Айнӣ. Ёддоштҳо, қ. 4-7


Гирифтор шуданам ба доми амир Абдулаҳад ва зуд халос шуданам аз вай

Ҳайрат бисёр эҳтиёт мекард, ки дар доми амир наафтад, бинобар ин ба қадри имкон шоирии худро пинҳон медошт. Дар эҳтиёт кардани Ҳайрат аз шӯҳрат ва ба гурехтанаш аз афтодан ба доми амир аввалин бор ба ӯ саргузашти Шамсиддин-махдуми Шоҳин таъсир карда буд. Ӯ дар доми дарбор гирифтор шуда, дар хорию зории тоқатнопазир афтода, оқибат сил шуда, дар вақти дар рикоби амир дар мусофират ва дар сафари Қаршӣ буданаш мурда буд.
Шоҳин саргузашти пурфоҷиаи худро дар эҷодиёти гуногуни худ ва ҳатто дар ҳамон шеърҳое, ки ба номи амир гӯё дар мадҳи ӯ навишта аз назари вай гузаронидааст, низ бошуурона акс кунонда, бо ин роҳ ҷавононро метарсонд, ки аз доми амир гурезанд.
Шоҳин хусусан ин мақсади худро дар «Тӯҳфаи дӯстон» ном маснавии худ, ки ба тақлиди «Бӯстон»-и Саъдӣ таълиф кардааст, равшанбаёнӣ намуда, пасояндагони худро (ҷавононро) даъват мекард, ки аз доми амир гурезанд.
Шоҳин дар як ҷойи муқаддимаи он асари худ аввал чигунагии аҳволи худро дар рикоби амир ба тариқаи ибрат бо мисраъҳои зерин баён мекунад (кӯтоҳ карда гирифта шуд):
…Ба рахмат ситояндам андар ҳузур,
Ки «дар чашми дониш чу ӯ нест нур».
Вале мавриди кина чун душманам,
Бале, душмани марди нодон манам.
Чаро дил ниҳам бар сафеҳе* чунон,
Ки доно ҳамон асту нодон ҳамон?
Надонад тафовут саҳеҳ аз фақеҳ**,
Кадом аст пунба чӣ сон аст пеҳ?..*** .
..Фиғон з-ин ҳарифони кинозмой,
Ба меҳр андар оранд халқе зи пой!
Чу фарзанд аз онат ҳамепарваранд,
Ки чун гурба фарзанди худ мехӯранд…
Шоир дар поёни шикоят аз дарбор ва баёни аҳволи худ ба ҷавонони пасояндаи худ хитоб намуда сухани худро давом медиҳад:
Маро бину барзан ба ибрат дуҳул!
Пасояндагонрост пешина пул!
Аз он рӯ зи гетӣ шикоят задам,
Зи гетӣ шикоят ба ғоят задам,
Ки дастур бошад ба ояндагон,
Ба абнои гетиситояндагон****,
Ки ин шева доме бувад сайдгир,
Ки гар шер афтад дар ӯ, гӯ «бимир!»
Дар ин дом оқил наяфтад ба хост,
Чу афтад, маҷоли тапидан куҷост?
Аз ин доми бедона дурӣ гузин!
Сари хештан ҷойи дона мабин!
Ман идбор***** дидам, ту фирӯз бош!
Зи аҳволи ман ибратомӯз бош!
Албатта, шикояти Шоҳин аз дарбор шахсӣ аст. Ӯ ҷавононро ҳам аз дарбор барои муҳофизати шахси онҳо метарсонд.
Аммо шикоятҳои Аҳмади Дониш аз дарбор иҷтимоӣ буда, хонандаи худро аз амиру вазир барои золим ва тороҷгари халқ буданашон нафрат мекунонид. Бинобар ин агар Ҳайрат бо хондани асарҳои Шоҳин барои муҳофизати шахси худ аз дарбор мегурехта бошад, баъд аз шиносо шуданамон ба «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш аз дарбор гурехтани ӯ як мақсади иҷтимоӣ шуда монд.
Барои аз дарбор маҳфуз мондани Ҳайрат шоирони дарбори ҳамон замон ҳам ёрӣ доданд: дар он вақтҳо куҳансолтарини> шоирони дарборӣ Мулло Шарифи Анбар буд, ки савияи шеърии ӯ дар саҳифаҳои 430 — 431 «Намунаи адабиёти тоҷик» (чопи Москва, соли 1926) қайд ёфтааст; дигаре Мулло Дӯстмуҳаммади Нодири муфтии бойсунӣ, ки ҳеҷ иқтидори шеърӣ надошт (китоби мазкур, с. 497). Инҳо ҳеҷ гоҳ намехостанд, ки Ҳайрат барин як ҷавони пуриқтидор ба дарбор роҳ ёфта, «миси онҳоро барорад». Бинобар ин дар пеши амир ва дарбориён Ҳайратро нишон намедоданд ва хабар намедоданд, ки чунин истеъдоди ҷавоне ба майдон омадааст.
Сониҳо ду шоири ҷавон муқарраби даргоҳ шуданд, Қобилияти шоирии инҳо нисбат ба он замон хеле дуруст буд. Лекин ҳар дуи инҳо аз хурдсолӣ худро боби дарбор месохтанд. Ҳар дуи инҳо ҳам аз калонзодагони Бухоро буда, бо таъбири
____________
Сафеҳ — аҳмақи гузаро.
* Фақеҳ — донишманд ва ҳуқукшиноси исломӣ. Пеҳ — чарбу.
*** Абнои гетӣ — фарзандони ҷаҳон, дар ин ҷо ба маънои арбоби замона.
**** Идбор — бадбахтӣ.

ҳамон замон «устухонҳошон бо нону намаки ҷаноби олӣ сахтшуда» буда, ба дарбор наздик шудан мақсади табиии инҳо буд. Инҳо аввал лафзбозиҳо, муаммоҳо, қасидаҳои тамомтаърих, қасидаи аз ҳарфи бенуқта тамомшаванда барин корҳоро, ки дар замони пӯсиши феодализм «санъат» ба шумор мерафт, ба даст дароварданд, баъд аз он дар дарбори амири замон Абдулаҳад, ки фаҳшиёт ривоҷ ёфта буд мувофиқ шуданро машқ карда, шеърҳои беодобонагӯйиро сар карданд.
Хусусан яке аз инҳо, ки Неъматулло-махдум 283 ном дошта, аввал «Нозук» ва баъд аз он «Мӯҳтарам» тахаллус карда буд, ҳаҷ рафта, чанд гоҳе дар Арабистон истода, забони арабро аз худ карда омад. Ӯ дар мадҳи амир Абдулаҳад мухаммасе тартиб дод, ки бандҳои аввалаш тамоман ба забони араб, баъзе мисраъҳои бандҳои пойинтараш низ ба забони араб буда, қисми аввали мухаммас умуман ба ҳамди Худо, наъти Пайғамбар ва тавсифи чорёр бахшида шудааст. Шоир бевосита аз ин муқаддимаи диндорона ба тасвири соқӣ мегузарад ва ӯ соқиро чунон тасвир мекунад, ки агар инсон аз дараҷаи одамият тамоман фуромада, ба мартабаи гову харӣ қарор нагирифта бошад, аз будани он гуна «соқӣ» дар базм худ шарм медорад. Ба иборати дигар ӯ «камоли диндори»-ро ба камоли фаҳшиёт омехта, ҳақиқатан боби дарбор шуда буд.
Дӯсти наздики Мӯҳтарам — Идрисхоҷаи Роҷӣ 284 дар «санъаткорӣ» аз рафиқи худ монданӣ надошт. Ана ҳамин ду ҷавон дар вақтҳои ба камол расидани Ҳайрат ба дарбор мансуб гардиданд. Инҳо ҳеҷ гоҳ тасаввур карда наметавонистанд, ки Ҳайрат ё ягон ҷавоне, ки қобилияти шоирӣ дорад, аз дарбор дурӣ мегузинад. Бинобар ин метарсиданд, ки мабодо Ҳайрат ба дарбор роҳ ёбад ва бозори онҳо касод шавад, чунки онҳо қобилияти фавқулоддаи Ҳайратро медонистанд. Ба ин сабаб онҳо ҳам кӯшиш мекарданд, ки ном ва шӯҳрати Ҳайрат дар дарбор шунида нашавад, то ки амири булҳавас ӯро ба он ҷо кашида, ба муқобили онҳо рақиби даҳшатнокеро нагузорад.
Ин душмании онҳо ба Ҳайрат, ки дар ҳақиқат дар ҳаққи ӯ «дӯстии ғайриқасдӣ» буд, бо муваффақият давом кард ва номи Ҳайрат то вафоташ — то тобистони соли 1902, ки дар қисми Ш-и «Ёддоштҳо» зикр ёфт 285, шунида нашуд. Аммо баъд аз вафоти Ҳайрат вовайлое дар байни шоирони ҷавон, адабиётшиносон ва ҳавасгорони шеъру адабиёт бархоста, дар шаҳр ғулғула андохт. Ин ҳодиса ба воситаи воқеанависон (ҷосусон) ба гӯши амир расид.
Амир бо шунидани ин воқеа мероси адабии Ҳайратро ба дасти худ даровардан хост ва ин корро ба қозикалон Бадриддин фармуд. Чунонки дар қисми III-и «Ёддоштҳо» қайд шудааст, ман, Мирзо Абдулвоҳид ва як рафиқи дигарамон 286 бо саъю кӯшиши бисёре аз додари Ҳайрат як қисми ашъори ӯро ба даст дароварда, ба тартиб андохта будем. Аммо дастнависҳо дар дасти додараш буд, ки ӯ ҳам зуд мурда, ҳамаи он чизҳо гум шуда рафта буданд 287.
Ҷосусон ба қозикалон хабар додаанд, ки шеърҳои Ҳайрат дар дасти Айнӣ ва Мунзим аст. Мо пеш аз он ки қозикалон шеърҳои Ҳайратро аз мо талаб кунад, ин воқеаро шунида будем ва инро ҳам медонистем, ки агар он маҷмӯача аз дасти мо равад, дигар осори Ҳайрат дар миён нахоҳад монд. Бинобар ин он маҷмӯачаро дар гӯшаи шифти яке аз хонаҳои Мирзо Абдулвоҳид пинҳон кардем ва ба талаби қозикалон тайёр шуда нишастем.
Дере нагузашт, ки мулозими қозикалон омада моро ба пеши у даъват кард. Мо рафтем. Ӯ шеърҳои Ҳайратро аз мо аз номи амир талаб кард. Мо мункир шудем ва гуфтем:
— Ҳайрат аз шӯҳрат метарсид, бинобар ин баъзе шеърҳои навиштаашро ба мо нишон диҳад, ба нусха бардоштан рухсат намедод. Додараш бошад ҳам бемор ва ҳам девона буд, баъд аз вафоти бародараш ба мо чизе надод. «Ӯ пеш аз мурданаш ҳамаи навиштаҷотро сӯхта буд» — гуфт.
Бо ҳамин ҷавоб қозикалон аз мо даст кашид, зеро ӯ медонист, модом ки инкор кардем, албатта бояд чизҳои аз Ҳайрат дар даст доштаамро дар ягон ҷойи касмаёб пинҳон карда бошем. Бинобар ин кофтуков кардани манзили моро бефоида донист ва кофтуков ҳам накард. Аммо талаби амиру қозикалонро шунида (чунонки дар қисми III қайд шуд) 288, «ҳайратшиносони бисёре» ёфт шуданд, ки ба номи Ҳайрат шеърҳо бофта оварда ба қозикалон дода, талаби ӯро ба ҷо оварданд.
Ба муносибати вафоти Ҳайрат ва дуболо шуда ба гӯши Абдулаҳад расидани шӯҳрати ӯ баъд аз вафоташ, номи ман ҳам ба сифати дӯст ва пайрави Ҳайрат дар байни дарбориён ва амир зикр ёфтааст. Дар он вақтҳо яке аз шиносҳои дерини ман Мулло Назруллои Лутфитахаллус ба сифати надимӣ (ҳамсӯҳбатӣ) ба дарбор баста шуда буд. Ӯ ҳам ба ман «дӯстии бӯзинагӣ» карда, ба назди амир аз будам зиёд баҳои баланд додааст. Одатан одамон ба дигарон мувофиқи савияи фикрии худ хислат мебанданд. Лутфӣ, ки аз вобаста шуданаш ба дарбор хурсанд буд, гумон кардааст, ки бояд ман хам ба он кор хурсанд мешуда бошам.
Ҳамаи ин сабабҳо дар як ҷо шуда, амир ба ҳамин фикр омадааст, ки маро ба дарбори худ кашад. Барои ӯ фарқ надошт, ки як ҷавони боистеъдоди ба дарбор басташаванда итоаткор мебарояд ё не. Зеро агар он гуна ҷавон итоаткор барояд, амир ӯро дар лойдони худ дароварда, аз ҷамъият дур мекард ва агар саркаш барояд, ӯро дар қатори гову харони дарбор фуроварда шабу рӯз азоби ҷисмонӣ ва рӯҳонӣ дода оқибат маҳв мекард. (Чунонки аз шоирон Шоҳинро ва аз санъаткорони музикашинос Қорӣ Каромати танбӯриро ба ҳамин тариқа маҳв карда буд.) Ба болои ин фахр ҳам мекард, ки «ҷавонимарги мағрури кӯрнамак аз ҷониби Худо ҷазои сазоворашро ёфт».
Ба ҳамин тариқа, амир ба дарбор кашидани маро муқаррар карда, ин корро ба раиси калони Бухоро Бурҳониддин, ки падараш Бадриддин дар ҳамон вақтҳо дар Бухоро қозикалон буд, фармудааст.
Рӯзе ду одами раис пеши ман омада, маро ба пеши ӯ даъват карданд. Ду одами худро барои овардани касе фармудани ҳокимони Бухоро аз ду ҳол берун набуд: ё барои овардани ҷинояткоре ду кас мефиристоданд, ки хавфи гурехтани ӯро пешгирӣ карда тавонанд, ё барои даъвати як каси мӯҳтарам барои ҳурмат ду кас мефиристоданд. Ман, ки дар худ аз ҷониби раис ҳурмате ҳис намекардам, дар пайи кофтани «ҷинояткории худ» афтодам ва дарҳол дар хотирам расид, ки «бояд даъвати ман барои боз талаб кардани девони Ҳайрат бошад. Агар ман боз инкор карда девонро ёфта надиҳам, дар он вақт ҳабс ё бадарға хоҳанд кард. Барои ҳамин ду кас фиристодаанд, ки мабодо ман оқибати «ҷинояти худ»-ро пай бурда гурезам».
Ман барои фаҳмидани дуруст ё нодуруст будани ин мулоҳизаи худ як озмойиш карда дидан хоста ба одамони раис:
— Шумоён рафтан гиретон, ман баъд аз соате меравам, — гуфтам.
Онҳо ин таклифи маро қабул карда, аз пешам баромада рафтанд. Акнун дар ман дар фиристодани ду кас барои даъвати ман эҳтимоли ҳурмат қавитар гашта буд. Лекин ман дар худ ягон сабаби ҳурмат наёфтам, бинобар ин маро «эҳтимоли ҳурмат» аз «эҳтимоли ҷинояткорӣ» зиёдатар дар тааҷҷуб ва ташвиш андохт.
Ҳар чӣ бошад, баъд аз як соат ба пеши раис Бурҳониддин рафтам. Ӯ бе ҳеҷ муқаддима:
— Шуморо бо расиданатон ба давлати узмо (бузургтарин давлат) муборак-бод мекунам! — гуфт.
Тааҷҷуби ман аз ин табрики бемаҳал ва бесабаб боз ҳам зиёдатар шуда, аз ӯ пурсидам.
— Чӣ чиз будааст он давлати узмо?
Раис аз таги зонуяш аз байни кӯрпачаҳое, ки бар рӯйи онҳо нишаста буд, коғазпораеро бароварда ва аз назараш гузаронда:
— Ҷаноби олиҳазратам ба ин дуогӯй дастхати ҳумоюнӣ фиристода амр намудаанд, ки шуморо ба рикоби олӣ фиристонам, — гуфт дар ҷавоб ва илова на-муд: — Шумо тайёриатонро бинед, ҳамин рӯз, агар имрӯз то вақти поезди Кармина тайёр шуда натавонед, фардо ба Кармина меравед. (Ҷойи бошишгоҳи асосии амир Абдулаҳад Кармина ва атрофи он буд.)
— Ман ба ин марҳамати олӣ шукрона ва миннатдорӣ мекунам, — гуфтам, -лекин ман як муллобачаи лоубол (беқайд ва ба ҳар чиз бепарво нигаранда ва муомилакунанда) мебошам ва дар худ қобилияти хизмати рикоби олиро намебинам. Метарсам, ки одоби ҳумоюнро ба ҷо оварда натавониста сабаби ранҷиши хотири мубораки олӣ гардам; дигар он ки ман бемории хафақон дорам, ки наздик ба саръ* расидааст, бо андак сабаб ва гоҳо бе сабаб хафақонам мегирад ва фарёдкунон беҳуш гардида меғалтам ва аз даҳонам кафкҳо омада, соатҳо мехобам (ин рост буд, ки он вақтҳо аз дунё сахт дилгир шуда, асабонӣ гардида, ҳолатҳои бемории саръмонанд аз худ нишон медодам). Дар ин ҳол ман ҳеҷ гоҳ салоҳияти хизмати дарбори олӣ пайдо карда наметавонам.
Гуфтугузори ман бо раис ба тарзи мунозира дар ин бора бисёр дер кашид, аммо мазмуни таклифҳои раис ва рад кардани ман айнан такрор меёфт. Оқибат ин гуна гуфтушунид ба дилам зада, якбора аз ҷоям хеста ба раис:
— Ман ин корро наметавонам, сабабашро чандин бор ба шумо арз кардам ва аз ҷониби шумо илтимос дорам, ки узрҳои маро бо як забони қабулиёбанда ба ҷаноби олӣ арз карда, маро аз ин кор озод гардонед, — гуфтам ва дигар ба . «сабр кунед, гӯш кунед»-ҳои ӯ гӯш надода, баромада рафтам.
Албатта, раис ҳам гумон надошт, ки ман ин корро, ки дигарон бо ҷону дил ва бо воситаву васоит мехоҳанд, рад мекарда бошам. Ӯ бояд аз ҳамин рад кардани ман ин «давлати узмо»-ро фаҳмида бошад, ки «мизоҷи ман солим нест ва
____________
* Саръ — бемориест, ки гирифтори ин дард гоҳо беҳиссу ҳаракат шуда меғалтад ва аз даҳонаш кафк меравад. Агар нигаҳбоне надошта бошад, ногоҳ дар об ё дар оташ афтода талаф шуданаш мумкин аст. Асоси ин беморӣ бемории рӯҳ ва асаб аст.

наздик ба девонагист». Аммо аз он ҷо, ки амир ба дарбор фиристодани маро ба ӯ фармуда буд, ба қадри имкон кӯшиш мекард, ки фармонро ба ҷо оварад. Бинобар ин ду нафарро,- ки ба ақидаи раис ман аз сухани онҳо намебаромадам, ёфта ба пеши ман фиристод.
Қариби намози асри ҳамон рӯз он ду нафар пеши ман омаданд. Яке аз ин ду нафар хешамон Саидакбархоҷа буд, ки зикри ӯ бо унвони «Парвардигорхӯҷа» дар «Ёддоштҳо» борҳо гузаштааст. Ӯ мувофиқи хоҳиши табиати худ рад кардани ман ин «давлати узмо»-ро як навъ девонагӣ мешумурд; дигаре Насриддин-хоҷа ном ҳамдеҳаамон буд, ки ба мо хеши дур ва ҳамсояи наздик буда, одами ҳамафаҳм буд. Ӯ программаи мадрасаҳои Бухороро ба хубӣ гузашта буд, аммо даъво ва дағдағаи муллоӣ надошт, одами хоксор буда, ба деҳқонони бесавод бародарвор муомила мекард.
Парвардигорхӯҷа маро хуб таъна кард, ки «нони аз пешам баромадаро пешпо зада, поймол карда гузаштан мехоҳам» ва гуфт:
— Кошки ҳамин талабро аз ман мекарданд, ки агар дигарон ба рикоби олӣ бо пой раванд, ман бо сар мерафтам. Агар шумо ҳамин хабарро ба ман мерасондед, ман ҳама чизҳоямро ба шумо ба муждагонии ин хабари хуш медодам…
Аммо Насриддинхоҷа чизе нагуфт ва суханони ӯро табассумкунон шунида нишаст, чунки табиати худи ӯ ҳам аз дарбор нафрат дошт.
Чун Парвардигорхӯҷа талаб, таклиф ва таънаро аз ҳад гузаронид ва ба узрҳои ман гӯш надод, мувофиқи мазмуни «коре, ки ба сулҳ дарнаёяд, девонагие дар ӯ бубояд» ман ба ӯ:
— Андак сабр кунед, ман ба шумо ҷавоби қатъӣ медиҳам, — гуфтам ва аз ҷоям хеста, аввал дари ҳуҷраро аз дарун бастам, баъд аз он китобҳо ва як қисми парча-палосҳоро ба пойгаҳи ҳуҷра гарам кардам, карасиндон ва гӯгирдро пеш оварда мондам ва сухани худро давом додам:
— Агар шумо ҳозир маро ба ҳоли худ гузошта баромада наравед, ба болои ҳамин чизҳо равғани лампа рехта оташ медиҳам. Дар ин миён ман ҳам, шумо ҳам ва дар касофати мову шумо ин ҳамсоя ва хеши азизамон ҳам сӯхта хокистар мешавем ва азбаски дар аз дарун баста шудааст, касе ҳам аз берун барои оташкушӣ омада ба мо ёрӣ расонда наметавонад.
Ӯ тарсид ва аз ҷояш хеста:
— Дарро кушоед, мо меравем, — гуфт ва дар вақти аз дар баромадан ба Насриддинхоҷаа хитоб карда сухани худро давом дод: — Эшони раис «хешатон андак девонагӣ доштагӣ барин» гуфта буданд. Аммо ман сухани он касро рад карда «ҷавони оқил ва бофаҳму идрок аст» гуфта будам. Лекин имрӯз фаҳмидам, ки ӯ девонаи шаққа будааст.
Фардои он рӯзе, ки ман бо Парвардигорхӯҷа мулоқот кардам, хизматгори домулло Ҳоҷӣ Икром, ки беҳтарини устодони ман буд ва ман ҳар чизе, ки дар мадрасаҳои Бухоро аз дарсҳои расмӣ омӯхтаам, аз он кас омӯхта будам, омада, маро ба ҳузури домулло даъват кард. Ман рафтам. Дар пеши домулло Икром ду муллои дигар менишастанд: яке аз онҳо Мулло Бозор ва дигаре Мулло Абдусалом буда, ҳар дуи онҳо ҳам аз шогирдони кӯҳнаи домулло Икром, ҳар дуяшон ҳам мударрис ва ҳар дуяшон ҳам домуллои кунҷакии ман ба шумор мерафтанд.
Домулло Икром баъд аз муқаддима ва даромади сухан гапро бар болои фармони амир ва талаби раис оварда, маро далолат кард, ки он талабро қабул намоям. Домуллоҳои кунҷакиам ҳам дар навбати худ маро далолат карда ва ба шоир набудани худҳошон афсӯсҳо хӯрда ва суханро бар сари «насиҳат» оварда гуфтанд:
— Амри подшоҳи замон воҷиб аст, агар худ намехоста бошӣ ҳам, бояд ба фармони ҷаноби олӣ итоат кунӣ. Дили мо ба ту месӯзад, зеро саркашӣ аз амри подшоҳ сабаби ҳабс ва бадарға шуданаш ҳам мумкин аст.
Чун ин таҳдидро шунидам, дигар тоқат карда натавонистам ва фарёдкашон:
— Агар маро ба дор овезанд ва аз манор партоянд ҳам, ин корро қабул намекунам, — гуфтам. Гиря гулӯгирам шуда, асабҳо вайрон гардид ва хафақон гирифта, ба замин афтодам…
Домулло Икром ин ҳолро дида, суханро тамоман ба ранги дигар гардонид.
— Ба дарбори амир рафтан ва норафтан дар ихтиёри худи туст. Агар намехоста бошӣ, нарав ва бо рад кардани ту талаби амир ва раисро туро ҳеҷ кас ҳеҷ кор карда наметавонад. Инҳо (ба Мулло Бозор ва Мулло Абдусалом ишорат карда) нофаҳмида гап заданд. Маро, ки раис бурда далолат кардани туро аз ман илтимос карда буд, ман холисона гуфтаи ӯро ба ҷо овардам. Агар ту ин талабро қабул мекардӣ, ман аз ту меранҷидам, зеро дарбори амир бошишгоҳи одам нест. Такрор мекунам, ки бо рад кардани ту ин талабро ба ту зарар расонда наметавонанд.
Агар, фаразан, ба ту осебе расондан хоҳанд, ман ҳамаи мансаб ва обрӯйи худро ба сари халос кардани ту сарф мекунам, ё туро халос мекунам, ё баробари ту маҳв мешавам. Рав, осуда гаштан гир!
Ин гапҳои домулло маро аз аввалӣ ҳам қавидилтар кард ва берун баромада, бо оби сард дасту рӯйи худро шуста, ба ҷойи худ рафтам.
* * *
Баъд аз воқеаи хонаи домулло Икром ман то даҳ рӯз осуда гаштам. Дигар касе аз тарафи раис омада ба ман талаби ӯро такрор накард. Аммо баъд аз даҳ рӯз Мулло Мирзо ном касе, ки калонтарини одамони даргоҳи қозикалон Бадриддин буд ва қозикалон ҳамаи корҳояшро бо машварати ӯ мекард, пеши ман омада, маро ба ҳузури ӯ даъват кард.
Ман «боз ин чӣ бало буд, ки омад ба сари ман»- гӯён ба пеши қозикалон рафтам. Ӯ маро бо ҳурмат қабул карда, гуфт:
— Писари ман, раис ғалатфаҳмӣ карда, чанд рӯз ҳам туро, ҳам одамони дигарро дар ташвиш андохтааст. Ӯ мақсади ҷаноби олиро хуб нафаҳмидааст, -қозикалон қадаре сукут карда, боз сухани худро давом дод: — Ҳақиқати кор ин аст, ки ҷаноби олӣ шоир ва шеърдӯст мебошанд. Аммо он кас мисли шумоён озодона бо шоирон ҳамсӯҳбат шуда мушоара карда гашта наметавонанд, чунки мансаби подшоҳӣ ба ин кор монеъ аст. Бинобар ин ҷаноби олӣ шоирони толиби хизмати дарборро ба гирди худ ғун мекунанд ва шеъри шоиронеро, ки бо узре хизмати дарборро намехоста бошанд, дида истодан мехоҳанд.
Қозикалон мурофиаеро, ки дар пеши дари нишастааш тайёр шуда 5уд, пурсида шуда, боз сухани худро ба ман давом дод:
— Оре, раис кӯтохандешӣ карда, мақсади олиро нафаҳмидааст, бинобар ин ҷаноби олӣ ин корро ба ман фармуданд. Мақсади ҷаноби олӣ ҳамин аст, ки агар ту ба рикоби олӣ рафтанро намехоста бошӣ, шеъри тозае ки гӯйӣ, оварда ба ман медиҳӣ ва ман он шеърро ба рикоби олӣ мефиристонам, — қозӣ сукуте карда, боз давом намуд: — Албатта, ин корро ҳар рӯз намекунӣ ва ҳеҷ одами ақлнок аз як шоир ҳар рӯз як шеъри нав талаб намекунад. Дар ҳар ҳафта ё дар ҳар даҳ рӯз ягон шеър оварда диҳӣ, кифоя аст ва агар дар охири баъзе ғазалҳо номи ҷаноби олиро бо хоҳиши худ ба некӣ ёд кунӣ, сабаби хурсандии ҳам ҷаноби олӣ ва ҳам боиси сарфарозии ҳамаамон мешавад.
Ин талабро рад кардан мумкин набуд, аммо ман ин корро ба тарзе адо кардан хостам, ки ба «одоби дарбор» мухолиф бошад: одат ҳамин буд, ки ҳар кас, ба кадом сабаб ки бошад, бо амир алоқа пайдо кунад, бояд саллаашро калон мекард, ҳамеша камарчаҳои ҷомаашро баста ва ба қадри имкон дар кӯчаҳо монанди «Парвардигорхӯҷа» калонгирона мегашт ва бо одамони «табақаи паст» алоқа намебаст ва агар ба он гуна одамон вохӯрдан лозим ояд, дар «баландӣ истода», бо гӯшаи чашм нигоҳ мекард.
Ман, ки табиатан ба ин гуна рафтору равиш мухолиф буда, лоуболона мегаштам, баъд аз ба дарбор шеър фиристонанда шуданам ин равиши худро зиёдтар кардам ва бисёр шабҳо ба базмҳо мерафтам ва бо чапанони кӯчагӣ улфат мегирифтам ва монанди онҳо дар базмҳо «арру-урр» мекардам.
Байтҳои зерин низ дар ҳамон рӯзҳо гуфта шудаанд:
Улфат шудам аз баҳри ту бо мардуми ашрор*,
Дар рағми** ман ин лутф ба аброр*** чӣ лозим?
Рафт аз хотири ман дағдағаи муллоӣ,
Дидам он шӯх чу бо як-ду чапан меояд.
Ин корҳоро барои он мекардам, ки зудтар ба дили амир занам ва бо ман алоқа доштани ӯ дар назари худаш «паст кардани обрӯйи дарбор» намояд.
***
Ба амир шеърфиристонии ман аз шаш моҳ зиёдатар давом кард. Дар ин муддат, чунонки бо қозикалон қарор дода шуда буд, дар ҳар ҳафта ё дар ҳар даҳ рӯз ман ба ӯ шеъре бурда медодам. Ӯ ба амир мефиристод. Ман бештарин шеърҳои пештара навиштаамро дубора кор карда, «амирбоб» намуда мефиристодам. Мувофиқи тавсияи қозикалон дар охири баъзе шеърҳо амирро бо унвони «шоҳ» ё «султон» ёд мекардам (сабаб ҳамин аст, ки дастнависҳои кӯҳнаи ман ба назари бинанда бо вариантҳои гуногун ва баъзан бемантиқ менамояд).
Дар миёна баъзан шеъри наве ҳам навишта мешуд. Дар ин шеърҳои нав гоҳо ба тариқаи тасодуф, гоҳо қасдан баъзе мазмунҳои иҷтимоӣ ҳам медаромад
____________
* Ашрор — бадҳо.
** Рағм — қасд барои ранҷондан.
*** Аброр — покҳо.

Чунончи, як қасида дар васфи амир навишта шуд, ки дар муқаддима (ташбиб) барои даҳяк ҳама буду нобудашонро сарф кардани талабагон тасвир ёфтааст.
Азбаски шеъри порахӯрӣ ва даҳякфурӯшии уламоро ба воситаи қозикалон фиристодан мумкин набуд, қитъаи «Фаслу боб»-ро 289, ки дар боби даҳяк хоҳад гузашт, ба ӯ набурдам ва нишон надодам, аммо ба пеши дарбориёни гуногун, ки шоир набуданд, вале ҳар шеъри наве ёбанд, ба амир мерасонданд, хондам ва онҳо навишта гирифтанд.
Дар даруни як шеъри наве, ки аввалҳои кор ба амир фиристода шуд, мисраъҳои зерин буданд:
Хезед, рафиқон, майи гулранг биёред!
Танбӯру наю дойраву чанг биёред!..
…Бо зорию зар кист, ки дар базм наёяд?
Зинҳор ки бе маншаву бе ҷанг биёред!..
Дар охири ин ғазал Мулло Дӯсти Нодир, ки аз кӯҳнашоирони дарборӣ буд, ба мусобиқа даъват карда шуда буд:
Бас қофия танг аст ба Айнӣ, хабари Дӯст,
Аз лутф дар ин қофияи танг биёред!
Дар ҳақиқат, қофияи ин ғазал хеле танг ва ба вай ҷавоби мувофиқ гуфтан душвор буд, бинобар ин вақте ки амир ин ғазалро ба Мулло Дӯст нишон дода аз ӯ ҷавоб талабидааст, вай аз ҷавоб додан оҷиз будани худро дар мақоми узр ба ӯ арз намудааст.
Ночор худи амир ба ҷавобгӯйӣ даромада, як чизи бемазае тартиб дода, ба воситаи қозикалон ба ман фиристод (афсӯс, ки нусхаи он дар байни коғазпораҳо гум шуда рафтааст). Аз ғазали ҷавобии амир ду мисраъ андак дурусттар буд, ки дар хотир мондааст ва дар ин ҷо нақл менамоям:
…Мо ҳеҷ натарсем зи гуфтори рақибон,
Гиред сари роҳашу бо ҷанг биёред!..
Ин дар ҷавоби байти зерини ман буд:
Бо зорию зар кист, ки дар базм наёяд?
Зинҳор ки бе маншаву бе ҷанг биёред!..
Ман аз ин байти амир пай бурдам, ки ӯ мақсади маро фаҳмидааст ва тир ба нишон расидааст. Чунки дар ҳамон вақтҳо миршаби Бухоро ба болои аҳли санъати ҷавон ва дигар ҷавонони баномус ҷанҷоле бароварда, онҳоро бадном ва «гунаҳгор» карда ба ҳабс мегирифт ва барои «барҳам додани фитна ва тарбия кардани он гуна ҷавонон» онҳоро ба дарбори амир мефиристод.
Ман дар байти худ ба ҳамин ишора карда будам: Амир дар ҷавоби худ аз гуфтугузор ва шикваю шикояти мардум натарсиданашро далел карда нишон дода, дар ҳамон роҳ шӯрапуштона (хулиганона) давом кардан хостанашро бо як ғурур баён менамояд.
Баъд аз шаш моҳ зиёдтар давом кардани ба амир шеърфиристониам дар як рӯзе, ки навбати шеър бурданам буд, пеши қозикалон даромадам. Он рӯз шеъре тайёр нашуда буд, мақсади ман аз ин вохӯрӣ ба қозикалон аз тайёр нашудани шеъре узр хостан ва дар навбати дигар тайёр кардани шеърро ваъда додан буд.
Аммо на ба узр ва на ба ваъда эҳтиёҷе наафтод: қозикалон ба ман монанди пештара муомилаи гарму ҷӯшон накард ва шеъри наве ҳам напурсид. Ман пай бурдам, ки алоқаи ба амир шеърфиристонии ман бурида шудааст. Қозикалон баъд аз коғазпораҳои дар пешаш бударо ин рӯ-он рӯ гардондан аз ҷояш хеста ба мадони меҳмонхонааш даромад ва аз он ҷо як ҷӯра (як ҷомавор) алочаи ресмонии нуратоиро бароварда оварда, ба пеши ман гузошт ва ба ҷойи худ рафта нишаста гап сар кард: . .
— Ин алочаро ҷома карда пӯш, ҳозир ҳавсалаи ҷаноби олӣ аз шеърхонӣ гирифтааст, то дубора суроғ карданашон шеър овардан лозим нест.
Ба ман яқин ҳосил шуд, ки амир аз ман ранҷидааст ва аз ин ҷиҳат бисёр хурсанд будам. Аммо аз «инъоми» қозикалон (алоча) бисёр ранҷидам, чунки он матоъро дар бозор даҳ танга (150 тин) мегирифтанд. «Инъом» кардани он чиз маро таҳқири тоқатнопазир буд. Аввал фикр кардам, ки алочаро дар пеши қозикалон партофта намойишкорона баромада равам. Аммо баъд мулоҳиза кардам: «Халос шуданам аз ин алоқа давлати бузург аст. Дар вақте ки амир аз ман ранҷидааст, ранҷондани қозикалон барои ман натиҷаи хуб намедиҳад, дигар он ки дар назари қозикалон ва амир, ки аз вай ҳам хасистар аст, ҳамин як ҷӯра алоча як чизи калон менамояд. Сабаб ҳамин аст, ки Шоҳин дарбори амирро «доми бедона» номидааст. Бинобар ин мақсади қозикалон аз ин инъом набояд таҳқири ман бошад».
Бо ҳамин мулоҳизаҳо ман алочаро ба даст гирифта, аммо ташаккуре накарда, ба даҳлез баромадам. Ҳамон рӯз дар даҳлез аз маҳрамони қозикалон Акрамхоҷа ном одами миёнсоли аёлманд навбатдор буд. Он алочаро ба ӯ дода:
— Ин алочаи инъомии эшони калонро шумо ба ягон масрифатон сарф кунед, чунки барои ман даркор нест. Аммо ба эшони қозикалон нафаҳмонед, — гуфтам ва ба хушии хотир аз он ҷо баромада рафтам.
* * *
Аз тамом шудани шеърфиристонии ман ба амир дере нагузашта, ӯ ба саёҳати Россия ва Ялта рафт. Мулло Назруллои Лутфӣ, ки надим (ҳамсӯҳбат) ва шоири дарбор буд, аз хизмат фориғ шуда, ба шаҳри Бухоро дар хонаи худ барои истироҳат омад. Ман бо ӯ мулоқот кардам, ӯ ҳар гуфтугузореро, ки дар пеши амир ба болои шеърҳоям шудааст, ба тафсил ба ман нақл кард. Ӯ дар ин бора гуфт:
— Азбаски ман туро ба амир таъриф карда будам, ҳар шеъратро ба ман нишон медод ва аз ман хононда шунида аввалҳо бисёр таҳсин мекард. Чунончи, шеъри фаслу боб ва шеъре, ки дар мавзӯи даҳяк дар мадҳи ӯ гуфта будӣ, ба ман нишон дода, бисёр таҳсин кард ва гуфт:
— Ба қозикалон фаҳмонданам лозим аст, ки ба Айнӣ даҳяк диҳад. Ман дар ҷавоб гуфтам: .
— Айнӣ соли гузашта даҳяк гирифтааст.
Мулло Назрулло нақли худро давом кунонда гуфт:
— Дар охирҳо аз ту як ғазал рафт, ки дар даруни он байти зерин буд:
Бар камбағалон ин ҳама озор намудан
Аз баҳри дили як ду-се пулдор чӣ лозим?
Амир маро дар пеши худ дароварда, тамоми шеърро нишон надода, танҳо ҳамин байтро хонда гуфт:
— Айнӣ дар ин байт маро ҳомии боён ва поймолкунандаи камбағалон гуфтааст. Ӯ иғвогар аст, ӯ бо ин гуна байтҳо камбағалонро ба муқобили ман шӯрондан мехоҳад.
(Ва ҳол он ки савияи сиёсии ман дар он вақтҳо ба ин дараҷа нарасида буд. Ман мазмуни ин байтро аз қозихонаҳо гирифта будам, ки боёнро тарафдорӣ карда, камбағалонро тороҷ менамуданд. Аммо, чунонки мегӯянд, «дузд аз сояи худ метарсад», амир бо ин байт аз худ тарсидааст.)
Мулло Назрулло сӯҳбати худро бо амир давом дода гуфт:
— Дар охири суханони дар боло гуфтааш амир илова намуд: «Ҳамаи шеърҳои Айниро дубора аз назар гузарондан даркор аст» ва маро рухсат дод, ки аз пешаш бароям.
Мулло Назрулло дар нақли худ давом намуд:
— Амир баъд аз се ё чор рӯзи дигар маро боз ба пеши худ даровард. Дар пеши ӯ коғазпораҳо истода буданд, ки дар онҳо чизҳои навишташуда менамуданд. Амир гап сар карда, ба ман гуфт:
— Ман дубора диққат карда дидам, ҳамон шеърҳои «Фаслу боб» ва «Даҳяк», ки шумо «ҳой- ҳой!» гӯён хондед, холис набудаанд. Дуруст аст, ки агар ӯ даҳяк намедошт, «ин шеърҳоро аз аламаш навиштааст»- мегуфтем. Модом, ки даҳяк доштааст, ин шеърҳоро барои он навиштааст, ки муллобачагони пойлучро ба муқобили қозикалон, раис, охунд, аълам ва муфтиҳо, ки ҳама уламои дин буда, мансабдорони давлат мебошанд, хезонад».
Мулло Назрулло гуфт:
— Амир сухани худро давом дода илова намуд:
— Шеъри «Даҳяк» гӯё дар мадҳи ман навишта шудааст, аммо дар вай маро чунон ҳақорат кардааст, ки ман аз падарам — аз ҷаноби олии марҳум ҳам садяки ин гуна ҳақоратро нашунида будам.
Лутфӣ гуфт:
— Амир қадаре сукут карда истод. Маълум буд, ки боз дар дили худ дардҳо дорад ва фикр мекард, ки гӯяд ё нагӯяд? Шояд ба гуфтан қарор дода бошад, ки аз байни коғазпораҳо коғазеро ба даст гирифта, давом намуд:
— Шумо медонед, ки баъзе маҳрамони кӯҳнахизмати ҷавонтарош ҳастанд, ки риши худро тарошида ё бо мӯйчинак чида рӯйи худро суфта карда мегарданд. Албатта, ин айб нест, ҳамаи русҳо ришашонро тарошида мегарданд. Агар, фаразан, ин айб бошад ҳам, ба ман дахл надорад. Айнӣ ана ҳамин ҳолро бо як шакли бешармона тасвир карда, айбашро ба гардани ман бор кардан мехоҳад.
Назар ба қавли Лутфӣ, амир баъд аз ҳамин муқаддима аз қасидаи «Даҳяк» байти зеринро хондааст:
…Ҳушёр шав аз соддадилӣ, боз наёрӣ
Онро, ки шуда содарух аз зарниху оҳак.
Назар ба қавли Мулло Назруллои Лутфӣ, амир боз якчанд байтҳои маро бар зарар ва ҳаҷви худаш шарҳ дода, дар охир гуфтааст:
— Қатъи назар аз ҳамаи инҳо Айнӣ он касе нест, ки шеъри ӯ дар қатори шоирони замон манзури мо гардад. Ӯ як одами сарупобараҳнаи шӯрапушти базмгард аст ва кас дар хондани шеъри ӯ аз шоирони дигар шарм медорад.
Аз ҳамаи ин нақлҳо ба ман маълум шуд, ки ҳамаи тирҳои тахминӣ, ҳатто тасодуфӣ паррондаам ҳам ба нишон расида, ман аз қайди шеър фиристодан ба амир ба тарзи абадӣ халосӣ ёфтаам.

Даҳякгирии талабагони мадраса

Ман дар болотари ин қисми ёддоштҳоям тартиби даҳякдиҳии ҳукумати амирро ба «талабагони даҳякхӯр» ба муносибати зикри Мулло Амони розмозӣ нақл намуда, ваъда карда будам, ки дар оянда тарзи даҳякгирӣ, яъне ба қатори «даҳякхӯрон» даромадани талабаҳои мадрасаҳои Бухороро баён кунам 290. Дар ин боб мехоҳам, ки ана ҳамон ваъдаи худро вафо намоям.
«Даҳяк» ҳазор адад буда, ҳар кадомаш яксаду бист тангаи Бухоро мешуд. Сабаби «даҳяк» номида шудани ин маблағи муайяни инъомӣ он аст, ки манбаи ин маблағ маҳсули заминҳое буд, ки аз ҳосилоташон ба ҳисоби ҳамин маблағ даҳяк гирифта мешуд.
Дар замонҳои пеш даромади ҳақиқии аз ҳамон заминҳо рӯйидаро ба ҳазор қисм тақсим мекарданд, ки гоҳо зиёд ва гоҳо кам мешудааст. Чун амирони Бухоро, монанди андозҳои заминҳои амлок, маҳсули заминҳои ба «даҳякхӯрон» тахсисшударо ҳам сол то сол ба тариқаи сунъӣ зиёд кардан гирифтаанд, барои ба фоидаи худ нигоҳ доштани он қисми маҳсулоти ба тариқаи сунъӣ зиёд кардашуда, ҳам он қисме, ки сол то сол ба сабаби баланд рафтани нархи ғалладона ва дигар ҳосилоти заминӣ зиёд мешавад, саҳми даҳякхӯронро ба як маблағи муайяни садубисттангагӣ (ҳаждаҳсӯмӣ) қарор додаанд.
Ба гирифтани ин маблағи муайян он талабагоне ҳақ пайдо мекарданд, ки китоби «Ҳидоя»-ро мувофиқи қоидаи забони араб рост хонда ва ба тоҷикӣ тарҷимаи дурусти забонӣ (даҳанакӣ) карда тавонанд ва ҳам дар хатми дарсҳошон дар тамом кардани программаи мадрасагиашон беш аз панҷ сол намонда бошад, яъне ҳар талабаи ба даҳякгирӣ «ҳақ пайдокарда» метавонист пеш аз панҷ соли хатми дарсҳои мадрасагӣ карданаш то як сол, ду соли баъд аз хатм ин инъоми муайянро ба даст дарорад.
Агар ана ҳамин шарти дар солҳои гуногуни охирҳои дарсхонӣ ба даст дароварда шудани ин инъоми давлатӣ дар миён намебуд, мо метавонистем «даҳяк»-ро ба «дипломная работа»-и мактабҳои олии замони худ монанд кунем. Зеро ҳар талабаи мадраса, ки лоақал то ягон соли баъд аз хатмаш дар қатори даҳякхӯрон даромада натавонад, хатми дарсҳои мадраса кардани вай эътибор надошт, мударрисӣ, имоматии ҷоҳои калон, қозигӣ ва раисӣ барин мансабҳои мӯътабари илмиро ба даст дароварда наметавонист. Бинобар ин ҳар талаба бо ҳар роҳе ки мумкин бошад, дар солҳои охирини таҳсилаш кӯшиш мекард, ки даҳякро ба даст дарорад.
Тартиби дар қатори даҳякхӯрон дохил карда шудани талабаи пешқадам ва аз тарафи кӣ дохил карда шудани он ба тарзи зерин буд: ҳар сол аз ҳазор адад даҳяки ба даҳякхӯрон додашаванда ба сабаби мурдан, ба сабаби ба мансабҳои калони илмӣ, ки даромадаш ду ҳазор танга ё зиёдтар аз он бошад, расидан, ба сабаби ба ихтиёри худ аз баҳри даҳяк гузаштани баъзе даҳякхӯрон сад-саду панҷоҳ адад даҳяк холӣ мешуд. Ин даҳякҳои холимондаро шахсан худи амир дар байни қозикалон, раиси калон, аълам, охунд ва муфтиҳои дигар тақсим мекард, ки ба шогирдони ба даҳякгирӣ ҳақ пайдокардаашон бидиҳанд. Албатта, аз даҳякҳои холимонда саҳми калонтарин ба қозикалон мерасид ва ба дигар мансабдорони илмӣ, ки дар боло ном бурда шуданд, ба андозаи мансабашон нигоҳ карда, зиёдтар ва камтар дода мешуд, ба дараҷае, ки ба муфтиҳои оддии беамал ду ё се адад мерасид.
Даҳякдиҳандагон «мумайиз», яъне санҷанда ва имтиҳонгиранда номида мешуданд. Ҳар кадоми онҳо дар рӯзи санҷиш се-чор нафар мударрисони болодараҷаро низ ба пеши худ даъват мекарданд, то ба талабагони ба имтиҳон дохилшуда бо маслиҳати он «одамони холис» «баҳои ҳаққонӣ»-дода шуда, «ҳақ дар ҷойи худ қарор гирад».
Имтиҳон, мувофиқи шарти вақфномаи даҳяк, чунонки дар боло қайд карда шуд, аз китоби «Ҳидоя» гирифта мешуд. «Ҳидоя» дар мавзӯи фиқҳ (ҳуқуқ)-и исломӣ таълиф ёфтааст. Ин китоб ду дафтар, яъне ду ҷилд буда, дар вай таҳорат, намоз, рӯза, ҳаҷ, закот барин аз ибодатҳои исломӣ гирифта то никоҳ, талоқ, харидуфурӯш барин муомилоти байнихудии мусулмонон, ушр, хироҷ ва закоти чорпо барин муомилоти байни аҳолии мусулмон ва ҳукумат баён ёфтааст.
Дар имтиҳони даҳяк ба талаба одатан аз аввали бобҳо ва фаслҳои ҷилди аввали «Ҳидоя» медоданд. Агар он талаба ягон саҳифаи ҷойи нишондодашударо мувофиқи қоидаи забони араб бе ғалат, ҳеҷ набошад, бо як ё ду ғалат хонда, ним саҳифа барин аз ҷойи хондаашро ба забони тоҷикӣ тарҷима карда тавонад, ӯ ҳақ пайдо мекард, ки ба рӯйхати даҳякгирандагон дохил карда шавад.
Ҳар «мумайиз» ба қадри адади даҳяке, ки ба вай кӣ дода шудани вай ба ихтиёри худаш гузошта шудааст, аз шогирдони худ аз санҷиш гузаронида, ба қушбегӣ (сарвазир) мефиристод. Қушбегӣ он рӯйхатҳоро ба амир мефиристод ва амир он рӯйхатҳоро тасдиқ карда, бо фармони махсусе ба қушбегӣ бармегардонд, ки «ба он номбурдагон даҳяк дода шавад». Қушбегӣ баъд аз гирифтани фармон даҳякхӯрони навро дар рӯзи муайяне ба арки подшоҳӣ даъват карда, дахякҳошонро медод ва он рӯйхатҳо бар рӯйхати умумии даҳякхӯрон илова карда мешуд.
Толибони даҳяк ҳар сол ду ё се моҳ пештар аз мавсими даҳяк ба «фаслу боб кардан» машғул мешуданд, яъне аввалҳои ҳар боб ва ҳар фасли дафтари аввали «Ҳидоя»-ро ба тайёр кардан сар мекарданд, то ки агар толеашон тохта ягон мумайиз онҳоро дар имтиҳон дохил кунад, мабодо «маҷрӯҳ» шаванд, яъне дар санҷиш афтанд.
Одатан то се ё чор нафар талабагони ба якдигар ҳолдон ҳар шаб дар ҳуҷраи яке аз онҳо ғун шуда, аввалҳои фаслҳо ва бобҳоро ҳам аз ҷиҳати қоидаи забони араб ва ҳам аз нуқтаи назари тарҷимаи тоҷикӣ дида мебаромаданд. Яке аз он ҳамфаслубобон, ки дар саводи арабӣ ва тоҷикиаш боварӣ бошад, ба он гурӯҳ раҳбарӣ мекард. Яке аз онҳо аввали фасл ё боберо мехонд, дигарон гӯш медоданд ва хатои хонандаро ислоҳ менамуданд. Агар дар байнашон ихтилоф ва мунозира воқеъ шавад, раҳбар фикри худро мегуфт ва фикри ӯ, хоҳ мувофиқи фикри яке аз мунозиракунандагон бошад, хоҳ мухолифи ҳама, аз тарафи ҳама қабул меёфт.
Ман, ки панҷ сол пештар аз хатми дарс даҳяк гирифта будам, дар солҳои дигар то хатм ва як сол баъд аз хатм маҷбур будам, ки дар маҷлиси фаслу боби шарикони қадрдонам иштирок кунам, зеро як қисми онҳо он шарикдарсонам буданд, ки дар солҳои аввали дарсхонӣ ман бо онҳо дарс тайёр мекардам ва онҳо ба ман ёрии моддӣ мерасонданд, бинобар ин маънан ман худро аз онҳо қарздор ҳисоб мекардам ва дигарҳошон ба сабаби боистеъдод буданашон сазовори ёрӣ ва бинобар қашшоқ буданашон аз хар гуна ёрии одамҳо маҳрум буданд. Ман ба ин гуна шариконам ёрии маънавӣ расонданро вазифаи инсонӣ ва ҷамъиятӣ мешумурдам.
Азбаски он вақтҳо бародари бузургам дарси мадрасаро тамом карда баромада, дар деҳаи худамон имом, хатиб, ҳам мударрис шуда, соҳиби даромади дурусте гардида буд, ба ман низ, кам хам бошад ёрии моддӣ мерасонд. Ман бо қаноат зиндагӣ мекардам ва барои ёрии моддӣ на хизмати ҷисмонӣ ва на хизмати маънавии касеро намекардам. (Ба фаслубобкунандагони боистеъдоди қашшоқи сазовори ёрии маънавӣ, то вақте ки дар Бухоро будам, ёрӣ расонда истодам.)
То ин ҷо ҳар чизе, ки дар бораи даҳякгирӣ, даҳякдиҳӣ ва шартҳои вақфнома навиштам, чизҳои расмӣ ва қоидаҳоеанд, ки ҳеҷ гоҳ пурра ба амал наёмадаанд ва дар ҳақиқат ҳама кор бо пул, бо ришва ва бо восита, ки асоси ин ҳам пул аст, ба анҷом мерасид. Аммо ҳеҷ кадом аз мумайизҳо рӯйрост аз касе чизе гирифта наметавонистанд, зеро толибони даҳяки қашшоқ, ки «кор ба ҷону корд ба устухонашон расидааст» ва шабу рӯз дари ҳавлии мумайизро гирифта менишастанд, мумкин буд, ки ришвадиҳандагон ва гирандагонро дастгир карда беобрӯй намоянд. Бинобар ин пулдорон аз байни занон восита (миёнарав) ёфта, ба ҳавлии даруни мумайиз фиристода, ришваи худро ба воситаи зани мумайиз ба ӯ мерасонданд.
Дуруст аст, ки дар он миён баъзе талабагони қашшоқ ҳам даҳяк гирифта мемонданд. Аммо инҳо одамоне буданд, ки дар дониш шӯҳрати калоне доштанд ва мумайизоне, ки амир ба ихтиёри онҳо додани бисёртар даҳякро гузоштааст, барои рӯйкашкунӣ ва чашмбандӣ яке, агар даҳяк дар ихтиёрашон аз даҳ адад зиёд бошад, ду нафар талабаи қашшоқи дар дониш шӯҳратпайдокардаро худ кас монда оварда мегуфтанд, ки «тайёр шав ва дар рӯзи китобдиҳӣ (санҷиш) ин ҷо ҳозир бош, ки ман ба ту китоб медиҳам (ба имтиҳон медарорам), агар аз озмойиш баройӣ, ман ба ту даҳяк медиҳам».
Агар дар рӯзҳои даҳякдиҳӣ талабагони қашшоқи аз даҳяк монда дар ҳаққи мумайиз «забондарозӣ кунанд» ё дар кӯчаву паскӯчаҳо номи мумайизро ба ришвагирӣ шӯҳрат диҳанд, мумайиз дар бораи «холисанлиллоҳ» ва бе мулоҳизаи ҳеҷ гуна манфиати моддӣ даҳяк доданаш ҳамон талаба ё талабагони қашшоқи дар дониш машҳурро мисол нишон медод ва мегуфт: «Охир, дар вақфномаи даҳяк навиштаанд, ки «ба ҳар талабаи қашшоқ даҳяк дода шавад», балки шарти аввали ба даҳякгирӣ ҳақ пайдо кардан ин аст, ки «Ҳидоя»-ро об барин донад. Он талабагони қашшоқе, ки ба шарт рост меомаданд (масалан. фалонӣ ва фалонӣ), худам бе воситаи касе кас монда оварда, дар ҳузури одамон ва муллоёни холис аз имтиҳон гузаронида даҳяк додам. Хама медонанд, ки онҳо чизе надоранд, ки хӯранд, чӣ ҷойи он ки барои даҳякгирӣ пора диҳанд».
Мумайиз барои қувват додани сухани худ илова менамуд: «Охир, ман садақатақсимкунандаи ҷаноби олӣ нестам, ки ба ҳар талабаи қашшоқ садубисттангагӣ бароварда додан гирам». Ман дар ҳамон вақтҳо бо кадом роҳҳо ба даҳякгирӣ «ҳақ пайдо кардани» талабагони дороро дар шеъре дароварда будам. Мехоҳам ҳамон шеърро дар ин ҷо ба хонандагон пешкаш намоям:

ҚИТЪАИ «МАСЛИҲАТӢ» ДАР БОРАИ ДАҲЯКГИРӢ
Наздик гашта мавсими даҳяк чу эй шарик,
Таҳсили илму фазл накун, «фаслу боб» хон!
Маънии фасл — восита, маънии боб — дар,
Таҳсили ин ду ҳосили аз фаслу боб дон!
Яъне дари сарои мумайиз раву нишин,
Аз баҳри хеш восита ҳам ёбу барнишон,
Лозим бувад, ки воситаат бошад аз дарун*,
Зеро даруни боб бувад фаслро макон**.
Ин аст фаслу боб, ки кардам баён манаш,
Гар маънии дигар бувад ӯро, намо баён***.
Пеш аз тамом кардани ин боб ҳаминро ҳам бояд қайд кунам: «даҳяк», ки худ як саду бист танга буд ва ба даст дароварандаи вай панҷ сол ё шаш сол зиёдтар вайро гирифта наметавонист, ҳазорҳо тангаи талабагони дороро барбод медод: онҳо ғайр аз порае, ки имтиҳон гирифта даҳякдиҳандаро ва воситашавандаро медоданд, баъд аз расман ба даст дароварданашон ин маблағро якчанд рӯз дастархони муборакбодӣ кушода, ба ҳар кадом оянда ва равандагони шинос ё ношинос як сарқанди дукилогӣ, ҳеҷ набошад, як қуттӣ наботи яккилогиро бо як ва ё дуто нони тафтон медоданд. Ба даҳякдиҳанда ҳам «муборакбодӣ» гӯён як дег оши палав, нӯҳ дона нони тафтон ва як сарқанди якпудӣ мебурданд. Азбаски даҳяк ба дасташон даромадагӣ буд, ин пешкаши ба мумайиз бурдаашон ришва ҳисоб намеёфт.
Ғайр аз ин, ёру дӯстони наздикашонро ҷамъ карда зиёфат медоданд ва базм ташкил мекарданд. Баъзе талабагони миёнаҳол бо ҳамин даҳякгирӣ ҳуҷраи истиқоматиашонро фурӯхта, харҷ карда ва ҳамаи воситаи моддии зиндагиашонро ҳам аз даст дода, мадрасаро тарк намуда, ба саҳро ё ба вилояташон мерафтанд.
Талабагони қашшоқи тасодуфан даҳякгирифта ҳам аз хароҷоти муборакбодӣ халосӣ намеёфтанд ва ба андозаи аҳволи худ ягон чизашонро фурӯхта ё қарзе карда, дастархоне кушода, табрики муборакбодкунандагонро қабул намуда, ҳеҷ набошад, якто нони тафтон ва як каф қандалот медоданд ва ба мумайиз ҳам ягон табақ нон карда мебурданд. Вагарна дар зери таънаву лаънати одамон мемонданд.
Дар ин хусус ҳам шеъре дорам, ки мехоҳам аз муқаддимаи он якчанд байтро дар ин ҷо нақл намоям:
__________
* Дарун — дар ин ҷо ба маънои ҳавлии дарун, яъне бояд воситаат зан бошад, ки ба пеши зани мумайиз дарояд,
** Дар таълифоти кадим хар боб ба чандин фасл тақсим мешавад, ин ҷо «фаслу боб» ба ҳамин маънӣ далели мақсад гирифта шудааст.
*** Ин ҷо «баён» ба маънии мантиқиаш «исбот» аст, «намо баён», яъне «исбот кун».

ҚАСИДАИ «ДАҲЯК»
Бозор зи бозор, шарик, аз пули «даҳяк»
Ҳалвою мураббою кабобу маю шӯрак.
Як халта пур аз соягию пиставу бодом,
Як қуттӣ пур аз кӯфтаву руставу 291 пашмак.
Табрик намоянд туро мардуми олам,
Ҳотам шаву сарқанд бубахшой ба хар як.
Асбоби тараб — чангу дутору наю танбӯр,
Лозим бувад имрӯз рубобу дафу ғиҷҷак. .
Дарёб дуҳулзан, ки агар нест нақора,
Мутриб натавон ёфт раҳи зеру баму бак.
Овози наю дойраву нағмаи гармон,
Гар ҷӯр шуд, аз чарх расад Зӯҳра ба қарсак.
Гармони Ғулом 292 ин хама оҳанг надорад,
Тайёр кун имрӯз Ашӯрқозию думбак.
Бе ёр наку нест тараб, зуд хабар кун,
Як дилбараки хурдтараки содаи шӯхак.
Навраста нигоре, ки ба ҷуз бӯса таманно
Аз вай натавон кард, чу навбоваи* таррак**.
Ҳушёр шав аз соддадилӣ боз наёрӣ
Онро, ки шуда содарух аз зарниху оҳак.
Дар шаҳр муҳайё макун ин базм, ки гардем
Аз тӯҳмати ин муддаиён*** мову ту сартак.
Саҳро ба тамошову тараб нек бувад, лек
Андар раҳи саҳро натавон рафт ба кӯтак****.
Кӯтак натавон кард саворӣ ба чунин рӯз,
Ташвиш мабодо диҳад аз дак-даки ғалтак 293.
Бояд ки зи Бозори алаф***** зуд биёрӣ,
Ду аспи накунок ду-се чорчилолак******.
Гар тангаи даҳяк нарасад, ҳеҷ махӯр ғам,
К-имрӯз намонӣ ба ҷаҳон бепулу луччак.
Судхӯр барои ту муҳайёст, диҳад қарз,
Ҳам ҳуҷраву ҳам хона ситонад зи ту як-як…*******
(Қасида дар ин ҷо бо як байти гурезагӣ ба тавсифи амир мегузарад).
____________
* Навбова — меваи пешпазаки нимрас.
** Таррак — харбузаи хом.
*** Муддаиён — дар ин ҷо ба маънои хасм ва тарафи муқобил (бо маънии ҳуқуқиаш).
**** Кӯтак — аробаи кӯтак аст, ки русҳо аробаи эронӣ мегӯянд.
***** Бозори алаф — дар ҳамон вақтҳо кирокашхонаи фойтунчиҳо буд.
****** Чорчилолак — фойтун.
******** Дар тазкираи Садри Зиё ин қасида бо хоҳиши муаллифи тазкира кӯтоҳ ва баъзе байтҳояш тағйир дода шудааст. Дар вайрон кардани байтҳои ин қасида котибони нусхабардори ин тазкира низ хизмат кардаанд.

Харгургон ва «рӯбоҳон»

Дар солҳои даҳякгирии шарикон (ҳамсинфҳоямон) дар пеши аълами Бухоро — Ғиёс- махдум дар ҷамоаи мо (гурӯҳамон) як шарики нав пайдо шуд. Ин одам сарулибоси хеле озодаи аъло дошта, бухороӣ буд.
Пайдо шудани ин одами нав, хусусан ки сару либосаш доро будани ӯро нишон медод, толибони даҳякро хеле дар ташвиш андохт: талабагони қашшоқ метарсиданд, ки «ин одами бой боз як даҳякро аз миён зада мегирад». Ҳатто талабагони дорои даҳякгириашон муайяншуда ҳам аз ин одам тарсиданд: онҳо эҳтимол ҷорӣ мекарданд, ки «аҷаб нест, ин одам аз мо бойтар бошад ва нархи даҳякро аз мо зиёдтар карда гирад ва мо дар соли оянда монем».
Лекин рафта-рафта он тарсу ташвиши толибони даҳяк барҳам хӯрдан гирифт, чунки ин одам на бо қории ҷамоа (сарсинф) ва на бо дигар шарикони пештар даҳякгирифта алоқае набаст ва ҳол он ки толибони даҳяк бо кадом роҳе, ки даҳяк мегирифта бошанд, бо ин одамон, хусусан, ба қории ҷамоа, алоқа бастанашон лозим буд.
Толибони даҳяк, ки ҳамеша дари хонаи мумайизро дидбонӣ карда, «кӣ омадан ва кӣ рафтан»-ро дар назар мегирифтанд ва бо ин кор хам мехостанд, ки толиби гузарои даҳяк буданашонро ба мумайиз нишон диҳанд ва ҳам порадиҳандагонро ба даст дароранд, ба пеши аълам ягон бор даромада баромадани ин одами навро хабар надоданд. Ин ҳам як далели иловагӣ шуд барои бартараф шудани тарсу ташвиши толибони даҳяк.
Аммо дар рӯзи имтиҳонгирӣ (барӯйхатдарорӣ) ин одами нав дар байни толибони бешумори даҳяк ва тамошобинон пайдо шуд. Намудор шудани ӯ дар он рӯз ҳам сабаби ташвиши толибони даҳяк нашуд, чунки ҳар кас ӯро «тамошобин» гумон кард ва ӯ монанди толибони даҳяк «тақсир, ба ман китоб диҳед, маро озмуда бинед, агар маҷрӯҳ шавам (дар имтиҳон афтам), аз толеам медонам» гӯён фарёд ҳам намекард.
Аммо вақте ки китобдиҳӣ (имтиҳон) сар шуд, аълам аз ҳама пештар ӯро ҷеғ зада китоб дод ва ба чӣ гуна хондани ӯ ҳеҷ аҳамият надода ва луқмаҳои (репликаҳои) аз тарафи тамошобинон ва толибони даҳяк ба ӯ додашударо ношунида вонамуда, ӯро ба рӯйхати даҳякгирон даровард.
Ӯ баъд аз гирифтани даҳяк ҳам урфу одати дар ин кор ҷорӣ бударо накард, яъне дастархони муборакбодӣ накушод, муборакбодӣ гӯён ба касе лаби ноне ҳам надод ва мумайиз — аълам ҳам сарқанди якпудӣ он тараф истад, ошею ноне ҳам набурд. Хулоса, чунонки ногаҳонӣ даҳяк гирифтани ӯ ба назари даҳякгирон, даҳякхӯрон, толибони даҳяк ва талабагони мадраса аҷиб менамуд, ягон урфу расми маросими даҳякгириро ба ҷо наёвардани ӯ аз вай ҳам аҷибтар менамуд. Азбаски ӯ дар миёнаи ҷамоаи мо нав пайдо шуда буд, бо касе алоқа ва шиносоӣ надошт, «қоидадонон» ва «урфу одат нигаҳдорандагон» роҳе намеёфтанд, ки забони худро дароз карда, ӯро «туфу лаънат» ва «сарзанишу таъна» намоянд. Фақат дар ғайби ӯ дар байни худ мегуфтанд, ки «қандаша хӯрад, ҳамаро қоил ва моту мабҳут кард». Ин бошад дар ҳаққи ӯ таъна набуда, таҳсин ва офарини гузаро буд.
* *
Одами нав баъд аз гузаштани мавсими даҳяк ва хомӯш гардидани гуфтугузори ин маросим ба мо — ба гурӯҳи мо, ки аз якчанд нафар шарикони наздикфикр ташкил ёфта буд, баҳонае ёфта алоқа баста, роҳи шиносоӣ ва ошноӣ кушод. Чунонки аз шарҳи аҳволи шахсии ӯ маълум шуд, ӯ Қорӣ Ибод ном дошта (ин ғайри он Қорӣ Ибод аст, ки дар «Ҷаллодони Бухоро» бо унвони шӯрапушти дузд қайд шудааст) 294, ҳавлиаш дар гузари Таҳтизиндони Бухоро будааст ва ба ин муносибат ӯро «Қорӣ Ибоди такизиндонӣ» мегуфтаанд. Бародари калони ӯ аз омилони закот 295 будааст. Аммо ин ба ӯ алоқа надоштааст ва инчунин ӯ аз дарбориёни калони ҳамон замон хоҳарзодаи Раҳмонқулбии додхоҳи удайчӣ 296 (вазири ташрифот) будааст, лекин бо Рахмонқулбӣ ҳам алоқа надоштааст. Ба муносибати қории Қуръон буданаш мақсураи дурусте (вақфи махсуси қориён) ба даст дароварда, бо даромади он зиндагонӣ мекардааст.
Чун рафта-рафта алоқаи ӯ бо мо бисёр наздик шуд, ман аз ӯ барои даҳякгирӣ чанд пул харҷ карданашро пурсидам. Ӯ гуфт:
— Одамони аҳмақ барои даҳякгирӣ пул сарф мекунанд; Худоро шукр, ман он қадар идрок дорам, ки хандазор ва аблаҳӣ будани барои як саду бист танга барбод додани ҳазорҳо тангаро бифаҳмам.
— Пас чӣ гуна ба тарзи ногаҳонӣ ва асрорангезона даҳякро ба даст даровардед? — боз пурсидам.
— Калонон ва мансабдорони замони мо, хоҳ аз ҷумлаи сипоҳ бошанд, хоҳ аз табақаи уламо, «харгургонанд», — гуфт ӯ ва ин таъбири сарбаста ва аҷиби худро ба тарзи зерин шарҳ дод: — яъне дар пеши амир ва дар пеши он касоне, ки дар мансаб аз худашон болонишин ҳастанд, монанди хар борбардор ва ором мебошанд, аммо ба болои зердастон — ба болои касоне, ки дар амал ва мансаб тобеи онҳоанд ва ба болои аҳолии оддӣ гурги даррандаи ваҳшианд. (Ман ин мазмунро дар романи «Ғуломон» кор фармудаам.)297
Ӯ хомӯш монд ва ман пурсиши худро давом додам:
— Ин таъбири шумо барои калонони замони мо тавсифи кӯтоҳи бисёр пурра аст, ки дар забони тоҷикӣ барои онҳо аз ин беҳтар, равшантар ва ҳамафаҳмтар таъбир ёфтан мумкин нест. Офарин! Аммо барои ногаҳонӣ даҳяк гирифтани шумо «харгургон» будани калонон чӣ муносибат дорад?
— Сабр кунед! — гӯён ба ҷавоби худ давом кард Қорӣ Ибод. — Дар муқобили харгургон «рӯбоҳон» ҳам ҳастанд, ки бе он ки бо онҳо ҷангу ҷидол кунанд, роҳи бо онҳо мубориза бурданро медонанд ва ман аз ҷумлаи ҳамон «рӯбоҳон» мебошам.
— Пас барои даҳякро ба даст даровардан чӣ гуна рӯбоҳбозиро ба кор бур-дед? — боз пурсидам ман. Аз оҳиста-оҳиста ва дона-дона суханронӣ кардани ӯ дилам танг шуда буд.
— Як рӯзи дарс, ки аълам дар дарсхона буд ва дидбонони даҳякталаб ҳам атрофи ҳавлии ӯро холӣ гузошта ҳамагӣ дар гирду пеши дарсхона дидбонӣ мекарданд, ман як сабадча ангури ҳусайниро аз бозор харида гирифта бурда, ба ҳавлии ӯ даромадам ва мунтазири аз дарсхона баргаштани ӯ шуда нишастам. Ӯ омада ба меҳмонхонааш даромада, ҷомаҳои кӯчапӯшиашро кашида, либосҳои рӯйихонагӣ пӯшида, дар ҷояш нишаст. Ман ҳам дар пеши дари миёнаи даҳлез ва меҳмонхона рафта сабадчаи ангури дар даст доштаамро намоён карда рост истодам.
Чун чашми ӯ ба ман афтод, таъзимкунон салом додам. Ӯ бо ишора таклиф кард, ки ба даруни меҳмонхона дароям. Ман даромада ба наздики ӯ рафта, зонузанон сабадчаи ангурро бо ду дасти одоб пешаш гузошта, аз ҷоям хеста, пуштнокӣ қадам зада дар поёнтари хона рафта, дузону нишаста ба канори худ чашм дӯхтам.
— Ту кистӣ, чанд рӯз аст, ки дар дарсхонаи мо менамойӣ, аммо кӣ будани туро намедонам, — гуфт ӯ. Ман, бе он ки ба ӯ нигоҳ кунам, номи худ ва бошишгоҳи худро гуфта, хоҳарзодаи Рахмонқулбии додхоҳи удайчӣ буданамро илова намудам. Чун аълам номи додхоҳро шунид, диққати ӯ ба ман зиёдатар шуда, пурсид:
— Дар ин наздикиҳо удайчиро дидӣ?
— Понздаҳ рӯз аз ин пеш дида будам.
— Магар Кармина рафта будӣ?
— Не, он кас якшаба аз ҷаноби олӣ рухсат гирифта ба чорбоғи худ омада буданд. Азбаски ба хешони худ пешакӣ хабар дода буданд, мо рафта дидем. Аммо бинобар мулоҳизаҳои сипоҳигардӣ (сиёсӣ) омаданашонро ба берунаҳо нафаҳмонданд ва касонеро хам, ки аз омаданашон хабардор шуда омада буданд, ба пеши худ надароварданд ва надиданд.
— Хуб, аз даргоҳи ҷаноби олӣ чиҳо ҳикоят карданд?» — аълам кунҷковона пурсид.
— Баъзе гапҳои муҳим ҳикоят карданд, аммо ба ҳеҷ кас нагӯй гуфта таъкид намуданд. Кунҷковии аълам боз ҳам зиёдатар шуда:
— Магар ба ман ҳам, ки устодат мебошам, низ нагӯй гуфтанд? — боз пурсид аълам ва беихтиёр аз ҷойи нишасташ лағжида ба тарафи ман пештар омад.
— Зотан, шогирд шудани ман ҳам ба ҷаноби шумо аз ҳамон гапи сирри давлатӣ баромад, — гуфтам ман оташи кунҷковии ӯро доман задан хоста.
— Пештар биё! — гуфт ӯ ба ман. Ман як газ пештар рафтам.
— Боз пештар! Боз пештар! — гӯён охир маро ба наздики худ бурд ва пурсид:
— Дар воқеъ ту чаро дар охири таҳсил омада ба ман шогирд шудӣ? Ман ба ин сухани ӯ хандидам.
— Чаро механдӣ? — гуфт аълам қадаре сурх шуда, аммо ман нафаҳмидам, ки ин сурхшавии ӯ аз хиҷолат буд ё аз хашм ва илова намуд: — Магар ман ягон сухани хандаовар гуфтам?
— Шумо мехоҳед, ки сирри давлатиро аз ман ба ман нофаҳмонда дониста гиред. Аммо фонӣ гардидани ин сир ба ман не, аз ҳама аввал ба ҷаноби худатон ва баъд аз он ба додхоҳ зарарнок аст, — гуфтам ман. Акнун аълам саросема гардида, сари каловаи худро гум карда, девона барин шуда буд ва бетоқатона ба гап даромад:
— Модом ки фош гардидани он сир ба худам зарарнок будааст, ман чаро фош кунам, ман ҳаққи устодии худро ба ту шафеъ оварда (восита карда) мепурсам, ки он сирро ба ман гӯй ва ман қавл медиҳам, ки ба ҳеҷ кас намегӯям.
— Модом ки шумо ҳаққи устодии худро ба миён овардед, ки дар назди ман аз ҳама пурқиматтар аст ва ба болои ин қавл додед, ки ба ҳеҷ кас намегӯед, ман маҷбурам, ки бар хилофи қавли ба додхоҳ додаам он сирро ба ҷанобашон арз кунам, — гуфтам ва давом намудам: — Вақте ки ман шабона дар чорбоғи худашон бо тағоиам мулоқот кардам, он кас аз ман дар куҷоҳо хонда гаштанамро пурсиданд. Ман қозикалон ва чанд дарсхонаи дигарро, ки дар он ҷоҳо мехондам, ном бурдам. Додхоҳ боз пурсиданд, ки: «Магар ба эшони аълам то ҳол шогирд нашудаӣ? — Не, — гуфтам ман дар ҷавоб. Он кас сари худро афсӯсхӯрона ба ду тараф ҷунбонда гуфтанд: Аз фардо намонда ба эшони аълам шогирд шав ва домани он касро сар надеҳ, ки баъд аз сари қозӣ Бадриддин қозикалоншаванда ҳамон кас мебошанд. Ман хомӯш мондам, аълам дар ҳаяҷон афтод ва баъд аз қадаре ором гирифтан ӯ аз ман пурсид:
— Напурсидӣ, ки додхоҳ ин хабари хушро ба кадом далел аз даҳон баровардаанд, оё дар ягон вақт ҷаноби олӣ марҳамат кардаанд?
— Пурсидам, — гуфтам ман ва ба тафсил кардан даромадам: — Назар ба қавли додхоҳ, — гуфтам ман, — ба муносибати пир шудани қозӣ Бадриддин дар дарбори олӣ бар болои номзади қозикалони оянда гуфтугузор мерафтааст. Остонақул-қушбегӣ қозӣ Бақохонро бинобар сайид ва худро имомзодаи шиаҳо шумурданаш тарафдорӣ мекардааст. Аммо додхоҳ ва якчанд дарбориёни калони бухороӣ ва қаршигӣ тарафи ҷаноби шумо будаанд. Додхоҳ гуфтанд, ки «Охир, мо Абдулҳафизбии иноқи ҳокими Чорҷӯй, Низомиддинхоҷаи ҳокими Зиёуддин, Авлиёқулбеки ҳокими Китоб ва Мирзо Насруллои ҳокими Шаҳри Сабз барин ғуломони қадрдони ҷаноби олиро ба тарафи худ кашида ғалаба кардем ва ҷаноби олиҳазратам қарор доданд, ки баъд аз сари қозӣ Бадриддин эшони аъламро қозикалон кунанд. Аммо таъкид карданд, ки то вафоти қозӣ Бадриддин ин сир фош нагардад.
Қорӣ Ибод гуфт:
— Бо шунидани ин суханҳо аълам чунон дар ҳаяҷон афтод, ки дар як ҷо ором нишаста наметавонист ва кафҳои дастонашро бар якдигар сахт-сахт мемолид ва дар вақти молиш додани кафҳояш ба тарафи росту чапи худ печутоб мехӯрд, гоҳо кафҳои дасташро ба сари синаву дили худ молиш медод ва гоҳо сари синаву дили худро зер карда меистод, гӯё ки дилаш аз хонааш баромада рафтан мехоҳад ва ӯ мехоҳад нигоҳ дорад. Ман метарсидам, ки аҷаб нест аз хурсандӣ шодимарг шавад. Оқибат, қадре ором гирифт ва аз ман пурсид:
— Ту даҳяк дорӣ?
— Не.
— Ман ҳамин сол ба ту даҳяк медиҳам.
— Ман имсол даҳяк намегирам! — гуфтам бо оҳанги қатъӣ, лекин оромона.
— Чаро? — бо оҳанги тааҷҷуб пурсид аълам.
— Зеро шумо шогирдоне доред, ки понздаҳ сол боз дар пеши шумо дарс мехонанд ва ҳанӯз даҳяк нагирифтаанд. Агар шумо ба ман, ки шогирди понздаҳрӯзаам, даҳяк диҳед, гапу ҳарфи бисёр мешавад, ҳам ба шумо ва ҳам ба ман зарар мекунад.
— Ҷаноби олӣ, ки ихтиёри даҳ- дувоздаҳ даҳякро ба дасти ман медиҳанд, ман ҳақ дорам, ки ба ҳеҷ кадоми шогирдонам надода, аз кӯча талабгоронро оварда «Ҳидоя»-ро нағз медонанд»- гӯён ба онҳо даҳяк диҳам ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки кори маро пурсуков ва бозхост кунад, — гуфт аълам ва илова намуд: — Албатта, ту дар рӯзи даҳякдиҳӣ дар ин ҷо ҳозир бош, ман ба ту китоб дода, аз имтиҳон гузаронида, ҳилаи шаръиашро дуруст карда, ба ту даҳяк медиҳам.
— Намешавад, — гуфтам ман ва илова кардам: — ман «Ҳидоя»-ро ҳеҷ нахондаам ва азбаски имсол нияти даҳякгирӣ надоштам, монанди толибони даҳяк аввалҳои фаслҳо ва бобҳои он китобро ҳам тайёр накардаам, ман беҳуда худро дар миёни омма маҷрӯҳ карда (ғалтонда) расво намекунам. Агар саломатӣ бошад, соли оянда ё ду сол баъд мегирам.
— Ту мусулмони сода буди! Ман ба ту китоб медиҳам ва худ бо мударрисоне, ки ҳамон рӯз дар пеши ман дар маҷлиси имтиҳон ҳозир мешаванд, сӯҳбат сар мекунам. Кӣ медонад, ки ту китоб хондӣ, ё нахондӣ, ё хато хондӣ? Дуруст аст, ки тамошобинон ё толибони даҳяк аҷаб нест, ки «ғалат хонд» — гӯён ғавғо бардоранд. Аммо сухани онҳо эътибор надорад, зеро онҳо одамони холис нестанд, холис набудани толибони даҳяк маълум аст. Тамошобинон бошанд, онҳо ҳам ё ба баъзе толибони даҳяк тарафдоранд, ё муқобил. Бинобар ин суханҳои дар давраи китобхонӣ фарёдкашандагонро дар бозори тез ҳам бо як пули сиёҳ ҳеҷ кас намегирад.
Қорӣ Ибод гуфт:
— Бо нозу истиғнои бисёре аъламро миннатдор карда охир розӣ шудам, ки рӯзи китобдиҳӣ ҳозир шавам ва даҳяк гирам. Ба ҳамин тариқа, ногаҳонӣ дар чашми толибони даҳяк монанди балои осмонӣ ҳозир шуда, даҳякро гирифтам.
Қорӣ Ибод дар охири сухани худ гуфт:
— Ман медонистам, ки шумоён, чанд нафар шоирон, аз ҳушёртарин одамони ҳамин замон мебошетон. Ман мехостам, ки бо шумоён дӯсти наздик шавам ва «рӯбоҳбозӣ»-ҳои худро нақл кунам ва нишон диҳам, ки шумоён дар ягон гӯшаи дафтари шеърҳотон навишта монетон, то аз мо ёдгорие монад ва барои ояндагон ибрат шавад ва ҳамроҳи ман ба гӯр наравад. Чунки ман ин гапҳои худро ба ҳеҷ кас гуфта наметавонам. Агар ин сирҳои ман фош гардад, дар зери лагад ва дандони «харгургон» маҳв мешавам.
Қорӣ Ибод баъд аз муқаддима дар ҳамон маҷлис ва баъд аз он дар маҷлисҳои дигар дар бораи рӯбоҳвор мубориза карданаш бо «харгургон» бисёр воқеаҳо нақл кард. Аммо ҳеҷ кадоми онҳо қобили ба омма пешкаш кардан набуданд, чунки ҳамаи онҳо шахсӣ буда, ҳамагӣ ба манфиати худи «рӯбоҳбозикунанда» натиҷа медоданд. Фақат ҳамин қадарро исбот мекарданд, ки калонони он замон монанди хар аҳмақи борбардор ва монанди гург даррандаи хунхор будаанд.
Нақл намудани танҳо як рӯбоҳбозие, ки Қорӣ Ибод дар вақти иштирок карданаш дар як саёҳати мо кард, муносиб дида шуд. Ҳарчанд натиҷаи ин воқеа низ шахсӣ буда, ба омма дахл надошта бошад ҳам, барои исботи таъбири боло — «харгургон» будани калонони он замон ва бо онҳо мубориза карда фоида бурда тавонистани «рӯбоҳон» як далели дигар мешавад.
Ҳарчанд воқеаи даҳякгирии Қорӣ он таъбир ва тавсифро ба хубӣ исбот мекарда бошад ҳам, аҷаб нест, ки баъзе хонандагон он воқеаро тасодуфӣ гумон кунанд. Вақте ки дар паҳлуи вай воқеаи зерин, ки нависандаи ин сатрҳо ба чашми худ дидааст, оварда шавад, мисол ду шуда, характери умумӣ пайдо мекунад.

Саёҳати махдумони сохта

Як сол мо дар аввалҳои моҳи сентябр дар саҳро саёҳат кардан хостем. Мақсади аввалӣ аз ин саёҳат ҳавои тозагирӣ, харбузаву ангурхӯрӣ буд, ки дар саҳро фаровон буд. Дар ин зимн дидани деҳаи Суғд, ки ҳавлии бобои падарӣ ва хешовандони Аҳмади Дониш дар он деҳа воқеъ аст ва дидани деҳаи Қотиён, ки бошишгоҳи созандагон ва хешовандони қозӣ Қурбонхони Фитрат мебошад, ҳам дар он ҷо Аҳмади Дониш дар аснои саёҳатҳои саҳроиаш ҳар сол рафта рӯзе чанд меистод, дар мақсади мо дохил буданд.
Мувофиқи ин мақсадҳо роҳи гардиши саёҳати мо аз Бухоро Вобканд — деҳаи Суғд — Қотиён ва аз он ҷо Ғиждувон ва деҳаи хешовандони ман, баъд аз он Вағонзе ва Бухоро буд. Рафиқони саёҳати мо Мирзо Абдулвоҳид, Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ, Мирабдулқодири Байтал, аз алоқамандони Ҳомидхоҷа — Қорӣ Саъдулло ном касе ва ман будам.
Аз куҷо бошад, нияти саёҳати саҳро доштани моро Қорӣ Ибоди такизиндонӣ шунида, пеши мо омад ва ҳамроҳ бурдани худашро илтимос кард:
— Зарарам ба шумоён намерасад, харҷро баробари дигарон медиҳам, аҷаб нест, ки дар ташкил кардани тамошоҳо ба шумоҳо фоидаам расад, — гуфт.
Мо қабул кардем. Ба ҳамин тариқа, рафиқони саёҳати мо шаш нафар шуданд. Барои саворӣ мо як фойтуни калони дуаспа киро кардем. Қорӣ Ибод барои худ як асп ёфта омад. Аввали пагоҳ аз дарвозаи Имоми шаҳри Бухоро баромада, рост ба тарафи Вобканд рафтем. Дар ду километр аз Вобканд ба тарафи шаҳр, дар рафтан ба тарафи дасти чапи роҳи калон ва канортар аз он деҳае ҳаст, ки вайро Кофарработ меноманд ва дар он ҷо як ошноямон боге дошт, ки манзили якумро дар он бог кардем. (Ин деҳа ва арбоби он дар боби «Дуои наҷот»-и романи «Дохунда» тасвир ёфтааст.)298
Баъд аз он дар он боғ шустушӯ карда чизҳои барзиёди сафариро гузоштан, ба тамошои маркази райони Вобканд рафтем. Дар мобайни маркази он район ҷӯйи калон ҳаст, ки аз шарқ ба ғарб равон аст ва роҳи калони Вобканд ва деҳаи Суғду Шофирком он ҷӯйро бурида мегузарад.
Дар гузаргоҳи роҳ бар рӯйи ҷӯй пуле кашида шудааст. Дар он тарафи пул –дар канори шимолии ҷӯй — самоворхонаи хушбино, хушҳаво ва хушпалосе буд, ки ҳеҷ гоҳ аз чойнӯшон холӣ намемонд. Мо ҳам дар он самоворхона, дар канори ҷӯй бар рӯйи гилеми сурхи қаршигӣ нишаста чойнӯшӣ сар кардем.
Дар тарафи ҷануби ҷӯй, дар канори роҳи калон ва пул дарвозаи миршабхонаи район кушода мешуд, ки дар рӯ ба рӯйи самоворхона воқеъ буд, миёнаи ин ду биноро танҳо ҳамон ҷӯйи калон ҷудо мекард.
Дар маҷлиси чойнӯшӣ бештарин гуфтугузори мо дар болои хусусияти он район мерафт ва кам-кам сухан дар болои аҳли санъати он район расид, ки баъд аз Ғиждувон, балки баробари Ғиждувон вилояти Бухороро аз аҳли санъати он район таъмин мекард. Дар аснои ин боби сӯҳбат гап дар бораи Искандар ном ҷавони хушовоз ва сурудхони он район кушода шуд, ки дар ҳамон вақтҳо дар «ҳафт тумани Бухоро»* шӯҳрати азим пайдо карда ном бароварда буд. Дараҷаи маҳорати Искандарро ҳикояти зерин ба хубӣ нишон медиҳад.
____________
* Ҳафт тумани Бухоро — дар он вақтҳо вилояти Бухоро нӯҳ туман — район дошта бошад хам, мувофиқи тақсимоти қадимӣ «ҳафт туман» мегуфтанд ва мақсад аз ин таъбир «ҳама ҷо» гуфтан буд.
Аз рӯйи одати онвақта, дар чавкӣ (базми умумӣ) сурудхононро ба дараҷаи овоз ва маҳораташон нигоҳ карда ду-ду паҳлуи ҳам ҷуфт мегузоштанд, ки дар шашмақомхони дар «авҷу акс» ба ҳамдигар ёрӣ дода, ба пурра ва бенуқсон суруда шудани ҳавои сурудашаванда сабаб гарданд.
Дар ҳамин вақтҳо дар райони Ғиждувон Эргаш ном ҷавони сурудхоне шӯҳрат пайдо карда буд. Ӯ дар вақти сурудхонӣ, гӯё аз таъсири овози худ худаш маст шуда бошад, авзоаш аз ҳолати табииаш дигаргунӣ пайдо мекард. Бинобар он оммаи тамошобинон ба ӯ «Шайдоӣ» лақаб дода буданд. (Дараҷаи маҳорати ӯ аз ҳамин ҳам маълум аст, ки дар замони советӣ монанди Бобоқул Файзуллоев 299 чандин шогирдони пурҳунар расонд ва бинобар ин ӯро усто Эргаш мегуфтанд.)
Эргаш ба болои маҳорати маънавӣ ва санъаткориаш қиёфаи зебо ҳам дошт, ки ҳамаи аъзои баданаш бо ҳам мутаносиб афтода буданд, аммо Искандар сиёҳчеҳраи бехи бинӣ ва зери чашмонаш чуқур — фурӯрафта, пешонааш дӯнг ва манаҳаш баланд бардошта шуда меистод, қадаш паст буда пушти шонааш ғуррӣ дошт, ки ӯро «кӯзапушт» мегуфтанд.
Дар як чавкии сайри Ширбадан, ки ман бо Ҳайрат ҳозир будем ва базми умумиро рост истода дар қатори оммаи мардум тамошо мекардем, сардори созандаҳо — ғолиб — Эргашро оварда дар паҳлуи Искандар гузошт, ки ҳар ду ҷӯр карда хонанд (ҳарчанд Эргаш хушовози ҳамон замон бошад ҳам, ба Искандар намерасид). Искандар ин шарикро ба ҳамовоз қабул накард:
— Овози вай дар авҷҳои зӯр кӯтоҳӣ карда сабаби вайрон шудани мақом мешавад, — гуфт. — Агар ба ман ҳамовози мувофиқ ёфт нашавад, беҳтар он аст, ки танҳо хонам ва авҷу аксро танҳо гирам, то ки мақом вайрон нашавад.
Ин эътирози Искандар аз тарафи ғолиб қабул ёфт ва Ҳайрат дар бадеҳа байти зеринро гуфт, ки баъд аз он ин байтро дар як ғазали ҳазломезе, ки дар бораи базм гуфт, даровард. Он байти дар бадеҳа гуфтаи Ҳайрат ин аст:
Чун насозӣ зи шафат будани Эргаш нозе?
Ту, ки Искандари бадрӯй, хушовоз шавӣ!
(Мисраи дуюми ин байт мисоли он аст, ки гоҳо дар забони тоҷикӣ оҳанги овоз як маънии пурраи бо лафз адо карданашударо ифода мекунад ва дар ин ҷо фақат маданияти нутқ ба ифодаи мароми шоир хизмат менамояд.)
* * *
Дар маҷлиси чойнӯшии мо, вақте ки тавсифи Искандари сурудхон мегузашт, яке аз рафиқон бо оҳанги орзу:
— Кирои саёҳати Вобканд кардан, одам базми Искандарро тамошо кунад! — гуфт.
— Агар хоста бошетон, тамошо кардани базми Искандар кори душвор нест, — гуфт Қорӣ Ибод.
— Чӣ навъ кори душвор нест? Дастаи Искандар барои якшаба базм панҷсад танга пешакӣ мегирад. Бисёр кам равад, дар зиёфати базм ва дигар хароҷотҳояш ҳам сад танга сарф мешавад. Шашсад тангаро ҳар шаш нафари мо дар шаш сол ҳам аз харҷи заруриамон зиёдатӣ кунонда наметавонем, ки ба базм сарф кунем, — гуфт як рафиқи дигар.
— Агар шумоён ҳақиқатан толиби базми Искандар бошетон, ин корро бе як пул харҷ кардан саранҷом додан мумкин аст, гуфта даъвои худро такрор кард Қорӣ Ибод.
— Чӣ гуна мумкин аст? — гуфт як рафиқамон. — Охир, ин ҷо шаҳри Бухоро нест, ки бо шунидани овози дойра «дойрахабар» шуда базм равем. Дар саҳро ба базми касе бе даъвати махсус рафтан аз калонтарин айбҳо ба шумор меравад.
— Ман боз такрор мекунам, ки, — гуфт Қорӣ Ибод, — агар шумоён дар ҳақиқат толиби базм бошетон, ман базми Искандарро дар ҳамон боге, ки мо манзил кардем, бе як пул харҷ танҳо барои худамон ба тарзи хоссагӣ барпо мекунам.
Албатта, ҳамаи рафиқон ба базми Искандар толиб будани худро бо як забон баён карданд ва Қорӣ Ибод ҳам барои ташкил кардани ин кор ҳамон замон аз ҷояш хесту:
— То баргашта омадани ман ҳамаатон аз ин ҷо наҷунбетон! — гуфт ва рафт. Қорӣ Ибод аз пули ҷӯй гузашта, рост ба миршабхона даромад ва баъд аз тахминан ним соат аз он ҷо баромада омада, дар пеши мо нишаст ва гуфт:
— Кор шуд, аммо ҳамаи шумоён ба худ вазъияти сохта дода, худро калон ва калонзода нишон диҳетон, лаби ҳеҷ кас бояд ба ханда наравад, бо якдигар ҳам бо эҳтироми риёкорона ҳарф зада муомила кунетон.
Ман сухани ӯро бурида пурсидам:
— Охир, чӣ кор кардед ва натиҷа чӣ шуд? Дили ҳамаи мо барои ҷавоби ин саволҳо метапад. Шумо ин таълимоти такаббурфурӯширо ба як сӯ гузоред, ки ин корҳо ба мо ҳеҷ намечаспад.
— Ҳоло вақти шарҳ додани чигунагии рафти кор нест, ҳоло бояд ҳамаи диққатҳо ба ҳамин кашида шавад, ки натиҷаи матлуб додани кори ман ба ҳамин сохтакории шумо вобаста аст. Хоҳ ба шумоён часпад ва хоҳ начаспад, бояд барои панҷ дақиқа худро калон созетон ва ман хизматгори фармонбардори шумоён мешавам. Лекин то расидани вақти адои ин вазифа, яъне адои вазифаи калонгирӣ, аз тарафи шумоён ва вазифаи хизматгорӣ аз тарафи ман, бояд ҳамаатон ба гуфтаи ман гӯш дода ба ман итоат кунетон.
Рафиқон итоат карданро қабул намуданд. Қорӣ Ибод фармуд, ки ҳар кас шона дошта бошад, бо шонаи худ, вагарна бо шонаи ӯ ришу мӯйлаби худро ҳамвор ва тор-тор шона кунад. Ин фармон дар зери хандаву бозӣ адо ёфт. Ӯ гиребони ҷомаҳои ҳамаро ва камарчаҳояшонро калонворона баст. Баъд аз он аз ҷойи худ хеста, бо амали худ рафтори калонгирона ва ба саломдодагон чӣ гуна муомила кардани калононро нишон дод ва баъд аз он рафиқонро як-як аз ҷо хезонда машқ кунонда дид ва хатоҳошонро ислоҳ кард.
Мо механдидем, ӯ оташин мешуд ва ҷиддиёна ханда кардагонро огоҳ ва танбеҳ мекард. Ман, ки рафтор ва кирдори калонгиронаро дар «Парвардигорхӯҷа» бисёр дида будам, зуд омӯхтам ва инчунин маро хислатест, ки дар ҳар гуна корҳо ва суханҳои хандаовар метавонам худро аз ханда боздорам ва ба худ вазъияти ҷиддӣ диҳам. Ин хислатам ҳам дар бозӣ кардани он рол ба ман ёрӣ дод.
Ман бо ин кори худ аз Қорӣ Ибод сазовори таҳсину офарин гардидам. Ӯ бо намунаи ман дигаронро ҳам каму беш ба сохтакорӣ омӯхт. Ӯ тартиби ҳаракати моро ҳам муайян кард: Мирқодири Байтал, ки қади баланд, чеҳраи сиёҳтоб ва ҷомаи озодае дар бар дошт ва ҳам бузриш буд, бояд аз ҳама пештар қадам мезад ва дар паҳлуи ӯ Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ, ки ҷавони хушрӯйи озода буд, лекин як қадам пастар аз ӯ ҳамроҳ мерафт; дар сафи якум Мирзо Абдулвоҳид бояд мерафт, ки сарулибоси дуруст дошт ва дар паҳлуи ӯ ман, лекин як қадам пасттар аз ӯ қадам мезадам. Қорӣ Саъдулло кампале дар бағал аз ҳама пасттар монанди хизматгорон бояд равон мешуд.
Баъд аз ба анҷом расидани ҳамаи ин корҳо Қорӣ Ибод марди миёнасолеро, ки дар пеши дарвозаи миршабхона рост меистод, ба мо нишон дода:
— Ин миршаби ҳамин туман аст, диққат кунетон, ки ба ягон одами дигар иштибоҳ накунетон! — гуфт.
Мо ба ӯ бо диққат чашм дӯхтем: ӯ одами миёнақади ришкалон буд, ки дар баъзе ҷоҳои ришаш торҳои сафед ва нимсафед менамуданд, саллаву ҷомаи ӯ сипоҳигарона буда, ду дасташро ба пеш болои ҳам гузошта ба роҳи калон нигарон шуда меистод. Ӯ гоҳо дастонашро аз вазъияти эҳтиром кушода ба сараш бурда, ин тараф-он тарафи саллаи шалғамӣ басташудаашро даст- даст карда медид, ки мабодо ягон тарафаш каҷ шуда бошад ва аз кисаи ҷомаи таҳпӯшаш дастрӯймолашро бароварда чашмонашро пок мекард ва боз даст баста ба роҳ нигарон мешуд.
— Акнун вақти адои вазифаҳо расид, — гуфт Қорӣ Ибод. — Хушбахтии мо дар он аст, ки чашмони ӯ обрав буда, аз наздик ҳам қиёфаи одамонро фарқ карда наметавонад. Бинобар ин ӯ аз ман илтимос кард, ки дар паҳлуяш истода, шумоёнро ягон-ягон бо «унвонҳотон» ба ӯ нишон дода шиносонам, то ки вай ба тарзи сазовор арзи эҳтиром ва салом карда тавонад.
Қорӣ Ибод ба пеши миршаб рафтан хоста ба мо таъкид кард, ки ҳар кадомамон ба таъзим ба саломи ӯ азамат ва калониро аз даст надода, бо гӯшаи чашм ба ӯ нигоҳе кунем ва бо сарҷунбонии сусте ба саломаш ҷавоб диҳем.
— Зинҳор, ба сад зинҳор нахандетон, ки мабодо ӯ пай бурда миси кори ман намоён шавад. Ман, ки ба паҳлуи ӯ расида рост истодам, шумоён низ равон шаветон, — гӯён аз мо ҷудо шуда, ба пеши миршаб рафт ва мо ҳам ба роҳ даромада, роли калониро ба қадри имкон бозидем.
Дар ҳақиқат, дар он ҳолат аҳволи миршаб хеле хандаовар буд. Ӯ маҷбур буд, ки даст пеш гирифта ба мо таъзим кунад ва инчунин маҷбур буд, ки ба дастонаш рӯймолча гирифта оби чашмонашро пок кунад, то ки моро дуруст дида шинохта тавонад. Бинобар ин ӯ саросема шуда гоҳ даст ба сари сина ва гоҳ ба чашм мебурд ва ҳам барои фурӯгузор накардани таъзим хаму рост мешуд ва ба ҳар тараф печутоб мехӯрд ва дар айни замон барои шунидани кӣ будан ва чӣ будани ҳар кадомамон ба Қорӣ Ибод гӯш медод.
Ҳар чӣ бошад, мо бе хатар аз он раҳгузар гузаштем ва баъд аз даҳ-дувоздаҳ қадам дуртар рафтан худдорӣ аз даст дода, беихтиёр ҳамаамон якбора ва бо овози баланд қаҳқосзанон хандидем. Дӯкондорони сари бозори Вобканд ба ин хандаи бесабаб ва бемаҳали мо ҳайрон- ҳайрон ва тааҷҷубкунон нигоҳ мекарданд. Аммо Қорӣ Ибод аз дунбол расида омада, моро аз ханда боздошт ва мо савориҳои худро савор шуда, роҳи деҳаи Кофарработро, ки бошишгоҳи мо буд, пеш рафтем.
* * *
Қорӣ Ибод дар роҳ ҳам сирри корҳои худро накушод:
— Аз ҷое халале расида, корам вайрон шавад, дар миёни шумоён масхара ва хандазор шуда мемонам, — гуфт. — Ҳар гоҳ, ки корам бо комёбӣ тамом шавад, баъд аз он мегӯям.
Мо ба манзили худ расидем. Дар он ҷо моро Искандари сурудхон, чор дойрадасти забардаст бо Каримчаи танбӯрии вобкандӣ — як гурӯҳи пурраи созандагон пешвоз гирифтанд. Аз байни онҳо танҳо Каримча қариб ҳамаи моро мешинохт, чунки дар базмҳои даруни шаҳр ҳам ӯ иштирок мекард. Аммо Қорӣ Ибод зуд ӯро ба гӯшае кашида таъкид намуд, ки сирро накушояд.
Мо ин гурӯҳи меҳмонҳоро дида, аз байни худ пул ҷамъ карда, ба соҳиби боғ додем, ки аз бозори Вобканд гӯшту биринҷи ба ҳама кифоякунанда оварда ош тайёр кунад. Аммо ӯ:
— Ҳоҷат нест, — гуфт. — Вақте ки созандагон омаданд, аз дунболи онҳо каси ношиносе ду чашми як хӯрҷини калонро аз масолеҳи оши палав пур карда бо даҳ дона кулчаи ширмоли дутачоряк (яккилогӣ)-и дубеза (ордаш ду бор бехташуда) оварда дод ва кӣ фиристоданашро нагуфт. Фақат ҳамин қадар гуфт, ки: «ин барои зиёфати меҳмонони шаҳрист».
Мо масолеҳи ошро аз назар гузаронидем, ки ба як хона меҳмон мерасид. Бинобар ин соҳиби боғро фармудем, ки ҳамсоягонашро ба базм хабар кунад, агар хона аз одам пур шавад, базм гарм мешавад, ош бошад, ба ҳама кифоя мекунад.
Хулоса, он шаб як базми хоссагӣ шуд, ки бо таъбири оммаи он замон ба «базми ҷамшедӣ» номидан сазовор аст. Дар охири базм Искандар гуфт:
— Ман дар умри худ ин қадар хуб ва ин қадар ба шавқ нахонда будам, магар дар байни шумоён ҷодугаре ҳаст, ки маро тасхир кард. Аҷобат дар ин аст, ки ман, ки қариб аз аввали шаб то ҳол дам нагирифта хондам, бо ҳамаи ин ҳеҷ монда нашудам, ба гулӯ ва шушам ҳеҷ зӯр наёмад.
— Инҳо аз шарофати қадами махдумони бухороӣ — қозикалонзодагон, — гуфт Каримчаи танбурӣ баъд аз ба тарафи мо як чашмаки маънидор задан.
— Танбӯри маро намегӯед? Имшаб қиёмат кард, нохунаки ман пеш аз ин тори танбӯрро менавохта бошад, имшаб гап занонд, ҳар ғазале, ки ту мехондӣ, — ба Искандар хитоб карда, — нохунак ба забони тори танбӯр суханони он ғазалро бурро — бурро такрор мекунонид.
— Дар ҳар ҳол ҳамаи мо аз ҳад зиёд хурсанд шудем ва аз ҳамаи шумоён миннатдор мебошем. Аз гурӯҳи ин ҳунармандон дойрадастонро фаромӯш кардан дуруст нест. Инҳо он ҳунармандоне мебошанд, ки Хоҷа Ҳофиз дар шаъни хурӯши дойраи инҳо байти зеринро гуфтаанд:
Шунидам, ки гар гам расонад газанд,
Хурӯшидани даф бувад судманд.
Мо дар вақти гусел кардани созандагон аз байни худ андак пул ғундошта ба онҳо тақдим кардем. Нагирифтанд:
— Агар мо пул гирем, миршаб моро нокушта намемонад, — гуфтанд. Дар як ҷойи хилват он маблағро ба Каримчаи танбӯрӣ додан хостем, ки ӯ сирри моро медонист. Ӯ ҳам рад кард.
— Гиред, шумо одами аёлманд мебошед, даҳони як хонавода дар натиҷаи ҷунбидани дасти шумо меҷунбад, — гуфтам ман. — Агар шумо танбӯр навохта музд нагиред, «шиками онҳо танбӯрнавозӣ сар мекунад»*.
— Хотирҷамъ бошетон, ки музди хизмати мо пешакӣ муқаррар шуд, — гуфт Каримча. — Вақте ки миршаб моро ҷамъ карда ин ҷо фиристодан хост, таъкид кард, ки мо аз меҳмонон чизе нагирем. Ман аз ӯ пурсидам: «Пас ҳаққи хизмати моро кӣ медиҳад» Ӯ гуфт: «Дар ду базми оянда ман аз шумоён панҷяк намегирам, ҳарчи афтад, байни худ тақсим кунетон». Ман шӯхиомезона гуфтам: «Миршаббек, агар шумо ба сари ин ваъдаатон наистед, ман дар ягон вақти ба шаҳр рафтанам ба писари қозикалон даромада мегӯям: миршаб моро дар базми шумо муфт кор фармуд». Миршаб ин шӯхии моро ҷиддӣ фаҳмида гуфт: «Каримча, зинҳор ин корро накунӣ, ки ман расво мешавам, агар аз се базм панҷяк надиҳетон ҳам, ман розӣ, аммо дар ҷое аз ин ваҷҳ лаб накушоетон!»
* * *
Баъд аз рафтани созандагон мо ба гирди Қорӣ Ибод ғун шуда аз вай нақли корномаи кардагиашро пурсидем. Назар ба нақли ӯ, вақте ки ба пеши миршаб даромадааст, ӯ дар пешгоҳи хона бар рӯйи кӯрпачаҳо нишастааст ва бо рӯймолча чашмонашро пок мекардааст.
Қорӣ ба ӯ салом дода, аз вай пойинтар бар рӯйи кӯрпачае, ки дар пеши девори хона паҳн карда шуда будааст, нишастааст. Қорӣ Ибод мегӯяд:
— Миршаб аз ман: «Чӣ хизмат?», — гуфта пурсид. Ман гуфтам: «Мо, се-чор нафар муллобачагон, ба саёҳати саҳро баромадем. Дар ин ҷо шарикон орзу карданд, ки базми Искандарро тамошо кунанд. Ман ба пеши шумо барои хату рухсат даромадам».
— «Искандар бемори сахт аст, — гуфт миршаб. — Се рӯз аст, ки аз ҷояш хеста наметавонад. Агар саломатӣ ёбад ҳам, ба ин наздикиҳо ба шумоён намерасад, чунки ғолиб аз чанд ҷой шашсадтангагӣ, ҳафтсадтангагӣ пул гирифтааст ва аввал ҳамон ҷоҳо мефиристонад. — Миршаб қадаре сукут карда истода илова намуд: — Шумоён, ки муллобача ҳастетон, ман ғолибро розӣ мекунам, ки барои шумоён ба панҷсад танга фиристонад, ба шарте пулро пешакӣ диҳетон».
Қорӣ Ибод мегӯяд:
— Ман, гӯё ки ягон даҳан гапи миршабро нашунида бошам, ба замин нигоҳ карда нишастам.
Хомӯшии ман дароз кашид, охир дили миршаб танг шуда, боз ба гап даромад:
____________
* Дар Бухоро танбӯр навохтани шикам киноя аз гуруснамонӣ аст.
— Чӣ гуфтед, домулло, ҳа ё не?
— Ман боз чизе нагуфта хомӯшии худро давом додам. Шояд барои ягон баҳона ёфта маро аз пеши худ дур кардан бошад, миршаб аз ман ба оҳанги миршабонаи қатъӣ пурсид:
— Худи шумо кӣ мебошед, дар Бухоро чӣ кор мекунед? Ман ҳам бо оҳанги қатъӣ: Чунонки ба шумо гуфта будам, ман муллобача мебошам, номам Қорӣ Ибод, ҳавлиам дар Такизиндон, худам хоҳарзодаи Раҳмонқулбии додхоҳи удайчӣ мебошам.
Қорӣ Ибод мегӯяд:
— Чун миршаб номи додхоҳ ва хоҳарзодаи ӯ будани маро шунид, аз шасти аввалааш фаромада суст шуд ва оби чашмонашро пок карда ва бо диққат ба ман нигариста беихтиёр: Аҳа, — гуфт ва илова намуд: — Ҳамроҳонатон киҳо мебошанд? Киҳо будани ҳамроҳҳоямро гуфтан қадре душвории сипоҳигарӣ (сиёсӣ) дорад, — гуфтам ман ва илова намудам: — Лекин аз он ҷо, ки шумо ғуломи намакхӯрдаи ҷаноби олӣ ва миршаби як туман мебошед, ман гумон мекунам, ки ба шумо гуфтан безарар аст, чунки шумо сирри аркони давлати олиро нигоҳ дошта метавонед.
Қорӣ Ибод мегӯяд:
— Чун миршаб суханони маро шунид, қадаре дар изтироб афтода аз ҷойи нишасташ ғежида ба ман наздиктар шуда, чашмонашро хуб пок карда, гӯё ки суханони маро бо чашмони нимкӯраш мешунида бошад, ба ман бо диққат нигоҳ карда:
— Гӯшам ба шумост! — гуфт.
— Инҳо писар, набера, домод ва хоҳарзодагони эшони қозикалон — қозӣ Бадриддин* мебошанд, — гуфтам, — ва ман хизматгори онҳо ҳастам… Қорӣ Ибод мегӯяд: ‘
— Бо шунидани ин маълумот миршаб саросемавор аз ҷояш хеста, пеши ман омада, аз бозуҳоям гирифта зӯр кард, ки маро ба ҷойи худ гузаронида шинонад ва худ дар пойин нишинад. Чун ман ин корро қабул накардам, як кӯрпачаро аз кӯрпачаҳои қабат ба қабати нишастгоҳи худаш ба рӯ ба рӯйи ман кашида, бар рӯйи вай қадаре аз ман пойинтар нишаст ва чашмонашро пок карда истода, ба тарафи даҳлез нигоҳ карда ба маҳрамаш фармуд, ки дастархон биёрад ва ҳалвои роҳатулҳулқум** оварданро аз ёдаш набарорад, ҳам ғолибро*** гӯяд, ки пеши ӯ дарояд ва худаш чашмонашро пок карда табассумкунон ба ман нигарист. Ман суханони нотамоммондаи худро пурра кардан хоста, ба ӯ гуфтам:
— Чун махдумҷонҳо дар шаҳр зиқ шуданд ва саёҳати саҳро кардан хостанд, эшони калон ба ҳамин шарт рухсат доданд, ки ному насаби худро ба ҳеҷ кас нагӯянд ва ҷомаҳои оддӣ пӯшида бароянд, дар туманҳо дар хонаи ҳукуматдорон меҳмон нашаванд.
____________
* Қозӣ Бадриддини қозикалон дар байни ҳукуматдорони Бухоро он қадар нуфуз ва эътибор дошт, ки амир ҳеҷ як сипоҳ ва муллоро бе машварати вай ба коре мансуб намекард ва қушбегӣ, ки сарвазир аст, бе рухсати ӯ коре кардан наметавонист.
** Роҳатулҳулқум — «роҳатдиҳандаи ҳалқҳо» гуфтан аст. Ин номи ҳалвое буд, ки дар он вақтҳо аз тарафи ҳоҷиён ва савдогарон аз Туркия ба калонон ба тариқи роҳовард оварда мешуд.
*** Ғолиб — маъмурест, ки созандагонро идора мекард.

Қорӣ Ибод мегӯяд:
— Маҳрам дастархон овард ва ғолиб ҳам даромада, даст пеш гирифта, ба миршаб чашм дӯхта, мунтазири шунидани фармон шуда истод. Миршаб ба ӯ гуфт:
— Ман ба ҷаноби меҳмон «Искандар бемор аст» гуфта будам, лекин ӯро ҳеҷ бало намезанад. Зуд кас фиристонед, ки бо дойрадастонаш дар миршабхона ҳозир шавад. Ғолиб «хӯш, тақсир!» — гӯён баромада рафт ва миршаб чашмонашро пок карда ба ман дӯхта истод. Ӯ чунон менамуд, ки сухане дорад, аммо ба гуфтани вай ҷасорат намекунад ё ин ки мулоҳиза мекунад. Бинобар ин ман аз ӯ пурсидам:
— Магар чизе гуфтан мехоҳед?
— Як арз доштам.
— Марҳамат кунед.
— Агар мумкин бошад, базмро дар ҳамин ҷо — дар миршабхона барпо кунем, — гуфт ӯ. Ман гуфтам:
— Ин ҳеҷ мумкин нест, ҳозир ба шумо маълум кардам, ки эшони калон ба ҳокимхонаҳо меҳмон шудани онҳоро манъ кардаанд. Миршаб боз ба гап даромад:
— Ин тавр бошад, чӣ мешавад, ки бе маълум кардани кӣ будани онҳо як сари қадам ба ин кулбаи фақирона дароварда «оби таҳорат диҳам» (зиёфат кунам).
Қорӣ Ибод мегӯяд:
— Дидам, ки аз дасти ин «шалҳа»* ба осонӣ халос шудан мумкин нест, бо оҳанги қатъӣ гуфтам:
— Суханро дароз накунед, чанд бор ба шумо гуфтам, ки ба хонаи ҳукуматдорон меҳмон шудани онҳо мумкин нест. Базмро ҳам бе маслиҳати онҳо барои хурсанд карданашон худам фикр карда будам. Ҳозир мехоҳам, ки аз баҳри тамошои базм ҳам гузарам.
— Агар аз баҳри базм гузаред, маро кушта аз хонаи ман баромада равед, -гуфт миршаб бо оҳанги маъюсона ва илова намуд: — Каломи шариф (Қуръон)-ро ба шумо, ки қорӣ мебошед, восита карда мепурсам, ки мани ғарибро аз шарафи давлате, ки ногаҳонӣ ба сарам омадаст, маҳрум накунед.
— Хуб, ба хотири шумо базмро қабул мекунам, — гуфтам ман. Ӯ ба ин сухани ман изҳори миннатдорӣ кард, аммо ин ваъдаи гарми ман деги тамаи ӯро боз ба ҷӯш оварда, ба илтимос даромад: Чӣ мешавад, ки — гуфт ӯ, — аз дур ҳам бошад, як салом дода, ҷамоли ҷаҳоноройи махдумҷонҳоро бинам.
— Ин мумкин, — гуфтам ман ба ӯ, — ҳозир онҳо дар сари мазори Мири Хурду Мири Калон машғули зиёрат мебошанд. Ман рафта, онҳоро аз он ҷо гирифта оварда, аз ҳамин кӯчаи дари миршабхона гузаронида ба деҳаи Кофарработ, ки бошишгоҳашон мебошад, мебарам. Шумо метавонед, ки баъд аз понздаҳ дақиқа баромада ба пеши дари дарвозаи миршабхона истед ва дар вақти аз ин ҷо гузаштани онҳо салом диҳед ва арзи эҳтиром намоед.
____________
* Шалҳа — гӯшти сафеди чандири равғанмонанд аст, ки ба хар куҷо часпад. як парча каҳгилро ҳамроҳ гирифта ҷудо мешавад. Дар забони тоҷик одами сертамаи шилқин (нахал)-ро маҷозан «шалҳа» мегӯянд.
Қорӣ Ибод мегӯяд:
— Миршаб ба муқобили ин «марҳамати» ман аз ҷояш хеста, ба ҷойи миннатдорӣ ба ман таъзим кард ва баъд аз он ба ҷояш нишаста боз ба гап даромад: — Агар малол нарасад, боз як илтимоси дигар дорам», — гуфт ӯ. — Марҳамат кунед, — гуфтам ман. Ӯ гуфт:
— Ин чашмони аз кор баромадаи ман аз дур дар роҳ аз шутур то хар ва аз махдумҷонҳо то деҳқонони роҳгузар фарқ карда наметавонад. Чӣ мешавад, ки дар вақти гузарои роҳ будани онҳо шумо пештар омада ба паҳлуи ман истед ва ҳар кадоми онҳоро ба ман нишон дода ва ба ҳазрати ҷаноби қозиюлқуззот 300 чӣ муносибат доштанашонро фаҳмонда, маро як бори дигар аз худ миннатдор кунед?
Қорӣ Ибод дар охири суханаш гуфт:
— Ман ин илтимоси миршабро қабул карда, аз дасти ӯ халос шуда баромада, ба самоворхона пеши шумоён рафтам.
Назар ба қавли Қорӣ Ибод, Мирқодир роли писари хурди қозикалонро, Ҳомидхоҷа роли набераашро, Мирзо Абдулвоҳид роли домодашро ва ман роли хоҳарзодаашро бозӣ карда будаем.
Бештарини рафиқон, ғайр аз ман, ки воқеаи даҳякгирии Қорӣ Ибодро медонистам, ин суханони ӯро бовар накарданд ва аз байни онҳо Мирқодири Байтал, ки аз пӯртакигӯиаш ба девонагӣ ном бароварда буд, ба Қорӣ гуфт:
— Ҳамаи ин суханонатон дурӯғ аст, шумо аз тағоиатон додхоҳ ё аз ягон аҳли дарбори дигар, ки ба ҳамаи он гуна одамон ошно мебошед, ба номи миршаб мактуб гирифта овардаед, ки базм карда зиёфат намояд. Миршаб ба ҳурмати он мактуб ин қадар корро кардааст. Акнун шумо ҳамаи ин корҳоро ба ҳунари худ нисбат медиҳед.
Як одати Қорӣ Ибод ин буд, ки ба ҳеҷ гуна муомила ва сухани сахт зоҳиран оташин намешуд ва хашмгин намегардид, аммо кӯшиш мекард, ки бо кори худ нодуруст будани он гуна муомила ва сухани сахтро исбот намояд. Дар ҷавоби Мирқодир-махдум ҳам мувофиқи ҳамин одати худ гуфт:
— Шумо, махдум, ҳақ доред, ки ҳамин тавр фикр кунед ва дигарон ҳам бояд ҳамин тавр фикр мекарда бошанд. Аммо агар рост ояд, дар ҳамин сайру сафарамон ва агар дар ин саёҳат муяссар нашавад, дар ягон мавриди дигар ман дар пеши назари шумо ва дигарон рост будани гапҳои худамро исбот хоҳам кард.
* * *
Мо аввал ба Суғд рафта, ҳавлии Аҳмади Донишро дида, аз он ҷо ба деҳаи Котиён рафта, дар ҳавлии хешовандони қозӣ Қурбонхон, ки ба Ҳомидхоҷа ҳам аз тарафи модараш хешӣ доштанд, як шаб истода, аз он ҷо ба тумани Ғиждувон рафтем. Дар маркази Ғиждувон дар хонаи котиби қозӣ, ки бо мо шинос буд, манзил гузида, чизҳои барзиёдамонро гузошта, ба сайри раставу бозори он ҷо баромадем.
Дар аснои сайругашт Қорӣ Ибод моро аз Чорсӯйи Ғиждувон, аз канори бозори биринҷи он замон ба тарафи ғарб роҳбарӣ кард. Дар он ҷо дар рӯ ба рӯйи каппони биринҷ, дар тарафи шимоли шохоби рӯди Пирмаст, самоворхонае буд.
Он самоворхона он қадар обод ва хушҳаво набошад ҳам, Қорӣ Ибод илтимос кард, ки дар он ҷо нишаста як чойник чой нӯшем.
Мо сухани ӯро нашикаста дар он самоворхона барои чойнӯшӣ нишастем. Дар паҳлуи тарафи ғарби каппони биринҷ дарвозаи миршабхонаи Ғиждувон кушода мешуд. Дар гӯшаи каппони биринҷ, дар канори роҳи калон, бар болои як кати чӯбини васеъ, бар рӯйи кӯрпачае як пирамарди тахминан ҳафтодсола нишаста чой менӯшид.
Қорӣ Ибод он пирамардро ба мо нишон дода пурсид:
— Магар медонетон, ки он мӯйсафед кист? Ҳеҷ кадоми мо, ки ӯро намешинохтем, ҳама ҷавоби салбӣ доданд.
— Ӯ миршаби Ғиждувон аст, — гуфт Қорӣ Ибод. — Ман ӯро дар ин ҷо дида, шуморо зӯр карда, дар ин самоворхона шинондам, то ки ҳунари худро дар пеши назари шумо, рафиқони азизи нобовар, ба тарзи инкор карда ношуданӣ нишон диҳам. Ман меравам пеши миршаб, шумоён чашм ноканда муомилаи маро бо ӯ дар зери назар гиретон. Хуб диққат кунетон, ки ман чашми шумоёнро хато хӯронда ба ӯ «мактуби илтимосӣ дода намонам» (ин сухани Қорӣ ба Мирқодир-махдум киноя буд).
Қорӣ Ибод пеши миршаб рафт, мо ҳам ба он тараф чашм дӯхтем. Қорӣ Ибод ба миршаб салом дода, дар пеши кат дар замини кушода, бар рӯйи хок зону зада нишаст ва бо миршаб гап сар кард. Аммо мо намешунидем, ки ӯ ба вай чиҳо мегуфт. Ҳар чӣ бошад, баъд аз понздаҳ дақиқа миршаби куҳансол саросемавор аз кат фуромад ва Қорӣ Ибодро ба кат бароварда ба ҷойи худ шинонид ва яке аз одамони худро бо ишорат пеши худ даъват карда ба ӯ чизе гуфт. Ӯ давон ба миршабхона даромада рафт ва худи миршаб дар пеши кат дар ҷойи аввалии Қорӣ Ибод бар рӯйи хок нишаста чой кашида ба ӯ дод.
Дар ҳамин вақт саворе аз миршабхона баромад. Миршаб он саворро пеши худ хонда, ба ӯ чизе гуфт. Савор бо ишорати итоат сар ҷунбонда, аспи худро ба тарафи ғарб дартоз ронд. Баъд аз тамом шудани чой Қорй Ибод аз кат фуромада, ба тарафи мо омадан хост. Мӯйсафед ӯро то канори роҳи калон гусел карда, ба пушти ӯ таъзимкунон нигоҳ карда монд.
Қорӣ Ибод пеши мо омада, муомилаи худро бо миршаби Ғиждувон нақл кард, ки айнан монанди муомилаи ӯ бо миршаби Вобканд буд.
Қорӣ Ибод гуфт:
— Ман барои ба шумоён нишон додан таклифи миршабро қабул карда, ба ҷойи ӯ ба кат баромада нишастам. Вагарна дар ин гуна мавридҳо азаматро бо хоксорӣ омехта «фурӯхтан» даркор аст. Хусусан ки миршаб куҳансол аст, ин кори ман ҳеҷ дуруст набуд. Бояд хоксорӣ карда, таклифи ӯро қабул намекардам.
Назар ба қавли Қорӣ Ибод, саворе, ки аз миршабхона баромада ба тарафи ғарб асп давонда рафт, аз паси созандагони матлуби Қорӣ Ибод рафта будааст, ки онҳо ҳамон рӯз ба тумани Шофирком дар деҳаи Хоҷа Ориф ба тӯйи як бой рафта будаанд.
Мо аз самоворхона хеста ҳама ҷойи бозори Ғиждувонро гардиш карда, бегоҳонӣ ба манзил омадем. Мирзо (котиб) аз кор омада, барои мо рӯйи суффаро меорост. Қорӣ Ибод ба ӯ гуфт:
— Мирзо, меҳмонхонаро барои базм ороста, ду манқали оташ ҳам тайёр кунонда монед.
— Базм фардо шаб мешавад, — гуфт мирзо. — Ин ҷо созандагони сазовори тамошо дастаи Абдулқодир аст, ман аз номи қозӣ хат карда ҳамон дастаро талаб карда ба миршаб фиристода будам. Миршаб гуфтааст: — Он даста имшаб ба Шофирком рафт, фардо шаб медиҳам.
Қорӣ Ибод гуфт:
— Шумо сухани миршабро бовар накунед, сухани маро бовар кунед, ки ҳамон даста ҳамин шаб ба ҳавлии шумо меояд.
Мирзо ва Қорӣ Ибод ба ҳамин тариқа дар муноқиша буданд, ки даста аз Шофирком баргашта омада, ба ҳавлии мирзо даромад.
Анҷоми қисми чоруми «Ёддоштҳо».

Эзоҳот:

195 Буқъа — калимаи арабӣ буда, ҷамъаш буқоъ мебошад ва маънои ҷой, маскан, мавзеъро дорад; буқъаи хайр – дар ин ҷо биное, ки барои кори хайр сохта шудааст, гуфтан аст.
196 Дӯстии нависанда бо Абдухалил-махдум дар қисми чоруми «Ёддоштҳо», дар охири боби «Ҷамъиятҳои пешаварон дар Бухорои амирӣ» нишон дода шудааст.
197 Ниг. «Куллиёт», ҷ. I, боби «Мадраса».
198 Ниг. қисми якуми «Ёддоштҳо», боби «Усто амак».
199 Ниг. саҳ. 394-399;
200 Раммол — касе, ки рамл диданро касб кардааст, фолбин.
201 Ниг. ҳамин ҷилд, қисми сеюми «Ёддоштҳо», бобҳои «Дар мадрасаи Олимҷон» ва «Аловуддини Говҷигар».
202 Зикри Мулло Ҳомиди Савтӣ ва Зайниддинхоҷа дар қисми дуюми «Ёддоштҳо» омадааст. Ниг. бобҳои «Паҳлавони фавқулодда» ва «Сайри Файзобод».
203 Асаф — таассуфи надомат.
204 Ҳумум — ҷамъи калимаи ҳамм, ки арабӣ буда, маънои гам ва озурдагиро дорад. 205 Қорӣ Камол ва Қорӣ Наҷм — савтхонони пеш аз револютсияи Бухоро. С. Айнӣ дар манзумаи «Базм» дар ҳаққи ин ду ҳофиз чунин навиштааст:
Зи савти дилкаши Қорӣ Камолу Қорӣ Наҷм,
Зи нағма булбули бечора инфиол кашид. (ниг. С. Айнӣ «Ёдгорӣ», маҷмӯаи шеърҳо, 1935, саҳ. 47).
206 Ин воқеа дар ягон ҷойи «Ёддоштҳо» нақл нашуда мондааст.
207 Ин очерки С. Айнӣ соли 1936 дар шумораи 2 (38) журнали «Барои адабиёти сотсиалистӣ» бо сарлавҳаи «Санъаткори бузург» чоп шудааст.
208 Ҳоҷӣ Абдулазиз — Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов (1852-1936) — ҳофизи машҳури тоҷики самарқандӣ ва устоди номии «Шашмақом», ки дар тараққиёти санъати мусиқии ӯзбек низ хизмати калоне кардааст.
209 Мудово — муолиҷа, даво.
210 Номи Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ дар дигар ҷойҳои «Ёддоштҳо» низ зикр шудааст. Ниг. ҳамин ҷилд, қисми сеюми «Ёддоштҳо» боби «Аловуддини Говҷигар» ва қисми чорум, боби «Мадрасаи Лаби Ҳавзи Арбоб ва бошандагони он ҷо». Чунонки С. Айнӣ дар дигар асарҳои худ хабар додааст, Ҳомидхоҷаи Меҳриро 9-уми марти соли 1918 дар «Регхона»-и арк ба дор овехта буданд. Ниг. «Куллиёт», ҷ. Т, саҳ. 112; ҷ I, саҳ. 234.
211 Кӯнсулхона — консулхонаи рус. Агентии сиёсии императории Россия дар назар дошта шуда-аст. Ниг. ҳамин ҷилд, эзоҳи № 42.
212 Нуқраи саводкорӣ — нуқраи сиёҳ карда зинат додашуда.
213 Ниг. қисми сеюми «Ёддоштҳо», боби «Шарифҷон-махдум ва ҳамсӯҳбатони ӯ».
214 Ниг. қисми сеюми «Ёддоштҳо», боби «Микробҳои одамшакл». Ҷунбул-махдум, Абдураҳмони Рафтор ва Қиём-махдум аз муллоёни ҷаҳолатпарасти гузаро буданд, ки нависанда дар асарҳои худ чанд бор роли иртиҷоии онҳоро нишон додааст. Абдураҳмони Рафтор дар повести «Ҷаллодони Бухоро» зикр шудааст (ниг. «Куллиёт», ҷ. I, саҳ. 139). Яке аз қаҳрамонони «Ҷаллодони Бухоро» дар бораи Ҷунбул-махдум чунин гуфтааст: Ҷунбул-махдум «аз ҷиҳати илм алифро аз калтак фарқ карда наметавонад, аммо аз ҷиҳати фисқ 30 сол боз мислашро дар дунё надидаам». («Куллиёт», ҷ. I, саҳ. 159). Нависанда дар бораи воқеаи аробакаш ва сангсор шудани ӯ, ки дар соли 1894 рӯй дода буд, аввалин бор дар китоби «Материалҳо доир ба таърихи инқилоби Бухоро» («Бухоро инқилоби таърихи учун материаллар», Москва, 1926, саҳ. 12) маълумоти мухтасар дода буд. Пас аз ин дар баъзе асарҳои дигараш хам, масалан, дар романи «Дохунда», ба ин воқеа ишора кардааст.
215 Зикри Қорӣ Самеъ дар қисми сеюми «Ёддоштҳо» гузашт, ниг. ҳамин ҷилд, боби «Шарифҷон-махдум ва ҳамсӯҳбатони ӯ».
216 Ниг. қисми сеюми «Ёддоштҳо», боби «Ҷамъиятҳои пешаварон дар Бухорои амирӣ».
217 Ҷабраил — номи яке аз чор «малоикаи муқарраб» дар афсонаи дини ислом, ки гӯё ба Муҳаммад – пайғамбари мусулмонон ваҳй — илҳом овардааст.
218 Ниг. ҳамин ҷилд, қисми чоруми «Ёддоштҳо», боби «Набераи Файзӣ-Авлиё».
219 Ниг. ҳамин ҷилд, қисми чоруми «Ёддоштҳо», боби «Дуздии Ҳоҷӣ-махдум».
220 Мирохурбошӣ — сардори саисҳо — яке аз амалҳои дарбори амир буд.
221 Мулло Мирзо — калонтарини одамони даргоҳи қозикалон. Дар бораи ин шахс ниг. Ҳамин ҷилд, қисми чоруми «Ёддоштҳо», боби «Гирифтор шуданам ба доми амир Абдулаҳад ва зуд халос шуданам аз вай».
222 Ниг. «Куллиёт», ҷ. II бобҳои «Кушишхона», «Машки ҷанг», «Нияти ғазо», «Инқилоб ва озодӣ».
223 Ниг. қисми сеюми «Ёддоштҳо», боби «Шарифҷон-махдум ва ҳамсӯҳбатони ӯ».
224 Асфалассофилин — дар ақидаҳои динӣ номи чохи аз хама поёнтарини дӯзах аст. Дар асфалассофилин даромада рафтан — киноя аз маҳв ва нобуд шудан аст.
225 Тир — моҳи чоруми солшумории шамсии эрониён, ки ба моҳи июн рост меояд.
226 Даймоҳ — моҳи даҳуми солшумории шамсии эрониён, ки ба моҳи декабр рост меояд.
227 Урдибиҳишт — моҳи дуюми солшумории эрониён, ки ба моҳи апрел рост меояд.
228 Ясавули уламо — як маъмури оддии ҳукумат буд, ки ҳар ҷо уламо дар сурати расмӣ ғун шаванд, ӯ низ ҳозир мешуд ва ба маҷлисҳои расмӣ уламоро даъват мекард. Ин маъмурро ясавули уламо ва кӯтоҳ карда «оламиён» меномиданд (шарҳи С. Айнӣ, ниг. ҳамин ҷилд, саҳ. 242, ҳошия).
229 Чӣ будани даҳяк, шарти ба даст даровардани он ва ба даҳякгирӣ омода шудани муллобачаҳо дар охирҳои қисми чоруми «Ёддоштҳо» омадааст; ниг. ҳамин ҷилд, бобҳои «Даҳякгирии талабагони мадраса» ва «Харгургон ва рӯбоҳон».
230 Чӯли Малик — чӯлест дар байни Бухоро ва Кармина.
231 «Кенагас» — номи яке аз қавмҳои турк аст, ки дар Шаҳри Сабз ва атрофи он зиндагӣ мекунанд.
232 Ниг. саҳ. 225-229.
233 Хонработ — мавзеест дар шимоли шарқии Бухоро, ки пас аз он чӯли Малик сар мешавад.
234 Хоҷа Абдулхолиқи Ғиждувонӣ — яке аз шайхони машҳур аст, ки дар асри ХП зиндагӣ кардааст.
235 Рустами ашкӣ дар қисми сеюм ва чоруми романи «Ғуломон» низ тасвир шудааст, ниг. «Куллиёт», ҷ. 3.
236 Ниг. саҳ. 287-289.
237 Кабзафурӯмон — кандакорӣ ва нақшин.
238 Китеба — хатҳои калоне, ки дар иморатҳо, мақбараҳо ва сангҳо навишта мешаванд.
239 Бухорхудот — номи подшоҳони қадимии Бухоро пеш аз истилои араб.
Ин дафтари мусаввадаи Аҳмади Дониш ҳоло дар ганҷинаи дастнависҳои Институти шарқшиносии Академияи фанҳои РСС Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд, дар қатори китобҳое, ки аз китобхонаи шахсии Шарифҷон-махдуми Садри Зиё дохил шудааст, маҳфуз аст.
241 Нозими Ҳиравӣ — ниг. эзоҳи 170.
242 Дар бораи достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Нозими Ҳиравӣ, ки Аҳмади Дониш китобат, наққошӣ ва лавҳакашӣ кардааст, С. Айнӣ дар аввали қисми сеюми «Ёддоштҳо» низ маълумот додааст. Ниг. боби «Шарифҷон-махдум ва ҳамсӯҳбатони ӯ».
243 Дар бораи ин расми карикатурии Аҳмади Дониш С. Айнӣ дар аввали қисми сеюми «Ёддошт-ҳо» низ маълумот додааст. Ниг. боби «Шарифҷон-махдум ва ҳамсӯҳбатони ӯ».
244 Сиддиқхони Ҳашмат — яке аз фарзандони амир Музаффар аст, ки пас аз вафоти падар аз тарафи ҳавохоҳони амир Абдулаҳад, ки амир буд, ба ҳабс гирифта шуда буд. Ҳашмат дар давоми сиюпанҷсола ҳабси хонагӣ (солҳои 1885-1920) бо адабиёт машғул шуда, худаш ҳам шеър менавишт, вале шеърҳои ӯ тақлиди маҳз ба шоирони гузашта, аз ҷумла Бедил буданд. Ғайр аз ин, ӯ асарҳои таърихӣ ва чанд тазкира тартиб додааст, ки муҳимтарини онҳо «Тазкират-уш-шуаро» мебошад. Дар бораи Ҳашмат ниг. Р. Ҳодизода, «Источники к изучению таджикской литературы второй половины XIX в.». Душанбе, 1956, саҳ. 48 — 62.
245 Ниг. қисми чоруми «Ёддоштҳо», охири боби «Зиндагонӣ ва машғулияти ман дар мадрасаи Ҳоҷӣ Зоҳид».
246 Ин нусхаи «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш ҳоло дар Душанбе буда, дар ганҷинаи дастнависҳои Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон бо рақами 2012 маҳфуз аст. Аз тарафи Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим ва бо супориши Шарифҷон-махдум китобат шудани ин нусха дар охири он қайд гардидааст: «Тамом шуд би явми ҷумъа, соати чори баъди пешин ба дастёрии… Мирзо Абдулвоҳид ибни Бурҳонбек, ба фармудаи махдуми мӯҳтарам… Мирзо Муҳаммадшарифи судур ибни… мавлоно Абдушукур… дар шуҳури санаи 1316». Ин аст, ки дар бораи он ки ин дастнавис ҳамон нусхаи тасҳеҳу татбиқкардаи Айнӣ ва Ҳайрат аст, шубҳае намемонад, Лекин Айнӣ дар аввали ин боб қайд кардааст, ки китобати «Наводир-ул-вақоеъ» ва тасҳеҳу татбиқи он баъд аз се-чор соли вафоти Аҳмади Дониш, яъне тахминан дар солҳои 1900-1901. анҷом ёфта буд. Аммо котиб санаи китобатро 1316 ҳиҷрӣ нишон додааст, ки ба соли 1898/1899 милодӣ баробар меояд. Аз эҳтимол дур нест, ки дар гуфтаи Айнӣ саҳве рафта бошад ва ӯ бо асари Дониш пас аз се-чор соли вафоти вай не, балки баъд аз як-ду соли он, яъне дар охирҳои соли 1898, ё аввалҳои 1899 шинос шуда бошад.
247 Золони залама — пиразанони зулмкунанда.
248 Ин нусхаи «Наводир-ул-вақоеъ», ки дар китобхонаи ба номи Фирдавсӣ бо рақами 1409 нигоҳ дошта мешуд, баъд ба ихтиёри Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон гузашт ва ҳоло таҳти раками 2012 дар ганҷинаи Шӯъбаи шарқшиносӣ ва осори адабӣ маҳфуз аст, яъне худи ҳамон нусхаест, ки Мунзим китобат карда буд ва С. Айнӣ бо Ҳайрат дар тасҳеҳи он иштирок намуда, бо дастнависи аслии Аҳмади Дониш татбиқ карда буданд. Ниг. эзоҳи 173.
249 Ҷуҳало — ҷоҳилон, нодонҳо.
250 Ухравӣ — охиратӣ; мансуб ба охират; чизе ки ба охират дахл дорад..
251 Қуввати ҳозима — қуввати ҳазмкунандагӣ,
252 Чӣ иззат таҳсил тавон кард — чӣ иззат пайдо кардан мумкин аст.
253 Масмӯи султон шавад — ба гӯши султон расад.
254 Гаргин — чиркин, ифлос.
255 Бақла — сабзавот.
256 Дуни ӯ — аз ӯ пасттар (аст).
257 Олом — ҷамъи алам, аламҳо.
258 Аделина Патти (1843-1919) — ҳофизи машҳури Италия, ки дар шаҳри Мадрид таваллуд ёфтааст ва борҳо ба мамлакатҳои гуногуни Европа ва Америка сафар карда, ба Россия низ чанд маротиба омада буд. Аҳмади Дониш ӯро парижӣ ҳисоб кардааст, ки сабабаш маълум нест. Эҳтимол Патти аз Париж ба Петербург омада бошад ва аз ҳамин сабаб Дониш ватани ӯро Париж гумон карда бошад.
259 Ниг. қисми сеюми «Ёддоштҳо», боби «Ҷамъиятҳои пешаварон дар Бухорои амирӣ».
260 Абдуллохони Шайбонӣ (1583-1588)- яке аз хонҳои ӯзбек дар Бухоро, аз сулолаи Шайбониён.
261 Мадрасаи Кӯкалтош — яке аз калонтарин мадрасаҳои Бухорост, ки бародари ширхӯраи Абдуллохони Шайбонӣ — Қулбобо-Кӯкалтош дар вақтҳои дар Ҳирот ҳукумат доштанаш соли 1578 бино кардааст. Дар асри XVI дар Бухоро чанд бинои мӯҳташам андохта шуда буд, ки мадрасаи Кӯкалтош аз ҳамин ҷумла аст. Мадрасаи Кӯкалтош гӯё сеошёна будааст, вале баъдҳо ошёнаи сеюми он хароб шудааст. Дар ҳоли ҳозир ҳарчанд намуди берунии он мадраса чандон зебо нест, вале оройиши дохилии он хеле ҷолиби диққат аст.
262 Абдулмӯъмин — фарзанди Абдуллохони Шайбонӣ ва охирин намояндаи хонадони Шайбониён аст, ки дар солҳои 1588-1598 подшоҳӣ кардааст.
263 Миёнбаст — шифти чӯбин, ки пойинтар аз сақфи аслии ҳуҷра сохта мешуд. Дар болои миёнбаст озуқаворӣ, ҳезуму ангишт ва колои барзиёди соҳиби ҳуҷра меистод.
264 Ниг. «Куллиёт». ҷ. VI, саҳ. 353-355.
265 Позарез — устое, ки поза месозад; поза — оҳани амоч.
266 Нависанда Ҳоҷӣ-махдумро бо номи Ака-махдум дар повести «Ҷаллодони Бухоро» низ тасвир кардааст: дар қисмати дуюми боби «Соҳибони шариат» ҷанги Ҳоҷӣ-махдум бо аълами Бухоро зикр шудааст; дар боби «Сирри мардон пӯшида» аз саргузаштҳои ӯ боз баъзе воқеаҳои дигар нақл гардидааст. Ниг. «Куллиёт», ҷ. 1, сах. 140,172-179.
267 Лаби Ҳавзи Девонбегӣ — ниг. эзоҳи’87.
268 Вофурӯш — ҷаллоб, дӯкондоре, ки моли косибонро яклухт харида, бо нархи зиёдтар, бо фоидааш мефурӯхт.
269 Соли шамсӣ — солшуморие, ки аз рӯйи гардиши офтоб тартиб дода шудааст ва моҳи якумаш ҳамал буда, аз 21 март шурӯъ мешавад.
270 Ҳамал — моҳи якуми солшумории мусулмонон, ки аз 21 март сар мешавад.
271 «Ҳафт салом» — порчаи коғаз, ки дар он аз номи худо ва пайғамбарон бо заъфар салом менавиштанд ва дар беморӣ, инчунин иди наврӯз ба об тар карда, обашро менӯшиданд.
272 Тафсилоти ин кор дар бобҳои минбаъдаи «Ёддоштҳо» зикр нашуда мондааст.
273 Туҷҷор — ҷамъи тоҷир, тоҷирҳо — савдогарон, бозаргонон.
274 Ҳаззол — ҳазлкунанда, шӯх.
275 Ниг. қисми дуюми «Ёддоштҳо», боби «Сайри Файзобод».
276 Овони шабоб — айёми ҷавонӣ.
277 Айёми аҷуз — мавсими ҳавои мухталиф дар аввали баҳор, ки аз 6 то 13 март давом мекунад. С. Айнӣ «айёми аҷуз»-ро дар як мактуби худ бо овардани мисоли ҳамин рубоии баҳорияи Ҳайрат чунин эзоҳ додааст: «Ҳозир айёми аҷуз сар шуд, ки то 13 март давом мекунад. Бинобар ин ҳар рӯз дар иқлими мо даҳ-дувоздаҳ бор ҳаво дигаргун мешавад — якбора офтоби сӯзон мебарояд, ки дар хона бо костюм нишаста намешавад, аз паси вай абри сиёҳ омада, ҳаво дам пайдо мекунад ва нафас кашидан душвор мегардад, баъд аз он борони сел сар мешавад ва баъд аз 15 дақиқа шамоли тунд бархоста, якбора дараҷаи ҳароратро аз сифр мефурорад ва баъд аз ним соат боз офтоб ва боз гармӣ… Дар ин шароит дар даруни хона шамол хӯрдани одам мумкин аст. Айёми аҷузи иқлими мо, ки як ҳафта — аз 6 март то 13 давом мекунад, ҳанӯз дар илм акс нагардидааст. Ва ҳол он ки дар мо хар сол аҳвол ҳамин аст». («Аз мактубҳои С. Айнӣ ба адибони тоҷик», журн. «Шарқи Сурх», 1956, №4, саҳ. 110-111).
278 Пишовур — яке аз шаҳрҳои калон дар Шимоли Ҳиндустон, ки ҳоло дар хоки Покистон аст.
279 Ниг. қисми сеюми «Ёддоштҳо», боби «Шайхи рехтагар ва корхонаи ӯ».
280 Ҳуро — дар забони арабӣ ин шакли ҳавро (ва аҳвару) фарди ҳур аст. аммо дар форсӣ ва тоҷикӣ ҳур шакли фард аст.
281 Ниг. қисми сеюми «Ёддоштҳо», боби «Дуздӣ».
282 «Яке аз шеършиносони ҳамон замон» — Шарифҷон-махдуми Садри Зиё буд, ки дар он вақтҳо дар Қаршӣ қозигӣ мекард, ниг. «Куллиёт», ҷ. саҳ. 58 ва ҳамин ҷилд, эзоҳи 2.
283 Неъматулло-махдуми Мӯҳтарам (вафот 1920) — яке аз шоирони дарбории охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX ва намояндаи адабиёти феодалии клерикалии ин давра аст. Дар давоми солҳои 1904 — 1910 бо номи «Тазкират-уш-шуаро» тазкирае тартиб додааст, ки асосан иборат аз мадҳу санои амирон ва шоирони маддоҳ аст. Ниг. Р, Ҳодизода, «Источники к изучению таджикской литературы второй половины XIX в.». саҳ. 85-91.
284 Идрисхоҷаи Роҷӣ (1881 — 1920) — яке аз шоирони феодалии клерикалӣ мебошад, ки дар шеър аз тақлиди бемуваффақияти гузаштагон пештар рафта натавонистааст. Ниг. С. Айнӣ, «Намунаи адабиёти тоҷик», М., 1926, саҳ. 310-312.
285 Ниг. боби «Мероси адабии Ҳайрат».
286 Як рафиқи дигарамон — ин шахс ҳамон Аҳмадҷон Абӯсаидзодаи Ҳамдӣ мебошад, ки шарҳаш дар боло, дар эзоҳи 100 гузашт.
287 Ниг. қисми сеюми «Ёддоштҳо», боби «Мероси адабии Ҳайрат».
288 Ниг. қисми сеюми «Ёддоштҳо», боби «Мероси адабии Ҳайрат».
289 «Фаслу боб» — номи як қитъаи С. Айнӣ аст, ки дар боби «Даҳякгирии талабагони мадраса» (ҳамин ҷилд) омадааст. Дар ин боб шеъри мазкур «Қитъаи маслиҳатӣ дар бораи даҳякгирӣ» номида шудааст.
290 Ниг. боби «Зиндагии шахсии Мулло Амон ва аҳволи ӯ баъд аз воқеаи аробакаш».
291 Руста-як навъи ҳалвосг.
292 Ғулом — номи яке аз ҳофизони машҳури маврихони Бухорост, ки дар гармоннавозӣ хам маҳорат дошт. Фирмаи «Премьер рекорд» ҳанӯз пеш аз револютсия овози ӯро дар чанд қартаи граммофон гирифта буд, ки рақами он қартаҳо 121082 — 121083 мебошад.
293 Ғалтак — чархи ароба.
294 Зикри ин Қорӣ Ибод дар повести «Ҷаллодони Бухоро», дар бобҳои «Соҳибони шариат», «Муллои дуздёб», «Во, шариато!» омадааст. Ниг. «Куллиёт», ҷ. 1 саҳ. 135 — 161.
295 Омили закот — закотчӣ, касе ки аз моли мардум закот ҷамъ мекард.
296 Удайчӣ — амалдоре, ки дар кӯчаҳо пеш-пеши амир додгӯён рафта роҳ мекушод.
297 Ин мазмун дар боби даҳуми қисми сеюми романи «Ғуломон», дар сӯҳбати Ӯрун-Наркалла ва ҳезумкашон кор фармуда шудааст. Ниг. «Куллиёт», ҷ. 3, саҳ. 279 — 289.
298 Ниг. «Куллиёт», ҷ. I, саҳ. 204 — 209.
299 Бобокул Файзуллоев (соли таваллуд 1897) — Ҳофизи Халқии РСС Тоҷикистон, устоди забардасти мусиқии классикии «Шашмақом» аст. Ӯ «Шашмақом-»-ро ғайр аз Эргаш, асосан аз Бобо Ҷалол Носиров, Мирзо Ғиёс ва усто Шодӣ Азизов (1878-1943) барин устодони он омӯхтааст ва ҳоло анъанаҳои онҳоро давом медиҳад. Бобоқул Файзуллоев касест, ки «Шашмақом»-ро бо аксарияти шохаву шӯъбаҳояш медонад. Вай ҳамроҳи ходими хизматнишондодаи санъат Шоҳназар Соҳибов ва Ҳофизи Халқӣ Фазлиддин Шаҳобов «Шашмақом»-ро ба нота гирифтааст, ки аз чоп баромад. Ҳоло бо роҳбарии ӯ устодони шашмақомхони республика баъзе шӯъбаҳои онро хонда ба лента даровардаанд. Ғайр аз ин, Б. Файзуллоев ба шеърҳои шоирони классик ва советии тоҷик ба услуби мусиқии классикӣ бисёр оҳангҳои дилнишин бастааст.
300 Қозиюлқуззот — қозии қозиҳо, яъне қозикалон гуфтан аст.

Бозгашт ба оғози китобҳо:

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 1

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 2

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 3

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 4



error: Content is protected !!