НАЗАРЕ БА САРНАВИШТ ВА ЗАБОНИ ТОҶИКОНИ МУҚИМИ ЧИН

Абдуҳамид Тағоев / Янв.12.2014. / Гузориш нест

Тӯфони қисмат ҳаммиллатони моро
ғарибу фирорӣ гардонида, ба чор тарафи
дунё парешон гардонидааст.

Эмомалӣ Раҳмон


Омӯзиш, тадқиқ ва баррасии таъриху фарҳанг, забон ва расму оинҳои ҳаммиллатони парешонгаштаи мо, аз ҷумла тоҷикони муқими Чин, «Бешак, … вазифаи бағоят муҳим ба шумор меравад. Онро ҳаёт ҳукмфармоёна пеш мегузорад. Афсӯс, зарурати ин корро ҳанӯз на ҳама дарк кардаанд (13, 10). Воқеан, зарурату муҳиммияти масъалаи мазкур ин аст, ки: «Мардум намедонанд, ки тоҷик ғайр аз давлатҳои СНГ боз дар кадом мамолики олам зиндагӣ мекунад, дар он мамлакатҳо ӯ сокини муқимист ё аз ҷое омада, шумораи воқеиаш чӣ қадар аст» (13, 3 ) ва ғайра. Аз ин рӯ, пажӯҳишу тадқиқи зиндагинома ва забону фарҳанги тоҷикони дурафтодаи муқими Чин тақозои замон ва ҷавобгӯйи сиёсати хирадмандона ва дилсӯзонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба тоҷикони бурунмарзӣ мебошад.
Тоҷикони Ҷумҳурии Халқии Чин (ҶXЧ) дар музофоти худмухтори Тошқӯрғони (водии Сарикӯл) Ноҳияи мухтори Синcзяну Уйғур умр ба сар мебаранд (дар ҶХЧ ноҳия гуфта, вилоятро дар назар доранд). Тошқӯрғон ҳудудан 52,4 ҳазор км2 –ро дар бар гирифта, соли 1954 ҳамчун минтақаи тоҷикнишини Чин таъсис дода шудааст. Ин водӣ дар баландии 3600 м аз сатҳи баҳр қарор дошта, тақрибан 84% аҳолиашро тоҷикон ташкил медиҳанд.
Тоҷикони Сарикӯл, асосан, ба чорводорӣ ва каму беш ба зироаткориву боғпарварӣ машғул буда, аксари оилаҳо дар ҳудуди аз 100 то 200 сар моли майдаву шохдори калон дар ихтиёр доранд ва аз ин сабаб вазъи иқтисодӣ ва рӯзгорашон осуда ва хуб мебошад. Чун шуғли асосии эшон чорводорист, бинобар ин ба фаро гирифтани илму дониш камтар ҷалб шуда, аз ин рӯ, теъдоди дараҷаи маълумоти илми олидор тақрибан 10%-ро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди ин ифтихори миллии эшон хеле баланд буда, таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллии худро қадр мекунанд ва пос медоранд. Расму оинҳои суннатӣ ва аҷдодиашонро ҳифз намуда, ҷашну идҳои милливу мазҳабиашонро таҷлил менамоянд (12). Эшон қиёфаи комилан тоҷикӣ (ориёӣ) дошта, бо дигар халқу қавмиятҳо хешованд шудан, яъне хонадоршавиро намепазиранд ва хуш надоранд (1, 277).
Агар ба сарнавишту таърихи тоҷикони сарикӯлӣ иҷмолан назаре андозем, бармеояд, ки онҳо аз қабилаҳои эронинажод буда, таърихи беш аз сеҳазорсола дошта ва ниёгони онҳо сакоиҳо мебошанд ва оид ба мавҷудияти қабилаҳои сакоӣ дар асрҳои VII-VI пеш аз милод аллома Б. Ғафуров чунин овардааст: «Нахустин сарчашмаҳои хаттии санавӣ, ки дар бораи Осиёи Миёна маълумот медиҳанд, дар асрҳои VII-VI пеш аз милод дар ин сарзамин сукунат доштани қавму тоифаҳои эронинажод — суғдиён, бохтариҳо, марғиёниҳо, хоразмиҳо, портҳо, қабилаҳои мухталифи сакоӣ ва ғайраро хотирнишон намудаанд» (2,38).
Оид ба қабилаҳои сакоӣ, ки дар сарчашмаву мадракҳои юнониву лотинӣ онҳо бо номҳои скифӣ ва сарматӣ ёд шудаанд (7,70), дар осори форсии қадим омадааст, ки онҳо берун аз ҳудуди Осиёи Миёна умр ба сар бурда ва ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мешуданд: сакоиҳои тиграхуд ( тигра- тез, худ — кулоҳ, яъне сакоиҳои дорои кулоҳи баланди нӯгтез; сакоиҳои ҳавмаварға; сакоиҳои паси Суғд; сакоиҳои паси баҳр (соҳилҳои Баҳри Арал ё Баҳри Сиёҳ дар назар аст). Пас, тибқи маълумоти падари таърих — Ҳеродот ва муҳаққикони баъдина қабилаҳои сакоӣ дар соҳили ин ду баҳр сукунат доштанд ва забони осетинӣ, ки аз ин забон сарчашма гирифтааст, ба он далолат мекунад, ки қабилаву тоифаҳои сакоӣ дар ҳудуди хеле васеъ- дар соҳилҳои баҳрҳои Сиёҳу Аралу Азов, шимоли Қафқоз, қисмати шимоли Осиёи Миёнаву Сирдарё ва ба тарафи шарқ то ҳавзаи Тарими Туркистони Шарқӣ паҳн гашта будаанд (8, 37).
Ин нуктаро академик Б. Ғафуров низ қайд мекунад, ки: «Дар замонҳои қадим маҳалли паҳншавии забонҳо ва тоифаҳои эронӣ назар ба асрҳои миёна ва давраи нав хеле васеътар буд. Вай сарзамини паҳновареро аз Аврупои Ҷануби Шарқӣ то Туркистони Шарқӣ ва аз назди Урал то Ҷануби Эрон фаро мегирифт»(2,50) ва маҳз аз Осиёи Миёнаву ноҳияҳои ҳамҷавори Қазоқистон ва соҳилҳои Баҳри Сиёҳу Баҳри Арал ва Туркистони Шарқӣ омадани қабилаҳои сакоиву хутанӣ (забони хутанӣ марбути гурӯҳҳои забони сакоист) (9, 233) таъкид шудааст. «Аз ин насаб тоифаҳо дар Помир ҳанӯз дар аҳди биринҷӣ, дар охирҳои ҳазораи II ва ибтидои ҳазораи I пеш аз милод пайдо шудаанд. Аз асри VI пеш аз милод дар асоси материалҳои археологии Помир роҷеъ ба тоифаҳои гурӯҳи скифиву сакоӣ сухани муайян гуфтан мумкин аст» (2,58). Инчунин илова ба мадракҳои археологӣ ҳамчунин сарчашмаҳои хаттӣ ва далелҳои забоншиносӣ низ собит менамоянд, ки тоифаҳои эронии мансуб ба гурӯҳҳои сакоӣ дар асрҳои VII-VI пеш аз милод дар навоҳии ҷануби Помир то наздикии ҳудуди Ҳиндустон ва дар самтҳои шарқии Афғонистон ҷойгузин шуда буданд (2, 58).
Дар ҷараёни забту ғоратгарии тоифаҳои турку муғул ва омезиши маҷбурии онҳо бо қабилаҳои эронитабор раванди фишору маҳдудсозии забонҳои эронӣ ботадриҷ сурат мегирад. Хусусан, ин раванд дар деҳотҷойҳое, ки туркнажодон муқимӣ шуданд, нисбат ба шаҳрҳо босуръат амалӣ мешуд ва ин ҷараён боиси маҳдудшавӣ ва азбайнравии баъзе забонҳои эронӣ гардид, ки ин сарнавишти талхро дар мисоли забонҳои хоразмӣ ва суғдӣ метавон мисол овард.
Сарчашмаҳои зиёд гувоҳӣ медиҳанд, ки дар ибтидои солшумории милодӣ аз дуриҳои Осиёи Марказӣ, аз сарҳади Чин сар карда ҷунбишу ҳаракати қабилаву тоифаҳои бешумори кӯчманчиёни туркзабон ба тарафи Осиёи Миёна ва тадриҷан ба Эрон оғоз гардида, дар тӯли асрҳо амалиёти онҳо гоҳ заиф ва гоҳ бошиддат сурат гирифтааст. Маҳз таҳти фишору тазйиқи қабилаҳои туркнажод қабилаҳои эронитабор ба маҳдудияту парокандагӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва қисман тағйири макон мекунанд. Аз ҷумла: «Ба касрати муҳоҷирати паёпай ва пурфоҷиа аҳолии тоҷики Қошғар сахт коҳиш ёфт ва оқибат ба нестӣ расид. Шамъи тоҷик танҳо дар баландкӯҳ — водии Сарикӯл ва баъзе мавзеоти атрофи Ёрканду Хутан фурӯзон монду халос» (13, 135).
Қабилаҳои сакоиву хутанӣ, ки то ҳудуди Туркистони Шарқи паҳн шуда буданд ва ҳанӯз ҳам аз ҳар дару девори Хутану Турфони куҳан бӯйи тоҷик меояд, дар асари фишору тохтутози тоифаҳои хунн ба болооб ва миёнаоби дарёи Ому паҳну парешон гашта, қисме аз онҳо дар ҳудуди Тахористони кунунӣ ҷойгузин ва муқимӣ гашта, теъдоди дигари сакоиҳо то ба ҳавзаи дарёи Ҳилманд ва кӯли Ҳомун мерасад, ки баъдан ин минтақа номи sakastān > sagastān > seistān, яъне Сиистон (Систон)-ро гирифт (7,151).
Ба асоси далелҳои мазкур метавон гуфт, ки забонҳои помирӣ, аз ҷумла забони сарикӯлӣ ҳам, аз забони сакоӣ маншаъ гирифтанд. Марҳум забоншиноси нуктасанҷ Додихудоев Р.Х. низ қайд менамояд, ки забонҳои помирӣ ба гурӯҳи гӯишҳои сакоӣ тааллуқ дошта, аз дигар забонҳои шарқиэронӣ канда шуда, дар доманакӯҳҳои баланди душворгузар боқӣ монданд ва аз ин ҷост, ки дар тӯли асрҳо нисбат ба забонҳои дигари эронӣ дар таркиби луғавии ин забонҳо унсурҳои архаистии дастурӣ ва луғатҳои аслии ҳиндуэронӣ бештар ба назар мерасад (3,9) .
Лекин, бо вуҷуди турктозиҳову ғорату нобудкуниҳо, қабилаҳои эронинажоди аз дами теғу шамшери тоифаҳои турку муғул наҷотёфта дар ҳар гӯшаву канор, дар муҳити дузабониву бисёрзабонӣ, дар холати фишору қурбониҳо забону фарҳанги худро то кунун ҳифз намудаанд ва гиромӣ доштаанд, ки тоҷикони Чин (забони сарикӯлӣ) аз ҷумлаи онҳост.
Забони сарикӯлӣ ба номи минтақаи Сарикӯл мансуб буда, ин водӣ дар баландкӯҳи Помири Шарқӣ қарор дошта ва ба Ноҳияи мухтори Синзяну Уйғури Ҷумҳурии Халкии Чин дохил мешавад. Маркази Сарикӯл шаҳри Тошқӯрғон буда, тоҷикони маҳаллӣ онро Варшиде (варш шакли тағйиркардаи varz-баланд, баландӣ ва дe аз вожаи dahуu-деҳа ташкил шуда, яъне деҳаи баланд) ном мебаранд ва чиниён бошад, Тошқӯрғонро Пулӣ мегӯянд.
Ҷойи зикр аст, ки оид ба таъриху фарҳанги тоҷикони Чин олимони русу аврупоӣ тадқиқоти зиёде анҷом додаанд ва аксарияти онҳо то охирҳои асри XX сурат гирифтааст. Лекин оид ба забони сарикӯлӣ маълумотҳо андаке буда, осоре, ки маълумоти муфассалу бештареро дар бар мегиранд, асари забоншиноси рус Пахалина Т.Н. (10) ва муҳаққиқи амрикоӣ Пам Арлунд бо ҳаммуаллифии роҳбари илмиаш аз тоҷикони сарикӯлӣ Некраҳмон Иброҳим (14) мебошанд. Бояд гуфт, ки ҳарду асари муҳаққиқони зикршуда оид ба вижагиҳои савтиву дастурии (фонетикиву грамматикии) забони сарикӯлӣ баҳс мекунанд ва пажӯҳиши қабатҳои лексикӣ ва ҷанбаҳои сотсиолингвистиву этнолингвистии он дар муҳити бисёрзабонӣ дар канор мондааст.
Аз осори илмии оид ба забони сарикӯлӣ бахшидашуда бармеояд, ки забони мазкур ба гурӯҳи забонҳои шуғнониву рӯшонӣ мансуб буда, вале бо мурури замон ва мавқеият, яъне дур афтодан аз ҳамгурӯҳҳои худ бо тағйиротҳои назаррасе дар истифодаи тоҷикони Чин боқӣ мондааст. Лекин бо сабаби он ки сарикӯлиҳо бо вахонизабонҳо дар як минтақа сукунат доранд, бинобар ин забони сарикӯлӣ баъзе вижагиҳои забони вахониро қабул кардааст. Забони сарикӯлӣ ба гурӯҳи забонҳои бехати тоҷикӣ дохил мешавад. Матбуот, таълимоти миёнаву олӣ, радиову телевизион ба забонҳои уйғуриву чинӣ мебошад. Забони модариро тоҷикони Сарикӯл дар муҳити хонаводагӣ ва тавассути эҷодиёти шифоҳии халқ (фолклор) омӯхта, аз насл ба насл интиқол медиҳанд.
Аз рӯйи мушоҳидаҳо ва нақли мардуми Сарикӯл забони сарикӯлӣ аз ҷониби соҳибонаш то андозае поку беолоиш ҳифз шудааст, лекин хоҳу нохоҳ забони уйғурӣ таъсири худро ба он расонидааст ва нигаронкунанда ин аст, ки воқеан, тавре муаррихи мумтоз, профессор М. Бобохонов қайд мекунад: «… насли ҷавон ба тоҷикии форсӣ хуб балад нестанд (таъкиди мо), зеро бо дастури давлатӣ соли 1954 забони тоҷикӣ аз мактабҳои тоҷикӣ гирифта шуда, таълим ба забони уйғурӣ ва хитоӣ сурат мегирад» (1, 276). Яке аз сабабҳои асосии таълим додан ба забони модариро дар ангуштшумор будани мутахассисони забони тоҷикӣ мебинанд ва профессори Донишгоҳи Синсзян Замир Саъдуллозода бо таассуф мегӯяд: «Тоҷикони Чин дар сурате ба комёбиҳои қобили мулоҳиза муваффақ гашта метавонанд, ки агар ба забони модариашон таълим гиранд, тоҷикӣ андешанд ва тоҷикӣ нависанд» (1, 276- 277). Гузашта аз ин нигароникунанда боз ин аст, ки аз соли 2009 сар карда дар ҳудуди Тошқӯрғон, ки маркази тоҷикон мебошад, таълимро то синфи 8- ум ва синфҳои 9- 11-ро дар Қошғар муқаррар намудаанд, ки ин амал дар синну соле рост меояд, ки ба хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллии насли ҷавон дар муҳити туркӣ, албатта, бетаъсир намемонад.
Дар Тошқӯрғон, ба андешаи мардуми таҳҷоӣ, се забони бунёди тоҷикӣ — форсидошта истифода мешавад:
1. Забони сарикӯлӣ, ки ба он тақрибан 35-37 ҳазор нафар ҳарф мезананд.
2. Забони вахӣ (вахонӣ), ки дар доираи 3-4 ҳазор нафар мустаъмал мебошад.
3. Забони торлиғӣ — забони тоҷиконе, ки бо забонҳои гурӯҳи туркӣ-муғулӣ (уйғурӣ, қирғизӣ, чағатоӣ…) омезиш ёфта, забони маснуии махлутест, ки ба он дар ҳудуди 1000-1500 нафар такаллум мекунанд.
Олими рус Пахалина Т.Н. дар навбати худ забони сарикӯлиро ба 3 гӯйиши алоҳида ҷудо намудааст, ки ин гурӯҳбандиро ӯ аз ҷиҳату мавқеи ҷойгиршавӣ (ҷуғрофӣ) маънидод мекунад:
1. Гӯйиши марказӣ ё худ тошқӯрғонӣ, ки худи Тошқӯрғон ва деҳаҳои гирду атрофи онро дар бар мегирад.
2. Гӯйиши шарқии наздик ё худ вачӣ (деҳаи Вача), ки ин деҳаҳои шарқтар аз Тошқӯрғон ҷойгиршуда фаро мегирад.
3. Гӯйиши шарқии дур ё худ бурумсолӣ (деҳаи Бурумсол) деҳаҳоеро дар бар мегирад, ки дуртар аз марказ ҷойгир шудаанд (10, 3).
Вижагиҳои фарқкунандаи ин гӯйишҳо бештар дар тобишҳои овозӣ (фонетикӣ) ва каму беш дар қисмати луғат (лексика) мушоҳида мешавад.
Инчунин дар забони тоҷикони Чин вожаҳои русиву интернатсионалӣ низ ҷой дорад. Чун низоми давлатдории Ҷумҳурии Халқии Чин низоми коммунистӣ буда, нақши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар барқарор намудани сиёсати коммунистӣ муҷассам аст, аз ин рӯ, аз эҳтимол дур нест, ки ин яке аз омилҳои воридшавии калимаҳои русиву интернатсионалӣ ба забонҳои мардуми уйғуру тоҷик ва миллатҳои дигари ин сарзамин гардида бошад. Иловатан, ин минтақа то асри XX ба Туркистони Шарқӣ дохил мешуд ва шояд, ки ин омили дигари ба забони мардуми ин манотиқ иқтибос шудани баъзе вожаҳои русиву интернатсионалӣ шуда бошад, зеро дасти Русияву Инглистон ҳанӯз дар асри XVIII ба ин сарзамин расида буд.
Ба эътирофи олими рус Литвинский Б.А.: «Аксар вақт Осиёи Марказиро Бухорои бузург ва заминҳои шарқии онро Бухорои хурд ном мебаранд, ки он мувофиқи сарчашмаҳои хитоӣ… пас аз ҳамроҳ шудани он (яъне Туркистон Шарқӣ- Н.А., К.Х.) ба Хитой дар миёнаи асри XVIII номи Синзян (дарвозаи оҳанин)-ро гирифт… Дар Шарқ ва сипас дар Аврупову Русия ин вилоятҳоро Туркистон ва баъзан барои фарқ кардан Туркистони Бухоро ва Туркистони Хитой ном мебурданд» (6,4).
Тавре ки ишора шуд, забони сарикӯлӣ дар муҳити бисёрзабонӣ қарор дошта, таҳти таъсири забони уйғурӣ рӯ ба завол овардааст, лекин, ба андешаи аксари тоҷикони Чин, забони эшон ҳанӯз ҳам мукаммалу ғанӣ аст. Ба қавли забоншинос Гулмир (собиқ корманди шӯъбаи равобити байналхалқии Ҳукумати Тошқӯрғон, ҳоло тарҷумон дар ҳукумати Урумчӣ — донандаи забонҳои урдуву форсӣ), забони тоҷикон дар 20-30 соли охир ба забонҳои туркӣ олуда шудааст, ки сабабаш дар интегратсияи мардуми тоҷику уйғур ва муҳоҷир намудани баъзе деҳаҳои дурдасти кӯҳистони тоҷикнишин ба водиҳо мебошад. Сабаби дигари таъсири забони уйғурӣ ба забони тоҷикони Чин ба вазъи иҷтимоиву демографӣ вобаста мебошад. Зимнан, чанд даҳсола қабл тоҷикон нисбат ба қавмиятҳои уйғуру кирғиз ва чағатойҳо нуфузи бештар доштанд, лекин тадриҷан нуфузи тоҷикон коҳиш ёфта истодааст, зеро ки дар ин минтақа соҳаи савдо: хӯроки умумӣ, бозору фурӯшгоҳҳо тақрибан 95% дар дасти уйғурҳо мебошад. Ба гуфтаи мӯҳтарам Гулмир: «Тоҷикон чунин корҳоро наметавонанд ва намекунанд, уйғурҳо бошанд, аз ӯҳдаи чунин корҳо хубтар мебароянд. Мо корчалон нестем». Аз ин рӯ, забон чун падидаи иҷтимоӣ хоҳу нохоҳ таъсири забони уйғурӣ ба забони тоҷикӣ бештар шуда истодааст. Бо вуҷуди ин, забоне, ки ҳазорсолаҳо бидуни хат мавҷудияти худро нигоҳ доштааст, ҳоло низ дар муҳити қавмӣ ҳамаҷониба истифода мешавад.
Воқеан, дар марҳалаи ҷаҳонишавӣ агар чунин забонҳои хурду дурафтода ва бепушту паноҳ агар нигоҳбонӣ ва ҳифз нашаванд, дер ё зуд аз байн рафтанашон аз эҳтимол дур нест. Маҳз аз ин ҷост, ки созмони байналмилалии фарҳангии ЮНЕСКО аз соли 2000 инҷониб 21 февралро бо қарори худ Рӯзи забони модарӣ эълон намуд, то ки ҳар як қавму халқият, сарфи назар аз нуфусашон, забони модарии хешро ҳифзу пуштибонӣ намоянд, то ки ин ганҷинаи бебаҳо — рукни бақои ҳар як халқу миллат нест нашавад, «…ҳатто агар як нафар забони модарии худро пайваста истифода барад, он забон зинда шуморида мешавад» (5,51).
Бесабаб дар банди 2-юми моддаи 4-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид нашудааст, ки: «Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва забони яғнобӣ шароит фароҳам меорад» (4, 5).
Тибқи назарияи пешниҳоднамудаи Ҷ. Фишман, ки ченак ё худ меъёри эҳёи забонҳоро ба ҳашт зина муайян кардааст ва чун забони тоҷикони Чин ба гурӯҳи забонҳои фаъол шомил мебошад, биноан мансубияти он ба зинаи шашум мувофиқат мекунад. Дар ин зина забонҳоеро метавон шомил намуд, ки теъдоди муайяни мардум дар як ҳудуди алоҳидаи демографӣ бо манофеи муштаракдошта зиндагӣ мекунанд, истифода мегардад… Марказу маҳаки асосии эҳёи забон дар ин зина ё худ меъёр оила мебошад, ки мебояд дар баробари таъсири забонҳои бегона, адами мактабу васоити ахбори умум бо забони модарӣ муқовимат карда тавонад ва шароиту муҳити хона (оила) -ҳамсоя -ҷамъиятро фароҳам оварад ва дар он забони модарӣ озод истифода гардад (5, 274-275).
Ҳамин тариқ, ҳоло ки Тоҷикистон хонаи умед ва такягоҳи тамоми тоҷикони ҷаҳон эътироф шудааст, месазад, ки дар мавриди тақдири забони тоҷикони муқими Чин низ ғамхорӣ зоҳир намояд, то забоне, ки дар давлатдории Еттишаҳр он, яъне забони тоҷикӣ «Ба ҳайси забони давлатӣ истифода мешуд» (13,135), завол наёбад ва ҳудуди харитаи (нақшаи) интишори гурӯҳи забонҳои эронӣ ва ҳудуди этникии тоҷикон маҳдуд нагардад ва аз Туркистони Шарқӣ бо насими Хутан бӯйи тоҷикӣ ояд, насиме бо бӯйи тоҷикӣ, ки ҳанӯз дар асри X устод Рӯдакӣ аз он ёд карда буд:
Ҳар бод, ки аз сӯйи Бухоро ба ман ояд,
Бо бӯйи хушу мушку насими Хутан ояд…

А Д А Б И Ё Т

1. Бобохонов М. Таърихи тоҷикони ҷаҳон. – Душанбе: «Ирфон», 2002.
2. Ғафуров Б. Ғ. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби якум. — Душанбе: «Ирфон», 1998.
3. Додыхудоев Р. Х. Памирская микротопонимия (Исследование и материалы). — Душанбе: «Ирфон», 1975.
4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон». — Душанбе, 2010.
5. Нозимов А.А. Национально-языковая характеристика современного Таджикистана. -Душанбе, 2010.
6. Литвинский Т. Н. Исторические судьбы Восточного Туркестана и Средней Азии. — М.: Наука, 1984.
7. Оранский Н. М. Введение в иранскую филологию. — М.: Наука, 1988.
8. Основы иранского языкознания. Древнеиранские языки. — М.: Наука, 1979.
9. Основы иранского языкознания. Среднеиранские языки. — М.: Наука, 1981.
10. Пахалина Т.Н. Сарыкольский язык. — М., 1966.
11. Пахалина Т.Н. Сарыкольско-русский словарь. — М., 1971.
12. Саидов А. Ишораҳое ба таърих ва оинҳои тоҷикони Хитой. — Душанбе, 2006.
13. Шарифов Ҳ. Тоҷикони бурунмарзӣ. — Хуҷанд, 1996.
14. Pam Arlund and Naikrahmon Ibrahim. A Sarikol Tajik Reader. — Urumgi, 2005.
Авторы:
Нозимов А. А. – доктор филологических наук, зав. отделом науки и образования исполнительного аппарата Президента РТ.
Кабиров Х. Ш. — кандидат филологических наук, старший преподаватель кафедры таджикского языка Таджикского национального университета.
Источник: Вестник Таджикского национального университета (научный журнал), № 8 (72), Душанбе: «Сино», 2011, стр. 289-293


Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ

Ёбед: