Айнӣ. Ёддоштҳо, қ. 4-1

Мо камбағалонем, ба ҳар гуна баҳона
аз дасти замона,
Ҳар тири ситамро, ки ҳамегашт равона
будем нишона.
Ҳар соату ҳар сония омодаи мурдан
завлона бар гардан,
Занҷир ба по, теғ ба сар, чӯб ба шона,
зиндон, канахона.
Охир зи тани мо, зи дили мо, зи сари мо,
ҳам аз ҷигари мо,
Зад оташи пуршӯълаи пуршӯр забона
ошӯбгарона.
3-ин оташи пуршӯълаи мо кӯҳнаҷаҳон сӯхт
дарбори шаҳон сӯхт,
Ҳам қоидаи кӯҳнаи бедодгарона
гум шуд зи миёна!

Дар шаҳр

Мадрасаи Ҳоҷӣ Зоҳид

Дар охири қисми III-и «Ёддоштҳо» дар соли 1896 дар шаҳри Бухоро, дар гузари Сари Пули Равғангарон аз тарафи Ҳоҷӣ Зоҳид ном касе як мадрасаи нав бино ёфта, ба он ҷо кӯчиданамро ёдоварӣ карда будам.
Ин мадраса ҳамагӣ дорои бисту ду ҳуҷра буда, тарафи пешаш дуошёна ва се тарафи дигараш якошёна буд. Дарвозаи ин мадраса аз тарафи ҷануб буда, дар пеши дарвоза саҳни тангаке ҳам дошт, ки дар он тарафи саҳн, баъд аз як кӯчаи пиёдагард, рӯди шаҳр мегузашт. Миёнсарой, роҳрав ва масҷиди ин мадраса ҳам танг буда, дар болои инҳо ошёнаи дуюм бино ёфта буд. Дар тарафи шарқи ин мадраса мадрасаи Ҳусейнбой, дар тарафи шимолаш ҳавлии соҳиби мадраса ва дар тарафи ғарбаш роҳрави ҳавлии соҳиби мадраса воқеъ шуда буд.
Ҳуҷрае, ки ман дар вай истиқомат мекардам, бар болои дарвозахонаи мадраса бино шуда буд. Дари даромади ин ҳуҷра аз тарафи дарун ба роҳравчаи танге кушода мешуд, ки вай ба боми шарқии мадраса пайваста, аз он ҷо бо зинае пойин фуромада мешуд, дар рӯ ба рӯйи он дар дари дигаре ба тарафи саҳн, кӯча ва рӯд кушода мешуд. Азбаски дар ду канори рӯд дарахтони тут сабзида буданд ва дар ҳар ҳафта ё понздаҳ рӯз аз рӯд об мегузашт, бошишгоҳи ман дар шароити онвақтаи Бухоро манзараи хубе дошт. Азбаски ман то он вақт дар шаҳри Бухоро дар ҷойи пешаш дарахтноке зиндагонӣ накарда будам, он ҳуҷра ба назарам хеле дилчасп менамуд.
Даруни ҳуҷра хеле танг буд: баъд аз пойгаҳ — кафшкан ҷойи нишаст сар мешуд, ки вай чоркунҷаи баробар буда, аз кадом тарафаш, ки як одами баландқомат дароз кашида бихобад, пояш ё ба пойгаҳ ва ё ба девор мерасид. Дар миёнаҷойи ин чоркунҷа ҷойи сандалӣ буда, дар ҳар кадоми се кодок (се тараф), ки ба деворҳо ва ба дари тарафи кӯча мепайваст, як одам ба зӯр менишаст, аммо дар кодоки поёнӣ, ки ба пойгаҳ мепайваст ва пушташ кушода буд, одам осудатар нишаста метавонист.
Дар як тарафи пойгаҳ хум ё кӯзаи об меистод ва дар тарафи дигараш пайваста ба девор оташдон буда, дудкаш (мӯрӣ)-аш дар мағзи девор буд. Азбаски дудкаши байни ин ҳуҷра ва ҳуҷраи ҳамсоя муштарак буд, дар рӯзҳои шамол дар ҳар кадом оташдони ин ҳуҷраҳо ки оташ даргиронда шавад,- дудаш ба ҳуҷраи ҳамсоя мегузашт.
Ман дар хар ҳафта ё даҳ рӯз як бор дами гармие мепухтам, ки вай ҳам, агар дер монад, дар як соат ба анҷом мерасид, аммо ҳамсояҳуҷраам, ки як қирғиз буд ва барои пухтани гӯшти асп камаш ҳар рӯз се соат оташ дармегиронд, ҳуҷраи ман дар рӯзҳои шамол ҳамеша вазифаи дудкашии ҳуҷраи ҳамсояро адо мекард.
Бар хилофи ҳуҷраҳои дигар мадрасаҳои Бухоро, ҳуҷраҳои ин мадраса ҷойи дастурӯйшӯйӣ надошт, ки дар бом ё дар рӯйи ҳавлӣ шустушӯ кардан лозим меомад.
Ҳуҷраи ман монанди ҳуҷраҳои дигари ин мадраса тиреза надошт, бинобар ин дари даромадро ҳамеша пӯшонда мондан даркор мешуд ва дари тарафи кӯча як коғазгир* дошт, ки кушода пӯшонда намешуд ва ҳар гоҳ ки кушодан лозим шавад, он коғазгирро аз ҷояш гирифта ба даруни ҳуҷра мондан рост меомад ва ман ҳар вақт, ки аз баргони пурчангу хоки дарахтони лаби рӯд чашмони худро «об додан» мехостам, ҳамин тавр мекардам.
____________
*Коғазгир ба шакли тиреза сохта шуда, ба ҷойи шиша ба панҷарахояш коғаз часпонда мешуд.
Вусъат ва тарзи бинои ҳуҷраи ман намунаи беҳтарин ҳуҷраҳои ин мадраса буда, баъзе ҳуҷраҳояш, ки дар гӯшаҳо воқеъ шуда буданд, аз ин ҳам тангтар ва ҳуҷраҳои ошёнаи якумаш ҳамагӣ якдара буданд, ки одам ҳам, рӯшноӣ ҳам танҳо аз ҳамон як дар медаромад.
Ин мадраса вақф надошт, соҳиби мадраса ҳар моҳ ба имом бист танга ва ба муаззин даҳ танга дастӣ медод.

Соҳиби мадраса

Соҳиби мадраса яке аз бойҳои миёнаҳоли Бухоро буд, ӯ одами қоматпаст, ғафсбадани фарбеҳи ришкалон буда, тахминан шастсола менамуд, фарзанд надошт. Зоҳиран, ин мадрасаро барои он сохта буд, ки баъд аз мурданаш як қисми молу мулкаш ба номи худаш боқӣ монад. Бинобар ин, ҳарчанд ӯ ин мадрасаро барои талабагон вақф карда бошад ҳам ва аз рӯйи шариат ин бино аз тасарруфи ӯ тамоман баромада бошад ҳам, моликияти худро аз ин ҷо барҳам додан намехост: ӯ ба муаззин таъин карда монда буд, ки баъд аз хуфтан дарвозаи мадрасаро қуфл зада монда, ба талабагони бошандаи ин ҷо ҳам, ба бегонагон ҳам ба даро-баро кардан роҳ надиҳад.
Ин тартиби сахт, ки дар ҳеҷ як мадрасаи Бухоро набуд, барои талабагон душворӣ мекард, зеро талабагон дар шабҳои таҳсил барои дарстайёркунӣ ва дар шабҳои таътил барои шабнишинӣ бо талабагони мадрасаҳои дигар, ки ошноҳояшон буданд, ба рафтуомад кардан маҷбур буданд; азбаски аксари ҳуҷраҳои мадрасаҳои Бухоро танг ва талабагони қашшоқ кӯрпаболиши барзиёд надоштанд, баъд аз дарстайёркунӣ ё шабнишинӣ ҳар талаба маҷбур буд, ки ба ҳуҷраи худ бозгашта рафта бихобад…
Ин сахтгирии соҳиби мадраса бошандагони ин ҷоро аз ин озодгардии умумии талабагон маҳрум карда буд.
Яке аз зарардидагони ин сахтгирӣ ман будам. Ман, ки дар мадрасаи Бадалбек дар шабҳои таътил ба базм мерафтам ва ё ба шабнишиниҳои шарикон иштирок мекардам, дар ин мадрасаи нав тамоман хонанишин шуда монда будам.
Азбаски ҳуҷранишинони ин ҷо ҳар кадом аз ҷое омада буданд, бо онҳо шиносоӣ ва улфатӣ надоштам.
Ҳамсояҳуҷраи ман, чунонки дар боло қайд шуд, як қирғиз буд, ки ба ман ҳеҷ шиносоӣ надошт. Ин қирғиз аз қирғизҳои Ӯротеппа буда, Мулло Тӯйчӣ ном дошт. Ӯ як ҷавони баландқомати зардинарӯйи тунукмӯйи тангчашми пурхашм буд, синни ӯ аз ман тахминан ҳашт- нӯҳ сол калон буда, дар дарс ҳам аз ман чор сол пешӣ дошт. Ман, ки аз дуди шӯрбои гӯштиаспии ӯ малолат доштам, шаклу шамоили ӯро ҳам намеписандидам, бинобар ин ҳеҷ майл надоштам, ки бо ӯ алоқа бандам. —
Аммо ӯ як рӯз бо одати мадраса ҳуҷраамро тиқ-тиқ карда, рухсат гирифта даромада нишаст ва бе ҳеҷ муқаддима гапро аз мақсадаш сар кард:
— Ман аз байни қирғизҳои даштӣ ба Бухоро барои илм омӯхтан омадаам, на мисли баъзеҳо барои палавхӯрӣ, — гуфт ӯ, — аммо ман дар илмомӯзӣ қувваи дурусте надорам. Барои омӯзиши ман ёридиҳандае даркор аст. Ин вазифаро яке аз шарикони хушфаҳмам, ки вай ҳам ӯротеппагӣ буда, аз тоҷикон аст ва дар мадрасаи Рашид истиқомат мекунад, ба гардани худ гирифт. Бинобар ин маро лозим аст, ки ҳар шаб, баъд аз хуфтан, пеши ӯ рафта дарс тайёр кунам. Аммо ин сахтгирии соҳиби мадраса ба кори ман монеъ шуд: ман як ҳафта боз аз дарстайёркунӣ маҳрум мондам. Шумо ба ман маслиҳат диҳед, ки чӣ кор кунам?
— Ман бо муаззин гап мезанам, шояд ба даро-барои шумо монеъ нашавад, — гуфтам ман.
Ӯ хурсанд шуда зуд аз пеши ман баромада рафт ва ман ҳам мувофиқи ваъдаи худ муаззинро дида, аз хусуси ӯ гап задам ва илтимос кардам, ки ба тариқи истисно ба ӯ рухсат диҳад, ки барои дарстайёркуниаш рафта омада тавонад.
Аммо муаззин, чунонки чашм доштам, илтимоси маро рад кард. Чунки ӯ як ҷавони миёнколӣ (аз Хатирчӣ ё аз Зиёуддин) буда, тамоман бесавод буд, на дарсро медонист ва на дарстайёркуниро. Ӯ фақат соҳиби мадрасаро медонист, ки аз куҷо бошад ӯро ёфта оварда, ба ӯ ҳуҷра дода, дар мадрасааш ба бадали даҳ танга ҳам муаззин кардааст, ҳам фаррош, ба болои ин монанди ҳезумкафонӣ барин корҳои сахти ҳавлиашро ҳам ба ӯ мефармуд.
Чун муаззин талаби маро рад кард, ман барои қирғиз як роҳи «ғайриқонунӣ» ёфта додам, ки он бечораи илмдӯст аз дарстайёркуниаш намонад. Ин роҳ як роҳи хеле осон буд, ки пештар ба хотирам нарасида буд, аммо аҳволи музтаронаи Мулло Тӯйчӣ маро маҷбур кард, ки ба ин кор фикр давонам ва ёбам. Баъд аз ёфт шудан, он роҳ ба худам ҳам чанд вақт кор дод.
Чунонки дар боло қайд карда шуд, мадрасаи Ҳоҷӣ Зоҳид дар паҳлуи мадрасаи Ҳусейнбой воқеъ шуда буд. Дар гӯшаи ғарбии он мадраса, дар ошёнаи дуюм, як муллобачаи ҳисорӣ зиндагӣ мекард, ки ӯ бо ман шарикдарс ва шинос буд. Ҳуҷраи ӯ аз тарафи ғарб як дарича дошт, ки баъд аз бино ёфтани мадрасаи Ҳоҷӣ Зоҳид дар паҳлуи мадрасаи Ҳусейнбой ва пайваста ба ӯ, боми ошёнаи якуми ин мадрасаи нав ба даричаи ҳуҷраи талабаи ҳисорӣ ҳамрӯй шуда мондааст.
Ман аз шарикдарси худ — аз он муллобачаи ҳисорӣ илтимос кардам, ки рухсат диҳад, то ки қирғиз аз дарстайёркунӣ омада ба мадрасаи Ҳусейнбой даромада, аз он ҷо ба воситаи ҳуҷраи ӯ ба боми мадрасаи Ҳоҷӣ Зоҳид гузашта ба ҳуҷраи худ дарояд.
Ҳисорӣ бо хурсандӣ розӣ шуд ва Мулло Туйчии қирғиз ҳам ба он роҳ дарстайёркунии худро давом дод ва дар вақти зарурат ман ҳам шабона аз он роҳ меомадам ё мерафтам.
Аммо муаззин, аз куҷо бошад, фаҳмидааст, ки қирғиз бо роҳи «махфӣ» рафтуой дорад, дар пайи дастгир кардани ӯ афтода, як шаб камин гирифта — дар пинҳонӣ нишаста, аз он дарича баромадани ӯро нигарон шудааст.
Вақте ки Мулло Тӯйчӣ аз дарича гузашта, бар рӯйи бом намоён шудааст, муаззин давон рафта аз гиребонаш гирифта, ӯро барои он ки тартиби соҳиби мадраса муқарраркардаро вайрон кардааст, дашном додааст.
Оташи ғазаби қирғиз, ки ҳамеша аз чеҳрааш намоён буд, бо ин кирдор ва гуфтори муаззин якбора шӯълавар шудааст ва бо ду даст аз миёни ӯ гирифта ба ҳаво бардошта ба дудкаши як ҳуҷра, ки аз рӯйи бом тахминан як метр боло бардошта шуда буд, задааст. Сахтии зарбаро аз ҳамин қиёс кардан мумкин аст, ки дудкаши аз хишти пухта бо гаҷ сохташуда бо зарбаи ба худаш бархӯрдани бадани муаззин аз миёнаш шикаста парида рафтааст.
Ман, ки ҳанӯз нахобида будам, бо шунидани овози задухӯрд аз ҳуҷра давон баромада ба пеши ҷангарагон расида рафтам, ки муаззин монанди муши дар чанголи гурба афтода дар зери пойи қирғиз ба замин молиш мехӯрд ва қирғиз ӯро лагадкӯбӣ карда, бо забони қирғизӣ дашномҳои қабеҳ медод ва муаззин бо забони худаш хирросзанон «тавба кардам» гӯён нолиш мекард.
Талабаи ҳисорӣ, ки баъд аз даст ба гиребон шудани муаззин ва қирғиз аз дарича баромада ба болои сари инҳо расида омадааст, бо забони тоҷикӣ онҳоро насиҳат медод ва зӯр мезад, ки муаззинро аз чанголи қирғиз раҳоӣ диҳад, аммо наметавонист.
Ман расида рафтанам ҳамон аз дасти Мулло Тӯйчӣ гирифта, ӯро аз болои муаззин ба дур кашидам. Аввал ӯ ба кашола кардани ман аҳамият надода ба. молиш додани муаззин давом кард. Ман бо овози қатъӣ ва «ту-ту» гӯён ба ӯ хитоб кардам:
— Магар ту девона шудаӣ? Сар деҳ ӯро! Ӯ ба мурдан расидааст! Қирғиз аз болои муаззин пас омад ва ба ман теғ кашида нигоҳ карда истод ва пас аз он ба замин туф карда ба гап даромад:
— Дар ҳақиқат ҳам, ман ӯро куштан мехостам, аммо ба хотири ту муваққатан аз хунаш даргузаштам. Лекин сар деҳ, ки ман ӯро тавба дода аз вай қавл гирам! — гуфт ӯ ба ман бо хитоби «ту-ту».
— Ман роҳ медиҳам, аммо аввал худат ба ман қавл деҳ, ки дигар ӯро намезанӣ, — гуфтам бо ҳамон қатъияти аввалӣ.
— Қавл медиҳам, ки ба хотири ту ҳозир ӯро дигар намезанам, — гуфт қирғиз.
Ман дасти ӯро сар додам. Ӯ дубора ба сари муаззин рафт ва дастони худро ба пушти худ гардонда қадашро хам карда қадаре ба муаззин чашм дӯхта истод ва пас аз он ба ӯ:
— Тағойқул! — гуфта ном гирифта хитоб кард.
— Лаббай! — гуфт муаззин бо овози магасе, ки ба тори тортанак дармонда бошад.
— Аввал ин ки ин ҳодисаро ба хӯҷаинат намегӯйӣ, дуюм ин ки ба даро-барои ман ба мадраса халал намерасонӣ. Агар яке аз ин шартҳоро вайрон кунӣ, ҳамон соат мекушамат, баъд аз он маро ҳар чӣ кунанд, кардан гиранд!
— Ба Худо қасам, ки ин ҳодисаро на ба бой, на ба каси дигар намегӯям, на ба даро-барои шумо ва на ба дигарон монеъ намешавам, — гуфт муаззин шартҳои қирғиз пешниҳодкардаро ду баробар зиёда намуда ба гардан гирифт.
— Ин тавр бошад, хез, ба ҳуҷраат даро! — гуфт қирғиз ба муаззин.
Аммо дар муаззин қуввати аз ҷо ҷунбидан набуд, ҳарчанд барои хестан кӯшиш кунад ҳам, нимхез мешуду тамоман росу шуда наметавонист. Қирғиз ба ӯ ёрӣ дода аз ҷо бархезонда, аз бағалаш гирифта бурда ба ҳуҷрааш даровард ва худаш ҳам ба ҳуҷраи худ даромада дарро баст.
— Шарикдарси ман — талабаи ҳисорӣ ҳам: «гӯшти хар, дандони саг» гуфтаанд, ки тамоман дуруст аст, — гӯён ва хандакунон аз дарича ба ҳуҷраи худ гузашт ва ман ҳам ба ҳуҷраи худ рафта даромада, дарро бастам ва дар фикри хобидан афтодам…
Аммо ҳанӯз чашмамро гармӣ набурда буд, ки дари ҳуҷраам тиқ-тиқ шуд. Дубора аз ҷо хеста чароғро даргиронда, дари ҳуҷраро кушодам, ки ба дари ҳуҷра мирзои бой (котибаш) рост истодааст.
— Марҳамат кунед! — гӯён ӯро ба ҳуҷра даровардам, ӯ ба пойгаҳ даромада, аммо кафшҳояшро накашида ба лаби ҷойи нишасти ҳуҷра нишаст ва:
— «Коре, ки ба сулҳ дарнаёяд, девонагие дар ӯ бибояд» гуфтаанд, — гӯён ба гап даромад. — Хӯҷаини мо як аҳмақи дарунсиёҳ аст. Таги гап дар ин ҷост, ки ӯ аз мадраса бино кардани худ пушаймон аст, аммо акнун чорае надорад, ки вақфномаро вайрон карда, мадрасаро ба мулки хусусии худ гардонад, ночор, монанди он ки «орзуи дӯғро дар маҳтоб мешикаста бошад», талабагонро танг карда, ҳар рӯз як қоидаи нав бароварда, ҳокимият ва моликияти худро ба мадраса маълум карда меистад. Барои ислоҳи ӯ ва ислоҳи косалеси ӯ — муаззин, ки аз ӯ ҳам аҳмақтар аст, гап таъсир намекард. Барои ислоҳи инҳо девонагие даркор буд. Ин девонагиро на ман, на шумо ва на дигарон намекарданд, ҳар чӣ бошад, хоста ё нахоста, дониста ё надониста ин қирғизи девона ин девонагиро кард. Баъд аз ин ҳамаи бошандагони ин ҷо ҳам аз дасти бой ва ҳам аз дасти муаззини ӯ халос мешаванд…
— Ба фаҳми ман, муаззин тарсид, ин ҳодисаро ба бой хабар нахоҳад дод, шумо ҳам хабар надиҳед, кор худ ба худ хобида меравад, — гуфтам ман ба мирзо.
— Чаро ман хабар надиҳам! Ман ин корро аз будаш зиёдатар карда хабар медиҳам. Хӯҷаин чӣ қадар аҳмақ бошад, чӣ қадар дарунсиёҳ бошад, ҳамон қадар ҳам тарсончак аст. Бо шунидани ин ҳодиса чунон метарсад, ки «талабаҳо маро зада мекушанд» гуфта дигар ба тарафи мадраса нигоҳ намекунад, — гуфт мирзо.
— Мебахшед, шуморо аз хоб монондам, — гӯён аз ҳуҷра баромада рафт.
Мирзои бой Неъмат ном дошта. як одами сисолаи хушхату савод буд. Ӯ ҳавлӣ ва ҷойи истиқомат надошт. Бой ӯро бо шарти ҷойи истиқомат ёфта додан дар ҳар моҳ ба бист танга (се сӯм) ба хизмат гирифтааст. Аз ин мадраса, ки «дар роҳи худо барои талабаи улуми динӣ» бино кардааст, як ҳуҷраро ба ӯ додааст ва ӯ дар ҳуҷрае, ки дар паҳлуи дигари ҳуҷраи ман буд, истиқомат мекард. Ӯ аз задухӯрди қирғиз ва муаззин аз аввали кор хабардор шуда бошад ҳам, барои шоҳид нашудан ва холис истодан, ба сари ҷанҷол набаромада будааст.
Мирзо ҳар рӯз пагоҳонӣ ҳамроҳи бой ба тиҷоратхонаи ӯ мерафт, дар он ҷо нақду насияҳои хӯҷаинро ба дафтар менавишт, барои ғундоштани насияҳои мӯҳлаташ расидаи хӯҷаин раста ба раста, дӯкон ба дӯкон мегашт. Кадом дӯкондор, ки пули мӯҳлаташ расидаро надиҳад, бой мирзоро ба сусткорӣ ва бетартибӣ айбдор карда, ба ӯ гапҳои сахт мезад.
Мирзо бегоҳӣ ҳамроҳи бой аз бозор омада, ба ҳуҷраи ба худаш додашуда медаромад. Ба сабаби банду басти сахти мадраса ӯ на ба ҷое рафта метавонист ва на ба ҳуҷраи худ ёру дӯстони худро оварда метавонист. Ӯ ба бадали ҳар моҳ бист танга гирифтан маҷбур буд, ки аз пагоҳ то бегоҳ кор кунад, аз бой гапҳои сахт шунавад ва шабона дар ин ҳуҷраи гӯрмонанд тамоман маҳбус монад.
Бинобар ин девонагии қирғиз ба ӯ ҳам хеле хуш омада будааст, ки баъд аз тамом шудани кор пеши ман омада хурсандии худро изҳор карда, аз бардошта шудани банду басти зиндонӣ башорат дод.
Дар ҳақиқат, баъд аз воқеаи ҷанги қирғиз бо муаззин бой дигар ба мадраса надаромад ва агар дилаш ба дидани «мулки худ» кашол шавад, дар рӯзҳои таътил — дар вақтҳое, ки талабагон ба сайругашт рафта бошанд ва дар мадраса касе набошад ё ин ки кас кам монда бошад, як даромада давр зада мебаромад ва агар нохост ба талабае вохӯрад, чизе намегуфт ва сари худро хам карда аз мадраса баромада мерафт.
Аммо пеш аз ҷанги қирғиз бо муаззин рӯзе ду бор — ҳам пагоҳонӣ пеш аз ба бозор рафтанаш, ҳам бегоҳонӣ баъди аз бозор гашта омаданаш — ба мадраса медаромад ва рӯйи мадрасаро давр зада, хишт ба хишт аз назар мегузаронид. Агар ягон хиштро хасташуда ё аз ҷояш андак беҷошуда медид, аз даҳонаш кафкҳо парронда талабаҳоро танбеҳ медод ва гапҳои сахт мезад. Як рӯз ба воқеаи зерин шоҳид шуда будам: соҳиби мадраса аз бозор омада, пеш аз даромадан ба ҳавлиаш ба мадраса даромад, бо одати муқаррариаш мадрасаро аз назар гузаронид. Ҳамон рӯз як талаба ҷомашӯйӣ карда, оби ҷомашӯйиашро бар рӯйи ҳавлии мадраса рехта будааст. У доғи оби ҷомашӯйиро дида:
— Имрӯз дар ин ҷо кӣ ҷомашӯйӣ карда буд? — гӯён фарёд кард. Он талабае, ки ҷомашӯйӣ карда буд, аз ҳуҷрааш баромада:
— Ман ҷомашӯйӣ карда будам, — гуфта ҷавоб дод ва дигар талабагон ҳам аз ҳуҷраҳошон баромада, нигарони шунидани беҳудагӯйиҳои бой шуда истоданд.
— Шумо — домулло! — гуфт бой ба он талаба бо оҳанги пичинг, аммо дӯғзанона. — Миёнатон дард накардааст, намедонед, ки дар бинои ин мадраса чӣ қадар пул сарф шудааст ва он пул аз куҷо ва ба чӣ гуна меҳнат ба даст даромадааст, бинобар ин ба мадраса он муомиларо мекунед, ки ба хонаи падаратон мекарда бошед. Охир бояд донед, ки бо оби ҷомашӯйӣ хиштҳо суст шуда, аз ҷоҳошон беҷо мешаванд ва дар натиҷа мадраса хароб мегардад.
Бой гуфтугузори худро бо он талаба ба охир расонда, ба ҳамаи талабагоне, ки дар он ҷо ҳозир шуда буданд, бо оҳанги қатъӣ фармон дод:
— Баъд аз ин ҳар кас, ки ҷомашӯйӣ кунад, обашро ба як сатил андозад ва ҳар гоҳ, ки сатил аз оби ҷомашӯйӣ пур шавад, бардошта аз мадраса бароварда бурда, ба рӯд резад — гап ҳамин! Дар миёнаи талабагон Мулло Суллам ном як талабаи кӯлобӣ буд, ки ӯ як дараҷа дағал бошад ҳам, ширинсухан ва шӯхтабъ буд. Ӯ баъд аз шунидани суханони соҳиби мадраса ба вай рӯ оварда:
— Амаки бой, — гуфт, — шумо пир шудаед, одам дар дунё абадӣ зинда намемонад. Баъд аз сари шумо кӣ нигоҳубини мадрасаро ба гардан гирифта, ин биноро аз вайронӣ нигоҳ медошта бошад?
— Худо нигоҳ медорад, Худо! — гуфт бой. — Ман, ки ин буқъаи хайрро 195 дар роҳи Худо бино кардаам, худи Худо нигаҳдорӣ мекунад ва касонеро, ки ба вайрон кардани ин бинои хайр кӯшиш кунанд, худаш ҷазо хоҳад дод.
— Ба фаҳми ман, — гуфт талабаи кӯлобӣ, — барои он ки шумо «дар роҳи Худо мадраса бино кардаед», ӯ қаровулии мадрасаи шуморо ба зиммаи худ намегирад. Охир, Худо Тағойқул нест, ки ба шумо фармонбардорӣ кунад. Беҳтар он буд, ки шумо мадраса бино намекардеду ин гуна кори пастро ба Худо ҳам ҳавола наменамудед.
— Эй воҳ! — гуфт бой. — Дареғ, сад дареғ, ки ман мадраса бино карда, як кори беҳуда карда будаам. Ман гумон карда будам, ки дар ин ҷо муллобачаҳо истиқомат карда илмҳои динӣ мехонанд ва надониста будаам, ки дар ин ҷо касони худоношинос ҳам хоҳанд роҳ ёфт. — Бой рӯйи худро аз талабагон гардонда ва худ ба худ: «Беҳтар он будааст, ки инҳо парча- палосҳошонро ба пушташон бардошта кӯча ба кӯча ҷойи сарпаноҳ кофта гарданд», — гӯён ва ғур-ғуркунон аз мадраса баромада рафт ва талабагон ҳамагӣ ҳамовоз шуда хандаи баланд карда ӯро гусел карданд.
Баъд аз ҷанги қирғиз, чунонки дар боло қайд шуд, на танҳо бой ба мадраса наёмад, чунонки мирзояш башорат дода буд, қуфлу бандро ҳам аз дари мадраса бардошт. Ҳамин тариқа шуда, талабагон, монанди талабагони мадрасаҳои дигари Бухоро, ба даро-баро, ба ҳезумкафонӣ ва ҷомашӯйӣ ихтиёри пурра ёфтанд. Дар ин қатор ман ҳам, қирғиз ҳам, мирзо ҳам аз банду басти зиндонӣ раҳоӣ ёфтем ва шарикдарси ман, талабаи ҳисорӣ, ҳам аз гузаргоҳ кардани ҳуҷраи худ халос шуд.

Зиндагонӣ ва машғулияти ман дар мадрасаи Ҳоҷӣ Зоҳид

Зиндагонии ман дар мадрасаи Ҳоҷӣ Зоҳид қариб мустақилона буд. Ман дар ин ҷо барои таъмини маишат ба хизмати сиёҳи касе мӯҳтоҷ набудам, чунки Абдухалил-махдум, чунонки дар қисми III-и «Ёддоштҳо» қайд карда шудааст, ба муқобили хизмати илмӣ ва ёрии маънавии ман ба ӯ, ба ман ёрии моддӣ мекард, хӯрду хӯроки ман аз тарафи ӯ ба тарзи миёна таъмин мешуд ва гоҳо либос ҳам медод 196. Ҳарчанд ӯ ба ман барои таъмини маишат пул намедода бошад ҳам (чунки бо одати он вақт ба муқобили хизмати илмӣ аз шахсони хусусӣ пули нақд гирифтан як навъ зиллат ҳисоб меёфт нисбат ба ходими илмӣ), ҳаррӯза таоми пешинӣ, ки бештарини вақтҳо палав буд, ба ман кифоя мекард; дар он ҷо ба сифати хизматгорӣ ман ош намепухтам ва ҳуҷра намерӯфтам, ин хизматҳои ӯро Қорӣ Нурулло ном як талаба, ки дарсаш аз мо пасттар буд, мекард. Дуруст аст, ки гоҳо ман ҳам ош мепухтам, аммо ин ошпазии ман ба тарзи ошноӣ буд, на ба сифати хизматгорӣ. Ин корро дар ҳуҷраи ӯ гоҳо Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим ҳам мекард. Ӯ даъво дошт, ки оши палавро аз ман беҳтар мепазад, аммо ман хам дар мусобиқа аз вай намемондам ва азбаски ба воситаи ошпазӣ карданам ба одамони гуногун таҷрибаам дар ин кор аз вай бештар буд, ман худро аз вай ҳунармандтар мешумурдам ва шарикон ҳам ин даъвои маро тасдиқ мекарданд.
Азбаски Шарифҷон-махдум қозӣ шуда аз шаҳр берун рафта буд, Мирзо Абдулвоҳид барои давом додани таҳсил аз хизмати ӯ ҷудо шуда, дар мадрасаи Мулло Муҳаммадшариф, дар як ҳуҷраи хеле хуби болои дарвозаи он мадраса, ки аз они Шарифҷон-махдум буд, истиқомат мекард. Азбаски Мирзо Абдулвоҳид аз мероси падар даромад дошт, зиндагонии ӯ дар мадраса бад намегузашт. Ӯ бо мо шарикдарс буда, дар дарстайёркунӣ, ки мувофиқи истилоҳи мадраса муколама мегуфтанд, бо мо ҳам ҳамроҳ буд. Дарстайёркунӣ хар рӯз рӯзона, вақти пешин, то тайёр шудани ош ва дар байни дарсҳо ва баъд аз дарсҳо дар ҳуҷраи Абдухалил- махдум ташкил меёфт.
Ҳуҷраи Абдухалил-махдум, чунонки дар қисми III-и «Ёддоштҳо» қайд шудааст, дар мадрасаи Ғозиён, бар болои дарвозаи он буд. Ҳуҷраи ӯ бо ҳуҷраи Мирзо Абдулвоҳид рӯ ба рӯ буда, дар миёна танҳо ҳавзи Ғозиён ва роҳи калони Ҷӯбор ва Миракон воқеъ шуда буд, ки агар дарахтони канори ҳавзи Ғозиён ҳоил (монеъ) намебуданд, бошандагони ин ду ҳуҷра якдигарро дида ва бо имою ишорат суханони якдигарро фаҳмида метавонистанд.
Дар Мирзо Абдулвоҳид мағрурии пештарааш намонда буд. Акнун ӯ ба ман бо назари истеҳзо нигоҳ намекард, дар шеъргӯйӣ ва шеърфаҳмӣ монанди пештара даъвои калон надошт, дар дарсомӯзӣ бошад, тамоман ба ман таслим шуда буд. Ӯ дар дарсомӯзӣ кундфаҳмтар бошад ҳам, бисёр ҳарис буд, ҷоҳои душвортари дарсро то тамоман нафаҳмад, аз ман даст намекашид; акнун ӯ танҳо дар ошпазӣ худро аз ман ҳунармандтар мешумурд, ки ин ҳам бо оҳанги ҳазлу шӯхӣ буд.
Мирзо Абдулвоҳид дар хушнависӣ ва дар иншонависии расмии он замон аз ҳамаи шарикон ва аз аксари ҳамсолонамон пеш буд, аммо аз он ҷо, ки ӯ хеле камоли ахлоқӣ пайдо карда буд, дар ин бора даъвое ва ғуруре зоҳир намекард. Лекин дар табиати ӯ ҳамон хислати «худдонамӣ», ки дар хурдсолагиҳояш ҳар замон намоён шуда меистод, дар пардаи пинҳонӣ бошад ҳам, ҳанӯз вуҷуд дошт. Ӯ кӯшиш дошт ягон коре кунад, ки дигарон дар ҳайрат монанд ва аз кардани он кор оҷиз бошанд.
Чунончи, боре мо ӯро дар рӯзҳои таътили баҳоронӣ як ҳафта гум кардем. Ман, Абдухалил- махдум ва Қорӣ Нурулло рӯзе чанд бор ҳуҷраи ӯро хабар мегирифтем, аммо дари ӯро баста меёфтем. Мо аз он сабаб дар ҳайрат будем, ки агар ӯ чандрӯза аз шаҳр баромада мерафт, албатта ба мо хабар медод, дар даруни шаҳр дар хонаи ошноёнаш, албатта, ин қадар дер намемонд, зотан ӯ дар шаҳр аз мо наздиктар ошно ҳам надошт. «Во аҷабо! Ба ӯ чӣ шуда бошад?» — гӯён мо дар ташвиш будем.
Дари даромади ҳуҷраи ӯ дар охири он зинаи торике буд, ки ман дар «Дохунда» дар боби «Мадраса» тасвир кардаам 197. Рӯзе ман барои хабаргирӣ (фаромӯш кардаам, ки бори чандум буд) аз ҳамон зина баромада ба пеши дари ҳуҷраи ӯ расидам. Аз даруни ҳуҷра садои хисир-хисире, монанди он ки муш чизеро мехойида бошад, шунида шуд, аммо баъд аз расидани ман ба дари ҳуҷра он садо хомӯш гардид. Дарро кӯфтам, аммо ҷавобе наёфтам, ҳар чанд гӯш кардам, дигар садои хисир-хисир ҳам набаромад.
Ман дар дили худ гузарондам: «Бояд ӯ дар ҳуҷра буда, ба кори «махфие» машғул бошад, чунки агар он хисир-хисири муш мебуд, ин қадар дуру дароз хомӯш намегардид». Ман барои тафтиш карда дидани ин тахмини худ бори дигар садои поямро набароварда ба дари ҳуҷра расидам ва садои хисир-хисири пештараро шунидам ва чанд дақиқаи дигар оромона гӯш дода истодам, садо давом кард. Баъд аз он дарро кӯфтам, аммо на танҳо ҷавоб нашунидам, балки он хисир-хисири мушона ҳам бурида шуд. Яқин кардам, ки ӯ дар ҳуҷра ҳаст ва ба коре машғулӣ мекунад. Пас аз он дар пайи дастгир кардани ӯ афтодам.
Рӯзи дигар, саҳар, як соат пештар аз баромадани офтоб, ба ҳуҷраи ӯ рафтам ва монанди рӯзи пеш шарфаи поямро набароварда аз зинаи торик боло баромада ба дари ҳуҷрааш расидам. Дар кушода буд. Дар даҳлез, ки хеле васеъ ва ошхона, ҳезумхона ва ангиштхонаи ҳуҷра дар он ҷо буда, заминаш хиштфарши бепалос буд, чароғ месӯхт.
Бар хилофи одати мадраса, бе ҳеҷ огоҳонӣ ва садои поямро набароварда ба даҳлез даромадам. Рӯйи замини даҳлез аз резачаҳои чизҳои зардча ва сафедчаи часпак, ки пош хӯрда буданд, пур буд ва дар роҳ рафтанам ба зери кафшҳоям мечаспиданд.
Ба пеши дари миёна, ки аз он ҷо ба ҷойи нишасти ҳуҷра даромада мешуд, ҳамчунон оҳиста рафтам. Дар дарун як лампаи овезаи сиюм месӯхт, ки ҳуҷраро монанди рӯз равшан карда буд. Мирзо Абдулвоҳид пушт ба дари даромад сари дупо нишаста, намедонам чӣ чизҳоро аз рӯйи ҳуҷра мечид.
Ман ҳамчунон садо набароварда кафшамро дар даҳлез кашида, ба ҳуҷра даромадам. Бар рӯйи гилеми ҳуҷра гардҳои сафед менамуданд, аммо часпак набуданд. Дар ҳар ҷо-ҳар ҷо резачаҳои зарду сафеде, ки монанди онҳоро дар даҳлез дида будам, низ ба назар вомехӯрданд, аммо ман «бояд ин резачаҳо часпак бошанд» гуфта онҳоро зер накарда оҳиста ба сари Мирзо Абдулвоҳид рафтан гирифтам.
Вақте ки ман аз зери лампаи овеза гузаштам ва сояам ба девори муқобил афтода ба назари ӯ намоён шуд, ӯ аз омадани касе, ки ҳеҷ чашм надошт, ногаҳонӣ хабардор шуда, як қад парида аз ҷояш хест ва монанди аскаре, ки фармони «ба пушт баргард»-и командирро шунида бошад, бо чолокӣ ба пушт баргашта, дар рӯ ба рӯйи худ маро дида, лаҳзае беҳиссу ҳаракат монд ва баъд аз он ба гап даромада:
— Оббо! Кунҷкови беамон-э! Ман «аз ин корам охир ту хабардор хоҳӣ шуд»-гуфта метарсидам. «Омад ба сарам ҳар он чӣ метарсидам», — гуфт ва илова кард: — Биё, бинишин, ки ман саргузашти якҳафтагии худро ҳикоя кунам.
Ман мехостам бинишинам, ӯ гӯшаеро, ки аз гарду ғуборҳои зарду сафед тоза карда шуда буд, нишон дода гуфт:
— Ана дар ин ҷо бинишин, дар ҷойи дигари ин ҳуҷра нишинӣ, мумкин аст, ки либосат олуда шавад.
Ман нишастам, аммо ӯ нанишаста:
— Ман дарро баста чароғи даҳлезро хомӯш карда оям, рӯз шуда истодааст, боз ягон каси дигар омада надарояд, — гӯён рафта дарро баста, чароғро кушта омад ва дар рӯ ба рӯйи ман нишаста гап сар кард:
— Акнун ки ту маро ба болои кор, ки нисбат ба касони дигар безарар ҳам бошад, нисбат ба худам ҷиноят аст, дастгир кардӣ, бояд ҳамаашро ба ту ҳикоят карда диҳам, лекин шарт он, ки ба ҳеҷ кас нагӯйӣ. Агар ба Абдухалил-махдум гӯйӣ, ихтиёр дорӣ, чунки «нагӯй» гӯям ҳам, албатта ба ӯ хоҳӣ гуфт, аммо ба одамони дуртар аз мо нагӯй, ки маро хандазор мекунанд.
— Ба Ҳайрат чӣ? — ман пурсидам.
— Ба ӯ ҳам гӯй — майлат, чунки ба ӯ ҳам албатта хоҳӣ гуфт, лекин таъкид кун, ки ба касе нагӯяд. Ӯ ҷавони ростқавли сангин аст, сирри дӯстонро баъд аз қавл додан фош намекунад.
— Хуб, — гуфтам ман. — Худам медонам, ки ба кӣ гуфтан даркор ва ба кӣ нагуфтан. Ту ин ҷоҳои корро ба худи ман ҳавола карда, зудтар ҳикоятатро сар кун.

Ҳалвоисобунипазии Мирзо Абдулвоҳид

— Оё ҳалвои собунии шофиркомиро медонӣ? — гӯён аз ман Мирзо Абдулвоҳид пурсид.
— Албатта медонам, кист ки надонад? Хуб, чӣ шудааст? — гуфтам ман.
— Ман хостам, ки ҳамон ҳалворо дар ҳуҷраи худ худам пазам… Ман пеш аз он ки саргузашти ҳалвоисобунипазии Мирзо Абдулвоҳидро аз забони ӯ нақл кунам, дар бораи ҳалвои собунӣ ва аз ин ҷумла дар хусуси ҳалвои собунии шофиркомӣ маълумоти кӯтоҳе доданам даркор аст: ҳалвои собунӣ ҳалвоест, ки онро аз орд, равған ва шакар пухта, ба лӯндаҳои чормағзмонанд ҷудо карда, ба фурӯхтан ва хӯрдан тайёр мекунанд. Ин гуна ҳалвои собуниро дар Бухоро, дар Самарқанд ва дар ҳар ҷойи Осиёи Миёна, ки ҳалвогарӣ бошад, мепазанд.
Ҳалвои собунии шофиркомӣ ҳам айнан аз ҳамон масолеҳ, яъне аз орду равған ва шакар тайёр карда мешавад, аммо тарзи пухтани он дигаргуна буда, ин корро дар райони Шофирком баъзе одамони махсус медонанд, лекин онҳо ин корро касби асосии худ карда нагирифтаанд ва барои дар бозор фурӯхтан намепазанд, балки барои хӯрдани худ ва ё бо супориши баъзе одамҳои ҷудогона мепазанд.
Ҳалвои собунии Шофиркомро ба лӯндачаҳо ҷудо намекарданд, балки дар вақти гармиаш ба табақчаҳои паҳни сафолии бесири нав мерехтанд ва баъд аз сард шуда бастанаш дар миёна як парча коғази сафед монда, ҳар ду табақро бар рӯйи ҳам мегардонданд ва ба ҳар куҷо баранд ҳам, ҳамин тарз табақҳоро ҷуфт-ҷуфт мебурданд.
Ҳалвои собунии Шофирком аз ҳалвоҳои собунии оддӣ, чунонки дар шакл фарқ дошт, инчунин дар таъм ҳам фарқи калон дошт: ҳарчанд вай ҳам аз орду равғану шакар пухта мешуд, аммо дар вақти хӯрдан аз вай маззаи ҳеҷ, кадоми ин чизҳо намеомад, балки як таъми гуворои ношинос дошт ва дар вақти ба даҳон андохтан, монанди морожнии қаймоқӣ зуд об мешуд.
Дар ҳаққи ҳалвои собунии Шофирком афсонае буд: чунонки афсонапарастон мегуфтанд, «ҳалвои обинаботи Бухоро, ғайр аз Бухоро, нони осиёии Самарқанд, ғайр аз деҳаи Галаосиёи Самарқанд, ҳалвои кӯфта ва рустаи Қаршӣ, ғайр аз шаҳри Қаршӣ ва ҷурғоти Зармитан, ғайр аз деҳаи Зармитани Бухоро, дар дигар ҷо намешавад», инчунин ҳамон афсонапарастон ҳалвои собунии шофиркомиро ҳам махсуси тумани Шофиркоми Бухоро мепиндоштанд. (Ва ҳол он ки баъд аз револютсия як ҳалвогари бухороӣ ба Самарқанд омада, ҳалвои обинабот пухт, ки аз ҳалвои обинаботи Бухоро монданӣ надошт, инчунин як зани самарқандӣ, бо вуҷуди галаосиёӣ набуданаш, дар Душанбе як нони осиёӣ пухт, ки аз нони осиёии Самарқанд ба ҳеҷ ваҷҳ камӣ надошт, ҳатто аз баъзе ҷиҳат аз вай беҳтар шумурдан мумкин буд.)
Пазандагони ҳалвои собунии шофиркомӣ ҳам ин ҳунари худро ,як навъ каромоти меросии худ вонамуда, махсуси худ ва авлоди худ ба қалам медоданд ва пухтани онро ба касе нишон намедоданд ва «агар чашми бегона афтад, ин ҳалво вайрон мешавад» — мегуфтанд.
Баъд аз ин муқаддимача акнун ман ба сари саргузашти Мирзо Абдулвоҳид меоям:
Мирзо Абдулвоҳид нақли саргузашти ҳалвопазии худро давом дода гуфт:
— Мақсади ман аз пухтани ин ҳалво, аз як тараф, дурӯғии ба Шофирком махсус будани онро исбот кардан бошад, аз тарафи дигар, ин ҳунарро, ки ҳалвогарони моҳири Бухоро ҳам ёд гирифта натавонистаанд, ба даст дароварда, ҳамаро дар ҳайрат андохтан буд. Ман, ҳарчанд илтимос кардам, ягон шофиркомӣ, ки ин ҳунарро медонист, ба ман пухта нишон надод, ҳар кадомашон масолеҳи барои вай даркориро ва тарзи пухтанашро гуфтанду бас.
Аз рӯйи қавли Мирзо Абдулвоҳид, ки аз мутахассисони ин кор шунидааст, равғани дунбаро доғ карда, орди бехтаро дар вай бирён намуда, шакарро қиём гирифта ба вай ҳамроҳ мекардаанд. Дар аввали кор ордбирёни бо қиём омехташуда сурхча мешудааст ва баъд аз кафзанӣ ва муштмолии бисёре ранги сафед пайдо мекардааст.
Мирзо Абдулвоҳид гуфт:
— Ман орд, равған ва шакарро тайёр карда, дарро баста кор сар кардам, чунки «агар натавонам, хандахариш мешавам»- гуфта метарсидам, бинобар ин «касе нафаҳмад ва аз ин кори ман хабардор нашавад»- гуфта бисёр эҳтиёт кардам ва ба пинҳонкорӣ даромадам.
Мирзо Абдулвоҳид мувофиқи нишондоди собунипазони шофиркомӣ ордбирёни бо шакар омехтаро як рӯз аз пагоҳ то бегоҳӣ ва шабона то зер кардани хоб ҳарчанд каф задааст ва мушткорӣ кардааст, рангаш сафед нашудааст ва таъмаш ҳам як навъ дилбеҷокунанда шудааст.
— Ман фикр кардам, ки, — гуфт ӯ, — «шояд шофиркомиҳо маро фиреб дода бошанд, шояд ордро бирён накарда ба равған ва қиём ҳамроҳ кардан даркор бошад, то ки сафед ва хуштаъм шавад», бинобар ин таркиби аввалиро ба як сӯ гузошта, орди хомро ба равған омехта ба қиём ҳамроҳ кардам. Ин дафъа рангаш сафедча шуда бошад ҳам, таъмаш монанди маззаи хамири хом буд, ки ба даҳон гирифта намешуд. Баъд аз ин фикр кардам, ки «шояд қиёмаш кам шуда бошад», бинобар ин боз камтар шакарро қиём гирифта ба вай ҳамроҳ кардам. Ин дафъа маззаи хамири хом боқӣ монда, ба вай як тезии гулӯсӯз зам шуда буд, ки ба маззаи он чӣ ном доданро намедонистам…
Рӯз сафед шуда омада истода буд ва дар кӯча ягон-ягон роҳгузарон менамуданд, бинобар ин Мирзо Абдулвоҳид аз нақли саргузашт бозистода:
— Роҳгузарони шиносо рӯшноии лампаро дида, дар ҳуҷра будани маро пай бурда наоянд, — гӯён аз ҷояш хеста лампаро хомӯш карда, боз омада нишаста суханашро давом дод: — Ман фикр кардам, ки, — гуфт ӯ, — «шояд равғанаш камӣ карда бошад, агар қадаре равғани дигар ҳамроҳ кунам, аҷаб нест, ки бадмазагии хамири хом ва тезии қиём барҳам хӯрда, таъмаш гуворо шавад», бинобар ин боз камтар равғани дунбаро доғ карда, ба хамири хоми гулӯсӯзи худ омехтам. Аммо равған омезиш наёфт ва бар рӯйи хамир, монанди он ки бар рӯйи шӯлаи серравған барояд, баромада меистод. Таъмаш ҳам аз аввала бадтар шуд, ки беҳ нашуд. «Э вой, ки беҳ нашуд, батар шуд»~ гӯён ин таркибро ба як сӯ гузоштам ва боз ба сари таркиби аввалӣ, .ки аз мутахассисонаш шунида будам, омадам. Аммо фикр кардам, ки «шояд дар дафъаи аввал ордро аз қадри даркориаш зиёдатар бирён карда бошам», бинобар ин ин дафъа ордро нимбирён карда ба қиём омехтам, лекин боз нашуд…
Хулосаи нақли Мирзо Абдулвоҳид он аст, ки гоҳ равғанро зиёд карда, гоҳ қиёмро зиёд карда, гоҳ ордбирён ё орди хомро зиёд карда, як ҳафта шабу рӯз ба ин кор зӯр задааст, аз кафзанӣ ва муштмолӣ дастони худро аз кор баровардааст. Дар охир ба натавонистанаш қаноат ҳосил карда, дар вақти ғундошта монданаш ин корро ман ӯро «дастгир» кардаам.
— Агар имрӯз то соати даҳ намеомадӣ, — гуфт ӯ дар охири нақли саргузашташ, — ман гилемро аз гарди орд ва резаҳои хамир тоза карда ва даҳлезро, ки бештарин кори шабонаам он ҷо гузашта, заминаш аз хамиру қиёму равған якмол шудааст, шуста ва ба даҳонам «кулӯх молида», худам ба кӯча мебаромадам ва ин сирри аҳмақонаам дар қаъри дилам гӯр шуда, аз ҳама пинҳон мемонд.
Ӯ қадаре хомӯш истода, боз давом кард:
— Лекин омада маро дастгир карданат аз як ҷиҳат нағз шуд, — гуфт ӯ, — зеро ман ин сирро ба касе намегуфтам, аммо ин кор чунон ба дилам рехта буд, ки ғудда шуда монда, рафта-рафта зардоб гардида, маро бемори бистарӣ карданаш мумкин буд. Вақте ки ту омадӣ, ман маҷбур шудам, ки ҳамаашро ҳикоя кунам. Ҳоло дилам холӣ шуд ва худро хеле сабук ҳис мекунам. Ман чизҳои бо ин машаққат тайёркардаашро дидан хостам. Ӯ маро ба равоқи ҳуҷрааш аз як даре, ки аз вай ба он ҷо баромада мешуд, бароварда нишон дод: дар он ҷо як тағораи сафоли хамиргирӣ ва ду лагани тунукагии сирдор, ки дар Бухоро қарабоӣ меномиданд, аз хамирҳои гуногунранги қиём ва равғанолуд пур буд. Ман маззаи ҳар кадоми онҳоро дидам, ҳеҷ кадомашон қобили хӯрдан набуданд.
Ин хислати Мирзо Абдулвоҳид, ки иборат аз дониста-надониста ба кардани ҳар кор часпидан, кардани он гуна кори аҷибро аз тарси он ки механданд ё манъ мекунанд, аз ошноҳои наздикаш ҳам пинҳон доштан ва майли «ихтироъчигӣ» буд, то охири умраш дар ӯ боқӣ монд.
Ҳарчанд аз ҷиҳати тартиби таърихӣ аз ин ҷоҳои «Ёддоштҳо» хеле дер воқеъ шудааст, аммо барои исботи муддаои боло ва пурра нишон додани хислати хусусии Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим воқеаи зеринро дар ин ҷо нақл намудан муносиб намуд.

Водопроводсозии Мирзо Абдулвоҳид

Баъд аз револютсияи Бухоро, дар соли 1920, Мирзо Абдулвоҳид, ки обҳои бадбӯй ва макони тухми ришта будани ҳавзҳои Бухороро намеписандид, дар фикри дар шаҳри Бухоро водопровод гузарондан афтодааст. Ҳарчанд ин фикр хеле фикри хуб бошад ҳам, дар шароити онвақтаи Бухоро ин фикрро ба амал овардан мумкин набуд, чунки дар мамлакат ҳанӯз ҷангҳои гражданӣ давом мекард, заводҳо ва фабрикаҳо кор намекарданд, бештарини коргарон дар фронт буданд ва он муассисаҳои саноатӣ ҳам, ки кор мекарданд, ба тайёр кардани асбоби мудофиаи револютсия ва ба баровардани молҳои зарурии ҳаррӯза машғул буданд.
Мирзо Абдулвоҳид ҳам ин аҳволро медонист, аммо ин шароит дар роҳи ба амал овардани ин фикри хуби ӯ монеъ нашуд. Ӯ фикр кардааст, ки : «Агар трубаҳои чӯянӣ ё сементӣ набошад, чӣ зарар дорад? Охир мо метавонем аз ғулба (қубур)-ҳои сафолин, ки тайёр кардани онҳо дар худи Бухоро осон аст, фоида барем».
Ӯ ин «фикри барҷаста»-и то ҳол ба хаёли ягон кас наомадаи худро бо ҳеҷ кас машварат накарда ба амал овардан хоста, ба кулолгарони Бухоро ғулбаҳои сафолин сохтанро супориш додааст ва дар андак вақт чанд хумдон қубур пазонда гирифта, се ҳазор донаи онро дар пеши хумдонҳо анбор карда мондааст. Баъд аз он ба Когон рафта, аз як инженери роҳи оҳан, ки дар депои паровозремонткунӣ кор мекардааст:
— Инженер ё техники водопроводгузарониро аз куҷо ёфтан мумкин аст? — гуфта пурсидааст.
— Ин гуна инженер ё техник барои шумо ба чӣ кор лозим аст? Коратонро гӯед, шояд он хизмат аз дасти худам ояд.
— Ман мехоҳам дар шаҳри Бухоро водопровод гузаронам, агар худатон аз ӯҳдаи ин кор бароед ва ин заҳматро ба гардан гиред, ба замми ин ки музди хизмататонро пурра медиҳам, аз шумо миннатдор ҳам мешудам.
— Ин корро ҳукумати Бухоро пеш гирифтааст ва шумо бо ман ба сифати намояндаи ҳукумат гап зада истодаед ё ягон ширкат ин корро карданӣ аст ва шумо вакили он ширкат мебошед?
— Ҳукумати ҷавони мо ҳоло ба пеш гирифтани ин гуна корҳо фурсат надорад, ӯ ба дафъ кардани боқимондагони амир, ба ташкил ва мустаҳкам намудани Ҳукумати советҳои халқии Бухоро машғул аст; ширкати бойҳо ҳам ғами халқро намехӯрад, ман шахсан мехоҳам барои манфиати халқ бо харҷи худ ин корро ба анҷом. расонам.
Инженер аз ин суханони Мирзо Абдулвоҳид дар тааҷҷуб афтода, дар дили худ фикр кардааст: «Ин кӣ бошад? Агар ягон бойи миллионер мебуд, чунонки дар ҳаққи ширкати бойҳо худ гуфт, ҳеҷ дар пайи ин гуна корҳо намегашт, чунки бойҳои Бухоро ҳозир аз тарси оқибати револютсияи Бухоро дар фикри захира ва пинҳон кардани дороии худ ва бо роҳи спекулятсия дар пайи зиёд кардани сарвати худ мебошанд; агар ин одам як одами оддии хайрхоҳи халқ бошад, дар ин кори бузург маблағ ва асбобро аз куҷо меёбад? Аҷаб нест, ки ба ақли ин одам халал расида бошад? Хуб, зарар надорад, бо пурсуков аз худи ин одам ҳақиқати ҳолро фаҳмида гирифтан мумкин аст», — гӯён ба ӯ муроҷиат карда мепурсад:
— Шумо кӣ ҳастед ва ба ин кор маблағ ва асбобро аз куҷо меёбед?
— Ман нозири нигоҳдории тандурустии Ҳукумати советҳои халқии Бухоро мебошам, — гӯён Мирзо Абдулвоҳид барои исботи ин гуфтаи худ ва дурусттар ҷалб кардани диққати инженер ба худ шаҳодатномаи аз тарафи ҳукумат ба худаш додашударо ба ӯ нишон дода давом кардааст: — Ман ба воситаи докторҳо ва давоҳое, ки ҳукумат ба ихтиёри ман гузоштааст, беморони халқро муолиҷа кунонда истодаам, бо ёрии халқ шаҳрро ба қадри имкон аз ифлосиҳо тоза карда, кӯшиш дорам, ки бемориҳоро пешгирӣ кунам. Аммо, ба фикри ман, як манбаи асосии бемориҳо ҳамин обҳои ҳавзҳои Бухорост ва барои нест кардани ин манбаъ водопровод лозим аст. Ҳоло ки ин корро ҳукумат карда наметавонад, ман хостам бо харҷи худ як хати водопровод кашида, ба шаҳр оби тоза дарорам. Вақте ки мардум диданд ин кор мумкин ва осон будааст, худҳошон аз байни худ пул ҷамъ карда, хатҳои водопроводро калон ва зиёд намуда, тамоми шаҳрро бо оби тоза таъмин хоҳанд кард.
Инженер аз ин суханҳо ва аз он шаҳодатномаи расмӣ фаҳмидааст, ки ақли ин одам халалдор нест, яъне девона нест, бинобар ин ӯ саволи аввалиашро бо оҳанги ҷиддӣ ва таъбирҳои дигар такрор кардааст;
— Дар ин кор аз инженер ва техник пештар асбоб лозим аст, дар Бухоро пеш аз ин водопровод набуд, ки шумо асбобҳои кӯҳнаи вайро ремонт кунонда фоида баред. Баъд аз муҳайё шудани асбоб боз маблағи бисёр калон лозим аст. Ман гумон намекунам, ки як нозири Ҳукумати советӣ бо харҷи маблағи шахсии худ аз ӯҳдаи ин кор барояд.
— Як қисми асбоби асосӣ, ки труба аст, кайҳо тайёр шудааст, — мегӯяд Мирзо Абдулвоҳид.
— Ман ҳамаи дороии худро ҷамъ карда, чизҳои барзиёдамро фурӯхта, ба қадри ҳазор сӯм тилло сарф намуда, се ҳазор дона трубаи сафолин пазонда гирифтам, ки дарозии ҳар кадоми онҳо як метр, қутр (диаметр)-ашон бисту панҷ сантиметр ва ғафсиашон дусантиметрӣ аст. Агар обанборро дар пеши панҷаи ҷӯйи Зарманох созем, то ба шаҳр оварда даровардани об ин трубаҳо кифоя мекунанд. Барои обанборсозӣ ва трубашинонӣ, агар боз ҳазор сӯм тилло лозим шавад, ман метавонам, ки аз ёру дӯстони худ қарзи дарозмуддат гирифта, ин маблағро ҳам таҳия намоям. Баъд аз ба шаҳр даромадани хати водопроводи мо аз вай чӣ навъ карда фоида бурдан, чунонки дар боло гуфтам, кори халқ аст, ман ба халқ фақат як намуна нишон медиҳам.
Инженер аз ин суханони Мирзо Абдулвоҳид пай мебарад, ки ӯ девона набошад ҳам, ақлаш кӯтоҳ, нодон, бо ҳамаи ин самимона хайрхоҳ ва хостори саломатии халқ мебошад. Бинобар ин хандаи аз шунидани ин суханон омадаашро бо зӯрӣ нигоҳ дошта, барои қаноат кунондани ӯ ба номумкин будани ин кор лексияи дуру дарози илмӣ мехонад ва дар лексияи худ чӣ миқдор об чӣ қадар тазйиқ доштанро, об ҳар қадар ки аз боло ояд ва ҳаҷмаш калон бошад, ҳамон қадар тазйиқи зӯр пайдо карданашро бо роҳи илмӣ исбот карда, дар охир мегӯяд:
— Ана дар ин гуна тазйиқи об, ки баъзан трубаҳои чӯянӣ ва сементии андак тунуктар тоб наоварда кафида мераванд, трубаҳои сафолини шумо мумкин нест, ки тоб оваранд. Бинобар ин ба шумо маслиҳат медиҳам, ки ба амал омадани ин фикри сазовори таҳсин ва табрики худро то ба кор даромадани заводҳои чӯянрезии Ҳукумати советӣ мавқуф гузоред ва трубаҳои сафолинатонро, агар толибаш ёфт шавад, фурӯшед, ҳар гоҳ ки шароит ва асбоб тайёр шавад, ин корро Ҳукумати советӣ беташвиш ва бе харҷи шахсии шумо хоҳад кард. (Дар ҳақиқат, дар солҳои 1923 — 24 обҳои кӯлҳои дарун ва атрофи шаҳри Бухоро хушконида шуда, ба воситаи кофтани заҳкашҳо обгурезҳо тайёр гардида, пеши бемориҳои вараҷа ва ришта як дараҷа баста шуд ва дар солҳои 1926 — 27 водопровод гузаронида шуда, манбаи беморӣ аз шаҳри Бухоро тамоман нест карда шуд.)
Аммо Мирзо Абдулвоҳид аз пеши инженер норозӣ шуда мебарояд ва ӯро ба муҳофизакорӣ (консерваторӣ) айбдор мекунад. Баъд аз он, ки аз инженер ёфта водопровод гузаронидан ноумед мегардад, ба тарзи шикоят аз инженер ин ҳикояро ба баъзе дӯстони наздикаш нақл мекунад. Аммо хар касе, ки ин суханонро мешунавад, монанди инженер оромона ба ӯ ҷавобҳои илмӣ ва мантиқӣ надода, ӯро масхара дошта ханда мекунад ва дар андак вақт бечора Мирзо Абдулвоҳид дар шаҳр бо хаёлотпарастӣ машҳур шуда, хандазори дӯсту душман мегардад.
Ана дар ҳамон вақтҳо — дар вақте ки Мирзо Абдулвоҳид аз водопроводгузаронӣ умедашро канда, аз хандаҳои беҷойи одамон ба ҷон омада дилтанг шуда мегашт, агар фаромӯш накарда бошам, дар охирҳои моҳи майи соли 1921 буд, — ман аз Самарқанд ба Бухоро ба тарзи меҳмонӣ рафтам.
Аз ҳама пештар ба пеши ман Мирзо Абдулвоҳид омада, аламҳоеро, ки аз ваҷҳи водопроводгузаронӣ дар дилаш ғун шуда буд, ба ман кушода дода, ҳамаи воқеаҳои дар боло қайдшударо ягон-ягон нақл кард. Ӯ аз дӯстони худ ва умуман аз одамони Бухоро, ки ба ин фикри ӯ ханда карда, ӯро масхара дошта буданд, он қадар наранҷида буд:
— Инҳо нодонанд, ақлашон. ба ҳеҷ чиз намерасад, бинобар ин ман аз ханда ва масхара доштани инҳо он қадар намеранҷам ва маъзурашон медорам, ки ақлашон намерасад. Аммо ҳамаи андӯҳу алами ман аз дасти инженерон ва олимони техникадон аст, ки онҳо муҳофизакоранд ва ҷасорат надоранд ба ин ки аз доираи дониши назариявии худ қадаме берун ниҳанд, хусусан ба фикри мо барин одамоне, ки дар мактабҳои техникаи замонӣ нахондаем, аҳамият намедиҳанд ва назарашон намегирад ва аз материалҳои маҳаллӣ фоида намехоҳанд, вагарна дар вақте ки мо ба ҷойи пиёлаҳои чинӣ дар пиёлаҳои сафолӣ чой менӯшем, ҳатто кулолгарони мо чойникҳои сафолӣ сохта додаанд, ки мо дар онҳо чой дам карда истодаем, чаро бо трубаҳои сафолӣ водопровод гузаронида нашавад?
Ман медонистам, ки бо ханда ва масхара доштан, Мирзо Абдулвоҳидро аз фикраш гардондан мумкин нест, билъакс дар ин гуна муомилаҳо ӯ дар фикри худ инодкорона устувортар гардида, муқобил баромадагонро ба нодонӣ ва аҳмақӣ ҳамл мекунад. Инчунин ӯро, чунонки инженери роҳи оҳан қонеъ кунондан хостааст, бо далелҳои назарии техникӣ ва физика, ки худи ӯ намедонад, қонеъ кунондан ҳам имкон надошт. Барои ӯро аз фикраш гардондан далеле ва ҳуҷҷате даркор буд, ки худи ӯ донад ва дида бошад. Хушбахтона, ин гуна далел дар пеши ман ҳозир буд ва бе он ки ба фикрҳои ӯ хандам ва ӯро масхара дорам, бесаброна суханони ӯро шунидам ва баъд аз он ин далелро ба ёди ӯ оварда, ӯро аз он фикри хато гардондам, одамонро, ҳам аз тӯҳмати беақлӣ ва аҳмақӣ ва инженеронро аз айби муҳофизакорӣ раҳонидам.

Обкашак сохтани худам

Барои ба хонандагон маълум кардани он далеле, ки Мирзо Абдулвоҳиди якраҳа бо шунидани он аз фикри хатои худ баргашт, тафсилоти зеринро додан лозим аст: дар хотири хонандагон бояд бошад, ки ман дар қисми якуми «Ёддоштҳо» ба худам обкашак сохта додани Усто-амакро ёдоварӣ карда, бо он гуна обкашаки калон аз ҳавз ба болои боми масҷид об баровардани бобокалонамро аз забони Усто-амак нақл намуда будам198.
Дар як тобистоне, ки дар Бухоро будам, камобӣ рӯй дода, дарахтон, гулзорҳо ва сабзавоткориҳои атрофи шаҳр пажмурда шуда, аз тароват баромада, аз расиш бозмонданд. Дар яке аз ҳамон рӯзҳо ман ба чорбоғи хӯҷаини пештараам Шарифҷон-махдум рафта будам, ӯ аз беобӣ шикоят кард.
Ман ба ӯ воқеаи ба болои масҷид об баровардани бобокалонамро нақл карда:
— Ин гуна як обкашак сохта, ба воситаи он аз чоҳ об кашида, ҳеҷ набошад, гулзор ва заминчаҳои сабзавот кишташударо об додан мумкин аст, — гуфтам. — Агар рухсат ва асбоб диҳед, ман ба сохтанаш тайёрам.
Шарифҷон-махдум ҳамаи ин фикрҳои маро қабул карда, барои труба чӯби ғафси рости фарасти дароз ёфта доданро, барои бастани вай ресмон ва симҳои борик муҳайё карданро мутасаддӣ шуд. Аммо ба оҳангарон ҳалқаҳои оҳанин созонда гирифта, челонгар оварда, он ҳалқаҳоро ба труба гузаронда мустаҳкам кунонданро ба гардан нагирифт:
— Ин кор, аз як тараф, бисёр харҷ ва ташвиш талаб кунад, аз тарафи дигар, ин кори мо, ки ҳанӯз мувофиқи матлуб натиҷаи хуб доданаш маълум нест, дар шаҳр овоза шуда, дар байни мардум хандазор мешавем, — гуфт .
Ман ҳарчанд медонистам, ки бе гузаронидани ҳалқаҳои оҳанин он трубаи чӯбин бо бандинаи ресмонӣ ва сим ба тазйиқи об тобоварӣ карда наметавонад, бо вуҷуди ин барои нишон додани имконияти он кор ва рост баровардани даъвои худ сохтани обкашаки калонро сар кардам: чӯби сафедори дарози фарастро раҷа кашида бо арраи дусара ростнокӣ ба ду тақсими баробар бурронда ҷудо кардам, тарафи даруни ҳар қисми он чӯбро бо искана ва теша нова кофтам; дар боло ва поёни он чуб сӯрохҳои даркориро ҳам кушодам, аз як ходаи рости дароз дастаи обкашии паррадорро сохта ба парраҳои вай ва сӯрохи поёнии обдаройи труба пардаҳои чарминро парчин кардам. Баъд аз он дар ҷойи бо арра буридашудаи чӯб, ба қадре ки ҷойи дами арраро пур кунад, пахта гузошта, ҳар ду қисми чӯбро ба ҳам пайванд дода бо ресмонҳо ва симҳо маҳкам бастам ва трубаро ба даруни чоҳ рост фуроварда, дар сӯрохи болоии он новаи обрезӣ шинонда, дастаро ба даруни труба фиристода, ба сари даста як чӯбро кӯндаланг гузаронида, кори худро тамом кардам.
Баъд аз он ду боғбонро фармудам, ки аз ду тарафи чӯби бар сари даста шинондашуда гирифта, онро боло-пойин ҳаракат додан гирифтанд. Аммо ҳамин ки об аз зери чоҳ то даҳони вай ба воситаи труба боло шуда, аз новаи обрезӣ тахминан як сатил ба беруни чоҳ рехт, якбора ресмонҳо ва симҳои ба ҷойи ҳалқаи оҳанин ба труба басташуда шатарросзанон канда рафта, ду қисми труба аз ҳам ҷудо шуда, обе ки дар даруни вай буд, баргашта ба чоҳ рехт.
Ҳарчанд он кор бемуваффақият баромад, аммо бинандагон ба мумкин будани он боварии қатъӣ пайдо карданд, ҳатто Шарифҷон-махдум ҳам розӣ шуд, ки ба оҳангарон ҳалқаҳои оҳанин созонда гирифта ва челонгар оварда, он ҳалқаҳоро ба труба гузаронида мустаҳкам кунонда, он асбобро дигарбора ба кор дарорад, аммо боғбонон қабул накарданд:
— Дар баровардани об то даҳони труба ва то ба берун резондани як сатили он қариб буд дастони мо аз бозу ҷудо шаванд, аз ин кор бо сатил аз чоҳ об кашидан ҳазор бор осонтар аст, — гуфтанд.
Мирзо Абдулвоҳид яке аз шоҳидони он кор буд. Ман ана ҳамин воқеаро ба ёди ӯ оварда гуфтам:
— Он ресмонҳо ва симҳо, ки аз трубаҳои сафолини шумо хеле сахттар буданд (мо дар он вақтҳо худҳоморо одамони калони боназокат фарз карда, аз «ту-ту» гуфта ба якдигар хитоб кардан, ба «шумо-шумо» гуфтан гузашта будем), ба тазйиқи панҷ сатил об, ки аз зери чоҳи панҷгазӣ то даҳонаш боло, шуда буд, тоб наоварда, канда пош хӯрда буданд, ба тазйиқи оби калоне, ки бо он таъмин кардани шаҳрро дар назар доред, он трубаҳо чӣ гуна тоб меоварданд?!.
Агарчи Мирзо Абдулвоҳид ба сабаби ба ёд овардани воқеаи обкашак ба хато будани фикри водопровод сохтани худ боварӣ пурра ҳосил карда бошад ҳам, ман барои тамоман решаков карда партофтани ин гуна фикрҳои ӯ ва умуман барои бовар кунондани ӯ ба қоидаҳои техникӣ ва физикӣ як ҳодисаи дигарро, ки ҳамон рӯзҳо воқеъ шуда буд, ба ёдаш овардам.
Аз Усто-амак, ки тафсили аҳволаш дар қисми якуми «Ёддоштҳо» зикр ёфтааст, Довудхон ном як писари ширмак монда буд, ин писар дар рӯзҳои револютсияи Бухоро як ҷавони 17 — 18-сола шуда буд. Ӯ, намедонам ба тариқаи мерос ё ба воситаи шунидан аз модараш, фикрҳои расо ва ҳунаромӯзии падарашро ба худ акс кунонда буд. Аммо ӯ ҳам монанди падараш ҳар ҳунари худро ба болои чӯб кор мефармуд ва ҳар чизро аз чӯб сохтан мехост.
Ӯ баъд аз револютсияи Бухоро барои хондан дар курси муаллимҳо ба шаҳр рафтааст, дар он ҷо велосипедро дида, техникаи вайро тамоман омӯхтааст. Дар вақти таътил, баъд аз ба саҳро баргашта омаданаш, бо абзорҳои аз падараш меросмонда аз чӯби гуҷум, ки сахттарини чӯбҳои маҳаллист, як велосипеди мукаммал сохтааст ва ба ҷойи занҷире, ки чархчаи хурди велосипедро ба ҳаракат меорад ва ба ҳар як бор гаштани он чархҳои калон чандин бор мегарданд, чилбуре аз пашми буз бофта ва дар вақти бофтан дар вай ҳалқачаҳои тамоман ба паррачаҳои чархча баробароянда гузошта кор фармудааст.
Баъд аз он ки велосипеди чӯбинро савор шуда оҳиста-оҳиста ҳаракат кунонда ба сари кӯча баромада, босуръат ҳаракат кунондааст, чархҳо бо тирҳои чӯбинашон якҷоя шикаста пош хӯрда рафтаанд.
Ман ин ҳодисаро ба Мирзо Абдулвоҳид нақл карда, гуфтам:
— Агар шумо бо трубаҳои сафолиаатон водопровод месохтед ҳам, ба саратон он фалокате рӯй медод, ки ба сари велосипеди чӯбини Довудхон рӯй дода буд. Агар хаёли бо трубаҳои сафолин водопровод гузаронданро бо мақоли халқ таъбир кунем, монанди «аз барф манора сохтан» як хаёли хом аст.
Мирзо Абдулвоҳид баъд аз шунидани ин ҳикоятҳои ман ба хатои худ эътироф карда гуфт:
— Кори ҳалвои собунии шофиркомӣ пухтани ман нисбат ба худам як ҷинояти калон буд, лекин ман бо вай ҳушёр нашуда, нисбат ба худам якчанд ҷиноятҳои хурд карда будам. Хаёли бо трубаҳои сафолин водопроводсозии ман бошад, нисбат ба худам ҷинояти хеле калон шуд, ки ҳамаи дороиам аз даст рафта, ба болои ин дар пеши тамоми аҳли шаҳр хандахариш ва масхара шудам. Умедворам, ки баъд аз ин аз ман ин гуна корҳо сар назанад.
Лекин ин умедвории Мирзо Абдулвоҳид монанди хаёлҳои «ихтироъкоронааш» беасос баромад ва то охири умраш бисёр вақт меҳнат ва пули худро дар пайи ба вуҷуд овардани хаёлҳои хоми худ барбод дод, ки мо аз онҳо мисол оварданро лозим намедонем.

Қорӣ Нурулло

Қорӣ Нурулло, ки вазифаи ошпазии Абдухалил-махдумро адо мекард, як ҷавони аҷиб буд. Падари ӯ як одами пирсоли қашшоқ буд, ки дар яке аз бойҳои Бухоро хизматгорӣ мекард. Қорӣ Нурулло писари ягонаи ӯ буда, дар бистари нози падару модар парвариш ёфта буд. Падараш бо ҳар душворие, ки бошад, пӯшоки ӯро хеле хуб таъмин мекард, аммо хӯрокаш аз ҳуҷраи Абдухалил-махдум буд, ки дар ин ҷо вазифаи ошпазӣ ва ҳуҷрарӯбиро адо менамуд; ӯ овози хубе дошт, Шашмақомро мувофиқи қоида суруда натавонад ҳам, чанде аз савтҳоро бад намехонд, аз ғазалҳои Ҳилолӣ, Ҷомӣ, Ҳофиз ва Бедил барин классикҳо чандеро ёд карда гирифта буд, ки дар вақти суруд онҳоро мехонд.
Ӯ унвони «қорӣ»-ро аз он ҷо гирифта буд, ки падараш ӯро дар хурдсолиаш барои Қуръонро ҳифз кардан, дар қорихона монда будааст, ҳарчанд дар он ҷо Қуръонро ёд накарда бошад ҳам, унвони «қорӣ» ба номаш ҳамроҳ шуда мондааст.
Ӯ дарс мехонд, дар дарс якчанд сол аз мо пасттар ва бо додари ман ҳамдарс буд, аммо хату саводи дуруст надошт, аз дарси мадраса чизеро ҳам намефаҳмид ва дар пайи фаҳмидан ҳам набуд, китобро аз тоқча гирифта ба дарс мерафт ва боз омада, он китобро дар ҳамон тоқча мегузошт ва то рӯзи дигар он китобро як бор ҳам гирифта кушода намедид. Маълум шуда меистод, ки ба дарс рафта омадани ӯ фақат барои ин аст, ки дар қатори талабаҳо бошад ва ӯро «муллобача» гӯянд, вассалом.
Як рӯз дар байни ман ва Абдухалил-махдум дар бораи ҳамин гуна аҳволи ӯ гуфтугузор шуд, махдум гуфт:
— Ҳатто ба ҷойи китоби ӯ як китоби дигар гузошта шавад ҳам, гирифта ба дарс меравад ва баъд аз дарс оварда боз ба ҷояш мемонад ва пай намебарад, ки китоби дигареро бурда овардааст. Ман то ин дараҷа беҳис будани ӯро бовар накардам. Махдум бо як озмойиш сухани худро исбот кард: Қорӣ Нурулло ҳамон рӯзҳо «Қофия» мехонд, ки ба наҳви арабӣ оид аст, Абдухалил-махдум он китобро аз тоқчаи китобгузории ӯ гирифта, ба ҷояш «Шамсия»-ро монд, ки ба илми мантиқ оид аст. Қорӣ дар вақти дарс рафтанаш ба ҷойи «Қофия» «Шамсия»- ро гирифта бурд ва баъд аз дарс боз ҳамон китобро оварда дар ҳамон ҷойи муқаррариаш гузошт. Чизе ҳам нагуфт.
Маро беихтиёр ханда омад, аммо махдум имое карда, маро аз ханда боздошт, ман худдорӣ кардам. Дар набудани ӯ махдум ба ман гуфт:
— Агар мо ё ягон каси дигар нафаҳмонад, ӯ ҳеҷ гоҳ намефаҳмад, ки ба ҷойи «Қофия» «Шамсия»-ро бурда овардааст. Бинобар ин нахандидан ва нафаҳмондан даркор аст, ки бинем, то кай ин корро давом медиҳад.
Дар ҳақиқат ҳам чандин рӯз «Шамсия»-ро ба ҷойи «Қофия» ба дарс бурда овард. Аммо як рӯз яке аз шарикдарсонаш тасодуфан китоби ӯро дида, «Шамсия» будани ӯро фаҳмида, ба ӯ хабар додааст, ки ба ҷойи «Қофия» «Шамсия»-ро овардааст.
Ҳамон рӯз қорӣ аз дарс омада, хашмгинона аз махдум пурсид:
— Кӣ ба китоби ман даст расонда, ба ҷойи «Қофия» «Шамсия»-ро мондааст?
— Шояд саҳван ин корро ман карда бошам, — гуфт махдум бо оҳанги узрхоҳона.
— Модом ки «Шамсия»-ро аз «Қофия» фарқ намекунед, илтимос мекунам, ки ба китобҳои ман даст нарасонед! — гуфт қорӣ бо ҳамон оҳанги хашмгинона. — Ман хизмататонро мекунам, аммо ба китобам даст расонданатонро намехоҳам.
Аммо ӯ ҳеҷ фикр намекард, ки чанд рӯз худаш «Шамсия»-ро аз «Қофия» фарқ накарда ба дарс бурда овардааст, бо ҳамаи ин махдумро бо фарқ нокардан таъна мезад.
Дар вақти шӯридан ва хашмгин шуданаш ӯро ба ислоҳ овардан осон буд: дар ин гуна мавридҳо илоҷ ӯро ба сурудхонӣ андохтан буд. Дар ин маврид ҳам, ки хеле шӯрида ва аз махдум ранҷида буд, махдум ба ӯ бо оҳанги узрхоҳона:
— Инсон баъзан саҳв мекунад, маро бубахшед, ки саҳв кардаам, биёед, ягон ғазал хонед, фурсат ғанимат аст, бало ба паси дунё! — гуфт.
Ӯ ҳам дарҳол лаъличаро ба даст гирифта, як ғазали Ҳилолиро, ки мисраи аввалаш «Биё, биё, ки дилу ҷони ман фидои ту бод» мебошад, ба сурудан сар кард. Дар вақти сурудхониаш осори хашму ғазаб аз чеҳрааш тамоман зоил шуд ва баъд аз суруд ҳам дигар асари андӯҳ дар вай наменамуд. Дарс, китоб ва ба ҷойи «Қофия» «Шамсия» бурданашро ва инчунин ба ҷойи «Қофия»-и ӯ саҳван ё қасдан «Шамсия» гузоштани махдумро тамоман фаромӯш карда буд, ҳатто дар вақти ош пухтанаш ҳам дар сари оташдон сурудхониашро давом дод. Бо ҳамаи камсаводӣ ва бефарқиаш, агар гумон кунад, ки касе ӯро камсавод ё беҳис медонад, аз вай сахт меранҷид ва худро аз ҳар ваҷҳ аз ҳама болотар ва донотар мепиндошт.
Абдухалил-махдум зотан ҷавони нармдил, нармсухан ва шикастанафс буд, табиатан шӯх бошад ҳам, ба одамон бо камоли назокат шӯхиҳои хеле пурмаънои ширин мекард. Ӯ, ки одат ва хислатҳои Қорӣ Нуруллоро хуб медонист, ба вай бо камоли назокат муомила мекард, ба дараҷае, ки бинанда Қорӣ Нуруллоро соҳиби ҳуҷра ва хӯҷаин, махдумро хизматгор гумон мекард. Дар набудани Қорӣ Нурулло, агар дар ҳамин бора сухан равад, махдум мегуфт:
— Бо ҳамин туна муомила, ки вақти ӯ чоқ шавад, монед, ки хурсандӣ кардан гирад, ӯ худро аз ҳама ва аз он ҷумла аз ман ҳам калонтар донад — донистан гирад, аз ман чӣ меравад? Ҳайрат мақоли халқиро ба назм дароварда, хеле хуб гуфтааст, ки: «Биё, имрӯз як гап кӯтаҳу олам гулистон беҳ!» Ман ҳам ба ҳамин амал карда, ба калонгириҳои Қорӣ Нурулло чизе намегӯям, бо ҳамин вай ҳам хурсанд мешавад ва худам ҳам хурсанд мемонам.

Чамадони Қорӣ Нурулло

Як хислати Қорӣ Нурулло ин буд, ки ҳар чизи навбаромадро маҳз барои навбаромад буданаш дӯст медошт ва дар куҷо кор фармуда шудани он чизро фикр карда наменишаст. Чунончи, боре мо чанд нафар дӯстон ба саёҳати саҳро баромадан хостем, ки яке аз ҳамсафарони мо ҳамин Қорӣ Нурулло буд. Хати гардиши мо Вобканд — деҳаи Котиён — Хӯҷа Ориф — Ғиждувон ва аз он ҷо аз болои Вобканд Бухоро буд. Дар ин сафар савории мо хар мешуд ё асп. Мувофиқи созиши рафиқон як пагоҳонӣ бояд ҳамаамон пеш аз баромадани офтоб дар дарвозаи Имоми шаҳри Бухоро ҳозир мешудем, то ки аз он ҷо аз ҳамаи равандагон пештар харҳои хуби кирокашонро ба даст дароварда, пеш аз гарм шудани рӯз ба Вобканд расида гирем.
Ҳама дар вақти муайян ба ваъдагоҳ расида омаданд. Дар дасти ҳар кас як хӯрҷин буд, ки дар вай либосҳояш ва дигар чизҳои сафариашро ҷой карда буд, аммо дар дасти Қорӣ Нурулло як чамадон буд.
Бо вуҷуди ин ки ман одати ӯро медонистам, худро ба нодонӣ зада аз ӯ пурсидам:
— Қорӣ, шумо ба куҷо рафтан мехоҳед?
Ӯ аз ин пурсиши ман як лаҳза дар ҳайрат монда истода, бо тарзи зерин ба ман ҷавоб дод:
— Магар шумо ваъдаи онрӯзаро фаромӯш кардед, ки бо ҳам ба саёҳати саҳро баромаданӣ будем?
— Ман ваъдаро фаромӯш накардаам, аммо дар дасти шумо чамадонро дида, дар дилам гузашт, ки шояд шумо аз баҳри саёҳати саҳро гузашта, барои саёҳат ба Самарқанд рафтан хоста бошед.
— Магар ба саёҳати саҳро бо чамадон рафтан мумкин нест? — ӯ зиёдатар дар тааҷҷуб афтода пурсид.
— Мумкин аст, аммо душвор аст, чунки ҳар кадоми мо дар ин сафар хӯрҷинро ба болои асп ё хар партофта ба болояш савор шуда рафтан мегирем, аммо шумо чамадонатонро ба асп ё хар чӣ навъ бор карда ба болояш савор мешавед, лекин касе, ки ба Самарқанд ё умуман ба ҷое бо роҳи оҳан меравад, барои ӯ чамадон хуб аст, ки бар рафчаи вагон гузошта рафтан мегирад.
— Мо то кай бо одати падару бобо ва ба он чизҳое, ки аз гузаштагон дар мо мондааст, худро баста мемонем, мо бояд аз чизҳои навбаромад фоида барем. ман баъд аз муқаррар шудани саёҳати саҳро ва бо хару асп сафар карданамонро дидаву дониста истода дирӯз Когон рафта, маҳз барои ҳамин сафар ин чамадонро харидам. Чӣ навъ гирифта бурданашро бошад, ман худ медонам.
Рафиқони дигар мехостанд дар ин бора ба ӯ гап зананд, аммо бо имо кардани ман хомӯш монданд.
Бо кирокашон гуфтугузор карда, ҳар кадомамон як харро ба киро гирифта, хӯрҷинҳоямонро бар рӯйи тӯқуми хар партофта, ба болояш савор шуда ба роҳ даромадем. Қорӣ Нурулло ҳам ба хари кирокардаи худ савор шуд ва бо хоҳиши ӯ харкор — кирокаш чамадонашро ба пешаш дод. Одатан, кирокашон харҳошонро дар кирокашхона, яъне дар ҷое, ки раванда харро киро карда савор мешавад, аз одат берун медавонанд, харҳошон ҳам ин одати онҳоро хуб медонанд ва аз тарси халачӯб онҳо бо баланд кардани овозашон аз ҳад зиёд медаванд.
Ҳамин ки харҳои мо, гӯё ки баҳс-мабаҳс медавида бошанд, гӯшу гардану ёлу думи якдигарро газида, ба ҳамдигар лагад парронда, арроскунон ва ҳаллосзанон дар тоз даромаданд, Қорӣ Нурулло, ки ду дасташ ба нигоҳ доштани чамадонаш банд буд, дар аввалин ҳаллоси хари худ бо чамадонаш аз болои хар чаппа шуда ғалтид. Хар, ки аз зери бор озод шуд, дутарафа лагад ҳаво дода, аз рақибонаш — аз харони дигар пеш гузашта рафт.
Хайрият, мо ҳанӯз аз кирокашхона дур нашуда будем, ки харкор ин ҳолро дида, ба мо овоз дод, ки харҳомонро аз рафтан боздорем. Мо аз нӯхтаҳошон кашида харҳомонро нигоҳ доштем. Кирокаш давон омада, ба хари гурехта рафтаистода овоз дода ба истодан амр фармуд. Хар ҳам бечуну чаро фармони соҳиби халачӯбдардасти худро иҷро кард. Харкор пеш рафта, харро дошта пас гардонда овард, Қорӣ Нурулло савор шуд. Харкор, вақте ки чамадонро ба пеши ӯ медод, ба ӯ хитоб карда:
— Ака қорӣ*, ин бори накава аз куҷо ёфта баровардед? Охир инзайлин матои «нест дар ҷаҳона» дар вақти бо оташароба сафар кардан бо худ мегиранд-дия! — гуфт.
Харкор дар вақте ки чамадонро ба пеши қорӣ бар рӯйи тӯқум ниҳод, ба ӯ тавсия кард, ки хабардор шавад, то ки чамадон ғежида аз рӯйи тӯқум ба гардани хар нафурояд:
— Вагарна хар хӯсида меравад ва шумо бо ин бори накаватон боз меафтед, -гуфт ва илова намуд: — Домулло, «яха кай мехӯранд?» Магар шумо «яха зимистон мехӯранд» мегӯед-дия,
Мо дубора ба роҳ даромадем, харкор барои Қорӣ Нуруллоро дубора
____________
* Авомҳои Бухоро хар салласафедро бинанд, вай аз худашон хоҳ калон бошад, хоҳ хурд, бе он ки қорӣ будан ё набудани ӯро ба назар гиранд, ба ӯ «ака корӣ»- гуфта хитоб мекарданд.

нағалтондан харҳоро дашном дода овоз набаровард ва ба давидан тез накард. Харҳо ҳам, ки аз кирокашхона баромада буданд ва овози занандаи худро ҳам нашуниданд, қадаммонии худро сусттар кардан гирифтанд.
Бо ҳамаи ин Қорӣ Нурулло дар азоб буд, чунки одатан кирокашон тӯқуми харҳои худро танг мекунанд, то ки равандагон баъд аз дур шудан аз кирокашхона харро дукаса накунанд. Дар пеши он тӯқуми танг, ки чамадон ҷойгир шуда буд, дар боқимондаи он худи ӯ намеғунҷид, ҳарчанд тақимҳояшро ба ду тарафи тӯқум зич мекард, боз ҳар замон лағжида ба сағрии хар мефуромад. Охир худ тамоман бар сағрии хар нишаста чамадонро бар рӯйи тӯқум озодона нигоҳ дошт.
Баъд аз кирокаш моро ба роҳ андохта баргашта рафтан, яке аз рафиқон ба қорӣ гуфт:
— Кирокаши худобехабар шуморо хуб боб кард-а?
— Чӣ боб кард? — гуфт қорӣ шӯрида.- Агар вай як одами гапфаҳм мебуд, ман ба ӯ хубии чамадонро ва умуман нағзии ҳар чизи навро фаҳмонда ӯро шарманда мекардам, ба як авоми чапани нодон гап заданро ман ба худ ор медонам, бинобар ин «садқаи гап шавад»- гуфта ҷавоб надодам, вагарна ман ҳам ӯро соз мекардам.
— Магар худатон дар ин сафар аз чамадон гирифта баромаданатон розӣ ҳастед? — дигаре аз рафиқон пурсид.
— Албатта! — гуфт қорӣ бо оҳанги қатъӣ, лекин (шояд бо таъсири душвориҳои тоқатнопазир кашида истоданаш бошад) овозашро қадаре нармтар карда илова намуд: — Дуруст аст, ки харсаворона бо чамадон сафар кардан қадаре душворӣ дорад, аммо кор фармудани ҳар чизи нав дар аввал сахт ва душвор менамояд, лекин рафта-рафта одам одат карда меравад ва ҳамаи душворӣ осон мегардад…
Қорӣ Нурулло лаҳзае хомӯш истода, боз давом намуд:
— Агар одам аз душвории кор фармудани хар чизи навбаромад тарсад, дар дунё ягон чизи нав намебаромад ва баъд аз баромадан, ривоҷ намегирифт.
Агар кас мавриди гапро, ки «харсаворона бо чамадон сафар кардан» буд, аз ёд бароварда, ин суханҳои Қорӣ Нуруллоро шунавад, ба эътироф кардани пурҳикмат будани ин суханҳо маҷбур мешуд, аммо ба мо, ки мавзӯи масъаларо дида истода будем, суханҳои ӯ хеле хандаовар менамуданд.
Ман гумон мекардам: ӯ ин суханҳоро дар бораи чизҳои навбаромад ва кор фармудани онҳо аз ягон донишманди навигаридӯст шунидааст ва тӯтивор ёд гирифтааст, аммо худаш, ки қувваи имтиёзкунанда надошт, ҷойи татбиқ кардани он суханҳои пурҳикматро намедонист.
Мо аз кирокашхона дур шуда, аз бозори аспи Бухоро гузашта, ба Галаҷӯй расидем. Харони кирокаш, ки то он ҷо оҳиста-оҳиста қадам партофта рафта истода буданд, бо одати муқаррариашон якбора ва ҳамагӣ якҷоя аз роҳ бозистода, тумшуқҳошонро дар як тапурхоки роҳ тиққонда, гӯё ки аз он ҷо ягон чизи гумшудаи худро кофта меёфта бошанд, бӯйида молиш додан гирифтанд.
Ман, ки ба тарзи дар боби «Хари кирокаш ва беморӣ»-и қисми III-и «Ёддоштҳо» (нашри якуми тоҷикӣ, с. 254) қайд кардашуда чӣ гуна ба роҳ андохтани хари кирокашро пештар омӯхта будам 199, дарҳол пиёда шуда, аз дарахти тут халачӯбҳои якгазӣ бурида гирифта, нӯгҳошонро тез карда, ягон-ягон ба рафиқон дода, яке аз онҳоро ба дасти Қорӣ Нурулло ҳам додам. Ҳар кадом аз рафиқон бо халачӯб хари савории худро бераҳмона зада ва хала карда ба роҳ андохтанд. Аммо Қорӣ Нурулло, ки ду дасташ ба нигоҳ доштани чамадон банд буда, хари худро на зада метавонист ва на хала карда, хари ӯ ҳамчунон ба заминковӣ ва хокбӯйӣ машғул шуда, дар ҷойи худ истодан гирифт.
Яке аз рафиқон хари худро пас гардонда, ба дунболи қорӣ гузашта, хари ӯро аз сағриаш чӯбкорӣ кардан гирифт. Хар, ки шатта аз ҷавшани ҷонаш гузашт, якбора лагад парронда ва ҳаллос зада ба роҳ даромад. Лекин баробари лагад парронда ҳаллос задани хар қорӣ ҳам бо чамадони худ аз болои вай парида рафта дар тапурхоки роҳ ғел зад…
Баъд аз қориро ба хар савор карда чамадонашро ба пешаш дода ба роҳ андохтан, боз дар байни рафиқон ва Қорӣ Нурулло бар болои «душвории харсаворона бо чамадон сафар кардан» ва «афзалияти ба ҳар душворӣ ки бошад, кор фармудани ҳар чизи навбаромад дар ҳар ҷо» мунозира сар шуда авҷ гирифт.
Яке аз рафиқон дид, ки охири ин мунозира ба ҷангу ҷанҷол ва дилсиёҳӣ оид хоҳад шуд, ба рафиқон хитоб карда:
— Басанда аст ин ҳама гуфтугузори беҳуда дар болои хар ва чамадон, — гуфт. — Агар толиб бошетон, ман як афсона ҳикоя мекунам, ки бо шунидани он ҳамаатон ин моҷарои бемаъниро аз ёд мебароред.
Ҳама ба як забон (ғайр аз Қорӣ Нурулло) ҳикоя кардани он афсонаро аз он рафиқ талаб карданд, ӯ ҳам қабул кард. 200

Шоҳзодаи раммол

— Будааст, набудааст, як подшоҳ будааст, ки як писари аҳмақ доштааст, — гӯён рафиқи афсонагӯйи мо гап сар кард. — Ӯ фикр кардааст, ки писараш баъд аз сари ӯ подшоҳ шуда, мамлакатро идора карда наметавонад, бинобар ин ба ӯ ҳунаре ёд додан даркор аст, ки баъд аз ронда шуданаш аз подшоҳӣ ба воситаи он ҳунар як бурда нон ёфта хӯрда тавонад, то ки аз гушнагӣ намурад, «аммо кадом ҳунарро ба ӯ ёд додан даркор аст?»
Подшоҳ ба ин саволи худ ҷавоб ёфта натавонистааст, чунки писари аҳмақашро қобили ҳеҷ як ҳунар намедонистааст. Ночор раммолони шаҳрро ҷеғ зада оварда фармудааст, ки рамл андохта муайян кунанд, ки писараш ба кадом ҳунар қобилият дорад, то ки ӯро барои омӯхтани он ҳунар ба шогирдӣ диҳад.
Раммолон баъд аз рамл андохта дидан, барои писари подшоҳро ба худҳошон ҳампеша кардан, ба як забон гуфтаанд, ки «шоҳзода ба раммолӣ қобилият доранд».
Подшоҳ аз онҳо: «Оё ба ёд додани ин ҳунар ба писари ман шумоён мутасаддӣ мешаветон?» — гуфта пурсидааст.
Онҳо бо як забон: «Миннатдорона ин хизмати пуршарафро ба ӯҳда мегирем», — гуфтаанд.
Подшоҳ писари худро барои омӯхтани раммолӣ ба раммолон супурда, ҳаққи таълими онҳоро ҳам пешакӣ адо кардааст ва ваъда додааст, ки баъд аз ин ҳунарро ёд гирифтани писараш ба онҳо боз инъом хоҳад кард.
Раммолон писари подшоҳро муддати шаш моҳ бо худ дошта ва ба ӯ ҳунари раммолиро ёд дода, ба пеши подшоҳ: «писаратон раммолиро ба хубӣ омӯхт» — гӯён овардаанд.
Подшоҳ писари худро имтиҳон карда дидан хоста, дар ҳузури раммолон ва аҳли дарбор чизеро дар дасташ пинҳон карда, ба писараш фармудааст рамл андохта ёбад, ки дар дасти ӯ чист?
Писар баъд аз донаҳои рамлро чандин бор андохта дида ишоратҳои онро навишта гирифтан, ба падараш гуфтааст, ки : «Дар дасти шумо як чизи гирдаи миёнсӯрох ҳаст, ки дар як ҷойи канораш андак баромадагӣ дорад».
Подшоҳ хурсанд шуда гуфтааст, ки «Шакли чизи пинҳонкардаамро тамоман ёфтӣ. Акнун гӯй, ки он чиз чӣ чиз аст?»
Шоҳзода баъд аз лаҳзае андеша карда истодан гуфтааст, ки: «Шумо дар дасти худ санги осиёро пинҳон кардаед!»
Бо шунидани ин ҷавоби шоҳзодаашон аҳли дарбор беихтиёр қаҳқосзанон хандидаанд. Аммо подшоҳ дарғазаб шуда, мушташро кушода ба раммолон нишон додааст, ки дар дасти ӯ ангуштарин будааст ва хашмгинона ба раммолон гуфтааст: «Куҷост он илме, ки шумо ба писарам омӯхтед? Шумо маро фиреб додан хостед! Шумоёнро ҷазои сахт додан лозим аст». Раммолон бо оҳанги узрхоҳӣ гуфтаанд: «Аълоҳазрато! Он чӣ ки илми раммолӣ буд, мо ба шоҳзода омӯхтем ва ёд ҳам гирифт, ки шакли чизеро, ки шумо дар даст пинҳон карда будед, ёфт. Дар ҳақиқат ҳам, санги осиё як чизи гирдаи миёнсӯрох аст, ки дар як ҷойи канораш андак баромадагӣ дорад ва ҷойи андак баромадагии санги осиё ҳамон чӯбест, ки дар канори санг вазъ кардаанд, то ки дар вақти гардиши санг орди аз таги вай барояндаро он чӯб ғундошта оварда ба халтаи орддон резонад. Аммо барои ёфтани чӣ чиз будани он чиз, ҳеҷ набошад, ҳамин қадар тамиз даркор аст, ки дар кафи дасти одам нағунҷидани санги осиёро фаҳмад. Мо ба шоҳзода илм омӯхтем, аммо ба ӯ ақлу идроку тамиз омӯхтан аз дасти мо намеояд». Бо шунидани ин афсона рафиқони мо ҳам, монанди аҳли дарбори он подшоҳи афсонавӣ, ҳама бо як овоз қаҳқосзанон хандиданд. Чунки онҳо фаҳмида буданд, ки рамзи ин афсона ба Қорӣ Нурулло оид аст, зеро ӯ ҳам монанди писари он подшоҳ нағз будани чизҳои навбаромадро тӯтивор ёд гирифтааст, аммо он ақлеро надорад, ки ба воситаи вай кадом вақт ва дар куҷо кор фармудани он чизи навбаромадро дарёбад.
Аммо Қорӣ Нурулло ҳеҷ намехандид ва оташин ҳам нашуда буд, зеро ӯ нафаҳмида буд, ки рамзи ин афсона ба худаш оид аст. Эҳтимол, ӯ ба ин ҳикоя гӯш ҳам наандохта ва ба фаҳмидани мазмуни он ҳавас ҳам накарда бошад. Ӯ ҳамчунон афтону хезон ба нигаҳдории чамадони худ машғул буд. (Бечора Қорӣ Нурулло бо гуноҳи ҳамин қадар «навпарастиаш» дар соли 1918 дар воқеаи Колесов аз тарафи амир кушта шуд).

Аҳволи умумиам ва машғулоти илмӣ ва адабиам дар мадрасаи Ҳоҷӣ Зоҳид

Аҳволи ман умуман аз ҷиҳати зиндагонӣ, ҳам аз ҷиҳати машғулоти илмӣ ва адабӣ дар солҳои истиқомат карданам дар мадрасаи Ҳоҷӣ Зоҳид нисбат ба пештара хеле беҳтар буд. Ман дар он вақтҳо дар муддати моҳҳои таҳсили расмӣ — аз аввали мизон то аввали ҳамал, яъне аз 24 сентябр то 22 март (бо ҳисоби нав) -асосан ду дарс мехондам, ки яке аз онҳоро дар се ҷой, дигарашро дар як ҷой. Дарси дар се ҷой хондашуданӣ дарси дарсхонагӣ буда, инро аввал ба сифати домуллои кунҷакӣ дар пеши Мулло Абдусалом, дубора ҳаминро ба сифати домуллои дарсхонагӣ дар пеши домулло Икромча, боз ҳамин дарсро себора дар пеши қозикалон — қозӣ Бадриддин бо талаби замон мехондем.
Дар ҳамаи ин дарсҳо қории ҷамоаи мо Абдухалил-махдум буд. Мирзо Абдулвоҳид, Мирқодир-махдум, ки зикраш дар боби «Дар мадрасаи Олимҷон»-и қисми III гузашт ва Ҳомидхоҷа, ки зикри ӯ низ дар қисми III (дар саҳ. 209 — 210 нашри якуми тоҷикӣ) 201 гузашт, ҳамроҳ, шарикдарс ва рафиқи доимӣ буда, шумораи шарикони дигар дар пеши домуллои кунҷакӣ бо мо ҳамагӣ даҳ нафар, дар пеши домулло Икромча аз ҳафтод то сад нафар ва дар пеши қозикалон низ тахминан ҳамин қадар буд.
Маънии бо талаби замон будани дарси пеши қозикалон ин буд, ки қории ҷамоаи мо — Абдухалил-махдум қозизода буда, баъд аз хатми дарс худ низ мақсади қозӣ шудан дошт. Дар Бухорои онвақта ба ягон мансаби илмӣ расидан, хусусан дар ҷое қозӣ ё раис шудан, бе шиносоии қозикалони замон ҳеҷ мумкин набуд, бинобар ин Абдухалил-махдум дарси дарсхонагиро дар пеши қозикалон хонданро низ лозим дониста, моро, ки шарикон ва рафиқони наздики ӯ будем, бо худ кашид ва мо ҳам барои хотири ӯ ин кори ба шахсамон бефоидаро қабул кардем.
Ҳарчанд дарси қозихона аз ҷиҳати илмӣ ягон пула фоида надошта бошад ҳам, барои ман барин одами кунҷкови ҳангоматалаб тамошозори хубе буд, агарчи дар ҳамаи дарсхонаҳои Бухоро бештарини талабагон, чунонки Аҳмад-махдуми Дониш низ дар «Наводир-ул-вақоеъ» ном асари худ таъкид кардааст, нофаҳмида ғалоғула кунанд ҳам, дар пеши қозикалон, барои хуб шиносондани худ ба ӯ, боз ҳам зиёдатар ва баландтар фарёдҳои фалакпеч мекашиданд. Талабагони он ҷо, чунонки дар «Марги судхӯр» ном асари худ низ тасвир кардаам (маҷмӯаи асарҳо, нашри тоҷикӣ, соли 1949, саҳ. 151 — 157), дар вақти ба пеши қозикалон даромадан монанди чапандозоне, ки дар тӯдаи бузкашӣ даромадан мехоҳанд, якдигарро зада пас тела дода, аз гиребони якдигар гирифта ақиб кашида, тануманд ва зӯрбозуён шарикони камқувваттари худро бо китфу бозуи худ ба паҳлударии дари даромад фишурда ба мурдан мерасониданд ва ба ҳамин тариқа ҳар кас ба қадри қувваи худ кӯшиш мекард, ки пештар дарояд ва дар болотари меҳмонхонаи қозикалон, ки дар айни замон дарсхонааш ҳам ҳамин буд, дар ҷое, ки қозикалон ӯро дурусттар дида ва нағзтар шинохта тавонад, ҷойгир шавад, то ки баъд аз хатми кутуб қозикалон ӯро фаромӯш накунад.
Дарси дуюм аз матнҳо (масалан, матни «Шамсия», матни «Ақоиди Насафӣ») дарси ғайрирасмӣ ва берун аз программаи мадраса буд, ки онро дар пеши Мулло Абдусалом бо шарикони бо дил наздикамон, ки дар боло ном бурда шудаанд, мехондем. Чунонки дар боло қайд шуд, дарстайёркунии мо рӯзона дар ҳуҷраи Абдухалил-махдум ташкил меёфт, ки иштироккунандагони доимии он ман, Абдухалил-махдум ва Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим будем; дар баъзе дарсҳои муҳимтар ва душвортар Ҳомидхоҷа ва Мирқодир-махдум ҳам иштирок мекарданд.
Рӯзҳои таътил дар он ҷо маҷлиси адабӣ ва сурудхонӣ ташкил меёфт; дар маҷлисҳои адабӣ зиннатбахши давраи дӯстон, монанди «гули сари сабад»-и бӯстон Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат буд. Дар сӯҳбатҳои адабӣ шеърҳои классикҳои тоҷик хонда муҳокима карда мешуданд, баъзе шеърҳои шоирони замон низ таҳлил ва танқид меёфтанд.
Дар маҷлисҳои суруд ғазалхони доимии он ҷо, чунонки дар боло қайд шуд, Қорӣ Нурулло буда, баъзан Мулло Ҳомиди Савтии ғиждувонӣ ва Зайниддин-хоҷа ҳам, ки зикрашон дар қисми II-и «Ёддоштҳо» (нашри тоҷикӣ, соли 1949, саҳ. 50) қайд шудааст, иштирок мекарданд 202.
Баъзе шабҳои таътил дар ҳамон ҷо ғун шуда базм ҳам мерафтем, ки дар он базмгардиҳо гоҳо Ҳайрат ҳам иштирок мекард. Чунончи, ӯ шабе бо мо базм рафта, дар бозгашти он базм базмковӣ, базмёбӣ ва базмтамошокунии моро дар қитъае тасвир карда буд, ки байтҳои аввалини он қитъа байтҳои зеринанд:
ҚИТЪА
Шаби дӯшинаи таътил ба чанд аз шурако
Бедарак базмталаб гашта ба ҳар кӯча давон:
Пеш-пеши ҳама фонус ба Қодир-махдум,
Аз қафо камбағали Айнии мискин лангон*.
Рафт аз як тараф овози «сафолак»** ба фалак,
То расидем паси мадрасаи «Модари хон».
Пеш аз пурсиши мо шуд ба кароин*** маълум
Базми тӯйи писари «ҳазрати эшони калон».
Ҳам ба таъҷил давидем дарун, то гирем
Баҳри худ ҷой аз он маҷлиси «пуршавкату шон».
Мо нишастем дар он суффа, ки базм он ҷо буд.
Бин, ки ин ҳодиса: шах кард зи як сӯ борон,
Лампаву манқалу оташ ба даруни хона
Баргирифтанду гирифтем ба як гӯша макон…
Ман дар он вақтҳо, ғайр аз шарикони дар боло зикрёфта, дарстайёркунандагони дигар ҳам доштам. Яке аз онҳо Мулло Комил ном ғиждувонӣ буд, ки дар мадрасаи Мири Араб истиқомат дошт, ӯ бо ман шарикдарс набошад ҳам, ҳамдарс, яъне дарсҳои мо аз рӯйи программаи мадрасаҳои Бухоро баробар буда, ӯ дар дарсхонаҳои дигар ва дар пеши домуллоҳои дигар мехонд.
Мулло Комил дар дарсфаҳмӣ бисёр кундзеҳн бошад ҳам, дар фаҳмида ги-
___________
* Дар он вақтҳо дар пои ман ришта баромада ҳанӯз тамоман сиҳат наёфта буд, бинобар ин дар роҳ рафтан мелангидам.
** Базми дойрагиро ба сабаби он ки овози дойра монанди шикастани сафолҳо ба гӯш мерасид, дар Бухоро «сафолак» ҳам мегуфтанд.
*** Қароин — қаринахо, аломатҳо.

рифтани дарс ва талаби илм зиёда ҳарис буд. Аммо аз он ҷо, ки ӯ бисёр қашшоқ буд, аз шарикдарсонаш касе ёфт нашудааст ва қабул накардааст, ки дарси ӯро бе музду миннат тайёр карда дода, ба ӯ ёрмандии маънавӣ расонад.
Ӯ азбаски бо ман ба муносибати ҳамтуман буданамон шинос ва ҳолдон буд, ба ман муроҷиат карда илтимос намуд, ки ҳар ҳафта ду ё се бор дар дарстайёркуниаш ба ӯ ёрӣ диҳам. Ман ҳам аз ҷиҳати ҳамтуман ва ҳам аз ҷиҳати бисёр қашшоқ ва аз ёрии маънавии дигарон ноумед будани ӯ, албатта, талабашро бо хурсандӣ ва ба тарзе ки дили ӯ бардошта шавад, қабул кардам.
Аммо аз он ҷо, ки ҳуҷраи ӯ дур буд, ӯ наметавонист, ки баъд аз тайёр кардани дарсаш баргашта рафта дар ҳуҷраи худ бихобад ва инчунин дар ҳуҷраи ман ҳам хобида наметавонист, чунки ман кӯрпа-болиши барзиёд надоштам, ки дар вақти хобаш ба ӯ бидиҳам, ӯ низ кӯрпа- болиши барзиёд надошт, ки оварда дар ҳуҷраи ман бигузорад ва дар шабҳои дарстайёркуниаш аз вай фоида барад. Ӯ дар ҳуҷраи худ танҳо як кӯрпа дошт, ки нимаи вайро дар зераш ва нимаи дигарашро бар болояш гирифта ва ба ҷойи болиш ҷомаи серпахтаи ғиждувонигии худро дар зери сар ниҳода мехобид.
Ночор ӯ дар шабҳои дарстайёркуниаш он кӯрпаи худро бардошта ба ҳуҷраи ман меовард ва дар вақти хоб дар вай мехобид ва саҳар боз кӯрпаашро бардошта бо худ мебурд. Ғайр аз Мулло Комил, ман боз ду нафар дарстайёркунандагони дигар доштам, ки онҳо бародарони ҳамдигар буда, ҳавлиашон дар гузари Мирдӯстум ва ҳуҷраҳошон ҳам дар мадрасачаи пеши масҷиди он гузар буд. Падари онҳо мулозими қозикалон буда, миёнаҳолона зиндагонӣ мекарданд.
Калонтарини ин бародарон Насриддин-махдум ном дошта, бо ман шарикдарси нав буда, ҳамон сол дар пеши домулло Икромча дар дарси мо иштироккунанда шуда буд. Ӯ хушхат ва саводи дуруст дошта, дӯстдори адабиёт буд, аммо дар хурдсолагиҳояш бинобар аҳамият надоданаш ба дарсҳои мадраса бисёр беқувват монда буд ва барои дарси ӯро тайёр карда додан ва дуруст фаҳмондан аз дарсҳои солҳои гузашта ҳам баъзе масъалаҳоро ёдоварӣ кардан даркор мешуд, ки ин барои ман хеле душворӣ мекард.
Хурдтараки он бародарон Салоҳиддин ном дошт, ки навдарсхон буда, хондани сарфу наҳви забони арабро акнун сар карда буд.
Мувофиқи созишамон бо Насриддин-махдум ман бояд ҳар ҳафта ду ё се шаб ба ҳуҷраи ӯ мерафтам ва азбаски ҳуҷраи ӯ аз бошишгоҳи ман бисёр дур ва як қисми роҳаш бисёр бад буд, баъд аз дарси ӯро тайёр карда додан, дар он ҷо мехобидам. Муайян кардани ҳар кадоми он шабҳо дар ихтиёри ӯ буд ва кадом шаб, ки барои ӯ дарстайёркунӣ лозим шавад, ҳамон рӯз дар вақти дарси дарсхонагӣ ба ман таъин мекард, ки он шаб ба пеши ӯ биравам. Кори мо бо ӯ ҳар ҳафта аз се шаб зиёд ва аз ду шаб кам намешуд.
Мулло Комил, ки ҳар ҳафта ду ё се шаби муайян (дар шабҳои таҳсил) пеши ман меомад, агар шаби ба пеши ман омадани ӯ ба шаби таъинкардаи Насриддин-махдум рост ояд, кӯрпаашро дар ҳуҷраи ман гузошта, бо ман ба ҳуҷраи вай мерафт ва дар он ҷо секаса дарс тайёр мекардем ва дар ҳамон ҷо мехобидем.
Саҳар Мулло Комил то ҳуҷраи ман бо ман омада ва аз он ҷо кӯрпаи худро бардошта ба ҳуҷраи худ мерафт.
Дар рӯзҳо ва шабҳои таҳсил тайёр карда додани дарси Салоҳиддин барои ман мумкин набуд, бинобар ин қарор додем, ки ӯ рӯзҳои таътил ҳафтае ду бор -пагоҳонии рӯзҳои чоршанбе ва панҷшанбе ба пеши ман меояд.
Албатта, дарси ӯро тайёр карда додани ман монанди дарстайёркуниам бо шарикдарсонам набуда, мисли мударрисон ба шогирдон ба ӯ дарс мегуфтам, аммо на монанди мударрисони расмӣ сарсариёна, балки дар ду дарс дарсҳои ҳафтаи оянда хонданиашро ба ӯ ба хубӣ мефаҳмондам. Қобилияти ӯ аз бародараш зиёдтар буда, дарсҳоро зуд аз худ мекард ва бо ёрии ман дар пеши домуллоҳои расмиаш аз ҳамаи шарикдарсонаш пеш меистод.
Ин бародарон ба муқобили ёрии маънавии ман ба ман ёрмандии моддӣ мерасонданд; либосворӣ, қанду чой ва баъзан равғану биринҷ оварда медоданд. Ин чизҳоро ба тарзе оварда медоданд, ки гӯё ба онҳо аз ҷое тӯҳфа омадааст ва аз вай ба ман ҳам ҳисса баровардаанд.
Аммо бо пули худашон харида, барои хизмати илмиам ба ман оварда доданашон маълум буд.
* * *
Насриддин-махдум, чунонки дар боло қайд шуд, хату саводи хуб дошт, дӯстдори адабиёт буд, шеърро хуб мефаҳмид, аммо як мисраъ ҳам бошад, шеър гуфта наметавонист, бо ҳамаи ин орзу дошт, ки номаш ба шоирӣ шӯҳрат ёбад. Ман ин орзуи ӯро аз кори зерини ӯ пай мебурдам: ӯ гоҳо ягон ғазали гайримашҳури ягон шоири гузаштаро (бештар аз Ҷомӣ, Ҳофиз ё Саъдӣ) дар коғазе бе тахаллус навишта гирифта, дар вақти мулоқот ба ман нишон дода:
— Ин ғазали кист? — гуфта мепурсид.
Ман он шеър аз они кадом кас бошад, ба ҳамон кас нисбат дода, масалан:
— Аз Ҷомӣ, ё аз Ҳофиз, ё аз Саъдӣ, — гуфта ҷавоб медодам.
Чун ин кори ӯ чандин бор такрор ёфт, тахмин кардам, ки агар ман аз кадом шоири гузашта будани он шеърро надонам, аҷаб нест, ки ӯ ба худ нисбат диҳад. Барои муайян кардани хато ё дуруст будани ин тахмини худ боре шеъреро, ки ба ман нишон дода аз они кӣ будани ӯро пурсид, ман бо вуҷуди ин ки медонистам он шеър аз они Ҷомист:
— Намедонам, аммо шеъри хеле хуб будааст, — гуфта ҷавоб додам. Ӯ табассуме карда:
— Аз они худам аст, аммо он қадар хуб нест, агар шумо писандида бошед, ман то фардо ба ин ғазал мақтаъ (байти охирии тахаллусдор) баста боз ба шумо нишон медиҳам, — гуфт. Албатта, ман хубии он шеърро писандидам. Фардои он рӯз аз мақтаи он ғазал тахаллуси «Ҷомӣ»-ро бардошта ба ҷойи вай «Насрӣ» навишта ба ман нишон дод.
Азбаски ин аҳвол бисёр такрор ёфт ва дар ҳар бор ман худро ба нодонӣ мезадам, ӯ ҳам бе ҳеҷ ибо ва мулоҳиза он шеърро аз они худ мекард. Ман ин одати ӯро ба дигар ошноёнам, ки ба шеъру шоирӣ алоқаманд буданд, хабар додам, то ки дигаронро фиреб надиҳад.
* * *
Салоҳиддин баъд аз як сол дар пеши ман дарс хондан, дар синни шонздаҳсолагӣ, дар вабои тобистонии навбатии Бухоро, дар вақте ки ман дар шаҳр набудам, вафот ёфт. Дили ман дар марги бемаҳали ӯ бисёр сӯхт, чунки ҳам ҷавон буд ва ҳам қобилияти фавқулодда дошт. На танҳо дили ман сӯхт, балки ҳамаи касоне, ки он бародаронро мешинохтанд, дар вафоти ӯ дилхун гардиданд.
Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат монанди тарҷумони дили ҳамаи дӯстон дар вафоти ӯ марсияе навишт, ки чор байти он марсия ҳам ба сифати ёдгории Ҳайрат, ҳам барои ёдоварии он ҷавони пурқобилият дар ин ҷо қайд карда мешавад:
ҚИТЪА ДАР МАРСИЯ
Салоҳиддин ба ҳангоми сибо* бо доғи ҳасрат рафт,
Сабо бар сафҳаи гулшан кашид аз лола таърихаш.
Барояд аз замин бо чеҳраи тар то гулу райҳон,
Нависад абр бар хоки чаман аз жола таърихаш.
Ба фавти ӯ зи бас аҳбобро хун шуд ҷигар аз ғам,
Намуданд аз асаф 203 дунбола бар дунбола таърихаш.
Яке пурсид айёми вафоти ӯ зи ман, гуфтам:
Бигӯ баъд аз «ҳумум 204 оҳу фиғону нола»** таърихаш.
Дар вафоти Салоҳиддин бародараш Насриддин, ки ӯро аз ҳад зиёд дӯст медошт, бисёр ғусса хӯрд, солҳо монанди мотамзадагон ҳамеша андӯҳгинона мегашт, ба дарсу дарстайёркунӣ расман давомат кунад ҳам, он шавқу ҳаваси пештарааш намонда, дигар дар пайи номи худро ба шоирӣ баровардан ҳам намегашт,
Ӯ чор ё панҷ соли дигар ба ҳамин тарзи мурдамонанд зиндагонӣ карда, оқибат ӯ ҳам вафот намуд.

Мадрасаи Лаби Ҳавзи Арбоб ва бошандагони он ҷо

Дар солҳое, ки ман дар мадрасаи Ҳоҷӣ Зоҳид истиқомат доштам, ғайр аз ҳуҷраи Абдухалил- махдум ва Мирзо Абдулвоҳид, барои ман боз як рафтуомадгоҳи дигар пайдо шуд. Ман дар ин рафтуомадгоҳи нави худ бо ҷавонони гуногун ва бо одамони аҷибу ғариб шинос, ошно ва ҳолдон шудам.
Ин ҷо як мадрасачаи кӯҳнае буд, ки дар гузари Лаби Ҳавзи Арбоби Бухоро бино ёфта буд. Гузари Лаби Ҳавзи Арбоб ба мадрасаи Ҳоҷӣ Зоҳид бисёр наздик буда, дар тарафи шарқии он воқеъ шуда буд, Дар байни истиқоматгоҳи ман ва он гузар танҳо мадрасаи Ҳусейнбой буд, ки мадрасаи Ҳоҷӣ Зоҳид, чунонки дар боло қайд карда шуд, дар паҳлуи ғарбии он мадраса бино ёфта буд. Гузари Лаби Ҳавзи Арбоб бошад, дар тарафи шарқии мадрасаи Ҳусейнбой буда, дар байни сарҳади он гузар ва ин мадраса танҳо як тангкӯчаи кӯндаланг восита буд. Аз канори ин тангкӯча то масҷиди гузари мазкур тахминан сад қадам роҳ буд.
Масҷид, мадрасача ва ҳавзи Лаби Ҳавзи Арбоб дар байни Шаҳррӯд ва кӯчаи калон воқеъ шуда буд, ки рӯд аз шимоли он ҳавзу масҷид, кӯчаи калон аз тарафи ҷануби он ҷо мегузашт. Масҷид дар канори рӯд бино ёфта, ҳаю ба тарафи
___________
* Ҳангоми сибо — ҳангоми бачагӣ.
** Калимаҳое ки дар қавсайн гирифта шудаанд, ба ҳисоби абҷад 1314 ҳиҷрӣ (1897) мебароянд. шарқи он ва пайваста ба айвони он кофта шуда буд, мадрасача бошад, дар гӯшаи ҷанубии масҷид ва дар шарқии мазори Хоҷа Рӯшноӣ бино ёфта буд, ки ба вай аз тарафи ҷануби масҷид даромада мешуд.

шарқи он ва пайваста ба айвони он кофта шуда буд, мадрасача бошад, дар гӯшаи ҷанубии масҷид ва дар шарқии мазори Хоҷа Рӯшноӣ бино ёфта буд, ки ба вай аз тарафи ҷануби масҷид даромада мешуд.
Ин мадрасача хеле кӯҳнабино ва фатарот буда, ҳуҷраҳои онро, ки аз панҷ ё шаш дар беш набуд, баъзе ҷавонони беҳавлӣ ё тангҳавлии он гузар таъмир карда нишаста буданд. Яке аз ҷавонон, ки яке аз ин ҳуҷраҳоро таъмир карда нишаста буд, Қорӣ Абдулваҳҳоб ном касе аз бошандагони он гузар буд, ки ҳавличаи меросиашро барои харҷи мурдаи падару модараш фурӯхта, худ беҳавлӣ монда, яке аз ин ҳуҷраҳоро таъмир карда зиндагонӣ мекард. Унвони ба номаш ҳамроҳшуда «қорӣ» бошад ҳам, ӯ аз қоригӣ даромад надошт. Зоҳиран, қуръонфурӯшӣ карда нон хӯрданро ҳимматаш намеписандид ва бо сахтӣ бошад ҳам, бо китобат (бо нусхабардории китобҳо) рӯз мегузаронид. Дигаре Қорӣ Усмон ном дошт, ки баъд аз мурдани падару модараш ҳавличаи меросиашро иҷора монда, худ яке аз ин ҳуҷраҳоро таъмир карда менишаст. Қоригии ӯ ба ном буд: дар хурдсолиаш падараш ӯро бо мақсади Қуръонро ёд кунондан ба қорихона дода будааст, аммо ӯ ин кори душворро ба гардан нагирифта, охир аз қорихона гурехта будааст. Ана аз ҳамин чандрӯза давомати қорихона унвони қоригӣ ба ӯ ҳамроҳ шуда мондааст. Ӯ ҳунари дигаре ҳам надошт, асосан бо бадали иҷораи ҳавличааш қашшоқона зиндагонӣ мекард.
Қорӣ Усмон хату саводи оддӣ дошт, адабиётро мефаҳмид, зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикиро бисёр медонист, ширинсухан ва маҷлисоро буд, суханони худро бо зарбулмасал ва мақолҳо зинат ва қувват медод.
Қорӣ Усмон дар миёнаи дӯстон бо лақаби «ғозиёнӣ» машҳур буд. Ман аввал гумон мекардам, ки бояд ӯ аслан аз гузари Ғозиён бошад, ки ба ин сабаб ӯро «ғозиёнй» мегуфта бошанд. Аммо сонитар фаҳмидам, ки сабаби ба ӯ дода шудани ин лақаб дигар будааст: ӯ аз таънаи диндорон ва аз тарси сиёсати раиси шаҳр, ки бенамозонро бо дарра мезад, гоҳо ба намози панҷвақтии масҷид барояд ҳам, ба намози ҷумъа ҳеҷ намерафтааст. Агар диндорони кунҷков аз ӯ:
— Қорӣ, шумо имрӯз дар масҷиди ҷомеъ нанамудед, куҷо будед? — гуфта пурсанд, ӯ дар ҷавоб:
— Ман намози ҷумъаро дар ҷомеи Ғозиён хондам, — мегуфтааст.
Азбаски Ғозиён аз он гузар дур буда, ягон намозхони он гузар барои намози ҷумъа ба он ҷо намерафт, дар намози ҷумъа дар он ҷо будан ё набудани ӯро ҳеҷ кас муайян карда наметавонистааст. Бинобар ин дӯстонаш ба ӯ «ғозиёнӣ» лақаб додаанд.
Ин ҳодиса рафта-рафта дар шаҳр чунон овоза шуд, ки ҳар каси ба ҷомеъ нарафтаро «ин кас намози ҷумъаро дар ҷомеи Ғозиён хондаанд», — мегуфтанд.
Сеюм Мирзо Иброҳим ном ҷавоне буд, ки падараш мактабдор буда, ҳавлиаш танг, бинобар ин ӯ яке аз ин ҳуҷраҳоро таъмир карда, дар вай зиндагонӣ менамуд. Мирзо Иброҳим хушхат буда, умрашро бо китобат мегузаронид, ҳаваси шеъргӯйӣ ҳам дошт, тахаллуси худро «Субҳӣ» қарор дода буд.
Чорум Қорӣ Шариф ном дошт, ки падараш кордгарӣ мекард. Худи ин ҷавон ҳам ҳунари кордгариро омӯхта буд. Аммо падараш ӯро ба касби худ накашида мехост, ки қории Қуръон кунад, бинобар ин ӯро ба қорихона дода буд. Лекин ӯ ин корро намехост. Ба сабаби он ки агар дар хона бошад, баъди аз қорихона омадан, шабона ҳам зери назорати падар ба Қуръон такрор кардан маҷбур мешуд, ба баҳонаи ин ки «дар мадраса ба танҳоӣ Қуръон такрор кардан осонтар аст» аз падараш рухсат гирифта, як ҳуҷраро таъмир карда нишаста буд. Ва ҳол он ки дар ин ҷо ягон бор ҳам Қуръонро ба даст нагирифта, бо бошандагони ин мадраса озодона сӯҳбат карда мегашт.
Панҷум Ашрафҷон ном сандуқсоз буд, ки ӯро Мирзо Ашраф ҳам мегуфтанд. Ӯ аслан аз ин гузар набуда, баъд аз мурдани падару модараш дар хурдсолиаш ба ин гузар ба хонаи ҳамширааш омадааст. Ӯ ба шавҳари ҳамширааш, ки сандуқсоз буд, шогирд шуда, ин ҳунарро ба даст даровардааст.
Ашрафҷон сандуқсози ҳунарманд буд, аз ин касб зиндагии шахсиаш ба хубӣ мегузашт. Баъд аз калонтар шуданаш яке аз ҳуҷраҳои ин мадрасачаро иморат карда, дар ин ҷо зиндагонӣ мекард.
Ашрафҷон хату саводи хуб дошт, шеърро нағз мефаҳмид ва ба қавли-бухороиён «шоирбоз» буд, яъне шоиронро ҳурмат мекард ва ба онҳо алоқа мебаст, суханвар ва гапдон буд. Азбаски ҳанӯз ҷавон (баробари ман ва Ҳомидхоҷа) буд, зану фарзанд надошт, бинобар ин бозёфташро ба либоси худ харҷ карда, бойбачамонанд мегашт.
Ашрафҷон ба муносибати ҳампешагӣ бо сандуқсозони Самарқанд ошноӣ ва рафтуомад дошт. Дар рафтуомади Самарқанд бо гуфтугузор қадаре забони русиро ҳам медонист.
Ана ҳамин панҷ нафар буданд бошандагони асосии ин мадрасача, аммо шумораи бо инҳо ва дар ин ҷо рафтуойкунандагон аз худи онҳо зиёд буд.
Яке аз онҳо Ҳомидхоҷа буд, ки дар ҳамин гузар ҳавлӣ дошт ва дар болохонаи он ҳавлӣ менишаст, аммо шабнишиниҳои ӯ ҳамеша дар ҳамин мадрасача ва бо бошандагони ин ҷо ба вуқӯъ меомад. Ӯ, чунонки дар боло гузашт, бо ман шарикдарс шуда, ҳаваси шеъргӯйӣ ҳам дошт ва ба худ калимаи «Меҳрӣ»-ро тахаллус қарор дода буд.
Дигаре аз аҳолии ҳамин гузар Ҳоҷӣ Абдусалом ном дарзӣ буд, ки касбаш дарздӯзӣ буда, дилашро дар ин ҷо мекушод ва кӯфтагиҳои аз дарздӯзӣ пайдошудаашро дар ин ҷо бартараф мекард.
Ғуломҷон ном аз бойбачагони ҳамин гузар буд, ки ба манъи падару амакаш нигоҳ накарда, ба ин ҷо рафтуой дошт.
Ҳавлии Қорӣ Камоли 205 ҳофиз ҳам аввалҳо дар ҳамин гузар буд. Ӯ ҳам дар шабҳое, ки ба ҷое ба меҳмонӣ наравад, ин ҷо омада, хотири дӯстонро бо ғазале ва суруде шод мекард. Қорӣ Камол ба муносибати ҳампешагӣ Қорӣ Наҷми ҳофизро, ки аз гузари дигар буда, дар як бой хизматгорӣ .мекард, гоҳо ҳамроҳи худ ин ҷо меовард; ва ҳар дуи инҳо савтхони машҳур Мулло Ҳомиди Савтии ғиждувониро низ бо худ меоварданд. Дар он вақт базми қашшоқонаи ин мадраса ҷамшедӣ мешуд.
Ман ҳам дар ин ҷамъомадгоҳ ба воситаи Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ алоқа бастам ва бештарин шабҳои таътилро ин ҷо мегузаронидам ва ман Муҳаммадсиддиқи Ҳайратро бо инҷойиҳо шиносо карда алоқа бандондам, ки ӯ ҳам бо вуҷуди дурии манзилаш ҳафтае як ё ду шаб ин ҷо омада мерафт.
Сӯҳбатҳо ва гуфтугузорҳои ин ҷо оддӣ буда, ҷойи ба адабиёт алоқадоштааш байтбарак буд, аммо ба байтбараки ин ҷо бо таклифи Қорӣ Усмон як навъ навигарӣ дода шуда буд, ки тарафе, ки ба тарафи дигар бо байте ҷавоб диҳад, ба вай як зарбулмасал ё мақоли халқиро ҳам илова карданаш лозим буд.
Қорӣ Усмон ин таклифро барои он ба миён оварда буд, ки (чунонки дар боло қайд шуд) худи ӯ ба зарбулмасал ва мақоли халқӣ бисёр ҳавас дошт. Баъд аз қабул шудани ин таклиф, ҳар гоҳ ки ин бозиро ташкил кардан хоҳанд, иштироккунандагони маҷлис ду тақсим шуда муқобили ҳам менишастанд. Дар вақти тақсим маро бо Қорӣ Усмон дар як тараф намегузоштанд — бояд ҳар кадоми мо ба тарафи дигар мегузаштем. Ин корро барои мувозинат додан ба тарафайн мекарданд. Дар он вақтҳо ман зарбулмасал ва мақолро он қадар бисёр надонам ҳам, баъд аз Қорӣ Усмон аз дигарон бештар медонистам, бинобар ин бо гузаштани ҳар кадоми мо ба як тарафи дигар баробарии тарафайн наздик мешуд.
Қорӣ Усмон ин таклифро фақат барои қаноатманд кардани ҳаваси худ ба миён оварда бошад ҳам, ин бозӣ барои бой шудани захираи забонии ман фоидаи бисёр калон дод. Забони дигар иштироккунандагони он маҷлис ҳам, бе он ки худашон бошуурона мақсад карда гирифта бошанд, рӯз то рӯз бойтару пурратар мешуд, зеро ҳар кадоми онҳо дар ҳар бозии ин ҷо зарбулмасал ва мақолҳои нав ёд мегирифтанд, барои ба ҳамин бозӣ харҷ кардан худҳошон ҳам ҳар рӯз аз мӯйсафедон ва кампирон пурсида чизҳои нав ба нави обнорасида ёфта меоварданд ва ин чизҳои нав ҳам ба захираи забонии умуми иштироккунандагони он бозӣ зам мешуд.
Кори дигаре, ки шабнишинони ин ҷо гоҳо ба вай машғулӣ мекарданд, «ҳа-бозӣ» буд. Дар ин бозӣ иштироккунандагон ба тарафайн тақсим ношуда, ҳар кас ба сари худ ҷавобгар буд. Тариқи ин бозӣ ҳамин буд, ки ҳар кас дар вақти сӯҳбат ва гуфтугузор дар мавриди тасдиқ ё қабули сухани ҳамсӯҳбаташ ба ҷойи «ҳа» бояд, «оре» ё «бале» мегуфт. Ҳар касе ки дар вақти ин бозӣ дар мавриди тасдиқ ва қабули сухани яке аз иштироккунандагон «ҳа» гӯяд, ин кас бой додагӣ ҳисоб меёфт, дигарон чапак зада «уйт- уйт» гӯён масхара медоштанд.
Дар вақти ин бозӣ Қорӣ Усмон ҳеҷ бой намедод, Мирзо Иброҳими Субҳӣ кам бой медод, дигарон бисёр бой медоданд. Ман ҳам аввалҳо, кам ҳам бошад, бой медодам, рафта-рафта ҳеҷ бой намедодагӣ шудам.
Ман ин бозиро дар маҷлисҳои ҳуҷраи Абдухалил-махдум ҳам ҷорӣ кардам. Дар он ҷо ба ин бозӣ Мирзо Абдулвоҳид ҳам иштирок мекард, аммо то тамом шудани бозӣ ҳеҷ гап намезад, бо сухани касе ҷавоб намедод, то ки бой дода шарманда нашавад. Қорӣ Нурулло бошад, дар бозӣ иштирок намекард:
— Ман дар ин гуна бозиҳои аҳмақона ҳамроҳӣ намекунам, — мегуфт.
Рафта-рафта ин бозӣ дар шаҳр шӯҳрат ёфт, ҷавонон дар байни худ дукаса, секаса ва чоркаса гарав мебастанд, ки муддати дуру дароз ва бемӯҳлат дар ҳар мулоқот ба ҷойи «ҳа» «оре» ё «бале» гӯянд.
Боре ман бо се нафари дигар гарав баста байни худ аҳд кардем, ки муддати дуру дароз «ҳа» нагӯем. Ҳарифони ман дар ҳар мулоқот як бор, ду бор бой медоданд, аммо ман се сол бой надодам. Дар охир ҳарифон маро фиреб дода, бо тадбире як бор «ҳа» гӯёнданд. (Агар мавриде пайдо шавад, дар ягон ҷойи «Ёддоштҳо» он воқеаро нақл хоҳам кард.) 206 Ман муайян намедонам, ки дар байни лабиҳавзиарбобиён ин бозиро аввал сар карда кӣ баровардааст. Аммо ҳамин маълум буд, ки ин бозӣ барои наздик кардани забони гуфтугӯ ба забони адабӣ, кам ҳам бошад, хизмат мекард.
Яке аз шабгузарониҳои ин ҷамъомад ғазалхонӣ ва сурудгӯйӣ буд. Гоҳ-гоҳ ҳам бошад, ин вазифаро, чунонки дар боло қайд карда шуд, Қорӣ Камол, Қорӣ Наҷм ва Мулло Ҳомиди Савтӣ адо мекарданд. Баъдҳо Раҳматхоҷа, ки дар танбӯрнавозӣ ягонаи ҳамон замон буд ва Ҳоҷӣ Абдураҳмон, ки шогирди ӯ буд, низ иштироккунанда шуданд.
Дар ин ҷо бояд ҳаминро қайд кунам, ки ман аввалин бор бо Ҳоҷӣ Абдулазизи самарқандӣ дар ҳамин ҷо шинос шудам, нағмаи дутор ва овози дилнавози ӯро дар ин ҷо шунидам. Ба ҳамин муносибат ман мехоҳам қисми якуми очеркеро, ки бахшида ба вафоти санъатгари мазкур дар соли 1936 навишта будам ва дар ҳамон сол дар шумораи 2-уми журнали «Барои адабиёти сотсиалистӣ» чоп шуда буд, фақат сарлавҳаашро дигар карда, баъзе ҷоҳояшро партофта кӯтоҳ намуда, таҳрирашро ба услуби таҳрири «Ёддоштҳо» мувофиқ гардонда дар ин ҷо нақл намоям 207.

Аввалин мулоқоти ман бо Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ

sup>208

Мо, иштироккунандагони шабнишиниҳои мадрасачаи Лаби Ҳавзи Арбоб, ҳамагӣ мусиқидӯст будем, аксари хонанда ва навозандагони Бухороро дида, нағмаи созу марғӯлаи овози онҳоро шунида будем. Аммо Ҳоҷӣ Абдулазизи санъатгари самарқандиро надида, танҳо таърифу тавсифи ӯро аз дӯстдорони мусиқӣ шунида будем, хусусан Ашрафҷони сандуқсоз, ки борҳо дар Самарқанд ӯро дида ва дар базмҳояш иштирок карда буд, дар ҳар маврид ӯро таъриф карда, шавқи дидор ва ҳаваси шунидани нағмаи дутор ва овози фараҳбори ӯро дар дили мо бедор мекард.
Аммо мо бизоате надоштем, ки барои дарёфтани базми ӯ ба Самарқанд равем ва сарватеро соҳиб набудем, ки бо сарфи он ӯро ба Бухоро даъват карда, нағмаи соз ва овози дилнавози ӯро шунавем.
Дар ҳамон вақтҳое, ки мо ҳасрат мехӯрдем, овоза шуд, ки «яке аз бойҳои калони Бухоро тӯй мекардааст ва дар тӯяш дар қатори созандагони машҳури наздику дур Ҳоҷӣ Абдулазизи самарқандии машҳурро ҳам меовардааст».
Ин овоза ба мо умеди тоза ва шодмонии беандоза бахшид, ки дар қатори «дойрахабарон» бошем ҳам, ба он базм рафта, ӯро хоҳем дид ва бо умедвориҳои дилафрӯз нигарони он рӯзи фирӯз шудем…
Оқибат он рӯзи фирӯз расид ва шабона аз он тӯйхона овози дойра ба фалак печид. Мо ҳам дар қатори оммаи базмгарони шаҳр, бе ҳеҷ даъват, мувофиқи расму одати Бухоро, бо шунидани хурӯши дойра «дойрахабар» шуда ба он ҷо рафтем.
Ҳавлии бой бисёр калон буд, аммо аз бисёрии тамошобинон дар он ҳавлии калон ҷойи сӯзан задан набуд. Дар миёнаҷойи ҳавлӣ ӯғуреро ниҳода даруни вайро пур аз равғани зағир карда, латтаҳои кӯҳнаро пилтавор дар даруни он гузошта оташ сар дода буданд, ки тамоми ҳавлиро монанди рӯз равшан карда буд, аммо монанди рӯзи гирдбодноки пурғубору хок чашм кушодан ва нафас кашидан мумкин набуд, чунки дуди ғализи равғани зағир ва латтаҳои кӯҳна бо бӯйи бади тунду тези худ чашмҳоро месӯзонид ва димоғҳоро метарконид.
Аз ҳуҷуми тамошобинон дар даври ӯғур ба зӯр доираи тангеро холӣ нигоҳ дошта буданд, ки дар як канори он дойрадастон қатор нишаста осмонкаф дойра менавохтанд ва раққосон, гӯё ки рақс мекарда бошанд (шояд барои аз он дуди заҳролуд гурезгоҳе ёфтан бошад), чашмони худро молиш дода дар даври ӯғур метохтанд.
Мо дар қатори «дойрахабарон» дер омада, дар гӯшае рост истода нигарони баромади Ҳоҷӣ Абдулазиз будем. Азбаски ҳамаи ҳавосу гӯшу чашми мо ба хаёли ӯ банд буд, бештарин вақт, ҳарчанд шӯрангез бошад ҳам, овози дойра ва суруди дойрадастонро ношунида ва ҳар қадар тарабхез бошад ҳам, рақси раққосонро нодида мемондем…
Як пайти базм тамом шуд, ӯғурро аз миён бардоштанд, «рӯзи» пурдуду ғубори ҷонкоҳ ба шаби сиёҳи бемоҳ мубаддал гардид. Акнун вақти рафтани мо барин меҳмонони нохондаи «дойрахабар» расида буд.
— Пас Ҳоҷӣ Абдулазиз куҷост? — гуфтам ман ба рафиқонам, ки муҳайёи рафтан шуда истода буданд.
— Бояд дар меҳмонхона бошад, — гуфт яке аз рафиқон.
— Ҳеҷ набошад, афту андомашро медидем… — гӯён ман орзуи худро баён намудам.
— Аз ҳавлӣ рост набаромада, рӯйи суффаро гардиш карда, аз пеши меҳмонхона гузашта мебароем, — гуфт яке аз рафиқон, — агар дар он ҷо бошад, аз тиреза нигоҳ карда, аз дур ҳам бошад, мебинем.
Мо аз ҷойи чуқури ҳавлӣ, ки бухороиён «таафдон» меноманд ва базми даври ӯғур он ҷо ташкил ёфта буд, бар рӯйи суффаи баланд баромадем ва, гӯё ки аз рӯйи суффа гузашта ба сари зинаи тарафи дигар рафта аз он ҷо ба таафдон мефуромада бошем, аз таг-таги девори меҳмонхона равона шудем. Вақте ки ба пеши тиреза расидем, дар он ҷо аз рафтан бозистода ба даруни меҳмонхона чашм дӯхтем: дар шифти хона лампаҳои чилуми овеза қатор меафрӯхтанд, дар давродаври меҳмонхона бойҳо ва бойбачаҳо бо либосҳои пурқимат ба худ зинат дода мағрурона менишастанд, ки онҳо бухороӣ буда, мо ҳамаи онҳоро шахсан мешинохтем. Аммо дар пешгоҳи хона як одами қоматпасти борикманаҳи хурдрӯйи сиёҳчеҳраи тангчашм, ки ришаш сиёҳи тунук ва кӯтоҳ буда, аз пешонааш туршии калонгирӣ ва худписандӣ меборид, менишаст. Мо ӯро намешинохтем ва аз он пеш надида будем. Либосҳои таҳ ба таҳ ва қабат ба қабати ин одам хеле қиматбаҳо буда, бо вуҷуди он қадар сард набудани ҳаво ва бо лампаҳои чилум ҳаммомвор гарм шудани хона, он кас як пӯстини почасиёҳи аъло ҳам бар тан дошт, ки абрааш аз шоҳии қаршигии «қоримулло» буд. Шояд он одам аз гармии хона ба танг омада бошад, ки як остини пӯстинашро кашида менишаст ва бо ин кори ӯ пурқиматии либосҳои зеринаш ҳам намоён шуда меистод. Шояд барои «ҷиз-ҷизак» додан ба бойҳои мағрури худоройи Бухоро бошад, он кас бари пӯстини остинаш аз даст берун кардаашро чаппа карда монда буд, ки мӯйинаи пурқимати он ба назари бинандагон намойишкорона ҷилва мекард.
Ин одам чорзону менишаст, бойҳо ва бойбачаҳои Бухоро, ки дузону нишаста буданд, чашмҳои худҳошонро аз он одам намеканданд ва ба ҳар нигоҳи у ва ба ҳар ҳаракат ва сухани ӯ, бо ҳамаи мағруриашон, даст пеш гирифта сар хам карда, ба ӯ эҳтироми худро нишон медоданд.
Азбаски бар болои сари он одам дар тоқчаи меҳмонхона як дутори ҷилддор рост ба кунҷи девор такя кунонда мондагӣ буд, яке аз рафиқон:
— Бояд Ҳоҷӣ Абдулазиз ҳамин кас бошад, — гуфт.
Аммо дили ман ин тахминро қабул намекард, чунки афту башараи гургонаи чашмтанги бадхоҳона, пешонаи турши ғазабнишона, қиёфаи мутакаббирона ва худоройии худписандонаи ӯ дар дили ман нанишаста буд ва дили ман намехост, ки Ҳоҷӣ Абдулазизе, ки мо солҳо боз симои ӯро ғоибона мисли як симои санъати рӯҳафзо дар хаёли худ муҷассам карда гашта будем, ҳамин одами нафратангез бошад ва дар дили худ гузаронидам: «Агар Ҳоҷӣ Абдулазиз ҳамин одами манфур бошад, ман аз вай даст кашидам ва ба қавли Саъдии Шерозӣ «атои ӯро ба лиқои ӯ бахшидам».
Дар ҳамин вақт пешхизмати бойи соҳиби тӯй, ки намадҳои рӯйи суффаро ғундошта истода буд, ба мо наздик шуд. Ман ӯро бо ишорат пеши худ оварда ва одами пешгоҳнишинро ба ӯ нишон дода:
— Магар Ҳоҷӣ Абдулазизи дутории самарқандӣ ҳамин аст? — гуфта аз ӯ пурсидам.
— Не-е, — гуфт пешхизмат мад кашида бо оҳанге, ки гӯё маро ба ин ғалатфаҳмиҳоям таъна мезада бошад. — Як созанда ин қадар шаъну шавкат ва зебу зинатро аз куҷо меёфт? — гӯён ӯ оҳанги таънаомези худро шарҳ дода равшантар кард.
Пешхизмат бо ин суханони охирини худ гӯё гуфтан мехост, ки: «наход ту ҳамин қадар бетамиз бошӣ, ки созандаи ҳарҷойиро аз як одами бузурги дабдабадор фарқ намекунӣ?» Баъд аз он пешхизмат илова намуда гуфт:
— Ин кас Муҳаммадраҳим Тойчаи самарқандӣ мебошанд, ки аз бойҳои дунё буда, Ҳоҷӣ Абдулазиз барин чанд нафар ятим ва хизматгор доранд, ин кас меҳмони азизи хӯҷаини мо мебошанд, ки барои ба тӯй хабар кардани ин кас писари калонашонро ба Самарқанд фиристода, бо иззату ҳурмат ба зӯр овардаанд.
Ман ҳарчанд. аз суханони таънаомези он косалеси бой бисёр ранҷида бошам ҳам, бо суханони охиринаш монанди касе, ки дар вақти хоби пурҳавл дида истоданаш ногаҳонӣ бедор шуда, беасос будани он ҳавлу тарсро фаҳмида шод шуда бошад, аз он пешхизмат хурсанд шудам ва дар дили худ шукр кардам, ки «ҳар чӣ, ин одами бадбашара Ҳоҷӣ Абдулазиз шуда набаромад» ва дарҳол аз пешхизмат пурсидам:
— Пас Ҳоҷӣ Абдулазиз дар куҷост, ки мегуфтанд ӯ ҳам дар ин тӯй бо даъвати махсус оварда шудааст?
— Оре, оварда шудааст! — гӯён пешхизмат аз тиреза ба тарафи пойгаҳи меҳмонхона нигоҳ карда касеро, ки мо ӯро аз тиреза надида будем ва дар тарафи пойгаҳ нишастани Ҳоҷӣ Абдулазизро ҳеҷ гумон накарда ба он тараф чашм ҳам наандохта будем, нишон дода:
— Ҳоҷӣ Абдулазиз ана ҳамон одам, — гуфт.
Мо ба он одам, монанди домодшавандагони замони пеш, ки ба арӯсшавандагонашон аз болои девор ё тарқиши дар бо шавқу ҳавас нигоҳ мекарданд, аз шишаи тиреза бо камоли шавқу ҳавас ва диққат чашм дӯхтем: он одам як шахси хурмоимӯйи сафедрӯйи кушодапешоние буд, ки гӯё чашмони обдори меҳрангезаш баробари лабони хандаомезаш табассум мекарданд. Ӯ дар зери либосҳои оддии тоза ва озода хандон, шукуфон нишаста паҳлунишинонашро намедонам бо чӣ гуна суханҳои ширин механдонд.
— Чаро ӯ дар ин базм нахонд ва нанавохт? — гӯён ман аз пешхизмат бо тааҷҷуб пурсидам.
Косалеси бой, пас аз он ки ба ман як нигоҳи истеҳзоомезе кард:
— Ака қорӣ*, шумо як одами сода менамоед, — гуфт, — охир хӯҷаин як маблағи калон харҷ карда ӯро на барои он овардаанд, ки ба пойбараҳнагони «сар аз куҷо, пой аз куҷо» -и «дойрахабар» базм карда диҳанд, барои онҳо ҳамин базми дойрагии давриӯғурӣ ҳам басу барзиёд аст. Хӯҷаини мо ин қадар харҷу ташвишро барои он кашидаанд, ки ба бойҳо ва бойбачаҳои Бухоро базми хосагии хонагӣ карда диҳанд.
Дигар дар хонаи ин бой умеди шунидани овози дилнавози Ҳоҷӣ Абдулазиз дар мо намонда буд, дойрахабарҳо ҳам қариб баромада тамом шуда, ҳавлӣ аз одамони бегона холӣ шуда буд. Агар дер монем ё дар баромадан сустӣ кунем, садои «меҳмонони азизи нохонда хуш омаданд»-ро шуниданамон муқаррар буд. Бинобар ин мо ҳам бо дилҳои кашол аз он базмхонаи пурмалол баромада рафтем.
Табиист, ки дар роҳ ва дар ҳуҷраи Қорӣ Усмон, ки баъди аз базм баргаштан дар он ҷо нишаста будем, ҳамаи гуфтугузори мо ҳасрату надомати аз дидани базми Ҳоҷӣ Абдулазиз маҳрум мондан буд. Мо дар он вақт ба он ташнае монанд будем, ки ба сарчашмаи оби гуворо ӯро бурда, аммо ба нӯшидан роҳ надода, аз он сарчашма дур карда бошанд, ё мисли он гушнае будем, ки баъд аз ба пешаш ниҳодани таоми балаззат ӯро аз хӯрдан боздошта бошанд…
***
Ашрафҷони сандуқсоз, ки бинобар банд буданаш ба меҳмондории шавҳари ҳамширааш он шаб бо мо ба он базм нарафта буд, дар вақте ки мо дар ҳуҷраи Қорӣ Усмон ҳасрат хӯрда нишаста будем, ӯ ҳам аз меҳмондорӣ фориғ шуда, он ҷо омад ва афсӯсу надомат карда нишастани моро дида гуфт:
— Афсӯс хӯрдан ва ҳасрат кашидан даркор нест. Дуруст аст, ки Ҳоҷӣ Абдулазизро аз Самарқанд овардан душвор буд, акнун ки ӯ дар ин ҷост, як зиёфат тайёр кунетон, ман ӯро гирифта меорам ва як базми хонагии хосагии ҷамшедӣ мекунем. Базми хосагии хонагии бой сарашро хӯрад.
— Зиёфатеро, ки сазовори Ҳоҷӣ Абдулазиз бошад, мо бо ин бесарусомонӣ чӣ гуна тайёр карда метавонем? — гуфт яке аз рафиқон.
— Барои Ҳоҷӣ Абдулазиз такаллуфи барзиёд лозим нест, ҳар кас таомеро, ки ҳар рӯз ба танҳоӣ ё дар пеши падару модараш мехӯрад, дар як ҷо ҷамъ карда пазем, кифоя аст, — гуфт Ашрафҷон. — Ман, ки бо ӯ дар Самарқанд шинос ва ҳолдон шудаам, агар гӯям, ки «чанд нафар муллобачагони қашшоқи санъатдӯст, ки дар байни онҳо шоирон хам ҳастанд, дар орзуи дидани шумо мебошанд», ӯ омадан мегирад.
_____________
*Ҳар каси салласафедро «ака қорӣ» — гӯён хитоб кардани оммаи мардуми Бухоро дар боло қайд шудааст.

— Пас ҳаққи қадами ӯро чӣ медиҳем ва кӣ медиҳад? — гуфта ман пурсидам.
— Дар ин гуна маврид ба ӯ ҳаққи қадам додан даркор нест, — гуфт Ашрафҷон, — агар чизе диҳем, намегирад ҳам, ҳатто меранҷад.
Бо ин маслиҳат ва башорати Ашрафҷон умедҳои мурдаи мо гашта зинда гардиданд ва дилҳои аз маъюсӣ пажмурдашуда дубора сабзиданд ва шукуфтанд ва дар худи ҳамон маҷлис ҳар кадом аз рафиқон чизе барои зиёфат ваъда карданд. Зиёфат ва базми шуданиро дар ҳуҷраи Қорӣ Усмон, ки васеътарини ҳуҷраҳои он мадрасача буд, ташкил карданӣ шуданд. Муайян кардани вақт, таҳияи асбоби зиёфат ба ваъдаи Ҳоҷӣ Абдулазиз вобаста монд. Ашрафҷон ваъда дод, ки дар нахустин шаби фароғати Ҳоҷӣ аз тӯйи бой, барои ба ин ҷо омаданаш аз ӯ қавл хоҳад гирифт.
* * *
Ниҳоят, он рӯзи фирӯз расид. Ашрафҷон муждарасон шуд, ки ҳамон шаб Ҳоҷиро хоҳад овард. Рафиқон ҳам мувофиқи ваъдаи худ асбоби зиёфатро муҳайё карданд, танҳо Қорӣ Шарифи кордгар, ки гӯшт оварданро ваъда дода буд, ҳанӯз наоварда буд, аммо ӯ ваъдаи худро такрор ва таъкид карда гуфт, ки баъд аз шом хоҳад овард. Бойбача Ғуломҷон, ки қанд ваъда карда буд, наовард ва худаш ҳам наёмад. Вақте ки яке аз рафиқон ба хонаи ӯ рафта ваъдаашро ба ёдаш расондааст, ӯ гуфтааст:
— Ман имшаб ба кори заруре банд мебошам, худ рафта наметавонам, модом ки худ намеравам, гумон мекунам, ки чизе доданам лозим нест.
Ин хабарро шунида, рафиқон дар ғазаб шуданд. Аммо ман гуфтам:
— Шӯридан лозим нест, бойҳо агар ҳамин тарз сарфакорӣ намекарданд, бой намешуданд. Дар ман қанди тайёр ҳаст, ки ҳозир меорам.
— Танҳо бо сарфакорӣ ҳам одам бой намешавад, — гуфт Қорӣ Усмон, ки аз ин кори Ғуломҷон бисёр хашмгин шуда буд, — «сарфакорӣ ва дуздӣ намекарданд, бой намешуданд»- гӯед! — гуфта сухани маро тасҳеҳ кард.
Ман байти машҳури Бедилро, ки дар «Ирфон» мегӯяд:
Кисаи ҳеҷ кас надид пурӣ,
То накард иртикоби кисабурӣ
ба ёд оварда, тасҳеҳи ӯро қабул кардам ва дарҳол ба ҳуҷраам рафта қандеро, ки ҳамон рӯз ба ман тӯҳфа гӯён Насриддин-махдум оварда буд, гирифта бурдам.
***
Аз сари шом ба тайёр кардани оши палав даромадем. Мо бояд то омадани меҳмонон гӯшту пиёзро бирён карда, сабзиро андохта ва биринҷро дар оби ҷӯш тар карда мемондем ва баъд аз омадани меҳмонон биринҷро андохта дам мекардем, бинобар ин ман ба сабзиро наргасикунӣ машғул шудам ва Қорӣ Усмон равғанро доғ кардан гирифт…
Равған доғ шуд, аммо ҳанӯз аз гӯшт дарак набуд ва бими он буд, ки равған даргирад, бинобар ин Қорӣ Усмон оташро аз зери дег кашида монд.
Мо боз фурсате мунтазир шудем, ҳанӯз аз гӯшт дарак набуд. Баъд аз он хостем, ки ба хонаи сихкабобпаз рафта, аз вай насия гӯшт гирем ва фардо ҳисоби ӯро ё бо гӯшт ё бо пул баробар кунем.
Мо ҳанӯз ба мақсади гӯштёбӣ аз ҳуҷра набаромада будем, ки овози пойи касе шунида шуд ва оянда, бе он ки бо одати мадраса тақ-тиқ кунад, ҷонсарак дарро кушода, саросемавор ба ҳуҷра даромад. Ин Қорӣ Шарифи кордгар буд, ки ба мо гӯшт ваъда карда буд, аммо дар дасташ гӯшт набуд.
– Гӯшт чӣ шуд? – гӯён Қорӣ Усмон аз вай пурсид бо оҳанги нохушнудона.
– Бало ба паси гӯшт, қариб ба даст афтода будам, – гуфт Қорӣ Шариф.
– Магар ба ҷое барои гӯштдуздӣ рафта будӣ ? – гӯён Қорӣ Усмон тааҷҷубкунон пурсид.
– Не, ба ҳеҷ ҷо барои гӯштдуздӣ нарафта будам ва намерафтам ҳам, – гуфт кордгарписар, – аммо аз хонаи худамон ҳам бе дуздӣ гӯштро ба даст даровардан мумкин набуд. Зеро падару модарам гӯсфандеро, ки дастӣ парво карда кушта, гӯшташро тор кашида буданд, мехоҳанд он гӯштро то баҳор ба рӯзгор расонанд, дар ин сурат, албатта, рӯйрост ба ман як парча гӯштро намедоданд, ки ҷое бурда бо ҷӯраҳоям пухта хӯрам…
– Магар падари ту ҳам монанди падари Ғуломҷон бой шудан мехоҳад? – гӯён Қорӣ Усмон сухани ӯро бурида боз пурсид ва давом карда гуфт: – Баъд чӣ шуд?
– Бинобар ин ман мунтазир шудам, то ки шаб торик шавад ва аз хона ба мақсади ба мадраса рафтан баромада, аввал ба таҳхона даромада, гӯштро бардорам ва гурбавор бадар гурезам. Вақте ки торик шуд, аз хона баромада, бе он ки садои дарро барорам, ба таҳхона даромада, гӯштро аз тор гирифтам ва дар вақти аз таҳхона баромада дар пӯшондан магар аз саросемагӣ овозашро баровардаам, ки модарам шунида «кист? кист?» гӯён чароғ ба даст аз хона дартоз бар рӯйи суффа баромад, ман ҳам худро ба ӯ нишон надода ба раҳрави берун гурехтам. Дар ҳамин вақт падарам, ки аз кӯча омада истода будааст, бо ман рӯ ба рӯ вохӯрд ва овози модарамро, ки ҳанӯз «кист? кист?»- гӯён фарёд мекард, шунида, бо ҳаяҷон аз ман:
– Чӣ гап? – гуфта пурсид.
Ҳанӯз ман ба ӯ ҷавоб надода будам, ки модарам овози падарамро шунида, чароғ ба даст ба раҳрави берун баромада, ба падарам гуфт:
– Дари таҳхона тараққи карда рафт, мабодо нохалафе ба он ҷо даромада пинҳон шуда бошад. – Модарам маро дар он ҷо дида, аз ман пурсид:
– Ту ҳанӯз ин ҷо будӣ?
– Ин ҷо будам! – гӯён халоҷоро нишон додам.
– Барои ҳамин ҳамеша «аз сари шом дарвозаро бандетон»- мегӯям, – гӯён падарам аз дасти модарам чароғро гирифта пеш даромад ва мо аз дунболи ӯ ҳамагӣ ба дари таҳхона рафтем. Дар ҳақиқат, ман дари таҳхонаро чунон сахт пӯшонда будаам, ки бо зарби худ дубора нимкоф шуда монда будааст. Мо ба он ҷо даромадем, бар рӯйи хок як парча гӯшт меистод, аммо дар он ҷо касе набуд.
Модарам гуфт:
– Маълум мешавад, ки ман занҷир кардани дари таҳхонаро фаромӯш карда будаам, ки гурба даромада аз тор ду парча гӯштро фуроварда, як парчаашро гирифта гурехта будааст.
Бо ҳамин падару модарам хотирҷамъ шуданд ва ман ҳам хотирҷамъ шуда, аз ҳавлӣ баромада омадам.
– Охир бе гӯшт омадам гӯйӣ-чӣ ? – гуфт Қорӣ Усмон хашмгинона.
– Не, овардам! – гӯён рафиқи «гӯштдузди» мо кисаи ҷомаи таҳпӯшӣ ва қисабағалашро холӣ кард, ки аз онҳо ду илики сергӯшт бо як парча гӯшти лаҳми рон баромад…
Баъд аз ошро обу равған карда монданамон Қорӣ Камол ва Қорӣ Наҷм омаданд. Онҳо ҳарчанд аз омадурафткунандагони ихтиёрии он ҷо бошанд ҳам, имшаб ба шарафи Ҳоҷӣ Абдулазиз махсусан даъват шуда буданд.
Баъд аз соате Ашрафҷон Ҳоҷӣ Абдулазизро бо дутораш гирифта овард. Он шаб то дамидани субҳ ҳақиқатан базми ҷамшедӣ шуд, аммо базми «ҷамшедӣ »-и камбағалона буд, чунки аз хӯрданиҳо танҳо оши палав бо нони ҷӯборӣ дастархони моро «зинат» медод, аз нӯшиданиҳо фақат чойи кабуд ва чойи фомилиро бо қанд муҳайё карда тавониста будем ва аз рӯшноидиҳанда танҳо лампаи ҳафтум меафрӯхт.
Ҳарчанд Қорӣ Камолу Қорӣ Наҷм дар вақти дамгириҳои Ҳоҷӣ баъзан ғазалхонӣ кунанд ҳам, асосан ӯ бо навохтани дутор ва бо сурудани ғазалҳои обдор рашковари булбулони гулзор буд.
Ҳоҷӣ он шаб тамоман аз шеърҳои классикони тоҷик хонд. Аз он ҷумла, як ғазали лирикии радифаш «ноз»-и Бедилро суруд, ки як байташ дар ёдам мондааст ва ба ёдгории он шаб дар ин ҷо қайд мекунам:
Чашми масташ айни ноз, абруи мушкин нози маҳз,
Ин чӣ тӯфон аст, ё раб, ноз бар болои ноз?
Инчунин аз лирикаҳои Камоли Хуҷандӣ чанд ғазал хонд, ки аз як ғазали радифаш «натавон кард» се байт дар хотирам нақш баста монда буд, ки онҳоро низ барои ёдоварии он маҷлис дар ин ҷо навиштан муносиб дида шуд:
…Гар теғ занад душману гар таъна занад дӯст,
Қатъ аз тую савдои ту қатъо натавон кард.
Дар давлати хубӣ ба гадоёни дари хеш
Лутфе бикун имрӯз, ки фардо натавон кард.
Дарде зи ту дар ҷони Камол аст, ки онро
Илло ба висоли ту мудово sup>209 натавон кард.
Ин буд аввалин мулоқот ва шиносоиам бо Ҳоҷӣ Абдулазиз.

Бозгашт ба оғози китобҳо:

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 1

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 2

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 3

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 4

Бозгашт ба мундариҷаи умумии бахшҳои китобҳо:

Айнӣ С. Ёддоштҳо

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.