“МАСТЧОҲ” НЕ, “МАСЧО”

Абдуҳамид Тағоев / Янв.12.2014. / 2 комментария

Дар ислоҳи яке аз ҷойном ё топонимҳои Тоҷикистон пешрафти хурде ҳосил гашт. Нашрияи давлатии “Ҷумҳурият” сафаргуфтаҳои нависандаи саршиноси тоҷик mas
Абдулҳамиди Самадро зери унвони “Достони нотамоми Масчоҳ” ба нашр расонд. Вале шояд як тасҳеҳи дигар ҳам зарур аст, ки ҳарфи “ҳ” дар охири ин ҷойном ё топоним низ ихтисор шавад. Он гоҳ об ба лаби ҷӯй баробар хоҳад гашт.
Чаро? Зеро ягон нафар аз зодагони саргаҳи Зарафшон зодбуми худро “Мастчоҳ” наменомад ва онҳое, ки ба ин мавзеъ сафар кардаанд ё бо мардуми он шинухез доштаанд, низ номи маҳалро “Масчо” ё “Маччо” таллафуз мекунанд.
Устод Абдулҳамид ҳамон гуна, ки устод Айнӣ дар соли 1940 қад-қадди рӯди Зарафшон саросари ноҳияи Панҷекатро гашту чанд матлаби мондагор навишт (зимнан, “Панҷакент” ҳам бояд “Панҷекат” хонда ва навишта шавад), ба деҳоти болооби ин дарё қадам ниҳод ва очерки ҷолибе офарид. Ва ҳам дар матну ҳам дар сарлавҳа на “Мастчоҳ”, балки “Масчоҳ” навишт. Оқилон хурдтарин корро ҳам бе сабаб намекунанд.
Аммо магар ҷои тааҷҷуб нест, ки устод Айнӣ дар ҳама ҷо “Мастчоҳ” навиштааст. Аввалан, мешавад, ҳадс зад, ки шояд ин натиҷаи кори котибонест, ки осори эшонро ба хатти кириллӣ бармегардонданд, зеро устод бо ҳуруфи форсӣ менавишт ва дигарон навиштаҳои он касро ба кириллӣ мечиданд. Вале, фаромӯш накунем, ки Айнӣ як муҳаррири дақиқкор буд ва аз ин лиҳоз имкон надошт, иштибоҳе дар матни зери имзои ӯ роҳ ёбад. Ҳамзамон ному истилоҳотеро метавон дар ин осор дид, ки ба ин ё он сабаб, дар шакли хоссе зуҳур кардаанд. Барои намуна, Панҷекат гоҳо дар шакли “Панҷакат” омадааст ва гоҳи дигар “Панҷакент”. Ва ё номи деҳае, ки имрӯз “Такфон” хонда мешавад, дар осори Айнӣ бо номи “Тахтфон” сабт гаштааст.
Гумон мекунам, дар мавриди “Мастчоҳ” эҳтимол Айнӣ талош кард, “Масчо” ё “Маччо”-и, ба истилоҳ, “халқӣ” ё гӯиши авомро “адабӣ” кунад ва ҳамзамон аз эҳтимол дур нест, ки чунин навишт зери таъсири осори шарқшиносони садаҳои 18 ва 19-и рус низ ба вуқӯъ пайваста бошад. Онҳо дар ҳама ҷо барои таъкид бар ташдиди “ч” “Матча” навиштаанд. Аз сӯи дигар шояд калимаи “Масчинский”-ро барои таллафузи худ душвор дониставу онро “Матчинский” сабт намудаанд. Он гуна ки қатокӯҳи Суғдро дар нақшаҳои худ “Туркистон” ном карданд.
Агар ба номаҳои сафири Петри 1 дар Бухоро, Флорио Беневенӣ, ки миёни солҳои 1718 то 1725 навишта шудаанд, нигоҳ кунем, мебинем, чӣ ҳараҷу мараҷе дар ҷойномҳои форсию туркии минтақа роҳ ёфтааст. Бархе аз онҳо бо мурури замон ва ошноии бештари русҳову ғарбиён бо забони мардуми минтақа ислоҳ шуданд, вале бархи дигарро ҳукумати Шӯроҳо “қонунӣ” кард. Барои намуна, дар ин номаҳо Тошканд гоҳо “Таскент” ва ҷое ҳам “Шошкант” (аз “Чочканд”) навишта шуда ва Андиҷон, масалан, “Идизан” омадааст. (Посланник Петра 1 на Востоке. Москва, “Наука”, с. 1986)
Аммо дар осори ҷаҳонгардон ва ҷуғрофидонҳои арабзабон, аз ҷумла “Китоб-ул-масолик-вал-мамолик”-и Ибни Ҳавкал (асри Х) саргаҳи рӯди Зарафшон (он замон Суғд) “Масҳо” номида шудааст. Дар зимн, ин аввалин зикри топоними мазкур шумурда шуда, он куллан дар рисолаҳои қадимии шарқиён хеле кам ба назар расидааст. Аз олимони садаи 20, онҳое, ки катибаҳои бостонӣ ё вижагиҳои гӯишу этнографияи Масчоро пажӯҳидаанд, ба монанди А. Мухторов, Н. Неъматов, А. Хромов, М.С. Андреев, М. Ҳомидҷонова, Р. Абдулҳаев ва дигарон кандукови кофие дар топоним анҷом надодаанд.
Ёфтани реша ва маънои ин ҷойном кори осон ҳам набудаву нест, зеро то ҳанӯз калиде барои боз кардани маънии “Масчо” ба даст наомадааст. Нависандаи саршиноси тоҷик, зодаи ин мавзеъ – Муҳаммадзамони Солеҳ мегуфт, он аз “Массҳо”, яъне “массагетҳо” пайдо шудааст. Бархи дигар ин ҷойномро ба “Машо”-и “Авесто” рабт медиҳанд. Ва ақидае низ садо додааст, ки ном ба ойини митроӣ бармегардад. Лек то ҳол фарзияе пешниҳод нашудааст, ки ҷое барои шубҳа боқӣ нагузорад ва комилан қобили қабул бошад.
Аммо чаро устод Айнӣ ба “Мастчоҳ” бартарӣ дод, дар ҳоле ки устоди ӯ, донишманди бузург Аҳмади Дониш дар “Таърихча”-и худ номи маҳалро “Масчо” сабт кардааст: “Ва алҳақ давлати салотини мамолики Мовароуннаҳр бисёр хурд аст, чунки заминашон маҳдуд. Маазолика дар он панҷ-шаш нафар даъвои истиқлол доранд – аз Қуқанд ва Қошғар ва Хоразм ва Бухоро ва баъзе майдазаминҳо чун Ҳисор ва Масчо ва Кӯлоб.”
Муносибати Айнӣ ба Мастчоҳ дар мақолаи ӯ зери унвони “Тоҷикони кӯҳистон” рӯшан ба чашм мехӯрад. Вай аз ҷумла навиштааст: “Тоҷикони кӯҳистон мисли сойири кӯҳистониҳо қадре дурушт ва зудхашманд.” “Шеъру адабиётро дӯст медоранд. Шоирҳои он ҷо мисли шоирҳои шаҳрӣ қоидадон нестанд, устод надидаанд ва шеърашон аз ғалбери танқид нагузаштааст, маазолик, шоиранд ва истеъдоди шеърии худро ҳар вақт намоён карда меистанд.” Дар мақолаи дигараш – “Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон” устод Айнӣ лаҳҷаи Самарқанд, Ӯротеппа ва Хуҷандро танқид мекунад ва мегӯяд, бояд аз забони кӯҳистониёни “Фалғар – Мастчоҳ гирифта, то Қаротегин ва Дарвоз” истифода шавад.
Айнӣ бо вуҷуди адли илмияш намояндаи фарҳанги шаҳрии тоҷикон буд ва дар Бухорои айёми ҷавонии вай муборизаи сулолаҳои қудратталаб дар ин пойтахти сиёсӣ ва дини минтақа идома дошт. Шояд амири Бухоро гурӯҳҳои гуногуни тоҷикон, аз ҷумла шаҳриёну рустоиёнро ба ҷони ҳамдигар меандохт, то ҳокимияти худро эмин дорад. Дар ин кашокашҳо бархе худро “бухороии асил” ва дигаронро “омада” мешумурданд. Онҳо “омадаҳо”-ро ғолибан “маччоӣ” низ меномиданд ва ин як истилоҳ шуда буд.
Аз қазо нақши ин вожа ҳамчун истилоҳи нажодпарастона дар даврони шӯравӣ низ идома кард. Гурӯҳҳои бонуфузи сиёсӣ дар Хуҷанд байни худ зодагони ҳамаи маҳалҳои дигар, аз ҷумла Истаравшану Ғончию Ашту Исфараро ҷамъан “маччоӣ” меномиданд ва ин истилоҳе буд барои “омадаҳо” ё “сойовардаҳо”. Ҳикоят мекунанд, як шахс дар ин шаҳр баъд аз ошноии наздиктар бо кӯлобиҳо, ки онҳоро ҳам “маччоӣ” меномидааст, гуфтааст, танҳо акнун фаҳмидааст, ки “маччоиҳои худамон беҳтар будаанд.”
Кӯтоҳи сухан, фарҳанги ҷойафтода наметавонист ба Айнӣ таъсиргузор набошад ва ҳамчун адиби инсонпарвар ӯ талош кардааст, топоними “Мастчоҳ” ҷойгузини “Маччо” ё “Масчо” гашта, то андозае он тобиши тавҳиномезро бартараф намояд ё ҳадди ақал ёдовари он набошад. Иттифоқан, як омили таъсиргузори дигар аз он ҷо маншаъ мегирифт, ки дар солҳои 1920-30 Масчо ба яке аз марказҳои муборизаи зидди болшевикон табдил ёфта буд ва бори дигар барои андешаи ҳокими вақт рӯйи “Масчо” ё “Маччо” сояеро фуруд меовард.
Ҳоло суол ин аст, ки чаро бояд варианти ғалати номи як ноҳия, ки зимни сиёсатзадагиҳо ва ҳамчун мероси номгузории русҳо ва хилофи ҳақиқати таърихию воқеӣ ба миён омадааст, ҳифз карда шавад? Дар солҳои шӯравӣ мо тавонистем, номи Шаҳритузро ба Шаҳритӯс табдил диҳем. Қаротегин Рашт шуд. Эҳёи номи Хуҷанд ба ҷои Ленинобод яке аз комёбиҳои бузурги кишвар буд. Солҳои охир хеле аз топонимҳо дар Тоҷикистон иваз шуданд, вале Мастчоҳ ҳамон хел Мастчоҳ монд ва ба ёди касе нарасид.
Такрор шавад ҳам мегӯям, шояд сабаб дар он буд, ки дар ягон шаклаш маънии аслии ин ҷойном шарҳи илмӣ пайдо накард, то ҳусну қубҳи ҳар вариант рӯшан гардад. Муаллифони китобчаи “Аз таърихи Мастчоҳ” (Хуҷанд, 1996) менависанд, баъзеҳо Мастчоҳро бо тамасхур Чоҳи мастҳо меноманд ва гӯё амирони Бухоро мардуми бадмасту авбошро ба ин гӯшаи дур бадарға мекардаанд. Чунин тавзеҳ дар ягон мадраки таърихӣ дида нашудааст ва боз хоҳам гуфт, ин як ғалати донистаи онҳоест, ки он вақт дар сари кор буданду шояд бархӯрди муайяне доштанд.
Нависандагони ин асар суоли баҷо пеш меоранд. Онҳо мегӯянд, вақте ки номи қариб ҳамаи деҳаҳои Масчо (Ғузн, Падрох, Арнохун, Муждиф, Табушн, Виткон, Узвор, Камодон, Пакшиф, Резгиф, Рогиф, Худгиф, Ланглиф ва ғайра) суғдиянд ё беҳтараш бигӯем, тоҷикии имрӯза нестанд, чаро маънии номи умумии мавзеъро бояд ба тоҷикии имрӯза ҷуст?
Иттифоқан, ин китобча аз тарафи ҳукумат ва Бунёди забони ноҳия нашр шудааст. Пас оё имкон надорад, як назарсанҷие баргузор карду аз мардум пурсид, ки оё номи ҳозираи ноҳияро қабул доранд ё на? Сад дарсад бар инам, ки касе аз мардуми ноҳия барои “Мастчоҳ” раъй нахоҳад дод ва ҳамагон тағйиру ислоҳи онро талаб хоҳанд кард. Ноҳия бояд “Маччо” ном гирад ё беҳтараш “Масчо”.
Салими Аюбзод
Источник: аюбзод.вордпресс.ком


2 комментария Андешаатонро баён кунед

  • Ман як сурудро аз Мастчоҳ ҷустуҷӯ карда истодаам, ёрдам медиҳед, mp3 ё ки видеоша аз куҷо гирифтан?

    Ҷавон:
    Руст мешавамо, рӯма набинад додот,
    Эй духтари ҳамсоя, мурам дар қошот.
    Эй духтари ҳамсоя, дилам хун кардӣ,
    Фарҳод будамо, ту мана Маҷнун кардӣ.
    Духтар:
    Эй баччаи ҳамсоя, аҷаб нодунӣ,
    То кай мани сӯхтагира месӯзунӣ.
    Ду рӯзи дигар дастот ба қултуқ гардӣ,
    Ман мераваму ту аз манам мемунӣ.
    Ҷавон:
    Валлоҳ, ба Худо, ки рост гуфтӣ, духтар,
    Дорӣ ту аҷаб як падари бадгавҳар.
    Имрӯз агар рӯма намолам ба дараш,
    Фардо нигарам, ки тура додай шавҳар.
    Духтар:
    Эй баччаяке, акнун даромад ҳушат,
    Гапҳои маро шунав ба ҳар ду гӯшат.
    Ин бега агар ҳеҷибият дер мунад,
    То рӯзи қиёмат хунукай оғӯшат.

    Ҳар ду:
    То рӯзи қиёмат ҳар ду як ҷо бошем,
    Худо накунад, ману ту ҷудо бошем
    = Это песенный жанр (шутливая импровизация) в исполнении жителей Горной Матчи, редко встречаемый в периодике. =

    • Алҳол ин бадеҳа (дуэт) дар ман нест, албатта ҷустуҷӯ дорам. Шояд, хонандагон ва корвандони торнамо кӯмак мекунанд?

Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ


7 − 6 =


error: Content is protected !!