номаҳо бинвишта будам беҳисоб
Лек аз он сӯ намеомад ҷавоб…
Баччагӣ чун номае бар ёри бепарво гузашт.

Баччагӣ чун шохборон рехт, рехт,
Баччагӣ чун обшорон рехт, рехт.
Ё мисоли шохнам аз дашти бопаҳно гузашт.

Баччагӣ гӯё буду гӯё набуд,
Баччагӣ аз мо буду аз мо набуд,
Бехабар мондем, то дидем, фарсахҳо гузашт.

Баччагӣ – гулгуни зарринёли ман,
Баччагӣ – гулгуни зарринболи ман –
Ёлу болаш ғарқи гул аз роҳи умри мо гузашт…
***
Боз як рӯзи ғаму шодӣ гузашт
Дар талоши қисмату номусу ном.
Боз як хуршед моро тарк гуфт,
Моҳи нав пайдо шуд андар бурҷи шом.
Шаб ба хайр, эй ҳамнишинон, шаб ба хайр!

Боз як рӯзе гузашту даррабуд
Сафҳаеро аз китоби зиндагӣ.
Эй хуш он кас, ки дар ин радду бадал
Ҷӯяду ёбад ҳисоби зиндагӣ.
Шаб ба хайр, эй дӯстдорон, шаб ба хайр!

Боз торикиву бар ёдам расид
Чашмҳои хирабини модарам.
Дурам аз ӯ, то кӣ бошад дастёр
Дар нафасҳои пасини модарам.
Шаб ба хайр, эй модари ҷон, шаб ба хайр!

Фориғи парвозҳо аз баҳри ризқ
Мурғакон дар шохаҳо ҷамъ омаданд.
Ҷазбаи зотист, ки парвонаҳо
Аз паи худсӯзӣ то шамъ омаданд.
Шаб ба хайр, эй худгудозон, шаб ба хайр!

Марзбон бедор андар посгаҳ
Пой монад қад-қади симхорҳо,
То бувад рӯйи замин бедоғтар,
То наёбад пушти ӯ озорҳо.
Шаб ба хайр, эй ҳамзаминон, шаб ба хайр!

Талху ширинист андар ҷоми шаб,
Ин хурад май, он хурад хуни ҷигар.
То чӣ гӯяд субҳ андар гӯши мо,
То кӣ бошад зинда то субҳи дигар.
Шаб ба хайр, эй комгорон, шаб ба хайр!

Мо ҳама фарзанди айёми худем,
Шодмонем андар оғӯши замон.
Ончунон хушном бояд зистан,
То мабодо кас фаромӯши замон.
Шаб ба хайр, эй ҳамзамонон, шаб ба хайр!
***
Ҳар гаҳ, ки бо туям, рӯҳам пур аз сафост,
Ҳар гаҳ, ки бо туям, ҷонам пур аз навост.
Ҳар гаҳ, ки бо туям, гардун чӣ раҳмдил,
Қисмат чӣ меҳрубон, толеъ чӣ босахост.

Ҳар гаҳ, ки бо туям, бахти сафед ҳаст,
Дар зиндагӣ хушо рӯзи саид ҳаст.
Аз атри гесуят ёбам, ки шукри бахт
Аз зиндагӣ ҳанӯз бӯйи умед ҳаст.

Ҳар гаҳ, ки бо туям, дунё чӣ тозарӯст,
Ҳар ҷо, ки бингарам, гӯё нишони туст,
Ҳар гаҳ ки бе туям, гардун чӣ сангдил,
Қисмат чӣ беилоҷ, толеъ чӣ зиштрӯст.

Ҳар гаҳ, ки бе туям, ман бе ҷавониям,
Ҳар гаҳ, ки бо туям, ман бо ҷавониям.
Ҳар гаҳ, ки бе туям, як фарди фониям,
Ҳар гаҳ, ки бо туям, ман ҷовидониям…
***
Ҳар кӣ дорад дар ҷаҳон гумкардае,
Дар замину дар замон гумкардае.
Ин нишон гумкардаеву дигаре
Хештанро бенишон гумкардае.

Ин яке бахти ҷавон гум кардааст,
Дигаре ганҷи равон гум кардааст.
Ин яке гар ними нон гум кардааст,
Дигаре ними ҷаҳон гум кардааст.

Ин яке ҷону ҷигар гум кардааст,
Он яке шӯру шарар гум кардааст.
Ин яке гум карда гар моли падар,
Дигаре панди падар гум кардааст.

Гар яке бому даре гум кардааст,
Дигаре ному фаре гум кардааст.
Он забони ҳамдилӣ гум кардааст,
Ин забони модарӣ гум кардааст.

Аз тамоми ину он гумкардагон
Зиштрӯтар нест дар рӯйи ҷаҳон
З-он ки гум карда забони модарӣ,
Ҳарф гӯяд бо ту бо чандин забон.

Бок не, гар доварӣ гум кардааст
Ё умеди сарварӣ гум кардааст.
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.

Он яке қадри сухангумкардае,
Дигаре боғу чамангумкардае.
Аз забонимодаригумкарда лек
Мерасад рӯзе ватангумкардае…
***

Тифли гирёнам, калон шав,
Дар ҷаҳон аз ман нишон шав,
Достон шав!
Достон шав!

Ганҷи шаҳворам ту бошӣ,
Бахти бедорам ту бошӣ,
Дар ҷаҳони номдорон
Номбардорам ту бошӣ.

Тифли гирёнам, калон шав,
Ҷойгири рафтагон шав!

Ахтари тобони модар,
Мӯҳраи паймони модар,
Ҳосили худкоҳии дил,
Давлату даврони модар –

Тифли гирёнам калон шав,
Вориси озодагон шав!

Кӯдаки ширину лоло,
Кӯдаки маъсуму зебо,
Дастовезам ту бошӣ
Баҳри фардо, баҳри дунё.

Тифли гирёнам, калон шав,
Ифтихори сад ҷаҳон шав,
Достон шав,
Достон шав!
***
Ту дигар ба пешвозам дами дар намебаройӣ,
Ту дигар ба лаҳҷаи худ бари ман намесаройӣ:
«Писари азизам омад,
Писари ғазалнависам омад».

Ту дигар наметавонӣ, ки миёни пиразанҳо
Зи ман ифтихор созӣ ба ҳазору як таманно:
«Писари азизам омад,
Писари ғазалнависам омад».

Ту дигар фирор кардӣ ба ҷаҳони сарду хомӯш,
Ту дигар намекушоӣ ба наберагонат оғӯш,
Ки диҳӣ дуои иқбол,
Ки бибахшӣ неруи пару бол.

Зи канори хок будӣ, ба канори хок рафтӣ,
Зи деҳи Мазор будӣ, ба мазори пок рафтӣ,
Шудӣ ёди ҷовидонӣ
Ба мадори бемадори зиндагонӣ.

Чу ба хонаат дароям, ҳама бӯйи дард ояд,
Дили ман ба дард ояд зи хурӯҷи дардҳоят.
Шунавам фиғони шабҳот
Зи баҳамфишурда лабҳот.

Чу ба ёд оварам ман ҳама он азоби ҷонат,
Табу сӯзи устухонат, фалаҷи аҷалнишонат,
Қаламам фалаҷ шавад зуд,
Ҳама ҳастиям кунад дуд…

Зи тавофи кулбаи ту дили ман зи ҳам бирезад,
Ба ҳама ҷаҳон ситезад писари ғазалнависат,
Ки куҷост модари ман,
Ки куҷост модари диловари ман?

Писари ғазалнависат акнун ғазали азо бигӯяд,
Ғазале агар бигӯяд, ғазали туро бигӯяд,
Ки куҷост модари ман,
Ки куҷост давлати сари ман?

Ту куҷоӣ модари ҷон? Паси дар намебаройӣ,
Ва дигар ба шеваи худ бари ман намесаройӣ:
«Писари азизам омад,
Писари ғазалнависам омад…»
***
Дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст,
Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст.

Нест ҷуз бори хас он бор, ки мардон бикашанд,
Ғами дунёи наву кӯҳна ҳама бори зан аст.

Эй ки дидори ҷаҳон дидаву бархурдорӣ,
Дон, ки дидори ҷаҳон лаззати дидори зан аст.

Рӯз аз хандаи ӯ равшанӣ гирад то шом,
Моҳи шаб шӯълае аз дидаи бедори зан аст.

Осмонро набувад он ҳама рафъат, ки варост,
Гулу гулзори замин як гули рухсори зан аст.

Бипазад з-оташи ишқаш на ҳама ошиқи хом,
На ҳама марди харидор сазовори зан аст.

Гар равад зери замин ё ба фалак хайма занад,
Ҳар куҷо марди бузургест, гирифтори зан аст.
***
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон,
Ангезаест шояд аз аллаҳои модар.

Гар шеъраке сурудам аз буду аз набудам,
Дар тинатам сиришта сӯзу навои модар.

Оғози офариниш дар раҳми ӯст, з-ин рӯ
Сад достон барояд аз як ҳиҷои модар.

Ман як нафас набошам бе ёди зоти қудсаш,
Аз сарсупурдагонам, ҷонам фидои модар.

Аз сатвату зи шӯҳрат гар бар фалак занам сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар.

Хира бар он касонам, к-аз хештан ризоянд,
Як бор ношунида ҳарфи ризои модар.

Ғофил аз он, ки хуршед аз Шарқ барнахезад,
Бошад тулӯъгоҳаш аз хокҷойи модар.

Гардун сафо надорад, чашмаш зиё надорад,
Гар дар замин набошад нуру зиёи модар.

Дунё бақо надорад, аммо ба рағми сад марг
Бошад бақои олам маҳзи бақои модар.

Монад замин зи сайрон, афлок ҳам зи даврон,
Гар як нафас наҷунбад дасти сахои модар.

Дунё чӣ норасо буд, ҳастӣ чӣ носазо буд,
Халлоқ гар намебуд меҳри расои модар.

Тобад замини паҳно чун дашти хушксоре,
Ашке агар нарезад аз дидаҳои модар.

Як ахтаре нарахшад дар тоқи чархи мину
Бе шӯълаи нигоҳи толеънамойи модар.

Беинтиҳост дунё аз он, ки сӯйи некӣ
Ҳеҷ интиҳо надорад ҳеҷ ибтидои модар.

Ҷуз чордарди зодан дарди дигар нахоҳад –
Аз чор самти дунё ояд садои модар.

Шоҳу гадо намонда дар аҳди мо, валекин
Мурданд ҷумла шоҳон охир гадои модар.

Ғамхору ғамшарикон аз мӯйи сар зиёданд,
Аммо ба рӯзи сахтӣ холист ҷойи модар.

Гар шоирони олам якҷо мадеҳа гӯянд,
Як байт ҳам наарзад андар санои модар.

Аз мармару забарҷад гар пайкара тарошанд,
Кай мекунад таҷассум ранҷу анои модар.

Фарзандгони хомаш кайҳонкушоӣ карданд,
Аз як нигоҳи дилкаш ё дилкушои модар.

Тифлони ғарқи ганҷаш дарёфтанд охир
Дунё ҷаве наарзад андар баҳои модар.

Оламситонаконаш, гарданшикастагонаш
Рафтанд, чун шикастанд аҳду вафои модар.

Дар ҷангҳои дунё уммедҳош мурданд,
Ҷовид лек зиндаст уммедҳои модар.

Дарду балои дунё бигрифт модари зор,
Нагрифт лек дунё дарду балои модар.

Гоҳо ҷафо кунад то одам шавем, илоҳо,
Дигар ҷафо намонад ғайр аз ҷафои модар.

То як шаванд халқон дар зери чархи гардон,
Бинед, яккатозон қадди дутои модар.

Ғамноку хокбарсар з-онам, ки ҳафт дарё
Аз гиря чун нахушкад рӯзи азои модар!?
***
Замину осмони ман туӣ модар, туӣ мо-дар,
Ҷаҳони бекарони ман туӣ модар, туӣ модар.

Дар ин дунё, ки бераҳмиву бемеҳрист бунёдаш,
Ягона меҳрубони ман туӣ модар, туӣ модар.

Диламро дар ҷаҳон ҷуз ту касе беҳтар намедонад,
Беҳин ҳамдостони ман туӣ модар, туӣ модар.

Зи рӯят нур меборад ба рӯйи зиндагониям,
Чароғи дудмони ман туӣ модар, туӣ модар.

Забони мардумӣ омӯхтӣ, на дарси сарфу наҳв,
Ҳам устоди забони ман туӣ модар, туӣ модар.

Гарам шоир намезодӣ, куҷо ман шеър мегуфтам?
Ғазалҳои равони ман туӣ модар, туӣ модар.

Суруди аввалини ман, суруди охирини ман,
Суруди ҷовидони ман туӣ модар, туӣ модар.
***
Модари хушназарам, ҳар назарам ҳадяи туст,
Асаре дорам агар, он асарам ҳадяи туст.

Дар фазои абадийят паи парвози дароз
Модари муштипарам, болу парам ҳадяи туст.

Хоксории ту он қадр маро кард баланд,
Ки ҳама қудрати кайҳонгузарам ҳадяи туст.

Дар раҳи ман ҳама дам дидаи тар доштаӣ,
Ки аз он дидаи тар шеъри тарам ҳадяи туст.

Ақли ту кӯтаҳ агар гуфт касе, кӯтаҳӣ кард,
Чун такопӯйи раҳи дуртарам ҳадяи туст.

Аҷаб ин аст, ки занро ҳама хонанд заиф,
Бо заифит ҳама карру фарам ҳадяи туст.

Пошикаста ҳама гӯянд зану модарро,
Ман гувоҳам, ки зи по то ба сарам ҳадяи туст.

Офаридӣ ту маро, то зи ҷаҳон баҳра барам,
Баҳра бурдан зи ҳама баҳру барам ҳадяи туст.

Ман ба ҷойи туям, эй модари барҷомонда,
Дидаи равшани фардонигарам ҳадяи туст.
***
Ба кӯйи охират рафтӣ, сари кӯйи ту менолам,
Ҳама сӯйи худо ноланд, ман сӯйи ту менолам.

Ту дар зери заминӣ, бе туам рӯйи замин холист,
Ба рӯйи ин замин дар ҳасрати рӯйи ту менолам.

Ду дастат бо ҳама раъша мададгори ҳаётам буд,
Ба ёди дасти ларзону мададҷӯйи ту менолам.

Чӣ суд аз кӯҳи Чилмеҳроб бе меҳроби абруят,
Ман аз маҳрумии меҳроби абруи ту менолам.

Зи кӯҳи Осиё гар нолаҳои обшор ояд,
Фузун аз ӯ чу фарзанди ғазалгӯйи ту менолам.

Такопӯ кардӣ баҳри ман тамоми умр роҳи бахт,
Ман акнун рӯзу шаб андар такопӯйи ту менолам.

Зи ман шоиртаре будӣ, ки лафзи нобам омӯхтӣ,
Ба ёди он ҳама алфози дилҷӯйи ту менолам.

Ало модар, пиҳил кун шири покатро, ки то ҳастам,
Ҳама сӯйи худо ноланд, ман сӯйи ту менолам.
***
Таҳминаам, Таҳминаам,
Аз дарду ғам ду нимаам.
Дар ҳасрати Сӯҳроби ял
Дурҷи ғамон шуд синаам.

Сӯҳроби ман – меҳроби ман,
Хуршеди ман, маҳтоби ман,
Дар ин ҷаҳони бекасӣ
Яктои ман, ноёби ман,
Дар дашти кин саргашта шуд,
Дар хоку хун оғушта шуд,
Аз меҳри Рустам зода шуд
В-аз қаҳри Рустам кушта шуд.

Афтод аз болои зин
Чун ахтар аз чархи барин,
Шири сафедам аз танаш
Дарёи хун шуд бар замин.

Гуфтам, ки меёбад асар
Аз Рустами олиназар,
Бо он нишоне аз падар
Шуд бенишон аз баҳру бар.

Гулчини давронам гузашт,
Гулрези бӯстонам гузашт.
Теғе, ки Рустам зад бар ӯ,
Аз ҷавшани ҷонам гузашт.

Акнун чӣ дорад буди ман,
Фардои бемақсуди ман?
Дасти кӣ гирад рӯзи марг
Аз пояи тобути ман?

Фарёд аз бахти бадо!
Аз Рустамо аз қисмато!
Дунё тиҳӣ шуд чун дилам,
Воҳасрато, вовайлато!


Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ


9 + = 17


error: Content is protected !!