Айнӣ. Ёддоштҳо, қ. 2-1


Эй монда қадам ба роҳи мактаб,
Олист мақому ҷоҳи мактаб.
Мактаб сабаби ҳаёт бошад,
Мактаб сабаби наҷот бошад.
Мактаб ба ту ақлу ҳуш бахшад,
Мактаб ба ту шаҳду нӯш бахшад.
Мактаб ба ту дод илму одоб,
Мактаб ба ту дод дурри ноёб.
Бархез, гузор хоби худро,
Баргир ба каф китоби худро!
Рав аз ҳама пештар ба мактаб,
Шавқ аст агар туро ба мактаб.
Саъйе бинамову илму одоб,
Беҳтар зи шарики хеш дарёб!
То дар ду ҷаҳон азиз бошӣ,
Бодонишу ботамиз бошӣ.

Дар шаҳр

Даромади сухан

Азбаски бештарини вақтҳои зиндагонии маро дар шаҳр мадраса ишғол кардааст, лозим донистам, ки пеш аз баён кардани ин қисми ёддоштҳои худ дар бораи мадрасаҳои Бухоро, тартиби зиндагонии аҳли мадраса, программаи дарсҳои он ҷо, тарзи таълими мударрисони он вақт, тариқи омӯзиши талабагонашон ва умуман дар бораи он чизҳое, ки ба мадрасаҳои Бухоро дахл доранд, маълумоти кӯтоҳе дода гузарам.
Ин маълумоти мухтасар барои ҳамин ҳам лозим аст, ки бисёр ҳамзамонони ҷавони мо дар бораи мадрасаҳо, умуман, ва дар бораи мадрасаҳои Бухоро, хусусан, кам медонанд, ё баъзе чизҳои тахминӣ медонанд, ки бештарини он чизҳо ба ҳақиқати таърихӣ мухолиф аст. Чунончи, баъзе касон аз ман мепурсанд, ки «шумо кадом мадрасаи Бухороро тамом карда баромадед?» Баъзеҳо мепурсанд, ки «шумо дар мадраса ба кадом илм тахассус пайдо кардед?»
Ин гуна пурсишҳо ҳаминро нишон медиҳад, ки пурсандаи аввал мадрасаҳои Бухороро монанди университетҳои замони мо гумон кардаст ва пиндоштааст, ки ҳар талаба ба як мадраса даромада, бояд дар хобгоҳи умумии вай зиндагонӣ намуда, дар дарсхонаи вай дар пеши мударрисони махсусаш, то тамом кардани ҳамаи солҳои таҳсил, дарс хонда бошад; пурсандаи дуюм гумон кардааст, ки бояд мадрасаҳои Бухоро монанди университетҳои замони мо ба факултетҳо тақсим шуда, ҳар талаба ба майл ва хоҳиши худ яке аз он факултетҳоро тамом карда ба фанне мутахассис мешуда бошад. Аммо ин гуна суолҳо ба касоне, ки дар мадрасаҳои Бухоро хондаанд, ё ин ки аз аҳволи онҳо дуруст ва пурра хабардор шудаанд, хандаовар менамоянд.
Дар ҳар ҳол ин «даромади сухан» хонандаро аз бисёр шубҳаҳо мебарорад ва дар вақти мутолааи ёддоштҳо ӯро ба иштибоҳҳои нав ба нав намеандозад.

Биноҳои мадрасаҳои Бухоро

Биноҳои мадрасаҳои Бухоро монанди мадрасаҳои дигар қисми Осиёи Миёна бештарин дуошёна ва баъзан якошёна буда, мо то имрӯз намунаҳои онҳоро ҳам дар Бухоро, ҳам дар Самарқанд, ҳам дар Тошканд ва дигар шаҳрҳо мебинем.
Мадрасаҳо дар берун ва дарун саҳни васеи сангин, деворҳои бо хишти пухта сохташудаи мустаҳкам, тоқҳо, равоқҳо ва гулдастаҳои пурҳашамат дошта, бештарини пештоқҳо, гунбазҳо ва деворҳошон кошинкорӣ буданд.
Аммо ҷойи бошишгоҳи асосӣ, ки ҳуҷраҳои онҳо буданд, дар ғояти тангӣ ва торикӣ буда, бештарин барои хобухези ду кас базӯр кифоя мекарданд. Бештарини ин ҳуҷраҳо якдара ва пешравоқ буда, хам одам, ҳам ҳаво ва ҳам зиё аз ҳамон як дар медаромад, ба эътибори аксарият ҷойи ошпазӣ, ҳезум ва ангиштгузорӣ ва дастурӯйшӯйӣ ҳам дар пойгаҳи ҳамин ҳуҷраҳои танг ҷойгиронда шуда буданд.
Сохти мадрасаҳои кӯҳна бо ҳашамат ва шукӯҳи берунӣ ва тангӣ ва нобобии даруниаш (агар ин ташбеҳро хонандагон муносиб донанд) ба сохти зиндагонии феодалӣ монандӣ дошт, ки вай ҳам зоҳиран пуртантана ва ботинан тамоман хароб буд. Дар ин биноҳо риё, нифоқ ва зоҳирпарастии феодализм гӯё тамоман акс карда буданд.
Мадрасаҳоро аз гузаштагон баъзе ҳукмдорон ва боён, ки ё илмдӯст буданд ва ё шӯҳратпараст, сохта дар «роҳи худо» вақф кардаанд. Инчунин ба инҳо заминҳои корам, саройҳо, дӯконҳо, ҳаммомҳо ва умуман як чизи даромадноки наҷунбанда (ғайриманқул)-ро ба мадрасаашон вақф карда, даромади он чизро аввал ба таъмиру шикастурехти бино ва бақияашро ба талабаҳо, ба имом ва мударрис ва ба дигар касоне, ки дар хизмати он мадраса дахл доранд, бо саҳмҳои муайян тахсис кардаанд.
Дар замони пеш баъзе мадрасаҳо кутубхонаи махсус ҳам доштааст, ки бониҳо китобҳои даркориро харида дар он ҷо гузошта ба кутубхонадор ҳам аз вақфи мадраса саҳме таъин кардаанд.
Дар вақфномаи мадраса ва ҷоҳои даромаддиҳандаи вай бо забони арабӣ ва бо ҳуҷҷатҳои динӣ иборатҳои зерин навишта шудагӣ буданд: «Фурӯхта намешавад, ба касе бахшида намешавад, ба касе васият карда намешавад ва ба мерос гузошта намешавад ва касе, ки ин гуфтаҳоро тағйир диҳад, лаънати Худо, лаънати пайғамбари Худо ва лаънати тамоми малоикаҳо бар вай бод». Аммо бо ҳамаи ин таъкидҳо ва тарсониданҳои динӣ дар Бухорои амирӣ, ки аз ҷиҳати шӯҳрати диндориаш сифати «шарифӣ»-ро ба худ баста буд, ҳуҷраҳои мадраса мулки хусусӣ шуда дар харидуфурӯхт даромада буданд.

Таърихи мулки хусусӣ шудани ҳуҷраҳои мадрасаҳои Бухоро

Дар охирҳои давраи ҳукмронии астархониён53, хусусан дар замони Абулфайзхон (1708 — 1747) мадрасаҳои Бухоро ва Самарқанд тамоман вайрон ва хароб шуда буданд. Мадрасаҳои Самарқанд подахона ва мадрасаҳои Бухоро ғарибхона гардида буданд. Дар мадрасаҳои ин ду шаҳр ҳам дар, коғазгир (дарпарда) ва дигар асбобҳои чӯбин намонда, ҳуҷраҳо шакли сағонаҳои вайронро гирифта буданд. Заминҳои вақфи ин мадрасаҳо нокорам шуда, ё ин ки мулки хусусии ягон бой, ё танхоҳи ягон амалдор гардида монда буд. Азбаски савдо, тиҷорат ва саноати ҳунармандӣ қариб тамоман барҳам хӯрда буд, сарой ва тиҷоратхонаҳои вақф аз даромаддиҳӣ баромада буданд.
Ин харобӣ дар аввалҳои давраи манғитиён низ давом намуд. Вақте ки аз сулолаи манғитиён54 амир Шоҳмурод (Маъсумбӣ) 55 бар сари кори ҳукмронӣ омад, ӯ бо таассуби сахти динӣ ҳам бошад, дар мамлакати Бухоро ва Самарқанд баъзе ислоҳотро ба амал овард. Аз ин ҷумла заминҳои киштро нисбатан обод ва бозорҳоро ҷорӣ намуда, вақфи ботилшударафтаро ҳам аз сари нав барқарор кард.
Аммо мадрасаҳо аз ҷиҳати вайрониашон қобили истиқомат набуданд, на хазинаи ҳукумат маблағи барзиёде дошт, ки он биноҳои вайронро таъмир намояд ва на даромади вақфи нав ҷорикарюдашуда ба дуруст кардани шикастурехти онҳо мерасид. Бинобар ин амир Шоҳмурод дар бораи таъмири ҳуҷраҳои мадраса ба мазмуни зерин як фармон эълон кард:
«Ҳар талабае, ки яке аз ҳуҷраҳои мадрасаро бо харҷ ва меҳнати худ обод карда дар вай нишинад, он ҳуҷра аз они вай бошад ва ҳар вақт ки ӯ хоҳад, бо гирифтани маблағи дар таъмир сарф кардааш метавонад он ҳуҷраро ба талабаи дигар гузаронад».
Ин тадбир натиҷаи хуб дода, дар муддати ду-се сол мадрасаҳои Бухоро ва Самарқанд обод шуданд ва чандин сол аз талабае ба талабаи дигар гузаштани ҳуҷраҳо бо гирифтани бадали аслии таъмир ба амал меомад. Аммо вақте ки заминҳои вақф сердаромад гардиданд, сармояи истисморӣ дар мадраса роҳ ёфт ва харидуфурӯши ҳуҷраҳо на ба бадали маблағи дар таъмир сарфшуда, балки ба андозаи даромади аз вақф доштааш боло рафтан гирифт. Дар ин вақт барои ба ҳуҷраи мадраса соҳиб шудан, шарти талаба будан барҳам хӯрда ҳар пулдор метавонист, ки аз як то даҳ ва зиёдтар аз он ҳуҷраҳои мадрасаҳои сердаромади Бухороро ба даст дарорад.
Аммо дар харидуфурӯши ҳуҷраҳо ҳамон тартиби аввалӣ ба сифати ҳилаи «шаръӣ» барқарор монд. Кор ба дараҷае расид, ки як тағораи парҳезӣ (зарфи обрезӣ) ва як дарпардаи коғазиро як пулдор ба 20 ҳазор ва 30 ҳазор танга мехарид. Ҳатто ҳуҷраҳои мадрасаи Ҷаъфархоҷа, ки чӯбин буда, рафта-рафта хароб шуда, қобилияти бошишгоҳии худро тамоман барҳам дода буд, на дарпарда дошт ва на тағораи обрезӣ — бинобар сервақф буданаш то 50 ҳазор танга савдо мешуд. Дар вай ҳар пулдор бо тағора ва дарпардаи набудааш маблағи мазкурро медод ва қозикалон ҳам дар васиқаи ҳамин гуна савдо мӯҳр пахш карда мӯҳрона мегирифт. Аммо ҳуҷраҳои пеши масҷидҳоро, ки вақф надоштанд ва ҳуҷраҳои сари мазорҳоро, ки вақфҳошон подшоҳӣ шуда буданд, ҳарчанд иморати хуб ва тирезаҳои шишагин дошта бошанд ҳам, касе намехарид.
Баъд аз ишғол шудани Самарқанд аз тарафи аскарони подшоҳии Россия ин ҳол дар он ҷо барҳам дода шуда бошад ҳам, ин аҳволи хандаовари фоҷиаомез дар мадрасаҳои Бухорои амирӣ, ки дар ҳамаи бемазагиҳои худ «мустақил» буд, то инқилоби Бухоро ҷорӣ монд.
Дар Бухорои амирӣ, ки даҳҳо мадрасаҳои калон ва садҳо мадрасаҳои хурд дошт, сабаби дар ба дар ва бесарпаноҳ гаштани талабаҳои қашшоқ акнун бояд ба хонанда маълум шуда бошад.

Роҳи ҳуҷраёбии талаба дар мадрасаҳои Бухоро

Талаба дар мадрасаҳои Бухоро, агар пул дошта бошад, ҳуҷраеро харида ҷойгир мешуд, агар ба харидани ҳуҷра пулаш нарасад, ҳуҷраеро истиқоматгарав мегирифт. Маънии истиқоматгарав ин аст, ки талаба ба соҳибҳуҷра, масалан, ҳазор ё се ҳазор танга (нисбат ба хубии ҳуҷра ва дар маркази шаҳр будани мадраса зиёдтар ва ё камтар шудани ин маблағ мумкин аст) дода, дар ҳуҷраи вай ҷойгир мешуд. Соҳиби ҳуҷра аз он маблағ ба тариқаи тиҷорат, ё ин ки судхӯрӣ фоида мебурд. Ҳар вақт, ки гаравдеҳ ё гаравгир хоҳад, маблағ ва ҳуҷра ба соҳибонашон гардонда шуда миёнашон кушода мегардид.
Агар талаба ба гарав гирифтан ҳам қодир набошад, ба тарзи зиёфат, ё бо ягон роҳи дигар ба соҳиби ҳуҷра манфиати моддӣ расонда, дар ҳуҷраи вай истиқомат мекард. Баъзан мешуд, ки муллоҳои ҳуҷрадори бесавод ба шарти ба худашон дарс хондан ба талаба ҳуҷра медоданд ва ба воситаи ин гуна шогирдони харида номи муллоӣ бароварда ба мансаби илмие мерасиданд, ҳеҷ набошад, аз «тӯҳмати бесаводӣ» халос мешуданд.
Баъзе талабаҳо ба сабаби дар зери ҳимояти ягон одами калон ё шогирди ягон муллои бонуфуз будан, ба воситаи онҳо ҳуҷраеро ба даст дароварда чанд гоҳе аз дарбадарӣ халос мешуданд. Хулоса ҳарчанд соҳибони ҳуҷра ҳуҷраҳошонро ба талабагон рӯйрост иҷора намонанд ҳам, бо тартиби «ҳилаи шаръӣ» маънан ҳамеша иҷора барқарор буд.
Азбаски барои соҳиби ҳуҷра шудан ва дар мадраса истиқомат кардан талаба будан шарт набуд, бисёр одамоне, ки ба дарсхонӣ ҳеҷ алоқа надошта, ба касбҳои дигар машғулӣ мекарданд, ё ин ки ҳеҷ касбе намекарданд, то охири умрашон дар мадраса зиндагонӣ менамуданд ва мадрасаро барои худ як бошишгоҳи озод медонистанд. Чунки мадраса бинобар «ҳурмати муллоён дар пеши. ҳукумати амир» аз ҳар гуна таҷовузи амалдорони ҳукумат маҳфуз буд.
Мударриси як мадраса ба бошандагони он мадраса ба ғайр аз шариквақф будан, алоқаи дигаре надошт ва маҷбур карда наметавонист, ки талабаи он мадраса ба пеши худаш дарс хонад. Бинобар ин талабаи як мадраса бо дилхоҳи худ ба пеши мударриси ягон мадрасаи дигар ё ба пеши ягон муллои дигар метавонист, ки озодона рафта дарс хонад ва агар он мулло ба дилаш нанишинад, метавонист, ки ӯро партофта ба пеши муллои дигаре равад.

Программаи дарсҳои мадрасаҳои Бухоро ва мударрисон

Дар мадрасаҳои Бухоро асосан илмҳои зерин мегузашт: сарфу наҳви забони арабӣ, мантиқ, ақоиди исломӣ (илми калом), ҳикмат (ҳикмати табиӣ ва илоҳӣ), фиқҳи исломӣ (таҳорат, намоз, рӯза, ҷаноза, масъалаҳои ҳаҷ, закот, хариду фурӯш, ғуломдорӣ, ғуломозодкунӣ, зангирӣ ва зансардиҳӣ ва монанди инҳо, ки дар амалиёти динӣ, ё ин ки дар муомилоти ҷамъият оид аст).
Ҳисобро ҳар кас хоҳад, ба пеши ягон кас рафта мехонд. Адабиётро ҳар кас хоҳад, ба сари худ машғулӣ мекард ва дарси забони модарӣ мутлақо набуд. Забони модариро ҳар кас ба қадри қувва ва қобилияти худ аз зиндагӣ ва аз мутолааи китобҳо меомӯхт.
Программаи омӯзиши дарсҳои мазкур ва китобҳои дарсӣ ба тарзи зерин буд.
Талаба, вақте ки мактаби ибтидоиро тамом кард, хоҳ савод бароварда бошад, хоҳ кӯрсавод, ё ин ки тамоман бесавод бошад ҳам, агар ҳаваси «мулло шудан» ё номи муллоиро бардоштан дошта бошад, аввал ба пеши ягон муллои оддӣ «Бидон» мехонд, ки дар ин китоб сарфу наҳви араб бо мисолҳои арабӣ дар забони тоҷикӣ баён меёфт. Инчунин «Аввали илм» ном як китобчаи тоҷикиро ҳам мехонд, ки дар вай заруриёти динӣ ба тарзи суолу ҷавоб зикр мешуд.
Баъд аз он дар сарфи арабӣ «Муиззӣ» ва «Занҷонӣ» ном китобчаҳои арабиро ва дар наҳви арабӣ «Авомил» ном як китобчаро мехонд ва ибораҳои арабии ин китобчаҳоро бо тарҷимаи тоҷикиашон аз ёд мекард.
Баъд аз ин як қисми «Қофия» ном як китоби арабиро, ки дар вай наҳви забони араб батафсилтар баён меёфт, мехонд.
Ин китобҳои дар ин ҷо номбурдашуда дар пеши муллоҳое хонда мешуданд, ки онҳоро (хоҳ дар ҷое мударрис бошанд, хоҳ не) одатан «домуллои кунҷакӣ» меномиданд. Дар ҳамаи ин дарсҳо тахминан се сол вақт сарф мешуд.
Пас аз ин «Шарҳи Мулло» ном китобе, ки асари Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ буда, дар наҳви арабӣ шарҳи «Қофия» буд, сар мешуд. Аз ҳамин вақт сар карда талаба ин дарсро ба пеши ягон муллои калонтар мехонд, ки одатан ин дарсро дарси «дарсхонагӣ» меномиданд. Ин дарс 5 сол давом мекард. Талаба ба болои ин боз ба дарси домуллои кунҷакӣ давом мекард — дар пеши ӯ бақиямондаи «Қофия»-ро, ҳам «Шамсия» ном китоберо, ки матнест дар мантиқ, мехонд ва инчунин дарси «Шарҳи Мулло»-ро, пеш аз он ки ба пеши домуллои дарсхонагӣ рафта хонад, аввал ба пеши домуллои кунҷакӣ мегузаронид.
Баъд аз «Шарҳи Мулло» дар дарсхона «Ҳошияи Қутбӣ» ном китобе, ки шарҳи «Шамсия» буда, оид ба мантиқ аст, сар мешуд ва дар як сол талаба аз ин дарс фориғ мегардид ва одатан дар зимни ин дарс матни «Ақоиди Насафӣ»-ро, ки ба илми калом оид аст, мехонд. Баъд аз Ҳошия, дар дарсхона шарҳи «Ақоиди Насафӣ», ки таълифи Алломаи Тафтозонист, сар мешуд ва одатан 4 сол давом мекард. Баъд аз он дар ду сол «Таҳзиб» ном китоб хонда мешуд, ки дар вай ҳам мантиқ ва ҳам илми калом баён меёфт. Аз паси ин дар ду сол «Ҳикмат — ул-айн» ном китоб хонда мешуд, ки дар вай ҳикмати табиӣ ва мофавқуттабиат (илоҳиёт) баён меёфт.
Ниҳоят, дар охир «Мулло Ҷалол» ном китобе дар ду сол хонда мешуд, ки вай ҳам ба илми калом оид буд ва дар рӯзи тамом кардани мадраса аз ҳадиси пайғамбар як ҳадис хонда шуда домулло ба шогирдони худ дар бораи дарс гуфтан аз он чизҳое, ки дар пеши ӯ хондааст ва ҳам аз он чизҳое, ки дар пеши ӯ нахондааст (монанди тафсири Қуръон, ҳадиси пайғамбар ва дигар дарсҳои динӣ), иҷозат медод.
Мадрасаҳои Бухоро ба мадрасаи динӣ будан ва муллоҳои Бухоро ба олими мутахассиси улуми динӣ будан шӯҳрат доштанд ва ба ин сабаб Бухоро на танҳо ба Осиёи Миёна, балки ба мусулмонони дохили Россия ҳам — ба тоторҳо ва бошқирдон ҳам нуфузи динӣ дошт. Бо ҳамаи ин, ҷойи тааҷҷуб ин аст, ки ғайр аз илми калом, ки схоластикаи асримиёнагӣ буд, дигар чизе аз илмҳои динӣ дар программаи мадрасаҳои Бухоро дохил набуд. Ҳар кас ҳавас дошта бошад, тафсири Қуръон, ҳадиси пайғамбар ва фиқҳи исломиро ба тарзи ғайрирасмӣ дар пеши ягон мутахассиси ин илмҳо рафта мехонд.
Ин дарсҳо ва китобҳое, ки дар боло ном бурда шуданд, ҳеҷ тағйирнаёбанда ва агар чунин таъбир ҷоиз бошад, «стандартный» буда, аз асрҳои XV — XVI бо ҳамин тарз давом намуда омадаанд ва фарқ дар ин ҷост, ки ба гузаштани замон ва асрҳо бар болои китобҳои мазкур шарҳ ва ҳошияҳои нав ба нав пайдо шуда мударрис ва талабагонро асосан ҳамин шарҳ ва ҳошияҳои бефоида ба худ машғул доштаанд ва табиист, ки дар он ҳол аз худ кардани илм ва китобҳои дар программа дохил кардашуда тамоман дар як канор мондааст. Мутолаакунандагони ин парчаҳо хоҳанд пиндошт, ки талабагони мадрасаҳои Бухоро модом, ки 19 сол бар болои як программаи маҳдуд кор мекардаанд, бояд дар илмҳои дар он программа зикрёфта мутахассиси замони худ шуда мебаромада бошанд.
Афсӯс, ки ин гуна гумон кардан нодуруст ва пиндори хушк аст. Ин маънӣ аз парчаи пойин равшан хоҳад шуд.

Айёми таҳсил ва тартиби дарсхонӣ дар мадрасаҳои Бухоро

Соли таҳсил дар мадрасаҳои Бухоро аз сари моҳи мизон (22 сентябр) сар шуда, дар аввали ҳамал (22 март) — дар шаш моҳ тамом мешуд. Ин муддатро танҳо талабагоне дар таҳсил гузаронида метавонистанд, ки дар шашмоҳа зиндагонии мадраса аз ҷиҳати моддӣ тоб оварда тавонанд, ё ин ки ба гуруснагӣ ва сахтиҳои дигар бардошт дошта бошанд. Аммо бештарин талабаҳои қашшоқи саҳроӣ, дар аввали таҳсил ба мадраса оянд ҳам, баъди «дарёфтани савоби сар шудани дарс» маҷбур буданд, ки ба саҳро баргарданд. Инҳо баъд аз ғундоштани маҳсулоти деҳқонӣ, ё пас аз ба киса андохтани даромади имоматии масҷидҳои деҳот, дар моҳҳои ноябр гашта омада ба дарсҳои хеле пешрафтаи худ иштирок менамуданд. Инчунин ин гуна талабаҳо аз моҳи феврал сар карда ба тарафи саҳро пароканда шудан мегирифтанд.
Бинобар ин аз рӯйи ҳисоби миёна, масалан, дар аввали таҳсил, дар як дарс як ҷамоаи («гурӯҳи») 50-нафарӣ ташкил ёбад, дар ҳафтаи дуюм аз ин гурӯҳ 20 нафар мемонд ва дар моҳи ноябр то сари декабр баромадарафтагон баргашта омада, ҷамоа боз пур мешуд. Инчунин аз моҳи феврал парокандашавӣ сар шуда, дар сари моҳи март аз гурӯҳи мазкур тахминан даҳ кас боқӣ мемонд ва ҳамин даҳ кас «савоби тамом кардани соли таҳсилро дармеёфтанд».
Ин буд муддати таҳсили солонаи 19 сол. Аммо рӯзҳои таҳсили ҳафтагӣ аз ин ҳам бадтар буд. Дар мадрасаҳои Бухоро дар дарсҳои расмии дарсхонӣ ҳар ҳафта аз шанбе то сешанбе 4 рӯз рӯзи таҳсил — рӯзи кор буда, чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа — се рӯз рӯзи таътил рӯзҳои дамгирӣ ба шумор мерафт.
Баъзе мударрисони дарсҳои дарсхонагӣ, ки одатан онҳо куҳансолҳо буданд, носозии мизоҷи худро баҳона карда, баъзе рӯзҳои сешанбе ҳам дарсгӯйиро тарк намуда, дарсҳои он рӯзро «сешанбегӣ» (таътил) эълон мекарданд. Дар ин сурат 4 рӯзи як ҳафта рӯзи бекорӣ ба шумор мерафт.
Агар мо дар рӯзҳои таҳсил тартиби дарсхонии талабагонро ба назар гирем, соатҳои дарсхонии ҳақиқӣ боз ҳам камтар мешаванд: масалан, як талаба дар пеши домуллои кунҷакӣ ҳар рӯз як дарс аз ягон матн (масалан, «Қофия» ё «Шамсия» ва ё ин ки матни ақоид) мехонд. Боз дар пеши ҳамин домулло ё домуллои кунҷакии дигар як дарс аз дарси дарсхонагиаш мехонд. Баъд ҳамин талаба ҳамин дарси дарсхонагиро ба пеши домуллои калони дарсхонагӣ боз мехонд. Баъзе талабаҳо дарси дарсхонагии худро барои «боз ҳам беҳтар аз худ кардан» ба пеши ду домуллои калон мехонданд, ки дар ин сурат ҳар талаба дар як рӯз як дарси матнро дар як ҷо ва як дарси дарсхонагиро дар ду-се ҷо мехонд.
Азбаски дар ҳар як дарс ба ҳисоби миёна як соати нуҷумӣ вақт сарф мешуд, талаба дарсҳои мазкурро дар чор соат мехонд. Ин муддат фақат дар хондани дарсҳои мазкур сарф мешуд. Аммо агар мо вақтҳои дар миёнаи ин дарсҳо сарф-шударо ба назар гирем, талаба дар дарсҳои мазкур як рӯзи зимистони худро сарф мекард.
Чунонки дар парчаи боло қайд карда шуд, ҷойи истиқомати талаба дигар ва ҷойи дарсхониаш дигар аст ва инчунин ҷойи дарсгӯйии мударрисон, хоҳ кунҷакӣ бошанд ва хоҳ дарсхонагӣ, дигар-дигар буда, дар бештарини вақт дар байни дарсхонаҳо ду-се километр роҳро тай кардан лозим меомад.
Аз ғайри ин, дар интизори вақти дарсҳо ҳам аз ним соат то як соат вақт сарф мешуд. Барои фаҳмидани сабаби ин интизорӣ тафсилоти зеринро гӯш кардан лозим аст:
Одатан мударрисони Бухоро дар як рӯз аз 8 дарс то 12 дарсро ба гардан мегирифтанд ва вақтҳои дарси ҳар ҷамоа (гурӯҳ) дар соати муайян таъин карда мешуд. Масалан, вақти дарси ҷамоаи ҳошияхонон дар соати ҳафти пагоҳӣ бошад ва баъд аз онҳо, масалан, ҷамоаи ақоидхонҳо дар соати 8 ба дарс даромаданашон лозим бошад, ҷамоаи дуюм маҷбур буд, ки дар соати 7-у ним ба пеши дарсхона ҳозир шавад, то ки то расидани вақти дарс нафас рост карда, мондагии роҳро барорад.
Баъзан ҳамин гуна мешуд, ки дарси ҷамоаи якум ҳошияхонҳо ба сабаби як мунозираи бемаънӣ аз вақти ба худаш таъинёфта ним соат дарозтар мешуд. Дар ин сурат талабаҳои ҷамоаи дуюм маҷбур мешуданд, ки барои вақти дарси худ як соат интизорӣ кашанд.

Ҳосили таҳсили 19-сола

Агар мо гӯем, ки «ҳосили таҳсили 19-солаи талабаи мадрасаҳои Бухоро аз дарсҳои расмӣ ҳеҷ буд» хонандагон бовар нахоҳанд кард ва нависандаро ба дурӯғгӯйӣ, ҳеҷ набошад, ба муболиғанависии шарқигӣ ҳамл хоҳанд намуд. Аммо вақте ки тафсилоти зеринро мутолаа намуданд, ҳақиқати тааҷҷубангез будани гуфтаҳои нависандаи ин сатрҳоро тасдиқ хоҳанд кард. Барои исботи ин маънӣ мисолҳои зерин кифоя аст:
Аз қайдҳои боло маълум шуд, ки дар мадрасаҳои Бухоро 8-сола умри талаба ба дарсҳои сарфу наҳви арабӣ сарф мешавад. Маълум аст, ки барои аз худ кардани як забони бегона, ба шарти дар дигар дарсҳо машғул нашудан, ду сол басанда аст. Ва ҳол он ки талабаи Бухоро, агар хушзеҳн ва пурқобилият бошад ва роҳи ба сари худ кор карданро ёбад, дар муддати 8 сол ба тариқаи назарӣ «забар» ё «зер» хондани як калимаи арабиро ва таркиби баъзе ҷумлаҳои осонро меомӯхт.
Ин маълумоти ночиз ҳам ба 5 протсенти умуми ҳамдарсон, вай ҳам аз матнхонӣ ва аз пеши домуллои кунҷакӣ ҳосил мешуд.
Аммо аз панҷсола дарси расмии забони араб — дарси дарсхонагии «Шарҳи Мулло»-и Ҷомӣ чизе ҳосил намешуд. Зеро талаба дар ҳар соли ин панҷ сол танҳо панҷ ё даҳ сатри гуфтаҳои Ҷомиро, вай ҳам аз хутба ва муқаддимаҳо, мегузашт ва бештарин вақти панҷсолаи талаба ба хондан ва муҳокима кардани шарҳ ва ҳошияҳои бисёре, ки дар болои асари Ҷомӣ таълиф ёфтаанд, мегузашт. Чунончи, баъд аз Ҷомӣ аз ҳамзамонони Ҷомӣ Мулло Исомиддин «Қофия»-ро шарҳ карда, дар бисёр ҷоҳо бо усули мунозираи схоластикӣ ба Ҷомӣ зид баромадааст.
Пас аз вай, аз шогирдони Абдураҳмони Ҷомӣ — Мулло Абдулғафури Лорӣ ба «Шарҳи Мулло» ҳошия баста, Ҷомиро мудофаа ва гуфтаҳои Мулло Исомиддинро рад кардааст. Баъд аз вай, аз шогирдони Мулло Абдулғафур — Лабиб ном касе як ҳошия баста, гуфтаҳои Ҷомӣ ва Абдулғафурро эзоҳ карда, ба Мулло Исомиддин сангпарронӣ кардааст.
Баъд аз ҳамаи инҳо Мавлоно Шарифи Бухороӣ, ки дар охири асри XVII гузаштааст, ба «Шарҳи Мулло» як ҳошияи ботафсиле баста, ҳамаи мунозираҳои ҳошияҳои дар боло зикршударо нақл карда, дар миёнаи онҳо муҳокима давондааст ва кӯшиш намудааст, ки «ҳаққи» беҳақиқати дар миёнаи мунозирачиён гузаштаро изҳор намояд.
Умри панҷсолаи домуллои сарсахт ва талабаҳои бадбахт дар муҳокима кардани ана ҳамин ҳошияҳо мегузашт, дар бисёр вақт на танҳо масъалаҳои наҳви арабӣ ва гуфтаҳои Ҷомӣ аз миён мерафт, ҳатто гуфтаҳои ҳошиянависони мазкур ҳам ба як тараф монда, вақти дарси яксоата ба мунозираҳои байни устод ва шогирдон ва ба мунозираи байнихудии шогирдон сарф мешуд.
Барои фаҳмидани мунозираи байни худ эзоҳи зеринро мутолиа фармоед: Дар вақти дарс талабаҳои як ҷамоа (гурӯҳ) ба дарсхона даромада ба рӯ ба рӯйи домулло саф кашида дузону менишастанд. Агар талаба бисёр ва дарсхона танг бошад, шогирдон пасу дунболи якдигар бо ҳам ҷафс шуда ҷой мегирифтанд. Одатан ҳар ҷамоа як «қорӣ» дошт, ки иборати китоби дар пеши домулло хонда шуданиро ӯ мехонд.
Вақте ки талабаҳо нишаста тайёр шуданд, домулло ба «қорӣ» нигоҳ карда:
— Сар кунед, — мегуфт.
Қорӣ аз китоби дарсӣ як ҷумлаи арабиро мехонд ва домулло он ҷумларо ба забони тоҷикӣ тарҷима мекард. Баъзе вақт пас аз тарҷима ва баъзан баъд аз фикри худро баён кардани домулло мунозира сар мешуд. Баъзе мунозирачиён ба домулло хитоб карда шубҳаҳо баён мекарданд, баъзеҳо дар миёнаи худ мунозира сар мекарданд. Дар ин мунозираҳо на танҳо ҳамон 5 протсент хушзеҳнон, балки ҳамаи шогирдон иштирок мекарданд. Ҳатто нодонтаринашон зиёдатар фарёд мекарданд, ки номашон ба «хушзеҳнӣ» ва ба «дарсфаҳмӣ» барояд. Дар ин мунозираҳо касе ғолиб мебаромад, ки овози баланд ва нутқи бурро дошта бошад. Вақте ки талабаҳо аз фарёд кардан монда шаванд, домулло ду дасташро боло бардошта, ҳам бо ишорат, ҳам бо забон:
— Хомӯш, хомӯш! — гӯён шогирдонашро сокит мекард ва соаташро медид. Агар вақти дарс тамом шуда бошад, ё гузашта бошад, имрӯза дарсро бо ҳамин ба поён мерасонид ва агар вақт бошад, як ҷумлаи дигар мехонд.
Мисоли дигари аз ин ҳам равшантарро аз «Ҳошия»-хонӣ биёрем. Чунонки дар боло навишта шуд, «Ҳошияи Қутбӣ» шарҳи «Шамсия» аст, ки ба илми мантиқ оид аст. Илми мантиқ илмест, ки дар ҳамаи мамлакатҳои мадании Шарқ ва Ғарб ҳамеша дар программаи дарсҳо даромадааст ва дар замони ҳозира ҳам дар программмаи мактабҳои советӣ дохил аст. Аммо дар мадрасаҳои Бухоро дар замоне, ки нависандаи ин сатрҳо мехонд, аз илми мантиқ, гӯё танҳо ҳамин калимаи «мантиқ» монда буд ва мунозираҳое, ки дар вақти хондани ин илм ба вуқӯъ меомад, тамоман бемантиқ буд.
Чунонки дар боло гузашт, як соли таҳсили талаба ба хондани «Ҳошияи Қутбӣ» сарф мешуд. Аммо ҳамин яксола вақт танҳо ба мунозирае сарф мешуд, ки дар болои як «калима» мерафт: муаллифи «Шамсия» (мантиқ) дар аввали китоби худ ба забони арабӣ гуфтааст, ки (ман гуфтаҳои он муаллифро ба забони тоҷикӣ тарҷима карда меорам) «ман ин китобро бар як муқаддима, се мақола ва як хотима тартиб додам» ва баъд аз он муаллиф мегӯяд «аммо мақолаҳо сеанд».
Муаллиф дар аввали китоби худ дар ҷумлаҳои дар боло нақл кардашуда калимаи «салос» (се)- ро ду бор зикр кардааст. Маълум аст, ки ин саҳв аст ва яке аз ин калимаҳои «салос (се) барзиёд аст. Аммо яксола мунозира бар болои ҳамин мерафт, ки калимаи «салос» (се) дар ҷумлаи аввал зоид аст, ё дар ҷумлаи дуюм ва дар ин ҷо ҳам роли то як сол дароз кардани дарсро аввал ҳошияҳо ва баъд аз он талабаҳо ва домулло бозӣ мекарданд. Дар охири таҳсил қарор меёфт, ки муаллифи «Шамсия» одами донишманд буд (Наҷмиддин Умари Қазвинӣ, ки дар асри XIII зиндагонӣ кардааст) ва ӯ ин саҳви намоёнро намекард. Муқаррар аст, ки ин саҳвро қалами ӯ кардааст.
Аз ин гуна мунозираҳо чизеро нафаҳмидани талабаҳо аз ҳамин ҳам маълум аст, ки боре дар дарси дарсхонагии мо мунозира бар болои «таърифи инсон» мерафт. Дар он ҷо инсон бо калимаҳои «ҳайвони нотиқ» таъриф ёфта буд. Дар он вақт бар болои калимаҳои «ҳайвон», «нотиқ» ва бар болои маънии «нутқ» ва дигарҳо чунон мунозираи дуру дароз рафт, ки якуним соатро фаро гирифт. Баъд аз тамом шудани по.. яке аз талабаҳо пурсид, ки:
— «Ҳайвони нотиқ» чист? Домулло дар ҷавоб гуфт:
— Модом, ки ту аз ҳамин қадар мунозираҳо, бо вуҷуди иштирок кардани худат, маънии ин калимаҳоро нафаҳмидӣ, дигар ба ту шарҳ ва эзоҳ додан бефоида аст. Азбаски ҳар чизро бо мисол фаҳмондан осонтар аз он аст, ки бо тавсиф фаҳмонда шавад, акнун ман ба ту бо мисол гап мезанам: яке аз мисолҳои «ҳай-вони нотиқ» (ҳайвони гапзананда) худат мебошӣ.
Дар натиҷаи ин суолу ҷавоб лақаби он талаба «ҳайвони нотиқ» шуда монд ва то вақте ки ӯ дар Бухоро буд, ҳамаи шиносҳо ба он бечора бо унвони «ҳайвони нотиқ» хитоб мекарданд. Дуруст аст, ки аз мадрасаҳои Бухоро баъзе одамони дурусти соҳибмаълумот ҳам расида баромадаанд. Лекин, аввалан ин гуна донишмандон, монанди буттаҳои ҳосилдори дар замини шӯразор расидагӣ, дар ғояти камӣ буданд, дуюм ин ки он гуна одамҳо на ба воситаи аз худ кардани программаи мадраса ва на ба воситаи мунозираҳои схоластикии дарсхонаҳо расидаанд, балки онҳо одамони пурқобилият буда, бо як тасодуфи хушбахтона саводи тоҷикӣ ва арабӣ бароварда, бо меҳнат ва мутолааи шахсии худ соҳиби маълумот шудаанд. Аммо бештарини ин соҳибмаълумотҳо ҳам аз ягон ғояи маънавӣ дур буданд ва мақсади асосии онҳо, монанди устодони худ, дар ягон мадрасаи калонтар мударрис шудан, ба вақфи намоёне соҳиб гардидан ва талабаҳоро ба гирди худ ғун карда (хоҳ чизеро фаҳманд ва хоҳ нафаҳманд) бо онҳо ғавғо бардоштан, ба ин восита аз талабаҳо «ифтитоҳона» (ҳаққи таълим) рӯёндан ва шӯҳрат баровардан буд.
Мо ин порчаро бо гуфтаҳои Аҳмад-махдуми Дониш, ки мақсад ва аҳволи устодони замони худро моҳирона ифода кардааст, ба охир мерасонем: «.. .Ҷамъ омадани мӯҳмале чанд нодон, беадабона ва нафаҳмида ғавғо бардоштан ва ҳар сари чанд гоҳ чанд табақ мавизу ҳалво ва ҷомаву танга, ки ба зулму ғасб аз толибилми фақир бистонанд ва ба устоз диҳанд ва ӯ ба шодӣ ва фараҳ дар киса кунад. Устоз аз бисёрии сухан кардан ва ҳарф задан дилмурда бошад, қуввати ҳозима ва дандонҳояш суст шуда ба дандон шикастан натавонад ва ба хӯрдан ҳазм кардан. Шаб ба ҷойи хоб китоб бинад ва рӯз аз пагоҳ то бегоҳ ғавғо орад ва ғулғула бишнавад ва сайри беруну дарун натавонад, ба таом хӯрдан ва ҳаракат кардан фурсат наёбад ва дар даруни гунбази фарох дар гармо ва сармо масҷун (зиндонӣ) бошад…» (аз «Наводир-ул-вақоеъ», боби Касбҳо ва пешаҳо).

Муносибати моддии талабаҳо бо устодони худ дар мадраса

Мударрисони Бухороро ба се гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст:
1. Касони пурқобилият, ки ҳанӯз хониши худро тамом накардаанд, бо вуҷуди ин ба талабаҳои навдарсхон дарс медиҳанд.
2. Мударрисони хурд, ки ҳанӯз даромади ҷойи мударрисиашон ба харҷашон намерасад, ё ин ки ҳеҷ даромад надоранд.
3. Мударрисони калон — инҳо муллоёни калон мебошанд, ки чандин сол дарсгӯйӣ карда шӯҳрат баровардаанд ва ба мадрасаҳои сервақф мударрис шудаанд. Баъзе аз инҳо ба замми мударриси ба дараҷаи муфтигӣ ҳам расидаанд, аз ин роҳ низ даромад доранд.
Талабаҳои мадрасаҳои Бухоро ҳарчанд ба унвони «ҳаққи таълим» маблағи муайяне надиҳанд ҳам, ба тарзи ифтитоҳона (сар кардани дарси нав) дар байни худ як маблағ пул ҷамъ карда коллективона ба сар кардани дарси нав сарф мекарданд.
Харҷи дарссаркунӣ дар пеши домуллоҳои кунҷакӣ (ду гурӯҳи аввали дарсгӯён) бисёр кам буд. Аммо дарс сар кардан ба пеши домуллоҳои (дарсхонагии) калон, ки одатан онҳо ҳаққи таълими худро аз вақфи мадраса пурра мегирифтанд, ба маблағи зиёде мерасид.
Дар вақте, ки як пуд гандум 5 танга (75 тин) буд, харҷи талабаҳо барои сар кардани, масалан, «Шарҳи Мулло» аз 5 танга то 15 танга, дар сар кардани «Ақоид» аз 15 танга то 25 танга ва ҳоказо боло мерафт ва ба ҳадде, ки дар сар кардани «Мулло Ҷалол» аз 50 танга то 150 танга ва дар хатми кутуб (дар охири кор) аз сад танга то дусад танга пул медоданд (зиёду камии пулдиҳӣ ба дороии талаба ва ҳиммати ӯ вобаста буд).
Дарссаркуниҳо одатан дар моҳи декабр, ки вақти тамоман ғун шудани талабаҳост, ба амал меомад ва дар ин моҳ дарсеро, ки соли оянда аз аввали мизон (охиртари сентябр) хоҳанд хонд, сар карда мемонданд.
Як қисми маблағи дар ифтитоҳона ғуншударо (чунонки аз Аҳмад-махдум нақл карда шуд) мавизу ҳалвову қанду наботу нон ва ҷома гирифта ба лаълиҳо андохта, ҳар кадом талаба як лаълиро бардошта, ба дарсхонаи устод бурда, ба ӯ пешкаш мекарданд ва як қисми маблағи мазкурро нақдан ба коғаз печонда ба ӯ медоданд.
Баъзан аз маблағи мазкур миқдоре нигоҳ дошта, талабаҳо барои худ базме ва зиёфате ташкил медоданд, ки ин маросимро «иҷтимоона» меномиданд.
Агар қории ҷамоа (гурӯҳ) аз муллозодагони Бухоро бошад, дар сар кардани дарси «Ақоид» ва «Мулло Ҷалол» ва инчунин ба муносибати хатми кутуб (та-мом кардани мадраса) тӯй медоданд.
Дар тӯй қории ҷамоа ба амир пешкаш бурда, барои тӯй аз ӯ рухсат мегирифт. Баъд аз он муфтиҳо, қозикалон ва раиси калон, баъзе амалдоронро, ки бо уламо муносибат дошта бошанд, ҳамаи муллоҳои мансабдор, ҳама талабаҳои он мударрисе, ки тӯй дар пеши ӯ мешавад ва ҳамаи бошандагони мадрасаеро, ки тӯй дар пеши мударриси вай мешавад, ба навбат даъват карда зиёфат менамуданд.
Дар тӯй, албатта, харҷи талабаҳо ба дараҷаи намоён зиёда мегардид ва қории ҷамоа, ки одатан ин гуна тӯй бо тақозои вай ташкил меёфт, боз ҳам зиёдтар харҷ мекашид.
Даромади мударрисони дарсхонагӣ аз ифтитоҳона хеле калон буд. Агар ин гуна мударрис ба дувоздаҳ ҷамоа дарс медода бошад, ба ҳисоби миёна, дар вақти як пуд гандум 5 танга будан, 12 ҳазор танга (1800 сӯм) даромад мекард.
Қозикалон ва раиси Бухоро, ки онҳо расман ба корҳои адлия ва маъмурӣ машғул буда, дарсгӯйӣ аз вазифаи онҳо берун буд, ба даромади ифтитоҳона чашм дӯхта, онҳо низ дарсгӯйӣ мекарданд. Азбаски ба ҳар гуна мансаби илмӣ расидан бе воситаи онҳо мумкин набуд, талабаҳо «оқибатандеши» карда ба пеши онҳо боз ҳам зиёдтар ғун мешуданд. Дар солҳои охири таҳсил ва наздикии хатм меҳмонхонаи калони қозикалон аз бисёрии талаба тангӣ мекард. Акнун вақти он расид, ки ман ёддоштҳои худро сар кунам.

Дар мадрасаи Мири Араб

Дар соли 1890 ман ҳамроҳи акаи худ барои хондан ба Бухоро омадам, Дар он ҷо домуллои кунҷакии акаам Мулло Абдусалом аз мадрасаи Мири Араб як ҳуҷра ёфта дод, ки мо ҳар ду дар он ҷо истиқомат кардем.
Ҳуҷраи мо дар ошёнаи чоруми гулдастаи гӯшаи шимолии ғарбии мадрасаи Мири Араб буд. Даромади ин ҳуҷра аз як гардишгоҳи болопӯшидаи торик ҳам бошад, аз тарафи кӯча як дарича дошт, ки зиёву ҳаво аз он ҷо медаромад. Ин ҳуҷра хеле танг бошад ҳам, дар шароити онвақтаи Бухоро ҳар дуи модар он ҷо хурсандона хобу хез мекардем. Бародарам бо пули хар ва даромади аз имоматӣ гирифтаи худаш камтар биринҷ, мош ва равған барои озуқа, шамъи равғанини ҷойдорӣ (дар он вақтҳо лампа ҳанӯз дар Бухоро умумӣ нашуда буд), ангишти қазоқӣ ва ҳезум барои сӯхтан харида тайёр кард.
Азбаски акаам пешқадамтар буд* ва барои ӯ либоси тозатар, китобҳои гуногун ва харҷи ифтитоҳона бештар даркор мешуд, ҳамаи пулашро дар озуқа сарф карда наметавонист ва барои харҷҳои мазкур як маблағ нигоҳ доштан ва сарфа карданаш лозим буд. Аммо озуқаи тайёркардааш то баҳор ба ду кас намерасид. Бинобар ин хӯрду хӯроки маро аз ҷое таъмин кардан лозим буд ва ин ҷо ҳам ёфт шуд.
Мулло Абдусалом, ки ӯ ҳам барои дар Бухоро хондан» ман далолат карда буд, маслиҳат дод, ки маро дар ҳамошони худ ошпаз кунад.
Дар мадрасаҳои Бухоро одат ин буд, ки талабаҳои доротар ду кас ё се кас ва ё чор кас шуда бо ҳам ҳамош мешуданд, ки дар забони мадраса ин гуна гурӯҳро «ҳамтабх» (ҳамош) меномиданд. Ҳамошони Мулло Абдусалом Мулло Қосим ном вардонзегӣ ва Қорӣ Бегӣ ном ғиждувонӣ буданд. Ин се нафар фарзандони одамони давлатманд буда, дар дарс ҳам бо ҳам шарик буданд. Аммо дар илм ҳар сеи онҳоро баробар гуфтан мумкин набуд: Қорӣ Бегӣ фазилате, ки дошт Қуръонро тӯтивор аз ёд карда буд, ба замми ёрмандиҳои падараш аз хатмҳои рамазонӣ ҳам хеле даромад мекард. Аммо саводи тоҷикии нимкора дошта бошад ҳам, хат навишта наметавонист ва саводи арабӣ ҳеҷ надошт; Мулло Қосим писари яке аз савдогарони қалъачии Вардонзе (дар Қазалӣ ва Оқмачит савдокунанда) буда, дар тоҷикӣ кӯрсавод ва дар арабӣ бесавод, аммо хати тоҷикиро базӯр менавишт ва хати ӯро ғайр аз худаш каси дигар хонда наметавонист. Зоҳиран ҳамин қадар хатро барои дафтарнависии падараш маҷбур шуда омӯхтааст; Мулло Абдусалом писари як деҳқони деҳаи Маҳаллаи Шофирком буда,
____________
* Дар истилоҳи мадрасаҳои Бухоро «пешқадам» гуфта он касро намегуфтанд, ки дар дарсфаҳмӣ ва дарсро азхудкунӣ пешрав бошад, балки «пешқадам» он кас ҳисоб меёфт, ки соли тахсилаш пештар бошад. Масалан, «Алқоид»-хон нисбат ба «Шарҳи Мулло»-хон «пешқадам» ба шумор мерафт, агарчанде, ки «Ақоид»-хон нисбат ба «Шархи Мулло»-хон нофаҳмтар бошад, саводи тоҷики ва арабӣ дошта, хатро хуб менавишт ва дарсҳои мадрасагиро ҳам мувофиқи замони худ аз худ карда буд, бинобар ин бо вуҷуди ҳанӯз мадрасаро тамом накарда буданаш дарсгӯйӣ ҳам мекард.
Акаам баъд аз он ки ду-се бор ба ман палав пазонда дасти маро ба ошпазӣ ром кард, маро ба хизмати ин се нафар супурд. Ош ҳар рӯз дар ҳуҷраи яке аз ин се нафар бо навбат пухта мешуд. Инҳо одатан ҳар рӯз дар соати як ош мехӯрданд, ки дар он вақт як соат аз дарсхонӣ фориғ буданд.
Ман ҳар рӯз соати ёздаҳ ба ҳуҷраи яке аз ин се нафар, ки навбат аз они вай бошад, мерафтам. Соҳиби ҳуҷра гӯшту сабзиро ба ман фармуда (одатан биринҷу равған дар ҳуҷра тайёр буд) худ ба дарсаш мерафт. Ман барои чор кас, ки чоруми онҳо худам будам, ним нимча (250 грамм) гӯшту сабзиву пиёзу дорувор оварда чор пиёла биринҷро палав пухта, дар соати як тайёр мекардам. Вақте ки ҳамошон ғун шуданд, ман ошро мекашидам ва ҳамаи мо дар як ҷо нишаста дар як табақ мехӯрдем. Баъд аз хӯрда шудани ош ман дегу табақро шуста меғундоштам, барои рӯзи дигар ҳезум кафонда тайёр карда мемондам ва ҳуҷраро рӯфта дода, ба ҳуҷраи акаам мерафтам, ки бошишгоҳи ман он ҷо буд.
Дар рӯзҳое, ки фардои он дарси дарсхонагии ҳамошон набошад (сешанбе, чоршанбе ва панҷшанбе), одатан ошро шабона мепухтам. Чунки хӯҷаинон дар он шабҳо шабнишинӣ мекарданд ва ошашонро дар соати 9-10 мехӯрданд. Ман ҳам маҷбур будам, ки аз аввали шаб дар хизмати инҳо бошам, чой дам карда диҳам ва ҳар вақт, ки дили онҳо хоҳад, ошро тайёр кунам.
Лекин шабнишинии онҳо хеле дилгирона буд: онҳо бештарин дар бораи вақфҳо, мансабҳои илмӣ, ба мансабҳои илмӣ ҳақ ё ноҳақ гузоштани он мансабдорон гап мезаданд, ки барои ман ҳеҷ фоида надошт ва ман сӯҳбатҳои Усто амак ва Тӯтапошшоро аз сӯҳбати инҳо ҳазор бор беҳтар медонистам.
Ман дар се рӯзи таътил (чоршанбе. панҷшанбе ва ҷумъа) бо навбат ҷомашӯйии ин ҳар се нафарро карда медодам ва ба ин муносибат ба муаллимаи мактаби духтарон, ки ба ман ҷомашӯйиро ёд дода «ин кор дар мадраса ба ту даркор мешавад» гуфта буд (ба «Мактаби кӯҳна» нигоҳ карда шавад), раҳмат мефиристодам.
Ман рӯзе се дарс мехондам, дуи ин дарсҳо аз наҳви забони араб «Қофия» буд. Назар ба одати мадрасаҳои Бухоро «Қофия»-ро аз сараш намехонданд, балки аз поёнтараш — аз «ҷойи осонтараш» сар мекарданд ва аввалашро, ки назар ба қоидаи онвақта ҷойи душвортараш буд, аз ҳама охиртар мехонданд.
Лекин ин «тартиб» бисёр бетартиб ва бемантиқ буд. Зеро дар аввали китоб таърифи «калима» ва таърифи қисмҳои вай баён меёфт ва бар болои қисми аввали калима — исм батафсилтар истода мешуд. Дар чор боби дигар чор қисми исм ва дар ду боби охири ду қисми охирии «калима», ки «феъл» ва «ҳарф» аст, зикр мешуд.
Дар тартиби Бухоро талаба маҷбур буд, ки калима ва тақсимоти вайро надида ва надониста, ба омӯхтани қисмҳои вай машғул шавад. Ҳар чӣ бошад, ман ҳам ба ҳамон «тартиб» тобеъ шудам ва аз поёнтари «Қофия» як боб ба пеши Мулло Абдусалом, ки ман ошпази ӯ будам ва як боби дигарашро ба пеши Мулло Бозор ном ҳамдеҳаи Мулло Абдусалом, ки дар мадрасаи Бадалбек истиқомат дошт, сар кардам.
Мулло Бозор нав хатм кардагӣ буда, ҳанӯз ба ҷое мударрис нашудагӣ буд ва дар ҳуҷраи истиқоматии худ дарс мегуфт. Мулло Абдусалом, чунонки дар боло қайд шуд, ҳанӯз талаба буда, ҳаваскорона дарсгӯйӣ мекард ва баъд аз фароғаташ аз дарсҳои худаш ба талабаҳояш дар ҳуҷраи худ дарс медод.
Бештарини шогирдони ин ду домуллои кунҷакӣ ҳамдеҳаҳои худҳошон буда, дар пеши Мулло Абдусалом ғайр аз ман ва акаам боз ду нафар ғиждувонӣ мехонданд. Ман ҳам чор нафар шарикдарс доштам, ки аз деҳаи домуллоҳо буданд.
Ман дар пеши Мулло Авези Хуҷандӣ дарси «Мухтасари виқоя»-ро ҳам сар кардам, ки ба ман ба пеши ин кас хонданро мутаваллии мадраса тавсия карда буд. Дар ҳақиқат ҳам Мулло Авез хеле пурдон буда, дарсро ҳам ба ман аз ду домуллои дигарам беҳтар ва осонтар мефаҳмонд. Мулло Авез ҳам навхатм буда, ҳанӯз ба мартабаи мударрисӣ нарасида буд. Ӯ як муллои қашшоқ буда, дар мадрасаи Мири Араб ба як ҳуҷраи торики якдара, ки мутаваллии мадраса ёфта дода будааст, зиндагонӣ мекард ва дар ҳамон ҳуҷрача дарс медод. Ҳуҷрачаи ӯ чунон танг буд, ки фақат ду нафар талаба дар он ҷо нишаста дарс хонда метавонист. Бинобар ин ӯ маҷбур буд, ки як дарсро ба гурӯҳҳои «дунафарӣ» чанд бор такрор намояд.
Дар пеши ӯ аввал бо ман як нафар ғиждувонӣ мехонд, баъдҳо домулло хоҳарзодаи худашро, ки бинобар қашшоқиаш ба саҳҳофе шогирдӣ мекард, ба ман шарик ва ғиждувониро ба гурӯҳи дигар ҳамроҳ намуд. Аммо хоҳарзодааш бисёр пастзеҳн ва кӯрсавод буд ва домулло ба ман фармуд, ки ҳар рӯз ним соат нишаста, дарси ҳамон рӯз хондашударо бо вай муколима — гуфтугузор кунам, яъне ба ӯ ёд диҳам. Ин кор ба ман душворӣ кард. Чунки ӯ чизеро намефаҳмид ва фаҳмидан ҳам намехост ва дили ман тангӣ мекард.
Шарики пештараам — ғиждувонӣ ҳам аз вай хушзеҳнтар ва хушсаводтар набуд. Ҳар чӣ бошад, ман маҷбур набудам, ки ба ӯ дарс ёд диҳам.
Домуллоҳо тавсия менамуданд (дар мадрасаҳои Бухоро барои дарсҳоро аз худ кардан таклиф ҳеҷ набуд), ки дарсҳои хондагиамонро бо тарҷимаи тоҷикиаш аз ёд кунем ва чунон такрор намоем, ки ҳеҷ аз ёдамон набарояд. Инчунин домуллоҳо мегуфтанд, ки «дар сари сандалӣ нишаста дарс такрор кардан бефоида аст. Такрор ҳамон вақт фоида медиҳад, ки талаба дар сармо ва дар ҷоҳои болояш кушода нишаста риёзат ба кор барад. Чунки ин роҳи ба даст даровардани илм аст ва дар роҳи илм ҳар қадар ки риёзат ва азоб кашӣ, ҳамон қадар фоида мебарӣ».
Бинобар ин тавсияҳо вазифаи ман дар он вақтҳо тӯтивор дарс такрор кардан буд. Аммо ҳарчанд домуллоҳо барои такрор ҷоҳои болояш кушодаро афзал донанд ҳам, дар шабҳои сармо ҳар талаба кӯшиш мекард, ки дар миёнсаройи мадраса, ки болопӯшида буд, ҷой гирад. Лекин он ҷой ба ҳар кас муяссар намешуд ва талабаҳои калонсолтар ва зӯртар он гуна ҷоҳоро соҳибӣ мекарданд ва насибаи ман барин талабаҳои хурдсол ва навхон рӯйи саҳни болокушода буд.
Ман дар қатори талабаҳои хурдсол ҳар шаб баъд аз шом дар рӯйи саҳн нишаста бо овози баланд дарс такрор мекардам. Мо, талабагон, дар шабҳои барф ҳам такрори рӯйисаҳнии худро тарк намекардем ва барфи рӯйи сангро бо остин, ё бари ҷома рӯфта, бар рӯйи санги яхмонанд чорзону ё дузону нишаста такрор кардан мегирифтем. Ин кор ба ман, ки либоси дуруст надоштам, бисёр зӯр буд.
Он вақтҳо дар байни талабаҳо камзӯл ва шалвор пӯшидан одат набуд. Бо ҳамаи ин талабаҳое, ки иқтидори моддӣ доштанд, ҷомаҳои серпахтаро қабат ба қабат пӯшида маҳсиро бо пойтобаи пашмин ба по карда, барои такрор мебаромаданд.
Ман бошам, маҳсӣ надоштам, як кафши сарипойии маҳаллидӯхт доштам, ки аз вай об мегузашт ва намро ба худ мекашид. Хоҳ дар такрор бошад, хоҳ дар кӯча аз рӯйи курта як ҷомаи пахтадор пӯшида, бо як қабат лозимӣ мебаромадам. Бо вуҷуди ин маро дар он вақтҳо сармо назад ва ҳатто зуком ҳам нашудам. Аммо бемаҳсигӣ маро бисёр азоб медод ва пойҳоям торс- торс кафида замини сахти дандонакашӣ кардашуда барин мешуд. Дар рӯзҳои барфу борон, вақте ки ба кӯча ё ба рӯйи мадраса бароям, даруни кафшам пур аз барфу об мешуд ва аз кафидагиҳои поям, гӯё ки бо корд чок карда бошанд, хун шорида мерафт.
Ягона доруи ман дар кафидагиҳои по равғани шамъи ҷойдорӣ буд: шамъро даргиронда бар рӯйи кафидагиҳо хам карда нигоҳ медоштам, равғани доғи шамъ аз канори оташи пилтааш бар рӯйи ҷароҳат чакра-чакра мечакид ва фавран озорро таскин медод.
Ин гуна зиндагонӣ, албатта, душвор ва ҳатто тоқатнопазир буд, лекин ман он ҳама душвориҳоро «ба умеди муллои хуб шудан» ба осонӣ ба гардан мегирифтам.
Дар мадрасаи Мири Араб, ки дар он ҷо аз 300 нафар зиёдтар талаба ва муллоҳои хатмкарда буданд, ман ба касе дучор нашудам, ки аз шеър ва адабиёт гап занад, ана ин кор ба ман аз пойбараҳнагӣ ҳам зиёдтар алам мекард. Аз шарикдарсони акаам Мулло Ҳомид ном ғиждувонӣ ва Зайниддинхоҷа ном миркулолӣ буданд, ки онҳо ғазалсаройӣ мекарданд. Аммо онҳо ғазалҳоро бе он ки ба маъниҳояшон диққат кунанд, ёд карда гирифта буданд ва дар ҳавоҳои гуногун мехонданд. Бинобар ин онҳоро шеърдӯст гуфтан мумкин набуд. Дар ҳуҷраҳои хӯҷаинҳои ман бошад, ғайр аз китобҳои дарсӣ, баъзе китобҳои маноқиби шайхҳо 56 дигар чизе дида намешуд. Аммо дар онҳо аз адабиёт як ғазал ҳам набуд.
Дар он мадраса Мулло Абдулҳаким ном як муллои кӯлобӣ буд, ки дастакӣ китобфурӯшӣ мекард: ӯ рӯзҳои таътил, ки одатан бозори китоби Бухоро гарм мешуд, як бағал китобҳои дарсиро бардошта, ба бозор бурда рост мегашт, ба толибшудагон аз он китобҳояш мефурӯхт ва китобҳои беруна ояд, мехарид (ин гуна китобҷаллобони бедӯкон дар бозори китоби Бухоро бисёр буданд).
Рӯзе бегоҳонӣ Мулло Абдулҳаким аз бозор омад, ки дар бағал як бӯғча китоб дошт ва дар миёнсаройи мадраса бастаи худро кушода китобҳои имрӯз аз бозор ба даст даровардаашро ба муллоҳо ва муллобачагон нишон дод. Ӯ он китобҳоро ягон-ягон ба даст гирифта бо таъбироти савдогарона таъриф мекард ва хати ҳар кадоми онҳоро ба муаллифи он китоб ё ба ягон котиби гузаштаи машҳур нисбат медод ва бо дасти кадом муллои машҳур расида, аз мутолааи ӯ гузаштанашро ва дар ҳошияҳояш аз тарафи ӯ қайдҳои муҳим карда шуданашро, ба хубии хат ва ростнависии котиб илова менамуд ва дар фуроварди таърифи ҳар китоб, харида гирифтани онро ба бинандагон таклиф мекард.
Ман ҳам ба умеди ба ягон баёз ё девони шеър вохӯрдан, он китобҳоро аз назар мегузаронидам. Аммо ҳамаи онҳо китобҳои дарсии бадхат буданд ва дар ҳошияҳояшон, монанди қаторгардаки мӯрчагон, таҳрироти чаттии хонданошуданӣ ҳам доштанд. Дар он миён ногоҳ аз даруни як китоб як китобчаи шеър баромад. Аз навиштаҳои пушти ин китобча дар Ҳиндустон чоп шуданаш ва «Маҳмуд ва Аёз» ном доштанаш маълум мешуд.
Ман аз он мулло:
— Ин китобчаро чанд пул харидед? — гуфта пурсидам.
— Ин китобча як чизи бекор аст. Ман инро дар қатори як китоби даркорӣ ночор шуда харидам. Чунки соҳибаш «ҳар дуяшро якҷоя мефурӯшам» гуфт, — гӯён ба ман китобчаеро, ки ин китобча ба вай сарборӣ (нагрузка) шуда омада аз даруни вай баромада буд, — нишон дода давом намуд, — ана бо ҳамин китоб ба даҳ танга харидам. Ту дувоздаҳ танга дода ҳамин китобро бихар. Ман ин китобчаро ба ту бепул ба тарзи партав медиҳам.
Он китоб ҳошияи Мулло Абдулғафури Лорӣ буд, ки бар болои «Шарҳи Мулло»-и Ҷомӣ баста шудааст. Ман он китобро барои поси хотираи фурӯшгор як варақ зада баромада ба ӯ гуфтам:
— Ин китоби «хуб аст», аммо ҳоло ба ман даркор нест. Модом ки «як чизи бекор будааст», ҳамин китобчаи чопаро ба ман фурӯшед.
— Ин китоб, — гӯён ҳошияи Мулло Абдулғафурро ба ман нишон дода давом кард, — «як чизи камёб аст» «кас махару кас маёб аст». Вақте ки даркор шавад, аз ҷое намеёбӣ. Ба ту ҳоло даркор набошад ҳам, вақте ки «Шарҳи Мулло»-хон шавӣ, даркор мешавад, ба маслиҳати ман даро, ҳамин китобро бихар ва ин китобчаро муфт гир. Аммо ин китобча, — китобчаи шеърро нишон дода, — як чизи сафсатта аст, ба харидан намеарзад.
— Ман барои харидани ин китоби калон пул надорам. Агар арзон карда диҳед, ҳамин китобчаро мехарам, — гуфтам.
Фурӯшгор аз фурӯхта тавонистани он китоб умедашро канда:
— Хуб, майлат, як танга деҳ гир, — гуфт,
— Ҳозир пул меорам, — гӯён ман ба ҳуҷра давидам, аз хурсандӣ ва шитоб аз ду қатор зинаи печопеч чӣ навъ давида баромада, ба ҳуҷра расиданамро надониста мондам. Дар он ҷо аз панҷ тангаи аз саҳро овардагиам ҳанӯз се тангааш буд ва аз вай як танга (15 тин)-ашро гирифта аз зинаҳо боз тозон-тозон фуромада ба пеши китобфурӯш расида пулро ба ӯ дода, китобчаро моли худ кардам.
Он рӯз дар мадрасаи Мири Араб барои ман наврӯз буд — он рӯз як рӯзи наве буд, ки аз ғайри чашмдошти ман, ба ман бахти нав оварда буд. Китобчаро ба даст гирифта давон-давон дубора ба ҳуҷра баромада, шитобкорона вайро варақ зада сар то пояшро аз назар гузаронидам: дар он вақт он китобча ба назари ман чунон муҳим намуд, ки ба дунёҳо меарзид, Агар фурӯшгор барои ман он қадар муҳим будани он китобчаро мефаҳмид, ба ҳамаи дороии нақдинаи ман, ки се танга {45 тин) буд, низ он китобчаро ба ман намедод: ин китобчае буд, ки яке аз шоирони бекормондаи хушҳавсалаи Ҳиндустон бо усули «байтбарак» барои ҳар ҳарфи алифбои араб як ғазал гуфта вайро тартиб додааст. Аввали мисраъҳои аввали ҳар ғазал бо кадом ҳарф ки сар шавад, охири мисраъҳои дуюми вай ҳам бо ҳамон ҳарф тамом мешуд. Масалан, ғазали дар ҳарфи «с»-и сенуқтадори арабӣ, сохтаи шоир бо ин байт сар мешуд:
Собит нашуд ба ваъдаи худ ёр, алғиёс!
3-ин ғусса гашт ҷону дилам зор, алғиёс!
Аҳамияти ин китобча барои ман дар ин ҷо буд, ки агар ман ғазалҳои вайро аз ёд карда гирам, касе маро дар байтбарак банд карда наметавонист.
Кам-кам ман бо аҳолии мадрасаи Мири Араб шинос шудам. Як қисми калонсолони онҳо одамоне буданд, ки кайҳо хатм карда мадрасаро тамом карда, назар ба қавли худҳошон, аз «бетолеӣ ба ягон мансаби дурусти илмӣ нарасидаанд», баъзеи онҳо «заввор» (зиёраткунанда) буданд, ки хар рӯз бо навбат ба як сари мазор рафта зиёрат карда меомаданд ва бо ин «хизмати худ» аз ҳукумат ҳар моҳ 30 танга (чору ним сӯм) мегирифтанд. Заввораҳои амири Бухоро 30 нафар буданд, ки баъзеи онҳо дар мадрасаи Мири Араб истиқомат доштанд. Баъзеи онҳо салавотхон буданд, ки ҳар рӯз вақти пешин ба арки подшоҳӣ баромада дар меҳмонхонаи «Раҳимхонӣ» (меҳмонхонае, ки таъсискунандаи ҳукумати сулолаи манғитиён Раҳимхон бино кардааст) як соат нишаста ба рӯҳи пайғамбари худо салавот хонда, инҳо ҳам аз подшоҳӣ ҳар моҳ 30 танга мегирифтанд. Аз ғайри ин, ҳар рӯз ба онҳо як дона нон ва як каф мавизи сиёҳ ҳам дода мешуд. Салавотхонҳои амир бисёр буданд, ки баъзе гурӯҳҳо ҳар рӯз, баъзе гурӯҳи дигар ҳафтае як рӯзи панҷшанбе, баъзеашон ҳафтае як рӯзи душанбе ба арки амир мебаромаданд. Дар ин ҷо сухан бар болои салавотхонҳои ҳаррӯза меравад, ки баъзеи онҳо дар мадрасаи Мири Араб буданд.
Инҳо одамони беоилаву беҳавлӣ буданд, ки дар мадраса дар ҳуҷраи зархариди худ зиндагонӣ мекарданд. Асоси маишати инҳоро вақфи ҳуҷра ва моҳонаи подшоҳӣ ташкил мекард. Аммо онҳо ҳамаи он даромадро харҷ намекарданд ва бо сарфакорӣ қисми бисёри даромадашонро пасандоз мекарданд. Чунончи, рӯзе яке аз онҳо вафот кард ва аз ҳуҷрааш даҳ ҳазор танга (1500 сӯм) пули нақд ва чизҳои қиматбаҳои дигар баромад. Ба сабаби беворис буданаш қозикалон ҳамаи нақд ва чизҳояшро подшоҳӣ карда, барои харҷи мурдааш фақат 20 танга (3 сӯм) дод. Он камбахти мумсик дар зиндагиаш ҳам либоси дуруст напӯшида ва таоми серӣ нахӯрда мегашт ва дар вақти мурданаш бо кафани гадоӣ — бо кафане, ки муллоҳо аз байни худ пул ҷамъ карда хариданд, гӯронида шуд. Баъзе аз он калонсолони «бетолеъ» ба ҳеҷ мансаби илмӣ мансуб набуда, танҳо бо вақфи ҳуҷраи зархариди худ зиндагонӣ мекарданд. Як қисми инҳо ҳам, бо вуҷуди ба харҷи як кас кифоя накардани вақфи як ҳуҷра, ҳамаи он даромад-ро «барои рӯзи ноомад» сарфакорӣ карда пасандоз менамуданд. Инҳо ба он пасандоз қаноат нанамуда ба муллобачагони ба пул мӯҳтоҷшуда ва ба майдабаққолони сари кӯча ба фоида пул қарз дода судхӯрӣ ҳам мекарданд. Албатта, чизҳои ғундоштаи инҳо ҳам баъд аз сарашон подшоҳӣ шуда, худашон «кафан-гадо» гардида ба зери хок мерафтанд.
Баъзе аз он калонсолони беоилаву беҳавлӣ вақфи ҳуҷраро ва агар ба мансабе мансуб бошанд, даромади вайро ҳам тамоман харҷ карда, қаландарона зиндагонӣ менамуданд. Мақсади ин гуна одамҳо ҳам ба ман маълум набуд, ки барои чӣ ба дунё омада ва ба чӣ мақсад зиндагонӣ мекунанд.
Як қисми дигари он гуна калонсолон оиладор ва ҳавлидор буда, ба имоматии маҳаллае ё ба мударрисии мадрасае ҳам мансуб буданд. Аммо инҳо ба сабаби дар мадраса ҳуҷраи зархарид доштанашон алоқаашонро аз он ҷо намеканданд. Рӯзҳои таътил вақти пешин ба мадраса омада ба ҳуҷранишинҳошон меҳмон шуда палав мехӯрданд, ба болои иҷораи вақф ва савдои ҳуҷраҳо ҳозир шуда «ширинкома» мегирифтанд ва дар миёнсаройи мадраса бо ҳамсолонашон нишаста ғайбатфурӯшӣ карда, дили дар хона тангшудаи худро «мекушоданд».
Аҳолии боқимондаи мадраса талабаҳо буда, қисми калони онҳо муллобачаҳои қашшоқи ориятнишин буданд, ки бо роҳҳои гуногун истиқомати ҳуҷраеро ба даст дароварда, дар он ҷо зиндагонӣ мекарданд. Инҳо бо таъбири равшантар «талабаҳои дарбадар» буда, ин моҳ ё ин сол дар ин ҷо бошанд, моҳи дигар ё соли дигар маҷбур мешуданд, ки ба ҷойи дигаре кӯчанд. Инҳо, ба назари калонсолоне, ки дар боло зикр ёфтанд, «пасттарини одамҳо» ба шумор мерафтанд. Баъзеи он талабаҳо ҳуҷраи зархарид доштанд, ки инҳо дар он мадраса бообрӯ ва соҳибҳуқуқ шуда зиндагонӣ мекарданд.

Махдуми Гав ва Пирак

Дар мадрасаи Мири Араб ду бародарон буданд, ки онҳо диққати маро зиёдтар ба худ ҷалб карданд ва бо онҳо аввал шиносо ва баъд аз он ошно шудам. Калонтарини ин бародарон Маъсумхоҷа ном дошта, лақабаш «Махдуми Гав» буд. Қомати ин одам аз миёна баландтар буда, баданаш чунон пуропур буд, ки ба назари кас кӯтоҳқад менамуд. Чеҳрааш сабзинаи сиёҳтоб ва чашмонаш калон ва сиёҳи шӯълапош буд. Рӯяш кулчаи сергӯшт ва қариб тамоман бо риши сиёҳи ғӯлии дағалмӯй пӯшидагӣ буд. Абрувонаш сермӯйи пайваста бо ҳам ва мижгонҳои дарози сархам дошт, дастонаш то оринҷ ва пойҳояш то зону, ки бештарин вақт намуда меистоданд, пур аз мӯйҳои ҷингила буданд.
Ин одам, ки аз рӯйи ин тасвир хеле бадҳайбат менамояд, бисёр ҳалим, нарммуомила ва кушодапешонӣ буда, ба як дидан муҳаббати ҳар касро ба худ ҷалб мекард. Лабонаш ҳеҷ гоҳ аз табассум ва чашмонаш доимо аз нигоҳи меҳрубонона холӣ набуд. Ӯ ба ҳамаи талабагон, хусусан ба талабагони ориятнишин (ба ҳуҷраи дигарон нишинанда) бо муҳаббат салом дода, бо меҳрубонӣ пурсупос мекард. Агар ягон талаба бемор шавад, албатта, бемордори ӯ буд, ба бемор чою оби ҷӯш тайёр карда медод, ҳуҷраашро мерӯфт ва либоси вайро мешуст.
Ӯ маҳсӣ намепӯшид ва салла намебаст. Дар ҳавоҳои гармтар бо як қабат курта-лозимӣ ва дар зимистон аз болои курта як қабат ҷомаи абра-астари бепахта пӯшида мегашт. Дар тобистон бештарин сарбараҳна ва дар зимистон як каллапӯш мепӯшиду бас.
Ин ҷавон дар ҳақиқат 25-сола бошад ҳам, сару ришу дасту пою қаду басташ як одами аз сӣ болоро ба назар меовард. Аммо аз рӯйи дарсаш бошад, ӯро 13-14-сола тахмин мекардед. Чунки, аз рӯйи қавли худаш, ӯ «Қофия»-хон буда, бо ман «баробардарс» буд.
Ман ба ин одам «Гав» лақаб додани мардуми Бухороро намеписандидам. Ҳарчанд зоҳири қиёфаташ говмонанд бошад ҳам, ахлоқу одобу кирдору рафтораш як инсони пурраро ба назар ҷилва мекунонид. Додари ин одам Пирак ном дошт (номаш дар асл «Пир» бошад ҳам, ба сабаби нисбат ба бародараш хурдҷусса буданаш ӯро «Пирак» мегуфтанд). Ин 15-сола буда, қиёфааш як бачаи даҳсоларо ба назар меовард. Қадаш паст, баданаш ва рӯяш борик буда, чашмони кӯтоҳмижгони бенур дошт. Рангу рӯйи ин сафедчаи зардчатоб буда, бинанда гумон мекард, ки ӯ аз як бемории сахту дуру дароз нав ба по хестааст.
Аз рӯйи қавли Пирак, ӯ бо акааш шарикдарс буда, «Қофия» мехондааст. Аммо ман на ӯро ва на бародарашро надидаам, ки монанди мо талабагони «илмдӯст» шабона ба рӯйи саҳни мадраса баромада дарс такрор кунанд. Дар мадраса ё ягон ҷойи дигар, дар пеши кадом мударрис дарс хондани ин бародарон ҳам ба ман маълум набуд. Аз рӯйи қавли Пирак, онҳо дар пеши падарашон мехондаанд.
Падари ин бародарон як муллои 80-сола буда, дар тарафи ҷануби мадрасаи Мири Араб, дар ҳавлии худ бо зану фарзандони хурдаш зиндагонӣ мекард. Модари ин бародарон дар вақти наздик ба ҳафтод расидани падарашон мурдааст. Ӯ зани дигар гирифтааст. Аз зани ҷавонаш ҳам се фарзанд шудааст, ки калонаш даҳсола ва аз ҳама хурдаш яксола будааст (врачҳо баъд аз ҳафтодсолагӣ фарзанд намешавад мегӯянд, аммо фарзанди охирини ин мулло дар 79- солагиаш рӯйидааст).
Падарашон дар як мадраса мударрис бошад ҳам, дарсгӯйӣ намекардааст. Вақфи мударрисиро монанди пенсия хӯрда мехобидааст. Дар мадрасаи Мири Араб ду ҳуҷра доштааст, ки ба ин ду фарзандаш дода, онҳоро аз оилааш ҷудо кардааст. Ин бародарон дар ҳамон ду ҳуҷра истиқомат карда, бо вақфи ҳамон ҳуҷраҳо зиндагонӣ мекарданд.
Шиносоии ман бо ин бародарон ба ин тариқа рӯй дод: аз рӯйи одат бештарини аҳолии мадраса дар байни асру шом ба ҳавогирӣ мебаромаданд. Калонсолон дар миёнсаройи мадраса нишаста, хурдсолон бар рӯйи саҳни берунӣ мебаромаданд, ки ин корро «дамгирии фаслиасрӣ», ё ин ки кӯтоҳ карда «фасли аср» меномиданд.
Як фасли аср дар рӯйи саҳн ҷойи нишасти ман дар паҳлуи Пирак рост омад. Ман, ки ҳамеша дар пайи ёфтани касони байтдон будам, бо Пирак гапзанон карда дар омади сухан аз вай:
— Ту ягон байт ғазал медонӣ? — гӯён пурсидам.
— Агар медонистам, чӣ буд? — гуфта пурсид ӯ дар ҷавоби ман.
— Агар байт аз ёд медонистӣ, байтбарак мекардем, — гуфтам ман.
— Не, ман байт-майт намедонам, — гуфт ӯ ва давом намуд, — Мулло Ҳомиди савтӣ ва Зайниддинхоҷа гоҳо ба ҳуҷраи мо омада ғазалхонӣ кунанд хам, ман аз онҳо ягон байт хам ёд нагирифтам, — ва илова карда аз ман пурсид:
— Магар ту байт медонӣ?
— Якчанд байт медонам, — гуфтам ман.
Бо ин ҷавоби ман дар чеҳраи ӯ як сурхии шармгинона, ки дар айни ҳол як навъ рашки бачагонаро ифода мекард, пайдо шуд ва монанди бачагони 4-5 сола, ки бозичаҳои худро ба ҳамдигар «ҷиз-ҷизак»-кунон намойиш медиҳанд, бо як оҳанги мағрурона гуфт:
— Ман як чизро медонам, ки ту намедонӣ.
— Чӣ чиз будааст он?- гӯён пурсидам ман бо оҳанги тааҷҷубомез. Мумкин буд, ки ӯ на як чиз, балки бисёр чизҳоро донад, ки ман надонам. Аммо надонистани маро ӯ аз куҷо медонист. Тааҷҷуби ман ана дар ҳамин ҷо буд.
— Ман забони урусиро медонам, — гуфт бо ҳамон ғурури аввалиаш. Ман дар дили худ сухани ӯро бовар накарда худ ба худ фикр мекардам: «дар мадрасае, ки талабаҳо забони модариашонро намедониста бошанд ва худи ин ягон байт ҳам аз шеъри забони модариаш ёд накарда бошад, забони русиро чӣ тавр ёд мегирад?» Бо ҳамаи ин ба ӯ гуфтам:
— Канӣ, бо забони русӣ гап зан, шунавам, ки он забон чӣ гуна мешудааст?
— Русҳо соатро «час» мегӯянд, — гуфт ӯ.
— Боз чиҳоро медонӣ? — пурсидам ман.
— Боз чанд гап медонам, ки ҳоло дар ёдам нест, — гуфт ӯ — дар коғаз навишта мондаам. Ту ягон вақт ба ҳуҷраи ман даро, хонда медиҳам.
Ман ҳамон рӯз баъд аз шом ба ҳуҷраи ӯ даромадам. Ҳуҷрааш дар гӯшаи ғарби ҷанубии даруни мадраса воқеъ шуда буда, бисёр танг буд — ду кас ба зӯр менишаст. Дар миёнаҷойи ҳуҷра як сандалӣ, дар як тарафи пойгаҳаш як охурчаи дастурӯйшӯйӣ буд, ки об аз як сӯрохча ба зери он — ба як тағора мерехт ва ҳар гоҳ ки он тағора пур шавад, бароварда бар рӯйи ҳавлии мадраса рехта мешавад. Дар тарафи дигари пойгаҳ, дар мағзи девори ҳуҷра мӯрӣ ва оташдони ошпазӣ буд, ки дар зераш як чуқурии ҳезумдон ҳам дошт. Аз тарафи пойгаҳ зери ҷойи нишастро камарвор кофта будаанд, ки дар он ҷо ангишт мерехтаанд. Палоси ҳуҷра сода, аммо озода буда, умуман он ҳуҷра дар шароити мадрасаҳои Бухоро барои истиқомати як кас кифоя мекард.
Пирак маро ба рӯйи ҳуҷра гузаронида дар рӯ ба рӯйи худаш — дар кодоки сандалӣ шинонд ва бе ҳеҷ муқаддима аз таҳти кӯрпачае, ки бар рӯйи вай нишаста буд, коғазеро баровард. Дар рӯйи коғаз бо қалами қариндош ду сатр хат навиштагӣ буд. Аз баъзе ҳарфҳояш маълум мешуд, ки он хат бо ҳарфҳои арабӣ навишта шудааст. Аммо он ҳарфҳоро калима карда хондан мумкин набуд.
Пирак он коғазро ба дасти ман дода:
— Хонда бин, забони русиро ёд мегирӣ. Ин хатро хондан мумкин нест. Кӣ навишт? — гуфта пурсидам ман баъди аз назар гузаронидани он коғаз. Ба рӯйи бенури Пирак як сурхии нимранге давида:
— Худам навишта гирифтам, — гуфт ва илова кард, — ман хат надорам ва хатнависиро машқ накардаам. Инро аз рӯйи хати дигар касе нусханависӣ карда гирифтам.
Ман коғазро ба пеши ӯ гузошта:
— Канӣ, худат хон, — гуфтам.
Ӯ ба сиёҳиҳои дар рӯйи коғаз нақшбаста ангушти ишорати дасти чапашро гузошта, оринҷи дасти росташро бар рӯйи сандалӣ ниҳода ва гӯши тарафи росташро бо нимаи рӯяш ба панҷаи он дасташ такя дода ва чашмонашро бо диққат бар он коғаз дӯхта ба хондан даромад:
— Ана инаш ледина… Ана инаш ях… Боз ана инаш часы, маъниаш соат, баъд, сонӣ хилеб, ин нон, — хонанда сукут карда монд.
— Ҳамааш ҳамин? — ман пурсидам.
— Ҳа, ҳамааш ҳамин, — ӯ ҷавоб дод.
— Ин тавр бошад, ту ҳамин калимаҳоро «ана инаш»-ҳоятро ҳамроҳ накарда якта-якта гӯй, ман дуруст шунавам ва ёд гирам.
Пирак ду-се бори дигар «ана инаш»-ҳоро ҳамроҳ карда хонд. Дар охир бо танбеҳ ва талқинҳои ман монанди он ки дар мактаби кӯҳна мехонда бошад, сарашро пасу пеш ҷунбонида- ҷунбонида гуфт:
-.Ледина — ях… часы — соат… хлеб — нон.
Ман аз забони ӯ ин калимаҳоро омӯхта, аммо монанди он ки шеъри тоҷикӣ мехонда бошам, бурротар карда гуфтам:
— Ледина — ях, часы — соат, хлеб — нон.
Бо шунидани ин суханҳо аз забони ман, дар чеҳраи ҳамсӯҳбатам як шӯълаи шодӣ нурафган шуда, бо ҳаяҷон гуфт:
— Ибӣ, ин «Нисоб-ус-сибиён»* шуд-ку.
— Магар ту «Нисоб-ус-сибиён»-ро медонӣ? — ман пурсидам.
— Падарам дар вақти хурдиҳоям якчанд байташро ба ман ёд дода буданд. Як хаташ ҳанӯз дар ёдам ҳаст, — гуфт ва мисраи зеринро хонд: «Само — осмон, арзу ғабро — замин». Ва баъд аз ин боз сухани худро давом кунонду гуфт;
— Биё, як кор кунем, ман гапҳои русиро ёфта бо тарҷимаи тоҷикиаш ғун мекунам. Ту якта «Нисоб-ус-сибиён»-и русӣ соз.
_ Мешавад, — гуфтам ман дар ҷавоб ва аз вай пурсидам:
— Ту гапҳои русиро аз куҷо меёбӣ?
— Мулло Туроб ҳаст-ку, — гуфт ӯ, — ана ҳамин ба Самарқанд рафтуой дорад. Дар он ҷо русҳо бисёр будаанд. Вай дар як дафтарча чанд гапҳои русиро навишта гирифта будааст, ман ҳамин гапҳоро аз дафтари вай бардошта гирифтам. Ба ӯ мегӯям, ки ин дафъа бисёртар гап ёфта бо маъниҳояш навишта биёрад. Баъд ман аз вай навишта мегирам ва ба ту медиҳам.
— Бисёр хуб, — гуфтам ман.
Пирак як сукути андешамандона карда, боз ба гап даромад:
__________
* Дар Бухоро «Нисоб-ус-сибиён» ном як китобча буд, ки дар вай луғатҳои арабӣ ба забони тоҷикӣ бо шеър тарҷима карда шуда буд. Он китобча дар шакли маснавӣ чанд порча шеърро дар бар мегирифт ва хар порчааш бо вазни алоҳида буда, дар аввали ҳар порча номи вазни он бо «афоил»-ҳояш низ бо шеър баён ёфта буд. Он китобча барои талабаи навомӯз хеле фоиданок бошад хам, дар мактабҳо ва мадрасаҳо надаровардагй буд. Баъзе муллоҳои хушсаводи шеърфаҳм ба фарзандони худ меомӯхтанд.
— Гапҳои русӣ навишта гирифтани маро мабодо ба касе нагӯй. Муллоҳо ганда, агар шунаванд, одамро хафа мекунанд.
— Чаро? — ман тааҷҷубкунон пурсидам.
— «Чаро хафа карданашонро» аз онҳо пурсидан даркор аст. Ман ҳамин қадарро медонам, ки порсол Мулло Туробро хафа карданд.
— Муллоҳо, намедонам, аз куҷо шунидаанд, ки Мулло Туроб аз Самарқанд гапҳои русиро навишта овардааст. Бинобар ин «ӯ рус шудааст, вайро аз мадраса баровардан даркор», — гуфтаанд. Аммо, азбаски ӯ дар ҳуҷраи зархариди худаш менишинад, худашон вайро аз мадраса бароварда наметавонистанд. Ба ин сабаб якчанд калонони мадраса падари маро ҳам ҳамроҳ гирифта ба қозикалон рафта арз кардаанд, ки Мулло Туробро аз мадраса барорад.
Лекин қозикалон қабул накардааст, «бо гапҳои русиро навишта гирифтан одам кофир намешавад» гуфтааст. Ва низ гуфтааст, ки «русҳо бо ҷаноби олӣ (амир) дӯст мебошанд. Агар ин гапҳои шумоёнро шунаванд, хафа мешаванд. Аз пайи ин навъ корҳои иғвогарӣ нагардетон», ман ин гуна гапҳоро аз падарам шунидам. Акаам бо Мулло Туроб ошно буд, падарам ба ӯ таъин карданд, ки минбаъд бо вай рафтуомад накунад.
Ман пай бурдам, ки Пирак бо ҷуссаи назарногир ва чеҳраи бемормонандаш шавқи чизомӯзӣ дорад. Бинобар ин ба ӯ гуфтам:
— Кам-кам шеърхонӣ ҳам кун, дар одам вай даркор мешавад.
— Мулло Ҳомиди савтӣ ва Зайниддинхоҷа ба ҳуҷраи акаам бисёр меоянд ва ғазалхонӣ мекунанд. Ман аз онҳо мепурсам, ки ба ман ғазалхониро ёд диҳанд.
— Ин кори дигар аст. Лекин бо вай одам шеърдон намешавад. Хубаш ин аст, ки аз ягон баёз ё девон кам-кам шеър хонӣ.
— Мо баёз надорем, — гуфт ӯ, — дар вақти мактаб падарам ба ман як «Хоҷа Ҳофиз» ёфта дода буданд. Ҳоло ҳамон китобро ба додарам, ки дар мактаб мехонад, доданд.
— Ман ба ту як китобчаи шеър меорам. Аз вай мехонӣ.
Ӯ қабул кард, оншаба сӯҳбатамон бо Пирак бо ҳамин тамом шуд. Ман як шаби дигар — баъд аз шом китобчаи «Махмуд ва Аёз»-ро ба ҳуҷраи Пирак бурдам. Ӯ он китобчаро ба даст гирифта сар то по варақ зад ва баъд аз он ба ман гардонда дода:
— Ман инро хонда наметавонам ва хаташро намешиносам. Агар «Хоҷа Ҳофиз»-и худам мебуд, эҳтимол хонда метавонистам, — гуфт бо як оҳанги маъюсона.
Ман фаҳмидам, ки ӯ ҳам монанди бештарин мактаббачагони он замон аз мактаб «нусхахон» шуда баромада будааст. Ва аз китоби бегона чизеро хонда наметавонистааст. Аммо ман аз саводнок шудани ӯ умедамро наканда ва ӯро дилбардорӣ карда гуфтам:
— Ман хонданро нишон медиҳам, дар се-чор рӯз худат хонда метавонистагӣ мешавӣ.
Ман ба ӯ эҳтиёткорона муомила карда нагуфтам, ки «ман ёд медиҳам», бал-ки «ман хонданро нишон медиҳам» гуфтам. Зеро агар ба худ ранги омӯзгориро медодам, аҷаб набуд, ки ба нафсаш сахт расида аз омӯзиш саркашӣ кунад.
— Канӣ хонданро нишон деҳ, — гуфт у бо оҳанги шавқмандона.
Ман ҳамон шаб аз ғазали он китобча чор байтро аввал худам бо овози ба-ланд хондам. Баъд аз он ба вай гӯёндам, вақте ки ибораҳои шеърро ёд гирифт, аз китоб чӣ навъ баромадани он ибораҳоро ягон-ягон нишон додам.
Баъди он шаб, ҳар шаби таътил, ки ман аз хизмати хӯҷаинонам барвақттар фориғ мешудам, ба ҳуҷраи Пирак даромада бо ӯ дар болои китобчаи «Маҳмуд ва Аёз» машғулӣ мекардем. Ӯ дар ду мох он китобчаро хонда метавонистагӣ шуд ва хатҳои хонотари дигарро ҳам оҳиста- оҳиста хонда метавонист. Баъд аз он ӯро аз рӯйи ҳамон китобча ба хатнависӣ даровардам.
Аввалҳо нусхабардорӣ мекард. Вақте ки дасташ ба қалам ром шуд, аз пеши худ хам баъзе чизҳоро навиштан гирифт. Ба ҳамин тариқа то баҳор, нимкора бошад ҳам, хату савод баровард.
Дар ин миён Мулло Туроб боз як бори дигар ба Самарқанд рафта омад. Ҳарчанд ӯ аз ҳуҷуми муллоён тарсида дигар калимаҳои русӣ навишта гирифтанро тарк карда бошад хам, бо илтимоси Пирак се калимаи дигарро бо тарҷимааш навишта овардааст. Онҳо ин калимаҳо буданд:
«Снег — барф, дожд — борон, душа — ҷон».
Пирак ин калимаҳоро аз дастнависи Мулло Туроб бо хати худаш навишта оварда, аз ман илтимос кард, ки инҳоро ҳам «Нисоб-ус-сибиён» карда ба «Нисоб-ус-сибиён»-и аввалӣ ҳамроҳ кунам. Ин дафъа хати Пиракро ман ҳам хонда тавонистам ва барои ба назм даровардани он калимаҳо фикр кардам, бе душворӣ ин се калима ҳам як мисраъ шеър шуд, ин мисраъ фақат бо ҳамроҳи як «у» ба охири калимаи «барф» ва боло-пойин намудани калимаҳои «дожд — борон» ва «душа — ҷон» ба вуҷуд омад. Ман он мисраъро ба китобчаи «Нисоб-ус- сибиён»-и Пирак навишта хонда додам:
«Снег — барф. душа — ҷон, дожд — борон».
Пирак аз ман илтимос кард, ки ин «Нисоб-ус-сибиён»-ро бо «Нисоб-ус-сиби-ён»-и аввалӣ як ҷо навишта бинам, ки ҳар ду бо ҳам мувофиқ шудаанд ё не. Ман ду мисраъро дар як ҷо навишта хонда додам:
«Ледина — ях, часы — соат, хлеб — нон»,
«Снег — барфу душа — ҷон, дожд — борон».
Бо шунидани ин мисраъҳо Пиракро як ҳолати аҷибу як ҳаяҷони фавқулодда рӯй дод, ӯ монанди шарораи оташи чӯби бурс — арча аз ҷояш ҷаст ва чунон рақс кард, ки ман дар ҳайрат мондам. Ӯ аъзои баданашро бо ҳамоҳангии музикавӣ баробар ларзонда ва ду панҷаи дасташро бо ҳам пайванд дода бо ангуштонаш мувофиқи оҳанги ларзиши баданаш шикан-шикан мекард.
Ман ин гуна рақсро дар умри худ як бор дар деҳаи Соктаре дида дар ҳайрат монда будам: дар он ҷо дар тӯйи яке аз ҳамсоягонамон аз Ғиждувон як даста созандагон омада буданд, ки дар байни онҳо Тоҷихон ном раққос буд. Ӯ ҳамин гуна мерақсид ва дар паси ҳар рақси вай тамошобинон «Шо бош! Зинда бош! Офарин!» — гӯён фарёд мебароварданд. Аммо Тоҷихон як раққосе буд ва ӯ ба ҳавои нақароти дойра, ки вайро устокорони ҳунарманд менавохтанд, мерақсид. Ҳайратангезии рақси Пирак дар ин буд, ки у бе ҳеҷ устокор ва бе ҳеҷ усули нигоҳдории дойрадаст монанди ҳамон Тоҷихон мерақсид.
Баъд аз рақсидан Пирак ба паҳлуи ман омада маро бо он шеъри «Нисоб-ус-сибиён» забонӣ ҳам табрик намуд ва ман ҳам ӯро бо он рақси нодиракорона таҳсин намуда, аз куҷо ва аз кӣ омӯхтанашро пурсидам, ӯ дар ҷавоби ман гуфт:
— Дар мадрасаи мо Мулло Ҳомид ном савтӣ ҳаст, ки ӯ аз тумани ту — аз Ғиждувон аст. Ӯ бо акаам ошно буда, баъзе шабҳои таътил, дар вақте ки ба ҷое меҳмон набошад, ҳамроҳи шарикдарсаш Зайниддинхоҷа меоянд. Мулло Ҳомид ғазалхони бисёр хуб буда, лаълиро ҳам дойравор хуб менавозад. Ӯ дар фуроварди ҳар ғазалхонӣ ба ҳавои уфар лаълӣ менавозад ва дар он вақт барои гарм кардани базм раққос ҳам лозим аст. Бинобар ин ӯ маро рақс омӯхт ва дар уфарҳои худ маро бозӣ дошт. Пирак баъд аз ин сухани худ андак хомӯш монда боз давом намуд:
— Ҳар вақт ки Мулло Ҳомид ба ҳуҷраи акаам ояд, ман ба ту хабар медиҳам, биё ғазалхонии ӯ ва рақси маро тамошо кун.
Ман қабул намуда, ваъда додам, ки дар шаби маълум биёям.

Паҳлавони фавқулодда

Пирак як рӯзи сешанбе баъди пешин маро дида хабар дод, ки шаб ба ҳуҷраи акааш ғазалхонӣ мешавад ва маро даъват намуд, ки баъд аз хуфтан ба он ҷо дароям.
Ман ба ӯ гуфтам:
— Имшаб, ки шаби таътил аст, ман бояд дар ҳуҷраи домуллои кунҷакиам Мулло Абдусалом ош пазам. Ҳар вақт ки он хизматро тамом кунам, аз ӯ рухсат гирифта хоҳам омад. Ман мувофиқи ваъдаи худам соатҳои даҳ ба ҳуҷраи Махдуми Гав даромадам: ҳуҷраи ӯ яккаравоқ буда, нисбат ба ҳуҷраи додараш се баробар фарохӣ дошт. Ҳарчанд ин ҳуҷра ҳам якдара ва ҷойи дастурӯйшӯйӣ ва оташдонаш дар пойгаҳаш буд, лекин вусъати рӯйи ҳуҷра ва пойгаҳ ба анҷом расондани ошпазӣ ва дастурӯйшӯйиро осонтар мекард. Бар болои ин ин ҳуҷра миёнбаст дошт, ки чизҳои озуқаворӣ, ҳезум ва ангишт ва колои барзиёди соҳиби ҳуҷра бар болои вай меистод. Дар пешгоҳи ҳуҷра сандалӣ буда, дар кодоки пешгаҳи вай Мулло Ҳомиди савтӣ ва дар ду кодоки паҳлуӣ Зайниддинхоҷа ва Пирак менишастанд. Аммо Махдуми Гав дар он ҷо набуд. Вақте ки ман даромадам, Пирак аз ҷояш хеста маро ба ҷойи худаш гузаронид ва худ дар кодоки пойин нишаст. Баъд аз якпиёлагӣ чой нӯшидан ғазалхонӣ сар шуд. Овози Мулло Ҳомид равғанӣ ва ишкамӣ буда, сурнайвор дароз буд. Овози Зайниддинхоҷа ҳам равғанӣ буд, лекин кӯтоҳ буда, ба авҷҳои расои баъзе ҳавоҳо намерасид. Баъд аз хониш ҳар ду созанда лаъличаҳоеро, ки дар даст доштанд, дар ҳавои уфар навохтанд ва Пирак рақсид. Рақси ӯ дар зери усули устодонаи Мулло Ҳомид боз ҳам моҳиронатар, боз ҳам нодиракоронатар баромад.
Баъд аз тамом шудани як пайти базм дар вақти чойнӯшӣ ман аз Пирак сабаби дар ин ҷо набудани акаашро пурсидам, ӯ гуфт:
— Акаам бо Асадҷон-махдум, ки домоди додари қозикалон аст, дӯстӣ дорад. Ӯ имшаб дар гузари Мирдӯстум ба хонаи як хешаш ба меҳмонӣ мерафтааст. Ба сабаби он ки дар бозгашт шабона дар роҳ танҳоӣ накашад ва ба ҳуҷуми дуздон ё шӯрапуштон (хулиганҳо) гирифтор нашавад, акаамро ҳамроҳ бурд. Ӯ ваъда карда буд, ки зуд баргардад, намедонам ба чӣ сабаб то ҳол боз наомад. Пирак чойи дар даст доштаашро нӯшида шуда ба он пиёла ба Мулло Ҳомид чой кашида дод ва бо табассуми як навъ шармгинона боз суханашро давом дод.
— Акаам «говзӯр» аст, — гуфт ӯ, — ба ҳамин сабаб ба ӯ «Махдуми Гав» лақаб додаанд. Дар ҳар ҷое, ки ягон дузд ё шӯрапушт ба дасташ афтад, то аз кирдори худ тавба накунад, аз дасти ӯ халос шуда наметавонад. Бинобар ин Асадҷон Махдум дар ягон роҳи хавфнок равад, ӯро ҳамроҳи худ мебарад.
Мулло Ҳомид ба гап ҳамроҳ шуда гуфт:
— Мо, ғиждувониён, ҳам базмдӯст мебошем, ҳам размдӯст. Бинобар ин ман Махдуми Гавро, ки марди майдони разм аст, дӯст медорам ва ҳар вақт фурсат ёбам, ба пеши ӯ омада, як шингил хонда вақти ӯро хуш мекунам. Ҳайф, ки ӯ то ҳол наомад.
Хонандагон боз якчанд пайт ғазалхонӣ карданд ва уфар навохтанд. Пирак ҳам хуб рақсид. Вақт аз нимаи шаб як соат гузашт. Аммо ҳанӯз аз Махдуми Гав дарак набуд. Мулло Ҳомид соаташро дида ба Пирак гуфт:
— Шикамҳо ҳам танбӯр навохтанд. Ошатро тайёр кун, зудтар хӯрда рафта хобидан даркор аст. Пирак палавро тайёр карда кашид. Баъд аз хӯрда шудани ош ва ғундоштани дастархон Махдуми Гав омад. Чашмони ӯ монанди машъали даргирифта истода алангапошӣ мекарданд. Ӯ дар ин вақт ба ҷойи табассуми доимиаш хандаи баланд мекард. Ман гумон кардам, ки ӯ девона шудааст ва дар дили худ ба ҳоли ӯ афсӯс мехӯрдам.
Аммо ӯ бо хандаи девонаворона ҳушёрона ба гап даромада, аз меҳмонон барои дер омаданаш узр талабид ва гуноҳи дер омаданашро ба гардани соҳибхона ва меҳмонони ӯ монда гуфт:
— Ин махдумон чандин бор маро бо шароб имтиҳон карда дида буданд. Имшаб боз ҳамон имтиҳон сар шуд. Аммо ҳарчанд нӯшонданд, ман на ғалтидам ва на аз ақл бегона шудам, баъд аз он ба умеди афтодан ба ман банг кашонданд. Ман аз ин пеш банг накашида будам. Бо вуҷуди ин «мардӣ аз даст наравад» гуфта ду сархона бангро пай дар ҳам тамоман худам кашидам. Дигарон, бо вуҷуди ин ки аз ман камтар нӯшида буданд ва бангро ҳам як қуллоб-як қуллоб кашиданд, ҳама масту лояъқил (аз ақл бегона) шуда ғалтиданд. Асадҷон Махдум бошад, пеш аз банг кашидан ғалтид. Ман маст нашуда бошам ҳам, сахт дарди сар шудам. Аз хизматгори соҳиби хона ягон даво пурсидам. Вай «давояш қурут» гуфт. Аммо ӯ қурут ёфта дода натавонист. Ман «укаҷонакам қурут ёфта медиҳад» гӯён ба тарафи ҳуҷра давидам.
Махдуми Гав ҳамаи ин суханонро бо хандаи қаҳқаҳаомехта гуфт. Дар вақте, ки сухани охиринашро мегуфт, уллосзанон гиря карда додарашро дар бағал кашида ва гирякунон ба ӯ муроҷиат кард:
— Укаҷонакам, ҳамаи умедам аз туст. Баъд аз модарамон мурдан ману ту дар дунё танҳо мондем. Агар ту қурут ёфта дода дарди сари маро даво накунӣ, модар аз ту розӣ намешавад.. Пирак соатро ба ӯ нишон дода аз нимаи шаб ду соат гузаштани вақтро, дар ин вақт қурут ёфтан мумкин набуданро ҳарчанд бо далел ва бо суханҳои нарм ба ӯ фаҳмондан мехост, ӯ қабул намекард ва талабашро боз ҳам сахттар гузошта гиряашро баландтар мекард.
Охир Пирак гуфт:
— Сабр кун, дар ҳуҷраи худамон қурут будааст ва ман фаромӯш карда будаам. Ҳозир аз миёнбаст фуроварда медиҳам.
— Боракалло, додаракам, гап ин-дия. Қурутатро нахӯрда дарди сарам кам шуда истодааст, — гӯён боз ханда сар кард. Сарашро хам карда шикамашро бо ду дасташ маҳкам гирифта механдид. Мулло Ҳомид ва Зайниддинхоҷа хам баробари ӯ ба хандидани ӯ механдиданд.
Ҳуҷра пур аз ғалоғулаи ханда шуд.
Пирак нардбончаеро, ки дар пойгаҳи ҳуҷра ба девор ба як мех овехтагӣ буд, гирифта ба миёнбаст монд ва як табақро гирифта ба болои миёнбаст баромад. Баъд аз чанд дақиқа дар ан ҷо хашар-хушур карда нишастан табақро ба даст гирифта пойин фуромад. Дар табақ даҳ- дувоздаҳ сар пиёзи сафед буд, ки пӯст канда тоза намуда қурутмонанд кардааст. Табақи пурпиёзро ба пеши бародараш ниҳод. Ӯ хандакунон ба пиёзхӯрӣ даромад, дар вақти пиёз хойидан чой ҳам менӯшид. Ӯ хандакунон ба додараш хитоб карда гуфт:
— Ин қурутат обдори хуб будааст. Қурут одатан санг барин сахт мешавад, ки хӯрданаш ҳеҷ мумкин нест. Аммо ин қурут нарм ва хойиданбоб будааст. Андак тундӣ дошта бошад ҳам, ба даҳани кас мефорад. Шояд тундиаш дарди сарро зудтар дафъ кунад.
Дар вақти «қурутхӯрӣ» аз ҳамсӯҳбатони оншабаи худ гап сар карда, хандакунон гуфт:
— Имшаб ҳамсӯҳбатони ман ҳама махдумони номдори Бухоро буданд, махдумҳо бисёр аҳмақ мешаванд. Арабҳо «валадуннаҷиби ло янҷаб ва ин наҷаба фааҷаб» (фарзанди одами наҷиб — одами калон, наҷиб — одами покиза намешавад ва агар аз одами калон одами покиза рӯяд — ин як воқеаи тасодуфии аҷиб мешавад) гуфтаанд, ки тамоман дуруст аст. Охир ҳамин ҳазлу вақтхушист, ки худ масту аласт шуда ғалтида бихоб! Як бечораи ба домат афтодаро ҳам дарди сар кун! Ман ҳам аҳмақам, ки бо ҳамин аҳмақони модарзод ошноӣ мекунам.
Махдуми Гав боз гиря сар кард. Баъд аз хӯрда тамом кардани пиёзҳо боз хандида аз зиёд шудани дарди сараш ба шикоят даромад. Мулло Ҳомид ба ӯ маслиҳат дод, ки ба ғуслхонаи мадраса чанд офтоба оби сардро аз сараш резад. Дар он вақт дарди сараш бартараф хоҳад шуд. Махдуми Гав офтобаҳояшро пуроб карда ба ғуслхона рафт. Мо ҳам пароканда шуда рафтем.
Ман бевақт хобида бошам ҳам, пагоҳ барвақт бо торикии рӯз аз хоб хестам. Чунки аз бозор қаймоқ оварда ба хӯҷаинҳо чойи қаймоқӣ пухта доданам даркор буд. Бо сафед шудани рӯз — вақте ки ман ба бозори шир мерафтам, дар рӯйи саҳни мадраса Махдуми Гав аз пешам баромад. Ӯ бо одати муқаррариаш тани ба курта ва дар дасташ чойник буд, ки аз самоворхона дам карда меовард. Ӯ баъд аз салому пурсуҷӯй ба ман гуфт:
— Ҷӯраат — Пираки бадбахт қурут гуфта пиёзро ба ман хӯронд. Ман фаҳмида бошам ҳам, «додари худро худам хафа накунам» гуфта «ҳой-ҳой» гӯён хӯрдам. Сабилмонда пиёз дарди сарамро зиёд кард. Ҳар чӣ давои Мулло Ҳомид як ба як баромад — баъд аз оби сард рехтан дарди сар ором гирифт. Шаб осуда хобида аз Пирак пештар аз хоб хестам.
Як фасли асрӣ бо Пирак ба рӯйи саҳни мадраса баромадем. Борон меборид. Пирак муносиб донист, ки ба пойини саҳн фуромада, дар айвончаи ягон дӯкон нишаста фасли асрро гузаронем. Аз саҳн фуромадем, ки дар айвончаи дӯкони Шароф Даллоли чойфурӯш Махдуми Гав бо мулло Ҳомид ва Зайниддинхоҷа нишастаанд ва дар паҳлуи Мулло Ҳомид Ҷамолҷон ном як ҷавон, ки ҳавлиаш дар болокӯчаи пеши мадраса буда, ба касби заргарӣ машғулӣ дошт, менишаст. Мулло Ҳомид оҳиста-оҳиста бо замзама ғазалхонӣ мекард. Мо ҳам дар қатори онҳо ҷойгир шудем.
Дар ҳамин вақт аз тарафи Тоқи Заргарон, ки дар тарафи шарқии мадрасаи Мири Араб воқеъ аст, ду нафар намоён шуд, яке аз инҳо одами баландқомати тануманд, сафедчеҳра буд, ки бурутҳои ғафси бадҳайбате дошт. Аз афту андомаш сисола менамуд. Дигаре як ҷавони ғалчаи 57 сиёҳчеҳра буд, ки 25-сола тахмин кардан мумкин аст.
Вақте ки инҳо ба рӯ ба рӯйи мо расиданд, одами қадбаланд ба заргарписар хитоб карда гуфт:
— Ҷамолҷон, шумо ҳомиҳои хеле зӯр ёфтед-ку. Лекин шумо дониста монед, ки агар сад нафар ҳомӣ дошта бошед ҳам, аз хироҷдиҳӣ халос намешавед.
Ояндагон гузашта рафтанд. Гапи он одами қоматбаланд ба Мулло Ҳомид сахт расида ӯ хост, ки аз дунболи ӯ рафта дар ягон паскӯча бо вай биҷангад. Аммо Махдуми Гав монеъ шуда гуфт:
— Ин одамро Рӯзӣ Бадбурут мегӯянд, ки шӯрапушти гузарост. Ба зӯриаш бисёр ғарра аст. Бо ӯ даст ба гиребон шудани шумо муносиб нест. Ин корро ба ман вогузоред. Дар ягон вақти муносиб ман ӯро танбеҳ хоҳам дод.
Махдуми Гав баъд аз он аз Ҷамолҷон пурсид:
— Ин одам бо ту чӣ ҷанҷол дорад? Ҷамолҷон гуфт:
— Ин одам як рӯз дар паскӯчаи гузари Такбандбофон аз пешам баромад ва ҷомаи рӯямро аз танам кашида гирифт ва «бо ин як ҷома шумо аз дасти ман халос шуда наметавонед, агар саломатӣ ва обрӯй даркор бошад, бояд шумо ҳамеша ба ман хироҷ дода гардед» гуфту рафт. Баъд аз як ҳафта бо он ҷавоне, ки дар паҳлуяш меравад, ба сари дӯконам омад. Ман дар кирётахта* симкашӣ мекардам. Ӯ ба ман гуфт:
___________
* Кирётахта — тахтаест аз пӯлод, ки сӯрохҳои калону хурд дорад. Дар заргарӣ тилло ва нуқраро аввал гудохта ба шакли сими ғафс мерезанд ва баъд аз он симро аз сӯрохҳои ҳамон тахта гузаронида, кашида ба кадри матлуб борик мекунанд. Дар заргарӣ ана ҳамин асбобро «кирё» мегӯянд, ё ин ки «кирётахта» меноманд ва амалиёти борик гардонидани симҳои ғафси тилло ва нуқраро «симкашӣ» мегӯянд.
— «Коратон бисёр зарур бошад ҳам, як дам аз вай даст кашида аз «нӯги хамир фатир» гӯён ба хар дуи мо ду ангуштарин диҳед».
— Ман ду ангуштарини нуқра додам. Қабул накард, «тилло бошад», гуфт. Ночор ба худаш як ангуштарини тилло ва ба ҳамроҳаш як ангуштарини нуқра додам. Ин бори сеюм аст, ки ба ман вохӯрд ва мехоҳад, ки фардо боз аз ман ягон чиз ситонад.
Дар чашмони Ҷамолҷон об чарх зад ва суханашро гиряолудона давом дода гуфт:
— Акнун бояд ман ё ҳама дастмояамро кам-кам ба ӯ диҳам, ё он дӯконро ғундошта хонанишин шавам.
— Хотирҷамъ бош, ягон кор мекунем, — гуфт Махдуми Гав ба Ҷамолҷон ва бо ҳамин ин сӯҳбат тамом шуд ва замзамаи Мулло Ҳомид давом кард.
* * *
Баъд аз чанд рӯзи воқеаи сари дӯкони Шароф Даллол ман дар фасли аср ба рӯйи саҳн баромадам, муллобачагон ду-ду, чор-чор дар гӯшаву канорҳои саҳн нишаста сӯҳбат ва чақ-чақ доштанд. Дар миёни онҳо Пирак набуд. Ман рост истода фикр мекардам, ки ба назди кадом гурӯҳ рафта нишинам. Дар ҳамин вақт Пирак аз мадраса баромад, ӯ ба касе ва гурӯҳе нигоҳ накарда ба тарафи зинаи шимоли саҳн шитобкорона мерафт. Ман ӯро ҷеғ зада ба ин суръат куҷо рафтанашро пурсидам. Ӯ маро ба омадан аз дунболи худаш ишорат карда худ ба роҳаш давом намуд.
Ман ба ду хез задан дар сари зина ба ӯ расида ҳар ду паҳлу ба паҳлу аз зина фуромадем. Ӯ бо кӯчаи калони пеши мадраса ба тарафи ғарб равон шуд ва ман ҳам дар паҳлуи ӯ вайро ҳамроҳӣ кардам.
Чун аз ҷоҳои серодами пеши мадраса гузашта ба тарафи шимолии масҷиди калон — ба ҷойи камодами кӯча расидем, ман аз ӯ пурсидам:
— Ба ин тезӣ куҷо меравӣ ва маро куҷо бурдан мехоҳӣ? Ӯ қадамашро андак сусттар карда ба гап даромад.
— Воқеаи Рӯзӣ Бадбурут ва Ҷамолҷон дар ёдат ҳаст?
— Ҳаст!
— Дирӯз акаам Рӯзӣ Бадбурутро ба ҳуҷрааш оварда зиёфат кард. Ман ош пухтам. Баъд аз хӯрдани он акаам ба ӯ гуфт:
«Рӯзибой, ту одами паҳлавон мебошӣ. Аз ту айб аст, ки шӯрапуштӣ карда гардӣ. Ту чунон зӯрманд мебошӣ, ки ба ҳар касбу кор, ки даст занӣ, рӯзат ба подшоҳӣ мегузарад. Маслиҳати ман он аст, ки ту ин бадкирдориҳоятро парто ва мардонавор зиндагонӣ кун». Рӯзӣ сар хам карда ба зонуи худ чашм дӯхта бо сари ду ангушти дасташ пашмҳои намади ҳуҷраро канда истода, ин суханҳоро гӯш мекард. Вақте ки акаам гапашро тамом кард, ӯ бо ҳамон вазъияти андешамандона гап сар кард: «амир, ки дор дорад, манор дорад, маро аз ин роҳам гардонда натавонист. Ниҳояти кораш ҳамин шуд, ки маро сарбоз карда ба дастам милтиқ дод. Акнун шумо мехоҳед, ки бо насиҳатҳои кампирона маро аз роҳи худам баргардонед. Лекин ман ба шумо маслиҳат медиҳам, ки ин хобатонро ба об гӯед», Рӯзӣ Бадбурут ба кисааш даст зада 5 танга (75 тин) баровард ва он пулро «ин пули ошатон» — гӯён бар рӯйи намад гузошт. Бе он ки ба тарафи акаам нигоҳ кунад, аз ҷояш хеста ба лаби пойгаҳ омад. Акаам ба ӯ «ҳуҷраи ман ошхона нест, ин пулатро гирифта рав. Ман ба гузарат рафта туро насиҳати мардона мекунам. Дар ҳамон вақт чашмат ба ҷояш меафтад» — гуфт. Акаам ин суханҳоро бо оромӣ ва бо табассуми меҳрубонона мегуфт. Рӯзӣ кафшашро пӯшида: «Ин пулро хам дар гузарам ба ман медиҳед. Ман ҳар баъди аср ба «қадам ранҷа кардани шумо» мунтазир меистам» — гӯён аз ҳуҷра баромада рафт. Имрӯз вақти аср акаам маро ба баҳонае ба хона фиристод. Ман аз хона зуд баргашта омадам, ки ӯ дар ҳуҷрааш нест. Албатта, бояд ӯ ба гузари Рӯзӣ Бадбурут рафта бошад, маро ба хона фиристоданаш барои ин бошад, ки дар он «майдони ҷанг» ман ба ӯ ҳамроҳӣ накунам, то ки душманаш нагӯяд, ки «Гав барои ёрӣ гӯсолаи худро ҳамроҳ гирифта овардааст». Аммо рафтани ман лозим аст, то ки мабодо рӯзи баде ба сараш афтад, ман аз аҳволи вай хабардор бошам.
Мо аз растаи Қандалотфурӯшӣ ва Мисгарӣ гузашта ба Тоқи Тиргарон расидем ва аз он ҷо ба тарафи шимол баргашта аз растаи Собунфурӯшӣ ва Регистон гузашта ба тарафи ғарб баргаштем, дар он ҷо аз байни дӯкончаҳои харбуза ва ангурфурӯшӣ гузашта ва аз тарафи шимоли Болои Ҳавз раҳсипор шуда ба гузари Усто Рӯҳӣ расидем, ки ҳавлии Рӯзӣ Бадбурут дар ҳамин гузар будааст. Дар вақте мо ба он ҷо расидем, ки Махдуми Гав дар пеши масҷиди гузар бо мӯйсафедони он ҷо гуфтугузор дошт.
— Ҳанӯз кор сар нашудааст, дар вақташ расида омадем, — гуфт Пирак, — ва аз акааш дуртар истоданро муносиб дид. Мо дар гӯшае рост истодем.
Дар ҳамин вақт Рӯзӣ Бадбурут бо шогирди худаш аз паскӯчаи пушти масҷиди Болои Ҳавз баромад ва шогирдашро дар сари паскӯча монда худ ба пеши масҷид рафта аз мӯйсафедон:
— Чӣ хизмат? — гуфта пурсид.
— Мо ба ту чӣ хизмат мефармудем, — гуфт яке аз мӯйсафедон, — маслиҳати мо ба ту ин аст, ки насиҳатҳои Махдумро гӯш кун ва аз роҳи бадат баргард.
— Боз ҳамон насиҳатҳои кампирона, — гуфт Бадбурут.
— Агар хоста бошӣ, «насиҳатҳои мардона»-ро ҳам мешунавӣ, — гуфт Махдум. Рӯзӣ Бадбурут ҷомаи рӯяшро кашида ба канори кӯча ҳаво дода ва дар миёнаи роҳ рост истода:
— Мардро майдон нишон медиҳад! — гуфт.
Миёни Рӯзӣ бо фӯтаи кабуд сахт бастагӣ буда, дар тарафи чапаш як якка-корди калон бо ғилофу бандаш овезон менамуд.
Махдуми Гав вазнинона аз ҷояш хеста табассумкунон ба рӯ ба рӯйи Рӯзӣ рафт ва ду дасташро аз ду паҳлу ба миёнбанди ӯ зад, дасти рости Махдум корди Рӯзиро бо ғилофаш ва миёнбандаш ҳамроҳ карда, ба қабзаи худ дароварда буд. Рӯзӣ, ки аз Махдум қоматбаланд буд, ду панҷаи худро бо зарбаи сахт ба ду китфи ӯ зад ва анбӯрвор маҳкам дошта бо қуввати тамом пасу пеш такон дод. Аммо Махдум монанди сутуне, ки то нимааш дар замин гӯронида шуда бошад, ҳеҷ намеҷунбид ва дар ҷояш барқарор меистод. Чун навбати зӯр кардан ба Махдум расид, Рӯзиро бо ду даст озод ба сараш бардошт. Танаи дарози ӯ ба болои сари Махдум, бар сари ду дасти у муаллақ ва кӯндаланг меистод.
Шогирди Рӯзӣ ин ҳолро дида ҳуҷумкунон давид, ки ба устоди худ ёрӣ расонад, чун ӯ наздик расид, Махдум бо як по рост истода бо пойи дигараш ба зери нофи вай чунон сахт зад, ки ӯ монанди саги сангхӯрда ғурросзанон якчанд қадам паст рафта афтод.
Махдум дар вазъияте, ки танаи Рӯзиро бар сари дасташ муаллақ медошт, монанди раққосони чобукҳаракат чарх задан гирифт. Рӯзӣ дар ҳаво дастаку пояк мезад. Аммо на дасташ ва на пояш ба ягон ҷойи Махдум намерасид. Дар охир Махдум он бадани шалпаршударо чаппа карда ба замин зад ва дарҳол ба сари синааш нишаста ду дасти ӯро аз бандҳояш маҳкам дошта, онҳоро болоиҳам ба гулӯи худи ӯ гузошта зер кард ва якчанд дақиқа ба ҳамин вазъият дошта истод.
Кӯча аз тамошобин пур шуда буд. Зоҳиран, ҳама аз дасти бадкирдориҳои Рӯзӣ ба ҷон омада будаанд, ки касе барои раҳонидани ӯ аз чанголи Махдум ҳаракат намекард. Ҳатто тамошобинон шогирди Рӯзиро, ки нафасашро рост гирифта дубора мехост ба Махдум ҳуҷум кунад, ба пеш омадан нагузоштанд ва «ҷанг кори шайтон аст» — гӯён ӯро боздоштанд.
Вақте ки Махдум гулӯи Рӯзиро андаке суст кард, ӯ овоз бароварда садо дод:
— Саттор, ки шаҳрамро додам, — гуфт ӯ ғурунгосзанон.
Назар ба истилоҳи олуфтаҳои Бухоро, «шаҳрро додан» таслим шудан буд, ва «Саттор» калонтарин қасами онҳо ба шумор мерафт. Ҳар олуфтае, ки баъд аз бо ин калима қасам хӯрдан аз қавлаш гардад, аз рӯйи қоидаи онҳо хунаш ҳалол буд.
Махдуми Гав гулӯи Рӯзӣ Бадбурутро сар дода аз сари синаи ӯ хест ва аз бозувонаш гирифта барои рост хестани ӯ ёрӣ дод. Вақте ки Рӯзӣ рост шуда дар рӯ ба рӯйи ӯ даст пеш гирифта истод, Махдум аз кисаи худ панҷ тангаро бароварда ба ӯ дароз кард:
— Акнун тавба кардӣ? — гуфта пурсид.
— Тавба кардам, — гӯён ӯ тангаҳоро аз дасти Махдум гирифт. Мо ғолибона ба мадраса баргаштем.

Бозгашт ба оғози китобҳо:

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 1

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 2

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 3

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 4

Бозгашт ба мундариҷаи умумии бахшҳои китобҳо:

Айнӣ С. Ёддоштҳо



error: Content is protected !!