Таронаҳои Лоиқ-2

loiq1

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
(20.05.1941 – 2000)

1    2   3  

Дунёи савдо бигзарад,
Андӯҳи дилҳо бигзарад,
Ҳам навбати мо бигзарад,
Аммо ба зери осмон
Ҳамчун замини бекарон
Некӣ бимонад ҷовидон.

Сад баҳр хушкад дар назар,
Сад боғ гардад бесамар,
Сад роҳ монад беасар,
Аммо ба сад рамзу нишон
Чун офтоби дурфишон
Некӣ бимонад ҷовидон…

Чандин макон дигар шавад,
Чандин замон дигар шавад,
Чандин ҷаҳон дигар шавад,
Аммо ба ёди одамон
Чун қуллаи Боми Ҷаҳон
Некӣ бимонад ҷовидон.
***
Як лаҳзае, як соате
Дар хилвате, беминнате
Бо ман бимон, бо ман бимон,
То бо ту дорам давлате.

Дарё маҷӯ, дарё манам,
Дунё маҷӯ, дунё манам.
Ёри дили танҳои ту
Танҳо манам, танҳо манам.

Биншин, ки бинам рӯйи ту,
Дасте барам бар мӯйи ту.
То рангу бӯйи зиндагӣ
Ёбам зи рангу бӯйи ту.

Дарё маҷӯ, дарё манам,
Дунё маҷӯ, дунё манам.
Ёри дили танҳои ту
Танҳо манам, танҳо манам.

Пеш о, ки қурбонат шавам,
Қурбони чашмонат шавам,
Гаҳ сарфишон, гаҳ ҷонфишон
Бар мӯйи афшонат шавам.

Дарё маҷӯ, дарё манам,
Дунё маҷӯ, дунё манам.
Ёри дили танҳои ту
Танҳо манам, танҳо манам.
***
Дар домани баҳор
Андар деҳи Мазор
Гулғунчаи таре,
Покизагавҳаре
Бо абрувони сабз,
Бо ормони сабз
Берун зи хона шуд,
Мактаб равона шуд.

Ёдаш ба хайр бод
Он ишқи кӯдакӣ.
Он ишқи гумшуда
Чун шеъри Рӯдакӣ.

Мерафтам аз бараш
Бигрифта дафтараш.
Чашмам гирифта буд
Чил кокули тараш.
Рӯйи баҳор буд
Рӯйи баҳорияш.
Номаш Хумор буд,
Будам хуморияш.

Ёдаш ба хайр бод
Он ишқи кӯдакӣ.
Он ишқи гумшуда
Чун шеъри Рӯдакӣ.

Як рӯзи тирамоҳ
Аз дил кашидам оҳ…
Ӯ кӯч басту рафт
Моро шикасту рафт.
Ёде ба тирамоҳ
Аз он баҳор монд.
Аз деҳ Хумор рафт,
Дар дил хумор монд.

Ёдаш ба хайр бод
Он ишқи кӯдакӣ.
Он ишқи гумшуда
Чун шеъри Рӯдакӣ.

Аз кӯчаи Мазор,
Бо ашки шашқатор
Моро надиду рафт,
Гӯё париду рафт
Мисли кабӯтарак
Ҳамсоядухтарак.
Чил кокул аз қафо
Гуфтанд алвидоъ…

Ёдаш ба хайр бод
Он ишқи кӯдакӣ,
Он ишқи гумшуда
Чун шеъри Рӯдакӣ…
***
Имшаб чӣ шабе, шаби гудоз аст имшаб,
Як базми пур аз нозу ниёз аст имшаб.

Домод зи баски бандаи ишқ шудаст,
Бар гардани ӯ зулфи дароз аст имшаб.

Азбаски арӯс ҷуфти домод шудаст,
Дороии ӯ махзани роз аст имшаб.

Аз юмни муҳаббати ду дилдодаи пок
Чашми ҳама масту ишқбоз аст имшаб.

Домоду арӯс ҳамчу меҳроб буванд,
Ёрон, шаби саҷдаю намоз аст имшаб.

Соқӣ бидиҳад фотиҳаи бахти сафед,
Зеро ҳама хубу ҳама соз аст имшаб.
***
Бедарди дил касест, ки дилбар надоштаст,
Бедарди сар касест, ки худ сар надоштаст.

Бехештан касест, ки аз хештан нарафт,
Бедавлат он касест, ки модар надоштаст.

Бемазҳаб он касест, ки нашнохт шахси худ,
Беманзил он касе, ки сару бар надоштаст.

Хушбахт он касест, ки дар ҷодаи ҳаёт
Рашку ҳасад ба ёру бародар надоштаст.

Бадбахт он касест, ки дар арсаи талош
Як душмани ба хеш баробар надоштаст…
***
Парво макун, азизи ман, к-ин дил барои туст,
Гӯянд гарчи носазо, танҳо сазои туст.

Дар кӯчаҳои танг туро ёд мекунам,
Ҳар ҷо, ки пой мениҳам, овози пои туст.

Бо ёди ту ба кӯҳҳо фарёд мекунам,
Ҳар кӯҳ агар садо диҳад, гӯё садои туст.

Ман бо камоли оқилӣ девонаи туам,
Ҳушёриву ҷунуни ман – ҳар ду фидои туст.

Ҳар кӯтаҳӣ, ки аз мани шоир гузаштааст,
Илқои чашми содаю қадди расои туст.

Ҳар гаҳ, ки бар гузаштаҳо дил гиря мекунад,
Фардои ман шунидани гулхандаҳои туст.

Ман зиндаам ба ишқи ту, ман шоири туам,
То интиҳои умр дили ман гадои туст.
***
Бо дили дарё нишинам, то дилам дарё шавад,
Бо ғами дунё бисӯзам, то дилам дунё шавад.

Дурии гардун биҷӯям, то шавам наздики дил,
Вусъати саҳро бихоҳам, сафҳаам саҳро шавад.

Ҳеҷ кас монанди деҳқон нест ҳамдарди замин,
Ин заминпаймо ҳам охир чун фалакпаймо шавад.

Халқро яксар савод омӯхтему чашми хат,
Бояд акнун босаводаш оқилу доно шавад.

Аз дили кӯҳам, бихоҳам, к-аз дили пурганҷи ӯ
Ногаҳон чун кони тилло шоире пайдо шавад.
***
Ишқ дар дил шӯълаи субҳи саодат будааст,
Ошиқӣ эҳсоси бахшишҳои қисмат будааст.

Дар ҷавонӣ ишқ буду давлати дунё набуд,
Он ҳама бедавлатиҳо хуб давлат будааст.

Баски аз пои равон мондем, ҳасрат мекунем
Аз пайи хубон давидан ҳам ғанимат будааст.

Дар фалак ҷустан ситора санъат асту дар замин
Хештанро гум накардан низ санъат будааст.

Одамӣ баъд аз заволи умр мефаҳмад, ки умр
Як назар бар осмон бо чашми ҳайрат будааст.

Беҳтарин ганҷе, ки одам ёфт, гар симу зар аст,
Беҳтарин ганҷе, ки гум кард ӯ, муҳаббат будааст.
***
Нам-нами борон чу ёдат кард, ёдат мекунам,
Барги гул чун бӯйи ту овард, ёдат мекунам.

Дарди ишқат мард буду қисматам номард буд,
Ман ба қасди қисмати номард ёдат мекунам.

Ишқи ту дар сурати ашъори дардолуди ман
Мисрае гар дар диле парвард, ёдат мекунам.

Ман агар нозукписандам, аз назокатҳои туст,
Бар сари гул чун нишинад гард, ёдат мекунам.

Гармию сардии дунёро зи ишқат дидаам,
Зери ин гардуни гарму сард ёдат мекунам.

Ҳар куҷое ҳам ки бошӣ, дур аз ман нестӣ,
Бо алам, бо доғи дил, бо дард ёдат мекунам.
***
Ту ёрам мешавӣ рӯзе ки ман ёрӣ наметонам,
Ба ман дил медиҳӣ рӯзе ки дилдорӣ наметонам.

Диламро мебарӣ рӯзе, ки мушти оҳи афсӯс аст,
Ғамамро мехӯрӣ рӯзе, ки ғамхорӣ наметонам.

Ту гул мекорӣ фасле ки замин барф асту яхбандон,
Мани бечора ҳам роҳи мададгорӣ наметонам.

Гулафшон мешавӣ вақте ки ман бошам хазонафшон,
Сарафшон мешавӣ вақте ки сархорӣ наметонам.

Ту ҷон мебахшӣ он соат, ки ҷонам рафта аз қолаб
Ба ғайр аз ҳасрати дунё дигар коре наметонам.
***
Ҳар замон аз зиндагонӣ бишнавам панди дигар,
Ки дарахти умр дорад решапайванди дигар.

Гар хирадманде пушаймон рафт аз рӯйи замин,
Боз дар рӯйи замин рӯяд хирадманди дигар.

Халқ бе фарзанди оламгир оламгир нест,
Боз ёбад модари тоҷик фарзанди дигар.

Баски коми тоҷиконро бо сухан бардоштанд,
Боз ояд шоиру шеъру пасованди дигар.

Дар замоне, ки замину осмон ҳам бехудост,
Дар сухан бояд паямбар ё худованди дигар.
***
Замини сахти кӯҳистон дили нармам ато кардаст,
Дуруштам ҳар кӣ мехонад, хато андар хато кардаст.

Ба мисли кӯҳ якрӯям, ба сони чашма ҳақгӯям,
Чунин будам, чунин бошам, ки ин сонам худо кардаст.

Миёни кӯҳҳо бигрехтам аз дасти ҷабру зулм,
Ба ман таърихи сангиндил ҷафо рӯйи ҷафо кардаст.

Ҷудо будам зи ҳамхунон, ки бепул буд дарёҳо,
Сари кӯҳу сари чашма дилам аз ғам наво кардаст.

Умеду орзуям сӯхт монанди ҳинои санг,
Дубайтиву рубоӣ нолаамро бефано кардаст.

Яке гуфтӣ, ту эронӣ, дигар гуфтӣ ту тоҷикӣ,
Ҷудо аз асли худ мирад, касе моро ҷудо кардаст.

Ҷаҳон як рӯз метаркад зи оҳи пуршарори мо,
Ки бар тарки Ватан моро паёпай мубтало кардаст.
***
Марав аз ман, ки бо ту меравад дунёи рангинам,
Марав аз ман, ки бо ту меравад ғамҳои ширинам.

Агар бо ман гули рӯят набошад, хор хоҳам шуд,
Марав аз ман, ки бо ту меравад айёми гулчинам.

Агар аз ман гузаштӣ, бигзарад умрам ба нокомӣ,
Марав аз ман, ки бо ту меравад меҳроби оинам.

Чӣ оромист оромии оби мурдаи соҳил?
Марав аз ман, ки бо ту меравад орому таскинам.

Ту бо ман то ғаме аз ишқ дорӣ, ғам махур аз ишқ,
Марав аз ман, ки бо ту меравад тӯмори зарринам.

Ту, эй дилхоҳи деринам, ту, эй тадбиру тамкинам,
Марав аз ман, ки бо ту меравад табрику таҳсинам.

Ту бо ман то ҷавон астӣ, ҷавонӣ кун, ҷавонӣ кун,
Марав аз ман, ки бо ту меравад ишқи нахустинам.
***
Агар тирам ба сар борад, туро ман дӯст медорам,
Агар чархам биозорад, туро ман дӯст медорам.

Ту яктои манӣ, эй гул, тасаллои манӣ, эй гул,
Агар ҷонам рамақ дорад, туро ман дӯст медорам.

Туӣ худ орзуи ман, камоли ҷустуҷӯйи ман,
Агар ишқам ба марг орад, туро ман дӯст медорам.

Агар арзи ниёзи ман, ҳама сӯзу гудози ман
Ба гӯши ту намефорад, туро ман дӯст ме-дорам.

Агар гардуни дун як дам набигзорад, ки хуш бошам,
Гузорад ё набигзорад, туро ман дӯст медорам.

Қасам бар холи абруят, қасам бар шӯълаи рӯят,
Қасам бар чашми хумморат, туро ман дӯст медорам.
***
Дӯстон, вақти гули хор маро ёд кунед,
Чун гули санг зи кӯҳсор маро ёд кунед.

Гар бихоҳед, ки ман хуфта набошам дар хок,
Бо дилу дидаи бедор маро ёд кунед.

Ҳар гаҳе ҷом ба каф масту гаронҷон хонед
Шеъри Хайём ба такрор, маро ёд кунед.

Ман ҳамонам, ки шумо дидаву каф кӯфтаед,
Бо ҳамон нангу ҳамон ор маро ёд кунед.

Ғаму шодии ҷаҳон дар дили ман хок шудаст,
Сари ҳар шодию тимор маро ёд кунед.

Ҷоми умри мани пуршӯр агар нима шикаст,
Сари ҳар мастии саршор маро ёд кунед.
***
Сад баҳрро гузаштаму дар соҳилам ҳанӯз,
Сад боғ мева чидаму беҳосилам ҳанӯз.

Сад бандро кушодаму растам зи сад бало,
Накшодааст уқдаи банди дилам ҳанӯз.

Сад марг пушти сар шуду сад дард зери по,
Дар ҳифзи хеш он қадар ноқобилам ҳанӯз.

Бишнида асрҳои аср андарзи шоирон,
Касби камол кардаву нокомилам ҳанӯз.

Як умр роҳ ҷуставу як ҷо ситодаам,
То осмон паридаву по дар гилам ҳанӯз.
***
Аз нигоҳам шарора хоҳад монд,
Аз бисотам ситора хоҳад монд.

Дар канори замини аҷдодон
Қалби ман беканора хоҳад монд.

Дар шумори тамоми дарди башар
Дарди ман бешумора хоҳад монд.

Пеши чашми замона неку бадам
Дар сухан ошкора хоҳад монд.

Аз касе як хасе намемонад,
Аз ман умри дубора хоҳад монд.

Пораҳои дили шикастаи ман –
Шеъри ман пора-пора хоҳад монд.
***
Ҷаҳони ишқи ниҳоне ҷаҳоншиносам кард,
Фиғони оби равоне равоншиносам кард.

Нигоҳи масти ҷавонӣ бикард агар пирам,
Нигоҳи хастаи пирӣ ҷавоншиносам кард.

Чӣ баргҳо, ки зи нахли умедҳоям рехт,
Чӣ сабзаҳо, ки баҳорон хазоншиносам кард.

Басо рисола зи вазъи замона хондам, лек
Замонасозии чанде замоншиносам кард.

Беҳ аз ҳазор «Ғиёс»-у беҳ аз дусад «Фарҳанг»
Забондарозии чанде забоншиносам кард.

Зи пастфитратии чанд бебароре шукр,
Ки дар замини ҳунар осмоншиносам кард…
***
Хазонам гул кунад рӯзе, ки хандӣ, эй баҳори ман,
Нағунҷам дар ҳама олам, чу ғунҷӣ дар канори ман.

Вале афсӯсу вовайло, ки аз васли ту маҳрумам,
Чу тиллои Зарафшон нестӣ дар ихтиёри ман.

Зи дастам барнамеояд, ки дастат гираму гӯям:
Гули оташпарасти ман, зи сар то по шарори ман,

Маро аз сӯхтан боке набошад, лек метарсам,
Ки оташбозии ишқат бисӯзад ёдгори ман.

Туӣ оташ, манам оташ, кунад оташ зи оташ гул,
Ки баъди мо гули оташ бирӯяд аз мазори ман…
***
Ёдгори Айниву ин кӯҳсорон зинда бод!
Шеъри Турсунзодаву ин обшорон зинда бод!

Ғунчаҳои пунба механдад, зи хандохандашон
Хандаҳои духтарон дар пунбазорон зинда бод!

Модарон то ҳол мепоянд роҳи аскарон,
Охирин уммеди ин уммедворон зинда бод!

Ташнагӣ хуб аст, водорад, ки ҷӯйӣ чашмае,
Ташнагиҳои дил аз дидори ёрон зинда бод!

Гармтар аз оташу равшантар аз хуршеди Шарқ
Бӯсаҳои аввалини дӯстдорон зинда бод!

То сухан парвоз омӯзад зи мурғони ҳаво
Лонаҳои мурғакон дар шохсорон зинда бод!

Тирборон кардани мо кӯшиши беҳуда аст,
Ҳар кӣ моро мекушад бо шеърборон, зинда бод!
***
Аз дур ошёни туро ёд мекунам,
Дар ҳар куҷо нишони туро ёд мекунам.

Аз кӯчаҳои шаҳр хаёлӣ чу бигзарам,
Айвони гулфишони туро ёд мекунам.

Аз ҳафт ранги тобиши рангинкамони дур
Садрангии ҷаҳони туро ёд мекунам.

Оғӯшам аз ҷавонию зебоӣ пур шавад,
То чеҳраи ҷавони туро ёд мекунам.

Дар об дида ҷилваи чашми ситорагон,
Чашмони меҳрубони туро ёд мекунам.

Ҳар гаҳ забони хомаам гирад зи изтироб
Лабҳои байтхони туро ёд мекунам.

То бӯйи дард бишнавӣ аз шеърҳои ман,
Он дардҳои ҷони туро ёд мекунам.

Азбас дар остонаат мондаст лахти дил,
Як умр остони туро ёд мекунам…
***
То ҳастаму то ҳастӣ, ҳамрози ту хоҳам буд,
То сози даме дорам, дамсози ту хоҳам буд.

Андар дили пуршӯрам то нашъаи дарде ҳаст,
Мафтуни табу сӯзи овози ту хоҳам буд.

Чун ҷон на барои тан, шойистаи ҷонон аст,
То ҷону ҷаҳон дорам, ҷонбози ту хоҳам буд.

Бар қасди ҳама қаҳру шӯру шари тақдирам,
Қурбони як имою як нози ту хоҳам буд.

То нола кунад ҷонам, то шиква кунад рӯҳам,
Бо болу пари шеърам парвози ту хоҳам буд.

Ором намеҷӯям, анҷом намехоҳам,
То охири умри дил оғози ту хоҳам буд.
***
Зиндагӣ бо ошноиву ҷудоӣ бигзарад,
Ҳам худоӣ бигзарад, ҳам бехудоӣ бигзарад.

Ҳар касе бифрӯхт моро, ман надонам чӣ харид?
Бебаҳоӣ бигзарад, арзонбаҳоӣ бигзарад.

Дилхарошиҳои ҳусни бенамакро дидаем,
Дилхарошӣ бигзарад, ҳам дилрабойӣ бигзарад.

Мушкили дилро кушодему нафаҳмидем чист,
Дилкушоӣ бигзарад, мушкилкушоӣ бигзарад.

Аз наво мондему бебаргу наво афтодаем,
Ҳамнавоӣ бигзарад, ҳам бенавоӣ бигзарад.

То даме сархуш будем, аз мо касе боло набуд,
Худситойӣ бигзарад, ҳам худнамойӣ бигзарад.

Ҳар каси сарзиндае сад мурдаро такфин кунад,
Аз сари ҳар зиндае зиндаҷудоӣ бигзарад.
***
Тарки соғар кардаму андар хумораш сӯхтам,
Тарки дилбар кардаму дар раҳгузораш сӯхтам.

То ба дарёи диле рафтам ба сад дарёдилӣ
Бе канораш об гаштам, дар канораш сӯхтам.

Содалавҳон ишқро нодида донистанду ман
Дидаму донистаму дар интизораш сӯхтам.

Бодахорон зиндагиро бо қадаҳ хӯрданду ман
Дар қатори оқилони ҳушёраш сӯхтам.

Аҳли дил сӯзанд агар аз нобарориҳои дил,
Ман ба саҳни зиндагонӣ аз барораш сӯхтам.

Сабзаҳо сӯзанд агар дар зери гармои тамуз,
Ман тару тоза дар оғози баҳораш сӯхтам.
***
Охир мани шӯридадил бо як садо ошиқ шудам,
Бо камбаҳоиям туро, эй бебаҳо, ошиқ шудам.

Бедарду ғам будам агар, дар ишқ кам будам агар,
Инак туро дарёфтам, бо дардҳо ошиқ шудам.

Қадри ту нодониста буд, армони ман нашкаста буд,
Гум кардамат андар замин, то дар само ошиқ шудам.

Гар бо ту будам носазо, гар бе ту будам норасо,
Ҳам носазо ошиқ шудам, ҳам норасо ошиқ шудам.

То кай хамӯшу бесадо? Он беҳ ки бошам дар бало,
Ман як бало мехостам, бо сад бало ошиқ шудам.

Гаҳ бехудам, гаҳ бехудо, аммо бад-ин сон муддао
Шояд худои дил туӣ, ман бо худо ошиқ шудам!
***
Ҷони ман қурбони як хандидану нозиданат,
Лаб ба лаб бинҳодану аз шӯри дил ларзиданат.

Умри ман қурбони он соат, ки аз бӯсу канор
Бо ҳавои зарби дил болидану рақсиданат.

Бахти ман қурбони он фурсат, ки дастони сафед,
То напечӣ дар бало, дар гарданам печиданат.

Рӯзи ман қурбони он муддат, ки дар оғӯши шавқ
Аввалан шӯриданат в-аз оқибат тарсиданат.

Ганҷи ман қурбони он давлат, ки аз ман бо итоб
Барабас ранҷиданат, з-он пас маро санҷиданат.

Шеъри ман қурбони он сарват, ки аз девони ман
Байтҳое хондану дар худ наёромиданат.

Буди ман қурбони он ҳиммат, ки бар ман бедареғ
Он чӣ мӯҳри зиндагӣ буд, ройгон бахшиданат…
***
Дил гадои дигареву ман гадои дигаре,
Дил адои дигареву ман адои дигаре.

Байни мову дил ҳамеша ҳарбу зарби шавқҳост,
Дил фидои дигареву ман фидои дигаре.

Доғ рӯйи доғ бигзорему хоҳем аз табиб
Дил давои дигареву ман давои дигаре.

Гарчи мо ҳаргиз раводори гуноҳе нестем,
Дил равои дигареву ман равои дигаре.

Бехато хоҳем будан, лек содир мекунем
Дил хатои дигареву ман хатои дигаре.

Гарми парвозем, аммо самтҳо аз ҳам ҷудо –
Дил фазои дигареву ман фазои дигаре.

Гарчи яклахтем, якбахт аз куҷоем, эй дареғ,
Дил ба ҷойи дигареву ман ба ҷойи дигаре…
***
Хандон агар намекунӣ, гирён макун маро,
Обод агар намекунӣ, вайрон макун маро.

Хушбахт агар намекунӣ, аз бахт дам мазан,
Шодон агар намекунӣ, нолон макун маро.

Дар чорсӯйи зиндагӣ то кӯйи зиндагӣ
Раҳбон агар намешавӣ, сарсон макун маро.

Ҳайрони дил набудаӣ як лаҳза худ ба худ,
Бо лофу бо газофҳо ҳайрон макун маро.

Ҷонат тиҳист аз ғами ҷонсӯзи ошиқӣ,
Дасти тиҳӣ ту ин ҳама дастон макун маро.

Дунё надида, ваъдаи дунё мадеҳ ба ман,
Дарё надида, ташнаи тӯфон макун маро.

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

гузориш 3

  1. То чахон бокист ЛОИК лоики бо дилу дидаи бедор ёд кардан аст.

  2. Арзи салом ба хама хамватанон…Тасодуф дар ними шаб фикрам ба газали устод Турсунзода «Дили модар» рафт,ин сайтро пайдо кардам.Ташакури беандоза ба хамаи офаридагони ин ашъори воло……Баъзан дар гариби тасаллои дил мешавад……

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.