Айнӣ. Ёддоштҳо, қ. 1-1

Ин хона зи хишти кӯҳна андохтаам,
Дар вай ҷашне зи рафтагон сохтаам.
То аҳли замони мо бидонанд, ки ман
Як умр ҷавонӣ ба чӣ раҳ бохтаам.

Муаллиф

Дар cаҳро

Даромади сухан

Азбаски зиндагонии кӯдакӣ ва хурдсолии ман дар саҳро, асосан дар ду деҳа гузаштааст ва ин деҳаҳо аз ҳам дур буда, аз ҷиҳати ободонӣ маданият ва урфу одат аз ҳам фарқ доштанд, ман мехоҳам пеш аз сар кардани ёддоштҳои худ дар бораи ин ду деҳа як қадар маълумоти географӣ, этнографӣ ва тарҷимаиҳолӣ дода гузарам, то ки фаҳмидани ҷойи ин ёддоштҳо барои хонандагон осонтар шавад.
1. Деҳаи Соктаре. Ин деҳа аз тобеоти райони Ғиждувон буда, як фарсах — 8 километр дуртар аз маркази район ва дар тарафи шарқии он, дар канори дарёи Зарафшон воқеъ аст.
Азбаски ин деҳа дар наздикии дарёи Зарафшон воқеъ шудааст ва аз байни деҳа ҳам ба номи Мазрангон як ҷӯйи калон мегузарад, сероб ва обод буда, бештарини ҳавлиҳояш рӯйидаричадор чорбоғнок ва пурмева аст. Заминҳои ин деҳа ҳосилхез буда, дар онҳо киштҳои гуногун мерасиданд ва аз шолӣ гирифта то сабзавот, ки киштҳои серобталаб мебошанд, дар деҳа кишта мешуданд.
Бошандагони ин деҳа аз ҷиҳати ирқ ба номи тоҷикон, арабон, урганҷиён ва хоҷагон — асосан ба чор ҷамоа тақсим ёфта, хоҷагон ба номи миракониҳо, сайидатоиҳо, ғиждувониҳо ва соктарегиҳо — чор қабиларо ташкил медоданд.
Аҳолии аслӣ-қадимии ин деҳа тоҷикон ва хоҷагони соктарегӣ буда, урганҷиён аз Урганҷ, миракониён аз Машҳад, ғиждувониён аз қалъаи Ғиждувон, сайидатоиҳо аз Сайидато ном деҳаи райони Шофирком муҳоҷир шуда омадагӣ буда, арабҳо аз боқимондагони муҳоҷирони араб ба шумор мерафтанд.
Забони аҳолии ин деҳа асосан тоҷикӣ буда, аз хоҷагон сайидатоиҳо ӯзбекӣ гап мезаданд ва бар хилофи одати арабони дигар, арабони ин ҷо ҳам бо забони ӯзбекӣ гуфтугузор менамуданд.
Касби асосии аҳолии ин деҳа деҳқонӣ буда, бештаринашон камзамин ва безамин буданд.
Бештарини заминҳои милки 2 ин деҳа аз миракониҳо дар дасти ду хонавода буд, ки онҳоро қозибачаҳо ва мутаваллиҳо мегуфтанд. Камзаминҳо ва безаминҳо чоряккорӣ, ятимӣ ва ё ба ягон касби дигар машғулӣ менамуданд. Бештарини тоҷикон заминҳои амлок3, яъне заминҳои подшоҳиро киштукор мекарданд ва бештарини урганҷиён майдабаққолӣ доштанд.
Хоҷагон, хусусан хоҷагони мираконӣ ва ғиждувонӣ, ба дуохонӣ ҳам машғулӣ мекарданд: мардум беморон ва девонагонро аз атроф ба хонаҳои онҳо меоварданд ва онҳоро ба сари беморони барҷомондаи худ бурда мехононданд ва бо ҳамин восита ба он беморон «шифо» меҷустанд. Хоҷагони солхӯрда ҳар пагоҳ дар масҷид баъд аз намози бомдод бо овози баланд «авроди фатҳия» ном дуоеро бо як овоз ва ба оҳанги махсусе мехонданд. Ба умеди ин дуоро шунида «шифо ёфтан» беморон ва нимбеморон аз деҳоти атроф хар пагоҳ ба ин ҷо гирд меомаданд.
Ин деҳа дар пеши масҷид мактабе дошт, ки тобистону зимистон давом мекард ва инчунин мадрасачае хам дошт, ки дар ин ҷо дарсҳои ибтидоии мадрасагӣ хонда мешуд. Бинобар ин дар он давру пеш аз он деҳа маданиятноктар ва серхату саводноктар ҷое набуд.
Идораи рӯҳонии ин деҳа ба дасти мутаваллиҳо буд, ки онҳо аз ҷумлаи серзаминони хоҷагони мираконӣ буданд ва идораи мулкӣ-маъмурӣ дар дасти тоҷикон буд, ки арбоб4 ва оқсақол 5 барин маъмурони маҳаллӣ аз серзаминтарини онҳо «интихоб» (таъин) меёфт.
Падару бобоҳои ман аз ҷумлаи хоҷагони соктарегии ин деҳа буданд;
2. Деҳаи Маҳаллаи Боло. Ин деҳа дар як фарсахии (8 километри) шимолу ғарбии қалъаи Ғиждувон дар доираи хоки тумани (райони) Шофирком, аз ҷумлаи деҳоти Деҳнави Абдуллоҷон, дар доманаи реги равоне, ки ба дашти Қизил мепайвандад, воқеъ шудааст.
Ин деҳа бинобар поёноб буданаш камоб буд, хусусан баъд аз он ки рӯди кӯҳнаи Шофиркомро, ки аз шимоли ин деҳа мегузашт, рег пахш карда ботил кард ва рӯди нав аз тарафи ҷанубаш, ки нисбат ба ин деҳа чуқуртар буд, кашида шуд, гӯё тамоман беоб монд. Бинобар ин дар ин деҳа меваи сардарахтӣ гӯё ҳеҷ набуд ва ҳоҷихонӣ ном як навъ себи турш дар ин ҷо расад ҳам, дар рошҳои заминҳои кишт ҷо-ҷо буда, боғчаи алоҳидае надошт. Аз меваҳо дар ин ҷо танҳо ангур бисёр буд ва ба хубӣ дар байни регзорҳо мерасид.
Бештарини заминҳои ин деҳа замини подшоҳӣ — амлок буда, қисман ба замми амлок будан вақфи6 мадрасаи Мири Араб буданд, ки даҳяки ҳосил ба вақф ҳам дода мешуд. Аз ҷиҳати камобӣ бештарини кишти ин ҷо гандум, ҷав, арзан, қӯноқ ва мош буда, сабзавот ҳеҷ кишта намешуд, барои эҳтиёҷи маҳаллӣ ғӯза (пахтаи ҷойдорӣ) кишта шавад ҳам, аксар тамоман беоб монда, намарза мерасид ва дар ҳар бутта як ё ду дона кӯрак мебаст.
Бинобар ин ин деҳа аз ҳад зиёд қашшоқ буда, аксари хонаҳояш похсагӣ буд. Дар ин деҳа як-ду нафар бойи калон ва ду-се нафар деҳқонони миёнаҳол буда, боқимондагони аҳолӣ имрӯзро ёбанд, фардоро намеёфтанд. Касби асосии аҳолии ин ҷо деҳқонӣ бошад ҳам, зиндагонии ҳеҷ як аз оммаи аҳолӣ аз деҳқонӣ намегузашт, ҳатто аз деҳқонӣ зарар кашида, ҷойи ин зарарро бо касбҳои дигар пур ме- карданд.
Бойҳои калон, ки ба замми савдогарӣ замини бисёреро ҳам соҳиб шуда буданд, аз ҳосили замини худ ба подшоҳӣ андоз намедоданд, ё ин ки бисёр кам медоданд, чунки онҳо ба ҳокимон — амлокдорон наздик буданд ва ба ин восита борҳои андози худро ҳам ба гардани деҳқонони камбағал бор мекарданд, ки ин ҳол ба харобтар шудани аҳволи омма боз як сабаби дигар мешуд (ман ин аҳволро дар романи «Ғуломон» тасвир кардаам) 7. Дар ин деҳа саноати ҳунармандӣ гӯё ҳеҷ набуд, аз косибон танҳо кӯҳнадӯзон буданд, ки онҳо ҳам ба монанди худ побараҳнагон хизмат мекарданд. Дар маркази деҳа — дар Деҳнави Абдуллоҷон тагламадӯзон — касоне, ки ба соқи мӯзаи кӯҳна таг ва рӯй мебанданд, бошанд хам, дар инҳисор — монополияи таглама -ҷаллобон буданд ва самараи меҳнати онҳоро он ҷаллобон мехӯрданд (ин ҳол ҳам дар романи «Ғуломон» тасвир ёфтааст) 8. Як қисми аҳолии деҳаи Маҳаллаи Боло чӯпонӣ, ҳезумкашӣ мекарданд, ё ин ки ба бойҳо ятимӣ — батракӣ менамуданд. Касби асосии зимистонии оммаи ахолии ин деҳа пахтакашӣ буд. Пахтакашон аз пахтаҷаллобон ғӯзаи ҷойдориро гирифта бо даст кашида, аз ҳаллоҷӣ гузаронида пахтаи тоза карда, бо пунбадонааш ба хӯҷаин месупурданд ва дар ин кор ҳаққи ночизе мегирифтанд. Музди муайяне, ки дар ин кор ба пахтакашон мемонд, кокул — пӯчоқи ғӯза буд, ки вайро дар оташдон ва дар гулханашон месӯхтанд (ман ин аҳволро дар «Ғуломон» шарҳ додаам)9. Бобои модариам ва тағоиҳоям аз ҳамин деҳа буданд. Дар байни Соктаре ва Маҳаллаи Боло 16 километр роҳ бошад ҳам, нисбати ҳар дуи инҳо ба шаҳри Бухоро баробар ва 40 километр дуртар аз он буданд, фарқ дар ин ҷо буд, ки Соктаре дар шимоли шарқтари шаҳр ва Маҳаллаи Боло дар шимоли шаҳр воқеъ шуда буд.
* * *

Назар ба нақли падарам — Сайид Муродхоҷа, падари ӯ — Сайид Умархоҷа одами хату саводнок буда, аз ҳунарҳои дастӣ дӯконбофӣ ва дурудгариро хуб медонистааст. Хусусан дар дурудгарӣ шӯҳраташ дуруст будааст. Боре масҷиди деҳаи Маҳаллаи Боло ғалтидааст, аҳолии он ҷо ба талаби устои дурудгар баромадаанд ва бо дарак додани касе бобои падариам — Сайид Умархоҷаро барои таъмири масҷид ба деҳаи Маҳаллаи Боло бурдаанд.
Бобоям масҷидро бо зебоӣ таъмир намуда, дар сутуни он бо хати худ калимаҳои «амали Сайид Умархоҷаи соктарегӣ»-ро кандакорӣ кардааст. Аҳолии деҳа, ки дар он ҷо ягон нафар ҳам одами саводнок набудааст, ҳатто мактаби пешимасҷидӣ ҳам надоштаанд, хату саводнок будани як устои дурудгарро дида дар ҳайрат афтодаанд ва ба ӯ рӯ оварда аз номи ҷамоат аз вай талаб кардаанд, ки имоматии масҷидеро, ки худ таъмир кардааст, қабул намояд, шояд ба «шарофати ӯ» дар деҳаи онҳо хам одамони саводнок пайдо шаванд, чунки имоми собиқашон худ бесавод буда, танҳо баъзе сураҳои Қуръон ва дуоҳои намозро аз ёд медонистааст. Ба замми ин дурудгариашро ҳам кардан гирад, ки дар ин давру пеш ба ин касб талаб бисёр аст. Ба бобоям ин таклиф маъқул афтодааст. Чунки ӯ бо вуҷуди ҳунарманд будан, дар Соктаре аз касби дурудгарии худ дуруст фоида бурда наметавонистааст, зеро дар он ҷо ҳатто аз хешовандони худаш хам якчанд нафар дурудгарони ҳунарманд будаанд.
Дар ин ҷо бошад, ғайр аз харротони чархи ресандагӣ ва ҳаллоҷисоз дигар дурудгаре нест. Ба болои ин дар наздикии ин деҳа — дар деҳаи Болои Рӯд, дар Сарваре ва Табариён ном деҳаҳо чандин санги осиё будааст аммо устои чархиосиётарош ҳеҷ набудааст. Бобоям дар ин кор ҳам ҳунарманд буда, назар ба фикри ӯ, аз ин роҳ ҳам дар ин деҳа барои вай даромади иловагӣ пайдо мешуд.
Даромади имоматӣ бошад, бозёфти барзиёд.
Бобоям ба ҳамин мулоҳизаҳо ин таклифро хуш қабул кардааст, барои ӯ дар аввали кор меҳмонхонаи Ҳамрохон ном касеро, ки ҳавлиаш дар ҳамсоягии масҷид будааст, бошишгоҳ қарор додаанд.
Бобоям чандин сол дар ин деҳа ва дар ҳамин меҳмонхона зиндагонӣ намуда, шабона, ки аз кори дурудгариаш фориғ мешудааст, Деҳқон ном писари калони соҳиби ҳавлиро хононда ӯро ҳарфшинос кардааст. Дар он вақтҳо писари калони бобоям, ки падари ман бошад, дар Бухоро меҳондааст, писари хурдаш, ҳамширагони аз шавҳар мондааш, ҳамширазодагонаш ва занаш дар Соктаре зиндагонӣ мекардаанд.
Оқибат танҳоӣ ва мусофирати дуру дароз ба дили бобоям зада, аз охири тарафи гарбии деҳаи Маҳаллаи Боло заминеро ба даст дароварда, барои худ ҳавлии рӯйидаричаноке бино кардааст ва дар рӯйидарича ниҳолҳои дарахти зардолу шинондааст, ки обро кам талаб мекунанд ва баъд аз тамом шудани бинокорӣ аҳли хонаводаи худро тамоман аз Соктаре кӯчонда ба ин ҷо овардааст.
Аммо баъд аз ду-се сол бобоям дидааст, ки ҳавлӣ ва рӯйидаричае, ки дар Соктаре дошт, хароб шуда рафта истодаанд ва замини дар он ҷо доштааш ҳам аз кишт монда аз кор баромада меравад ва худаш ҳам пир шудааст, ки монанди пештара бисёр кор карда наметавонад, маҷбур шудааст, ки падарамро хонадор карда аз хондан бозмононад.
Бобоям чун ин фикрашро ба аҳли деҳаи Маҳаллаи Боло маълум мекунад, онҳо дарҳол арӯс меёбанд ва яке аз духтарони Ҳамрохонро, ки фарзанди сеюми ӯ буда, Зеварой ном доштааст, барои падарам муносиб дидаанд. Азбаски Ҳамрохон аз деҳқонони миёнаҳол ва одами оддӣ будааст, тӯй ҳам камхарҷ шудааст ва барои маҳр рӯйидаричае, ки бобоям дар Соктаре доштааст, муқаррар гардидааст.
Вақте ки падарам ин қисми саргузашти худро ҳикоя мекард, мегуфт:
— Ман барои хондан ишқу ҳаваси бисёр доштам, бинобар ин намехостам, ки хонадор шуда аз хондан бозмонам. Аммо дидам, ки падар ва модарам пир шудаанд ва баъд аз ин бе ёрии ман зиндагониашон душвор аст, ночор корро қабул кардам. Тобистон бо модарат дар Соктаре истода деҳқонӣ карда сардарахтиҳоро меғундоштем ва дар зимистон дар деҳаи Маҳаллаи Боло бо падар зиндагонӣ карда чархиосиётарошӣ ва бофандагӣ менамудам. Лекин бо ҳамаи ин шавқи хонданро ҳеҷ аз ёд набаровардам: «Мо худ нарасидем, ту шояд бирасӣ» — гӯён тағоият Мулло Деҳқонро, ки ҳарфшинос буд, дарсҳои ибтидоӣ хонондам ва якчанд нафар бачагони деҳаро саводхон карда, ҳамаашонро ба Бухоро бурда дар мадраса ҷойгир кунонидам.
Тағоият хонданро давом кунонд, аммо дигаронашон баъд аз ду-се сол дар мадраса истодан ба саҳро баромада, ҳар кадом дар деҳе имом шуда мардумфиребиро ривоҷ доданд. Меҳнатҳои ман сӯхт. Рӯзе аз шогирдони падарам Мулло Бобоҷон, Мулло Ҳамро, Мулло Абдулвоҳид ва Мулло Собит номон ба хонаи мо — ба пеши падарам омада буданд. Аз ин ҷумла Мулло Бобоҷон дар деҳаи Рӯбаҳо, ки дар ҷануби Маҳаллаи Боло буд, имом шуда буд. Падарам ба ӯ хитоб карда ва ба дигарон ишорат намуда:
— Инҳо фарзандони одамони дорам буданд, инҳо ба сахтии истиқомати мадраса тоб оварда натавонистанд. Аммо ту фарзанди одами бечора будӣ, бачагиат дар сахтӣ гузашта буд, қобилиятат ҳам дуруст буд. Ман умедвор будам, ки ту дар душвориҳои зиндагонии мадраса тоб оварда шер мешавӣ. Афсӯс, ки калони рӯбаҳо шудӣ.
Мулло Бобоҷон, баъд аз хандидан, ба шариконаш ишора карда:
— Пас, инҳо чӣ шуданд? — гуфта пурсид.
Падарам ба онҳо баъд аз он ки як назари нимғазаболуд ва нимистеҳзокорона андохт, гуфт:
— Инҳо гургзода буданд, гург шуданд, чунки «оқибат гургзода гург шавад» — гуфтаанд.
Мақсади падарам маълум буд: мақсади ӯ танқид кардани Мулло Бобоҷон набуд, чунки ӯ ба сабаби қашшоқӣ имконияти дар мадраса истиқомат кардан, надошт, асли мақсадаш сахт задани дигарон буд, ки онҳо, бо вуҷуди имконият, хонданро партофта, дар деҳот баромада имом шуда буданд (Мулло Собит писари Абдураҳмонбой буд, ки як қисми романи «Ғуломон»-ро ишғол кардааст).
Дере нагузаштааст, ки аввал модари падарам ва баъд аз ду сол падараш вафот кардаанд. Аммо падарам баъд аз сари онҳо ҳам истиқомати дуҷоягиро тарк накардааст — тобистон дар Соктаре ба деҳқонӣ ва бофандагӣ машғулӣ намудааст ва дар зимистон дар Маҳаллаи Боло ба чархиосиётарошӣ ва бофандагӣ. Бофандагии падарам фақат барои пӯшок ва кӯрпа-болиши хонавода буда, чархиосиётарошиаш барои фурӯш буд.
Ба ҳамин тариқа таваллуди ман дар деҳаи Соктареи райони Ғиждувон воқеъ шуда, айёми бачагии томактабиам тобистон дар Соктаре ва зимистон дар Маҳаллаи Боло гузаштааст.

Тӯй

Як ҳавлии як дараҷа васеъ, се тарафи ин ҳавлӣ бо чор похса девор иҳота ёфта, тарафи ҷанубаш бе девор буда, ба боғча — рӯйидарича мепайваст, ки вай бо девори дупохсагӣ аз заминҳои кишт ҷудо мешуд. Тарафи шарқии ин ҳавлӣ ба ҳавлии ҳамсоя, тарафи ғарбиаш ба ёбони киштзор ва тарафи шимолиаш ба кӯчаи калони деҳа мерасид, ки дарвозааш ҳам аз ҳамин тараф буд.
Дар пеши дарвоза ва пайваста ба дарвозахона як оғили похсагӣ ва дар қатори оғил як соботи чорпобандии похсагӣ буда, дар рӯ ба рӯйи оғил ва собот як меҳмонхонаи хиштихомӣ бо суффааш бино ёфта буд. Дар пойгаҳи меҳмонхона як дӯкони бофандагӣ шинондагӣ буда, дар тарафи ҷануби меҳмонхона ва пайваста ба вай як айвонча ва дар зери айвонча як дӯкончаи чархиосиётарошӣ буд. Пеши айвонча ва тарафи ҷануби меҳмонхонаро дарахтони зардолуи боғча дар тобистон сояандозӣ мекарданд. Дар тарафи шимоли меҳмонхона як суффаи тобистоннишинӣ буд, ки як дарахти тути калони балхӣ дар вай ҳам хизмати мева-дорӣ ва ҳам вазифаи соядориро ба ҷо меовард.
Дар поёни суффаи меҳмонхона то собот як чуқурӣ буд, ки вайро таафдон меномиданд, пору ва хокрӯбаҳои ҳавлӣ дар он ҷо ғун карда мешуданд. Ин доира ҳавлии берун номида шуда, аз паҳлуи собот бо як роҳрав ба тарафи ҳавлии дарун гузашта мешуд. Дар ин ҷо — дар пушти оғил ва собот ду хонаи чӯбкории ба ҳам рӯ ба рӯ бино ёфта буданд, ки ҳар кадоми ин хонаҳо чор дар -ду аз тарафи шимол ва дуи дигар аз тарафи ҷануб доштанд. Дарҳои ҷанубии ҷануби ба тарафи рӯйидарича — боғча ва дарҳои шимолии хонаи шимоли тарафи девори баланди кӯча кушода мешуданд. Байни ин ду хона рӯйи ҳавлӣ шумор рафта, боқии дарҳошон ба ҳамин тараф кушода мешуданд ва рӯйи ҳавлӣ ду дарахти зардолуи калон соядорӣ мекард.
Дар тарафи шарқии рӯйи ҳавлӣ ду айвонча буд, ки яке барои хонаи ҷанубӣ дигаре барои хонаи шимолӣ вазифаи ошхонагӣ ва танӯрхона- гиро адо менамуданд. Айвончае, ки ба хонаи шимолӣ оид буд, дар қатори оташдон як дӯкони чархиосиётарошӣ ҳам дошт.
Хонаи ҷанубӣ бе даҳлез буда, кафшканаш дар пойгаҳи худаш буд, хонаи молӣ даҳлез дошта бошад ҳам, вай танҳо барои даромад ва кафшканӣ набуд, дар он ҷо як дӯкони бофандагӣ ҳам бино ёфта буд. Дар тарафи ғарби рӯйи ҳавлӣ — дар пушти оғил ва собот ва пайваста ба онҳо суффаи дароз буд, ки бошандагони ин ду хона дар айёми тобистон — шабона он ҷо менишастанд.
Дар рӯзе, ки ман аввалин бор ин ҳавлиро ба ёди худ гирифтам, хонаи ҷанубӣ рӯйи суффа пур аз меҳмонони мардина буда, хонаи шимолӣ пур аз меҳмонони зан буд. Дар рӯйи ҳавлӣ — дар байни ду ошхона як деги калони мис шинондагӣ буда, ошпаз аз он дег ба табақҳои сафоли бесир оши палав кашида медод ва инон он табақҳоро бурда ба пеши меҳмонони мардина мегузоштанд ва табақҳои холишударо оварда ба ошпаз медоданд. Ба хонаи занон бошад, як зани миёнсол, ки ӯро баъзеҳо ходимона ва баъзе дигар бибикайвонӣ мегуфтанд, бо чанд кампири дигар, ки ба сарашон ҷомача буд, ошкашонӣ мекарданд,
Меҳмонони мардинаро падарам, амакам, бобои модариам, тағоиҳоям ва дигар хешовандон «хуш омадед, хуш рафтед» мегуфтанд, меҳмонзанонро модарам, модаркалонам, занони тағоиҳоям ва зани амакам меҳмондорӣ мекарданд.
Дар як гӯшаи суффа як нақорачӣ, як сурнайчӣ ва ду дойрадаст нишаста менавохтанд ва дойрадастҳо гоҳо бо ҳам ва гоҳо ҳар кадом ба танҳоӣ ғазалхонӣ мекарданд. Дар рӯ ба рӯйи созандагон — дар поёни суффа ҷавони баландқомате, миёнаш аз рӯй бастагӣ буд, дар ду дасти худ ду ҷуфт қайроқча гирифта онҳоро бо ҳам зада, аз онҳо мувофиқи оҳанги дойра ва нақора садо мебаровард ва рақс мекард.
Ман ва бачагони дигар дар пеши созандагон ғун шуда онҳоро тамошо мекардем ва нағмаву усулҳошонро гӯш медодем. Ман худро аз бачагони дигар хурсандтар ҳис мекардам, чунки дар он рӯз дар тани ман чунон либосҳое, ки ман пеш аз он монанди онҳоро напӯшида будам, ё ин ки пӯшида бошам ҳам, дар ёд надоштам: дар барам курта-лозимии сафеди суфта буд ва аз рӯйи вай ҷомае пӯшида будам, ки гулҳои порча- порча дошт ва дар сарам каллапӯши нав , ки модарам гулдӯзӣ карда буд.
Ин гуна либосҳои тоза, хусусан курта-лозимии сафеди шаффоф на танҳо ю хурсанд карда буд, ҳатто диққати бачагони дигарро ҳам ба худаш ҷалб намуд: яке аз бачагон, ки аз ман калонсолтар буд, домани куртаи маро дар миёни ду ангушташ молиш дода дида, як бачаи дигарро, ки аз худаш калонсолтар буд, ҷеғ зада куртаи маро ба ӯ нишон дода:
— Ин аз чист? — гуфта пурсид.
Он бача, баъд аз он ки ба тарафи куртаи ман як назари нофораме андохт:
— Суф! Ин куртаи суф аст! Падари ман дар тӯйи ман ба ман куртаи шоҳӣ карда дода буданд, — гуфт ва илова намуд: — Эргаш*, ки падараш ғуломи падари ман будааст, имрӯз вай ҳам курта- лозимии суф пӯшида гаштааст.
— Ба Эргаш ҳам он курта-лозимиро падари ин пӯшонд, — гӯён он бачае, ки ҷӯёи чигунагии куртаи ман буд, ба он бачаи мағрур** ҷавоб дода ба тарафи ман ишора кард.
_______________________
* Ин Эргаш бо бародари калони ман ширхора буд, бинобар ин падарам ба ӯ хам дар қатори мо либос карда, ҳамроҳи мо тӯй карда будааст. Ин ҳамон Эргаш аст, ки дар романи «Ғуломон» роли мусбатро бозӣ мекунад.
** Ин бачаи мағрур писари ҳамон Абдураҳимбойи ғуломдори пахтаҷаллоб аст, ки дар романи «Ғуломон» роли манфии манфурро бозӣ мекунад.

Аммо ман он вақтҳо фарқи суф то шоҳиро намедонистам ва ҳамин қадарро медонистам, ки. куртаи худам нисбат ба газворҳое, ки падарам мебофт, хеле сафед ва суфта буд. Бинобар ин бо сангзаниҳои он бачаи мағрур хурсандие, ки маро аз он курта-лозимӣ пайдо шуда буд, кам нагардид, фақат нафратам ба он бача, ки маро чанд бор дар кӯча — дар вақти бозӣ зада бур, зиёда гардид. Вақте ки созандагон асбоби созу навози худро ғундошта ба рафтан тайёрӣ медиданд, ман хабардор шудам, ки меҳмонон ҳамагӣ пароканда шуда рафтаанд ва дар ҳавлӣ танҳо хешовандон мондаанд.
Падарам музди хизмати созандагонро дода, онҳоро гусел мекард, ман аз ӯ хоҳиш кардам, ки созандагонро ба рафтан намонад, чунки онҳо ба ман бисёр хуш омада буданд.
Яке аз созандагон ба ман гуфт:
— Мо ҳозир ба як тӯйхонаи дигар меравем, дар бозгашт ба хонаи шумоён боз меоем.
Онҳо ба харҳошон савор шуда равон шуданд.
— Ин тавр бошад, ман ҳамроҳи шумоён ба ҳамон тӯйхона меравам, — гӯён аз дунболи созандагон давидам. Аммо падарам бо як хез аз ду бозуям нигоҳ дошт ва ман бошам, пояк зада гирякунон ва фарёдзанон «меравам-меравам» гӯён нола мекардам. Бачагони дигар бошанд, пеш-пеши нақорачиҳо давида ба умеди тӯйхонаи дигар мерафтанд ва маро ҳар замон ба тарафи худ имо мекарданд.
Бобоям ба пеши мо расида омада:
— Рафтан даркор нест, — гуфт, — мо дар ин ҷо нақора ва сурнай месозем; ту нақора менавозӣ, ман сурнай.
Ин таклиф ба ман маъқул шуд, гиряам сусттар ва дилам кушодатар гардид: ба назари ман аз шунидани нағмаи нақора худ нақоранавоз шудан беҳтар ва хуштар менамуд. Аммо бовар намекардам, ки бобоям ба ман нақора ёфта диҳад ва ба ҳамин мулоҳиза ба ӯ гуфтам:
— Дурӯғ мегӯед, маро фиреб медиҳед, шумо аз куҷо нақора меёбед? Ӯ риши калони сафедашро, ки рӯйи синаашро пур карда паҳн шуда фуромада буд, бо дастони худ гирифта ба вай нигоҳе андохта:
— На ин ки ман бо ҳамин риши сафед ту барин як кӯдакро фиреб диҳам! — гуфт ва ба тарафи хонаи занон рафта аз он ҷо як лаъличаи биринҷӣ гирифт, ба ошхона рафта аз он ҷо найи оташпуфкунии модарамро гирифт ва аз шохи дарахти зардолу ду химчаро шикаста гирифта, ҳамаи ин чизҳоро ба рӯйи суффа овард. Лаъличаро чаппа гузошта, маро ба пеши вай шинонда химчаҳоро ба дастонам дод ва худаш ба паҳлуям нишаста найро ба лабонаш дошт. Маи химчаҳоро ба лаълича зада садои дангар-дангар мебаровардам, ӯ ҳам, гӯё ки сурнай менавохта бошад, ҳуштак мекашид…
Дар ин вақт бародари калонам ва Эргашро кофта ба ҳар тараф саросемавор давидани падарам ва дигарон ба нақоранавозии ман халал расонид. Аз набуда-ни онҳо дар дили ман як ҳисси рашк пайдо шуд: ман гумон кардам, ки «онҳо маро партофта худҳошон бо созандагон рафтаанд».
Аммо касе хабар овард, ки онҳо дар рӯйидарича бар болои дарахти зардолу баромада, «пинҳон шудаанд». Ин хабар маро аз он гумони бад баровард ва ман ҳам барои дидани «пинҳоншудагон» ба қатори дигарон ба тарафи рӯйидарича давидам.
Падарам акаамро таъна карда гуфт:
— Муҳиддин, ту писари калони дарсхон мебошӣ, ба ту айб аст, ки тарсида гурезӣ. Додарат, ки аз ту 8 сол хурд аст, дидӣ чӣ навъ хандону шукуфон нақоранавозӣ карда гаштааст, биё фуро!
— Ҳанӯз ақли ӯ намегирад, — гуфт бародарам ва гиря карда сар дода илова намуд: — намефуроям!
Қурбонниёз ном тағоиям, ки як ҷавони тануманд буд, дарҳол ба дарахт печида боло баромад, аввал акаамро ва баъд аз он Эргашро аз шохҳо ҷудо карда ба поён овезон кард, дигарон онҳоро ба рӯйи даст гирифта бар замин ниҳоданд, аммо нагузоштанд, ки онҳо гурезанд ва рост бурда ба хонаи ҷанубӣ дароварданд.
Аммо ман бо ғуруре, ки аз таърифи падарам дар дилам пайдо шуда буд, ба тарафи суффа — ба пеши нақораи худ давидам, чунки ҳамин нақора сабаби ифтихори ман шуда буд. Бобоям ҳанӯз дар он ҷо менишаст:
— Биё, сурнай бе нақора ҳеҷ садо набаровард, — гуфт ва ман
чӯбакҳоро ба даст гирифта нақоранавозиро сар кардам. Падарам ба қатори дигарон ба хона надаромада ба пеши мо омада ба лаби суффа нишаста, гӯё ӯ ҳам ба нақораи ман гӯш медод. Ин ҳол боз як сабаби ифтихори ман гардид, ки чӯбакҳоро боз ҳам сахттар мезадам…
Баъд аз фурсате тағоиям — Қурбонниёз аз хона баромада ба пеши мо омада ба ман таклиф кард, ки ба хона даромада дар он ҷо нақоранавозӣ кунам.
— Дар хона суффа нест, — гуфтам ман дар ҷавоби ӯ.
— Дар хона аз кӯрпачаҳо як суффаи бисёр хуб сохтем, — гуфт тағоиям. Ман бо нигоҳи машварат ба «шарики худ» — ба бобоям нигаристам.
— Майлаш, меравем, — гуфт бобоям ва илова кард, — акаҳоят ҳунари туро дида қоил мешаванд.
Ин далели иловагӣ ба ман бисёр маъқул шуд. Ман чӯбак ва нақораамро бардошта ба нияти зудтар қоил кардани акаҳоям ба тарафи хона давидам, бобо ва тағоиям — аз дунболи ман. Аммо падарам дар ҳамон лаби суффа монд.
Дар рӯйи хона се ҷогаҳ буд, ки дар дуи онҳо акаам ва Эргаш рӯболо мехобиданд ва маълум буд, ки ҷойгаҳи сеюм «суффаи нақоранавозии ман» буд. Вақте ки ман ба тарафи ҷойгаҳи худ мегузаштам, чашмам ба чашми акаам афтод: ҳоло ӯ гиря намекард, балки ба тарафи ман бо нимхандаи дандоннамое нигоҳи шармгинонае мекард. Ман лаби болои худро дар зери лаби зерини худ дароварда ба он ҳаракати ӯ бо як ҳаракати тааҷҷубкоронае ҷавоб додам. Чунки ман аз ҳамаи он корҳо чизеро намефаҳмидам ва ҳамаи ҳавасам ва хавосам ба нақоранавозии худ банд буд, ки вай сабаби ифтихори ман шуда буд, боз бояд бо ин кор акаҳои худро ҳам дар ҳайрат меандохтам.
Ман рост ба ҷойгаҳи худ, ки суффачаи нақоранавозии ман ба шумор мерафт, баромадам.
Бобоям ҳам баромад ва ӯ ба ман гуфт:
— Ба рӯйи кӯрпачаи нарм нақора дуруст садо намебарорад, ту пушт ба замин дароз хобида чӯбакҳоро ба даст гир, ман лаъличаро бар рӯ ба рӯйи ту медорам, ту навохтан мегирӣ. Дар он вақт он гуна овози ҷарангосӣ мебарорад, ки зангӯлаи уштурони Абдураҳимбой ҳам он гуна садо бароварда наметавонад.
Ман қабул кардам ва навохтан гирифтам, дар ҳақиқат лаълича садои зангӯладор мебаровард.
Дар ин вақт намедонам, кӣ буд, поҳои маро аз ҳам дур карда бо дастони пурзӯраш зер кард.
Ман хостам аз ҷой хезам, аммо бобоям бо лаъличае, ки дар дасташ буд, аз сари синаам зер карда маро ба ҷунбидан роҳ надод ва баногоҳ як озори ҷонгудозе дар баданам пайдо шуд, ки нафасам дар дарун афтод ва баъд аз нафасамро рост гирифтан бо панҷаҳои борики нотавонам, ки аз ғазаб монанди панҷаи хурӯс нештар барин шуда буд, рӯйи боборо ханҷол кашидам ва аз риши дарозаш печонида гирифта бо қуввати ғазаболуде, ки доштам, ба тарафи худ кашидам ва бо фарёди ҷонхароши гиряолуд:
— Бо ҳамин риши сафед, охир шумо маро фиреб додед, — гуфтам. Хона пур аз ғулғулаи хандаи бошандагон шуд. Ростӣ, бо вуҷуди ин ки аз шиддати дард худро аз гиря боздошта наметавонистам, худам ҳам дарун-дарун механдидам. Чунки бобоям бо ҳамаи он калонсолӣ ва мӯйсафедӣ аз озори рӯю мӯй монанди бачагон воҳ-воҳ гӯён фарёд кашида буд ва дар чашмонаш об чарх мезад.
Ин воқеаи тӯйи хатнаи мо буд. Ин аввалин ёддошти ман аст, ки дар ёдам мондааст. Ман дар он вақт бисёр хурдсол будам. Бо вуҷуди ин дар ёдам мондани он воқеаҳо шояд барои аз ҳад зиёд аламовар будани он ҳодиса, бисёр завқбахшо будани нағмасаройӣ ва гуворо будани интиқомгирӣ бошад, ки ҳамаи инҳо дар як ҷо аввалин бор ба сари ман ҷамъ шуда буданд.
Он ҳавлие, ки дар боло тасвир ёфт, ҳавлие буд дар деҳаи Маҳаллаи Боло, ки бобои падариам барои истиқомати муваққатии худ ва авлоди худ сохта будааст. Дӯкони бофандагӣ ва дӯкони чархиосиётарошӣ, ки дар доираи берунии он ҳавлӣ буд, корхонаи падари ман буд. Хонаи ҷанубии ҳавлии дарун аз они мо ва хонаи шимолӣ аз они амакам буд. Дӯкони бофандагӣ. ки дар даҳлези хонаи шимолӣ бино ёфта буд ва дӯкони чархиосиётарошӣ, ки дар зери айвони ошхонаи он хона буд, корхонаи амакам буд.

Баъд аз тӯй

Ман гумон мекунам, ки баъд аз тӯй аҳволи зиндагонии хонадони мо хеле танг шуда буд. Ман ин ҳолро бевосита ҳис накунам ҳам, аз сӯҳбатҳои ғамолудонаи падару модарам, ки қариб ҳар шаб то вақти хоб дар байни онҳо воқеъ мешуд, дар натиҷаи он тӯй рӯй додани ягон чизи ногуворро пай мебурдам.
Шабе падарам ба сабаби тӯй хеле қарздор шудани худро ба модарам ҳикоя карда гуфт, ки:
— Хайрият, ки ман ин қарзро аз ягон фоидахӯр нагирифтам, ё ин ки таклифи қозизодаҳоро қабул намуда, аз замини Соктаре ба онҳо гарав намондам, вагарна аз замин ва ҳавлии Соктаре ҷудо шуда, дар ин деҳаи хароб абадулобод мусофир шуда мемондем.
— Пас, қарзро бефоида бардоштед? — гӯён модарам тааҷҷубкунон пурсид.
— Албатта, бефоида! — гуфт падарам ва шарҳ дод: — ман қарзҳоямро аз ҳар кас кам-кам кардам, аз ҳар кас аз 20 танга (3 сӯм) то 30 танга қарз гирифтам. Қарзи калонам 50 танга аст, вай ҳам аз падари туст, ки барои пули гӯру кафанаш ғундошта монда будааст. «То вақти мурданам диҳед, мешавад, лекин Алихон нафаҳмад», — гуфт. Ту ҳам ба касе нафаҳмон.
— Ҳамаашон бефоида доданд? — гуфта пурсид модарам боз тааҷҷубкунон.
— Албатта, ман аз ягон каси бегона ва ё аз ягон касе, ки фоидахӯриро ба худ касб карда бошад, қарз напурсидам, ҳамаи қарзҳоямро аз хешовандони соктарегӣ ва аз ошноҳои наздикам гирифтам. Ҳатто онҳо дар вақти қарз пурсиданам пулро дода истода: «ин маблағи ночизро қарз ҳисоб накунед, балки тӯёна шуморед» ҳам гуфтанд. Ман дар ҷавоб: «дар ҳамин вақт ба ман қарзи ҳасана (бефоида) доданатон тӯёна аст, маро миннатдор кардед ва ҳол он ки шумо ҳам аз ман доротар нестед» — гӯён изҳори хурсандӣ намудам.
— Агар тӯйро дар Соктаре мекардем, ба фаҳми ман, ин қадар харҷ намешуд, ин деҳаи мо — деҳаи гушнагон аст, дар ин ҷо сад дег ош пазед ҳам, боз сер намешаванд, — гуфт модарам ҳасраткунон.
— Аввал ин ки — гуфт падарам, — барои зиёд шудан ё кам шудани харҷи тӯй гушнагӣ, ё ин ки серии тӯйхӯрҳо дахл надорад, балки калонгир, ё ки бечора будани тӯйхӯрҳо дахл дорад: бечораро агар як чиз диҳанд хурсанд шуда мехӯрад ва агар надиҳанд, ҳарчанд гушна бошад ҳам, талаб намекунад. Аммо калонгир, ҳарчанд сер бошад ҳам, ба пеши ӯ ба ҷойи як табақ таом се табак мондан лозим аст, вагарна «маро ҳурмат накарданд» гуфта қаҳр мекунад. Ба фаҳми ман, агар мо ин тӯйро дар Соктаре мекардем, харҷи мо сечанд мешуд, боз калонони он ҷо, хусусан миракониён, аз мо розӣ намешуданд. Зеро онҳо ба тӯйҳои одамҳо рафта бисёр ҳурмат дидаанд ва ҳурмати онҳо ҳам иборат аз ин аст, ки ба пешашон бисёртар таом мекашиданд ва дар охир ҷома мепӯшониданд, ҳеҷ набошад, каллақанд медоданд. Албатта, мо ҳеҷ кадоми инҳоро карда наметавонистем.
Падарам баъд аз қадре ором гирифтан сухани худро давом кунонида гуфт:
— Дуюм ин, ки ман баъд аз хонадор шуда ба маъракаву мавриди мардум ҳамроҳ шуданам, дар Соктаре ғайр аз хешовандони худамон қариб тӯйи касеро нахӯрдаам, чунки ман зимистонҳо дар он ҷо набудам, тӯйҳо бошанд, одатан дар зимистон мешаванд. Аммо дар ин ҷо аз ҳар кадом хонаи ҳамин бечорагон, ки ту «гушнагон» гуфтӣ, ман як бор-ду бор тӯй хӯрдаам. Бинобар ин ба ман лозим буд, ки ба ҳаминҳо тӯй карда диҳам, хешовандон ва ошноҳои соктарегиам бошанд, ба ҳамин ҷо меоянд ва омаданд.
— Дар ҳамин муддати як сол, ки аз тӯй гузашт, аз қарзатон чӣ қадарашро кандед? — гуфта пурсид модарам.
— Бисёр не, аввал қарзи падаратро додам ва боз як-ду майда қарзро, ки соҳибонашон бисёр мӯҳтоҷ буданд, адо намудам.*
— Қарзи падарамро ҳозир намедодед ҳам, мешуд, он кас, ки «то вақти мурданам диҳед, мешавад» гуфта бошанд, аз ҳама пештар додан чӣ даркор буд?
— Аввал ин, ки — гуфт падарам дар ҷавоб — кӣ медонад, ки аввал ман мемурам ё он кас, дуюм ин, ки дар назари одами пир аз ҷавонон дида пул ширинтар аст. Аз бозе, ки ин қарзро ман аз ӯ гирифтам, аҷаб нест, ки ҳар шаб ба болои ҳамин пул фикр кунад, бинобар ин аз ҳама пештар хотирҷамъ кардани пиракиро лозим донистам.
Падарам баъд аз қадре фикр карда истодан сухани худро давом кунонда гуфт:
— Мақсади ман аз ин гапҳо аз қарзҳо ҳисоб додан, ё ин ки дили туро сиёҳ кардан набуд, балки мақсади ман ин аст, ки агарчи гоҳе дар кори рӯзгор тангӣ кашӣ, аз бозор гӯшт нахарем, ё ин ки кам харем, хафа нашав. Бояд чанд вақт — то сабук кардани қарзҳо ба обу явғони хона ва ба ширу ҷурғоти гов қаноат кунем. Аз бозор гоҳо биринҷ харем мешавад, ки шабҳои бозор, ё ягон меҳмон омада монад, ширбиринҷ мекунем.
— Биринҷ харидан ҳам даркор нест, — гуфт модарам. — Чаро? — гуфта пурсид падарам, — охир шир бе биринҷ хӯрок намешавад.
— Биринҷ ҳаст!
— Дар куҷо? — падарам тааҷҷубкунон аз ҷойи хобаш нимхез шуд.
— Вақте ки — гуфт модарам — биринҷи тӯйро оварда будед, ман як халтаро аз вай биринҷ пур карда гирифта дар сандуқ пинҳон карда монда будам, ки ягон вақт танг шавем, кор мефармоем. Акнун, ки аввал қарзҳоро кандан лозим аст, ҳамон биринҷро кор фармудан мегирем.
— Боракалло! — гуфт падарам, — бе сабаб «сарфаи сари оташдон — савдогари Ҳиндустон» нагуфта будаанд.
Акаам бо ман дар як ҷо хобида буд, ман ба гуфтугузори падару модар бо диққат гӯш медодам ва гумон доштам, ки ӯро хоби сахт рабудааст. Як вақт дидам, ки сараш дар таги кӯрпа, аммо пиқ-пиқ гиря мекунад. Падару модарам овози гиряи ӯро шунида якбора аз ҷо хеста ҳар дуяшон баробар аз ӯ:
— Ба ту чӣ шуд? Чаро гиря мекунӣ? — гуфта пурсиданд.
— Акнун ман чӣ навъ ба Бухоро барои хондан меравам? Тӯй намекардед, намешуд-мӣ? — гуфт гирякунон.
— Чӣ навъ меравӣ? Вақташ шавад, худам бурда мемонам. Барои ин гиря чӣ лозим аст? – гуфт падарам.
— Пул-ку надоред, бе пул дар шаҳр чӣ гуна истода хонда мешавад? — гуфт боз бо ҳамон овози гиряолуд.
— Хафа нашав, писарам, — гуфт падарам, — то бухороравии ту ду соли дигар ҳаст, то он ҷо ман қарзҳоро меканам ва барои харҷи таҳсили ту пул ҳам меёбам
* * *
Дар пагоҳии он шабе, ки дар хонаи мо сӯҳбати дар боло нақл кардашуда гузашт, модарам ҳалвои қоқтӣ пухт, ман ба ӯ дар оташмонӣ ёрӣ додам: аввал як миқдор ордро дар дег бо равған бирён карда гирифт. Баъд аз он аз шиннии тут, ки аз Соктаре пухта оварда буд, як коса барин дар дег андохта қиём гирифт. Вақте ки ғафсии шиннӣ атола барин шуд, орди бирёнро дар вай ҳамроҳ карда лат зад. Баъд аз лат задан орду шиннӣ хамир барин шуд. Пас аз он бар рӯйи лаълӣ орд пошида, он хамирро бар рӯйи вай гардонида паҳн кард ва баъд аз сард ва сахт шудан аз вай як порча бурида ба дасти ман дод, дигарашро порча-порча бурида бар рӯяш орд пошида дар як қуттӣ чида монд.
Ман он як порча ҳалвои қоқтиро, ки модарам ба ман дода буд, қатар-қатаркунон хӯрда ба кӯча баромадам, ки акаам аз тарафи даруни деҳа меояд. Ӯ маро дида гуфт:
— Ин ҳалво нест, ин нони қоқ, ҳалво — ҳалвои равғанӣ аст.
— Шумо дар куҷо ҳалвои равғанӣ хӯрдед?
— Дар хонаи бобом Қурбонниёз тағоиям оварда будааст. Ба ман ҳам доданд. Як бамаза ки, — гуфт акаам ва суханашро давом кунонида аз ман пурсид:
— Ту ҳам мехӯрӣ?
— Бошад мехӯрдам, набошад, ҳамин ҳалвои қоқтӣ ҳам шудан мегирад.
— Ман ёфта диҳам, мехӯрӣ?
— Албатта!
— Ин тавр бошад, ба падарам «ҳалвои равғанӣ гирифта диҳед» гуфта зорӣ кун!
— Магар шумо намехӯред?
— Ман ҳам мехӯрам.
— Ин тавр бошад, худатон чаро аз падар намепурсед?
— Ман метарсам, ки «ин харҷ барои ту шуд» гуфта Бухоро рафтани маро дер намононанд.
— Ман ҳам Бухоро рафта мехонам.
— Ту ҳоло хурд, то вақти бухорорав шудани ту падарам пули бисёр меёбанд. Ба ин харҷҳо аз ёдашон баромада меравад.
— Хуб, ман мегӯям, — гуфтам. Ману ӯ ҳар ду ба сари дӯкони бофандагии падарам рафтем. Ман, дар ҳолате ки аз ҳалвои қоқтии дар дастам будагӣ газида гирифта катар-катар мехойидам, ба падарам гуфтам:
— Ба ман ҳалвои равғанӣ гирифта диҳед!
Падарам, бе он ки чашмашро аз теғ (шона) ва моку барканда аз кор бозистад, ба ман гуфт:
— Ҳамон ҳалвое, ки дар даст дорӣ, равған ҳам дорад, боз чӣ гуна ҳалвои равғанӣ мехоҳӣ?
— Ман як ҳалвои равғание, ки бисёр бамаза аст ва аз ин неш нахӯрдаам аз ҳамон мехоҳам.
— Хӯрда надида бошӣ, бамаза будани вайро аз куҷо фаҳмидӣ?
— Акаам гуфтанд.
Акаам патаррос зада аз сари дӯкони падарам гурехт. Чунки аз ин ҷавоби беэҳтиётонаи ман бо иғвои акаам будани ин талаби ман ба пеши падар ошкор шуда буд. Падарам хандида ба ман гуфт:
— Рав, бибиатро гӯй, акаатро ба пеши ман гирифта биёрад. Ман ба пеши модарам рафта ин фармойиши падарро расонидам. Акаам дар он ҷо буд. Ӯ маро коҳиш кард:
— Бамаза будани ҳалвои равғаниро ба падар чаро аз забони ман нақл кардӣ — гуфт.
Ман дар ин коҳиш акаамро ҳақнок медонистам, лекин гарданам ёрӣ намедод, ки худро дар пеши ӯ гунаҳгор шуморам. Бинобар ин ба ӯ гуфтам:
— Хуб, дар ҳамон вақт дар ҷойи ман шумо мешудед, ба он пурсиши падар чӣ ҷавоб медодед?
Акаам ба ин савол ҷавоб ёфта натавониста суп-сурх шуд. Чунки дар он вақт дигар гуна ҷавоб додан мумкин набуд. Хатои ман дар ин буд, ки бо вуҷуди хӯрда надиданам, ҳалвои равғаниро ба пеши падар бамаза шумурда будам. Аммо ин хатои ман ба хотири акаам нарасид. Ҳарчанд акаам розӣ нашуда бошад ҳам, модарам ӯро кашола карда ба пеши падарам бурд. Мо ҳамагӣ гумон доштем, ки падар ӯро ба сабаби иғвогариаш коҳиш хоҳад кард. Аммо ӯ ин тавр накард ва хандакунон айнакашро аз чашмаш бардошта ва вайро пок карда истода ба акаам гуфт:
— Муҳиддин, ту деҳаи Болои Рӯдро медонӣ?
— Медонам.
— Дар он ҷо дар лаби рӯд ҷӯйи осиё ҳаст. Дар вақти тамошо додани осиё ман ба ту нишон дода будам-а?
— Ҳа-ҳа!
— Медонӣ?
— Медонам!
Баъд аз он падарам ба модарам нигоҳ карда гуфт:
— Ҳар дуи инҳо маслиҳат кардаанд, ки ман имрӯз ба инҳо ҳалвои равғанӣ гирифта диҳам. Майлаш, имрӯз рӯзи бозор аст, шаби бозорашон ҳам ҳамин мешавад. Дигар чиз пухтан даркор не. Ту аз ҳамин вақт сар карда ноча (найча)- андозӣ кун. Ночаҳо қариб тамом шудаанд. Ба ҷойи ошпазӣ ҳам ночаандозӣ мекунӣ. Ман тарсида будам, ки агар Муҳиддин Болои Рӯдро надонад, бояд бари ҳалвохарӣ худам мерафтам. Ҳарчи ин он ҷоҳоро медонистааст, худаш рафта меорад, ман аз корам намемонам.
Падарам аз кисааш як танга (15 тин) бароварда ба акаам дода гуфт:
— Аз ҷӯйи осиё, ки гузаштӣ, пули рӯд сар мешавад, ҳавлии калон рӯ ба рӯйи пули рӯд аст, ин ҳавлии Усто Бароти ҳалвогар аст. Дар даруни ҳавлӣ як хонаи калон ҳаст, ки вай ҳалвогархона аст, ба ҳамон хона даромада, ҳар касе, ки , дар он ҷо бошад, салом дода, маро ном гирифта ҳамин як тангаро деҳ ва «маро фиристоданд, ки як қабза ҳалво барам» — гӯй. Як қабза ҳалворо дар коғаз печонда медиҳад, гирифта меорӣ.
— Як қабза ҳалво чӣ қадар мешавад? — аз падар ман пурсидам.
— Як лӯнда!
— Як лӯнда ҳалворо ман мехӯрам ё акаам? — гуфта тааҷҷубкунон боз пурсидам.
Падарам дастгаҳи бофандагӣ ва мокуро ба ҳолашон гузошта ду кафи дастонашро бо ангуштонаш чанголмонанд ҳам карда ва ҳар дуи онҳоро ба ҳам часпонда ба ман нишон дода:
— Ана ҳамин қадар як лӯндаи калон мешавад, — гуфт ва илова намуд: — ин қадар лӯндаи калон ба ҳамаамон мерасад.
Акаам ба рафтан тайёр шуд, бо рухсати падару модар ман ба ӯ ҳамроҳ шудам. Мо барои ҳалвохарӣ ба деҳаи Болои Рӯд равон шудем. Деҳаи Болои Рӯд ба тарафи шимоли Маҳаллаи Боло буда, дар байни ин ду деҳа тахминан ҳазор қадам роҳ буд. Аз назди ҳавлии мо, ки дар охири деҳа буда, пешаш ёбони кушода буд, дарахт ва иморатҳои Болои Рӯд намуда меистод. Мо аз болои заминҳои кишт, ки пурбарфи яхбаста буд, яхмолаккунон рафта ба болои рӯд расидани худро нафаҳмида мондем.
Деҳаи Болои Рӯд дар шимолии рӯди кӯҳнаи Шофирком ва дар канори он воқеъ шудааст.
Бинобар ин он деҳаро Болои Рӯд номидаанд. Дар канори ҷанубии он рӯд як ҷӯйчаи осиё буд, ки дар вақти пуроб шуданаш аз вай як санг осиё мегардидааст.
Дар вақте ки мо ба он ҷо расидем, дар ҷӯйи осиё ҳеҷ об набуд ва дар даруни рӯд ҷо-ҷо обҳои кӯлмаки яхбаста менамуд. Ман аз акаам хоҳиш кардам, ки ба ман осиёро нишон диҳад. Бинои осиё 20 қадам пойинтар аз гузаргоҳи рӯд намуда меистод.
Акаам ин хоҳиши маро қабул карда осиёро ба ман тамошо дод.

Ҳалвогархона

Мо осиёро тамошо карда шуда баромадем; азбаски дар рӯд об набуд, барои аз вай гузаштан ба сари пул нарафтем, балки бар рӯйи кӯлмакҳои яхбастаи рӯд яхмолакбозикунон ба пеши пул омада, аз он ҷо ба канори шимолии рӯд баромадем ва ба ҳавлие, ки дарвозааш рӯ ба рӯйи пул кушода мешуд, даромадем. Дар рӯйи ҳавлӣ як хонаи бисёр калон ва баланди похсагин буд, ки калониаш аз хонаҳои нишасти нӯҳболори муқаррарӣ қариб чор баробар меомад. Ин аз тарафи ҷануб як дари дутабақа ва як дари яктабақа дошт, ки ҳар дуи онҳо хам пӯшидагӣ буд.
Мо дари яктабакаро, ки ба даромадгоҳи дарвоза наздик буд, кушода ба даруни хона даромадем. Дар тарафи пойини хона як қатор оташдонҳо буд, ки дар онҳо дегҳоро каҷ, яъне лабҳои пушти онҳоро баланд ва лабҳои пешашонро ба тарафи пеш паст ва хам карда шинонда буданд. Дар баъзеи ин дегҳо шиннӣ ҷӯшонда киём мегирифтанд, дар баъзе дег оби бехро бо як даста химчаи ба ҳам басташуда, ки вайро чилчӯб меномиданд, зада кафк мекунониданд. Дар охири қатори оташдонҳо як дегро бар рӯйи оташдон ба тарзи оддӣ монда буданд, ки дар вай равған доғ мекарданд. Дар як деги калони каҷ шинондашуда касе орди бирёнро кам-кам ба қиём мерехт ва ду каси дигар бо ду бели чӯбин он қиёмро лат медоданд ва қиёми бо орд омехтаро ба бел ба ҳаво бардошта бо шиддати тамом баргардонда ба даруни дег мезаданд.
Як одами миёнсоли гандумгуни ришкалон, ки қади баланде дошт, ба дигарон корфармойӣ мекард ва роҳи корро нишон медод. Дар тарафи дигари ин хона як суффаи васеи баланд буд ва бар рӯйи вай як лаълии тахтагини бисёр васеъ, ки қутраш — кӯндалангиаш тахминан ду метр меомад, ниҳода шуда буд. Бар гирдогирди ин лаълӣ пӯстакчаҳое ба замин паҳн карда шуда буданд. Дар канори суффа ва наздик ба лаълии чӯбин дар як қуттӣ орд буд.
Як вақт корфармо омада бо бели оҳанини новашакл аз он қуттӣ орд гирифта бар рӯйи лаълии чӯбин пошид ва баъд аз он боз ба сари деге, ки дар вай ордро бо қиём меомехтанд, рафта ба рафти кор нигоҳ карда истод. Вақте ки орди бо қиём омехташуда монанди хамири нон ғафс шуд, корфармо ба белзанон:
— Бас кунед, кашонед! — гуфт.
Белзанон бар рӯйи белҳои худ хамири қиёминро бардошта бурда, бар рӯйи лаълии чӯбин рехтан гирифтанд.
Дар ин вақт корфармо, ки магар аз корҳои заруриаш фориғ шуда буд, ба мо нигоҳ карда:
— Ба кӣ кор доретон? — гуфта пурсид.
Акаам салом дода як тангаро ба ӯ дароз карда аз номи падарам:
— Як қабза ҳалво диҳед будааст! — гуфт.
— Бисёр хуб, — гуфт корфармо, — лекин ҳалвое, ки пагоҳонӣ пухта будем, ба бозор рафт, камтар тамошо карда истетон, ҳалвои тоза тайёр мешавад, медиҳам.
Хамири қиёмиро бар рӯйи лаълии тахтагӣ кашонда шуданд. Ҳамаи он касоне, ки дар сари дегҳо буданд, дастҳошонро то оринҷ шуста пок карда, омада дар гирдогирди лаълии тахтагӣ бар рӯйи пӯстакчаҳо дузону нишастанд. Дар пешгоҳи ин давра худи корфармо ҳам нишаст. Фақат як кас, ки ҷавони хурдсоле менамуд, бели оҳанини новашаклро гирифта ба пеши қуттии орд рост меистод.
Ҳалвогарон хамири қиёмиро бо дастони худ як лӯлаи дарозе сохта, ду нӯги он лӯларо ба ҳам пайванд дода як ҳалқа карданд ва ҳамаашон бар рӯйи лаълӣ хам шуда, он ҳалқаро молиш дода- молиш дода як ҳалқаи васее карданд, ки канорҳои ҳалқа ба канорҳои лаълӣ расид. Баъд аз он ҷавони белдор бар рӯйи он ҳалқаи хамирин қадаре орд пошид ва ҳалвогарон он ҳалқаро чапу рост дуқат карда бар рӯйи ҳам партофта як ҳалқаи дуқабатаи хурд ба вуҷуд оварданд ва баъд аз он боз он ҳалқаро молиш дода-молиш дода як ҳалқаи васеи мисли аввала ба вуҷуд оварданд; боз ҷавони белдор бар рӯйи он ҳалқа орд пошид, боз ҳалвогарон он ҳалқаро ду қабат карда як ҳалқаи хурд сохтанд, ки дар вай чор қабат хамир буд.
Ҳалвогарон кори худро ҳамин тарз давом доданд: дар дафъаи сеюм як ҳалқаи 8-қабата, дар дафъаи 4-ум як ҳалқаи 16-қабата, дар дафъаи 5-ум як ҳалқаи 32-қабата, дар дафъаи 6-ум як ҳалқаи 64-қабата, дар дафъаи 7-ум як ҳалқаи 128-қабата, дар дафъаи 8-ум як ҳалқаи 256- қабата, дар дафъаи 9-ум як ҳалқаи 512-қабата, дар дафъаи 10-ум як ҳалқаи 1024-қабата пайдо шуд ва ба ҳамин тариқа кор давом намуда, дар 25 дафъа як ҳалқае пайдо шуд, ки қабатҳои вай монанди торҳои калова борик менамуд.
Устои ҳалвогар ба коргарони худ:
— Акнун бас, — гуфт ва худ корди калонеро ба даст гирифта он ҳалқаро ба дарозии як ваҷаб-як ваҷаб бурид ва яке аз он лӯндаҳоро дар тарозуе, ки дар як гӯшаи он суффа истода буд, ниҳода баркашид, ҳалво қадаре сабук баромад. Аз як лӯндаи дигар қадаре ҷудо карда ба болои он монда баркашашро баробар кард. Баъд аз он лӯндаи аввалиро дар коғаз печонда ба дасти акаам дода:
— Инро ба падарат бар! — гуфт ва ҳалвои бӯлакеро, ки дуюмбора ба тарозу ниҳода буд, ду тақсим карда ба дасти дуямон дод ва:
— Инро хӯрда-хӯрда раветон! — гуфт. — Мо давон-давон ба тарафи хона равон шудем, ки рӯз хеле бевақт шуда буд.

Регкӯчӣ

Баҳорон буд, зардолуҳои рӯйидаричаи мо гул карда бо шукуфаҳои худ дар боғча зинати хубе дода буданд. Деҳқонони деҳаи Маҳаллаи Боло ба заминронӣ, ҷӯйковӣ ва токкушоӣ машғулӣ мекарданд. Деҳқонбачагон говон, гӯсфандони худ, ё аз они хӯҷаинонашонро дар лаби ҷӯйҳои навсабзида ва дар заминҳои ҳанӯз ронданашуда мечаронданд. Дар яке аз чунин рӯзҳо ман ба тамошои шукуфаҳо ва сабзаҳои рӯйидаричаи худ қаноат накарда хостам ба ёбон — ба киштзорҳо баромада сайругашт намоям. Ин фикри худро ман ба акаам гуфта аз ӯ хоҳиш кардам, ки дар ин сайругашт ба ман ҳамроҳӣ намояд, ӯ ин таклифи маро қабул намуд, аммо аз падару модар рухсат гирифтанро ба гардани ман бор кард.
Баҳорон буд, зардолуҳои рӯйидаричаи мо гул карда бо шукуфаҳои худ дар боғча зинати хубе дода буданд. Деҳқонони деҳаи Маҳаллаи Боло ба заминронӣ, ҷӯйковӣ ва токкушоӣ машғулӣ мекарданд. Деҳқонбачагон говон, гӯсфандони худ, ё аз они хӯҷаинонашонро дар лаби ҷӯйҳои навсабзида ва дар заминҳои ҳанӯз ронданашуда мечаронданд. Дар яке аз чунин рӯзҳо ман ба тамошои шукуфаҳо ва сабзаҳои рӯйидаричаи худ қаноат накарда хостам ба ёбон — ба киштзорҳо баромада сайругашт намоям. Ин фикри худро ман ба акаам гуфта аз ӯ хоҳиш кардам, ки дар ин сайругашт ба ман ҳамроҳӣ намояд, ӯ ин таклифи маро қабул намуд, аммо аз падару модар рухсат гирифтанро ба гардани ман бор кард.
Ман аввал ба пеши модарам рафта фикри худро гуфта аз вай рухсат пурсидам.
— Аз падарат ҷавоб гир, агар он кас шумоёнро ба тамошои ёбон ҷавоб диҳанд, ман монеъ намешавам, — гуфт модарам.
Ман ба пеши падар рафтам. Ӯ дар зери айвончаи меҳмонхона ба чархиосиётарошӣ машғул буд, ба чашмаш айнак гузошта сӯрохҳои паррагузаронии чархро бо як диққат ва ғайрат бо искана мекофт. Баъд аз қадаре кофтан бо як чӯбча, ки дар вай бо сиёҳӣ хати бисёре кашида шуда буд, чуқурии ҷойи кофтаи худро андоза карда дид. Баъд аз он бо як қалами фӯлодин, ки дамаш аз дами искана тунуктар буд, он сӯрохро суфта кард ва пас аз он ба ман нигоҳ карда:
— Ҳа, чӣ мегӯйӣ? — гуфта пурсид.
— Ба ёбон ба тамошо мебароем, ба ҷавоб гирифтан омадем.
— Бо кӣ?
— Бо акамуллом.
— Акаат ҳеҷ ҷой намеравад, ӯ дарсҳои якҳафтагиашро такрор карда аз ёд накардааст. То ҳамон дарсҳояшро ёд карда аз пеши ман нагузаронад, ман ӯро на ба тамошо ва на ба бозӣ — ба ҳеҷ ҷо рухсат намедиҳам. Худат равӣ, майлат, — гуфт.
— Ин тавр бошад, худатон маро бурда тамошо диҳед!
— Худат рафтан гир! Туро гург намехӯрад, ёбон пур аз бача, дар лаби рӯд Эргаш акаат ҳам будагист, ӯ подаи худро бештар дар ҳамон ҷоҳо мечаронад.
Ман ба ёбон баромадам. Ёбон аз рӯйидаричаи мо васеъ ва хушҳавотар буд, боди сабуке мевазид ва ба димоғи кас як бӯйи хуши нозукеро меовард. Майсаҳои ҷаву гандуми тирамоҳ кишташуда замини сиёҳро пӯшонида сабзу хуррам карда буданд. Сабза ва себаргаҳои лаби ҷӯй ва дигар алафҳои худрӯ ба назари кас ҳим-ҳим тофта чашми одамро мебурданд. Ҳаво на сард буду на гарм ва бағоят форам буд. Деҳқонбачагон дар кашшукҳо ба харҳошон нурӣ бор карда оварда, вайҳоро дар заминҳои кишта шуданӣ мерехтанд ва дар бозгашт харҳои аз бор халос шудаашонро савор шуда бо ҳам пойга мемонданд ва хартозӣ мекарданд.
Ман рост ба лаби рӯд рафтам, ки дарахтҳои канори вай аз пеши ҳавлии мо намуда меистод.
Дар ин тараф — дар тарафи ҷануби рӯд касе набуд, фақат бар шохҳои дарахтони бед, ки нав сабзимадон 10 баста буданд, фароштурукон ва гунҷишкон нишаста хониш мекарданд ва хониши онҳо ҳам монанди ҳавои он ҷо ба кас мефорид.
Дар он тараф — дар тарафи шимоли рӯд, бар болои хомаи пастаки рег чӯпонбачагон бо ҳам гӯштигирӣ мекарданд. Дар миёни онҳо Эргашака ҳам буд. Ман бар лаби рӯд гӯштигирии онҳоро тамошо карда нишастам. Азбаски дар рӯд андак об буд, аз гузаштан тарсидам.
Як вақт чашми Эргаш ба ман афтода «биё-биё!» гӯён худ ба лаби рӯд фуромад ва сухани худро давом дода:
— Биё, гузар, оби рӯд аз буҷулаки поят намеояд, натарс! — гуфт. Ман эзорпочаҳоямро боло карда ба об даромадам, дар ҳақиқат ҳам оби рӯд ба буҷулаки поям нарасид. Аз рӯд гузаштам ва бо Эргаш ба пеши бачаҳо баромадем. Баъд аз баромадани мо бачагон гӯштигириро монда ба гиргиракбозӣ даромаданд: яке мегурехт ва дигаре ӯро пеш карда ба вай расида медошт ва агар дошта натавонад, бой додагӣ ба шумор мерафт. Аммо реги сурхи шаффоф, ки монанди орди бехташуда маҳин ва нарм буд, дар зери пойи бачагон намеистод, яке аз паси дигаре поҳошон ба рег ғӯтида ё лағжида меафтоданд.
Ин гуна бозӣ ба зудӣ бачагонро монда кард, баъзеҳо бар рӯйи реги нарм дароз кашида ва баданашонро дар зери офтоби баҳорӣ тофта ёзиданд, баъзе дигарашон аз паси пода ва рамаашон рафтанд.
Ба ман аз бачагон дида баррагон ва бузғолагони навзод ҳунармандтар намуданд: инҳо дар рӯйи рег оромтар ва осонтар медавиданд.
Бузғолагон ҳам монанди бачагон ба ҳам шох ба шох монда ҷангбозӣ мекарданд, яке мегурехт, дигаре пеш мекард ва баррагони дар вақти чаро аз модар дурмонда аз қафои рама баосзанон медавиданд, аммо ҳеҷ кадоми инҳо намеғалтиданд.
Эргашакаам ба ман гуфт:
— Ту ба падару модарат савғоӣ намебарӣ?
— Аз ёбони регзор чӣ гуна савғоӣ бурда мешавад? — ман тааҷҷубкунон аз ӯ пурсидам.
Эргаш боз пурсид:
— Ту занбӯруғ хӯрдаӣ?
— Не нахӯрдаам, агар хӯрда бошам ҳам, дар ёдам намондааст!
— Бо таъсири борони дирӯза дар регзор чунон бисёр занбӯруғ рӯйидааст, ки ҷувол-ҷувол чидан мумкин аст. Ман барои хонаи худҳомо як халта чидам.
— Майлаш, — гуфтам ман дар ҷавоби ин таклифи ӯ. Эргаш чӯбдасти подабонии худро ба даст гирифт ва ҳар ду аз хомаи пастаки рег гузаштем, дар хомаи сеюм, ҳар гоҳ ӯ ҷойи дамидаи регро медид, бо нӯги чӯбдасташ он ҷоро мекофт ва аз таги пардаи тунуки рег занбӯруғҳо намудор мешуданд. Ман ба чидан сар кардам ва қариб доманамро пур карда будам, ки Эргаш ба ман гуфт:
— Доманатро кушо, бинам, ки ту чиҳо чидаӣ? Ман кушодам, ӯ ба занбӯруғҳо як нигоҳ карда:
— Ба замин рез! — гуфт. Ман рехтам, ӯ замбӯруғҳои бар замин рехташударо ба ду қисм чудо кард, як қисми онҳо калон-калон ва кӯтоҳгардан буданд ва қисми дигарашон дароз ва борикгардан буда, сарҳошон монанди пулакча паҳн ва тунук буданд. Эргаш қисми калон-калони онҳоро, ки хеле кам буданд, ба ман нишон дода:
— Ана инҳо хӯрдашуданӣ ва бамазаанд, — гуфт ва гарданборикҳоро нишон дода, сухани худро давом кунонид:
— Инҳо талх ва заҳрдоранд, инҳоро хӯрдан мумкин нест.
Мо як-ду хомаро гашт карда як каллапӯш занбӯруғи хӯрдашуданӣ чидем. Дар ҳамин вақт шамол хеста ҳаво вайрон шудан гирифт, то ба лаби рӯд омадани мо вазиши бод шиддат карда ҳаворо гарду ғубор фурӯ гирифт. Молҳо бесаришта шуданд. Бачагон «ҳаю бош» гуфта ба пароканда шудани онҳо монеъ мешуданд. Эргаш ҳам подаи худро тӯб карда ба канори рӯд, ки як қадар аз регзор чуқуртар буд. фуровард.
— Рег кӯчида истодааст, — як бача аз болои хомаи рег бо оҳанги хаяҷономез гуфт.
Эргаш давида ба болои хомаи рег баромад ва ман ҳам аз дунболи ӯ давидам. Шамол аз тарафи шимоли шарқӣ меомад. Ман пуштамро ба тарафи омади шамол карда, якрӯя роҳ рафта базӯр ба рӯйи хомаи рег баромадам. Рег монанди оби истодае, ки дар шамол лаппиш хӯрад, лаппида- лаппида, оҳиста-оҳиста пеш меомад ва қабатҳои рӯйи рег лаппиш хӯрда ба канори рӯд мешориданд ва қабатҳои зерин лаппида аз дунболи онҳо ба ҳаракат медаромаданд. Шамол торафт шиддат мекард ва рӯйи ҳаво аз ғубор тиратар мешуд.
Бачагон пода ва рамаҳои худро ба тарафи деҳа ронданд, молҳо, гӯё ки онҳоро гург пеш карда бошад, бо як ҳароси ваҳшиёна ба тарафи деҳа медавиданд. Ман ҳам як каллапӯш занбӯруғро ба сари синаам маҳкам часпонда роҳи хонаро пеш гирифтам. Замини киштзор монанди регзор ғежонак набуд ва шамол ҳам аз дунбол — аз тарафи пушт мевазид. Бинобар ин ба тарафи хона рафтан он қадар душворӣ намекард. Лекин дар замин ва ҳаво аз он таровате, ки ман дар вақти ба сайру гашт баромаданам дида будам, асар намонда буд, майса ва сабзаҳо дар зери гарду ғубори рег монда пажмурда шуда буданд.
Ман ба хона расидам, падарам ҳанӯз ба кофтани сӯрохҳои чархи осиё машғул буд, ӯ чунон машғул буд, ки ҳатто аз ман «чиҳоро тамошо кардӣ, то куҷоҳо рафтӣ» гуфта напурсид. Ман баъд аз қадаре ба кори падарам нигоҳ карда истодан ба пеши модарам рафтам ва занбӯруғҳоро ба ӯ дода хоҳиш кардам, ки зудтар пухта диҳад, чунки бисёр гурусна монда будам. Модарам занбӯруғҳоро дид:
— Эҳе! Ин бисёр, ба ҳамаамон мерасад, — гуфт.
Акаам, ки дар пешгаҳи хона нишаста дарс тайёр мекард:
— Хабардор шавед, мабодо ӯ занбӯруғҳои заҳрдорро чида наомада бошад, — гуфт ба модарам.
— Ман занбӯруғи хӯрдашуданиро аз занбӯруғи заҳрдор фарқ карда метавонам, — гӯён ба акаам мағрурона ҷавоб додам.
— Ҳамааш занбӯруғҳои хуби хӯрданбоб! — гӯён модарам сухани маро тасдиқ кард ва барои тоза карда дар равған бирён кардан ба сари оташдон бурд.
Падар то вақте, ки чашмаш кор мекард, ба болои чархи осиё кор кард, аммо он рӯз аз ҳаррӯза барвақттар рӯз торик шуд, бод шиддат карда, аз ҳавои гарду ғуборолуд регборон сар шуд, рег монанди борон борида, дар андак фурсат рӯйи заминро регфарш кард, ҳарчанд дарҳои хонаро пӯшонда чароғ гиронда будем, аз тарқишҳои дар рег ба хона ҳам медаромад.
Баъд аз хӯрдани занбӯруғбирён, ки нахустин бор меҳнати ман ҳам дар вай ҳамроҳ шуда буд, ман ба зудӣ хобидам. Мондагии онрӯза маро чунон ба хоб ғарқ кард, ки ман баъд аз сафед шудани рӯз, дар вақте, ки падарам ба модарам бо ҳаяҷон ва бо оҳанги андӯҳу надомат гап мезад, бедор шудам. Назар ба нақли падарам, бисёр ҷоҳо ва деҳаҳоро рег зер кардааст, бисёр киштзорҳоро нобуд намудааст ва аз ин ҷумла боғи ангури бобоямро ҳам рег пахш кардааст.
— Чоятро зудтар тайёр кун, барои халос кардани як қисми токҳои падарат ва барои дар оянда пешгирӣ кардан аз ин гуна ҳодисаҳо ба онҳо ёрмандӣ карданам даркор аст, — гуфт падарам.
Ман аз ҷой хеста берун баромадам, ҳаво соф ва ором буд, боди сабуке мевазид, аммо рӯйи ҳавлӣ ва замини рӯйидарича ба регзоре монанд гашта буд; дар реги рӯйи ҳавлӣ ва замини боғча кафш то пошнааш меғӯтид, шукуфаҳои дарахтони зардолу монанди мурдаҳои занбӯрҳои асал ба назар менамуданд, сабза ва майсаҳо бошанд, дар зери рег тамоман нопадид гардида буданд, боғчае, ки дирӯз бо шукуфа ва сабзаҳои навхези худ шодӣ бар шодии кас меафзуд, имрӯз монанди хонаи мотамзадагон андӯҳовар ва ғамангез гардида буд.
Ман дасту рӯйи худро шуста ба хона даромада дар паҳлуи падарам нишастам, ҷойи қаймоқиро бо ҳам хӯрдем. Акаам дар гӯшаи худ ба сари дарстакроркуниаш рафт. Падарам ба модарам фармуд, ки табар, дасттеша, дастарра ва дасткола (токбур)-ро тайёр кунад ва худаш ҷомаҳои кориашро пӯшида, миёнашро аз рӯй баста барои рафтан ба ёрии бобом тайёр шуд.
— Ман хам меравам, — гуфтам ман ба падарам.
— Майлат, дирӯз заминҳои сабзу хуррамро тамошо карда омадӣ, имрӯз биёбони регзори бенамро мебинӣ. Дар зиндагӣ ҳар кадоми инҳоро дидан даркор аст, — гуфт падарам.
Мо — падар ва писар аз хона баромада ба ҳавлии бобоям рафтем. Дар он ҷо Қурбонниёз, Равшанниёз ва Ниёзхон, ки инҳо писарони бобоям-тағоиҳои ман буданд, ба кор тайёр шуда буданд. Аммо Алихон, ки фарзанди панҷуми бобоям буд, ба аспаш хӯрҷини пурчояшро бор карда рафтагори бозор буд, чунки ӯ чойфурӯши чорбозоргард 11 буд.
— Ту чаро ба дафъи ин фалокати умумӣ ҳамроҳӣ накарда дар ҳамин рӯз ҳам бозор рафта истодаӣ? — гуфт падарам ба ӯ.
— Ба ман на боғ даркор, на замин. Барои ман бозор бошад бас. Оламро обу азоб гирад, парво надорам, — гуфт Алихон дар ҷавоб.
— Сиёҳдили бадботин, — гуфт падарам худ ба худ ғур-ғуркунон. Аз хона овози бобоям шунида шуд:
— Ба ӯ гап назанед, ӯ аз мо нест, ӯ хук аст, — мегуфт ӯ.
Маълум мешуд, ки бар болои ҳамин кор — яъне кори ба ёбон рафта як қисми токҳо ва киштҳоро аз рег халос кардан падару писар бо ҳам ҷанг карда будаанд.
Тағоиҳо каланд, табар, дасткола ва дигар асбобҳоро дар ғалтакҳо ниҳода пеш ронданд. Бобоям нон, чойҷӯш ва дигар чизҳоро ба хӯрҷин андохта ба хар савор шуд ва маро ҳам ба пушти ӯ ба хар савор карданд ва падарам пиёда, – ҳамагӣ роҳи ёбонро пеш гирифтем. Модаркалонам баланд-баланд дуо хонда дафъи фалокатро аз Худо мепурсид ва барои ба кор рафтаистодагон ривоҷи кор металабид.

Мубориза бо реги равон

Боғ ва киштзори бобоям дар охиртарини ёбони Қо-қо буд. Ёбони Қо-қо дар тарафи шарқии Маҳаллаи Боло буда, ба киштзори деҳаи Қарахонӣ, ки боз ҳам шарқтар буд, мепайваст. Ёбони Қо-қо дар ҷануби рӯди кӯҳнаи Шофирком буда, то он рӯз аз серобтарини заминони он давру пеш ба шумор мерафт. Вақте ки мо ба он ёбон расидем, ғайр аз биёбони регзор дигар чизеро надидем, дар/тарафи шимоли шарқии ин ёбон хомаҳои калон-калони реги равон пайдо шуда буданд ва дар тарафи ҷануби ғарбиаш дараҷа ба дараҷа рег камтар шуда омада, дар охирҳои ин майдон то ба қади зонуи одам рег паҳн шуда мехобид.
Дар ёбон одамон монанди мӯру малах дар ҳаракат буданд: дар тарафҳои шимоли шарқии боғҳои ангур ва заминҳои кишти худ шох мебастанд, токҳоеро, ки баъд аз кушодан дубора дар зери рег монда буданд, дубора мекушоданд, дар ҷойҳое, ки рег бисёр ғун шуда кишт ё токро дар чуқурии зери худ гузошта буд, бо ғалтак ва ҷуволча регкашонӣ мекарданд ва он регҳоро бурда ба ҷоҳои безарартар ё камзарартар мепартофтанд…
Мо ба боғи бобом расидем. Бобом ду боғ дошт, яке аз онҳо ду таноб (ним гектар) буда, бедевор ва дигаре як таноб буда, се похса девор дошт. Боғи бедевор тамоман дар зери рег монда, дар ҷойи боги ангур хомаи калони рег пайдо шуда буд, боғи девордор, ки дар канори рӯд буд, рег кӯчида омада аввал рӯдро тамоман гӯронида баландии худро ба девори сепохса расонида ва аз он ҷо шорида даромада сеяки вайро пахш кардааст. Ҷойи тарс дар ин ҷо буд, ки бо вуҷуди ором гирифтани ҳаво ва суст шудани бод ҳанӯз рег аз шимоли шарқӣ ба ҷануби ғарбӣ оҳиста-оҳиста ҳаракат мекард ва ба боги девордор ҳанӯз рег монанди обе, ки аз роши ҷӯйи пуроби саршор шорида фурояд, кам-кам мефуромад ва лангон-лангон бошад хам, оҳиста- оҳиста пеш мерафт ва навдаҳои пунбакбастаи токро дар оғӯши нарми худ мекашид.
Бобом дар зери дарахти чинигуҷум, ки дар сарҳавзи боги бедевор буд ва дар он ҷо ӯ то ду рӯз пеш нишаста боғ ва рӯдро тамошо мекард, хӯрҷин ва кӯрпачаи худро паҳн карда нишаст. Фақат ҳозир дар он ҷо на ҳавз буд ва на рӯд, дар ҷойи онҳо як хома рег буд, ки баландиаш қариб ба шохҳои он дарахт мерасид.
Падарам ба тағоиҳоям фармуд, ки шохҳои дарахтони бед, сафедор, тут ва гуҷумро бурида як қисми он шохҳоро ба пеши девори боги девордор кашонанд ва дигарашро ба тарафи шимол ва шарқи боғи бедевор бурда ҳар ҷо-ҳар ҷо мондан гиранд. Тағоиҳо шохҳоро ба пеши боги девордор бурдан гирифтанд, падарам бо дасткола аз он шохҳо ходаҳои дароз-дароз ҷудо кард ва он ходаҳоро дар байни рег ва девор аз тарафи беруни боғ мехмонанд зада қатор кард ва баъд аз он шохҳои майда ва химчаҳоро дар байни ходаҳои қатор сабадвор бофт ва дар охири ин кор ба тағоиҳоям гуфт:
— Агар шумоён як рӯз ғайрат карда регҳои даруни ин боғро ба берун кашонида резетон, ин боғ тамоман аз ҳалокат халос мешавад.
Баъд аз он падарам ба сари боғи бедевор рафт, дар тарафи шимол ва шарқи он бог ҳам як қатор хода зада баромад ва дар байни онҳо шох бофтанро ба тағоиҳоям фармуд.
Падарам то тамом кардани ин кор на нон хӯрд ва на чой нӯшид, тағоиҳо хам, албатта, ба вай пайравӣ карданд ва баъд аз тамом шудани ходазанӣ ҳамаашон ба пеши бобом ғун шуда хӯрок хӯрданд. Баъд аз таом падарам ба бобом гуфт:
— Ман акнун меравам, бачаҳо шохбофиро хуб омӯхтанд, худашон бофтан мегиранд, регкашонӣ ва токҳоро аз рег пок кардан бошад, меҳнати дуру дарозеро талаб мекунад, шумо сар шуда истед, писарҳо ин корро ҳам ба анҷом мерасонанд.
Бобои пир ва қариб барҷомондашуда падарамро дуо ва миннатдорӣ карда гусел намуд ва дар вақти ба роҳ баромадани мо Қурбонниёз тағоиям ба падарам гуфт:
— Язнамулло! Ман шумо барин бағайрат шуданро мехоҳам.
— Агар хоҳӣ, ман баринак не, аз ман зиёдтар бағайрат, коркун ва кордон шуда метавонӣ, ҳама гап дар хостан ва хоҳиши худро ба кор даровардан аст. Агар танбалон ва танпарварон медонистанд, ки кор чӣ гуна бадани касро сахт мекунад ва дили касро ҳузур медиҳад, ҳеҷ гоҳ дар сояи бекорӣ намехобиданд.
Мо ба роҳ даромадем. Аммо падарам бо роҳи омадагиамон ба тарафи деҳа нарафта, аз болои рӯде, ки сар то сар пур аз рег шуда буд, роҳро пеш гирифт.
Мо ба деҳаи Болои Рӯд расида дидем, ки дар он ҷо ба ҷойи он деҳаи ободе, ки то дирӯз буд, як харобазори ваҳшатоваре пайдо шудааст. Ҳама ҳавлиҳои ин деҳа аз рег пур буд ва гӯшаи боми баъзе хонаҳо ҷо-ҷо намоён мегардид. Занон, духтарон ва бачагон тӯб-тӯб шуда бар рӯйи хомаҳои рег ва дар ҳавои кушода менишастанд, дар пеши ин тӯдаҳои одамони бехонумонгардида парчапалосҳо, кӯрпа-болишҳо ва дегу табақҳо ҳам менамуданд.
— Мардон барои сарпаноҳковӣ ба деҳаҳои дигар рафтагӣ барин менамоянд, — гуфт падарам худ ба худ ва ба ман шунавонда.
Мо ба ҳавлии Усто Бароти ҳалвогар расидем. Дар ин ҷо аз иморат танҳо боми ҳалвогархона ба назар менамуд, ки вай аз тамоми биноҳои он ҳавлӣ ва он деҳа баландтар буд. Се тарафи ин бино ҳам то лаби бом пур аз рег буда, танҳо тарафи ҷанубаш қадаре кушодагӣ дошт, дарвоза ва дарвозахона аз рег пур буда, аз ҳар ҷо — аз болои тӯдаҳои рег ба пеши он хона даромадан мумкин буд.
Падарам аз болои рег ба пеши хона фуромада:
— Усто Барот! Шумо дар куҷо? — гӯён овоз дод.
— Ман дар ин ҷо бо бачагон зинда дар гӯр шуда нишастаам, гуфта ҷавоб дод касе аз даруни хона ва аз даре, ки мо аз вай ба он хона барои ҳалвохарӣ даромада будем, баромада бо падарам салом-алек ва вохӯрдӣ кард.
Дар ҷавоби аҳволпурсии падарам ӯ эзоҳ дод:
— Вақте ки рег ҳуҷум карда омад ва хонаи нишастамон дар зери хавф монд, ман зан ва бачагонро бо асбобу анҷомашон ба ин хона кӯчондам ва худам бо писарҳо болои бом баромада монанди он ки барф мерӯфта бошем, регҳои ба боми хона ғуншударо бо бел рӯфта истодем. Ҳамин тарз шуда аз тамоман бесарпаноҳ мондан халос шудем, — гуфт ӯ ва ба чашмонаш об чарх зад.
— Шукр кунед, дигарон тамоман бесарпаноҳ мондаанд. — гӯён падарам ӯро тасаллӣ дод ва мо ба роҳи худ давом кардем.
Дар пеши ҳавлии Усто Барот на рӯд буду на пули он, на ҷӯйи осиё буд ва на осиёхона ба назар менамуд. Бо вуҷуди ин падарам то ҷойи бинои осиёхона рафт. Бинои фарсудаи осиёхона бо вазнинии рег дар даруни гум фурӯ рафта, ҳамаи асбоби осиё ҳам дар зер мондааст ва дар берун танҳо хомаи рег ба назар намоён буд.
Мо ба ҳавлӣ омадем. Дар пеши дарвоза амакам моро пешвоз гирифт. Ӯ чанд рӯз пеш ба деҳаи Тезгузар барои бинокории касе рафта буд ва имрӯз аз он ҷо омадааст ва ба падарам хабар дод:
— Киштзорҳои Боғи Афзал, Тезгузар, деҳаи Қараяғоч бо киштзорҳояшон, тарафи шимолии Деҳнави Абдуллоҷон, Муҳаммад Боқӣ ва як қисми Кочихӯрон тамоман дар зери рег мондаанд. Мегӯянд, ки ҳуҷуми рег то деҳаи Сайидато ва қӯрғони Вардонзе расидааст.
— Акнун рӯд нест ва рӯдро тамоман рег гирифт. Аз ҷоҳое, ки аз ҳуҷуми рег берун мондаанд, ҳам умеди беҳбудӣ нест, ҳозир гуфтан мумкин аст, ки тумани Шофирком як биёбони беобу алаф гардид, — гуфт падарам ва мо ба хона даромадем.
Модарам, баъд аз рафти кори бобомро пурсида аз падарам ҷавоби даркориро гирифтан, ба ӯ гуфт:
— Шумо имрӯз ба кори падарам рафта аз кори худатон мондед ва хол он ки чархи дар даст доштаатонро зудтар тамом кардан даркор, — мегуфтед.
Падарам ба ин сухани модарам сарашро пасу пеш ҷунбонда нимхандае кард ва баъд аз он дар ҳолате, ки бар рӯй ва чашмонаш асари андӯҳ. зиёдтар гардид, гуфт:
— Ба ман ин чархро осиёбони осиёи лаби рӯд супориш карда буд ва 20 танга пешакӣ ба ман дода, хоҳиш карда буд, ки дар як ҳафта тайёр карда диҳам. Рӯзи ваъда фардост. Аммо ҳозир ба чарх ҳеҷ эҳтиёҷ намонд, чунки осиё бо ҷӯяш нест шуд. Ҳозир ман дар ғами онам, ки аз куҷо пул ёфта пули осиёбонро мегардонда бошам, — гуфт ва ба модарам чой фармуда, худ ба шунидани дарси акаам машғул гардид.

Дар Соктаре

Ман дар ин ҷо, пеш аз он ки дар Соктаре чӣ навъ рӯз гузаронидани худро нақл намоям, бояд ҳавлии дар деҳаи Соктаре доштаи худамонро тасвир кунам. Ҳавлии мо дар Соктаре дар тарафи шимоли масҷиди ин деҳа воқеъ шуда буд. Аз тарафи ғарби масҷид бо тангкӯчае, ки аз кӯчаи калони деҳа ҷудо мегардид, ба он рафта мешуд. Тарафи шарқи ин тангкӯчаро мактаб, масҷид ва чорбоғи вай ва тарафи ғарбиашро як ҳавлии калон, ки даромадаш аз кӯчаи калон буд, иҳота мекард.
Дар охири ин тангкӯча ба тарафи ғарб дар як гардишгоҳ якчанд ҳавлӣ бошад ҳам, дарвозаи ҳавлии мо рост ба тангкӯча нигоҳ карда меистод. Аммо он ҳавлӣ махсуси хонадони мо набуда, дар як доираи васеъ ҳамаи хешутаборон ҷойгир шуда буданд ва ҳар кадом қисме аз ин доираро соҳибӣ менамуданд.
Бари ин ҳавлӣ аз ғарб ба шарқ тахминан 150 метр буда, дарозиаш аз ҷануб ба шарқ тахминан дусад метр меомад. Ин масоҳа ба чор қисм тақсим ёфта, қисми якум, ки ба даромади дарвоза рост меомад, аз они мо буда, се қисми дигараш, ки дар тарафи шарқи мо буд, ба амак ва амакбачаҳои падарам тааллуқ дошт.
Ин ҳавлӣ, ё ин ки ҳавлиҳо аз тарафи ҷануб бо як деворчаи якунимпосхагӣ аз чорбоғи масҷид ҷудо шуда, аз тарафи шарқ ва ғарб бо деворҳои ҳамсоя иҳота ёфта буд, тарафи шимолаш бо деворҳои дупохсагӣ аз ёбон чудо мешуд ва дар пеши ҳар қисми ин ҳавлиҳо ба тарафи ёбон роҳи баромад ҳам буд.
Дар вақтҳое, ки ман аввалин бор ба ёд гирифтаам, дар ҳавлии даруни мо як хонаи чӯбкории кӯҳна барои нишаст ва як хоначаи хишти хом барои дӯкони бофандагӣ буд.
Аз тарафи шарқ ҳамсояи бевоситаи мо амаки падарам буда, дар вақтҳое, ки ман дар ёд дорам, ӯро «90 сол умр дорад» мегуфтанд. Ӯ дар ҳавлии дарун як хонаи фарсуда дошт, ки дар вай зани писараш менишаст ва дар ҳавлии берун як меҳмонхонаи чоркунҷаи миёнсутундори масҷидшакл дошт, ки дар вай худаш истиқомат мекард.
Ин куҳансол, ки Абдуллохоҷа ном дошт, дар вақтҳои аввал дурудгар буда, камтар замин ҳам доштааст. Аммо писараш ноқобил ва сарсаригард шуда, на дар замин ва на дар дурудгарӣ кор накардааст. Вақте ки худи ӯ пир шуда аз кор баромадааст, падар ва писар заминро фурӯхта хӯрдаанд. Дар вақтҳое, ки ман ёд дорам, ин бечора ҳеҷ даромад надошт ва таоми ӯро хешони дигар медоданд. Ӯ дар меҳмонхона менишаст ва ба касе чизе намегуфт, бар рӯйи суффа фақат барои қазои ҳоҷат ва таҳорат мебаромад.
Аммо писараш деҳ ба деҳ мегашт. Ӯ хату савод дошт. Мегуфтанд. ки ӯ дуохонӣ карда мегардад. Маълум буд, ки ӯ дар ин кори бемеҳнат хам сиёдук буда, кораш пеш намерафт. Дар хар 15-20 рӯз як бор ба хонааш меомад, аммо хӯрокворие, ки дар ҳар омадан меовард, ба занаш ва хоҳарзодаи худаш, ки бо занаш меистод, намерасид ва ба падараш чизе намедод, падарам ӯро «фосиқи маҳрум» номида буд.
Номи ин одам Иброҳимхоҷа буд. Боре падарам ӯро барои ба падараш нигоҳубин накарданаш бисёр таъна ва туфу лаънат кард ва дар охири суханаш ба ӯ гуфт:
— Агар Иброҳим пайғамбар барои ризои Худо писарашро қурбон карда бошад, ту барои танбалиат падаратро қурбон кардӣ. Ҳайф ба ту ва лаънати олам ба ту! Аммо ӯ дар ҷавоби ин ҳама суханҳои талх захрхандае кард ва харашро савор шуда ба сарсаригардиаш баромада рафт.
Дар тарафи шарқи амаки падарам як кампир буд, ки ӯро «Тӯтапошшо» мегуфтанд. Номи аслии ӯро ман намедонам ва ҳар кас, ки ин унвони пуртантанаро мешунид, гумон мекард, ки он зан бояд як зани соҳибҳашамат буда, куртаҳои шоҳиро болои ҳам пӯшида, бар болои чандин қабат кӯрпача нишаста, хизматгоронро кор мефармуда бошад. Аммо дар ҳақиқат ин тавр набуд. Дар тани ӯ як курта-лозимии ҳазорямоқ буда, аз асбоби хона танҳо як пӯстаки кӯҳнаи пашмаш рехта, як намадчаи дарида, як кӯрпа ва чанд лӯла-болиши чағбуташ намоёншуда дошт.
Умри ӯро аз ҳаштод боло мегуфтанд, қадаш чунон хам шуда буд, ки агар менишаст, сари синааш бар рӯйи зонуяш қариб мерасид, роҳ рафтан ва нишастан барои ӯ душвор буд. Бинобар ин ӯ ҳамеша рӯйнокӣ мехобид, чунонки дар зери сараш болишҳоро баланд мегузошт, инчунин дар зери ронҳояш ҳам болишҳои баланд мениҳод ва ба ин тарз мувозанаи қомати хамгаштаи худро дар вақти хобидан нигоҳ медошт.
Ин зани Абдулқуддусхоҷа ном амаки падарам буд, ки ӯ кайҳо мурда рафта будааст. Ин зан Шарофхоҷа ном писар дошт, ки вай ҳам коргурез буд. Баъд аз мурдани падараш замини ба мерос мондаро фурӯхта хӯрдааст, пас аз он ба тарафҳои Қаршӣ рафтааст, ки дар он ҷо ҳам хешовандони мо будаанд. Маълум мешуд, ки Шарофхоҷа дар Қаршӣ ҳам ғайр аз сарсаригардӣ кори дигаре надоштааст, дар ҳар сол як бор барои дидани модараш меомад ва чизе, ки меовард, дар рӯзҳои худаш дар ин ҷо будан, ки аз 15-20 рӯз зиёд набуд, тамом мешуд. Баъд аз баромада рафтани ӯ нафақаи Тӯтапошшоро хешон ва ҳамсоягон медоданд.
Дар қисми охирини ин ҳавлӣ дар тарафи шарқ писари амаки падарам зиндагонӣ мекард. Дар вақтҳое, ки ман ёд дорам, ӯ тахминан 50-сола буда, устои дурудгари бисёр ҳунарманд буд. Мегуфтанд, ки дар ҳунари чӯбтарошӣ ва кандакорӣ дар Бухоро ҳам монандаш кам ёфт мешуд. Номи ӯ Ҳидоятхоҷа бошад ҳам, ба сабаби устои ҳунарманд буданаш, мардум ӯро Устохоҷа мегуфтанд. Ӯ соҳиби хату савод буд ва ба мардум забони хуш ва муомилаи нек дошт.
Ӯ ду писар дошт, ки аз зани собиқаш таваллуд ёфта буданд, писари калонаш Сайидакбар ном дошта, бо акаи ман ҳамсол ва дар пеши хатиби деҳа дарс мехонд, писари дуюмаш Икромхоҷа ном дошта, кӯрсавод буд ва ба корҳои падараш ёрӣ медод.
Устохоҷа баъд аз мурдани зани аввалинаш зани дуюм гирифта буд, ки аз ин ду духтар дошт.
Духтарҳояш хурдсол буданд, занаш ҷавон ва аз хоҷагони хатчагӣ 12 буда, хеле калонгир буд, ғайр аз пухтупаз ба дигар кор даст намезад. Зардолуҳо рехта нобуд шуда мерафтанд, аммо ӯ ғундошта намехушконид.
Устохоҷа ҳарчанд ҳунарманд бошад ва аз кори касон кам фориғ шавад ҳам, рӯзгораш аз рӯзгори мо беҳтар набуд, бо вуҷуди ин ба Абдуллохоҷа ва Тӯтапошшо ёриро дареғ намедошт.
Дар соле, ки рӯди Шофиркомро рег пахш карда деҳаи Маҳаллаи Болоро беоб мононд, падарам моро аз ҳарсола пештар ба Соктаре кӯчонид, дар солҳои пеш мо дар вақти тутпазӣ аз Маҳаллаи Боло мекӯчида бошем, он сол тутҳо ҳанӯз ғӯра набаста кӯчидем.
Дар Соктаре акаам бо Сайидакбархоҷа ба пеши хатиби деҳа дарс сар кард, ман бо бачагони ҳамсоли худ дар ин деҳаи сероб ба ҷӯйчабозӣ даромадам. Падарам дар ин фикр афтод, ки зимистони он сол ҳам моро ба Маҳаллаи Боло набарад, чунки дар он ҷо оби нӯшокиро хам ёфтан душвор ва аз чоҳи деҳа кашидан ва ба хона кашондан даркор буд.
Бинобар ин падарам хонаи нишасти фарсударо вайрон карда, аз сари нав як хонаи мадондор, як айвонча барои ошпазӣ, як оғил ва як коҳхонаи похсагӣ сохт. Дар ин бинокориҳо ба падарам Устохоҷа ёрӣ дод. Дар лойкориҳои иморат Икромхоҷа ва акаам ҳам ба қадри қувваташон ёрмандӣ карданд, аммо Сайидакбар бо вуҷуди таклифи падараш ёрӣ надод, «ман хушхат шудан мехоҳам, агар ба лой ва хишт даст расонам, дастам аз қалам дур мешавад» — гуфт.
Он сол бештарин машғулоти ман, Ҳомидхоҷа — хоҳарзодаи Иброҳимхоҷа ва духтарони Устохоҷа бо Тӯтапошшо шуд, ӯ ба мо ҳикояҳои ғалатӣ ва шугҳо — афсонаҳои аҷиб нақл мекард. Ӯ қиссаҳои Рустам, Исфандиёр, Сиёвуш ва Абӯмуслимро аз ёд медонист ва такрор ба такрор ба мо аз он афсонаҳо нақл мекард. Ҳар кадоми мо ба ӯ нон, ғӯлунг ва ягон чизи дигари хӯрданӣ бурда ӯро ба гап медаровардем. Ӯ, дар ҳолате ки рӯйнокӣ сару поҳояшро бар рӯйи болишҳо баланд карда мехобид, ба мо ҳикоя мегуфт. Ӯ боре ба мо дар бораи як ятими доно ва бойи фиребгари нодон ҳикояте кард, ки ҳанӯз аз ёдам набаромадааст.

Бозгашт ба оғози китобҳо:

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 1

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 2

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 3

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 4

Бозгашт ба мундариҷаи умумии бахшҳои китобҳо:

Айнӣ С. Ёддоштҳо

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.