Мақомҳои берун аз Шашмақом-2


Hoji_Abdulaziz

Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов (1852-1936)

1   2   3   4  

Таҳрири охирин 21.04.2024


Ин гуна сурудҳои классикиро мо шартан «мақомҳои берун аз Шашмақом» номидем. Зеро онҳо ҳарчанд аз тарафи шашмақомхонон иҷро шаванд ҳам, дар гурӯҳбандӣ ба Шашмақоми тоҷик дохил намешаванд.

Бештари ин мақомҳо оҳангҳои мардумии бостонианд, ки таърихи чандинҳазорсола доранд ва дар замони худ ба силсилаи «Дувоздаҳмақом» шомил буданд.

Бахши дигар маҳсули оҳангсозӣ ва такмили ҳунармандони саршинохтаи тоҷик Содирхон Ҳофиз Бобошарифови Хуҷандӣ (1847-1931), Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулови Самарқандӣ (1852-1936), Худойбердӣ Ҳофизи Исфарагӣ бо лақаби Зебопарӣ (1826-1910), Умар Ҳофизи Исфарагӣ (1884-1935), Ака Шариф Ҷӯраеви Дарвозӣ (1896-1966) ва дигаронанд. Ҳофизони шашмақомхони имрӯза (Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев, Наимҷон Маҳкамов ва дигарон) низ баъзе оҳангҳои бостониро такмил додаанд.


Қӯшчинор

Суруди классикӣ

Ба мизроби дигар конуни ишқат соз мекардам,
Навои пардаи Ушшоқат аз Шаҳноз мекардам.
Чу мурғи бепару болам ман аз афтодагӣ, лекин
Ба сӯят бетаваққуф чун нигаҳ парвоз мекардам.
Ба маҳзи лутф сӯйи кулбаи ман мехиромидӣ,
Ба роҳат пардаҳои дида пойандоз мекардам.
Агар дар хоб медидам баногаҳ талъати Лайлӣ
Ҳазор анҷоми Маҷнунро ба як оғоз мекардам.
Хушо аз мисраи султони авранги сухан, Туғрал:
«Ту мерафтию ман сӯзи қиёмат боз мекардам».
МАТНИ ШЕЪР:
Ба мизроби дигар конуни ишқат соз мекардам,
Навои пардаи Ушшоқат аз Шаҳноз мекардам.
Чу мурғи бепару болам ман аз афтодагӣ, лекин
Ба сӯят бетаваққуф чун нигаҳ парвоз мекардам.
Ба маҳзи лутф сӯйи кулбаи ман мехиромидӣ,
Ба роҳат пардаҳои дида пойандоз мекардам.
Агар мебуд дар ҳаҷри ту ҳамчун кӯҳ тамкинам,
Садое мешунидам аз ту, гар овоз мекардам!
Тағофул монеи асрори лутфаш буду ман ҳар дам
Ба рамзе гӯшаи он чашмро ғаммоз мекардам.
Аз он рӯзе, ки дидам дар фани эҳё лаби лаълаш,
Масеҳо мешудам ман, тарки ин эъҷоз мекардам!
Ҳамерафтам ба Тури ишқи ӯ аз баҳри дидораш,
Чу Мӯсо дар таҷаллигоҳи шавқаш роз мекардам.
Агар дар хоб медидам баногаҳ талъати Лайлӣ,
Ҳазор анҷоми Маҷнунро ба як оғоз мекардам!
Ба базми васл з-ангуштам шамими атр меомад,
Агар банди қабояшро баногаҳ боз мекардам.
Намуданд аз сари кӯйи ту бо ман равзаи ҷаннат,
Намебудӣ ту дар ҷаннат, валекин ноз мекардам.
Хушо аз мисраи султони авранги сухан, Туғрал:
«Ту мерафтию ман сӯзи қиёмат соз мекардам!»

Ғазали Туғрал

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Мирсалим Ашуров. Қӯшчинор.mp3

Муноҷот

Суруди классикӣ

Эй фалак, дод аз ҷафоят, дар чӣ ҳолам кардаӣ?!
Рост будам чун алиф, монанди долам кардаӣ!
Охир, эй гардун, задӣ санги маломат бар сарам,
Зери пойи бешуурон поймолам кардаӣ!
Эй сипеҳри бемурувват, ин кадомин шева аст?!
Нола месозам зи дастат, то чу нолам кардаӣ.
Дар ҳавои мӯшикофӣ Туғралам пар мезанад,
То ту, эй гардун, маро дур аз висолам кардаӣ!
МАТНИ ШЕЪР:
Эй фалак, дод аз ҷафоят, дар чӣ ҳолам кардаӣ?!
Рост будам чун алиф, монанди долам кардаӣ!
Охир, эй гардун, задӣ санги маломат бар сарам,
Зери пойи бешуурон поймолам кардаӣ!
Аз чӣ рӯ, эй чарх, чун ман эътиборат дур бод,
Қуръаи беэътибориҳо ба фолам кардаӣ?!
Аз ту, эй Ноҳид, гуфторам навои тоза дошт
В-аз ҳасад, эй чарх, чун Яъқуб лолам кардаӣ!
Оқибат кори ту гар ин буд, эй гардуни дун,
Аз чӣ дар рӯзи азал қисмат камолам кардаӣ?!
Эй сипеҳри бемурувват, ин кадомин шева аст?!
Нола месозам зи дастат, то чу олам кардаӣ!
Буд дар оинаи ман акси сад маънӣ дучор,
Занги ғам бар рӯйи миръоти хаёлам кардаӣ!
Рӯзгоре буд, ки медодам ба чизе ман навол,
Хуни ҳасрат, эй фалак, охир наволам кардаӣ!
Ҳамдамонам нокасони гӯлу аз дониш тиҳӣ,
Суҳбати донишварон амри муҳолам кардаӣ!
Дар ҳавои мӯшикофӣ Туғралам пар мезанад,
То ту, эй гардун, маро дур аз висолам кардаӣ!

Ғазали Туғрал

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Ҷӯрабек Муродов. Муноҷот.mp3

Орзу дорам

Суруди классикӣ, оҳанги устод Фазлиддин Шаҳобов

Шабе, эй маҳ, ба побӯсат расидан орзу дорам,
Ду байт аз лаъли ҷонбахшат шунидан орзу дорам.
Биё, эй дилнишин, дил ҳамчу шамъу ман чу парвона
Туро як дам ба гирди сар паридан орзу дорам.
Гулистонест сар то поят, эй ғоратгари дилҳо,
Гули васле аз ин гулзор чидан орзу дорам.
Мани лабташна қурбонат шавам дар водии ҳиҷрон,
Зи теғат шарбати обе чашидан орзу дорам.
[Сарат гардам, кам он нозат аз бас чошнӣ дорад,
Лаби лаъли туро ҳар гаҳ макидан орзу дорам.]
Чу шамъи зинда дар базми висолат то саҳар сӯзон
Сари худро ба пойи хеш дидан орзу дорам.
Туро гуфтам дигар, Қассоб, як шаб дар сари кӯяш
Тапидан, ҷон супурдан, орамидан орзу дорам.
МАТНИ ШЕЪР:
Шабе, эй маҳ ба побӯсат расидан орзу дорам,
Ду байт аз лаъли ҷонбахшат шунидан орзу дорам.
Нишинӣ дар бисоти дил чу шамъу ман чу парвона,
Туро як сар ба гирди сар паридан орзу дорам.
Гулистон аст сар то поят, эй ғоратгари дилҳо,
Гули васле аз ин гулзор чидан орзу дорам.
Мани лабташна қурбонат шавам дар водии ҳиҷрон,
Зи теғат шарбати обе чашидан орзу дорам.
Чу шамъи зинда дар базми висолат то саҳар сӯзон,
Сари худро ба пойи хеш дидан орзу дорам.
Туро гуфтам дигар, Қассоб, як шаб дар сари кӯяш
Тапидан, ҷон бидуни орамидан орзу дорам.

Ғазали Қассоби Кошонӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Устод Фазлиддин Шаҳобов. Орзу дорам.mp3

Савти Мискин

Суруди классикӣ, аз силсилаи мақомҳои фарғонагӣ (исфарагӣ)
(мақоми Баёт)

Шудам бемор, баҳри пурсиши ман ёр меояд,
Масеҳо бар сари болини ин бемор меояд.
Камоли ишқи ошиқ мекунад маъшуқро ошиқ,
Ба завқи Кӯҳкан Ширин дар ин кӯҳсор меояд.
Саҳар булбул ба гӯши ғунчаҳо мекард фарёде,
Шамидан бӯйи гул аз нолаҳои зор меояд.
Ғарибам, нотавон афтодаам бемор дар кӯят,
Саги кӯйи туро аз пурсиши ман ор меояд.
Амири анҷуман таклифи ишрат мекунад як дам,
Нафас, дар сина сокит бош, ки имшаб ёр меояд.
МАТНИ ШЕЪР:
Шудам бемор, баҳри пурсиши ман ёр меояд,
Масеҳо бар сари болини ин бемор меояд.
Камоли ишқи ошиқ мекунад маъшуқро ошиқ,
Ба завқи Кӯҳкан Ширин дар ин кӯҳсор меояд.
Саҳар булбул ба гӯши ғунчаҳо мекард фарёде,
Шунидам бӯйи гул аз нолаҳои зор меояд.
Сари Мансур дар базми шаҳодат гуфт дар гӯшам:
Ҳамин меъроҷи ошиқ то ба пойи дор меояд.
Лаби лаъли ту то пинҳон шуд аз чашми гуҳарборам,
Гудози дил маро аз дидаи хунбор меояд.
Ба сад уммед дар оғӯши тан парвардаам ҷоне,
Ки рӯзе дар тавофи кӯйи ҷонон кор меояд.
Ғарибам, нотавон афтодаам бемор дар кӯят,
Саги кӯйи туро аз пурсиши ман ор меояд.
Қадам дар дидаи ман ранҷа фармо, ҷой дар дил кун,
Ба меҳмондориат ҷон медиҳам, ағёр меояд.
Дили ман аз саводи зулфи ӯ худро ба савдо зад,
Ҳар он девона шуд дилгир, дар бозор меояд.
Ба дил меҳри рухат парвардаам, аз шавқи гесӯят,
Ки ҳар ҷо ганҷ бошад, бар сари ӯ мор меояд.
Зи арши дил надонӣ, мерасонад ҳотифи маънӣ,
Нафасро пос дор, ар гунбади даввор меояд.
Амири анҷуман таклифи ишрат мекунад як дам,
Нафас, дар сина сокит бош, имшаб ёр меояд.

Ғазали Амир

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Ҷӯрабек Муродов. Савти Мискин.mp3

Савти Муноҷот

Суруди классикӣ

Соқӣ, баромад абри баҳорон,
Шуд сабза пургул, хуррам зи борон.
Жола гуҳар рехт дар ҷоми лола,
Лола алам зад дар кӯҳсорон.
Наргис кушода чашме бар ахтар,
Шаб то саҳар гашт шабзиндадорон.
Саҳро гирифта хилватнишинон,
Паймон шикаста парҳезгорон.
Хуш он, ки гирам чун лола соғар,
Бар рӯйи сабза бо гулъузорон.
Ҷомӣ, хамӯш кун, к-ин сода гулро
Мисли ту булбул бошад ҳазорон.
МАТНИ ШЕЪР:
Соқӣ, баромад абри баҳорон,
Шуд сабзаву гул хуррам зи борон.
Жола гуҳар рехт дар ҷоми лола,
Лола алам зад бар кӯҳсорон.
Наргис кушода чашме бар ахтар,
Шаб то саҳар чун шабзиндадорон.
Саҳро гирифтанд хилватнишинон,
Паймон шикастанд парҳезгорон.
Хуш он ки гирад чун лола соғар
Бар рӯйи сабза бо гулъузорон.
Карда бунафша бар фавти фурсат,
Дуроҳа нилӣ чун сӯгворон.
Ҷомӣ, хамӯш кун, к-он тозагулро
Ҳамчун ту булбул бошад ҳазорон!

Ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Ҷӯрабек Муродов. Савти Муноҷот.mp3

Сегоҳ

Суруди классикӣ, аз силсилаи мақомҳои фарғонагӣ (исфарагӣ)

Ҷон шуд зи сӯзу ҳаҷр чунон зору беқарор,
Сирҳои ман ба аҳли ҷаҳон гашт ошкор,
Мардум зи таъна ранҷиши ман карда ихтиёр,
Ту ҳам зи ҳаҷр кардӣ дили пораам фигор,
Монанди лола мағзи дилам гашт доғ-доғ.
Аз ҷабру фурқатат намонд тобу тоқатам,
Бо зӯри ашк рафт қарору қарору матонатам,
Хам шуд чунон зи бори ғамат сарви қоматам,
Умеди ман — висоли ту,
Дигар чӣ ҳаст ҳоҷатам?!
Дигар чӣ ҳаст ҳоҷатам?!
Умеди ман — висоли ту,
Дигар чӣ ҳаст ҳоҷатам?!
Дигар чӣ ҳаст ҳоҷатам?!
Лекин ба базми ҳар кӣ бин масту бахтиёр.

Ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Ҷӯрабек Муродов. Сегоҳ.mp3

Соқиномаи Баёт

Суруди классикӣ, аз силсилаи мақомҳои фарғонагӣ (исфарагӣ)
(мақоми Баёт)

Дило, то кай ҳамеҷӯйӣ манеро,
Чӣ дорӣ дӯст ҳарза душманеро?
Чаро ҷӯйӣ вафо аз бевафое?
Чӣ кӯбӣ беҳуда сард оҳанеро?
Аё савсан, баногӯше, ки дорӣ,
Ба рашки хештан ҳар савсанеро!
Яке з-ин барзани нороҳ бар шав,
Ки бар оташ нишонӣ барзанеро.
Дилам чун арзане, ишқи ту кӯҳе,
Чӣ сойӣ зери кӯҳе арзанеро?
Бубахшо, эй писар, бар ман бубахшо,
Ба ҳуш аз ишқ тира чун манеро.
Биё, инак нигаҳ кун Рӯдакиро,
Агар беҷон равон хоҳӣ танеро.

Ғазали Рӯдакӣ

Танавор (Дарди ман боло гирифт)

Суруди классикӣ, аз силсилаи мақомҳои фарғонагӣ (исфарагӣ).
Интихоби матн ва нахустиҷрои Ҷӯрабек Набиев

Бе ту танҳоӣ кашидам, дарди ман боло гирифт,
Дид ранги ман табибу дар бари ман ҷо гирифт.
Ёри бепарвои ман аз ман хабардорӣ накард,
Гарчи дуди оҳи оташбори ман дунё гирифт.
Аз шукуфтанҳои гулҳо боғҳо гулгун шуданд,
Ғунчаи уммеди ман як гӯшаи саҳро гирифт.
[Ошиқӣ, эй дардмандон, дарди бедармон будаст,
Оташи сӯзони ҳиҷрон дар дилам маъво гирифт.]
Аз яке пурсон шудам, ки ёри ман бе ман чӣ кард,
Гуфт бе ту бо дигарҳо соғару мино гирифт.
[Дил тапидан дошт аз тафси даруни синаам,
Рафт ором аз насими соҳили дарё гирифт.]

Ғазали Турсунзода

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Ҷумъабой Қӯзиев. Танавор.mp3

Танавор (2)

Суруди классикӣ, аз силсилаи мақомҳои фарғонагӣ (исфарагӣ)

Дил ба тоқи абруи ӯ майпарастӣ мекунад,
Чун кабӯтар дар равоқи Каъба мастӣ мекунад.
Аз баландӣ кай расам дар зурваи он остон,
Толеи иқболи сустам сахт пастӣ мекунад.
Ҳеҷ кас дар ишқи Лайлӣ нест ин ҷо устувор,
Кай чу Маҷнун дигаре даъвои ҳастӣ мекунад?
Фикри мавзунам кунун, Туғрал, дар иқлими сухан,
Ҳукми девони вазорат чун Маҳастӣ мекунад.
МАТНИ ШЕЪР:
Дил ба тоқи абруи ӯ майпарастӣ мекунад,
Чун кабӯтар дар равоқи Каъба мастӣ мекунад.
Аз баландӣ кай расам дар зурваи он остон,
Толеи иқболи сустам сахт пастӣ мекунад.
Сурма дорад орзу чашм аз ғубори мақдамаш,
Хоки пояшро ҷабинам пешдастӣ мекунад.
Ҳеҷ кас дар ишқи Лайлӣ нест ин ҷо устувор,
Кай чу Маҷнун дигаре даъвои ҳастӣ мекунад?
Аҷз бошад дар талаб шамъи далели муддао,
Сад дуруст аз мумиё як дилшикастӣ мекунад.
Фикри мавзунам кунун, Туғрал, дар иқлими сухан,
Ҳукми девони вазорат чун Маҳастӣ мекунад.

Ғазали Туғрал

Танавор (Танавори Лоиқ)

Суруди классикӣ, аз силсилаи мақомҳои фарғонагӣ (исфарагӣ)

Ду чашми шуълавар дорӣ, манам парвонаи чашмат,
Мани бехонаро боре бихон бар хонаи чашмат.
Нигоҳат мебарад чашми маро чун шуълаи хуршед,
Ҳама девонаи рӯят, манам девонаи чашмат.
Ҳама афсонаҳои мардумони даҳрро хондам,
Намеарзанд бар як ҷодуи афсонаи чашмат.
Агарчанде, ки аз ман дурию бегонагӣ хоҳӣ,
Маронам аз дари чашмат, макун бегонаи чашмат,
Бисоти умри ман ғорат шуд, аммо боз мехоҳам
Нигаҳҳои хуморолудаю дуздонаи чашмат…

Ғазали Лоиқ

Уфари Муноҷот

Суруди классикӣ

Гул бе рухи ёр хуш набошад,
Бе бода баҳор хуш набошад.
Тарфи чаману тавофи бӯстон,
Бе лолаузор хуш набошад.
Рақсидани сарву ҳолати гул
Бе савти ҳазор хуш набошад.
Бо ёри шакарлабу гуландом
Бе бӯсу канор набошад.
Ҷон нақди муҳаққар аст, Ҳофиз,
Аз баҳри нисор хуш набошад.
МАТНИ ШЕЪР:
Гул бе рухи ёр хуш набошад,
Бе бода баҳор хуш набошад.
Тарфи чаману тавофи бӯстон,
Бе лолаузор хуш набошад.
Рақсидани сарву ҳолати гул
Бе савти ҳазор хуш набошад.
Бо ёри шакарлабу гуландом
Бе бӯсу канор набошад.
Ҳар нақш, ки дасти ақл бандад,
Ҷуз нақши нигор хуш набошад.
Ҷон нақди муҳаққар аст, Ҳофиз,
Аз баҳри нисор хуш набошад.

Ғазали Ҳофиз

MP3 — фаро кашед ё бишнавед:

1. Ҷӯрабек Муродов. Уфари Муноҷот.mp3

1   2   3   4  

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

гузориш 13

  1. Салом ба муаллифону идоракунандагони ин сомона!
    ташаккур ба Шумо, ки чунин сомонаеро сохтаед, аммо як камбудӣ вуҷуд дорад. Агар имконият бошад чунин созед, ки ҳамаи сабтҳоро ба як бор фарогир кардан шавад.
    Қаблан сипосгузорам бар Шумо!
    Бо эҳтиром Фазлиддин.

  2. Ташаккури зиёд барои мехнататон. Дастатон дард набинад.

  3. Қӯшчинори Таҳмина Ниёзова (иҷроиши классикӣ набошад ҳам) дар youtube мавҷуд аст, метавонед илова намоед 🙂 ва ташаккури зиёд ба созандагони ин сомона!

  4. Ростӣ ҳеҷ бовариам намеомад, ки ҳаминхел равзана (сайт) вуҷуд дорад. Ман аз ҳаммаи шумоён бисёре миннатдор ва қарздорам. Агар 322 миллион доллар медоштам 300 миллионашро садақа мекардам, 22 миллиони дигарро ба шумоён тӯҳфа мекардам, вале ҳаммаи ин дар назди хизматҳои шумоён ҳеҷ аст.

    • Саломат бошед. Барои ман 10 сомони накд хам кифоя. :))

      • ман омодааам, ба куҷо, чи тавр супорам?

        • Суратхисоб дар сахифааи «Мо».

          • «мо» — ?
            шуморо нафаҳмидан, агар мумкин бошад муфассалтар мефаҳмондед!?
            Ман дар Самарқанд ҳаёт ба сар мебарам.
            Бо кадом бонки Ӯзбакистонӣ ҳамкорӣ доред?

          • узр…!
            фаҳмидам!
            Аз Ӯзбакистонҳам ба ҳамон рақамҳо фиристем мешавад?

  5. Cалом. Як чахон ташаккур барои созандагони ин сомона. Баъдан мехостам фахмам, ки чаро суруди классикии «Кушчинор»-ро (ба мизроби дигар конун зи ишкат соз мекардам) барои шунидан (МП3) вучуд надорад?? Хохиш мекунам агар илочаш бошад!!

    • Ташаккур. Хуршедшох! Ин кор дар назар аст.

    • бале
      интизораш ҳастем

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.