Айнӣ. Ёддоштҳо, қ. 3-3


Гирифтор шуданам ба бемории вабоӣ

Аз вабозадагони мадрасаи Олимҷон ду нафар мурд. Мирқодир бо тағоиаш ва дигар аҳолии мадраса, ки бемор шуда буданд, дар хонаҳояшон мехобиданд. Муаззин Абдуфаттоҳ бемор шуда, ба кадом саҳро баромада рафта буд. Аммо ман, додарам ва Мирсолеҳ саломат будем. Лекин саломатии ман дер накашид: рӯзе бо одати муқаррариам аз нахӯдшӯрбо, ки таоми гарми арзонбаҳои Бухоро буд, як коса оварда бо додарам хӯрдем. Баъд аз хӯрдани вай ба ман як гаронӣ рӯй дода хоб пахш кард. Хобидам ва баъд аз соате аз хоб бедор шудам, ки дилам беҷост, ба рӯйи мадраса баромада аз по афтодам, дигар аз худ бехабар шудам ва ҳамин қадарро медонам, ки ба ман воқеа дар аввалҳои моҳи июл рӯй дода буд.
Як рӯз чашм кушода дидам, ки дар роҳрави ҳавлие нишастаам ва доманам пур аз кулӯхпораҳост, додарам рост истода зорӣ мекунад, ки кулӯхпораҳоро аз доманам резам. Чун ҳушёр шудам, шарм кардам, ки чаро дар доманам кулӯх андохтаам ва рехтам, аммо боз ҳам аз ҳуш рафтам.
Рӯзе аввали пагоҳӣ чашм кушодам, дар паҳлуям додарам хобида буд. Хона бегона буд, ба чор тарафаш назар дӯхтам: дар наздикии дари пешгоҳ як марди ҳафтодсола китобат карда нишаста буд. Шинохтам — ин падари Мирсолеҳ — Миризом ном як пири нуронӣ ва он хона меҳмонхонаи ӯ буд.
Вақте ки ман ба он пир, ки бо дасти чапаш хат менавишт, бо ҳайрат чашм дӯхта истода будам, ӯ қаламашро ба лосдон 140 пок карда, дар гӯшаи саллаи худ аз пеши гӯшаш халонда монда ва саҳифаи китобатиашро бар рӯйи болиш гузошту ба ман нигоҳ карда гуфт:
— Муборак шавад, халос шудӣ! — ва дарҳол Мирҳикмат ном писарашро, ки ҳамеша дар хизмати ҳавлиаш машғулӣ мекард, ҷеғ зад, — гӯй, дар хона ширчой пазанд, — ва ба ман нигоҳ карда давом намуд, — осуда бихоб, имрӯз ширчой мехӯрӣ.
Ман додарамро бедор кардан хостам.
— Мон, камтар хобад, — гуфт пирамард, — имшаб аҳволи ту бад шуда буд, ҳеҷ нахобидааст. Бӯҳрони сахти бемориат буд, ҳар чӣ бошад, бахайр гузашт.
Дар ним соат ширчойро тайёр карда оварданд. Пиракӣ аз он чой дар як пиёла рехта ба ман дод, ки бинӯшам. Ман дам кашидам.
— Акнун то пешин чизе намехӯрӣ, — гуфт бемордори ман. Баъд аз он додарамро бедор кард, ки ширчой сард нашуда нон пора карда хӯрад.
Бемордори таҷрибакор дар соати дувоздаҳи рӯз ҳам ба ман як пиёла ширчой нӯшонид. Ман мехостам нон хӯрам, сахт манъ кард. Шабона ҳам таоми ман як пиёла ширчой шуд.
Рӯзи дигар пагоҳонӣ мӯйсафед дар ним коса ширчой як порча нони тунуки хонагии гармқоқро, ки ба ҷойи сухарӣ мегузашт, пора карда ба ман дод, аммо нагузошт, ки аз он нонпораҳои чой хӯрам:
— Имрӯз фақат маззаи нон басанда аст! — гуфт.
Дар пешину бегоҳӣ камтар-камтар оби шӯрбои гӯштини бе равған пухташударо, ки дар вай як каф биринҷ ҳам ҳамроҳ карда буданд, ба ман хӯронд ва дар рӯзи сеюм ба ҳамон шӯрбо қадаре нони гармқоқ пора карда хӯрданро ба ман рухсат дод.
Аз рӯйи гуфтаи додарам, дар рӯзи аввали беморӣ ва беҳушиам Мирсолеҳи инсонпарвар маро дар мадраса нагузошта, бо додараш ба замбар андохта ба ҳавлиаш оварда, ба пеши падараш гузоштааст ва додарамро ҳам ин ҷо овардааст, ки дар нигоҳубини ман ёрӣ диҳад. Аз рӯйи ҳисоби онҳо ман 29 рӯз беҳуш хобидаам.
Баъд аз як ҳафта, ки ман қадаре қувват гирифта будам ва хостам ба мадраса равам, мӯйсафеди пуршафқат нагузошт:
— Худро канда карда нобуд мекунӣ, — гуфт ва маро боз як моҳи дигар дар хонаи худаш нигоҳ дошт ва додарамро ҳам нигоҳ дошта, аз ҳолаш хабардор шуда истод.

Махдумони байтал

Миризом — одами баландқомати ранги рӯяш гандумгуни сиёҳчатоби камриш, бо вуҷуди ҳафтодсола буданаш сиёҳии ришаш аз сафедиаш бисёртар буд. Ӯ одами хеле пурқувват менамуд. Назар ба қавли худаш, вай писари Миролим-махдуми ӯротеппагӣ буда, дар он ҷо таваллуд ёфтааст. Дар айёми дарсхонии вай ҷанги амир Музаффар ва подшоҳи рус сар шудааст. Ӯ пешаи муллоиро партофта, ба амир нӯкар шуда дар ҷанг иштирок кардааст.
Ӯ сабаби бо дасти чап хат навиштанашро ба ин тариқа ҳикоя кард:
— Дар ҷанги Ҷиззах, — гуфт у,- аз бетадбирии саркардагони амир мо дар даруни қалъа дар муҳосара мондем, дарвозаҳои шаҳрро саркардагон чунон хокрез карда буданд, ки дар вақти шикаст аз онҳо гурехта баромадан мумкин набуд. Вақте ки аскарони рус сахт ҳуҷум оварда, девори қалъаро аз чанд ҷой рахна карда ва бо нардбон аз девор гузашта, ба кӯчаҳои шаҳр даромаданд, бештарини аскарони амир ва ғазоталабон худро аз болои девори қалъа берун партофта мурданд, ҳеҷ набошад, дасту пояшон шикаста аз кор баромаданд. Баъзе касоне, ки як навъ ҷасорат доштанд, истодагарӣ намуда, қадаре ҷанги кӯчагӣ кар-данд ва ман ҳам дар қатори ҳамин ҷанговарон будам.
— Вақте ки ман бо шамшер меҷангидам, — гуфт Миризом суханашро давом дода, — як аскари шамшердори рус бо шамшер ба дасти рости ман ҳамла намуда, панҷаи дастамро қалам карда партофт, шамшер хам аз дастам парида рафту ду солдати дигар аз пушт омада, маро асир карда гирифтанд.
Миризом дар ин ҷойи ҳикояаш кафи дасти росташро ба ман нишон дод, ки тамоман бепанҷа буд ва ба нақли худ давом намуд:
— Маро ба беморхонаи ҳарбии Тошканд бурда табобат карданд. Баъд аз саломат ёфтанам ба ман барои харҷи роҳ пул дода гуфтанд: «Куҷо ки хоҳӣ, рав, ту озод мебошӣ!».
Миризом гуфт:
— Ман дар он вақт чӣ будани инсониятро фаҳмидам. Агар он вақт ягон рус, ҳарчанд ҳарбӣ набошад ҳам, ба дасти одамони амир меафтод, мекуштанд, ҳеҷ набошад, ғулом карда мефурӯхтанд. Аммо русҳо бо вуҷуди ин ки маро дар майдони ҷанг, дар ҳолате ки ман онҳоро мекуштам, гирифтанд, на танҳо маро накуштанд ва ғулом накарданд, балки маро табобат карда, ҳаётамро нигоҳ доштанд ва ба замми ин ба ман харҷи роҳ ҳам дода, ба хонаам гусел карданд.
Миризом баъд аз нақли ин саргузашти худ илова намуда гуфт:
— Ман аз он рӯз сар карда, ба худ муқаррар кардам, ки дигар дар қатори нӯкарони амир хизмат намуда ба пешрафти худ бо ин роҳ кӯшиш намекунам ва маишати худро асосан бо дастранҷи худ, ки китобат аст, таъмин менамоям. Аммо дар ин пеша воситаи асосии ман — панҷаи дасти ростам аз даст рафта буд. Лекин ман аз ин фалокат ба худ ноумедиро роҳ надодам: «Он чизеро, ки дасти рост карда метавонист, чаро дасти чап натавонад?» — гуфтам ва бо дасти чап хатнависиро машқ кардан гирифтам. Дар андак вақт дар навиштани хат бо дасти чап чунон моҳир шудам, ки дар вақтҳои бо дасти рост навиштанам ба ин дараҷа бомаҳорат навишта наметавонистам. Магар дасти чап он қувватеро, ки дар вақти ҷавониам дам гирифта ба худ нигоҳ дошта буд, дар айёми калонсолиам бо як ҳавсалаи ҷавонона ба сарф кардан даромад.
Миризом хомӯш монд ва ман аз ӯ пурсидам:
— Магар шумо аз Тошканд ба Ӯротеппа нарафта, рост ба Бухоро омадед?
— Не, — гуфт ӯ ва эзоҳ дод: — аввал ба Ӯротеппа омадам, дидам, ки дар он ҷо аз наздикони ман касе нест: падар, модар ва бародаронам дар вақти аз тарафи русҳо ишғол шудани Ӯротеппа ба Бухоро кӯчидаанд ва ман ҳам ба Бухоро омадам ва дар ҳамин ҳавлӣ дар сояи падар зиндагонӣ сар кардам.
* * *
Падари Миризом Миролим-махдум ном олиме будааст, ки пеш аз ишғол шудани Ӯротеппа аз тарафи аскарони Россияи подшоҳӣ дар он ҷо аълам будааст. Ӯ дар арафаи ин ишғол бо оилааш ба Бухоро кӯчидааст ва дар ин сафар модиёнеро, ки дар оромӣ ва хушрафторӣ беҳтарини аспонаш будааст, худ савор шуда, бо ҳамон асп ба шаҳри Бухоро даромадааст.
Азбаски мардуми Бухоро модиёнсавориро айб мешумурданд, ба номи Миролим як лақаби «байтал»-ро ҳам, ки «модиён» гуфтан аст, илова намудаанд. Бо ҳамин авлод ва ақрабои Миролим-махдуми аълам дар Бухоро бо унвони «махдумони байтал» шӯҳрат ёфтаанд.
Дар он вақтҳое, ки ман дар мадрасаи Олимҷон будам, дар Бухоро махдумони байтал як ҷамоаи бисёр калон буданд, дар ҳар кадоми гузарҳои Поччоқул-ҳоҷӣ, Говкушон, Чорхарос ва Ғозиён чандхонаворӣ аз инҳо зиндагонӣ мекарданд. Ҳамаи инҳо одамони меҳнатдӯст, хоксор ва соҳиби хату савод ва баъзеҳошон хеле хушхат ва соҳиби фазлу камол буданд. Миризом чор писар дошт, ки номи калонтарини инҳо Мирнизом буда, дар қатори нӯкарони оддии амир буд. Ӯ бо андак маош гоҳ дар сарҳади Хоразм — дар Уч Ӯчоқ, гоҳо дар роҳи Қаршӣ — дар Қаравулбозор дар қатори дигар нӯкарон посбонӣ мекард (тарзи карантини ҳукумати Бухороро дар вақти вабо ба ман ӯ ҳикоя карда буд, ки он вақт дар Хонработ посбони роҳ будааст). Мирнизом соҳиби зану чанд фарзанд буда, дар гузари Ғозиён аз оилаи падар ҷудо менишаст.
Дуюм Ҳоҷӣ Ато ном дошт, ки ӯ ҳам оиладор буда, дар ҳамсоягии падараш дар гузари Чорхарос зиндагӣ мекард. Ӯ маъмури оддии қушбегӣ буда, дар бозорҳои ғӯзаи туманҳо ба тафтиши тарозуҳо машғул буд.
Сеюм Мирсолеҳ буд, ки ҳанӯз хонадор набуд ва дар мадрасаи Олимҷон истиқомат намуда, дар вақтҳои таҳсил дарс мехонд. Ӯ хеле хушхат буда, дар тобистон дар мирзохонаи қушбегӣ нимнависӣ (ба котибони расмии қушбегӣ ёридиҳандагӣ) мекард.
Чорум ва аз ҳама хурдтаракаш Мирҳикмат ном дошт, ки дар он вақтҳо бистсола буда, ҳамеша дар хизмати падар ва оила буд.
Худи Миризом аз дарбори амир амали қаровулбегигӣ 141 дошт, ки ин унвон ба ӯ дар вақтҳои ҷанг дода шуда, то он вақте ки ман дидам, барқарор буд ва аз он роҳ маоше мегирифт, ки ба хароҷоти аспаш намерасид.
Дар ин хусус Миризом ба ман гуфт:
— Ин амал ба гардани ман ҳаминро бор кардааст, ки бояд ман ҳамеша як асп нигоҳ дорам ва даромади аз ин роҳ шудагӣ ба ҳамин асп намерасад. Бо ҳамаи ин ман ин амалро барои он тарк накарда гаштаам, ки Мирҳикмат аспро дӯст медорад ва агар аз амал истеъфо диҳам, бояд аспро ҳам нест кунам, ки ба ин кор писарчаи дӯстдоштаам розӣ намешавад. Миризом илова намуда гуфт:
— Асоси рӯзгори маро ҳамин китобат таъмин мекунад, ки то ҳол ҳам дар як шабонарӯз 14-15 соат кор мекунам.
Миризом бо муллоҳо, бойҳо ҳеҷ рафтуомад намекард, ин гуна одамонро бад медид ва аз шайхҳо бисёр нафрат мекард. Ба хонаи ӯ фақат хешовандонаш махдумони байтал омада мерафтанд, ки ӯ калонсолтарини ин ҷамоа буд. Аз муллоҳо гоҳ-гоҳ танҳо Мулло Раҳмати сартарош ба пеши ӯ омада мерафт, ки ман бо ӯ ба воситаи Шарифҷон-махдум шинос шуда будам. (Зикри Мулло Раҳмати сартарош дар охири қисми дуюми «Ёддоштҳо» гузаштааст.) 142

Страхованияи бойҳо

Рӯзе Мулло Раҳмати сартарош ба ҳавлии Миризом даромада омад. Миризом, ки бо омадани ҳеҷ кас китобати худро тарк намекард, бо омадани Мулло Раҳмат қаламро пок карда дар қаламдон ва коғази китобатиашро ба рӯйи болиш гузошта, дузону нишаст ва:
— Домулло, гап занед, куҷо будед ва чӣ овардед? — гуфта пурсид. Мулло Раҳмат:
— Ба Чорҷӯй барои саёҳат рафта будам, — гуфт.
— «Кирои муфт овораи вилоят мекунад» — гуфтаанд, бояд ягон кирои муфт ёфта бошед, ки ба ин гуна сайру сафар ҳавсала кардед?
— Албатта, — гуфт Мулло Раҳмат ва ба тафсилоти саёҳати худ даромада рафт:
— Шумо медонед, ки ман бо Домуллобой* дар вақти хурдсолиаш шарикдарс ва ошпази вай будам. Ӯ баъд аз бой шуданаш ҳам маро фаромӯш накардааст
___________
* Дар Бухоро як бойи бисёр калони миллионер буд, ки дар хурдсолиаш чанд рӯз дар мадраса хондааст. Бинобар ин мардуми Бухоро номи аслии ӯро набурда, «домулло» ё ин ки «домуллобой» мегуфтанд.

ва гоҳо суроғ карда меистад. Чанд рӯз аз ин пеш дар раста ба ман вохӯрда, «ба хонаи ман биёед, ҳамроҳ ба саёҳати Чорҷӯй меравем» гуфт. Ман қабул кардам ва ҳамроҳ ба Чорҷӯй рафта, дар Девонабоғ, ки шаҳри русӣ, стансияи Чорҷӯй ва стансияи пароходи дарёи Аму мебошад, фуромадем ва дар он ҷо дар сарои Домуллобой, ки як бинои бисёр васеъ будааст, манзил кардем. Рӯйи сарой аз пахтаҳои тойбаста пур буд. Мо дар як хонаи бисёр озода даромадем. Дар он хона намозҳои асру шому хуфтанро бо имоматии Домуллобой, ки худро хеле парҳезгор мешуморад, адо намудем. Баъд аз таом, вақте ки аз шаб як пос 143 гузашта буд, Домуллобой ба ман гуфт:
— Биёед, шарик, ба рӯйи сарой баромада қадаре гардиш кунем ва ҳаво хӯрем. Мо аз хона баромадем. Дар рӯйи сарой якчанд деги миси калони якманиро шинонда пуроб карда меҷӯшонданд. Хизматгорон пахтаҳои тойбастаро ба болои чӯбҳо қатор мечиданд. Вақте ки оби дегҳо ҷӯшид, чанд хизматгор бо сатилҳо оби ҷӯшро кашонда, ба болои тойҳои пахта рехтан гирифтанд. Ман дар ин кор тааҷҷуб намуда:
— Чаро пахтаҳои хушкро тар мекунанд? — гуфта аз бой пурсидам.
— Сабаб дорад, баъд мефаҳмед, — гуфт ӯ.
Хулоса ин кор то саҳар давом кард, баъд аз тамомияти кор мо даромада хобидем. Аммо маро хоб намебурд ва фикрам дар сабаби тар кардани пахтаҳои хушк банд буд. Рӯзона вақте ки офтоб паҳн шуд, Домуллобой ба хизматгорони худ фармуд, ки тойҳои пахтаро дар офтобрӯяҳо гузошта хушконанд. Тааҷҷуби ман боз ҳам зиёдтар шуд ва аз ӯ пурсидам:
— Охир, аввал тар кардан ва баъд аз он хушконидани пахтаҳо чӣ маънӣ дорад? Ман ин корро беҳуда ва ташвиши барзиёд медонам. Ӯ табассумкунон:
— Сабр кунед, баъд мефаҳмед! — гуфт.
Вақте ки тойҳои пахта хушкиданд, бой ба яке аз одамҳояш фармуд рафта контораро хабар кунад, ки омада пахтаҳоро қабул карда гирад.
Баъд аз ним соат якчанд одамони русмонанд бо дафтарҳо омада, тойҳои пахтаро баркашида, вазни ҳар кадомашро ҷудогона ба дафтар менавиштанд ва як кас бо лифу ранги сиёҳ бар рӯйи ҳар той рақам мегузошт ва пахтаҳои баркашидашударо ба аробаҳо бор карда мефиристоданд. Дар бегонӣ кори пахтабаркашонӣ тамом шуд. Одамони контора аз рӯйи дафтари баркаш коғазеро бо забони русӣ навишта ба бой дода, баромада рафтанд.
Мо ба хона даромадем. Бой ба ҳеҷ кор (ҳатто ба намозхонӣ ҳам) машғул нашуда чӯту дафтарро ба пеши худ гирифт. Ӯ ҳай чӯт мезад, ҳай дафтарҳоро бо хату рақам сиёҳ мекард. Дар ин миён хизматгор ош кашида оварда ба пеши мо монд. Аммо бой ба ош ҳам нигоҳ накарда, кори худро давом дод.
Ман, ки гурусна монда будам, ба ӯ гуфтам:
— Биёед, аввал таомро хӯрем. «Аввал таом, в-он гаҳ калом» — гуфтаанд!
— Шумо хӯрдан гиред! — гуфт ӯ бе он ки чашмашро аз дафтар ва дасташро аз чӯт ҷудо кунад, — ман баъд аз ҳисоб карда шуданам мехӯрам.
Ман рухсати ӯро ғанимат шумурда, як тарафи табақро холӣ кардам ва боз ба кори ӯ чашм дӯхта нишастам. Оқибат ӯ ҳисоби худро тамом карда, як коғазро ба ман нишон дод, ки дар як тарафи он 15500 ва дар тарафи дигараш 16500 сӯм навиштагӣ буд ва аз ман пурсид:
— Кадоми ин рақамҳо зиёдтар аст?
— Албатта 16500 сӯм аз 15500 сӯм зиёд аст, — гуфтам ман.
— Ман дар ҳамин сафари худ ва ба сабаби тар карда хушконидани пахтаҳо ҳазор сӯм фоида кардам, — гуфт ӯ.
Тааҷҷуби ман боз ҳам зиёдтар шуд. Ман дар ҳайрат афтодам, ки чаро тар карда хушконидани якчанд той пахта ҳазор сӯм фоида медодааст? Пас ба ӯ гуфтам:
— Шарик, аз барои Худо, зудтар ба ман фаҳмонед, ки шумо ин ҳазор сӯмро ба чӣ роҳ ёфтед, вагарна ман дилтанг шуда истодаам. Ӯ ба эзоҳ додан даромад:
— Дар миёнаи савдогарони рус «страхования» ном як кор ҳаст, гуфт ӯ, — страхования ҳамин аст, ки касе молу чизи касеро ба бадали як ҳаққи ночиз дар ӯҳдаи худ мегирад, ки агар он мол ё чиз талаф шавад, ба соҳиби вай товони он молу чизро медиҳад.
Ҳавлӣ, сарой; моли тиҷоратӣ ва монанди инҳоро страхования кунондан мумкин аст. Ба страхованиягирандагон одатан ширкатҳои калони бой ҳастанд, ки ба ҳар гуна моли пурқимат, дар сурати талаф шуданаш, товон дода метавонанд.
Аз ин ҷумла «Кавказ-Меркурий» ном як ширкат ҳаст, ки вазифаи асосии вай молҳои аз фабрик ва завод баромадаро ба атроф кашонда расондан аст ва ба ин хизмати худ мувофиқи вазни мол ҳақ мегирад. Ҳамин ширкати боркашонӣ дар айни замон борҳои ба худаш супурдашударо ба страхования ҳам мегирад, масалан, дар ҳар ҳазорсӯма мол ғайри пули кирои кашонданаш боз чанд сӯм гирифта, мутасаддӣ мешавад, ки агар ин мол гум шавад, сӯзад ё кам барояд, вай товон медиҳад. Ман хостам ана аз ҳамин кор ба худ фоида ёбам…
Мулло Раҳмат мегуфт:
— Ман ҳанӯз ҳайрон будам, ки шарикдарси собиқи ман аз ин кор чӣ гуна фоида меёфта бошад ва тойҳои пахтаро тар карда хушкондан ба ин кор чӣ дахл дошта бошад. Аммо ҳамсӯҳбати ман бо суханҳои зеринаш маро як дараҷа бо кори худ шинос кард:
— Ман пештар дар Ҷилликӯл, Сарои Камар, Тирмиз ва Каркӣ пӯстҳои арзонбаҳо ва пахта тайёр карда, он чизҳоро бо баҳои баланд нарх монда, аз рӯйи он нарх, ғайр аз пули киро, маблағе барои страхования дода, ба ҳамин контора месупурдам. Контора он молҳоро аз ҷоҳои мазкур ба қаиқҳои туркманон бор карда, ба Чорҷӯй мефиристод. Ман дар байни қаиқчиҳои туркман одамон доштам, ки онҳо қаиқро дар ягон ҷойи муносиби дарёи Аму ғарқ мекарданд ва ман дар Чорҷӯй пули молҳои пасти талафшудаамро бо баҳои баланд нақд мегирифтам. Чун ин кор борҳо такрор шуда ва контора товон додан гирифт, вай ба ман маълум кард, ки молҳои маро дарёи Аму ба страхования нахоҳад гирифт ва метавонад, ки дар Чорҷӯй молро қабул карда, бо роҳи оҳан, Баҳри Каспий ва Волга ба Русия расонад. Бинобар ин ман аз страхования бо роҳи пинҳонӣ фоида бурданро дар ин ҷо ҳам ташкил намудам…
Мулло Раҳмат мегуфт:
— Ҳоло ҳам маънии тар карда хушконидани пахтаро нафаҳмида ва бо ин роҳ чӣ гуна фоида бурданро намедонистам. Бинобар ин ба шарикдарси собиқи худ савол додам:
— Пас дар ин ҷо бо роҳи пинҳонӣ фоида бурданро чӣ навъ ташкил кардед ва сабаби тар карда хушконидани пахта чист?
— Ҳама гап дар ҳамин тар карда хушконидан аст, — гуфт ҳамсӯҳбати ман ва эзоҳ дод: — тойҳои пахтае, ки дар рӯйи сарой буданд, ба ман ҳамагӣ ба 15500 сӯм афтода буданд ва баъд аз рехтани оби ҷӯш вазни онҳо ба миқдори як ҳазор сӯм зиёд шуд. Азбаски пахтаи хушк оби ҷӯшро ба мағзи худ монанди кулӯхи офтобхӯрда мекашад, ҳарчанд мо тойҳои пахтаро ба офтоб монда хушконида бошем ҳам, обияти мағзи тойҳо ҳеҷ нарафта ва фақат кандиру симҳои ба назар намоёни онҳо хушкиданд. Ин кор рӯякӣ хушконидан буда, фақат бастани чашми одамони контора аст.
— Агар яке аз одамони контора пай мебурд, чӣ мекардед? — гӯён савол додам.
— Ҳеҷ кадоми одамони контора саҳмдори он ширкат нест, ки ба ман товон медиҳад. Агар яке аз инҳо фаҳмида монад ҳам, бо ним шиша арақ даҳони ӯро бастан осон буд, — гуфт Домуллобой ба сухани худро давом дод:
— Ин тойҳо то ба Маскав расидан хушкида ба вазни аслии худ мефуроянд. Вақте ки дар Маскав гумоштаи ман ин пахтаҳоро аз контора баркашида мегирад, ба бадали он обҳое, ки контора аз ман дар қатори пахта баркашида гирифтааст ва онҳо дар роҳ бухор шуда ба ҳаво парида мераванд, товон меситонад. Шарикам ба фиребгарии худ мағрурона хандае карда илова намуд:
— Танҳо бо харидуфурӯш одам бой шавад ҳам, бойи бисёр калон намешавад; барои бойи дуруст шудан боз бисёр ҳунарҳоро донистан лозим аст. Масалан, ман як гурӯҳ мирзо ва гумоштагон дорам, ба ҳар кадоми онҳо аз 20 танга (3 сӯм) то 40 танга (6 сӯм) моҳона медиҳам. Маълум аст, ки як одами оиладор бо ин маблағҳо зиндагонӣ карда наметавонад. Бо ҳамаи ин онҳо ба хубӣ зиндагонӣ мекунанд. Бо кадом даромад зиндагонии хуб мекунанд? Равшан аст, ки бо дуздӣ! Албатта, онҳо аз ман дуздида наметавонанд, балки дар харидуфурӯш аз харидор ва фурӯшгор медузданд, ки онҳо одамони содаи саҳроӣ мебошанд. Ман аз ин кори онҳо то молу сарвати ба назар намоёне ҷамъ карданашон чашм мепӯшам. Вақте ки онҳо хуб сер шуда, фарбеҳ шуданд, як баҳона ёфта, ба ҷавобгарӣ мекашам ва ҳамаи буду нобудашонро аз дасташон гирифта, луб-луч карда бароварда пеш мекунам, ки додашон ба фарёдашон намерасад. Оре, ман гумоштагони дуруст ҳам дорам, ки ба онҳо дуруст ҳақ медиҳам. Аммо шумораи онҳо бисёр набуда, дар корчаллонӣ аз худам монданӣ надоранд. Онҳо дар ҳақиқат ба ман шарикдавлат мебошанд.
— Домулло, ана ҳаминҳо аст роҳи бойи калон шудан! — гуфта Домуллобой сухани худро тамом кард.
— «Барги сабз»-и 144 аз Чорҷӯй овардаатон бад нест, — гуфт Миризом ба Мулло Раҳмат ва баъд аз қадаре хомӯш мондан илова кард: — бештарини бойҳо дузданд. Аммо афсӯс, ки амир Фазлӣ-Авлиёро*дузд гӯён аз
___________
* Фазлӣ-Авлиё — дузди машҳуре буд аз деҳаи Розмози тумани Вобканди Бухоро. Ӯ ҳамеша молҳои амирро медуздид. Амир Музаффар ӯро дастгир карда, аз манор партофта кушта буд.

манор мепартояд ва подшоҳи Русия бошад, ягон пойбараҳнаро, ки шояд аз гуруснагӣ чизеро дуздида бошад, ба Сибир мефиристонад. Лекин хоҳ подшоҳи Русия бошад, хоҳ амири Бухоро — бойҳоро ҳурмат мекунанд.

«Маҳдии охирзамон»

Як рӯз пагоҳонӣ, ҳанӯз офтоб набаромада, Миризом дар пешгоҳи айвоне, ки рӯ ба Шимол дар байни дари болои меҳмонхона ва роҳрави ҳавлии дарун воқеъ шуда буд, нишаста китобат мекард. Мо, бародарон, ҳанӯз аз меҳмонхона набаромада будем, Мирҳикмат, занҷири дарвозаи кӯчаро кушода омада, ба асп алаф дод ва баъд аз он ба қашаву ҷорӯб кардани вай машғул шуд.
Дар ҳамин вақт аз роҳрави дарвозаи кӯча аввал садои сурфа ва баъд аз он як одам пайдо шуд. Қади ин одам паст, худаш монанди ӯғур ғафс ва фарбеҳ буд. Сару рӯйи лӯб-лӯндаи зардчатобаш бо гардани борики мурғобишакли ӯ бар болои он танаи ғӯладингаш ба он монанд буд, ки чӯбкадуи каҷдастаеро бар болои ӯғур шинонда монда бошанд; риши зарди пурҷингилаи намадвор пахшхӯрдааш бо дастори каловамонанд печондашудааш ба хӯсаи киштзорҳо шабоҳат дошт, ки барои тарсонда рамондани паррандаҳо ба шакли одам сохта мемонанд; остинҳои ҷомааш монанди остинҳои ҳамон хӯсаҳо дароз буда, аз ду остин ду тасбеҳе, ки яке аз донаки хурмо, дигаре аз шабаи чашми сиёҳчатоб сохта шуда буд, баромада ба тарафи замин овезон шуда меистод. Ранги ҷомаи ин кас ҳам монанди ранги рӯю ришаш малла буд. Ин одам бо ҳамин шаклу шамоил калонворона оҳиста-оҳиста қадам монда ба рӯйи суффа баромада, ба Миризом салом дод. Миризом бе он ки кори худро вогузорад, бо сарҷунбоние ба саломи ӯ ҷавоб гардонд ва китобаташро давом додан гирифт.
Меҳмон бошад, бо ҳамон ҳаракати калонворона кафшашро оҳиста дар поёни айвон кашида, рост ба пешгоҳ рафта, дар паҳлуи соҳиби хона дузону нишаст ва баъд аз он ки дастони тасбехдорашро аз остинҳояш бароварда, дар ҳолате ки ду тасбеҳ аз ду панҷааш овезон буд, кафҳои дасташро бар рӯяш молид, дастонашро бар рӯйи зонуҳояш гузошта, пичир-пичиркунон донаҳои тасбеҳҳоро гардондан гирифт.
Миризом дар ҳолате ки ба китобат машғул буд, бо гӯшаи чашмаш ба ҳаракатҳои ин одам назар дӯхта табассумкунон гуфт:
— Ҳазрати эшон! Шайхҳои дигар номи Худоро такрор карда, дар ҳар бор як дона тасбеҳро мегардонда бошанд, шумо бо ду дастатон дар ду тасбеҳ ду донаро мегардонед. Бо ин коратон сад бор «ё Оллоҳ!» гуфтанатонро дусад бор ҳисоб карда, магар Худоро фиреб додан мехоҳед?
Эшон як нафас пичир-пичири худро боздошта ҷавоб дод:
Агар шайхҳои дигар танҳо бо кому забонашон зикри Худоро мегуфта бошанд, ин фақир ба ҷодае расидааст, ки ҳамаи аъзои баданаш ба ҳар тора мӯяш зикр мегӯяд. Дар ин сурат агар ман сад тасбеҳро ҳам якбора гардонам, боз шумораи зикрамро, чунонки ҳаст, ба ҳисоб гирифта наметавонам.
Шайх боз пичир-пичир ва тасбеҳгардонии худро давом дод. Миризом дид, ки ман аз даруни меҳмонхона, аз пеши дари боло ба ҳаракатҳои ин одами аҷиб бодиққат нигоҳ карда истодаам, ба ман гуфт:
— Биё, додаратро ҳам гӯй, ин ҷо омада нишаста, аз сӯҳбати «пурбаракати» ҳазрати эшон баҳраёб шаветон!
Мо омада дар поёни айвон нишастем. Дар ин вақт Мирҳикмат нигоҳубини аспро тамом карда, дасту рӯяшро шуста, дар рӯйи ҳавлӣ истода рӯйи худро пок мекард.
Падараш ба ӯ гуфт:
— Рав, фармо, ки чойи қаймоқиро зуд тайёр кунанд, бародаронатро ҳам хабар деҳ, дастархон биёр!
Мирҳикмат рафт. Мирато ва Мирсолеҳ омада, дар айвон ҷо гирифтанд. Мирнизом ҳам, ки бо вуҷуди ҳавлиаш дар гузари дигар будан, ҳар пагоҳ ба саломи падараш меомад, омада дар айвон нишаст. Дастархон, нон, чойи кабуд ва чойи қаймоқӣ ҳам омад.
Мирҳикмат аввал ба пеши меҳмон, баъд аз он ба пеши падараш ва дигарон яккосагӣ чойи қаймоқӣ монда, худ аз ҳама поёнтар нишаста, дар пеши худ ҳам як коса чой гирифт. Миризом қаламу коғазро ба як сӯ монда, ба таомхӯрӣ тайёр шуд; эшон ҳам баъд аз дастонашро бар рӯяш молидан тасбеҳҳояшро дар пеши ду зонуи худ, дар ду тарафи косаи чойе, ки дар пешаш монда шуда буд, ба тарзи аҷибе бар рӯйи дастархон гузошт: тасбеҳе, ки аз донаки хурмо сохта шуда буд, дар рӯ ба рӯйи дасти рости ӯ ба шакли як мори маллаи сиёҳхол ҳалқа зада мехобид ва донаи калони тасбеҳ, ки одатан вайро «имом» меноманд, аз як чӯби сиёҳи сурхчатоб буда, ба шакли тирмори ба ҳуҷум тайёршуда аз замин бардошта шуда меистод.
Тасбеҳи дуюм монанди мори сиёҳе дар рӯ ба рӯйи дасти чапаш ба шакли коса гирдогирд печ хӯрда буд ва «имоми» тасбеҳ ҳам аз замин барҷаста меистод, ки холҳои майдааш монанди чашми мор танг ва ғазаболуд менамуданд.
Косаҳои чой мунтазири хӯрандагон буданд, аммо касе ба таом даст дароз намекард. Миризом ҳам, ки одатан таомро зуд-зуд хӯрда ва дигаронро ҳам ба зуд хӯрдан ташвиқ мекард, ин бор сукут карда хомӯш истода буд.
Эшон баъд аз қадаре сар хам карда хомӯш истодан косаи чойи худро бардошта ба пеши Миризом гузошт ва косаи ӯро ба худ кашид. Миризом ба чойи худ нон пора кардан гирифт,
Дигарон ҳамчунон хомӯш ва ором меистоданд,
Эшон боз косаи чойи худро бардошта ба пеши писари калони соҳиби хона -Мирнизом гузошта, косаи вайро пеши худ кашид ва Мирнизом ҳам ба косааш нон пора кардан гирифт. Дигарон ҳоло ҳам ором буданд,
Эшон бо ҳамин тариқа бо ҳамаи писарони соҳиби хона коса табдил намуд, Аммо бо ман ва додарам коса табдил накард. Аз ҳама охир, вақте ки бо Мирҳикмат косаашро табдил кард, «аузу биллоҳи мин шарризолимин» («паноҳ металабам ба Худо аз бадии золимон») — гӯён ба косаи худ нон пора карда, ба хӯрдан шурӯъ намуд.
Дар вақти таомхӯрӣ Миризом ба тасбеҳҳои бар рӯйи дастархон хобидаи эшон чашм дӯхта, ба ӯ гуфт:
— Ҳазрати эшон! Тасбеҳҳои шумо мормонанд мебошанд. Ҳамин ки ба онҳо чашми кас меафтад, гумон меравад, ки морон бар рӯйи дастурхон хобидаанд ва дар он вақт одам қадаре даҳшат мекашад ва ҳам рӯҳи кас мекоҳад.
— Дақиқатан инҳо вазифаи моронро адо мекунанд, — гуфт эшон ва давом кард: — инҳо дар асл малоикаҳои муваккали 145 ман ҳастанд, ки мақсадашон нигоҳдории ҳаёти ман аст аз шарри душманонам, Дар айни замон инҳо, вақте ки ман зикр гӯям, вазифаи тасбеҳиро ба ҷо меоранд, вақте ки ман инҳоро ба ҷое гузорам, шакли морро гирифта меистанд, агар касе дар ҳаққи ман бадқасдӣ кунад, ин монанди мори афъӣ (ба тасбеҳи донакихурмоӣ ишора намуд) ва он (ба тасбеҳи шабаичашмӣ ишора карда) монанди тирмор ба он бадкирдор ҳуҷум оварда, димор аз рӯзгораш мебароранд.
— Тасбеҳ ҳам малоика ва ҳам мор… ин аҷиб аст! — гуфт Мирсолеҳ табассумкунон.
— Ҳеҷ аҷобат надорад, ҷиян! — гуфт эшон ба Мирсолеҳ, — дар сурате ки асои Мӯсопайғамбар* аждаҳо шуда тавонад, тасбеҳи Маҳдии 146 охирзамон чаро мори афъӣ ва тирмор шуда натавонад?
____________
* Дар қиссаҳои динӣ, аз он ҷумла дар Қуръон ва Таврот бо мӯъҷиза ба шакли аждаҳо даромадани асои Мӯсо зикр шудааст.

Баъд аз таом эшон тасбеҳҳои худро бардошта ба ҳавлии дарун даромад ва баъд аз дақиқае аз он ҷо баргашта омада, бе он ки ба соҳиби ҳавлӣ «хуш бошед!» гӯяд, ба кӯча баромада рафт.
Баъд аз чой ҳама аз айвон хеста, пароканда шуда рафта буданд ва танҳо ман дар он ҷо монда, дар бораи ин одам ва ҳаракатҳои аҷиби ӯ бо ҳайрат ва тааҷҷуб фикр мекардам. Баъди аз ҳавлии дарун баромада рафтани ӯ Миризом чашмонашро ба чашмони дар ҳайратмондаи ман дӯхта фаҳмид, ки ман дар ҳаваси фаҳмидани маънии ҳаракатҳои девонавори он одам афтодаам, аммо аз пурсидан ибо мекунам, ба ман гуфт:
— Ту бояд ин одамро нашиносӣ ва сабаби косабадалкунии ӯро ҳам нафаҳмида бошӣ?
— Ман ин касро аз ин пеш надидаам, албатта, аз ҳаракатҳои ӯ ҳам чизе нафаҳмидам, — гуфтам дар ҷавоб.
— Ин одам додарарӯси ман мешавад, — гӯён гап сар кард мӯйсафед, — модари фарзандони ман ҳамшираи аз худаш калони ин кас мебошад. Ӯ дар хурдсолиаш аз мактаб кӯрсавод шуда баромада, дар гузарашон, ки Ҷанафар номида мешавад, дӯкони баққолӣ кушод. Аммо дар ин кор пеш нарафт ва нони ҳаррӯзаашро ҳам наёфт. Баъд аз он ман ба ӯ маслиҳат додам, ки ба як ҳунар машғул шавад: ба мӯзадӯзӣ ё ба бофандагӣ шогирд шуда дарояд, дар андак вақт нони худро меёфтагӣ мешавад. Ӯ қабул накард, «ман мулло шудан мехоҳам» гӯён ба мадраса даромад, ҳамширааш бо хӯроку пӯшок ёрӣ дода истод, ки чанд сол хонд, аммо чизе ёд нагирифт. Рӯзе омада ба ҳамширааш хабар додааст, ки «ман ба эшони чӯқмоқӣ мурид шудам ва ҳамеша дар хизмати ӯ ва дар хонақоҳи ӯ мешавам. Дигар ба ман ёрии ту лозим нест». Баъд аз чанд сол шунидам, ки аз хонақоҳи чӯқмоқиҳо хати иршод* гирифта
____________
* Хати иршод — хатест, ки шайхҳо ба муридони худ ба ин мазмун медиҳанд, ки ӯ ҳақ дорад мурид гирад ва ба муридон роҳбарӣ кунад.

баромада, худ ба муридгирӣ даромадааст. Аммо, азбаски ман эшононро. бад мебинам, дигар ба хонаи ман наёмад. Баъд аз ду соли дигар шунидам, ки дар гузари худаш — Ҷанафар имом шуда, он ҷоро ба худ хонақоҳ қарор дода, даҳакишинӣ ва дигар маросими эшониро боло гирондааст ва дар пеши муридонаш, ки ҳамагӣ саҳроӣ ва бесавод мебошанд, худро «Маҳдии охирзамон» мегуфтааст. Чун ин даъвои ӯ ба назари ман аҷиб намуд, рӯзе ӯро кас монда овардам, ки аз ҳақиқати ҳолаш воқиф шавам, аҷаб нест, ки девона шуда бошад. Ӯ омад, ман аз вай ғайр аз аҳволпурсии оддӣ чизе напурсидам, дар дилам «канӣ монам, худаш дар ҳаққи худаш чӣ мегӯяд?» гуфтам. Дар меҳмонхона чанд каси дигар ҳам буд. Дар хона шӯрбо пухта буданд, шӯрборо дар косаҳо кашида, дар пеши меҳмонон гузоштанд. Ӯ чунонки имрӯз дар чой кард, косаи худро бо ҳамаи косаҳои меҳмонон бадал карда, охир косаеро, ки дар пеши Мирҳикмат буд, гирифта шӯрбояшро хӯрд. Ман сабаби ин корашро пурсидам. Ӯ гуфт:
— Ман Маҳдии охирзамон мебошам, ман бояд ҳамаи ҳокимонро нест кунам ва аз он ҷумла амири Бухороро ва дунёро бояд мусулмонободи ҳақиқӣ намоям. Табақаи ҳокимон, албатта, аз ин нияти ман воқиф шудаанд, бинобар ин маро нест кардан мехоҳанд. Шумо ҳам, ки як вақтҳо ба амир нӯкар шудаед ва писари калонатон, ки ҳозир нӯкари амир аст, аҷаб нест, ки бо фармудаи амир ба ман заҳр диҳед. Бинобар эҳтиёт ман косаҳоро бадал мекунам ва чунон бадал мекунам, ки косаи заҳрдор дар миёна гум шавад. Дар он вақт агар ҳақиқатан дар миён косаи заҳрдор бошад, албатта шумо одамҳоро аз хӯрдан бозмедоред, то ки дӯстонатон ва фарзандони азизатон заҳрзада нашаванд.
— Аз ин пеш ҳам дар олами ислом бисёр Маҳдиҳо баромада буданд. Аммо дурӯғгӯй будани ҳар кадоми онҳо дар вақташ маълум шуд, ки расво шуда рафтанд. Бинобар он ин бозии шумо бисёр обшуста ва аз даҳан афтода мебошад, барои фиреб додани мардум ягон найранги нав меёфтед, беҳтар буд, — гуфтам ман.
— Маҳдиҳои гузашта ҳам дурӯғгӯй набуданд, — гуфт ӯ, аммо онҳо Маҳдии замони худ буданд, бинобар ин онҳоро «соҳибуззамон» мегуфтанд. Вақте ки умрашон ба охир расид, Маҳдигии онҳо ҳам тамом шуд, чунки замони онҳо гузашта буд. Чунонки пайғамбари охирзамон шуда омада, дини исломро то рӯзи қиёмат пойдор карда рафтанд, ман ҳам Маҳдии охирзамон мебошам, ки дунё то рӯзи қиёмат пойдор мемонад.
Миризом баъд аз нақли мусоҳибаи худ бо «Маҳдии охирзамон» аз тарафи худ гуфт:
— Баъдҳо ман фаҳмидам, ки фиребгарии ин Маҳдии мо барои худаш бисёр пурманфиат будааст: аввал ин ки ӯ ба худ «Маҳдии охирзамон» ном дода, аз маҳдитарошони гузашта худро фарқ кунондааст, дуюм ин ки ба муридони худ барҳам додани зулму золимонро ваъда медиҳад, ки ин ваъда барои касони зулмдида бисёр гуворост, сеюм он ки ин фиребгар деҳқонони бесаводи саҳроҳои Бухороро ба худ мурид карда гирифтааст, ки онҳо зулмдидатарини раияҳои Бухоро буда, аз ҷиҳати содагӣ ва бесаводиашон зудбовартарини онҳо мебошанд. Бинобар ин онҳо ба умеди дар оянда аз зулм халос шудан, ҳар чизашонро, ки аз тороҷи ҳокимони золим хато хӯрда монда бошад, ба ӯ месупоранд. Ҳоло’ ман мешунавам, ки ӯ сандуқҳои пуртангаву тилло, бӯғчаҳои пурлибос, анборҳои пурғалла ғундоштааст. Ҳатто мегӯянд, ки дар даштҳо рамаҳои гӯсфандони ӯ чарида мегарданд.
Ман аз хавфи дубора беморшавӣ тамом халос шуда, аз ҳавлии Миризом баромада, ба мадрасаи Олимҷон омадам. Муромурӣ камтар шуда, бемории вабоӣ ҳам сусттар гашта буд. Аммо хизмати фарроширо, ки ба корҳои дарсиам бисёр халал расонда буд, партофтам ва бо кӯшиши як шарики дигари бародари калонам аз мадрасаи Бадалбеки нав як ҳуҷра ёфта, ба он ҷо кӯчидам. Он шарики бародарам ба ман ваъда дод, ки маро ба худаш ошпаз мекунад ва ба додарам ҳам ягон кор ёфта медиҳад.

Дар мадрасаи Бадалбек

Мадрасаи Бадалбеки нав дар шимоли Масҷиди Калони Бухоро бино ёфта буд, ки дар байни ин мадраса ва Масҷиди Калон кӯчаи калоне, ки аз пеши мадрасаи Мири Араб гузашта, ба Регистон мерафт, воқеъ шуда буд. Саҳн ва дарвозаи даромади ин мадраса ба тарафи ғарбиаш буд, ки дар пешаш майдончаи пеши дарвозаи партави ҳавлии поёни амир 147 воқеъ шуда буд ва он ба номи соҳиби аввалиаш — ҳавлии Мирзои Хурд машҳур буд.
Ин мадраса умуман бо усули меъмории анъанавии мадрасаҳои Бухоро сохта шуда бошад ҳам, бинобар тангиаш дар даруни дарвозаи даромадаш миёнсаройи васеъ надошт ва ҳуҷраҳояш ҳам танг-танг буданд. Пеши ин мадраса дуошёна буда, се тарафи дигараш якошёна буд. Дар ин мадраса ҳамагӣ 35 ҳуҷра буда, ҳуҷраҳои муаллақагиаш (ҳуҷраҳое, ки дар гӯшаҳои холимондаи болоии байни ҳуҷраҳо бино ёфтаанд) боз ҳам тангтар буданд.
Дар гӯшаи шимоли ғарбии ин мадраса як роҳрав буда, аз вай ба тарафи халоҷо гузашта мешуд. Ҳуҷрае, ки барои ман насиб шуд, бар болои ҳамин роҳрав буда, дари даромадаш ба тарафи пушт ҳашт зина болотар аз замин кушода мешуд ва дар тарафи даруни ҳуҷра равшанӣ аз он ҷо меафтод.
Дар ин ҳуҷра на оташдон буд на ҷойи дастурӯшӯйӣ. Аммо ин ҳол барои ман он қадар аҳамият надошт, чунки ман дар ҳуҷраи худ ош намепухтам ва дасту рӯйро баромада дар рӯйи мадраса шустан мумкин буд. Барои ман душворӣ дар ин ҷо буд, ки бар рӯйи ҳуҷра рост гашта намешуд: аз дар хам шуда даромада ва дар рӯйи ҳуҷра ҳам хам шуда гаштан даркор буд. Дар ин ҳуҷра як сол бародарам зиндагӣ карда буд ва бо омадани ман ба мадрасаи Бадалбек, ӯ аз Мири Араб ҳуҷра ёфта кӯчид ва ман дар он ҷо ҷойгир шудам.
Ин ҳуҷра моли Қорӣ Нурулло ном одам буд, ки аз табақаи муллоҳо буда, дар пушти мадраса — дар Болокӯча ҳавлии истиқоматӣ дошт. Касби асосии ин одам қоригӣ — қуръонфурӯшӣ буда, хати настаълиқи 148 хубе дошт ва ба восита ба худ шогирдони хатмашқкунанда қабул мекард. Ин кас ҳам ба ҳаваси дарсгӯйӣ афтода будааст, ки ҳуҷраашро ба ман ба шарти шогирди ӯ шуданам додааст. Бинобар ин ман аз ҳама пештар дар пеши ӯ дарси «Мухтасари Виқоя»-ро сар кардам, ки дар мадрасаҳои Бухоро дарси аз ҳама беаҳамияттар буд.
Қорӣ Нурулло як одами миёнақади фарбеҳи рӯйпурраи сафедгун буд, ки риши сиёҳи паҳни калоне дошт ва аз башарааш ӯро чилу панҷсола тахмин кардан мумкин буд. Ӯ одами хушвақт, хандонрӯй буда, ҳеҷ гоҳ пешонаи худро турш намекард. Албатта, ӯ дарсеро, ки мегуфт, намедонист, аммо ба надонистани худ рӯйрост иқрор мекард ва монанди баъзе муллотарошони ҷоҳил дар ҷаҳли мураккаб наафтода буд. (Надонистани худро надонистан ҷаҳли мураккаб аст.) Дар вақти дарс, агар ман аз вай ягон чизи ба дарсам оидро пурсам, « — Эй бародар, ин гуна масъалаҳоро аз ягон каси дигар пурс, барои ман номи шогирдиат бас аст, аз ман омӯхтани чизеро умед накун!» — мегуфт.
Бештарин аҳолии ин мадраса шофиркомиҳо, нуратоиҳо буда, қисми дигарашон аз шаҳри Бухоро ва атрофи он буданд. Аз баъзе музофотҳои дигари Бухоро ҳам дар ин ҷо ягон-ягон одамон дида мешуданд.
Аз бухороиҳо ҳуҷрадори асосии ин мадраса бародарзодагони Абдуллохоҷаи Таҳсин буданд, ки падари онҳо дар музофотҳои Бухоро қозигӣ мекард. Дигар Зуҳур-махдум ва Аллом-махдум ном ду бародарони бухороӣ буданд, ки ҳар дуяшон ду ҳуҷра доштанд. Онҳо ба Таҳсин хеши дур ва шогирд буданд.
Зуҳур-махдум шарикдарси бародари калонам ва Мирсолеҳ буд, ки ӯ маро барои ошпазии худ оварда буд. Ӯ як ҷавони тахминан бисту панҷсола буда, қади миёна, рӯйи сурхчаи пурхун ва қомати миёнаи зебое дошт. Дар дарс шариконаш аз хушфаҳмони ҷамоаашон мешумурданд ва дар пеши домулло Икромча қории ҷамоа ҳам ӯ буд, ки дар ҷамоаҳои дарсхон ин қадар қории хушсавод кам насиб мешуд. Ӯ бо бародари ман ҳаммуколама буда, хеле дӯсти наздик буд.
Аллом-махдум тахминан бистсола буда, қомати борики баланд, тану бадани қоқи сиёҳи бегӯшт ва рӯйи сиёҳчаи борики дароз дошт, ки ришу мӯйлаби ба тозагӣ тор-тор намоёншудааш лабу манаҳи ӯро монанди ба деги сиёҳ часпида пӯшонда меистоданд. Ин ҷавон сил буд, ки се сол боз азоби ин дардро мекашидааст.
Ба замми ошпазӣ ва ҷомашӯйии ин ду бародар нигоҳубин кардан ба ин бемори сил ҳам ба гардани ман бор шуда буд. Нигоҳубин кардан ба бемор ба ман он қадар душворӣ накунад ҳам, вазъи тунду тези ӯ ва муомилаи дурушташ ба ҷонам мерасонд. Як бор аз ин гуна муомилаи бади ӯ ба бародараш Зуҳур-махдум шикоят кардам. Ӯ гуфт:
— Додарам дар асл бачаи бад набуд, баъд аз гирифтор шуданаш ба ин беморӣ тундмизоҷ шуд, ки ин ҳол аз хусусиятҳои бемории силӣ аст. Чӣ бояд кард? Як навъ мувосо кун!
Зуҳур-махдум додарамро ба ҳавлии Қозиҷон-махдум ном қозии маъзул, ки бародари аз худ калони Абдуллохоҷаи Таҳсин буд, ба дастёрӣ монд. Ҳавлии Қозиҷон дар гузари Такбандбофони Бухоро буд, ки дар тарафи шимоли мадрасаи Бадалбек буда, дар байни мадраса ва он гузар як кӯча роҳ буд. Абдуллохоҷаи Таҳсин ҳам, ки ҳавлии худ надошт, бо занаш ва додарарӯси зандораш дар ҳамон ҳавлии бародараш зиндагонӣ мекарданд. Писари Қозиҷон-махдум — Абдураҳим- махдум ҳам зандор буда, дар ҳамон ҳавлӣ истиқомат дошт. Дастёрии ин гуна ҳавлии серодам ба назари аввал хеле душвор намояд ҳам, ба додарам он қадар вазнинӣ накард. Чунки қозӣ саис ва мулозимони умедвори рӯзи қозигиаш дошт, ки онҳо корҳои сахти ӯро мекарданд. Ба болои ин он оила ҳарчанд аз ҷумлаи калонзодагони Бухоро ва авлоди Мавлоно Шариф бошанд ҳам, табиатан одамони бечора ва хоксор буда, худҳошон ҳам хизмати худро кардан мегирифтанд ва нигоҳубини онҳо ҳам ба хизматгор хуб буд: таомро додарам бо худи қозии мӯйсафед хӯрдан мегирифт, либосашро ҳам одамиёна карда доданд ва ҷомашӯйияшро дар қатори ҷомашӯйии худҳояшон дар хонаашон мекунонданд.
Додарам, ки навсавод ва навдарсхон шуда буд, дар пеши Абдуллохоҷа дарсҳои ибтидоии мадрасагиро мехонд ва худи қозӣ ба ӯ хат машқ мекунонд, ки дар хонаи ӯ додарам хат бароварда хушсавод шуд.
Зани Абдуллохоҷаи Таҳсин духтари шоири машҳур Абдулқодирхоҷаи Савдо 149 буда, баёзи калони Савдо ҳам дар дасти ӯ буд. Ман ҳам рӯзҳои таътил, агар вақт ёбам, ба хонаи онҳо рафта, он баёзро мутолаа мекардам. Худи Абдуллохоҷа ҳам, ки ман бо ӯ дар хонаи Шарифҷон-махдум шинос шуда будам, ба ман аз адабиёт гап мезад ва китобҳои адабиашро ба шарти дар хонаи худаш нишаста мутолаа кардан медод.
Аммо писари Савдо, ки бо лақаби Ака-эшон ба ӯ хитоб мекарданд ва додарарӯси Абдуллохоҷа буд, на хат дошт ва на савод. Фақат баъзе хусусиятҳои падарашро забонӣ ба ман нақл мекард ва баъзе шеърҳои ӯро ба ман аз ёд хонда медод.
Назар ба нақли ӯ, падараш ‘одами қашшоқ ва лоубол буда, ба баъзе урфу одатҳои замонӣ ва маросимҳои динӣ амал намекардааст ва зиндагии худро бо заргарӣ ва наққошӣ, ки дар ин ду пеша хеле маҳорат доштааст, таъмин намудааст.
Вақте ки амир Музаффар ӯро ба дарбори худ кашида, ба худ надим (ҳамсӯҳбат) қарор додааст, аҳволаш хеле танг шудааст. Чунки дар дарбори ӯ маҷбур шудааст, ки ду асп ва як саис нигоҳ дорад. Ба болои ин амир мувофиқи одати дарбори худ ба ӯ маош намедодааст ва гоҳо ба баҳонаи коре ӯро ба ягон ҷойи ҳокимнишинаш мефиристодааст, ки он ҳоким ба ӯ бо номи хизматона чизе медодааст (Савдо дар вақти иҷрои яке аз чунин хизматҳо, ки ба кӯҳистон сафар карда буд, дар пеши пули Норак дар соли 1873, дар панҷоҳсолагиаш ба оби Вахш ғарқ шудааст.) Ин даромади садақамонанди номуайян на танҳо рӯзгори ӯро, ҳатто аспон ва саиси дар дарбор доштаашро ҳам сер намекардааст. Ба болои ин аҳли дарбор бо ҳама вайрониҳо ва фисқу фасодҳо маҷбур будаанд, ки панҷ вақт намозро дар масҷиди пеши дарбор бо ҷамоат адо кунанд.
Савдо дар як вақте ки амир дар Ширбадан 150 ном мавзеъ сайри наврӯзиро мегузаронидааст, аҳволи худро хулоса намуда, рубоии зеринро гуфтааст:
Эй чархи фалак, ҷафо ба ҷонам кардӣ!
Мӯҳтоҷ ба як бурдаи нонам кардӣ!
Ман ошиқи ринди бенамозе будам,
Дар Ширбадан намозхонам кардӣ!
Дигар аз нақлҳои писари Савдо ин буд, ки амир боре ба Шаҳри Сабз рафтааст. Дар он ҷо одат ин будааст, ки ҳар кас ба касе даъвое дошта бошад, ариза навишта оварда, ба яке аз дарбориён медодааст, ки ба амир расонда ҳукме барорад.
Рӯзе дар Шаҳри Сабз дар пеши дарбори амир Савдо бо либосҳои расмии худ ба лаби суффачае нишаста будааст. Яке аз имомҳои деҳот аризаеро бо ривояти муфтии вилоят ба ӯ супурдааст, ки ба амир расонад. Мазмуни ариза ин будааст, ки як деҳқон бо ин имом дар вақти талаби ҳаққи имоматӣ низоъ карда, ӯро «ба ҳалқат фалон» гуфта ҳақорат кардааст ва мазмуни ривоят ин будааст, ки агар авоме муллоеро «ҳалқ» гуфта ҳақорат кунад, кофир мешавад ва куштани ӯ аз рӯйи шариат лозим аст.
Савдо баъд аз мутолааи ариза ва ривоят ба он мулло гуфтааст:
— Касе касеро «ҳалқ» гуфта ҳақорат кунад, кофир намешавад. Чунки ҳалқ тобеи шикам аст, шикам бошад, пур аз наҷосат аст. Ҳамин тарз фарз кунед, ки оби гандае ба хандақ рафтааст. Агар бовар накунед,- ман ҳам ба ҳалқатон фалон кунам! Дида истодаед, ки бо ин алфоз ман кофир нашудам, пас он деҳқон чаро кофир шавад? Хезед, дафъ шавед!
Мулло, ки аз одами расмии дарбор ин муомиларо дидааст, ариза ва ривояти худро партофта гурехтааст.
Афсӯс, ки ман дар он рӯзҳо бинобар тангии вақт аз баёзи Савдо чизеро навишта гирифта натавонистам ва фақат ба мутолааи сарсарӣ қаноат кардам, вагарна дар он баёз ҳаҷвҳои пурмазмуни иҷтимоӣ бисёр буданд, ки Савдо бо онҳо аҳволи замони худро шарҳ дода буд.

Машғулияти илмӣ ва адабии ман дар мадрасаи Бадалбек

Ман таҳсили соли 1894-1895-ро сар кардам. Дар ин сол монанди порсола дарси дарсхонагии ҷамоаи мо дар пеши домулло Икромча аз «Шарҳи Мулло» бо қоригии Ғафурҷон-махдум бояд мешуд. Аммо Ғафурҷон якбора дусола дарсро дар миён партофта «пешқадам» шуд, то ки зудтар хатми дарс намуда, ба ягон ҷой қозӣ шавад. Аммо ин корро ҷамоа қабул накард ва дарсашро мувофиқи программаи мадрасаҳо бо тартиб давом додан хост. Бинобар ин Ғафурҷон пеш рафта, барои худ ҷамоаи дигар ташкил намуд ва дар ҷамоаи мо дигар муллозодае набуд, ки қорӣ шавад. Ба ҳамин сабаб Мулло Иброҳим ном як бойбачаи бухороиро, ки ба ҳаваси дарсхонӣ афтода ба мо шарик шуда буд, ба қоригии ҷамоа таъин карданд.
Ман имсол дар пеши домуллои кунҷакиам — Мулло Абдусалом ҳам дарси дарсхонаро, ҳам як дарс аз «Матни Қофия» мехондам ва дар мадрасаи Бадалбек дар пеши Мулло Бозор, ки аз Деҳнави Абдуллоҷон буд, низ аз як ҷойи дигари «Қофия» дарс сар кардам. Агар дарси дар пеши соҳиби ҳуҷраам мехондагиамро ба ҳисоб гирам, имсол дарси ман ба панҷ расид, ки аз ғайри вақтҳои дар роҳи дарсхона ва интизории ба навбати дарс мерафтагӣ панҷ соат сарф мешуд. Бақияи вақтам ба ошпазӣ ва ҳуҷрарӯбии хӯҷаинҳоям ва нигоҳубини бемор мерафт ва шабона дарсҳои гузаштаро такрор ва дарсҳои хондашуданиро тайёр мекардам. Рӯзҳои таътил бо ҷомашӯйии хӯҷаинҳо ва бо меҳмондории онҳо мегузашт. Дар байни ин корҳо девони Соибро, 151 ки моли хӯҷаинҳоям буд, гоҳ-гоҳ мутолаа мекардам.
* * *
Дар мадрасаи Бадалбек дар байни талабаҳо ва муллоҳо аз адабиёт ҳеҷ гап намешуд. Шабхушии талабаҳо дар шабҳои таътил дар ягон ҳуҷра ҷамъ шуда савтхонӣ (сурудхонӣ) кардан, гачабозӣ намудан ва подшоҳбозӣ кардан буд. Дар сурудхонӣ ҳеҷ гоҳ шунавандагон ба маънии байти хондашудагӣ диққат намекарданд ва онро намефаҳмиданд. Фақат аз овози хонанда завқ мебурданд, ва ҳол он ки он хонандагон ҳамагӣ ҳаваскор буда, овози хубе надоштанд ва ҳавоҳоро ҳам дуруст намедонистанд.
Гачабозӣ ҳамин буд, ки аҳли маҷлис ду тақсим шуда, рӯ ба рӯйи хам менишастанд, як сангча ё шабаро гача ном медоданд, одамҳои як тарафи муқобил гачаро дар байни худ гирифта, дастонашонро дар зери кӯрпаи сандалӣ медароварданд, яке аз он одамҳо гачаро дар мушти худ пинҳон мекард, аммо ҳамагӣ муштҳошонро гиреҳ карда, аз зери кӯрпа бароварда, ба тарафи муқобил дастҳошонро дароз карда бо як овоз фарёд кардан мегирифтанд:
Гача дар дасти ман аст!
Ба кадом дасти ман аст?
Одамҳои тарафи муқобил дастҳои дарозшударо ягон-ягон гирифта дошта, ба чеҳраи онҳо бо диққат чашм медӯхтанд. Дар охир яке аз онҳо ба кадом даст будани гачаро тахмин кунад, он дастро маҳкам дошта фарёд мекард:
Гача дар дасти ту аст!
Ба ҳамин дасти ту аст!
Ин одам агар ҳақиқатан гачаро ёфта бошад, тарафи ӯ бурдагӣ, вагарна бой додагӣ ба шумор мерафт. Агар шумораи бурди як тараф ба сад расад, марра пурра ва бозӣ тамом мешуд ва тарафи бурдагӣ аз тарафи бой додагӣ ду танга (30 тин) мегирифт. Мағлубшудагон ин пулро аз байни худ ғундошта медоданд. Аммо бойбурдагон ин пулро дар байни худ тақсим карда нагирифта, саҳари ҳамон шаб ба вай аз нахӯдпазӣ шӯрбои нахӯд харида оварда, ғолиб ва мағлуб дар як ҷо бо ҳам мехӯрданд.
Подшоҳбозӣ ҳамин буд, ки талабагон дар як ҳуҷра ҷамъ мешуданд. Дар миёнаашон як буҷул ҳам буд.
Буҷулро аз як сар бо навбат дар миёнаи давраи бозӣ мепартофтанд. Буҷули ҳар кас, ки аспа барояд — подшоҳ, хара барояд — вазир, чикка барояд — дузд ва пукка барояд — раис ё миршаб мешуд.
Дар миёна як рӯймолро дутоба карда «дарра» сохта мемонданд. Вақте ки подшоҳу вазиру миршаб ё раис муайян шуданд, дуздбаромадаро раис ё миршаб дошта меистод, вазир ба подшоҳ «олиҳазратам, як дузд дастгир шуд» гуфта арз мекард. Подшоҳ аз вай мепурсид:
— Дуздат фарбеҳ аст ё лоғар?
Агар вазир дар ҷавоб гӯяд, ки «фарбеҳ аст» подшоҳ мефармуд:
— Гӯшту равғанашро камтар карда сар деҳ, ки ба «кори бечорагии» худ равад. Вазир дар ин сурат ба воситаи миршаб ё раис аз дузд гӯё як чиз меситонд ва ба озод кардан мефармуд.
Агар вазир гӯяд, ки «лоғар аст», подшоҳ мефармуд:
— Ба раис ё миршаб фармо, ки он дуздро як кам чил ё ҳафтоду панҷта зада ба зиндон фиристонад, ки умраш дар он ҷо пӯсида равад.
Дар он вақт «дузд»-ро бо рӯймоли тофташуда зада ҷазо медоданд. Ин бозӣ ба завқи ман хеле гуворо омада буд, чунки вай тартиби ҳукуматдории амирро-пурра ифода мекард. Дар ҳақиқат ҳам маъмурони Бухоро дуздони «фарбеҳ» (серпул)-ро пора гирифта сар медоданд, ки кори худро давом медоданд ва дуздони ноӯхдабаройи бепулро зада зиндон мекарданд.
* * *
Дар мадрасаи Бадалбек Мулло Рӯзӣ ном касе буд, ки ӯ шеърро дӯст медошт ва мефаҳмид. Мулло Рӯзӣ як одами тахминан чилсола буд, қади миёнаи камгӯшт, чеҳра, риш, чашм ва абруи сиёҳи ҷӯгиёна дошт. Ӯ дар яке аз ҳуҷраҳои бародарзодагони Абдуллохоҷаи Таҳсин истиқомат мекард.
Мулло Рӯзӣ бо вуҷуди хатмкардаи кӯҳна будан ва саводи тоҷикию арабӣ доштан, ба ягон мансаби муллоӣ нарасида буд, ҳеҷ як даромади дигаре ҳам надошт ва бо бисёр қашшоқӣ зиндагонӣ мекард. Ҷойи таваллуди вай деҳаи Қӯдбаи Карамкорони Бухоро буд, ки дар тарафи шимоли шаҳр, наздик ба Ситорамаҳхоса 152 буда, дар масофаи чоркилометрии шаҳр воқеъ шуда буд. Падари ӯ зинда буд ва ҳафтоду панҷсола менамуд. Ӯ дар деҳаи худ ним таноб (ҳаштяки гектар) замин дошт, ки ҳар сол дар вай лаблабу мекорид. Тирамоҳ ки сар шуд, ҳар рӯз аз он лаблабу як каҷоваро пур карда оварда, дар хокистари гарми ҳаммом гӯр мекард ва рӯзи дигар он лаблабуҳои пухтаро дар пеши мадрасаи Бадалбек нишаста, бо корд пӯст канда, «лаблабуи ширин!» — гӯён қалам-қалам карда, ба хоҳишкунандагон мефурӯхт ва аз даромади он пули як нонро ба писараш дода, бақияашро барои хӯроки худаш ва кампираш дар худ нигоҳ медошт.
Ман ба қашшоқии Мулло Рӯзӣ раҳм карда, ҷомашӯйиҳои ӯро дар қатори либосҳои хӯҷаинҳоям шуста медодам. Дар рӯзҳои таътил ҳуҷраашро мерӯфтам, ӯ дар ҳуҷрааш палоси корие ҳам надошт, китобҳои дарсӣ ҳам надошт. «Ман дарсҳоямро бо китобҳои ориятӣ хонда тамом кардам» мегуфт. Аз китобҳои адабӣ танҳо як девони чопаи Ҳофиз дошт, ки он ҳам фарсуда буд. Ҳар вақт ки ман ҳуҷраи ӯро рӯбам, қадаре дар он ҷо монда, он китобро мутолаа мекардам.
Ягона машғулияти Мулло Рӯзӣ базмгардӣ буд. Агар дар он давру пеш базме воқеъ шавад, шабона мерафт ва баъд аз тамошо гоҳо нимаҳои шаб, гоҳо саҳар ба ҳуҷрааш омада мехобид.

Базмҳои Бухоро ва базмгардӣ

Дар Бухоро одатан дар тӯйҳо базмҳои дойрагӣ ташкил мешуд. Дар тӯйҳои бойҳо базмро ҳамеша дарбаста мекарданд, ки дар он ҷо ғайр аз меҳмонҳои махсусан хабаркардашуда дигар кас намеомад. Аммо базмҳои оммаи мардум даркушо ва оммавӣ буда, бо шунидани овози дойра ҳар кас ҳақ дошт, ки ба он базм барои тамошо равад ва ин гуна тамошобинро «дойрахабар» мегуфтанд.
Ғайр аз ин базмҳои тӯйи базмҳои ҷамоатӣ ҳам ташкил мешуданд. Базмҳои ҷамоатиро ҷавонони як гузар ё як деҳаи атрофи шаҳр дар миёнаи худ қадаре пул ҷамъ карда, барпо менамуданд. Аммо ин гуна базмҳоро ҳам базми тӯйи он касе меномиданд, ки ин базм дар ҳавлии вай барпо мешавад.
Ҳамаи ин гуна базмҳо расмӣ буда, созандагонро ҳам бо хати расмии миршаб ва бо номи «базми тӯйи фалонӣ» меоварданд. Созандагони расмӣ одатан ба дастаҳо тақсим ёфта буданд; ҳайати ҳар даста ба тарзи зерин ташкил меёфт: як дойрадасти солхӯрда сардаста ва устокор ба шумор мерафт, дар зери дасти ӯ як ҷавони раққос, се ва ё чор нафар дойрадаст дода мешуд. Ин дастаҳо бо хушовозии хонандагонашон, бо забардастии дойрадастҳошон ва бо ҳунармандии раққосонашон аз якдигар фарқ мекарданд. Бинобар ин барои ба даст даровардани дастаҳои нағз хеле ҷанҷол ва хархаша, воситаҳои баобрӯ, пора ва «ҳадя» ба кор мерафт.
Одатан ихтиёри созандаҳои расмӣ дар дасти миршаб буда, бевосита ба болои онҳо як маъмур бо унвони «ғолиб» аз тарафи амир назорат мекард ва аз даромади созанда панҷяк ба ҳисоби ҳукумат бароварда шуда, як қисми ин маблағ ба ғолиб ва қисми дигараш ба миршаб мерасид. Ҳар касе ки базм кардан хоҳад, хоҳ барои тӯй бошад, хоҳ ғайри тӯй, ба миршаб «тӯй дорам»-гӯён муроҷиат мекард. Миршаб ба номи ғолиб ба мазмуни зерин хат медод: «Фалонӣ аз фалон гузар (ё аз фалон деҳа) амри хайр доштааст, барои ӯ як даста созанда фиристода, дар ҳаққи ҷаноби олӣ дуо гиред».
Ғолиб хатҳои дар як рӯз ғуншударо бегоҳонӣ дида, аз рӯйи расамааш дастаҳоро тақсим мекард. Агар хат бисёр бошад, ба баъзе касон созанда нарасида мемонд. Ҷанҷоли тақсими нағзу бади созандаҳо ҳам дар ҳамин ҷо сар мешуд.
Бойҳо дар охири базмҳошон ба созандаҳо ҷома ва пули нақд дода гусел мекарданд. Аммо дар базмҳои оммавӣ ва ҷамоатӣ соҳиби базм ба созандаҳо чизе намедод, балки дар миёнаҳои рафти базм «саргардонӣ» эълон карда мешуд. Дойрадастҳо дар пеши худ як рӯймол паҳн карда монда, дойраҳоро ҳам ба ҳавои махсус менавохтанд ва тамошобинон хоҳ азони худӣ бошанд, хоҳ бегона — дойрахабар, ҳар кадом ё ҳар гурӯҳ як танга ё ду танга ба болои он рӯймол мепартофтанд, муллобачагони қашшоқ ва умуман камбағалон ба «саргардонӣ» чизе намедоданд. Ҳаққи хизмати созандагон ана ҳамин пули аз омма ҷамъшуда буд, ки баъд аз ба миршаб баровардани панҷяки он маблағ боқимондаашро дар миёни худ бо тартибе, ки дар байни худҳошон расм буд, тақсим менамуданд.
Аммо созандагон дар базмҳои подшоҳӣ, ки амир дар кадом ҳавлӣ бошад, дар пеши он ҳавлӣ ташкил меёфт 153, дар сайрҳои наврӯзӣ, ки ҳафтаҳо дароз мекашид, бе пул хизмат мекарданд, хӯрок ва харҷҳои дигарашон ҳам дар ин гуна базмҳо аз худашон мешуд.
Базмгардҳои дойрахабар ҳам ба ҳар базм рафтан намегирифтанд, балки ҳар гурӯҳ ба базми он дастае мерафт, ки раққосон ва хонандагони вай ба худаш маъқул бошанд.
Вақтҳое ки ман дар мадрасаи Бадалбек будам, Мулло Рӯзӣ ба базми Аҳмади хоҷаякшабагӣ ном раққос мегашт, ки дар раққосӣ хеле ҳунарманд ва дар хонандагӣ дар замони худаш беҳамто буд ва дар байни дойрадастони ин даста Тӯлаи ғиждувонӣ ва Эргаши муллоёнӣ ном дойрадастон буданд, ки зарби дастҳошонро осмонкаф меномиданд.
Мулло Рӯзӣ дар базмгардиҳояш маро ба паҳлуи худ кашид. Ман, ки табиатан суруд ва рақсро дӯст медоштам, кам-кам ба ин тамошо одат карда, рафта-рафта шабҳои таътил дар базмгардӣ ҳамроҳии ӯро тарк намекардагӣ шудам (ман аввалин шеърҳои худро дар тасвири ҳамон базмҳо гуфтаам, ки ҳоло намунаҳои он шеърҳо дар дастам намондаанд).
Аз муллоҳои базмгард Мулло Абдулазиз ном кӯлобӣ диққати маро ба худ бисёр ҷалб намуд. Ӯ аз Кӯлоб барои хондан ба Бухоро омада, чандин сол хондааст. Магар аз хондан баҳрае набурдааст ё хондан ба дилаш задааст, ки вайро тарк карда, ба шайхе мурид шуда, дар хонақоҳ манзил кардааст. Азбаски ин кор ҳам ба дилаш задааст, сарсаригарду базмӣ шудааст.
Ӯ бисёр қашшоқ буд ва мегуфтанд, ки бо садақаи мардум зиндагонӣ мекунад. Ӯ дар мадрасаи Ҷаъфар-хоҷа, ки бинобар чӯбин, вайрона ва дар як гӯшаи шаҳр буданаш ҳуҷраҳояш ҳамеша холӣ буданд, истиқомат мекард. Аммо на шабҳои таҳсил ва на таътил аз базми Аҳмади хоҷаякшабагӣ намемонд. Вақте ки хонандагон авҷ гиранд, ӯ шутурвор маст шуда, аз ҷо мехест, монанди шутури маст наъразанон аз даҳонаш кафк мепошид ва дар охир беҳуш гардида меғалтид. Ӯро бардошта дар як гӯшаи базмхона мехобониданд. Баъд аз соате ҳушёр шуда мехест. Боз дар вақти авҷ ё рақс ҳамин ҳолат ба ӯ рӯй медод, дар охиртари базм ӯ ғоиб шуда мерафт ва дар вақти тамомияти базм як кӯзача дар даст боз ҳозир мешуд. Дар ин кӯзача чойи қаймоқӣ пухта меовард, ки вайро ба созандагон тақсим карда менӯшонид: «Ин овози шуморо боз хам пуртаъсиртар мекунад» мегуфт.

Олуфтаҳои Бухоро

Ман дар базмгардиҳоям бо оммаи мардуми шаҳри Бухоро ва атрофи он ҳолдон шудам. Бештарини инҳо косиб, саис, аробакаш, машкоб, гилкор, дуредгар ва монанди инҳо буданд. Инҳо умуман одамони хоксор, хушмуомила ва хушгап буданд. Албатта ҳамаи афроди ин гурӯҳҳои мазкур базмгард ва базмӣ набуданд, аммо онҳое, ки аз ин гурӯҳ базмӣ ва базмгард шуда буданд, қариб ҳамагӣ гапдон, ҳозирҷавоб ва бо вуҷуди бесаводӣ шеърхон ва баъзеҳошон шеъргӯй ҳам буданд. Суханҳошон ҳамеша духӯра — думаънидор ва дашномҳошон қариб ҳамеша бо киноя ва истиора буд.
Масалан, касе лоф занад, яке аз онҳо мегуфт: «Бисёр боло нарав, ки аз баландӣ афтодагон аз ҷояшон хеста наметавонанд!». Касе агар бемаънигӯйӣ кунад: «Дам шин, ки даҳанатро калӯши кӯҳна мекунам» — мегуфт (дар ин ҷумла пеш аз умумӣ шудани калӯш «кафш» кор мефармуданд. Баъд аз дидани калӯшкӯҳна ин калимаро муносибтар шумурданд).
Баъзе аз инҳо дар паси рақс дар таърифи раққос ва сурудхонон тарафона шеърҳо мехонданд ва баъзеҳо дар поёни шеърхонӣ коса, табақ, ҳатто кӯзаро бардошта ба сарашон зада мешикастанд, ки ин кор дар каллазанӣ чӣ қадар маҳорат доштани онҳоро нишон медод. Инҳо дар мардигарӣ хеле олиҷаноб буданд. Агар дар базмҳошон аз гузарҳои дурдаст ягон ҷавони бегона омада бошад, дар охири базм ӯро ба хонааш мерасонданд, ки аз одамони миршаб ё аз дуздон ба ӯ зараре нарасад. Дар дӯстӣ то қурбон кардани ҷонашон тайёр ва дар душманӣ ҳам беамон ва лекин мардонавор буданд. Агар дар байни яке аз инҳо ва шӯрапуште (хулигане) душманӣ афтад, ӯро бераҳмона ҷазо медоданд. Агар дар байни ду нафаре, ки ҳар ду ҳам марди бономус бошанд, душманӣ афтад, масъала ба тарзи дуэли европагиҳо бо ҷанги тан ба тан ҳал мешуд. Фақат дар байни дуэли европагиҳо ва ҷанги тан ба тани инҳо фарқ дар ин ҷо буд, ки дуэл дар байни асилзодагон воқеъ мешуд, аммо чанги тан ба тан дар Бухоро дар байни косибони олуфта ва зӯрозмо ба вуқӯъ меомад. Сабаби ҷанги тан ба тани инҳо ҳам монанди сабаби дуэл лаккадор карда шудани номуси яке буд аз тарафи дигар. Лаккадор шудани номус ҳам иборат аз рад шудан ё инкор карда шудани зӯрии яке аз инҳо буд аз тарафи муқобил.
Лақаби умумии ин қисм одамон «олуфта» буда, фарқи мартабаи онҳо аз пӯшокашон маълум мешуд: ҷавонони наврас. ки дар мартабаи шогирдӣ бошанд, кафши пошнабаланди бемасҳӣ мепӯшиданд ва фашҳошонро кӯтоҳ (думимушӣ) монда, саллаҳошонро суфта мебастанд ва миёнашонро бо рӯпокча баста, дар вай як ҷуфт корди на он қадар калон меовехтанд. Куртаи ин гуна ҷавонон пешбаста ва зеҳдор мешуд. Унвони инҳо «нимтайёр» буд. Ҳар гоҳ ки инҳо ҳунарҳои каллазанӣ, лингзанӣ ва зонузаниро омӯзанд ва умуман дар зӯроварӣ ҳунарҳо пайдо кунанд, ки аз ҳамаи монанди худҳошон пешқадам шаванд, ба инҳо унвони «тайёр» дода мешуд.
Тайёрон мӯзаи пошнабаланд мепӯшиданд ва миёнашонро бо фӯта баста, дар вай яккакордеро, ки теғаш ним оршин бошад, меовехтанд. Инҳо яктаҳкурта* пӯшида гиребонашонро кушода мемонданд. Фашҳошонро нисбат ба ҷавонон андак дарозтар монда, саллаҳошонро замбарӣ мебастанд, яъне печҳои салларо чунон тоб дода ба сар мепечонданд, ки шакли замбари аз химча бофташударо мегирифт.
___________
* Яктаҳкурта асосан яктаҳ (ҷомаи беастар) буда. ба даруни вай монанди гиребони курта як гиребон илова мекарданд, ки ин гиребонро кушода мондан ва бо тугма бастан мумкин буд. Агар баста шавад. ба назари бинанда чунин менамуд, ки дар зери яктаҳ курта ҳам ҳаст.

Унвони мартабаи охирин «марди мардон» буд. Ин дар ҳар давру замон аз як нафар беш намешуд. Марди мардон кафши бепошнаи нӯгтезро, ки аз чарми зарди паст дӯхта мешуд ва дар Бухоро бо номи «кафши олак» машҳур буд, бе масҳӣ мепӯшид. Саллаашро хурд мебаст ва монанди афғон фашашро дароз мегузошт. Дар тобистон ва зимистон якта яктаҳкурта пӯшида, гиребонашро ҳамеша баста мемонд ва аз рӯйи вай бо рӯпокчаи содаи арзонбаҳо миёнашро баста, дар вай як қаламтарошро бо ғилоф овехта мегашт.
Қасами олуфтаҳо «саттор» буд. Агар як олуфта «саттор, ки фалон корро мекунам» гӯяд, сараш равад ҳам, бояд он корро мекард. Агар накунад ва қасамашро шиканад, аз миёни олуфтаҳо ронда шуда, ба «номардӣ» машҳур мегардид.
Тайёрон гӯё номзадони марди мардон буданд. Агар марди мардон бимирад ё ягон кори хилофи мардӣ карда, аз миёна ронда шавад, аз тайёрон якеро, ки дар мардӣ мумтоз, дар зӯрӣ беҳамто, ба дуздӣ ва шӯрапуштӣ тӯхматзада нашуда бошад, интихоб мекарданд.
Гоҳо мешуд, ки ба сабаби коре дар миёнаи ягон тайёр ва марди мардон ҷанги тан ба тан воқеъ мешуд. Дар ин вақт агар он тайёр ғалаба кунад, унвони марди мардониро ӯ мегирифт ва агар марди мардон ғалаба кунад, тайёр тамоман аз миёни олуфтаҳо ронда мешуд. Чунки ӯ бо вуҷуди қувваташ нарасидан ба марди мардон беҳурматӣ кардааст. Гоҳо дар миёнаи ду тайёр ҳам чанги тан ба тан воқеъ мешуд. Агар мағлубшуда ба ғолиб таслим шавад, бо номи «тайёрӣ»-аш мемонд ва агар таслим нашавад, аз миёнаи олуфтаҳо ронда мешуд.

Ҷанги Махдуми Муҳаммадӣ ва Барно-тайёр

Дар вақтҳое ки ман дар мадрасаи Бадалбек зиндагонӣ мекардам, марди мардони олуфтаҳои Бухоро махдуми Муҳаммадӣ ном касе аз гузари Моркуши шаҳри Бухоро буд. Синни махдуми Муҳаммадӣ болотар аз панҷоҳ буд, бо вуҷуди ин ришаш сиёҳи тӯсӣ буд, ки ягон тор ҳам сафедӣ надошт. Ӯ одами миёнақади қоқбадани камгӯшт, ранги рӯяш гандумгун буда, абруҳои баландмӯй ва чашмони сиёҳи калони дурахшон дошт.
Пешаи махдуми Муҳаммади шоҳибофӣ буд, ки дар яке аз корхонаҳои шоҳибофони Ҷӯбор халифакорӣ (коргарӣ) мекард. Азбаски дӯконҳои шоҳибофон торики сернам буда, бофанда дар вақти кор то миён дар даруни чоҳча менишаст, ин шароит ба тандурустии шоҳибофон бетаъсир намемонд. Махдуми Муҳаммадӣ ҳам, ки аз бачагиаш сар карда дар ин касб кор кардааст, аҳволаш ҳамеша пажмурда, рангаш канда ва монанди беморони сил бедармон менамуд.
Музди кори ин касб ҳам коргаронро бо серию пурӣ таъмин намекард: мебоист халифа ҳар ҳафта ба миқдори муайян моли беайб бароварда диҳад ва дар бадали он дар охири ҳафта сумикори (музди кори) ночизе гирад. Коргарони бофанда, ки дар корхонаи касе кор кунанд, монанди коргарони касбҳои дигар як ҳафта шабу рӯз кор мекарданд, хобашон ҳам дар ҳамон корхона мешуд. Фақат рӯзи панҷшанбе соати дувоздаҳи рӯз аз кор озод шуда, ба хонаҳошон ва ба сайру гашт мерафтанд. Рӯзи ҷумъа дар сари шом бояд боз ба корхона ҳозир шуда, кор сар мекарданд.
Сайронгоҳи халифакорони корхонаҳои Бухоро монанди оммаи аҳолии он шаҳр лаби ҳавзи Девонбегӣ ва ҷойи бо ҳам нишаста сӯҳбат карданашон самоворхонаҳои он ҷо буд. Шаби ҷумъа гурӯҳ-гурӯҳ дар ҳавлии яке аз худҳошон ғун шуда, шабнишинӣ мекарданд ва ё ин ки базме ташкил менамуданд ва рӯзи ҷумъаро ҳам ба ҳамин гуна сайру гашт мегузарониданд, агар ҳаво хуб бошад, ба гулзорҳои беруни шаҳр мебаромаданд.
Махдуми Муҳаммадӣ дар вақтҳои охир ба ин гуна сайру гаштҳо, шабнишиниҳо ва базмҳо иштирок намекард. Ӯ аз корхона ки баромад, рост ба ҳавлиаш меомад. Ҳавлии ӯ иборат аз як раҳрави чоркунҷа буда, бар болои вай як болохонача бино ёфта буд.
Махдуми Муҳаммадӣ зану фарзанд надошт ва дар ҳамон болохона бо ҳамшираи аз худ калонсоли беваи бефарзандаш зиндагонӣ мекард. Аз корхона омада, ба ҳамширааш ягон таоми гарм мефармуд. Агар ҳаво бад бошад, худ ба болохона даромада мехобид ва кӯфти кори якҳафтагиро аз худ дур мекард ва агар ҳаво хуб бошад, ба лаби ҳавзи Ғозиён мерафт, ки аз гузари худаш як гузар онсӯтар буд.
Лаби ҳавзи Ғозиён хушҳаво ва сердарахт буд, аммо самоворхона надошт. Бинобар ин махдуми Муҳаммадӣ аз самоворхонаи сари бозори Ғозиён як чойник оварда, ба сари зинаи ҳавз менишаст ва агар ҳаво гарм бошад, поҳояшро то зонуҳояш дар об фурӯ медод. Дар паҳлуи худ дастрӯймолашро паҳн карда монда, бар рӯйи вай якта нони гармро шикаста мегузошту гоҳ-гоҳ як даҳан нон хӯрда ва як пиёла чой нӯшида, ба фикр фурӯ мерафт. Аммо маълум набуд, ки ӯ дар бораи кораш фикр мекард ё дар бораи зиндагӣ ва замонаш ва ё ин ки рӯзҳои аз сар гузарондаашро ба хотир оварда завқ мебурд ё ҳасрат мехӯрд.
Агар дар ин вақт ягон ошнои қадрдонаш ба назар намуда монад, ӯро ҷеғ зада, як пиёла чой медод ва баъд аз рафтани ӯ боз ба фикр фурӯ мерафт.
Рӯзе аз рӯзҳо, вақте ки махдуми Муҳаммадӣ ба сари зинаи ҳавзи Ғозиён нишаста будааст, бобои кафшдӯзон*, ки вай ҳам аз гузари Ғозиён буд, омада ба паҳлуи у менишинад ва дар вақти сӯҳбат аз баъзе ҷавонони шӯрапушти он давру пеш шикоят мекунад ва дар вақти ба бозор рафта омадани додараш ба ӯ гап парронда, баъзе ҳаракатҳои нолоиқ кардани шӯрапуштонро ҳикоя мекунад ва дар охири сухани худ аз Муҳаммадӣ илтимос мекунад, ки он гуна шӯрапуштонро насиҳат карда монад, то ки баъд аз ин ба додари ӯ бадҳаракатӣ накунад.
____________
* Дар Бухоро аҳли хар пеша як навъ муташаккил буда, хар кадом аз байни худ бобо ва пойкор доштанд. Бобо ба ҷойи раис буда, пойкор дар вақти лозим шудан ҳамаашонро ба як ҷо ҷамъ мекард.

— Ман одати лаби ҳавзи Девонбегӣ рафтан надорам, — мегӯяд махдуми Муҳаммадӣ, — аммо ба хотири шумо ҳозир меравам. Додаратонро фармоед, ки аз пушти ман то ба лаби ҳавзи Девонбегӣ рафта омаданам гардад. Бо ҳамин дасту даҳони шӯрапуштон баста мешавад.
Ҳамон замон додари бобои кафшдӯзон омада, ба махдуми Муҳаммадӣ ҳамроҳӣ мекунад, махдум пеш-пеш ва ӯ як қадам аз вай пастар ба роҳ медароянд. Махдуми Муҳаммадӣ аз гузари Чорхарос, Говкушон, Сесӯ, растаи баззозӣ ва Тоқи Саррофон гузашта, ба лаби ҳавзи Девонбегӣ аз гӯшаи ҷануби ғарбӣ медарояд ва бо дасти рост лаби ҳавзро як давр зада, аз гӯшаи шимоли ғарбӣ баромада, бо растаи чойфурӯшӣ, бозори калова, атторӣ, ғӯлунг ва мавизфурӯшӣ рафта, аз бозори кадуфурӯшӣ ва Тоқи Хоҷа Муҳаммади Паррон гузашта, бо растаи челонгарӣ, гузари Сиёҳкорон, Модари хон, Бозори нав, Муҳаммади Ғаззолӣ ва Даббиён ба ҳавзи Ғозиён меояд. Аз он ҷо додари бобо ба хонааш меравад ва махдуми Муҳаммадӣ дар лаби ҳавзи Ғозиён менишинад.
Бо ҳамин дар шаҳр дар байни олуфтаҳо ва шӯрапуштон овоза меафтад, ки додари бобои кафшдӯзон дар зери ҳимояти махдуми Муҳаммадӣ даромадааст. Дигар ягон шӯрапушт ба ӯ бадҳаракатӣ кардан он тараф истад, лоақал чашм кушода нигоҳ ҳам намекунад.
Барно-тайёр аз гузари Понобиён* буда, касбаш гилкорӣ буд. Ӯ як одами 28 -30-сола буда, қади баланд, дасту пойи дарози пурмушак ва бадани пуропури сергӯшт дошт. Ранги рӯяш сафедча, ришу мӯю абруяш сиёҳчатоби ба сурхӣ моил, чашмаш мешӣ буда, аммо нури гармхунӣ ва тундмизоҷӣ аз вай барқ зада меистод.
___________
*Поноб — деҳаест дар поёноби тумани Ромитан, ки деҳқонони безамин ва ё камзаминаш ба касби гилкорӣ машғул буданд ва як гурӯҳ ҳунармандтаринашон ба шаҳри Бухоро кӯчида омада, гузареро ташкил карда, номашро ҳамноми ҷойи аслии худ Понобиён (Поёнобиён) мондаанд. Меъмори машҳури Ӯзбекистон Усто Ширин 154 ҳам аз ҳамон гузар аст.

Ӯ мувофиқи унвони «тайёрии» худ мӯзаи пошнабаланд мепӯшид ва саллаи замбарии кӯтоҳфаш мебаст. Ба зӯроварӣ ӯ аз дигар тайёрон боло буда, ҳама ба ӯ гардан дода буданд. Фақат дараҷаи ӯ аз махдуми Муҳаммадӣ, ки марди мардон буд, паст меистод ва ба табиати шӯҳратпараст ва ба ғурури зӯроварии ӯ ин гаронӣ мекард. Ӯ мехост, ки баҳонае ёфта, бо махдуми Муҳаммадӣ ҷанги тан ба тан кунад, то ки ба ӯ ғолиб омада, марди мардон шуда, дар байни олуфтаҳои шаҳр дараҷаи аз хама болотарро гирад.
Ҳодисаи дар зери ҳимояти махдуми Муҳаммадӣ даромадани додари бобои кафшдӯзон ба дасти Барно-тайёр он баҳонаро, ки чанд гоҳ боз ӯ дар ҷустуҷӯйи вай буд, медиҳад. Дар ин миён дар яке аз ҳавлиҳои гузари Ғозиён тӯй шуда, базм ташкил меёбад. Дар он базм Барно-тайёр бо нафарони худ ҳозир мешавад. Дар базм бинобар ҳамгузаригӣ додари бобои кафшдӯзон ҳам бо бачаҳои гузар меояд.
Дар рафти базм Барно-тайёр муносибате ёфта, ба додари бобои кафшдӯзон мегӯяд:
— Ука, шумо ба ҳимояти махдуми Муҳаммадӣ ғарра нашавед. Ӯ пир шуда аз қувват фуромадааст, «навбати Фарҳод рафту навбати Маҷнун расид» — гуфтаанд. Акнун даврон аз они касони дигар аст.
Ин хабар пагоҳонии фардои ҳамон базм ба махдуми Муҳаммадӣ мерасад. Ин сухани Барно- тайёр аз рӯйи қоидаи олуфтагӣ махдуми Муҳаммадиро ба ҷанг даъват кардан буд. Махдуми Муҳаммадӣ ин талабро бе ҷавоб монда наметавонист, чунки дар он сурат номуси чилсолаи олуфтагии худаш поймол мешуд.
* * *
Махдуми Муҳаммадӣ дар аввалин рӯзи панҷшанбеи баъди он базм ба лаби ҳавзи Девонбегӣ рафта, дар лаби як кати самоворхонае нишаста, як чойник чойро ба пеши худ гирифта, ба танҳоӣ нӯшида менишинад. Дере нагузашта Барно-тайёр ҳам аз дур намоён мешавад. Вақте ки ӯ ба пеши махдуми Муҳаммадӣ расид, бо эҳтиром дасти росташро ба сари синааш монда, ба вай салом медиҳад ва вохӯрдӣ мекунад. Махдуми Муҳаммадӣ баъд аз ҷавоби салом ва пурсупос ба ӯ як пиёла чой дароз мекунад. Барно-тайёр рост истода чойро нӯшидан мегирад. Махдуми Муҳаммадӣ дар ин вақт ба Барно-тайёр савол медиҳад:
— Кай?
— Фардо — рӯзи ҷумъа — ҷавоб медиҳад Барно-тайёр.
— Чӣ вақт — боз мепурсад махдуми Муҳаммадӣ.
— Баъд аз салот (баъд аз намози ҷумъа)!
— Дар куҷо?
— Дар пуштаи 155 Хоҷа Муҳаммади туркиҷандӣ!
— Худо ба шумо қувват диҳад ва арвоҳи мардон мададгорӣ кунад! — мегӯяд махдуми Муҳаммадӣ ба Барно-тайёр баъд аз шунидани ҷавоби охирини ӯ.
Барно-тайёр чойи дар даст доштаашро нӯшида шуда, лаби пиёларо ба сари синаи худ — бар рӯйи ҷомааш молида пок карда, ба махдум медиҳад ва:
— Саломат бошед, умри дароз бинед, ака махдум! — гӯён дар роҳи худ меравад.
Ман ин воқеаҳоро аз Шарофҷон ном як ҷавон, ки дар пеши мадрасаи Бадалбек дар як дӯкони рехтагарӣ шогирдӣ мекард, шунидам. Шарофҷон олуфтабоз буда, ба донистани ҳодисаҳое, ки дар байни онҳо мерафт, ҳавас дошт. Ӯ ҳамгузари махдуми Муҳаммадӣ ва ба вай хуб ҳолдон буд.
Шарофҷон ҳам монанди коргарони дигар корхонаҳо ҳар ҳафта шаш рӯз дар дӯкони рехтагарӣ кор карда, ҳар шаб баъд аз тамомияти кор дар ҳамон дӯкон дар байни кӯраву сандон мехобид. Гоҳо ман ба дӯкони рехтагарӣ рафта, бо вай сӯҳбат мекардам ва гоҳо ӯ дар вақтҳои бекориаш ба рӯйи саҳн баромада, дар паҳлуям нишаста, бо ман гап мезад.
Ӯ, ки олуфтабоз буд, мавзӯи суханонашро ҳамеша олуфтаҳо ташкил мекарданд ва ман, ки кунҷков ва ба фаҳмидани ҳар чиз ҳавасманд будам, суханони ӯро бо завқи тамом мешунидам ва дар миёнаҳои гапи ӯ саволҳо дода, ҷоҳои норавшанмондаи ҳикояҳои ӯро то решааш фаҳмида мегирифтам.
Як рӯзи панҷшанбе соати дувоздаҳ Шарофҷон аз кор озод шуда, ба хонаи худ рафт ва он шаб бояд дар хонааш мехобид. Лекин баъд аз шом ба пеши дӯкони дарбастаи рехтагарӣ пайдо шуд ва маро дид, ки дар лаби саҳни мадраса нишастаам, як хез зада ба пешам баромаду дар паҳлуям нишаста, воқеаи он рӯз дар байни махдуми Муҳаммадӣ ва Барно-тайёр гузаштаро ҳикоя карда гуфт:
— Фардо бар болои пушта дар байни онҳо ҷанг мешавад. Агар ба тамошо ҳавас дошта бошӣ, ҳамроҳ меравем.
Ман қабул кардам . Фардои он рӯз дар вақти намози ҷумъа бо Шарофҷон рафта, ба болои пушта мазкур баромадем. Он пуштаи мазор буда, дар се тарафи қабри Хоҷа Муҳаммади туркиҷандӣ воқеъ шуда буд. Дар миёнаҷойи пушта як майдончаи нисбатан чуқуртар буд, ки дар вақти бориш оби барфу борони мазор дар он ҷо ҷамъ мешуд. Ҷойи ҷанги олуфтаҳо хам ҳамон майдончаи чуқур будааст. Мо ҳар ду дар гӯшаи баландие, ки майдонча аз он ба хубӣ дида мешуд, нишастем. Ҳанӯз дар он ҷо касе набуд. Баъд аз чанд дақиқа махдуми Муҳаммадӣ пайдо шуд ва ба ҳамгузари худ Шарофҷон салом дода, аз пеши мо гузашта, ба майдонча фуромаду дар як гӯшаи он сари ду по нишаст.
Баъд аз он як-як, ду-ду тамошобинон ҳам, ки он воқеаро шунида буданд, омадан гирифтанд ва тамошобинон кам-кам давродаври майдончаро аз баландӣ иҳота намуданд. Аз ҳама охиртар аз тарафи шарқии пушта, ки гузари Понобиён ҳам дар ҳамон тараф буд, Барно-тайёр намоён шуд. Ӯ омада ба майдонча фуромад ва рост пеши махдуми Муҳаммадӣ рафт; махдум ҳам аз ҷояш хест, хар ду бо ҳам салому алайк, вохӯрдӣ ва пурсупос карданд. Баъд аз он ҷомаҳои худро кашида, ба як сӯ монданд ва саллаҳошонро аз сар гирифта, бар болои ҷомаҳошон гузоштанд.
Баъд аз он ҳар ду ба миёнаҷойи майдонча рафта, дастҳошонро пеш гирифта, рӯ ба рӯйи ҳам истоданд. Барно-тайёр дар рӯ ба рӯйи махдум монанди сафедоре менамуд, ки дар пеши дарахти бед истода бошад. Вай ба махдум:
— Ака махдум, сар кунед! — гуфт,
— Не аз шумо, — гуфт махдум.
— Аз шумо сар шавад, шумо калони мо мебошед! — гуфт Барно-тайёр.
— Не, — гуфт боз махдум, шумо талаб кардаед, талабгор аввал сар мекунад. Қоидаи мардон ҳамин аст!
Барно-тайёр ба ҳуҷум тайёр шуд: ӯ дасти росташро тамом ёзонда ва пас бурда кашидаву кушода ба гӯшхонаи махдум як торсакӣ зад. Аммо махдум ба монанди кундаи дарахте, ки ба вай бо пошнаи кафш зада бошанд, ҳеҷ наҷунбид ва рӯяш ҳам ларзиш нахӯрд.
Баъд аз он Барно-тайёр даст пеш гирифта:
— Хуб, ака махдум, ҳаққатонро гиред! — гуфт.
— Не, тайёр! — гуфт махдум, — «алиф», «бе», то «се» 156 гуфтаанд. Бояд шумо се бор ҳунари худро нишон диҳед!
— Эй валло! — гӯён Барно-тайёр гуфтаи махдумро тасдиқ кард ва ба ҳуҷуми дуюм тайёр шуд.
Ин дафъа ҳам махдум наҷунбид. Дар ҳуҷуми сеюм Барно-тайёр ба лингзанӣ тайёрӣ дид. Дар пойи ӯ мӯзаи ғафси булғории пошнабаланд буд. Аммо соқҳои пойи махдум мувофиқи мартабааш бараҳна ва бар нӯги пояш як кафши олаки шиппакмонанд буд. Барно-тайёр дастонашро ба пушти худ бурда, панҷаи дасти чапашро дар миёнаи панҷаи рости худ гирифта ва линги рости худро ба ҳаво бардошта, бе он ки пойи чапи худро аз ҷояш ҷунбонад, танаашро ба тарафи росташ майлон дод ва баъд аз он танаи худро чобукона тирморвор рост гирифта, бо соқи пойи мӯзадораш ба соқи пойи бараҳнаи махдуми Муҳаммадӣ зад.
Махдум боз аз ҷо наҷунбид. Барно-тайёр даст пеш гирифта, ба зарба хӯрдан тайёр шуда истод. Махдум ба ӯ:
— Рухсат диҳед ва ҳушёр бошед, тайёр! — гуфт ва бо дасти росташ кашидаву кушода ба гӯшхонаи Барно-тайёр як торсакӣ зад.
Барно-тайёр монанди дарахти сафедоре, ки аз бехаш бо табар тамом бурида шуда бошад, ба тарафи дасти росташ парида, ба замин дароз ғалтид. Дар ҳамин вақт аз пушти сағонае се одам, ки дар дасти ҳар кадоми онҳо як яккакорди бараҳна буд, ҷаста хеста, аз тарафи пушт ба махдум ҳуҷум оварданд ва ба куҷои баданаш ки рост омад, корд задан гирифтанд.
Махдум ба ин ҳуҷуми ногаҳонии хоинона тайёр набуд, бинобар ин як сония бесаришта шуда, беҳаракат истод ва баъд аз он ҳавосашро ҷамъ карда, ба қафо гашт ва бо ду дасташ аз банди дастони ду нафар кордзан гирифт ва бо як пояш дигареро зада аз худ дур кард. Аммо Барно- тайёр, ки аз ҷояш хеста буд, аз қафои махдум омада, аз банди ду пойи ӯ гирифта бо зӯри тамом кашид. Махдум, ки пай дар пай захмҳои ҳалокатовар хӯрда, аз баданаш хуни бисёре рафта истода буд, бо кашидани Барно-тайёр аз поҳояш рӯ ба замин афтод.
Дар вақти ҳуҷуми корддорон ба махдум, як қисми тамошобинон «махдуми Муҳаммадиро куштанд» гӯён ва фарёдкунон ба тарафи кӯча давида рафтанд; баъзе тамошобинони пурҷасорат барои пешгирии хунрезӣ давида рафта, худро ба болои махдум партофта, ӯро аз ҳуҷуми кордзанон, ки мехостанд дар вақти ба замин афтодани ӯ корашро тамом кунанд, муҳофиза намуданд ва дигар тамошобинон аз ин ҳодисаи хунини ногаҳонӣ дар ҳайрат афтода, гаранг шуда монда буданд.
Бо фуромадани тамошобинон ба кӯча, одамони ҳокимон, ки барои тафтиш дар кӯчаҳо мегаштанд, ҳодисаи хунинро аз онҳо шунида, бо тамошобинони нав давон ба болои ҷиноят омаданд. Аммо то он вақт Барно-тайёр ва нафаронаш гурехта буданд. Одамони ҳокимон махдуми Муҳаммадии ба хун оғушта ва беҳушафтодаро ба тамошобинон бардоронда, аз пушта ба кӯча фуроварданд ва аз он ҷо аробае ёфта, ӯро ба беморхона фиристоданд.
Баъд аз як ҳафтаи ин ҳодиса шунидам, ки Барно-тайёр дастгир гардида, ба бадарғагӣ ҳукм шудааст ва дар зери шиканҷа ҳам бошад, киҳо будани рафиқони ҷинояти худро нагуфтааст. Махдуми Муҳаммадӣ бошад, баъд аз чил рӯз дар беморхона хобидан, ҷароҳатҳои баданаш ба ҳам омада баромад. Аммо ӯ тамоман тандуруст шуда нарафт ва баъд аз ду моҳи аз беморхона баромаданаш дар хонаи худ хун партофта мурд.
Шарофҷон хабари мурдаи уро ба ман расонда, худ аз корхонааш ҷавоб гирифта, барои ҷаноза рафт. Дили ман ба сабаби бо як фоҷиа мурдани он марди мардон бисёр сӯхт ва барои таъзия ба хонааш рафтам. Дар пеши ҳавлии ӯ оқсаққоли гузар ва як-ду нафари дигар менишастанд. Ман ҳам дар қатори онҳо пушт ба девор сари ду по нишаста, «худо раҳмат кунад» гӯён даст бар рӯ кашидам.
Дар ҳамин вақт Ҷалили вартишбози 157 регистонӣ, ки тайёри машҳур буда, дар айни замон сардори вартишбозони Регистон буд ва касби чармгарӣ дошт (ман бо ӯ дар хонаи Ғафурҷон- махдум шинос шуда будам), барои таъзиярасонӣ омад ва дар қатори мо пушт ба девор сари ду по нишаста худ ба худ ба гап даромад:
— Махдуми Муҳаммадӣ мард буд, дар кӯчаи мардонагӣ ҳамеша ба одамон некӣ мекард ва фоида мерасонд. Ӯ пешхезӣ карда бо касе ҷанг накардааст. То ба сараш мушт расидан сабр мекард ва баъд аз он ҷазои душмани худро медод. Худо раҳмат кунад ва дар рӯзи қиёмат дар қатори мардони рӯйсурх сар бардорад! — гӯён даст бар рӯ кашид ва аз ҷояш хеста ба оқсаққоли гузар нигоҳ карда, — ман рафта бачаҳоро (олуфтаҳоро) барои мурдабардорӣ ғундошта меорам, — гуфту равон шуд.
Ман ки барои хӯҷаинҳоям ош пухта доданам даркор буд, ба мурдабардорӣ наистода, аз ҷо хестаму ҳамроҳи Ҷалил ба роҳ даромадам ва бо ӯ то гузари Бобои Нонкаш гапзанон рафтем. Ман дар рафти гап аз Ҷалил сабаби ҳаракати нолоиқи Барно-тайёрро дар ҳаққи махдуми Муҳаммадӣ, ки мухолифи қоидаҳои мардонагӣ буда, боиси нобуд шудани худаш ҳам шуд, пурсидам.
— Одам танҳо бо зӯри бозу одам намешавад — гуфт дар ҷавоб Ҷалил, — одам бояд дили одамият ҳам дошта бошад ва ба одамон зарар расонданро раво набинад. Аз ҳама пештар одам бояд хоксор бошад, ки дигарон ӯро ҳурмат кунанд ва ӯро ба худ сардор бардоранд, на ин ки худи ӯ барои ҳурмат ва мартабаи баланд ёфтан талош кунад.
Ҷалил баъд аз ин муқаддимаи файласуфона сухани худро давом дода гуфт:
— Барно-тайёр дар асл дар миёнаи мо барғалат даромада монда буд. Табиати вай ба шӯрапуштӣ моил буд. Фақат барои марди мардон шудан худро аз шӯрапуштӣ нигоҳдорӣ мекард. Вақте ки ӯ ба ин мақсади худ ба зудӣ нарасид, як қиморбозӣ кард. Дар ин бозӣ ӯ ё мебурд ё бой медод. Агар бой медод, албатта, аз миёнаи мардон баромада мерафт. Дар он вақт беобрӯ шуданаш як дард бошад, зинда гаштани ҳарифаш — махдум барои ӯ дарди боз ҳам сахттар буд. Бинобар ин ӯ «агар ман нобуд шавам, ҳарифам ҳам нест шавад» гуфта, ду-се шӯрапуштро ки нест шудани махдумро аз худо мехостанд, номардона ба худ ҳамроҳ гирифта, ин корро кардааст…
Баъд аз вафоти махдуми Муҳаммадӣ ба ҷойи вай марди мардон интихоб карда нашуд, дар миёнаи олуфтаҳо ихтилоф афтод: регистониҳо Ҷалили вартишбозро пешниҳод карданд. Чорсӯгиҳо ба ӯ муқобил баромада, Авлиёқули дарвозаисаллоххонагиро пеш ниҳоданд. Азбаски дар байни ин ду номзад дар вартишбозӣ зиддият буд, тарафдоронаш ҳам ба якдигар сахт муқобилат карданд. Аз миёнаи бетарафон Қазоқхоҷаи ҷӯбориро пешниҳод карданд. Ба ин номзад аксарияти олуфтаҳои ду тараф хам муқобил баромаданд: «Вай хоҷазода ва калонгир аст, ба мо сардорӣ карда наметавонад» — гуфтанд. Бинобар ин марди мардон интихобкунӣ то аз миёнаи тайёрон расида баромадани як одами мақбули омма мавқуф гузошта шуд.
Пештар умуман олуфтаҳои Бухоро шаробнӯшӣ намекарданд ва агар дар шабнишиниҳои махсус баъзан шароби дастӣ (мусаллас) нӯшанд ҳам, нӯшонӯшро ба дараҷаи мастӣ намерасонданд. Вақте ки дар Бухорои амирӣ дӯконҳои шаробфурӯшӣ кушода шуда, арақ бисёр шуд, кам-кам олуфтаҳо ба мастӣ гирифтор гардиданд. Софият ва мардонагии аввалиашон намонд ва бештарини онҳо шӯрапушт шуданд.
Баъзеҳо софияти худро нигоҳ дошта бошанд ҳам, «корномаҳо»-и онҳо корномаҳои шахсӣ шуда, тартиби гирифтани дараҷаҳои «нимтайёрӣ», «тайёрӣ» ва «мардимардонӣ» барҳам хӯрд. (Баъзе «корнома»-ҳои ин яккатозон дар қисмҳои ояндаи «Ёддоштҳо» зикр хоҳад шуд.)

Бозгашт ба оғози китобҳо:

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 1

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 2

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 3

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 4



error: Content is protected !!