Б. Ғафуров. Тоҷикон. Фасли 6, боби 1

Абдуҳамид Тағоев / Июл.19.2013. / Гузориш нест

Фасли шашум
ТОҶИКОН ДАР ДАВРАИ БА РОССИЯ
ҲАМРОҲ ШУДАНИ ОСИЁИ МИЁНА ВА ТАРАҚҚИЁТИ
МУНОСИБАТҲОИ КАПИТАЛИСТӢ ДАР ИН САРЗАМИН

Боби якум
ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР ДАВРАИ БА РОССИЯ ҲАМРОҲ ШУДАНИ ОСИЁИ МИЁНА

1. ОҒО3И БА РОССИЯ ҲАМРОҲ ШУДАНИ ОСИЁИ МИЁНА

Инкишофи минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию сиёсии Россия бо давлатҳои Осиёи Миёна

Чунон ки дар боло қайд карда шуд, ҳукумати подшоҳии рус саъй менамуд, ки бо роҳи иқтисодӣ ва дипломатӣ мавқеи худро дар Осиёи Миёна мустаҳкам карда, нуфузи ҳукмфармои худро дар Бухоро, Хева ва Хӯқанд пойдор гардонад. Дар охири солҳои чилум ва ибтидои солҳои панҷоҳуми асри ХIХ кӯшишҳои Британия дар роҳи вусъат додани тиҷорат ва дасисаҳои сиёсии он Петербургро ба ташвиш андохта, дар вай хавфи ҷиддии аз даст рафтани бозори осиёи миёнагии молҳои рус ва дар ҳудуди ҷанубии Россия устувор гардидани мавқеи ҳарифони хатарнокро ба вуҷуд овард. Аз ин рӯ, ҳукумати подшоҳӣ барои инкишофи минбаъдаи муносибатҳо бо давлатҳои хонии Осиёи Миёна ҳаракат намуда, дар айни замон ба мақсади барқарор кардани ҳукмронии худ дар он сарзамин иқдомоти ҳарбӣ низ ба амал овард.
Дар соли 1847 қӯшуни ҳукумати подшоҳӣ ба соҳилҳои баҳри Арал расид. Дар ин ҷо бо унвони Раим истеҳкоме бино карда шуд, ки баъдҳо номи Қалъачаи Аралро ба худ гирифт. Ин истеҳком ва дигар қалъаҳои соҳили баҳри Арал барои он сохта шуда буданд, ки ҳаракати бемонеаи корвонҳои тиҷоратӣ ба дарунтари Осиёи Миёна таъмин гардад. Дар худи ҳамин вақт дастаи дигаре, ки аз ҷониби Сибир ба Осиёи Миёна ҳаракат мекард, ба Ҳафтрӯд расид. Ба ин тариқа, қувваҳои ҳарбии ҳукумати подшоҳӣ аэ ду тараф – аз Оренбург ва Омск ба заминҳои яйлоқии аз қазоқҳо ва қирғизҳо кашидагирифтаи давлати хонии Хӯқанд наздик шуданд.
Ишғоли қалъаи Оқмачити Хӯқанд (истеҳкоми Перовский, Қизил Ӯрдаи ҳозира), ки соли 1853 пас аз муҳосира ва ҳамлаи дастаи ҷанговарони рус таҳти фармондеҳии генерал-губернатори Оренбург В.А.Перовский ба вуқӯъ пайваст, дар роҳи ҳаракати минбаъдаи қӯшунҳои ҳукумати подшоҳӣ марҳалаи муҳимме гардид. Ҳамон сол аввалин роҳи обии Россия ба Осиёи Миёна кушода шуд ва киштиҳои рус ба шино кардан аз баҳри Арал ба самти саргаҳи дарёҳои Сир ва Аму шурӯъ намуданд. Пас аз ин қад-қади соҳилҳои дарёи Сир як қатор нуқтаҳои муқовимат сохта, хатти истеҳкомоти Сирдарё ба вуҷуд оварда шуд. Дар тарафи шарқии Осиёи Миёна хатти истеҳкомоти Сибир ба он мутобиқат менамуд. Аҳолии маҳаллӣ қазоқҳо ва қарақалпоқҳо, ки дучори зулму тааддии давлатҳои Хӯқанд ва Хева гардида буданд, ба қӯшунҳои ҳукумати подшоҳии рус фаъолона кӯмак мерасониданд.
Петербург дар баробари ба амал овардани иқдомоти ҳарбӣ саъю кӯшишҳои худро дар бобати ба василаҳои дипломатӣ «кушодани» роҳи васеи ба Хева ва Бухоро дохил шудани молҳои рус низ идома медод. Баъди тамом шудани ҷанги Қрим, ки як муддат диққати доираҳои ҳукмрони империяи Россияро аз Осиёи Миёна дур карда буд, соли 1858 ба аморати Бухоро ва хонии Хева бо сардории полковник Н.П.Игнатев намояндагии дипломатӣ фиристода шуд. Гуфтушуниди ин намояндагӣ дар давлати хонии Хева ягон натиҷае надод. Аммо дар аморати Бухоро ба Игнатев муяссар шуд, ки баъзе муваффақиятҳо ба даст оварад. Амир Насрулло, ки бо хони Хӯқанд ҷанг мекард, бо умеди пуштибонӣ дидан аз давлати Рус ҳайъати сафоратро ба хушӣ пазируфт ва барои савдогарони рус имтиёзҳои муайяне ваъда дод. Лекин амалӣ намудани мувофиқати ҳосилшуда ниҳоят дараҷа душвор гардид. Худи Игнатев ҳам фаҳмид, ки ҳукуматҳои хонӣ (қабл аз ҳама, ҳукумати Хева) ба мушоҳидаҳои пешина аҳамияте намедиҳанд: дар Хева ҳатто матни қарордодеро, ки дар натиҷаи ба давлати хонӣ ташриф овардани П. Никифоров ва Г. Данилевский баста шуда буд, ёфта натавонистанд…
Империяи Россия ба хулосае омад, ки барои расидан ба мақсадҳои сиёсӣ ва иқтисодии худ дар Осиёи Миёна бояд қувваҳои мусаллаҳро ба кор андохт. Ин ният аз он сабаб ҳам қувват мегирифт, ки пас аз ҷанги Қрим нисбат ба давлатҳои тараққикардаи аврупоӣ заифтар будани Россияи подшоҳӣ аён гардид ва Осиёи Миёна ҳамчун бозори каму беш замонатдори молҳои саноатии рус дар пеши назари доираҳои ҳукмрон ва соҳибкорони мамлакат аҳамияти махсусе пайдо намуд. Ваҷҳи охирӣ бо тараққиёти сареи муносибатҳои капиталистӣ дар Россияи нимаи дувуми асри ХIХ, хусусан пас аз бекор кардани ҳуқуқи крепостноӣ хеле сахт алоқаманд буд. Корхонаҳои нави саноатӣ ба вуҷуд меомаданд. Муҳимтарин соҳаи саноат – бофандагӣ, ки бо таъмини пахта вобаста буд, бо суръати тамом вусъат меёфт. Тараққиёти иқтисодӣ ба даст овардани бозорҳои нави фурӯши мол, манбаъҳои нави маводи хом ва василаҳои нави алоқаро талаб мекард.
Илова бар ин, амалиёти фаъолонаи давлати Рус дар Осиёи Миёна на фақат хавфи аз тарафи Англия истило шудани ин сарзаминро бартараф мекард, балки, баръакс, Россияро ба ҳудуди мулкҳои шарқии Британия наздиктар менамуд. Ба ҳамин восита Петербург қусури шикасти ҷанги Қримро гирифтанӣ ва мавқеи худро дар Европа мустаҳкам карданӣ буд. Аз ин рӯ, сар даровардан ба дарунтари Осиёи Миёна бо мақсад ва манфиатҳои ҳам помешикон ва ҳам доираҳои буржуазии империяи Россия мувофиқат мекард.
Мо дар баробари таъкид намудани омезиши сабабҳои иқтисодӣ ва сиёсие, ки Петербург дар муайян кардани нақшаи фаъолияти худ нисбат ба давлатҳои Осиёи Миёна онҳоро ба асос мегирифт, мавқеи дараҷаи аввал доштани омилҳои иқтисодиро бояд дар назар дошта бошем . В.И.Ленин дар мақолаи «Боз доир ба масъалаи назарияи реализатсия» маҳз дар давраи баъди ислоҳот бештар авҷ гирифтани мустамликакунии кишварҳои канориро бесабаб хотирнишон накардааст. Ӯ менависад: «Ҷануб ва ҷануби шарқи қисмати Россияи Европоӣ, Кавказ, Осиёи Миёна, Сибир як навъ мустамликаҳои капитализми рус мебошанд ва на фақат ба қад, балки ба бар ба андозаи бузург тараққӣ ёфтани капитализми русро ҳам таъмин мекунанд» .
Бинобар ин бесабаб нест, ки масъалаи дар Осиёи Миёна устувор гардидани мавқеи империяи Россия таваҷҷӯҳи аз ҳад зиёди доираҳои тиҷоратию саноатиро ба худ кашида, дар ташкилот ва органҳои матбуоти онҳо мавқеи муҳокимаи пурҷӯшу хурӯше гардидааст.
Ишғолгариҳои мустамликавӣ фақат ба ҳукумати мутлақаи подшоҳӣ, помешикҳо, дворянинҳое, ки дар хизмати гражданӣ ва ҳарбӣ мансабҳои калонро соҳибанд, ба як тӯдача капиталистон, фабрикантҳо ва пудратчиҳо фоиданок аст .
Дар солҳои шастуми асри ХIХ, ба сабаби он ки дар натиҷаи сар задани ҷангҳои дохилӣ дар шимол ва ҷануби Америка ба Европа кашондани пахтаи америкоӣ қатъ гардида, бӯҳрони саноати бофандагии Европа ва Россия ба амал омад, истилои Осиёи Миёна ҳамчун манбаи маводи хоми пахта аҳамияти махсус касб намуд. Масалан, то соли 1861 як пуд пахтаи Бухоро дар ярмаркаи Нижегород 4-5 сӯм арзиш дошта бошад, нархи он дар соли 1862 ба 7 сӯму 50 тин ва дар соли 1864 ба 23-24 сӯм расид.

Ҳуҷуми қӯшунҳои подшоҳӣ ба Осиёи Миёна

Дар соли 1864 ҳуҷуми қатъии кӯшунҳои подшоҳӣ ба Осиёи Миёна сар шуд. Дар моҳи сентябри соли 1864 Чимкент забт гардид. Сипас қӯшуни подшоҳӣ ба тарафи Тошканд ҳаракат кард. Дар охири моҳи апрели соли 1865 баъд аз тӯппаррониҳои шиддатнок қӯшуни подшоҳӣ ба ишғол намудани қалъаи Ниёзбек муваффақ гардид. Ин қалъа дар соҳили дарёи Чирчиқ бино ёфта, барои мудофиаи Тошканд роли калоне мебозид, илова бар ин, саргаҳи оби дохили шаҳр низ дар наздикии ҳамин қалъа воқеъ шуда буд. Дар натиҷаи ҳамлаи сахт ва ҷангҳои шадиди кӯчагӣ 15 июни соли 1865 яке аз калонтарин шаҳрҳои Осиёи Миёна суқут кард. Вале расман ба Россия ҳамроҳ кардани Тошканд бо мулоҳизаҳои дипломатӣ то тирамоҳи соли 1866 мавқуф гузошта шуд.
Ҷангҳои дохилии хонияи Хӯқанд ва ҳамчунин муносибатҳои душманонаи байни Хӯқанду Бухоро ба амалиёти муваффақиятомези қӯшунҳои подшоҳӣ шароити мусоид фароҳам оварданд. Дар баробари рақобати Бухорову Хӯқанд, ки аксар вақт боиси сар задани задухӯрдҳои мусаллаҳонаи байни онҳо мегардид, аморати Бухоро ва хонияи Хева низ дар давоми ин солҳо бо ҳам муборизаҳои тундутезе мебурданд. Ин ҳама ҷангу низоъҳои байнихудии давлатҳо ба вазъи сиёсӣ ва иқтисодиёти онҳо таъсири ҳалокатбор мерасониданд.
Дар миёнаҳои соли 1865 амир Музаффар ба водии Фарғона лашкар кашид. Қӯшуни Хӯқанд, ки дар муҳорибаҳои шадид ва тӯлонӣ бо дастаҳои ҳукумати подшоҳӣ хеле заиф гардида буд, ба ҳуҷуми лашкари Бухоро муқовамат карда натавонист. Ин буд, ки амир Музаффар Хӯқандро нисбатан ба осонӣ забт намуда, ҳукмрони собиқи Хӯқанд-Худоёрхони ҳарис ва золими аз тарафи халқи шӯришгар рондашударо дубора ба тахти хонӣ нишонд.
Амир Музаффар аз ин барори кор рӯҳбаланд гардида, ба Тошканд ҳайъати сафорат фиристод ва аз ҳукуматдорони рус талаб кард, ки фавран шаҳрро тарк намоянд. Дар фосилаҳои музокироти дипломатӣ ҳар гоҳ задухӯрди қӯшуни подшоҳӣ ва сарбозони амир низ ба амал меомад. Губернатори ҳарбии Туркистон М.Г.Черняев дар моҳҳои январу феврали соли 1866 қалъаи Ҷиззахро фатҳ карданӣ шуда, чанд дафъа ба он ҳамла овард, вале ба мақсад расида натавонист. Ин амалиёти бесамар ва «ташаббуси» беҳуда фақат чунин натиҷае дод, ки М.Г.Черняев аз вазифа дур карда шуда, ба ҷои ӯ Д.И.Романовский таъин гардид. 8 маи соли 1866 губернатори ҳарбии нав дар муҳорибаи Эрҷар, дар роҳи Ҷиззах ва Хуҷанд қӯшуни амирро торумор намуд. Қайд кардан ҷолиб аст, ки Д.И.Романовский пас аз шикасти қӯшуни Бухоро ба сӯи ин давлат ҳаракат накарда, ишғоли Хуҷанд (24 маи соли 1866), қалъаи Нов ва истеҳкоми Ӯротеппаро (12 октябри соли 1866) афзалтар донист. Ин қарор, зоҳиран аз он сабаб қабул карда шуд, ки ин маҳалҳо аҳамияти калони стратегии ҳарбӣ дошта, дар саргаҳи роҳи водии Фарғона воқеъ гардида буданд. Хуҷанд, Ӯротеппа ва Нов аввалин шаҳрҳои асосан тоҷикнишин мебошанд, ки ба ҳайъати Россия дохил шудаанд.
Д.И.Романовский ба ин васила паҳлуи чапи худро мустаҳкам намуда, тамоми қувваҳои худро ба муқобили душмани асосӣ–амир Музаффар равона сохт. Амири Бухоро бошад, ба ҷанги зидди қӯшунҳои муназзами империяи Россия омодагии дурусте надошт. Адиби маорифпарвари тоҷик Аҳмади Дониш( 1828–1897) тадорукоти муҳорибаи Ҷиззахро чунин ба қалам овардааст: «…аскаре зиёда аз ҳадду ҳаср бад-ин насақ ҷамъ шуда, баъзе ба шавқ, баъзе ба карҳ аз ҳар табақа мардум ба нияти ғазо мерафтанд, баъзе даҳрӯза, баъзе якмоҳа. Ҷаноби амир низ чун ин ҷамъиятро мулоҳаза намуд, ба худ ҷазм кард, ки ба ҳамин юруш то Фетербурх – пойтахти импротур фатҳ хоҳад шуд; чу медид, ки тӯлу арзи қӯшун қариб ба ду фарсах меравад ва намедонист, ки:
Пароканда лашкар наёяд ба кор,
Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.
Ба сатват ва шукӯҳи тамом ба ҳар ним фарсах роҳ нузул карда, ду шабу ду рӯз иқомат намуда, овози кӯсу ной ва нафир ба курраи асир расонида, Фаридун ва Афросиёбро аз ҷумлаи ҳавошии ҳашам мешумурд.
Дар муддати ду моҳ камобеш ба лаби дарёи Сир рафта, дар соҳате мусаммо ба Сассиқкӯл нузул фармуд. Ғозиёни муаскари ҳумоюн пеш аз он ки ба манзил фуруд оянд, аз ғазва пушаймон гашта, дар тараддуди гурез ва махлас афтоданд; чи асбоби нуқсонотро дар арзи роҳ ба сомон расонида, корашон ба талабу суол оид гардида буд» .
Тасвири минбаъдаи ин воқеа боз ҳам рангинтар аст: «Ва аз ҷое, ки амир нузул фармуда, саропардаи иҷлол афрошта дошт, то маъракаи қитол ним фарсах камобеш буд, ки овози нақораи аскария мерасид. Амир дар сояи шомиёна ба лаъби шатранҷ машғул буд, ҷамоае аз қавволон қавлу ғазал мегуфтанд, худи амир усули нақораро ба фахзи худ нигоҳ дошта. Онан фа онан (дам ба дам) пешхидматонро мефармуд, ки ба амири тӯбхона Салимбӣ ва амири аскар Шералӣ-иноқ таъин кунанд, ки хазинаи Русия ба дасти нӯкария афтода талаф нашавад ва бисёр мардуми Русияро нокушта зинда оранд, ки дар зумраи сарбозони мо истода хидмат кунанд ва низомро ҷорӣ доранд.
Ва дар ҳошияи лашкар Яҳёхоҷаи туркмон, ки мансаби охундӣ дошт, бо ҳама сафоҳат фашши аммома аз ақиби сар андохта, сафҳаи басити ариз ба даст бардошта, фазоили ҷиҳод ба ҳалқ талқин мекард, ки «ҷиҳод кунед, пойдор истед!» Ба ҳамон юруш Русия омада тӯпҳоро соҳибӣ кард ва ду-се сочма тӯбча ба сӯи ғозиён ҳадя фиристод. Ҳама мунтазири фирор буданд. Якбора фирор бар қарор ихтиёр карданд. Аввал касе, ки бигрехт ва аммома аз сару сафҳа аз даст бияндохт, Яҳёхоҷаи охунд буд.
Он гоҳ хабар оварданд ба ҷаноби амир, ки лашкар бевафоӣ карданд ва пушт доданд. Амир низ саросема ба болои асби қантарӣ ва зини холӣ нишаста, фурсат наёфт, ки аммома ба сар кунад ё ҷома бипӯшад – ҳамчунон аз сари шатранҷ бархоста болои зин барнишаст ва асб меронд».
18-октябри соли 1866 қӯшуни подшоҳӣ пас аз муҳосараи чандинвақта қалъаи Ҷиззахро тасарруф кард ва мавқеи худро дар хоки аморати Бухоро устувор гардонида, ба дувумин шаҳри бузурги он –Самарқанди бостонӣ таҳдид намуд.

Таъсиси генерал-губернатории Туркистон ва пешравии минбаъдаи қӯшунҳои подшоҳӣ

Ҳукумати подшоҳӣ барои идора кардани қисмати ишғолшудаи Осиёи Миёна дар соли 1867 бо фаро гирифтани вилоятҳои Сирдарё ва Ҳафтруд генерал-губернатории Туркистонро таъсис намуд. Дар сари он генерал-адютанти подшоҳӣ К.П.Кауфман қарор гирифт. Ӯ ба ин вазифа бо «ярлиқи заррини» Александри II таъин шуда, соҳиби ваколати номаҳдуде буд. Вай ҳақ дошт, ки бо давлатҳои ҳамсоя музокироти дипломатӣ барпо намояд, ҷанг эълон кунад, сулҳ бандад ва монанди инҳо.
Кауфман ва ҳамкорони ӯ ба ташкили системаи идораи кишвари Туркистон шурӯъ намуда, дар он муассисаҳои гражданӣ ба вуҷуд оварданд ва дар айни замон, нақшаҳои ба дарунтари Осиёи Миёна лашкар кашиданро низ муҳайё сохтанд.
Дар аввали соли 1868 ҳукмрони Хӯқанд-Худоёрхон бо ҳукумати подшоҳӣ муоҳидаи сулҳ баста, ба империяи Россия тобеъ гардидани худро эътироф кард. Ба тоҷирони рус иҷозат дода шуд, ки дар саросари давлати хонии Хӯқанд озодона хариду фурӯш кунанд. Онҳо барои кушодани корвонсаройҳои махсус ва нигаҳ доштани гумоштаҳои худ дар ҳамаи шаҳрҳои хония ҳуқуқ пайдо намуданд.
Дар худи ҳамон соли 1868, пас аз тобеъ кардани Хӯқанд аскарони рус таҳти фармондеҳии генерал Кауфман дубора ба тарафи Бухоро, ки дар садади танг карда баровардани ҳарифи нави худ аз заминҳои ишғолӣ буд, ҳаракат карданд.
Вале аз муҳорибаи назди Ҷиззах тақдири яке аз калонтарин ва қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Миёна –Самарқанд ҳам ҳал шуд.
Чанде пештар аз ин воқеа ҳокими Самарқанд – дастнишондаи амири Бухоро аҳолии шаҳрро ба муносибати шӯриши халқ, ки бар зидди зулму шиканҷаҳои феодалӣ сар зада буд, ба маҳрумият ва мусибатҳо дучор гардонид. Бинобар ин аҳолӣ ба сарбозони амири Бухоро ёрӣ расондан нахост. Аскарони ҳукумати подшоҳӣ сарбозони амирро торумор намуда, 2 маи соли 1868 ба Самарқанд дохил шуданд.
Аз по афтодани Самарқанд дар байни сарбозон ва табақаи ашрофияи Бухоро парешонӣ ба амал овард. Умаро ва сипоҳиёни вилоятҳо ба мулкҳои худ фирор карданд. Кауфман роҳи пойтахти аморат – шаҳри Бухороро пеш гирифт ва охирин шаҳри калони дар сари роҳи пойтахт воқеъгардида – Каттақӯрғонро ишғол кард. Амир Музаффар охирин қувваи худро ҷамъ намуда, дар Зирабулоқ истеҳком гирифт.
Дар моҳи июни соли 1868 аскарони ҳукумати подшоҳӣ дубора ба сарбозони амири Бухоро зарбаи қатъӣ расониданд. Амир Музаффар пас аз мағлубияти назди Зирабулоқ имконияти муқобилатро тамоман аз даст дода, аз тахти салтанат фуруд омадан хост. Вале баъдтар, аз ин нияти худ баргашта, бо таклифи сулҳхоҳона ба назди генерал Кауфман элчӣ фиристод. Ва худаш ба Бухоро рафта, дар интизори ҷавоб нишаст.
Ба ҳамин тариқ, дар зарфи солҳои 1864–1868 ду давлати Осиёи Миёна – хонияи Хӯқанд ва аморати Бухоро ба мағлубият дучор гардиданд. Аммо ҳукумати подшоҳӣ корро то ба ҳамроҳ кардани хоки ин ду давлат ба империяи Россия бурда нарасонид. Ҳам хонияи Хӯқанд ва ҳам аморати Бухоро дар зоҳир ҳамчун давлати мустақил боқӣ монданд. Ин кор чи бо мулоҳизаи дипломатӣ ва чи бо мулоҳизаи дохилии сиёсӣ карда шуда буд. Ҳукумати подшоҳӣ, аз як тараф, аз мудохилаи Англия ва, аз тарафи дигар, аз ҳуҷуми ҳокимони вилоятҳои ҷудогонаи Осиёи Миёна хавф дошт.
Генерал-губернатор Кауфман таклифи амир Музаффарро доир ба сулҳ қабул намуд ва 23 июни соли 1868 муоҳида имзо карда шуд. Мувофиқи ин муоҳида, як қисми аморати Бухоро, ки аскарони ҳукумати подшоҳӣ ишғол карда буданд, ба Россия гузашт. Бухоро аз ҳуқуқи бо ихтиёри худ муносибат кардан бо давлатҳои хориҷӣ маҳрум гардид. Амир Музаффар ба пардохтани 500 ҳазор сӯм барои хароҷоти ҳарбии Россия ризоият дод. Ҳамин тариқа, амири Бухоро ба вассали фармонбардори ҳукумати подшоҳӣ мубаддал гардид. Ҳукумати подшоҳӣ ба ҳуқуқи аз хоки аморат гузаронидани хатти телеграф, ташкили почта, киштиронӣ дар дарёи Аму соҳиб шуд, амир бошад, таъмини сохтмони бандарҳо ва посбонӣ кардани онҳоро ба ӯҳда гирифт. Ба соҳибкорони давлати Рус имкон дода шуд, дар ҳудуди аморат молу мулки ғайримутаҳаррика ба даст дароваранд; фуқарои Бухоро низ дар навбати худ ҳамин гуна ҳуқуқро нисбат ба Россия соҳиб шуданд. Ба савдогарони рус барои озодона тиҷорат кардан дар ҳудуди аморат иҷозат дода шуд, илова бар ин, муқаррар гардид, ки аз моли онҳо на бояд бештар аз 2,5% боҷ ситонда шавад.
Тадриҷан ноҳияҳои саргаҳи Зарафшон, ки аслан тоҷикнишин мебошанд, ба таҳти назорати империяи Россия дохил шуданд. Дар моҳи августи соли 1868 ба ҳайъати музофоти Зарафшони кишвари Туркистон шаҳри Панҷакент низ ҳамроҳ гардид. Баҳори соли 1870 сардори музофоти Зарафшон генерал Абрамов ба мулкҳои ниммустақили кӯҳистонии Моғиён, Фон, Киштут, Фалғар, Мастчоҳ, Яғноб ва ғайра юриш намуд, ки дар таърих бо номи «Экспедитсияи Искандаркӯл» (апрел-июли с. 1870) сабт гардидааст.
Аз тарафи муқобили дастаи генерал Абрамов, ки моҳи апрели соли 1870 аз Самарқанд баромада буд, дастае таҳти фармондиҳии Деннет аз Ӯротеппа ҳаракат мекард. Мақсади ин юриш аз назар гузаронидани Искандаркӯли саргаҳи Зарафшон буд. Абрамов дар маълумоти ба Кауфман фиристодааш таъкид мекард, ки саросари ин маҳал аз ангиштсанг ва беша фаровон аст.
Барои тадқиқи захираҳои табиии саргаҳи Зарафшон ба ҳайъати экспедитсияи Искандаркӯл олими табиатшинос А.Ф.Федченко, геолог Д.К.Мишенков, нақшабардор (баъдтар арбоби намоёни ҳарбию сиёсӣ) Л.Н.Соболев ва донишмандони дигар низ дохил гардида буданд. Ба ин восита доираҳои илмӣ ва тиҷоративу саноатии Россия тавонистанд бо сарватҳои табиии ин кишвари душворгузари кӯҳистонӣ ошно бишаванд.
Дар натиҷаи ин юриш маҳалҳои пониҳодаи дастаҳои ҳарбии подшоҳӣ ба номи «Туманҳои кӯҳистонӣ» ба музофоти Зарафшон ҳамроҳ карда шуданд.

Муборизаи Англия ва Россия барои доираи нуфуз. Вусъати мулкҳои Россия дар Осиёи Миёна

Ҳуҷуми қӯшунҳои подшоҳӣ ба Туркманистон

«Масъалаи Помир» ва ҳалли он

2. АҲАМИЯТИ ПРОГРЕСИВИЮ ТАЪРИХИИ
БА РОССИЯ ҲАМРОҲ ШУДАНИ ОСИЁИ МИЁНА

Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ


3 − = 0


error: Content is protected !!